ҚОНУНИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ АВФ
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2011, №7-8, мод. 618)
Пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ намуда, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати амалӣ намудани принсипи инсондӯстӣ ба муносибати 20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро "Дар бораи авф" қабул мекунад.
Моддаи 1
Шахсони ба ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкумкардашудае, ки аз чор се ҳиссаи ҷазоро дар ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ адо кардаанд, аз адои ҷазо озод карда шаванд.
Моддаи 2
Аз адои ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ, новобаста ба мӯҳлати ҷазои таъиншуда ва аз адои ҷазоҳои дигари ба маҳрум сохтан аз озодӣ алоқаманднабуда маҳкумшудагони зерин озод карда шаванд:
1) Занон.
2) Ноболиғон.
3) Мардони аз синни 55 - сола боло.
4) Маъюбони гурӯҳҳои I, II ва III, инчунин шахсони гирифтори бемориҳои омоси бадсифати марҳалаи 4 ва гурӯҳи клиникии 4 аз рӯи таснифи байналмилалӣ, омоси бадсифати бофтаҳои лимфоидӣ ва хунофар, сили узвҳои нафас ва пошхӯрдаи шадиди шуш, бемории ишемиявии дил - стенокардияи фаъолияти ҷисмонии ІІІ ва ІV мансуб донисташуда.
5) Иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда, иштирокчиёни амалиётҳои ҷангӣ дар ҳудуди дигар давлатҳо ва иштирокчиёни муқовиматҳои сиёсӣ ва ҳарбӣ дар Тоҷикистон, инчунин шахсоне, ки бар асари фалокати Нерӯгоҳи барқи атомии Чернобил зарар дидаанд.
6) Шахсоне, ки бо мукофотҳои давлатии ИҶШС, ҶШС Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шудаанд.
7) Шахсоне, ки аз даъвати навбатӣ ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ саркашӣ намудаанд, худсарона қисми ҳарбӣ ё маҳалли хизматро тарк кардаанд, аз қисми ҳарбӣ ё аз ҷои хизмат бо роҳи худсарона баромада рафтан фирор кардаанд ё шахсоне, ки аз иҷрои вазифаҳои хизмати ҳарбӣ бо роҳи узвмаъюбкунӣ ё усули дигар саркашӣ кардаанд.
8) Шаҳрвандони хориҷӣ.
Моддаи 3
Маҳкумшудагоне, ки аз беэҳтиётӣ ҷиноят содир намудаанд, новобаста аз намуди ҷазои таъиншуда аз адои ҷазо озод карда шаванд.
Моддаи 4
Маҳкумшудагоне, ки нисбати онҳо барои қасдан содир кардани ҷиноятҳои начандон вазнин ва дараҷаи миёна ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то панҷ сол ва ҷазоҳои дигари ба маҳрум сохтан аз озодӣ алоқаманднабуда таъин карда шудаанд, аз адои ҷазо озод карда шаванд.
Моддаи 5
Маҳкумшудагони зерин аз ҷазо ё адои ҷазо озод карда шаванд:
1) Агар нисбати онҳо иҷрои ҳукм мавқуф гузошта шуда бошад.
2) Агар нисбати онҳо ҷазо шартан татбиқ накарда шуда бошад.
3) Агар онҳо шартан пеш аз мӯҳлат аз адои ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ озод шуда бошанд ё ҷазоро дар колонияҳои ислоҳии сукунат адо карда истода бошанд.
4) Агар онҳо шартан пеш аз мӯҳлат аз адои ҷазо озод шуда бошанд.
5) Агар онҳо ба ҷазоҳои дигари ба маҳрум сохтан аз озодӣ алоқаманднабуда маҳкум шуда бошанд.
Моддаи 6
Шахсоне, ки нисбати онҳо барои бори аввал содир кардани ҷиноятҳои пешбининамудаи моддаҳои 307 қисми 1, 3071, 3072 қисми 2 ва 3073 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҳрири соли 1998) ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ ба мӯҳлати то панҷ сол ва ҷазоҳои дигари ба маҳрум сохтан аз озодӣ алоқаманднабуда таъин карда шудааст, аз адои ҷазо озод карда шаванд.
Моддаи 7
Пешбурди парвандаҳои ҷиноятии зерин, ки таҳти таҳқиқ, тафтиши пешакӣ ва баррасии судӣ қарор доранд ё аз тарафи судҳо баррасӣ нагардидаанд, қатъ карда шаванд:
1) Оид ба ҷиноятҳое, ки то рӯзи мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур аз тарафи шахсони дар моддаи 2 ҳамин Қонун пешбинишуда содир гардидаанд.
2) Нисбати шахсоне, ки аз беэҳтиётӣ ҷиноят содир намудаанд.
3) Нисбати шахсоне, ки қасдан ҷиноятҳои начандон вазнин ва дараҷаи миёна содир намудаанд.
4) Нисбати шахсоне, ки ҷиноятҳои пешбининамудаи моддаҳои 245, 246, 247, 253 ва 257 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҳрири соли 1998) - ро содир карда, зарари моддии расонидашударо пурра талофӣ намудаанд.
Моддаи 8
Мӯҳлати адонагардидаи ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ нисбати маҳкумшудагони зерин, ки таҳти амали моддаҳои 1, 2 ва 4 Қонуни мазкур қарор намегиранд, ба истиснои маҳкумшудагоне, ки дар моддаҳои 11 ва 21 Қонуни мазкур пешбинӣ шудаанд, кам карда шавад:
1) Ҷазои маҳкумшудагоне, ки барои содир кардани ҷиноятҳои вазнин ба онҳо ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ таъин карда шудааст - аз се як ҳисса.
2) Ҷазои маҳкумшудагоне, ки барои содир кардани ҷиноятҳои махсусан вазнин ба онҳо ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ таъин карда шудааст - аз чор як ҳисса.
Моддаи 9
Моддаи 10
Моддаи 11
Муқаррароти моддаи 8 Қонуни мазкур нисбат ба маҳкумшудагони зерин татбиқ карда намешаванд:
1) Шахсоне, ки бо моддаҳои 61-70, 74, 104 ва 105 (ба истиснои суиқасд ба ҷиноятҳои дар моддаҳои 104 ва 105 пешбинишуда) Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҳрири соли 1961) маҳкум шудаанд (ба истиснои занон ва ноболиғон).
2) Шахсоне, ки бо моддаҳои 104 (ба истиснои суиқасд ба одамкушӣ), 1301, 179, 1791, 1792, 1793, 186 қисмҳои 1 ва 3, 187 қисмҳои 1 ва 3, 188, 249 қисми 4, 305-310, 313, 3351 қисми 2, 347 (агар хабар надодан дар бораи ҷиноят ё пинҳон доштани он ба ҷиноятҳои хусусияти террористидошта вобаста бошад), 395-405 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҳрири соли 1998) маҳкум шудаанд (ба истиснои занон ва ноболиғон).
3) Шахсоне, ки ба ҷазои якумра аз озодӣ маҳрум сохтан маҳкум шудаанд.
4) Шахсоне, ки нисбати онҳо ҷазои қатл ба ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ иваз карда шудааст.
5) Шахсоне, ки пештар тариқи бахшиши ҷазо ё бо татбиқи қонунҳо дар бораи авф аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ва ё аз ҷазои ҷиноятӣ озод карда шудаанд ва боз қасдан ҷинояти вазнин ё махсусан вазнин содир намудаанд, агар мӯҳлати ҷазое, ки аз рӯи он қонунҳо дар бораи авф ё бахшиши ҷазо татбиқ карда шудааст, нагузашта бошад.
6) Шахсоне, ки барои содир кардани ҷинояти қасдона дар маҳалли адои ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум шудаанд.
Моддаи 12
1) Барои ҷиноятҳои пешбининамудаи моддаҳои 61-70, 74, 75, 76 қисмҳои 3 ва 4, 90 қисми 4, 91, 95 қисми 3, 104, 105 (ба истиснои сӯиқасд ба ҷиноятҳои пешбининамудаи моддаҳои 104 ва 105), 111 қисми 2, 121, 1341, 135 қисми 3, 154 қисми 4, 155, 156, 160 қисми 3, 227 қисми 3, 233 қисми 3, 234 қисмҳои 1 ва 2, 2341, 240 қисми 2, 2401, 241 қисми 3, 249 банди "в", 250 бандҳои "б" ва "в", 252 банди "б", 270 банди "в" ва 277 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҳрири соли 1961).
2) Барои ҷиноятҳои пешбининамудаи моддаҳои 104 (ба истиснои сӯиқасд ба одамкушӣ), 110 қисмҳои 2 ва 3, 130 қисмҳои 2 ва 3, 1301 қисмҳои 2 ва 3, 131 қисми 3, 132 қисми 3, 137 қисми 2, 138, 139 қисмҳои 2, 3 ва 4, 167 қисми 2 бандҳои "г", "д", "е", "ё" ва қисми 3, 179, 1791, 1792, 1793, 181, 184 қисмҳои 3 ва 4, 1841 қисмҳои 4 ва 5, 1842 қисмҳои 3 ва 4, 1843 қисмҳои 3 ва 4, 1844, 185, 186, 187 қисмҳои 1 ва 3, 188, 189 қисми 1 (агар барангехтани кинаю адовати миллӣ, нажодӣ, маҳалгароӣ ва ё динӣ ба терроризм вобаста бошад), қисмҳои 2 ва 3, 193 қисмҳои 2, 3 ва 4, 195 қисмҳои 1, 2 ва 3, 196 қисмҳои 2 ва 3, 199, 200 қисми 4, 201 қисми 4, 202 қисмҳои 2 ва 3, 2021 қисми 3, 2022 қисми 3, 203 қисми 3, 204 қисмҳои 3 ва 4, 205 қисми 2, 206 қисмҳои 2 ва 3, 237 қисми 3, 244 қисми 4, 248 қисмҳои 2, 3 ва 4, 249, 250, 252 қисмҳои 2 ва 3, 262 қисмҳои 2 ва 3, 289 қисмҳои 2, 3 ва 4, 305-310, 313, 319 қисми 4, 329, 331 қисми 3, 332 қисми 2, 335 қисми 2, 3351 қисми 2, 347 (агар хабар надодан дар бораи ҷиноят ё пинҳон доштани он ба ҷиноятҳои хусусияти террористидошта вобаста бошад), 365 қисми 2, 375 қисмҳои 3 ва 4, 382, 383, 384, 385, 386 қисми 4, 391 қисми 4, 393, 395-405 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҳрири соли 1998).
3) Шахсоне, ки ба ҷазои якумра аз озодӣ маҳрум сохтан маҳкум шудаанд.
4) Шахсоне, ки нисбати онҳо ҷазои қатл ба ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ иваз карда шудааст.
5) Шахсоне, ки ҷинояти қасдонаро дар маҳалли адои ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ содир кардаанд.
6) Маҳкумшудагоне, ки мувофиқи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ретсидивисти махсусан хавфнок эътироф шудаанд ва ё ҷиноятро дар ҳолати ретсидиви махсусан хавфнок содир кардаанд.
7) Шахсоне, ки пештар тариқи бахшиши ҷазо ё бо татбиқи қонунҳо дар бораи авф аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ва ё аз ҷазо озод карда шудаанд ва боз қасдан ҷинояти вазнин ё махсусан вазнин содир намудаанд, агар мӯҳлати ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан ва ё ҷазое, ки аз рӯи он қонунҳо дар бораи авф ё бахшиши ҷазо татбиқ карда шудааст, нагузашта бошад.
Моддаи 13
Мӯҳлати адонагардидаи ҷазои маҳрум сохтан аз озодии маҳкумшудагоне, ки ҷиноятҳои дар бандҳои 1) ва 2) моддаи 11 ва бандҳои 1) ва 2) қисми 1 моддаи 12 Қонуни мазкур пешбинишударо содир кардаанд, ба истиснои маҳкумшудагони дар банди 3) қисми 1 моддаи 12 ҳамин Қонун нишондодашуда, новобаста аз маҳдудиятҳо ва манъкуниҳои дар Қонуни мазкур пешбинигардида, ду солӣ кам карда шавад.
Моддаи 14
Моддаи 15
1) Мақомоти таҳқиқ ва тафтиши пешакӣ - нисбати шахсоне, ки мавод ё парвандаи ҷиноятии онҳо таҳти баррасии ин мақомот қарор доранд.
2) Судҳо:
- нисбати шахсоне, ки мавод ё парвандаи ҷиноятии онҳо дар суд таҳти баррасӣ қарор дошта, то мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур баррасӣ нашудаанд, инчунин шахсоне, ки парвандаҳои ҷиноятӣ нисбати онҳо баррасӣ гардида, вале ҳукм нисбати онҳо қувваи қонунӣ пайдо накардааст;
- нисбати маҳкумшудагоне, ки иҷрои ҳукм нисбати онҳо мавқуф гузошта шудааст ва маҳкумшудагоне, ки нисбати онҳо бо ҳукми суд ҷазо шартан татбиқ карда нашудааст (бо пешниҳоди нозироти корҳои ислоҳие, ки рафтори маҳкумшударо назорат менамояд, аз ҷониби суди маҳалли иҷрои ҳукм ё зисти маҳкумшуда);
- нисбати маҳкумшудагоне, ки аз маҳалли маҳрум сохтан аз озодӣ шартан пеш аз мӯҳлат аз ҷазо озод шудаанд ё қисми адонагардидаи ҷазои нисбати онҳо таъиншуда то мавриди амал қарор дода шудани Қонуни мазкур ба ҷазои сабуктар иваз карда шудааст (бо пешниҳоди нозироти корҳои ислоҳӣ аз ҷониби суди маҳалли иҷрои ҳукм ё зисти маҳкумшуда);
- нисбати шахсоне, ки ба ҷазои ҷарима маҳкум шудаанд (бо пешниҳоди иҷрочии суд аз ҷониби суде, ки ҳукм баровардааст).
3) Муассисаҳои тобеи Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- нисбати шахсоне, ки ба ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум шудаанду дар ҳабс нестанд ва ҳукм нисбати онҳо қувваи қонунӣ пайдо кардааст;
- нисбати шахсоне, ки ҷазоро дар намуди корҳои ҳатмӣ, корҳои ислоҳӣ дар ҷои корашон ё дар ҷойҳои дигаре, ки мақомоти иҷрокунандаи ҳукм муайян менамоянд, адо мекунанд, инчунин шахсоне, ки ба маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан бо фаъолияти муайян маҳкум карда шудаанд;
- нисбати маҳкумшудагоне, ки дар ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ буда, ҳукм нисбати онҳо қувваи қонунӣ пайдо кардааст;
- нисбати маҳкумшудагоне, ки ҷазоро дар колонияҳои ислоҳии сукунат адо мекунанд.
4) Фармондеҳони қисмҳои ҳарбии интизомӣ - нисбати хизматчиёни ҳарбие, ки ба нигоҳ доштан дар қисми ҳарбии интизомӣ маҳкум шудаанд.
Моддаи 16
Озод намудани маҳкумшудагон аз ҷазоҳои иловагӣ, ки то рӯзи мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур иҷро нашудаанд, ба зиммаи он мақомот ва муассисаҳое гузошта мешавад, ки масъалаи аз ҷазои асосӣ озод намудани чунин маҳкумшудагон ба салоҳияти онҳо вогузор шудааст.
Моддаи 17
Қарор дар бораи татбиқ кардан ё рад кардани татбиқи Қонуни мазкур нисбати ҳар як шахс алоҳида қабул карда мешавад. Дар сурати мавҷуд набудани маълумоти зарурӣ муҳокимаи масъалаи татбиқи авф тибқи Қонуни мазкур то дастрас гардидани ҳуҷҷатҳои иловагӣ, вале ба мӯҳлати на дертар аз як моҳ мавқуф гузошта мешавад.
Моддаи 18
Мақомоти таҳқиқ ва тафтиши пешакӣ, фармондеҳони қисмҳои ҳарбии интизомӣ, муассисаҳои тобеи Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни мазкурро бо иҷозати прокурори дахлдор татбиқ менамоянд. Қонуни мазкур аз ҷониби судҳо бо иштироки ҳатмии прокурор татбиқ карда мешавад.
Моддаи 19
1) Бандҳои 1) ва 2) моддаи 2 Қонуни мазкур нисбати занон ва ноболиғон ба шарте татбиқ мегарданд, ки то рӯзи мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур ҷиноят содир кардаанд ва ҷинояти содиркардаашон ҷиноятҳои пешбининамудаи моддаҳои 104 (ба истиснои сӯиқасд ба одамкушӣ), 1301, моддаи 167 қисми 2 бандҳои "г", "д", "е", "ё" ва қисми 3, 179, 1791, 1792, 1793, 305, 306, 307 қисмҳои 2 ва 3, 3072 қисми 1, 3073 қисми 1 ва 308-310 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҳрири соли 1998) набошад.
2) Амали банди 2) моддаи 2 Қонуни мазкур нисбати шахсоне татбиқ мегардад, ки то рӯзи содир кардани ҷиноят ба синни 18-солагӣ нарасидаанд.
3) Амали банди 3) моддаи 2 Қонуни мазкур нисбати мардоне татбиқ мегардад, ки то рӯзи мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур ба синни 55-солагӣ расидаанд.
4) Банди 4) моддаи 2 Қонуни мазкур нисбати шахсоне татбиқ карда мешавад, ки мувофиқи тартиби муқарраршуда то мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур маъюбони гурӯҳҳои I, II ва ё III дониста шудаанд, инчунин нисбати шахсоне, ки гирифтори бемориҳои омоси бадсифати марҳалаи 4 ва гурӯҳи клиникии 4 аз рӯи таснифи байналмилалӣ, омоси бадсифати бофтаҳои лимфоидӣ ва хунофар, сили узвҳои нафас ва пошхӯрдаи шадиди шуш, бемории ишемиявии дил-стенокардияи фаъолияти ҷисмонии ІІІ ва ІV буда, то рӯзи мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур бо тартиби муқарраршуда дар муассисаҳои тиббӣ ба қайд гирифта шудаанд.
5) Таҳти амали банди 5) моддаи 2 Қонуни мазкур иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда, иштирокчиёни амалиёти ҷангӣ дар ҳудуди давлатҳои дигар ва иштирокчиёни муқовиматҳои сиёсӣ ва ҳарбӣ дар Тоҷикистон, инчунин шахсоне, ки бар асари фалокати Нерӯгоҳи барқи атомии Чернобил зарар дидаанд, қарор мегиранд.
Моддаи 20
Қонуни мазкур нисбати шахсоне, ки ҷиноятҳои дар моддаҳои 343, 374, 375 ва 376 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҳрири соли 1998) пешбинишударо содир намудаанд, инчунин дигар шахсоне, ки кирдорашон таҳти амали ҳамин Қонун қарор мегиранд ва берун аз марзи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, аз тарафи мақомоти тафтишоти пешакӣ ва суд дар сурати мавҷуд будани асосҳои кофӣ бе даъват намудани ин шахсон ва пурсиши онҳо татбиқ карда мешавад.
Моддаи 21
Моддаи 22
Моддаи 23
Шахсоне, ки нисбати онҳо Қонуни мазкур татбиқ карда мешавад, аз барқарор намудани товони зарари моддии бо кирдори ҷиноятӣ расонидаашон озод карда намешаванд.
Моддаи 24
Шахсони мувофиқи Қонуни мазкур авфшаванда ҳам аз ҷазои асосӣ ва ҳам аз ҷазои иловагӣ озод карда мешаванд. Маҳкумшудагоне, ки мӯҳлати адои ҷазояшон мутобиқи моддаи 8 Қонуни мазкур кам карда мешавад, аз адои ҷазоҳои иловагӣ озод карда намешаванд.
Моддаи 25
Қонуни мазкур нисбати шахсоне, ки ҷиноятҳои давомдор ё дарозмуддат содир кардаанд, танҳо дар мавриде татбиқ карда мешавад, ки агар ин ҷиноятҳо то рӯзи мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур анҷом ёфта бошанд (ба истиснои шахсоне, ки дар банди 7) моддаи 2 Қонуни мазкур пешбинӣ шудаанд).
Моддаи 26
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот вазифадоранд:
1) Барои расонидани кӯмаки иҷтимоӣ, бақайдгирии саривақтии шахсонеро, ки аз адои ҷазо тибқи Қонуни мазкур озод шудаанд, таъмин намоянд ва рафтори онҳоро таҳти назорат гиранд.
2) Назорати ноболиғони мутобиқи Қонуни мазкур озодшударо ба падару модарон ё шахсони ивазкунандаи онҳо вогузор намуда, дар мавриди зарурӣ барои дар мактаб-интернатҳо ҷойгир кардани ноболиғони бесаробон чораҳо андешанд.
3) Ҷойгир кардани шахсони озодгардидаи беморро дар муассисаҳои тиббӣ ва маъюбону пиронсолони яккаю танҳоро дар интернат ва хонаҳои пиронсолон ташкил намоянд.
Моддаи 27
Моддаи 28
Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот баъди се моҳи мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур дар хусуси иҷрои он ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот пешниҳод намоянд.
Моддаи 29
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 20 августи соли 2011,
№ 764