ФАРМОНИ

РАЁСАТИ ШӮРОИ ОЛИИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН 

ДАР БОРАИ АВФ

 

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1994, №15-16, мод. 280)

 

Ба мақасди мўътадилсозии  минбаъдаи вазъияти ҷамъиятию сиёсӣ ва ноилгардӣ ба мусолиҳаи пурра  ва  созиш ва  ба  шарафи  сеюмин  солгарди  эълоншудани  истиқлолияти  давлатии  Ҷумҳурии    Тоҷикистон,  мувофиқи    принсипҳои   инсондўстона,   моддаи   108-уми   Конститутсияи    Ҷумҳурии   Точикистонро асоси  амал  қарор  дода,  Раёсати  Шўрои  Олии  Ҷумҳурии Тоҷикистон   қарор  мекунад:

 

  1. Аз ҷазои маҳрум кардан аз озодӣ,  новобаста  аз  мўҳлати   таъиншуда,  инчунин   аз   ҷазоҳои   новобаста   аз  маҳрумият   аз  озодӣ  маҳкумшудагони   зайл  озод  карда  шаванд:

а)  мардони  аз  50-сола боло ва  занҳои  аз  45-сола  боло;

б)  занҳое,   ки  кўдакони  ноболиғ  доранд  ва  занҳои  ҳомила;

в)  маъюбони  гурўҳҳои  I  ва II;

г)  иштирокчиёни  Ҷанги   Бузурги   Ватанӣ  ва  шахсони   ба  онҳо  баробаркардашуда;

д)  онҳое,  ки  дар  амалиёти  ҷангӣ баҳри  ҳифзи  сохти  конститутсионӣ  дар  ҷумҳурӣ  иштирок  кардаанд;

 

  1. Занҳои ба ҷазои маҳмури кардан  аз  озодӣ  то  ҳафт  соли  пурра  маҳкумшуда, ки  на  камтар  аз сеяки  мўҳлати  таъиншударо  адо  кардаанд,  инчунин  занҳои  ба  ҷазои  новобаста  аз  маҳрумият  аз  озодӣ  маҳкумшуда,  ки  ба  амали моддаи  1-и  ҳамин   Фармон  дохил  намешаванд,  аз  ҷазо  озод  карда  шаванд.

 

  1. Ноболиғоне, ки бори аввал  ба  мўҳлати  то  ҳафт  соли  пурра  аз озодӣ  маҳрум  шудаанд, ё  ба  ҷазое,  ки бо  маҳрум  шудан  аз  озодӣ  вобаста  нест,  аз  ҷазо  озод  карда  шаванд.

 

  1. Маҳкумшудагоне, ки  аз  беэҳтиётӣ  ҷиноят  содир  кардаанд  аз ҷазо  озод  карда  шаванд:

а)  барои  содир  кардани  ҷинояте,  ки  ба  мўҳлати  то  ҳафт соли  пурра  маҳкум  шудаанд  ва  агар  мўҳлати  ҷазо  зиёда  аз  ҳафт  сол  бошаду  на  камтар  аз  сеяки  мўҳлати  ҷазоро  адо  карда  бошанд;

б)   барои содир  кардани  ҷиноят  аз  озодӣ  шартан  бо  ҳатман  ҷалб  намудан  ба  меҳнат маҳкум   шудаанд;

в)  бо маҳрум кардан аз озодӣ маҳкум шудаанду аз ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ бо ҳатман ҷалб кардан ба меҳнат озод карда шудаанд;

 

  1. Шахсони зерин, ки бо маҳрум кардан аз озодӣ маҳкум шудаанд, аз ҷазо озод карда шаванд:

а) онҳое, ки ба ҷазои маҳрум кардан аз озодӣ то панҷ соли пурра маҳкум шудаанд;

б)  онҳое, ки аз озодӣ шартан бо ҳатман ҷалб намудан ба меҳнат маҳкум  шудаанд;

в) онҳое,  ки ба  ҷазои  маҳрум  кардан  аз  озодӣ  маҳкум   шудаанду  аз  ҷойҳои  маҳрумият  аз  озодӣ  шартан  бо  ҳатман  ҷалб  кардан  ба  меҳнат   озод  карда  шаванд;

г) онҳое,  ки  ба   корҳои ислоҳотӣ  маҳкум  карда  шудаанд;

д)  шахсоне,  ки ҷарима  андохта  шудаанд,  агар  то  эътибор  пайдо  кардани ин  Фармон  ҷарима  ситонида  нашуда  бошад.

 

  1. Чунин шаҳрвандони  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  аз  ҷавобгарии  ҷиноятӣ  озод карда  шаванд:

а)  шахсони  дар  қаламрави  Давлати  Исломии  Афғонистон,  ё  дар  дигар  мамлакатҳои  хориҷии  наздик  ва  кишварҳои  хориҷӣ  қарордоштае,  ки   ба  ҳайати  воҳидҳои мусаллаҳи  ба  муқобили  ҳокимияти  мавҷудаи  қонунии   Ҷумҳурии  Тоҷикистон  амалкунанда  дохил  нестанд  ва  ё  ихтиёран  аз  ҳайати  ин  воҳидҳо  баромада,  дар  мўҳлати  то  20  сентябри  соли  1994  ба  Ҷумҳурии   Тоҷикистон   баргаштаанд;

б)  шахсоне,  ки  дар  ҳайати  воҳидҳои  мусаллаҳи ғайриқонунии дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон амалкунанда будаанд, дар сурати ихтиёран аз ҳайати ин воҳидҳо баромада, дар мўҳлати то 20 сентябри соли 1994 супоридани яроқ.

 

  1. Баррасии ҳамаи парвандаҳои тафтишотӣ ва парвандаҳое, ки аз тарафи додгоҳҳо баррасӣ нагардиданд, қатъ карда шаванд;

а) парвандаҳои ҷиноятҳое, ки то эътибор пайдо кардани ҳамин Фармон аз тарафи шахсони дар моддаи 1-и Фармон номбаршуда содир гардиданд;

б) парвандаҳои ҷиноятҳое, ки барои онҳо ҷазо дар шакли маҳрум кардан аз озодӣ ба муддати то ҳафт соли пурра ё ҷазое пешбинӣ шудааст, ки бо маҳрум кардан аз озодӣ вобаста набуда, онҳоро то эътибор пайдо кардани  ҳамин Фармон занҳо ва ноболиғон содир кардаанд;

в) парвандаҳои ҷиноятҳое, ки барои онҳо ҷазо дар шакли маҳрум кардан аз  озодӣ дар муддати то панx соли пурра ё ҷазое пешбинӣ шудааст, ки бо  маҳрум кардан аз озодӣ вобаста набуда, онҳоро то эътибор пайдо кардани  ҳамин Фармон содир кардаанд.

 

  1. Шахсоне, ки дар моддаҳои 1,2,3,4,5 ва 7-уми ҳамин Фармон номбар шудаанд, аз ҷазо озод карда шаванд:

а) шахсоне, ки барои ҷиноятҳои махсусан хатарноки давлатӣ маҳкум  шудаанд;

б) шахсоне, ки аз рўи моддаҳои 74,76,77, қисмҳои 3,4-уми моддаи 89, қисмҳои 3,4-уми моддаи 90, моддаи 91, қисми 3-юми моддаи 92, қисми 3-юми 93, моддаҳои 96, 104,105,111, қисмҳои 2,3,4-уми моддаи 121, қисмҳои 3,4-уми моддаи 154, қисмҳои 2,3,4-уми моддаи 155, моддаи 156, қисми 3-юми моддаи 157, моддаҳои 160,186,187,1871, 2033,2061, қисми 3-юми моддаи 220, моддаҳои 227,233, моддаҳои 2341, 240, 2401,2402, 2403, 241,242,2422 -и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳкум шудаанд;

в) шахсоне, зиёда аз ду бор барои ҷиноятҳои барқасд, инчунин пештар барои ҷиноятҳои дар банди «а» ва «б»-и  ҳамин модда зикршуда суд шудаанд;

г) онҳое, ки ресидивистҳои махсусан хавфнок дониста шудаанд;

д) онҳое, ки пештар ба тариқи авф ё авфи умумӣ озод шудаанду боз барқасд ҷиноят содир карданд, инчунин шахсоне, ки шартан пеш аз мўҳлат озод шудаанд ва дар давоми мўҳлати тамом нашудаи ҷазо аз нав қасдан ҷиноят содир карданд;

е) шахсоне, ки режими нигоҳдориро барқасдона вайрон карданд.

 

  1. Мўҳлати боқимондаи ҷазои шахсоне, ки мувофиқи ҳамин Фармон аз ҷазо озод намешаванд, кам карда шавад:

а) онҳое, ки ба корҳои ислоҳотӣ бе маҳрум кардан аз озодӣ маҳкум шудаанд –  нисфи мўҳлати ҷазо;

б) онҳое, ки шартан ба маҳрум намудан аз озодӣ бо ҳатман ҷалб кардан ба меҳнат ҷазо гирифтаанд ва аз ҷойҳои маҳрумият аз озодӣ бо ҳатман ҷалб кардан ба меҳнат шартан озод шудаанд, ба ғайр аз шахсоне, ки дар бандҳои «б» ва  моддаи 2-юми ҳамин Фармон нишон дода шудаанд – нисфи  мўҳлати ҷазо;

в) маҳкумшудагоне, ки ҷазоро дар муассисаҳои ислоҳо меҳнатӣ адо мекунанд ва на камтар аз сеяки мўҳлати ҷазоро адо намудаанд;

-  шахсоне, ки на бештар аз ду бор ба ҷазои маҳрум кардан аз озодӣ маҳкум шудаанд - нисфи мўҳлати ҷазо;

-  шахсоне, ки бештар аз ду бор ба ҷазои маҳрум кардан аз озодӣ маҳкум шудаанд – сеяки мўҳлати ҷазо.

 

  1. Мувофиқи моддаи 9-уми ҳамин Фармон мўҳлати ҷазои шахсоне, ки режими нигоҳдориро дағалона вайрон мекунанд, шахсоне, ки пештар ба тариқи авф ё авфи умумӣ аз ҷазо озод шудаанду боз қасдан ҷиноят содир кардаанд, инчунин нисбати шахсоне, ки шартан пеш аз мўҳлат озод шудаанду дар давоми мўҳлати тамомнашудаи ҷазо боз қасдан ҷиноят содир кардаанд кам карда нашавад.

 

  1. Ҳамин Фармон аз рўзи қабул шуданаш эътибор пайдо мекунад ва шахсоне, ки аз тарафи додгоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳкум шуда, тавассути мақомоти тафтишотии ҷумҳурӣ ба ҷавобгарии  ҷиноятӣ  кашида  шудаанд,  инчунин  ба  шахсоне, ки дар моддаи 6-уми ҳамин Фармон номбар шудаанд, татбиқ мегардад  ва дар муддати шаш моҳ воҷиби иҷро мебошад.

 

 

Раиси

Шўрои Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                     Э. Раҳмонов

 

ш. Душанбе, 25 августи соли 1994

№315