Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 1 апрели соли 2011 № 165

тасдиқ шудааст

 

БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ РУШДИ КОМПЛЕКСИ НАҚЛИЁТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ТО СОЛИ 2025

 

1. Муқаддима

 

1) Ҷумҳурии Тоҷикистон бо 143,1 ҳазор километри мураббаъ масоҳат, дар қисмати кўҳсори Осиёи Марказӣ дар маркази чорроҳаи пайвасткунандаи шабакоти рушдёфтаи нақлиётии Шимол (шабакоти нақлиётии Руссия ва Қазоқистон) ва бандарҳои калони тиҷоратии байналмилалии Ҷануб (бандар-шаҳрҳои соҳили уқёнуси Ҳинд) ва дар масири шоҳроҳи кўтоҳтарини тиҷоратии байни кишварҳои Шарқ (аз ҷумла, Ҷумҳурии халқии Хитой бо иқтисодиёти дорои суръати баланди рушд) ва Ғарб (Аврупо ва дигар давлатҳои тараққиёфтаи ҳавзаи баҳри Миёназамин) воқеъ аст.

Инфрасохтори нақлиётии кишвар, асосан солҳои 60-80 асри гузашта ҳамчун як қисми таркибии шабакоти нақлиётии Иттиҳоди Шўравӣ бунёд ёфта, дорои хусусияти якҷонибагии бунбастии марзӣ дошт ва дар баробари ин солҳои 90 асри гузашта бо сабабҳои объективӣ таназзул кард.

Аз лиҳози он, ки дар марҳилаи нави таърихии рушди иқтисодиёти кишвар инфрасохтори вуҷуддоштаи нақлиётӣ ба таъмини вазифаҳои стратегии рушди иқтисодиёт дар мавриди интиқоли дохилию берунӣ мутобиқат надошт, зарурати муайансозии тамоюли рушди инфрасохтор дар ҳамбастагӣ бо дигар вазифаҳои стратегии тараққиёти мамлакат пеш омад.

Маҷмааи нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон нақлиёти автомобилӣ, роҳи оҳан, ҳавоиро муттаҳид сохта, хоҷагии роҳҳои автомобилгардро дар бар мегирад. Вобаста ба шароити хоси табиӣ-иқлимии ҷумҳурӣ, ки 93 фоизи масоҳати онро кўҳҳо ишғол мекунанд, нақлиёти автомобилӣ нисбат ба дигар воситаҳои нақлиёт дорои бартарияти муҳими стратегӣ, хусусан дар самти таъмини интиқоли мунтазами дохилӣ ва фарогирии ҳамаи минтақаҳои мамлакат мебошад. Аз ин лиҳоз, ба рушди шабакаи роҳҳои автомобилгард ва иншооти он, ки робитаи доимии байни марказ ва минтақаҳои ҷумҳуриро таъмин мекунанд, аҳамияти махсус дода мешавад.

Бо рушди нақлиёти автомобилӣ, тавсеаи шабакоти роҳи оҳан чун калонтарин интиқолдиҳанда дар самти ҳамлу нақли байналмилалӣ низ ҳамчун омили муҳими сохтори нақлиётии кишвар муайян гардидааст. Дар ин самт ба сохтмони хатҳои нави роҳҳои оҳан, ки марказро бо минтақаҳои муҳими стратегии ҷумҳурӣ ва шабакоти роҳҳои оҳани мамлакатҳои ҳамсоя мепайванданд, аҳамияти махсус дода шуда, дар марҳилаҳои минбаъда ба шоҳроҳи асосии гузариши транзитии интиқоли байналмилалӣ табдилдиҳии он, чун пояи асосии равобити байналмилалии нақлиётӣ маънидод гардидааст.

Барои баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ва рақобатпазирии муассисаҳои нақлиёти соҳаи ҳавопаймоии ҷумҳурӣ дар арсаи байналмилалӣ, гузаронидани ислоҳоти сохторӣ ва таҷдиду таҳкимбахшии заминаӣ техникӣ, иншооти фурудгоҳӣ ва терминалҳои замонавии ин соҳа, инчунин таъмини хизматрасонии мустақили аэронавигатсионии мамлакат чун равандҳои муҳим муайян карда шудаанд.

Барномаи мақсадноки давлатии рушди комплекси нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2025 (минбаъд- Барнома) дар асоси таҳлилҳо, хулосаҳои амиқи ояндабинӣ ва барномаи инкишофи ҳамаи таркибҳои маҷмааи нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дарназардошти пешбаранда будани маҷмааи нақлиётӣ нисбат ба дигар бахшҳои воқеии иқтисодиёти кишвар омода шудааст.

 

2. Максад, вазифа ва принсипҳои Барнома

 

1) Мақсад ва вазифаи Барнома:

-таҳияи маҷмўи тадбирҳо оид ба рушди бомароми комплекси нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба таъмин намудани талаботи аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати хизматрасонии нақлиётӣ ҷиҳати иқтисодӣ муфид ва дар сатҳи зарурии бехатарӣ дар ояндаи кўтоҳмўҳлат ва ҳам дарозмўҳлат қодир аст; -бунёди шабакаи инфрасохтории нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба қонеъгардонии талаботи эҳтиёҷоти иқтисодӣ ва маишӣ бо риояи меъёрҳои муқарраршудаи бехатарӣ мусоидат мекунад.

2) Пайваста инкишоф ёфтани соҳаи нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тараққии ҳамаи бахшҳои иқтисодии ба он алоқаманд мусоидат карда, таъсиси ҷойҳои зиёди нави корӣ ва беҳтаршавии муҳити иҷтимоиро дар ҷомеъа таъмин менамояд. Дар ин робита ба инкишофи ҳамаи бахшҳои маҷмааи нақлиёти ҷумҳурӣ аҳамияти махсус додан зарур аст, ки он дар натиҷаи танзими давлатии соҳа ба даст оварда мешавад. Маълум аст, ки чунин раванд дар доираи барномаи ягонаи рушди макроиқтисодӣ ва дохилисоҳавӣ бояд ба роҳ монда шавад.

Мароми асосии Барнома аз таъмини эътимоднокии устувор, босамар, таъсирбахш ва кори ҳамбастагии нақлиёту инфраструктураҳо, ки ба рушди иҷтимоӣ-иқтисодии минтақа мусоидат мекунанд, иборат аст. Он бо роҳи баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ва кам кардани хароҷоти нақлиётӣ, беҳтар намудани сифати фазои ҳаракат дар роҳҳои автомобилгарду оҳан ва ҳавоӣ ба даст меояд.

Бояд қайд кард, ки амалисозии Барномаи мазкур инчунин ҷиҳати ба даст овардани нишондиҳандаҳои асосии Стратегияҳои милли рушд ва паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар кишвар мусоидат хоҳад кард.

Нишондиҳандаи муҳиме, ки мавқеи хоси ҳар соҳаро барои иқтисодиёт ва иҷтимоиёти кишвар муайян мекунад, саҳми соҳа дар ташаккули Маҷмўи маҳсулоти дохилӣ (минбаъд- ММД) аст.

Афзоиши маблағгузориҳои амалӣ дар рушди маҷмааи нақлиёт шарти зарурии таъмини вазифаҳои стратегии суръатбахшӣ ба афзоши ММД дар Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад. Вазни қиёсии хароҷотҳои нақлиётӣ дар арзиши маҳсулот вобаста ба соҳаҳои иқтисодиёт, аз 5 - 35 фоиз тағйир меёбад.

Парки аз ҷиҳати техникӣ ва маънавӣ кўҳнашуда, дараҷаи хароҷотҳои нақлиётиро дар арзиши молу маҳсулот афзоиш дода, ба пастравии дараҷаи рақобатпазирии хизматрасонии нақлиёти ватанӣ дар бозори дохилӣ ва берунӣ оварда мерасонад.

Нишондиҳандаи муҳимтарини иҷтимоӣ-иқтисодӣ, ки ба афзоиши ҳаҷми ҳамлу нақли мусофирон бо нақлиёти роҳи оҳан ва ҳавоӣ таъсир мерасонад, баланд шудани суръати даромадҳои воқеӣ ба ҳар сари аҳолӣ мебошад. Таҳлил нишон медиҳад, ки дар мавриди афзоиши даромади воқеии аҳолӣ ба як фоиз ҳаҷми интиқоли мусофирон ба ҳисоби миёна то 1,6 фоиз зиёд мешавад.

3) Барномаи мазкур ба таҳқиқотҳои институтҳои байналмилалии молиявӣ ва мутахассисони соҳа асос ёфта, ҳадафҳои зеринро пайгирӣ мекунад:

-фароҳам сохтани инфрасохтори нақлиётӣ, ки дар он хароҷоти умумии интиқоли бори мусофиронро ба дараҷаи пасттарин бошад;

-таъмини инкишофи соҳаҳои алоҳидаи нақлиёт дар доираи ҳудуди фаъолияти судмандашон;

-мусоидат ба афзоиши имкониятҳои транзитии кишвар ва табдил додани он ба минтақаи саёҳӣ;

-мусоидат ба таъмини рақобати озод дар бозори хизматрасонии нақлиётии дохилӣ ва байналмилалӣ.

4) Барнома дар заминаи фарзияи асоснокшудаи зерин таҳия шудааст:

-ММД-и кишвар дар марҳилаи кўтоҳмуддати инкишофи иқтисодиёт дар як сол 5 фоиз, ва дар давраи дарозмўҳлати инкишоф 4 фоиз афзоиш меёбад;

-суръати инкишофи ҳаҷми кори нақлиётӣ нисбат ба суръати афзоиши ММД бештар буда, барои нақлиёти автомобилӣ 1,4 фоиз ба як фоизи инкишофи ММД, нақлиёти ҳавоӣ ва роҳи оҳан 1,6 фоиз мувофиқ меояд.

5) Барои муайян кардани ҳаҷми лозимаи сармоягузорӣ барои татбиқи чорабиниҳои дар Барнома овардашуда, аз меъёрҳои зерин истифода бурда шудаанд:

-самаранокии иқтисодии сармоягузорӣ - 15 фоиз;

-дараҷаи таваккал дар татбиқи Барнома - ибтидоӣ;

-аҳамияти бештар додан ба минтақаҳои аҳолиашон камбизоат ва ниёзи иҷтимоияшон баланд;

-таваҷҷўҳи зиёд ба шоҳроҳҳои байналмилалӣ зоҳир намудан.

6) Барнома дар доираи се маҳдудияти муҳими зерин татбиқ карда мешавад: -афзоиши ҳиссаи Ҳукумат дар лоиҳаҳо танҳо дар асоси зиёдшавии даромади буҷет;

-карзҳои ғайриимтиёзнок (ва баъзе аз қарзҳои имтиёзнок) дар доираи меъёрҳои аз нигоҳи судманди молиявии байналмилалӣ муқарраргардида;

-карзгирии сармояи хориҷӣ фақат дар заминаи афзоиши ММД ба амал бароварда мешавад.

7) Аз ин лиҳоз:

а) дар бахши нақлиёти автомобилӣ:

-бо мақсади азнавкунии парки таркибӣ ҳаракаткунанда аз имкониятҳои бахши хусусӣ ва ҳокимияти давлатӣ дар маҳалҳо истифода буарда мешавад;

-шабакаи марказҳои логистикӣ (терминалҳои нақлиётӣ) асосан аз ҳисоби қарзҳои имтиёзнок ва маблағҳои худии интиқолдиҳандагон созмон дода шавад;

б) дар бахши нақлиёти роҳи оҳан:

-татбиқи лоиҳаҳо аз ҳисоби фоидаи софи соҳа ва ҷалби сармояи хусусӣ ба роҳ монда мешавад;

в) дар бахши нақлиёти ҳавоӣ:

-ширкатҳои ҳавопаймоӣ бояд қобилияти бо фоизҳои тиҷоратӣ харидорӣ кардани таҷҳизоти зарурӣ, тайёра ва чархболҳоро дошта бошанд;

-фаъолияти фурудгоҳҳо, терминалҳо ва идоракунии парвозҳо дар заминаи баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ таъмин мегардад;

г) дар бахши роҳдорӣ (автомобилӣ ва роҳи оҳан):

-барномаи таҷдид ва сохтмон пурра аз ҳисоби маблағҳои грантӣ ва қарзҳои нмтиёзноки созмонҳои молиявии байналмиллалӣ дар давраҳои кўтоҳ ва миёнамўҳлат маблағгузорӣ карда мешаванд. Дар давраи дарозмўҳлат маблағҳои зарурӣ пурра аз ҳисоби истифодабарандагони ватании роҳҳо барои таҷдид, сохтмон ва нигоҳдории роҳҳо сафарбар карда мешаванд.

 

3. Арзёбии вазъи имрўзаи соҳаҳо

 

8) Гузариш ба муносибатҳои бозаргонӣ дар солҳои аввали истиқлолияти миллӣ, пошхўрии Иттиҳоди Шуравӣ ва аз байн рафтани низоми мутамарказонидашудаи фаъолияти комплекси нақлиётӣ ба нишондиҳандаҳои асосии фаъолияти комплекси нақлиёт бетаъсир намонд. Чунончӣ, дар солҳои 1991-1996-боркашонӣ бо ҳама намуди нақлиёт 2,7 мароттба, гардиши бор зиёда аз 3,7 ва мусофирбарӣ 4,3 баробар кам гардид.

Либерализатсиякунонии иқтисодиёт ва тағйиротҳои сохтории комплекси нақлиётӣ ба рушди бозори озоди хизматрасонии нақлиётӣ ва интегратсияи онҳо ба иқтисодиёти тараққиёбандаи Тоҷикистон оварда расонд. Базаи меъёрӣ-ҳуқуқӣ ва сохтори идоракунии нақлиёт тағйир ёфт.

Ташаккули тамоюли болоравии иқтисодӣ ва беҳтаршавии сатҳи зисти аҳолб аз соли 1999 сар карда, ба афзоиши талаботи табиии қабулт пардохт нисбат ба хизматрасонии нақлиётӣ мусоидат намуд. Мутобиқи маълумоти расмии оморӣ солҳои 2000-2010 комплекси нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷмўъ талаботи рўзафзуни ҳамлу нақли бору мусофиронро қонеъ кард.

Омили асосие, ки ба афзоиши боркашонӣ таъсир расонд, зиёд шудани ҳаҷми маҳсулоти сохтмониву саноатӣ буд. Бояд гуфт, ки қариб 70 фоиз интиқоли борҳои хоҷагии халқ ба соҳаи нақлиёти автомобилӣ рост меояд.

9) Дар баробари ин бояд қайд кард, ки як қатор мушкилиҳои ҷой доранд, ки метавонанд дар маҷмўъ ба тамоюли мусбии солҳои охир таъсир расонанд.

Аз ҷумла:

-зиёд будани (дар баъзе ноҳия ва зерсоҳаҳо 50-70 фоиз) хўрдашавии таркиби ҳаракаткунанда (қатораҳо, автомобилҳо);

-ҷараёни тағйирёбии нархҳои хизматрасонии нақлиётӣ, ки ба таври устувор сатҳи таваррумро баланд мебардорад;

-ҳаҷми зиёди сохтмонҳои нотамом ва сари вақт ба истифода надодани иншооти магистралии инфраструктураи нақлиётӣ;

-нисбатан паст будани сатҳи бехатарии фаъолияти комплекси нақлиётӣ.

10) Зуҳури минбаъдаи ин мушкилиҳо ба ҳолате оварда мерасонад, ки комплекси нақлиёт қудрати иҷро кардани талаботи рўзафзуни иқтисодиёти ҷумҳуриро аз даст медиҳад. Он метавонад ба суръати баланди фаъолияти амалии субъектҳои хоҷагидор, маҳсулнокии фаъолияти онҳо таъсири манфӣ расонида, инчунин ҷиҳати амалисозии тадбирҳои иҷтимоӣ-иқтисодии рушди ҷумҳурӣ, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраҳои дарозмўҳлат оид ба афзоиши ММД ба нақша гирифта шудааст, садди роҳ гардад.

Солҳои охир аз ҳисоби муҳайё намудани муҳити рақобати озод ва пурзўркунии назорати давлатӣ, рушди устувору мунтазами қонеъ намудани талаботи бозор нисбати хизматрасониҳои нақлиётӣ (боркашонӣ ва мусофирбарӣ) таъмин гардид.

Мутобиқи натиҷаи нишондиҳандаи солҳои 2008-2010 ҳаҷми хизматрасониҳои нақлиётӣ тавассути ҳамаи соҳаҳои нақлиёт дар ҳолати пайвастаи рущд карор дошта, ҳаҷми миёнаи солонаи рушд дар самти боркашонӣ 2,5-3,0 ва мусофирбарӣ 4,5-5,0 фоизро ташкил медиҳад.

Суръати афзоиши ҷудо намудани маблағ барои таъмиру ниғоҳдории роҳҳои автомобилгарди истифодаи умум дар баробари афзудани сармоягузории инвеститсионӣ бо мақсади сохтмон ва таҷдиду барқарорсозии онҳо хеле баланд буда, имконият фароҳам овард, ки тайи 4-5 соли охир дар ҷумҳурӣ зиёда аз 2300 км роҳҳо, 21,4 км нақбҳо ва долонҳои зиддитармавӣ ва қариб 200 адад пулҳои хурду миёна бо дарозии тўлонии 8,2 км таҷдид ва сохта шуда, мавриди истифодабарӣ қарор мегиранд.

11) Нақлиёти автомобилӣ дар иқтисодиёти ҷумҳурӣ нақши муҳим мебозад, зеро ҷузъи асосии инфраструктураи истеҳсолӣ мебошад. Зиёда аз 90 фоиз ҳамлу нақли бору мусофир дар дохили ҷумҳурӣ тавассути нақлиёти автомобилӣ сурат мегирад.

Ҳаҷми умумии боркашонӣ ва мусофирбарӣ тавассути нақлиёти автомобилӣ дар давраи солҳои 1992-2000-ум тамоюли пастравӣ дошта, аз соли 2001 сар карда, он тамоюли пайвастаи баландравиро доро гардидааст. Баландравии миёнаи ин нишондиҳандаҳо дар солҳои 2008-2010 боркашонӣ 21,7 фоиз ва мусофирбарӣ 4,4 фоизро ташкил медиҳад.

Таҳлили парки воситаҳои нақлиёти автомобилӣ аз рўи мўҳлати истифодабариашон кўҳнашавии пайдарҳамии онҳоро нишон медиҳад. Масалан, теъдоди автомобилҳои боркаш ва автобусҳое, ки мўҳлати истифодаашон аз 10 сол гузаштааст, то 80 фоиз зиёд шудааст.

Бояд қайд кард, ки дар соли 2010 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 297272 адад воситаҳои нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбати соли 2000 111588 адад зиёд мебошад, ки 80 фоизи он автомобилҳои сабукрав ва 14 фоиз боркаш ва 6 фоизи он автобусҳо мебошанд.

Соҳаи нақлиёти автомобилӣ бо суръати баланд ғайрндавлатб ва хусусб гардонида шуд ва вобаста ба ии раванд бояд қайд кард, ки мониторинги равишҳои истеҳсолии дар соҳа айни ҳол баамалоянда хеле коҳиш ёфт.

Масалан, алҳол механизми мониторинги нишондодҳои техникӣ-иқтисодӣ (мўҳлати фаъолияти воситаҳои нақлиётӣ,истифодабарии иқтидори борбардорӣ, мусофирғунҷоишии воситаҳо, андозаи саҳеҳи масири тайнамуда дар мўҳлати муайян, ҳаҷми корҳои иҷрошуда ва ғайра) ва ҳисобгирии омории ин нишондиҳандаҳо дар дар бахши хусусии нақлиёти автомобилӣ ҷорӣ нагардидааст. Дар натиҷа фаъолияти нақлиёти автомобилӣ ба таври шартӣ баҳогузорӣ мешавад ва ҳисоботҳои оморӣ барканор мемонанд. Ба ин раванд бо бо истифодаи иҷозатномаи патентӣ ҳамчун соҳибкори ннфиродӣ фаъолият намудан низ дар бозори хизматрасонии нақлиётӣ мусоидат менамояд.

12) Соли 1994 дар асоси шўъбаи Душанбегии роҳи оҳани Осиёи Марказӣ роҳи оҳани Тоҷикистон таъсис ёфтааст. Дарозии хати он 679.9 км роҳҳои асосӣ буда, 61,5 километри он духатта аст.

Роҳи оҳани тоҷик дорои 33 истгоҳ мебошад. Аз ҷумла, дар минтақаи марказӣ 10, дар минтақаи шимолӣ 10 адад ва дар минтақаи ҷанубӣ 13 адад мебошад.

Соли 1999 роҳи оҳани нави Қўрғонтеппа-Кўлоб ба истифода дода шуд, ки дарозиаш 132 километр мебошад.

Айни замон роҳи оҳани Тоҷикистон аз се хати аз ҳам ҷудо (марказӣ, шимолӣ ва ҷанубӣ) иборат аст Ҳамаи ин минтақаҳо тавассути қаламрави Ўзбекистон ва Туркманистон пайваст мешаванд.

Айни ҳол дар тавозуни Роҳи оҳани Ҷумҳурии Тоҷикистон 2128 вагони боркаш, 397 вагони мусофирбар ва 55 локомотив мавҷуданд. Соли 2010 ҳаҷми умумии борҳои бо роҳи оҳан интиқолшуда 10439,9 ҳазор тоннаро ташкил дод, ки аз ин 4927,1 ҳазор тоннааш борҳои транзитӣ мебошад.

Қитъаи шимолии роҳи оҳан бештар тараққикарда мебошад, ки тавассути он 66,7фоиз ҳаҷми умумӣ ва 100 фоиз борҳои транзитӣ интиқол меёбанд.

Аз теъдоди умумии мусофирон (593,8 ҳазор мусофир), ки дар соли 2010 интиқол дода шудаанд, танҳо 0,9 ҳазор мусофир ба интиқоли транзитӣ рост меоянд.

13) Нақлиёти ҳавоӣ бо суръати баланди интиқоли мусофиру бор нисбати дигар бахшҳои нақлиётӣ фарқ мсеунад. Вале арзиши аслии хизматрасонии он баланд буда, аз вазъи обу ҳаво, ҳамчунин андозаи маҳдуд ва ҳаҷми борҳои интиқолдиҳанда вобаста аст. Аз ин рў, ин бахши комплекси нақлиёт бештар ба интиқоли мусофирони ба сафари дур бароянда, интиқоли фаврии борҳои ҳаҷман хурд ва гаронбаҳо нигаронида шудааст.

Фаъолияти нақлиёти ҳавоии ҷумҳурӣ тавассути 4 фурудгоҳи байналмилалӣ бо 3 ширкати ҳавопаймоии ватанӣ дар 58 ҳазор километр хатҳои ҳавопаймоӣ ба роҳ монда шудааст.

Теъдоди умумии ҳавопаймоҳо дар ҷумҳурӣ 37 адад, аз он 33 адад тайёра ва 4 адад чархбол мебошад. Айни замон аз теъдоди умумии ҳавопаймоҳо 45 фоизи тайёраҳо ва 75 фоизи,чархболҳо коршоям мебошанд.

Истифодабарандагони ҳавопаймоҳо дар хатсайрҳои байналмилалӣ асосан тайёраҳои рақобатнопазири истеҳсоли кишварҳои ИДМ-ро истифода мебаранд. Барои баланд бардоштани фаъалияти хизматрасонии ҳавопаймоӣ ва ташкии рақобат дар хатсайрҳои байналмилалӣ аз соли 2007 то инҷониб ширкатҳои ватанӣ 8 адад тайёраҳои замонавии "Боинг"-ро, ки ҷавобгўи талаботҳои байнамилалианд, харидорӣ намуда, мавриди истифодабарӣ қарор додаанд ва соли 2010 зиёда аз 90 фоизи интиқоли байналмилалии мусофирон тавассути ин тайёраҳо анҷом дода шудааст.

Ҳамлу нақли ҳавопаймоии байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Федератсияи Русия 87,0 фоиз, Ҷумҳурии Халқии Хитой 4,7 фоиз ва Туркия 4,1 фоизро ташкил медиҳад. Парвозҳои боқимонда ба Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Аморати Муттаҳидаи Араб анҷом дода шудаанд.

Бояд қайд кард, ки 45,0 фоизи ҳамлу нақли мусофирони байналмилалӣ ба ҳавопаймоёни ватанӣ рост меоянд. Қариб 70,0 фоизи парвозҳои байналмилалӣ аз фурудгоҳҳои шаҳрҳои Душанбе, 28,0 фоиз аз Хуҷанд ва 2,0 фоиз аз Қўргонтеппа ва шаҳри Кўлоб анҷом дода мешаванд.

14) Роҳҳои автомобилгарди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар комплекси нақлиётӣ дорои мавқеи махсус мебошанд.

Хоҷагии роҳҳои ҷумҳурӣ дар солҳои истиқлол ба тарзи куллӣ дигаргун шудааст. Сохтмон ва таҷдиди роҳу нақбҳо, ки робитаи ҳамасолаи маркази ҷумҳуриро бо ҳамаи минтақаҳо таъмин менамояд, босуръат идома доринд.

Дар давраи солҳои 2005-2010 лоиҳаҳои, таҷдиду бунёди роҳҳои автомобилгарди Душанбе-Хуҷанд-Чаноқ (сарҳади Ҷумҳурии Ўзбекистон), Душанбе-Рашт-Қарамиқ (сарҳади Ҷумҳурии Қирғизистон), Душанбе-Кўлоб-Хоруғ-Қулма (сарҳади Ҷумҳурии Халқии Хитой) ва Душанбе-Қўрғонтеппа-Панҷи Поён (сарҳади Ҷумҳурии Исломии Афғонистон) ва як қатор лоиҳаҳои дигари муҳим татбиқ гардиданд.

Айни замон дарозии роҳҳои автомобилгарди истифодаи умум 13968 кмлометр ва роҳҳои автомобилгарди ғайри истифодаи умум 12791 километрро ташкил медиҳанд.

Тавсифи зичии шабакаи роҳ яке аз нишондиҳандаҳои анъанавист, ки талабот ба манбаъҳои рушди инфраструктураи нақлиётро муайян мекунад. Ин нишондод мавриди муайян кардани афзалияти ҳамлу нақли бору мусофирон байни нақлиёти автомобилию роҳи оҳан махсусан муҳим аст.

Зичии шабакаи роҳ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба 1000 км2 дар соли 2010 187,0 км (аз ҷумла, дар роҳҳои болопўшашон сахт 104,4 км)-ро ташкил дод, ки дар нисбати кишварҳои дорои иқтисодиёти пешрафта (ШМА-600, Канада-300 км/1000м2) хеле паст аст.

Роҳҳои ҷумҳуриявӣ шараёни асосианд ва шабакаи роҳҳоеро ташкил медтҳанд, ки индексатсия шуда, аз 17 роҳи байналмилалӣ ва 86 роҳи ҷумҳуриявӣ таркиб ёфтаанд.

Бояд гуфт, ки мутобиқи таснифоти қабулшудаи роҳҳо дар ҷумҳурӣ қариб роҳҳои категорияи I вуҷуд надошта, ҳамагӣ 1,1 фоиз ҳамаи роҳҳо ба категорияи II мансубанд. Бидуни ин 23,1 фоиз роҳҳои ҷумҳуриявӣ ва 84,1 фоиз роҳҳои маҳаллӣ ба категорияи V тааллуқ доранд.

Аз рўи намуди болопўш 28,0 фоиз дарозии роҳҳо асфалтпўш, 45,0 фоиз шағалпўши бо мум коркардшуда, боқимондаи 27,0 фоиз шағалпўши бо мум омехта нашудаанд.

Дар байни роҳҳои дигари ҷумҳуриявӣ 42,0 фоиз камтар аз 10 км ва 92,0 фоиз камтар аз 50 км дарозӣ доранд. Аз ин 96,5 фоизро роҳҳои дохилиноҳиявӣ, боқимондаи 3,5 фоизро роҳҳои байниноҳиявӣ, ки дар ҳудуди зиёда аз як ноҳия ҷойгиранд, ташкил медиҳанд.

Мутобиқи тавсифоти техникӣ ин роҳҳо ба категорияи II- V мансубанд. Аз ин, зиёда 46,0 фоиз аз рўи дарозиашон ба категорияи III, 41,0 фоиз ба категорияи IV ва қариб 13,0 фоиз ба категорияи V дохил мешаванд. Аз байни онҳо 1385,4 км роҳҳо нисбат ба роҳҳои дигар аҳамияти зиёди иҷтимоӣ-иқтисодӣ дошта, дар онҳо нисбатан шиддатнокии бештари ҳаракат ба қайд гирифта шудааст.

Ҳамчунин 1261 номгўи роҳҳои маҳаллӣ ҳастанд, ки дарозии умумиашон 8684 километр буда, нуқтаҳои аҳолинишини деҳотро ба ҳам пайваста. (V, роҳҳои асосӣ мебароянд. Дарозии ин роҳҳо (зиёда аз 60,0 фоиз) аз 5 км камтар ва 32,0 фоиз зиёда аз 25 км мебошанд.

Дарозии роҳҳои идораву муассисаҳо 12791 километрро ташкил медиҳанд. Инҳо асосан роҳҳои саноатӣ, технологӣ ва фаръие мебошанд, ки дар иншооти гуногун ҷойгиранд. Роҳҳои мазкур роҳҳои истифодаи умум набуда, дар мувозина ва маблағгузории якчанд вазорату идораҳо, кумитаҳо ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо қарор доранд.

Тоҷикистон дар шабакаи роҳҳои автомобилгарди Осиё ҷойгир буда, бо Ҷумҳурии Ўзбекистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва Ҷумҳурии Халқии Хитой ҳамсарҳад мебошад. Қад-қади сарҳади Тоҷикистон 25 гузаргоҳи сарҳади давлатӣ мавҷуд аст. Аз ҷумла 17 адад дар сарҳади Ҷумҳурии Ўзбекистон, 5 адад дар сарҳади Ҷумҳурии Қирғизистон, 2 адад дар сарҳади Ҷумҳурии Исломии Афғонистон ва як нуқта дар сарҳади Ҷумҳурии Халқии Хитой ҷойгиранд.

15) Мақсади бунёди коридорҳои нақлиётии байналмилалӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз баланд бардоштани самаранокии ҳамлу нақли тиҷоратии хориҷӣ ва таъмини кафолати амалӣ шудани онҳо дар асоси қарордоду тафоҳумҳо, ки бехатарии иқтисодии кишварҳоро таҳким мебахшанд, иборат мебошанд.

Коридорҳои транзитӣ ва хатсайрҳои интермодалӣ (мултимодалӣ), ки аз Ҷумҳурии Тоҷикистон мегузаранд, робита бо кишварҳои ИДМ, бо шимоли Афғонистон, Покистон, Ҳиндустон, Хитой, ҳамчунин кишварҳои халиҷи Форс ва давлатҳои ин минтақаҳоро таъмин менамоянд.

Ҳамлу нақли байналмилалии борҳо асосан тавассути 12 нуқтаи иҷозатномавӣ сурат мегирад, ки дар он ҷо онҳо тафтиш ва ба қайд гирифта мешаванд.

Ба бозори хизматрасонии автомобилӣ ва хатсайрҳои байналмилалии автомобилӣ монеаҳои гуногун таъсири манфӣ мерасонанд. Натиҷаи монеаҳои ин амалҳо маҳдудкунии дастрасӣ ба бозор, баланд бардоштани нархи бурда расонидани борҳо, зиёдшавии мўҳлати расонидан, пастравии самаранокии ҳамлу нақли автомобилӣ ва ниҳоят, коҳиши рақобатпазирии борҳои тиҷоратии хориҷӣ мебошад. Шакли нави воридшудаи ҳуҷҷати гумрукӣ, бақайдгирии бору воситаҳои нақлиёти автомобилӣ вақти тартибдиҳии онҳоро махсусан барои борҳои транзитӣ хеле кам кард. Тартиби ҳаракати васоити нақлиёти автомобилии калонҳаҷми боркашонӣ бо истифода аз китобчаҳои махсуси TIR низ сабук карда шуд. Ҳамчунин коркарди пешакии иттилоот ва ҳуҷҷатҳои электронӣ аз тарафи хадамоти сарҳадӣ-гумрукӣ дар сурати пешакӣ додани иттилоот ба роҳ монда шудааст.

Нақлиёти бартаридошта, ки ба ҳамлу нақли бору мусофирон ба хориҷи кишвар машғул аст, нақлиёти роҳи оҳан аст. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки аз ҳамаи ҳамлу нақли байналмилалии мусофирон 25,9 фоиз тавассути роҳҳои автомобилгард, 32,0 фоиз бо роҳи оҳан ва 40,9 фоиз бо тайёраҳо анҷом дода мешаванд. Боркашонии байналмилалӣ асосан бо нақлиёти роҳи оҳан (95,9 фоиз) ва автомобилӣ (3,5 фоиз) сурат мегирад.

Ҳамлу нақл ба масофаи тўлонӣ, ба ҳисоби миёна 1421 км барои нақлиёти роҳи оҳан идеалӣ маҳсуб меёбад ва эҳтимол дорад, ки ин соҳа мавқеи бартарияти худро нигоҳ медорад.

Системаи босамари ҳамлу нақл бо даромадаш ҷузъи таркибии иқтисодиёт аст. Ҷойгиршавии ҷуғрофии Тоҷикистон барои васли Осиёи Шарқию Ҷанубӣ (Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Халқии Хитой, Покистон, Ҳиндустон, Малайзия ва Сингапур), ҳамчунин кишварҳои Осиёи Марказӣ, ИДМ ва Осиёи Ҷанубу Ғарбӣ басе мувофиқ аст.

Ташкили минтақаҳои озоди иқтисодӣ дар вилоятҳои Суғду Хатлон барои рушди иқтисодии коридорҳои байналмилалӣ мусоидат карда метавонад. Мутобиқкунии минбаъдаи ҷараёни моддию иттилоотониро вобаста аз вазъи бозор ва таъмини иқтисодиёти рақобатпазири комили муассисаҳои нақлиётиро тавассути мукаммалгардонии коммуникатсия ва таъсиси системаҳои логистикии минтақавӣ метавон ба даст овард, ки ин система тамоми занҷираи гардиши мол ва робитаҳои самараноки байни борфиристонанда ва қабулкунандаро фаро мегирад.

 

4. Барномаи рушди соҳаҳо то соли 2025

 

16) Бо баҳисобгирии натиҷаҳои таҳлили вазъи соҳаҳои ҷудогонаи нақлиёти ҷумҳурӣ ва вазифаҳои тибқи Стратегияи миллии рушд ва дигар барномаҳои миёнамўҳлату дарозмўҳлати рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар муайянгардида, инчунин ноил гардидани ба ҳадафи асосӣ амалӣ намудани вазифаи стратегии раҳо бахшии пурраи кишвар аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ба кишвари транзитӣ дар минтақа табдил додани он Барномаи мақсадноки давлатии рушди соҳаҳои нақлиёти ҷумҳурӣ барои давраҳои муайян кўтоҳмўҳлат то соли 2015, миёнамўҳлат то соли 2020 ва дарозмўҳлат то соли 2025 таҳия гардидааст.

 

§ 1 Рушди соҳаи нақлиёти автомобилӣ

 

17) Дар давраи кўтоҳмўҳлат инвеститсияи давлатӣ барои харидани автобусу троллейбусҳо барои шаҳри Душанбе ва маркази вилоятҳо равона мегардад. Соҳибкорони инфиродӣ тибқи қарзҳои имтиёзцок асосан ба интиқоли байнишаҳрию байналмилалии мусофиру борҳо, ҳамчунин ба интиқоли маҳаллӣ, ки бо автобусҳои хурд ба роҳ монда мешавад, ҷалб мегарданд.

Дар ин давра таъсиси шабакаи марказҳои логистикии аҳамияти ҷумҳуриявидошта дар шаҳрҳо, вилояту марказҳои ноҳиявӣ, ҳамчунин марказҳои логистикии байналмилалӣ дар шаҳрҳои Ваҳдату Хуҷанд ва Панҷи поён дар назар аст. Дар давраи солҳои 2012-2014 сохтмони терминалҳои байналмилалии автомобилии наздисарҳадӣ ба нақша гирифта шудааст.

Дар давраи миёнамўҳлат бунёди парки троллейбусҳо, зеристгоҳҳои кашанда, шабакаи кашанда дар шаҳрҳои Қўрғонтеппаю Кўлоб ва ннчунин пешниҳоди қарзҳои имтиёзнок ба интиколдиҳандагони байналмилалӣ барои харидани воситаҳои нақлиёти автомобилии мутобиқ ба стандартҳои байналмилалӣ пешбинӣ шудааст.

Афзоиши теъдоди мусофирон ва дарназардошти афзоиши табиии аҳолӣ тақозо менамояд, ки дар давраи дарозмўҳлат дар самтҳои атрофи пойтахт -шаҳрҳои Ваҳдат, Турсунзода, ноҳияи Ҳисор ва шаҳраки Сомонии ноҳияи Рўдакӣ, инчунин шаҳрҳои Қўргонтеппа ва Сарбанд хатҳои наздишаҳрии троллейбусҳо ба роҳ монда мешаванд.

Дар ин давра чун дар давраи миёнамўҳлат ба интиқолдиҳандагони байналмилалӣ барои харидани воситаҳои нақлиёт додани карзҳои имтиёзнок пешбинӣ шудааст, ки он шартан 0,5 млн. доллар дар як сол аст.

Нақшаи сармоягузории барномаи рушди нақлиёти автомобилӣ бо муайянсозии чорабиниҳои асосӣ дар ҷадвали зерин оварда мешавад.