ҚАРОРИ
МАҶЛИСИ ОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ АВФИ ИШТИРОККУНАНДАГОНИ
МУҚОВИМАТИ СИЁСӢ ВА НИЗОМӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1997, №15-16, мод. 258)
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади татбиқи Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон қарор мекунад:
Шахсоне, ки дар муқовимати сиёсӣ ва низомӣ аз соли 1992 то рўзи қабули Қарори авф иштирок доштанд ва бо содир намудани ҷиноятҳое айбдор шудаанд, ки бо моддаҳои зикршуда мувофиқ аст, ва онро ғаразнок мешуморанд, дар асоси пешниҳоди тарафайн ва Қарори Комиссияи оштии миллӣ шомили авф мешаванд.
Муовини якуми
Раиси Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон А. Достиев
ш. Душанбе, 1 августи соли 1997
№485
ҚАРОРИ
МАҶЛИСИ ОЛИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ОИДИ ТАРТИБИ ТАТБИҚИ ҚАРОРИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
«ДАР БОРАИ АВФИ ИШТИРОККУНАНДАГОНИ МУҚОВИМАТИ СИЁСӢ ВА НИЗОМӢ
ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН»
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1997, №15-16, мод. 259)
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
а) Ба зиммаи судҳо дар хусуси ашхосе, ки:
парванда ва маводи ҷиноятияшон дар баррасии суд қарор дошта то дар амал татбиқ шудани Қарор дар бораи авф дида нашудаанд ва ҳамчунон нисбати ашхосе, ки ҷинояти онҳо муҳокима гардад, аммо ҳукмашон ба қувваи қонунӣ надаровадааст;
шартан маҳкум шудаанд, ҳамчунон маҳкумшудагоне, ки иҷрои ҳукмашон ба таъхир гузошта шудааст (масъалаи ба онҳо татбиқ кардани авф бо пешниҳоди мақомоти умури дохила, рафтори маҳкумшудагонро назорат менамоянд, сурат мегирад);
ба ҷарима додан ҳукм шудаанд, агар то вақти ба амал ҷорӣ шудани Қарор дар бораи авф ҷарима ситонида нашуда бошад (суде, ки ҳукм кардааст, масъалаи татбиқи авфро муайян менамояд);
аз ҷавобгарӣ шартан – бармаҳал озод карда шудаанд ва қисми ҷазои нокашидаашон то дар амал ҷорӣ шудани Қарор дар бораи авф ба ҷазои сабуктаре иваз карда шудааст (масъалаи татбиқи амали авфро суде ҳал мекунад, ки дар бораи татбиқи аз ҷавобгарӣ шартан бармаҳал озод кардан, қисми иҷронашудаи мўҳлати ҷазоро ба ҷазои нисбатан сабуктар иваз, таъинот баровардааст);
маҳкумшудагоне, ки барояшон ба сифати ҷазо ҳуқуқи ишғоли ин ё он вазифа ва машғул шудан ба фаъолияти муайяне манъ карда шудааст.
б) Ба зиммаи мақомоти умури дохила:
нисбати ашхоси аз озодӣ маҳрумшудае, ки ҳукмашон ба қувваи қонунӣ даромадааст, аммо дар ҳабс нестанд ё ашхосе, ки шартан аз озодӣ маҳрум карда шуда ба таври маҷбурӣ ба кор ҷалб карда мешаванд, аммо ҳанўз ба ҷои кор фиристода нашудаанд;
нисбати ашхосе, ки ҷазояшон ба сифати кори ислоҳӣ бе маҳрум аз озодӣ муайян карда шудааст.
в) Ба зиммаи муассисаҳои ислоҳи меҳнатӣ:
нисбати ашхосе, ки дар ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ мўҳлати ҷазоро адо мекунанд.
г) Ба зиммаи комендатураҳои махсус:
нисбати ашхосе, ки шартан аз озодӣ маҳрум карда шуда, ба меҳнати маҷбурӣ ҷалб карда шудаанд ва ҳамчунин ашхосе, ки шартан аз ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ озод карда шудаанд ва ҳатман ба меҳанти маҷбурӣ ҷалб карда шудаанд.
Ҳангоми аз тарафи судҳо татбиқ намудани авф иштироки прокурор ҳатмӣ аст.
Асос барои эътироф намудани баохиррасии табобати маҳкумшудае, ки касалии венерикӣ дорад, хулосаи тиббӣ ба ҳисоб меравад нисбати ашхосе, ки суд барои онҳо табобати маҷбурӣ аз майзадагӣ ва нашъамандиро муайян кардааст, таъиноти суд дар бораи қатъи табобати маҷбурӣ ба ҳисоб меравад.
Муовини якуми
Раиси Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон А. Достиев
ш. Душанбе, 1 августи соли 1997
№486