ҚОНУНИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ МАНЪИ ХУДСАРОНА ҶАМЪОВАРӣ КАРДАН
ВА Ё ФУРЎХТАНИ МЎМИЁ ВА МАВОДИ МУМИЁДОР
(ВСОРССТ с.1990, №16, м.252)
Бо мақсади дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифз намудани мумиё ва маводи мумиёдор Совети Олии Республикаи Советии Соиалистии Тоҷикистон қарор мекунад:
Барои худсарона ҷамъоварӣ кардан ва ё фурўхтани мумиё ва маводи мумиёдор, агар он аз тарафи шахсе содир шуда бошад, ки дар давоми як сол барои чунин амалиёт ҷазои маъмурӣ гирифтааст, бо маҳрум кардан аз озодӣ ба муддати то як сол, ё бо корҳои ислоҳкунӣ ба худи ҳамон муддат, ё ки бо ҷарима ба маблағи аз як ҳазор то ду ҳазор сўму мусодираи мумиё ва маводи мумиёдор ҷазо дода мешавад.
а) ба Кодекс моддаи 501 бо мазмуни зайл илова карда шавад:
«Моддаи 501. Худсарона ҷамъоварӣ кардан ва ё фурўхтани мумиё ва маводи мумиёдор.
Барои худсарона ҷамъоварӣ кардан ва ё фурўхтани мумиё ва маводи мумиёдор-
ба маблағи аз панҷсад то як ҳазор сўм ҷарима андохта, мумиё ва маводи мумиёдор мусодира карда мешавад»;
б) дар қисми якум ва дуюми моддаи 217 баъди рақами «50» рақами «501» илова карда шавад;
в) дар қисми якуми моддаи 218 баъди раками «50» ва «501» илова карда шавад.
«Моддаи 1752. Барои худсарона ҷамъоварӣ кардан ва ё фурўхтани мумиё ва маводи мумиёдор, агар он аз тарафи шахсе содир шуда бошад, ки дар давоми як сол барои чунин амалиёт ҷазои маъмурӣ гирифтааст,-
бо маҳрум кардан аз озодӣ ба муддати то як сол, ё бо корҳои ислоҳкунӣ ба худи ҳамон муддат, ё ки бо ҷарима ба маблағи аз як ҳазор то ду ҳазор сўму мусодираи мумиё ва маводи мумиёдор ҷазо дода мешавад».
Раиси Совети Оли РСС Тоҷикистон Қ. Маҳкамов
28 августи соли 1990, шаҳри Душанбе.
№ 94