Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 30 августи coли 2011, № 409

тасдиқ шудааст

 

БАРНОМАИ РУШДИ СОҲАИ КИРМАКПАРВАРӢ ВА КОРКАРДИ ПИЛЛА ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2012-2020

 

Руйхати ихтисорот

КМ   

Корхонаи муштарак                                           

ш    

Шаҳр                                                        

КВД  

Корхонаи воҳиди давлатӣ                                     

ҶСШК 

Ҷамъияти саҳомии шакли кушода                               

Т1 Т2

Тоҷикистон-1, Тоҷикистон-2                                  

X1 X2

Хуҷанд-1, Хуҷанд-2                                           

ВТ

Ветнаму Тоҷикистон                                          

Кф

Корхонаи фаръӣ                                              

НТҶ

Ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ                                      

 

 

МАЪЛУМОТНОМА дар бораи асосҳои таҳияи Барнома

 

- Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 апрели соли 2011;

- қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 июни соли 2011, № 262 "Дар бораи Нақшаи кори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар нимсолаи дуюми соли 2011";

- Супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 апрели соли 2011, №5068 (13-7) "Оид ба рушди соҳаи кирмакпарварӣ ва саноати абрешим";

- Супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 майи соли 2011, №7576 (13-7) "Оид ба рушди соҳаи кирмакпарварӣ ва саноати абрешим";

- Ҳуҷҷати стратегияи паст кардани сатҳи камбизоат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 декабри соли 2003, № 523 "Дар бораи Консепсияи рушди саноати абрешими Тоҷикистон";

- қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 апрели соли 1999, № 132 "Дар бораи баъзе тадбирҳои беҳтар намудани кори зотпарпарӣ дар истеҳсолоти навъи кирмаки пилла";

- қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 январи соли 2001, № 54 "Оид ба тараққӣ додани саноати абрешим".

 

МУҚАДДИМА

 

Номгўи барнома - Барномаи рушди соҳаи кирмакпарварӣ ва коркарди пилла дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012- 2020

Таҳиягари асосии Барнома - Корхонаи воҳиди давлатии "Пилла"- и Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мақсади Барнома - Фароҳам овардани замина барои рушди соҳаи кирмакпарварӣ, ҷиҳати зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли пилла ва коркарди пурраи он то тайёр шудани маҳсулоти ниҳоӣ дар дохили мамлакат

Вазифаҳои Барнома - Таҳкими заминаи меъёрӣ ва ҳуқуқӣ, таҳияи механизмҳои татбиқи санадҳои қонунгузорӣ

-расонидани ҳаҷми истеҳсоли пилла то соли 2020 ба 3000 тонна

-Шинонидани ниҳоли тут-1352,0 ҳазор бех

-Бунёди тутмайдонҳо - 2812 гектар

-Истеҳсоли тухми кирмак -60000 қуттӣ

-Коркарди пилла дар дохили кишвар

Мўҳлати иҷрои Барнома - солҳои 2012-2020

Иҷрокунандагони Барнома - Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон

-Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

-Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон

-Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезӣ

-Кумитаи андоз

-Хадамоти гумрук

-Хадамоти зиддиинҳисорӣ

-Палатаи савдо ва саноат

-Агентии "Тоҷикстандарт"

-Бонки миллии Тоҷикистон ва дигар бонкҳо

-Академиям илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон

-Корхонаи воҳиди давлатии "Пилла" -КM "ВТ Силк" -КМ "ВТ Роҳи Абрешим"

-ҶДММ "Атласи Хуҷанд"

-Мақомоти иҷроияи маҳалии ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо Н

атиҷаҳои хотимавии амалӣ гардонидани Барнома:

- зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли пилла то 3000 тонна;

- фароҳам овардани шароит дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои барқарорсозӣ ва рушди соҳаи кирмакпарварӣ;

- таъмин намудани кирмакпарварон бо тухмии хушсифати маҳаллӣ;

- мустаҳкам намудани заминаи хўроки кирмак;

- таъмин кардани корхонаҳои саноати абрешим бо ашёи хоми хушсифат.

Тартиби ташкили назорат оид ба иҷрои Барнома - Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол ду маротиба оид ба иҷроиши барнома то соли 2020 ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот пешниҳод менамояд.

 

Барномаи рушди соҳаи кирмакпарварӣ ва коркарди пилла дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020

 

1. Мақсади Барнома

 

Мақсади Барнома аз фароҳам овардани шароит дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои барқарорсозӣ ва рушди соҳаи кирмакпарварӣ, таъмин намудани кирмакпарварон бо тухмии хушсифати маҳаллӣ, зиёд намудани миқдори истеҳсоли пилла, мустаҳкам намудани заминаи хўроки кирмак ва таъмин кардани корхонаҳои саноати абрешим бо ашёи хоми хушсифат иборат мебошад.

 

2. Вазъи кунунии соҳа

 

Кирмакпарварӣ яке аз соҳаҳои қадимтарини кишоварзӣ ба ҳисоб рафта, таърихи беш аз 5000 сола дорад ва аз бахшҳои тутпарварӣ, истеҳсоли тухми кирмак, пилла ва коркарди аввалияи он иборат аст.

Бояд қайд кард, ки рушди соҳаи кирмакпарварӣ маҳз аз тухми кирмаки хушсифат, сари вақт тақсим намудани кирмакҳои зиндакардашуда, риояи технологияи парвариши кирмак алоқамандии бевосита дорад. Инчунин, яке аз омилҳои асосии афзун гардонидани ҳосилнокии пилла ва сифати он ба обу ҳавои маҳал, ғизонокии барги дарахтони тут мебошад.

Маълум аст, ки кирмаки абрешим, чун ҳашароти баргхўр, хеле хассос ва нозук буда, омилҳои беруна ва муҳити атроф ба организми он зуд таъсири худро мерасонанд. Дар ҷумҳурӣ Корхонаи фаръии зотпарварии тухми кирмаки шаҳри Ваҳдат, корхонаҳои фаръии тухми кирмаки шаҳрҳои Душанбею Хуҷанд амал мекунанд, ки дар сурати бо иқтидори пурра фаъолият кардан, метавонанд талаботи кирмакпарварони ҷумҳуриро бо тухми кирмаки хушсифати ватанӣ пурра таъмин намоянд. Мутаассифона, бинобар паст будани сифати тухми кирмаки ватанӣ ва надодани ҳосили дилхоҳ тайн ду-се соли охир сармоягузорон аз истифода ва парвариши он даст кашиданд. Аз ин рў, вазъи иқтисодию истеҳсолии ин корхонаҳо коҳиш ёфт. Истеҳсоли тухми кирмак дар ҷумҳурӣ солҳои 2009-2011 ба ҳисоби ҳазор қуттӣ ба таври зайл аст:

Чунон ки аз маълумоти солҳои пеш бармеояд, истеҳсоли пилла дар ҷумҳурӣ беш аз 3500 тоннаро ташкил медод. Мутаассифона, солҳои охир истеҳсоли пилла дар ҷумҳурӣ сол аз сол кам шуда истодааст. Сабаби асосии он, ҷавобгў набудани вазъи имрўзаи корҳои зотпарварӣ, мавҷуд набудани технологияи пешқадами муосир барои истеҳсоли тухми кирмак, иваз нашудани маводи ибтидоӣ дар Корхонаи фаръии зотпарварии тухми кирмаки шаҳри Ваҳдат мебошад. Яке аз масъалаҳои ташвишовар ин андоз аз арзиши иловашуда аз фурўши пилла ба ҳисоб меравад, зеро имрўз аксарияти хоҷагиҳои деҳқонӣ ба андозбандии ягона гузашта, аз пардохти андози арзиши иловашуда озод мебошанд. Бинобар он зарур аст, ки масъалаи андозбандии пилла аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва идораҳои дахлдор аз нав дида баромада шавад.

Аз маълумоти солҳои охир бармеояд, ки дар ҷумҳурӣ соли 2010 ба ҷои нақшаи пешбинишудаи 2495 тонна, ҳамагӣ 1077,9 тонна ё баробар ба 43.4 фоизи нақша ва соли 2011 бошад, ба ҷои 1860 тоннаи дар нақша пешбинишуда 1261,3 тонна ё баробар ба 67,8 % пилла истеҳсол карда шудааст.

Маълумот оид ба истеҳсоли пилла дар ҷумҳурӣ солҳои 2009-2011 ба ҳисоби тонна:

Тибқи хулосаи мутахассисони соҳаи кирмакпарварӣ, сабаби кам шудани истеҳсоли пилла ин коҳиш ёфтани заминаи хўроки кирмак, сари вақт тақсим карда дода нашудани кирмаки зиндашуда, таҷдиди хоҷагиҳои калон ба хоҷагиҳои хурди деҳқонӣ, мавҷуд набудани парваришгоҳҳои махсус ва ба иқлим тобовар набудани тухми кирмаки аз хориҷи кишвар воридгардида, мебошад.

 

3. Таҳким бахшидани заминаи хўроки кирмак

 

Рушди минбаъдаи соҳаи кирмакпарварӣ ба мустаҳкам кардани базаи хўроки кирмак вобаста аст. Мувофиқи маълумоти мавҷуда то 1 январи соли 2011 дар ҷумҳурӣ 25,1 млн. бех дарахтони қадбаланди тут ва 2946 гектар тутзорҳо мавҷуд аст, ки 1 миллиону 552 ҳазор бехашро ниҳолҳои аз 1 то 6-сола ташкил медиҳад.

Мутаассифона, солҳои охир дар аксарияти хоҷагиҳои кирмакпарварии ҷумҳурӣ ҳашароти зараррасони тут "Оташак" пайдо шудааст, ки 30% майдонҳои мавҷудаи тутзори ҷумҳуриро хароб кардааст.

Афзоиши зиёд ва босуръат паҳншавии ин ҳашарот гувоҳи он аст, ки дар вақтҳои наздик метавонад саросари тутзорҳои ҷумҳуриро фаро гирад. Ин ҳолатро ба назар гирифта, барои омўзиш ва хулосабарорӣ бо супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30 сентябри соли 2004, № 14-1 Комиссияи махсус таъсис дода шуда буд, ки он вазъияти базаи хўроки кирмакро дар ҷумҳурӣ ҳаматарафа омўхта, аз натиҷааш ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумоти муфассал пешниҳод намуд.

Мувофиқи тавсияи мутахассисони соҳа, бар зидди "Оташак" бояд камаш 3 маротиба аз 1 июн то 15 сентябр корҳои мубориза алайҳи ҳашароти зараррасон ташкил намуда, истифодаи самарабахши маблағҳои ҷудокардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин карда шавад (Замимаи 7).

Бинобар ин, аз Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хоҳиш карда мешавад, ки масъалаи мазкурро баррасй намуда, барои ҳалли он кўмаки амалӣ расонад.

Барои нигоҳ доштан ва мустаҳкам кардани заминаи хўроки соҳа, чорахои ҳавасмандкунии корхонаҳои кишоварзӣ, хоҷагиҳои деҳқонӣ ва дигар шаклҳои хоҷагидорӣ, ки дар заминҳои онҳо, дарахтони тут ва тутзорхо ҷойгиранд, пешбинӣ карда шаванд. Барои муҳофизати заминаи хўрока бо истифода аз меъёрҳои ҳуқуқии ҷумҳурӣ, баррасии ҷавобгарии шахсони воқеию ҳуқуқӣ аз тарафи идораю муассисаҳои дахлдор сари вақт таъмин карда шавад. Шахсоне, ки ин талаботро вайрон мекунанд, мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 июни соли 1993, № 768 "Дар бораи пурзўр намудани ҷавобгарӣ барои поймол намудани киштзор ва хароб кардани зироатҳо, тутзор ва ниҳолзор" ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.

Ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳои Хатлон, Суғд, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезия ва дигар вазорату идораҳои дахлдор зарур аст, ки ба ҷараёни иҷрои қонунҳо ва карорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ин соҳа назорати қатъӣ баранд.

Аз нав барқарор кардани майдони тутзорҳо, нигоҳубин ва серҳосил гардонии дарахтони тут, мувофиқи қоидаҳои агротехникӣ ба нақша гирифта, тутзорҳои нав бунёд карда шаванд, иҷрои онҳо ба зиммаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, идораҳои кишоварзии вилояту ноҳияҳо ва Корхонаи воҳиди давлатии "Пилла" гузошта шавад.

Ба мақсади мустаҳкам кардани заминаи хўроки кирмак, дар хоҷагиҳои ҷумҳурӣ шинонидани ниҳолҳол тут то соли 2020-ум 1352,0 ҳазор бех ва бунёди майдони тутзор 2812 гектар пешбинӣ шудааст (замимаи № 1 ва 2).

 

4. Рушди истеҳсоли тухми кирмак

 

Тухмии хушсифат асоси рушди соҳаи кирмакпарварӣ ба шумор меравад. Истеҳсоли тухми хушсифати кирмак қисми таркибии соҳаи кирмакпарварӣ мебошад. Бинобар ин, ба мақсади беҳтар намудани кори зотпарварӣ дар хоҷагиҳои тухмипарварӣ, корхонаи зотпарварии шаҳри Ваҳдат ва дар стансияи таҷрибавии илмӣ-истеҳсолии ҷумҳуриявӣ оид ба абрешими Академиям илмҳои кишоварзии ҷумҳурӣ тайёр кардани зотҳои нави тухми кирмак ва навъҳои серҳосили тут ва ҳарчӣ пурратар қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти хоҷагиҳои кирмакпарварӣ бо тухми хушсифати кирмаки истеҳсоли ватанӣ аз ҳисоби маблағҳои Корхонаи воҳиди давлатии "Пилла" ва маблағҳои аз буҷет ҷудошаванда, ба роҳ мондани истеҳсоли тухми кирмаки хушсифат то 60,0 ҳазор қуттӣ (замимаи № 5) ба нақша гирифта шавад. Заводҳои тухми кирмаки ҷумҳуриро бо техникаю технологияи нав ҷиҳозонидан зарур аст, то ки хоҷагиҳоро бо тухми босифати кирмак таъмин намоянд.

Дар хоҷагиҳои зотпарварии заводҳо ва корхонаи зотпарварии шаҳри Ваҳдат ҷиҳати пешгирӣ

намудани касалии сирояткунандаи "Пебрина" ва дигар касалиҳои кирмак ҷорабиниҳои зарурӣ тартиб дода шаванд. Инчунин лозим меояд, ки ба мақсади беҳдошти кори зотпарварӣ ва таъмини истеҳсоли зотҳои хушсифати тухми кирмак масьалаи аз андози арзиши иловашуда озод намудани хоҷагиҳои заводҳои тухми кирмак ва корхонаи зотпарварии шаҳри Ваҳдат баррасӣ намуда, ба ташкилотҳои дахлдор пешниҳод манзур карда шавад.

Барои пурра кор кардани минтақаҳои хочагиҳои зотпарварии заводҳо ва корхонаи зотпарварии шаҳри Ваҳдат нигоҳубини кирмаки зотӣ, мувофиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 7 апрели соли 1999 таҳти рақами 132, фақат дар хоҷагиҳои зотпарварӣ гузаронида шавад. Барои амалӣ намудани ин мақсадҳо, заводҳо ва корхонаи зотпарварӣ бо таҷҳизоти нави технологӣ (замимаи № 6) таъмин намуда, дар хоҷагиҳои зотпарварӣ ҷиҳати пешгирии сирояти "Пебрина" ва дигар касалиҳои кирмак чораҳои зарурӣ андешида шаванд.

 

5. Зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли пилла ва ҷорӣ намудани технологияи нав

 

Бо мақсади қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти саноат бо ашёи хом на зиёд намудани иқтидори содиротии ҷумҳурӣ, вазъи бўҳронии соҳаи кирмакпарварӣ бояд бартараф карда шавад. Миқдори истеҳсоли пилла мувофиқи заминаи мавҷудаи хўроки кирмак батадриҷ зиёд карда, мувофиқи нақша то соли 2020-ум истеҳсоли он ба 3000 тонна (замимаи 3) расонида шавад. Дар хоҷагиҳои кирмакпарвар сохтани хонаҳои

кирмакзиндакунӣ (инкубаторияҳо) ба нақша гирифта шавад. Бо дарназардошти он, ки сол аз сол сатҳи зиндагии аҳолӣ баланд мешавад ва кирмакпарварон имконняти дар хонаҳои худ парвариш кардани кирмакро надоранд, ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳои Хатлон, Суғд, шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ зарур аст, ки дар заминҳои хоҷагиҳои деҳқонӣ, кооперативҳои истеҳсолӣ, ширкатҳои хоҷагидорӣ барои бо сифати баланд тайёр кардани пилла ва ба таври саноатӣ истеҳсол намудани он, дар оянда сохтани парваришгоҳҳои ғунҷоишашон аз 3 то 5 қуттӣ кирмакро пешбинӣ намоянд. Аз сармоягузорони хориҷӣ ва Бонки миллии Тоҷикистон хоҳиш карда шавад, ки барои сохтани чунин парваршигоҳҳо қарзи дарозмуддати имтиёзнок ҷудо намоянд. Барои гузаронидани таъмири асосии иншоотҳо ва таҷҳхизоти корхонаҳои пилла ва пиллахушккунӣ аз ҳисоби маблағи фоидаи софи аз коркарди пилла ба даст овардаи корхонаҳои муштараки "ВТ- Силк"-и шаҳри Хуҷанд, "ВТ-Роҳи Абрешим"-и шаҳри Душанбе ва дигар сармоягузорони соҳа ҳар сол ба 2-3 корхонаи пилла ё пиллахушккунӣ, 10 фоизи даромади онҳо сармоягузорӣ карда шавад.

Бо мақсади афзун намудани истеҳсоли пилла ва баланд бардоштани сифати он бо дарназардошти талаботи бозори ҷаҳонӣ, ба Корхонаи воҳиди давлатии "Пилла" зарур аст, ки дар истеҳсолот технологияи нави ба шароити иқтисоди бозор ҷавобгўро ҷорӣ намояд. Бинобар ҳамин зарур мебошад, ки технологияи кишварҳои мутамаддин, ба монанди Япония, Хитой ва Кореяро асоси таҷрибаомўзӣ қарор диҳад.

Ҷиҳати иҷрои раванди ҷорӣ намудани технологияи нав ва бунёд кардани комплексҳои парвариши кирмак, ба КВД "Пилла" лозим аст, ки аз маблағҳои қарзи бонкӣ, грантҳо, сармояи хориҷӣ ва буҷетӣ истифода барад (замимаи №8).

 

6. Таъминоти илмӣ ва тайёр намудани кадрҳо

 

Самтҳои афзалиятноки таъминоти илмии соҳаи кирмакпарварӣ ихтироъ ва дар истеҳсолот ҷорӣ намудани навъ ва гибридҳои серҳосил ва ба касалиҳо тобовари ниҳоли тут ва зотҳои кирмаки пиллаашон дорои сифати баланди абрешимресӣ мебошад.

Олимони Стансияи ҷумҳуриявии таҷрибавии абрешими Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди худ вазифа гузоштаанд, ки дар давраи солҳои 2012-2020-ум зотҳои нави тухми кирмаки Тоҷикистон-1, Тоҷикистон-2, Хуҷанд-1, Хуҷанд-2, ва ғайраро дар истеҳсолот ҷорӣ намуда, ҳар сол истеҳсоли навъҳои серҳосили тутро зиёд намуда, истеҳсоли тухми онро аз 35 то 75 килограмма аз ҳар дарахт расонанд. Ба мақсади зиёд намудани истеҳсоли тухми хуштсифати тут ва кўчати ниҳолҳои тути навъҳои серҳосил, 10 гектар замини обӣ ба Стансияи ҷумҳуриявии таҷрибавии абрешими ноҳияи Б. Ғафуров, барои ташкили майдони ибтидоӣ (модарӣ) ҷудо карда шавад (замима № 8).

Барои истеҳсол кардани тухмӣ кирмаки хушсифати серҳосили ояндадор дар базаи корхонаи зотпарварии шаҳри Ваҳдат Стансияи илмии истеҳсолии ҷумҳуриявӣ оид ба абрешими Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шуда, стансияи таҷрибавии истеҳсолии ҷумҳуриявии абрешимчигии ноҳияи Б. Ғафуров ҳамчун филиал мононда шавад, инчунин дар вилояти Хатлон низ чунин филиал ташкил карда шавад.

Дар шароити кунунии рушди ҷомеа интихоб ва чобаҷогузории кадрҳо бо дарназардошти талаботи иқтисоди бозорӣ маҳаки муайянкунандаи рушди соҳаи кирмакпарварӣ мебошад. Роҳбарони ноҳияҳо, сардорони идораҳои кишоварзӣ, корхонаҳои пилла ва пиллахушккунӣ вазифадор карда шаванд, ки барои тайёр кардани мутахассисони дорои маълумоти олии соҳаи кирмакпарварӣ, ба Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ҷавонони болаёқатро ҷалб намоянд. Ҳоло дар ин донишгоҳ кафедраи тайёр кардани кадрҳои соҳаи кирмакпарварӣ фаъолият мекунад. Инчунин, фиристодани мутахассисон ба давлатҳои дар соҳаи кирмакпарварӣ пешрафта барои омўзиши таҷрибаи пешқадами онҳо ба нақша гирифта шавад.

 

7. Коркарди аввалияи пилла

 

Воситаҳои асосии пиллақабулкунӣ ва таҷҳизоти пиллахушккунӣ бояд аз таъмири асосӣ бароварда шаванд. Инчунин, воридот ва насби технологияи муосир зарур аст.

Нақшаи гузаронидани таъмири асосии дастгоҳҳои пиллахушккунӣ дар замимаи № 6 пешбинӣ шудааст.

Аз Бонки миллии Тоҷикистон ва ҶСК Агроинвестбонк хоҳиш карда шавад, ки барои таъмири воситаҳои асосии нуқтаҳои пиллақабулкунӣ ва пиллахушккунӣ ба корхонаҳои пиллақабулкунӣ ва пиллахушккунӣ қарзи дарозмуддати имтиёзнок ҷудо намоянд.

Вазорати энергетика ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии давлатии Тоҷикстандарт вазифадор карда шаванд, ки Стандарти Давлатии пиллаи тар ва хушк, коэффисенти аз пиллаи тар гирифтани пиллаи хушк ва қабули пилларо бо намнокии муайян таҳия намуда, барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд.

Ба мақсади пурра ташхис ва муайян намудани нишондиҳандаҳои биологӣ ва технологии парвариши кирмак, сифати тухми он, пилла ва маҳсулоти абрешими хом, сифати ниҳолҳои тут ва тухми тут, муайян намудани касалиҳои кирмак ва дарахтони тут дар стансияи ҷумҳуриявӣ таҷрибавии илмӣ-истеҳсолии абрешимчигӣ таҷҳизондани озмоишгоҳи махсус бо таҷҳизоти муосир аз ҳисоби маблағгузориҳои сармоягузорон ва маблағҳои грантӣ амалӣ гардонида шавад.

 

8. Коркарди пилла, истеҳсоли нахи абрешим ва матои атлас

 

Дар давраи шўравӣ дар Тоҷикистон 6 корхонаи коркарди пилла ва 2 корхонаи атласбофи фаъолият мекарданд. Баъд аз пош хўрдани Иттиҳоди Шўравӣ бинобар мушкилиҳо ҷиҳати мутобиқ шудан ба муносибатҳои иқтисодии бозаргонӣ, дастгирии молиявӣ наёфтан аз тарафи давлат ва аз ўҳдаи идоракунӣ набаромадани соҳибмулкон, 2 корхонаи коркарди пилла ва ҶСК "Тоҷик Атлас" фаъолияти худро пурра қатъ кардааст, дар чумҳурӣ 4 корхона коркарди пилла ва 1 корхонаи истеҳсоли матои атлас ҶДММ "Атласи Хуҷанд" бокӣ мондааст. Корхонаи мазкур барои коркарди ашёи супоришгар фаъолият намуда, ҳамагӣ 55 % - и иқтидорҳои истеҳсолиашро истифода мебараду халос. Маблағи бадастомада барои пардохти андозҳо ба буҷет, музди меҳнати коргарон ва дигар хароҷотҳои истеҳсолӣ равона шуда, азнавсозни истеҳсолот хариди техника ва таҷҳизотҳои муосир ғайриимкон гардидааст. Дар корхонаи мазкур талаботи тори абрешим 9,6 тонна буда, иқтидори истеҳсолиаш 186 ҳазор м2 матои атлас дар як сол мебошад. Шумораи коргарони коркардаистода ба 16 нафар мерасад.

Яке аз масъалаҳои асосии ҳалталаби соҳаи истеҳсоли матои атлас, ин баланд будани нархи риштаи абрешим, ки ба нархи маҳсулоти тайёр таъсири манфии худро расонида истодааст. Тибқи нархномаи пешиниҳодкардаи ҶДММ "Атласи Хуҷанд" 1 метри тўлонии матои атласи истеҳсолшуда айни замон бо дарназардошти ААИ 24,5 сомониро ташкил медихад.

Бояд қайд намуд, ки соҳаи шоҳибофӣ дар чумҳурӣ соҳаи анъанавии миллӣ буда, заминаи хуби ашёи хом дорад. Корхонаҳои ватанӣ бинобар норасоии воситаҳои гардон ҷиҳати харидории риштаи абрешим, аз ҷиҳати нарх ба рақобат тоб наовардани атласи истеҳсолгардида бо матоъҳое, ки аз хориҷи кишвар, бо роҳи қочоқ ворид мегарданд, аз кор боз мондаанд.

Доир ба барқарорсозии иқтидорҳои мавҷудаи шоҳибофӣ, Вазорати энергетика ва саноат дар назди муассиси ҶДММ КМ "ВТ Роҳи Абрешим"-и шаҳри Душанбе ширкати "Asia Silk Corporation" барои ба poҳ мондани истеҳсоли шоҳӣ ва атласбофӣ масъалагузорӣ намуд. Корхонаи мазкур якҷоя бо мутахассисони Вазорат ҳамкорӣ намуда, айни замом 5 дастгоҳи дастии истеҳсоли маҳсулоти ҳунарҳои нафисаи бадеии халқӣ (шарф, рўймол ва ғайра) ва атлас аз риштаи абрешим ворид ва васл намудааст. Бояд қайд намуд, ки дар ҶДММ КМ "ВТ Роҳи абрешим", ки дорои таҷҳизоти пилларесии истеҳсоли Япония бо иқтидори коркарди 350 - 400 тонна пиллаи хушк ва истеҳсоли 70 тонна нахи абрешим мебошад, ки метавонад зиёда аз 360 ҷойҳои кории қаблиро барқарор созад. Таҷҳизотҳои зикргардида омодаи кор’мебошанд. Мутаассифона, аз соли 2006 инҷониб бинобар норасоии ашёи хом, корхона аз фаъолият бозмондааст.

Қайд кардан ба маврид аст, ки соҳаи истеҳсоли атласбофӣ ниёз ба дастгирии давлатӣ дорад. Аз ин рў, бо дарназардошти аҳамияти фарҳангӣ ва анъаноти миллии тоҷикон маҳсуб гардидани матои атлас дастгирии ин соҳа ба мақсад мувофиқ мебошад.

Дар ҷумҳурӣ 4 корхонаи коркарди пилла бо иқтидори солонаи коркарди 1391 тонна пиллаи хушк ва истеҳсоли 347,9 тонна тори абрешим мавҷуд аст. Инҳо: ҶММ КМ "ВТ - Силк"-и шаҳри Хуҷанд, ҶДММ КМ "Роҳи Абрешим"-и шаҳрн Душанбе, КФ "Сарбанд - Силк" - и шаҳри Сарбанд ва КФ "Кўлоб - Силк"-и шаҳри Кўлоб мебошанд.

Таъмини якуминдараҷаи корхонаҳо бо ашёи хом аз масъалаҳои ҳалталаб мебошад.

Рушди соҳаи коркарди ашёи хоми пилла бо дарназардошти истифода аз манбаи мавҷудаи захираҳои зиёди ашёи хоми дохилӣ таъмин мегардад, ки ин шарти ғанитар кардани буҷети давлат, таъмини бозори дохилӣ ва баланд бардоштани иқтидори содиротии ҷумҳурӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ мегардад, ки барои паст кардани сатҳи камбизоатӣ хеле муҳим аст.

Барои ба даст овардани комёбиҳои назаррас ҷиҳати коркарди шила дар дохили ҷумҳурӣ ва истеҳсоли матои атлас як қатор чорабиниҳои муҳимро бояд дар амал татбиқ намуд:

-азнавтаҷҳизонии иқтидорҳои истеҳсолии мавҷуда корхонаҳои саноатии ҷумҳурӣ;

-сохта ба истифода додани коргоҳҳои нави коркарди ашёи хоми пилла дар минтақаҳои парвариши пилла дар дохили чумхурӣ;

-таъмин намудани корхонахои ватанӣ бо ашёи хом дар навбати аввал;

-ба тартиб даровардани сиёсати гумрукии содиротӣ на воридотии ҷумҳурӣ.