ҚАРОРИ
МАҶЛИСИ ОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ АВФИ УМУМӢ
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1998, №23-24, мод. 328)
Ба муносибати ҳафтумин солгарди истиқлоли Ҷумҳурии Тоҷикистон ва яксолагии ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва созгории миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо дар назардошти принсипи башардўстӣ ва мувофиқи моддаи 49 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қ а р о р м е к у н а д:
а) занон;
б) мардони аз 50 – сола боло;
в) маъюбони гурўҳҳои I ва II;
г) иштирокчиён ва собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ашхоси ба онҳо баробаркардашуда, иштирокчиён ва собиқадорони амалиётҳои ҷангӣ дар ҳудуди дигар давлатҳо;
д) ноболиғон;
е) ашхосе, ки бо ордену медалҳои СССР ва Ҷумҳурии Тоҷикистон мукофотонида шудаанд;
ж) ашхосе, ки аз даъвати навбатӣ ба хизмати ҳақиқии ҳарбӣ саркашӣ намудаанд, худсарона баромада рафтаанд, худсарона қисм ё маҳалли ҳизматро тарк кардаанд, дезертирӣ кардаанд ё ашхосе, ки аз хизмати ҳарбӣ бо роҳи маъюб кардани худ ё усули дигар саркашӣ кардаанд.
а) дар бораи ҷиноятҳое, ки то эътибор пайдо кардани ҳамин қарор аз тарафи
ашхоси дар банди 1 ҳамин қарор номбаршуда содир гардидаанд;
б) дар хусуси ҷиноятҳое, ки барои онҳо Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон
ҷазоҳои бо маҳрум кардан аз озодӣ вобастанабударо пешбинӣ намудааст;
в) нисбати ашхосе, ки аз беэҳтиётӣ ҷиноят содир кардаанд ва ба он Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷазои маҳрумӣ аз озодиро ба мўҳлати то даҳ сол пешбинӣ намудааст;
г) нисбати ашхосе, ки қасдан ҷиноят содир намудаанд ва Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои он ба мўҳлати то панҷ сол ҷазои аз озодӣ маҳрум карданро пешбинӣ намудааст.
а ) онҳое, ки барои содир намудани ҷиноят ба мўҳлати то даҳ соли пурра аз
озодӣ маҳрум шудаанд – нисфи мўҳлати ҷазо;
б) онҳое, ки барои аз беэҳтиётӣ ҷиноят содир кардан маҳкум шудаанд, новобаста аз мўҳлати ҷазо – аз се ду ҳисса;
в) онҳое, ки барои қасдан содир намудани ҷиноят ба мўҳлати то понздаҳ сол аз озодӣ маҳрум гардидаанд – сеяки мўҳлати ҷазо.
а) барои ҷиноятҳои махсусан хавфноки давлатӣ бо моддаҳои 61-70;
б) барои ҷиноятҳои пешбининамудаи моддаҳои 74; 75 қ.2; 76 қ.2,3; 89 қ.4; 90 қ.4; 91 қ.2; 95 қ.2,3; 99 қ.2; 104; 105; 111 қ.2; 121; 135 қ.3; 156 қ.2; 160 қ.3; 161 қ.3; 186 қ.2,3; 187 қ.2; 1871 қ.2; 220 қ.3; 227 қ.3; 234 қ.2; 240; 2401; 2402; 241; 242; 250 б. «в»; 252 б. «б»; 261 б. «в»; 270 б. «в»; 271; 276; 277 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
в) ба ашхосе, ки пас аз 1 сентябри соли 1998 ҷиноятҳои зеринро содир кардаанд ва ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудаанд ё маҳкум гардидаанд, амали бандҳои 1,3 зербандҳои «а» ва «г» банди «б» ҳамин қарор татбиқ карда намешавад:
- барои ҷиноятҳои ба муқобили асосҳои сохти конститутсионӣ ва амнияти давлат бо моддаҳои 305-313; барои ҷиноятҳои пешбинӣ намудаи моддаҳои 104; 110 қ.2,3; 130; 131 қ.3; 138; 139 қ.3; 179; 181; 184 қ.3; 186; 195 қ.2,3,4; 199 қ.Қ4; 200; 201; 202; 203 қ.3; 204; 205 қ.2; 244 қ.3,4; 245 қ.4; 248 қ.2,3,4; 249; 250 қ.2,3,4; 252 қ.2; 357; 368; 369 қ.2,3; 370 қ.2,3; 382; 386 қ.4; 391 қ.2,3,4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
г) ашхоси рецидевисти махсусан хавфнок;
д) онҳое, ки пештар ба тариқи бахшиши ҷазо ё авфи умумӣ ё бахшидани ҷазо татбиқ карда шудааст, нагузашта бошад;
е) ашхосе, ки режими нигаҳдориро барқасдона вайрон кардаанд.
Раиси
Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Раҷабов
ш. Душанбе, 13 ноябри соли 1998
№ 706
ҚАРОРИ
МАҶЛИСИ ОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ТАРТИБИ ТАТБИҚИ ҚАРОРИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
«ДАР БОРАИ АВФИ УМУМӢ»
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1998, №23-24, мод. 329)
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қ а р о р м е к у н а д:
а) мақомоте, ки иҷрои ҷазо нисбати маҳкумшудагоне, ки дар ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ мебошанд, онҳое, ки шартан аз озодӣ маҳрум гардидаанд ва ба меҳнати ҳатмӣ ҷалб карда шудаанд аз ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ бо ҳатман ба меҳнат ҷалб кардан озод карда шудаанд, дар иштиёрашон мебошад.
Иҷрои Қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авфи умумӣ» (минбаъд дар матн – Қарор дар бораи авф) тибқи қарори сардори мақомоте, ки иҷрои ҷазоро анҷом медиҳанд ва аз ҷониби прокурор иҷозат дода шудааст, сурат мегирад;
б) ба мақомоти таҳқиқи ибтидоӣ ва тафтиши пешакӣ – нисбати ашхосе, ки парванда ва маводи ҷиноятҳояшон таҳти баррасии ин мақомот қарор доранд;
в) ба зиммаи судҳо:
нисбати ашхосе, ки парванда ва маводи оид ба ҷиноятҳояшон дар суд таҳти баррасӣ қарор дошта, то эътибор пайдо намудани Қарор дар бораи авф баррасӣ нашудаанд, инчунин ашхосе, ки парвандаҳо дар бораи ҷиноятҳои онҳо баррасӣ гардида, вале ҳукми онҳо қувваи қонунӣ пайдо накардаанд;
нисбати маҳкумшудагоне, ки иҷрои ҳукмашон ба таърих андохта шудааст ва ашхосе, ки шартан маҳкум гардидаанд (масъалаи татбиқи авф аз рўи пешниҳоди мақоми корҳои дохилие, ки рафтори маҳкумшударо назорат менамояд, аз ҷониби суде, ки ҳукм баровардааст, ҳал карда мешавад);
нисбати ашхосе, ки ба ҷазои ҷарима маҳкум шудаанд, агар то эътибор пайдо кардани қарор дар бораи авф ҷарима ситонида нашуда бошад (масъалаи татбиқи авфро суде, ки ҳукм баровардааст, ҳал менамояд);
нисбати ашхосе, ки шартан пеш аз мўҳлат аз ҷазо озод карда шудаанд ва ашхосе, ки қисми адонагардидаи ҷазояшон то эътибор пайдо намудани Қарор дар бораи авф ба ҷазои сабуктар иваз карда шудааст (масъалаи татбиқи санади авфро суде, ки дар бораи татбиқи шартан пеш аз мўҳлат озод кардан ё ба ҷазои сабуктар иваз кардани қисми адонашудаи ҷазо таъинот баровардааст, ҳал мекунад);
г) ба зиммаи мақомоти корҳои дохилӣ:
нисбати ашхосе, ки ҳукмро нисбати онҳо қувваи қонунӣ пайдо кардаанд, ашхосе, ки ба маҳрумият аз озодӣ маҳкум шудаанду дар ҳабс нестанд ё шахсоне, ки шартан ба маҳрумият аз озодӣ бо ҳатман ҷалб намудан ба меҳнат маҳкум гардида, ба маҳалли кор фиристода нашудаанд;
нисбати ашхосе, ки ҷазоро дар шакли корҳои ислоҳи меҳнатӣ бидуни маҳрумият аз озодӣ адо мекунанд, маҳрум намудан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолиятҳои муайян;
д) ба зиммаи фармондеҳии қисмҳои интизомии ҳарбӣ – нисбати хизматчиёни ҳарбие, ки ба фиристодан ба қисмҳои интизомии ҳарбӣ маҳкум гардидаанд.
Ҳангоми татбиқи санади авф аз ҷониби судҳо иштироки прокурор ҳатмист.
Барои анҷомёфта донистани муолиҷаи касалии зўҳравӣ маҳкумшуда хулосаи тиббӣ ва нисбати ашхосе, ки суд аз майзадагӣ ё нашъамандӣ табобати маҷбурӣ фармудааст, таъиноти суд дар бораи қатъ кардани табобати маҷбурӣ асос мебошад.
Раиси
Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон С. Раҷабов
ш. Душанбе, 13 ноябри соли 1998
№ 707