ҚОНУНИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Дар бораи таъмини нафақаи хизматчиёни Ҳарбӣ

 

(Ахбори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.1994, № 23-24, мод.462;

Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон с.1996, №4, мод.62; с.1998, №10, мод.119; с.2002, №4, қ.1, мод.161;  с.2003, №4, мод.142; с.2008, № 6, мод.452; с.2009, №3, мод.92; с.2014, №11, мод.660;

Қонуни ҶТ аз 25.12.2015 с., №1264)

 

Боби 1.

ҚОИДАҲОИ УМУМӢ

 

Моддаи 1. Шахсоне, ки амали  Қонуни мазкур  нисбати онҳо татбиқ мегардад

 

Муқаррароти Қонуни мазкур нисбати шахсони зерин татбиқ мешаванд: (ҚҶТ аз 27.11.14с., №1151)

а) сокинони Ҷумҳурии Тоҷикистон:

шахсоне, ки хамчун афсар ва прапоршик ё аз рӯи қарордод ба сифати сарбоз, сержант ва старшина дар Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар кӯшуни cарҳаддӣ ва дохилӣ, кӯшуни мудофиаи гражданӣ, мақомоти амният ва дигар воҳидҳои ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мувофиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шудаанд, хизмати ҳарбиро адо кардаанд ва оилаҳои онҳо;

шахсони ҳайати афсарӣ, прапоршикҳо, мичманҳо ва хизматчиёни ҳарбии зиёдамӯҳлат, ки дар Қувваҳои Мусаллаҳ, кӯшун ва мақомоти бехатарии давлатӣ, қӯшунҳои дохилӣ ва роҳиоҳанӣ, дигар воҳидҳои ҳарбии собиқ Иттиҳоди ҶШС хизмати ҳарбиро ба ҷо овардаанд ва аҳли оилаи ин ашхос; (ҚҶТ аз 25.12.15с., №1264)

 шахсони ҳайати қаторӣ ва фармондеҳӣ, ки дар мақомоти корҳои дохилӣ, муассиса ва мақомоти системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ хизмат кардаанд, шахсони дорои рутбаи махсуси мақомоти гумрук, ҷузъу томҳои Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, судяҳои Коллегияи ҳарбии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, судҳои ҳарбии гарнизонҳо (минбаъд – судяҳои суди ҳарбӣ) ва кормандони мақомоти прокуратураи ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон, собиқ Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ ва аҳли оилаи онҳо; (ҚҶТ аз 26.03.09с., №499; аз 25.12.15с., №1264)

шахсони дар моддаи 4-уми ин Қонун нишондодашуда ва аҳли оилаи онҳо – ба шарте ки дар аҳдномаҳо (созишномаҳо) оиди таъми­ни иҷтимоӣ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё собиқ Иттиҳоди ҶШС бо он давлатҳо бастааст, ба роҳ мондани таъмини нафақаи онҳо тибқи қонунгузории давлате, ки дар қаламрави он номбаршудагон зиндагӣ мекунанд, пешбинӣ шуда бошад; (ҚҶТ аз 26.03.09с., №499)

б) шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба сифати афсар, прапоршик ва мичман ё аз рӯи қарордод ба сифати сарбоз, матрос, сержант ва старшина дар Қувваҳои Мусаллаҳ, кӯшунҳои cарҳадӣ, дохилӣ ва воҳид­ҳои алоқаи ҳукуматӣ, кӯшуни мудофиаи гражданӣ, мақомоти амният ва кашфи хориҷӣ, дигар воҳидҳои ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва собиқ Иттиҳоди ҶШС, ки мувофиқи қонун ташкил шудаанд, хизмати ҳарбиро ба ҷо овардаанд ва аҳли оилаи ин ашхос, ки маскуни давлатҳои собиқ ҷумҳуриҳои ИҶШС буда ва ин давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил намебошанд, агар дар қонунгузориҳои давлатҳои мазкур таъмини нафақаи ашхоси номбурда дар асоси барои шахсони хизмати ҳарбиро баҷооварда ва аҳли оилаи онҳо пешбинӣ нашуда бошад.

Таъмини нафақаи шахсони ҳайати кироя, кормандони техникӣ ва хизматрасони Қувваҳои Мусаллаҳ, қӯшун ва мақомоти дар қисми якуми  ҳамин модда номбаршуда дар асоси шароиту тартиби муқаррарнамудаи  Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» амалӣ мегардад.   (ҚҶТ аз 25.12.15с., №1264)

 

Моддаи 2. Тибқи тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини

                  нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар

                 бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ»таъин кардани нафақа ба ашхосе, ки хизмати ҳарбиро

                  ба ҷо овардаанд, дар мақомоти корҳои дохилӣ, муассиса ва мақомоти системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ

хизмат кардаанд ва аҳли оилаи онҳо

(ҚҶТ аз 25.12.15с., №1264)

 

Таъмини нафақаи ашхосе, ки аз рӯи даъват ба сифати аскар, сержант ва старшина (пештар хизмати ҳақиқии мӯҳлатдори ҳарбӣ) дар Қувваҳои Мусаллаҳ ва воҳидҳои ҳарбии дар банди «а»-и қисми якуми моддаи 1-уми ҳамин Қонун зикршуда хизмати ҳарбиро ба ҷо овардаанд ва аҳли оилаи онҳо мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъ­мини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ»» ба амал бароварда мешавад. (ҚҶТ аз 25.12.15с., №1264)

Бо хоҳиши шахсони дар қисми якуми моддаи 1-уми ҳамин Қонун нишондодашуда ва аҳли оилаи онҳо, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд, тибқи шароит ва меъёрҳои муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ»» мумкин аст, ки нафақа таъин карда шавад. (ҚҶТ аз 25.12.15с., №1264)

Тибқи тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» ҳамчунин ба собиқ хизматчиёни ҳарбӣ ва шахсони дар қисми якуми моддаи 1 ҳамин Қонун номбаршуда, ки мувофиқи тартиби муқаррарнаму­даи қонунгузорӣ аз рутбаҳои ҳарбӣ ва махсус маҳрум карда шудаанд ва аҳли оилаи онҳо дар сурати мувофиқи  Қонуни мазкур ба таъмини нафақа ҳуқуқ доштанашон нафақа таъин карда мешавад. (ҚҶТ аз 25.12.15с., №1264)

Ба шахсони дар қисми якуми моддаи 1 ҳамин Қонун номбаршуда, ки дар ташкилотҳои худмаблағгузори ҳарбикунонидашуда хизмат мекунанд ва таъминоти пулии онҳо аз ҳисоби ин ташкилот пардохт мешавад, таъйин ва пардохти нафақаашон тибқи тартиби муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» амалӣ карда мешаванд. (ҚҶТ аз 25.12.15с., №1264)

 

Моддаи 3. Шахсоне, ки дар таъмини нафақа ба шахсони ҳамчун афсар ё аз рӯи қарордод хизмати ҳарбиро

                   баҷооварда баробар карда шудаанд ва аҳли оилаи онҳо

 

Ба шахсоне, ки дар давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар отряд ва воҳидҳои партизании шуравӣ дар мансабҳои фармондеҳии ба мансабҳои аз ҷониби афсарон ишғолшаванда мувофиқбуда хизмат кардаанд ва аҳ­ли оилаи онҳо дар асосҳое, ки ҳамин Қонун барои шахсони ба сифа­ти афсар хизмати ҳарбиро баҷооварда ва аҳли оилаи онҳо пешбинӣ намудааст, нафақа таъин карда мешавад.

Ба шахсоне, ки дар хизмати ҳарбии зиёда аз мӯҳлат (собиқ хизмат­чиёни ҳарбии зиёдамӯҳлат) мондаанд, занҳое, ки ба таври ихтиёрӣ дар мансабҳои сарбоз, матрос, сержант ва старшина (собиқ хизматчиёни ҳарбӣ - занон) хизмати ҳарбиро ба ҷо овардаанд, ва аҳли оилаи онҳо дар асосҳое, ки ҳамин Қонун барои шахсони аз рӯи қарордод ба сифа­ти сарбоз, матрос, сержант ва старшина хизмати ҳарбиро адокарда ва аҳли оилаи онҳо пешбинӣ намудааст, нафақа таъин карда мешавад.

 

Моддаи 4. Таъмини нафақаи ашхосе, ки хизмати ҳарбиро, хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ муассиса ва

                   мақомоти системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ дар дигар давлатҳо ба ҷо овардаанд ва аҳли оилаи онҳо

 

Таъмини нафақаи шахсоне, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомат карда, ба сифати афсар, прапоршик, мичман, хизматчии ҳарбии зиёдамӯҳлат, ё дар асоси қарордод ба ҳайси сарбоз, матрос, сер­жант ва старшина дар Қувваҳои Мусаллаҳ, (артиш, кӯшун), мақомоти бехатарӣ ва дигар воҳидҳои ҳарбии дар асоси қонунгузорӣ ташкилшуда хизмати ҳарбиро адо кардаанд, шахсони ҳайати қаторӣ ва фармондеҳӣ, ки дар мақомоти корҳои дохилӣ муассиса ва мақомоти системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ хизмат кардаанд, шахсоне, ки рутбаҳои махсус дошта, дар мақомоти гумрук, ҷузъу томҳои Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон хизмат кардаанд, инчунин судяҳои суди ҳарбӣ ва кормандони мақомоти прокуратураи ҳарбии дигар давлатҳо, ки бо онҳо Ҷумҳурии Тоҷикистон ё собиқ ИҶШС дар бораи таъминоти иҷтимоӣ аҳднома (созишнома) бастаанд, инчунин аҳли оилаҳои шахсони мазкур мувофиқи тартиби пешбининамудаи ин аҳдномаҳо (созишномаҳо) ба амал бароварда мешавад. (ҚҶТ аз 26.03.09с., №499; аз 25.12.15с., №1264)

 

Моддаи 5. Намудҳои нафақа

 

Шахсони дар қисми якуми  моддаи 1ҳамин Қонун зикршуда барои нафақаҳои зайл ҳуқуқ пайдо мекунанд:

а) барои собиқаи хизмат, агар онҳо собиқа дар хизмати ҳарбӣ ва (ё) собиқа дар хизмати мақомоти корҳои дохилӣ, муассиса ва мақомоти системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, гумрук, ҷузъу томҳои Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар вазифаи судяи суди ҳарбӣ ва дар мақомоти прокуратураи ҳарбӣ, ки Қонуни мазкур пешбинӣ кардааст, дошта бошанд; (ҚҶТ аз 26.03.09с., №499; аз 25.12.15с., №1264)

б) барои маъюбӣ, агар онҳо дар шароите, ки Қонуни мазкур пеш­бинӣ кардааст, маъюб шуда бошанд.

Ҳангоми ҳалокат ё вафоти ашхоси дар қисми якуми моддаи 1 Қонуни мазкур зикршуда оилаи онҳо дар сурати мавҷуд будани шароити дар Қонуни мазкур пешбинишуда ба гирифтани нафақа ба сабаби маҳрум шудан аз саробон ҳуқуқ пайдо мекунанд. (ҚҶТ аз 26.03.09с., №499)

Оилаи нафақахӯрони вафоткарда аз зумраи ашхоси дар қисми якуми моддаи 1 ҳамин Қонун зикршуда дар асосҳои умумӣ бо оилаи ашхосе, ки дар давраи адои хизмат вафот кардаанд, бо гирифтани нафақа ба сабаби маҳрум шудан аз саробон ҳуқуқ пайдо мекунанд. (ҚҶТ аз 26.03.09с., №499)

 

Моддаи 6. Татбиқи ҳуқуқ барои таъмини нафақа

 

Ба шахсони дар қисми якуми моддаи 1 ҳамин Қонун зикршу­да, ки барои таъмини нафақа ҳуқуқ доранд, баъди ҷавоб шудан аз хиз­мат нафақа таъин карда ва дода мешавад. Ба ин шахсон нафақа ба са­баби маъюбӣ ва бинобар бе саробон мондан ба оилаҳои онҳо, сарфи назар аз давомнокии хизмат, таъин карда мешавад.

 

Моддаи 7. Ҳуқуқи интихоби нафақа

 

Ба шахсони дар қисми якуми моддаи 1 ҳамин Қонун зикршу­да ва аҳли оилаи онҳо, ки дар як вақт ба нафақаҳои гуногуни давлатӣ ҳуқуқ доранд, бо интихоби онҳо як нафақа таъин карда мешавад.

 

Моддаи 8. Таъмини нафақаи ашхосе, ки ба таъсири радиатсионӣ гирифтор шудаанд ва аҳли оилаи онҳо

 

Ба шахсони дар қисми якуми моддаи 1 ҳамин Қонун зикршу­да, ки ҳангоми таркондан ва озмудани силоҳи хастаӣ (ядроӣ) ё дар натиҷаи садама дар объектҳои хастаии таъиноти гражданӣ ва низомӣ, ҳамчунин ҳангоми бартараф кардани оқибатҳои ин садамаҳо ба таъсири радиатсионӣ гирифтор шудаанд ва аҳли оилаи онҳо шартҳои иловагии имтиёзноки таъин кардани нафақа дода шуда, мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳимояи иҷтимоии шаҳрвандон ба таъсири радиатсионӣ гирифторшуда ба нафақа, ёрдампулӣ ва ҷубронпулии онҳо иловапулӣ дода мешавад. (ҚҶТ аз 27.11.14с., №1151)

 

Моддаи 9. Додани ёрдампулӣ

 

Нафақа ба шахсони дар қисми якуми моддаи 1 ҳамин Қонун номбаршуда, нафақахӯрон - маъюбон аз зумраи ин шахсон, ки аз хизмат ҷавоб дода шудаанд ва ба аъзои оилаҳои нафақахӯрони вафоткарда ёрдампулӣ аз рӯи тартиб ва андозаи муайянкардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад.

 

Моддаи 10. Маблағҳо барои пардохти нафақа

 

Нафақа ба шахсони дар қисми якуми моддаи 1 ҳамин Қонун номбаршуда ва аҳли оилаи онҳо (ба истиснои шахсони дар қисми чоруми моддаи 2 ҳамин Қонун зикршуда) аз ҳисоби маблағҳои буҷети ҷумҳуриявии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад. (ҚҶТ аз 25.12.15с., №1264)

 

Моддаи 11. Мақомоте, ки таъмини нафақаро амалӣ менамоянд

 

Таъмини нафақаи шахсони дар қисми якуми моддаи 1 ҳамин Қонун номбаршуда ва аҳли оилаи онҳо вобаста ба ҷои охирони хизмати онҳо аз тарафи мақомоти зерин ба амал бароварда мешавад: (ҚҶТ аз 26.03.09с., №499; аз 27.11.14с., №1151)

а) Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон - нисбати хизматчиёни ҳарбии аз Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, судяҳои суди ҳарбӣ, кормандони мақомоти прокуратураи ҳарбӣ ва дигар сохторҳои ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобдодашуда, ки мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шудаанд (ба ғайр аз сохторҳои дар бандҳои «б», «г», ва «д»-и ҳамин модда номбаршуда), шахсони дар қисми якуми моддаи 3-юми ҳамин Қонун зикршуда, инчунин оилаҳои онҳо; (ҚҶТ аз 25.12.15с., №1264)

б) Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон - нисбати хизматчиёни ҳарбии аз кӯшунҳои дохилӣ рухсатшуда, шахсони ҳайати қаторӣ ва фармондеҳии аз мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавоб додашуда, инчунин аҳли оилаи онҳо;

в) Кумитаи давлатии амнияти миллииҶумҳурии Тоҷикистон - нисбати хизматчиёни низомии аз мақомоти амният ва сохторҳои ҳарбии таҳти тобеъияти идоравии ин вазорат ҷавобшуда, инчунин аҳли оилаи онҳо; (ҚҶТ аз 26.03.09с., №499)

г) Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон - нис­бати шахсоне, ки рутбаи махсус дошта, аз мақомоти гумрук ҷавоб шу­даанд, инчунин аҳли оилаи онҳо; (ҚҶТ аз 26.03.09с., №499)

д) Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон - нисбати хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони ҳайати қаторӣ ва фармондеҳие, ки аз муассиса ва мақомоти системаи иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шудаанд, инчунин оилаи онҳо; (ҚҶТ аз 25.12.15с., №1264)

е) аз тарафи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон- нисбати шахсоне, ки рутбаи махсус дошта, аз мақомоти Агентӣ ҷавоб шудаанд, инчунин аҳли оилаи онҳо; (ҚҶТ аз 26.03.09с., №499)

ж) Агентии назорати маводи нашъадори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - нисбати шахсоне, ки рутбаи махсус дошта, аз мақомоти Агенти ҷавоб шудаанд, инчунин аҳли оилаи онҳо;

з) аз тарафи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон – нисбати шахсоне, ки рутбаи махсус дошта, аз мақомоти Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавоб шудаанд, инчунин аҳли оилаи онҳо;

и) аз тарафи Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон – нисбати шахсоне, ки рутбаи махсус дошта, аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавоб шудаанд, инчунин аҳли оилаи онҳо. (ҚҶТ аз 26.03.09с., №499)

Таъмини нафақаи категорияҳои дахлдори хизматчиёни ҳарбии аз хизмат ҷавобшуда, шахсони ҳайати қаторӣ ва фармондеҳии мақомоти корҳои дохилӣ, муассиса ва мақомоти системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, мақомоти гумрук, мақомоти суди ҳарбӣ ва прокуратураи ҳарбии собиқ Иттиҳоди ҶШС, дигар давлатҳо ва оилаҳои онҳо, ки дар қисми якуми моддаи 1 ҳамин Қонун нишон дода шудаанд, мувофиқи мансубияти идоравии номбаршудагони ҳамин модда амалӣ мегардад. (ҚҶТ аз 26.03.09с., №499; аз 25.12.15с., №1264)

 

Моддаи 12. Ёрии иҷтимоӣ ба нафақахӯрон

 

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе,шаҳру ноҳияҳо дар доираи ваколатҳои ба онҳо додашуда ҳақ, доранд, ки аз ҳисоби буҷетҳои дахлдори вилояти мухтор, вилоят, шаҳр ва ноҳия ба нафақаҳои мувофиқи ҳамин Қонун таъиншаванда иловапулиҳо, ба нафақахӯрон аз ҷумлаи шахсони дар банди «а»-и қисми якуми моддаи 1 ҳамин Қонун зикр шуда ва ба аҳли оилаи онҳо намудҳои иловагии таъминоти моддӣ ва имтиёзот муқаррар намоянд. (ҚҶТ аз 27.11.14с., №1151)

 

Боби 2.

НАФАҚА БАРОИ СОБИҚАИ ХИЗМАТӢ

 

Моддаи 13. Шартҳое, ки ҳуқуқи нафақаро аз рӯи собиқаи хизмат муайян мекунанд

 

Барои аз рӯи собиқаи хизмат ба нафақа баромадан шахсони дар қисми якуми моддаи 1 ҳамин Қонун зикршуда, ки то рӯзи аз хизмат ҷавоб шуданашон дар хизмати ҳарбӣ ва (ё) хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ, системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, гумрук, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти прокуратураи ҳарбӣ ва дар вазифаи судяи суди ҳарбӣ 25 сол ва зиёда аз он собиқаи хизмат доранд, ҳуқуқ доранд. (ҚҶТ аз 25.12.15с., №1264)

 

Моддаи 14. Андозаи нафақа

 

Андозаи нафақа ба шахсони дар қисми якуми моддаи 1 ҳамин Қонун зикршуда, ки 25 сол собиқаи хизмат доранд, 65 фоизи маблағи дахлдори таъминоти пулӣ, ки дар моддаи 43 ҳамин Қонун пешбинӣ шудааст ва барои ҳар соли зиёда аз 25 сол 3 фоизи маблағи таъминоти пулӣ, вале ҷамъан на зиёда аз 80 фоизи маблағи таъминоти пулӣ, муқаррар карда мешавад.

Дар мавриди такроран ба хизмати ҳарбӣ ё ба мақомоти корҳои дохилӣ, муассиса ва мақомоти системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, мақомоти гумрук, ҷузъу томҳои Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар вазифаи судяи суди ҳарбӣ, мақомоти прокуратураи ҳарбӣ ва инчунин дар хизмати давлатӣ ба хизмат таъйин шудани шахсони дар ҳамин модда зикршуда, ки нафақа мегиранд, нафақаи онҳо қатъ карда мешавад ва ҳангоми минбаъд аз хизмат ҷавоб додани онҳо пардохти нафақа ба онҳо дар асоси собиқаи хизмат дар рӯзи охирини аз хизмат ҷавоб шуданашон аз нав барқарор карда мешавад.

(ҚҶТ аз 25.12.15с., №1264)

 

Моддаи 15. Андозаҳои ҳадди ниҳоӣ ва ҳадди ақалли нафақа

 

Андозаи ҳадди ниҳоии нафақа барои собиқаи хизматӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.

Нафақа барои собиқаи хизматӣ, ки тибқи ҳамин Қонун таъин карда мешавад, аз андозаи ҳадди ақалли нафақа аз рӯи синну сол (пиронсолӣ), ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст ва дар қисми якуми моддаи 46 ҳамин Қонун нишон дода шудааст, бояд камтар набошад.

 

Моддаи 16. Зиёд кардани андозаи нафақа аз рӯи собиқаи хизмат ба шахсоне, ки дар натиҷаи ҷароҳати ҳарбӣ

                     маъюб гардидаанд

 

Ба шахсони дар қисми якуми моддаи 1 ҳамин Қонун зикршуда, ки дар натиҷаи ҷароҳати ҳарбӣ маъюб гардидаанд, нафақа аз рӯи собиқаи хизмат ба андозаи ҳадди ақали нафақаи маъюбӣ, ки банди «а»-и моддаи 23-юми ҳамин Қонун барои маьюбон аз ҷумлаи ин шахсон аз рӯи гурӯҳи дахлдори маъюбӣ пешбинӣ намудааст, зиёд карда мешавад. Зиёдкунии мазкурро дар як вақт бо афзоиши пешбининамудаи бандҳои «г»- ё «д»-и моддаи 45-уми ҳамин Қонун ҳисоб кардан мумкин аст.

 

Моддаи 17. Иловапулиҳо ба нафақа аз рӯи собиқаи хизмат.

 

Ба нафақа аз рӯи собиқаи хизмат, ки ба шахсони дар қисми якуми моддаи 1 ҳамин Қонун зикршуда таъин карда мешавад (аз ҷумла ба нафақаи ҳадди ақал ҳисоб кардашуда), иловапулиҳои зайл ҳамроҳ карда мешавад:

а) ба нафақахӯрон - маъюбонӣ гурӯҳи 1 ё ба синни 80-солагӣ расида, ҳамчунин ба нафақахӯроне, ки аз рӯи вазъи саломатӣ тибқи хулосаи муассисаи табобатӣ ба нигоҳубини (кӯмак,  назорати) доимии шахси дигар эҳтиёҷ доранд, - барои нигоҳубин кардани нафақахӯр ба андо­заи 50 фоизи нафақаи ҳадди ақал аз рӯи синну сол, ки дар банди авва­ли моддаи 46-уми ҳамин Қонун нишон дода шудааст ва онро қонунгузо­рии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст;

б) ба нафақахӯрони кор намекардагии ба синни 55-солагӣ расида ё маъюб буда, ки дар таъминоташон аьзои ғайри қобили меҳнати оилаҳои дар модаҳои 29, 31, 33, 34-уми ҳамин Қонун зикршуда доранд, - ба ҳар сари онҳо, вале на зиёда ба се аъзои ғайри қобили меҳнати оила, ба андозаи 50 фоиз, ба узви ғайриқобили меҳнати оила, ки маъюбӣ гурӯҳи 3 мебошад, - 30 фоизи андозаи ҳадди ақали нафақаи пиронсолии муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар қисми ав­вали моддаи 46-уми ҳамин Қонун нишон дода шудааст. Дар сурати дар як вақт доштани ҳуқуқ ба нафақаи иҷтимоӣ ва иловапулӣ ба нафақа нисбати узви ғайри қобили меҳнати оила, ба яке аз аъзои оила нафақаи иҷтимоӣ таъин карда ё ба нафақа барои ин узви оила иловапулӣ ҳамроҳ кардан мумкин аст.

Иловапулии дар банди «а»-и ҳамин модда нишондодашуда ба нафақаҳои нафақахӯроне, ки ба зиёд кардани нафақаи пешбининамудаи моддаи 16-уми ҳамин Қонун ҳуқуқ доранд, ҳисоб карда намешавад.

 

Моддаи 18. Ҳисоб кардани собиқаи хизмат барои таъин кардани нафақа

 

Ба собиқаи хизмат барои таъин кардани нафақа мувофиқи моддаи 13-уми ҳамин Қонун инҳо ҳисоб карда мешаванд:хизмати ҳарбӣ; хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ дар вазифаҳои ҳайати қаторӣ ва фармондеҳӣ; хизмат дар отряди партизании шӯравӣ; хизмат дар мақомоти гумрук, ҷузъу томҳои Агентии назорати маводи нашъадори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, хизмат дар  воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вазифаи судяи суди ҳарбӣ, дар мақомоти прокуратураи ҳарбӣ; мӯҳлати кор дар мақомоти ҳокимияти давлатӣ; вазорату идораҳо ва ташкилотҳои гражданӣ ва ҳамзамон боқи мондан дар хизмати ҳарбӣ ё дар кадрҳои вазоратҳову идораҳои дахлдори Ҷумҳурии Тоҷикистон; вақти дар асирӣ будан, агар асирӣ ихтиёрӣ набошад ва хизматии харбӣ ҳангоми асир буданаш ба Ватан ҷиноят накарда бошад; мӯҳлати сипарӣ кардани ҷазо ва дар ҳабс будани хизматчиёни ҳарбӣ, ашхоси ҳайати қаторӣ ва фармондеҳии мақомоти корҳои дохилӣ ва муассисаю мақомоти системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, шахсони дорои рутбаи махсуси мақомоти гумрук, воҳидҳои полиси андоз, судяҳои суди ҳарбӣ, кормандони мақомоти прокуратураи ҳарбӣ, ки беасос ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудаанд ё табъид шуда, баъдан сафед карда шудаанд. (ҚҶТ аз 26.03.09с., №499; аз 27.11.14с., №1151; аз 25.12.15с., №1264)

Давраи хизмат дар шароити махсус бояд ба со­биқаи хизмат барои таъин кардани нафақа ба шахсони дар қисми якуми моддаи 1 ҳамин Қонун нишон додашуда ба ҳисоби ймтиёзнок дохил карда шавад.

Тартиби ҳисоб кардани собиқаи хизмат барои таъин кардани нафақа ба шахсони дар қисми якуми моддаи 1 ҳамин Қонун нишон додашударо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.

Ба собиқаи хизматии умумӣ барои таъйин намудани нафақа ба шахсони дар моддаи 1 ҳамин Қонун зикршуда ҳисоб намудани собиқаи ғайринизомӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад. (ҚҶТ аз 25.12.15с., №1264)

 

Боби 3.

НАФАҚАИ МАЪЮБӢ

 

Моддаи 19. Шартҳое, ки ҳуқуқи нафақаи  маъюбиро муай­ян мекунанд

 

Шахсони дар қисми якуми моддаи 1 ҳамин Қонун номбаршуда, ки маъюб шудаанд, ба нафақаи маъюбӣ ҳуқуқ доранд, агар онҳо дар давраи хизмат ё то семоҳи баъди аз хизмат ҷавоб шудан ё агар онҳо баъди ин мӯҳлат дар натиҷаи захм, контузия, маслуқӣ ё касалии дар давраи хизмат гирифтор шудаашон маъюб шуда бошанд.

 

Моддаи 20. Муқаррар кардани маъюбӣ

 

Гурӯҳ, ва сабабҳои маъюбӣ, инчунин вақти расидани маъюбшавиро комиссияи экспертии тиббию меҳнатӣ (КЭТМ) муқаррар менамояд, ки он дар асоси Низомномаи аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқшаванда амал мекунад.

Вобаста ба дараҷаи гум кардани қобилияти меҳнатӣ маъюбон ба 3 гурӯҳ тақсим карда мешаванд.

 

Моддаи 21. Категорияҳои маьюбон  

 

Маъюбон аз ҷумлаи шахсони дар қисми якуми моддаи 1 ҳамин Қонун зикршуда вобаста ба сабабҳои маъюбӣ ба категорияҳои зерин тақсим карда мешаванд:

а) маъюбон дар натиҷаи ҷароҳати ҳарбӣ - шахсоне, ки дар натиҷаи захмдоршавӣ, контузия ё маслуқшавӣ ҳангоми ҳимояи Ватан ё иҷрои дигар вазифаҳои хизматӣ ҳарбӣ (вазоифи хизматӣ) ва ё дар натиҷаӣ касалии вобаста ба давраи ҷангё адои хизмат дар хориҷа — дар давлатҳое, ки дар онҳо амалиёти ҷангӣ сурат гирифтаанд, маъюб шудаанд. Ба маъюбон дар натиҷаи ҷароҳати ҳарбӣ ҳамчунин собиқ, хизматчиёни ҳарбӣ ва дигар шахсони дар қисми якуми моддаи 1 ҳамин Қонун номбаршуда, ки дар натиҷаи захмдоршавӣ, контузия, маслуқшавӣ ё касалии дар давраи асирӣ (дар сурати риояи шартҳои пешбининамудаи қисми 1-уми моддаи 18-уми ҳамин Қонун) ё дар давраи ба сифати тарбиягиранда ва юнга (малоҳписар) дар артиши амалкунанда будан гирифтор шуда, маъюб гардидаанд, дохил мешаванд.

б) маъюбон дар натиҷаи касалӣ, ки дар давраи хизматӣ ҳарбӣ ба он гирифтор шудаанд, — шахсоне, ки дар натиҷаи ҳодисаи нохуше маъюб шудаанд ба иҷрои вазифаҳои хизматӣ ҳарбӣ (вазифаҳои хизматӣ) вобаста нест ва ё дар натиҷаи касалие маъюб шудаанд, ки ба иштирок кардан дар фронт ё хизмат дар хориҷа дар давлатҳое, ки дар онҳо амалиёти ҷангӣ сурат гирифтаанд, вобастагӣ надорад.

 

Моддаи 22. Андозаи нафақаҳо

 

Ба шахсони дар қисми якуми моддаи 1 Қонуни мазкур нишон додашуда нафақаи маъюбӣ ба андозаи зерин муқаррар карда мешавад:

а) ба маъюбони гурӯҳҳои 1 ва 2-юми дар натиҷаи ҷароҳати ҳарбӣ – 85 фоиз, гурӯҳи 3–50 фоизи маблағи дахлдори таъминоти пулӣ, ки дар моддаи 43-юми ҳамин Қонун пешбинӣ шудааст;

б) ба маъюбон дар натиҷаи касалии дар давраи хизматӣ ҳарбӣ гирифторшудаи гурӯҳҳои 1 ва 2–75 фоиз, гурӯҳи 3–30 фоизи маблағҳои дахлдори таъминоти пулӣ, ки дар моддаи 43-юми ҳамин Қонун пешби­нӣ шудааст.

 

Моддаи 23. Андозаҳои ҳадди ақали нафақа

 

Нафақаи маъюбӣ ба шахсони дар қисми якуми моддаи 1 ҳамин Қонун зикршуда набояд аз андозаҳои зайл камтар бошад:

а) барои маъюбони гурӯҳҳои 1 ва 2 дар натиҷаӣ ҷароҳати ҳарбӣ– 200 фоиз, гурӯҳи 3–100 фоизи андозаи нафақаи ҳадди ақали муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи синну сол, ки дар қисми 2-юми моддаи 46-уми ҳамин Қонун нишон дода шудааст;

б) барои маъюбони гурӯҳи 1 ва 2 дар натиҷаи касалии дар давраи хизматӣ ҳарбӣ гирифторшуда – 100 фоиз, гурӯҳи 3–80 фоизи андозаи нафақаи ҳадди ақали муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи синну сол, ки дар қисми 1-уми моддаи 46-уми ҳамин Қонун нишон дода шудааст.

 

Моддаи 24. Иловапулиҳо ба нафақа бинобар маъюбӣ

 

Ба шахсони дар қисми якуми моддаи 1 ҳамин Қонун нишондодашуда, ки маъюбӣ гурӯҳи 1 дониста шудаанд ё ба синни 80-солагӣ расидаанд ё мувофиқи хулосаи муассисаи табобатӣ ба нигоҳубини (кӯмак, назорати) доимии шахси дигар эҳтиёҷ доранд, инчунин ба маъюбони кор намекардагии гурӯҳи 1 ва 2-и дар таъминоташон аъзои ғайриқобили меҳнат дошта ба нафақаи бинобар маъюбии ба онҳо таъиншаванда (аз ҷумла ба нафақаи ҳадди ақал, ки ҳисоб шудааст) мувофиқи тартибу андозаҳое, ки моддаи 17-уми Қонуни мазкур пешбинӣ кардааст, иловапулӣ зам карда мешавад.

 

Моддаи 25. Даврае, ки барои он нафақа аз рӯи маъюбӣ таъин кар­да мешавад

 

Ба шахсони дар моддаи 1-уми ҳамин Қонун зикршуда нафақа аз рӯи маъюбӣ барои давраи маъюбии комиссияи экспертизаи тиббию меҳнатӣ муқаррарнамуда, ба мардони маъюбӣ аз 60-сола боло ва занони маъюби аз 55-сола боло бошад, барои як умр, бо роҳи аз нав муоина кар­дан фақат бо аризаи шахсиашон дода мешавад.

Дар мавриди қобили меҳнат донистани нафақахӯре, ки ба синни дар ин модда зикршуда нарасидааст, нафақа ба вай то охири моҳе дода ме­шавад, ки ӯро қобили меҳнат донистаанд, вале на бештар аз рӯзе, ки то он маъюбӣ муқаррар карда шудааст.

 

Моддаи 26. Тағйир додани андозаи нафақа ҳангоми аз нав дида баромадани гурӯҳи маъюбӣ

 

Ҳангоми аз нав дида баромадани гурӯҳи маъюбӣ мутаносибан ан­дозаи нафақа низ тағйир меёбад. Агар дар натиҷаӣ ҷароҳати ҳарбӣ маъ­юбии шахси маъюб вобаста ба касалии умумӣ, маслукии меҳнатӣ ё бемории касбӣ авҷ гирад, нафақа аз рӯи гурӯҳи нави маъюбӣ бо маҳфуз доштани сабаби пештараи он аз нав ҳисоб карда мешавад.

 

Моддаи 27. Боздоштан ва аз нав оғоз намудани пардохти нафақа ҳангоми гузаштани мӯҳлати муоинаи такрорӣ

 

Агар маъюб аз зумраи шахсони дар моддаи 1-уми ҳамин Қонун нишондодашуда дар комиссияи экспертии тиббии меҳнатӣ (КЭТМ) са­ри вақт аз муоинаи такрорӣ нагузарад, пардохти нафақаи таъиншуда аз рӯзе, ки то он ба вай маъюбӣ муқаррар карда шудааст, боздошта ме­шавад, дар мавриди аз нав маъюб донистани вай аз рӯзи ба ӯ аз нав муқаррар намудани маъюбӣ нафақаи таъиншуда пардохта мешавад.

Дар сурати аз мӯҳлати муоинаи такрорӣ бо сабаби узрнок дер кардани маъюб ва аз тарафи КЭТМ ба ӯ муқаррар кардани маъюбӣ барои давраи гузашта, пардохти нафақа аз он рӯзе оғоз меёбад, ки вай маъ­юб дониста шудааст. Агар ҳангоми муоинаи такрорӣ ба маъюб дигар гурӯҳи маъюбӣ (нисбатан баландтар ё пастар) муқаррар шавад, ба вай нафақа барои давраи гузаштаи пеш аз рӯзи муоинаи такрорӣ аз рӯи гурӯҳи пештараи маъюбӣ пардохта мешавад.

 

Боби 4.

НАФАҚАИ БИНОБАР БЕ САРОБОН МОНДАН

 

Моддаи 28. Шартҳои муайянкунандаи ҳуқуқи нафақа

 

Ба оилаи шахсони дар қисми якуми моддаи 1 ҳамин Қонун нишондодашуда нафақаи бинобар бе саробон мондан таъин карда мешавад, агар саробон дар давраи адои хизмат ё на дертар аз се моҳи баъди рӯзи аз хизмат ҷавоб шудан ё аз ин мӯҳлат дертар дар натиҷаи захм, кон­тузия, маслукӣ ё касалии дар давраи адои хизмат гирифтор шудааш вафот карда (ҳалок шуда) бошад ва ба оилаи нафақахӯрон, аз ҷумлаи ин ашхос — агар саробон дар давраи нафақа гирифтан вафот карда бо­шад, новобаста аз вақти баъди рӯзи вафоти саробон гузашта. Дар айни замон оилаҳои собиқ хизматчиёни ҳарбӣ, аз ҷумла шахсони дар қисми якуми моддаи 1 ҳамин Қонун номбаршуда, ки дар вақти асир буданашон вафот кардаанд (дар сурати риояи шартҳои дар қисми 1-уми моддаи 18-уми ҳамин Қонун нишондодашуда) ва оилаҳои хизматчиёни ҳарбии дар давраи амалиёти ҷангӣ беномунишон гумшуда, ба оилаҳои шахсони дар фронт ҳалокгардида баробар карда мешаванд.

 

Моддаи 29. Аъзои оила, ки ба нафақа ҳуқуқ доранд

 

Аъзои оилаи ғайри қобили меҳнати шахсони вафоткардаи (ҳалокгардидаи) дар қисми якуми моддаи 1 ҳамин Қонун нишондодашуда, ки дар таъминоти онҳо буданд, барои нафақаи бинобар бе саробон мондан ҳуқуқ доранд.

Сарфи назар аз нонхури саробон будан, нафақа ба бачаҳои ғайри қобили меҳнат, волидони қобилияти кори надошта, ҳамсар, агар онҳо баъди фавти саробон манбаи ризқу рӯзии барои зиндагиашон зарурро гум карда бошанд; волидони ғайри қобили меҳнат ва ҳамсарони шахсоне, ки дар натиҷаи сабабҳои дар банди «а»-и моддаи 21-уми ҳамин Қонун зикршуда вафот кардаанд; ҳамсар, яке аз волидон ё дигар аъзои сила, ки дар банди «в»-и ҳамин модда нишон дода шудаанд, таъин кар­да мешавад.

Аъзои ғайри қобили меҳнат инҳо дониста мешаванд:

а) фарзандон, бародарон, хоҳарон ва наберагоне, ки ба синни 18-солагӣ нарасидаанд ё аз ин синну сол калонтар мебошанд, агар онҳо то ба синни 18-солагӣ расидан маъюб шуда бошанд, онҳое, ки дар муассисаҳои таълимӣ мехонанд (ба ғайр аз муассисаҳои таълимие, ки таълимгирандагони онҳо дар хизмати ҳарбӣ ё хизмат дар мақомоти корҳои дохилӣ ва дар муассиса ва мақомоти системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, дониста мешаванд) — то хатми таҳсил, вале на дертар ба синни 23-солагӣ расидани онҳо. Бародарон, хоҳарон ва наберагон ба нафақа ҳуқуқ доранд, агар онҳо волидони қобили меҳнат надошта бошанд;

б) падар, модар ва ҳамсар, агар онҳо ба синну соли мардон – 63-сола, занон – 58-сола расида бошанд ва ё маъюб бошанд; (ҚҶТ аз 26.03.09с., №499)

в) ҳамсар ё яке аз волидон ва ё бобо, бибӣ, бародар ё хоҳар сарфи назар аз синну сол ва қобилияти кори, агар вай ба нигоҳубини бачаҳо, бародарону хоҳарон ё наберагони ба синни 8-солагӣ нарасидаи саробони вафоткарда машғул бошад ва кор накунад;

г) бобо ва бибӣ – дар сурати набудани шахсоне, ки аз рӯи Қонун вазифадоранд онҳоро нигоҳубин кунанд.

 

Моддаи 30. Ҳуқуқи нафақа бо шартҳои имтиёзнок

 

Ҳамсари шахсони дар қисми якуми моддаи 1 ҳамин Қонун нишондодашуда, ки дар натиҷаи сабабҳои дар банди «а»-и моддаи 21-уми ҳамин Қонун номбаркардашуда вафот кардаанд, ки бо нигоҳубини фарзандони то ба синни 8-солагӣ нарасидаи шахсони вафоткарда машғул мебошанд, сарфи назар аз синну сол, қобилияти кори ва аз он, ки зан кор мекунад ё не, ба нафақаи бинобар бе саробон мондан ҳуқуқ доранд.

Ба модарон ва ҳамсари шахсони дар қисми якуми моддаи 1 ҳамин Қонун зикршуда, ки дар натиҷаи сабабҳои дар банди «а»-и моддаи 21-уми ҳамин Қонун номбаршуда вафот кардаанд, нафақаи бинобар бе саробон мондан ҳангоми ба синни 50-солагӣ расидани онҳо таъин карда мешавад.

 

Моддаи 31. Аъзои оилаи шахси вафоткарда, ки нонхурӣ вай ҳисоб меёбанд

 

Аъзои оилаи шахси вафоткарда дар мавриде нонхурӣ вай ҳисоб меёбанд, ки агар онҳо пурра дар таъминоти ӯ бошанд ё аз вай ёрие мегирифта бошанд, ки он барои онҳо манбаи доими ва асосии ризқу рӯзӣ барои зиндагӣ бошад.

Ба аъзои оилаи шахси вафоткарда, ки барои онҳо ёрии вай манбаи доими ва асосии ризқу рӯзӣ барои зиндагӣ бошад, вале худи онҳо ягон навъи нафақа гиранд, бинобар бе саробон мондан нафақа таъин кардан мумкин аст.

 

Моддаи 32. Пардохти нафақаи бинобар бе саробон мондан ба фарзандоне, ки пурра дар таъминоти давлат

                     мебошанд

 

Падарандар ва модарандар дар баробари падару модар ба нафа­қаи бинобар бе саробон мондан ҳуқуқ доранд, агар онҳо писарандар ё духтарандари вафоткардаро на камтар аз 5 сол тарбия ё нигоҳубин карда бошанд.

Писарандар ва духтарандар дар баробари фарзандони аслӣ ба на­фақаи бинобар бе саробон мондан ҳуқуқ доранд.

 

Моддаи 33. Ҳуқуқи нафақаи падархондҳо ва фарзандхондҳо

 

Падархондҳо дар баробари волидон ва фарзандхондҳо дар баро­бари бачаҳои аслӣ ба нафақаи бинобар бесаробон мондан ҳуқуқ доранд.

Ноболиғоне, ки бинобар бе саробон мондан ба нафақа ҳуқуқ до­ранд, ин ҳуқуқашонро ҳангоми фарзандхонд шуданашон нигоҳ медоранд.

 

Моддаи 34. Ҳуқуқи нафақаи падарандар, модарандар, писарандар ва духтарандар

 

Падарандар ва модарандар дар баробари падару модар ба нафақаи бинобар бе саробон мондан ҳуқуқ доранд, агар онҳо писарандар ё духтарандари вафоткардаро на камтар аз 5 сол тарбия ё нигоҳубин кар­да бошанд.

Писарандар ва духтарандар дар баробари фарзандони аслӣ ба на­фақаи бинобар бе саробон мондан ҳуқуқ доранд.

 

Моддаи 35. Гирифтани нафақа ҳангоми аз нав никоҳ кардан

 

Нафақаи бинобар бе саробон мондан, ки ба зани шахси фавтида таъин шуда буд, ҳангоми бори дигар шавҳар карданаш ба ӯ дода меша­вад.

 

Моддам 36. Андозаи нафақа

 

Нафақаи бинобар бе саробон мондан ба андозаҳои зайл муқаррар карда мешавад:

а) ба оилаҳои шахсони дар қисми якуми моддаи 1 ҳамин Қонун зикршуда, ки дар натиҷаи сабабҳои дар банди «а»-и моддаи 21-уми ҳамин Қонун нмшондодашуда вафот кардаанд, — 40 фоизи маблағи дахлдори таъминоти пулии саробон, ки моддаи 43-юми ҳамин Қонун ба ҳар як узви ғайри қобили меҳнати оила пешбинӣ намудааст. Ба оилаҳои нафақахӯрони вафоткарда, ки рӯзи фавт дар натиҷаи ҷароҳати ҳарбӣ маъюб мебошанд ва ба фарзандоне, ки волидонашон вафот кардаанд, сарфи назар аз марги саробон, аз рӯи ҳамин меъёр нафақа таъин карда мешавад;

б) ба оилаҳои шахсони дар қисми якуми моддаи 1 ҳамин Қонун зикршуда, ки дар натиҷаи сабабҳои дар банди «б»-и моддаи 21-уми ҳамин Қонун нишондодашуда  вафот кардаанд, — 30 фоизи маблағи дахлдори таъминоти пулии саробон, ки дар моддаи 43-юми ҳамин Қонун ба ҳар як узви ғайри қобили меҳнати оила пешбинӣ шудааст.

 

Моддаи 37. Андозаи ҳадди ақали нафақа

 

Нафақаи бинобар бе саробон мондан, ки ба оилаҳои шахсони дар моддаи 1-уми ҳамин Қонун нишондодашуда таъин карда мешавад, аз рӯи ҳисоб ба ҳар як узви ғайри қобили меҳнати оила набояд аз андозаҳои зерин кам бошад:

а) ҳангоми мувофиқи банди «а»-и моддаи 36-уми ҳамин Қонун ҳисоб кардани нафақа 100 фоизи андозаи ҳадди ақали нафақа аз рӯи син-синну сол, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намуда, дар қисми аввали моддаи 46-уми ҳамин Қонун зикр шудааст;

б) ҳангоми мувофиқи банди «б»-и моддаи 36-уми ҳамин Қонун ҳисоб кардани нафақа 100 фоизи андозаи ҳадди ақали нафақа аз рӯи синну сол, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намуда, дар қисми аввали моддаи 46-уми ҳамин Қонун зикр шудааст.

 

Моддаи 38. Иловапулиҳо ба нафақаи бинобар бе саробон мондан

 

Ба аъзои оилаи маъюбони гурӯҳи 1 ё ба синни 80-солагӣ расида, инчунин дигар аъзои оилае, ки мувофиқи хулосаи муассисаи табобатӣ аз рӯи саломатӣ ба нигоҳубини (ёрӣ, назорати доимии шахси дигар эҳтиёҷ доранд, ба нафақаи бинобар бе саробон модан таъиншаванда аз ҷумла ба нафақаи ба андозаи ҳадди ақал ҳисобкардашуда барои нигоҳубини нафақахӯр ба андозаи пешбининамуда банди «а»-и моддаи 17-уми ҳамин Қонун иловапулӣ ҳамроҳ, карда мешавад.

 

Моддаи 39. Даврае, ки барои он нафақа таъин карда мешавад

 

Нафақаи бинобар бе саробон мондан барои тамоми даврае, ки дар муддати он аъзои оилаи вафоткарда мувофиқи моддаи 29-уми ҳамин Қонун ғайри қобили меҳнат дониста мешавад, ба аъзои оилаи ба сини:

мардон – 63-солагӣ, занон – 58-солагӣ расида бошад, якумра таъин карда мешавад.

 

Моддаи 40. Ҷудо кардани як қисми нафақа

 

Дар асоси аризаи аъзои оила як қисми ба вай тааллуқдоштаи нафақаи бинобар бе саробон мондан алоҳида ҷудо карда пардохта мешавад. Қисми нафақа бо назардошти меъёрҳои ҳисоб кардани нафақа, ки ҳамин Қонун барои узви оилаи барои ҷудо кардани он муроҷиатнамуда пешбинӣ кардааст, ҷудо карда мешавад.

Як ҳиссаи нафақа аз рӯзи якуми моҳи баъди моҳи ворид гаштани ариза ҷудо карда мешавад.

 

Моддаи 41. Қатъ гардидани пардохти нафақа ҳангоми аз даст додани ҳуқуқи он

 

Агар дар ҳайати оилае, ки ба он бинобар бе саробон мондан на­фақа таъин шуда буд, тағйироте ба амал ояд, ки дар натиҷаи он аъзои алоҳида ё, тамоми оила ҳуқуқи нафақаро аз даст диҳанд, андозаи он аз рӯзи якуми моҳи баъди моҳе, ки тағйирот ба амал омадааст, кам гардида ё пардохти он қатъ мегардад.

 

Моддаи 42. Тартиб ва мӯҳлати муқаррар намудани маъюбии аъзои оилаи шахси вафоткарда

 

Ба он аъзои оила, ки маъюбанд, қоидаҳо дар бораи тартиб ва мӯҳлатҳои муқаррар кардани маъюбӣ ва пардохти нафақа ҳангоми танаффус дар муоинаи такрории комиссияи экспертии тиббии меҳнатӣ (КЭТМ), ки дар моддаҳои 20, 25 ва 27-и ҳамин Қонун пешбинӣ шудаанд, татбиқ мегарданд.

 

Боби 5.

ҲИСОБ КАРДАНИ НАФАҚА

 

Моддаи 43. Таъминоти пулӣ барои ҳисоб кардани нафақа

 

Нафақае, ки ба шахсони дар қисми якуми моддаи 1 ҳамин Қонун нишондодашуда ва оилаҳои онҳо таъин карда мешавад, аз таъминоти пулии хизматчиёни ҳарбӣ шахсони ҳайати қаторӣ ва фармондеҳии мақомоти корҳои дохилӣ шахсоне, ки дар муассиса ва мақомоти системаи иҷрои ҷазои ҷиноятӣ, ва шахсоне, ки дар мақомоти гумрук, ҷузъу томҳои Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон рутбаҳои махсус доранд, судяҳои суди ҳарбӣ ва кормандони мақомоти прокуратураи ҳарбӣ ҳисоб карда мешавад. Барои он ба онҳо ҳисоб кардани нафақа мувофиқи тартиби муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маошҳо аз рӯи мансаб, маошҳо аз рӯи рутбаҳои ҳарбӣ ё мах­сус (бе дар назардошти баланд бардоштани маошҳо барои хизмат дар маҳалҳои дурдасти баландкӯҳ, ва дигар шароитҳои махсус ва ҷубронпулиҳо бар ивази сару либоси махсус ва хӯрокворӣ) ва изофапулиҳои фоизӣ барои собиқаи хизмат, аз ҷумла пардохтҳо вобаста ба индексасияи таъминоти пулӣ ба ҳисоб гирифта мешавад. (ҚҶТ аз 26.03.09с., №499; аз 25.12.15с., №1264)

 

Моддаи 44. Ҳисоб кардани нафақа ба оилаҳои нафақахӯрон

 

Ба оилаҳои нафақахӯрон, аз ҷумлаи шахсони дар қисми якуми моддаи 1 ҳамин Қонун нишон додашуда нафақаи бинобар бе саро­бон мондан аз ҳисоби таъминоти пулии саробон ҳисоб карда мешавад, ки аз он ба вай нафақа ҳисоб карда шуда буд (аз нав ҳисоб карда шу­да буд) ё бояд аз нав ҳисоб карда мешуд.

 

Моддаи 45. Зиёд кардани нафақаи баъзе категорияҳои нафақахӯрон

 

Нафақа барои собиқаи хизмат бинобар маъюбӣ ва бинобар бе са­робон мондан, ки мувофиқи ҳамин Қонун (аз ҷумла ҳисобкунӣ ба андо­заи ҳадди ақал) таъин мегардад, зиёд карда мешавад:

а) ба Қаҳрамонони Иттиҳоди Шӯравӣ ва шахсони ба ҳар се дараҷаи ордени Шараф мукофотонида шуда, шахсони бо унвони Каҳрамони Тоҷикистон сарфароз гардида-50 фоизи нафақа, вале на камтар аз 100 фоизи андозаи ҳадди ақали нафақа аз рӯи синну сол, ки дар қисми якуми моддаи 46 ҳамин Қонун зикр шудааст;

б) ба Қаҳрамонони Меҳнати Сотсиалистӣ — 25 фоизи андозаи на­фақа, вале на камтар аз 50 Фоизи андозаи ҳадди ақали нафақа аз рӯи синну сол, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намуда, дар қисми аввали моддаи 46-уми ҳамин Қонун зикр шудааст;

в)  ба шахсоне, ки бо се дараҷаи ордени Шарафи Меҳнатӣ,  ҳар се дараҷаи ордени Барои хизмати Ватан дар Қувваҳои Мусаллаҳ ё бо орденҳои Ситораи Президенти Тоҷикистон, Спитамен мукофотонида шудаанд ба андозаи 15 фоизи ҳадди ақали нафака аз рӯи  синну сол;

г) ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва дигар амалиёти ҷангӣ ҷиҳати ҳимояи Ватан, аз ҷумлаи хизматчиёни ҳарбӣ, ки дар ҳайати артишҳои амалкунанда хизмат кардаанд ва партизанке; ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, аз ҷумлаи ҳайати хизматгузори ғайринизомӣ, тарбиягирандагон ва юнгаҳои (малоҳписарони) қисмҳои артиши амалкунанда; ба иштирокчиёни амалиёти ҷангӣ дар хориҷа аз ҷумлаи хизматчиёни ҳарбӣ, шахсони дар қисми аввали моддаи 1-уми ҳамин Қонун номбаршуда— ба андозаи 75 фоизи нафақаи ҳадди ақали аз рӯи син­ну сол, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст ва дар қисми аввали моддаи 46-уми ҳамин Қонун нишон дода шудааст;

д) ба шахсоне, ки дар давраи аз 22 июни соли 1941 то 3-юми сентябри соли 1945 на камтар аз шаш моҳ дар хизмати ҳарбӣ будаанд (ба ғайр аз шахсоне, ки дар ҳайати артиши амалкунанда қарор доштаанд), инчунин ба шахсоне, ки дар давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ (аз 22 июни соли 1941 то 9 маи соли 1945) на камтар аз шаш моҳ кор карда­анд, ба истиснои вақти кор дар маҳалҳои муваққатан аз тарафи душман ишғолшуда ё барои меҳнати фидокорона ва хизмати бенуқсон дар ақибгоҳ, дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ бо ордену медалҳои ИҶШС, медали «Барои мудофиаи Ленинград» ё нишони «Сокини Ленингради дар муҳосирабуда» мукофотонидашуда – ба андозаи 25 фоизи ҳадди ақали нафақаи аз рӯи синну сол, ки дар қонунгузорӣ муқаррар ва дар қисми 1-уми моддаи 46-уми ҳамин Қонун нишон дода шудааст;

е) собиқ маҳбусони ноболиғи конслагерҳои фашистӣ, гето ва ди­гар маҳалҳои нигоҳдории маҷбурӣ, ки фашистони немис ва иттифоқчиёни онҳо дар давраи ҷанги дуюми ҷахон ташкил карда буданд – ба ан­дозаи 100 фоизи нафақаи ҳадди ақал аз рӯи синну сол, ки дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар ва дар моддаи 46-уми ҳамин Қонун зикр гардидааст;

ж) ба шахсоне, ки бо сабабҳои сиёсӣ беасос табъид гашта, баъд сафед карда шудаанд, – ба андозаи 50 фоизи андозаи нафақаи ҳадди ақал аз рӯи синну сол, ки дар қонунгузорӣ муқаррар ва дар қисми авва­ли моддаи 45-уми ҳамин Қонун нишон дода шудааст.

 

Моддаи 46. Қоидаҳои татбиқи андозаҳои ҳадди ақали нафақа, ҳисоб кардани иловапулиҳо ба нафақаҳо ва зиёд

                    кардани нафақаҳо

 

Андозаҳои ҳадди ақали нафақаҳо, иловапулиҳо ба нафақаҳо ва зи­ёд кардани нафақаҳо, ки ҳамин Қонун пешбинӣ намудааст, дар асоси андозаи ҳадди ақали нафақа аз рӯи синну сол, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, бе зиёд кардани он барои собиқаи кории зиёдтар аз собиқаи корие, ки барои таъин кардани нафақаи пурра лозим аст, муайян карда мешавад.

Нафақаҳо бо иловапулиҳо ва зиёдкуниҳо бо андозаҳои ниҳоии онҳо маҳдуд карда намешаванд.

Дар мавриди мавҷуд будани ду ва зиёда нафақахӯри кор намекардагӣ барои ҳар як узви ғайриқобили меҳнати оила, ки дар таъмино­ти умумии онҳо мебошанд, ба нафақаи танҳо яке аз нафақахӯрон, вале аз рӯи интихоби худашон иловапулӣ ҳамроҳ, карда мешавад.

Зиёдкуниҳои пешбиникардаи бандҳои «а», «б», ва «в»-и моддаи 45-уми ҳамин Қонун ба нафақае, ки бе иловапуливу дигар зиёдкуниҳо ҳисоб карда шудааст, ҳамроҳ карда мешавад. Ҳангоми ба якчанд узви ғайри қобили меҳнати оила таъин кардани нафақаи бинобар бе саробон мондан зиёдкуниҳои мазкур ба нафақае, ҳамроҳ карда мешавад, ки он ба ҳар як узви оилаи ба зиёд кардани нафақа ҳуқуқдошта бояд дода шавад.

 

Моддаи 47. Зиёд кардани андозаҳои ҳадди ақали нафақаҳо, ило­вапулӣ ва андозаи ниҳоии таъминоти пулӣ

 

Андозаҳои ҳадди ақали нафақаҳо, иловапулиҳо ба нафақаҳо ва зи­ёд кардани кафақаҳо, ки дар асоси андозаи ҳадди ақали нафақа аз рӯи синну сол, ки дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар ва дар қисми аввали моддаи 46-уми ҳамин Қонун зикр шудааст, муайян карда мешавад, инчунин андозаи ниҳоии таъминоти пулӣ, ки ҳангоми ҳисоб кардани нафақа пурра ба ҳисоб гирифта мешавад ва дар асоси андозаи ҳадди ақали музди меҳнати муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мегардад, ҳангоми мувофиқи тартиби муқарраршуда зиёд кардани андозаи ҳадди ақали нафақа аз рӯи синну сол ё андо­заи ҳадди ақали музди кор, баланд бардошта мешавад.

 

Моддаи 48. Татбиқи коэффисиентҳои ноҳиявӣ ва коэффитсиентҳо барои минтақаҳои биёбон, беоб ва

                     баландкӯҳ ба андозаҳои нафақаҳо

                                   (ҚҶТ аз 25.12.15с., №1264)

 

Ба нафақахӯрон аз ҷумлаи шахсони дар қисми якуми моддаи 1 ҳамин Қонун зикршуда ва аъзои оилаҳои онҳо, ки дар маҳалҳое, ки дар он ҷо ба музди кори коргарону хизматчиён коэиффисенти ноҳиявӣ ва коэффитсиентҳо барои минтақаҳои биёбон, беоб ва баландкӯҳ муқаррар карда мешавад, дар давраи дар ин маҳалҳо зиндагӣ кардани онҳо, нафақаҳо, иловапулиҳо ба ин нафақаҳо, ки мувофиқи ҳамин Қонун таъин карда мешавад ва зиёдкуниҳои пешбининамудаи моддаи 45-уми ҳамин Қонун бо татбиқи коэффисиенти дахлдори ноҳиявӣ, ки дар он маҳал барои коргарону хизматчиёни соҳаҳои ғайриистеҳсолӣ муқар­рар шудааст, тибқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисоб карда мешавад. (ҚҶТ аз 25.12.15с., №1264)

 

Моддаи 49. Аз нав дида баромадани нафақаҳо ҳангоми баландшавии арзиши зиндагӣ ва музди меҳнат

 

Нафақаҳои таъиншудаи шахсони дар қисми якуми моддаи 1 ҳамин Қонун нишондодашуда ва аъзои оилаи онҳо ҳангоми баландшавии арзиши зиндагӣ ва музди меҳнат тибқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад аз нав дида баромада шавад.

 

Боби 6.

ТАЪИН КАРДАН ВА ПАРДОХТАНИ НАФАҚАҲО

 

Моддаи 50. Ташкили кор оид ба таъмини нафақа

 

 Масъалаҳои таъмини нафақаи шахсони дар қисми якуми моддаи 1 Қонуни мазкур пешбинигардида ва аҳли оилаи онҳоро Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи тартиби таъин кардан ва пардохтани нафақаҳо, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мақомоти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ муқаррар кардаанд, амалӣ мегардонанд. (ҚҶТ аз 26.03.09с., №499; аз 25.12.15с., №1264)

 

Моддаи 51. Муроҷиат барои таъин намудани нафақа

 

Шахсони дар қисми якуми моддаи 1 ҳамин Қонун зикршуда ва аъзои оилаҳои онҳо (ба ғайр аз шахсони дар қисми 2-юми моддаи 2 зикргардида) дар бораи таъин кардани нафақа бо ариза бо мақомоти нафақаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазора­ти адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,Агентии назорати маводи нашъадори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат менамоянд. (ҚҶТ аз 26.03.09с., №499; аз 25.12.15с., №1264)

Шахсони дар моддаи 2-юми ҳамин Қонун зикршуда ва аъзои оилаҳои онҳо дар бораи таъин кардани нафақа мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъминоти нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» бо ариза ба шуъбаҳои (раёсатҳои) ноҳиявии (шаҳрии) ҳифзи иҷтимоии ҷои истиқоматашон муроҷиат мекунанд. (ҚҶТ аз 25.12.15с., №1264)

Ариза дар бораи таъин кардани нафақа якҷоя бо хуҷҷатҳои дахлдори барои ҳалли масъала зарур ба мақомоти нафақавӣ (мақомоти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ) пешниҳод мешаванд.

 

Моддаи 52. Баррасии аризаҳо дар бораи таъини нафақа

 

Аризаҳо ва ҳуҷҷатҳои ҳамроҳи онҳо пешниҳодшуда барои таъини нафақа ба шахсони дар моддаи 1-уми ҳамин Қонун зикршуда ва аҳли оилаҳои онҳо аз тарафи мақомоти нафақа на дертар аз 10 рӯзи баъди расидани ариза ё на дертар аз 10 рӯзи баъди расидани ҳуҷҷатҳои лозимӣ, ки ҳангоми ариза додан пешниҳод карда нашудаанд, баррасӣ мешаванд.

 

Моддаи 53. Мӯҳлатҳои таъин кардани нафақаҳо

 

Нафақаҳо мувофиқи ҳамин Қонун таъин карда мешаванд:

а) ба шахсони дар қисми якуми моддаи 1 ҳамин Қонун зикршуда, аз рӯзи аз хизмат ҷавоб шудан, вале на барвақттар аз рӯзе, ки то он ба онҳо ҳангоми ҷавоб шудан маблағи пулӣ дода шудааст, ба ғайр аз ҳолатҳои зайли дар мӯҳлатҳои дертар ба онҳо таъин кардани нафақка;

ҳангоми муқаррар кардани маъюбӣ баъди ба охир расидани се моҳи баъди аз хизмат ҷавоб шудан ё дар натиҷаи ҳодисаи нохуш ё касалӣ, ки баъди аз хизмат ҷавоб шудан ба он гирифтор шудааст, – аз рӯ­зи муқаррар кардани маъюбӣ;

ҳангоми аз хизмат ҷавоб шудан вобаста ба маҳкум шудан ба маҳрумӣ аз озодӣ – аз рӯзи барои нафақа муроҷиат кардан баъди аз ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ ҷавоб шудан;

б) ба оилаҳои шахсони дар қисми якуми моддаи 1 ҳамин Қонун зикршуда ва оилаи нафақахӯрон аз ҷумлаи ин шахсон – аз рӯзи фавти саробон, вале на барвақттар аз рӯзе, ки ба вай маблағи пулӣ пардохта ё нафақа дода шудааст, ба ғайр аз ҳолатҳои зайли таъин кардани нафақа ба аьзои оилаҳо аз мӯҳлатҳои нисбатан дертар:

ба аъзои оила, ки баъди фавти саробон нисбати расидан ба синни нафақа ё ба онҳо муқаррар кардани маъюбӣ ба нафақа ҳуқуқ пайдо мекунанд – аз рӯзи ба ин синну сол расидан ё муқаррар кардани маъюбӣ;

ба волидон ё ҳамсаре, ки бинобар аз даст додани манбаи ризқу рӯзии зиндагӣ ба нафақа ҳуқуқ пайдо кардаанд – аз рӯзи барои нафа­қа муроҷиат кардан.

Дар сурати сари вақт муроҷиат накардан нафақа барои вақти гузашта аз рӯзи пайдо кардани ҳуқуқ ба нафақа, вале на зиёда аз 6 моҳи пеш аз муроҷиат кардан таъин карда мешавад. (ҚҶТ аз 25.12.15с., №1264)

 

Моддаи 54. Рӯзи муроҷиат кардан барои таъин намудани нафақа

 

Рӯзи муроҷиат кардан барои таъин намудани нафақа рӯзи додани ариза ва тамоми ҳуҷҷатҳои лозима ба мақомоти дахлдори нафақа дар бораи таъин намудани нафақа ва ҳангоми ба воситаи почта фиристодани ариза ва ҳуҷҷатҳо – рӯзии фиристодани онҳо ҳисоб меёбад.

Дар мавридҳое, ки ба ариза дар бораи таъин кардани нафақа на ҳамаи ҳуҷҷатҳои барои ҳалли масъала зарур ҳамроҳ карда шудаанд, ба аризадиҳанда фаҳмонида мешавад, ки вай боз кадом ҳуҷҷатҳоро оварад. Агар аз рӯзи гирифтани тавзеҳоти мазкур се моҳ нагузашта ин ҳуҷҷатҳо пешниҳод шаванд, рӯзи барои нафақа муроҷиат кардан, рӯзи ариза додан ё рӯзи ба воситаи почта фиристодани ҳуҷҷатҳои дар қисми 2-юми ҳамин модда зикршуда ҳисоб меёбад.

 

Моддаи 55. Мӯҳлати аз нав ҳисоб кардани нафақаҳои таъиншуда

 

Ҳангоми фаро расидани ҳолатҳое, ки боиси тағйир ёфтани андозаи нафақаи шахсони дар қисми якуми моддаи 1 ҳамин Қонун зикршуда ва оилаҳои онҳо мегарданд, нафақаҳо аз рӯзи якуми моҳи баъди моҳе, ки ҳолатҳои мазкур ба миён омадаанд, аз нав ҳисоб карда мешаванд. Дар мавриде, ки нафақахӯр ба баланд шудани нафақа ҳуқуқ пай­до мекунад, фарқи байни андозаҳои нав ва пештараи нафақа дар су­рати сари вақт муроҷиат накардани вай ба нафақахӯр барои вақти гузашта, вале барои на зиёда аз 6 моҳи пеш аз рӯзи муроҷиат кардан барои аз нав ҳисоб кардани нафақа пардохта мешавад. (ҚҶТ аз 25.12.15с., №1264)

 

Моддаи 56. Тартиби умумии пардохти нафақа ва мақомоте, ки нафақаро мепардозанд

 

Нафақае, ки ба шахсони дар қисми якуми моддаи 1 Қонуни мазкур зикршуда ва оилаҳои онҳо таъин карда мешаванд, дар ҷои истиқомати нафақахӯрон аз тарафи мақомоти нафақаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода  ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати маводи нашъадори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба воситаи муассисаҳои (филиалҳои) дахлдори бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи ба пасандозҳо гузаронидани маблағи нафақа ё ба воситаи муассисаҳои алоқа то ба хона расонидани онҳо пардохта мешаванд. Интиқоли нафақа ба воситаи почта ва ба хона бурда расонидани он аз ҳисоби давлат ба амал бароварда мешавад. (ҚҶТ аз 26.03.09с, №499; аз 25.12.15с., №1264)

Нафақа барои моҳи ҷорӣ дар мӯҳлате пардохта мешавад, ки онро мақомоти таъини нафақа дар асоси мувофиқа бо муассисаҳои бонки амонатгузорӣ ва алоқа муайян кардааст.

Дар асоси қарори бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқашудаи вазорати дахлдор нафақаҳоеро, ки мақомоти нафақаи ин вазорат таъин мекунанд, нисбат ба тартиби пешбининамудаи қисми 1-уми ҳамин модда аз рӯи тартиби дигар пардохтан мумкин аст (аз ҷумла ташкилоту муассисаҳои дахлдор дар асоси шартнома).

Тартиби пардохти нафақаро ба нафақахӯрон аз ҷумлаи шахсони дар банди «б»-и қисми  якуми  моддаи 1 Қонуни мазкур зикргардида ва аъзои оилаи онҳо, ки дар қаламрави давлатҳои собиқ ҷумҳуриҳои ИҶШС истиқомат намуда, узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил нестанд, аз ҷумла бо асъори давлати марбута, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси созишномаҳои бо ин давлатҳо басташаванда муайян мекунад.

 

Моддаи 57. Пардохти нафақа ба нафақахӯрон зимни гирифтани музди меҳнат ё дигар даромад

 

Нафақае, ки мувофиқи ҳамин Қонун таъин мегардад, сарфи назар аз гирифтани музди меҳнат ё дигар навъи даромад, пурра пардохта ме­шавад. Ба нафақахӯроне, ки ба кор дохил шудаанд ё аз фаъолияти соҳибкорӣ даромад мегиранд, фақат иловапулиҳо ба нафақа, ки барои нафақахӯрони бекор дар банди «б»-и моддаи 17 ва моддаи 24-уми ҳамин Қонун пешбинӣ шудаанд, пардохта намешавад.

 

Моддаи 58. Пардохти нафақаҳое, ки нафақахӯрон сари вақт нагирифтаанд

 

Маблағи нафақаи ба нафақахӯр, аз ҷумлаи шахсони дар қисми якуми  моддаи 1  Қонуни мазкур зикршуда ва аъзои оилаҳои онҳо ҳисоб кардашуда, ки сари вақт нагирифтаанд, барои давраи гузашта, вале на зиёда аз 2 соли пеш аз муроҷиат барои гирифтани он, пардохта меша­вад. (ҚҶТ аз 25.12.15с., №1264)

Маблағи нафақа, ки нафақахӯр бо айби мақомоти таъинкунанда ё пардохткунандаи нафақа, сари вақт нагирифтааст, барои давраи гузаш­та бе маҳдудияти ҳама гуна мӯҳлат пардохта мешавад.

 

Моддаи 59. Пардохти нафақа ба нафақахӯроке, ки дар хона-интернатҳо (пансионатҳо) зиндагӣ мекунанд

 

Ба нафақахӯрон аз ҷумлаи шахсони дар қисми якуми моддаи 1 Қонуни мазкур нишондодашуда ва аҳли оилаи онҳо, ки дар хона-интернатҳои (пансионатҳои) пиронсолон ва маъюбон зиндагӣ мекунанд, фарқи байни маблағи нафақаи онҳо ва арзиши зиндагӣ ҳар хона-интернат (пансионат), вале на камтар аз 20 фоиз, шахсони дар натиҷаи ҷароҳати ҳарбӣ маъюбгардида ё иштирокчиёни ҷанг ё ашхоси аз рӯи сабабҳои сиёсӣ беасос табъидшуда ва баъдан сафед кардашуда, ки дар банди «а»-и моддаи 21, бандҳои «г» ва «л»-и моддаи 45-уми ҳамин Қонун зикр шудаанд — на камтар аз 25 фоизи маблағи нафақаи таъинкардашуда пардохта мешавад.

Дар мавриде, ки нафақахӯри дар хона-интернати (пансионати) пиронсолон ва маъюбон зиндагикунанда дар таъминоти худ аъзои оилаи ғайри қобили меҳнат дошта бошад, нафақаи ба вай таъиншуда мувофиқи тартиби зайл пардохта мешавад:

ба як узви оилаи нафақахӯр чоряк, ба ду узви оилаи вай сеяк ва ба се узв ва зиёда аз он нисфи нафақаи таъиншуда; нафақаи боқимонда бо ситонидани арзиши нигоҳубин дар хона-интернат (пансионат), вале на камтар аз 20 фоиз, аммо нисбати нафақахӯре, ки дар натиҷаи ҷароҳати ҷангӣ маъюб гардидааст ё иштирокчии ҷанг ва ё аз ҷумлаи ашхоси аз рӯи сабабҳои сиёсӣ беасос табъидшуда ва баъдан сафедшуда мебошад, — на камтар аз 25 фоизи андозаи он ба худи нафақахӯр пардохта ме­шавад.

 

Моддаи 60. Пардохти нафақа дар давраи табобати статсионарӣ

 

Дар давраи дар табобати статсионарӣ (дар беморхона, клиника, госпитал, махавхона ва дигар муассисаҳои табобатӣ) будани нафақахӯрон аз ҷумлаи шахсони дар қисми якуми моддаи 1 ҳамин Қонун зикргардида ва аъзои оилаҳои онҳо, нафақаи ба онҳо таъингардида дар асосҳои умумӣ пардохта мешавад.

 

Моддаи 61. Кать гардидани пардохти нафақа дар давраи аз озодӣ маҳрум шудани нафақахӯр

 

Дар сурати аз озодӣ маҳрум шудани нафақахӯр пардохти нафақаи ба вай таъингардида дар давраи аз озодӣ маҳрум буданаш қагъ мегардад. Агар нафақахӯр дар оилааш аъзои ғайри қобили меҳнат дошта бошад, қисми нафақа ба нонхуронаш дода мешавад, ки манбаи ризқу рузии зиндагиашонро гум кардаанд, вале на зиёдтар аз 50 фоизи нафақаи таъиншуда бо назардошти шароити моддии оила.

 

Моддаи 62. Нигоҳ доштан аз нафақа

 

Аз нафақае, ки мувофиқи ҳамин Қонун пардохта мешавад, дар асоси қарорҳо, таъинот, қарордод ва ҳукми суд (дар бобати ҷазои молу мулкӣ), навиштаҷоти иҷроияи идорахои нотариалӣ ва дигар қарорҳое, ки иҷрои онҳо мувофиқи қонунгузорӣ аз рӯи тартиби барои иҷрои қарорҳои суд муқарраршуда амалӣ мегардад, нигоҳ дошта мешавад. Маблағи нафақа ё кӯмакпулиеро, ки ба нафақахӯр дар натиҷаи сӯистифода аз тарафи вай барзиёд пардохта шудааст, аз нафақа дар асоси қарори мақоми дахлдори нафақа ҳар моҳ ба андозаи на зиёда аз 20 фоизи нафақаи пардохташаванда илова аз маблағе, ки аз рӯи дигар асосҳо нигоҳ дошта мешавад, нигоҳ доштан мумкин аст. Дар ҳамаи ҳолатҳои муқаррар кардани ҷазо нисбат ба нафақа ба нафақахӯр на камтар аз 50 фоизи нафақааш пардохта мешавад.

Дар мавриди қатъ гардидани пардохти нафақа то вақти пурра пардохтани қарз аз рӯи маблағи барзиёд пардохташудаи нафақа ё кӯмакпули қарзи боқимонда аз тариқи суд ситонида мешавад.

 

Моддаи 63. Пардохти нафақа дар мавриди фавти нафақахӯр

 

Маблағи нафақаи мутааллиқ ба нафақахӯр аз ҷумлаи шахсони дар қисми якуми моддаи 1 ҳамин Қонун зикршуда ва аъзои оилаҳои онҳо, ки ба сабаби фавти вай пурра гирифта нашудааст, ба аъзои оилаи нафақахӯри вафоткарда дода мешавад, агар онҳо маъракаи дафнро бе дохил кардани ин маблағ ба ҳисоби мерос анҷом дода бошанд. Дар дигар мавридҳо маблағи нафақа, ки бинобар фавт аз ҷониби нафақахӯр пурра гирифта нашудааст, ба меросхурони вай дар асосҳои умумии муқаррарнамудаи қонунгузории шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохта мешавад.

 

Моддаи 64. Таъмини нафақа ҳангоми ба хориҷа рафтан

 

Масъалаҳои таъмини нафақаи шахсони дар қисми якуми моддаи 1 ҳамин Қонун зикршуда ва аъзои оилаҳои онҳо, ки барои истиқомати доими ба хориҷа рафтаанд, мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аҳдномаҳои (созишномаҳои) оид ба таъминоти иҷтимоӣ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ё собиқ Иттиҳоди ҶШС бо дигар давлатҳо бастаанд, ҳал карда мешаванд.

 

Моддаи 65. Баҳсҳо оид ба масъалаҳои нафақа

 

Баҳсҳои оид ба масъалаҳои таъин кардан ва пардохтани нафақа ба шахсони дар қисми якуми моддаи 1 ҳамин Қонун зикршуда ва оилаҳои онҳо, руёнидани маблағҳои барзиёд пардохташудаи нафақаҳо аз ҷониби мақомоти болои тибқи тартиби тобеияти мақомоти нафақаи Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазо­рати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,  Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати маводи нашъадори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарраёсати полиси андози Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ё аз тариқи суд мувофиқи қонунгу­зории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳал карда мешавад. (ҚҶТ аз 26.03.09с, №499; аз 25.12.15с., №1264)

 

Моддаи 66. Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур

 

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки муқаррароти Қонуни мазкурро вайрон мекунанд, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. (ҚҶТ аз 26.03.09с, №499).

 

Президенти                                                                                                                               

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                                 Э. РАҲМОНОВ  

 

шаҳри Душанбе, 1 декабри соли 1994

№ 1106

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

 

ҚАРОРИ  ШӮРОИ ОЛИИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Оиди тартиби ба мавқеи иҷро гузоштани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи хизматчиёни ҳарбӣ»

(Ахбори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1994, №23-24 мод. 463)

Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонқарор мекунад:

1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи хизматчиёни ҳарбӣ» аз рӯзи нашр шуданаш мавриди амал қарор дода шавад.   

Бинобар ба мавқеи иҷро гузоштани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи хизматчиёни ҳарбӣ» нафақае аз нав ҳисоб карда шавад, ки он қаблан ба афсарон, прапоршикҳо, мичманҳо, хизматчиёни ҳарбии зиёдамӯҳлат ва дигар хизматчиёни ҳарбӣ, ки дар асоси қарордод хизмати ҳарбиро адо намудаанд, шахсони ҳайати қаторӣ ва фармондеҳии мақомоти корҳои дохилӣ, шахсони дорои рутбаи махсуси мақомоти гумрук, судяҳо, кормандони мақомоти прокурорию тафтишотии прокуратура ва оилаҳои онҳо таъин шуда буд, агар онҳо дар асоси Қонуни мазкур ба нафақаи баландтар ҳақ дошта бошанд.

2. Бонкӣ амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сари вақт ба муассисаҳои (филиалҳои) Бонки амонатгузорӣ пардохта шудани нафақаҳоеро, ки он мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини на­фақаи хизматчиёни ҳарбӣ» таъин шудааст, таъмин намояд.

3. Бинобар мавриди татбиқ қарор дода шудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи хизматчиёни ҳарбӣ» дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни ИҶШС «Дар бораи таъмими на­фақаи хизматчиёни ҳарбӣ», инчунин санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҳукумати собиқ Иттифоқи ҶШС оид ба ин масъала татбиқ нагардад.

Ҳуқуқи гирифтани нафақае, ки то ба мавқеи иҷро гузоштани ҳамин Қонун мутобиқи Қонуни ИҶШС «Дар бораи таъмини нафақаи хизмат­чиёни ҳарбӣ» ва дигар санадҳои собиқи меъёрию ҳуқуқӣ таъин шуда буд, аз нав баррасӣ намешавад.

4. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:

дар давоми се моҳ, оиди тартиби татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи хизматчиёни ҳарбӣ» аз рӯи масъалаҳое, ки Қонуни мазкур ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат додааст, санадҳои меъёрию ҳуқуқиро таҳия карда, тасдиқ на­мояд;

дар давоми як моҳ, масъалаи тартиби таъмини нафақаи хизматчиё­ни ҳарбӣ, ки аз қисмҳои ҳарбии ба Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати амнияти Ҷумҳурии Тоҷикистон тааллуқнадошта ҷавоб шудаанд ва аҳли оилаи онҳоро баррасӣ ва ҳал намояд;

гузаштан ба чунин тартиби пардохти нафақаро таъмин кунад, ки дар қисми аввали моддаи 56-уми Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи хизматчиёни ҳарбӣ» муқаррар шудааст ва дар асоси Қонуни мазкур тартиби бо маблағ таъмин кардани хароҷоти пардохтро муайян намояд.

5. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазорату идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон санадҳои меъёрию ҳуқуқиеро, ки қаблан аз ҷониби онҳонашр шуда, ба масоили таъмини нафақаи афсарону прапоршикҳо, мичманҳо, хизматчиёни ҳарбии зиёдамӯҳлати аз хизмат ҷавобшуда, шахсо­ни ҳайати қаторӣ ва фармондеҳии мақомоти корҳои дохилӣ, шахсони ҳайати қаторӣ ва фармондеҳии мақомоти корҳои дохилӣ, шахсони дорои рутбаҳои махсуси мақомоти гумрук, судяҳо, кормандони мақомоти прокурорию тафтишотии прокуратура ва оилаҳои онҳо дахл мекард, бо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи хизмат­чиёни ҳарбӣ» мутобиқ созанд.

 

 

Муовини аввали Раиси Шӯрои Олии                            

Ҷумҳурии Тоҷикистон                 А. ДОСТИЕВ

шаҳри Душанбе 1 декабри соли 1994

№ 1107                                                       


 Минбаъд нафака аз руи синну сол номида мешавад.