ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ҚАРОР

ДАР БОРАИ ТАСДИҚИ БАРНОМАИ РУШДИ КОРИ БОЙГОНӢ ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН БАРОИ СОЛҲОИ 2009-2018

 

Мутобиқи моддаи 7 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо, стратегияҳо ва барномаҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва бо мақсади рушди кори бойгонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

  1. Барномаи рушди кори бойгонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2018 тасдиқ карда шавад (замима мегардад).
  2. Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ки ба татбиқи Барномаи рушди кори бойгонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷиқистон барои солҳои 2009-2018 вобаста мебошанд, иҷрои чораҳои пешбининамударо таъмин намоянд.
  3. Вазорати молияи Ҷумхурии Тоҷикистон ҷиҳати татбиқ намудани Барномаи рушди кори бойгонӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2018 дар буҷети давлатӣ маблағ пешбинӣ намояд.

 

 

Раиси

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                       Эмомалӣ Раҳмон

 

аз 2 июли соли 2009 № 373

ш. Душанбе