ҚАРОРИ
МАҶЛИСИ ОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ АВФИ УМУМӢ
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1999, №5, мод. 55)
Ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Ш. Раҳмоновро оид ба авфи силоҳбадастони оппозитсияи тоҷик, ки ба қарори Комиссияи Оштии Миллӣ № 029 аз 4 маи соли 1999, дархости иттиҳоди нерўҳои оппозитсияи тоҷик асос ёфтааст, баррасӣ намуда ва бо мақсади суръат бахшидан ба раванди сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон бо назардошти принсипҳои башардўстӣ ва мутобиқи моддаи 49 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
а) авфи силоҳбадастони ИНОТ дар асоси қарори Комиссияи Оштии Миллӣ таҳти № 15 аз 3 марти соли 1999 сурат гирад;
б) роҳбарияти ИНОТ якҷоя бо вазоратҳои низомӣ қароргоҳҳои дастаҳои мусаллаҳи ИНОТ-ро ба Протоколи низомӣ мувофиқ намуда, силоҳҳо ва фаъолияти размандагонро зери назорати қатъӣ гирад;
в) силоҳбадастоне, ки бар хилофи Созишномаи умумӣ бе иҷозат аз қароргоҳҳо берун мераванд ва бо силоҳ мегарданд, мувофиқи тартиби муқарраркардаи қонун ба ҷазо кашида мешаванд;
г) масъулияти дастгир намудан ва халъи силоҳи силоҳбадастоне, ки аз итоати фармондеҳон мебароянд, то иҷрои марҳилаи дуюми Протоколи масъалаҳои низомӣ ба зиммаи вазоратҳои дахлдор ва роҳбарияти ИНОТ мебошад;
д) қарори авф нисбат ба силоҳбадастоне, ки баъди қабули ин қарор ба қонуншиканӣ роҳ медиҳанд, татбиқ намешавад.
Раиси
Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Раҷабов
ш.Душанбе, 14 майи соли 1999
№ 742
ҚАРОРИ
МАҶЛИСИ ОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ТАРТИБИ ТАТБИҚИ ҚАРОРИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
«ДАР БОРАИ АВФИ УМУМӢ»
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1999, №5, мод. 56)
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
а) мақомоте, ки иҷрои ҷазо нисбати маҳкумшудагоне, ки дар ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ мебошанд, онҳое, ки шартан аз озодӣ маҳрум гардидаанд ва ба меҳнати ҳатмӣ ҷалб карда шудаанд ва онҳое, ки шартан аз ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ бо ҳатман ба меҳнат ҷалб кардан озод карда шудаанд, дар ихтиёрашон мебошад.
Иҷрои Қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авфи умумӣ» (минбаъд дар матн – Қарор дар бораи авф) тибқи қарори сардори мақомоте, ки иҷрои ҷазоро анҷом медиҳанд ва аз ҷониби прокурор иҷозат дода шудааст, сурат мегирад;
б) ба мақомоти таҳқиқи ибтидоӣ ва тафтиши пешакӣ – нисбати ашхосе, ки парванда ва маводи ҷиноятҳояшон таҳти баррасии ин мақомот қарор доранд;
в) ба зиммаи судҳо:
нисбати ашхосе, ки парванда ва маводи оид ба ҷиноятҳояшон дар суд таҳти баррасӣ қарор дошта, то эътибор пайдо намудани Қарор дар бораи авф баррасӣ нашудаанд, инчунин ашхосе, ки парвандаҳо дар бораи ҷиноятҳои онҳо баррасӣ гардида, вале ҳукми онҳо қувваи қонунӣ пайдо накардаанд;
нисбати маҳкумшудагоне, ки иҷрои ҳукмашон ба таъхир андохта шудааст ва ашхосе, ки шартан маҳкум гардидаанд (масъалаи татбиқи авф аз рўи пешниҳоди мақоми корҳои дохилие, ки рафтори маҳкумшударо назорат менамояд, аз ҷониби суде, ки ҳукм баровардааст, ҳал карда мешавад);
нисбати ашхосе, ки бо ҷазои ҷарима маҳкум шудаанд, агар то эътибор пайдо кардани Қарор дар бораи авф ҷарима ситонида нашуда бошад (масъалаи татбиқи авфро суде, ки ҳукм баровардааст, ҳал менамояд);
нисбати ашхосе, ки шартан пеш аз мўҳлат аз ҷазо озод карда шудаанд ва ашхосе, ки қисми адонагардидаи ҷазояшон то эътибор пайдо намудани Қарор дар бораи авф ба ҷазои сабуктар иваз карда шудааст (масъалаи татбиқи санади авфро суде, ки дар бораи татбиқи шартан пеш аз мўҳлат озод кардан ё ба ҷазои сабуктар иваз кардани қисми адонашудаи ҷазо таъинот баровардааст, ҳал мекунад);
г) ба зиммаи мақомоти корҳои дохилӣ:
нисбати ашхосе, ки ҳукмҳо нисбати онҳо қувваи қонунӣ пайдо кардаанд, ашхосе, ки ба маҳрумият аз озодӣ маҳкум шудаанду дар ҳабс нестанд ё шахсоне, ки шартан ба маҳрумият аз озодӣ бо ҳатман ҷалб намудан ба меҳнат маҳкум гардида, ба маҳалли кор фиристода нашудаанд;
нисбати ашхосе, ки ҷазоро дар шакли корҳои ислоҳи меҳнатӣ бидуни маҳрумият аз озодӣ адо мекунанд, маҳрум намудан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолиятҳои муайян.
3.Қарори татбиқи авф, ки мақомоти таҳқиқи ибтидоӣ ва тафтиши пешакӣ, мақомоти корҳои дохилӣ қабул мекунанд, аз ҷониби прокурор иҷозат дода мешавад.
Ҳангоми татбиқи санади авф аз ҷониби судҳо иштироки прокурор ҳатмист.
Раиси
Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Раҷабов
ш.Душанбе, 14 майи соли 1999
№ 743