Бо қарори Ҳукумати

Ҷумҳурии Тоҷикистон

аз 27 феврали соли 2009 № 123

тасдиқ шудааст

 

БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ ЭКОЛОГИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

БАРОИ СОЛҲОИ 2009-2019

 

1. Асосҳои илмӣ ва иқтисодии Барнома

 

Барномаи давлатии экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2019 (минбаъд Барнома) ин ҳуҷҷати асосии давлатӣ ба шумор меравад, ки самтҳои асосии рушди устувори ҷомеа, мувозинати захираҳои табиӣ ва истифодабарандагони он, ташкил ва ҳамоҳангсозии муносибати истифодабарандагони захираҳои табиӣ ва худи табиат, рушди солими ҷомеа, истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ, инчунин роҳҳои барқароркунии фазои экологии вайроншударо муайян менамояд. Иҷрои тадбирҳои пешбинигардидаи Барнома имконият медиҳанд, ки дар ҷумҳурӣ оид ба истифодаи самараноки сарватҳои табиӣ ва беҳтар намудани муҳити зист корҳои муайян ба сомон расонида шавад, зеро дар ҷомеа ҳоло ҳам проблемаҳои экологии ҳалношуда боқӣ мондаанд.

Амали Барнома барои ба давраи рушди устувор гузаштани мамлакат, баҳри баланд бардоштани сатҳи иҷтимоию иқтисодӣ ҳангоми ба гардиш даровардани захираҳои нав ва ҳаҷман калони табиӣ (замин, об, ҳаво, наботот, ҷангал, сарватҳои зеризаминӣ) пешбинӣ шудааст. Бинобар ин баҳисобгарии қатъии қонуниятҳои экологӣ дар чунин ҳолатҳо зарур аст:

- афзоиши шумораи аҳолӣ ва ба он мувофиқат накардани сатҳи тараққиёти истеҳсолот;

- проблемаҳои ғунҷоиши экологӣ (фазо, ҳудуд, акватория), ҳамчунин минтақаи ҷойгиршавии объектҳои алоҳидаи нодири табиӣ ва дигар равандҳои экологӣ ҳангоми банақшагирии ҷойгир намудани воситаҳои истеҳсолот ва қувваҳои истеҳсолкунанда;

- ба муносибатҳои иқтисодии бозаргонӣ гузаштани ҷумҳурӣ.

Бояд қайд кард, ки ғайр аз омилҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсӣ, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар минтақаи ҷараёнҳои фаъоли геодинамикӣ, геофизикӣ, биосферӣ ҷойгир шудааст, ки онҳо дар навбати худ ба ҳолатҳои экологии маҳаллӣ, минтақавӣ ва глобалӣ таъсир мерасонанд.

Ба туфайли ин омилҳо ҷумҳурӣ ба яке аз марказҳои ҷаҳонии яхбандии кўҳӣ (мавҷуд будани миқдори зиёди пиряхҳои бузурги системаҳои Зарафшон, Олой ва Помир) манбаи бойтарини оби нўшокӣ ва яке аз қадимтарин марказҳои ҷаҳонии кишоварзӣ ва гуногунии биологӣ табдил ёфтааст.

Системаҳои нодири экологии кўҳии Тоҷикистон бо биёбон ва нимбиёбонҳои бузурги минтақа, аз қабили Токла-макон, Ёркенд, Қизилқум пайваст гардида, дар ташаккули иқлими минтақа мақоми хосаро соҳиб шуда, олами бойтарини набототу ҳайвоноти моҳияти глобалӣ доштаро ба вуҷуд овардааст.

 

2. Натиҷаҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва экологии Барнома

 

Барномаи мазкур рушди устувори кишварро аз ҷиҳати иқтисодӣ ва экологӣ, нигоҳ доштани мувозинати табиат ва ҷомеа, ки ба омилҳои экологӣ (нарасидани замин, ифлосшавии муҳити зист, таъминот бо захираҳои об, тақсимот ва нигоҳ доштани ҳолати ҳосилнокии чарогоҳ ва ҷангалзорҳо, тозагии ҳавои атмосфера, истифодаи оқилонаи сарватҳои табиӣ, бехдошти саломатии аҳолӣ, ҳифзи гуногунии биологӣ, бахусус навъҳои нодири аз байн рафтаистодаи наботот ва ҳайвонот) вобаста аст, таъмин менамояд.

Вазифаи Барнома аз иҷрои тадбирҳои зерин иборат аст:

-ҷалб намудани ташкилотҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ ва хусусӣ ҷиҳати беҳтар намудани вазъи экологии мамлакат;

-тарбия намудани табақаҳои ҷамъиятӣ, сарфи назар аз ақоиди сиёсӣ ва динӣ баҳри солимгардонии вазъи экологии мамлакат ва истифодаи оқилонаи сарватҳои табиӣ;

-гузаронидани чорабиниҳо оид ба пешгирӣ намудани равандҳои бодхўрдашавии (эрозия) замин;

-пешгирӣ намудани истифодаи замин бо мақсади кишти зироатҳои каммаҳсул;

-васеъ намудани майдони ҷангалзорҳо, боғҳо, минтақаҳои сабз ва таблиғоти истифодаи мақсадноки онҳо;

-ташкил ва васеъ намудани масоҳати минтақаҳои махсус муҳофизатшаванда;

-ҷорӣ намудани кишти навъҳои зироатҳои сермаҳсул ва ба касалиҳо тобовар дар хоҷагиҳо;

-таъмин намудани тозагии ҳавои атмосфера, об ва истифодаи самараноки сарватҳои табиӣ;

-ба истифодаи ашёи хоми маҳаллии аз ҷиҳати экологӣ бехавф ва аз ҷиҳати иқтисодӣ камхарҷ гузаронидани саноат;

-мусоидат намудан ба истифода ва рушди технологияи кампартов;

-пурзўр намудани назорат ҷиҳати кам намудани партовҳо то сатҳи меъёрӣ ва аз меъёр кам;

-ҷалби вазорату идораҳо, истифодабарандагони табиат ва ташкилотҳои байналмилалӣ ҷиҳати маблағгузорӣ намудани барномаҳои экологӣ;

-бунёди фазои аз ҷиҳати экологӣ тоза ҷиҳати беҳтар намудани солимии аҳолӣ.

 

3. Асосҳои ҳуқуқии Барнома

 

Барнома тибқи талаботҳои Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи ҳифзи табиат", "Дар бораи экспертизаи экологӣ", "Дар бораи олами ҳайвонот", "Дар бораи фаъолияти обуҳавошиносӣ", "Дар бораи хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ)", "Дар бораи истифодаи замин", "Дар бораи ислоҳоти замин", "Дар бораи сарватҳои зеризаминӣ", "Дар бораи карантини растанӣ", "Дар бораи бехатарии биологӣ", "Дар бораи партовҳои истеҳсолӣ ва истеъмолӣ", "Дар бораи ҳифзи ҳавои атмосфера", кодексҳои об, замин, ҷиноӣ ва ҷангал, ҳамчунин дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия шуда, риояи ҳуқуқи ҳар як шаҳрвандро ба бехатарии экологӣ, ба даст овардани маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза, фазои тозаи экологӣ, дастрасӣ ба иттилооти экологӣ, имконияти саҳмгузорӣ ба солимгардонии вазъи экологӣ (кўмаки маънавӣ, моддӣ ва молиявӣ) таъмин менамояд.

Барнома аз ташкилоту корхонаҳо ва мақомоти назоратии давлатӣ нигоҳ доштани баробарии экологӣ, иҷрои дастурҳо, тавсияҳо ва пешниҳодҳоро талаб намуда, ҷиҳати ширкат дар кори гузаронидани экспертизаи экологии ҷамъиятии иншоотҳо, техника ва технологияи дар истеҳсолот истифодашаванда имконият фароҳам меорад. Ҳамзамон, ҷиҳати пешгирии исрофкорӣ дар истифодаи сарватҳои табиӣ, ҳуқуқвайронкуниҳои экологӣ ва муҳити зист чораҳо меандешад. Барнома ҳамчунин анҷом додани фаъолиятҳои зеринро пешбинӣ мекунад:

-иштирок дар таълимот, семинарҳо, лексияҳо, мубоҳисаҳо, таблиғот, наворбардории филмҳо ва аксбардории экологӣ;

-ташкили иншоотҳои ҳифзи табиат;

-шомил будан ба узвияти созмонҳои экологии байналмилалӣ, ҷумҳуриявӣ ва соҳавӣ;

-суғуртаи шаҳрвандон ва амволи онҳо аз зарарҳои экологӣ.

Барномаи мазкур мақомоти ваколатдори ҳифзи муҳити зист, истифодабарандагони табиат, ташкилоту муассисаҳо ва корхонаҳоро вазифадор менамояд, ки дар таҳия ва тасдиқи санадҳои меъёрию қонунгузорӣ, ҳуҷҷатҳои дастурию методӣ, қоида ва тартибҳо, ки муҳофизати табиат ва экологияро ба танзим медароранд, саҳмгузорӣ намоянд.

 

4. Таъиноти Барнома

 

Мутобиқи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмини иҷрои Барнома ба зиммаи ҳамаи вазорату идора, муассиса, ташкилоту корхона ва хоҷагиҳо, аз ҷумла корхонаҳои муштарак, сарфи назар аз шакли моликият ва тобеияташон, ки фаъолияташон ба истифодаи табиат алоқаманд буда, ба вазъи экологии ҷумҳурӣ таъсир мерасонад, гузошта шудааст. Ҳамоҳангсозӣ ва таъмини назорат аз болои иҷрои Барномаи мазкур ба зиммаи мақомоти ҳифзи мухити зист гузошта шудааст.

Барнома механизми танзимкунандаи вазъияти экологӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳуҷҷати ўҳдадоркунанда барои истифодабарандагони табиат ҷиҳати ҳалли масъалаҳои экологӣ дар фаъолияти онҳо мебошад.

Барнома барои иҷрои масъалаҳои зерин равона шудааст:

- истифодаи васеъ, пурсамар ва оқилонаи сарватҳои табиӣ;

- ташкили истеҳсолоти аз ҷиҳати экологӣ бехатар;

- татбиқ ва истифодаи технологияи аз ҷиҳати экологӣ бехавф;

- метод ва қоидаҳои судманди истифодаи табиат, ки ба шаклҳои гуногуни моликият (давлатӣ, шахсӣ, иҷоравӣ, муштарак ва ғайра) асос ёфтаанд.

Бо дарназардошти масъалаҳои зикршуда Барнома имконият медиҳад, ки:

-механизми фаъолият дар бахши ҳифзи муҳити зист мустаҳкам карда шуда, масъулияти мақомоти давлатӣ ва ҷомеа барои рушди устувори экологӣ баланд бардошта шавад;

-диққати истифодабарандагони табиат ба масъалаҳои афзалиятноки ҳифзи табиат, истифодаи оқилонаи сарватҳои табиӣ, устувории экологӣ, ки ба ҳуҷҷатҳои дастурию методӣ асос ёфтаанд, ҷалб карда шавад;

-бунёди фаъолияти устувори истифодаи табиат дар сатҳи миллӣ, минтақавӣ ва глобалӣ таъмин карда шавад;

-механизми сиёсати экологӣ ва идоракунӣ (низоми додани иҷозатномаҳо, тартиб ва методологияи арзёбии таъсир ба муҳити зист), механизмҳои иқтисодии истифодаи табиат таҳия карда шавад;

-сиёсати пешгирифтаи давлат дар бахши ҳифзи муҳити зист бо фаъолияти ҷомеа ҳамоҳанг сохта шавад;

-муассиса ва ҷамъиятҳои нави экологӣ ташкил карда шаванд;

-тадқиқоти илмии соҳавӣ анҷом дода шавад;

-оид ба ҳолати муҳити зист маърўзаҳо, лоиҳаҳо ва иттилоот омода карда шаванд.

 

5. Номгўи барномаҳои давлатии марбут ба ҳифз, ва истифодаи сарватҳои табиӣ ва рушди хоҷагаи халқ

 

Дар шароити кунунӣ масъалаҳои муҳими экологӣ дар доираи барномаҳои зерини миллӣ ҳал шуда истодаанд:

-Барномаи давлатии маърифат ва тарбияи экологии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон то соли 2000 ва дар давраи то соли 2010;

-Нақшаи миллии амалиёт оид ба беҳдошти муҳити зист (2000);

-Нақшаи миллии амалиёт оид ба мубориза алайҳи биёбоншавӣ (2001);

-Барномаи миллӣ ва Нақшаи амалиёт оид ба кам кардани моддаҳои вайронкунандаи қабати озон (2001);

-Стратегияи миллии ҳифзи саломатии омма (2002);

-Нақшаи миллии амалиёт оид ба кам кардани оқибатҳои тағйирёбии иқлим (2002);

-Эъломияи нахустини миллӣ дар бораи тағйирёбии иқлим (2003);

-Стратегияи миллӣ ва Нақшаи амалиёт барои нигоҳдорӣ ва истифодаи оқилонаи гуногунии биологии Ҷумҳурии Тоҷикистон (2003);

-Барномаи давлатии рушди ҳудудҳои табиии махсус ҳифзшаванда барои солҳои 2005-2015;

-Барномаи рушди хоҷагии ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2006-2015 (2005)

-Нақшаи миллии амалиёт оид ба ҳифзи муҳити зист (2006)

-Консепсияи гузариши Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди устувор (2007).

Барномаҳои мазкур ба ҳалли масъалаҳои экологӣ, аз қабили пешгирии эрозияи замин, барқарорсозии сифати об ва ҳаво, ҷорӣ кардани технологияи аз ҷиҳати экологӣ мусоиди истеҳсолоти саноатӣ ва сарфаи энергия, болоравии сатҳи сиҳатии омма, оқибатҳои номусоиди тағйирёбии иқлим мусоидат намуда, рушди устувор ва ҳифзи гуногунии биологиро таъмин мекунанд.

 

6. Арзёбии ҳолати экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

Ҳудуди Тоҷикистон аз рўи шароитҳои ботаникӣ-ҷуғрофӣ, релеф, сохти геологӣ, таркиби олами наботот ва ҳайвонот ва хусусиятҳои фишори экологӣ ба музофотҳои табиии Суғду Зарафшон, Тоҷикистони Марказӣ, Тоҷикистони Ҷанубӣ ва Бадахшони кўҳӣ тақсим мешавад, ки онҳо дар навбати худ боз ба зерминтақаҳо тақсим мешаванд.

Музофоти Суғду Зарафшон ҳудуди хеле калони Тияншони Ғарбӣ ва қисми шимолу ғарбии системаи кўҳии Помиру Олойро ишғол менамояд. Элементҳои асосии орографиро қаторкўҳҳои Қурама, Туркистон, кўҳҳои Муғултоғ ва пастхамии Фарғона, ки дар натиҷаи тектоногенези герсинӣ ва алпӣ пайдо шудаанд, ташкил медиҳанд.

Дар ин ҷо такшонҳои давраи чорум, неогенӣ, палеогенӣ ва ҷинсҳои интрузивӣ бештар паҳн гардидаанд. Қабати болоии хок аз хокҳои хокистарранг ва кўҳию даштӣ иборат аст. Дар минтақаи назди Сирдарё, Истаравшан ва Исфара иқлим континенталӣ ва нисбатан хушк буда, ҳарорати миёнаи солона аз -2 то +7шС зиёд нест, миқдори боришоти атмосферӣ ба ҳисоби миёна дар як сол дар ҳудуди 300-350 мм каму зиёд мешавад. Дарёи Сир ва обанбори Қайроққум захираҳои асосии обӣ маҳсуб меёбанд.

Наботот аз ҷангал ва тоқаҷангалҳои арча, растаниҳои кўҳию даштӣ, туғай ва нимбиёбонӣ иборат аст. Олами ҳайвонот аз паррандагон, хазандагон ва ширхўрон бой аст.

Иқлими Зарафшон нисбатан салқин мебошад. Ҳарорати миёнаи солонаи ҳаво аз 10-11шС баланд намешавад, боришнокӣ дар як сол 400-700 мм аст. Дар қисми баландкўҳи ноҳия гиреҳи яхбандии Зарафшон ҷойгир шудааст. Кўлҳои бисёри дар натиҷаи фурўравии қисмҳои кўҳӣ пайдошуда вомехўранд, ки дар байни онҳо Искандаркўл ва Кўли калон аз ҳама бузургтар мебошанд.

Аз наботот бешаҳо ва тоқаҷангалҳои арчагӣ, нимсаваннаҳои калоналаф, растаниҳои кўҳию даштӣ бартарӣ доранд. Аз ҳайати олами ҳайвонот намудҳои бешагӣ ва баландкўҳӣ - барси барфӣ (Unica unica), бузи кўҳии сибирӣ (Capra sibirica), хуки ёбоӣ (Sus scrofa), суғур (Marmota) ва паррандагон бештар вомехўранд.

Музофоти Тоҷикистони Марказӣ қисми марказии Тоҷикистонро якҷоя бо қаторкўҳҳои Қаротегин, Вахш, Дарвоз, Олой, қаторкўҳи Петри Якум ва Ҳазратишоҳ, пастхамиҳои байникўҳии Қаротегин, Сурхоб ва Обихингов ишғол менамояд.

Дар ин музофот, дар қатори таҳнишинҳои палеоген-неоген-давраи чорум боз пайдоишҳои докембригӣ ва ҷинсҳои интрузивӣ вомехўранд. Ҳарорати миёнаи солонаи ҳаво +14-16шС, боришот 800-1500 мм-ро дар як сол ташкил медиҳад. Барфҳои яхбаста бисёранд. Кўлҳои кўҳӣ аз ҷиҳати андоза чандон калон набуда, кам вомехўранд, захираҳои асосии обӣ дарёҳои Кофарниҳон, Қаратоғ ва Варзоб мебошанд.

Аз ҷиҳати таркиби растанӣ ноҳия аз ҳама бойтар буда, аз бешаҳои арчагӣ, паҳнбарг, ксерофитӣ, тоқаҷангалҳо, марғзорҳои алпӣ ва субалпӣ, набототи нимсаваннагӣ ва кўҳию даштӣ иборат мебошад. Олами набототаш на камтар аз 3,5 ҳазор намуди растаниҳои гулдор ва спорагиро ташкил медиҳад. Иқлими минтақаи Сарихосор, Ҳулбук ва минтақаи назди Дарвоз гуногун ва асосан континенталӣ ва салқин мебошад. Ҳарорати миёнаи солона +11шС, боришот 500-1000 мм-ро дар як сол ташкил медиҳад. Аз ин ҷо дарёҳои хеле калони Тоҷикистон - Вахш, Сурхоб, Оқсу, Обихингов сарчашма мегиранд, ки дар болооби онҳо қуллаҳои аз ҳама баландтарин ва пиряхҳои калон, аз он ҷумла қисми яхбандии Помир, ки дар он 40 %-и пиряхҳои Осиёи Марказӣ ҷамъ шудаанд, воқеъ гардидааст. Кўлҳои моренӣ вомехўранд.

Олами наботот хеле гуногун буда, дар онҳо бешаҳои мезофилӣ, нимсаваннаҳои калоналаф тоқаҷангалҳои ксерофитӣ, даштҳои кўҳӣ ва марғзорҳои алпӣ бартарӣ доранд. Олами наботот зиёда аз 4000 растаниҳои олии гулдор ва спорагаро дар бар мегирад.

Дар худуди ноҳия қариб ҳамаи намудҳои хайвоноти ширхўр ва паррандагони дар Тоҷикистон мавҷудбуда зиндагӣ мекунанд, тақрибан 50%-и намудҳои нодир ва эндемии растаниҳо ва ҳайвонот вомехўранд. Маҷмўи растаниҳои аз ҳама пурқимат ва намудҳои эндемӣ дар ҳудуди ҳамин ноҳия мавҷуданд.

Музофоти Тоҷикистони Ҷанубӣ қисми ҷанубии Помиру Олойро, ки аз қаторкўҳҳои начандон калони Боботоғ, Оқтой, Туюнтой, Тероклитой, Чолтой ва Ҷилонтой иборат аст, ишғол менамояд. Онҳо тадриҷан ба оазисҳои Фархору Панҷ, Вахш, Бешкенту Шаҳритус мегузаранд, ки таназзули Тоҷикистони Ҷанубӣ ном гирифта, аз таҳнишинҳои давраи мел, чорум ва неоген таркиб ёфтаанд.

Дар ин ҷо, дар поёноби дарёҳои Панҷ, Вахш, Кофарниҳон дарёи пуробтарин ва калони Осиёи Марказӣ - Амударё ташаккул меёбад. Хокҳо аз хокҳои хокистарранги сиёҳтоб ва равшан иборатанд.

Иқлим хушк ва гарм аст. Ҳарорати миёнаи солонаи ҳаво ба 15-17шС, боришот ба 150-200 мм дар як сол мерасад. Қисми зиёди заминҳо дар хоҷагии қишлоқ истифода бурда мешаванд. Экосистемаҳои антропогенӣ бартарӣ доранд.

Қабати набототӣ гуногун аст ва аз растаниҳои биёбонӣ-регӣ, туғаӣ ва тоқаҷангалҳои ксерофитӣ иборат мебошад. Олами ҳайвонот бо хазандагон, ширхўрон ва паррандагон бой буда, дар байни онҳо намудҳои нодир ва эндемӣ бисёранд.

Музофоти Кўҳистони Бадахшон қисми махсусан баландкўҳи қаторкўҳҳои Дарвоз, Ванҷ, Язғулом, Шохдара, Шуғнон, Ваҳон, Ишкошим, Рўшон, Наздиолой, Аличўли Шимолӣ ва Ҷанубӣ, қаторкўҳҳои Музкўлро ишғол менамояд, ки дар онҳо ҷинсҳои докембрӣ, интрузиҳои ҷинсҳои системаҳои юра, ангиштсанг ва триас бартарӣ доранд.

Иқлими қисми ғарбии музофот салқин ва баъзан беҳад сард аст. Ҳарорати миёнаи солонаи ҳаво ба -2+7шС, боришот ба 300 мм дар як сол мерасад. Дар ин ҳудуд гиреҳи яхбандии Помир ва аз ҳама масоҳаташ калон пиряхи Федченко (130 км(3)) ҷойгир шудааст. Яхбандии аз ҳама қадим ба аввали давраи чорум рост меояд. Дар ин ҷой кўлҳои калони тармагӣ ва моренӣ - Сарез, Яшилкўл ва Зоркўл ҷойгир шудаанд.

Набототи Помири Ғарбӣ нисбатан тунук ҷойгир шуда, даштҳои кўҳӣ, бешаҳои майдабарг ва марғзорҳои криофитӣ бартарӣ доранд. Олами наботот аз 1500 намуд зиёд нест.

Набототи дарахтию буттагӣ порча-порча дар поёноби дарёҳо ва дар ҷойи баромади обҳои зеризаминӣ вомехўранд. Аз ширхўрони калонҷусса барси барфӣ (Unica unica), бузи кўҳии сибирӣ (Capra sibirica) ва гўсфанди кўҳии помирӣ (архар) (Ovis ammon) зиндагӣ мекунанд.

Музофоти Помири Шарқӣ бо иқлими сард, фарқ мекунад, ҳарорати миёнаи солона аз -6+1шС баланд нест. Аз ин ҷо бисёр дарёҳо сарчашма мегиранд ва дар ин ҷой кўли аз ҳама калон-Қаракўл ҷойгир шудааст.

Қабати набототӣ тунук буда, асосан аз навъҳои биёбонӣ, марғзорҳои криофитӣ ва ботлоқии баландкўҳӣ иборат мебошад. Олами наботот аз 250-300 намуд зиёд нест. Олами ҳайвонот бо ҳамроҳии бемўҳраҳо на бештар аз 600-800 намудро дар бар мегирад. Ҳайвонҳои бештар ба ин ҷойҳо хос - гўсфанди кўҳии помирӣ (архар) (Ovis ammon), бузи кўҳии сибирӣ (Capra sibirica), суғур (Marmota caudata), барси барфӣ (Unica unica), харгўши толай (Lepus tolai) ва гурги сурх (Cuon aipinus) мебошанд.

 

7. Роҳҳои солимгардонии вазъи экологӣ

 

Табиати нодири Тоҷикистон ба вазъи экологӣ - иқтисодии миллӣ, минтақавӣ ва глобалӣ таъсири назаррас расонида, инчунин аҳамияти нигоҳдории генофонди олами наботот ва ҳайвонотро дошта, нигоҳдории мувозинати экологиро таъмин менамояд. Бинобар ин барои солимгардонии вазъи экологии Тоҷикистон тамоми усулҳо ва воситаҳоро истифода бурда, таваҷҷўҳи ҷомеаи ҷаҳонро ҷалб бояд кард.

Дар бобати беҳдошти ҳолати экологии замин ва истифодаи оқилонаи он пешниҳод карда мешавад:

-барқарорсозии замин дар системаи саноати маъданҳои кўҳӣ ва роҳҳои нақлиётии ба он алоқаманд;

-таҳия ва татбиқи чорабиниҳо ҷиҳати пешгирии бодхўрӣ дар заминҳои обӣ ва лалмӣ;

-таҳия ва татбиқи усулҳои нави паст кардани сатҳи обҳои зеризаминӣ дар қаламрави вилоятҳои Хатлон ва Суғд;

-таҳия ва татбиқи чорабиниҳо оид ба беҳтар намудани ҳолати шўрзаминҳо дар қаламрави вилояти Хатлон;

-танзими чаронидани чорво дар чарогоҳҳои зимистона ва қисман тобистона бо мақсади пешгирии таназзули замин;

-бунёди боғҳо дар кўҳдоманҳо;

-васеъ намудани майдони дарахтзорҳо бо мақсади пешгирии бодхўрии заминҳо;

-истифодаи заминҳои доманкўҳҳои водиҳои Ҳисору Рашт ва вилоятҳои Хатлону Суғд барои парвариши зироатҳои хўроки чорво;

-азхудкунии заминҳои нав бо дарназардошти риояи талаботҳои экологӣ дар майдонҳои хурди доманакўҳҳо;

-азнавбарқароркунӣ ва таҷдиди ҷангалзор;

-тартиб додани харитаи фонди замин ва дурнамои заминсозӣ;

-муайян кардани динамикаи ба фаъолияти хоҷагидорӣ ҷалб намудани заминҳои нав, иваз намудани шакли азхудкунии заминҳо ҷиҳати истифодаи навъҳои гуногуни кишоварзӣ;

-пешгўии тағйирёбии сифати заминҳо бар асари равандҳои табиӣ дар натиҷаи фаъолияти хоҷагидорӣ;

-дар асоси баҳои иқтисодии замин ва хароҷот ҷиҳати ҳифзу барқарорсозии он муайян кардани бартарияти иқтисодии хароҷот оид ба ҳифзи замин;

-муқаррар намудани андозаи зараре, ки ба хоҷагии халқ аз ифлосшавӣ, бодхўрӣ ва шўразор шудани заминҳо мерасад;

-татбиқи чорабиниҳои аз назари экологӣ мақсадноки истифодаи чарогоҳҳо, пеш аз ҳама дар чарогоҳҳои зимистона ва беҳтар намудани ҳосилнокии чарогоҳҳо;

- тағйир додани тартиби истифодаи замин дар ҳудуди заминҳои бодхурдашуда;

-ҳатмӣ будани хулосаи мақомоти ҳифзи муҳити зист ҳангоми ҷудо кардани замин ва барасмиятдарории асноди заминистифодабарӣ;

-огоҳонидани заминистифодабарандагони нав оид ба мавҷудияти намудҳои ҳайвонот ва набототи махсус ҳифзшаванда (пеш аз ҳама намудҳое, ки ба Китоби Сурх шомиланд) ва барои ҳифзи ин намудҳо ўҳдадор намудани онҳо;

-ҳангоми ба иҷора додани замин ва сарватҳои дигари табиӣ дар шартномаҳо нишон додани чорабиниҳо оид ба беҳтар кардани ҳолати экологӣ ва маблағгузориҳо ҷиҳати беҳтар намудани иншооти истифодашаванда;

-таҳия ва такмили асосҳои экологию иқтисодии системаи истифодаи замин, кишту кор ва самтҳои асосии муҳофизати замин дар ҷумҳурӣ;

-таҳияи усулҳое, ки низоми мусоиди ҳарорату намидиҳии қабати ҳосилхези заминро дар давраи инкишоф ва нашъунамои зироатҳо дар шароитҳои гуногуни физикию ҷуғрофӣ таъмин мекунанд, аз ҷиҳати илмӣ асоснок кардани меъёрҳои обёрӣ, ки хароҷоти аслии истифодаи обро ба ҳар як гектари обёришаванда паст мекунанд ва ба ин меъёрҳо мутобиқ гардонидани онҳо.

 

8. Беҳтар намудани ҳолати захираҳои об

 

Об сарчашмаи ҳаёт аст. Аз ин лиҳоз барои ҳифз ва беҳтар намудани ҳолати захираҳои об амалӣ намудани тадбирҳои зерин зарур аст:

-бақайдгирии (инвентаризатсияи) манбаҳои захираҳои об;

-пурзўр кардани талаботи қонунгузории ҳифзи табиат оид ба манбаҳои захираҳои об;

- беҳтар намудан ва азнавсозии шабакаи обёрӣ дар ҷумҳурӣ;

-муқаррар намудани низоми қатъии кор дар ҳамаи нуқтаҳои обдиҳӣ;

-азнавсозӣ ва васеъ намудани иншооти обтозакунанда дар шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Қурғонтеппа, Кўлоб, Турсунзода, Исфара, Конибодом, Қайроққум, Чкалов ва маркази ноҳияҳое, ки дар ҳудуди минтақаҳои муҳофизатӣ ва захираҳои обҳои зеризаминӣ ҷойгиранд;

-ташкили реҷаи назорати ҳолати пиряҳҳо, кўлҳо ва дигар манбаҳои об;

-ба тартиб даровардани низоми кори иншоотҳои обӣ дар корхонаҳои саноатӣ;

-гузаронидани корҳои илмию тадқиқотӣ дар минтақаҳои ҷамъшавии захираҳои об;

-ҷорӣ намудани технологияи нави тоза кардан ва ба сатҳи меъёрҳои қабулшуда расонидани сифати обҳои нўшокӣ;

-таъсиси махзани маълумот ва системаҳои иттилоотӣ оид ба ташаккул ва истифодаи захираҳои об;

-ба низом даровардани ташкил ва фаъолияти Ассотсиатсияҳои истифодабарандагони об;

-татбиқи "Барномаи беҳтар намудани таъмини аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо оби тозаи нўшокӣ барои солҳои 2008-2020";

-то соли 2012 гузаштан ба идоракунии ҳамгироишуда оид ба истифода ва ҳифзи захираҳои оби навъҳои ҳавзӣ;

-тавсияҳо дар бораи истифодаи васеи захираҳои об барои эҳтиёҷоти хоҷагиҳои моҳипарвар ва истироҳатгоҳҳо;

-истифодаи оқилона ва муҳофизати сарчашмаҳои обҳои маъданӣ, термалӣ ва табобатӣ;

-муоинаи доимии таркиби оби дарёҳо, каналҳои магистралӣ ва обанборҳо бо мақсади ошкор намудани металлҳои вазнин, пестидсидҳо ва ғайра;

-муайян кардани қонунияти ташаккулёбии захираҳои об (сифат, миқдор, ҳолати санитарӣ - эпидемиологӣ);

-муайян намудани манбаҳои асосии ифлосшавии захираҳои об дар минтақаҳои ҷуғрофӣ ва роҳҳои бартараф намудани онҳо;

-арзёбии самаранокии фаъолияти иншооти обтозакунанда ва дигар чорабиниҳо дар миқёси ноҳияҳо ва таҳияи тавсияҳо оид ба беҳтар намудани онҳо.

-ба талаботи меъёрӣ расонидани сифати оби нўшокӣ ва партовҳои обӣ;

-ба тартиб даровардани низоми истифодабарии об дар корхонаҳои саноатие, ки шабакаи маҳаллии тозакунии марказҳои обро надоранд;

-тадриҷан зиёд намудани ҳаҷми оби такроран истифодашаванда дар корхонаҳои саноатӣ;

-давра ба давра кам намудани ҳаҷми партовҳои ифлоскунанда ба обанборҳо, дарёҳо, кўлҳо ва муҳити атроф;

-лоиҳакашии иншооти нави обтозакунӣ ва азнавсозии иншоотҳои амалкунанда.

 

9. Беҳтар намудани вазъи ҳавои атмосферӣ

 

Вазъи ҳавои атмосферӣ ба тамоми олами зинда ва ғайризинда, пеш аз ҳама ба саломатии инсон таъсир мерасонад. Дар баробари рушди иқтисодиёт проблемаи ифлосшавии ҳаво боз ҳам ҷиддитар мегардад. Аз ин лиҳоз, барои мусоидат ба беҳтар намудани вазъи ҳавои атмосферӣ андешидани чораҳои зерин зарур аст:

-гузаронидани таҳлили ҳолати ҳавои атмосферӣ вобаста ба ҳар як ноҳия ва ба ҳар як манбаҳои истихроҷи партовҳо;

-арзёбии самаранокии чорабиниҳои ҳифзи ҳавои атмосферии ҳар як корхона ва хати технологӣ;

-таҳияи маҷмўи чорабиниҳо оид ба беҳтар кардани вазъият, паст кардани ҳаҷм ва таркиби моддаҳои истихроҷшаванда ба муҳити зист;

-ташкили махзани маълумот дар бораи ҳолати ифлосшавии ҳавои атмосферӣ дар шароити гуногуни иқлим ва реҷаи истихроҷ;

-муайян намудани минтақаҳое, ки омехтаҳои зараровари таркиби ҳавои онҳо аз меъёр зиёд аст ва таҳияи чорабиниҳо оид ба ҳифзи ҳаво дар шаҳрҳои Исфара, Конибодом, Хуҷанд, Турсунзода, Душанбе, Ёвон, Сарбанд ва Кўлоб;

-назорати қатъӣ ва танзими миқдори истихроҷи моддаҳои ифлоскунанда аз манбаҳои доимии корхонаҳои саноатии шаҳрҳои калон ба ҳавои атмосферӣ;

-назорати қатъӣ аз болои истихроҷи моддаҳои ифлоскунандаи воситаҳо нақлиётӣ;

-таҳия ва татбиқи низоми зудамалкунандаи огоҳкунии аҳолӣ аз хатари заҳролудшавӣ аз истихроҷи моддаҳои заҳрнок;

-ба итмом расонидани шиносномадиҳии экологии корхонаҳои саноатӣ;

-таҳияи усулҳои муайянсозии мавҷудияти омехтаҳои зараровари таркиби ҳаво;

-такмили усули кашонидани моддаҳои ифлоскунанда ба масофаҳои дур, аз ҷумла ба давлатҳои дигар;

-таҳқиқи пурраи манфиати ҷамъоварӣ ва сикергизми моддаҳои ифлоскунандаи ҳавои атмосферие, ки барои инсон ва муҳити зист зарароваранд;

-бо дарназардошти ҷамъоварӣ ва безараргардонии моддаҳои ифлоскунандаи ҳавои атмосферӣ таҳия намудани меъёрҳо ва стандартҳои минтақавии сифати ҳавои атмосферӣ.

 

10. Истифодаи оқилонаи қаъри замин

 

Тоҷикистон дорои захираҳои бойи сарватҳои зеризаминӣ мебошад. Иҷрои чорабиниҳои зерин ба истифодаи оқилонаи сарватҳои зеризаминӣ мусоидат мекунанд:

-таҳияи усулҳои аз ҷиҳати экологӣ бехатари ҷустуҷўи геологӣ ва истихроҷи ашёи хоми маъданӣ.

-гузаронидани тадқиқот оид ба такмили усулҳои безараргардонии партовҳои сахти маишӣ (сўзондан, усулҳои биохимиявӣ) бо мақсади пешгирии ба муҳити зист ворид шудани металлҳои вазнин ва ксенобиотикҳо;

-таҳия ва такмили технологии гардишӣ, безараргардонии омехтаҳо ва гўронидани моддаҳои зараровар;

-дар давраи солҳои 2009 - 2012 ҳал кардани проблемаи тағйири самти фаъолияти хоҷагии халқ ҷиҳати сарфаи захираҳо ва истеҳсолоти аз ҷиҳати экологӣ бехавф бо роҳи азнавтаҷҳизонии техникӣ дар ҳамаи соҳаҳои корхонаҳои саноатӣ ва хоҷагии қишлоқ, татбиқи раванди технологӣ ва истеҳсолоти кампартов ва бепартов. Барои ин зарур аст:

-таҳияи консепсияҳо, дурнамоҳо ва барномаҳои аз ҷиҳати илмӣ асосноки истеҳсолоти саноатӣ бо шарти таъмини мувозинати экологӣ, нигоҳдорӣ ва равнақи биосфера;

-таҳия ва ҷорӣ намудани низоми мусоиди идоракунии сифати системаи экологию иқтисодие, ки ба истифодаи технологияи аз назари экологӣ тоза ва реҷаи истифодабарӣ асоснок карда шудааст;

-таҳия ва татбиқи марҳилавии системаи алтернативии сарфаи энергия, ки бехатарии экологӣ ва сарфаи манбаҳои энергетикиро таъмин мекунад;

-суръат бахшидан ба азнавтаҷҳизонӣ ва азнавсозии корхонаҳои фаъолияткунанда, дар навбати аввал корхонаҳои аз ҷиҳати экологӣ ба бўҳрон дучоршуда.

Бинобар ташкил шудани корхонаҳои шахсӣ, ҷамъиятҳои саҳомӣ ва амсоли онҳо, тибқи талаботи Барномаи давлатӣ, аз нуқтаи назари минтақавӣ оид ба ноҳияҳои саноатии ҷумҳурӣ, ташкили низоми ягонаи безараргардонӣ ва коркарди (пеш аз ҳама) дақиқи партовҳои заҳрнок (саноатӣ, маишӣ, кишоварзӣ, тиббӣ). Ба инҳо метавонанд партовгоҳҳо (полигон), корхонаҳои истеҳсоли маводи сохтмон дохил шаванд, ки вобаста ба хусусияти истеҳсолӣ бо коркард (ва безараргардони) -и як қатор масолеҳи заҳрнок ва дигар истеҳсолот машғуланд.

Дар истеҳсолоти хоҷагии халқ бояд сохтори истеҳсолӣ доимо такмил ёбад, азхудкунӣ ва ривоҷи равандҳои сифатан нави технологӣ, ки ба сарфаи захираҳо ва бехатарии экологӣ мусоидат мекунанд, анҷом дода шавад.

 

11. Беҳтар намудани ҳолати экологии наботот, аз ҷумла ҷангалҳо

 

Нигоҳ доштани баробарвазнӣ дар табиат аз бисёр ҷиҳат ба беҳтар намудани олами наботот - бунёди ҷангал вобаста аст. Барои ҳалли проблемаҳои дар ин бахш ҷойдошта, иҷрои чорабиниҳои зерин ба мақсад мувофиқ аст:

-нигоҳ доштани гуногунии биологӣ, пурзўр кардани ҳифзи ҷангал ва олами наботот, муҳайё намудани муҳити тозаи экологӣ;

-таҳияи Кодекси нави ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон, Низомномаи ҷангалбунёдкунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии мутобиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ;

-баргардонидани заминҳои чарогоҳҳои фонди давлатии ҷангал аз корхонаҳои кишоварзӣ ба хоҷагиҳои давлатии ҷангал, гирифтани сертификати ҳуқуқи истифодаи замин;

-ташкил ва танзими сохтори ҷангал, заминсозӣ ва харитасозии ҷангал;

-ба роҳ мондани парвариши навъҳои нодири чормағз, писта, хуч, ангат, бодом, санавбар ва дигар меваҳои худрўи ҷангал, таъсиси плантатсияи онҳо бо истифода аз дастовардҳои селексионӣ;

-бунёд ва барқароркунии хатҳои муҳофизатии ҷангал, боғҳо, плантатсияҳо бо мақсади ҳифзи заминҳо аз эрозия ва дар навбати худ таъмин намудани аҳолӣ бо ҷойи кор, мева, чўб ва инчунин ҳосилнок гардонидани чарогоҳҳо;

-бунёд намудани минтақаҳои муҳофизатӣ дар қад-қади шоҳроҳҳо ва гирду атрофи заминҳои кишоварзӣ;

-сол то сол зиёд намудани маблағгузории соҳа барои корҳои ҷангалбунёдкунӣ, ҳифзи ҷангалзор аз сўхтор ва хашаротҳои зараррасон, зиёд намудани маоши кормандони соҳа;

-бо воситаҳои асосии техникӣ ва лавозимоти корӣ таъмин намудани хоҷагии ҷангал;

-тайёр намудани кадрҳои хоҷагии ҷангал дар дохил ва хориҷи кишвар;

- танзими ташкили шикор дар шикоргоҳҳо ва гузаронидани чорабиниҳои биотехникӣ оид ба ҳифзу нигоҳдории ҳайвоноти ваҳшӣ ва паррандагон;

-ба роҳ мондани кишт ва парварииш гиёҳҳои шифобахш (камол, зира, чукурӣ, зелол, чойкаҳак, ширинбия, чоқла ва дигарҳо) ва растаниҳои доруворӣ барои таъмини аҳолӣ бо дорувории аз ҷиҳати экологӣ безарар;

-ба роҳ мондани туризми кўҳӣ ва шикори хориҷӣ бо дарназардошти нигоҳдории вазъи экологӣ ва мувозинати табиӣ дар ҷангалзор баҳри воридшавии асъори хориҷӣ ҷиҳати беҳтар намудани ҳолати биотехникии хоҷагиҳо ва вазъи экологӣ;

-гузаронидани баҳисобгирии ҳайвоноти ваҳшӣ ва паррандагон дар қаламрави фонди шикори ҷумҳурӣ;

-ташкили минтақаҳои ҷангалпарварӣ ва ҳоҷагиҳои ҷангал дар заминҳои захираҳои давлатӣ ва заминҳои кишоварзие, ки ҷангал доранд;

-назорати ҷангалҳои заминҳои захираи давлатӣ, хоҷагиҳои деҳқонӣ, фермерӣ, ассотсиатсияҳо, кооперативҳо, ташкилоту муассисаҳо аз тарафи мақомоти идоракунии давлатии хоҷагии ҷангал бо мақсади нигоҳдории гуногунии биологӣ ва ҳифзи олами набототу ҳайвонот ва маводи худрўи ҷангал, захираи гиёҳҳои шифобахш, чўбу ҷангал, баҳисобгирии ҳайвоноти ваҳшӣ барои муайян намудани пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет;

-рушди ҳамкорӣ дар таҳия ва татбиқи барномаҳои инвеститсионӣ бо ташкилотҳои хориҷӣ баҳри беҳтар намудани вазъи экологии ҷангал;

-ташкили мактаби ҷангалпарварони ҷавон оид ба баланд бардоштани савияи дониш ва маърифатнокии экологии насли наврас.

 

12. Беҳтар намудани ҳолати экологии олами ҳайвонот

 

Шароитҳои иқлимии Тоҷикистон имконият медиҳанд, ки навъҳои ҳайвоноти дар ҷумҳурӣ мавҷудбударо беҳтар намуда, барои афзоиши ҳайвоноти нодир мусоидат карда шавад. Бо мақсади беҳтар намудани вазъи экологии олами ҳайвонот иҷрои чорабиниҳои зерин ба мақсад мувофиқ аст:

-бақайдгирии (инвентаризатсияи) олами ҳайвонот дар ҳудуди минтақаҳои шикор;

-баҳодиҳии маҳалҳои зисти ҳайвоноти ваҳшии ба Китоби Сурх дохилшуда;

-пешбурди мунтазами Китоби Сурх оид ба ҳайвонот;

-ташкили морхонаҳо, катакҳо ва парваришхонаҳо ҷиҳати зиёд намудани намудҳои ҳайвоноти ба Китоби Сурх дохил кардашуда;

-бехтар намудани ҳолати макони зисти намудҳои ҳайвоноти кўчӣ мувофиқи конвенсияҳо, созишномаҳо ва шартномаҳои байналмилалӣ;

-бақайдгирии намудҳои нодири эндемии олами ҳайвонот дар ҳудуди ҳар як ноҳия;

-ташкили иншоотҳои ҳифзшаванда оид ба ҳифз ва барқарорсозии намудҳои ҳайвоноти нодири аз байн рафтаистода ва намудҳои сайдшавандаи ҳайвоноти ваҳшӣ;

-баҳисобгирӣ, таҳлили қувваҳои истеҳсолкунанда ва ҷойгиронии онҳо бо дарназардошти ғунҷоиши экологии минтақа;

-таъмини обанборҳои моҳипарварии вилояти Хатлон ва Бадахшон бо намудҳои моҳиҳои зудафзоишёбандаи аз ҷиҳати экологӣ фоидаовар;

-таҳия ва татбиқи усулҳои нави мубориза бар зидди ҳашаротҳои зараровар, маблағгузории корҳои илмию тадқиқотӣ дар ин соҳа;

-ташкили баҳисобгирии даврии олами ҳайвонот;

-пурзўр намудани муҳофизати макони афзоишёбии олами ҳайвонот, бахусус намудҳои нодиру аз байн рафтаистода ва кўчанда;

-пешбурди Кадастри давлатии олами ҳайвонот;

-аз ҳисоби фоидаи шикори байналмилалӣ, туризм ва шикори саноатӣ беҳтар намудани чорабиниҳои биотехникии саршумори ҳайвоноти шикоршаванда.

 

13. Беҳтар намудани ҳолати захираҳои истироҳатӣ (рекреатсионӣ)

 

Табиати зебо, иқлими мусоид ва манзараҳои нодири кишвар барои ташкили минтақаҳои истироҳатӣ, инкишофи шабакаҳои туристӣ мусоидат менамояд. Бо мақсади беҳтар намудани захираҳои истироҳатӣ ва бунёди минтақаҳои нави ҳифзшаванда, иҷрои тадбирҳои зерин муҳим аст:

-ташкили шабакаи минтақаҳои махсус ҳифзшаванда;

-беҳтар намудани ҳолати минтақаҳои махсус ҳифзшавандаи мавҷуда;

-ташкили боғҳои нави миллии таърихию табиӣ;

-бақайдгирии иншоот ва ҳудудҳои нодири табиӣ ва ба онҳо додани мақоми махсус ҳифзшаванда;

-аз нав дида баромадани мақоми мамнўъгоҳҳо, парваришгоҳҳо ва зарурияти тағйири самти фаъолияти онҳо;

-ташкили мамнўъгоҳҳо ва парваришгоҳҳои хурд;

-омўзиши минтақавӣ ва бақайдгирии ҳайвоноти ба Китоби Сурх дохилкардашуда;

-бастани шартномаҳо ва созишномаҳо бо ташкилотҳои байналмилалӣ оид ба ҳифзи намудҳои ба Китоби сурх дохилшуда;

-бақайдгирии ноҳиявии олами наботот ва ҳайвонот;

-муайян намудани минтақаҳои паҳншавии биотсенозҳои нодир, таҳияи усулҳои муҳофизати онҳо дар мамнўъгоҳҳо, парваришгоҳҳо, боғҳои миллӣ, боғҳои таърихию табиӣ ва минтақаҳои нодири табиӣ;

-тадқиқ ва муқаррар намудани тағйирёбии сарбории захираҳои истироҳатӣ вобаста ба омилҳои гуногун дар ҳудуди қаторкўҳи Курама, Катасой, кўҳҳои Фон-Яғноб, Мастчоҳи Кўҳӣ, Искандаркўл, парваришгоҳҳои Сари Хосор, Чилдухтарон, Шуғнов (Дараисо, Дузахдара), Қаратоғ, мамнўъгоҳи "Бешаи палангон" ва ғайра;

- Муассисаи давлатии хоҷагии ҷангал ва шикори Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳудудҳои мамнўъгоҳҳои амалкунандаро аз нав дида баромада, иншоотҳои фаъолияткунандаро аз ин ҳудудҳо бароранд;

-бо кормандони илмӣ таъмин намудани мамнуъгоҳҳо, таҳкими фаъолияти илмии онҳо ва бо тартиби муқарраршуда пешбурди "Солномаи табиат";

-дар мамнўъгоҳи "Дашти Ҷум" барқаррор ва мустаҳкам кардани низоми мамнўъгоҳӣ, барқарор кардани дидбонгоҳҳои кўҳна ва сохтани дидбонгоҳҳои нав;

-таҳияи чорабиниҳо оид ба беҳтар намудани вазъи экологии мамнўъгоҳи "Бешаи палангон";

-барқарор кардани минтақаи муҳофизатии атрофи мамнўъгоҳи "Бешаи палангон", гузаронидани экспертизаи экологии лоиҳаҳои азхудкунии бошишгоҳҳо;

-таҳияи намунаи шаклҳо ва тартиб додани феҳристи минтақаҳои нодири табиӣ, ба онҳо додани шиноснома ва мақоми ҳифзшаванда;

-азхудкунии минтақаҳои нави истироҳатӣ дар ҳавзаи обанборҳои Нерўгоҳи обии барқии Норак, "Сангтўда-1" "Сангтўда-2" ва Роғун.

 

14. Чорабиниҳо оид ба солимгардонии вазъи экологӣ бо мақсади ҳифзи саломатии аҳолӣ

 

Ҷиҳати солимгардонии вазъи экологӣ бо мақсади ҳифзи саломатии аҳолӣ амалӣ намудани чорабиниҳои зерин ҳатмӣ мебошад:

-гузаронидани мониторинг оид ба ҳолати кунунии санитарию эпидемиологӣ ва гигиении шаҳрҳо;

-гузаронидани таҳлили тақсимоти ҳудуди минтақаҳои ноҳияҳо вобаста ба нишондиҳандаҳои умумии фавти одамони синну соли гуногун, ҷинс ва сабабҳои он;

-гузаронидани таҳлилҳо оид ба паҳншавии бошиддати нуқсонҳои модарзодии кўдакон, ки дар ҳудуди ноҳия таваллуд шудаанд;

-таҳлили беморшавии кўдакон ва калонсолон дар ҳудуди минтақаҳо вобаста ба ҳолати экологӣ;

-татбиқи амалии тавсияҳо оид ба паст кардани таъсири омилҳои манфии экологӣ ба саломатии аҳолӣ ва вазъи демографӣ.

 

15. Беҳтар намудани вазъи экологӣ дар саноат ва сохтмон

 

Ҳангоми ҷойгир кардани иншоотҳо, ҷорӣ намудани хатҳои технологии гуногун, муомилот бо партовҳои саноатӣ ва пешбурди соҳаи сохтмон риояи талаботҳои экологӣ бо усулҳои зерин ба мақсад мувофиқ мебошанд:

-муайян намудани шиддатнокии майдони электромагнитӣ дар ҳудуди шаҳрҳои калон ва иншоотҳои хоҷагии халқ, ки аз қувваи барқ васеъ истифода мебаранд;

-таҳлили экологии корхонаҳо ва такмили усулҳои тоза кардани партовҳо дар муҳити зист;

-гузаронидани таҳлилҳо оид ба пайдоиш, безараргардонӣ ва истифодаи партовҳои саноатӣ ва таҳияи пешниҳодҳо доир ба истифодаи партовҳои Корхонаи воҳиди давлатии "Ширкати Алюминийи Тоҷик", заводи химиявии Ёвон, заводи нуриҳои азотии Вахш ва ғайра;

-ҷорӣ кардани технологияи коркард ва истифодаи такрории партовҳои саноатӣ, бахусус партовҳои саноати маъданҳои кўҳӣ, сохтмонӣ ва безараргардонии партовҳои маишӣ дар марказҳои маъмурии шаҳри Душанбе ва вилоятҳо;

-бунёди корхонаҳои хурди коркарди партовҳо;

-сохтмон ва ба истифода додани завод, сех ва хатҳои истеҳсолӣ оид ба коркарди такрории пластмассаю шишапораҳо ва ба роҳ мондани истеҳсоли ашёи сохтмон дар шаҳрҳои Душанбе, Қўрғонтеппа, Кўлоб, Хоруғ, Хуҷанд, Исфара, Истаравшан, Панҷакент;

-сохтмони партовгохҳои намунавӣ барои безараргардонӣ, гўркунии партовҳои сахти маишӣ дар шаҳрҳои Хуҷанд, Исфара, Душанбе, Ёвон, Кўлоб, Қўрғонтеппа ва Турсунзода;

-танзими назорат аз болои ҳолати партовгоҳҳои амалкунанда ва консерватсияшудаи партовҳои моддаҳои радиоактивӣ;

-барқарор намудани партовгоҳи заҳрхимикатҳо дар ноҳияи Вахш ва шаҳри Конибодом;

-таҳияи силсилаи харитаҳои таҷдидшавандаи экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

-таҳияи пешниҳодҳо доир ба рушди шаҳрсозӣ дар минтақаҳо бо дарназардошти талаботҳои экологӣ;

-кашонидани ангиштсанг ба воситаи нақлиётҳои болопўшида.

 

16. Беҳтар намудани вазъи экологии ҷумҳурӣ тавассути таҳияи масъалаҳои асосии экологӣ

 

Беҳтар намудани вазъи экологии ҷумҳурӣ тавассути таҳияи масъалаҳои асосии экологӣ иборатанд аз:

-таҳлили экологию иқтисодии ноҳияҳо ва таҳияи дурнамои тағйирёбии вазъи экологӣ;

-таҳлили экологӣ - иқтисодии ноҳияҳои экологӣ ва таҳияи пешгўиҳо оид ба тағйирёбии минбаъдаи ҳолати экологӣ;

-таҳлил ва баҳодихии иқтидори захиравӣ-иқтисодии ноҳияҳо ва талафи иқтисодӣ аз ифлосшавии муҳити зист;

-таҳлил, танзим ва арзёбии равандҳои зараровар дар ҳудуди ноҳияҳои алоҳидаи экологӣ (равандҳои карстӣ-суффозӣ, ярч, зериобмонии заминҳо, ифлосшавии хок, қабатҳои он ва обҳои зеризаминӣ);

-ноҳиябандии муҳандисию геологии минтақаҳо барои мутобиқкунонии минбаъдаи истифодаи онҳо;

-таҳқиқи омилҳои физикӣ (ғулғула, радио, мавҷҳои электромагнитӣ), ки ба ҳолати экологӣ, саломатии одамон, ҳайвонот, паррандагон ва ҳашарот таъсир мерасонанд ва таҳияи тавсияҳо оид ба кам кардани онҳо;

-гузаронидани минтақабандии дақиқи ҳар як ноҳия вобаста ба мавҷудияти иқтидори захиравӣ - иқтисодӣ ва гурўҳбандии комплексҳои табиӣ - минтақавӣ;

-таҳияи чорабиниҳо оид ба паст кардани шиддатнокии экологӣ дар ҳавзаи дарёи Варзоб бо сабаби ғализии ғунҷоиши экологии минтақа;

-ташкили рекламаи васеи захираҳои табиии Тоҷикистон (сангҳои қиматбаҳо ва нимқимат, маъданҳо, растаниҳо, ҳайвонот ва маҳсулоти онҳо, маҳсулоти анъанавии аз ҷиҳати экологӣ тоза);

-васеъ сохтани шабакаи лабораторияҳои таҳлилӣ, санҷиши сифат мутобиқи меъёрҳои ҷаҳонӣ;

-ҳамаи ташкилоту корхонаҳо бояд дар ҳудуди ба онҳо вобасташудаи биноҳои истеҳсолӣ ва маъмурӣ аз ҳисоби маблағҳои дохилӣ корҳои ободонӣ ва кабудизоркуниро мувофиқи талаботҳои экологӣ ба ҷо оварда, ба нигоҳубини он масъул бошанд;

-таҳияи барнома ва силсилаи лоиҳаҳои махсуси комплексии ҳифзи табиат доир ба беҳтар кардани ҳолати экологии ҳавзаи дарёҳои Ёхсу ва Зарафшон;

-таҳияи силсилаи харитаҳои муҳандисию геологӣ;

-ташкили комплекси таҳлилии сайёр доир ба муқоисаи характери ифлосшавии муҳити зист;

- муайян намудани ҳолати биологии морфологию анатомии олами наботот ва ҳайвонот, инчунин чорво ва зироати хоҷагии қишлоқ дар минтақаҳои ифлосшавии саноатӣ;

-ташкили низоми иттилоотии геологӣ аз рўйи меъёрҳои экологӣ;

-таҳияи шиноснома-каталог барои қитъа ва минтакаҳои эталонӣ бо мақсади пешгўии ҳодисаҳои табиии хатарнок;

-таҳия ва тасдиқи Низомнома оид ба низоми иттилооти экологӣ;

-арзёбии ҳолати қабати хокӣ-набототӣ ва пешгўии инкишофи минбаъдаи онҳо;

-таҳияи харитаи бухоршавии умумӣ ва миқдори намнокии минтақа;

-муайян намудани манбаҳои пайдоиши намудҳои ҳашароти зараррасони зироатҳои хоҷагии қишлоқ ва растаниҳои табиӣ, муайян кардани алоқамандии дараҷаи авҷи пайдоиши ин ҳашарот ба тағйироти ҳолати экологӣ, тартиб додани пешгўиҳо доир ба манбаҳои пайдоиш ва зичии намудҳои ин ҳашарот;

- арзёбии умумии ҳолати экологии минтақа ва омилҳои иҷтимоию иқтисодӣ бо дарназардошти фаъолияти хоҷагидорӣ ва пешгўии тағйироти муҳити табиӣ;

-таҳияи харитаи экологии комплексӣ, ки бо роҳи муқоисаи харитаҳои ифлосшавии муҳити зист ва мустаҳкамии геологии хоки минтақа тартиб дода шудааст. Дар асоси харитаҳои тартибдодашудаи экологӣ минтақабандӣ кардани ҳудудҳо аз рўйи сарбории экологӣ;

-таҳияи нақшаи комплексии минтақавии муҳофизати табиат бо дарназардошти таъминоти сиёсӣ, ташкилӣ, моддию техникӣ ва захиравии минтақа;

-таҳияи нақшаҳои ноҳиявии пешгирӣ ва рафъи ҳолатҳои хатарноки экологии имконпазир;

-таҳияи принсипҳои амалкунандаи нақшаи ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ, коркард ва таҳлили иттилоотии экологӣ барои таҳия ва амалигардонии чорабиниҳои ҳифзи муҳити зист дар сатҳи ноҳиявӣ ва ташкили системаи зудамали назоратӣ аз болои ҳолат ва манбаҳои ифлоскунандаи муҳити зист ва истифодаи захираҳои табиӣ;

-мустаҳкам кардани обкандаҳо, соҳили дарёҳо ва обанборҳо;

-ҳамоҳангсозии экология бо иктисодиёт, хоҷагии қишлоқ ва дигар соҳаҳои фаъолият;

-дар ҳудуди истихроҷи партовҳои Корхонаи воҳиди давлатии "Ширкати Алюминийи Тоҷик" ташкил намудани майдончаҳои таҷрибавию озмоишӣ;

-ташкили заминаи илмӣ барои стратегияе, ки ба ошкор намудани хатари экологӣ, арзёбии сатҳи хатар ва пешгирӣ ва ё кам кардани таъсири омилҳои зараровар ба саломатӣ равона шудаанд;

-таҳияи харитаи ҷойивазкунии пиряхҳо ва ҷараёни селҳо.

 

17. Механизмҳои иқтисодии беҳтар намудани вазъи экологӣ

 

Мақсади асосии ҷорӣ намудани механизмҳои иқтисодии истифодабарии табиат аз танзими муносибати байни истифодабарандагони табиат ва риояи меъёр, стандартҳо ва истифодаи самараноку оқилонаи табиат, инчунин ҳифзи сарватҳои табиӣ иборат мебошад.

Тадбирҳои иқтисодии беҳтар кардани вазъи экологӣ иборат аст, аз:

-истифодабарандагони табиат бояд барои истифодаи сарватҳои табиӣ мустақиман ва барои вайрон кардани ҳолати захираҳои табиӣ мустақиман ва ё ғайримустақим пардохтҳои экологӣ супоранд;

-мувофиқи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ зимни аз лимит (меъёрӣ, технологӣ) зиёд шудани партовҳо, истифодабарандагони табиат пардохтро ба андозаи 5 ва 10 карата месупоранд;

-дар ҳолати муайян кардани нархҳои яклухт ва чакана ба маҳсулоти истеҳсолшаванда дараҷаи ниҳоии хароҷоте, ки барои истеҳсоли ин маҳсулот сарф карда мешаванд, ба назар гирифта шаванд;

-таҳлил вз арзёбии иқтидори захиравию иқтисодии шаҳру ноҳияҳо ва хисороти иқтисодӣ аз ифлосшавии муҳити зист;

-таҳияи тавсияҳо дар сатҳи ноҳиявӣ оид ба такмили механизми иқтисодии истифодаи оқилонаи табиат, ҳифз ва беҳтар намудани вазъи муҳити зист, тандурустии аҳолӣ дар асоси қонунгузориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба худидоракунии маҳаллӣ ҷиҳати такмили механизми истифодабарии табиат;

-баҳисобгирӣ ва таҳлили қувваҳои истеҳсолкунанда ва ҷойгир кардани онҳо бо дарназардошти ғунҷоиши экологии минтақа;

-ҳамоҳангсозии барномаҳои рушди иҷтимоию иқтисодӣ, ҷойгиркунонии қувваҳои истеҳсолкунанда дар асоси Барномаи мазкур;

- нишондиҳандаҳои асосии иқтисодии истифодаи оқилонаи табиат, рақамҳои назоратие мебошанд, ки дар мувозинати маҳсулоти истеҳсолшаванда ва ҳаҷми ашёи хоми истифодашуда дохил буда, ба талаботи меъёрҳо ва технология мувофиқанд;

-нишондиҳандаҳои аз меъёр зиёд чун нишони вайронкунии қонунҳои иқтисодӣ ва ҳифзи табиат дониста мешаванд;

-фаъолияти бахшҳои давлатӣ ва хусусӣ, ки бо ҳисобу китоби арзишҳои экологӣ сару кор дошта, барои истеҳсолкунандагони маҳсулот ва ё табиатистифодабарандагон арзишҳои экологӣ муайян менамоянд, аз ҷумла дар арзиши умумии хароҷот ба нигоҳдорӣ ва ҳифзи муҳити зист алоқамандро дохил мекунанд, бояд ҳавасманд гардонида шаванд;

-ташкили сохторҳои байнисоҳавӣ (байни вазоратҳо) барои таҳия ва истифодаи воситаҳои ҳавасмандгардонии молиявӣ барои ҳифзи муҳити зист, ҳамчунин арзёбии самаранокии фаъолияти онҳо.

 

18. Беҳтар намудани низоми назорати экологӣ

 

Беҳтар намудани низоми назорати экологӣ иборат аст, аз:

-иҷрои таҳлилҳои техникию иқтисодии усулҳои ҳозиразамони назоратӣ оид ба ҳолати муҳити зист;

-дастрас ва истифодаи аксҳои аэрокайҳонӣ барои назорат аз болои ҳолати муҳити зист;

-аз ҳисоби нозирони ҳифзи муҳити зист ташкил намудани хадамоти гумруки экологӣ ҷиҳати назорат аз болои воридот ва содироти техника, технология ва дигар маводе, ки ба муҳити зист зарар мерасонанд;

-такмил ва васеъ намудани системаи назоратии ҳолати экологӣ дар асоси комплекси лаборатория - статсионарҳои мавҷуда ва навташкил, нимстатсионарҳо, назорати аэровизуалӣ;

-таҳия ва такмили усулҳои ошкор сохтани хавфи экологӣ ва арзёбии дараҷаи хатари экологӣ.

Ҳолатҳои бўҳронии гузашта ва имрўза, ки вазъият дар онҳо хеле тез ва ногаҳонӣ дигаргун ва боиси хатар ба ҷони одамон гашта, ба муҳити зист харобӣ меоварад (ҳаракати пиряхи Хирсон, обхезиҳо дар ҳавзаи дарёи Ёхсу (Кўлоб), фаромадани ярч дар Оби-гарм, Балҷувон, Роғун ва ғайра), таҳияи системаи чорабиниҳои ба ҳам алоқамандро оид ба пешгирӣ ва дар сурати ба амал омадан ба таври фаврӣ рафъ намудани онро тақозо менамояд.

Шарти асосии иҷрои ин вазифаи муҳим пеш аз ҳама истифодаи васеи воситаҳои муоинаи масофагӣ, истифодаи базаи дастгоҳҳои ҳозиразамон, рушди усулҳои коркарди маълумот ва ғайраҳо мебошанд. Аз ҳама муҳим он аст, ки минтақаҳои аз ин ҷиҳат ноустувор, ки метавонанд боиси рўй додани ҳолати номатлуби табиӣ гарданд, муайян карда шаванд.

Ба ҷумҳурӣ зарур аст, ки назарияи универсалии амалкунандае таҳия намояд, ки тавонад дар пешгўӣ ва рафъи оқибатҳои харобиовари табиат ва садамаҳои саноатӣ саҳм гузорад.

Аз назари илмӣ таҳияи асосҳои назариявию методии консепсия барои иншоотҳои калони минтақаҳои кўҳӣ, ки тавонанд мувофиқати ташкили хоҷагиҳои минтақавиро бо иқтидори табиӣ - захиравии минтақа таъмин намуда, ҳамчунин ба мақсади ҳифзи саломатии аҳолӣ, ҳифзи комплексҳои табиӣ ва генофонди табиат хизмат намоянд, зарур аст. Масъалаи ҳамбастагии объектҳои саноатӣ ва шароити табиӣ бисёр муҳим аст, чунки мавҷуд набудани баҳисобгирии хусусияти муҳити табиӣ зимни ҷойгир намудани корхонаи калони саноатӣ, метавонад боиси дар оянда сар задани садамаҳои вазнин барои одамон ва табиат гардад.

Ғайр аз ин, зарур аст, ки низоми пешгўи ва моделкунонии ҳолатҳои садамавӣ таҳия шуда, ин раванд бо техникаи компютерӣ таъмин карда шуда, аз экспертизаи экологӣ гузаронида шавад:

Бо мақсади пешгирӣ ва кам кардани хатари рух додани фалокатҳои экологӣ, маҳдуд кардани масоҳати онҳо ва таъмини бехатарии аҳолӣ зарур аст, ки чунин чорабиниҳо амалӣ карда шаванд:

-муайян намудани минтақаҳои хатари калони экологӣ дошта, бақайдгирии ҳамаи корхона ва иншоотҳои ин маҳал, ки метавонанд дар ҳолатҳои садамавӣ боиси ифлос гаштани муҳити атроф аз моддаҳои хавфноки химиявию биологӣ гарданд;

-муайян кардани минтақаҳои эҳтимолии сар задани фалокатҳои табиӣ, ҳолатҳои фавқулоддаи иқлимӣ;

-таҳия ва татбиқи чорабиниҳо ҷиҳати ҳадалимкон кам кардани хатари сар задани фалокати экологӣ, пеш аз ҳама дар корхонаҳои калони химиявӣ, газу нафт, анборҳои сўзишворӣ, марказҳои нигоҳдории моддаҳои радиоактивӣ, дарғотҳо, иншооти пешгирии сел ва ярҷ;

-таҳияи барномаи давра ба давра иваз кардани воситаҳои истеҳсолии кўҳнашудаи аз ҷиҳати экологӣ хатарнок бо воситаҳои истеҳсолии сифатан нав ва аз нигоҳи экологӣ безарар;

-ба низом даровардани рафти истеҳсол, коркард ва истифодаи моддаҳои заҳрнок, радиоактивӣ, зуддаргиранда ва тарканда бо мақсади кам кардани гардиши истеҳсолии онҳо;

-таҳияи меъёр ва қоидаҳои кашонидании моддаҳои хатарноки тарканда, заҳрнок ва зуддаргиранда ба воситаи нақлиёти автомобилӣ, роҳи оҳан, нақлиёти ҳавоӣ ва обӣ;

-таҳияи нақшаи ҷумҳуриявӣ оид ба бартарафсозии оқибатҳои имконпазири фалокатҳои экологӣ;

-ташкили марказҳои вилоятии кўмаки фаврии экологӣ (хизмати зудамал), марказҳои таҳлили вазъияти баамаломада ва қабули фаврии қарорҳо доир ба бартараф кардани зарари ҳолатҳои фавқулодда, иштирок дар ташкили маркази умумиҷаҳонии зудамал ва таъмини тайёрии он барои ошкорсозии фаврӣ, пешгўии вазъият ва хабардоркунии фаврии ташкилотҳои манфиатдор дар ҳолати ифлосшавии садамавии муҳити табиӣ, таъмини марказҳо бо кадрҳо ва воситаҳои ҳозиразамони техникӣ;

-дохил кардани талаботҳои экологӣ дар қоида ва меъерҳои сохтмонӣ, ки дар ҷумҳурӣ ҷойгир кардани иншоотҳои хатарнокро танзим намуда, иҷрои талаботи ҳатмиро дар ҳолати садамаи имконпазир ба ҷо меоранд;

-ҳангоми аз ҷиҳати экологӣ асоснок кардани ҷойгиркунии иншоотҳои хоҷагии халқ дар лоиҳа оид ба сар задани садама чораҳо пешбинӣ карда шаванд.

 

19. Такмили экспертизаи экологӣ

 

Тадбирҳо оид ба такмили экспертизаи экологӣ иборат аст, аз:

-тартиб додани нақшаи ҷойгиркунии иншоотҳои табиӣ ва таърихию маданӣ;

-барқарор кардани экспертизаи қатъии экологӣ, санитарӣ ва иқтисодӣ ҳангоми ба ҷумҳурӣ ворид намудани техника, технологияи нав ва заҳрхимикатҳою нуриҳои минералӣ, инчунин маҳсулотҳои дар таркибашон аз организмҳои зиндаи модификатсия кардашуда истифода шудаанд;

-дар вақти бастани шартнома, созишнома ва қарордодҳои байнидавлатӣ бояд дар банди махсус оид ба гузаронидани экспертизаи экологӣ зикр шавад;

-ҳангоми хусусигардонии иншоотҳо (заводу фабрикаҳо ва амсоли онҳо), табдили шакли фаъолият ва азнавсозии иншоотҳо, гирифтани хулосаи экспертизаи экологӣ;

-муайян кардани минтақаҳои имконпазири бўҳрони экологӣ ва роҳҳои пешгирии он;

-ҳангоми хусусигардонии иншоотҳо додани имтиёз ба саҳмиядороне, ки барномаи мукаммали экологӣ дошта, технологияи аз назари экологӣ навтаринро истифода мебаранд;

-ташкили махзани маълумот оид ба иншоотҳои аз экспертизаи экологӣ гузашта.

 

20. Маблағгузории Барнома

 

Маблағгузорӣ ҷиҳати таъмини иҷрои Барнома дар доираи маблағҳои пешбинишудаи соли буҷетӣ барои беҳтар намудани вазъи экологӣ равона карда шавад ва ҳангоми имзои шартнома, созишнома, қарордод ва протоколҳои ҳусни тафоҳум масъалаҳои ҳамкории экологиро пешбинӣ намоянд, инчунин аз ҳисоби маблағҳои махсус, шаҳрвандон ва дигар маблағҳое, ки хилофи қонунгузориҳои ҷумҳурӣ нестанд амалӣ гардонида мешавад.

Барои таъмини иҷрои чорабиниҳои Барнома корҳои зерин амалӣ гардонида мешавад:

-ташкили фондҳои гуногуни давлатӣ, ҷамъиятӣ ва хусусӣ доир ба ҳимояи иншоотҳои нодири табиӣ;

-додани имтиёзҳо ба иншоотҳои хоҷагии халқ, ки бо технологияи кампартов ва бепартов фаъолият доранд;

- дастгирии ҳаматарафаи иқтисодӣ, моддӣ-техникӣ ҷиҳати ихтироъ ва нусхабардории асбобҳои назорати экологӣ дар шароити Тоҷикистон;

-ҳавасмандгардонӣ ва муқаррар намудани имтиёзҳо ба ташкилот ва корхонаҳое, ки тавассути технологияи аз назари экологӣ бехавф маҳсулоти аз ҷиҳати экологӣ тоза истеҳсол мекунанд;

-зимни хусусигардонии корхонаҳо ва ё захираҳои табиӣ бояд як қисми маблағи руёнидашуда барои ҳифз ва барқарор кардани муҳити зист равона карда шавад;

-таҳияи барномаи инвеститсионӣ ҷиҳати беҳтар намудани вазъи экологии ҳар як ноҳияи экологӣ, ташкили комиссияи давлатӣ ҷиҳати таҳия, татбиқ ва иҷрои чунин Барнома.

 

21. Ҳамкории байналмилалӣ

 

Дар миқёси глобалӣ бад шудани сифати муҳити зист, зарурияти муттаҳид сохтани нерўи тамоми кишварҳоро баҳри рафъи хатари экологӣ, ҳифзи биосфераи замин ва ояндаи башар пеш овардааст.

Самтҳои асосии фаъолияти байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар даҳсолаи наздик аз инҳо иборатанд:

-ҳадалимкон кам кардани партовҳои зараровар ба манбаҳои обӣ, ҳавои атмосфера ва хок, ки метавонанд аз тариқи ҷараёнҳои обҳои сарҳадгузар, обанборҳо ва ҳавои атмосфера ба захираҳои табиии дигар давлатҳо таъсир расонанд;

-беҳтар намудани мубодилаи ахбор оид ба ҳолати муҳити зист ва иштирок дар ташкили системаи глобалии байналмилалии назорати экологӣ ва механизми байналмилалии ёрии таъҷилии экологӣ;

-такмили механизми ҳуқуқи байналмилалӣ, ки ҷидду ҷаҳди ҳамаи давлатҳо ва гурўҳҳои ҷамъиятиро баҳри ҳимояи шароитҳои муътадили зист дар ҳамбастагӣ бо табиат таъмин менамояд;

-ташкили хадамоти экологии байниидоравӣ ва байнидавлатӣ;

-рушди ҳамкорӣ ҷиҳати таҳия ва татбиқи технологияи захираҳифзкунандаи аз назари экологӣ тозаи бепартов;

Аз рўи маълумотҳои мавҷуда, ҳоло дар дунё қариб 140 конвенсия ва созишномаҳои бисёрҷониба оид ба ҳифзи табиат амал мекунанд. Иштироки ҷумҳурӣ дар ҳамкориҳои байналмилалӣ оид ба иҷрои конвенсия ва шартномаҳо барои ҳалли проблемаҳои миллӣ ва минтақавӣ ҷиҳати ҳифзи муҳити зист мусоидат хоҳад кард, масалан:

-паст кардани таъсири байнисарҳадии моддаҳои ифлоскунанда ба Осиёи Миёна ва баръакс;

-кам кардани партовҳои моддаҳои ифлоскунанда дар ҳавзаи Сирдарё ва Амударё;

-танзими истифода ва паст кардани сатҳи ифлосшавии байнисарҳадии оби Сирдарё ва Амударё;

Баҳри баланд бардоштани самаранокии иштироки мамлакат дар бахши ҳамкориҳои ҳамаҷониба доир ба масоили ҳифзи табиат зарур аст, ки ҳамкориҳо бо дигар ташкилотҳои байналмилалӣ ва муассисаҳои махсусгардонидашуда вусъат ёбад.

Вобаста ба ин дар ҷараёни ҳамкориҳои байналмилалӣ ба масъалаҳои зерин бояд диққат дода шавад:

-такмили принсипҳои байналмилалии, табиатистифодабарӣ бо асосҳои илмӣ ва ҳуқуқии ҳалли проблемаҳои байналмилалии экологӣ;

-идораи иқтисодии сифати муҳити зист;

-таҳия ва истифодаи стандарт ва меъёрҳои экологӣ;

-такмили метод, усул ва воситаҳои мукаммали назорати муҳити зист;

-нигоҳ доштани гуногунии биологии муҳит, такмили нигоҳдошти мамнўъгохҳо;

-таҳия ва татбиқи технологияи истеҳсолии кампартов ва бепартов, таҷҳизоти партов, об ва ҳавотозакунӣ;

-такмили донишҳои экологӣ;

-васеъ сохтани доираи мубодилаи ахбори экологӣ.

 

22. Беҳтар намудани таълим ва тарбияи экологии аҳолӣ ва тайёр кардани кадрҳо

 

Мақомоти минтақавӣ, маҳаллӣ, роҳбарони вазорату идораҳо, корхонаҳо ва муассисаҳои ҷумҳуриро зарур аст, ки баҳри баланд бардоштани сатҳи донишу маърифати экологии аҳолӣ заминаҳои моддию техникии таълим (бино, восита, нақлиёт)-ро пурзўр намоянд.

Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи донишҳои экологӣ зарур аст:

-Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо дигар вазоратҳои манфиатдор барои бунёди стратегияи ягонаи таълиму тарбияи экологӣ ва омода намудани кадрҳо дар соҳаи таълиму тарбияи аҳолӣ дар бахши ҳифз ва беҳтар намудани муҳити зист тадқиқоти илмӣ ва озмоишҳоро ташкил диҳанд;

-Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баланд бардоштани сатҳи донишҳои экологии роҳбарон ва мутахассисони ҳамаи соҳаҳо дар донишкадаҳои соҳавии такмили ихтисоси назди марказҳои экологии вилоятҳо курсҳои ба ҳифзи муҳити зист бахшидашударо зиёд намоянд;

-ба Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон супурда шавад, ки дар якҷоягӣ ҳуҷҷатҳои зарурии методӣ, китоб ва дастурҳои таълимии соҳаи ҳифзи муҳити зистро таҳия ва мавриди баҳрабардорӣ қарор диҳанд.

Бо мақсади маълумоти зарурӣ таъмин намудани табақаҳои васеи аҳолӣ оид ба ҳифзи муҳити зист ва истифодаи самараноки сарватҳои табиӣ, ҳамчунин паҳн кардани таҷрибаи пешқадам ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон зарур аст, ки чорабиниҳои зеринро амалӣ созад:

-тамоми корҳои экологӣ - маърифатиро дар ҷумҳурӣ ҳамоҳанг сохта, барои васеъ намудани фаъолияти клубҳои экологӣ, марказҳои экологӣ, лагерҳои мавсимии самти экологӣ доштаи мактаббачагон, пурзўр намудани нақши тарбияи экологии аҳолӣ оид ба парваришгоҳҳо, боғҳои миллӣ ва дигар марказҳои истироҳатӣ мусоидат намояд;

-ҳамкориҳои байналмилалиро дар бахши маърифат ва тарбияи экологӣ васеъ намояд.

Дар фаъолияти Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи тарбияи аҳолӣ ва ташаккули ақидаи ҷамъиятӣ бояд ҷойи намоёнро ишғол намояд, ки ин бо роҳҳои зерин амалӣ карда мешавад:

-рушди таблиғоти комплексии донишҳои муҳими экологӣ бо истифода аз воситаҳои ахбори омма, ташкилотҳои ҷамъиятӣ дар асоси муносибати хоса ба табақаҳои гуногуни аҳолӣ;

-таъмини ихтиёрӣ ва алоқамандии таълими экологии расмӣ ва ғайрирасмӣ;

-таҳияи барномаҳои таълимии ҳифзи муҳити зист, ки тавассути воситаҳои ахбори омма паҳн карда мешаванд;

-баланд бардоштани савияи дониш ва тахассуси экологии кормандони соҳаи телевизион, кино, рўзноманигорон, кормандони радио, коргардонҳо ва ғайра.

 

23. Беҳтар намудани таъминоти иттилоотӣ - методӣ оид ба экология

 

Бо мақсади таъмини иттилооти комплексии ҳифзи муҳити зист дар мамлакат, таҳия ва татбиқи сиёсати ягонаи ҳифзи муҳити зист ва истифодаи оқилонаи сарватҳои табиӣ, ҳамчунин танзими фаъолияти вазорат ва идораҳо оид ба ин масъалаҳо то соли 2010 бояд системаи экологии иттилоотӣ ташкил карда шавад. Ин система бояд заминаи асосии системаи идоракунии сифати ҳифзи муҳити зист гардад. Барои ташкили чунин система дар заминаи шаклҳои мавҷуда ва пешбинишуда сохтори якҷояи иттилоотӣ ташкил кардан мувофиқи мақсад аст. Бо ин мақсад зарур аст, ки;

-марказҳои минтақавӣ - ҷумҳуриявии экологӣ ташкил карда шаванд (зинаи поёни онҳоро метавон дар заминаи раёсатҳои ҳифзи муҳити зисти вилоятҳо созмон дод);

-баҳисобгирии системаи мавҷудаи экологии иттилоотӣ ва махзани маълумот гузаронида шавад.

 

24. Вазифаҳои марказҳои миллии экологӣ ва дигар марказҳо

 

Вазифаҳои марказҳои миллии экологӣ ва дигар марказҳои марбута иборат аст аз:

-ҷорӣ кардани махзани маълумоти марказонидашуда дар бораи ҳифзи муҳити зист;

- ҷорӣ кардани кадастри сарватҳои табиӣ, олами ҳайвонот ва наботот;

-таҳияи стандартҳои ягонаи сифати муҳити зист;

-таҳлил ва пешгўии таъсири фаъолияти хоҷагидорӣ ба минтақаи маркази экологии масъул;

-арзёбӣ ва пешгўии таъсири байниминтақавӣ;

-ҷамъбаст ва банизомдарории натиҷаҳои экспертизаи экологии лоиҳаи сохтмон ва дигар иншоотҳо, ки ба вазъи экологии муҳит таъсир мерасонад;

-васеъ намудан ва такмили системаи мубодилаи ахбори экологӣ бо ташкилотҳои байналмилалӣ ва марказҳои соҳавии иттилоотӣ;

-муттаҳидсозии нақша-барномаҳои илмӣ-тадқиқотӣ, истеҳсолӣ ва марказҳои таълимӣ дар ассотсиатсияи ягонаи қувваҳои экологӣ ҷиҳати ҳалли масъалаи экологӣ ва ҳифзи муҳити зист, ҳамоҳангсозии кори онҳо аз як марказ;

-баланд бардоштани салоҳият ва пурзўр кардани иқтидори марказҳои миллии экологӣ;

-ташкили бахшҳои доимоамалкунандаи курсҳои такмили ихтисос оид ба экология ва ҳифзи муҳити зист барои ҳамаи ихтисосҳо ва воситаҳои ахбори умум;

-ташкили системаи таълими экологӣ баҳри тайёр намудани кадрҳои роҳбарикунанда ва мутахассисоне, ки ба истеҳсолот, пеш аз ҳама ба масъалаҳои ҳифзи муҳити зист масъуланд.

Дараҷаи баланди таъмини илмии Барнома бояд дар заминаи тадқиқотҳои бунёдии проблемаҳои илмии байнисоҳавии доираи фаъолияти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, тадқиқотҳои биосферӣ ва экологии пажўҳишгоҳҳои соҳавӣ, таълиму тарбияи аҳолӣ дар давраи то соли 2012 сурат гирад.

Дар соҳаи тадқиқоти системаи таъсири байниҳамдигарии табиат ва фаъолияти хоҷагидорӣ дар асоси консепсияи ташаккули биосфера, саъю кўшиши коллективҳои пажўҳишгоҳҳои илмӣ-тадқиқотӣ, донишкадаҳои илмӣ, лоиҳакашӣ, тарҳрезӣ, технологӣ ва дигар ташкилотҳоро бояд ба таҳияи чунин самтҳо равона кард:

- муайян кардани устувории муҳити зист ба таъсири антропогенӣ ва муайян намудани қонунияти эволютсионии биосфера дар шароити рушди фаъолияти хоҷагидорӣ;

-таҳияи системаи "маҳдудкунандаҳо" (меъёрҳо ва стандартҳои ҳолати таркиби системаи табиӣ-техникӣ, масалан методҳо ва меъёрҳои конденсатсияи ҳаво, ки нобудшавии набототи таркиби экосистемаҳои обии хок, меъёрҳои истифодаи оқилонаи об, заминро инкор менамоянд ва ғайра);

-таҳияи маҷмўи маҳдудкуниҳои экологӣ;

-таҳияи усулҳои нав ва такмили усулҳои мавҷудаи картографияи экологии минтақаҳо (аз ҷумла дар асоси истифодаи техникаи компютерӣ), ташкили атласи экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва минтақаҳои алоҳидаи он.

Дар соҳаи тадқиқотҳои илмии фаъолияти мамнўъгоҳҳо ва минтақаҳои ҳифзшаванда:

- такмили сохтори назоратӣ аз болои ҳолати комплексҳои табиӣ дар мамнўъгоҳҳо, ташкили мониторинг дар мамнўъгоҳҳо, таъмини ҳамоҳангсозии (унификация) нишондиҳандаҳои муайяншудае, ки тағйирёбии экосистемаҳои ҳифзшавандаро таъмин мекунанд;

-таҳияи асосҳои меъёрии ҳуқуқии фаъолияти мамнўъгоҳҳо ва дигар минтақаҳои ҳифзшаванда;

-васеъ намудани ҳамоҳангсозии байналмилалӣ дар бахши кори мамнўъгоҳҳо, таҳия ва татбиқи барномаҳои мақсадноки экологӣ дар заминаи минтақаҳои табиии ҳифзшаванда.

 

25. Беҳтар намудани санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба экология

 

Ҷиҳати расидан ба мақсадҳои ҳифзи муҳити зист ва истифодаи оқилонаи сарватҳои табиӣ ҳамоҳангсозии меъёр ва қоидаҳои фаъолияти хоҷагидории табиатистифодабарандагон, ки риояи онҳо иҷрои талаботҳои қонунгузориҳои ҳифзи муҳити зисти ҷумҳуриро таъмин мекунанд, хеле муҳим аст.

Нақши меъёр ва қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар соҳаи сохтмонҳои асосӣ, ки васеъшавии азнавистеҳсолкунии ҳамаи фондҳои асосиро дар бар мегиранд, хеле калон аст.

Меъёр ва қоидаҳои ҳифзи муҳити зист метавонанд баҳри амалӣ гаштани нишондиҳандаҳои қонунҳо дар ҳуҷҷатҳои меъёрии техникӣ, ки ҳангоми истихроҷ, истеҳсол ва истеъмоли маҳсулот (энергия, техникаи нав, масолеҳ, моддаҳо ва ғайра) ва инчунин ҷойгир кардан, лоиҳакашӣ, сохтмонҳои нав, азнавсозӣ ва истифодаи иншооту комплексҳои амалкунанда истифода бурда мешаванд, мусоидат намоянд.

Консепсияи меъёр ва қоидаҳои ҳифзи муҳити зист дар таъмини мувофиқати фаъолияти табиатистифодабарандагон ба мавҷудияти объективонаи қонунӣ ва инкишофи муҳити зист зоҳир мегардад.

Аз ин лиҳоз, қоида ва меъёрҳои ҳифзи муҳити зист системаи ҳамоҳангсохтаи (стандарткардашуда) тартиберо бояд дар бар гирад, ки риояи онҳо фаъолияти мўътадили комплексҳои минтақавии табиӣ (ландшафт), ҷузъҳои муҳити зист (атмосфера, гидросфера, литосфера, олами наботот ва ҳайвонот) бо мақсади эмин доштани функсияи ташкилкунанда ва азнавташкилкунандаи муҳити зист ва бунёди муҳити мусоиди зисти инсон ва ҳамчунин истифодаи оқилонаи сарватҳои табииро таъмин мекунад.

Бо сабаби пурзўр гаштани талаботҳо ҷиҳати экологиякунонии идораи истифодаи табиат зарур аст, ки заминаҳои боэътимоди меъёр, қоида ва стандартҳои истифодаи табиат ташкил карда шаванд. Барои ба низом даровардани меъёр, қоида ва стандартҳои мавҷудаи истифодаи табиат, ҳифзи он, ташкили сохтори ягонаи бамеъёрдарории ҳифзи табиат дар ояндаи наздик зарур аст, ки масъалаҳои зерин ҳаллу фасл карда шаванд:

-таҳияи низомномаи умумӣ оид ба бамеъёрдарории ҳифзи муҳити зист, ки мундариҷа, функсия, иншоотҳо, ҳолати ҳуқуқии меъёр, қоида, стандартҳоро муайян мекунад;

-мутамарказонидани самт ва шаклҳои истифодаи меъёр ва стандартҳои гуногун дар системаи ягона, ки ҳамоҳангӣ ва мувофиқати онҳоро барои истифода дар бахши идора ва банақшагирии фаъолияти хоҷагидорӣ таъмин мекунад;

-таҳияи принсип ва методҳои қабул ва асосноккунии меъёр ва стандартҳои ҳифзи муҳити зист, ки дастовардҳои муосири техника ва технология, ҳамчунин хусусиятҳои табиатро дар бар гирифта, тартиби таҳия, экспертиза, мувофиқа ва пешбурди меъёр ва стандартҳоро дар фаъолияти амалӣ муайян менамояд;

-ба минтақаҳои ҷудогона тақсим кардани ҳудуди ҷумҳурӣ бо мақсади бамеъёрдарорӣ ва стандарткунонии ҳифзи табиат бо дарназардошти хусусиятҳои истифодаи хоҷагии минтақа ва хусусиятҳои табиии тобовар ба таъсиррасониҳои гуногуни фаъолияти одам;

-таҳияи меъёри мутамарказонидашудаи таъсири антропогенӣ ба табиат ва унсурҳои он барои ноҳияҳои калони табиию хоҷагидории ҷумҳурӣ;

-ташкили системаи ҷумҳуриявии геологии иттилоотӣ, ки назорати бевоситаи таҳия, ислоҳ, экспертизаи меъёр ва стандартҳоро таъмин месозад;

-таҳия ва қабули қонунҳо ва зерқонунҳо доир ба суғуртаи экологӣ;

-мутобиқкунонии стандартҳои сифат ба конвенсияҳои байналмилалӣ;

-дар ҳамаи санадҳои қонунии меъёрии хусусигардонии корхонаҳо дохил кардани моддаҳо оид ба ҳифзи муҳити зист;

-дар нуқтаҳои фурўши маҳсулот ташкил кардани шакли баргардонии зарфҳои шишагӣ ва ғайраҳо;

-пурзўр кардани интизом ва эътимоднокии ҳисоботҳои экологӣ дар ҳамаи вазоратҳо, муассисаҳо ва амалиёти бонкӣ;

-дар вақти муайян намудани арзиши маҳсулоти истеҳсолшуда, ворид кардани коэффисиенти экологӣ дар ҳаҷми на камтар аз 3 фоизи арзиши маҳсулот, дар шакли андози экологӣ.