Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз "27" феврали соли 2010 № 89

тасдиқ шудааст

 

БАРНОМАИ РУШДИ ИЛМҲОИ ТАБИАТШИНОСӢ, РИЁЗИЮ ТЕХНИКӢ

БАРОИ СОЛҲОИ 2010-2020

 

Муқаддима

                                   

  Ном:

Барномаи рушди илмҳои табиатшиносӣ, риёзию техникӣ барои солҳои 2010-2020 (минбаъд - Барнома)

                              Асос барои таҳияи Барнома:

Нақшаи тадбирҳо бо мақсади иҷрои дастуру пешниҳодоте, ки аз мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндаҳои зиёиёни мамлакат 20 марти соли 2009 ва Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 апрели соли 2009 бармеоянд, таҳия шудааст.

                            Фармоишгари давлатии Барнома:

Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон

                                Иҷрокунандагон:

Муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ, муассисаҳои таҳсилоти умумӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбие, ки дар онҳо оид ба илмҳои табиатшиносӣ ва риёзию техникӣ таҳқиқот анҷом дода мешавад.

                          Мўҳлати татбиқи Барнома:

Солҳои 2010-2020

                    Мақсад ва вазифаҳои асосии Барнома:

Дастгирӣ ва рушди таҳқиқот дар соҳаи илмҳои табиатшиносӣ ва риёзию техникӣ, таҳкими заминаи моддию техникӣ барои гузаронидани таҳқиқоти озмоишӣ, муҳайё кардани шароити мусоид барои тарбияи кадрҳои илмӣ, фароҳам овардани шароит барои зиёд намудани дониши нерўи ақлонии инсонӣ ва вусъат бахшидан ба ҳамкориҳои байналмилалии илмӣ.

                             Самтҳои асосии Барнома:

Муттамарказонидани иқтидорҳои илмӣ дар татбиқи "Барномаи самтҳои афзалиятдори илмҳои табиатшиносӣ ва риёзию техникӣ, дастгирии мактабҳои илмии мавҷудаи эътирофи ҷаҳони пайдокарда оид ба самтҳои афзалиятдори таҳқиқот дар соҳаи илмҳои табиатшиносӣ ва риёзию техникӣ, ташкили шароити мусоид барои ташаккули мактабҳои илмӣ аз рўйи самтҳои навтарини таҳқиқот дар соҳаи илмҳои табиатшиносӣ ва риёзию техникӣ, рушди заминаи моддию техникӣ барои гузаронидани таҳқиқоти озмоишӣ, мустаҳкамкунии заминаи моддию техникии пажўҳишгоҳ ва озмоишгоҳҳо бо таҷҳизоти навтарини илмӣ, асбоб, технологияи навин, реактивҳо ва дигар маводи зарурӣ, ҳамгироии институтҳои академӣ ва кафедраҳо, озмоишгоҳҳои муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, ташкили инфраструктура дар заминаи истифодаи технологияи навтарини иттилоотӣ ва коммуникатсия, рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ.

                             Натиҷаҳои ниҳоии Барнома:

Дар заминаи муттамарказонидани нерўҳои илмӣ ва воситаҳои моддию техникӣ дар самтҳои афзалиятдори таҳқиқот, кооператсияи олимони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар ташкилотҳои илмию таҳқиқотӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ бо мақсади анҷом додани таҳқиқоти муштарак ва тарбияи кадрҳои илмӣ, таъмини муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ бо асбобу таҷҳизоти зарурӣ ва ташаккули инфраструктураи муосири иттилоотӣ ва баланд бардоштани самаранокии ҳамкориҳои байиалмилалӣ, такмил ва вусъат додани низоми дастгирӣ ва рушди илмҳои табиатшиносӣ, риёзию техникӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон.

                             Манбаъҳои маблағгузорӣ:

Маблағгузории Барномаи мазкур аз ҳисоби маблағҳои ҳамасола барои соҳаи илм ҷудогардида, инчунин аз ҳисоби ташкилоту фондҳои байналмилаливу хориҷӣ, сарпарастони алоҳида ва дигар манбаъҳо амалӣ карда мешавад.

                          Низоми назорати иҷрои Барнома:

Назорати иҷрои Барномаро Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, институтҳои илмию таҳқиқотии соҳавӣ, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва озмоишгоҳҳои назди мактабҳои олӣ анҷом медиҳад.

Ҷараёни татбиқи тадбирҳои Барнома, арзёбии аҳамияти илмӣ ва самаранокии он аз тарафи Раёсати илм ва инноватсияи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ гардида, аз ҷониби фармоишгари Барнома қабул карда мешавад.

Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол то якуми феврали баъди соли ҳисоботӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси тадбирҳои иҷрои минбаъдаи Барнома ва самаранокии истифодаи маблағҳои молиявӣ гузориш ирсол менамояд.

 

Боби 1. Асоснокӣ ва зарурати қабули Барнома

 

Барнома илмҳоеро дар бар мегирад, ки дар заминаи илмҳои табиатшиносӣ, риёзиёт ва истифодаи усулҳои табиию риёзӣ, илмҳое, ки мавзўи таҳқиқи онҳо дарк ва маърифати табиат ва қонуниятҳои ҳодисаҳои табиӣ (илмҳои биология, физика, геологияву кимиё ва ғайра) бунёд шудаанд.

Баъди амалӣ гаштани "Барномаи рушди илмҳои дақиқ ва табиатшиносӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2005-2008" таҳқиқоти илмӣ дар соҳаи илмҳои дақиқ ва табиатшиносӣ чи дар муассисаҳои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва чи дар сохторҳои таҳсилоти олии касбӣ рушду такомул пайдо кард.

Таҷрибаи фоидаовари ҳамоҳангсозии таҳқиқот дар ин соҳа андўхта шуд, самтҳои афзалиятдоштаи рушди илмҳои дақиқ ва табиатшиносӣ муайян гардида, нерўи илмӣ ба ин самтҳо муттамарказ гардонида шуданд.

Дар баробари ин, мушкилоту камбудӣ ва норасоиҳо дар пешравӣ ва сифати амалисозии бандҳои алоҳидаи чорабиниҳои Барнома муайян карда шуданд.

Хусусияти муҳими амалисозии чорабиниҳои Барнома ҳамоҳанг гардидани он бо "Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илм ва техника барои солҳои 2007-2015" (минбаъд - Стратегия) буд, ки имкониятҳои рушди бемайлону маҷмўии илмҳои дақиқ ва табиатшиносӣ ва таъсири рўзафзуни зиёди онҳоро ба пешрафти илму техникаи Тоҷикистон васеъ менамояд.

Дар баробари ин қисми бештари муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ, озмоишгоҳ ва кафедраҳо ҳоло ҳам фаъолияти худро ба шароити нав мутобиқ карда натавонистаанд, муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ барои барпо кардани шаклҳои нави робитаи илм бо истеҳсолот ва ҷустуҷўи манбаъҳои ғайрибуҷетии маблағгузорӣ ба илм (махсусан илмҳои дақиқ) ташаббус нишон надодаанд.

Аз ин рў, пешрафти минбаъда ва пурзўр намудани таъсири иқтидори илмӣ ба рушди иҷтимоии мамлакат минбаъд ҳам зарурати тағйир додани вазъи баамаломадаро дар соҳаи илмҳои табиатшиносӣ ва риёзию техникӣ ва қабули Барномаи рушди минбаъдаи илмҳои табитшиносӣ ва риёзию техникиро талаб менамояд.

Барнома дар асоси нақшаи тадбирҳо оид ба иҷрои дастуру пешниҳодоте, ки аз мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндаҳои зиёиёни мамлакат 20 марти соли 2009 ва Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 апрели соли 2009 бармеояд, таҳия гардидааст.

 

Боби 2. Мақсад ва вазифаҳои Барнома

 

Мақсади Барнома суръат бахшидан ба низоми самараноки дастгирӣ ва рушди илмҳои табиатшиносӣ ва риёзию техникӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Барои ноил шудан ба мақсадҳои Барнома ва ҳалли вазифаҳои дарпешистода пешбинӣ шудааст:

-иҷрои саривақтӣ ва босифати таҳқиқот оид ба коркарди технологияҳое, ки дар "Стратегияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илм ва техника барои солҳои 2007-2015" пешбинӣ шудаанд;

-муайян намудани самтҳои афзалиятноки илм ва технология, муттамарказонидани нерўҳои илмӣ ва воситаҳои моддию техникӣ дар ин самтҳо;

-ворид намудани тағйироту ислоҳот дар сохтори муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ ва мувофиқкунонии онҳо бо талаботи давр;

-ташкили шароити мусоид барои гузаронидани таҳқиқот аз рўйи самтҳои навтарини илм;

-рушди пояҳои моддию техникии илмҳои табиатшиносӣ ва риёзию техникӣ;

-инкишофи инфраструктураи иттилоотӣ дар заминаи истифодаи технологияи пешқадами иттилоотиву коммуникатсионӣ;

-ривоҷи пояҳои моддию техникӣ барои нашри асарҳои илмӣ, маҷалла, китобҳои дарсӣ, адабиёти иттилоотӣ оид ба фанҳои табиатшиносӣ ва риёзию техникӣ;

-тайёр кардани технологҳо, муҳандисҳо ва мутахассисон оид ба ахбороти техникӣ;

-васеъ намудани ҳамкориҳои илмии байналмилаливу технологӣ ва баланд бардоштани самаранокии он;

-истифодаи самараноки захираҳои молиявӣ, ки аз буҷети давлатӣ барои гузаронидани таҳқиқоти илмӣ дар соҳаи илмҳои риёзию техникӣ ва табиатшиносӣ ҷудо гардидаанд;

-ҷалб намудани манбаъҳои ғайрибуҷетии маблағгузорӣ, пеш аз ҳама аз ҳисоби лоиҳаҳои ташкилотҳои байналмилалӣ барои рушди илмҳои табиатшиносӣ ва риёзию техникӣ.

 

Боби 3. Самтҳои асосии татбиқи Барнома

 

Барнома бояд рушди минбаъдаи илмҳои табиатшиносӣ, риёзию техникиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон - дар муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ ва муассисаҳои зертобеи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар ташкилотҳои илмию таҳқиқотӣ таъмин намояд. Дар мувофиқа бо ин, самтҳои асосии Барнома ба ҳаллу фасли вазифаи муҳими сиёсати давлатии илмию техникӣ: ташкили низоми самараноки дастгирӣ ва рушди илмҳои табиатшиносӣ, риёзию техникӣ дар заминаи марказонидани иқтидорҳои илмӣ дар соҳаи таҳқиқоти афзалиятдор, ҳамкорӣ бо олимони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, дигар ташкилотҳои илмию таҳқиқотӣ ва мактабҳои таҳсилоти умумӣ, мактабҳои миёнаи махсус, мактабҳои олию муассисаҳои зертобеи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои анҷом додани таҳқиқоти муштарак ва тарбияи кадрҳои илмӣ, таъмини ташкилотҳои илмию таҳқиқотӣ бо асбоб, таҷҳизот ва реактивҳои зарурӣ, ташкили сохтори муосири итилоотӣ, баланд бардоштани самаранокии ҳамкориҳои байналмилалӣ равона гардидааст.

Таҳқиқоти илмӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои илмию таҳқиқотие анҷом дода мешаванд, ки мақом ва сохтори ҳуқуқӣ доранд.

Муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ. Дар кишвар ҳоло ҳамгироии илм ва таҳсилоти олӣ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда нашудааст. Сатҳи ҳамкориҳои нерўҳои муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олӣ ба мақсади тайёр кардани кадрҳои илмии тахассуси олӣ ва махсусан мутахассисони соҳаи илмҳои табиатшиносӣ, риёзию техникӣ ба талаботи замон ҷавобгў намебошад ва ин ҳолат ба рушди илм, сифати таҳсилот ва ниҳоят ба ташаккули нерўи ақлонии мамлакат таъсири манфӣ мерасонад. Аз ин рў, бе ҳамгироии самараноки илм ва маориф рушди нерўи илмию техникӣ ва кадрии мамлакат имкон надорад.

Ҷиҳати муваффақ гардидан ба мақсадҳои Барнома иҷрои вазифаҳои зерин зарур аст:

-таъмини дастгирии таҳқиқоти илмии муштарак, ки аз тарафи олимони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ иҷро карда мешавад;

-қабули чораҳо доир ба рушди заминаи таҷрибавӣ ва иттилоотӣ барои таҳқиқоти илмӣ ва такмили раванди таълим дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ;

-ҷалби бештари ҷавонон ба соҳаи илмҳои табиатшиносӣ, риёзию техникӣ ва фаъолияти инноватсионӣ;

-дастгирии давлатии тайёр кардани кадрҳои илмӣ, ки он ба такмили заминаи меъёрии ҳуқуқии илм, механизмҳои маблағгузорӣ, ташкил кардани таҳқиқот нигаронида шудаанд;

-давра ба давра зиёд намудани андозаи стипендияи аспирантҳо;

-такмили низоми пардохти меҳнати докторон ва номзадҳои илм ҳамчун роҳбарони илмӣ;

-ҷорӣ намудани низоми шартномавии пардохти музди меҳнат дар соҳаи илм;

-ворид намудани тағйирот ба нақша ва барномаҳои таълимии марбут ба илмҳои табиатшиносӣ, риёзию техникӣ.

Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муассисаи давлатии олии худидорашавандаи илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ки гузаронидан, инкишоф додан ва ҳамоҳанг сохтани таҳқиқоти бунёдӣ ва амалӣ дар кишвар, таҳлили масъалаҳои муҳими рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангиро таъмин ва дар ташаккулу амалисозии сиёсати давлатии илмию техникӣ иштирок мекунад.

Ба ҳайати Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон 19 институти илмию таҳқиқотӣ, бахши дар Помир будаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, марказҳои илмии Хуҷанд ва Хатлон, Агентии амнияти ядроӣ ва радиатсионӣ дохил мешаванд.

Институтҳои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, муассисаҳои дигари илмӣ- таҳқиқотӣ, муассисаҳои таҳсилоти олии мамлакат ва мактабҳои илмиро, ки ба мавзўъҳои мушаххаси таҳқиқот дар аксари соҳаҳои илм муайян карда шудаанд, дар бар мегирад. Таҷрибаи ҳамгироии бахшҳои академӣ, соҳавӣ ва таҳсилоти олӣ дар гузаронидани таҳқиқоти муштараки бунёдӣ, ба вуҷуд овардан ва татбиқ намудани технология ва маводи нав, доруҳои табобатӣ ва усулҳои самарабахши табобати беморон, офаридани навъҳои нави зироатҳои кишоварзӣ ва зотҳои нави ҳайвонот андўхта шудааст. Вале таҷрибаи мавҷудаи ҳамгироии бахшҳои академӣ, соҳавӣ ва таҳсилоти олӣ доир ба гузаронидани таҳқиқоти илмӣ ва таҳияи технологияҳои рақобатпазир ҳоло дар сатҳи зарурӣ ҷавобгўйи талаботи муосири рушди ҷомеа намебошад ва қудрати таъмини гузариш ба роҳи рушди инноватсионии илм ва технологияро надорад.

Дар раванди илмию таҳсилотӣ таваҷҷўҳи махсус ба ҷиҳатҳои инноватсионии рушди илм ва ба вуҷуд овардани технологияҳо ба мақсади тайёр кардани муҳандисон, технологҳо, конструкторҳо, ки метавонанд дар сатҳи баланди касбӣ ба фаъолияти инноватсионию соҳибкорӣ машғул шаванд, дода мешавад. Академияи таҳсилоти Тоҷикистон гузаронидани сохтани таҳқиқоти илмӣ доир ба педагогика ва соҳаи таҳсилотӣ, истифодаи таҷрибаи ватанӣ ва ҷаҳонӣ дар соҳаи илмҳои педагогӣ ва амалия, таҳияи асосҳои илмии шаклҳои фаъоли таълим дар мактабҳои таҳсилоти умумӣ ва таҳсилоти олии касбиро амалӣ месозад. Дар назди Академияи таҳсилот Пажўҳишгоҳи илмию таҳқиқотии педагогӣ ва Донишкадаи такмили ихтисос ва бозомўзии кормандони соҳаи маориф амал мекунад. Мураттаб ва мувофиқсозии шабакаи муассиса ва ташкилотҳои илмию таҳқиқотӣ имкон медаҳад, ки захираҳо ба самтҳои афзалиятдоштаи рушди илм, технология ва техника бо мақсади баланд бардоштани самаранокии илм муттамарказ гардонида шаванд.

Дар Барнома тадбирҳои мушаххас бо дарназардошти имкониятҳои воқеӣ ва пешбинишавандаи кишвар, ҳисобу китоби дахлдори хароҷоти иловагии молиявӣ пешниҳод карда шудааст.

Ҳангоми иҷрои низоми тадбирҳои Барномаи рушди минбаъдаи илмҳои табиатшиносӣ, риёзию техникӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мутаносибан бо ин, барои таҳия ва дар истеҳсолот истифода намудани технологияҳои нав заминаи зарурӣ фароҳам оварда мешавад.

Бо назардошти мақсад ва вазифаҳои нишондодашуда Барнома 7 самти зеринро пешбинӣ менамояд:

1) Муттамарказонидани иқтидорҳои илмӣ дар самтҳои асосии таҳқиқот.

Дар системаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ мактабҳои илмии эътирофи ҷаҳонӣ пайдокарда дар чунин самтҳои илм, аз қабили риёзиёт, астрофизика, физика, асосҳои химиявиву технологии истифодаи захираҳои ашёи хом, геология, сейсмология, омўзиши олами ҳайвонот ва захираҳои биологӣ, физиология ва биохимияи растаниҳо, хирургия, гастроэнтерология, психиатрия ва наркология, генетика ва селексияи пахта ва зироатҳои дигари кишоварзӣ, усулҳои мубориза бар зидди зараррасонандаҳои кишоварзӣ, хокшиносӣ ва агрохимия таъсис дода шуда буданд.

Вале дар айни замон бо сабаби ҷой доштани масъалаҳои ҷиддие, ки ба имкониятҳои маҳдуди маблағгузорӣ ва фарсудагии заминаи моддиву техникии илм алоқаманд мебошанд ва ҳамчунин бо дарназардошти суръати фавқулодда баланди рушди илми ҷаҳонӣ, рақобати афзоишёбандаи мактабҳои илмӣ ва талаботи воқеии рушди иҷтимоиву иқтисодии мамлакати мо масъалаи беҳад муҳим ин муайян кардан ва ҷудо намудани самтҳои афзалиятдоштаи таҳқиқоти илмӣ дар ояндаи наздик, муттамарказ гардонидани нерўҳои илмӣ ба ин самтҳо, дастгирии мактабҳои ташаккулёфта ва самаранок фаъолияткунандаи илмӣ ва дар як вақт ба вуҷуд овардани шароити мусоид барои анҷом додани таҳқиқот доир ба бахшҳои навтарин ва тезрушдкунандаи илм мебошад.

Муайян кардани самтҳои нав ва тез рушд кардаистодаи таҳқиқот имконият медиҳад, ки захираҳои асосӣ ба ин самтҳо равона карда шуда, заминаи моддиву техникии илм ба мақсадҳои муайян таҳким ёбад ва кадрҳои илмӣ тарбия карда шаванд. Ин, дар навбати худ, дар сатҳи муосир анҷом додани корҳои илмӣ, баланд бардоштани рақобатпазирии корҳои илмиро таъмин намуда, дар ниҳояти кор дар амал бештар татбиқ ёфтани натиҷаҳои таҳқиқотро суръат мебахшад.

Дар асоси самтҳои ояндадору афзалиятдошта ва нави таҳқиқот барномаҳои маҷмўи ва мақсаднок ташаккул меёбанд, ки дар онҳо мақсад ва вазифаҳои таҳқиқот, иҷрокунандагон, марҳила ва мўҳлатҳои иҷрои кор, ҳаҷм ва манбаъҳои маблағгузорӣ, натиҷаҳои чашмдошт, тавсияҳои амалӣ, самаранокии иқтисодӣ ва иҷтимоӣ муайян карда мешаванд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон самтҳои асосии таҳқиқоти илмиро барои давраи то соли 2015 қабул кардааст ва дар ин асос бо назардошти ҳолати воқеии рушди илмҳои муосир равандҳои зерини таҳқиқоти илмӣ афзалиятдор шуморида мешаванд:

а) Риёзӣ.

б) Физика. Физикаи ядроӣ, физикаи механикӣ ва усулҳои ченкунии хосиятҳои гармофизикии моддаҳо. Физикаи ҳолатҳои конденсӣ. Оптика ва электроникаи квантӣ. Масъалаҳои физикию техникии энергетикаи алтернативӣ. Физикаи нанотехнология ва омўзиши хосиятҳои физикию химиявии онҳо. Амнияти ядроӣ ва радиатсионӣ.

в) Химия. Коркарди такрории маҷмўии ашёи хоми маъданӣ ва партовҳои саноатӣ. Химияи пайвастагиҳои координатсионӣ. Химияи пайвастагиҳои аз ҷиҳати биологӣ фаъол. Геохимияи қабати таҳшинии замин. Металлҳо ва хўлаҳои хосиятҳои махсусдошта. Мавод барои микроэлектроника. Полимерҳо ва композитҳо. Синтези дорувориҳо ва иловаҳои ғизоӣ.

г) Биология. Омўзиш, ҳифз ва истифодаи оқилонаи навъҳои гуногуни биологӣ, генофонд, захираҳои биологӣ ва гуногуншаклии биологии марзҳои махсусан ҳифзшавандаи Тоҷикистон. Омўзиши таъсири тағйироти иқлим, омилҳои антропогенӣ ва техногенӣ ба намудҳои гуногуни биологӣ, системаҳои табиии экологӣ ва зироатҳои кишоварзӣ. Интродуксия ва мутобиқшавии растаниҳо. Такмил додани низоми дастаҷамъии муҳофизати зироатҳои кишоварзӣ аз зараррасонандаҳо.

д) Фотосинтез ва ҳосилнокии растаниҳо. Генетика ва биохимияи фотосинтез. Истифодаи озмунҳои физиологӣ дар селексияи зироатҳои кишоварзӣ.

е) Мутобиқшавии биохимиявӣ ва омилҳои танзимкунандаи устувории организмҳои зинда ба таъсири офатҳо. Таъсири радиатсияи ултрабунафш ба фаъолияти растаниҳои баландкўҳ. Физиологияи ҳайвонот.

ё) Асосҳои генетикӣ-физиологии коркарди агротехнологияҳои пурсамар. Истифодаи усулҳои биотехнологияи муосир дар селексияи навъҳои нави зироатҳои кишоварзӣ, парвариши растаниҳо ва истеҳсоли маводи тухмии солим.

ж) Зилзилашиносӣ. Мониторинги (назорати) сейсмологӣ ва баҳодиҳӣ ба хатари сейсмикӣ. Коркарди усулҳои ягонаи ҷамъоварӣ, коркард, интиқол ва нигоҳ доштани иттилооти сейсмикӣ ва иттилооти дигари геофизикӣ. Назарияи ба зилзила тобоварии бино ва иншоот. Усулҳои таҷрибавии ба зилзила тобоварӣ.

з) Экология. Технологияҳои сарфаи энергия. Манбаъҳои ғайрианъанавии барқароршавандаи аз нигоҳи экологӣ тозаи энергия, усулҳои табдили онҳо ва захираи энергия (аккумулятсия).

и) Геология. Канданиҳои фоиданок. Маъданҳосилшавӣ ва металлогения. Петрология ва геохимия. Палеонтология ва стратиграфия. Тектоника.

к) Астрофизика. Ҷисмҳои хурди системаи Офтоб, объектҳои наздизаминӣ, ситораҳо ва системаҳои ситорагӣ. Астрономияи берунигалактикӣ.

2) Муттамарказонидани нерўҳои илмӣ ва технологӣ ба самтҳои афзалиятдоштаи рушди иқтисодиву иҷтимоии кишвар.

Ба мақсади афзун гардонидани таъсири илм ба рушди иҷтимоиву иқтисодии мамлакат, наздик кардани (пайвастани) илм ба эҳтиёҷоти амалӣ, тавсиаи доираи таҳқиқоти амалӣ ва баланд бардоштани самаранокии онҳо, ба вуҷуд овардани шароит барои коркард ва истифодаи амалии технологияҳои инноватсионӣ зарур аст.

Нерўи илмӣ бояд дар чунин самтҳои афзалиятдоштаи сиёсати рушди иҷтимоию иқтисодии мамлакат истифода шавад:

а) Сиёсати иҷтимоию иқтисодӣ:

-созмон додани сохтори идоракунии иқтисодиёти миллӣ ва омилҳои иқтисодиву ҳуқуқӣ, ки ба принсипҳои иқтисодиёти бозаргонӣ мувофиқ бошанд;

-гузаронидани сиёсати фаъоли сохториву саноатӣ, ки ба инкишоф додани истеҳсолоти воридотию рақобатпазир ва корхонаҳои аз ҷиҳати тақсимоти байналмилалии меҳнат ояндадор равона шудааст;

-рушди иқтисодию иҷтимоии комплекси агросаноатӣ;

-таҳкими низоми молиявию бонкӣ;

-такмили сиёсати инноватсионӣ, ки ҷалби маблағҳои асосии хориҷиро ба иқтисодиёт пешбинӣ менамояд;

-такмили низоми давлатии ҳифзи иҷтимоӣ, шуғли аҳолӣ ва сиёсати давлатии демографӣ.

б) Гидроэнергетика, истифодаи маҷмўӣ ва оқилонаи захираҳои об, манбаъҳои барқароршавандаи энергия ва технологияҳои сарфаи энергия:

-рушди минбаъдаи гидроэнергетика;

-асоснок намудани сиёсати сарфаи энергия дар ҳама соҳаҳои иқтисодиёти миллӣ;

-истифодаи комплексӣ ва оқилонаи захираҳои об;

-истифодаи манбаъҳои ғайрианъанавии аз ҷиҳати экологӣ тозаи барқароршавандаи энергия (Офтоб, энергияи шамол, манбаъҳои геотермалӣ ва биомасса).

в) Комплекси саноатӣ ва ашёи хоми маъданӣ, офаридани маводи нав ва технологияҳои муосир:

-истеҳсоли маводи нав, коркард ва дар саноат истифода бурдани технологияҳои муосир;

-таҳияи технологияҳои аз нав кор кардани алюминий ва истеҳсоли маҳсулоти тайёр;

-таҳияи технологияҳои аз нав кор кардани пахта ва навъҳои дигари ашёи хоми кишоварзӣ;

-ба вуҷуд овардан ва истифодаи технологияҳои сарфаи захираҳои кампартов ва аз ҷиҳати экологӣ тозаи коркарди маҷмўии захираҳои ашёи хоми маъданӣ;

-таҳия ва аз худ кардани технологияҳои коркарди такрории захираҳои пасмонда;

-коркарди технологияҳои масолеҳи сохтмонӣ;

-тавсиаи заминаи ашёи хоми маъданӣ;

-коркарди технологияи ҳосил кардани нанамавод.

г) Устуворӣ ва амнияти экологӣ:

-мониторинги (назорати) муҳити зист, таҳияи чорабиниҳо оид ба ҳифзи табиат;

-коркарди технологияҳои тоза кардани обҳои равон, безараргардонии партовҳо ва бетаъсиргардонии партовҳои корхонаҳои саноатӣ;

-таҳлили таъсири антропогенӣ ва техногенӣ ба тағйироти иқлим, мониторинги (назорати) ҳолати атмосфера ва гидросфера;

-таҳлили тағйироти иқлим, таъсироти антропогенӣ ва техногенӣ ба навъҳои гуногуни биологӣ, низоми табииву экологӣ ва кишти зироатҳои кишоварзӣ;

-назорати (мониторинги) навъҳои гуногуни биологӣ ва амнияти биологӣ;

-мониторинги радиатеионӣ ва амнияти радиатсиониис аҳолӣ ва муҳити зист;

-мониторинги ҳолати сейсмологӣ дар марзи мамлакат, коркарди усулҳои пешгўӣ кардани заминларзаҳо, таъмини амнияти сейсмологӣ, истифодаи технологияҳои нави иттилоотиву коммуникатсионӣ барои ба даст даровардани иттилооти бефосила ва зуди сейсмологӣ.

д) Технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ:

-рушд ва таъмини дастрасии инфрасохтори муосири иттилоотиву коммуникатсионӣ ба доираи васеи аҳолӣ, дастгирии рушди инфрасохтори иттилоотиву коммуникатсионӣ дар мамлакат;

-таъмини самаранокии истифодаи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ дар идоракунии давлатӣ ва соҳаи иҷтимоиву иқтисодӣ, соҳаҳои илм, тандурустӣ, маориф.

е) Маориф:

-тарбия ва омода намудани кадрҳои илмиву омўзгории тахассуси олӣ;

-таҳияи стандартҳои давлатии таҳсилот, нақша ва барномаҳои таълимӣ барои мактабҳои таҳсилоти умумӣ ва таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ;

-омода ва нашр кардани китобҳои дарсии силсилаи нав барои мактабҳои таҳсилоти умумӣ, таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ;

-тайёр кардани кадрҳои баландихтисос - технологҳо, нанотехнологҳо, муҳандисон, конструкторон, барномасозон ва мутахассисони ахбороти технологӣ.

Дар назар аст, ки доир ба ҳар яке аз самтҳои дар боло нишондодашуда, ки ба рушди иҷтимоиву иқтисодии кишвар мусоидат менамоянд, барномаҳои мақсадноки маҷмўӣ, технологияҳо, тавсияҳои амалӣ ва чорабиниҳои дигаре, ки ба истифодаи босамари натиҷаҳои таҳқиқоти илмӣ нигаронида шудаанд, таҳия карда мешаванд.

3) Таҳкими заминаи моддию техникӣ ва таъмини ташкилотҳои илмию таҳқиқотӣ бо таҷҳизоти илмӣ, асбоб, реактив ва дигар маводи зарурӣ.

Самаранокии таҳқиқоти илмӣ бештар ба ҳолат ва рушди заминаи моддию техникӣ, таъмини кормандони илмӣ бо асбоб ва таҷҳизоти навтарин, навсозӣ ва такмили асбобҳои илмӣ, таъмини реактивҳою таркибҳои химиявӣ ва ғайра вобаста аст. Дар кишварҳои тараққикарда ба ин мақсадҳо маблағҳои зиёд ҷудо карда мешавад.

Бо сабабҳои ба ҳама маълум дар Тоҷикистон, дар даҳсолаи охир имконияти зарурии расонидани ёрӣ барои рушди заминаи моддию техникии илм ва навсозии асбобу таҷҳизоти ташкилотҳои илмию таҳқиқотӣ мавҷуд набуд.

Бо назардошти ин вазъият дар Барнома ба тадбирҳое диққати асосӣ дода мешавад, ки ба таҳким ва азнавсозии (модернизатсияи) заминаҳои моддию техникии ташкилоти илмию техникӣ ва таъмини кормандони илм бо асбоб, таҷҳизот, реактивҳо ва дигар маводи зарурӣ равона карда шудаанд.

Ба сифати тадбирҳои аввалиндараҷа таъмир, навсозӣ, таҷдиди (модернизатсияи) чунин объеқтҳои илмӣ, аз ҷумла дар шаҳрҳои маркази расадхонаҳои ситорашиносӣ, пойгоҳҳои зилзилашиносӣ, боғҳои наботот ва дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, муассисаҳои ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ ва муассисаҳои зертобеи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон озмоишгоҳҳои муҷаҳҳаз пешбинӣ мегардад.

Ба таври назаррас нав кардани асбобу таҷҳизоти илмӣ ба нақша гирифта мешавад, маблағҳо асосан барои харидории асбобҳои барориши силсилавӣ истифода мешаванд.

Ҷудосозии ҳарсолаи маблағҳои иловагӣ барои харидории реактивҳои химиявӣ, асбобҳо, пайвастагиҳои фаъоли биологӣ ва маводи гуногуннавъ, лавозимоти техникӣ, ки барои анҷом додани таҳқиқот заруранд, пешбинӣ карда мешавад.

4) Ҳамкории институтҳои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо муассисаҳои таҳсилоти олӣ.

Яке аз вазифаҳои муҳими Барнома таъмини инкишофи ҳамкориҳои институтҳои академӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ба ҳисоб меравад. Пешбинӣ мешавад, ки дар асоси Барномаи ҳамгироии илм ва маориф, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст, чорабиниҳо таҳия карда мешаванд, ки онҳо ба муттаҳид кардани нерўи илмии институтҳои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ имкон фароҳам оварда, низоми тайёр кардани мутахассисони ҷавонро мақсаднок ва самараноктар мегардонанд.

Дар ин ҷо ҷалби кормандони пешбари илмии академӣ ва кор дар асоси ҳамкориҳо дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ барои анҷом додани таҳқиқоти муштарак, хондани лексияҳо ва роҳбарӣ ба аспирантон, навиштани китобҳои дарсӣ ва дастурҳои таълимӣ дар мадди назар аст. Донишҷўён барои ҷалб шудан ба кори илмӣ ва гузаронидани таҳқиқот дар институтҳои академӣ имкониятҳои бештар ба даст меоранд. Зарур аст, ки шаклҳои хеле гуногуни ҳамгироии бахшҳои академӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ дар илм истифода шаванд. Аз ин нуқтаи назар, ташаббуси Донишгоҳи миллии Тоҷикистон доир ба кушодани Институти илмию таҳқиқотии илмҳои табиатшиносӣ дар назди ин мактаби олӣ қобили таваҷҷўҳ аст, ки дар он дар баробари кормандони Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, ҳамчунин олимони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонмутахассисони соҳаи илмҳои дақиқ ва табиатшиносӣ кор мекунанд ва аспиранту донишҷўёни факултаҳои табиатшиносӣ имкон доранд, ки корҳои илмиро таҳти роҳбарии олимони ҳам Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва ҳам Академияи илмҳо анҷом диҳанд.

Бо мақсади ба вуҷуд овардани шароити мусоид барои иҷрои таҳқиқоти илмӣ ва дастгирии вазъи моддии мутахассисони ҷавон -хатмкардагони мактабҳои олӣ онҳо дар асоси шартнома ба кор қабул карда мешаванд, аз ҷумла барои иштирок дар иҷрои лоиҳаҳои илмӣ, барномаҳои маҷмўии мақсаднок ва шартномаҳо бо хоҷагиҳо бо муқаррар кардани музди меҳнати мувофиқ пешбинӣ мегарданд.

Андешидани чораҳо ҷиҳати ба вуҷуд овардани шароити мусои барои таҳсили аспирантҳо, беҳтар намудани низоми тайёр кардани кадрҳои илмии тахассуси олӣ - доктор ва номзадҳои илм зарур аст. Пешниҳод дар бораи дар соли 2010 ташаккул додани шабакаи нави шўроҳои диссертатсионӣ дар кишвар, ҳамчунин такмили тартиби аттестатсияи кадрҳои илмӣ ва илмию омўзгории тахассуси олӣ ва беҳтар намудани фаъолияти Комиссияи аттестатсияи кадрҳои илмӣ ва илмию омўзгории тахассуси олӣ омода карда мешаванд.

Гузаронидани корҳои муштараки илмию таҳқиқотии кормандони институтҳои академӣ, институтҳои илмию таҳқиқотии соҳавӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ аз рўйи шартномаҳои ҳамкорӣ, лоиҳаҳои муштарак аз рўи грантҳои ташкилотҳои байналмилалӣ ва аз рўйи фармоишҳои вазоратҳо, корхонаҳо ва ташкилотҳо дар асоси бастани шартномаҳо бо хоҷагиҳо пешниҳод мешавад.

Таъмини дастгирии таҳқиқоти илмии муштарак, ки аз тарафи олимони муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олй иҷро карда мешаванд.

Қабули чораҳо доир ба рушди заминаи таҷрибавӣ ва иттилоотӣ барои таҳқиқоти илмӣ ва такмили раванди таълим дар муассисаҳои таҳсилоти олӣ.

Ба вуҷуд овардани заминаи меъёрии ҳуқуқии фаъолияти сохторҳои ҳамгиросозанда (интегратсионӣ).

Тайёр кардани мутахассисон оид ба технологияҳои навин, муҳандисон, конструкторон, барномасозон ва мутахассис оид ба ахбороти технологӣ дар давлатҳои хориҷии дур ва наздик.

Таваҷҷўҳи махсус ба ҳамкории олимон дар иҷрои барномаҳои маҷмўй ва мақсаднок доир ба масъалаҳои муҳими илмӣ ва илмӣ техникӣ ва чорабиниҳои "Барномаи миллии амалиёти мубориза ва нақшаи амалиёт доир ба ҳифз ва истифодаи оқилонаи гуногуншаклии биологӣ", "Нақшаи миллии амалиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба сабук гардонидани оқибатҳои тағйирёбии иқлим" ва монанди инҳо дода мешаванд. Ташаббус доир ба баргузор намудани конференсияҳои муштараки илмӣ, симпозиум ва семинарҳо, нашри асарҳои илмӣ ва маҷмўаи мақолаҳо дастгирӣ карда мешаванд.

Дар асоси "Барномаи тайёр кардани кадрҳои илмӣ барои солҳои 2009-2015" чорабиниҳои зарурии тайёр кардани кадрҳои илмии тахассуси олӣ дар Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, институтҳои илмию таҳқиқотии соҳавӣ ва мактабҳои олии касбӣ ба мақсади бо мутахассисон, хусусан дар соҳаҳои нав ва тезрушдкунандаи илм ва технологияҳо пурра таъмин намудани муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ таҳия карда мешаванд.

Бо мақсади дастгирии иҷтимоии кормандони соҳаи илм мебояд, ки як қатор санадҳои қонунгузорӣ ва меъёрию ҳуқуқӣ омода ва қабул карда шаванд, аз ҷумла: дар бораи такмил додани низоми (системаи) пардохти музди меҳнат дар соҳаи илм; дар бораи давра ба давра ҷорӣ намудани системаи шартномавии пардохти музди меҳнат; дар бораи шароит ва тартиби пардохти музди меҳнати олимони Академияи илмҳо ва ташкилотҳои илмию таҳқиқотии соҳавӣ, ки дар асоси ҳамкорӣ дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ кор мекунанд ва ғайра. Дастгирии давлатии кормандони соҳаи илм, хусусан аспирантҳо ва олимони ҷавон ҷихати беҳтар кардани шароити зиндагонии онҳо зарур аст:

-гузориши (трансформатсияи) мазмуни таҳсилот аз донишмарказонидан, ки натиҷаи ниҳоии масъулият ва салоҳият ба ҳисоб меравад;

-заминаҳои моддию техникӣ, муҳити фаннию маконӣ ва таъминоти таълимию методии муассисаҳои таҳсилоти касбӣ ба шароити муосири иҷтимоию иқтисодӣ, ба талаботи раванди таълимию тарбиявӣ мувофиқ карда шавад;

-маданияти забондонӣ, иттилоотӣ, экологӣ, иқтисодӣ ва ҳуқуқии муҳассилин таҳким бахшида шавад;

-такмил бахшидани сохтор ва мазмуни барномаҳои таҳсилоти касбӣ, бозомўзӣ ва такмили ихтисоси омўзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилоти касбӣ;

-таъмини пай дар пайи зинаҳои таҳсилоти касбӣ аз рўйи мазмун ва давомнокии таҳсилот.

5) Ташаккули заминаи иттилоотии таҳқиқот дар соҳаи илмҳои табиатшиносӣ.

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷиҳати сатҳи фаъолияти инноватсионӣ, нуфузи маҳсулоти баландтехнология дар сохтори истеҳсолот ва содирот, рушди инфрасохторӣ аз давлатҳои аз ҷиҳати иқтисодӣ пешрафта хеле қафо мондааст.

Рақобатпазирӣ аз рўи суръати истифодаи навоварии илмиву техникӣ ва ҳавасмандии истеҳсолот ба дастовардҳои илмӣ, самаранокии равандҳои инноватсионӣ муайян карда мешавад. Вобаста ба ин, истифодаи захираҳои зеҳнӣ ва ташаккули заминаи илмиву технологӣ яке аз вазифаҳои муҳими умумимиллии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки қабули тадбирҳои махсус доир ба рушди инноватсионӣ - ба вуҷуд овардани шароити зарурии ташкилӣ, иқтисодӣ ва ҳуқуқиро талаб мекунад. Бо андозаи фароҳам омадани шароити зарурӣ инфрасохтори инноватсионӣ низ дар шакли марказҳои инноватсионию технологӣ, бизнес-инкубаторҳо, марказҳои трансфери технологияҳо ва монанди инҳо ташаккул меёбанд.

Ба фаъолгардонӣ ва ҳавасмандии фаъолияти ихтироотӣ кўшиш ба харҷ додан зарур аст, зеро патентҳо ба ихтироот яке аз омилҳои муайянкунандаи нерўи инноватсионии мамлакат мебошанд.

Таваҷҷўҳи махсус бояд ба тайёр кардани мутахассисон дар соҳаи нанотехнология ва менеҷменти инноватсионӣ равона карда шавад.

Ба қатори самтҳои афзалиятдоштаи фаъолияти инноватсионӣ дар кишвар мо ва ҳамкориҳои байнидавлатии инноватсионӣ, ки дар асоси онҳо лоиҳаҳои инноватсионӣ таҳия шуда метавонанд, инҳоро номбар кардан мумкин аст: маводи металлии конструксионӣ, технологияҳои энергияи таҷдидпазир, маводи полимерии композитсионӣ, технологияҳои сарфаи энергия, мувофиқсозии кори гидроузелҳо бо истифодаи усулҳои моделсозии математикӣ, технологияи истеҳсоли пектини камметил, технологияҳо дар соҳаи мониторинги муҳити зист ва пешгирӣ кардани офатҳои табиӣ ва техногенӣ, инженерияи генетекӣ ва биотехнологияи генӣ, истифодаи тестҳои физиологӣ дар селексияи навъҳои нави зироатҳои кишоварзӣ, технологияҳои истеҳсоли доруҳои нави табобатӣ дар асоси истифодаи ашёи хоми растаниҳои маҳаллӣ ташхис, пешгирӣ ва табобати касалиҳои инсон.

Яке аз сабабҳои муҳимтарине, ки рушди илмҳои табиатшиносиро дар кишвари мо ба таъхир меандозад, ақибмонӣ дар ташкили инфраструктураи иттилоотӣ мебошад, ки ба истифодаи технологияи навтарини иттилоотию коммуникатсионӣ асос ёфтааст. Мактабҳои таҳсилоти умумӣ, мактабҳои ибтидоии миёна ва олии касбӣ ва муассисаҳои зертобеи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, институтҳои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо техника ва технологияи компютерӣ суст муҷаҳҳазанд. Ташкили инфраструктураи иттилоотӣ, ки ҷавобгўи талаботи муосир бошад, дар марҳилаи ибтидоии худ қарор дорад. Дар 5 соли охир бояд шабакаи итилоотии ИНТЕРНЕТ бунёд карда шавад.

Дар баробари рушди робитаи компютерӣ ва технология зарур аст, ки ба дастгирию таҳкими заминаи анъанавии иттилоотии илм -китобхонаҳои илмӣ диққати зарурӣ дода шавад. Солҳои охир, чунонки маълум аст, ба китобхонаҳои илмӣ ворид шудани адабиёти махсуси илмӣ аз мамлакатҳои дигар якбора коҳиш ёфт. Мубодилаи байналмилалии байни китобхонаҳо дар сатҳи паст қарор дорад, барои такмили китобхонаҳо бо нашрияҳои нави илмӣ маблағи ночиз ҷудо мегардад.

Яке аз ҳалқаҳои нисбатан сусти инфраструктураи илмҳои табиатшиносӣ нашри осори илмӣ мебошад. Аз сабаби кофӣ набудани маблағгузорӣ монографияҳо, маҷмўаҳо, маҷаллаҳои илмӣ, асарҳои илмӣ хеле кам ба нашр мерасанд, конференсияҳои илмӣ оид ба масоили муҳими илмҳои табиатшиносӣ кам баргузор мешаванд. Аз ин сабаб натиҷаҳои таҳқиқот кўҳна мегарданд, тарҳрезиҳои олимони Тоҷикистон ба фазои байналмилалии илмию иттилоотӣ ворид намешаванд.

Таҷрибаи ҷаҳонӣ ба тарзи равшан нишон медиҳад, ки бе заминаҳои зарурии иттилоотӣ пешрафти илм, сохтани технологияи нави қобили рақобат ва истифодаи босамари он дар амал имконнопазир аст.

Бо дарназардошти чунин омилҳо дар ин Барнома ба ташкили заминаи иттилоотии таҳқиқот дар соҳаи илмҳои табиатшиносӣ таваҷҷўҳи асосӣ зоҳир карда мешавад.

Дар солҳои наздик бо мақсади пайваст шудан ба шабакаи байналмилалии интернетии ҳамаи муассисаҳои илмию таҳқиқотӣ, ки дар онҳо оид ба илмҳои табиатшиносӣ таҳқиқот анҷом дода мешавад, тадбирҳо пешбинӣ карда мешаванд. Барои иҷрои ин мақсад зарур аст, ки мактабҳои таҳсилоти умумӣ, мактабҳои ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ ва муассисаҳои зертобеи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муассисаҳои Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қадри кофӣ бо компютер ва техникаи дигари иттилоотӣ таъмин карда шаванд. Дар натиҷа барои гирифтани иттилооти илмӣ аз, маркази илмӣ ва китобхонаҳои ҳар кадом кишвар роҳ кушода мегардад.

Ташкили китобхонаҳои махсусгардонидашудаи электронӣ ва хазинаҳои иттилоотии маълумот оид ба самтҳои алоҳидаи илмҳои табиатшиносӣ дар назар аст.

Татбиқи технологияи иттилоотию коммуникатсионии марҳилаи нав дар амалияи илмӣ тарбияи мутахассисони баландихтисосро дар мактабҳои олии касбии мамлакат ва ба роҳ мондани низоми тарбия ва бозомўзии кормандони илм ва мутахассисон дар соҳаи истифодаи технологияи иттилоотию коммуникатсиониро талаб мекунад.

Барнома оид ба дастгирии китобхонаҳои илмӣ ва мукаммал кардани фондҳои адабиёти илмӣ заминаи гирифтани маълумот аз дигар нашрияҳои пешқадами илмӣ ва маҷаллаҳо, дастгирии нашри асарҳои илмӣ, адабиёти иттилоотӣ, воситаҳои таълимӣ оид ба илмҳои табиатшиносиро пешбинӣ мекунад.

6) Дастгирӣ ва рушди ҳамкориҳои байналмилалии илмӣ.

Ояндаи илми Тоҷикистон аз бисёр ҷиҳат ба он вобаста аст, ки он то чи андоза тез ва самаранок ба фазои ҷаҳонии илм ворид шуда метавонад. Бо назардошти ин чораҳое андешида мешаванд, ки ба дастгирӣ ва рушди шаклҳои гуногуни ҳамкорӣ ва шарикии олимони Тоҷикистон бо олимони давлатҳои дигар равона гардидаанд. Дар Стратегия ба таври назаррас тавсиа бахшидан ва баланд бардоштани самаранокии ҳамкориҳо бо ташкилот ва муассисаҳои илмии давлатҳои ИДМ, давлатҳои дигар, ташкилотҳои байналмилалӣ, фондҳо, ассосиатсияҳо ва монанди инҳо ҳам дар асоси шартномаву созишномаҳои ба имзо расондаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳо ва ҳам Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, муассисаҳои алоҳидаи илмию таҳқиқотӣ ва мактабҳои олӣ пешбинӣ гардидааст.

Ҳамчунин, ҷалби олимон ба иҷрои лоиҳаҳои илмӣ ва илмию техникӣ дар чаҳорчўбаи созишномаву шартномаҳои байналмилалӣ, пеш аз ҳама бо давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ), барномаву лоиҳаҳо аз рўи грантҳо, ки аз тарафи марказҳо, фондҳо ва ташкилотҳои байналмилалӣ, аз ҷумла Маркази байналмилалии илмию техникӣ, Ташкилоти озуқаворӣ ва кишоварзии СММ (ФАО), Фонди чаҳонии экологӣ, Ташкилоти умумиҷаҳонии СММ доир ба масъалаҳои тандурустӣ, Ташкилоти СММ доир ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО), Ташкилоти давлатҳои исломӣ доир ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг (ИСЕСКО), Агентии байналмилалии энергияи атомӣ (МАГАТЭ), Маркази байналмилалӣ доир ба таҳқиқоти кишоварзӣ дар минтақаҳои хушкида (ИКАРДА), Маркази байналмилалӣ доир ба беҳтар кардани ҷуворимакка ва гандум (СИММИТ), Институти байналмилалии захираҳои генетикӣ (ИПГРИ) низ пешбинӣ гардидаанд. Тавсиаи ҳамкориҳои бисёрҷанбаи байналмилалии илмӣ аз рўи самтҳои Ассотсиатсияи байналмилалии академияи илмҳо (МААН), Ассотсиатсияи Академияи илмҳои Осиёи Марказӣ (ААНСЦА), Академияи илмҳо барои ҷаҳони рушдкунанда (ТВАС), Кумитаи доимии ҳамкории илмӣ ва технологии Ташкилоти конференсияи исломӣ (КОМСТЕК) дурнамои хуб дорад.

Таваҷҷўҳи махсус ба тавсиаи имкониятҳои сафари олимон ба марказҳои пешсафи илмию таҳқиқотии ҷаҳон барои кори илмӣ ва барои иштирок дар конференсияҳои байналмилалӣ ва чорабиниҳои дигари илмӣ равона карда мешавад.

Дастгирӣ ҷиҳати дар кишвари мо баргузор намудани конференсияҳои байналмилалии илмӣ, симпозиумҳо, семинарҳо ва монанди инҳо доир ба масъалҳои муҳими илм пешбинӣ мешавад.

Дар натиҷаи амалисозии ин чорабиниҳо имконияти иштироки олимони Тоҷикистон дар баргузории таҳқиқоти муштарак бо олимони хориҷа аз рўи лоиҳаву барномаҳои байналмилалӣ, истифодаи базаи муосири таҷрибавӣ ва асбобии марказҳои илмии хориҷӣ, таҳсил ва такмили ихтисоси олимони ҷавон ба таври назаррас тавсиа меёбад. Намояндагии васеи олимони Тоҷикистон дар конференсияҳо ва чорабиниҳои дигари илмӣ ва давлатҳои хориҷӣ ва баргузории онҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба воридшавии илми мамлакати мо ба фазои байналмилалии илм, таҳкими афзалиятҳои дастовардҳои олимони тоҷик ва ба даст овардани иттилооти зарурӣ доир ба комёбиҳо ва равишҳои рушди илм дар ҷаҳон мусоидат менамояд.

7) Рушди робитаҳои иттилоотиву коммуникатсионии илм.

Зимни таҳияи Барномаи рушди соҳаи иттилоотиву коммуникатсионӣ як қатор чорабиниҳое пешбинӣ мегарданд, ки ба иҷрои таҳқиқоти илмӣ равона шудаанд.

То соли 2010 ташаккул додани шабакаи иттилоотӣ бо пайвастан ба шабакаи байналмилалии иттилоот - ИНТЕРНЕТ ва ворид шудани ҳамаи муассисаҳои илмӣ-таҳқиқотии мамлакат ба он низ пешбинӣ мегардад. Барои амалӣ кардани ин мақсад бо миқдори кофии компютерҳо ва техникаи дигари иттилоотӣ таъмин намудани институтҳо, озмоишгоҳҳо ва кафедраҳо зарур аст. Дар натиҷа, ба гирифтани иттилооти илмӣ аз давлатҳои дигар, марказҳои илмӣ, китобхонаҳо ва монанди инҳо имконият фароҳам меояд. Ҳамчунин таъсиси китобхонаҳои махсусгардонидашудаи электронӣ, маҷаллаҳои электронӣ ва хазинаҳои (базаҳои) иттилоотии маълумот доир ба самтҳои алоҳидаи илм дар назар аст.

Бо мусоидати Ассосиатсияи тоҷикистонии истифодакунандагони шабакаҳои компютерӣ, институтҳои академӣ, таҳқиқотӣ ва институтҳои таҳсилотии академӣ ва мактабҳои олии касбӣ ба истифодаи низоми алоқаи оптикию нахии муосир гузаронида мешаванд.

Барои истифодабарӣ аз навтарин технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ тайёр кардани мутахассисони баландихтисоси соҳаи муҳандисӣ, технологҳо, донструкторон дар мактабҳои олии касбӣ ва ба тартиб даровардани системаи тайёр кардан ва такмили ихтисоси кормандони илмӣ ва мутахассисон дар соҳаи истифодаи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ дар назар дошта шудааст.

Стратегия дастгирии китобхонаҳои илмӣ ва пурра кардани фондҳои адабиёти илмӣ, ба базаи маълумот пайвастани нашриётҳои пешсафи илмӣ ва маҷаллаҳо, дастгирии нашри асарҳои илмӣ, адабиёти иттилоотиву маълумотӣ, дастурҳои илмиву методиро пешбинӣ мекунад.

Дар замони муосир ҳамкории байналмилалии илмӣ бо суръати ниҳоят баланд таракқӣ намуда, дар дараҷаи бештар пешрафти илм ва самаранокии истифодаи дастовардҳои илмиро дар ҳамаи соҳаҳои фаъолияти ҷомеаи инсонӣ муайян мекунад. Ояндаи илми Тоҷикистон бештар ба ин вобаста хоҳад буд, ки чӣ гуна зуд ва босамар вай метавонад ба фазои илми ҷаҳонӣ ворид шавад, ҳамгироӣ пайдо намояд. Бо назардошти ин, дар Барнома тадбирҳое дохил карда шудаанд, ки ба дастгирӣ ва рушди шаклҳои гуногуни ҳамкорӣ ва кооператсияи олимони Тоҷикистон бо олимони мамлакатҳои дигар равона шудаанд.

Барнома ҷалби олимонро ба иҷрои лоиҳаҳои илмӣ ва илмию техникӣ дар доираи шартномаю созишномаҳои байналмилалӣ, барномаю лоиҳаҳо оид ба грантҳо, ки аз тарафи фондҳою ташкилотҳои байналмилалӣ ва хориҷӣ пешниҳод карда мешаванд, пешбинӣ мекунад. Таваҷҷўҳи асосӣ ба васеъшавии имконияти ба сафари хидматӣ фиристодани олимон ба марказҳои пешқадами илмию таҳқиқотӣ барои кори илмӣ ва иштирок дар конференсияҳои байналмилалӣ ва дигар чорабиниҳои илмӣ равона мегардад. Расонидани кўмак барои дар кишвари мо гузаронидани конференсияҳои байналмилалии илмӣ, симпозиум, семинар ва ғайра оид ба масоили муҳимтарини илмҳои табиатшиносӣ пешбинӣ карда мешавад.

 

Боби 4. Ҳаҷм ва манбаъҳои маблағгузории Барнома

 

Манбаи асосии таъмини захиравии Барнома ин маблағҳое, ки ҳамасола барои соҳаи илм ҷудо карда мешаванд, ба ҳисоб меравад. Хулоса оид ба мувофиқи мақсад будани маблағгузории ҳар кадом кори илмию таҳқиқотӣ, ҳаҷм ва мўҳлати иҷрои он ба Шўрои ҳамоҳангсозии корҳои илмию таҳқиқотӣ (КИТ) дар соҳаи илмҳои табиатшиносӣ пешниҳод карда мешавад. Шўрои ҳамоҳангсозии КИТ ҳулосаи мувофиқи мақсад будани корҳои илмию таҳқиқотиро ба Вазорати рущди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон интиқол медиҳад.

Барои маблағгузории Барнома манбаъҳои ғайрибуҷетие низ истифода мешаванд, ки ба онҳо маблағҳои сармоягузорӣ, маблағҳое, ки фонд ва ташкилотҳои байналмилалӣ ва хориҷӣ барои иҷрои лоиҳаҳои илмӣ ва илмию техникӣ ҷудо кардаанд, дохил мешаванд.

Ҳаҷми маблағгузории тадбирҳои Барнома аз имконияти буҷети давлатӣ, воридшавии воқеии маблағҳои ғайрибуҷетӣ ва талаботи табиӣ ба хараҷоти молиявӣ вобаста аст.

 

Боби 5. Идоракунии татбиқи Барнома ва назорати иҷрои он

 

Идоракунии давлатии Барнома Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Иҷрокунандагони асосии Барнома муассисаҳо ва ташкилотҳои илмию таҳқиқотӣ, мактабҳои таҳсилоти умумӣ, мактабҳои ибтидоӣ, миёнаи касбӣ, мактабҳои олии касбӣ ва муассисаҳои зертобеи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, ки дар онҳо оид ба илмҳои табиатшиносӣ ва риёзию техникӣ таҳқиқот анҷом дода мешавад.

Назорати иҷрои Барномаро Шўрои ҳамоҳангсозии КИТ анҷом медиҳад. Ҷараёни иҷрои тадбирҳои Барнома, арзёбии аҳамияти илмӣ ва самарабахшии натиҷаҳои бадастомадаи таҳқиқот аз тарафи Раёсати Шўрои ҳамоҳангсозии КИТ баррасӣ гардида, аз ҷониби роҳбар бо тартиби муққараршуда қабул карда мешавад.

Идоракунии ҷории Барнома, аз ҷумла, ҷамъоварӣ, таҳлил ва ҷамъбасти мавод оид ба иҷрои тадбирҳо, арзёбии натиҷаҳои бадастомада, таҳлили мушкилоти бамиёномада, тахияи тавсияҳо оид ба истифодаи натиҷаи таҳқиқоти илмӣ ва тарҳрезиҳои амалӣ, таҳияи ҳисоботи фосилавӣ ва ҷамъбастӣ аз тарафи бахшҳои Шўрои ҳамоҳангсозии КИТ ва Раёсати илм ва инноватсияи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.

 

Боби 6. Низоми тартиби ҷудо кардани маблағ барои гузаронидани чорабиниҳо

 

Бо назардошти маблағҳои молиявии аз буҷети давлатӣ ҷудогардида ва аз манбаъҳои дигари воридшуда Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми зарурат дар мувофиқа бо Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нишондиҳандаҳои мақсаднок, аз ҷумла дохил ва хориҷ кардани тадбирҳои ҷудогона, хароҷот оид ба онҳо, ҳайати иҷрокунандагон, механизми иҷрои тадбирҳо тасҳеҳ ворид менамояд.

Ҳар сол то якуми феврал Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси иҷрои Барнома ҳисоботи пурра пешниҳод менамояд.