ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

ДАР БОРАИ НАҚШАИ ЧОРАБИНИҲО ОИД БА ТАТБИҚИ БАРНОМАИ ДАВЛАТӢ ОИД БА ОМЎЗИШ ВА ҲИФЗИ ПИРЯХҲОИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2010-2030

(қарори Ҳукумати ҶТ аз 29.12.2015 № 764)

 

Мутобиқи моддаи 13 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон" Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1) Нақшаи чорабиниҳо оид ба татбиқи Барномаи давлатии омўзиш ва ҳифзи пиряхҳои Тоҷикистон барои солҳои 2010-2030 тасдиқ карда шавад (замима мегардад).

2) Вазорату идораҳо, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳо мутобиқи мўҳлатҳои дар Нақшаи чорабиниҳо муқарраргардида нақшаи чорабиниҳои худро таҳия намуда, онҳоро дар доираи маблағгузории буҷетии ҳарсола, ҷалби маблағҳои инвеститсионӣ, грантҳо ва маблағҳои маҳсус амалӣ намоянд.

 

 

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                   Эмомалӣ Раҳмон

 

аз 2 сентябри соли 2010 № 417

ш. Душанбе