ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

ДАР БОРАИ ТАСДИҚИ БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ СОҲАИ ГЕОЛОГИЯИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2012-2020

 

Мутобиқи моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1) Барномаи давлатии рушди соҳаи геологияи Тоҷикистон барои солҳои 2012-2020 тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

2) Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми таҳияи барномаи миёнамўҳлати хароҷоти давлатӣ барои иҷрои Барномаи мазкур маблағҳои заруриро пешбинӣ намояд.

3) Саридораи геологияи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳои молия ва рушди иқтисод ва савдо ҷиҳати ҷалби сармоягузориҳои ватанию хориҷӣ барои иҷрои Барномаи мазкур чораҳои мушаххас андешанд.

4) Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағгузории корҳои марбут ба омўзиши геологии қаъри заминро ба тарзи пешпардохт дар ҳаҷми 40% аз меъёри семоҳаи пешбинишуда таъмин намояд.

5) Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо дар барномаҳои дахлдори рушди иҷтимоию иқтисодӣ масъалаҳои вобаста ба омўзиши конҳои канданиҳои фоиданокро бо Барномаи мазкур мутобиқ намоянд.

6) Барномаи рушди соҳаи геологияи Тоҷикистон дар солҳои 2007-2015, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 29 декабри соли 2006, № 784 тасдиқ шудааст, аз эътибор соқит дониста шавад.

 

 

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                            Эмомалӣ Раҳмон

 

аз 3 декабри соли 2011 № 599

ш. Душанбе