ҚОНУНИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ АВФИ ШАҲРВАНДОН ВА ШАХСОНИ ҲУҚУҚИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
БИНОБАР ҚОНУНИГАРДОНИИ МОЛУ МУЛК
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2007, №5, мод. 376)
Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ ва тартиби ташкили гузаронидани иқдоми истисноии якдафъаинаи давлатро оид ба авфи шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон бинобар қонунигардонии молу мулк, озод намудани онҳо барои содир кардани ҳуқуқвайронкуниҳои алоҳидаи пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, вобаста ба ҳуқуқҳои алоҳидаи молумулкиро муайян мекунад.
Мақсади Қонуни мазкур ҷалб намудани молу мулк ба гардиши расмии иқтисодӣ, муқаррар намудани соҳибони воқеии он, ҳуқуқҳои шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ ва рушди фаъолияти соҳибкорӣ мебошад.
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода бурда мешаванд:
- молу мулк – биноҳои истиқоматӣ ва ғайриистиқоматӣ, иншоот, объектҳои сохтмонашон нотамом ва молу мулки дигаре, ки бо замин алоқамандии мустаҳкам дошта, интиқолашон бе расонидани зиёни воқеии беҳисоб ба таъиноташон имконнопазир аст, инчунин молу мулки дигари ба молу мулки ғайриманқул баробарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, саҳмияҳо ва дигар қоғазҳои қиматнок, воситахои нақлиёт, металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо;
- қонунигардонии молу мулк – раванди барасмиятдарории ҳуқуқ ба молу мулке, ки аз гардиши иқтисодӣ бо мақсади пинҳон кардани фоида бароварда шудааст ва (ё) бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба расмият дароварда нашудааст ё ба номи шахси дигар ба расмият дароварда шудааст;
- шаҳодатнома дар бораи қонунигардонии молу мулк (минбаъд-шаҳодатнома) - ҳуҷчати расмие мебошад, ки ҳуқуқи шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба молу мулки қонунигардонидашуда муайян мекунад;
- комиссия оид ба қонунигардонии молу мулк (минбаъд -комиссия) мақомоте, ки барои қонунигардонии молу мулк ва додани шаҳодатнома дар бораи қонунигардонии молу мулк ваколатдор гардидааст;
- мўҳлати қонунигардонӣ – мўҳлати муқаррарнамудаи Қонуни мазкур, ки дар давоми он шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд дар бораи қонунигардонии молу мулк ба комиссия бо аризаи хаттӣ муроҷиат кунанд;
- авф – озод намудани шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷавобгарӣ барои ҳуқуқвайронкуниҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати молу мулке, ки мутобиқи талаботи Қонуни мазкур қонунӣ гардонида шудааст.
Амали Қонуни мазкур нисбати шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон паҳн мегардад, ки дар давраи қонунигардонӣ молу мулки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба расмият дароварданашударо, ба истиснои молу мулки дар моддаи 3 Қонуни мазкур нишондодашуда,. қонунӣ мегардонанд.
Молу мулки шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки нисбати онҳо дар давраи мавриди амал қарор гирифтани Қонуни мазкур қарори эътибори қонунӣ пайдокардаи суд оид ба мусодираи он қабул карда шудааст, инчунин молу мулке, ки мавриди муҳокимаи судӣ қарор дорад, қонунӣ гардонида намешавад.
Мўҳлати қонунигардонии молу мулк шаш моҳро дар бар мегирад ва баъди ду моҳ аз рўзи дар нашрияи расмӣ чоп гардидани намунаи ариза, шаҳодатнома, феҳристи молу мулки қонунигардонидашуда ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба қонунигардонии молу мулк оғоз меёбад.
Моддаи 5. Махфияти маълумот оид ба қонунигардонии молу мулк
Маълумот оид ба молу мулки қонунигардонидашаванда ва соҳибони он махфӣ мебошад.
Моддаи 7. Баҳсталаб набудани аҳдҳо оид ба хусусигардонии молу мулки давлатӣ, ки аз тарафи мақомоти идораи амволи давлатӣ гузаронида шудаанд
Қонунигардонии молу мулки пештар хусусигардонидашуда, ки бе иштироки мақомоти идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ шудааст, аз ҷониби комиссияҳо мувофиқи хулосаи хаттии мақомоти идораи амволи давлатӣ анҷом дода мешавад. Шакл ва тартиби додани хулосаро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.
Моддаи 9. Имтиёзҳои андоз
Шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон молу мулки худро қонунӣ гардонида, дар давраи то амалӣ гардидани қонунигардонӣ ва дар соли тақвимии амалӣ гардидани қонунигардонӣ аз андозҳо ва дигар пардохтҳои ба ҳамин молу мулк дахлдошта озод карда мешаванд.
Мўҳлати даъво доир ба масъалаҳои қонунигардонии молу мулк як сол буда, пас аз гузаштани ин мўҳлат чунин масъалаҳо аз ҷониби суд аз нав баррасӣ карда намешаванд.
Моддаи 11. Авфи шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқие, ки молу мулки худро қонунӣ гардонидаанд
Давлат ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки молу мулки худро тибқи Қонуни мазкур қонунӣ гардонидаанд, кафолат медиҳад.
Шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки талаботи Қонуни мазкурро вайрон мекунанд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Қонуни мазкур пас аз аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
ш. Душанбе, 16 майи соли 2007
№271