Бо Кодекси ҷангали ҶТ аз 02.08.2011 с., №761

АЗ ЭЪТИБОР СОҚИТ ДОНИСТА ШУД

 

 

КОДЕКСИ ҶАНГАЛИ  ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

(Ахбори Шурои Олии Ҷумҳуриии Тоҷикистон соли 1993, №13, мод. 243; соли 1997, № 9, мод. 117; соли 2008, №1 қисми 2, мод.17, соли 2008, №6, мод.464.)

 

Кодекси мазкур муносибатҳои ҷангалдориро танзим менамояд ва мақсад аз он фароҳам овардани шароити истифодаи оқилонаи ҷангал, ҳифзи он нигаҳдорӣ ва беҳ гардонидани  муҳити  табиат, истеҳсоли маҳсулоти ҷангал ва кишоварзӣ мебошад.

 

ФАСЛИ I. ҚОИДАҲОИ УМУМӢ

 

БОБИ  I. ҚОИДАҲОИ  АСОСӢ

 

Моддаи 1. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷангал

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҷангал ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад. (ҚҶТ аз 5.01.08 № 352)

Моддии 2. Моликияти ҷангал дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ҷангал моликияти давлатӣ-сарвати умумии халқҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

 

Моддаи 3. Фонди ягонаи давлатии ҷангал

Тамоми  ҷангали  Чумхурии   Точикистон   фонди   ягонаи   давлатии ҷангалро ташкил медихад.

Фонди ягонаи давлатии ҷангал аз инҳо иборат аст:

1) ҷангалҳои дорои аҳамияти давлатӣ, яъне ҷангалҳои мутааллиқи мақомоти давлатии хоxагии ҷангал, ҷангалҳои шаҳр, ҷангалҳои вобасташуда, парваришгоҳҳо ва ҷангалҳои мамнуъгоҳҳо;

2) ҷангалзори ташкилотҳои кишоварзӣ ва хољагиҳои деҳқонӣ, яъне ҷангалзори қаламрави колхозҳо, ки барои истифодаи бемӯҳлат дода шудааст. (ҚҶТ аз 5.01.08 № 352)

 

Моддаи 4. Замини фонди давлатии ҷангал

Заминҳои ҷангалдор ва ҳамчунин беҷангале, ки барои эҳтиёxоти хоxагии ҷангал вогузошта шудаанд, фонди давлатии ҷангал ба ҳисоб мераванд.

ҳуқуқи истифодаи замини фонди давлатии ҷангалро санади давлатӣ барои гирифтани ҳуқуқи истифодаи бемӯҳлати замин тасдиқ менамояд.

 

Моддаи 5. Таркиби заминҳои фонди давлатии ҷангал

Ба таркиби заминҳои фонди давлатии ҷангал инҳо дохил мешаванд: майдонҳои дарахтдор - ҷангалзори сердарахт, сирак, ниҳолпарварӣ, ҷангалзори камдарахт, минтақаҳои дарахтонашон сeхта, бурида, марғзор; майдонҳои бедарахт – киштзорҳо, xойҳои алафдаравӣ, чарогоҳҳо, кeлу дараҳо, боғу токзорҳо, роҳу пайроҳаҳо, работҳо, ботлоқу регзорҳо, пиряҳо.

 

Моддаи 6. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи танзими муносибатҳои  ҷангалдорӣ

Дар соҳаи танзими муносибатҳои ҷангалдорӣ корҳои зайл ба ихтиёри Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузошта шудаанд:

1)  идораи фонди ягонаи давлатии ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон;

2) тартиб ва такмил додани қонунҳои оид ба ҷангал ва пешниҳод кардани онҳо ба Маљлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;

3) муқаррар кардани тартиб ва пули истифодаи ҷангал, ҳамчунин имтиёзҳои пардохт, ташкили фондҳои ҳифз ва таxдиди ҷангал;

4) муқаррар кардани мизону шохисҳои (нормативҳои) истифодаи ҷангал, тасдиқи қоидаҳои истифода, таxдид, нигаҳдорӣ ва ҳифзи ҷангал;

5) тартиб додан ва амалӣ гардонидани барномаҳои истифодаи оқилонаи ҷангал, зиёд кардани самараи он, таxдид, нигаҳдорӣ ва ҳифзи ҷангал якxоя бо тадбирҳои дигари муҳофизати табиат;

6) таҳти назорати давлат қарор додани ҳолат, вазъият, истифо­да, таxдид, нигаҳдорӣ ва ҳифзи ҷангал, ҳамчунин танзими муноси­батҳои ҷангалдорӣ аз рeи масъалаҳои дигар;

7) ташкили ҳисобрасии давлатии фонди ҷангали кадастри дав­латии ҷангал ва мониторинги ҷангал;

8) муқаррар кардани ҳудуди замини фонди давлатии ҷангал, ҳудуди фонди ҷангали режими махсуси ҳуқуқӣ;

9) танзими масъалаҳои дигари истифодаи оқилона, таxдид, ни­гаҳдорӣ ва ҳифзи ҷангал дар асоси қонунҳои дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон;

10) тарҳрезии тараққии хоxагии ҷангал, татбиқи тадбирҳои  ни­гаҳдорӣ ва ҳифзи ҷангал, сeхторнишонӣ ва масъалаҳои дигари бахши нигаҳдорӣ ва ҳифзи ҷангал.

 

Моддаи 7. Салоҳияти мақомоти иљроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи танзими муносибатҳои ҷангалдорӣ

Дар соҳаи танзими муносибатҳои ҷангалдорӣ иҷрои корҳои зайл дар ихтиёри маxлисҳои вакилони халқи Вилояти Мухтори Кeҳистони Бадахшон, мақомоти иљроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ мебошад:  (ҚҶТ аз 5.01.08 № 352)

Тарҳрезии тараққиёти хоxагии ҷангал, ба амал баровардани тадбирҳои нигаҳдорӣ ва ҳифзи ҷангал, сeхторнишонӣ ва масъалаҳои дигари таxдид, нигаҳдорӣ ва ҳифзи ҷангал, ҳуҷҷатҳои вайрон кардани қоидаҳои истифодаи ҷангалро баррасӣ намудани комиссияи маъмурию ҳуқуқӣ.

 

БОБИ II.  ИДОРАИ ДАВЛАТИИ СОҳАИ МУНОСИБАТҳОИ ҶАНГАЛДОРӣ

 

Моддаи 8.   Идораи давлатии соҳаи истифода, таxдид, нигаҳдорӣ ва ҳифзи ҷангал

Идораи давлатии соҳаи истифода, таxдид, нигаҳдорӣ ва ҳифзи ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарафи мақомоти давлатии хоxагии ҷангал ва мақомоти дигари давлатӣ мутобиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Мақомоти ваколатдори давлатии ҳифзи муҳити зист ва мақомоти маҳалии он мақомоти давлатии хоxагии ҷангал мебошанд.

 

Моддаи 9. Назорати  давлатии  ҳолату  вазъият,  истифода,  таx­дид, нигаҳдорӣ ва ҳифзи ҷангал

Назорати давлатии фаъолияти субъектҳои хољагидор новобаста аз шакли моликият ва тобеияти идоравии онҳо бо роҳи гузаронидани санљиши риояи қонунгузорӣ дар бораи ҳолат, истифода, таљдид, нигаҳдорӣ ва ҳифзи ҷангал мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санљиши фаъолияти субъектҳои хољагидор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» амалӣ гардонида мешавад. (ҚҶТ аз 5.01.08 № 352)

Назорати давлатии ҳолату вазъият, истифода, таxдид, нигаҳдорӣ ва ҳифзи ҷангал аз тарафи Мақомоти ваколатдори давлатии ҳифзи муҳити зист ва маxлиси маҳаллии вакилони халқ сурат мегирад.

Тартиби назорати давлатии ҳолату вазъият, истифода, таxдид, нигаҳдорӣ ва ҳифзи ҷангалро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.

 

Моддаи 10. Мониторинги ҷангал

Мониторинги ҷангал иборат аз низоми ягонаи мушоҳида, арзёбӣ ва пешгeии ҳолату вазъият ва xараёни фонди ҷангал ба манзури истифодаю таxдид, нигаҳдориву ҳифзи самарабахши ҷангал мебошад. Сохтор, мазмун ва тартиби татбиқи мониторинги ҷангалро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.

 

БОБИ  III.  ҳУҚУҚУ  ВАЗИФАҳОИ  МАҚОМОТИ ВАКОЛАТДРИ ДАВЛАТИИ ҲИФЗИ МУҲИТИ ЗИСТ

 

Моддаи 11. ҳуқуқҳои мақомоти ваколатдори давлатии ҳифзи муҳити зист

Мақомоти ваколатдори давлатии ҳифзи муҳити зист ҳуқуқ доранд:

аз ҷангал истифода кунанд ва корҳои дигари хоxагии марбути онро дар ҳудуди қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба xо оранд;

роҳ, анборҳои хоxагии ҷангал, марказҳои зидди сeхтор ва маводи кимёвӣ, манзил ва биноҳои хоxагӣ, анборҳои ҳифз ва коркарди ибтидоии ашёи хом ва иншоотҳои дигаре созанд, ки дар асоси Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон барои идораи хоxагии ҷангал ва ис­тифодаи ҷангал заруранд;

қитъаҳои дарахтнадоштаи заминро барои парвариши маҳсулоти кишоварзӣ истифода намоянд;

ба манзури истифодаи ҷангал ва иҷрои корҳои дигари хоxагии марбути он барои   шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ қитъаҳои фонди ҷангал xудо карда, ба онҳо иxозатномаҳои (ордерҳои) ҷангалбурӣ ва ё иxозатномаҳои истифодаи ҷангал диҳанд. (ҚҶТ аз 5.01.08 № 352)

Барои пeшонидани хароxоти вобаста бо ҳифзу барқарор сохтани ҷангал ва додани товони зараре, ки ба набототу ҳайвонот расонида шудааст, сметаи хоxагии ҷангал тартиб дода мешавад.

 

Моддаи 12. Вазифаҳои мақомоти ваколатдори давлатии ҳифзи муҳити зист

Мақомоти ваколатдори давлатии ҳифзи муҳити зист вазифадоранд:

ҷангалро таxдиду нигаҳдорӣ ва муҳофизат намоянд, ҳолати санитариашро беҳ созанд, нигоҳубин кунанд, маҳсулоти онро афзун ва заминашро ҳосилхез гардонанд, истифода ва ҳисобрасии онро ба роҳ монанд ва дигар вазифаҳои идораи хоxагии ҷангалро ба xо оваранд;

чўб ва захираҳои дигари набототи ҷангал ва хосиятҳои муфиди табиии онро дар ҳудуди меъёрҳои асосноки илмӣ ва тавсияҳои асноди сохти ҷангал истифода намоянд;

аз рeи усулҳое кор кунанд, ки ба нигоҳ доштани вазифаҳои ташкилу ҳифзи муҳит, ҳамчунин шароити гуворои сари вақт барқарор намудани дарахтзор, маводи дорубоб, озуқа ва техникӣ мусоидат менамоянд, талабҳои дигари истифодаи оқилона, таxдид, нигаҳдорӣ ва ҳифзи ҷангалро, ки Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардаанд. (ҚҶТ аз 5.01.08 № 352)

.

 

Моддаи 13. ҳифзи ҳуқуқҳои Мақомоти ваколатдори давлатии ҳифзи муҳити зист

Дахолати ташкилотҳои хоxагӣ ва ташкилотҳои дигар, ҳамчунин шаҳрвандони xудогона ба фаъолияти мақомоти хоxагии ҷангал манъ аст, ба истиснои ҳодисаҳое, ки мақомоти хоxагии ҷангал талабҳои Кодекси мазкур, Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунҳои ди­гари xумҳуриро риоя намекунанд.

 

Моддаи 14. Қатъ гардидани ҳуқуқи истифодаи ҷангал

ҳуқуқи истифодаи ҷангал дар ҳолатҳои зерин қатъ мегардад:

1) ихтиёран даст кашидан аз истифодаи ҷангал;

2)  анxоми эҳтиёxоти истифодаи ҷангал;

3)  анxоми мӯҳлати ҳуқуқи истифодаи ҷангал;

4) барҳам хурдани корхонаю муассиса ва ё ташкилотҳое, ки аз ҷангал истифода мекунанд;

5) мувофиқи тартиби муқарраршуда барои эҳтиёxоти дигари давлатӣ ва xамъиятӣ гирифтани замини фонди давлатӣ ва ё заминҳои дигар;

6)  истифодаи ҷангал хилофи мақсад ва ё талабҳое, ки дар иxозатномаи (ордери)   дарахтбурӣ  ва  ё  иxозатномаи истифодаи ҷангал пешбинӣ шудаанд;

7) риоя накардани тартибу қоидаҳои истифодаи ҷангал, ҳамчунин тарзҳои мамнeъи истифодаи ҷангал;

8) истифодаи усулҳое, ки ба вазъ ва таxдиди ҷангал ва иншооти дигари табиӣ таъсири манфӣ расонда, вазифаҳои экологии ҷангалро коҳиш дода, боиси эрозияи хок мегардад;

9) дар мӯҳлати муқарраршуда напардохтани ҳаққи истифодаи ҷангал;

10)  бас ва қатъ кардани шартномаи иҷораи ҷангал.

Тартиби қатъ намудани ҳуқуқи истифодаи ҷангалро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад.

 

БОБИ IV. ИДОРАИ ХОXАГИИ ҶАНГАЛ

 

Моддаи 15. Идораи хоxагии ҷангал дар ҷангалҳои дорои аҳамияти давлатӣ

Идораи хоxагии ҷангал дар ҷангалҳои дорои аҳамияти давлатӣ ба зиммаи инҳо гузошта мешавад:

ба корхонаҳои хоxагии ҷангали мақомоти давлатии хоxагии ҷангал (ғайр аз ҷангалҳои шаҳрӣ, ҷангалҳои вобасташуда ва ҷангалҳои мамнуъгоҳҳо);

дар ҷангалҳои шаҳрӣ ба корхонаҳои хоxагии ҷангал ва корхонаю муассисаҳо, ташкилотҳои дигари мақомоти ҳокимияти иҷроияи маҳалҳо (Ҳукуматҳо). Хоxагии ҷангалро дар ҷангалҳои шаҳрӣ метавон якxоя бо корхонаҳои хоxагии ҷангали мақомоти дав­латии хоxагии ҷангал идора кард;

Дар ҷангалҳои вобасташуда ба корхонаҳои хоxагии ҷангал ва корхонаю муассисаҳо, ташкилотҳои дигаре, ки ин ҷангалҳо ба онҳо вобаста карда шудаанд;

дар ҷангалҳои мамнeъгоҳҳо - ба зиммаи мамнeъгоҳҳо.

 

Моддаи 16. Идораи хоxагии ҷангал дар ҷангалҳои колхозу кооперативҳо ва ҷангалҳои xамъиятҳои саҳҳомӣ ва хоxагиҳои деҳқонӣ

Хоxагии ҷангал дар заминҳои ба колхозу кооперативҳо, xамъиятҳои саҳҳомӣ ва хоxагиҳои деҳқонон додашуда тибқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон идора карда мешавад.

 

БОБИ V. БА ГУРEҳҳО ТАҚСИМ КАРДАНИ ҶАНГАЛҳО

 

Моддаи 17. Ба гурeҳҳо дохил кардани ҷангалҳо

Бо назардошти он ки ҷангалҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷинсҳои пурарзиши дарахту бутаҳо иборат буда, барои хоxагии халқ аҳамияти зиёд доранд, онҳо ба ҷангалҳои гурeҳи якум дохил мешаванд.

 

Моддаи 18. Категорияҳои муҳофизати ҷангал

Ҷангалҳо дар асоси иҷрои вазифаҳои муҳофизатиашон ба ҷангалҳои зидди фарсоиш, муҳофизати киштзор, қитъаҳои муҳофизатии қадқади роҳҳои оҳан ва автомобилгарди давлатӣ, ҷангалҳои минтақаи ҳифзи санитарии манбаъҳои обгирӣ ва ҳавзаҳои ҳифзи санитарии курортҳо тақсим мешаванд.

 

Моддаи 19. Муайян кардани ҳудуди гурeҳу категорияҳои муҳо­физати фонди давлатии ҷангал

Ба андозаи ба гурeҳу категорияҳои муайяни муҳофизати дохил кардани ҷангалҳо ҳудуди онҳо муқаррар карда мешавад.

Тартиби муайян кардани ҳудуди гурeҳу категорияҳои муҳофиза­тии ҷангалҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.

 

БОБИ VI.  БА ҳИСОБИ  МАЙДОНИ  БЕҶАНГАЛ ГУЗАРОНИДАНИ  МАЙДОНҳОИ   ҶАНГАЛДОР

 

Моддаи 20. Тартиби ба ҳисоби майдонҳои беҷангал гузаронидани майдонҳои ҷангалдор

Майдонҳои ҷангалдорро ба ҳисоби майдони беҷангал xиҳати ис­тифода ба мақсадҳои новобаста бо идораи хоxагии ҷангал ва истифодаи онҳо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мегузаронад.

 

Моддаи 21. Мусодираи қитъаҳои замин барои эҳтиёxоти давлат ва xамъият

Қитъаҳои замини ҷангалдор барои эҳтиёxоти давлат ва xамъият бо тартиби муқарраркардаи Кодекси оид ба замини Ҷумҳурии Тоҷикистон мусодира карда мешавад.

 

Фасли II.  ИСТИФОДАИ ҶАНГАЛ

 

БОБИ VII.  ИСТИФОДАКУНАНДАГОНИ ҶАНГАЛ

 

Моддаи 22. Истифодакунандагони ҷангал

Корхонаю муассисаҳо ва ташкилотҳои дигари давлатию кооперативӣ, ҳамчунин шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд истифодакунандагони ҷангал бошанд.

Ҷангал мувофиқи тартиби муқарраркардаи ҳамин Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода карда мешавад.

 

Моддаи 23. Иҷораи қитъаҳои ҷангал

Қитъаҳои ҷангал аз рeи шартҳои иҷора барои истифодаи муваққатӣ дода мешаванд.

Мақомоти ваколатдори давлатии ҳифзи муҳити зист иҷорадиҳандаи қитъаҳои ҷангал мебошад.

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, корхонаҳои муштарак, иттиҳодияҳо ва ташкилотҳои байналмилалӣ мета­вонанд бо иштироки шахсиятҳои ҳуқуқии хориxӣ, ҳамчунин давлатҳои хориxӣ, шаҳрвандон ва шахсиятҳои ҳуқуқии хориxӣ иҷорагирандагони қитъаҳои ҷангал бошанд. (ҚҶТ аз 5.01.08 № 352)

Шартҳои иҷора ва ҳаҷми иҷорапулӣ мувофиқи созиши тарафҳо муайян намуда, дар шартнома тазаккур дода мешавад. Иҷорапулӣ дар асоси ҳаҷми (андозаи) дар шартнома пешбинишудаи истифодаи ҷангал бо назардошти нархи роиxи маҳсулоти ҷангал, хизматрасонӣ, сифат ва арзонии захираҳои ҷангал муқаррар карда мешавад. Иҷорапулии ҳар беҳдарахт ва захираҳои дигари ҷангал аз нархи роиx камтар муқаррар карда намешавад. Иҷоракор ҳуқуқ дорад, ки баъди анxоми мӯҳлати эътибори шартнома онро дароз кунад.

Муносибатҳоро дар мавриди иҷора гирифтани қитъаҳои ҷангал ҳамин Кодекс, Кодекси оид ба замини Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи иҷоракорӣ ва ҳуҷҷатҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар асоси онҳо интишор мешаванд, танзим мекунанд.

 

Моддаи 24. Тарз ва мӯҳлати истифодаи ҷангал

Ҷангал ҳамчунин заминҳои фонди давлатии ҷангалро бо риояи талабу шартҳои пешбинӣ кардаи қонунҳо ба мақсадҳои зерин исти­фода кардан мумкин аст:

1) таҳияи чӯб;

2) таҳияи самғи писта;  

3) таҳияи   масолеҳи  дуюмдараxаи  ҷангал (кунда, пeсти  дарахт ва ғайра) ;

4) истифодаи иловагии ҷангалзор - алафдаравӣ, чорвочаронӣ, xойгир кардани қуттиҳои занбeри асал, таҳияи шираи дарахтон, тайёр кардан ва xамъ овардани меваи худрeи, чормағз, занбeруғ, гиёҳҳои шифобахш ва маводи хоми техникӣ;

алафи заминҳои хоxагии кишлоқ, ки ба заминҳои фонди давлатии ҷангал дохиланд, мувофиқи талабҳои Қонун оид ба замини Ҷумҳурии Тоҷикистон даравида, чорво ҳам тибқи талабҳои Конуни мазкур дар ин заминҳо чаронида мешавад;

5) тадқиқоти илмӣ;

6)  маданию солимгардонӣ;

7)  шикор.         

Мӯҳлати  истифодаи  ҷангалро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.

 

Моддаи 25. Меъёрҳои истифодаи ҷангал

Ҷангалҳо аз рeи меъёрҳои асосноки илмӣ, ки бо ҳуҷҷатҳои сохтмони ҷангал, тафтишот ва муоинаи фонди ҷангал муайян мешаванд, мавриди истифода қарор мегиранд.        

Меъёри ҳарсолаи истифодаи xузъии дарахтони ҷангал (дарахтбурӣ ба манзури нигоҳубини ҷангал, дарахтбурӣ ба нияти поккории ҷангал ва дарахтбурӣ ба мақсади нав кардани дарахтоне, ки аз нигоҳу хоxагӣ  камарзишанд) бо назардошти мавxуд будани дарахтоне муқаррар мешавад, ки ба беҳсозии ҷинсу сифат зарурат доранд.

Тартиби муайян ва тасдиқ кардани ҳуҷҷатҳои xудо кардани қитъаҳои ҷангал, меъёрҳои истифодаи xузъии дарахтони ҷангал ва тарзи дигари истифодаи ҷангалро Мақомоти ваколатдори давлатии ҳифзи муҳити зист муқаррар менамоянд.

 

БОБИ VIII. ДОДАНИ ҳУҚУҚИ ИСТИФОДАИ ҶАНГАЛ

 

Моддаи 26. Додани қитъаҳои ҷангал

Мақомоти ваколатдори давлатии ҳифзи муҳити зист ва мақомоти маҳаллии он ба манзури таҳияи чӯб ва масолеҳи дуюмда­раxаи ҷангал, алафдаравӣ, чорвочаронӣ ва тарзи дигари истифодаи ҷангал қитъаҳои ҷангалро мувофиқи тартиби муқарраршуда ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон медиҳанд. (ҚҶТ аз 5.01.08 № 352)

Моддаи 27. Муқаррар намудани ҳуқуқи истифодаи ҷангал

Иљозатномадиҳии ҳуқуқи истифодаи сарватҳои табиии фонди ҷангал мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иљозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» амалӣ карда мешавад. (ҚҶТ аз 5.01.08 № 352)

Моддаи 28. Тартиби додани ҳуқуқи истифодаи ҷангал

Тартиби додани ҳуқуқи истифодаи ҷангалро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.

 

БОБИ  IХ. ЧӯБТАЙЁРКУНӣ

 

Моддаи 29. Тарзу усулҳои дарахтбурӣ ҳангоми чӯбтайёркунӣ

Чӯб ҳангоми дарахтбурии истифодаи xузъии ҷангал вобаста ба вазъу сифати он дар ҳудуди нақшаҳои муқарраршуда тайёр карда мешавад.

Дар баробари ин дарахтон ба манзури нигоҳубини ҷангал, беҳдошти он бурида мешаванд.

Дар ҷангалҳои қeруқ, боғҳои миллӣ ва табиӣ, қитъаҳои қуруқи ҷангал, ҷангалҳои  дорои  аҳамияти илмӣ  ва таърихӣ, ёдгориҳои табиат, бешаборҳо, чормағззорҳо, ҷангали дарахтони   мева, ҷангалҳои шаҳрӣ, қисматҳои бешабоғҳои минтақаи сабз, дар ҷангалҳои минтақаҳои якум ва дуюми ҳифзи санитарии манбаъҳои обгирӣ ва ҷангалҳои минтақаҳои якум ва дуюми ҳавзаҳои ҳифзи санитарии курортҳо, минтақаҳои давлатии дарахтони муҳофизатӣ ҷангалҳои    пешгирии фарсоиши хок, дар минтақаҳои мамнeъи ҷангал, ки xои тухмгузории ҷинсҳои   пурқимати моҳии сайдшавандаро муҳофизат мекунанд ва дар ҷангалҳои хусусан пурқимат дарахтон фақат ба мақсади нигоҳубини ҷангал, беҳтар сохтани ҳолати санитарии он ва ба манзури таxдиди ниҳолҳои камарзиш, ки вазифаҳои муҳофизатӣ, обнигаҳдорӣ ва вазифаҳои дигари экологиро гум мекунанд, бурида мешаванд.

Дар ҷангалҳои кeҳсор чунин усулҳои дарахтбурӣ ба  кор бурда мешаванд, ки аҳамияти махсуси муҳофизатӣ, пешгирии фарсоиши хок ва танзими оби ин ҷангалҳоро ба назар мегиранд.

 

Моддаи 30. Муқаррар кардани тартиби чӯбтайёркунӣ

Тартиби чӯбтайёркуниро Мақомоти ваколатдори давлатии ҳифзи муҳити зист ва мақомоти маҳаллии он муқаррар мекунанд.

Қоидаҳои  дарахтбуриро  Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.

 

Моддаи 31. Муайян кардани миқдори чӯбтайёркунӣ ҳангоми қисман буридани дарахтон ва ба мақсадҳои дигар буридани дарахтон

Миқдори тайёр кардани чӯб ҳангоми қисман буридани дарахтон бо назардошти меъёрҳои  муқарраршудаи дарахтбурӣ xиҳати нигоҳубини ҷангал барои беҳтар сохтани таркиби ҷинс ва сифати ҷангал, ҳаҷми зарурии дарахтбурӣ ба мақсади нав кардани ниҳолҳои аз нигоҳи хоxагӣ камарзиши ҷангал, вале миқдори тайёр кардани чӯб ҳангоми дарахтбурӣ барои мақсадҳои дигар, яъне ҳаҷми поккории ҷангал, аз байни ҷангал кeшодани роҳ ва ғайра муайян карда мешавад.

 

Моддаи 32. Додани дарахтон

Дарахтони ҷангал бо нархи муқарраршуда фурeхта мешаванд. Дарахтони ҷангали   колхозҳоро барои эҳтиёxоти хоxагии xамъиятиашон бепул медиҳанд.

Корхона, муассисаю ташкилотҳои идораи хоxагии ҷангал барои чӯби зарурати иҷрои тадбирҳои нигоҳубини ҷангал ва тадбирҳои дигари хоxагии ҷангал пул намедиҳанд.

Тартиби додани пули дарахт, нархи он, дар мавридҳои xудогона аз пардохти пули дарахт қисман ва ё пурра озод сохтани  шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ Ҳукумати  Ҷумҳурии  Тоҷикистон муқаррар менамояд. (ҚҶТ аз 5.01.08 № 352)

 

БОБИ Х. ТАРЗҳОИ ДИГАРИ ИСТИФОДАИ ҶАНГАЛ

 

Моддаи 33. Идораи шикоргоҳ

ҳангоми истифодаи ҷангал барои эҳтиёxоти шикоргоҳ ба ҷангал набояд зарар расад.

Дар вақти истифодаи ҷангал ва андешидани тадбирҳои хоxагии ҷангал бояд зарурати таъмини шароити мусоиди зиндагии ҳайвоноти ваҳшӣ ба назар гирифта шавад.

Ташкилотҳои давлатӣ, кооперативӣ ва xамъиятӣ ки дар ҷангал ба онҳо шикоргоҳҳо вобаста карда шудаанд, оиди идораи шикоргоҳҳо бо тартиби муқарраркардаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳо меандешанд.

 

Моддаи 34. Алафдаравӣ ва чорвочаронӣ

Алафдаравӣ ва чорвочаронӣ дар ҷангал ва заминҳои бедарахти фонди давлатии ҷангалзор, ки аз ин ба хоxагии ҷангал метавонад зарар расад, манъ аст.

Майдонҳои алафдаравӣ ва чорвочарониро мувофиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон   корхона, муассисаю ташкилотҳое, ки хоxагии ҷангалро идора мекунанд, муқаррар менамоянд.

Дар ҷангалҳои дорои аҳамияти давлатӣ алафзору чарогоҳҳое, ки барои эҳтиёxоти хоxагии ҷангал истифода намешаванд, барои истифо­даи муваққатӣ ба ташкилотҳои кишоварзӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дода мешаванд, ба шарте ки ин тарзи истифода ба манфиати хоxагии ҷангал мувофиқ бошад. Алафзору чароғоҳҳо бо риояи қонунҳои оид ба замин вогузор мешаванд. (ҚҶТ аз 5.01.08 № 352)

Бузчаронӣ дар ҷангал, манъ аст. Ба тариқи истисно дар қитъаҳои махсус, ки атрофи онҳоро соҳибони чорво тавора гирифтаанд, ба бузчаронӣ иxоза дода мешаванд.

Барои истифодаи мӯҳлатнок ба ташкилотҳои кишоварзӣ, хоxагиҳои дигари давлатӣ, кооперативӣ, деҳқонӣ додани заминҳои фонди ҷангал мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби заминҳое, ки дар хоxагии ҷангал истифода намешаванд, сурат мегирад. (ҚҶТ аз 5.01.08 № 352)

 

Моддаи 35. Барои гузоштани қуттиҳои занбури асал вогузор кардани қитъаҳо

Қитъаҳои ҷангал ва замини беҷангали фонди давлатии ҷангалро ба колхозу совхозҳо ва корхона, муассисаю ташкилотҳои дигари давлатӣ, кооперативӣ, xамъиятӣ ва ба шаҳрвандон барои гузоштани қут­тиҳои занбури асал мувофиқи тартиби муқарраршуда корхонаҳо, муассисаю ташкилотҳои идоракунандаи хоxагии ҷангал бе ҳуқуқи  дарахтбурӣ, аз дарахту бутта тоза ва шудгор кардани майдон ва бе ҳуқуқи дар ин қитъаҳо сохтани иморатҳои доими вогузор мекунанд.

 

Моддаи 36. Таҳия ва xамъ кардани чормағз, меваи дарахту бутаҳо, гиёҳҳои шифобахш ва маводи хоми техникӣ

Чормағз, меваи дарахту бутаҳо, гиёҳҳои шифобахш ва маводи хоми техникиро корхонаҳо, муассисаю ташкилотҳое меғундоранд, ки хоxагии ҷангалро идора мекунанд.

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ин маҳсулотро мувофиқи тартиби муқарраршуда таҳия мекунанд. (ҚҶТ аз 5.01.08 № 352)

 

 

 

БОБИ ХI. ИСТИФОДАИ ҶАНГАЛ ДАР МИНТАҚАИ САРҳАДӣ

 

Моддаи 37. Тартиби истифодаи ҷангал дар минтақаи сарҳадӣ

Ҷангали минтақаи сарҳадӣ мувофиқи тартибе истифода мешавад, ки ҳамин Кодекс ва қонунҳои дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамоянд.

Хусусияти истифодаи ҷангали минтақаи сарҳадиро Мақомоти ваколатдори давлатии ҳифзи муҳити зист бо маслиҳати ҳайати фармондеҳони қeшунҳои сарҳадӣ муқаррар мекунанд.

 

Фасли III. БАРҚАРОР ВА ЗИЁД КАРДАНИ МАҳСУЛИ ҶАНГАЛ

 

БОБИ ХII. БАРҚАРОР ВА БУНЁД  КАРДАНИ ҶАНГАЛ

 

Моддаи 38. Ҷангалбарқароркунӣ

Ба манзури барқарор намудани ҷангал талабҳои асосии зерин риоя мешаванд:

барои дарахтзоркунии ҳатмии заминҳои дарахтонашон буридашуда бо назардошти шароити рeидани дарахту наботот шинондани ниҳолҳои навъи аз нигоҳи хоxагидорӣ арзишдор;

кам  кардани масоҳати замини ҷангале, ки дарахту бутта надорад;

           беҳтар сохтани ҷинс ва зиёд кардани маҳсули ҷангал ва хусусиятҳои муҳитро муҳофизат кардани он;

нигоҳ доштани фонди генезис ва гуногуншаклии ҷангал.

Тартиб ва мӯҳлати дарахтзоркунии заминҳои дарахтонашон буридашуда ва гурeҳҳои дигари заминеро, ки дарахту бутта надорад, Мақомоти ваколатдори давлатии ҳифзи муҳити зист муқаррар менамоянд.

Масъулияти ҷангалбарқароркунӣ ба души соҳибони фонди ҷангал гузошта мешавад.

 

Моддаи 39. Ҷангалбунёдкунӣ

Ҷангал дар замини бедарахти фонди ҷангал ба манзури дарахт­зоркунии бештари масоҳат, пешгирии фарсоиши хок ва беҳсозии вазъияти экологӣ бунёд карда, барояш аз буxет ва манбаъҳои дигар пул xудо карда мешавад.

 

Моддаи 40. Беҳтар кардани сифати ҷангал

Ба мақсади беҳтар намудани сифати ҷангал бо роҳи буридани шоху навдаҳои зиёдатии дарахтон, нигоҳубини ҷангал, дарахтбурӣ, ба манзури беҳдошт ҳамчунин бо роҳи ба xои дарахтони камқимат ва пир шинондани дарахтони пурқимат ва ниҳолҳои нав, аз xумла, барои кам кардани миқдори дарахтони пир, барои ҳосилхез кардани замин ва иҷрои корҳои дигар, ки ба афзудани маҳсулоти ҷангал кeмак мекунанд, бояд чораҳо дида шаванд.

 

Фасли IV. НИГАҳДОРӣ  ВА ҳИФЗИ ҶАНГАЛ

 

БОБИ ХIII. НИГАҳДОРӣ  ВА ҳИФЗИ ҶАНГАЛ

 

Моддаи 41. Нигаҳдорӣ ва ҳифзи ҷангал

ҳамаи ҷангалҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд аз сeхтор, ғайриқонунӣ буридани дарахтон, риоя накардани тартиби муқарраршудаи истифодаи ҷангал ва аз амали дигаре, ки ба ҷангал зарар мерасонад, ҳамчунин аз ҳашароти зарарноку касалиҳо нигаҳдорӣ ва муҳофизат карда шаванд.

Парвариши ҷангалҳои муҳофизаткунанда аз бунёди қитъаҳои ҷангалзори давлатӣ ва ниҳолшинонӣ ба манзури пешгирии равандҳои эрозияи замин аз боду об иборат аст.

 

Моддаи 42. Нигаҳдорӣ ва ҳифзи ҷангал аз сeхтор

Иҷрои корҳои зайл ба зиммаи истифодабарандагони ҷангал гузошта мешавад:

ба  тартиб овардани  масоҳати ҷангал ба  мақсади пешгирии сeхтор;

риояи қоидаҳои аз сeхтор эмин доштани ҷангал, пешгирии сарзадан ва паҳншавии сeхтори ҷангал;

дар мавриди зарурат тоза кардани масоҳати оташгирифтаи ҷангал.

Маxлиси вакилони халқ ва Мақомоти ваколатдори давлатии ҳифзи муҳити зист ва мақомоти маҳаллии он дар роҳи аз сeхтор ҳифз намудани ҷангал ва сeхторнишонӣ тадбирҳо меандешанд, ҳар сол пеш аз оғози мавсими хавфи сeхтор нақшаҳои амалии пешгирии сeхтори ҷангалро, ки тадбирҳои мушаххаси сeхторнишониро пешбинӣ менамоянд, тасдиқ мекунанд.

Мақомоти ваколатдори давлатии ҳифзи муҳити зист, Маxлиси вакилони халқ ҳангоми зарурат аҳолӣ, техникаи заминкан ва воситаҳои нақлиётро ба сeхторнишонӣ xалб менамоянд, ҳамчунин дар давраи хавфи зиёди сeхтор вориди ҷангал ва заминҳои дигар шудани аҳолӣ ва ба ҷангал даромадани воситаҳои нақлиётро, манъ мекунанд.

Онҳо тартиботи доимии пешгирии сeхтор, дар матбуот, тавассути садою симо мунтазам инъикос додани масъалаҳои риояи қоидаҳои аз сeхтор эмин доштани ҷангалро ташкил менамоянд ҳамаи тадбирҳои оиди сeхторнишониро дар қаламрави ноҳия танзим мекунанд.

Тартиби аз сeхтор ҳифз намудани ҷангалро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад. (ҚҶТ аз 5.01.08 № 352)

 

 

Моддаи 43. Нигаҳдорӣ ва ҳифзи ҷангал аз харобкорӣ

Дар  мавридҳои зайл чораҳои огоҳонию ошкоркунӣ ва  пешгирии харобкории ҷангал ба  зиммаи  истифодабарандагони он гузошта  мешаванд:

аз тарафи касе риоя нашудани тартибу қоидаҳои истифодаи ҷангал, ҳамчунин дар ҷангал ба xо овардани корҳое, ки ба истифодаи ҷангал иртибот надоранд;

дарахтбурии ғайриқонунӣ, нобуд кардан ва осеб расонидан ба дарахту бутаҳо, қаламчаю кeчат, ҷинсҳои пурқимати навниҳол;

бо модаҳои кимиёвию радиоактивӣ, оби  ганда,  аҳлоту партовҳои корхонаҳои саноатӣ  ва муассисаҳои коммуналию маишӣ олуда сохтани ҷангал;

вайрон кардани тартиби истифодаи замини ҷангал;

хароб ва нобуд кардани аломатҳои маҳдудкунандаи сохт ва хоxагии ҷангал;

нобуд кардани ҳайвонот;

амали дигари ҷангалвайронкунӣ.

Мақомоти ваколатдори давлатии ҳифзи муҳити зист тадбирҳои ҳифзи ҷангал ва пешгирии харобкориро амалӣ гардонида, истифодаи фонди экологиро xиҳати тараққии хоxагии ҷангал таҳти назорат мегиранд;

дучори касалӣ шудани ҷангалро назорат мекунанд, хашароти зарароварро мекушанд ва касалиро пешгирӣ менамоянд;

қоида ва мӯҳлати шикорро дар ҷангал риоя менамоянд ва қўруқшиканиро пешгирӣ мекунанд.

Тартиби иҷрои тадбирҳои ҳифзи ҷангалро аз вайрон кардани қоидаҳои истифодаи ҷангал, аз нобуд ва олуда сохтан ва ба ҷангал расондани таъсири дигари манфӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.

 

БОБИ  ХIV. МУҳОФИЗАТИ ҶАНГАЛ

 

Моддаи 44. Умури муҳофизати ҷангал

Барои иҷрои бевоситаи тадбирҳои ташкилӣ, посбонӣ, тарғибӣ ва тадбирҳои дигари нигаҳдорӣ, ҳифзи ҷангал дар Ҷумҳурии Тоҷикистон умури давлатии муҳофизати ҷангал таъсис дода мешавад, ки умури муҳофизати ҷангали корхона, муассисаю ташкилотҳои хоxагии ҷангалро дар бар мегирад.

Дар корхонаю ташкилотҳои хоxагии ҷангал аз рeи зарурат барои сeхторнишонӣ дастаҳои сeхторнишонӣ ва умуроти махсуси дорои воситаҳои муносиби техникӣ ташкил карда мешаванд.

Умури давлатии муҳофизати ҷангал дар асоси Низомномаи ҳиф­зи давлатии ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд, амал мекунад.

 

Моддаи 45. ҳуқуқҳои умури ҳифзи ҷангал

Ба умури давлатии ҳифзи ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти ваколатдори давлатии ҳифзи муҳити зист, мақомоти иљроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ҳамчунин ба умури ҳифзи ҷангали ташкилотҳои кишоварзӣ ҳуқуқ дода мешавад, ки мутобиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон риоя намудани қоидаҳои нигаҳдорӣ ва ҳифзи ҷангал, қоидаҳои мувофиқи мақсад истифода намудани фонди давлатии ҷангал, тартиби истифо­даи ҷангал, ҳамчунин амали дигареро, ки ба ҷангал зарар меоранд, пешгирӣ кунанд. (ҚҶТ аз 5.01.08 № 352)

 

 

Фасли V. ҶАНГАЛДОРӣ  ВА КАДАСТРИ ДАВЛАТИИ ҶАНГАЛ

 

БОБИ ХV.  ҶАНГАЛДОРӣ

 

Моддаи 46. Вазифаи ҷангалдорӣ

Ҷангалдорӣ низоми тадбирҳоеро дар бар мегирад, ки мақсад аз онҳо идораи оқилонаи ҷангал ва истифодаи он, таxдиди самарабахш, нигаҳдорӣ ва ҳифзи ҷангал, пеш гирифтани сиёсати ягонаи илмию тех­никӣ дар хоxагии ҷангал мебошад.

Ҷангалдорӣ бояд шароити беҳтари ташкилию марзии фаъолияти ҷангалдориро таъмин намояд ва вазифаи муҳимтарини идораи фонди ягонаи давлатии ҷангал ба шумор меравад.

 

Моддаи 47. Моҳияти ҷангалдорӣ

Ҷангалдорӣ корҳои зеринро дар бар мегирад:

муайян кардани ҳудуд ва ташкили дохилихољагии мавзеи фонди ҷангал, ки дар ихтиёри корхона, муассисаю ташкилотҳо мебошад;

иҷрои корҳои топографию геодезӣ ва ба нақшагирии махсуси ҷангал;

рeйхат кардани фонди ҷангал ва муайян намудани тартиби ҷинс ва синни дарахтон, вазъи  онҳо, хусусияти захираҳои ҷангал аз нигоҳи сифат ва миқдор;

ошкор намудани қитъаҳое, ки ба буридани шоху навдаҳои зиёдатии дарахтон ба манзури нигоҳубини дарахтон, дарахтбурӣ ба манзури беҳдошт ва дарахтбурӣ ба мақсади нав кардани дарахтони аз нигоҳи хоxагидорӣ камарзиш эҳтиёx доранд, заминҳое, ки барои таxдиди ҷангал ва ҷангалбунёдкунӣ таъин гардидаанд ва муайян кар­дани усулҳои таxдиди ҷангал, обёрӣ, нигаҳдорӣ ва ҳифзи ҷангал ва тадбирҳои дигари хоxагидорӣ, ҳамчунин муайян кардани тартибу усулҳои амалӣ намудани ин тадбирҳо;

асоснок кардани тақсими ҷангал ба гурeҳҳою категорияҳои муҳофизатӣ ва таҳияи пешниҳод дар мавриди аз як гурeҳу категория ба гурeҳу категорияи дигар гузарондани ҷангал;

муайян кардани захираи ҷангал, ҳаҷми дарахтбурӣ ба манзури нигоҳубини ҷангал, дарахтбурӣ ба манзури нав кардани дарахтони камарзиши ҷангал, дарахтбурӣ ба манзури беҳдошти ҷангал ва тарзҳои дигари истифодаи ҷангал;

муайян кардани ҳаҷми тадбирҳои ҷангалбарқароркунӣ ва ҷангал­бунёдкунӣ, ҳифзи ҷангал аз сeхтор, муҳофизати он аз ҳашарот ва касалиҳо, ҳамчунин ҳаҷми корҳои дигари ҷангалдорӣ;

муоинаи  биологӣ ва  муоинаву таҳқиқоти дигари ҷангал;

таҳти назорати муаллифон қарор додани лоиҳаҳои оиди ҷангал­дорӣ, ҳамчунин амалҳои дигари ҷангалдорӣ.

 

Моддаи 48. Ташаккули ҷангалдорӣ

Ҷангалдорӣ бо ташаббуси мақомоти давлатии хоxагии ҷангал аз ҳисоби маблағи буxети давлат сурат мегирад.

 

БОБИ  ХVI. КАДАСТРИ ДАВЛАТИИ ҶАНГАЛ

 

Моддаи 49. Мазмуни кадастри давлатии ҷангал

Кадастри давлатии ҷангал ба мақсади гирифтани маълумоти аниқ дар бораи вазъи ҳуқуқию хоxагии фонди ягонаи давлатии ҷангал гузаронда мешавад.

Кадастри давлатии ҷангал дар бораи ҷангалҳо xиҳати истифодаи оқилона ва ҳифзи онҳо, танзими ҷангалдорӣ ва арзёбии фаъолияти хоxагӣ маълумот медиҳад.

 

Моддаи 50. Низоми ахбори оиди кадастри ҷангал

Низоми ахбори оиди кадастри ҷангал маълумоти зайлро дар бар мегирад:

ҳисоби давлатии фонди ҷангал;

ҳисоб ва арзиши моддии ҷангал.

 

Моддаи 51. Тартиби гузарондани кадастри давлатии ҷангал

Кадастри давлатии ҷангал аз ҳисоби маблағи буxети давлат гузаронда мешавад.

Тартиби гузарондани кадастри давлатии ҷангалро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.

 

Фасли VI. БАҳСҳОИ ОИД БА ҶАНГАЛ ВА XАВОБГАРӣ БАРОИ РИОЯ НАКАРДАНИ ҚОНУНИ ҶАНГАЛ

 

БОБИ  ХVII.  ҳАЛЛИ БАҳСҳОИ ОИД БА ҶАНГАЛ

 

Моддаи 52.   Тартиби баррасии баҳсҳои оид ба ҷангал

Баҳсҳои оид ба ҷангал мувофиқи тартиби пешбиникардаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ мешаванд.

 

БОБИ  ХVIII. XАВОБГАРИИ РИОЯ НАКАРДАНИ ҚОНУНҳОИ ОИД БА ҶАНГАЛ

 

Моддаи 53. Эътибор  надоштани  муомилаҳое, ки ҳуқуқи моликияти давлатии ҷангалро халалдор мекунанд

Гузашти худсаронаи ҳуқуқи истифодаи ҷангал, ҳамчунин муомилаҳои дигаре, ки ҳуқуқи моликияти давлатии ҷангалро ошкоро ва ё ба таври ниҳонӣ халалдор мекунанд, эътибор надоранд.

 

Моддаи 54. Тарзҳои риоя накардани қонунҳои оид  ба ҷангал ва xавобгарӣ барои ин амал

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки барои муомилаҳои дар моддаи 53-юми ҳамин Ко­декс пешбинишуда, ҳамчунин барои амали зайл айбдоранд: (ҚҶТ аз 5.01.08 № 352)

ғайриқонунӣ буридани дарахтон, осеб расонидан ба дарахту бутаҳо;

нобуд кардан ва ё осеб расонидан ба ҷангал дар натиxаи оташ задан ва ё беэҳтиётӣ нисбат ба оташ;

риоя накардани талабҳои бехатарӣ аз сeхтор ва қоидаҳои беҳдошти ҷангал;

осеб расонидан ё олуда сохтани ҷангал бо модаҳои кимиёвӣ ва радиоактивӣ бо партовҳои истеҳсолот ва оби ганда, ахлоту партовҳои корхонаҳои саноатӣ ва коммуналию маишӣ;

риоя накардани мӯҳлати пас додани замини муваққатан истифодашавандаи фонди ҷангал ва ё иҷро накардани eҳдадориҳои ба ҳолати қобили истифодаи аслӣ овардани он;

нобуд  кардан  ва  ё осеб  расонидан  ба  дарахту  бутаҳои  ҷангал, ба кeчату қаламчаҳои  парваришгоҳҳои ҷангал, ҳамчунин ба ниҳолзорҳои худрeй ва кeчатшуда, ки ба мақсади барқарор намудани ҷангал пешбинӣ шудаанд;

риоя накардани тартибу мӯҳлати ниҳолшинонӣ дар заминҳои дарахтонашон буридашуда ва майдонҳои дигари бедарахту бутта;

бе иxозат решакан кардани дарахтон, сохтани ҳар хел иморат, коркарди чӯб, хароб кардани замини ҷангал, қабати он ва ғайра;

худсарона даравидани алаф ва чаронидани чорво дар ҷангал ва дар замини бе дарахту буттаи фонди ҷангал;

худсарона чидани меваю чормағзи дарахтони худрeй, занбуруғ ва ғайра дар қитъаҳое, ки чидани мева манъ аст ва ё фақат бо иxозатномаҳои истифодаи ҷангал мумкин аст;

нобуд ва вайрон кардани аломатҳои маҳдудкунанда, ҷангалбунёдкунӣ ва хоxагии ҷангал;

бе иxозат доштан ва куштани ҳайвоноти ҷангал ва нобуд карда­ни набототи пурқимат;

барои нобуд кардан ё осеб расонидан ба наҳру љўйборҳо, заҳбуру роҳҳои заминҳои Фонди давлатии ҷангал мувофиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба љавобгарӣ кашида мешаванд. (ҚҶТ аз 5.01.08 № 352)

Моддаи 55. Мусодираи чӯб ва маҳсулоти дигари ғайриқонунӣ ба дастовардаи ҷангал, ҳамчунин баргардонидани замини ғайриқонунӣ ишғолнамуда

Чӯб ва маҳсулоти дигари ҷангал, ки ғайриқонунӣ ба даст оварда шудааст, бояд мусодира намуда, ба корхона, муассиса ва ё ташкилоти дахлдори хоxагии ҷангал ва ё ба истифодабарандаи ҷангал супурда шавад, агар ҳуқуқи он риоя нашуда бошад.

Агар имконияти мусодираи маҳсулоти ғайриқонунӣ ба дастовардашуда набошад, арзиши панxкаратаи он рeёнда мешавад.

Замини худсарона ишғолкардаи фонди ҷангал ба соҳибонаш баргардонда, товони хароxоти давраи истифодаи ғайриқонунии он пардохта намешавад.

 

Моддаи 56. Љуброни зиёне, ки дар натиxаи риоя накардани қонуни ҷангал расидааст

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ вазифадоранд ҳаҷми товони зиёнеро, ки дар натиxаи риоя накардани қонуни ҷангал расидааст, аз рeи тартиби муқарраркардаи нархномаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон диҳанд. (ҚҶТ аз 5.01.08 № 352)

 

Моддаи 57. Боздоштани истифодаи ҷангал дар мавриди риоя накардани тартиби истифодаи ҷангал

Мувофиқи қонуни ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сурати тар­тиби истифодаи ҷангалро риоя накардани истифодабарандагони ҷангал истифодаи ҷангал мувофиқи тартиби муайянкардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон боздошта мешавад.

 

Моддаи 58. Боздоштани корҳое, ки барои вазъ ва таxдиди ҷангал хавф доранд

Дар мавридҳо ва мувофиқи тартибе, ки қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардаанд, кори муассисаю ташкилотҳо ва корхонаҳо ба сабаби риоя нашудани тадбирҳои технологӣ, санитарӣ ва тадбирҳои дигари пешгирии сeхтори ҷангал ва рафъи таъсири бад ба вазъи ҷангал ва таxдиди он мумкин аст манъ ё боздошта шавад.

 

           Моддаи 581. Љавобгарӣ барои вайрон кардани Кодекси мазкур

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои вайрон намудани Кодекси мазкур мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба љавобгарӣ кашида мешаванд. (ҚҶТ аз 5.01.08 № 352)

 

Фасли VII. ШАРТНОМАҳОИ  БАЙНАЛМИЛАЛӣ

 

БОБИ  ХIХ. ШАРТНОМАҳОИ БАЙНАЛМИЛАЛӣ

 

Моддаи 59. Шартномаҳои байналмилалӣ

Агар дар шартномаи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба қонунгузории ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон қоидаҳои дигар муқаррар шуда бошанд, қоидаҳои шартномаҳои байналмилалӣ татбиқ мешаванд.

 

 

Раиси  Шeрои Олии 

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                             Э.  РАҳМОНОВ

24 июни соли 1993  шаҳри Душанбе

№ 769.

 

 

 

 

 

 

ҚАРОРИ ШEРОИ ОЛИИ

XУМҳУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Дар бораи ба амал баровардани  Кодекси ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

(Ахбори Шeрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1993, №13, мод.244)

 

Бинобар қабул шудани Кодекси ҷангали Ҷумҳурии  Тоҷикистон Шeрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

Кодекси  ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон  аз 1 июли соли 1993 ба амал бароварда шавад.

  1. Шeрои Вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон:

то 1 сентябри соли 1993 дар бораи мутобиқ намудани қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Кодекси ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон таклиф пешниҳод намояд;

қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба Кодекси ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ созад;

аз тарафи вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нав дида баромадан ва бекор кардани санадҳои меъёрии онҳоро, ки хилофи Кодекси ҷангали Ҷумҳурии Тоҷикистонанд, таъмин намояд.

 

 

Раиси Шeрои Олии 

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                               Э. РАҳМОНОВ

24 июни соли 1993  шаҳри Душанбе     

№ 770.