ҚОНУНИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ АЗ ЭЪТИБОР СОҚИТ ДОНИСТАНИ БАЪЗЕ ҚОНУНҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Моддаи 1. Қонунҳои зерини Ҷумҳурии Тоҷикистон аз эътибор соқит дониста шаванд:
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 апрели соли 1990, №65 «Дар хусуси тасдиқ намудани Укази Президиуми Совети Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи савганди судяҳо ва машваратчиёни халқии судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» (Ведомостҳои Совети Олии Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон, с. 1990, №9, мод. 157);
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 апрели соли 1990, №67 «Дар хусуси тасдиқ намудани Укази Президиуми Совети Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баъзе хусусиятҳои татбиқи асосҳои қонунгузории Иттифоқи РСС ва республикаҳои иттифоқӣ дар бобати иҷора дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» (Ведомостҳои Совети Олии Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон, с. 1990, №9, мод. 159);
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 апрели соли 1990, №68 «Дар хусуси тасдиқ намудани Укази Президиуми Совети Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи зиёд кардани ҷавобгарӣ барои амалиёте, ки ба муқобили тартиботи ҷамъиятӣ ва бехатарии гражданинҳо равона карда шудааст» (Ведомостҳои Совети Олии Республикаи Советии Сотсиалистии Тоҷикистон, с. 1990, №9, мод. 160);
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 сентябри соли 1991, №398 «Дар бораи интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон» (Ахбори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1991, №18, мод. 245);
- Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 ноябри соли 1992, №700 «Дар бораи аз андози арзиши иловашуда озод кардани роҳхатҳо ба табобатгоҳҳои санаторию курортӣ, истироҳатгоҳҳо ва лагерҳои солимгардонии тобистона» (Ахбори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1992, №21-22, мод. 303).
Моддаи 2. Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе,
28 декабри соли 2013,
№ 1043