ҲУКУМАТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ҚАРОР
ДАР БОРАИ ТАСДИҚИ БАРНОМАИ ДАВЛАТИИ ЭКОЛОГИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
БАРОИ СОЛҲОИ 2009-2019
Мутобиқи моддаи 8 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи дурнамоҳои давлатӣ, консепсияҳо ва барномаҳои инкишофи иҷтимоию иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ва бо мақсади таъмини истифодаи оқилонаи захираҳои табиии Ҷумҳурии Тоҷикистон, беҳдошти ҳолати замин, бешазорҳо, захираҳои об, ҳавои атмосферӣ, гуногунии биологӣ, бахусус намудҳои наботот ва ҳайвоноти нодир, аз ҷумла нестшудаистода ва солимгардонии вазъи саломатии аҳолӣ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
1.Барномаи давлатии экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2019 тасдиқ карда шавад.
2.Вазорату идораҳои ҷумҳурӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо номгўи чорабиниҳои мушаххасро ҷиҳати таҳия намудани Нақшаи чорабиниҳои татбиқи Барномаи давлатии экологии Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои солҳои 2009-2019 ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намоянд.
5.Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон якҷоя бо Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва марказҳои миллии марбута, то охири соли 2009 барои роҳбарони вазоратҳо, корхонаҳо, идораҳо, ташкилотҳо ва масъулини соҳаи экология курсҳои доимоамалкунандаи такмили ихтисоси маълумоти экологиро ташкил намояд.
6.Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 2009 сар карда, ҳангоми пешбурди корҳои илмию тадқиқотӣ, лоиҳакашию конструкторӣ ва таҳияи нақшаҳо, бахшҳои экологӣ, истифодаи техника ва технологияи нав, масъалаҳои ба беҳдошти табиат мусоидаткунандаро ворид намоянд.
Раиси
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
аз 27 феврали соли 2009 № 123
ш. Душанбе