Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 29 апрели соли 2009, № 253

тасдиқ шудааст

 

БАРНОМАИ ТАЪЛИМ ВА ТАРБИЯИ ҲУҚУҚИИ ШАҲРВАНДОНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

БАРОИ СОЛҲОИ 2009-2019

 

1. Қоидаҳои умумӣ

 

  1. Гузариш ба муносибатҳои иқтисодии бозаргонӣ, ташаккулёбии арзишҳои демократӣ, ташкил намудани ҷомеаи шаҳрвандӣ, гузаронидани ислоҳоти сиёсию ҳуқуқӣ ва тарғиб намудани ҳуқуқу озодӣ ва вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд талаб менамоянд, ки дар бобати беҳтар намудани тарбияи ҳуқуқӣ ва баланд бардоштани савияи донишҳои ҳуқуқии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, чораҳои мушаххас андешида шуда, барномаи ягонаи умумидавлатии таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия карда шавад.

Сиёсати давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона равона карда шудааст, ки ин аз моҳияти моддаи 1 Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд. Аз ин рў, дар шароити дигаргунсозиҳои демократӣ нақша ва мавқеи ҳуқуқ дар танзими ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ, сиёсӣ ва давлатию ҷамъиятӣ устувор мегардад, ки ҳамаи ин тавассути таҳия ва қабули қонунҳо ба амал бароварда мешавад.

  1. Вобаста ба ин, Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҷузъи ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ худро дар назди наслҳои гузашта, ҳозира ва оянда масъул ва вазифадор дониста, таъмини соҳибихтиёрии давлат ва рушду нумўи онро дарк намуда, озодӣ ва хуқуқи шахсро муқаддас шуморида, баробарҳуқуқӣ ва дўстии тамоми миллату халқиятҳоро эътироф карда, бунёди давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёдро пеша кардааст.

Бо эътирофи он, ки таъмин ва иҷрои қонунҳои амалкунанда бе таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон ғайриимкон аст, Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2019 (минбаъд Барнома) дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 апрели соли 1997 № 691 "Дар бораи сиёсати ҳуқуқӣ ва таъмини тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 8 майи соли 2008 № 233 "Дар бораи Нақшаи чорабиниҳое, ки дар Пайёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 апрели соли 2008 баён гардидаанд" қабул карда мешавад.

 

II. Асосҳои ҳуқуқӣ ва молиявии Барнома

 

  1. Асоси ҳуқуқии Барномаро Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои байналмилалие, ки аз тарафи Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф карда шудаанд, қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда, ташкил менамоянд.
  2. Асоси молиявии Барномаро маблағҳои аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудонамуда, инчунин маблағҳое, ки аз ҳисоби вазорату идораҳои дахлдори дар Барнома зикршуда ҷудо карда мешаванд, ташкил медиҳанд.
  3. Маблағҳои ҷудошуда аз тарафи вазорату идораҳои дахлдор, дар доираи чорабиниҳои пешбининамудаи Барномаи таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таъмини амалишавии самаранокии ин чорабиниҳои ҳуқуқӣ истифода бурда мешаванд.

 

III. Мақомоти ба татбиқи Барнома роҳбарикунанда

 

  1. Ба раванди татбиқи Барнома Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, раёсатҳои адлияи Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғд, Хатлон ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо роҳбарӣ менамоянд, ки онҳо ҳамчун ҳамоҳангсоз баромад мекунанд.
  2. Раванди таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Раёсати ёрии ҳуқуқӣ ба шаҳрвандон ва корҳои ҳуқуқии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ карда мешавад. Раёсати ёрии ҳуқуқӣ ба шаҳрвандон ва корҳои ҳуқуқӣ ҳар нимсола дар хусуси корҳои иҷрошуда, ба Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоботи хаттӣ пешниҳод менамояд.
  3. Раёсати ёрии ҳуқуқӣ ба шаҳрвандон ва корҳои ҳуқуқии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати амалӣ намудани вазифаҳои ба зиммаи онҳо вогузошташуда бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ташкилотҳои байналмилалии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияткунанда ҳамкорӣ менамояд.

 

IV. Мақсадҳои асосии Барнома

 

  1. Мақсадҳои асосии Барнома аз баланд бардоштани сатҳи маърифати донишҳои ҳуқуқӣ, ташаккули ҳисси масъулиятшиносӣ, ватандўстӣ, эҳтиром нисбат ба Конститутсия ва қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, тарғиби арзишҳои демократӣ, дарк намудани ягонагии ҳуқуқ, озодӣ ва вазифаҳои асосии инсон ва шаҳрванд, таъмини фаъоли сиёсии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон иборатанд, ки дар ҳолатҳои зерин ифода меёбанд:

- баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ, аз ҷумла, кўдакону наврасон, ҷавонону донишҷўён ва шаҳрвандоне, ки дар хизмати давлатӣ қарор доранд;

- баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқии роҳбарони корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои ҷумҳурӣ новобаста аз шакли моликият, кормандони мақомоти давлатӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ;

- истифодаи самараноки васоити ахбори умум ва ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар раванди таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандон;

- ҷалби шаҳрвандон ба корҳои ҳуқуқӣ;

- тарғиби ғояҳои ҳуқуқӣ дар байни аҳолӣ;

- мусоидат ба аҳолӣ бобати ҳимояи ҳуқуқу манфиатҳои қонунӣ дар ҳамбастагӣ бо Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон;

- фароҳам овардани шароити мусоид ҷиҳати ба даст овардани маълумоти дақиқ ва мушаххас дар бораи ҳуқуку озодиҳо ва вазифаҳои аҳолӣ;

- мукаммал намудани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон бо дарназардошти анъанаҳои миллӣ;

- ба таълим ва тарбияи хуқуқӣ фаро гирифтани тамоми гурўҳҳои аҳолӣ бо дарназардошти синну сол, касб ва дигар хусусиятҳо дар заминаи нақшаҳои дарозмуддати чорабиниҳои ҳуқуқӣ;

- коркард ва татбиқи шаклҳои нави таълим ва тарбияи ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон.

 

V. Вазифаҳои асосии Барнома

 

  1. Ҷихати ноил гардидан ба мақсадҳои худ Барнома вазифа мегузорад, ки амалишавии он ба зиммаи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои маҳалии он, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон, инчунин ба вазорату идораҳо, ки дар Барномаи мазкур пешбинӣ карда шудаанд, гузошта мешавад:

- таҳияи барномаи ягонаи мақсаднок дар якҷоягӣ бо Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, факултети ҳукуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- амалӣ намудани чораҳои иттилоотӣ оид ба қонунгузории амалкунанда ва сиёсати ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба воситаи сиёсати дарҳои кушода аз тарафи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, сохторҳои он ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ;

- таъмини маълумоти ҳуқуқӣ ба шаҳрвандон аз ҷониби идораҳои нотариалии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, макомоти Сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти судии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шўрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон на сохторҳои маҳаллии онҳо бо роҳи гузаронидани вохўриҳо бо аҳолӣ, дар асоси нақшаи чорабиниҳои аз ҷониби мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ муқарраркардашуда;

- таъмини интизоми қатьӣ, мутташакилӣ, қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ;

- Раёсати ёрии ҳуқуқи ба шаҳрвандон ва корҳои ҳуқуқи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсатҳои адлияи вилоятҳо, таъмини таҳияи дастурҳои методӣ, гузаронидани семинарҳо ва мизҳои мудаввар бо иштироки кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мақомоти адлия, адвокатҳо ва олимони соҳаи ҳуқуқ, нашри китобчаҳо, плакатҳо ва дигар воситахои тарғибу ташвиқотии ҳуқуқиро ба роҳ монанд;

- кушодани сомонаи (сайти) алоҳидаи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шабакаи Интернет ва дар он ҷойгир намудани тамоми санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда бо дарназардошти тағйироту иловаҳои воридшуда, инчунин тафсиру тавзеҳоти ҳуқуқӣ ва дигар маълумоти ҳуқуқӣ.

 

VI. Роҳҳои ноил гардидан ба ҳадафҳо ва вазифаҳои асосии Барнома

 

  1. Ҳадафҳо ва вазифаҳои Барнома, бо воситаҳои зерин ба амал бароварда мешаванд:

- баланд бардоштани мафкураи ҳуқуқии инсондўстона, арзишҳои ҳуқуқии умумиинсонӣ ва миллӣ, асосҳои олии ахлоқӣ дар ҷомеа;

- таъсис намудани клиникаҳои ҳуқуқӣ бо ҷалби донишҷўёни курсҳои болоии факултетҳои ҳуқуқшиносии мактабҳои таҳсилоти олӣ ба таври ихтиёрӣ ва расонидани ёрии ҳуқуқӣ аз ҷониби онҳо бо роҳбарии бевоситаи омўзгорони муассисаҳои таҳсилоти олӣ;

- дар матбуоти ҷумҳуриявӣ кушодани лавҳаи "Мо, Шумо ва ҳуқуқи Шумо";

- ташкил намудани қабулгохҳои ҷамъиятии шахсони мансабдори мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо бо мақсади таъмини қабули саривақтии шаҳрвандон аз ҷониби ҳамаи роҳбарони мақомоти давлатӣ дар асоси талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи муроҷиатҳои шаҳрвандон";

- таъсиси машварати ҳуқуқии Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон бо мақсади таъмини саривақтии расонидани ёрии ҳуқуқии ройгон тибқи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бевосита монеъа гардидан аз поймолшавии ҳуқуқҳои конунститутсионӣ, озодӣ ва ўҳдадориҳои шаҳрвандон аз ҷониби шахсони мансабдор ва аз вазифаҳои мансабӣ суистифода намудани онҳо;

- ҷудо намудани вақти эфирӣ дар радио ва телевизион таҳти унвони "Маҳфили ҳуқуқӣ" ва ташкил намудани қабули сайёри шаҳрвандон дар асоси нақшаи тартибдодаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар ҳудуди ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот;

- зиёд намудани шумораи мурофиаи судии сайёр ва тақвият бахшидан ба фаъолияти судҳои ҳакамӣ бо ҷалби бештари шумораи аҳолӣ дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи судҳои ҳакамӣ";

- тақвият бахшидан ба фаъолияти мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот бо ҷалби шаҳрвандон ва дар ҳаёт амалӣ намудани таклифу пешниҳодоти шаҳрвандон;

- иштироки бевоситаи ҳуқуқшиносон, кормандони мақомоти адлия, аз ҷумла, нотариусони давлатӣ, кормандони шўъбаҳои сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ дар пешбурди фаъолияти тарғиботу ташвиқоти ҳуқуқӣ;

- ташкили гўшаҳои ҳуқуқӣ бо таъмини адабиёти ҳуқуқӣ дар китобхонаҳо ва ҷоннок намудани фаъолияти онҳо;

- гузаронидани вохўриҳои зиёд бо коллективҳои мехнатӣ ва аҳолӣ оид ба масъалаҳои ҳуқуқие, ки хусусияти гражданӣ, меҳнатӣ ва манзилӣ доранд;

- гузаронидани чорабиниҳои ҳуқуқии берун аз мактабӣ дар асоси барномаи таҳиянамудаи Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии "Академияи таҳсилоти Тоҷикистон", дар мувофиқа бо Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла, гузаронидани олимпиадаҳо, навиштани иншои беҳтарин дар мавзўъҳои ҳуқуқӣ, гузаронидани мубоҳисаҳои ҳуқуқӣ ва амсоли инҳо;

- амалӣ намудани таълим ва тарбияи ҳуқуқии аҳолӣ дар ҳамаи муассиаҳои таҳсилоти ҳамагонӣ, мактабҳои олӣ ва баъд аз дипломӣ;

- ба роҳ мондани омўзиши фанни "Асосҳои давлат ва ҳуқуқ" дар муассисаҳои таълимии Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси барномаи махсуси таҳиянамудани Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муассисаи давлатии "Академияи таҳсилоти Тоҷикистон", ки ҳадафи он тарбияи ҳисси ватандўстӣ, эҳтиром нисбат ба шахсони калонсол ва падару модар мебошад.

 

VII. Чорабиниҳое, ки ба татбиқ гардидани Барнома равона карда шудаанд

1. Чорабиниҳои амалӣ:

 

  1. Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси нақшаи чорабиниҳо ҳамасола озмун "Дар бораи таълим ва тарбияи ҳуқуқии беҳтарин" дар мактабҳои таҳсилоти ҳамагонӣ мегузаронад.
  2. Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои он дар якҷоягӣ бо вазорату идораҳои дахлдор на мақомоти маҳалии ҳокимияти давлатӣ ҳамасола гузаронидани чорабинии якмоҳаи "Мо, Шумо ва ҳуқуқи Шумо"-ро таъмин менамояд.
  3. Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаҳои махсус дар телевизиону радио ва васоити ахбори умум, ки дар онҳо санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда баён мешаванд, ташкил намоянд.
  4. Сарнотариуси давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, нотариусҳои калони давлатӣ ва нотариусҳои давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, кормандони шўъбаҳои Сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ, судяҳо, мақомоти прокуратура, дар якҷоягӣ бо Раёсати ёрии ҳуқуқӣ ба шаҳрвандон ва корҳои ҳуқуқии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ мунтазам гузаронидани мулоқоту вохўриҳоро таъмин менамоянд.
  5. Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври доимӣ дар китобхонаҳо, қасрҳои фарҳанг ва нуқтаҳои дигари фарҳангӣ, гўшаҳои ҳуқуқӣ, гузаронидани маърўзаҳои ҳуқуқӣ ва таъмин намудани онҳоро бо адабиёти ҳуқуқӣ ташкил менамояд.
  6. Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади баланд бардоштани савияи касбию ҳуқуқии дониши хонандагони муассисаҳои таълимӣ, ба таври доимӣ гузаронидани олимпиадаҳо, озмунҳо, саволу ҷавобҳо, мубоҳисаҳоро таъмин менамояд.
  7. Кумитаи андоз ва Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин аз тарафи сохторҳои онҳо ба таври доимӣ гузаронидани тарғиботу ташвиқоти донишҳои ҳуқуқии аҳолӣ, ба хусус бо соҳибкорони хурду миёна ва дигар субъектони хоҷагидорӣ дар соҳаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба андоз ва гумрукро ташкил намоянд.
  8. Аз ҷониби Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон мавриди омўзиш қарор додани таҷрибаи пешрафта вобаста ба баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон ва татбиқи он дар амалия таъмин карда шавад.
  9. Дар заминаи Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатии Раёсати хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишкадаи такмили ихтисоси кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мақомоти адлия ва хадамоти ҳуқуқии корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишкадаи такмили ихтисоси Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва донишкадаву марказҳои дигари такмили ихтисоси вазорату идораҳои давлатӣ ба таври доимӣ курсҳои баланд бардоштани савияи донишҳои ҳуқуқии хизматчиёни давлатӣ, омўзгорони фанни ҳуқуқ, муовинони директор оид ба корҳои тарбиявӣ ташкил намуда, гузаронанд.
  10. Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар якҷоягӣ бо Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои маҳаллии онҳо ба таври доимӣ тақвият додани таҷрибаи таълими ҳуқуқии насли наврас дар шакли ташкил ва гузаронидани маърўзаҳои видеоӣ оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ ва тарбияи гендерии ноболиғонро дар муассисаҳои таълимӣ ба роҳ монанд.
  11. Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти тарғиботиву ташвиқотиро дар байни ноболиғон ва кўдакони душвортарбия ҷоннок намояд.
  12. Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамбастагӣ бо Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон, Муассисаи давлатии "Академияи таҳсилоти Тоҷикистон" дар асоси ташкили комиссияи ваколатдор бо дастгирии бевоситаи молиявии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар панҷсола барномаи махсуси кор бо шахсони ноболиғро, бо назардошти таҷрибаи давлатҳои хориҷи дур ва наздик ва пешниҳоди ин барнома барои баррасӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади паст кардани сатҳи ҷинояткорӣ дар байни ноболиғон таҳия намояд.
  13. Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, комиссариатҳои ҳарбӣ, Кумитаи марказии Ташкилоти мададгори мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарпрокуратураи ҳарбӣ ва судҳои ҳарбии гарнизонҳо ба таври доимӣ гузаронидани чорабиниҳои гуногуни ҳуқуқӣ ва ватандўстиро дар байни сарбозону афсарон ба роҳ монанд.
  14. Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси талаботи қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон андешидани чораҳои мушаххас оиди пурзўр намудани корҳои тарғиботиву ташвиқотӣ, таҳия ва пешниҳод намудани барномаҳои махсус барои баррасӣ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади пешгирӣ намудани омилҳои номатлуб дар байни ҷавононро ба роҳ монад.

 

2. Чорабиниҳои иттилоотӣ

 

26.Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо вазоратҳои адлия ва фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ҳамбастагӣ бо вазорату идораҳои дахлдори давлатӣ ба таври доимӣ барномаҳои телевизионӣ ва радиоиро дар мавзўҳои гуногуни ҳуқуқӣ гузаронад.

  1. Дар рўзномаву маҷаллаҳо ва нашрияҳои ҷумҳуриявию маҳаллӣ ба таври доимӣ нашр намудани маводҳои ҳуқуқӣ, шарҳу тавзеҳот оид ба татбиқи санадҳои қонунгузории амалкунанда.
  2. Аз ҷониби Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тақвият додани чопи нашрияи "Ҳаёт ва қонун" ва паҳн намудани он дар байни аҳолӣ.

 

VIII. Дурнамои татбиқи амалии Барнома

 

  1. Паст кардани сатҳи хуқуқвайронкунӣ байни ноболиғон ва аҳолӣ.
  2. Баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон.
  3. Мусоидат ба эҳтиром ва таъмини риояи Конститутсия ва қонунҳои амалкунанда, ташаккул додани боварӣ ва эътиқод нисбат ба қонун ва мақомоти давлатӣ, ҳисси баланди ватандўстӣ.
  4. Беҳтар гардидани дониши ҳуқуқии омўзгорони фанни "Асосҳои давлат ва ҳуқуқ".
  5. Фаъолнокии сиёсии аҳолӣ ва ҷалб намудани онҳо ба хаводиси сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
  6. Воқиф гардидани аҳолӣ аз санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунанда, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳо ва манфиатҳои қонунии худ.
  7. Пешбурди тарзи ҳаёти солим аз ҷониби аҳолӣ ва танзими оила.