Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
маъкул дониста шудааст
КОНЦЕПЦИЯИ МАЪЛУМОТИ ЭТНОФАРҲАНГӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳи ба худ хоси бозсозии давлатӣ, сиёсӣ ва иқтисодиро интихоб карда, ба сўи низоми нави ҷаҳонӣ, ки арзишҳои асосии он аз чанандешии демократӣ, бартарии қонун ва эҳтироми ҳуқуқи инсон иборатанд, қадам мегузорад. Асли асосие, ки давлат дар роҳи сиёсати хориҷӣ ва эътидоли вазъи дохилӣ аз он пайравӣ мекунад, иборат аз барқарор намудан ва густариши муносибатҳои баробарҳуқуқ бо ҳамаи кишварҳои ҷаҳон, бахусус бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, сарфи назар аз самти пешгирифта, мавқеияти ҷуғрофӣ ва геополитикии онҳо мебошад.
Роҳи ба эътидол овардани вазъи дохилӣ ба эътирофи халалнопазирии ҳуқуқ ва озодии инсон, сарфи назар аз эътиқодоти миллӣ ва динӣ, дар доираи давлат қонеъ гардонидани манфиатҳои миллӣ, ки дар ин доира бояд усулҳои адолат барои гурўҳҳои гуногуни фарҳангӣ, динӣ, миллӣ ва ақалиятҳои миллӣ таъмин карда шавад, асос ёфтааст.
Омўзиши этнофарҳангӣ зарурияти самтгирии ҳар давлат буда ва он аз омилҳои айнии худшиносии миллӣ ва ташаккули сохтори нави миллию давлатӣ сар мезанад.
Омўзиши этнофарҳангӣ раванди яксонсозии фарҳангию этникии мардум ва интиқоли нажодмоя ба фарҳангмоя аст, ки аз тариқи он ҳамҷўшию ҳамроҳии шахсият бо таърихи этникии халқи худ сурат мегирад.
Пайдоиши давлатҳои нави мустақил дар минтақаи Осиёи Марказӣ як рўйдоди дорои аҳамияти ҷаҳонию таърихӣ ба шумор рафта, мутолиботи (дархостҳои) навинеро нисбат ба раванди бознигарию бозандешӣ дар худшиносии этнофарҳангии мардумони сокини ин минтақа пеш мекашад.
Дар ҳоли ҳозир Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳимтарин лаҳзаи сарнавиштсозро дар таърихи худ аз сар мегузаронад ва ҳамин имрўз аст, ки ислоҳоти иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсӣ вазифаҳои дорои аҳамияти дараҷаи аввалро дар ростои эҷод ва эҳёи беҳтарину арзишмандтарин суннатҳои маънавии ғании мардум, корбасти ҳамаҷонибаи потэнсиалӣ фикрӣ, ва ҳамчунин тақвияти худшиносии миллии мардум дар матни системаи ҷаҳонии этнофарҳангӣ ба миён ниҳодааст.
Барои Тоҷикистон таҷрибаи тамаддуни ҷаҳонӣ дар бобати ҳаллу Фасли масъалаҳои иҷтимоӣ, мавзунсозии ибтикороти хусусию давлатӣ арзишу аҳамияти хос пайдо мекунад. Танҳо равшанфикрони тараққихоҳ метавонанд ин таҷрибаро дар худ ҷазб ва дар амал ҷорӣ намоянд, з-ин сабаб лозим аст, ки нахуст бояд худи равшанфикронро ба сатҳи баландтари фаъолияти иҷтимоӣ баровард.
Азбаски таърихи халқ ҳамчун муҳимтарин воқеияти маънавӣ тавассути ҳофизаи таърихӣ шинохта мешавад, ба ҳамин лиҳоз масъалаи худшиносии таърихии мардум ва аҳамияту арзиши ин ва ё он халқ дар раванди умумии таърихи ҷаҳон бояд дар маркази идеяи омўзиши этнофарҳангӣ қарор дода шавад. Муҳимтарин ҳадафи омўзиши этнофарҳангиро бояд дастёби ба ваҳдати миллат тоҷик ва низ тамоми миллатҳову қавмҳои сокинони Тоҷикистон дар чорчўбаи давлати ягона ташкил диҳад.
Ташаккули халқи тоҷик реша дар умқи асарҳо дошта, ба даврони шукуфоии бузургтарин давлатҳои ҷаҳон чун Сосониён ва Сомониён бармегардад. Тоҷикон аз нигоҳи Фарҳангӣ ва нажодӣ бо бисьёре аз халқҳои кишварҳои ҳамсоя , эрониён, афғонҳо, ўзбекҳо, туркманҳо ва ҳамчунин бо халқҳои Ҳиндустон ва мамолики араб пайванди мутақобил доранд.
Арзишҳои маънавию моддӣ, назариёти тараққихоҳона ва шаклҳои камназари тафаккури эҷодӣ пояи асосии мероси фарҳангии мардуми тоҷикро ташкил медиҳанд ва инҳо бояд дар шароити навин ҳамчун сарчашма ва таконаи пешрафти иҷтимоӣ ба хотири расосозии инсон хизмат кунанд. Бояд назари нав ба кашфиёт барҷастаи илм, ки донишмандони бузурги Осиёи Миёна Ал-Хоразмӣ, АТ-ТИРМИЗӣ, Ибни Сино, Берунӣ, Форобӣ, Розӣ ва дигарон анҷом додаанд, афканда шавад ва осори эшон воқеъбинона тафсир гардад.
Нимаи дуйўми қарни XIX шоҳиди падид омадани тағйироти муҳим дар сарпадишти таърихии халқи тоҷик бадааст, тағйироте, ки аз пайвастани Осиёи Миёна ба империяи Россия ва сипас ташкил шудани давлати Тоҷикон дар таркиби иттиҳоди Ҷумҳурии Шўравии Сотсиалистӣ дар қарни XX сарчашма гирифтааст. Паёмадҳои ин руйдодҳо боиси дигаргуниҳон чӣ мусбат ва чӣ манфӣ дар раванди этнофарҳангӣ аз лиҳози муҳити сиёсӣ ва фазои фикрӣ гардид ва зарур аст, ки рўи он бозомузӣ ва бознигарӣ бо диққати тамом сурат гирад.
Фарогирии воқеъбинона ва илман далелноки таърихи этнофарҳангӣ бояд воситаву абзори асосӣ дар ҷараёни шаклгирии шуури таърихии навин, таъйини дурнамои иттиҳоди мардум дар чорчўбаи давлати воҳиду мустақили дорои пайвандҳои муваддатомез бо ҷомеаи ҷаҳонӣ гардад.
Ҳадафи асосии омўзиши этнофарҳангӣ ҳамоно самтгирии давлатӣ ба сўи таъйини маҷмуае аз арзишҳои этнофарҳангии алтернативи якдигар ва барасоси онҳо таҳия намудани усули маҳакӣ ва бартарист, ки шароитро барои ҳамзистии гурўҳҳои гуногуни этнофарҳангӣ метавонанд, ба вуҷуд оранд. Ба ин манзур лозим аст, ки шароити муносиб барои амалӣ шудани хостаҳои маънавии гурўҳҳои гуногуни этнофарҳангӣ муҳайё гардад. Ҳамчунин лозим аст, ки фазои омўзишию маърифатӣ бо каналҳои интишори дорои робитаи мутақобил байни созмонҳои мухталифи этнофарҳангӣ ва давлат эҷод гардад. Зимнан бояд дар назар дошт, ки ҳама гуна инзивои гўшагирии этнофарҳангӣ метавонад омили нобасомонсозандаи давлат гардад.
Қори ҷараёни хуб сарусомонёфтаи механизми нашри хабару иттилоот дар ҳамаи нуқоти кишвар яке аз муҳимтарин шартҳои ташаккули миллати комилу расо ба шумор меравад. Ин кор ба эҷоди манфиатҳои ҳамагонӣ, яксонсозии ҳадафҳову талошҳо, суннатҳову анъанаҳои навинн ва ғайра мусоидат хоҳад кард.
Ҳадафи стратегии раванди омўзиши этнофарҳангӣ ҳамоно эҳёи категорияҳои фалсафию эстетикии дар потенсиали фикрии халқи тоҷик таърихан нуҳуфтае чун МАЪНАВИЯТ, ОЗОД ва ҶАВОНМАРДӣ (футувват) мебошад. Эҳёи ин неруи сириштӣ (бо назардошти таҷруба ва амалияи маънавии ҳазорсола дар заминаи системаҳои сиёсӣ, кишвардорӣ, адабиёти олии ҳирфавӣ, илми оламшумул, ҳунар ва ғайра) ба шинохти комил ва тамомъиёри тарзи тафаккури халқи тоҷик, боварии ў ба оянда ва хушбинии таърихию миллӣ ёрӣ хоҳад расонад.
Бартарафсозии ақибмондагии иқтисодии минтақаҳои ҷуғрофии ҷудогона, густариш ва тақвияти ормони миллӣ дар чорчўбаи давлати воҳид ба нерў гирифтани иттиҳоди миллӣ кўмак хоҳад кард. Воқеияти навини сиёсӣ, ихтилофоти хурўшандаи байниқавмӣ ва дохилиқавмӣ, ки дар минтақаҳои ҳамҷавор рух медиҳад, наметавонад таъсири худро ба чигунагии ташаккули фазои дурусти этнофарҳангӣ дар қаламрави Тоҷикистон нарасонад. Бо таваҷҷуҳ ба ин мавзўъ, ба ҳисоб овардани манофеи қавми гурўҳҳову қишрҳои мавҷудаи аҳолии кишварро дар "давраи гузариш" бояд яке аз масъалаҳои асосии тактика корбасти омўзиши этнофарҳангӣ донист, то ин ки бурузи эҳтимолии ихтилофоту муноқишоти байниқавмӣ мустасно гардад. Масъалаи эҷодӣ фазои этнофарҳангиро сирфан бо назардошти равобити этнофарҳангӣ бо кишварҳо ва минтақаҳои ҳамсоя бояд муайян ва ҳаллу фасл намуд. Ҳамон тавр, ки таҷруба ва ҷараёни солҳои охир нишон дод, ҳамин масъала аз масоили дигар ҳассосияту халалпазурӣ дошта ва қувваҳои муайяни хориҷӣ аз ин нуқтаи зеъф борҳо истифода кардаанд. Дар ин замина лозим аст, ки тафовутҳои зохирии суннатҳои фарҳангии минтақаҳои гуногуни кишвар ҳамчун таҷаллиёти фазои фарҳангии ягона маънидод гардад, на падидаи "парокандагию гусастагӣ". Бояд кўшишҳои донишмандони риштаҳои фолклоршиносӣ, мардумшиносӣ ва кўшишҳои донишмандони риштаҳои фолклоршиносӣ, мардумшиносӣ, мардумшиносӣ ва ҳунаршиносӣ ба ин мақсад равона карда шавад, то дар мўҳлати бисёр кўтоҳ (3-5 сол) маърифати бадеию фиурии мардуми кишвар дар бораи хусусиятҳои фарҳанги хуш ва ҷилваҳои рангоранги ин фарҳанги воҳид таъмин шавад.
Шаклҳои мухталифи таълим (минҷумла тавассути воситаҳои ахбори умум, радио ва телевизион)-ро бахши асосии омўзиши этнофарҳангӣ, ва омўхтани воқеан босаводонаи забони модариро, ки аз ибтидои давраи омўзиш бояд ба забони таълиму тафаккур мубаддал шавад, шарти асосии мувафаққияти ин раванд донист. Ҳамоҳангсозии амалкарди муассисаҳои илмию таълими, марказҳои миллӣ-фарҳангӣ ва муассисаҳои ҷамъиятаю давлатӣ барои эҷоди фазои муштараки иттилоотӣ, ташхиси мушкилот ва ниёзҳои ҷомеа ба амалисозӣ ва қаноатбахшии хостаҳои этнофарҳангии хеш як зарурат аст. Бояд барномаи давлатии эҳё ва равнақи Фарҳанги гуногуни сокини кишар таҳияву танзим гардад.
Агарчи омузиши этнофарҳанагӣ ташаккули худогоҳҳии диниро ҳадафи худ қарор намедиҳад, зикри ин нуқта зарурист, ки густариш иттилооти ҳадаксар муфид дар бораи таърихи дин аз ҷумла ислом ва Қуръони шариф, ба тақвияти тасаввуроти тараққихоҳона дар бобати арзишҳои олии маънавӣ, ки аз аҳамияти беназари ахлоқии эстетикӣ бархурдоранд, мусоидат хоҳад кард.
Гарчанде дин тибқи қонуни асосӣ аз давлат ҷудо карда шудааст, боз ҳам нақши муайянеро дар ҳаёти иҷтимоию маънавии ҷомеа ифо мекунад. Дин ба сифати яке аз шаклҳои шуури ҷамъиятӣ
Ва муҳимтарин бахши таркибии фарҳанг ҳамчунон вазифаи х ҳамгароӣ ва пайвандиҳандагии ХУДРО ҳифз карда ва метавонад таъсири қобили мулоҳиза ба равандҳои этнофарҳангӣ дар ин ва ё он кишвар расонад. Зимни ин аз як сў бояд суннатҳои некро эҳё кард; ва аз сўи дигар лозим аст, ки бо ифротгарӣ ва таассуби мазҳабӣ мубориза шавад. Саранҷом бо дин тарзе бояд бархурд шавад, ки он битавонад нерўи созандагии худро ҳарчи тамомтар нишон диҳад ва парваришгари ҳуқуқии ахлоқи ҳамида дар ҳаёти ҷомеа воқеъ шавад.
Стратегияи омўзишм этнофарҳарҳангӣ бояд тамоми талошҳои умуми башариро дар роҳи ормонҳои инсондўстона, ки мутаваҷҷеҳи ҳамгароии мероси ғании фарҳанги халқи бо тамоюлҳои ҷаҳонии демократӣ ва ба сурати умум фарҳанги ҷаҳонӣ бошад, фаро гирад.
Ягонагии этнофарҳангии халқ бар асоси донистани таърихи худ ва низ шинохти решаву ташаккули халқҳои ҳаммарз фарошам меояд. Яксонии этнофарҳангӣ аз роҳи сохтани системи миллии маърифат, ки дарбаргирандаи фазои иттилоотии ороста бо навтарин воситаҳои техникӣ бошад, метавонад ба даст ояд.
Бояд муқаррар гардад, ки Фазои асосии омўзиши этнофарҳангиРО пеш аз ҳама оилаву мактаб кўдакистону ширхоргоҳ инчунин амалиёти воситаҳои ахбори ҷамъиятӣ (аз ҷумла воситаҳои электронӣ) ташкил медиҳанд. Лозим аст, ки бар асоси муқаррароти ин концепция дар оянда тағйироти муайянt дар системаи таълиму тарбияи мамлакат ворид гардад. Аз ҷумла беҳтар мебуд, ки барномаи омўзиши умуми зери унвони умумии "ИНСОНИ КОМИЛ" (бар пояи мероси чандасраи ашкори фалсафӣ ва назариёти равоншинохтаю таълимии халқи тоҷик) таҳия шавад.
Мактаб ҳамчун поягоҳи асосии эҷоди фазои омўзиши этнофарҳангӣ, бояд аз нигоҳи навсозии вазъу мақоми иҷтимоию равоншинохтии ин дигаргун шавад, такаммул ёбад, ва зимнан лозим аст, ки концепсияи навини шакл ва мазмуни мактаби миллии бо назардошти воқеияти навини иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсӣ тадвин гардад.
Ба вуҷуди тағйироти кулли марбут ба гузариш ба иқтисоди бозаргони сиёсати давлатии аз тарафи умуми халқ таъйидшуда ва ҳимояти давлат аз омўзиши маорифро бояд омили асосии иҷро омузиши этнофарҳангӣ донист. Мактабҳои хусусӣ, лицейҳои махсус ва хориҷӣ ва амсоли инҳо, маъмулан дар марҳалаҳои гузаришии таърихи иҷтимоӣ бояд комилан ҳамроҳу ҳамоҳанг бо барномаҳои давлатию миллӣ фаъолият кунанд.
Дарк ва шинохти донишҳои таърихан эҷодшуда дар заминаи фалсафа, адабиёт ва ҳунарг таърих, улуми марбут ба замин, иқтисод, риёзиёт ва ҷуз инҳоро бояд мазмуни асосии омўзиши этнофарҳангӣ донист, чун инҳо метавонанд ғояву ангезае барои кашфиёти навини илмӣ буда бошанд, кашфиёте, ки ҳадафаш таъмини сатҳи сифатан навини тараққии истеҳсолоти ҷамъиятӣ ва ҳамсуию ҳамгароӣ бо раванди байналмилалии иқтисодӣ хоҳад буд.
ҲУқУқ муҳимтарин унсури этнофарҳанг ба шумор меравад. Бо назардошти ин ки тарихи ҳазорсолаи халқи тоҷик робитаи танготанг мустаҳкам бо шариати ислом доштааст, ҳангоми омўхтан ва такмил додани системи ҳуқуқии кишвар бояд назариёти динӣ, қавмӣ, ҳуқуқӣ ва фалсафии маъмул дар ҷомеа, концепцияҳо ва амсоли онро даромади назар гирифт. Омўзиши аҳком шариат нишон медиҳад: усул ва меъёрҳои хуқуқие дар он вуқуд доранд, ки метавонанд минбаъд низ ба хотири пешрафту тараққӣ ва ташаккули ҷомеаи мутамаддин хидмат кунанд.
Таърих гувоҳ аст, ки ситезаи давлат бо дин инҳилоли ахлоқии ҷомеаро дар пай дошта, боиси худсариҳои ҳуқуқӣ мегардад. Бояд кушояд, то манфиатҳои ҳар шаҳрванди ҷудогона бо манофеи ҷомеа созгор афтад. Сохтани ҷомеаи мутамаддин бояд такя бар демократияи қонунии ташвиққунандаи рақобати мусолиматомези нуқтаназарҳои мухталиф дар ҷомеа дошта бошад.
Дар паҳлўи усул ва чораҷўиҳои марбут ба ичрои концепцияи омўзиши этнофарҳангӣ дар давраи гузариш, лозим аст, ки аз иқтимоти ғайримаъмули истифода шавад. Ин иқдомоти ғайриоддӣ аз ҷумла метавонад барномаҳои ҷудогона ба монанди ташкили гурўҳҳои олимон ва эъзоми онҳо ба мактабҳои деҳот барои ташхиси гуруҳои ҷавонони боистеъдод дар 2-3 давра барои ворид шудани онҳо ба мактабҳои олӣ, эъзоми донишҷўён _ ба мактабҳои олии кишварҳои дигар барои фаро гирифтани тахассусҳои нодир ва нозук ва амсоли онро дар бар гирад.
Сиёсати демографӣ дар ин давра бояд ба риояти тамкину эҳтиёт дар зодувалад, муҳофизати модару кўдак, барномарезии хонавода ба манзури таъмини афзоиши сифатан навини нажодмояи миллат равона гардад.
Хулоса
Концепцияи мазкур нуқтаҳои куллии раванди мавриди назари омўзиши этнофарҳангиро дар бар гирифта, санадест, ки роҳу равишҳои гуногуни амалисози нуқоти зикршударо раво медорад.
Концепция бо доштани чунин хусусиёт таҳияи барномаи иҷроияи махсусеро пешбинӣ менамояд, ки дар он нуқоти пазируфташуда бо зикри вазифаҳои иҷрокунандагон, манбаи сармоягузорӣ, мўҳлати иҷро ва ғайра мушаххасан формулбандӣ хоҳанд шуд.
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 18 феврали сола 1998 № 50
маъқул дониста шудааст
Барномаи иҷрои концепцияи омўзиши этнофарҳангӣ дар Тоҷикистон
Ба манзури иҷрои вазифаҳои пешбинишуда дар Концепция бояд иқдомоти зерин анҷом гирад:
- дар барномаи омўзиши олӣ (дар мавриди ҳамаи ихтисосҳо) тағйироти зарурӣ бо назардошти бахшҳои махсуси этнографияи, этнология, ва диншиносӣ ба предмети "Фарҳангшиносӣ" ворид карда шавад;
Вазорати маориф. Вазорати фарҳанг
мўҳлат - 1998
- тартиб додани китобҳои дарсӣ ва кўмакдарсӣ барои мактабҳои миёна ва олӣ доир ба дарсҳои фарогирандаи давра омўзиши этнофарҳангӣ;
Академияи илмҳо, Вазорати маориф
мўҳлат - 1998-2000
- ташкили давраи махсуси "этнопедагогика" барои муаллимони донишгоҳҳову омўзишгоҳои омўзгорӣ дар заминаи Донишгоҳи Давлатии омўзгории ба номи Қандил Ҷўраев, ҳамчунин таъсиси гурўҳи муаллифони китоби дарсии "Этнопедагогика" ва таҳияи Барномаи ин курс:
Вазорати маориф
Мўҳлати - 1998
- таҳия ва ба чоп расондани "Таърихи мухтасари этноганези халқи тоҷик" (нашрияи илмӣ-оммавӣ барои доираи васеи конандагон.):
Институти таърих, археология ва
этногрефияи ба номи А.Дониш
мўҳлат - 1999
- таҳия ва ба чоп ҳозир намудани силсилаи китобҳо зери унвони умумии "Ирфон" (Ақоиди мутафаккирони халқи тоҷик оид ба кайҳон ва инсон: "Офоқ ва Анфус"):
Институти фалсафа ва ҳуқуқ,
Институти таърих, археология
ва этнография, Институти
астрофизикаи АИ (муаллифон
М. Диноршоев, П.Бобоҷонов,
А. Низомоз, А. Комилов)
- батамом тағйир додани шабакам муассисаҳои маданӣ-равшаннамоӣ бо мақсади такомили сохтор ва мазмуни фаъолиияти онҳо бо назардошти матолиби фарҳангии ҳайати миллии регионҳо:
Вазоратм фарҳанг
мўҳлат-1993
- эҷоди шароити лозима барои баровардани хостаҳои маънавии гурўҳҳои мухталифи этнофарҳангӣ ва бо ин мақсад таъсиси як марказ тахҳи номи "Кохм фарҳанги мардумони Тоҷикистон" дар заминаи Хонаи ҳунари мардуми Тоҷикистон ва Иттифоқи ходимони театр (бо тариқи иҷораи комплекси "ЭКОМПТ") ва дар ин ҷо бунъёд кардани марказҳои фарҳангии мардуми рус, ўзбек, кореягӣ ва ғайра:
Вазорати Фарҳанг
Мўҳлат - 1998
- боз кардани шўъбаи махсуси "диншиносӣ" Донишгоҳи Миллии Давлатии Тоҷикистон. Дар марҳилаи аввал омузиш додани мутахассисони ин соҳа дар донишгоҳҳои мамолики шарқ (Ал-Азҳар ва ғайрв),анҷом додани тарҷумаи комили теҷикии Қуръони маҷид;
Вазорати маориф, Академияи илмҳо,
Мўҳлат - 1998-2000
- таҳияи силсилаи Барномаҳои маводи дарсии нав доир ба таърих, адабиёт, мардумшиносӣ, диншиносӣ, демография, экология ва ғайра;
Академияи илмҳо,
мўҳлат - 1998
- таҳия ва иҷрои Барномаи таълиму тарбияти суннатии кадрҳо дар соҳаи ҳунарҳои мардумӣ заргарӣ, қолинбофӣ, кулолгарӣ, кандакорӣ, ва ғайра бевосита дар маҳалҳо, дар назди устодҳои маъруф бо усули "Устод-Шогирд":
Вазорати Фарҳанг.
Мўҳлат - 1998-2005
- ҳамасола дар моҳҳои марту апрель ташкил кардани сафари гурўҳҳои мунтахаби олимони Академияи илмҳо ва устодони донишгоҳҳо ба деҳот бр мақсади интихоби ДУРУСТИ ҷавонони болаёқат барои таҳсил дар мактабҳои олӣ:
Академияи илмҳо, Вазорати маориф,
мўҳлат - доим
- таҳия ва нашри барномаҳои ҳафтагии садову симо дар мавзўъҳҳои этнофарҳангӣ барои ҷавонону наврасон таҳти номи умумми "Футувват":
Комитети телевизион ва радиои
назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
мўҳлат - 1998-2005
- анҷом додани назорати ҳадафмандонаи фаъолияти гимназияҳо, лисаҳо, коллеҷҳои хориҷӣ бо мақсади ҳамоҳангсозии мазмун, шакл ва шеваи омўзиш ва таълим дар онҳо (дар доираи ҳуқуқҳои Вазорати маориф ва тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи маориф);
Вазората маориф,
мўҳлат - доим
- мусоидати ҳамаҷониба ба кушодани шабакаи мактабҳои хусусии зебоишиносӣ, мусиқӣ, наққошӣ ва ширхоргоҳу кўдакистонҳо бо шароитҳои имтиёзнок ва дар барномаи ин мактабҳо омўхтани анвои мухталифи ҳунарҳои шеър, мусиқӣ, ҳунарҳои дастӣ ва амсоли онҳо:
Вазорати фарҳанг,
мўҳлат 1998 - 2000
- ташкили гурўҳи таҳқиқотӣ барои омўхтани этнографияи ақаллиятҳои миллӣ дар Тоҷикистон, бахусус Фарҳангу хостаҳои маънавии онҳо.
Академияи илмҳо,
мўҳлат - 1998
дар ҳайати Маркази таҳқиқоти стратегӣ шўъбаи "Этнополигология" таъсис дода шавад ва дар он проблемаҳои этникӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта маводи таҳлил ба Ҳукумат ва Маҷлиси олӣ ҳамзамон пешниҳод карда шавад;
Маркази таҳқиқоти стратегӣ
мўҳлат - 1998
- таҳия ва нашри маҷмўаи "Тоҷикистони имрўз" (шарҳи мухтасаре доир мардум, урфу одат, ва низ доир ба минтақа бо таъкид бар муштаракоти этнофарҳангӣ ва шаклҳои муосири таъсирпазирии мутақобили);
Академияи илмҳо,
мўҳлат - 1999
- нашри силсилаи китобҳо: "Тоҷикон дар ХОРИҷИ кишвар" (дар бораи тоҷикони сокини Ўзбекистон, Кирғизистон, Афғонистон, ЭРОН ва ҷаҳони дигар);
Вазорати фарҳанг,
Иттифоқи рўзноманигорон,
Маркази иттилооти "Ховар"
мўҳлат - 1998-1999
Бо қарори Ҳукумати
Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз 18 феврали соли 1998 № 50
тасдиқ шудааст
Ҳайати комиссияи такмили Концепциаяи маълумоти этникию фарҳангӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барномаҳои татбиқи он
Додхудоева Б.Д. - муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон, раис
АЪЗОИ КОМИССИЯ (аз рўи вазифа)
Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
Вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон
Вазири адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Муовини аввали Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Муовини аввали Вазири молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон
Муовини аввали Вазири меҳнат ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Муовини аввали Вазири иқтисод ва робитаҳои иқтисодии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Муовини аввали Вазири ҳифзи табиати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Раиси Кумитаи ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мушовири давлатӣ оид ба робита бо иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва муносибатҳои байни миллатҳо
Мушовири давлатӣ оид ба илм, фарҳанг ва масъалаҳои иҷтимоӣ;
Ректори Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон
Ректори Донишгоҳи давлатии педагогии Тоҷикистон
Ректори Донишгоҳи давлатии техникии Тоҷикистон ба номи М.Осимӣ
Ректори Донишгоҳи давлатии кишоварзии Тоҷикистон