КОДЕКСИ МЕҲНАТИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1997, № 9, мод.112, 113; соли 1998, №23 – 24, мод. 340; соли 1999, №5, мод. 69; соли 2002, № 4 қ-1, мод. 185; соли 2004, №5, мод. 337; соли 2006, №3, мод.152; №4, мод. 195; соли 2009, № 5, мод.320; c. 2010, №7, мод.545; мод.549; с 2011, №3, мод. 151; №12, мод. 842; Қонуни ҶТ аз 01.08.2012с., №880; ҚҶТ аз 22.07.2013с.№981)
Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асосҳои сиёсати давлатиро дар соҳаи муносибатҳои меҳнатӣ муайян намуда кафолати давлатии ҳуқуқи меҳнатии шаҳрвандонро муқаррар мекунад ва ба таъмини риояи манфиатҳои қонунии кормандон, корфармоён ва давлат равона шудааст.
БОБИ 1. МУҚАРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Муносибатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба меҳнат танзим менамояд
Муносибатҳои меҳнатӣ ва муносибатҳои ба онҳо вобастаи шахсони воқеӣ, ки тибқи шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ дар ташкилотҳо, ташкилоту муассисаҳои ҳама гуна шакли моликият кор мекунанд, кори шаҳрвандони алоҳидаро иҷро менамоянд, инчунин шахсоне, ки узв ва ё иштирокчии ташкилот мебошанд, бо санадҳои қонунгузорӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба меҳнат танзим мегардад. (ҚҶТ аз 26.12.11с.,№778)
Моддаи 2. Манбаъҳои танзимкунандаи муносибатҳои меҳнатӣ ва муносибатҳои ба онҳо вобаста
Манбаъҳои танзимкунандаи муносибатҳои меҳнатӣ ва муносибатҳои ба онҳо вобаста инҳо мебошанд:
1) Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон;
2) Кодекси мазкур;
3) қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;
4) Санадҳои меъёрии ҳуқуқии Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ; (ҚҶТ аз 26.12.11с.,№778)
5) Санадҳо – созишномаҳо: созишномаҳои генералӣ, соҳавӣ (тарифӣ), минтақавӣ (вилоятӣ, ноҳиявӣ шаҳрӣ);
6) шартномаҳои коллективӣ ва дигар санадҳои меъёрии дохилӣ (локалӣ) оид ба меҳнат (қоидаҳои дохилии меҳнат, ҷадвали рухсатиҳо, инчунин фармонҳо, амрияҳо, нишондодҳо ва дигар санадҳое, ки роҳбари ташкилот дар доираи салоҳияти худ мебарорад);
7) Санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф кардааст.
Сатҳи ҳаддӣ ақали ҳуқуқи меҳнатӣ ва кафолатҳоро барои кормандон санадҳои қонунгузорӣ ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқӣ оид ба меҳнат муқаррар менамоянд.
Созишномаҳои генералӣ, соҳавӣ (тарифӣ), минтақавӣ (вилоятӣ, ноҳиявӣ, шаҳрӣ), шартномаҳои коллективӣ, шартномаҳои (қарордодҳои) меҳнатӣ метавонанд ҳуқуқ ва кафолати меҳнатиеро, ки дар санадҳои қонунгузорӣ пешбинӣ нагардидаанд, муқаррар намоянд.
Шартҳои созишнома ва шартномаҳое, ки вазъи кормандонро нисбат ба муқарароти санадҳои қонунгузорӣ ва дигар санади меъёрии ҳуқуқӣ оид ба меҳнат бадтар менамоянд, эътибор надоранд.
Шартҳои созишнома ва шартномаҳо оид ба меҳнат, агар дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, наметавонанд якҷониба тағйир дода шаванд. Масъалаҳое, ки бо санади қонунгузорӣ ва дигар санади меъёрии ҳуқуқӣ оид ба меҳнат танзим нагардидаанд, бо розигии тарафҳо тавассути шартномаҳои меҳнатӣ ҳаллу фасл мегарданд. Дар сурати байни онҳо ба даст наомадани созиш тибқи тартибе, ки барои ҳалли баҳсҳои меҳнатии коллективӣ ва ё инфиродӣ мутобиқан муқаррар гардидаанд, ҳаллу фасл мешаванд.
Моддаи 4. Ҳуқуқҳои асосии меҳнатӣ ва вазифаҳои корманд
Мутобиқи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар шахс ба меҳнат, интихоби касб, кор, ҳифзи меҳнат ва ҳимояи иҷтимоӣ аз бекорӣ ҳақ дорад.
Давлат ба ҳар як корманд ҳуқуқро барои инҳо кафолат медиҳад:
2) ба таври одилона қадр кардани меҳнат ва сари вақт пардохтани музди он;
3) мусоидати ройгон дар интихоби кори мувофиқ ва мутобиқи ихтисос, қобилият ва омодагии тахассусӣ таъмин будан бо кор;
4) шароити меҳнате, ки ба талаботи бехатарӣ ва гигиена ҷавобгў бошад;
5) истироҳате, ки бо роҳи муқаррар намудани давомнокии вақти корӣ, рўзҳои истироҳати ҳарҳафтаина, рухсатии ҳарсолаи пардохтшаванда, рўзҳои кўтоҳи кор барои як қатор ихтисос ва корҳо таъмин карда мешавад;
6) иштирок дар идора намудани ташкилот;
7) муҳайё намудани кори мувофиқ ба мўҳлати на камтар аз се сол барои мутахасисони ҷавон – хатмкунандагони муассисаҳои таълимии давлатӣ, ки бо дархости корхнаҳо ба кор омаадаанд;
8) ҷуброни хароҷоти моддӣ барои кўчидан ба ҷои нави истиқомат ва кор тибқи муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
9) ҷуброни зарари вобаста ба кор, ки ба саломатӣ ё молу мулки ў расидааст;
10) муттаҳид шудан дар итифоқҳои касаба ва дигар ташкилотҳое, ки манфиати кормандон ва коллективҳои меҳнатиро ифода мекунанд;
11) корпартоӣ;
12) ҳимояи судии ҳуқуқи меҳнатӣ ва ёрии тахассусии ҳуқуқӣ;
13) ёрдампулӣ мувофиқи суғуртаи иҷтимоӣ дар ҳолатҳои муваққатан гум кардани қобилияти меҳнатӣ ва дигар ҳолатҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
14) ҳимоя аз бекорӣ;
Корманд вазифадор аст:
Моддаи 5. Ҳуқуқ ва вазифаҳои асосии корфармо
Корфармо ҳуқуқ дорад:
3) шумораи зарурии кормандонро барои иҷрои кор муайян кунад;
4) дар доираи салоҳияти худ санадҳои меъёрии дохилӣ (локалӣ) қабул намояд, ки барои кормандони ташкилот ҳатмист;
5) кормандонро барои меҳнатӣ сермаҳсули намунавӣ ҳавасманд гардонад;
Корфармо ўҳдадор аст:
4) ба кормандон васоит (таҷҳизот) ва маводи барои иҷрои кор заруриро муҳйё намояд.
Моддаи 6. Хусусиятҳои танзими ҳуқуқии меҳнати гурўҳҳои алоҳидаи кормандон
Амали Кодекси меҳнат ба ҳамаи кормандон татбиқ мегардад.
Меҳнати гурўҳҳои алоҳидаи кормандон вобаста ба шакли моликияти ташкилот, ки корманд бо он муносибати меҳнатӣ дорад, шароит ва характери меҳнат, характери алоқаи меҳнатии корманд бо ташкилот, шароити табиию иқлимӣ ва дигар омилҳои объективӣ метавонад дорои хусусиятҳои хос бошад ва бо санадҳои қонунгузорӣ ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии алоҳидаи Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим мегардад. Дар айни замон сатҳи умумии ҳуқуқ ва кафолатҳгои меҳнатӣ набояд аз сатҳи муқаррарнамудаи Кодекси мазкур пасттар бошад.
Меъёрҳои Кодекси мазкур нисбат ба корҳои хонагии кормандоне (хонакороне), ки дар назди шахсони алоҳидаи воқеӣ кор мекунанд, низ татбиқ мегарданд. Намудҳои корҳои хонагии кормандоне (хонакороне), ки дар назди шахсони алоҳидаи воқеӣ кор мекунанд, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд. (ҚҶТ аз 25.03.11с. №683)
Моддаи 7. Манъи маҳдудсозии ҳуқуқ дар муносибатҳои меҳнатӣ
Ҳамаи шаҳрвандон дар соҳаи муносибатҳои ҳуқуқии меҳнатӣ имконияти баробар доранд. Ҳама гуна фарқиятгузорӣ, иҷозат надодан ва ё қабул накардан ба кор аз рўи аломатҳои мансубияти миллӣ, нажодӣ ранги пўст, ҷинсият, синну сол, дин, ақидаи сиёсӣ, маҳалли таваллуд, баромади хориҷӣ ё иҷтимоӣ, ки баробарии имкониятро дар соҳаи меҳнат барҳам мезанад, манъ аст.
Фарқият дар соҳаи меҳнат вобаста ба талаботи хосаи навъи муайяни кор ва ё вобаста ба ғамхории махсуси давлат нисбат ба шахсоне, ки мўҳтоҷи ҳимояи хоси иҷтимоӣ мебошанд (занон, ноболиғон, маъюбон), маҳдудсозии (поймолкунии) ҳуқуқ намебошад.
Шахсоне, ки дар соҳаи муносибатҳои меҳнатӣ ҳуқуқи худро поймолшуда меҳисобанд, метавонанд бо аризаи дахлдор ба суд муроҷиат намоянд. (ҚҶТ аз 26.12.11с.,№778)
Моддаи 8. Манъи меҳнати маҷбурӣ
Меҳнати маҷбурӣ манъ аст.
Чунин корҳо меҳнати маҷбурӣ намебошанд:
1) корҳое, ки иҷрои онҳо мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба хизмати ҳарбӣ талаб карда мешавад;
Дар ин сурат кормандро ба ихтиёри шахси алоҳида, ширкатҳои хусусӣ гузоштан мумкин нест.
Моддаи 9. Ҳифзи ҳуқуқии меҳнатии кормандон
Ҳифзи ҳуқуқи меҳнатии кормандон аз тарафи мақомоти назорат ба риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба оид ба меҳнат, мақомоти баррасикунандаи баҳсҳои меҳнатӣ ва суд ба амал бароварда мешавад.
Моддаи 10. Идоракунии давлатӣ дар соҳаи меҳнат
Мақоми давлатӣ оид ба меҳнат ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти минтақавии он идоракунии давлатии соҳаи меҳнатро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба амал бароварда барои таҳия, татбиқ ва ҳамҳангсозии сиёсат дар соҳаи мазкур, ки шароити меҳнат ва шуғл, муносибатҳои меҳнатӣ, тайёр кардани кадрҳои коргарӣ, муҳоҷирати меҳнатии онҳоро дар бар мегирад, масъулият доранд. (ҚҶТ аз 26.12.11с.,№778)
Моддаи 11. Шартномаҳои байналмилалӣ
Агар санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намудааст, нисбат ба санади қонунгузорӣ ва дигар санади меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба меҳнат қоидаҳои бештар имтиёзнокро барои кормандон муқаррар карда бошанд, дар ин ҳолат қоидаҳои санади ҳуқуқии байналмилалӣ татбиқ мегарданд. (ҚҶТ аз 26.12.11с.,№778)
Моддаи 12. Татбиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба меҳнат нисбат ба шаҳрвандони хориҷӣ, шахсони қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ва ташкилотҳои хориҷӣ
Шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон иқомат мекунанд, метавонанд, ба сифати коргар ва хизматчӣ дар ташкилотҳо, ташкилоту муассисаҳо кор кунанд ва ё дар асос ва тибқи тартиби барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраргардида, ба ғайр аз ҳолатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кардааст, бо фаъолияти дигари меҳнатӣ машғул шаванд.
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи меҳнат нисбат ба шахсоне, ки шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон намебошанд, вале тибқи шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ дар ташкилотҳои воқеъ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунанд, агар дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё шартномаи байналмилалӣ бо иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, татбиқ мегардад.
Дар ташкилотҳое, ки пурра ва ё қисман ба шахсони ҳуқуқӣ ва ё воқеии хориҷӣ мансубанд ва дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир шудаанд, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба меҳнат бо илова ва истисноҳое, ки санадҳои қонунгузорӣ ва ё дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мумкин аст, муқаррар намоянд, татбиқ мегарданд. (ҚҶТ аз 26.12.11с.,№778)
Моддаи 13. Баҳисобгирри мўҳлате, ки Кодекси мазкур пешбини намудааст
Мўҳлате, ки Кодекси мазкур оғоз, тағйир ва ё қатъи муносибатҳои ҳуқуқии меҳнатиро вобаста мекунад, аз рўзи дигари баъди санаи тақвимӣ, ки оғози онро муайян намудааст, сар мешвад.
Мўҳлатҳое, ки бо солҳо, моҳҳо ва ҳафтаҳо ба ҳисоб гирифта шудаанд, дар санаҳои дахлдори соли охир, моҳ ва ё ҳафтаи охири мўҳлат ба охир мерасанд. Ба мўҳлатҳои ба ҳисоби ҳафта ва ё рўзҳои тақвимӣ шуморидашаванда рўзҳои ғайрикорӣ низ дохил мегарданд.
Агар рўзи охирини мўҳлат ба рўзи ғайрикорӣ рост ояд, пас рўзи аввали кории минбаъда рўзи ба охир расидани мўҳлат ба ҳисоб меравад.
Моддаи 14. Амали санадҳои қонунгузорӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба меҳнат дар замон
Санадҳои қонунгузорӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба меҳнат қувваи бозгашт надоранд ва ба муносибатҳои пас аз ба амал ҷорӣ шудани онҳо ба миён омада татбиқ мегарданд.
Амали санадҳои қонунгузорӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба меҳнат ба муносибатҳое, ки то ҷорӣ гардидани онҳо ба миён омадаанд, танҳо дар ҳолатҳои дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бевосита пешбинишуда татбиқ мегардад.
Агар баъди бастани шартнома санади қонунгузорие қабул шавад, ки он барои тарафҳо назар ба шартҳои ҳангоми бастани шартнома мавҷуд буда, шартҳои дигари ҳатмиро муқаррар менамояд, он гоҳ шартҳои шартномаи имзошуда эътибори худро нигоҳ медоранд, ба ғайр аз ҳолатҳое, ки дар санади қонунгузорӣ ба муносибатҳои аз шартномаҳои пештар баста шуда ба миён омада татбиқ гардидани амали он муқаррар шудааст. (ҚҶТ аз 26.12.11с.,№778)
Моддаи 15. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Кодекси мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
1) санадҳои меъёрии дохилӣ (локалӣ) - санадҳои меъёрии ҳуқуқии аз тарафи мақомоти дахлдори идоракунии ташкилот бо розигии мақомоти намояндагии кормандон қабулнамудае, муносибатҳои меҳнатӣ ва муносибатҳои ба онҳо алоқамандро танзим намуда, дар ҳудуди ташкилот амал мекунад;
2) тарафҳои шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ – корфармо ва корманди кироя;
3) корфармо - мақомоти дахлдори ҳокимияти давлатӣ, шахси ҳуқуқӣ, ҳамчунин намояндагӣ ва филиалҳои он ва шахси воқеие, ки тибқи қонунгузорӣ дорои ҳуқуқи бо корманд бастан ва қатъ намудани шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ мебошанд;
4) корманди кироя (корманд) – шахсе, ки дар муносибатҳои меҳнатӣ бо корфармо дар асоси шартномаи (қарордоди) меҳнатии басташуда қарор дорад ;
5) намояндаи ваколатдори шахси корфармо – роҳбари (муовиннони ў) ташкилот (воҳиди таркибӣ), усто, мутахассис ё корманди дигаре, ки қонунгузорӣ ё корфармо ба ў ҳуқуқи қабули ҳамаи қарорҳо ё қарорҳои ҷудогонаро, ки аз муносибатҳои меҳнатӣ ва муносибатҳои ба онҳо вобаста бармеоянд, додааст;
6) ташкилот – шахси ҳуқуқӣ: корхона, муассиса, ташкилот, сарфи назар аз шакли моликият ва фаъолияти хоҷагидорӣ;
7) воҳидҳо – коргоҳ, қитъа, бригада, шўъба, идора ва дигар бахшҳои таркибии ташкилот;
8) омилҳои иҷтимоии фаъолияти меҳнатӣ - андозаи музди меҳнат, давомнокии вақти корӣ, рўхсатӣ ва дигар шартҳое, ки санадҳои қонунгузорӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ инчунин созишномаи тарафҳо муайян намудаанд:
9) омилҳои истеҳсолии меҳнатӣ – шартномаҳои техникӣ, санитарию гигиенӣ, истеҳсолию маишӣ ва дигар шароитҳое, ки санадҳои қонунгузорӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муайян намудаанд;
10) шароити меҳнат – маҷмўи омилҳои иҷтимоию истеҳсолӣ дар ҷараёни фаъолияти меҳнатӣ:
11) шартҳои муҳими кор – низом ва андозаи пардохти музди меҳнат, имтиёзҳо, низоми кор, муқаррар намудан ва ё барҳам додани вақти нопурраи корӣ, якҷоякунии ихтисос, тағйир додани дараҷа ва номгўи вазифаҳо;
12) касб – навъи фаъолияти меҳнатӣ, ки донишу малакаи тавассути омўзиш ва таҷриба андўхтаро тақозо менамояд;
13) дараҷаи тахассус – сатҳи омодагии умумӣ ва махсуси корманд, ки дар асоси навъи ҳуҷҷатҳои тибқи қонунгузорӣ муқарраргардида (номаи камол, диплом, шаҳодатнома ва ғайра) тасдиқ мешавад;
14) ихтисос – маҷмўи дониш, кордони ва малакаи тавасути омодагии махсус ва таҷрибаи корӣ андўхташудае, ки барои иҷрои навъи муайяни фаъолияти меҳнатӣ дар доираи касби мазкур зарур аст;
15) вазифа – мавқеи хизматии корманд буда, ба додани ўҳдадориҳо, ҳуқуқҳои вазифавӣ ва хусусиятҳои масъулияти ў вобастагӣ дорад;
16) кормандони мавсимӣ – кормандоне, ки вобаста ба шароити табиию иқлимӣ дар тамоми давраи соли тақвимӣ корро иҷро карда наметавонанд ва фақат дар давоми давраи (мавсими) муайян корро иҷро мекунанд;
17) мутахассисони ҷавон – шахсоне, ки ба ташкилот баъд аз хатми мактабҳои олӣ ва миёнаи махсус аз рўи роҳхати муассисаҳои мазкур ба кор қбул шудаанд;
18) брон (ҷудо карда мондан) – таъмини кор аз ҳисоби ҷойҳои холии кор барои гурўҳи муайяни кормандон;
19) квота – ҳиссаи (қисми) ҷойҳои кориест, ки ташкилот сарфи назар аз шакли моликият ва хоҷагидорӣ барои бо кор таъмин кардани шахсе, ки ба ҳимояи иҷтимоӣ эҳтиёҷ дорад, пешниҳод мекунад;
20) шахсоне, аъзо ё иштирокчии ташкилот мебошанд – ҳаммолик ва соҳибони молу мулк, ки бо ин ташкилот муносибатҳои меҳнатӣ доранд;
21) мунтазам вайрон кардани интизоми меҳнат аз тарафи корманд – такроран гунаҳкорона вайрон кардани ўҳдадориҳои меҳнатӣ дар давраи амали ҷазои интизомии ба ў додашуда; (ҚҶТ аз 26.12.11с.,№778)
22) дағалона вайрон кардани интизоми меҳнатӣ – ба ҷои кор дар ҳолати мастӣ, нашъамандӣ ё токсикоманӣ ҳозир шудан, бе сабабҳои узрнок дар ҷои кор набудан (аз ҷумла, зиёда аз 3 соати рўзи корӣ набудан), дар ҷои кор қасдан вайрон намудан ва дуздидани моликияти корфармо, аз тарафи корманд вайрон кардани қоидаҳои техникаи бехатарӣ, бехатарӣ аз сўхтор, ки боиси оқибатҳои вазнин, аз он ҷумла ҷароҳат, садама ё сўхтор гаштааст;
23) иттифоқи касаба – ташкилоти ҷамъиятии ихтиёрие, мебошад, ки шаҳрвандонро аз лиҳози манфиатҳои умумиашон ҳам дар соҳаҳои фаъолияти истеҳсолӣ ва ҳам ғайриистеҳсолӣ барои ҳифзи ҳуқуқҳои меҳнатӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва дигар ҳуқуқу манфиатҳои аъзоёнаш муттаҳид менамояд;
24) иттиҳодяи корфармоён – ташкилоти ғайритиҷоратии ихтиёрона созмондодаи корфармоён баҳри намояндагӣ ва ҳифзи манфиатҳои аъзоёни он дар доираи шарикии иҷтимоӣ.
БОБИ 2
КОЛЛЕКТИВИ МЕҲНАТӢ. НАМОЯНДАГИИ МАНФИАТҲОИ КОРМАНДОН
Моддаи 16. Коллективи меҳнатӣ
Тамоми кормандони ташкилот коллективи меҳнатии ташкилотро ташкил медиҳанд.
Ҳуқуқи коллективи меҳнатӣ, тартиб ва шакли татбиқи онро санадҳои қонунгузорӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ ва Оинномаи (Низомномаи) ташкилот муайян мекунанд. (ҚҶТ аз 26.12.11с.,№778)
Моддаи 17. Намояндагии кормандон дар ташкилот
Намояндагони кормандон дар ташкилотҳо шахсоне мебошанд, ки аз тарафи коллективи кормандон тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидаанд.
Намояндагӣ аз манфиатҳои кормандон дар муносибатҳои меҳнатӣ ва ҳимояи манфиатҳои онҳоро иттифоқҳои касаба ва мақомоти интихобии онҳо дар ташкилот, дигар мақомоти аз тарафи кормандон интихобшуда ба амал бароварда метавонанд.
Ҳуқуқи иттифоқҳои касаба ва мақомоти интихобии онҳоро дар муносибат бо мақомоти давлатӣ ва хоҷагӣ, корфармоён қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, созишномаҳо, шартномаҳои коллективӣ муайян менамоянд. (ҚҶТ аз 26.12.11с.,№778)
Кормандон худашон он мақомеро, ки намояндагӣ ва ҳимояи манфиатҳояшонро бовар мекунанд, муайян менамоянд.
Ҳамаи мақомоти намояндагии кормандони ташкилот дар доираи ваколати ба онҳо додашуда амал карда, ҳангоми ҳимояи манфиати кормандон аз ҳуқуқҳои баробар истифода мебаранд. Ҳамкорӣ миёни мақомоти гуногуни намояндагии кормандони ташкилот ҳавасманд карда мешавад.
Мавҷудияти мақомоти гуногуни намояндагӣ дар ташкилот набояд дар фаъолияташон оиди амалӣ гардонидани вазифаҳо халал расонанд.
Манфиатҳои кормандон ва корфармоёнро наметавонад ҳамон як мақоми намояндагии кормандони ташкилот намояндагӣ ва ҳимоя намояд.
Моддаи 18. Ҳуқуқҳои мақомоти намояндагӣ дар ташкилот
Мақомоти намояндагии кормандони ташкилот ҳуқуқ доранд:
1) гуфтушунидҳои коллективона гузаронанд, шартнома ва созишномаҳои коллективӣ ба имзо расонанд, дар таҳияи санадҳои дигари меъёрии меҳнат дар ташкилот ширкат варзанд ва ба корфармо лоиҳаи чунин санадро пешниҳод кунанд;
2) дар баррасии масъалаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии ташкилот иштирок намоянд;
3) ба риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба меҳнат, шартномаҳо ва созишномаҳои коллективӣ назорат кунанд;
4) дар мақомоти баррасикунандаи баҳсҳои меҳнатӣ манфиати кормандро ҳимоя кунанд;
5) дар бораи қарори корфармо ва шахсони ваколатдори ў, агар қарор хилофи санади қонунгузорӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба меҳнат бошад ё бо роҳи дигар ҳуқуқҳои кормандонро поймол созад, ба суд шикоят кунанд;
6) тибқи тартиби пешбинамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон корпартоӣ эълон кунанд;
7) ҳангоми фаъолияти намояндагӣ дигар амалӣ қонуниро анҷом диҳанд.
Ҳамаи мақомоти намояндагии аз тарафи кормандон ваколатдоршуда ҳуқуқи баробар доранд.
Моддаи 19. Манъи халалрасонӣ ба фаъолияти қонунии мақомоти намояндагии кормандони ташкилот
Халалрасонӣ ба фаъолияти қонунии мақомоти намояндагии кормандони ташкилот дар кадом шакле, ки бошад манъ аст.
Қатъ намудани фаъолияти мақомоти намояндагии кормандони ташкилот бо ташаббуси корфармо ва ё шахсони ваколатдори ў манъ мебошад. Корфармо, шахсони ваколатдори ӯ, ки амалҳои дар қисмҳои якум ва дуюми моддаи мазкур нишондодашударо анҷом додаанд, тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон масъулият доранд.
Моддаи 20. Вазифаи корфармо нисбат ба мақомоти намояндагии кормандон
Корфармо ва шахсони ваколатдори ў вазифадоранд:
1) ба фаъолияти мақомоти намоляндагии кормандон мусоидат намуда, ҳуқуқҳои онҳоро риоя кунанд;
2) қабл аз қабули қарорҳое, ки ба манфиати кормандон дахл доранд, бо мақомоти намояндагии онҳо машварат кунанд;
3) пешниҳоди мақомоти намояндагии кормандонро сари вақт баррасиӣ намуда, дар бораи қарорҳои қабулнамудаи хеш иттилои асоснок диҳанд;
4) ба аъзоёни мақомоти намояндагии кормандон барои бемамониат ба ҷои кори кормандоне, ки манфиати онҳоро ифода менамоянд, рафтани онҳо иҷозат диҳанд;
5) ба мақомоти намояндагии кормандон оид ба масъалаҳои меҳнат ва рушди иҷтимоию иқтисодӣ ройгон маълумоти зарури диҳанд;
6) барои иҷрои вазифаҳояшон ба мақомоти намояндагии кормандон шароити мусоид фароҳам оранд;
7) барои фаъолияти мақомоти намояндагии кормандон бино, воситаҳои нақлиётӣ, алоқа, дигар шароитҳоро, ки тартиби вогузории онҳо дар шартномаҳои (созишномаҳои) коллективӣ муайян гардидааст, диҳанд;
8) дар муносибат бо мақомоти намояндагии кормандон дигар вазифаҳоро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, шартномаҳо ва созишномаҳои коллективӣ пешбинӣ намудаанд, иҷро намоянд. (ҚҶТ аз 26.12.11с.,№778)
Моддаи 21. Кафолатҳои иловагии меҳнатӣ барои аъзоёни мақомоти намояндагии кормандон
Ба аъзоёни мақомоти намояндагии кормандон вобаста ба амалӣ гардонидани фаъолияти намояндагӣ ҳимоят аз ҳар гуна шакли таъқиби корфармо кафолат дода мешавад.
Ба кормандоне, ки бинобар интихоб шуданашон ба мақомоти намояндагӣ аз фаъолияти истеҳсолӣ озод гардидаанд, пас аз хатми ваколатҳои интихобиашон ҷои кори (вазифаи) пештараашон пешниҳод карда мешавад, агар чунин ҷои кор мавҷуд набошад, ҷои корӣ (вазифаи) ба он баробар дар ҳамон ташкилот пешниҳод мегардад.
Моддаи 22. Мақомоти намояндагии корфармоён
Корфармоён ҳуқуқ доранд дар иттифоқҳо, ассотсиатсияҳо, конгрессҳо ва дигар иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ муттаҳид шаванд. Иттиҳодияҳои ҷамъиятии корфармоён чун ташкилотҳои ҷамъиятӣ таъсис ёфта, фаъолият мекунанд ва мақсади асосиашон мусоидат ба рушди иқтисодӣ, баланд бардоштани самаранокии иқтисодиёт ва ташаббуси соҳибкорӣ, инчунин бо роҳи ифода намудани манфиатҳои ташкилотҳо ва соҳибони молу мулк, ҳимояи ҳуқуқи онҳо дар соҳаи муносибатҳои хоҷагӣ ва меҳнатӣ дар мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идоракунӣ, дар муносибатҳои ҳамдигарӣ бо мақомоти намояндагии кормандон ба амал баровардани шарикии иҷтимоӣ мебошад. (ҚҶТ аз 26.12.11с.,№778)
Моддаи 23. Мақсади бастани шартномаҳо ва созишномаҳои коллективӣ
Шартнома ва созишномаҳои коллективӣ бо мақсади илова ба санади қонунгузорӣ ва дигар санади меъёрии ҳуқуқӣ муқаррар намудани шароити меҳнат, шуғл ва кафолати иҷтимоӣ баста мешаванд.
Тартиби таҳия, ба имзо расонидан ва амали шартномаҳо ва созишномаҳои коллективиро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.
Моддаи 24. Назорати иҷрои шартнома ва созишномаи коллективӣ
Назорати иҷрои шартнома ва созишномаи коллективӣ аз ҷониби тарафҳо ва намояндагони онҳо тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ мегардад.
Ҳангоми ба амал баровардани назорат тарафҳо вазифадоранд ҳамаи иттилооти зарурии дар даст доштаашонро пешниҳод намоянд.
Намояндагони тарафҳо, ки шартномаи коллективиро имзо намудаанд, ҳар сол ва ё дар мўҳлатҳои дар шартномаи коллективӣ муқаррар гардида оид ба иҷрои он дар маҷлиси умумии (конференсияи) коллективи меҳнатӣ ҳисобот медиҳанд.
Моддаи 25. Масъулият барои иҷро накардани қонунгузорӣ оид ба шартномаҳо ва созишномаҳои коллективӣ
Масъулиятро барои саркашӣ аз иштирок дар гуфтушунид, барои вайрон намудан ва иҷро накардани шартнома ва созишномаи коллективӣ қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайн мекунад. (ҚҶТ аз 26.12.11с.,№778)
Шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ- созишномаи байни корфармо ва корманд мебошад, ки тибқи он корманд вазифадор аст корҳоро аз рўи як касб, якчанд касби муайян, ихтисос, ё вазифа бо дараҷаҳои дахлдор, бо риояи тартиби дохилии меҳнатӣ иҷро намояд, корфармо бошад, вазифадор аст барои ҳамин кор ба корманд музд диҳад ва шароити меҳнатиро, ки санадҳои қонунгузорӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба меҳнат ва созишномаҳои тарафҳо муайян намудаанд, таъмин кунад.
Шаҳрванде, ки ба синни понздаҳсолагӣ расидааст, метавонад чун корманд, тарафи шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ бошад. Хонандагоне, ки ба синни чордаҳсолагӣ расидаанд, метавонанд тибқи ҳолат ва тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мазкур (моддаи 174, қисми дуюм) шартномаҳои (қарордодҳои) меҳнатӣ банданд.
Инҳо метавонанд чун корфармо, тарафи шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ бошанд:
1) мақомоти дахлдори ҳокимияти давлатӣ, ташкилот, ки тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати шахси ҳуқуқӣ ба қайд гирифта шудаанд, инчунин намояндагӣ ва филиалҳои он;
2) шахси воқеӣ, ки тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати соҳибкори инфиродӣ ва ё ба сифати истифодабарандаи меҳнати шахсони дигар барои эҳтиёҷи хоҷагии истеъмолии худ ба қайд гирифта шудааст. (ҚҶТ аз 26.12.11с.,№778)
Моддаи 28. Озод будани шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ
Тарафҳо ҳангоми ба имзо расонидани шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ озод ва дорои ҳуқуқи баробар мебошанд.
Маҷбур намудан барои бастани шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ ба ғайр аз ҳолатҳое, ки Кодекси мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва ё ўҳдадориҳои ихтиёран қабулнамудаи корфармо пешбинӣ намудаанд, мумкин нест.
Рад кардани беасоси бастани шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ бо кормандоне, ки аз ҷониби "мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ аз ҳисоби квота, брон ба кормандон фиристода шудааст, инчунин дар дигар ҳолатҳое, ки бевосита дар ҳамин Кодекс ва дигар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардидаанд, манъ мебошад. (ҚҶТ аз 26.12.11с.,№778)
Рад кардани шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ бо корманде, ки барои кор тибқи тартиби гузариш аз дигар ташкилот бо мувофиқаи роҳбарони ташкилотҳо даъват шудааст, мумкин нест.
Бо талаби корманд ва ё мақоми манфиатдор корфармо вазифадор аст дар ҳолатҳои муқаррарнамудаи Кодекси мазкур ба онҳо дар бораи сабабҳои рад карда шудани қабул ба кор ба таври хаттӣ иттилоъ диҳад.
Пеш аз бастани шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ дар ҳолатҳои пешбининамудаи Қонун метавонад шартҳои иловагӣ гузошта шавад (гузаштан аз озмун, интихоб шудан ба вазифа).
Моддаи 281. Муқаррароти умумӣ оиди дар ду (якчанд) ҷой кор кардан
Дар ду (якчанд) ҷой кор кардан – тибқи шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ аз тарафи корманд дар баробар ва дар давраи фориғӣ аз кори (мансаби) асосӣ иҷро намудани кори дигар ё ишғол намудани дигар вазифаи доимии муздаш пардохтшаванда.
Барои дар ду (якчанд) ҷой кор кардан, розигии корфармо аз ҷои кори асосӣ талаб карда намешавад, ба истиснои ҳолатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намудааст.
Ҳангоми ба кор қабул намудани корманд бо тартиби дар ду (якчанд) ҷой кор кардан ў ба корфармо бояд ҳуҷҷатҳои дар бандҳои 1 ва 3 қисми дуюми моддаи 32 ҳамин Кодекс муайяншударо пешниҳод намояд. Ҳангоми дар дигар ташкилот ба кори вазнин ё кор дар шароити барои саломатӣ зараровару хатарноки шароити меҳнатӣ қабул намудан бо тартиби дар ду (якчанд) ҷой кор кардан бошад, корманд ўҳдадор аст, ки дар бораи хусусият ва характери шароити меҳнат дар ҷои кори асосӣ маълумот пешниҳод намояд.
Хусусиятҳои дар ду (якчанд) ҷой кор карданро барои категорияҳои алоҳидаи кормандон (кормандони соҳаҳои омўзгорӣ, тиббию дорусозӣ, фарҳанг) Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
Моддаи 29. Кафолатҳо ҳангоми қабул кардан ба кор
Ғайриқонунӣ ба кор қабул накардан манъ аст. Рад кардани беасоси қабул ба кор, ки талаботи қисми 1 моддаи 7 Кодекси мазкурро вайрон мекунад, инчунин ба кор қабул накардани шахсони зайл ғайриқонунӣ ҳисобида мешавад:
- шахсоне, ки аз тарафи корфармо ба кор даъват шудаанд;
- шахсоне, ки корфармо мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор аст бо онҳо шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ бандад (маъюбон ва ашхоси синнашон аз ҳаждаҳ поёнтар, ки аз ҳисоби квотаи муқарраргардида ба кор фиристода шудаанд, занони ҳомила ва заноне, ки кўдакони то синни сесола доранд, мутаносибан бо сабаби ҳомила ва ё кўдак доштани онҳо), дар дигар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Дар сурати рад кардани қабул ба кор корфармо вазифадор аст бо талаби корманд дар мўҳлати 3 рўз ба таври хаттӣ, бо имзои шахси мансабдоре, ки ҳуқуқи ба кор қабул карданро дорад, бо нишон додани сабаби асосноки рад кардани қабул ба кор ҷавоб диҳад. Оиди чунин радкунӣ ба суд шикоят кардан мумкин аст. (ҚҶТ аз 26.12.11с.,№778)
Модди 291. Маҳдудиятҳои дар ду (якчанд) ҷой кор кардан
Дар ташкилотҳои давлатӣ дар ду вазифаи роҳбарикунанда бо шартҳои дар ду (якчанд) ҷой кор кардан роҳ дода намешавад, агар дар қонунгузорӣ ҳолатҳои дигар муайян нашуда бошанд.
Дар ду (якчанд) ҷой кор кардани шахсони синнашон то 18 – сола, занҳои ҳомила, ҳамчунин дар корҳои шароити меҳнатии зарарнок дошта, агар кори асосӣ низ ҳамин гуна шароитҳоро дошта бошад, манъ карда мешавад.
Дар ду (якчанд) ҷой кор кардани ташкилотҳои давлатӣ ҳамроҳ кор кардани хешовандоне, ки таҳти итоату назорати бевоситаи ҳамдигарӣ қарор доранд, манъ аст (моддаи 292 ҳамин Кодекс).
Барои гурўҳи алоҳидаи кормандон маҳдудиятҳои дар ду (якчанд) ҷой кор кардани кормандон, ҳамчунин дар масъалаи пардохти музди рухсатии меҳнатӣ ё пардохти ҷубронпулӣ барои рухсатии меҳнатии истифоданашударо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад.
Модди 292. Маҳдудияти якҷоя кор кардани хешовандони наздик
Дар як ташкилоти давлатӣ (воҳидҳои таркибӣ) ба вазифаи роҳбар, сармуҳосиб (муовинони ў) ва хазинадор якҷоя кор кардани шахсоне, ки байни худ алоқаи хешутаборӣ (волидон, зану шавҳар, бародарон, хоҳарон, писарон, духтарон, ҳамчунин бародарону хоҳарони волидон, фарзандони зану шавҳар) дошта бошанд ва агар кори онҳо ба итоату назорати бевоситаи ҳамдигарӣ алоқаманд бошад, манъ карда мешавад.
Маҳдудиятҳое, ки дар қисми якуми моддаи мазкур пешбинӣ шудаанд, метавонанд бо қарори соҳибмулк дар ташкилотҳои ғайридавлатӣ низ муқаррар карда шаванд.
Моддаи 30. Мазмуни шартномаи (қарардоди) меҳнатӣ
Мазмуни шартномаи (қарардоди) меҳнатиро созишномаи тарафҳо, инчунин санади қонунгузорӣ ва дигар санади меъёрии ҳуқуқӣ оид ба меҳнат, аз ҷумла созишномаи генералӣ, соҳавӣ ва шартномаи коллективӣ муайян мекунанд.
Дар матни шартномаи (қарардоди) меҳнатӣ бояд ҷои кор ( ташкилот ва ё воҳидҳои муайян), вазифаи меҳнатии корманд, рўзи оғози кор мўҳлати амалӣ шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ, ҳаҷми музди меҳнат, давомнокӣ ва низоми вақти корӣ, давомнокии рухсатии меҳнатӣ ва дигар шароитҳои меҳнат нишон дода шавад.
Сатҳи ҳуқуқҳо ва кафолатҳои меҳнатии кормандонро, санади қонунгузорӣ ва дигар санади меъёрии ҳуқуқӣ муқаррар намуданд, ҳангоми бастани шартномаи (қарардоди) меҳнатӣ паст кардан мумкин нест.
Моддаи 31. Мўҳлати шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ
Шартномаҳои (қарордодҳои) меҳнатӣ ба мўҳлатҳои зайл баста мешаванд:
Шартномаҳои (қарордодҳои) меҳнатӣ барои иҷрои корҳои мавсимӣ дар ҳолатҳое баста мешаванд, ки вобаста ба шароити табиию иқлимӣ кор метавонад дар давраи муайян (мавсим), на бештар аз шаш моҳ анҷом дода шавад.
Агар дар шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ мўхлати амали он нишон надода шуда бошад, пас шартнома ба мўҳлати номуайян басташуда ҳисоб гардида, бидуни розигии корманд аз нав барои мўҳлати муайян баста намешавад.
Шартномаҳои (қарордодҳои) меҳнатӣ ба мўҳлати муайян дар ҳолатҳое баста мешавнд, ки агар бо назардошти хусусияти кор ва ё шароити иҷрои он ва ё манфиати корманд, инчунин дар ҳолатҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бастани шартнома барои мўҳлати номуайян имконпазир бошад.
Моддаи 32. Бастани шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ
Шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ дар шакли хаттӣ баста шуда, дар ду нусха тартиб дода, аз ҷониби тарафҳо имзо карда мешавад. Як нусхаи шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ ба корманд дода шуда, нусхаи дигарро корфармо маҳфуз медорад. (ҚҶТ аз 26.12.11с.,№778)
Ҳангоми ба кор дохил шудан ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд;
1) дафтарчаи меҳнатӣ (ба ғайр аз ҳолатҳои бори аввал ба кор дохил гардидан);
2) шиноснома (шаҳодатномаи таваллуд барои шахсоне, ки ба синни шонздаҳсолагӣ нарасидаанд);
3) ҳуҷҷатҳо дар бораи маълумот дар ҳолатҳои пешбининамудаи санади меъёрӣ;
4) барои ўҳдадорони ҳарбӣ – билети ҳарбӣ ё шаҳодатномаи бақайдгирӣ.
Корфармо ҳуқуқ надорад, агар дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, аз шахси ба кор қабулшаванда дигар ҳуҷҷатро талаб кунад.
Ба кор қабул намудан бо фармони (амри) ташкилот ё шахси ваколатдори ў ба расмият дароварда мешавад. Ба кор қабул намудани кормандоне (хонакороне), ки дар назди шахсони алоҳидаи воқеӣ кор мекунанд, тавассути бастани шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ, ки намунааш аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ тасдиқ карда мешавад, ба расмият дароварда мешавад. Фармон (амр) ба корманд бо гузаштани имзо эълон карда мешавад. (ҚҶТ аз 25.03.11с. №683).
Амали шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ аз рўзи оғози воқеии кор сар мешавад, агар дар шартнома тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад.
Моддаи 33. Санҷиш ҳангоми қабул ба кор
Шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ метавонад бо санҷиши пешакӣ баста шавад. Санҷиш бо созишномаи тарафайн муқаррар гардида ба ғайр аз ҳолатҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, наметавонад аз се моҳ бештар бошад.
Дар давраи санҷиш амали санади қонунгузорӣ ва санади меъёрии ҳуқуқии оид ба меҳнат ба корманд татбиқ мегардад.
Санҷиш ҳангоми ба кор қабул намудани шахсони синнашон ба ҳаждаҳ нарасида, мутахассисони ҷавон, ҳангоми гузаронидан ба кор ба маҳалли дигар, гузаронидан ба кор ба ташкилоти дигар, инчунин ҳангоми тибқи озмун ба кор қабул намудан муқаррар карда намешавад.
Давраи муваққатан гум кардани қобилияти корӣ ва дигар давраҳое, ки корманд бо сабабҳои узрнок дар кор ҳозир набуд, ба ҳисоби мўҳлати санҷиш дохил намегардад.
Гузаштани санҷиш бояд дар шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ қайд карда шавад. Дар сурати мавҷуд набудани қайд чунин ҳисоб мешавад, ки корманд бидуни санҷиши пешакӣ ба кор қабул карда шудааст.
Агар пас аз гузашти мўҳлати санҷиш ҳеҷ яке аз тарафҳо дар бораи қатъи шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ изҳороте надиҳанд, пас амали шартнома идома меёбад ва қатъи минбаъдаи он дар асосҳои умумӣ роҳ дода мешавад.
Моддаи 34. Шартномаи шогирдӣ
Корфармо ҳуқуқ дорад ба шахсоне, ки кор мекобанд, барои мўҳлати дар шартнома муқарраргардида барои таълими касбӣ шартномаи шогирдӣ бандад. Шартномаи шогирдӣ бо мақсади омўхтани ихтисоси ибтидоӣ доир ба соҳаи ташкилот баста мешавад.
Пас аз ба итмом расидани мўҳлати шартнома бо шахсоне, ки омўзишро хатм намудаанд, шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ баста мешавад. (ҚҶТ аз 26.12.11с.,№778)
Музди меҳнат ҳангоми таълим тибқи шартнома муқаррар карда мешавад.
Тартиби бастани шартномаи шогирдиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.
Моддаи 35. Гузаронидан ба кори дигари доимӣ
Ба дигар кори доимӣ гузаронидан (тағйир ёфтани вазифаи меҳнатии корманд), супоридани кор аз рўи ихтисоси дигар, тахассус ва вазифаи дигар танҳо бо розигии корманд мумкин аст.
Супоридани коре, ки ҳангоми иҷрои он шароити меҳнати дар созишномаи тарафҳо муайяншуда хеле тағйир меёбад ва бо сабабҳои асоснокгардидаи истеҳсолӣ, ташкилӣ, технологӣ ва иқтисодӣ алоқаманд намебошанд, низ ба дигар кор гузаронидан ҳисоб мешавад ва розигии кормандро талаб мекунад.
Розигии корманд барои дар худи ҳамон ташкилот ба дигар кор гузаронидан, ба дигар ташкилот гузаронидан ва ё ба маҳалли дигар, ҳатто якҷоя бо ташкилот гузаронидан ҳам, бояд ба таври хаттӣ гирифта шавад.
Дар худи ҳамон ташкилот ба ҷои дигари кор гузаронидан, ба бахши таркибии ҳамон маҳал гузаронидан, дар доираи тахассус, дараҷаи ихтисос ё вазифа ва дигар дастгоҳ ё таҷҳизот кор супоридан, ки аз шарти шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ бармеояд ва дар айни замон шароити меҳнат моҳиятан тағйир намеёбад, ба кори дигар гузаронидан ҳисоб карда ва розигии корманд гирифта намешавад. Корфармо ҳуқуқ надорад кормандро ба коре, ки хилофи вазъи саломатиаш аст, гузаронад.
Ҷойивазкунии (ротатсияи) кадрҳои роҳбарикунанда дар мақомоти давлатӣ ба кори дигар гузаронидан ҳисобида нашуда, бо мақсади истифодаи самараноки маҳорати касбии онҳо, пешгирии зуҳуроти коррупсионӣ ва бархӯрди манфиатҳо тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.(ЌЉТ аз 22.07.2013с. №981)
Агар давом додани кор аз рўи вазифаи меҳнатӣ, ки дар шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ муқаррар гардидааст, бо сабабҳои объективи, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, имконнопазир бошад, корфармо вазифадор аст ба корманд кори дигареро, ки дар ташкилот мавҷуд аст, пешниҳод намояд. Ҳангоми аз тарафи корманд рад гардидани пешниҳоди гузариш ба кори дигар амали шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ метавонад дар асосҳои умумӣ қатъ гардад.
Моддаи 36. Тағйир ёфтани шароити меҳнат
Корфармо ҳуқуқ дорад шароити меҳнатро тағйир диҳад, агар чунин тағйирот дар технология ва ташкили истеҳсолии меҳнат пешакӣ муқаррар шуда бошад.
Дар шартномаҳои коллективӣ метавонад машварати пешакӣ бо мақомоти ҳифзкунандаи манфиати кормандони ташкилот оид ба тағйироти шароити меҳнат барои гурўҳҳои алоҳидаи кормандон пешбинӣ карда шавад.
Корфармо вазифадор аст кормандонро оид ба тағйирёбии ояндаи шароити меҳнат на дертар аз ду моҳ огоҳ созад. Агар корманд дар шароити нави меҳнат ба идомаи кор розӣ набошад, пас шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ метавонад қатъ карда шуда, ба ў барои аз кор рафтан ба андозаи на камтар аз ду маоши миёнаи моҳона маблағ пардохта шавад. Корманд ҳуқуқ дорад дар бораи аз ҷониби корфармо тағйир додани шароити меҳнат ба суд арз кунад. Ҳангоми баррасии баҳс корфармо вазифадор аст исбот кунад, ки нигоҳ доштани шароити пештари меҳнат имконнопазир аст.
Дар мавридҳое, ки тағйирот дар истеҳсолот, меҳнат ва ҳаҷми кор боиси ба таври оммавӣ аз кор озод гардидани кормандон мегардад, корфармо бо мақсади нигоҳ доштани ҷои корӣ ҳуқуқ дорад бо розигии мақомоти намояндагии дахлдори кормандони ташкилот, бидуни риояи мўҳлати огоҳонӣ, ки қисми 3 ҳамин модда пешбинӣ намудааст, шароити меҳнати кормандонро тағйир диҳад.
Моддаи 37. Муваққатан ба кори дигар гузаронидан дар сурати бекористӣ
Дар сурати бекористӣ кормандон бо назардошти ихтисос ва дараҷаи касбашон дар худи ҳамон ташкилот дар тамоми давраи бекористӣ ба кори дигар, бо розигии онҳо ба ташкилоти дигар, вале дар ҳамон маҳал ба мўҳлати то як моҳ гузаронида мешаванд, агар дар шартномаи коллективӣ мўҳлати дигар муқаррар нашуда бошд.
Ҳангоми гузаронидан ба кори каммузд дар натиҷаи бекористӣ музди меҳнати корманд дар ҳаҷми на камтар аз маблағи миёнаи моҳона (маош) дода мешавад.
Моддаи 38. Муваққатан боздоштани истеҳсолот
Агар ташкилот душвориҳои дорои хусусиятҳои истеҳсолӣ, иқтисодӣ, технологӣ ё ташкилиро ҳис намояд, дар ин ҳолат корфармо метавонад бо розигии мақомоти намояндагии дахлдори кормандони ташкилот кори воҳидҳои (цехҳо, участкаҳо, бригадаҳои) алоҳидаро бидуни гузаронидани чораҳои ихтисори шумора ё штати кормандон муваққатан боз дорад.
Муваққатан боздоштани ташкилот чун бекористии бидуни гуноҳи корманд ҳисобида мешавад ва дар сурати имконнопазир будани гузаронидани кормандон ба кори дигар дар ҳаҷми маблағи моҳона (маош) ҳақ дода мешавад.
Муваққатан боз доштани кор бидуни додани ҳаққи бекористӣ манъ карда мешавад, агар корфармо барои ба кори дигар гузаронидани кормандон имконият надошта бошад.
Моддаи 39. Маҳдуд кардани гузаронидан ба корҳои ғайритахассусӣ
Дар вақти бекористӣ ва ҳолатҳои муваққатан иваз намудани корманди ҳозирнабуда кормандони ихтисоснокро бидуни розигии онҳо ба корҳои ғайритахассусӣ гузаронидан мумкин нест.
Моддаи 40. Муваққатан ба кори дигар гузаронидан бинобар зарурати истеҳсолӣ ва бекористӣ
Бинобар зарурати истеҳсолӣ ва бекористӣ кормандро бидуни розигии ў ба мўҳлати то як моҳ ба кори дигар муваққатан гузаронидан мумкин аст. Дар айни замон кормандро ба коре, ки хилофи вазъи саломатии ў мебошад, гузаронидан мумкин нест. Дар давраи муваққатан гузаронидан ба корманд аз рўи кори иҷрокардааш, вале на камтар аз музди миёнаи пештара ҳақ дода мешавад.
Дар ҳолатҳои зарурати истеҳсоли мўҳлатҳои ниҳоии гузаронидан ба кори дигар, инчунин ҳаҷми мушаххаси музди меҳнат дар шартномаи коллективӣ муқаррар карда мешавад, агар шартнома баста нашуда бошад, онро корфармо баъди машварат бо мақоми намояндагии кормандон муайян менамояд.
Моддаи 41. Муваққатан ба кори дигар гузаронидан бо ташаббуси ташкилот
Хоҳиши корманд дар бораи гузаронидан ба кори дигар бояд аз ҷониби корфармо қонеъ гардонда шавад, агар ин хоҳиш сабабҳои узрнок дошта, чунин кор дар ташкилот мавҷуд бошад.
Номгўи сабабҳои узрнокро барои муваққатан ба кори дигар гузаронидан, инчунин тартиби пардохти музди меҳнатро ҳангоми гузаронидан ҳамин Кодекс, шартномаи коллективӣ агар он баста нашуда бошад, корфармо баъди машварат бо мақоми намояндагии кормандон ва розигии тарафҳо муайян менамояд.
Моддаи 42. Вазифаи корфармо оиди пешгирии аз кор озодкунии оммавии кормандон
Ҳангоми таҳдид кардани хавфи аз кор озодкунии оммавии кормандон корфармо вазифадор аст, бо розигии мақоми намояндагии кормандони ташкилот ва мақоми дахлдори меҳнат ва шуғли аҳолӣ чораҳои махсусе, ки корҳои зеринро пешбинӣ менамоянд, бинанд:
1) маҳдуд ё муваққатан қатъ кардани қабули кормандони нав, озод кардани онҳое, ки дар ду (чанд) ҷой кор мекунанд;
2) маҳдуд намудани иҷрои корҳои зиёда аз вақтҳои муқаррарӣ;
3) тағйир додани шароити меҳнат тибқи қисми чоруми моддаи 36 ҳамин Кодекс;
4) муваққатан боз доштани истеҳсолот тибқи моддаи 38 ҳамин Кодекс;
5) давра ба давра озод кардани кормандон;
6) дигар чорабиниҳо, агар онҳоро шартномаи коллективӣ пешбинӣ карда бошад.
Моддаи 43. Муносибатҳои меҳнатӣ ҳангоми иваз шудани молик ва аз нав ташкил кардани ташкилот
Ҳангоми иваз шудани молики ташкилот, ҳамчунин аз нав ташкил кардани (якҷоя, ҳамроҳ, ҷудо шудан ва дигаргун сохтани) он муносибатҳои меҳнатӣ бо розигии корманд давом мекунад. Дар ин маврид бо ташаббуси корфармо қатъ кардани шартномаи меҳнатӣ танҳо дар асосҳои пешбининамудаи ҳамин Кодекс ва бо риояи ҳатмии кафолатҳои муқарраргардидаи онҳо мумкин аст.
Молики нав дар давоми шаш моҳи пайдо кардани ҳуқуқи молик ҳақ дорад шартномаҳои (қарордодҳои) меҳнатиро, ки молики пештара бо роҳбарони ташкилот ва кормандон, ки вазифаҳои умумии идоракуниро дар ташкилот ба ҷо меоваранд, аз нав бандад ё бекор кунад. Аз тобеияти як мақом ба тобеияти мақоми дигар гузаронидани ташкилот амали шартномаи (қарордоди) меҳнатиро қатъ карда наметавонад.
Моддаи 44. Қатъ шудани шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ
Шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ дар ҳолатҳои зерин қатъ шуда метавонад:
1) бо созишномаи тарафҳо. Бо ин асос мумкин аст ҳар гуна шартнома (қарордод) ҳар вақт қатъ карда шавад;
2) бо ташаббуси корманд;
3) бо ташаббуси корфармо;
4) бо гузаштани мўҳлат;
5) бо ҳолатҳои ба иродаи тарафҳо вобастанабуда.
Моддаи 45. Бекор кардани шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ бо ташаббуси корманд
Корманд ҳақ дорад ду ҳафта пештар корфарморо ба таври хаттӣ огоҳ намуда, шартномаи (қарордоди) меҳнатиро, ки ба мўҳлати номуайян баста шудааст, бекор кунад.
Баъди гузаштани мўҳлати огоҳӣ корманд ҳақ дорад корро қатъ намояд, корфармо бошад вазифадор аст ба корманд дафтарчаи меҳнатиашро супорида, бо ў ҳисобу китобро баробар кунад.
Бо хоҳиш ва розигии корфармо шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ то ба итмом расидани мўҳлати огоҳӣ метавонад бекор карда шавад. Дар ҳолате, ки аризаи корманд дар бораи бекор кардани шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ бо имконнопазирии давом додани кор вобаста аст, корфармо бояд шартномаи (қарордоди) меҳнатиро дар мўҳлати хоҳишкардаи корманд бекор кунад.
Дар давоми мўҳлати огоҳӣ корманд ҳақ дорад аризаи худро дар бораи бекор кардани шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ пас гашта гирад, агар ба ҷои кори ў ба таври гузарондан, корманди дигар даъват нашуда бошад.
Шартномаи (қарордоди) мўҳлатноки меҳнатӣ бо талаби корманд дар ҳолатҳои беморӣ ё маъюб шудани ў, ки барои аз рўи шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ иҷро намудани кор халал мерасонад, аз ҷониби корфармо вайрон кардани санади қонунгузорӣ ва дигар санади меъёрии ҳуқуқӣ оид ба меҳнат ё шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ, инчунин бо дигар сабабҳои узрнок бекор карда мешавад.
Корманд ҳақ дорад дар ҳолатҳое, ки ҳангоми бастани шартнома (қарордод) корфармо дар бораи шароити меҳнат дар ҷои кор ба ў хабари нодуруст дода аст ё ўҳдадориашро оиди таъмини шароитҳои солим ва бехавфи меҳнат дар ҷои кор вайрон кардааст, шартномаи (қарордоди) меҳнатиро бидуни огоҳии пешакии корфармо бекор кунад.
Моддаи 46. Бекор кардани шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ бо ташаббуси корфармо
Бекор кардани шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ бо ташаббуси корфармо бояд асоснок бошад. Инҳо асос шуда метавонанд:
1) барҳам хўрдани ташкилот; қатъ ёфтани фаъолияти соҳибкор; ихтисор шудани шумора ё штати кормандон;
2) ошкор гардидани номувофиқии корманд ба вазифаи ишғолкардааш ё кори иҷро мекардагиаш дар натиҷаи нокифоягии ихтисос ё аҳволи саломатиаш, ки барои давом додани ҳамон кор халал мерасонад, агар ин номувофиқатии корманд дар натиҷаи аттестатсия ва ё дар асоси хулосаи тиббӣ тасдиқ шуда бошад; (ҚҶТ аз 26.12.11с.,№778)
3) бидуни сабабҳои узрнок вазифаҳои меҳнатиро, ки шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ ё қоидаҳои тартиботи дохилии меҳнатӣ ба зиммаи ў гузоштааст, мунтазам иҷро накардани корманд, агар ба корманд пештар чораҳои ҷазои интизомӣ дода шуда бошад.
4) прогул (аз ҷумла дар давоми рўзи корӣ зиёда аз се соат набудан дар кор ) бидуни сабабҳои узрнок;
5) ҳозир нашудан ба кор дар давоми бештар аз чор моҳи бефосила дар натиҷаи корношоямии муваққатӣ, бидуни ҳисоб кардани рухсатии давраи ҳомила ва таваллуд, агар қонунгузорӣ мўҳлати аз ин зиёдтари нигоҳ доштани ҷои корро (вазифаро) ҳангоми бемории муайян муқаррар накарда бошад. Ба кормандоне, ки ба сабаби латхўрии меҳнатӣ ё бемории касбӣ қобилияти меҳнатиашонро гум кардаанд, то барқарор шудани қобилияти меҳнатӣ ё муқаррар гардидани маъюбӣ ҷои кор (вазифа) нигоҳ дошта мешавад.
6) дар ҳолати мастӣ аз шароб, маводи нашъаовар ва токсикӣ ҳозир шудан ба кор;
7) дуздидани молу мулки корфармо дар ҷои кор, ки онро ҳукми қувваи қонунӣ пайдокардаи суд ё қарори мақоме, ки додани ҷазои маъмурӣ ба салоҳияти он дохил мешавад, муқаррар намудааст;
8) қатъ кардани шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ бо шахсони дар чанд ҷой коркунанда бинобар қабули корманди дигаре, ки дар чанд ҷой кор намекунад, инчунин вобаста ба маҳдуд гардондани кор дар чанд ҷой;
9) қатъ намудани шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ бо роҳбари ташкилот бинобар иваз шудани молик;
10) вайронкунии дағалонаи яккаратаи қонунгузорӣ оид ба меҳнат аз ҷониби роҳбарони ташкилот (воҳидҳои алоҳидаи он) ва муовинони онҳо;
11) аз ҷониби корманде, ки бо арзишҳои пулию молӣ бевосита сару кор дорад, содир намудани амали гунаҳгоронае, ки барои нисбат ба вай гум шудани боварии корфармо асос медиҳад;
12) аз ҷониби корманде, ки вазифаҳои тарбиявиро иҷро менамояд, содир шудани рафтори бадахлоқона, ки барои давом додани он кор сазовор намебошад;
13) вайрон намудани тартиб ва қоидаҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми қабул ба кор.
Санадҳои қонунгузорӣ, оинномаҳо ва низомномаҳои оид ба интизом метавонанд дигар асосҳои иловагии бекор кардани шартномаи (қарордоди) меҳнатиро низ бо ташаббуси корфармо пешбинӣ намоянд. (ҚҶТ аз 26.12.11с.,№778)
Бекор кардани шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ аз рўи асосҳое, ки дар бандҳои 1 (бағайр аз барҳам хўрдани ташкилот) ва 2 ҳамин модда, банди 2, моддаи 53 ҳамин Кодекс роҳ дода мешавад, агар кормандро бо розигии ў ба кори дигар гузаронидан имконнопазир бошад.
Бекор кардани шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ бо ташаббуси корфармо дар давраи корношоямии мувақкатӣ (бағайр аз озодкунӣ аз рўи банди 5 ҳамин модда) ва дар давраи дар рухсатӣ будани корманд, ба истиснои ҳолатҳои барҳам хўрдани ташкилот, қатъ шудани фаъолияти соҳибкор, роҳ дода намешавад.
Моддаи 47. Ҳуқуқи афзалиятнок барои дар кор мондан дар сурати бекор шудани шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ бино бар тағйир ёфтани шумораи (штати) кормандон ё шароити меҳнат
Дар сурати бекор шудан шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ бинобар тағйир ёфтани технология, ташкили истеҳсолот ва меҳнат, ки кам шудани ҳаҷми корҳо, ки боиси тағйири шумораи (штати) кормандон ё тағйири хусусияти корҳо гардидааст, ҳуқуқи имтиёзнок барои дар кор мондан ба кормандоне дода мешавад, ки дорои дараҷаи баландтари ихтисос ва ҳосилнокии меҳнат мебошанд.
Дар сурати баробар будани тахассус ва ҳосилнокии меҳнат афзалият ба инҳо дода мешавад:
- ба кормандоне, ки ду ва аз ин зиёд хўранда доранд;
- ба шахсоне, ки дар оилаашон дигар кормандони дорои музди меҳнати мустақилона мавҷуд нестанд;
- ба кормандоне, ки дар ҳамон ташкилот собиқаи тўлонии кор доранд;
- ба кормандоне, ки аз истеҳсолот ҷудо нашуда ихтисоси худро аз рўи тахассуси дахлдор дар донишкадаҳои олӣ ва миёнаи махсус баланд мебардоранд ва шахсоне, ки аз истеҳсолот ҷудо нашуда донишкадаҳои олӣ ва миёнаи махсус, касбҳои техникиро ба итмом расондаанд, ба шарте ки баъди хатми таҳсил дар давоми ду сол аз рўи ихтисос кор кунанд;
- ба шахсоне, ки дар ҳамон ташкилот ҷароҳати меҳнатӣ гирифтаанд ё ба бемории касбӣ гирифтор шудаанд;
- ба маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ, иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробар;
- ба шахсоне, ки ба касалии шуоъ гирифтор шудаанд ё онро аз сар гузаронидаанд ва дигар бемориҳое, ки бо паҳншавии нури радиационӣ вобаста буда, дар натиҷаи оқибатҳои садамаи объектҳои атомӣ ба вуҷуд омадаанд, ба маъюбоне, ки алоқамандии, маъюбии онҳо бо садамаи объектҳои атомӣ муқаррар шудааст, иштирокчиёни корҳои барҳамдиҳии оқибатҳои ин садамаҳо ва фалокатҳо, инчунин шахсоне, ки аз минтақаҳи зикршуда эвакуация ё кўчонда шудаанд ва дигар шахсоне, ки ба ин гурўҳ баробар карда шудаанд;
- ихтироъкорон.
Дар шартномаи (қарордоди) коллективӣ метавонад дигар ҳолатҳое, пешбинӣ карда шавад, ки дар сурати мавҷуд будани онҳо барои дар кор монондани кормандон афзалият дода мешавад.
Моддаи 48. Бо ташаббуси корфармо бекор кардани шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ ва мувофиқаи он бо Кумитаи иттифоқи касаба ё дигар мақоми намояндагии кормандон
Бекор кардани шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ бо ташаббуси корфармо (моддаи 46) баъди пешакӣ, на дертар аз ду ҳафта, огоҳ намудани иттифоқи касабаи дахлдор ё дигар мақоми намояндагии кормандон сурат мегирад.
Дар ҳолатҳои пешбиникардаи шартнома ва созишномаи меҳнатӣ бекор кардани шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ бо ташаббуси корфармо танҳо бо розигии пешакии иттифоқи касабаи дахлдор ё дигар мақоми намояндагии кормандон сурат мегирад.
Кумитаи иттифоқи касабаи дахлдор ё дигар мақоми намояндагии кормандон дар бораи қарори қабулшуда доир ба масъалаи ризоят барои бо корманд қатъ кардани шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ дар мўҳлати даҳ рўзи гирифтани пешниҳоди шахсе, ки ҳуқуқи бекор намудани шартномаи (қарордоди) меҳнатиро дорад, дар шакли хаттӣ ба корфармо бояд хабар диҳад.
Корфармо ҳақ дорад шартномаи (қарордоди) меҳнатиро на дертар аз як моҳи гирифтани розигии Кумитаи иттифоқи касаба ё мақоми дигари намояндагии кормандон қатъ намояд.
Моддаи 49. Огоҳонӣ дар бораи бекор кардани шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ
Корфармо вазифадор аст кормандро дар бораи бекор кардани шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ, ки ба мўҳлати номуайян баста шудааст, дар мўҳлатҳои зерин ба таври хаттӣ огоҳонад:
1) ҳангоми бекор кардани шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ бинобар барҳам хўрдани ташкилот, ихтисор шудани шумора ё штати кормандон на дертар аз ду моҳ;
2) ҳангоми бекор кардани шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ бинобар ба кори иҷро мекардагиаш мувофиқ наомадани корманд аз сабаби нокифоягии тахассус ё аҳволи саломатӣ на камтар аз як моҳ.
Дар давраи огоҳонӣ ба корманд ҳуқуқ дода мешавад, ки барои ҷустуҷўи кори дигар ҳафтае на камтар аз як рўз ба кор набарояд ва музди кораш нигоҳ дошта шавад.
Бо созишномаи тарафҳо шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ метавонад аз рўи асосҳои зикршуда то ба охир расидани мўҳлати огоҳонӣ бо додани ҷубронпулӣ дар ҳаҷми на камтар аз музди миёнаи рўзона барои ҳар рўзи боқимондаи то ба охир расидани ин мўҳлат бекор карда шавад.
Корфармо вазифадор аст дар мўҳлати муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи аз кор озодшавии дар пешистодаи кормандон бо нишон додани ихтисос, дараҷаи касбӣ ва ҳаҷми музди меҳнати онҳо ба мақоми дахлдори давлатии шуғли аҳолӣ маълумот диҳад. (ҚҶТ аз 26.12.11с.,№778)
Моддаи 50. Кафолату имтиёзҳо барои кормандони аз кор озодшаванда
Ба кормандоне, ки бинобар ихтисор шудани кор ё тағйир ёфтани шароити меҳнат аз ташкилот озод мегарданд, кафолатҳои зерин дода мешаванд:
1) кўмакпулии аз корравӣ дар ҳаҷми на камтар аз музди миёнаи якмоҳа;
2) нигоҳ доштани музди миёнаи якмоҳа дар давраи бо кор таъмин кардан дар давоми моҳи дуюм ва сеюми аз кор озод шудан бо қарори мақоми шуғли аҳолӣ, агар корманд дар мўҳлати даҳ рўзи баъди аз кор озод шудан сари вақт ба ин мақом муроҷиат карда, бо кор таъмин нашуда бошад;
3) ҳуқуқ барои як сол пеш аз мўҳлати муқарраркардаи қонунгузорӣ ба нафақа баромадани шахсони синни нафақа, ки собиқаи меҳнатӣ доранд ва он барои аз рўи синну сол ба нафақа баромадан ҳуқуқ медиҳад.
Шахсоне, ки бинобар ҳодисаи нохуш дар истеҳсолот ё бемории касбӣ барои иҷрои кори пештара қобилияташонро гум кардаанд, бо кормандони аз кор озодшуда баробар карда мешаванд.
Санадҳои қонунгузорӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ метавонанд мўҳлати аз ин дарозтари нигоҳ доштани музди миёнаро ба кормандони аз кор озодшуда дар давраи ба кор таъмин шудани онҳо пешбинӣ намоянд.
Моддаи 51. Қатъ кардани шартномаи (қарордоди) мўҳлатноки меҳнатӣ
Шартномаи (қарордоди) мўҳлатноки меҳнатӣ баробари ба итмом расидани мўҳлати он қатъ мегардад. Агар баъди гузаштани мўҳлат муносибатҳои меҳнатӣ давом кунад ва ягон тараф бекор намудани онро талаб накунад, он гоҳ шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ ба мўҳлати нав баста мешавад ё дар сурати набудани чунин созишнома ба мўҳлати номаълум идомадошта ҳисобида мешавад.
Шартномаи (қарордоди) меҳнатие, ки ба вақти набудани корманд баста шудааст ва барои ў ҷои кор (вазифа) нигоҳ дошта шудааст, аз рўзи ба кор баргаштани ин корманд қатъ мегардад.
Шартномаи (қарордоди) меҳнатие, ки ба вақти иҷрои кори муайян баста шудааст, баъди ба охир расидани он қатъ мешавад.
Моддаи 52. Бекор кардани шартномаи (қарордоди) мўҳлатноки меҳнатӣ то ба охир расидани мўҳлат
Шартномаи (қарордоди) мўҳлатноки меҳнатӣ, ки дар бандҳои 2 ва 4 моддаи 31 ҳамин Кодекс пешбинӣ шудааст, метавонад то ба охир расидани мўҳлат аз рўи асосҳои пешбиникардаи моддаи 43 ва 44 ҳамин Кодекс бекор карда шавад. Дар ин ҳолатҳо дар шартҳои шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ мумкин аст пардохти ҷаримаи аҳдшиканӣ пешбинӣ карда шавад.
Корфармо аз пардохти ҷаримаи аҳдшиканӣ озод карда мешавад, агар шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ бо ташаббуси корманд ё бинобар вазифаҳои меҳнатии худро вайрон кардани корманд пеш аз мўҳлат бекор карда шавад.
Моддаи 53. Қатъ шудани шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ дар ҳолатҳое, ки ба иродаи тарафҳо вобаста нестанд
Шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ дар ҳолатҳои зерин, ки ба иродаи тарафҳо вобаста нестанд, қатъ карда мешавад:
2) ҳангоми ба кор барқарор намудани корманде, ки пештар ин корро иҷро мекард;
3) ҳангоми қувваи қонунӣ пайдо намудани ҳукми суд, ки бо он корманд ба ҷазо маҳкум шудааст ва давом додани кори пештараашро истисно менамояд; (ҚҶТ аз 25.03.11с. №683)
4) бинобар вафот кардани корманд ва ё корфармо - шахси воқеӣ, ҳамчунин аз тарафи суд фавтида эълоншуда ё бедарак ғоибшуда эътироф гардидани корманд ё корфармо - шахси воқеӣ; (ҚҶТ аз 26.12.11с.,№778)
5) дар сурати вайрон кардани қоидаҳои муқарраршудаи қабул ба кор;
6) дар ҳолатҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ кардааст. ; (ҚҶТ аз 26.12.11с.,№778)
Моддаи 54. Аз кор дур кардан
Корфармо ўҳдадор аст бо талаби мақомоти ваколатдори давлатӣ дар ҳолатҳои пешбиникардаи қонунгузории ҷумҳурӣ кормандро аз кор дур кунад.
Корфармо ҳақ надорад, ки корманди дар ҳолати мастӣ аз шароб, моддаҳои нашъаовар ва ё токсикӣ ба кор ҳозиршударо дар ҳамон рўзи (сменаи) корӣ ба кор роҳ диҳад.
Дар давраи аз кор дур кардан музд дода намешавад.
Моддаи 55. Кўмакпўли дар вақти аз кор рафтан
Ба корманд дар сурати қатъ шудани шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ барои аз кор рафтан кўмакпулӣ дода мешавад:
- бо ташаббуси корфармо, ба ғайр аз ҳолатҳои бекор кардани шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ дар асосҳои пешбиникардаи бандҳои 3, 4, 6, 7, 10, 11, қисми 1 моддаи 46 ҳамин Кодекс;
- дар ҳолатҳои ба иродаи тарафҳо вобаста набуда, ба истиснои ҳолатҳои қатъ шудани шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ ҳангоми қувваи қонунӣ пайдо намудани ҳукми суд (банди 3 моддаи 53 ҳамн Кодекс) ва дар сурати фавтидани корманд (банди 4 моддаи 53 ҳамин Кодекс). (ҚҶТ аз 25.03.11с. №683)
Ҳаҷми кўмакпулӣ ҳангоми аз кор рафтан бо роҳи зарб задани чоряки музди миёнаи моҳона ба шумораи солҳои пурраи кор дар ташкилот муайян карда мешавад ва набояд аз ҳаҷми музди миёнаи моҳонаи корманд камтар бошад.
Моддаи 56. Ҳуҷҷатҳое, ки собиқаи кории кормандро тасдиқ менамоянд
Дафтарчаи меҳнатии намунааш муқарраргардида ва дигар ҳуҷҷатҳо оид ба собиқаи кории корманд ҳуҷҷатҳои асосии фаъолияти меҳнатӣ буда, собиқаи меҳнатии кормандро тасдиқ менамоянд. Намуна ва тартиби ҷорӣ кардани дафтарчаи меҳнатӣ, инчунин номгӯи дигар ҳуҷҷатҳоеро, ки собиқаи кории кормандро тасдиқ мекунанд, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд. (ҚҶТ аз 25.03.11с. №683)
Корфармо вазифадор аст ба ҳаммаи кормандоне, ки дар ташкилот зиёда аз 5 рўз кор кардаанд, дафтарчаҳои меҳнатӣ кушояд. Ба кормандоне (хонакороне), ки дар назди шахсони алоҳидаи воқеӣ кор мекунанд, дафтарчаи меҳнатӣ кушода намешавад. (ҚҶТ аз 25.03.11с. №683)
Дар дафтарчаи меҳнатӣ маълумот дар бораи қабул ба кор, ба кори дигари доимӣ гузаронидан бо нишон додани касб (ихтисос), дараҷаи касбӣ, вазифа (мувофиқи санади меъёрие, ки номи касб ва вазифаи кормандро муқаррар менамояд) ва аз кор озод кардани кормандон бо нишон додани асосҳои қатъ шудани шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ, инчунин дар бораи ҳавасмандгардонӣ ва мукофотонидан барои муваффақиятҳо дар кор кайд карда мешавад.
Ҳангоми аз кор озод кардан дафтарчаи меҳнатӣ дар рўзи охирини кор ба корманд супорида мешавад. Дар сурати роҳ додани кашолкорӣ оиди супридани дафтарчаи меҳнатӣ бо гуноҳи корфамо ба корманд барои ҳар рўзи кашолкорӣ музди миёна дода мешавад.
Моддаи 57. Вазифаи корфамо барои ба корманд додани маълумотнома дар бораи кор дар ҳамон ташкилот
Корфармо вазифадор аст ба корманд, аз ҷумла ба корманди собиқ, аз рўи хоҳишаш дар бораи кор дар ҳамон ташкилот бо нишон додани ихтисос, дараҷаи касбӣ, вазифа, вақти кор ва ҳаҷми музди меҳнат маълумотнома диҳад.
Моддаи 58. Роҳ надодани ғайриқонунӣ аз кор озод намудан ва ба кори дигар гузаронидани корманд
Корманде, ки ғайриқонунӣ ба кори дигар гузаронида ё ғайриқонунӣ аз кор озод карда шудааст, аз ҷониби худи корфармо ё суд ба кор барқарор карда мешавад.
Ҳангоми баррасии баҳс дар суд ба зиммаи корфармо вазифа гузошта мешавад, ки зарурат ва асоснокии ба кори дигар гузаронидан ё аз кор озод кардани кормандро исбот намояд.
Агар дар шартномаи коллективӣ пешакӣ гирифтани розигии мақоми дахлдори иттифоқи касаба ё дигар мақоми намояндагии кормандон ҳангоми аз кор озод намудани кормандон бо ташаббуси корфармо пешбинӣ шуда бошад, он гоҳ суд дар қатори дигар далелҳо розигии мақомоти мазкурро ба ҳисоб мегирад.
Моддаи 59. Масъулияти корфармо барои ғайриқонунӣ ба кори дигар гузарондан ва ғайриқонунӣ қатъ намудани шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ
Ҳангоми аз ҷониби суд ба кор барқарор намудани корманд ба зиммаи корфармо оиди ҷуброни зарари ба корманд расонидашуда вазифа гузошта мешавад.
Ҷуброни зарар аз инҳо иборат аст:
1) ҳатман пардохтани вақти прогули маҷбурӣ дар ҳаҷми на камтар аз музди аз даст дода;
2) ҷуброни хароҷоти иловагӣ вобаста ба шикоят дар бораи ба кори дигар гузаронидан ё озод кардан аз кор (маслиҳати мутахассисон, хароҷоти бурдани кори парванда);
3) имконпазирии ҷуброни зарари маънавӣ.
Ҳаҷми ҷуброни зарари маънавиро суд бо назардошти арзёбии амали корфармо муайян мекунад, вале он аз музди миёнаи ҳармоҳаи корманд камтар буда наметавонад.
БОБИ 5.
ВАҚТИ КОР
Моддаи 60. Мафҳуми вақти кор. Давомнакии мўътадил вақти кор
Вақти кор вақте ба ҳисоб меравад, ки дар давоми он корманд тибқи тартибот ё нақшаи кор ё шартҳои шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ бояд вазифаҳои меҳнатии худро иҷро намояд.
Давомнокии мўтъдили вақти кор дар ташкилотҳо дар як ҳафта набояд аз 40 соат зиёд бошад.
Моддаи 61. Давонокии кўтоҳии вақти кор
Барои гурўҳи алоҳидаи кормандон бо назардошти синну сол, вазъи саломатӣ, шароити меҳнат, хусусияти вазифаи меҳнатии онҳо ва дигар ҳолатҳо санади қонунгузорӣ ва дигар санади меъёрии ҳуқуқии оид ба меҳнат, инчунин шартҳои шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ давомнокии кўтоҳи вақти кор бидуни кам кардани музди меҳнат муқаррар карда мешавад.
Давомнокии кўтоҳи вақти кор ба инҳо муқаррар карда мешавад:
1) ба кормандоне, ки ба синни ҳаждаҳ нарасидаанд (моддаи 17 ҳамин Кодекс);
2) ба кормандони маъюб (моддаи 152 ҳамин Кодекс);
3) ба кормандоне, ки бо корҳои шароити меҳнаташ номусоид (моддаи 62 ҳамин Кодекс) машғуланд ё хусусияти махсуси кор доранд (моддаи 63 ҳамин Кодекс).
Моддаи 62. Давомнокии кўтоҳи вақти кор барои кормандоне, ки бо корҳои дорои шароити зарарноки меҳнат машғуланд
Давомнокии кўтоҳи вақти кор на зиёда аз 35 соат дар як ҳафта барои кормандоне муқаррар карда мешавад, ки дар ҷараёни меҳнат ба таъсири барои саломатӣ зарарноки омилҳои физикӣ, химиявӣ, биологӣ ва дигар омилҳои истеҳсолӣ дучор мешаванд. Рўйихати истеҳсолот, цехҳо ва вазифаҳоеро, ки кор дар онҳо барои давомнокии кўтоҳи вақти кор ҳуқуқ медиҳад, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад.
Моддаи 63. Давомнокии кўтоҳи вақти кор барои кормандне, ки корашон дорои хусусияти хос мебошад
Барои гурўҳи алоҳидаи кормандон (духтурон, педагогҳо ва дигарон), ки кори онҳо бо шиддатӣ баланди эҳсосотӣ, зеҳнӣ, асабӣ алоқаманд аст (хусусияти хос дорад), давомнокии вақти кор дар як ҳафта на бештар аз 35 соат муқаррар карда мешавад.
Номгўи чунин кормандон ва давомнокии мушаххаси вақти кори онҳоро ташкилот қонунгузорӣ ва дигар ташкилот мехёрии ҳуқуқии оид ба меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамоянд.
Моддаи 64. Вақти нопурраи кор
Бо созишномаи байни корманд ва корфармо чӣ ҳангоми қабул ба кор ва чӣ минбъад рўзи нопурра ва ё ҳафтаи нопурраи кор бо пардохти музди меҳнат вобаста ба ҳаҷми истеҳсол ва ё мутаносибан ба вақти кор муқаррар карда мешавад.
Корфармо вазифадор аст дар ҳолатҳои пешбининамудаи Кодекси мазкур ва санади дигари меъёрии ҳуқуқӣ оид ба меҳнат вақти нопурраи корро муқаррар намояд.
Ҳангоми ҷорӣ намудани низоми вақти нопурраи кор давомнокии вақти корӣ наметавонад аз нисфи меъёри моҳонаи вақти кор камтар ва музди меҳнат аз андозаи ҳадди ақали муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон камтар бошад. (ҚҶТ аз 26.12.11с.,№778)
Кор дар шароити вақти нопурраи кор барои корманд боиси ягон маҳдудияти давомнокии рухсатии ҳарсола, ҳисоби собиқаи корӣ ва дигар ҳуқуқҳои меҳнатӣ намегардад.
Моддаи 65. Навъҳои ҳафтаи кор. Низоми вақти кор
Навъҳои ҳафтаи кор (ҳафтаи кори панҷрўза бо ду рўзи истироҳат ё ҳафтаи кори шашрўза бо як рўзи истироҳат, ҳафтаи кор бо рўзҳои истироҳати тағйирёбанда) ва низоми вақти кор (давомнокии вақти кори ҳамарўза (смена), вақти оғоз ва анҷоми кор, вақти танаффус, шумораи смена дар як шабонарўз, иваз намудани рўзҳои корӣ ва ғайрикорӣ, тартиби гузаронидани кормандон аз як смена ба сменаи дигар) дар ташкилот тибқи тартиби дохилии меҳнат, дигар санадҳои меъёрии дохилӣ (локалӣ) ва ҳангоми мавҷуд набудани онҳо – тибқи созишномаи байни корманд ва корфармо муқаррар карда мешаванд.
Моддаи 66. Кори сменавӣ
Ҳангоми кори сменавӣ давомнокии кори ҳамарўза (смена) тибқи ҷадвали сменавӣ, ки аз ҷониби корфармо пас аз машварати пешакӣ бо мақомоти дахлдори намояндагии кормандон тасдиқ карда мешавад, муқаррар гардида, дар муддати то як моҳи пеш аз ҷорӣ гардидани он ба маълумоти кормандон расонида мешавад.
Кормандон якдигарро дар смена баробар иваз мекунанд. Аз як смена ба дигар смена гузаштан мутобиқи ҷадвали кори сменавӣ сурат мегирад.
Паи ҳам ба кор ҷалб намудани корманд дар давоми ду смена манъ аст.
Моддаи 67. Давомнокии вақти кор
Давомнокии кори ҳаррўза (смена) набояд аз ин зиёд бошад:
- дар сурати ҳафтаи панҷрўзаи кор давомнокии кори ҳаррўза (смена)-ро қоидаҳои тартиботи дохилии меҳнатӣ ё ҷадвали смена, ки онро корфармо баъди маслиҳати пешакӣ бо мақоми дахлдори намояндагии кормандон бо назардошти хусусияти кор ва риояи давомнокии ҳафтаи корӣ муқарраргардида тасдиқ намудааст, муайян менамоянд.
- барои кормандони синни аз 15 то 16 –5 соат, аз 16 то 18 - 7 соат;
- барои хонандагони муассисаҳои маълумоти умумӣ (мактабҳо), муассисаҳои таълими ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, ки дар давоми соли хониш таҳсилу кор мекунанд – синни аз 14 то 16 – 2,5 соат, синни аз 16 то 18 – 3,5 соат;
- барои маъюбон –6 соат;
-ба кормандоне, ки дар ду (якчанд) ҷой кор мекунанд – нисфи давомнокии мўътадили вақти корие, ки дар моддаҳои 60 – 67 ҳамин Кодекс муайян шудаанд. (Қ ҶТ аз 17.05.04с, №26).
Ҳангоми ҳафтаи шашрўзаи кор агар меъёри якҳафтаина 40 соат бошад, давомнокии кори ҳаррўза аз 7 соат, агар меъёри якҳафтаина 35 соат бошад, аз 6 соат, агар меъёри ҳафтаина 24 соат бошад, аз 4 соат зиёд буда наметавонад.
Моддаи 68. Ба қисмҳо тақсим кардани рўзи кор
Дар корҳои дорои хусусияти хоси меҳнат агар зарур шавад, рўзи кор бо розигии корманд метавонад ба қисмҳо тақсим карда шавад, ба шарте, ки давомнокии умумии вақти кор аз давомнокии муқарраргардидаи кори ҳаррўза зиёд набошад.
Намуди корҳое, ки дар онҳо рўзи кор ба қисмҳо тақсим карда мешавад, миқдор ва давомнокии танаффус дар кор, инчунин намудҳо ва ҳаҷми ҷубронро ба кормандон барои кор дар чунин шароит шартнома ва созишномаи коллективӣ, агар он баста нашуда бошад, корфармо баъди маслиҳати пешакӣ бо мақоми дахлдори намояндагии кормандон муайян менамояд.
Моддаи 69. Давомноки кор дар арафаи рўзҳои ид
Давомнокии кори ҳаррўза (смена) дар арафаи рўзҳои ид (ғайрикорӣ, моддаи 83 ҳамин Кодекс) барои ҳамаи кормандон на камтар як соат кўтоҳ карда мешавад.
Давомнокии кори ҳаррўза (смена) пеш аз рўзи ид дар ҳолатҳое, ки агар пеш аз рўзи ид рўзи истироҳат бошад, инчунин агар барои кормандон давомнокии кўтоҳи ҳафтаи кор муқаррар шуда бошад, кам карда намешавад.
Дар истеҳсолоти муттасил коркунанда ва намудҳои алоҳидаи кор, ки тибқи шароити истеҳсолот (кор) кўтоҳ кардани давомнокии кори ҳаррўза дар рўзҳои пеш аз ид имконнопазир аст, иҷрои кор дар вақти зиёда аз меъёр бо додани вақти иловагии истироҳат мувофиқи тартибе, ки корфармо баъди маслиҳати пешакӣ ба мақоми дахлдори намояндагии кормандон муайян намудааст, ҷуброн карда мешавад ё бо розигии корманд чун кори зиёда аз вақти муқаррарӣ прдохта мешавад. (ҚҶТ аз 26.12.11с.,№778)
Моддаи 70. Давомнокии вақти кори шабона
Аз соати 22 то соати 6 саҳар вақти шабона ҳисоб мешавад.
Давомнокии кори шабона бо мутаносибан кўтоҳ кардани давомнокии ҳафтаи кор як соат кўтоҳ карда мешавад, агар на камтар аз нисфи давомнокии кори ҳаррўзаи (смена) барои корманд муқарраргардида ба вақти шабона рост ояд.
Дар истеҳсолоти муттасил коркунанда ва намудҳои алоҳидаи кор, ки мувофиқи шароити истеҳсолот кўтоҳ кардани давомнокии кори ҳаррўза (смена) дар вақти шабона имкопазир аст, иҷрои кор дар вақти зиёд аз меъёр бо додани вақти иловагии истироҳат мувофиқи тартибе, ки корфармо баъди маслиҳати пешакӣ бо мақоми дахлдори намояндагии кормандон муайян намудаст, ҷуброн карда мешавад.
Ба кори шабона ҷалб намудани кормандон тибқи риояи маҳдудиятҳое, ки моддаҳои 152, 161, 162, 181 ҳамин Кодекс муқаррар кардаанд, сурат мегирад.
Моддаи 71. Якҷоя ба ҳисоб гирифтани вақти кор
Дар ташкилотҳое, ки мувофиқи шароити истеҳсолот (кор) давомнокии муқарраргардидаи ҳарҳафтаинаи вақти корро риоя кардан мумкин нест, метавонад баҳисобгирии якҷояи вақти кор ҷорӣ карда шавад, ба шарте, ки давомнокии вақти кор дар доираи баҳисобгирӣ аз шумораи мўътадили соатҳои кор (моддаҳои 67 - 70 ҳамин Кодекс) зиёд набошад. Дар ин маврид давраи баҳисобгирӣ набояд аз як сол ва давомнокии кори ҳаррўза (смена) аз 12 соат зиёд бошад. Тартиби татбиқи баҳисобгирии якҷояи вақти корро шартномаи меҳнатӣ ва агар он баста нашуда бошад, корфамо баъди маслиҳат бо мақоми дахлдори намояндагии кормандон муқаррар менамоянд.
Моддаи 72. Изофакорӣ
Изофакорӣ коре мебшад, ки корманд бо амри корфармо зиёда аз давоми вақти кории ҳаррўзаи барои корманд муқарраргардида ва ё зиёда аз миқдори муқаррарии соатҳои кори давраи баҳисобгирӣ иҷро мекунад.
Изофакорӣ дар ҳолатҳои истисноӣ, ки моддаи 73 ин Кодекс муқаррар намудааст, бо розигии корманд дар асос ва ба тартибе, ки корфармо бо мувофиқаи мақомоти дахлдори намояндагии кормандон муқаррар намудааст, истифода бурда мешавад.
Корфармо вазифадор аст ҳангоми изофакорӣ бехатарии меҳнат ва шароити мўътадили истеҳсолӣ ва иҷтимоию маиширо таъмин намояд.
Ҷалби кормандон ба изофакорӣ бо риояи маҳдуддиятҳое, ки моддаҳои 152, 163, 181 ин Кодекс муқаррар намудаанд, сурат мегирад.
Дар сурати 12 соат будани давомнокии смена, инчунин дар корҳое, ки шароиташон махсусан вазнин ва махсусан зарарнок мебошад, изофакорӣ манъ аст.
Изофакорӣ набояд дар давоми ду рўз пай дар пай беш аз ин бошад;
- ду соат дар корҳое, ки шароити меҳнат зараровар ва ё вазнин мебошад;
- чор соат дар дигар корҳо.
Барои ҳар корманд изофакорӣ дар як сол набояд аз 120 соат зиёд бошад.
Моддаи 73. Ҳолатҳои истисноии истифодаи изофакорӣ
Ҳолатҳои истисноии истифодаи изофакорӣ инҳоанд:
а) иҷрои корҳое, ки барои мудофиаи кишвар, пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои офатҳои табиӣ ва хатар зарур аст;
б) иҷрои корҳо барои рафъи ҳолатҳои тасодуфӣ ва ғайричашмдошт, ки фаъолияти мўътадили истеҳсолотро халалдор месозанд;
в) зарурати ба охир расонидани корҳои шурўъгардида, ки онро бинобар сабабҳои техникӣ ғайричашмдошт ва тасодуфан ба таъхир афтодани истеҳсолот дар давоми вақти муқаррарии корӣ иҷро кардан имкон надорад, дар сурате, ки зимнан қатъи кори шурўъгардида боиси харобии маводу таҷҳизот гардад;
г) иҷрои корҳои муваққатӣ оиди таъсир ва барқарорсозии таҷҳизоту иншооте, ки вайронии онҳо боиси қатъ шудани кори бисёр коркунон мегардад;
д) давом додани кор дар истеҳсолоти муттасил коркунанда дар сурати ба кор ҳозир нашудани корманди ивазкунанда, дар ин ҳолат корфармо вазифадор аст, ки барои бо корманди дигар иваз намудани корманди навбатчӣ чораҳои фаврӣ андешад;
е) иҷрои корҳои боркунӣ ва борфарорӣ ва корҳои ба он вобаста дар нақлиёт дар сурати зарурати холӣ кардани анборҳои ташкилоти нақлиёт, инчунин барои бор кардан ва фаровардани борҳои воситаи нақлиёт ба мақсади пешгирии ғуншавии бор дар нуқтаҳои борфиристию боргирӣ ва бекористии воситаҳои нақлиёт.
Моддаи 74. Ҳисобкунии вақти корӣ
Корфамо вазифадор аст вақти кореро, ки ҳар корманд иҷро намудааст, аз ҷумла соатҳои изофакориро сари вақт аниқ ҳисоб кунад.
БОБИ 6.
ВАҚТИ ДАМГИРӢ
Моддаи 75. Мафҳуми вақти дамгирӣ ва намудҳои он
Вақти дамгирӣ вақте мебошад, ки корманд дар давоми он тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз иҷрои ўҳдадориҳои меҳнатӣ озод буда, онро мувофиқи хоҳишаш барои қонеъ намудани манфиатҳои худ ва барқарор сохтани қобилияти меҳнатиаш истифода мебарад.
Навъҳои вақти дамгирӣ инҳоянд:
а) танаффусҳо дар давоми рўзи корӣ;
б) танаффусҳо байни рўзҳои (сменаи) корӣ;
в) рўзҳои истироҳат (истироҳати ҳарҳафтаина);
г) рўзҳои ид;
д) рухсатиҳои меҳнатии ҳарсолаи пардохтшаванда;
е) рухсатиҳои иҷтимоӣ.
Моддаи 76. Танаффус барои дамгирӣ ва хўрокхўрӣ
Дар давоми рўзи корӣ (смена) ба кормандон бояд барои дамгирӣ ва хўрокхўрӣ танаффус дода шавад.Давомнокии мушаххаси ин танаффусҳо дар қоидаҳои тартиби дохилии меҳнатӣ, ҷадвали кори сменаҳо ва ё шартномаи байни корманд ва корфармо муқаррар мегардад. Чун қоида танаффус бояд камаш баъди чаҳор соати шурўи дода шаавад.
Ин гуна танаффусҳо ба вақти кор дохил намешаванд ва ба онҳо музд дода намешавад ва давомнокии онҳо набояд аз ду соат зиёд бошад.
Дар корҳое, ки аз рўи шароити истеҳсолот додани танаффусҳо барои истироҳат ва хўрокхўрӣ имкон надорад, корфармо вазифадор аст барои истироҳат ва таомхўрии корманд дар вақти корӣ шароит муҳайё кунад. Номгўи чунин корҳо дар қарордодҳои коллективӣ (агар қарордодҳои коллективӣ баста нашуда бошад - аз тарафи корфармо бо машварати пешакӣ бо мақомоти дахлдори намояндагии кормандони ташкилот муайян мегардад), ҷои истироҳат ва таомхўрӣ аз тарафи корфамо муқаррар карда мешавад.
Моддаи 77. Танаффусҳои дохили сменавӣ. Танаффусҳои махсус барои гармшавӣ ва дамгирӣ
Дар баъзе намуди корҳо ба кормандон дар давоми вақти корӣ додани танаффусҳои дохилисменавӣ пешбинӣ мешавад, ки онро хусусияти технологӣ, ташкили истеҳсолот ва меҳнат тақозо менамояд. Навъи ин гуна корҳо, давомнокӣ ва тартиби додани чунин танаффусҳо дар қарордодҳои коллективӣ тасдиқ карда мешавад (агар қарордодҳои коллективӣ баста нашуда бошанд - бо мувофиқаи мақомоти дахлдори намояндагии коркунони ташкилот, аз тарафи корфармо муқаррар карда мешавад).
Барои кормандоне, ки дар фаслҳои сард ва ё гарми сол, дар ҳавои кушод ва ё биноҳои пўшидаи гармшаванда кор мекунанд, борбардороне, ки ба корҳои борфарорӣ ва боркунӣ машғуланд, инчунин ба дигар гурўҳи коркунон мувофиқи шароит ва тартибе, ки санадҳои қонунгузорӣ ва дигар санади меъёрию ҳуқуқӣ ва шартномаҳо оид ба меҳнат пешбинӣ намудаанд, барои истироҳат, гармшавӣ, салқиншавӣ, хушк кардани сару либос, варзиши истеҳсолӣ ва маконидани тифл (моддаи 166 ҳамин Кодекс) танаффусҳои махсус барои истироҳат дода мешавад. (ҚҶТ аз 26.12.11с.,№778)
Чунин танаффусҳо ба ҳисоби вақти кор дохил гардида, музди онҳо пардохта мешаванд. Корфармо вазифадор аст биноҳоеро, ки ҷиҳати гармшавӣ ва ё салқиншавӣ, инчунин истироҳати кормандон пешбинӣ гардидаанд, таъмин намояд.
Моддаи 78. Давомнокии истироҳати ҳаррўза
Ба кормандон бояд танаффуси байни рўзҳои корӣ (сменаҳо) бо давомнокии на камтар аз 12 соат дода шавад.
Моддаи 79. Рўзҳои истироҳат
Ба ҳамаи кормандон рўзҳои истироҳат (истироҳати бефосилаи ҳарҳафтаина) дода мешавад. Дар ҳафтаи панҷрўзаи кор ба кормандон дар ҳафта ду рўзи истироҳат ва дар ҳафтаи шашрўзаи корӣ - як рўз истироҳат дода мешавад.
Рузӣ истироҳати умумӣ – якшанбе мебошад. Рўзи истироҳати дуюм, дар ҳафтаи панҷрўзаи корӣ, тибқи ҷадвали кори ташкилот муқаррар карда мешавад. Ҳар ду рўзи истироҳат, чун қоида паи ҳам дода мешавад.
Моддаи 80. Рўзҳои истироҳат дар ташкилотҳои муттасил коркунанда ва ташкилотҳое, ки кор дар рўзҳои истироҳати умумӣ низ қатъ намегардад
Дар ташкилотҳое, ки вобаста ба шароити истеҳсолию техникӣ ё бо сабаби зарурати таъминоти бефосилаи аҳолӣ қатъи кор дар онҳо имкон надорад, инчунин дар дигар ташкилотҳои муттасил коркунанда рўзҳои истироҳат дар рўзҳои гуногуни ҳафта ба ҳар гурўҳ кормандон мувофиқи ҷадвали сменаҳо, ки корфармо бо машварати пешакии мақомоти дахлдори намояндагии кормандони ташкилот муқаррар кардааст, дода мешавад.
Дар ташкилотҳое, ки фаъолият дар рўзҳои истироҳати умумӣ низ вобаста ба зарурати таъминоти аҳолӣ (театр, музей, магазин, ташкилотҳои хизматрасонии маишии аҳолӣ қатъ намегардад, рўзҳои истироҳат бо мувофиқаи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ муқаррар карда мешаванд. (ҚҶТ аз 26.12.11с.,№778)
Моддаи 81. Манъи кор дар рўзҳои истироҳат. Мавридҳои истисноии ҷалби кормандон ба кор дар рўзҳои истироҳат
Дар рўзҳои истироҳат кор кардан манъ аст.
Дар рўзҳои исироҳат ба кор ҷалб намудани кормандон бо мувофиқаи мақомоти дахлдори намояндагии кормадони ташкилот дар ҳолатҳои истисноии зайл иҷозат дода мешавад:
- барои пешгирӣ ва рафъи офатҳои табиӣ, садамаҳи истеҳсолот ё фавран бартараф намудани оқибатҳои онҳо;
- барои пешгирии ҳодисаҳои фоҷиавӣ, ҳалокат ва нобудшавии молу мулк; (
- барои иҷрои корҳои таъхирнопазири қаблан пешбинигардида, ки аз таъҷилан иҷро намудани онҳо умуман кори мўътадили минбаъдаи ташкилот ва ё бахшҳои алоҳидаи он вобаста мебошад;
- дар дигар ҳолатҳое, ки санадҳои қонунгузорӣ ва дигар санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ пешбинӣ намудаанд.
Дар рўзҳои истироҳат ба кор ҷалб намудани кормандон бо амри хаттии корфармо бо риояи маҳдудиятҳои муайяннамудаи моддаҳои 152, 162, 181 ҳамин Кодекс ба амал бароварда мешавад. ҚҶТ аз 26.12.11с.,№778)
Моддаи 82. Ҷуброни кори рўзҳои истироҳат
Кори рўзҳои истироҳат мувофиқи хоҳиши корманд бо додани рўзи истироҳат ва ё дар шакли пулӣ ба андозаи муқаррарнамудаи моддаи 105 ҳамин Кодекс ҷуброн мегардад.
Моддаи 83. Рўзҳои ид
Рӯзҳои ид, ки рӯзҳои ғайрикорӣ дониста мешаванд, мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи рӯзҳои ид" муайян карда мешаванд. (ҚҶТ аз 26.12.11с.,№778)
Дар рўзҳои ид корҳое иҷозат дода мешаванд, ки боздоштани онҳо бинобар шароити истеҳсолию техникӣ (ташкилотҳои муттасил амалкунанда) номумкин аст, корҳое, ки барои хизматрасонии аҳолӣ зарур мебошанд, инчунин корҳои таъхирнопазири таъмир, борфурорӣ ва боркунӣ.
Кор дар рўзҳои ид тибқи муқаррароти моддаи 105 ҳамин Кодекс ҷуброн карда мешавад.
Агар рўзи истироҳат ба рўзи ид рост ояд, рўзи истироҳат ба рўзи аввали корӣ баъди рўзи ид гузаронида мешавад.
Дигар рӯзҳои ид, ки бидуни рӯзи истироҳат қайд карда мешаванд, мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи рӯзҳои ид" муайян карда мешаванд.". (ҚҶТ аз 26.12.11с.,№778)
Моддаи 84. Мафҳум ва намудҳои рухсатиҳо
Рухсатӣ муддати вақти нисбатан тўлониест, ки дар давоми он корманд тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ бо шарти нигоҳдошташавии ҷойи кору мансаб аз иҷрои вазифаҳои меҳнатӣ озод буда, аз он баҳри фароғат ва барқарор намудани қобилияти меҳнатӣ, ҳамчунин қонеъ гардонидани дигар ниёзмандиҳо истифода менамояд.
Дар зери мафҳуми кори пештара кори иҷрошудае, ки то давраи рухсатӣ бо ҳамин корфармо, аз рўи ҳамон ихтисос, вазифа, касб ва дар ҳамон ҷойи корӣ иҷро шудааст, фаҳмида мешавад.
Ба кормандон намудҳои зерини рухсатиҳо дода мешаванд:
1) рухсатиҳои меҳнатии ҳарсолаи пардохтшаванда:
а) рухсатии асосии ҳарсолаи камтарин;
б) рухсатии асосии ҳарсолаи дарозкардашуда;
в) рухсатии иловагии ҳарсола;
а) рухсатии давраи ҳомиладорӣ ва таваллуд;
б) рухсатӣ барои нигоҳубини тифл;
в) рухсатии таълимӣ;
г) рухсатии эҷодӣ;
Моддаи 841. Ҳуқуқ ба рухсатии меҳнатии ҳарсолаи пардохтшаванда ва рухсатии иҷтимоӣ
Кормандон ба рухсатии меҳнатии ҳарсолаи пардохтшаванда ва рухсатиҳои иҷтимоӣ (қисми дуюми моддаи 75 ҳамин Кодекс) бо мавҷуд будани асосҳои дар ҳамин Кодекс пешбинишуда ҳуқуқ доранд.
Иваз кардани рухсати ба ҷуброни пулӣ мумкин нест, ба ғайр аз ҳолатҳое, ки корманди аз кор озодшуда рухсатиашро истифода набурда бошад.
Моддаи 842. Ҳуқуқ ба рухсатии асосии ҳарсолаи камтарин ва рухсатии асосии ҳарсолаи дарозкардашуда
Кормандон ҳуқуқ доранд новобаста аз корфармоён ва намуди шартномаи (қарордоди) меҳнатии бо онҳо басташуда, шакли ташкилӣ ва музди меҳнат ба рухсатии асосии ҳарсолаи камтарин ё рухсатии асосии ҳарсолаи дарозкардашуда бароянд.
Моддаи 85. Давомнокии рухсатии асосии ҳарсолаи камтарин
Рухсатии асосии ҳарсолаи камтарин ба корманд бо давомнокии на камтар аз 24 рўзи тақвимӣ дода мешавад.
Давомнокии рухсатии асосии ҳарсолаи камтарин барои ҳамаи корфармоён ҳатмӣ мебошад.
Корфармо ҳуқуқ дорад, ки аз ҳисоби маблағҳои худӣ мўҳлати давомнокии рухсатии асосии ҳарсолаи камтаринро аз 24 рўзи тақвимӣ бо тартиб ва шартҳое, ки дар шартномаи (созишномаиҳои) коллективӣ ё шартномаҳои (қарордоди) меҳнатӣ зикр ёфтаанд, зиёд намояд.
Рўзҳои иди ғайрикорӣ, давраи корношоямии муваққатӣ, инчунин рухсатии ҳомиладорӣ ва таваллуд ба рухсатии асосии ҳарсола дохил намегарданд.
Моддаи 851. Давомнокии рухсатии асосии ҳарсолаи дарозкардашуда
Ба гурўҳҳои алоҳидаи кормандон бо назардошти хислат ва хусусияти функсияҳои меҳнатӣ, синну сол, собиқаи корӣ, вазъи саломатӣ ва дигар ҳолатҳо рухсатии асосии дарозкардашуда мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шуда метавонад.
Рухсатии асосии ҳарсолаи дарозкардашуда муқаррар карда мешавад:
1) ба ходимони ташкилотҳои илмӣ – аз 28 то 56 рўзи тақвимӣ;
2) ба кормандони китобхонаҳои ташкилотҳои илмӣ, муассисаҳои таълимӣ ва китобхонаҳои ҷумҳуриявию вилоятӣ - аз 28 то 56 рўзи тақвимӣ;
3) ба кормандон – омўзгорони муассисаҳои олии шакли таълимиашон рўзонаю ғоибона, аз ҷумла доир ба тайёрӣ, бозомўзӣ ва ва такмили ихтисоси кадрҳои муассисаҳои таълимии миёнаи махсус ва касбӣ – техникӣ - аз 28 то 56 рўзи тақвимӣ;
4) ба кормандони мактаб ва муассисаҳои кўдаконаи томактабию берун аз мактабӣ - аз 28 то 56 рўзи тақвимӣ;
5) ба кормандони муассисахои маданию равшаннамоӣ – аз 28 то 42 рўзӣ тақвимӣ;
6) ба ҳамшираҳои тиббӣ, ки ба тартбияи кўдакони синнӣ то сесола машғуланд, мураббияҳои гурўҳҳои ширхораи муассисаҳои кўдаконаи синни томактабӣ ва хонаи кўдакон – 42 рўзи тақвимӣ;
7) ба кормандони доимии хоҷагии ҷангал – 28 рўзи тақвимӣ;
8) ба кормандони синни то ҳаждаҳсола, аз ҷумла онҳое, ки барои гузаронидани таҷрибаи истеҳсолӣ (таълимӣ истеҳсолӣ) қабул шудаанд – 30 рўз тақвимӣ (моддаи 180 ҳамин Кодекс);
9) ба кормандони маъюби гурўҳҳои якум ва дуюм – 42, гурўҳи сеюм – 35 рўзи тақвимӣ;
10) ба заноне, ки дар соҳаи кишоварзӣ кор мекунанд – на камтар аз 28 рўзи тақвимӣ;
11) ба дигар гурўҳҳои кормандон тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Номгўи ташкилотҳо, касб ва вазифаҳо, ки дар зербандҳои 1) – 5) қисми дуюми моддаи мазкур номбар шудаанд, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд.
Моддаи 86. Рўхсатиҳои иловагии ҳарсола
Корфармо вазифадор аст ба инҳо рўхсатиҳои иловагии ҳарсола диҳад;
- ба кормандоне, ки дар корҳои шароити номусоиди зарарнок ва вазнин кор мекунанд (моддаи 87 ҳамин Кодекс);
- ба кормандоне, ки корашон характери махсус дорад (моддаи 88 ҳамин Кодекс);
- ба кормандоне, ки дар шароти номусоиди табиию иқлимӣ кор мекунанд (моддаи 89 - уми ҳамин Кодекс);
- ба кормандони рўзи кориашон ба меъёр гирифтанашуда (моддаи 891 ҳамин Кодекс);
- дар мавридҳои дигаре, ки дар санадҳои қонунгузорӣ ва дигар санади меъёрию ҳуқуқӣ, шартномаҳои коллективии меҳнатӣ (қарордод) пешбинӣ шудаанд. (ҚҶТ аз 26.12.11с.,№778)
Моддаи 87. Рухсатии иловагии ҳарсола барои кор дар шароитҳои зараноку вазнини меҳнат
Рухсатии иловагии ҳарсола барои кор дар шароитҳои зарарнок ва вазнини меҳнат бо давомнокии на камтар аз 7 рўзи тақвимӣ ба кормандоне дода мешавад, ки дар корҳои кўҳии зеризаминӣ, дар конҳои кушоди кўҳӣ, буриш ва карерҳо, дар минтақаҳои аз ҷиҳати радиоактивӣ олуда, дар дигар корҳои ба саломатии инсон зараровар кор мекунанд, ки дорои омилҳои номусоиди физикию химявӣ, биологӣ ва дигар омилҳо мебошанд.
Номгўи истеҳсолот, корҳо, касбу вазифаҳое, ки кор дар онҳо ба рухсатии иловагии ҳарсола барои шароити меҳнати ба саломатӣ зарарнок ва вазнин ҳуқуқ медиҳад, инчунин давомнокии рухсатӣ, тартиб ва шароити додани онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.
Рухсатии иловагии мазкур танҳо бо яке аз асосҳои дар номгўй пешбинигардида дода мешавад.
Моддаи 88. Рухсатии иловагии ҳарсола барои характери махсуси кор
Рухсатии иловагии ҳарсола барои характери махсуси кор бо давомнокии на камтар аз се рўзи тақвимӣ ба гурўҳҳои алоҳидаи кормандон, ки меҳнати онҳо ба шиддати зиёди асаб ва эҳсосот вобаста мебошад ё дорои характери махсуси иҷрои кор аст, дода мешавад.
Номгўи касбу, вазифаи кормандонро, ки барояшон рухсатии иловагӣ барои характери махсуси кор дода мешавад, инчунин давомнокии мушаххас ва шарту шароити додани чунин рухсатиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.
Моддаи 89. Рухсатии иловагии ҳарсола барои кор дар шароитҳои махсуси табиию иқлимӣ
Рухсатии иловагии ҳарсола барои кор дар шароитҳои махсуси табиию иқлимӣ бо давомнокии на камтар аз 8 рўзи тақвимӣ дода мешавад.
Давомнокии мушаххаси рухсатӣ ва шарти додани онро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин шартномаҳои (созишномаи) коллективӣ муайян мекунанд. (ҚҶТ аз 26.12.11с.,№778)
Моддаи 891. Рухсатии иловагии кормандон бо рўзи кори ба меъёр гирифтанашуда
Ба кормандони рўзи кориашон ба меъёр гирифтанашуда барои зиёда аз давомнокии вақти кории мўътадили муқарраргардидаи иҷро намудани кор рухсатии иловагӣ на камтар аз 10 рўзи тақвимӣ дода мешавад.
Давомнокии мушаххаси чунин рухсатӣ барои кормандони ташкилотҳои аз ҳисоби буҷети давлатӣ фаъолиятдошта аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барои кормандони ташкилотҳои ғайридавлатӣ дар шартномаи (созишномаи) коллективӣ, ва дар сурати маҷбур набудани он тибқи созиши тарафҳои шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ муқаррар карда мешавад.
Номгўи кормандони рўзи кориашон ба меъёр гирифтанашудаи ташкилотҳои давлатӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кормандони дигар ташкилотҳо бо шартномаи коллективӣ ё дигар санади меъёрии дохилии ташкилот муқаррар карда мешавад. (ҚҶТ аз 26.12.11с.,№778)
Моддаи 892. Рухсатии иловагӣ барои собиқаи кории давомнок
Ба кормандоне, ки дар соҳаҳои алоҳида машғул буда, дорои собиқаи кории давомнок дар як ташкилот мебошанд, рухсатии иловагии давомнокиаш то 10 рўзи тақвимӣ дода мешавад.
Номгўи соҳаҳо, истеҳсолот, кор, касб ва вазифаҳо, шароити пешниҳод ва давомнокии рухсатиро барои давомнокии собиқаи кор Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад.
Моддаи 90. Баҳисобгирии давомнокии рухсатиҳои ҳарсола
Давомнокии рухсатиҳо бо рўзҳои тақвимӣ, сарфи назар аз низом ва ҷадвали корӣ, ба ҳисоб гирифта мешаванд.
Рўзҳои ид, ки ба давраи рухсатӣ рост меоянд ва рўзи корӣ намебошанд, мувофиқи моддаи 83 ҳамин Кодекс ҳангоми муайян намудани давомнокии рухсатӣ ба ҳисоб гирифта намешаванд.
Ҳангоми баҳисобгирии давомнокии умумии рухсатии ҳарсола рухсатии иловагӣ, ки мўҳлати онро қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад, ба рухсатии асосии ҳарсола (аз ҷумла дарозкардашуда) зам карда мешавад.
Ҳангоми баҳисобгирии давомнокии рухсатиҳо мутаносибан ба вақти кори анҷомдодашуда давомнокии онҳо бо роҳи тақсими андозаи ҳар як рухсатӣ ба 12 ва зарбзании он ба шумораи моҳҳои пурраи корӣ муайян карда мешавад.
Зимнан вақти изофа, ки ба 15 рўзи тақвимӣ баробар ва бештар аз он бошад, яклухт бо як моҳ баробар ҳисоб карда шуда, вале камтар аз 15 рўз ба инобат гирифта намешавад.
Моддаи 901. Соли корӣ
Соли корие, ки барои он рухсатии меҳнатӣ дода мешавад, фосилаи вақтест, ки баробар бо давомнокии соли тақвимӣ буда, барои ҳар як корманди алоҳида аз рўзи қабул ба кор ҳисоб карда мешавад.
Моддаи 91. Баҳисобгирии собиқаи кор, ки барои рухсатии ҳарсолаи асосӣ ҳуқуқ медиҳад.
Ба собиқаи кор, ки барои рухсатии ҳарсолаи асосӣ ҳуқуқ медиҳад инҳо дохил мешаванд:
- вақти кори воқеӣ дар давоми сол;
- вақте, ки корманд амалан кор накардаву вале ҷои кораш (вазифааш) барои ў нигоҳ дошта шудааст;
- вақти ноилоҷ ҳозир нашудан ба кор ҳангоми ғайриқонунӣ аз кор озод гардидан ё ба дигар кор гузаронидан бо аз нав барқарор намудан ба кори пештара;
- дигар вақтҳое, ки шартномаҳои соҳавӣ (тарифӣ), қарордодҳои коллективӣ ва дигар санадҳои алоҳидаи ташкилот, шартҳои шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ пешбинӣ намудаанд.
Агар дар шартномаи коллективӣ, дигар шартномаҳои (қарордоди) меҳнатӣ тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, ба собиқаи кор, ки ба рухсатии ҳарсола ҳуқуқ медиҳад, инҳо дохил карда намешаванд:
- вақти бе сабабҳои узрнок ба кор ҳозир набудани корманд;
- вақти рухсатиҳои бемаош барои нигоҳубини кўдак то ба синни муайяннамудаи қонун расидани ў;
- вақти рухсатиҳои бемаош, ки ба хоҳиши корманд бо давомнокии беш аз 15 рўзи тақвимӣ дода шудааст.
Санадҳои қонунгузорӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ оид ба меҳнат метавонанд қоидаҳои махсуси баҳисобгирии собиқаи кориро, ки барои гирифтани рухсатиҳои иловагӣ ҳуқуқ медиҳанд, пешбинӣ намоянд.
Моддаи 911. Ҳуқуқи корфармо оиди тағйир додани соли корӣ
Агар маҷмўи давраҳое, ки тибқи моддаи 91 ҳамин Кодекс ба соли корӣ дохил мешаванд, аз дувоздаҳ моҳи пурраи тақвимӣ кам бошанд, соли кории корманд ба вақти нарасидаи он тағйир дода мешавад.
Моддаи 92. Шартҳои пешниҳоди рухсатии меҳнатӣ барои соли аввали корӣ
Рухсатии меҳнатӣ (асосӣ ва иловагӣ) барои соли аввали корӣ на барвақттар аз 11 моҳи корӣ аз ҷониби корфармо дода мешавад.
То ба итмом расидани ёздаҳ моҳи корӣ корфармо вазифадор аст бо хоҳиши корманд ба ў дар ҳолати зерин рухсатии меҳнатӣ пешниҳод намояд:
1) ба занон пеш аз рухсатии ҳомиладорӣ ва таваллуд ё баъди он;
2) ба кормандони синни то ҳаждаҳсола;
3) ба кормандоне, ки бо тартиби гузариш ба кор қабул карда шудаанд;
4) ба кормандоне, ки мувофиқи хулосаи тиббӣ барои табобат дар истироҳатгоҳу санатория роҳхат доранд.
5) ба кормандоне, ки дар ду (якчанд) ҷой кор мекунанд, агар рухсатии меҳнатиашон дар ҷойи кори асосӣ дар давраи то ёздаҳ моҳи корӣ аз рўи дар ду (якчанд) ҷой кор кардан мувофиқ ояд;
6) ба омўзгорони мактаб, муаллимони муассисаҳои таълимӣ, касбию техникӣ, ҳайати профессорию омўзгории муассисаҳои таълимии олӣ ва миёнаи махсус;
7) ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ;
8) ба заноне, ки соҳиби ду ва ё зиёда кўдаки синни то чордаҳсола ё кўдаки маъюби синни то ҳаждаҳсола мебошанд;
9) ба кормандоне, ки аз истеҳсолот ҷудо нашуда, дар мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии шабона (бастӣ) муассисаҳои таълимии касбию техникӣ, шўъбаҳои шабонаю ғоибонаи муассисаҳои таълимии олӣ ва миёнаи махсус ва аспирантураҳо таълим мегиранд;
10) дар дигар ҳолатҳои тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шартномаи (созишномаи) коллективӣ ё шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ муайяншуда.
Ба хизматчиёни ҳарбие, ки ба эҳтиёт ҷавоб шудаанд ва бо тартиби муташаккилона ба кор фиристода шудаанд, рухсатии меҳнатӣ баъди гузаштани се моҳ дода мешавад.
Ба зани (шавҳари) хизматчии ҳарбӣ бо хоҳишаш рухсатии меҳнатӣ дар як вақт бо рухсатии шавҳари (зани) ў дода мешавад.
Ба ғайр аз ҳолатҳои дар банди 1 – 9 қисми дуюм, қисмҳои сеюм ва чоруми ҳамин модда нишондодашуда рухсатӣ мутаносибан ба рўзҳои дар давоми сол кор карда шуда, аммо на камтар аз 14 рўзи тақвимӣ дода мешавад.
Моддаи 921. Шартҳои додани рухсатии меҳнатӣ барои солҳои дуюм ва баъдинаи корӣ
Рухсатии меҳнатӣ (асосӣ ва иловагӣ) барои солҳои дуюм ва баъдинаи корӣ дар вақти соли корӣ мувофиқи навбати додани рухсатиҳои меҳнатӣ дода мешавад, агар дар ҳамин Кодекс ҳолатҳои дигар пешбинӣ нашуда бошанд.
Моддаи 93. Додани рухсатии ҳарсола ба шахсоне, ки аз профилакторияҳои табобатию меҳнатӣ баргаштаанд
Рухсатиҳои ҳарсола ба шахсоне, ки аз профилакторияҳои табобатию меҳнатӣ баргаштаанд, барои муддати кори воқеӣ дар ҷои кори охирин дода мешавад.
Моддаи 94. Вақт ва навбати додани рухсатии меҳнатӣ
Вақт ва навбати додани рухсатии меҳнатӣ бо тартиби пешбининамудаи шартномаи (созишномаи) коллективӣ ва ё шартномаи (қарододи) меҳнатӣ, қоидаҳои тартиби дохилии меҳнатӣ, ҷадвали рухсатиҳо, ки бо мақомоти дахлдори намояндагии кормандони ташкилот ё байни корфармо ва корманд мувофиқа гардидааст, муайян карда мешаванд.
Ҷадвали дода шудани рухсатиҳои меҳнатӣ барои соли тақвимӣ тибқи мўҳлатҳои муқарраргаштаи шартномаи (созишномаи) коллективӣ тартиб дода мешавад, ки он бо корфармою иттифоқи касаба ё дигар мақомоти намояндагии кормандон ба мувофиқа расида, ба маълумоти ҳамаи кормандон пешниҳод карда мешавад.
Ҳангоми муайян намудани вақт ва навбати пешниҳодӣ рухсатӣ, ҳуқуқҳои кормандоне, ки барои гирифтани рухсатӣ имтиёз доранд, бояд таъмин карда шаванд:
дар давраи тобистон ва дигар вақти муносиб:
1) ба кормандони синни то ҳаждаҳсола;
2) ба омўзгорони мактаб, муаллимони муассисаҳои таълимӣ, касбию техникӣ, ҳайати профессорию омўзгории муассисаҳои таълимии олӣ ва миёнаи махсус;
3) ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ;
4) ба заноне, ки ду ва ё зиёда кўдаки синни то ҳаждаҳсола доранд;
5) ба кормандоне, ки бемории нурҳои радиоактивиро аз сар гузаронидаанд;
6) ба кормандоне, ки дар бартарафкунии оқибати садамаи Чернобил иштирок кардаанд;
7) дар дигар ҳолатҳои муқаррарнамудаи қонунгузорӣ, шартномаи (созишномаи) коллективӣ ё шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ; (ҚҶТ аз 25.03.11с. №683)
дар давраи муайян:
1) ба кормандоне, ки аз истеҳсолот ҷудо нашуда, дар мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии шабона (бастӣ), муассисаҳои таълимии касбию техникӣ, миёнаи махсус ва олӣ, аспирантураҳо – қабл аз гузаронидан ё дар ҳолати гузаронидани машғулиятҳои муқарраргашта, иҷрои корҳои лабораторӣ ё таълимӣ, супоридани имтиҳонот ё санҷишҳо ба омўзиш машғуланд.
2) ба кормандоне, ки дар ду (якчанд) ҷой кор мекунанд – дар як вақт бо рухсатии меҳнатии ҷойи кори асоси.
Оиди вақти пешниҳоди рухсатӣ ба корманд бояд 15 рўз пеш аз саршавии рухсатӣ хабар дода шавад.
Ба мардони корманд мувофиқи хоҳишашон дар давраи рухсатии ҳамсарашон барои ҳомиладорӣ ва таваллуд рухсатии ҳарсолаи меҳнатӣ пешниҳод карда мешавад.
Моддаи 941. Рухсатии меҳнатии ҳарсола ва ҳолатҳои истисноии ба соли дигар гузаронидани он
Корфармо ўҳдадор аст, ки ба корманд, чун қоида дар давоми ҳар як соли корӣ (ҳар сол) рухсатии меҳнатӣ пешниҳод намояд.
Дар ҳолатҳои истисноӣ, ки пешниҳоди рухсатии пурраи меҳнатӣ ба корманд дар соли ҷорӣ ба ҷараёни мўътадили кори ташкилот, соҳибкори инфиродӣ таъсири номатлуб расонида метавонад, бо розигии корманд як қисми рухсатии ўро ба соли дигар гузаронидан мумкин аст.
Қисми боқимондаи рухсатии меҳнатӣ набояд аз даҳ рўзи тақвимӣ кам бошад ва он то охири соли корӣ ба корманд дода мешавад.
Қисми рухсатии меҳнатие, ки бо хоҳиши корманд ба соли дигар гузаронида шудааст, ба рухсатии соли ояндаи корӣ ҳамроҳ карда мешавад ё ба таври алоҳида, на дертар аз як соли пайдо кардани ҳуқуқ ба рухсатӣ мавриди истифода қарор мегирад.
Ба кормандони синнашон ба ҳаждаҳсола нарасида ва кормандоне, ки ба корҳои вазнин машғул мебошанд ва дар шароити вазнини зараровари меҳнатӣ кор мекунанд, ҳамчунин дар дигар ҳолатҳое, ки мувофиқи қонунгузориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд, ба соли дигар гузаронидани рухсатии меҳнатӣ иҷозат дода намешаванд.
Дар давоми ду соли пай дар пай надодани рухсатии меҳнатӣ манъ аст.
Моддаи 95. Ҳуқуқи корманд оиди ба дигар вақт гузаронидани ва дароз намудани мўҳлати рухсатии меҳнатӣ дар давоми соли корӣ
Рухсатии меҳнатӣ метавонад ба дигар вақт гузаронида ё дароз карда шавад:
1) ҳангоми корношоямии муваққатии корманд;
2) ҳангоми фаро расидани мўҳлати рухсатӣ барои ҳомиладорӣ ва таваллуд;
3) ҳангоми рост омадани рухсатии солонаи меҳнатӣ бо рухсатӣ барои таҳсил бе ҷудо шудан аз истеҳсолот (агар корманд чунин рухсатиро пеш аз рухсатии меҳнатӣ ва ё дар вақти рухсатии меҳнатӣ ва баъд аз даъвати муассисоти таълимӣ ба расмият дароварда бошад);
4) ҳангоми иҷрои вазифаҳои давлатӣ ё ҷамъиятӣ, агар санадҳои қонунгузорӣ ва ё дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ барои иҷрои чунин вазифаҳо аз кор озод намудани кормандро пешбинӣ карда бошанд;
5) ҳангоми пардохт накардани музди меҳнати корманд дар мўҳлати муқаррарнамуда барои рухсатӣ;
6) бо мувофиқаи тарафҳо, инчунин дар дигар ҳолатҳое, ки қонунгузорӣ ва шартномаҳои коллективӣ пешбинӣ намудаанд.
Дар ҳолате, ки ин гуна сабабҳо дар давраи рухсатӣ ба миён омада бошанд, рухсатӣ ба муддати он рўзҳо дароз ё бо мувофиқаи корманд ва корфармо қисми рухсатии истифоданашуда бо розигии корфармо ба мўҳлати дигари соли равони корӣ гузаронида мешавад.
Агар сабабҳои дар қисми якуми ҳамин модда пешбинишуда то оғози рухсатии меҳнатӣ ба вуҷуд омада бошанд, рухсатӣ бо хоҳиши корманд ба вақти дигари соли корӣ бо розигии байни корманду корфармо гузаронида мешавад.
Корманд ўҳдадор аст корфарморо аз сабабҳое, ки ба истифодабарии рухсатӣ дар муҳлати муайяншуда ва вақти дароз намудани рухсатӣ монеъ мешаванд, огоҳ созад.
Моддаи 951. Оқибати бе асоси қонунӣ ва ризояти корфармо рад намудани истифодаи рухсатии меҳнатӣ аз ҷониби корманд
Агар рухсатии меҳнатӣ бо риояи талаботи муқарраргашта пешниҳод карда шавад, аммо корманд истифодаи онро дар мўҳлати муайяншудаи он то охири соли корӣ бе асоси қонунӣ рад кунад, корфармо ҳуқуқ дорад рухсатии кормандро ба вақти дигар нагузаронад ва истифода нашудани рухсатиро бо маблағи пулӣ ҷуброн накунад, ба ғайр аз ҳолатҳое, ки дар қисми якуми моддаи 100 ҳамин Кодекс нишон дода шудаанд.
Моддаи 96. Ба қисмҳо ҷудо кардани рухсатӣ. Бозхонд аз рухсатӣ
Бо мувофиқаи корманд ва корфармо рухсатиро ба қисмҳо ҷудо кардан мумкин аст. Зимнан яке аз он қисмҳо бояд аз 14 рўзи тақвимӣ камтар набошад.
Аз рухсатӣ бозхондан танҳо бо розигии корманд мумкин аст.
Ба ин иртибот қисми истифоданашудаи рухсатӣ бояд ба корманд дар давоми ҳамон соли корӣ дар вақти барояш мусоид дода шавад ва ё ба рухсатии соли кории ояндааш бо риояи талаботи пешбининамудаи моддаи 941 ҳамин Кодекс илова гардад агар ҳолатҳои дигар дар шартномаи коллективӣ пешбинӣ нашуда бошанд.
Аз рухсатӣ бозхондани кормандони аз ҳаждаҳсола хурд ва кормандоне, ки дар шароити барои саломатӣ зараровар ё хавфнок ва вазнини меҳнат кор мекунанд ё корашон характери махсус дорад, ҳачунин дигар шахсон дар ҳолатҳои дар конунгузорӣ пешбинишуда мумкин нест.
Моддаи 97. Пардохти рухсатии асосии ҳарсола
Дар давраи рухсатии асосии ҳарсола ба корманд ба андозаи на камтар аз музди миёнаи меҳнат пардохт кафолат дода мешавад.
Пардохти рухсатӣ дар мўҳлатҳои муқаррарнамудаи шартномаи коллективӣ, вале ба ҳар ҳол на дертар аз як ҳафта пеш аз оғози он сурат мегирад.
Моддаи 971. Воситаҳои пардохти рухсатиҳо
Пардохти рухсатиҳои меҳнатӣ ва иҷтимоии пардохтшаванда (ба ғайр аз рухсатии ҳомиладорӣ ва таваллуд (моддаи 164 ҳамин Кодекс) ва нигоҳубинӣ кўдак (моддаҳои 165, 166 ҳамин Кодекс) аз ҳисоби воситаҳои худи корфармо ва дар ташкилотҳое, ки аз буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд, аз ҳисоби воситаҳое, ки дар сметаи хароҷот барои нигоҳдории онҳо ва музди меҳнат пешбинӣ гардидаанд, амалӣ карда мешавад.
Пардохти рухсатӣ аз рўи ҳомиладорӣ ва тавваллуд, рухсатии нигоҳубини кўдак аз ҳисоби воситаҳои суғуртаи давлатии иҷтимоӣ амалӣ карда мешавад.
Моддаи 98. Рухсатии иҷтимоӣ
Рухсатии иҷтимоӣ ба корманднон барои фаъолияти эҷодӣ (моддаи 981 ҳамин Кодекс), давраи ҳомиладорӣ ва таваллуд (моддаи 164 ҳамин Кодекс), нигоҳубини кўдак (моддаҳои 165, 166 ҳамин Кодекс) ва таҳсил бе ҷудошавӣ аз истеҳсолот (моддаҳои 186, 187, 188 ҳамин Кодекс) дода мешавад.
Ҳуқуқи кормандон ба рухсатии иҷтимоӣ аз давомнокӣ, ҷой ва намуди кор, номгўй ва шакли ташкилию ҳуқуқи ташкилот вобаста нест.
Дар вақти рухсатии иҷтимоӣ ҷойи кори пештара нигоҳ дошта мешавад ва дар ҳолатҳои дар ҳамин Кодекс ё шартномаи коллективӣ (созишнома) пешбинишуда музди меҳнат нигоҳ дошта мешавад.
Рухсатии иҷтимоӣ илова ба рухсатии меҳнатӣ дода мешавад.
Рухсатии иҷтимоӣ барои ҳамон соли тақвимие дода мешавад, ки корманд ба он ҳуқуқ дорад.
Дар ҳолати истифода набурдани рухсатии иҷтимоӣ дар соли ҷории тақвимӣ он ба соли дигари корӣ гузаронида намешавад ва бо маблағи пулӣ ҷуброн карда намешавад, аз ҷумла, дар сурати аз кор озод шудан.
Моддаи 981. Рухсатии эҷодӣ
Рухсатии эҷодӣ бо нигоҳдории музди меҳнат ба кормандон барои иҷрои корҳои рисолавӣ, навиштани китобҳои дарсӣ ва дар дигар ҳолатҳое, ки қонунгузорӣ муайян намудааст, дода мешавад.
Тартиб ва шартҳои пешниҳод кардан ва давомнокии рухсатии эҷодиро қонун муқаррар мекунад.
Моддаи 99. Рухсатии бемузди меҳнат
Ба корманд, бинобар вазъӣ оилавӣ ва дигар сабабҳои узрнок, мутобиқи аризааш рухсатии бемузди меҳнат дода мешавад, ки давомнокии онро мувофиқаи байни корманд ва корфармо муайян мекунад.
Рухсатии бемузди меҳнат мувофиқи аризаи корманд ба таври ҳатмӣ ба инҳо дода мешавад:
1) ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, шахсони ба онҳо баробаркардашуда, инчунин ба нафақахўрони коркунанда – ҳар сол то 14 рўзи тақвимӣ;
2) ба падару модарон ва ҳамсарони хизматчиёни ҳарбие, ки дар натиҷаи захм, контузия ё осебе, ки ҳангоми ҳимояи кишвар ба онҳо расонидааст, ё дар натиҷаи бемории вобаста бо иштирокашон дар фронт фавтидаанд – ҳар сол то 14 рўзи тақвимӣ;
3) ба маъюбоне, ки кор мекунанд – то 2 моҳ дар як сол;
4) ба кормандон дар мавриди таваллуд шудани кўдак, маросими бастани ақди никоҳ, вафоти хешонвандон – то 7 рўзи тақвимӣ;
5) ба кормандоне, ки шахси бемори аъзои оиларо нигоҳубин мекунанд (бе додани варақаи корношоямии меҳнатӣ ё ҳучҷати ивазкунандаи он) то 14 рўзи тақвимӣ;
6) ба кормандоне, ки мувофиқи хулосаи тиббӣ барои табобат роҳхати санаторию истироҳатӣ доранд, ки мўҳлати он аз давомнокии рухсатии меҳнатӣ зиёд аст- ба мўҳлати вақти нарасида (бо иловаи вақти рафту омад), агар ҳамаи мўҳлати рухсатии меҳнатӣ истифода шуда бошад, бо мўҳлати пурраи роҳхат (бо илова вақти рафту омад);
7) ба кормандоне, ки барои супоридани имтиҳоноти дохилшавӣ ба муассисаҳои олӣ, миёнаи махсуси таълими иҷозат дода шудаанд – мутобиқан 15 ва 10 рўзи тақвимӣ, ғайр аз вақти рафту омад ба маҳалли ҷойгиршавии муассисаи таълимӣ;
8) ба шахсони аспирантура ва докторантура дохилшаванда ва дар онҳо бе ҷудошавӣ аз истеҳсолот таҳсилкунанда – барои вақти рафту омад ба маҳалли ҷойгиршавии муассисаҳои мазкур дар давраи супоридани имтиҳоноти дохилшавӣ, номзадӣ ва кори рисолавӣ;
9) дар дигар ҳолатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шартномаҳои коллективӣ пешбинӣ намудаанд.
Рухсатиҳои дар бандҳои 1-3-юми қисми дуюми ҳамин модда пешбинишуда дар даврае дода мешаванд, ки корманд бо корфармо мувофиқа кардааст. Узрнок будани сабабҳои дода шудани рухсатии меҳнатии иҷтимоиро корфармо баҳо медиҳад, агар дар шартномаи (созишномаи) коллективӣ тартиби дигар муқаррар нашуда бошад.
Моддаи 991. Рухсатии муваққатии бемузд ё қисман музднок
Бо сар задани зарурати муваққатан боз доштани кор ё ҳангоми кам шудани ҳаҷми кор ба муддати на зиёда аз як моҳ корфармо, бо мақсади пешгирӣ намудани озодкунии кормандон аз рўи ихтисори шумора ё штат, ҳуқуқ дорад бо ризояти корманд (кормандон) ба ў (онҳо) рухсатии бе нигоҳдорӣ ё қисман бо нигоҳдории музди меҳнат диҳад, агар дар шартномаи (созишномаи) коллективӣ тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад.
Андозаи музди меҳнати пардохтшаванда дар ин сурат аз рўи мувофиқаи байни корфармо ва корманд муайян карда шуда, аз он аз андозаи маоши корманд кам буда наметавонад.
Моддаи 100. Амалӣ кардани ҳуқуқи рухсатӣ ҳангоми аз кор озод намудан
Ҳангоми аз кор озод намудан новобаста аз асосҳои мавҷуда ба корманде, ки рухсатии меҳнатии худро қисман ё пурра истифода набурдааст, ҷубронпулӣ дода мешавад.
Бо хоҳиши корманд ҳангоми бекор кардани шартномаи (қардоди) меҳнатӣ бо ташаббуси ў рухсатиҳои истифоданашуда бо шарти пас аз ба итмом расидани рухсатӣ аз кор озод кардан дода шуда метавонанд. Дар ин ҳолат таърихи аз кор озод шудан рўзи охирини рухсатӣ ҳисоб карда мешавад.
Ҳангоми аз кор озод шудан бинобар ба охир расидани мўҳлати шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ рухсатӣ бо шарти баъди рухсатӣ аз кор озод гардидан вақте дода шуда метавонад, ки агар мўҳлати рухсатӣ пурра ё қисман аз мўҳлати шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ бештар бошад. Дар ин ҳолат амали шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ то ба охир расидани рухсатӣ дарозкардашуда ба ҳисоб меравад.
Ҷубронпулӣ барои рухсатии пурраи меҳнатӣ дар сурате пардохта мешавад, ки агар корманд то рўзи аз кор озод шудан дар тамоми соли корӣ кор карда бошад. Агар то рўзи аз кор озод шудан корманд як қисми соли корӣ меҳнат карда бошад, ҷубронпулӣ мутаносибан ба вақти кор кардашуда пардохта мешавад.
Ҷубронпулӣ барои рухсатии меҳнатии истифоданашуда ҳангоми аз кор озод кардан дар рўзи озодкунӣ пардохта мешавад.
Моддаи 1001. Ҳуқуқи корфармо ҳангоми додани рухсатӣ
Корфармо бо назардошти фикри коллективӣ меҳнатӣ метавонад ба шумораи зиёди кормандон дар фасли тобистон, ба кормандоне, ки дар ин давра ба корҳои таъмир, барқароркунӣ ва навкунии истеҳсолот машғуланд, дар дигар вақти барои онҳо муносиб рухсатӣ диҳад.
Аз ҳисоби маблағи сарфакарда (даромад) ва дар мувофиқа бо шартномаи (созишномаи) коллективӣ, шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ корфармо ҳуқуқ дорад:
1) барои кор аз рўи ҷадвали ҳафтаи кори муттасил (дар ҳолати низоми кори бисёрбастӣ) ба муддати на камтар аз 7 рўзи тақвимӣ рухсатии иловагӣ муқаррар намояд;
2) барои ноил шудан ба натиҷаҳои баланди меҳнатӣ, иҷрои корҳои махсусан вазнин ва махсусан муҳим ба муддати на камтар аз 7 рўзи тақвимӣ рухсатии иловагӣ муқаррар намояд;
3) андозаи баланди музди ҳамаи намудҳои рухсатиҳои иҷтимоӣ, пеш аз ҳама рухсатиҳои бо давраи ҳомиладорӣ ва таваллуд, нигоҳубини кўдак, фаъолияти эҷодӣ ва таҳсил алоқамандро муқаррар намояд;
4) кормандонеро, ки рухсатии худро дар санаторияҳо, пансионатҳо, хонаву базаҳои истироҳатӣ, дар санаторияҳои профилактикӣ, ва дигар муассисаҳои табобатии истироҳатӣ гузаронида, қобилияти кории худро баланд ва тандурустиашонро мустаҳкам мекунад, бо роҳи пурра ё қисман пардохтани арзиши хароҷоти роҳхат ва роҳкиро то истироҳатгоҳ ҳавасманд гардонад.
БОБИ 7. МУЗДИ МЕҲНАТ
Моддаи 101. Муқаррар намудани андозаи музди меҳнати кормандон
Музди меҳнати кормандон вобаста аз миқдор ва сифати меҳнати сарфшуда муқаррар карда мешавад. Ченаки сарфи меҳнат меъёрҳои меҳнатие, ки (меъёри коркард, меъёри вақт, меъёри хизматрасонӣ) мебошад, ки онҳоро корфармо дар мувофиқа бо мақомоти намояндагии кормандон дар асоси ҳадди ақали музди меҳнат, меъёрҳои таърифӣ ва коэффисентҳои байнидараҷавӣ, мувофиқи комёбии сатҳи техникӣ, технологӣ ва ташкили истеҳсолот, дар ҳолати барои кормандон муҳайё намудани шароити мўътадили кор муқаррар мекунад.
Андозаи музди меҳнат бо мувофиқаи байни корманд ва корфармо муқаррар карда мешавад. Музди меҳнат камтар аз андозаи ҳадди ақали муқаррарнамудаи давлат (моддаи 103 ин Кодекс) буда наметавонад ва бо ягон ҳадди аксар маҳдуд карда намешавад.
Низоми пардохти музди меҳнат, андозаи ставкаҳои тарифӣ, маошҳо ва дигар намуди музддиҳиро муайян мекунанд:
1) барои кормандони ташкилотҳое, ки аз буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд – санадҳои қонунгузорӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ;
2) барои кормандони ташкилотҳои маблағгузориашон омехта (қисман маблағгузорӣ аз буҷети давлатӣ ва аз фаъолияти соҳибкорӣ) – қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, инчунин, шартномаҳои (созишномаҳои) коллективӣ санадҳои меъёрии дохилии ташкилотҳо;
3) барои кормандони дигар ташкилотҳо – шартномаҳои (созишномаҳои) коллективӣ, санадхои меъёрии дохилии ташкилотҳо, шартномаҳои (қарордоди) меҳнатӣ.
Корфармо ҳуқуқ дорад дар мувофиқа бо мақомоти намояндагии кормандони ташкилот низоми гуногуни мукофотонидан, ҳавасмандгардонии музднок ва иловапулиро муайян намояд.
Моддаи 102. Кафолати пардохти музди меҳнат
Корфармо, сарфи назар аз вазъи молиявиаш, вазифадор аст ба корманд барои кори иҷронамудааш музди меҳнати муқарраршударо пардозад.
Поймолкунии ҳуқуқи пардохти музди меҳнат манъ аст. Корфармо вазифадор аст ба корманд барои иҷрои кори баробарарзиш як хел маош диҳад. Ба зарари корманд тағйир додани шарту шароити пардохти музди меҳнат манъ аст.
Андозаи музди меҳнат, ки тарафҳо бо шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ муайян кардаанд, аз андозаи муқаррарнамудаи шартномаҳо камтар буда наметавонад.
Моддаи 1021. Кафолати давлатӣ оиди пардохти музди меҳнати кормандон
Низоми кафолати давлатӣ инҳоро дар бар мегирад:
1) низоми тарифӣ, ки он аз унсурҳои зерин иборат мебошад: меъёрҳои тарифӣ (маошҳо), ҷадвали тарифӣ, коэффисентҳои тарифӣ. Мушкилоти иҷроиши кор дар асоси тарифкунонии онҳо муайян карда мешавад. Тарифкунонии кор ва ба кормандон додани дараҷаҳои тарифӣ аз рўи Маълумотномаи ягонаи тарифию тахассусии кор ва касби кормандон ва Маълумотномаи ягонаи тахассусии мансабҳои роҳбарон, мутахассисон ва хизматчиён сурат мегирад, ки онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад;
2) андозаи ҳадди ақалли музди меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
3) андозаи меъёрҳои тарифии дараҷаи якуми Ҷадвали ягонаи тарифии кормандони соҳаи буҷетии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
4) тарифҳои ҷумҳуриявии музди меҳнат – меъёрҳои соатбайъ ё моҳонаи тарифӣ (маошҳо), ки сатҳи музди меҳнатро барои гурўҳҳои мушаххаси кормандони касбию дараҷадори ташкилотҳое, ки аз буҷети давлатӣ маблағгузорӣ карда мешаванд ва дотатсияҳои давлатиро истифода мебаранд, муайян мекунанд;
5) миқдори зиёд намудани музди меҳнат барои кор дар шароитҳое, ки аз шароитҳои меъёрӣ фарқ мекунанд, аз ҷумла барои корҳои шабона, кор дар рўзҳои истироҳатию идҳо, зиёда аз вақти муқаррарӣ кор кардан, маҳалҳое, ки шароити номусоиди табиию иқлимӣ доранд, кор дар шароитҳои зарарноку вазнини меҳнат;
6) чораҳо барои нигоҳдории сатҳи ҳақиқии таъмини музди меҳнат дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
7) маҳдуд кардани нигоҳдории андозаи музди меҳнат, аз ҷумла ҳаҷми андозбандӣ аз даромад;
8) назорати давлатии пардохти саривақтии музди меҳнат ва амалӣ намудани кафолатҳои давлатӣ оиди қисмати андози он;
9) ҷавобгарии корфармоён барои вайрон кардани шартҳои шартномаҳои (созишномаҳои) коллективӣ оиди музди меҳнат.
Кафолати давлатӣ дар соҳаи пардохти музди меҳнат ба кормандоне, ки дар муносибатҳои меҳнатӣ ва шартҳои кироя бо корфармоёни ҳама гуна шакли моликият мебошанд, тааллуқ доранд.
Моддаи 1022. Музди меҳнат
Музди меҳнат - маҷмўи подошҳои бо воҳиди пулӣ ё дар шакли аслӣ ҳисобкардашудае мебошад, ки корфармо бояд онҳоро ба корманди кироя барои корҳои амалан иҷрошуда, ҳамчунин барои он муддате, ки ба вақти корӣ дохил мешавад, пардохт намояд.
Музди меҳнат аз ҳиссаҳои доимӣ ва тағйирёбанда иборат мебошанд.
Ҳиссаи доимии музд аз ҳиссаи соатбайъ ва ё моҳонаи меъёрҳои тарифӣ (маош) иборат аст.
Ҳиссаи тағйирёбандаи музд ба натиҷаҳои кор вобастагии зич дошта, иловапулиҳои гуногун, мукофотпулиҳо, ҷубронпулиҳо (барои дараҷаи тахассус, собиқаи корӣ, аз рўи натиҷаҳои кори солона, унвони илмӣ ва ғайра) ва мукофотпулиро (барои сифати баланди кор, барои аз миқдор зиёд баровардани маҳсулот) дар бар мегирад.
Моддаи 103. Андозаи ҳадди ақали музди меҳнат
Ҳадди ақали музди меҳнат – миқдори давлатии ҳатмии ҳадди ақали пардохти пуле мебошад, ки корфармо онро дар давоми як моҳ барои кор дар шароити мўътадил, бо риояи давомнокии вақти корие, ки Кодекси мазкур муайян намудааст ва барои иҷрои вазифаҳои муайян ба корманд пардохт менамояд.
Андозаи ҳадди ақали музди меҳнатро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
Ҳадди ақали музди меҳнат барои муқаррар намудани сатҳи тарафҳои давлатии музди меҳнат дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон хизмат мекунад.
Ба андозаи ҳадди ақали музи меҳнат пардохтҳои иловагӣ, изофапулӣ, пардохти ҳавасмандсозӣ, инчунин пардохти барзиёдати, ки барои аз давомнокии муқаррарии вақти кор зиёдтар кор кардан (моддаи 105, 106 ҳамин Кодекс) дода мешаванд, дохил намегарданд.
Дар ноҳияҳо ва маҳалҳое, ки ба музди меҳнат коэффитсиентҳои ноҳиявӣ, коэффитсиент барои кор дар биёбон, маҳалҳои беоб ва баландкўҳ муқаррар гардидаанд (моддаи 104 ҳамин Кодекс), андозаи ҳадди ақали музди меҳнат бо истифодаи ин коэффитсиентҳо ва изофапулиҳо муайян карда мешавад.
Дар шартномаҳои (созишномаҳои) коллективӣ (ғайри онҳое, ки як тарафашон ташкилоте мебошад, ки аз буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешавад ва дотатсияи давлатиро истифода мебарад) метавонад миқдори баландтари ҳадди ақали музди меҳнат пешбинӣ карда шавад.
Моддаи 104. Коэффитсиентҳои ноҳиявӣ ва иловапулӣ ба музди меҳнат
Дар ноҳияҳо ва маҳалҳое, ки шароити номусоиди табиию иқлимӣ ва маишӣ доранд, ба музди меҳнат коэффитсиетҳо ва иловапулиҳо муқаррар карда мешаванд.
Номгўи минтақаҳое, дар онҳо коэффитсиентҳо ва иловапулиҳо истифода мешаванд, инчунин андоза ва тариби пардохти онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад.
Моддаи 1041. Тарифҳои давлатӣ дар соҳаи пардохти музди меҳнат
Тарифҳои давлатӣ дар соҳаи пардохти музди меҳнат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз меъёрҳои соатбайъ ва ё моҳона ва маош аз рўи вазифа иборат мебошанд, ки ҳадди ақали музди меҳнати гурўҳҳои мушаххаси кормандони дараҷаи тахассуси касбии ташкилотҳои буҷетиро муайян мекунанд.
Корфармоёни дигар бояд тарифҳои муқарраршударо барои тафриқаи музди меҳнати кормандон ҳамчун кафолати ҳадди ақали музди меҳнат истифода баранд.
Тарифҳои давлатӣ дар соҳаи пардохти музди меҳнат дар асоси ҳадди ақали музди меҳнат аз рўи коэффитсентҳои тарифии ҷадвали ягонаи тарифии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва тарифҳои маоши дараҷаи аввал аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки иттифоқҳои касаба барои тафриқаи ҳадди ақали музди меҳнати гуруҳҳои кормандони касбию тахассусӣ муқарраршуда муайян карда мешаванд.
Тарифҳои давлатӣ дар соҳаи музди меҳнат, ҳамчунин меъёрҳои маоши соатбайъ, рўзбайъ ва ғайраҳо, ки бо дарназардошти ин меъёрҳо ҳисоб карда мешаванд, кам карда намешаванд ва онҳо барои муқаррар намудани андозаи мушаххаси маош дар шартномаҳои (созишномаҳои) коллективӣ, инчунин дар сметаҳои дахлдори хароҷоти воситаҳо барои нигоҳдории ташкилотҳои аз буҷети давлатӣ маблағгузоришаванда ҳамчун асос ба ҳисоб мераванд.
Тарифҳои давлатӣ дар соҳаи пардохти музди меҳнат дар сурати зиёд шудани андозаи ҳадди ақали музди меҳнат тағйир меёбанд.
Моддаи 1042. Тартиби пардохти музди меҳнати кормандон
Музди меҳнати кормандон дар асоси меъёрҳои (маошҳои) соатбайъ ва (ё) моҳонаи тарифӣ пардохта мешавад, ки онҳоро шартномаҳои (созишномаҳои) коллективӣ, шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ ва дар ташкилотҳои аз буҷети давлатӣ маблағгузоришаванда бошанд, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунанд. (ҚҶТ аз 25.03.11с. №683)
Ба дараҷаи мушаххаси тарифӣ (вазифа) мансуб донистани корҳои иҷрошаванда ва ба кормандони кироя додани дараҷаи тахассусии мувофиқ аз рўи тартибе сурат мегирад, ки онро шартномаҳои (созишномаҳои) коллективӣ ё корфармо мутобиқи Маълумотномаи ягонаи тарифию тахассусии кор ва касби кормандон, Маълумотномаи ягонаи тахассусии мансабҳои роҳбарон, мутахассисон ва хизматчиён, дигар маълумотномаҳои тахассусие, ки тибқи тартиби муқарраршуда тасдиқ шудаанд, муқаррар намудаанд.
Ба кормандоне, ки меъёрҳои меҳнатиашонро иҷро менамоянд, дараҷаи нисбатан баланди тахассусӣ дар навбати аввал дода мешавад.
Агар корманд дар давоми як сол на камтар аз се моҳ корҳои дараҷаи баландтари тахассусиро бо мувафақият иҷро карда бошад, ҳуқуқ дорад аз корфармо тибқи тартиби муқарраршуда талаб намояд, ки ба ў дараҷаи баландтари тахассусӣ диҳад.
Моддаи 1043. Музди меҳнате, ки дар шароитҳои махсус истифода карда мешавад
Барои корҳои вазнин, корҳо дар шароитҳои меҳнатии зарарнок ва махсусан зарарнок аз рўи тартиби муаянкардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ё мақомоти ваколатдори он, ҳамчунин аз рўи шартномаҳои (созишномаҳои) коллективӣ, шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ музди меҳнати баланд муқаррар карда мешавад.
Моддаи 1044. Шакл, низом ва андозаи музди меҳнат
Шаклҳо, низом ва андозаи музди меҳнати кормандон, аз ҷумла пардохтҳое, ки хусусияти ҳавасмандкунӣ ва ҷуброни доранд, аз тарафи корфармо дар асоси шартномаи (созишномаи) коллективӣ ва шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ муқаррар карда мешаванд.
Шаклҳо ва низоми музди меҳнати хизматчиёни давлатӣ ва шахсони ба онҳо баробар кардашударо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад.
Шаклҳо ва низоми музди меҳнати кормандони ташкилотҳои аз буҷети давлатӣ маблағгузоришавандаро корфармо, андозаи музди меҳнати онҳоро бошад, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад.
Тафриқабандии андозаи музди меҳнат вобаста ба мураккабӣ ва вазнинии кор, шароитҳои он ва дараҷаи касбии кормандон сурат мегирад.
Моддаи 1045. Тағйир додани шартҳои музди меҳнат
Шартҳои музди меҳнат бо ҳамон тартибе, ки муқаррар шуда буданд тағйир дода мешаванд.
Тағйири шартҳои музди меҳнат ба тарафе, ки барои корманд номусоид аст, бе розигии ў роҳ дода намешавад. Дар ҳолати зерини истисноӣ чунин тағйирот мумкин аст:
- ҳангоми тағйирот ба технологияи истеҳсолот ва ташкили меҳнат, ки шартҳои музди меҳнати пешинаро нигоҳ доштан имкон надорад.
Дар бораи тағйирёбии шартҳои музди меҳнат бояд корманд на дертар аз ду моҳ пеш огоҳ карда шавад.
Моддаи 1046. Музди меҳнат ҳангоми иҷрои корҳои дараҷаҳои тахассуси гуногун
Ҳангоми иҷрои корҳои дараҷаҳои тахассуси гуногун музди меҳнати кормандони вақтбайъ, ҳамчунин хизматчиён аз рўи кори дараҷаи баландтари тахассусӣ дода мешавад.
Ба кормандони корбайъ аз рўи нархномаи корҳои иҷрошуда музд дода мешавад.
Дар ҷое, ки аз рўи хусусияти истеҳсолот ба кормандони корбайъ иҷрои корҳои тарифашон аз дараҷаҳои ба онҳо додашуда пасттарбуда супорида мешавад, таносуби байнидараҷавӣ пардохта мешавад.
Моддаи 1047. Музди меҳнат ҳангоми якҷоякунии касбҳо (вазифаҳо) ва муваққатан иҷро намудани вазифаи кормандони ба кор ҳозирнабуда
Ба кормандоне, ки дар як муассиса дар баробари кори асосии бо шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ тасдиқшудаи худ аз рўи ихтисос, дараҷа ва вазифа дар муддати бо қонунгузорӣ муқараркардаи давомнокии рўзи корӣ (басти корӣ) бе озодшавӣ аз кори асосӣ корҳои иловагиро аз рўи дигар ихтисос иҷро мекунад, барои якҷоякунии касбҳо (вазифаҳо), васеъ шудани доираи хизматрасонӣ (зиёд шудани ҳаҷми корҳои иҷрошаванда) ё иҷрои вазифаҳои кормандони муваққатан ба кор ҳозирнабуда иловапулӣ дода мешавад.
Андозаи иловапулӣ барои якҷоякунии касбҳо (вазифаҳо), васеъ шудани доираи хизматрасонӣ (зиёд шудани ҳаҷми корҳои иҷрошаванда) ё иҷрои вазифаҳои кормандони муваққатан ба кор ҳозир набуда аз тарафи корфармо бо розигии корманд, барои ташкилотҳои аз буҷети давлатӣ маблағгузоришаванда бошад, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад. Дар чунин ҳолатҳо миқдори иловапулӣ бояд на камтар аз понздаҳ фоизи маоши кори якҷояшавандаро ташкил диҳад.
Моддаи 1048. Музди меҳнат ҳангоми муваққатан ба ҷои дигар корманд кор кардан
Дар вақти муваққатан ба ҷои дигар корманд кор кардан дар ташкилотҳое, ки аз буҷет маблағгузорӣ мешаванд, музди меҳнат барои корманди ивазкунанда ба андозаи маоши вазифавии бо ҷадвали штатӣ (бе илова ва зиёдшавӣ) пешниҳодшуда пардохта мешавад.
Корманди ивазкунанда аз рўи шарт ва ба андозаи барои вазифаи корманди ивазшаванда муқарраргардида ҳавасманд гардонида мешавад.
Шарт ва тартиби музди меҳнат дар вақти муваққатан ба ҷойи дигар корманд дар дигар ташкилотҳо кор кардан аз тарафи корфармо муқаррар гашта, дар шартномаи (созишномаи) коллективӣ пешбинӣ мешавад.
Моддаи 105. Пардохти изофакорӣ, кор дар рўзҳои истироҳат ва ид
Ҳар соати кории зиёда аз вақти муқаррарӣ чунин пардохта мешавад:
1) ба кормандони музди меҳнаташон корбайъ – на камтар аз нархномаи дукаратаи корбайъ;
2) ба кормандони музди меҳнаташон вақтбайъ , инчунин ба онҳое, ки маоши вазифавӣ мегиранд – на камтар аз меъёри (маоши) дукаратаи соатбайъ.
Мувофиқи аҳд бо корфармо ба корманде, ки зиёда аз вақти муқаррарӣ кор кардааст, рўзи дигари истироҳат додан мумкин аст.
Барои дар рўзҳои ид (қисми дуюми моддаи 83 ҳамин Кодекс) ва дар рўзҳои истироҳат (моддаи 81 ҳамин Кодекс) кор кардан музди меҳнат мувофиқи қоидаҳои пешбинамудаи қисми якуми ҳамин модда на камтар аз андозаи дукарата пардохта мешавад. Дар ин маврид, ба кормандоне, ки дар доираи меъёри якмоҳаи вақти корӣ кор карда, моҳона мегирад, музди меҳнат илова ба моҳона на камтар аз андозаи яккаратаи ставкаи соатбайъ ё рўзбайъ ва агар кор зиёда аз меъёри якмоҳа иҷро шуда бошад, музди меҳнат ба андозаи на камтар аз ставкаи дукаратаи соатбайъ ё рўзбайъ илова ба моҳона пардохта мешавад.
Барои кори зиёда аз вақти муқаррарӣ, дар рўзҳои ид ва истироҳат мукофот аз рўи музди яккаратаи нархномаи вақти корбайъ ё аз рўи меъёри тарифии яккарата ҳисоб карда мешавад.
Дар шартномаи (созишномаи) коллективӣ, шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ дигар андозаҳои пардохти кори зиёда аз вақти муқаррарӣ низ муқаррар кардан мумкин аст, вале на камтар аз андозаҳое, ки дар қисмҳои якум, сеюм ва чоруми ҳамин модда пешбинӣ шудаанд.
Моддаи 1051. Музди меҳнати кормандоне, ки дар ду (якчанд) ҷой кор мекунанд
Музди меҳнати кормандоне, ки дар ду (якчанд) ҷой кор мекунанд, мутаносибан бо вақти иҷрошудаи кор аз рўи натиҷаи кор ё дигар шартҳои пешбининамудаи шартномаҳои меҳнатӣ пардохта мешавад.
Ҳангоми барои кормандони бо музди меҳнати вақтбайъ дар ду (якчанд) ҷой коркунанда муқаррар намудани супоришҳои меъёрӣ, музди меҳнат барои натиҷаи ниҳоии ҳаҷми кори иҷрошудаи воқеӣ пардохта мешавад.
Ба шахсони дар ду (якчанд) ҷой коркунандаи ноҳияҳое, ки дар онҳо ба музди меҳнат коэффитсиенти ноҳиявӣ ва иловапулиҳо муқаррар шудаанд, музди меҳнат бо дарназардошти ҳамин иловапулиҳо пардохта мешавад.
Моддаи 106. Пардохти музди кори шабона
Музди ҳар соати кори шабона ба андозаи на камтар аз якуним баробаи меъёри муқарраршуда пардохта мешавад.
Пардохти афзудашудаи музди кори шабона ба ставкаи тарифӣ (маоши хизматӣ) дохил намешавад.
Андозаи мушаххаси пардохт бо шартномаҳои коллективӣ, агар он баста нашуда бошад, аз тарафи корфармо баъди машварати пешакӣ бо мақомоти дахлдори намояндагии кормандон, аз тарафи корфармо муқаррар карда мешавад.
Моддаи 107. Пардохти музди меҳнат ҳангоми иҷро накардани меъёри коркард, истеҳсоли маҳсулоти нуқсондор, бекористӣ, ҳамчунин дар ҳолати азхудкунии истеҳсолоти (маҳсулоти) нав
Ҳангоми иҷро накардани меъёри коркард, истеҳсоли маҳсулоти нуқсдор ва аз кор боистодан, ки бо айби корманд сар назадааст, музди миёнаи моҳонаи ў пардохта мешавад.
Ҳангоми иҷро накардани меъёри коркард бо айби корманд музд аз рўи кори иҷрошудаи воқеӣ пардохта мешавад.
Барои нуқсони пурраи маҳсулот ва бекористӣ, ки бо айби корманд сар задааст, музди меҳнат дода намешавад. Барои нуқси қисман бо айби корманд рухдода музди меҳнат бо нархи пасттар, вобаста ба дараҷаи коршоямии арзиши маҳсулот, ки корфармо баъди маслиҳат ва мувофиқа бо мақомоти намояндагии кормандон муайян мекунад, пардохта мешавад.
Нуқси маснуот, дар натиҷаи мавҷуд будани нуқсони ниҳонӣ дар маводи коркардашаванда, ҳамчунин нуқсон бе айби корманд, ки баъди қабули маснуот аз ҷониби мақомоти назорати техникӣ маълум гардидааст, баробар ба маснуоти коршоям пардохта мешавад.
Андозаи музди меҳнати кормандон дар давраи азхудкунии истеҳсолоти (маҳсулоти) нав дар шартномаи коллективӣ, қарордоди меҳнатӣ муайян карда мешавад.
Моддаи 108. Мўҳлатҳои додани музди меҳнат
Мўҳлати пардохти музди меҳнатро қарордодҳои коллективӣ ва ё дигар санадҳои меъёрии дохилӣ (локалӣ) муқаррар менамояд, вале он дар ҳар ниммоҳа камтар аз як маротиба буда наметавонад.
Дар сурати мутобиқ омадани рўзи пардохти музди меҳнат ба рўзҳои истироҳат ё ид, маош дар арафаи чунин рўзҳо пардохта мешавад.
Ҳангоми аз кор озод намудани корманд ҳамаи пулҳои ў дар рўзи охирини кор пардохта мешаванд.
Музди меҳнате, ки коргар то рўзи фавт нагирифтааст, ба аъзои оилаи ў ё шахсе дода мешавад, ки хароҷоти дафнро тибқи андозаи талабот ба зимма гирифтааст.
Агар музди меҳнат бо гуноҳи корфармо аз мўҳлати муқарраргардида дертар пардохта шавад, ў вазифадор аст ба андозаи нархи баҳраи бонк, ки дар маҳалли иҷрои кор дар рўзи пардохти маош мавҷуд аст, барои ҳар рўзи таъхири пардохти маош маблағи иловагӣ диҳад.
Кормандоне, ки барои сари вақт напардохтани музди меҳнат гунаҳкоранд, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарии интизомӣ, моддӣ, маъмурӣ ва ҷиноятӣ кашида мешаванд.
Моддаи 1081. Шаклҳои пардохти музди меҳнат
Музди меҳнат танҳо дар шакли воҳиди пулии Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохта мешавад.
Бо розигии корманд ба ивази пардохти пулӣ қисман ба пардохти аслӣ (шакли омехтаи пардохт) роҳ дода мешавад, вале он аз 20 фоизи маблағи умумии музди меҳнати якмоҳаи ў зиёд буда наметавонад. Пардохти аслӣ ба ҷойи пардохти пулӣ бояд ба арзиши пулии музди меҳнат баробар буда, барои истеъмоли шахсӣ мувофиқ ва ба корманд ва аҳли оилаи ў фоиданок бошад.
Музди меҳнати аслиро бо молу ашёе, ки муомилоти озоди онҳо тибқи номгўи тасдиқшудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳдуд ё манъ шудааст, пардохтан мумкин аст.
Пардохти музди меҳнат дар шакли уҳдадориҳои қарзӣ, забонхатҳо ва купонҳо манъ аст.
Моддаи 1082. Ҷойи пардохти музди меҳнат
Музди меҳнат ба корманд чун қоида бевосита дар ҷойи иҷрошудаи кор (дар ташкилотҳо) пардохта мешавад.
Агар корманд дар рўзи дода шудани музди меҳнат супориши корфарморо дар ҷойи дигар иҷро намояд (дар ташкилоти фармоишгар, сафари хизматӣ, дар курсҳои такмили ихтисос ва ғайра), он гоҳ бо хоҳиши корманд, корфармо бояд аз ҳисоби худ ба ў музди меҳнаташро равон кунад ё маблағро ба шахси бовариноки корманд супорад.
Бо хоҳиши корманд музди меҳнат пурра ё қисман ба суратҳисоби бонкии ў гузаронида мешавад.
Моддаи 1083. Сарчашмаи воситаҳо барои музди меҳнат
Сарчашмаи воситаҳо барои музди меҳнати корманди ташкилотҳое, ки тибқи принсипи ҳисоби хоҷагӣ фаъолият мекунанд, як қисми даромади аз фаъолияти хоҷагидории онҳо ба даст омада буда, барои ташкилотҳое, ки аз буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд, воситаҳои аз буҷети дахлдор ҷудогардида мебошад.
Моддаи 1084. Фонди захиравии музди меҳнат
Барои таъмини пардохти музди меҳнате, ки ба корманд ҳисобӣ мешавад, ҳамчунин пардохтҳои кафолатнок ва ҷубронпулии тибқи қонунгузорӣ, шартномаҳои коллективӣ ва меҳнатӣ пешбинигардида дар ҳолатҳои муфлисшавии корфармо, барҳамхурии ташкилот, қатъ гаштани фаъолияти соҳибкори инфиродӣ ва дигар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузорӣ пешбинишуда корфармо вазифадор аст, ки фонди захиравии музди меҳнат таъсис диҳад.
Андозаи фонди захиравии музди меҳнат, асосҳо ва тартиби истифодаи онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.
Моддаи 109. Нигоҳ доштани маблағ аз музди меҳнат
Нигоҳ доштани маблағ аз музди меҳнат танҳо дар ҳолатҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мумкин аст.
Нигоҳ доштани маблағ аз музди меҳнати кормандон барои ҷуброни қарзҳояшон дар назди корфармо бо супориши корфармо амалӣ карда мешавад:
1) барои баргардонидани пешпардохти коркарданашуда, ки ба ҳисоби музди меҳнат ба корманд дода шудааст;
3) барои ҷуброни пешпардохти истифодашуда ва саривақт барнагардонидае, ки барои сафари хизматӣ ё барои гузаронидан ба кори дигар, ҷои дигар ва эҳтиёҷоти хоҷагидорӣ дода шудааст, агар корманд аз асос ва андозаи нигоҳ доштани маблағ норозигӣ баён накунад. Дар чунин ҳолатҳо корфармо ҳуқуқ дорад, дар бораи нигоҳ доштани маблағ дар муддати на камтар аз як моҳи рўзи охирини мўҳлати муайяншудаи баргардонидани пешпардохт, ҷуброни қарзҳо ва ё аз рўзи нодуруст гузаронидани маблағ супориш диҳад;
4) ҳангоми аз кор озод намудани корманд то охири соли корие, ки дар он корманд аллакай рухсатии меҳнатӣ гирифтааст, барои рўзҳои корнакардаи рухсатӣ. Агар корманд бо асосҳои дар бандҳои 1,2 ва 5 қисми якуми моддаи 46 ва банди 1 моддаи 53 ҳамин Кодекс зикршуда аз кор озод шуда бошад, инчунин ҳангоми фиристодан ба таҳсил, ба нафақа баромадани корманд ва дар ҳолатҳое, ки дар рўзи аз кор озод шудан корманд маблағи барои пардохт ҳисобшударо надоштабошад, маблағ барои ин рўзҳо аз музди меҳнат нигоҳ дошта намешавад ;
5) ҳангоми ҷуброни зараре, ки бо гуноҳи корманд ба корфармо расонида шудааст, ба андозаи на зиёдтар аз музди миёнаи моҳонаи корманд (банди 1 моддаи 135 ҳамин Кодекс).
Музди меҳнате, ки корфармо ба корманд барзиёд пардохтааст, аз ҷумла ҳангоми истифодаи нодурусти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба истиснои ҳолатҳои ҳисобу китоби нодуруст, аз корманд рўёнидан мумкин нест.
Корфармо ўҳдадор аст, ки маблағро дар асоси аризаи хаттии корманд аз музди меҳнати ў бо тартиби ҳисоби ғайринақдӣ нигоҳ дорад.
Барои ҳамагуна музди меҳнат андозаи умумии маблағе, ки нигоҳ дошта мешавад, аз 20 фоизи он бештар буда наметавонад ва дар ҳолатҳои пешбинамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон 50 фоизи музди меҳнати корманд нигоҳ дошта мешавад. (ҚҶТ аз 26.12.11с.,№778)
Ҳангоми нигоҳ доштан аз музди меҳнат барои якчанд ҳуҷҷатҳои иҷроия бояд барои корманд на камтар аз 50 фоизи музди меҳнати барои пардохт пешбинишуда мононда шавад.
Маҳдудиятҳое, ки дар қисмҳои панҷум ва шашуми ҳамин модда муқаррар шуда, барои нигоҳ доштани маблағ аз музди меҳнат ҳангоми иҷрои корҳои ислоҳкунӣ ва рўёнидани алимент барои кўдакони ноболиғ, ҷуброни зарари ба саломатӣ расонидашуда, ҷуброни зарар ба шахсоне, ки ба онҳо дар натиҷаи вафоти саробон зарар расонида шудааст ва ҷуброни зарари дар натиҷаи ҷиноят расонидашуда ҷорӣ намегардад. Дар ин ҳолатҳо андозаи нигоҳдошташаванда аз 70 фоизи музди меҳнат зиёд буда наметавонад.
Ба нигоҳ доштани маблағ аз кўмакпулиҳои яквақта, ҷубронпулӣ ва дигар пардохтҳое, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон рўёнидани маблағ аз онҳо манъ аст, роҳ дода намешавад.
БОБИ 71.
МЕЪЁРҲОИ МЕҲНАТ ВА НАРХНОМАИ КОРБАЙЪ
Моддаи 1091. Меъёрҳои меҳнат
Меъёрҳои меҳнат – меъёрҳои коркард, вақт, хизматрасонӣ, шумора, супоришҳои ба меъёргирифташуда барои кормандон мутобиқи дастовардҳои сатҳи техникӣ, технология, ташкили истеҳсолоту меҳнат ва барои гурўҳи алоҳидаи кормандон бошад, бо дарназардошти омилҳои физиологӣ, синну сол ва ҷинсият муайян карда мешаванд.
Дар шароити шакли коллективии ташкил ва пардохти музди меҳнат метавонанд меъёрҳои калонтар ва комплексии меҳнат истифода шаванд.
Моддаи 1092. Муқаррар намудан, иваз кардан ва аз нав баррасӣ намудани меъёрҳои меҳнат
Муқаррар намудан, иваз кардан ва аз нав баррасӣ намудани меъёрҳои меҳнат аз ҷониби корфармо бо иштироки иттифоқҳои касаба сурат мегирад.
Дар хусуси муқаррар намудан, иваз кардан ва аз нав баррасӣ намудани меъёрҳои меҳнат корманд бояд на дертар аз як моҳ пештар хабардор карда шаванд.
Моддаи 1093. Муайян намудани нархномаи музди меҳнати корбайъ
Нархномаи музди меҳнати корбайъ вобаста ба дараҷаҳои муқарраршудаи кор, меъёрҳои тарифӣ (маош) ва меъёрҳои иҷрои кор (меъёрҳои вақт) муайян карда мешавад.
Нархномаи музди меҳнати корбайъ бо роҳи тақсим намудани меъёри тарифии соатбайъи (якрўзаи) ба дараҷаи кори иҷрошуда мувофиқ, ба меъёри коркарди соатбайъ (якрўза) ё бо роҳи зарби ставкаи тарифии соатбайъи (якрўзаи) ба дараҷаи кори иҷрошуда мувофиқ, ба меъёри муқарраргаштаи вақт бо соат ё рўз, муайян карда мешавад.
Моддаи 1094. Таъмини шароити мўътадил барои иҷрои меъёри меҳнат
Корфармо ўҳдадор аст, ки барои кормандон ҷиҳати иҷрои меъёрҳои меҳнатӣ шароити мўътадил фароҳам намояд.
Ба шароити мўътадил дохил мешаванд:
3) таъмини саривақтии ҳуҷҷатҳои техникӣ;
4) сифати дахлдори мавод ва ашёҳое, ки барои иҷрои кор ва истифода зарур мебошад ва таъмини саривақтии онҳо;
5) таъминоти саривақтии истеҳсолот бо қувваи барқ, газ ва дигар сарчашмаҳои истифодаи барқӣ;
6) шароити бехатар ва солими меҳнат (риояи қоида ва меъёрҳои техникаи бехатарӣ, равшании зарурӣ, гармӣ, шамолдиҳӣ, бартараф кардани оқибати садоҳои зараровар, нурафканӣ, ларзиш ва дигар омилҳое, ки ба саломатии корманд таъсири манфӣ мерасонанд).
БОБИ 8.
ПАРДОХТҲОИ КАФОЛАТӢ ВА ҶУБРОНӢ
Моддаи 110. Кафолатҳо ҳангоми вазифаҳои давлатӣ ва ҷамъиятиро иҷро кардани кормандон
Корфармо вазифадор аст кормандро дар муддати иҷро кардани вазифаҳои давлатӣ ва ҷамъиятии пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз кор рухсат дода, ҷои кораш (вазифааш)-ро нигоҳ дорад.
Мақоми давлатӣ ё ташкилоти ҷамъиятӣ, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон кормандро ҷиҳати иҷрои вазифаҳои давлатӣ ва ҷамъиятӣ ҷалб мекунад, дар ин муддат музди миёнаи меҳнаташро мепардозад. (ҚҶТ аз 26.12.11с.,№778)
Моддаи 1101. Кафолатҳо ба кормандони аз кор озодшуда вобаста ба даъват ба хизмати ҳарбии мўҳлатнок
Кормандон, ки вобаста ба даъват ба хизмати ҳарбӣ аз кор озод карда мешаванд (банди 1 моддаи 53 ҳамин Кодекс), баъди ба анҷом расидани мўҳлати хизмат бо ҷои кори пештара ё кори баробарарзиш таъмин карда мешаванд.
Моддаи 111. Кафолатҳо ҳангоми иҷрои вазифаҳое, ки ба манфиати кормандони ташкилотанд.
Шарти аз кор озод намудани кормандро ҷиҳати иҷрои вазифаҳое, ки ба манфиати ҳамаи кормандони ташкилотанд, инчунин андозаи пардохтҳои кафолатнокро дар ин муддат қарордоди коллективӣ ё корфармо тибқи мувофиқа бо мақомоти намояндагии кормандон муқаррар мекунад.
Моддаи 112. Кафолат ҳангоми гузаронидани корманд ба кори дигари доимии каммузд
Ҳангоми дар ташкилоти худ ба кори дигари доимии каммузд гузаронидани корманд музди меҳнати собиқаи ў дар давоми ду моҳи аз рўзи гузаронида шуданаш ва ҳангоми гузаронидан мутобиқи хулосаи тиббӣ ба муносибати осеби меҳнатӣ, бемории касбӣ ё осеби дигари вобаста ба кор, ки аз ин саломатиаш зиён дидааст – дар тамоми давраи кор ё то муйян кардани маъюбӣ нигоҳ дошта мешавад.
Моддаи 113. Кафолат барои кормандоне, ки ҷиҳати ташхис ба муассисаи тиббӣ фиристода мешаванд
Дар давраи ҷиҳати ташхис дар муассисаи тиббӣ қарор доштани кормандон, ки бояд аз чунин ташхис гузаранд, музди меҳнати моҳонаи онҳо дар ҷои корашон нигоҳ дошта мешавад.
Ҳангоми ташхиси кормандон дар марказҳои бемории касбӣ музди меҳнати моҳонаи онҳо дар тамоми давраи дар марказ буданашон нигоҳ дошта мешавад. (ҚҶТ аз 01.08.2012с., №880)
Моддаи 114. Кафолат барои роҳбарони ташкилот ва кормандоне, ки вазифаи умумии идоракунии
ташкилотро ба ҷо меоваранд
Ҳангоми қатъ намудани қарордод бо роҳбари ташкилот ва кормандоне, ки вазифаи умумии идоракуниро дар ташкилот анҷом медиҳанд, молики нав вобаста ба иваз шудани молик вазифадор аст ба ҳар кадоми онҳо на камтар аз музди меҳнати думоҳа ҷубропулӣ диҳад. (ҚҶТ аз 01.08.2012с., №880)
Моддаи 115. Кафолатҳо барои гурўҳи алоҳидаи кормандон
Кафолатҳо ба гурўҳи алоҳидаи кормандон: донорҳо, ихтирокорону навоварон, кормандоне, ки барои такмили ихтисос фиристода мешаванд ва дигарон тибқи тартиби муқарранамудаи санадҳои қонунгузорӣ ва дигар санади меъёрию ҳуқуқӣ дода мешаванд.
Моддаи 116. Ҳисоби музди меҳнат
Тартиби ҳисоб карда додани музди миёнаи меҳнати кормандро дар ҳамаи ҳолатҳо (пардохти кафолатнок ҳангоми иҷрои вазифаҳои давлатӣ ё ҷамъиятӣ, ҳангоми пардохти музди мўҳлати рухсатӣ, ҳангоми пардохти музди меҳнати давраи гузаронидан ба кори дигар, дар ҳолати ҷуброни зарар), ба ғайр аз музди миёнаи меҳнат ҳангоми таъин намудани нафақа Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад.
Моддаи 117. Ҷуброни хароҷоти иҷрои кор
Хароҷоти иловагии кормандро, ки бо иҷрои ўҳдадориҳои меҳнатӣ вобаста аст, бояд корфармо тибқи шарту тартиби муқарраркардаи санадҳои қонунгузорӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҳуқуқ ҳамчунин шартномҳои (қарордоди) меҳнатӣ ҷуброн намояд. (ҚҶТ аз 26.12.11с.,№778)
Андозаи ҳадди ақали ҷубронпулиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мекунад.
Моддаи 117 1. Сафари хизматӣ
Сафари хизматӣ сафари корманд тибқи супориши корфармо ба мўҳлати муайян ба маҳалли дигар барои иҷрои вазифаҳои хизматӣ берун аз ҷои кори доимӣ ҳисоб мешавад.
Сафари корманде, ки кораш ба таври доимӣ дар роҳ мегузарад ё характери ҳаракаткунандаю саёр дорад, ҳамчунин дар ҳудуди маҳалли аҳолинишине, ки корфармо дар он ҷойгир аст, сафари хизматӣ ҳисобида намешавад.
Моддаи 1172. Роҳхат, барасмиятдарорӣ, низоми вақти корӣ ва вақти истироҳат ҳангоми сафари хизматӣ
Фиристодани корманд ба сафари хизматӣ бо фармон (амр)–и корфармо ва додани шаҳодатномаи сафарии хизматии шакли муқарраршуда ба расмият дароварда мешавад.
Ба кормандоне, ки дар сафари хизматӣ мебошанд, низоми вақти корӣ ва истироҳати дар маҳалли сафари хизматӣ муқарраргардида ҷорӣ мешавад, аммо музди миёнаи меҳнат дар ҳамаи рўзҳои кории ҳафта аз рўи ҷадвали ҷои кори доимӣ нигоҳ дошта мешавад.
Моддаи 1173. Мўҳлати дар сафари хизматӣ будан
Мўҳлатӣ воқеии дар сафари хизматӣ будан аз рўи қайд дар шаҳодатномаи сафарии хизматӣ бо рўзи расидан ба маҳал ва рафтан аз он муайян карда мешавад.
Ба мўҳлати зиёда аз 30 рўзи тақвимӣ ба сафари хизматӣ фиристодан танҳо бо розигии корманд мумкин аст.
Рўзи рафтан ба сафари хизматӣ рўзи ба роҳ баромадани (омадани) қатора, тайёра, автобус ё дигар воситаи нақлиёт аз ҷои кори доимии ба сафари хизматӣ фиристодашаванда ҳисобида шуда, рўзи бозгашт – рўзи омадани нақлиёт ба ҷои кори доимӣ ҳисобида мешавад. Ҳангоми ба роҳ баромадани нақлиёт то соати 24 рўзи рафтан ба шабонарўзи ҷорӣ ҳисоб карда шуда, аз соати 00 ва дертар ба шабонарўзи оянда дохил мешавад.
Вақти тамомшавии кор дар рўзи рафтан тибқи шартнома бо розигии корфармо муайян карда мешавад. Дар ҳолати омадан то анҷоми рўзи корӣ масъалаи вақти ҳозир шудан ба кор дар худи ҳамин рўз бо ҳамин тартиб ҳал карда мешавад.
Моддаи 118. Кафолат ва ҷуброн ҳангоми сафари хизматӣ
Ҳангоми сафари хизматӣ хароҷоти зерин ҷуброн карда мешавад:
1) хароҷоти зисти дур аз маҳалли зисти доимӣ (рўзмарра);
2) хароҷоти роҳкиро;
3) хароҷоти кирои манзили истиқоматӣ;
4) хароҷоти дигаре, ки корманд бо иҷозат ва ё бо розигии корфармо кардааст.
Кафолат, тартиб ва андозаи ҷуброни хароҷоти сафари хизматӣ дар ташкилотҳое, ки аз буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд, бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
Андозаи ҷуброни хароҷоти сафари хизмати дар ташкилотҳои дигар бо мувофиқаи корманд ва корфармо муайян карда шуда, аз андозаи муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон камтар буда наметавонад.
Ҷои кор (вазифа) ва музди миёнаи меҳнати кормандони ба сафари хизматӣ рафта дар давоми тамоми вақти сафари хизматӣ нигоҳ дошта мешавад.
Моддаи 1181. Ҷуброн барои корҳои дорои хусусияти ҳаракаткунанда ва сайёр, иҷрои корҳои вахтавӣ
(навбатдорӣ)
Барори кормандоне, ки ба сохтмон, энергетика, коркард ва истеҳсоли нафту газ, алоқа, хоҷагии ҷангалу об, нақлиёти автомобилӣ, роҳи оҳан, кофтуковӣ, иктишофи геологӣ, корҳои топографию геодезӣ, экспедитсияҳои илмӣ, ҳамчунин ҳамлу нақли нафту газ ва нигоҳдории шоҳроҳҳо машғул мебошанд, барои корҳои дорои хусусияти ҳаракаткунанда ва сайёр, иҷрои корҳои вахтавӣ (навбатдорӣ), корҳои доимӣ дар роҳ, корҳо берун аз ҷойи истиқомати доимӣ иловапулӣ (ҳақмузди ризоятии саҳроӣ) дода мешавад.
Шароит, тартиб ва андозаи пардохти иловапулиро аз рўи корҳое, ки дар қисми якуми ҳамин модда пешбинӣ шудаанд, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.
Моддаи 119. Ҷуброни хароҷоти корманд ҳангоми ба маҳалли дигар ба кор қабул намудан, гузаврондан ва ба
кор фиристонидан
Барои кормандон, шахсоне, ки таҳсилро хатм намуда, ба маҳалли дигар ба кор мегузаронд ё бо роҳхат аз ҷойи дигар ба кор омадаанд, бо тарзи муташакилона ё бо мувофиқаи пешакӣ, бо бастани шартнома ё дархост, ба кор қабул шудаанд, чунин ҷубронҳо муайян мешаванд
1) арзиши роҳкирои корманд, шахсоне, ки таҳсилро хатм намудаанд ва аъзои оилаи онҳо (зану шавҳар, кўдакон ва падару модари зану шавҳар, ки дар нигоҳубини онҳо қарордошта, якҷоя ҳамроҳи онҳо омадаанд) ба ҳамон шароите, ки корманд ба сафари хизматӣ фиристода мешавад;
2) хароҷоти кашонидани чизу чора бо нақлиёти автомобилӣ ё роҳи оҳан (истифодаи умумӣ) дар ҳаҷми 500 килограмм барои худи корманд, шахсони хаткардаи таҳсил ва то 150 килограмм барои ҳар як ҳамсафари аъзои оила (тибқи созишномаи тарафҳо метавонад хароҷоти кашонидани моликият дар ҳаҷми зиёдтар пардохта шавад);
3) хароҷоти шабонарўзӣ барои ҳар як рўзи сафар ба андозае, ки барои сафари хизматӣ пешбинӣ шудааст;
4) ёрдампулии яквақта барои худи корманд, шахси хатмкардаи таҳсил ба андозаи музди моҳонаи тарифӣ дар ҷои нави кор ва ба ҳар як аъзои оила ба андозаи чоряки ҳиссаи ёрдампулии худи корманд, шахсони хатмкардаи таҳсил.
Ба корманд ва шахсоне, ки таҳсилро хатм кардаанд, музди меҳнат вобаста ба маоши тарифӣ дар ҷойи нави кор, барои рўзҳои ба роҳ баромадан ва дар ҷойи нави истиқомат ҷо ба ҷо шудан, ҳамчунин дар ҳолати дар роҳ будан, аммо на зиёда аз шаш рўз дода мешавад.
Агар андозаи аниқи ҷубронеро, ки ба корманд ҳисобӣ мешавад, пеш аз мўҳлат муайн кардан имконапазир бошад, он гоҳ ба вай пешпардохт (аванс) дода мешавад.
Арзиши роҳкирои аъзои оила ва овардани чизу чораи онҳо, ҳамчунин ёрдампулии яквақта ба онҳо дар ҳолате ҳисоби карда мешавад, ки агар онҳо ба ҷойи нави истиқомати корманд то гузаштани як сол аз рўзи ба онҳо воқеан ҷудо кардани манзил омода бошанд.
Моддаҳои 1191. Ҷубропулӣ барои рафтан ба кор бо мувофиқаи пешакӣ ба маҳалли дигар
Ҳангоми рафтани корманд ба кор бо мувофиқаи пешакӣ бо корфармо ба маҳалли дигар ба вай тибқи муқаррароти моддаи 119 ҳамин Кодекс ҷубронпулӣ дода мешавад, ба истиснои ёрдампулии яквақтае, ки фақат бо созиши тарафҳо пардохта мешавад.
Агар корманд ба мўҳлати на зиёда аз як сол ба кор ба маҳалли дигар гузаронида шавад ва аҳли оилааш бо ў наояд, он гоҳ тибқи розигии тарафҳо ба ў хароҷоти зисти муваққатӣ дар ҷойи нав метавонад пардохта шавад ва ҳаҷми ҷуброни хароҷот дар ин ҳолат бояд аз нисфи андозаи шабонарўзӣ зиёд набошад.
Андозаи аниқи ҷубронпулӣ бо розигии тарафҳо муайян карда мешавад, аммо он наметавонад аз андозаи муқарраргаштаи кормандони ташкилотҳое, ки аз буҷети давлатӣ маблағгузорӣ мешаванд кам бошад.
Моддаи 1192. Ҳолатҳои баргардонидани ҷубронҳо ҳангоми ба маҳалли дигар ба кор омадан
Ҷубронҳое, ки пардохти онҳо дар моддаҳои 119 ва 1191 ҳамин Кодекс пешбинӣ шудаанд, мақсаднок буда, масъулиятро барои онҳо корфармое, ки ба ў корманд гузаронида мешавад, равона ё қабул карда мешавад, ба зимма дорад.
Ҷубронҳое, ки бо мақсади ба маҳалли дигар ба кор омадан пардохт шудаанд, бояд ба корфармо, ки онҳоро маблағгузорӣ кардааст, пурра баргардонида шаванд, агар корманд:
1) ба кор наояд ё ба он бе сабаби узрнок шурўъ накунад ;
2) то тамомшавии мўҳлати кор, ки қонунгузорӣ дар бораи меҳнат, шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ пешбинӣ намудаанд ё шартҳои гузаронидан, равон ё қабул намудан ба кор пешбинӣ кардаанд, ҳангоми мавҷуд набудани мўҳлатӣ муайян бошад – то пурра шудани як соли кор бо хоҳиши худ бе сабаби узрнок ё барои амалҳои гунаҳкорона озод шуда бошад, ки онҳо мувофиқи ҳамин Кодекс ва дигар санадҳои қонунгузорӣ барои қатъ гардидани шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ асос шудаанд.
Ҳангоми ба кор наомадан ё аз кор бо сабабҳои узрнок саркашӣ намудан корманд вазифадор аст маблағҳои гирифтаашро, ғайр аз хароҷоти роҳкиро, баргардонад.
Моддаи 120. Ҷуброни хароҷоти истифодаи амволи шахсии корманд
Агар молу мулки шахсии корманд бо иҷозати хаттии корфармо (шартнома, амр, фармоиш) ба манфиати корфармо истифода шавад, бояд:
1) истеҳлоки (фарсудашавии) асбобу афзор;
2) истеҳлоки нақлиёти шахсӣ ва хароҷоти истифодаи он;
3) истеҳлок ва хароҷоти истифодаи воситаҳои дигари техникии корманд ҷуброн карда шаванд.
Андозаи ҷуброн бо мувофиқаи байни корфармо ва корманд муайян карда мешавад.
БОБИ 9. ИНТИЗОМИ МЕҲНАТ
Моддаи 121. Тартиботи меҳнатӣ дар ташкилот. Оинномаю низомномаҳои интизоми меҳнат. Ўҳдадориҳои корфармо ва корманд
Тартиботи меҳнатӣ дар ташкилот бо қоидаҳои тартиботи дохилӣ, ки корфармо бо мувофиқаи мақоми намояндагии дахлдори кормандон тасдиқ менамояд муайян карда мешавад.
Барои категорияҳои алоҳидаи кормандон оинномаю низомномаҳои интизоми меҳнат, ки ба тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шудаанд, амал мекунанд.
Ҳар корманд бояд қаблан ба қоидаҳои тартиботи дохили меҳнатӣ, оинномаю низомномаҳои интизоми меҳнат шинос карда шавад.
Корфамо вазифадор аст, ки интизоми меҳнат ва истеҳсолотро таъмин намояд, қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба меҳнатро бечунучаро риоя кунад, аз корманд иҷрои амалҳои ғайриқонунӣ, инчунин амалҳоеро, ки ба ӯҳдадориҳои меҳнатии корманд вобаста нест, амалҳоеро, ки ҳаёту саломатии корманд ё шахсони дигарро таҳти хатар мегузоранд, шаъну шарафи корманд ашхоси дигарро паст мезананд, талаб нанамояд.
Корманд бояд қоидаҳои тартиботи дохилии меҳнатӣ, қоидаҳои техникии муқарраршуда, талаботи ҳифзи меҳнат, техникаи бехатарӣ ва санитарияи истеҳсолӣ, амру дастурҳои корфаморо, ки ба ӯҳдадориҳои меҳнатии ӯ дохил мешаванд, риоя намояд, бо кофармо, бо аъзои коллективи меҳнатӣ, муштариёни ташкилот, дигар шахсони, ки дар ҷараёни кор бо онҳо тамос мегирад, ҳалимона муносибат намояд. (ҚҶТ аз 26.12.11с.,№778)
Моддаи 122. Ҳавасмандгардонии меҳнат
Барои комёбиҳои кор, барои кори бардавом ва бенуқсон, навоварӣ дар меҳнат ва дигар дастовардҳои корӣ корфармо аз чунин тадбирҳои ҳавасмандгардонӣ истифода мебарад:
1) эълони раҳматнома;
2) додани мукофот;
3) мукофотонидан бо тўҳфаи пурқимат;
4) сарфароз гардондан бо ифтихорнома;
5) навиштани ном дар Лавҳаи ифтихор, дар Дафтари ифтихор .
Бо қоидаҳои тартиботи дохилии меҳнатӣ ҳамчунин дигар навъҳои ҳавасмандгардонӣ пешбинӣ шуда метавонанд.
Кормандон барои хизматҳои махсус баҳри ҷомеа ва давлат ба мукофотҳои давлатӣ пешниҳод шуда метавонанд.
Моддаи 123. Муҷозоти интизомӣ
Корфармо ҳақ дорад барои вайрон кардани интизоми меҳнат, яъне бо гуноҳи корманд иҷро нашудан ё ба таври лозима иҷро нашудани ўҳдадориҳояш муҷозоти зерини интизомиро истифода намояд.
1) сарзаниш;
2) танбеҳ;
3) аз вазифа озод кардан (бандҳои 3, 4, 6, 7, 10, 11 қисми якуми моддаи 46-уми Кодекс)
Бо санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, оинномаю низомномаҳои интизоми меҳнат барои категорияҳои алоҳидаи кормандон дигар навъҳои муҷозот низ пешбинӣ шуда метавонанд.
Истифодаи чораҳои таъсиррасонии интизомие, ки бо санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, оиннома ё низомномаи интизом пешбинӣ нашудаанд, манъ аст. (ҚҶТ аз 26.12.11с.,№778)
Моддаи 124. Тартиби истифодаи муҷозоти интизомӣ
Қабл аз истифодаи муҷозоти интизомӣ аз корманд бояд баёноти хаттӣ талаб карда шавад. Аз додани баёнот саркашӣ кардани корманд ба татбиқи муҷозот монеъ шуда наметавонад.
Муҷозоти интизомӣ бевосита баъди ошкор шудани кирдори корманд, аммо на дертар аз як моҳи содири он, ба ғайр аз вақти беморӣ ё дар рухсатӣ будани ў татбиқ мегардад. (ҚҶТ аз 25.03.11с. №683)
Муҷозот баъди шаш моҳи содири кирдори корманд ва аз рўи натиҷаҳои тафтиш ё санҷиши фаъолияти молиявию хоҷагӣ на дертар аз ду соли баъди содири чунин кирдор татбиқ шуда наметавонад. Ба мўҳлатҳои зикршуда вақти тафтиши парвандаи ҷиноӣ дохил намешавад.
Ҳангоми татбиқи муҷозоти интизомӣ вазнинии кирдор, ҳолати содиршавии он, кору амали пешина ва рафтори корманд ба эътибор гирифта мешаванд.
Барои як кирдор фақат як муҷозоти интизомӣ дода мешавад.
Фармон (амр) ё қарори татбиқи муҷозоти интизомӣ ба корманд эълон карда шуда, ў дар зераш имзо мегузорад.
Аз муҷозоти интизомӣ бо тартибе, ки барои баррасии баҳсҳои меҳнатии фардӣ муқаррар гардидааст, арз кардан мумкин аст.
Моддаи 125. Мўҳлати амали муҷозоти интизомӣ
Мўҳлати амали муҷозоти интизомӣ аз рўи татбиқи он зиёда аз як сол буда наметавонад. Агар корманд дар ин муддат ба муҷозоти нави интизомӣ гирифтор нашавад. Дар ин сурат ў муҷозотногирифта ҳисобида мешавад.
Корфармое, ки муҷозоти итизомиро татбиқ кардааст, ҳақ дорад бо ташаббуси худ, бо хоҳиши корманд бо тавсияи мақоми намояндагии дахлдори кормандони ташкилот ё роҳбари бевоситаи корманд муҷозотро пеш аз мўҳлати яксола беэътибор гардонад.
БОБИ 10.
ҶАВОБГАРИИ МОДДИИ ТАРАФҲОИ ШАРТНОМАИ (ҚАРОРДОДИ) МЕҲНАТӢ
Моддаи 126. Ўҳдадории тарафҳои шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ дар мавриди ҷуброни зиёне, ки ба тарафи дигар расонида шудааст
Тарафи шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ, ки бинобар иҷрои ўҳдадории соҳаи меҳнат ба тарафи дигар зиён расонидааст, ин зиёнро мутобиқи Кодекси мазкур, ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷуброн мекунад.
Шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ ё созишномаи хаттии иловагии он басташаванда, ҳамчунин аҳдномаи коллективӣ метавонанд, ки ҷавобгарии моддии тарафҳои шартномаи (қарордоди) меҳнатиро мушаххас намоянд. Ҳамзамон бо ин масъулияти шартномавии корфармо дар назди корманд набояд камтар ва масъулияти корманд дар назди корфармо набояд бештар аз он бошад, ки дар Кодекси мазкур, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст.
Қатъи муносибатҳои меҳнатӣ баъди расонидани зиён тарафи шартнома (қарордод)- ро аз ҷавобгарии моддии пешбиникардаи Кодекси мазкур, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон озод намесозад.
Моддаи 127. Шартҳои аз ҷиҳати моддӣ ҷавобгар шудани тарафи шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ барои расонидани зиён
Тарафи шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ барои зиёне, ки ба тарафи дигари ин шартнома дар натиҷаи рафтори гунаҳкоронаи зиддиҳуқуқии худ (амал ё беамалӣ) ва ба алоқаи байни рафтори гунаҳкоронаи зидди ҳуқуқӣ ва зиёни расонидашуда ба тарафи дигар расонидааст, аз ҷиҳати моддӣ ҷавобгар мешавад.
Ҷавобгарии корманд барои зиёни ба корфармо расонидашуда истисно мегардад, агар зиён дар натиҷаи қувваи рафънопазир, таваккали асосноки хоҷагӣ, зарурати ниҳоӣ ё мудофиаи зарурӣ ба миён омада бошад. (ҚҶТ аз 26.12.11с.,№778)
Моддаи 128. Зиёне, ки ба корманд ҷуброн карда мешавад
Корфармо ба корманд ҳама гуна зиён (аз ҷумла зиёни маънавӣ)- ро, агар дар Кодекси мазкур тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад, пурра ҷуброн мекунад.
Зиёни маънавӣ бо пул ё бо дигар шакл ба андозае, ки корфармо ва корманд муайян мекунанд, ҷуброн карда мешавад, дар сурати ба миён омадани баҳс ин масъала аз ҷониби суд ҳаллу фасл мегардад.
Моддаи 129. Ўҳдадории корфармо дар мавриди ҷуброни зиёне, ки ба корманд дар натиҷаи ғайриқонунӣ аз имконияти меҳнат кардан маҳрум намудани ў расидааст
Корфармо ўҳдадор аст, ки ба корманд маоши нагирифтаашро дар ҳама ҳолатҳои ғайриқонунӣ аз имконияти меҳнат кардан маҳрум намудани ў ҷуброн намояд. Чунин ўҳдадорӣ вақте ба миён меояд, ки корманд маоши худро дар натиҷаи:
1) ғайриқонунӣ ба кор қабул накардан, аз кор дур кардан, ба кори дигар гузаронидан, ё аз кор озод кардан;
2) қарори мақоми баррасикунандаи баҳсҳои меҳнатиро дар бораи кори собиқа барқарор намудан сари вақт иҷро накардан;
3) дер додани дафтарчаи меҳнатӣ;
4) бо ҳар роҳ паҳн кардани маълумоте, ки шаъни кормандро паст мезанад, нагирифтааст.
Корфармо дар ин ҳолат вақте ҷавобгар мешавад, ки корманди аз кор озод кардашуда ҳангоми ба кори дигар қабул шудан ба мушкилӣ дучор ояд.
Моддаи 130. Ҷавобгарии моддии корфармо барои зиёне, ки ба молу мулки корманд расидааст
Корфармое, ки дар натиҷаи ғайри қобили қабул иҷро кардани ўҳдадориҳои худ мувофиқи шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ ба асбобу анҷоми шахсӣ ё дигар молу мулки корманд зиён расонидааст, онро пурра ҷуброн мекунад. Андозаи зиён бо нархи бозор, ки дар маҳалли мазкур дар лаҳзаи ҷуброни зиён амал мекунад, ҳисоб карда мешавад.
Бо мувофиқаи тарафайн ё бо қарори суд зиён метавонад бо мол ҷуброн карда шавад.
Моддаи 131. Тартиби баррасии парвандаҳо оиди ҷуброни зиёне, ки ба корманд расонида шудааст
Корманд дар бораи ҷуброни зиён ба корфармо ариза менависад. Корфармо вазифадор аст, ки аризаи расидаро баррасӣ намояд ва дар давоми даҳ рўзи баъди расидани он қарори дахлдор қабул кунад.
Агар корманд бо қарори корфармо розӣ набошад ё дар мўҳлати муқарраршуда ҷавоб нагирад, ў метавонад ба мақомоте, ки баҳсҳои меҳнатиро баррасӣ мекунад, муроҷиат намояд.
Моддаи 132. Ҷавобгарии моддии корманд барои зиёни ба корфармо расонидашуда
Корманд вазифадор аст, ки зиёни воқеии ба корфармо расонидаашро ҷуброн намояд, ба шарте ки дар Кодекси мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва инчунин дар санади меъёрии дохилӣ (локалӣ) тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад. Новобаста аз зиёни расонидашуда даромади бадастнаомада (самараи аздастрафта) аз корманд рӯёнида намешавад.
Зиёни воқеӣ ин воқеан кам кардани молу мулки нақди корфармо ё бад кардани ҳолати молу мулки мазкур (аз ҷумла, молу мулки шахси сеюми дар назди корфармо қарордошта, агар корфармо барои нигоҳубини ин молу мулк масъулият дошта бошад), ҳамчунин барои корфармо зарурати харҷ ё пардохти маблағи иловагӣ барои харидан, барқарор кардани молу мулк ё ҷуброни зиёне, ки аз ҷониби корманд ба шахсони сеюм расонида шудааст, мебошад. (ҚҶТ аз 26.12.11с.,№778)
Моддаи 133. Ҳуқуқи корфармо дар мавриди сарфи назар кардан аз ситонидани товони зиён
Корфармо бо назардошти ҳолатҳои мушаххасе, ки бар асари онҳо ба ў зиён расидааст, ҳамчунин бо назардошти аҳволи моддии корманд ҳақ дорад аз пурра ё қисман ситонидани товони зиён даст кашад.
Дар ташкилотҳои давлатӣ қарори мазкурро корфармо бо мувофиқаи мақоми дахлдори намояндагии кормандони ташкилот қабул мекунад ва товони зиён дар ин ҳолат аз ҳисоби маблағи ташкилот дода мешавад.
Моддаи 134. Ҳадди ҷавобгарии моддии корманд
Корманде, ки бо гуноҳи ў ба корфармо зиёни моддӣ расидааст, ба андозаи зиёни воқеӣ, аммо на зиёдтар аз моҳонаи миёнааш ҷавобгарии моддӣ дорад.
Ҷавобгарии моддии зиёда аз моҳонаи миёна танҳо дар ҳолатҳои пешбиникардаи моддаи 136 Кодекси мазкур иҷозат дода мешавад.
Моддаи 135. Ҷавобгарии маҳдуди моддии корманд
Мутобиҳи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон инҳо ҷавобгарии маҳдуди моддӣ доранд:
1) кормандон - ба андозаи зиёни расонидаашон, вале на зиёдтар аз моҳонаи миёнаашон барои аз беэҳтиёти вайрон ё нобуд кардани масолеҳ, маҳсулоти нимтайёр, маснуот (маҳсулот), аз ҷумла ҳангоми истеҳсоли онҳо. Барои аз беэҳтиётӣ вайрон ё нобуд кардани афзор, олоти андозагирӣ, либоси махсус ва дигар чизҳое, ки ташкилот ба корманд ҷиҳати истифода додааст, кормандон ба ҳамин андоза ҷавобгарии моддӣ доранд:
2) роҳбарони ташкилотҳо ва муовинони онҳо, инчунин роҳбарони бахшҳои таркибии ташкилотҳо ва муовинони онҳо ба андозаи зиёни расондаашон, аммо на зиёдтар аз моҳонаи миёнаашон, ба шарте, ки дар натиҷаи зиён ташкилот ба пардохтҳои иловагӣ маҷбур шавад ё зиён дар натиҷаи пешбурди нодурусти ҳисоб ва сариштаи арзишҳои моддӣ ва пулӣ, наандешидан чораҳои пешгирии истеҳсоли маҳсулоти бесифат, дуздӣ, нобуд ва хароб кардани арзишҳои моддӣ ва пулӣ расонида шавад;
3) шахсони масабдор - дар ҳолатҳо ва ҳудуде, ки дар моддаи 203- юми Кодекси мазкур пешбинӣ шудаанд. (ҚҶТ аз 26.12.11с.,№778)
Моддаи 136. Ҳолатҳои ҷавобгарии пурраи моддии кормандон
Ҷавобгарии пурраи моддии корманд аз ўҳдадории корманд дар мавриди ҷуброни пурраи зиён иборат аст.
Ҷавобгарии моддӣ ба андозаи пурраи зиёни расонидашуда ба зиммаи корманд дар ҳолатҳои зерин гузошта мешавад:
1) барои камомади арзишҳое, ки ба ў дар асоси шартномаи махсуси хаттӣ супорида шудаанд;
2) барои камомади арзишҳое, чи бо санадҳои якдафъавӣ қабул карда шудаанд;
3) дар асоси санадҳои қонунгузории дахлдор;
4) барқасдона расонидани зиён;
5) расондани зиён дар ҳолати мастӣ аз шароб ё аз моддаҳои нашъадор ё токсикӣ;
6) расонидани зиён дар натиҷаи амали ҷинояткоронаи корманд, ки бо ҳукми суд муқаррар шудааст;
7) расонидани зиён ҳангоми ба ҷо наовардани ўҳдадориҳои меҳнатӣ;
8) барқасдона фош намудани сирри хизматӣ ва тиҷоратӣ, агар шартҳои маҳфуз нигоҳ доштани он дар шартномаи меҳнатӣ пешбинӣ шуда бошанд.
9) дар ҳолатҳое, ки ҷавобгарии пурраи, зиёни ҳангоми иҷрои вазифа расондаи корманд мутобиқи санадҳои қонунгузорӣ ба зимааш гузошта шудааст.
Ҷавобгарӣ дар ҳаҷми пурраи зиёни расондашуда дар шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ, ки бо роҳбари ташкилот, муовинони ў ва сармуҳосиб баста шудааст, муқаррар шуда метавонад.
Моддаи 137. Ҷавобгарии пурраи моддии корманд барои камомади арзишҳое, ки ба ў дар асоси шартномаи махсус супорида шудаанд
Корманде, ки бо пул ё арзишҳои молӣ сарукор дорад, барои камомади онҳо, ки ба ў дар асоси шартномаи мхсус супорида шудаанд ҷавобгарии пурраи моддӣ дорад.
Бо корманде, ки ба синнӣ ҳаждаҳ расидаасту бевосита бо пулу арзишҳои молӣ сарукор дорад, ҳам дар вақти ба кор қабул кардан ва ҳам баъдан ба таври илова ба шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ оид ба ҷавобгарии пурраи моддии фардӣ ё бригадавӣ шартномаи махсус баста шуданаш мумкин аст.
Номгўи категорияҳои кормандоне, ки бо онҳо шартномаи мазкур баста шуданаш мумкин аст, бо шартномаи коллективӣ муқаррар мешавад; агар шартнома, баста нашуда бошад, номгўи мазкур аз тарафи корфармо бо мувофиқаи мақоми намояндагии кормандони ташкилот муайян карда мешавад. Ба ҳамин тартиб номгўи бахшҳои таркибие низ муқаррар карда мешаванд, ки дар онҳо ҳангоми корҳои бевосита бо пул ё арзишҳои молӣ алоқамандро якҷоя ба ҷо овардани кормандон ҷавобгарии бригадавӣ ё дигар ҷавобгарии коллективӣ ҷори шуданаш мумкин аст.
Шартномаи ҷавобгарии пурраи моддии фардӣ ё бригадавӣ ва ё дигар ҷавобгарии коллективӣ ўҳдадориҳои тарафҳои шартномаи (қарордоди) меҳнатиро оиди эҳтиёт кардани арзишҳое, ки ба корманд (коллектив) супорида шудаанд, мушаххас месозад ва ҳуқуқу ўҳдадорӣ ва ҷавобгарии иловагии онҳоро муқаррар менамояд.
Мувофиқи шартномаи ҷавобгарии пурраи моддии фардӣ арзишҳо ба корманди мушаххас, ки барои камомади онҳо шахсан ҷавобгар аст, супорида мешаванд. Барои озод шудан аз ҷавобгарӣ корманде, ки бо ў шартномаи мазкур баста шудааст, бояд бегуноҳии худро исбот созад.
Мувофиқи шартномаи ҷавобгарии моддии бригадавӣ (коллективӣ) арзишҳо ба гурўҳи муқарраршудаи шахсон (бригада), ки барои камомади онҳо ҷавобгарии пурраи моддӣ ба дўши ин шахсон вогузор мегардад, супорида мешаванд. Барои озод шудан аз ҷавобгарӣ узви алоҳидаи бригада бояд бегуноҳии худро исбот созад.
Дар ташкилотҳое, ки арзишҳо, сару кор доранд (нигоҳдорӣ, фурўш, ҳамлу нақл, коркард) корфармо баъди машварат бо мақоми дахлдори намояндагии кормандони ташкилот фонди таввакал (риск) таъсис карда метавонад, ки аз ҳисоби он камомад ҷуброн карда мешавад.
Ҳангоми ихтиёран ҷуброн кардани зиён (моддаи 14-уми Кодекси мазкур) андозаи гуноҳи ҳар узви бригада бо мувофиқаи ҳамаи аъзои бригада ва корфармо муайян карда мешавад. Ҳангоми бо тартибӣ судӣ ситонидани товони зиён андозаи гуноҳи ҳар узви бригадаро суд муайян мекунад.
Моддаи 138. Муайян кардани андозаи зиён
Андозаи зиёни ба корфармо расонида аз рўи талафоти воқеӣ, дар асоси маълумоти ҳисобу китоби муҳосибавӣ муайн карда мешавад.
Ҳангоми гум кардан, хароб намудан ва дуздидани молу мулки корфармо, ки ба фондҳои (воситаҳои) асосӣ мансубанд, андозаи зиён аз рўи нархи бозории роиҷи маҳалли мазкур дар рўзи расонидани зиён (аммо на камтар аз арзиши балансӣ бо назардошти дараҷаи фарсудагии амвол) ҳисоб карда мешавад.
Дар ҳолатҳои дигар андозаи зиён бо нархи бозорӣ, ки дар маҳалли мазкур дар рўзи расонида шудани зиён роиҷ аст, ҳисоб карда мешавад.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад тартиби махсуси муайян намудани андозаи товони зиён, аз ҷумла ба ҳисоби карати зиёни ба корфармо бо роҳи дуздидан, барқасдона хароб ё гум кардани навъҳои алоҳидаи молу мулк ва дигар арзишҳо расондаро, ҳамчунин дар ҳолатҳое, ки андозаи воқеъии зиён аз андозаи аслии он зиёд аст, муқаррар менамояд.
Моддаи 139. Ўҳдадории корфармо дар мавриди муқаррар намудани андозаи зиён ва сабаби сар задани он
Корфармо вазифадор аст то қабул гардидани қарори товони зиёнро додани кормандони мушаххас ҷиҳати муқаррар намудани андозаи зиён ва сабабҳои сар задани он тафтиш гузаронад.
Барои чунин тафтиш корфармо ҳақ дорад бо иштироки мутаххасисони дахлдор комиссия ташкил намояд.
Аз корманд талаб кардани баёноти хаттӣ барои муқаррар намудани сабаби сар задани зиён ҳатмӣ мебошад.
Корманд ҳақ дорад, ки бо тамоми маводи тафтиш шинос шавад, дар тафтиш иштирок намояд.
Моддаи 140. Товони зиёнро ихтиёран додани корманд
Корманде, ки ба кофармо зиён расондааст, метавонад товони онро ихтиёран пурра ё қисман диҳад.
Зиён дар ҳудуди пешбиникардаи Кодекси мазкур ихтиёран ҷуброн карда мешавад.
Бо мувофиқаи корманд ва корфармо товони зиёнро дертар додан мумкин аст. Дар ин ҳолат корманд дар бораи ҷуброни зиён бо зикри мўҳлати мушаххаси пардохт ба корфармо ўҳдадории хаттӣ пешниҳод мекунад.
Агар корманде, ки дар бораи ҷуброни ихтиёрии зиён ўҳдадории хаттӣ додааст, бо сабаби қатъи муносибатҳои меҳнатӣ зиёнро ҷуброн накунад, дар ин сурат товони зиён ба тариқи судӣ ситонида мешавад.
Корманд метавонад бо ризоияти корфармо барои ҷуброни зиён ба ў амволи баробарқимат диҳад ё молу мулки харобшударо дуруст намояд.
Моддаи 141. Тартиби ситонидани товони зиён
Маблағи зиёне, ки аз маоши якмоҳаи корманди гунаҳгор зиёд нест бо фармоиши корфармо ситонида мешавад. Фармоиш на дертар аз ду ҳафтаи ошкор шудани зиён содир шуда метавонад.
Агар маблағи зиёне, ки бояд аз корманд ситонида шавад, аз моҳонаи миёнаи ў зиёд бошад ё аз рўзи ошкор шудани зиён ду ҳафта гузашта бошад, он ба тариқи судӣ ситонида мешавад.
Дар сурати розӣ набудани корманд аз маблағи ситонидашудаи зиён ў ҳақ дорад, ки ба суд муроҷиат намояд.
Моддаи 142. Ҷуброни зиёне, ки ба ташкилоти давлатӣ роҳбар расонидааст
Товони зиёне, ки ба ташкилоти давлатӣ бо гуноҳи роҳбари он расидааст, бо риояи қоидаҳои муқаррарнамудаи Кодекси мазкур ситонида мешавад.
Қарори аз роҳбари ташкилоти давлатӣ ситонидани товони зиёнро мақоме, ки ҳаққи моликро дорад, қабул мекунад. Ин мақом ҳамчунин ҳақ дорад, ки товони зиёнро аз роҳбар бо тариқи судӣ ситонад.
Моддаи 143. Аз тарафи суд кам кардани андозаи зиёне, ки бояд аз корманд ситонида шавад
Суд метавонад бо назардошти андоза ва намуди гуноҳ, ҳолатҳои мушаххас ва аҳволи моддии корманд андозаи товони зиёнеро, ки бояд аз корманд ситонида шавад, кам кунад.
Агар зиён дар натиҷаи ҷинояти бо мақсади ғаразнок содиршуда расонида шуда бошад, ба кам кардани товони зиёне, ки бояд аз корманд ситонида шавад, роҳ дода намешавад. (ҚҶТ аз 26.12.11с.,№778)
БОБИ 11.
ҲИФЗИ МЕҲНАТ
Моддаи 144. Талаботи ҳифзи меҳнат
Дар тамоми ташкилотҳо бояд шароити меҳнат, ки ба талаботи бехатарӣ ва гигиенӣ ҷавобгў аст, муҳайё карда шавад. Муҳайё кардани чунин шароит вазифаи корфармо мебошад.
Талаботи ҳифзи меҳнат бо санадҳои қонунгузорӣ ва дигар санади меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад. (ҚҶТ аз 26.12.11с.,№778)
Корфармо барои риоя накардани талаботи ҳифзи меҳнат ҷавобгар аст.
Моддаи 145. Ҳуқуқи корманд ба гирифтани маълумот дар бобати ҳифзи меҳнат
Дар вақти бастани шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ корфармо бояд ба корманд дар бораи шароити меҳнат, аз ҷумла дар бораи омилҳои зарарнок ё хатарноки истеҳсолӣ, хатари бемориҳои касбӣ ва дигар бемориҳо, дар хусуси имтиёзот ва ҷубронҳое, ки вобаста ба ин корманд ба гирифтани онҳо ҳақ дорад, инчунин аз воситаҳои ҳифозати фардӣ маълумот диҳад.
Корфармо вазифадор аст мунтазам (соле на камтар аз як бор) кормандон ва ё намояндагони онҳоро аз ҳолати шароити меҳнати дар истеҳсолот ва ҷойҳои кор, оид ба натиҷаи тафтиши шароити меҳнат аз тарафи мақомоти назоратӣ, андешидани тадбирҳо дар мавриди таъмини шароити солим ва бехатарии меҳнат хабардор созад, ҳамчунин ин хел маълумотро бо хоҳиши корманд дар ихтиёри ў гузорад.
Ин талабҳоро риоя накардани корфамо барои ўро мутобиқи санадҳои қонунгузорӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавогарӣ кашидан асос мешавад. (ҚҶТ аз 26.12.11с.,№778)
Моддаи 146. Муоинаи тиббии баъзе категорияҳои кормандон
Корфармо вазифадор аст пешакӣ ҳангоми бастани шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ ва дар ҷараёни кор давра ба давра кормандонеро, ки шароити корашон вазнин, зарарнок ва ё хатарнок аст, аз ҷумла дар зери замин ва шабона, ҳамчунин дар воситаҳои нақлиёт кор мекунанд, ба мақсади муайян кардани мутобиқати кори иҷрошаванда ба саломатии онҳо ва пешгирии бемориҳои касбӣ ҳатман аз муоинаи тиббӣ гузаронад.
Кормандоне, ки дар саноати хўрокворӣ, соҳаи хўроки умумӣ, савдо ва дигар соҳаҳое, ки бевосита бо адои хизмати аҳолӣ машғуланд, бо мақсади ҳифзи саломатии аҳолӣ, пешгирӣ аз пайдоиш ва паҳншавии бемориҳо аз муоинаи тиббӣ мегузаранд.
Дар корҳои шароиташон махсусан хатарнок кормандон пеш аз оғози кор аз муоинаи тиббӣ гузаронида мешаванд.
Агар корманд чунин шуморад, ки бад шудани вазъи саломатиаш ба шароити меҳнат вобаста аст, ў ҳақ дорад ғайринавбатӣ аз муоинаи тиббӣ гузаштанашро талаб намояд.
Рўихати омилҳои зарарноки истеҳсолӣ ва корҳое, ки ҳангоми иҷрои онҳо кормандон аз муоинаи тиббии пешакӣ ва даврӣ мегузаранд, тартиб ва мўҳлати гузаронидани онҳо аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
Ҳангоми аз муоинаи тиббӣ саркашӣ кардани корманд ё тавсияҳои дар натиҷаи муоинаи тиббӣ додашударо риоя накардани ў корфармо ҳақ дорад ўро ба иҷрои ўҳдадорҳои меҳнатиаш роҳ надиҳад.
Кормандон барои гузаштан аз муоинаи тиббӣ маблағ сарф намекунанд.
Моддаи 147. Имтиёзот ва ҷубронҳо барои кормандоне, ки шароити корашон зарарнок аст.
Дар корҳои шароиташон зарарнок ба кормандон мувофиқи меъёрҳои муқарраргардида бепул шир ё дигар маҳсулоти ба он баробар дода мешавад.
Меъёрҳои додани шир ё дигар маҳсулоти ба он баробар, тартиби додани онҳо, номгўи моддаҳои химиявие, ки ҳангоми кор кардан бо онҳо ба мақсадҳои профилактикӣ истеъмоли шир ё дигар маҳсулоти ба он баробар тавсия мешавад, бо санади меъёрӣ муқаррар мегарданд.
Дар корҳои шароиташон махсусан хатарнок мувофиқи меъёрҳои муқарраршуда ройгон хўроки табобатию профилактикӣ дода мешавад.
Рўйхати истеҳсолот, ихтисосу вазифаҳое, ки машғул шудан бо онҳо ба гирифтани хўроки табобатию профилактикӣ ҳуқуқ медиҳад, вояи чунин хўрок ва қоидаҳои додани он бо тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мегардад.
Корфармо ўҳдадор аст ба корманд ба ғайр аз ин имтиёзоту ҷубронҳо дигар имтиёзоту ҷубронҳои пешбиникардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро диҳад. (ҚҶТ аз 26.12.11с.,№778)
Моддаи 148. Таъмин намудан бо либоси махсус ва дигар воситаҳои ҳифозати фардӣ ва гигенӣ
Корфармо вазифадор аст ба кормандоне, ки бо корҳои шароиташон зарарнок ва хатарнок, ҳамчунин дар шароити номусоиди ҳароратӣ ё бо ифлосӣ вобаста машғуланд, мувофиқи меъёрҳои муқараршуда бепул либосу пойафзоли махсус ва дигар воситаҳои ҳифозати фардӣ ва гигиенӣ диҳад.
Либосу пойафзоли махсус ва дигар воситаҳои ҳифозати фардӣ ба кормандон додашуда аз тарафи корфармо нигоҳдорӣ, шустушўй, дезинфексия, дезактиватсия ва таъмир карда мешаванд.
Агар либосу пойафзоли махсус ва дигар воситаҳои ҳифозати шахсиро ба корманд надода бошанд ё мўҳлати додани ин воситаҳо гузашта бошаду корманд ноилоҷ онҳоро ба пули худ харида гирад, корфармо ба корманд хароҷоти харидории воситаҳои мазкурро ҷуброн мекунад. Дар сурати на бо гуноҳи корманд пеш аз мўҳлат фарсуда шудани воситаҳои ҳифозати фардӣ корфармо вазифадор аст, ки онҳоро иваз намояд.
Агар ба сабаби кормандро бо воситаҳои ҳифозоти фардӣ таъмин накардан ба ҳаёту саломатии ў хатар таҳдид намояд, вай метавонад корро бас кунад. Барои мўҳлати қатъи кор ҳамчун барои бекористӣ на бо гуноҳи корманд ҳақ дода мешавад.
Моддаи 149. Дастур додан ба кормандон оид ба қоидаҳои ҳифзи меҳнат ва усулҳои бехатарии кор
Корфармо вазифадор аст ба ҳамаи кормандоне, ки онҳоро ба кор мегирад, инчунин ба дигар кор мегузаронад, оид ба ҳифзи меҳнат ва омўзиши усулҳои бехаттари кор дастур диҳад.
Барои кормандони истеҳсолоти шароити корашон хеле хатарнок бояд таълими ҳифзи меҳнат ба роҳ монда, онҳо баъди хатми таълим имтиҳон супурда, минбаъд давра ба давра аз нав имтиҳон карада шаванд.
Дастурдиҳӣ, таълим ва санҷиши давра ба давраи дониши кормандон, аз ҷумла мутахассисон ва роҳбароне, ки барои ҳолати ҳифзи меҳнат масъуланд, бо тартиб ва дар мўҳлатҳои муқаррарнамудаи санади меъёрии дахлдор ба роҳ монда мешаванд.
Шахсоне, ки бо тартиби муқарраршуда аз ҳифзи меҳнат ва усулҳои бехатари кор дастур ва таълим нагирифтаанд, ба кор роҳ дода намешаванд.
Донистани қоидаю меъёрҳои бехатарӣ ва ҳифзи меҳнат қисми таркибии талаботи ихтисосие мебошад, ки аз кормандон тақозо мешавад.
Моддаи 150. Корро қатъ кардани корманд дар ҳолати ба ҳаёт ва саломатии ў таҳдид намудани хатар
Агар корманд дар ҷараёни кор ба ҳаёт ва саломатиаш таҳдид кардани хатарро пай барад ва онро бо воситаҳои дар ихтиёрдоштааш бартараф карда натавонад, ҳақ дорад аз ҷазои корфармо андеша накарда, корро қатъ намояд.
Корманд вазифадор аст, ки аз вазъияти хатарноки ҷараёни кор роҳбари бевосита (сардори бригада, усто, сардори қитъа) ё мақоми ҳифзи меҳнати ташкилотро хабардор созад. Дар давраи бартараф намудани хатар маоши миёнаи корманд нигоҳ дошта мешавад.
Моддаи 151. Бо сабаби вазъи саломатӣ ба кори сабуктар гузаронидан
Корфармо вазифадор аст кормандонеро, ки бо сабаби вазъи саломатӣ, аз ҷумла маъюбӣ, бемории касбӣ ё дигар сабаби носолимии вобаста бо иҷрои ўҳдадориҳои меҳнатӣ ба кори нисбатан сабуктар эҳтиёҷ доранд, бо мувофиқаи онҳо ва мутобиқи хулосаи тиббӣ онҳоро мувақкатан ё бе маҳдудияти мўҳлат бо чунин кор гузаронида, ба андозаи зарурат ҷойҳои нави кор, сеху, қитъаҳо ташкил намояд.
Музди меҳнати кормандоне, ки бо сабаби вазъи саломатӣ, ба кори дигар мегузарад ё кўмакпулии онҳо аз рўи суғуртаи иҷтимоӣ бо тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохта мешавад.
Дар ҳолатҳое, ки бо сабаби маъюбии меҳнатӣ, бемории касбӣ ё дигар сабаби носолимии вобаста бо иҷрои ўҳдадориҳои меҳнатӣ зарурати тағйири ихтисос пеш меояд, корфармо вазифадор аст барои оқилона ба кор таъмин намудани корманди мўҳтоҷи такмили ихтисос бозомўзии ўро бо нигоҳ доштани музди миёнаи меҳнаташ дар давраи мазкур, аммо на зиёда аз дувоздаҳ моҳ ташкил намояд.
Агар шароити истеҳсолот ба ташкили оқилонаи бо кор таъмин намудани корманди дар ҷараёи кор маъюбшуда, бемории касбӣ ё дигар сабаби носолими вобаста бо иҷрои ўҳдадории меҳнатӣ рўйдода имкон надиҳад, шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ бо ў катъ карда, кўмакпулиаш пардохта мешавад.
Андозаи кўмакпулӣ бо ризояти ҳар ду тараф муайян карда мешавад ва ҳаҷми он набояд аз маоши миёнаи шашмоҳа камтар бошад.
Моддаи 152. Чораҳои иловагӣ дар мавриди ҳифзи меҳнати маъюбон
Корфармо вазифадор аст, маъюбонеро, ки мақомоти давлатии шуғлӣ аҳолӣ бо мақсади ба кор таъмин кардани онҳо фиристодааст, бо ҳисоби квотаи муқарраршуда ба кор қабул намояд.
Тавсияҳои Хадамоти давлатии ташхиси тиббию иҷтимоиро оид ба низоми вақти нопурраи корӣ, сабуктар кардани кор ва дигар шароити меҳнати маъюбонаро иҷро кардани корфармо ҳатмӣ мебошад.
Барои маъюбони коркунанда рўзи шашсоатаи кор бидуни кам кардани музди меҳнат муқаррар карда мешавад.
Ба маъюбони гурўҳҳои ӯ ва ӯӯ бо давомнокии 42 рўзи тақвимӣ ва барои маъюбони гурўҳи ӯӯӯ бо давомнокии 35 рўзи тақвимӣ рухсатии меҳнатӣ дода мешавад.
Маъюбонро ба кори шабона, ҳамчунин ба изофакорӣ, ба кори рўзҳои истироҳат танҳо бо ризояти худашон ва ба шарте ҷалб кардан мумкин аст, ки чунин корҳо бо нишондодҳои тиббӣ манъ карда нашуда бошад.
Моддаи 153. Хизматрасонии санитарию маишӣ ва тиббии корманд
Корфармо вазифадор аст вобаста ба навъи фаъолияти ташкилот ва бо назардошти талаботи кормандон онҳоро бо оби нўшиданӣ таъмин намояд ва хўроки онҳоро ташкил кунад: дар ташкилот утоқҳои санитарию маишӣ: ҷои либоскашӣ, оббозӣ, утоқҳои махсус (ҷойҳои махсус барои рафъи хастагии зиёди ҷисмонӣ ва рўҳӣ), утоқи гигиенаи шахсӣ барои занҳо, пунктҳои расонидани ёрии аввалияи тиббиро дар мавриди фалокат ва ё бемор шудани кас дар ҷои кор муҷаҳҳаз созад.
Корфармо вазифадор аст, ки хадамот ва муассисаҳои дахлдори тандурустӣ (пункти тиббӣ, қисми тиббию санитарӣ, шифохона) - ро бо тартиби муайянкардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил намояд.
Моддаи 154. Ўҳдадориҳои корманд дар мавриди риояи меъёру қоидаҳо ва дастуурамалҳои ҳифзи меҳнат
Корманд вазифадор аст, ки талаботи меъёру қоидаҳо ва дастурамалҳоро оиди ҳифзи меҳнат, ҳамчунин фармоишҳои корфарморо доир ба бехатарии пешбурди корҳо риоя намояд, аз воситаҳои ҳифозати фардӣ истифода кунад, дар бораи ҳар гуна ҳолате, ки ба ақидаи ў, ба ҳаёт ва саломатии одамон хатари бевосита дорад, инчунин дар хусуси ҳар гуна фалокат, ки дар ҷараёни кор ё вобаста ба он рўй додааст, роҳбари бевоситаи худ (сардори бригада, усто, садори қитъа)- ро зуд хабардор созад.
Барои риоя накардани ўҳдадориҳои зикршуда корманд ба ҷавобгарии интизомӣ ва моддӣ ва дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида мешавад.
Моддаи 155. Баҳисобгирӣ ва тафтиши ҳолатҳои фалокат дар истеҳсолот
Корфармо вазифадор аст сабабҳои фалокатро дар истеҳсолот фавран тафтиш намояд, мувофиқи намунааи муқарраршуда акти тартиб диҳад ва фалокатҳои дар истеҳсолот рухдодаро саривақт ба кайд гирад.
Корфармо вазифадор аст бо талаби ҷабрдида нусхаи акти фалокатро на дертар аз се рўзи баъди хатми тафтиш ба ў диҳад.
Агар корфармо аз тартиб додани акти фалокат саркашӣ кунад ё ҷабрдида бо ҳолатҳои дар акти фалокат нишондодашуда розӣ набошад, ҷабрдида ҳақ дорад, ки ба мақоми дахлдори намояндагии кормандони ташкилот ё ба суд муроҷиат намояд.
Моддаи 156. Ҷуброни зиён бо сабаби бад шудани саломатӣ ё фавти корманд
Агар корфармо бинобар таъсири қувваи рафънопазир ё ғарази ҷабрдида аз сарчашмаи хатари зиёд ба корманд расидани зиёнро исбот карда натавонад, бояд ин зиёнро бо тартиби пешбининамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷуброн намояд.
Агар корфармо исбот созад, ки зиён на бо гуноҳи ў расидааст, ҳангоми расидани зиён дар шароити оддӣ (на аз таъсири сарчашмаи хатари зиёд) ў аз ҷуброн кардани зиён озод шуда метавонад.
Музди аз дастрафта, хароҷоти бад шудани саломатӣ, ҳамчунин зиёни маънавӣ бояд ҷуброн шавад.
Ҳангми таъин ва пардохти маблағ барои ҷуброни зиён музди меҳнат, стипендия, нафақа ва дигар даромади корманд ба ҳисоб гирифта намешаванд.
Ба корманде, ки дар натиҷаи фалокати истеҳсолӣ маъюб шудааст ва дар сурати фавти ў ба шахсоне, ки, таҳти саробонии ў мебошанд бар иловаи пардохти зиёни дар чунин ҳолатҳо муқарраршуда инчунин кўмакпулии якдафъаина бо тартиб ва андозаи муқаррарнамудаи санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохта мешавад.
Дар ҳолати фавти ҷабрдида ҳуқуқи гирифтани товони зиён ба шахсони ғайриқобили меҳнат кор, ки таҳти саробонии маҳрум буданд ё то рўзи фавти ў ва гирифтани маблағ аз ин корманд ҳақ доштанд, ҳамчунин тифли маҳрум, ки баъди марги ў таваллуд шудааст, мегузарад. (ҚҶТ аз 26.12.11с.,№778)
Нафақае, ки бо сабаби фавти саробони оила таъин мегардад, ба ҳисоби ҷуброни зиён дохил намешавад.
Корфармо зиёни маънавиро дар сурати гунаҳкор буданаш ба расидани зиён ба андозаи бо ризоияти ҷабрдида ё шаҳрванд муайянгардиде, ки ба сабаби фавти ҷабрдида ба гирифтани товони зиён ҳақ дорад, ҷуброн мекунад. Ҳангоми ба миён омадани баҳс андозаи зиёни маънавӣ ба тариқи судӣ муайян карда мешавад.
Моддаи 157. Назорати аз тарафи корманд риоя шудани қоидаю меъёрҳои ҳифзи меҳнат
Назорати доимии риоя шудани тамоми талабот, қоидаҳо ва меъёрҳои бехатарии пешбурди корҳо ва ҳифзи меҳнат аз тарафи кормандон ба зиммаи корфармо аст.
Моддаи 158. Назорати ҳолати ҳифзи меҳнат
Ба ҳолати ҳифзи меҳнат мақоми давлатие назорат мекунад, ки дар фаъолияти худ ба корфармо вобаста нест.
Назорати ҷамъиятии риояи меъёру қоидаҳои ҳифзи меҳнатро иттифоқҳои касаба ва дигар мақомоти намояндагии кормандон ба ўҳда доранд.
БОБИ 12. КАФОЛАТҲОИ ИЛОВАГӢ БАРОИ ЗАНОН ВА ШАХСОНЕ, КИ ВАЗИФАҲОИ ОИЛАВӢ ДОРАНД
Моддаи 159. Кафолатҳо барои занони ҳомила ва фарзанддор ҳангоми ба кор қабул кардани онҳо
Ба кор қабул накардани занон ва кам кардани музди меҳнати онҳо ба сабаби ҳомиладорӣ ё фарзанддории онҳо манъ аст. Ҳангоми ба кор қабул накардани зани ҳомила ё зане, ки тифли то сесола дорад ва модарони яккаву танҳо, ки фарзандони то чордаҳсола (фарзанди маъюби то ҳаждаҳсола) доранд, корфармо вазифадор аст, ки сабабҳои ба кор қабул накарданашро хаттӣ хабар диҳад. Шахсони мазкур метавонанд аз саркашии корфармо барои қабул ба кор ба суд муроҷиат намоянд.
Корфармо вазифадор аст занонеро, ки мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ бо мақсади бо кор таъмин кардани онҳо мефиристад, ба ҳисоби квотаи муқарраршуда ба кор қабул намояд. (ҚҶТ аз 26.12.11с.,№778)
Моддаи 160. Корҳое, ки истифодаи меҳнати занон дар онҳо манъ аст
Занонро дар корҳои зеризаминӣ, дар корҳои вазнин ва корҳои шароиташон зарарнок, ҳамчунин дар корҳои борбардорию боркашии дастии аз меъёри барои онҳо қабулшуда зиёд кор фармудан манъ аст.
Номгўи истеҳсолот, кору ихтисосҳо ва вазифаҳои шароити корашон вазнину зарарнок ё хатарнокро, ки истифодаи меҳнати занон дар онҳо манъ аст ва ҳадди ниҳоии меъёри борҳоеро, ки барои занон дастӣ бардоштан ва кашондани онҳо иҷозат дода мешавад, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунад.
Моддаи 161. Маҳдудияти меҳнати занон дар корҳои шабона
Ба корҳои шабона ҷалб кардани занон, ба истиснои он соҳаҳои хоҷагии халқ, ки ин хеле зарур аст, манъ мебошад.
Ҳангоми ташкили корҳои наздикихтисос ба заноне, ки кўдакони синни то чордаҳсола (кўдакони маъюби синни то ҳаждаҳсола) доранд, бо назардошти имконияти истеҳсолот имтиёз дода шавад, ки онҳо рўзона кор кунанд.
Соҳаҳои мушаххаси хоҷагии халқ, истеҳсолот ва намудҳои алоҳидаи коре, ки истифодаи меҳнати шабонаи занон дар онҳо иҷозат дода мешавад, аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар мегарданд.
Моддаи 162. Маҳдудияти ҷалб кардани занон ва ашхоси дорои вазифаҳои оилавӣ ба корҳои шабона, изофакориҳо, кор дар рӯзҳои истироҳату ид ва фиристодан ба сафари хизматӣ
Ба корҳои шабона, изофакориҳо ва ба кор дар рӯзҳои истироҳату ид ҷалб кардан, ба сафари хизматӣ фиристодани занони ҳомила иҷозат дода намешавад.
Занони кӯдакдор ва ашхосе, ки бинобар вазифаҳои оилавӣ нигоҳубини кӯдакро ба ӯҳда доранд, бо розигии онҳо ба изофакориҳо ҷалб карда ё ба сафари хизматӣ фиристода мешаванд. (ҚҶТ аз 25.03.11с. №683)
Моддаи 163. Ба кори сабуктар гузаронидани занони ҳомила ва заноне, ки тифли то якунимсола доранд
Меъёри коркард, меъёри хизматрасонии занони ҳомила мутобиқи хулосаи тиббӣ кам карда мешавад ё онҳо ба кори сабуктари бе омилҳои номусоиди истеҳсолӣ гузаронида, моҳонаи миёнаашон аз рўи кори пешинаашон дода мешавад.
То ҳалли масъалаи гузаронидани зани ҳомила ба кори дигари сабуктари бе омилҳои номусоиди истеҳсолӣ ў бояд аз кор озод карда, моҳонаи миёнааш барои тамоми рўзҳои кории бо ин сабаб корнакардааш дода шавад.
Занони кўдаконашон то якунимсола дар ҳолатҳое, ки иҷрои кори онҳо барои модарони кўдакашон щирмак манъ аст ё ба риояи низоми ширмакони имкон намедиҳад, то ба синни якунимсола расидани кўдакашон ба кори дигар гузаронида, моҳонаи миёнаашон аз рўи кори собиқаи онҳо дода мешавад.
Моддаи 164. Рухсатии ҳомидадорӣ ва таввалуд
Ба занони ҳомила пеш аз таваллуд ҳафтод рўзи тақвимӣ ва баъди таваллуд ҳам ҳафтод (дар ҳолати таваллуди мушкил – ҳаштоду шаш ва таваллуди ду ва ё зиёда тифл – як саду даҳ) рўзи тақвимӣ рухсати дода, барояшон кўмакпулӣ аз рўи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ пардохта мешавад.
Рухсатии ҳомиладорӣ ва таваллуд якҷоя ҳисоб карда, он сарфи назар аз миқдори рўзҳое, ки занон воқеан то таваллуд истифода кардаанд, дода мешавад.
Моддаи 165. Рухсатии нигоҳубини тифл
Баъди хатми рухсатии ҳомиладорӣ ва тавллуд бо хоҳиши зан барои нигоҳубини кўдак то ба синни якунимсола расиданаш рухсатӣ дода, барояш кўмакпулӣ аз рўи суғуртаи давлатии иҷтимоии тамоми ин давра пардохта мешавад.
Бо хоҳиши зан ҳамчунин барои нигоҳубини тифл то ба синни сесола расиданаш рухсатии бепули иловагӣ дода мешавад.
Аз рухсатии нигоҳубини тифл ҳамчунин падари тифл, бибӣ, бобо ё дигар хешу табори тифл ё васие, ки тифлро воқеан нигоҳубин мекунанд, пурра ё қисман истифода карда метавонанд.
Бо хоҳиши зан ё шахсоне, ки дар қисми сеюми ҳамин модда зикр шудаад, ҳангоми дар рухсатии нигоҳубини тифл буданашон метавонанд рўзи нопурараи корӣ ё дар хона кор карда, аз рўи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ кўмакпулӣ гиранд.
Дар давраи рухсатӣ ҷои кор (вазифа) нигоҳ дошта мешавад.
Рухсатии нигоҳубини кўдак ба собиқаи умуми ва бетанаффус, ҳамчунин ба собиқаи кор аз рўи ихтисос (ғайр аз ҳолатҳои таъини нафақа бо сабаби шароити махсуси меҳнат) ҳисоб карада мешавад.
Вақти рухсатии нигоҳубини кўдак ба собиқае, ки ба рухсатии пулии минбаъда ҳуқуқ медиҳад, ҳисоб карад намешавад.
Моддаи 166. Рухсатии ашхосе, ки кўдакони навзодро фарзандхонд кардаанд ё васии онҳо мебошанд
Ба шахсоне, ки кўдакони навзодро бевосита аз таваллудхона фарзандхонд кардаанд ё васии онҳо мебошанд, барои давраи фарзандхондӣ (муқаррар шудани васоят) ва то хатми ҳафтод (ҳангоми фарзандхонд кардани ду кўдаки навзод – яксаду даҳ) рўзи тақвимӣ аз рўзи таваллуди кўдак барояшон рухсатӣ дода, кўмакпулӣ аз рўи суғуртаи давлатии иҷтимоии ин давра пардохта, бо хоҳиши онҳо барои то синни якунимсола ва сесола нигоҳубин кардани кўдакашон (моддаи 165-уми ҳамин Кодекс) рухсати иловагӣ дода мешавад.
Моддаи 167. Танаффус барои маконидани кўдак
Ба заноне, ки кўдаки то якунимсола доранд, ба ғайр аз танаффус бари истироҳат ва хўрокхўрӣ барои маконидани кўдакашон танаффуси иловагӣ дода мешавад.
Ингуна танаффусҳо камаш баъди ҳар се соат ва ба муддати на камтао аз сӣ дақиқа барои ҳар як танаффус дода мешаванд. Ҳангоми ду ё зиёда аз ин будани кўдаки то якунимсола муддати танаффус на камтар аз як соат муқаррар карда мешавад.
Танаффусҳо барои маконидани кўдак ба вақти кори дохил карда, музди миёнаи меҳнат пардохта мешавад.
Бо хоҳиши зани кўдакдор танаффусҳои ширмаконӣ ба танаффуси истироҳат ва хўрокхурӣ ё дар шакли ҷаъмбастшуда ба аввал ё ба охири рўзи (басти) корӣ бо ихтисори дахлдори рўзи (басти) корӣ илова карда мешаванд.
Моддаи 168. Муқаррар намудани вақти нопурраи корӣ барои занон ва шахсоне, ки вазифаҳои оилавӣ доранд
Ба хоҳиши зани ҳомила, зане, ки фарзанди то чордаҳсола (фарзанди маъюби то ҳаждаҳсола) дорад, аз ҷумла онҳое, ки таҳти парастории ў ҳастанд ё шахсоне, ки аз рўи хулосаи тиббӣ ба аъзои бемори оила нигоҳубин мекунанд, корфармо вазифадор аст барои онҳо рўзи нопурраи корӣ ё ҳафтаи нопурраи корӣ муқаррар намояд (моддаи 64-уми ҳамин Кодекс). (ҚҶТ аз 26.12.11с.,№778)
Моддаи 169. Рўзи истироҳати иловагӣ
Ба падар ё модар (васӣ, парастор), ки фарзанди маъюби то шонздаҳсоларо парасторӣ мекунад, моҳе як рўзи истироҳати иловагӣ дода, музди он ба андозаи музди якрўза аз ҳисоби маблағи суғуртаи давлатии иҷтимоӣ пардохта мешавад. (ҚҶТ аз 26.12.11с.,№778)
Моддаи 170. Имтиёзҳо барои занон ҳангоми муқаррар намудани навбати рухсатии ҳарсола
Ба занҳои ҳомила ва таваллудкарда рухсатии ҳарсола бо хоҳиши онҳо мутобиқан пеш аз рухсатии ҳомиладорӣ ва таваллуд ё баъди он ва ё баъди рухсатии нигоҳубини кўдак, сарфи назар аз собиқаи кории онон дар ташкилоти мазкур дода мешавад.
Ба занҳое, ки ду ё зиёда фарзанди то чордаҳсола ё фарзанди маъюби то шонздаҳсола доранд, инчунин ба модарони яккаву танҳое, ки фарзанди то чордаҳсола (фарзанди маъюби то ҳаждаҳсоларо) доранд, рухсатии ҳарсола бо хоҳиши онҳо дар фасли тобистон ё дигар вақти барояшон мувофиқ дода мешавад. (ҚҶТ аз 26.12.11с.,№778)
Моддаи 171. Рухсатии бепул барои заноне, ки фарзандони то чордаҳсола доранд
Ба заноне, ки ду ё зиёда фарзанди то чордаҳсола (ё фарзанди маъюби то ҳаждаҳсоларо) доранд, бо хоҳиши онҳо, ҳар сол ба муддатӣ на камтар аз чордаҳ рўз рухсатии бепул дода мешавад. Ин рухсатиро ба рухсатии ҳарсола илова карда ё дар даврае, ки бо мувофиқаи корфармо муқаррар шудааст, алоҳида (пурра ё қисм ба қисм) истифода кардан ммкин аст. (ҚҶТ аз 26.12.11с.,№778)
Моддаи 172. Кафолатҳо барои занони ҳомила ва фарзанддор ҳангоми қатъи шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ
Шартномаи (қарордоди) меҳнатро бо занони ҳомила ва заноне, ки фарзанди то сесола (модарони танҳо – ҳангоми доштани фарзанди маъюби то ҳаждаҳсоларо) доранд, бо ташаббуси корфармо қатъ кардан мумкин нест, ба ғайр аз ҳолатҳои пурра барҳам хўрдани ташкилот, ки дар ин сурат ба қатъи шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ баъди ҳатман ба кор таъмин кардани онҳо иҷозат дода мешавад. Занони зикршударо вориси ташкилоти барҳамхўрда бо кор таъмин мекунад ва дар сурати набудани ворисон ба онҳо дар интихоби кори мувофиқ ва бо кор таъмин кардан мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ ҳатман ёрӣ расонда, дар ин давра онҳоро бо кўмакпулиҳои муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамояд. (ҚҶТ аз 26.12.11с.,№778)
Корфармо ин занонро ҳамчунин дар ҳолати қатъи шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ бинобар гузаштани мўҳлати он ҳатман бо кор таъмин мекунад. Дар ин давра, аммо на зиёда аз се моҳи хатми мўҳлати шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ музди меҳнати онҳо нигоҳ дошта мешавад.
Моддаи 173. Кафолату имтиёзот ба шахсоне, ки кўдаконро бе модар тарбия мекунанд
Кафолату имтиёзоти зани кўдакёфта (маҳдуд кардаи кори шабона ва изофакориҳо, ба кори рўзҳои истироҳат ҷалб накардан ва ба сафари хизмати нафиристодан, додани рухсатии иловагӣ, муқаррар намудани низоми имтиёзноки меҳнат ва дигар кафолату имтиёзоте, ки бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санади меъёри оид ба меҳнат муқаррар шудаанд) ба падароне, ки кўдаконро бе модар тарбия мекунанд (дар ҳолати фавти модар, аз ҳуқуқи модарӣ маҳрум шудан, дуру дароз дар муассисаи табобатӣ будан ва дар дигар ҳолатҳои кўдакро парасторӣ карда натавонистани модар), ҳамчунин ба васии (парастори) ноболиғон татбиқ мешаванд.
БОБИ 13.
КАФОЛАТҲОИ ИЛОВАГӢ БАРОИ ҶАВОНОН
Моддаи 174. Синни қабул кардан ба кор
Шахсони аз понздаҳсола хурд ба кор қабул карада намешавад. Барои омода кардани ҷавонон ба кори истеҳсолот талабагони мактабҳои маълумоти умумӣ, омўзишгоҳҳои касбию техникӣ, муассисаҳои таълимии миёнаи махсусро ҷиҳати иҷрои кори сабуке, ки ба салоиматӣ зарар намерасонад ва ҷараёни таълимро халалдор намесозад, дар вақти холӣ, пас аз расидан аз синни чордаҳсолагӣ бо мувофиқаи падар ё модар ё шахси ивазкунандаи онҳо ба кор қабул карадан мумкин аст. ҚҶТ аз 26.12.11с.,№778)
Тамоми шахсони аз синни бисту яксола хурд ба кор танҳо баъди муоинанаи пешакии тиббӣ (моддаи 146 – уми ҳамин Кодекс) қабул карда мешаванд.
Моддаи 175. Кафолатҳои бо кор таъминкунӣ барои шахсони аз ҳаждаҳсола хурд
Корфармо вазифадор аст хатмкардагони мактабҳои маълумоти умумӣ ва дигар шахсони аз ҳаждаҳсола хурдро, ки мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ бо мақсади бо кор таъмин кардани онҳо мефиристад, ба ҳиссоби квотаи муқарраршуда ба кор қабул намояд.
Мувофиқи квота ба кор қабул накардан манъ аст ва барои ҳалли ин кор ба суд шикоят кардан мумкин аст.
Моддаи 176. Ҳуқуқи меҳнатии ноболиғон
Шахсони аз ҳаждаҳсола хурд дар муносибатҳои ҳуқуқӣ бо болиғон баробарҳуқуқ мебошанд, аммо дар соҳаи ҳифзи меҳнат, вақти кор, рухсатиҳо ва баъзе шароити дигари меҳнат аз имтиёзоти барои онҳо муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода мебаранд. (ҚҶТ аз 26.12.11с.,№778)
Моддаи 177. Корҳое, ки иҷрои онҳо барои шахсони аз ҳаждаҳсола хурд манъ аст
Корҳои вазнин ва корҳои шароиташон зарарноку хатарнок, корҳои зеризаминиро иҷро кардани шахсони аз ҳаждаҳсола хурд ҳамчунин корҳое, ки ба саломати ё рушди маънавии онҳо зиён расонида метавонад, манъ аст. Барои аз ҳадди барояшон муқарраршуда вазнинро бардоштан ва дастӣ кашондани ин шахсон мумкин нест.
Рўихати корҳои шароиташон номусоидро ба ҷо овардани шахсони аз ҳаждаҳсола хурд ва ҳадди меъёрҳои борро дастӣ бардоштан ва кашондани онҳо бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад. (ҚҶТ аз 26.12.11с.,№778)
Моддаи 178. Муддати ихтисоршудаи вақти кори ашхоси аз ҳаждаҳсола хурд
Давомнокии вақти кори кормандони синни аз понздаҳ то ҳаждаҳсола ҳафтае на зиёдтар аз сиюпанҷ соат ва шахсони аз чордаҳ то понздаҳсола ҳафтае на зиёдтар аз бисту чор соат муқаррар карда мешавад.
Давомнокии вақти кори талабагоне, ки дар давоми соли таҳсил дар вақти холӣ аз таҳсил кор мекунанд, аз нисфи давомнокии ниҳоии вақти корӣ дар қисми якуми ҳамин модда барои ашхоси синну соли дахлдор пешбинишуда зиёд буда наметавонад.
Моддаи 179. Додани музди меҳнатӣ кормандони аз ҳаждаҳсола хурд дар сурати кўтоҳ будани вақти кори ҳаррўза
Музди меҳнати кормандони аз ҳаждаҳсола хурде, ки муддати кори ҳаррўзаашон кўтоҳ аст, ба андозаи музди меҳнати кормандони категорияҳои дахлдори муддати кори ҳаррўзаашон пурра дода мешавад. (ҚҶТ аз 26.12.11с.,№778)
Музди меҳнати талабагоне, ки дар вақти фориғ аз таҳсил дар ташкилотҳо кор мекунанд, аз ҳисоби муддати кор ё вобаста ба маҳсули меҳнат дода мешавад.
Моддаи 180. Рухсатии ҳарсолаи кормандони аз ҳаждаҳсола хурд
Ба кормандони аз ҳаждаҳсола хурд ҳар сол на камтар аз сӣ рўзи тақвими рухсатии пулакии меҳнатӣ дар фасли тобистон ё ҳар вақти дигари барои онҳо мувофиқ дода мешавад.
Агар соли кори, ки барои он рухсатӣ дода мешавад, давраи то ба ҳаждаҳсолагӣ расидани корманд ва баъди онро дарбар гирад, давомнокии рухсатӣ барои собиқаи кории то расидан ба ҳаждаҳсолагӣ аз ҳисоби сӣ рўзи тақвими ва барои собиқаи кории баъди расидан ба ҳаждаҳсолагӣ дар асосҳои умумӣ ҳисоб карда мешавад.
Моддаи 181. Манъи ба корҳои шабона, изофакориҳо ва кори рўзҳои истироҳат ва ид ҷалб кардани кормандони аз ҳаждаҳсола хурд, ҳамчунин ба сафарҳои хизматӣ фиристодани онҳо
Кормандони аз ҳаждаҳсола хурдро ба корҳои шабона ва изофакориҳо, кори рўзҳои истироҳат ва ид ҷалб кардан, ҳамчунин ба сафарҳои хизматӣ фиристодан манъ аст
Моддаи 182. Кафолатҳои иловагӣ барои кормандони аз ҳаждаҳсола хурд ҳангоми қатъи шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ
Шартномаи (қарордоди) меҳнатиро бо корманди аз ҳаждаҳсола хурд бо ташаббуси корфармо ғайр аз риояи тартиби умумӣ танҳо бо мувофиқаи мақомоти давлатии шуғли аҳолӣ ва Комиссияи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак қатъ кардан мумкин аст. (ҚҶТ аз 26.12.11с.,№778)
Моддаи 183. Қатъи шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ бо талаби падару модар ва васӣ (парастор) ё мақомоти ваколатдор
Агар идома додани кор ба саломатии шахсони аз ҳаждаҳсола хурд зарарнок ё бо зиёни дигар вобаста бшад, падару модар, васӣ (парастор), ҳамчунин мақомоти ба ин кор ваколатдор ҳақ доранд, ки қатъи шартномаи (қарордоди) меҳнатиро талаб намоянд. (ҚҶТ аз 26.12.11с.,№778)
БОБИ 14.
ИМТИЁЗҲО БАРОИ КОРМАНДОНЕ, КИ ДАР БАРОБАРИ КОР ТАҲСИЛ МЕКУНАНД
Моддаи 184. Муҳайё кардани шароит барои пешбурди якҷояи кор ва таҳсил
Корфармо вазифадор аст барои маълумоти касбӣ гирифтан дар истеҳсолот, такмили ихтисос ё аз истеҳсолот ҷудо нашуда, дар муассисаи таълимӣ таҳсил кардани кормандон ҷиҳати пешбурди якҷояи кор ва таҳсил шароити зарурӣ муҳайё намояд.
Кафолат ва ҷубронҳои барои кормандони дар баробари кор таҳсилкунанда пешбинишуда танҳо дар ҷойи кори асосӣ дода мешавад.
Моддаи 185. Ташкили таҳсили муттасили касбии корманд
Корфармо вазифадор аст, ки касбомўзӣ, бозомўзӣ ва такмили дониши кормандонро барои соҳиб гаштан ба ихтисоси дуюм (муҷовир) ба роҳ монад, барои бевосита дар истеҳсолот ё дар муассисаҳои касбомўзӣ такмили ихтисос кардани онҳо шароит муҳайё намояд.
Баъди хатми таҳсили касбӣ ба корманд тахассуси дахлдор (гурўҳ, дараҷа, категория) – и касбӣ дода, мувофиқи ихтисоси гирифтааш кор пешниҳод карда мешавад.
Маълумоти умумии касбии кормандон ҳангоми баланд бардоштани дараҷа, гурўҳ ва категорияҳои ихтисосӣ, таъини андозаи музди меҳнат ва ба вазифаи баландтар пешбарӣ кардани онҳо ба эътибор гирифта мешавад.
Моддаи 186. Имтиёзҳо барои кормандоне, ки дар муассисаҳои таълимӣ мехонанд
Кормандоне, ки дар баробари кор дар муассисаҳои таълимӣ мехонанд, нақшаҳои таълимиро иҷро менамоянд, бо рухсатии иловагии пулакӣ аз ҷои кор ба ҳафтаи кўтоҳи корӣ ва дигар имтиёзҳо бо тартиб ва шароити муқарраркардаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳақ доранд.
Дар созишномаҳо, шартномаҳои коллективӣ ва дигар санадҳои меъёрии дохилии (локалии) ташкилотҳо барои кормандоне, ки дар муассисаҳои таълимӣ мехонанд, аз ҳисоби маблағи ташкилотҳое, ки онҳоро ба таҳсил фиристодаанд, имтиёзҳои иловагӣ муқаррар шуда метавонанд. (ҚҶТ аз 26.12.11с.,№778)
Моддаи 187. Имтиёзҳо барои талабагони маълумоти умумӣ
Кормадоне, ки дар мактабҳои маълумоти умумӣ мехонанд ҳафтаи кўтоҳи кории на камтар аз як рўзи корӣ ё ба ҳамон қадар соати корӣ (дар сурати кўтоҳ кардани рўзи корӣ дар давоми ҳафта) ҳақ доранд.
Талабагони мактабҳои маълумоти умумӣ дар давоми соли таҳсил на камтар аз 42 рўзи тақвимӣ ҳангоми шаш рўз будани ҳафтаи корӣ ё мутобиқан ба ҳамон қадар соати корӣ дар сурати ҳафтаи кории панҷрўза аз кор озод карда мешаванд. Агар ҳафтаи кор аз панҷ рўз иборат бошад, миқдори умумии соатҳои аз кор озод кардани корманд вобаста ба давомнокии басти кори зимни боқӣ мондани миқдори соатҳои фориғ аз кор тағйир меёбад.
Дар муддати аз кор озод будани талаба ба ў аз ҷои кори асосӣ на камтар аз панҷоҳ фоизи музди меҳнат, вале на камтар аз андозаи муқарраршудаи ҳадди ақалли музди меҳнат маош дода мешавад.
Талабагони мактабҳои маълумоти умумӣ ба рухсатии пулакии иловагӣ аз ҷои кори асосӣ барои супоридани имтиҳонҳо ба мўҳлати на камтар аз андозаи муқарраркардаи санадҳои меъёрии дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нигоҳдории музди миёнаи меҳнат дар давраи рухсатӣ ҳақ доранд. (ҚҶТ аз 26.12.11с.,№778)
Моддаи 188. Имтиёзҳо барои талабагони омўзишгоҳҳои маълумоти умумии касбӣ
Ба кормандоне, ки дар баробари кор дар омўзишгоҳҳои касбию-техникӣ ё ҳамин хел омўзишгоҳҳои дигар мехонанд, барои омодагӣ ва супоридани имтиҳонҳо ва талабагоне, ки дар баробари кор дар мактабҳои миёнаи махсус ва олӣ мехонанд, барои иҷрои корҳои лабараторӣ, супоридани санҷишҳо ва имтиёзҳо омодагӣ ва дифои лоиҳаи (корҳои) дипломӣ аз ҷои кор ба муддати на камтар аз андозаҳои муқарраркардаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон рухсатии иловагӣ ва музди миёнаи меҳнат дода мешавад.
Ба кормандоне, ки дар мактабҳои миёнаи махсус ва олӣ маълумоти касбӣ мегиранд, ҳар ҳафтаи рўзҳои кориаш иборат аз шаш рўз барои тайёрӣ ба машғулият дар давоми даҳ моҳи таълимӣ пеш аз навиштани лоиҳаи (кори) дипломӣ ё супоридани имтиҳоноти ниҳоӣ камаш як рўзи аз кор озод ва музди миёнаи меҳнат дода мешавад.
Дар сурати аз панҷ рўз иборат будани ҳафтаи кори миқдори рўзҳои аз кор озод вобаста ба давомнокии басти корӣ тағйир ёфта, миқдори соатҳои аз кор озод боқӣ мемонад.
Ба кормандоне, ки дар мактабҳои миёнаи махсус ва олӣ ғоибона мехонанд, барои пардохти хароҷоти рафтуомад ба маҳалле, ки мактаб воқеъ гардидааст, бо тартиби муқарраркардаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон имтиёз дода мешавад. (ҚҶТ аз 26.12.11с.,№778)
БОБИ 15.
БАҲСҲОИ МЕҲНАТИИ ФАРДӢ
Моддаи 189. Тарафҳо ва мазмуни баҳсҳои меҳнатии фардӣ
Баҳсҳои меҳнатии фардӣ зиддиятҳои танзим нашудаи байни корфармо ва корманд дар масъалаҳои татбиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба меҳнат, шароити меҳнат мебошад, ки дар шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ, шартнома ва созишномаи коллективӣ пешбинӣ шудааст. (ҚҶТ аз 26.12.11с.,№778)
Моддаи 190. Мақомоте, ки баҳсҳои меҳнатии фардиро баррасӣ мекунанд
Баҳсҳои меҳнатии фардро судҳо баррасӣ мекунанд.
Бо шартномаю созишномаҳои коллективӣ тартиби баррасии тосудии баҳсҳои меҳнатии фардӣ дар ташкилотҳо мутобиқи моддаи 191 ҳамин Кодекс муқаррар шуда метавонад. (ҚҶТ аз 26.12.11с.,№778)
Моддаи 191. Тартиби баррасии тосудии баҳсҳои меҳнатии фардӣ
Дар шартномаю созишномаҳои коллективӣ аз тарафи комиссияҳои оид ба баҳсҳои меҳнатӣ, ки дар асоси баробарии байни корфармо ва мақомоти ҳимоякунандаи манфиати кормандон таъсис дода мешаванд ё аз ҷониби коллективҳои меҳнатӣ интихоб мегарданд ва ё аз тарафи дигар мақомот баррасии тосудии баҳсҳои меҳнатии фардӣ дар ташкилот пебинӣ шуда метавонад. (ҚҶТ аз 26.12.11с.,№778)
Таъсиси ин комиссияҳо бо шартномаҳо ва созишномаҳои коллективӣ муайян карда, дар айни замон ба корманд ҳуқуқ дода мешавад, ки хоҳ бо комиссияи оид ба баҳсҳои меҳнатӣ муроҷиат кунад ва хоҳ бевосита ба суд. Агар дар шартнома ё созишномаҳои коллективӣ таъсиси комиссияи оид ба баҳсҳои меҳнатӣ дар ташкилот пешбинӣ нашуда бошад, баҳсҳои меҳнатии фардие, ки дар ин ташкилот ба миён меоянд, бояд дар суд баррасӣ карда шаванд.
Моддаи 192. Баррасии баҳсҳои меҳнатии фардӣ дар судҳо
Баҳсҳои меҳнатии фардӣ дар судҳо бо аризаи шахсони зерин баррасӣ мешаванд:
- корманд, корфармо ё намояндагоне, ки мафиати онҳоро дар сурати розӣ набуданашон бо қарори комиссияи оид ба баррасии баҳсҳои меҳнатии фардӣ ҳимоя мекунанд;
- корманд, агар комиссияи оид ба баррасии баҳсҳои меҳнатии фардӣ таъсис нашуда бошад ё комиссияи мазкур аризаи ўро дар давоми даҳ рўзи муқарраршуда баррасӣ накарда бошад;
- прокурор, агар қарори комиссияи оид ба баррасии баҳсҳои меҳнатӣ бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва созишномаҳои оид ба меҳнат мухолиф бошад. (ҚҶТ аз 26.12.11с.,№778)
Дар судҳо бевосита чунин баҳсҳои меҳнатии фардӣ ҳаллу фасл мешаванд:
- оид ба барқарор кардан ба кор, сарфи назар аз асоси қатъи шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ ва вазифа; оид ба тағйири сана ва тасвияи сабабҳои аз кор озод карадан; оид ба пардохти музд дар давраи ноилоҷ ҳозир нашудан ба кор ё иҷрои кори каммузд; оид ба ситондани маблағ барои бо гуноҳи корфармо ба таъхир андохтани иҷрои қарори суд дар бораи барқарор кардан ба кор;
- дар бораи аз нав бастани шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ барои мўҳлати нав ё мўҳлати номуайян, ба шарте, ки дар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё шартнома ҳуқуқи афзалиятноки тамдиди он зикр шуда бошад; (ҚҶТ аз 26.12.11с.,№778)
- доир ба ҳифзи шарафи меҳнатӣ, номус ва эътибори касбии корманд ва доир ба ҷуброни зиёди моддӣ ва маънавии ба ин муносибат ба ў расонидашуда;
- оид ба ҷуброни зиёне, ки дар натиҷаи иҷрои ўҳдадориҳои меҳнатӣ ба корманд расидааст ва аз ин саломатии ў бад шудааст;
- дар бораи аз тарафи корманд ҷуброн шудани зиёни моддие, ки ба молу мулки ташкилот расидааст. (ҚҶТ аз 26.12.11с.,№778)
Бевосита дар судҳо ҳамчунин баҳсҳои зерини меҳнатии фардӣ дар бораи ба кор қабул накардани ин шахсон баррасӣ мешавад.
- шахсоне, ки ҳуқуқи худро поймолшуда меҳисобанд;
- шахсоне, ки ба кор аз ташкилоти дигар даъват шудаанд;
- шахсони дигаре, ки корфармо вазифадор аст бо онҳо мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё созишномаи меҳнатӣ шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ бандад;
- ашхосе, ки корфармо аз тартиб додани санади фалокат саркашӣ кардааст ё онҳо бо мазмуни санад розӣ нестанд.
Судҳо баҳсҳои меҳнатии фардиро дар дигар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон низ баррасӣ мекунанд. (ҚҶТ аз 26.12.11с., №778)
Моддаи 193. Таъсиси комиссияҳои оид ба баҳсҳои меҳнати фардӣ
Комиссияҳои оид ба баҳсҳои меҳнатии фардӣ дар ташкилотҳо аз шумораи баробари намояндагии кормандон ва корфармо таъсис дода мешаванд. Намояндагони кормандон ба комиссияи баҳсҳои меҳнатии фардӣ дар маҷлиси умумии (конференсияи) ташкилот интихоб карда мешаванд.
Намояндагони корфармо бо фармони роҳбари ташкилот таъин карда мешаванд.
Моддаи 194. Салоҳияти комиссияҳои оид ба баҳсҳои меҳнатии фардӣ
Комиссияи оид ба баҳсҳои меҳнатии фардӣ мақоми аввалияест, ки баҳсҳои меҳнатии фардии дар ташкилот рўйдиҳандаро, ба истиснои ихтилофоте, ки ҷиҳати баррасии онҳо дар Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигар муқаррар шудааст, баррасӣ мекунад.
Дар комиссияҳои оид ба баҳсҳои меҳнатии фардӣ, бахшҳои ташкилот баҳсҳои меҳнатии фардӣ дар ҳудуди ваколатҳои ҳамин бахшҳо баррасӣ шуда метавонанд.
Салоҳият ва тартиби корӣ комиссияи оид ба баҳсҳои меҳнатии фардӣ, ҳамчунин муроҷиат ба он ва мўҳлати баррасии баҳсҳо бо Низомномаи тасдиқнамудаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд.
Моддаи 195. Қарори комиссияи оид ба баҳсҳои меҳнатии фардӣ
Қарори комиссияи оид ба баҳсҳои меҳнатии фардӣ бо мувофиқаи байни намояндагони корфармо ва кумитаи иттифоқи касаба ё мақоми дигари намояндагии кормандон қабул карда мешавад.
Қарори комиссия бояд далелнок ва ба санадҳои қонунгузорӣ ва дигар санади меъёрии ҳуқуқӣ, шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ асос ёфта бошад.
Дар қарори комиссия оид ба талаботи маблағи пулие, ки корманд ба он ҳақдор аст, бояд аниқ нишон дода шавад. (ҚҶТ аз 26.12.11с.,№778)
Қарорро раис ва котиби маҷлис имзо мекунанд. Иҷрои ин ҳатмӣ буда, ба тасдиқи он зарурат нест.
Нусхаи қарор дар давоми се рўзи қабул шудани он ба корманд, корфармо ва кумитаи иттифоқи касаба ё дигар мақоми намояндагии кормандон супурда мешавад.
Аз қарори комиссия дар давоми даҳ рўз ба суд шикоят кардан мумкин аст.
Моддаи 196. Иҷрои қарори комиссияи оид ба баҳсҳои меҳнатии фардӣ
Қарори комиссияи оид ба баҳсҳои меҳнатии фардӣ бояд аз тарафи корфармо дар муддати се рўзи баъди гузаштани мўҳлати даҳрўза, ки барои шикоят ба суд пешбинӣ шудааст, иҷро гардад.
Агар корфармо қарори комиссияро дар ин мўҳлат иҷро накунад, комиссияи оид ба баҳсҳои меҳнатии фардӣ ба корманд шаҳодатномае медиҳад, ки эътибори варақаи иҷроияро дорад.
Иҷрочии суд қарори комиссияи оид ба баҳсҳои меҳнатии фардиро дар асоси шаҳодатномае, ки комиссияи оид ба баҳсҳои меҳнатии фардӣ ба корманд додааст ва ў ин шаҳодатномаро дар давоми се моҳи гирифтанаш ба суд пешниҳод кардааст, ба тариқи маҷбури ба иҷро мерасонад.
Агар корманд шаҳодатномаро бо сабабҳои узрнок дар муддати се моҳи муқарраршуда пешниҳод карда натавонад, комиссияи оид ба баҳсҳои меҳнатии фардие, ки шаҳодатномаро додааст, ин мўҳлатро барқарор карда метавонад.
Моддаи 197. Барқарор кардани корманд ба кори собиқа, ба ҷои собиқаи кор ва шароитҳои асосии собиқа. Ҷуброни пурраи зиёни моддие, ки дар натиҷаи ноилоҷ ҳозир нашудан ба кор расонида шудааст.
Ҷуброни зарари маънавӣ.
Агар корманд бе асоси қонунӣ ё бо вайрон намудани тартиби муқарраргардида аз кор озод карда ё ғайриқонуни ба дигар санади меъёрии ҳуқуқӣ гузаронида шуда бошад, бояд аз тарафи мақоми баррасикунандаи ихтилофоти меҳнатӣ аз рўи ихтисос ё вазифае, ки дар шартнома (қарордод) зикр шудааст, бо шартҳои пешинаи меҳнат дар ташкилот ба ҷои кори собиқааш барқарор карда шавад. Ҳангоми қабули қарори барқарор кардан ба кор, мақоме, ки баҳси меҳнатиро баррасӣ мекунад, ҳамзамон дар бораи пардохтани музди миёнаи меҳнатии корманд барои тамоми давраи ноилоҷ ҳозир нашудан ба кор ё фарқи музди меҳнат дар давраи иҷрои кори каммузд, ҳамчунин оид ба ҷуброни имконпазири зиёни маънавӣ ва дигар хароҷоти иловагии вобаста ба шикоят доир ба гузаронидан ба кори дигар ва аз кор озод кардани ў қарор қабул мекунад. Мақоми баррасикунандаи баҳси меҳнатии фардӣ бо мувофиқаи корманд, бар ивази ба кор барқарор кардан метавонад ба фоидаи ў танҳо ҷуброни дар боло нишондодашуда, зиёни моддӣ ва маънавиро ба андозаи на камтар аз музди миёнаи меҳнат ситонад, тасвияи асоси аз кор озод карданро ба тарзи аз кор озод шудан бо хоҳиши худ тағйир диҳад.
Дар сурати эътирофи нодурустии тасвияи аз кор озод кардан ё ба Кодекси мазкур ва ё қонуни дигар мувофиқ набудани он мақомоте, ки баҳси меҳнатии фардиро баррасӣ мекунад, вазифадор аст онро тағйир диҳад ва дар қарор сабаби аз кор озод карданро мутобиқи тасвияи лозима ва истинод ба моддаи дахлдори санади қонунгузорӣ аниқ нишон диҳад. Агар тсвияи нодурусти аз кор озод кардан, ки дар дафтарчаи меҳнатӣ сабт шудааст, барои ба кори нав қабул шудани корманд монеъа ба вуҷуд оварда бошад, мақоми баррасикунандаи баҳсҳои меҳнатии фардӣ ҳамзамон дар бораи пардохтани музди миёнаи меҳнатии ў барои тамоми давраи ноилоҷ ҳозир нашудан ба кор ва ҷуброни зиёни маънавӣ қарор қабул менамояд. (ҚҶТ аз 26.12.11с.,№778)
Моддаи 198. Ҳисоб кардан ва ситонидани музди миёнаи меҳнат барои давраи ноилоҷ ҳозир нашудан ба кор
Ҳангоми ҳисоби музди миёнаи меҳнат барои давраи ноилоҷ ҳозир нашудан ба кор он бояд аз тарафи мақоми баррасикунандаи баҳсҳои меҳнатии фардӣ мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон индексасия карда шавад. (ҚҶТ аз 26.12.11с.,№778)
Ҳангоми ситонидани музди миёнаи меҳнат барои давраи ноилоҷ ҳозир нашудан ба кор дар ҳолати ғайриқонунӣ аз кор озод кардан, аз кор дур намудан, тасвияи нодурусти сабаби аз кор озод кардан, ки барои қабул шудан ба кори дигар монеа ба вуҷуд овардааст, маблағҳои зерини гирифтани корманд ҳисоб карда мешаванд: кўмакпулии аз кор рафтан, музди миёнаи меҳнат, ки дар давраи бо кор таъмин шудан нигоҳ дошта мешавад, кўмакпулӣ барои корношоямии муваққатӣ, стипендияи давраи касбомўзӣ, бозомўзӣ ва такмили ихтисос, пардохти музд барои иҷрои корҳои ҷамъиятӣ, музди меҳнат барои иҷрои кори нав дар ташкилоти дигар, ки корманд дар ҳудуди мўҳлати ғайриҳозирии пулакӣ ба он қабул шудааст.
Ҳангоми ғайриқонунӣ ба кор қабул накардан, ба кори дигар гузаронидан, тағйири шартҳои асосии меҳнати корманд бо қарори комиссияи баррасикунандаи баҳсҳои меҳнатии фардӣ фарқи музди меҳнати тамоми давраи ноилоҷ ҳозир нашудан ба кор ё иҷрои кори каммузд пардохта мешавад.
Моддаи 199. Мўҳлати мурур
Кормандон метавонанд дар давоми се моҳи фаҳмидани он, ки ҳуқуқашон вайрон шудааст ё мебоист дар ин бора хабардор мешудаанд, ба комиссияи оид ба баҳсҳои меҳнатӣ фардӣ муроҷиат намоянд.
Барои муроҷиат кардан ба суд мўҳлатҳои зерин муқаррар мешаванд:
- аз рўи баҳсҳои ба кор барқарор намудан – як моҳ аз рўзи ба корманд супорида шудани нусхаи фармони аз кор озод кардан (ба кори дигар гузаронидан) ё дафтарчаи меҳнатӣ;
- аз рўи баҳсҳои ҷуброни зиёнии моддие, ки корманд ба ташкилот расонидааст, як сол аз рўзе, ки корфармо зиёни расонидашударо ошкор сохтааст;
- аз рўи баҳсҳои дигари меҳнатии фардӣ - се сол аз рўзе, ки корманд вайрон шудани ҳуқуқи худро фаҳмидааст ё бояд мефаҳмид.
Мўҳлати мурури даъво ба даъвоҳои зерин дахл надоранд:
- ба даъвоҳо оиди муҳофизати ҳуқуқии шахсии ғайримолумулкӣ ва дигар неъматҳои ғайримоддӣ, ба ғайр аз ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон; (ҚҶТ аз 26.12.11с.,№778)
- ба даъво оиди талофии зиёне, ки ба ҳаёт ва саломатии корманд расонида шудааст. Аммо даъвоҳое, ки баъди се соли ҳуқуқдор шудан ба талофии чунин зиён пешниҳод мешаванд, барои на зиёдтар аз се соли пеш аз пешниҳоди даъво қонеъ мешаванд.
Ҳангоми гузаштани мўҳлати мурури даъво бо сабабҳои узрнок суд ва ё комиссияи баррасии баҳсҳои меҳнатии фардӣ метавонанд мўҳлати гузаштаро барқарор намоянд.
Моддаи 200. Озод намудани корманд аз хароҷоти суд
Ҳангоми бо масъалаҳои меҳнатӣ ба суд муроҷиат кардан корманд пардохти хароҷоти суд ба фоидаи давлат озод карда мешавад.
Моддаи 201. Иҷрои бетаъхири баъзе қарорҳои суд оид ба парвандаҳои меҳнатӣ
Қарори суд дар бораи ба кор барқарор намудан, ҳамчунин дар бораи тағйири сана ва тасвияи сабабҳои аз кор озод кардани корманд бояд бетаъхир иҷро шавад.
Ҳангоми аз тарафи корфармо бо таъхир иҷро шудани чунин қарор суд таъинот мебарорад, ки музди миёнаи меҳнат ё фарқи музди миёнаи меҳнати корманд барои тамоми давраи ба таъхир андохтани иҷрои қарор пардохта шавад. Ҳамчунин қарори суд дар бораи ситонидани музди меҳнат бояд бетаъхир, аммо дар давоми на зиёдтар аз се моҳ иҷро гардад.
Суд метавонад иҷрои бетаъхири қарорҳо оид ба дигар парвандаҳои меҳнатиро пурра ё қисман талаб намояд. (ҚҶТ аз 26.12.11с.,№778)
Моддаи 202. Қонеъ сохтани даъвоҳои пулии корманд
Даъвоҳои асосноки пулии кормандро мақоме, ки баҳсҳои меҳнатии фардиро баррасӣ мекунад, пурра қонеъ мегардонад.
Моддаи 203. Ба ўҳдаи шахси мансабдор гузоштани ҷавобгарии моддие, ки дар қатъи ғайриқонунии шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ ё ба ғайриқонунӣ ба кори дигар гузаронидани корманд гунаҳгор аст
Дар сурати аз тарафи шахси мансабдор ба корфармо расонида шудани зиёни марбуд ба пардохти музди меҳнат ба корманде, ки ғайриқонунӣ аз кор озод карда шудааст ё ба корманде, ки ғайриқонунӣ ба кори дигар гузаронида шудааст, суд ҷуброни зиёнро ба ўҳдаи шахси мансабдор мегузорад. Агар шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ бо роҳи ошкоро вайрон кардани қонун қатъ шуда, корманд ба кори дигар гузаронда шуда бошад ва ё шахси мансабдор иҷрои қарори судро дар бораи ба кор барқарор кардани корманд ба таъхир андохта бошад, ўҳдадории ҷуброни зиён ба зиммаи шахси мансабдор вогузор мешавад.
Андозаи ҷуброни зиён аз маоши семоҳаи шахси масабдор зиёд буда наметавонад.
Моддаи 204. Маҳдудият дар мавриди баргардонидани иҷрои қарор оиди парвандаҳои меҳнатӣ
Иҷрои қарори судро доир ба парвандаҳои меҳнатӣ (дар бораи ба кор барқарор кардан, қонеъ баргардонидани даъвоҳои пулӣ), ки эътибори қонунӣ пайдо кардааст, ҳангоми ба тариқи назорати судӣ бекор карда шудани қарори суд танҳо дар ҳолати ба маълумоти бардурўғи корманд ё санади қалбакии аз тарафи ў пешниҳодшуда асос ёфтани қарори бекоркардашуда баргардонидан мумкин аст. (ҚҶТ аз 26.12.11с.,№778)
БОБИ 16. БАҲСҲОИ МЕҲНАТИИ КОЛЕКТИВӢ
Моддаи 205. Маҳфуми баҳсҳои меҳнатии коллективӣ ва тартиби ҳаллу фасли онҳо
Баҳсҳои меҳнатии коллективӣ – мухолифатҳои танзимнашудаи байни корфармоён (иттиҳодияҳои корфармоён) ва коллективҳои кормандон (намояндагони кормандон) дар масъалаҳои муқаррар намудан ва тағйир додани шароити меҳнат дар ташкилотҳо, бастани шартномаю созишномаҳои коллективӣ ва иҷрои онҳо, ҳамчунин дар мавриди татбиқи муқаррароти санадҳои қонунгузорӣ ва дигар санади меъёрии ҳуқуқӣ, шартномаю созишномаҳои коллективӣ мебошанд.
Тартиби ҳаллу фасли баҳсҳои меҳнатии коллективӣ бо ҳамин Кодекс, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, шартномаю созишномаҳои коллективӣ танзим мешавад. (ҚҶТ аз 26.12.11с.,№778)
Моддаи 206. Пешниҳоди талабҳои кормандон
Ба пешниҳоди талабҳо кормандон ва намояндагони онҳо ҳуқуқ доранд.
Талабҳои кормандон дар маҷлиси (конференсияи) кормандон пешниҳод карда мешаванд. Кормандон дар баробари пешниҳоди талабҳо барои иштирок кардан дар ҳаллу фасли баҳси меҳнатии коллективӣ намояндагони ваколатдори худро таъин мекунанд.
Намояндагони кормандон талабҳояшонро бо тартиби муқаррарнамудаи оиннома ва ё қарори маҷлиси (конференсияи) кормандоне, ки мақоми намояндагиро таъсис додааст, пешниҳод мекунанд.
Талабҳо хаттӣ пешниҳод карда, ба корфармо фиристода мешаванд.
Моддаи 207. Намояндагони кормандон ва корфармоён дар баҳсҳои меҳнатии коллективӣ
Мақомоти иттифоқҳои касаба ва иттиҳодияҳои онҳо, ки мувофиқи оинномаҳояшон намояндаи ваколатдоранд, дигар мақомоти намояндагие, ки маҷлиси (конференсияи) кормандон таъсис додааст ва ваколатдор сохтааст, намояндагони кормандон мебошанд.
Намояндагони корфармоён роҳбарони ташкилотҳо ё дигар шахсони мувофиқи оинномаи ташкилот ваколатдор, мақомоти ваколатдори ассосиасияҳо ё иттиҳодияҳои корфармоён мебошанд.
Моддаи 208. Миёнаравӣ
Миёнарав бо мувофиқаи тарафҳо интихоб карда мешавад ва ў дар гузаронидани гуфтушунид ва ҳосил гардидани созиш ба онҳо ёрӣ мерасонад.
Миёнарав ҳақ дорад барои иҷрои вазифаҳояш аз тарафҳо тамоми маълумоту ҳуҷҷатҳои заруриро талаб карда гирад.
Миёнарав ҳақ надорад маълумоти махфиро, ки барои иҷрои вазифаҳояш гирифтааст, фош намояд.
Қоидаи миёнаравро тарафҳо бо ризоияти миёнаравиро муайян мекунанд. Миёнарав баъди кўшиши оштӣ кунонидани тарафҳо ба онҳо оиди ҳаллу фасли баҳс (низоъ) тавсиянома навишта медиҳад.
Агар ҳеҷ кадоми тарафҳо дар давоми даҳ рўз таклифи миёнаравро рад накарда бошад ва ё агар тарафҳо қаблан оиди иҷрои ин тавсиянома созишнома имзо карда бошад ва ё агар тарафҳо қаблан оиди иҷрои ин тавсиянома созишнома имзо карда бошанд, он барои тарафҳо воҷиб мегардад.
Моддаи 209. Ҳакамияти меҳнатӣ
Агар дар комиссияи оштидиҳӣ тарафҳои баҳси (низои) меҳнатии коллективӣ дар давоми даҳ рўз созиш намоянд, бо иштироки мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ҳакамияти меҳнатӣ таъсис дода мешавад.
Ҳайати ҳакамияти меҳнатиро аз рўи ҳар баҳс (низои) миқдоран ва узван тарафҳо муайян мекунанд. Раиси ҳакамяти меҳнатӣ бо созишномаи тарафҳо аз ҷумла аъзои ҳамин ҳакамияти меҳнатӣ тасдиқ карда мешавад.
Ба ҳайати ҳакамияти меҳнатӣ вакилони халқ, намояндагони мақомоти иттифоқҳои касаба, мақомоти оид ба меҳнат ва шуғли аҳолӣ, мутахассисони коршинос ва шахсони дигар дохил шуда метавонанд.
Ҳакамияти меҳнатӣ баҳси меҳнатии коллективиро бо иштироки ҳатмии намояндагони тарафҳо ва дар мавриди зарурат бо намояндагони мақомоти дигари манфиатдор ҳаллу фасл мекунад.
Ҳакамяти меҳнатӣ бояд дар давоми даҳ рўзи таъсис ёфтанаш қарор қабул намояд.
Агар тарафҳо қаблан дар бораи иҷрои қарор созишнома имзо карда бошанд, қарори ҳакамияти меҳнатӣ воҷиб аст.
Тарафҳо ва мақомоти оштидиҳанда вазифадоранд, ки барои рафъи сабаби ҳолатҳое, ки боиси баҳси (низои меҳнатии коллективӣ гаштаанд, тамоми имкониятҳоро истифода намоянд.
Агар комиссияи оштидиҳӣ ва ҳакамияти меҳнатӣ ихтилофи тарафҳоро танзим гардонида натавонад, сабабҳои инро ба коллективӣ меҳнатӣ ё иттифоқи касаба навишта мефиристад. Дар ин ҳолат коллективӣ меҳнатӣ ё иттифоқи касаба ҳақ доранд барои иҷрои талабҳое, ки мувофиқи моддаи 206-уми ҳамин Кодекс дар миён гузошта шудаанд, тамоми воситаҳои пешбиникардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро то худи пурра ё қисман бас кардани кор (ба кор набаромадан, иҷро накардани вазифаҳои меҳнатӣ) дар ташкилот, муассиса, ташкилот корпартоӣ (коршиканӣ)-ро истифода барад. (ҚҶТ аз 26.12.11с.,№778)
Моддаи 210. Баррасии судии баҳсҳои меҳнатии коллективӣ
Баҳсҳои меҳнатии коллективӣ дар мавриди татбиқи қонунҳо ва дигар санади меъёрии оид ба меҳнат (иҷро накардан ё вайрон намудани онҳо) бо аризаи намояндагони яке аз тарафҳо бояд дар суд барраси гардад.
Ҳангоми баррасии аризаҳо дар суд ва иҷрои қарорҳои он қоидаҳо ва мўҳлатҳое, ки дар ҳамин Кодекс барои баҳсҳои меҳнатии фардӣ муқарар шудаанд, истифода мегарданд.
Моддаи 211. Корпартоӣ
Агар баҳсҳои меҳнатии коллективӣ бо чораҳои оштидиҳӣ ҳаллу фасл нашуда бошанд, ё корфармо аз чораҳои оштидиҳӣ саркашӣ намояд ва ё созишҳои дар рафти ҳаллу фасли баҳс ҳосилшударо иҷро накунад, кормандон ҳақ доранд, ки воситаҳои дигари ҳаллу фасли баҳс (гирдиҳамоиҳо, намоишҳо ва чорабиниҳои дигар)-ро то худи татбиқи охирин чораи ҳаллу фасли баҳси меҳнатӣ – корпартоиро истифода баранд.
Қарори корпартоӣ кардан дар маҷлиси (конференсияи) колективи меҳнатӣ ё мақоми дахлдори намояндагии кормандони ташкилот бо овоздиҳии пинҳонӣ қабул карда мешавад ва агар ба тарафдории ин қарор камаш аз се ду ҳиссаи аъзои коллективӣ дар маҷлис ҳузурдошта (мақоми намояндагии кормандони ташкилот) ё аз се ду ҳиссаи вакилони конференция намояндагони коллективӣ меҳнатӣ, дар сурати дар маҷлис мавҷуд будани кворуми аз нисф зиёди аъзои коллективи меҳнатӣ (мақоми намояндагии кормандони ташкилот) ва ё аз се ду ҳиссаи вакилони конфиренция овоз дода бошанд, он қабул мегардад.
Корпартоиро як шахс ё гурўҳи шахсоне, ки аз тарафи коллективӣ меҳнатӣ ё мақоми дахлдори намояндагии кормандони ташкилот ваколатдор шудаанд, роҳбарӣ мекунанд.
Корфармо аз оғози корпартоӣ ва мўҳлати имконпазири он камаш ду ҳафта пеш бояд хатти огоҳ карда шавад.
Агар корпартоӣ ба ҳаёт ва саломатии одамон, амният ва қобиляти мудофиавии давлат хатари ҷиддӣ ба вуҷуд оварад, ҳуқуқи корпартоӣ метавонад маҳдуд карда шавад. Маҳдуд сохтани ҳуқуқи корпартоӣ бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад. (ҚҶТ аз 26.12.11с.,№778)
Қонунӣ ё ғайриқонунӣ будани корпартоиро суд муқаррар мекунад.
Моддаи 212. Кафолатҳо ва ҷубронҳо ба кормандоне, ки корпартоӣ мекунанд
Ширкат дар корпартоӣ ихтиёрист. Ҳеҷ кас наметавонад ба ширкат кардан ё накардан дар корпартоӣ маҷбур карда шавад.
Ширкати корманд дар корпартоӣ (ба истиснои ширкат дар корпартоиҳои ғайриқонунӣ) ҳамчун вайрон кардани интизоми меҳнат баррасӣ шуда ё барои бекор кардани шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ асос шуда наметавонад.
Маоши кормандоне, ки дар корпартоӣ ширкат накардаанд, аммо бо сабаби он имконияти иҷрои кори худро надоштанд, на камтар аз ҳадди ҳолати бекористӣ, ки ба он корманд гунаҳкор нест, дода мешавад.
Агар дар шартнома оиди ҳаллу фасли баҳс (низоъ) тартиби дигар пешбинӣ нашуда бошад, он гоҳ барои давраи корпартои музди меҳнати кормандони дар он ширкаткарда дода намешавад.
Кумитаи иттифоқи касаба ё дигар мақоми дахлдори намояндагии кормандон ҳақ доранд, ки аз ҳисоби пардохтҳои ихтиёрӣ ва хайрияҳо фонди корпартоӣ, ҳамчунин фонди махсуси суғурта таъсис диҳад,
Моддаи 213. Ҷавобгарии корфармо барои вайрон кардани қонунгузорӣ дар дар бораи баҳсҳои меҳнатии коллективӣ
Аз корфармое, ки дар комиссияи оштидиҳӣ иштирок кардан намехоҳад ё барои таъхир ёфтани иҷрои қарорҳои мақомоти оштидиҳӣ гунаҳгор аст, барои ҳар рўз баъди гузаштани мўҳлати муқарраргардида то даҳ нишондиҳанда барои ҳисобҳо аз тариқи суд ҷарима ситонида мешавад.
Аз корфармое, ки барои иҷро накардани ўҳдадории созишномаи дар натиҷаи чораи оштидиҳӣ ҳосилгардида ё худ барои ба ҷо наовардани қарори суд оиди баҳси меҳнатии коллективӣ гунаҳкор аст, то сад нишондиҳанда барои ҳисобҳо аз тариқи суд ҷарима ситонида мешавад. (ҚҶТ аз 26.12.11с.,№778)
Бо талаби иттифоқи касаба, мақоми дигари намояндагии кормандон мақоми идораи хоҷагӣ вазифадор аст, ки то худи аз вазифа озод кардани роҳбаре, ки бо гуноҳи ў баҳси меҳнатии коллективӣ рўй додааст, чораи таъсирбахш андешад.
Моддаи 214. Масъулияти кормандон барои корпартоиҳои ғайриқонунӣ
Ташкили корпартоӣ, ки суд онро ғайриқонунӣ донистааст, ё худ иштирок дар он вайрон кардани интизоми меҳнат буда, боиси андешидани чораҳои муҷозоти интизомии пешбиникардаи қонунгузорӣ шуда метавонад.
Шахсоне, ки кормандонро бо роҳи зўрӣ ё таҳдид ба корпартоӣ маҷбур месозанд, тибқи қонунгузории ҷиноятӣ ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Зиёни ба соҳибмулк аз корпартоии ғайриқонунӣ расида, ки бо қарори коллективи меҳнатӣ гузаронида шудааст, аз фонди истеъмолии ташкилот аз тариқи суд ҷуброн карда мешавад.
Агар корпартоии ғайриқонунӣ бо ташаббуси иттифоқи касаба гузаронида шуда бошад, зиён бо назардошти молу мулки иттифоқи касаба ба андозаи муайяннамудаи суд аз ҳисоби он ҷуброн карда мешавад.
Шахсоне, ки ҳомии манфиати тарафҳо буда, қоидаҳои дар ҳамин Кодекс пешбинишударо вайрон кардаанд, мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида мешаванд. (ҚҶТ аз 26.12.11с.,№778)
БОБИ 17.
СУҒУРТАИ ИҶТИМОӢ
Моддаи 215. Шаклҳои суғуртаи иҷтимоӣ
Суғуртаи иҷтимоии кормандон дар ду шакл сурат мегирад: суғуртаи иҷтимоии давлатӣ ва суғуртаи иҷтимоии ихтиёрӣ.
Суғуртаи иҷтимоии давлатӣ бидуни истисно ба тамоми ашхосе, ки бо шартномаи (қарордоди) меҳнатӣ кор мекунанд, дахл дорад. Маблағи суғуртаи иҷтимоии давлатӣ аз ҳисоби ҳиссаҳое, ки корфармо мепардозад, мадохилот аз буҷети давлатӣ ва дигар мадохилоти муайянкардаи қонун ташаккул меёбад. Кормандон ҳиссаи худро ба фонди суғурта бо тартиб ва андозаи муайянкардаи Қонун мепардозанд.
Суғуртаи иҷтимоии ихтиёрӣ тавассути фондҳои ғайридавлатии суғурта, ки аз тарафи ташкилотҳо, коллективҳои шаҳрвандон ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ таъсис ёфта метавонад, амалӣ мегардад.
Моддаи 216. Намудҳои таъминот аз ҳисоби суғуртаи иҷтимоии давлатӣ
Маблағи суғуртаи иҷтимоии давлатӣ барои кўмакпулиҳо (кўмакпулиҳои корношоямии муввақатӣ, ҳомиладорӣ ва таваллуд, дафн, кўмакпулиҳои оилавӣ ва дигар кўмакпулиҳое, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кардаанд) дар ҳолати бесаробон мондани оила, барои собиқаи кории баъзе категорияҳои кормандон, барои табобат дар санаторияву курорт, ташкили истироҳати кормандон ва аъзои оилаи онҳо, хўроки парҳезӣ, хизматрасонии тиббӣ мувофиқи полиси суғурта барои дигар пардохтҳо ҷиҳати тадбирҳои солимгардонию профилактикӣ, ки бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян шудааст, харҷ карда мешавад. Харҷи маблағи суғуртаи иҷтимоии давлатӣ ба мақсадҳои пешбининакарадаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ аст. (ҚҶТ аз 26.12.11с.,№778)
Аз фонди суғурта қарздор будани корфармо кормандро аз ҳуқуқи таъмини ў аз ҳисоби маблағи суғуртаи иҷтимоии давлатӣ маҳрум намесозад.
Дар созишномаҳо ва шартномаҳои коллективӣ аз ҳисоби маблағи худии корфармо ва ҳиссаҳои ихтиёрии кормандон андозаҳои зиёдтари пардохтҳо, ҳамчунин пардохтҳои иловагии иҷтимоӣ пешбинӣ шуда метавонанд.
(Моддаҳои 217 – 224 хориҷ карда шудаанд бо Қ ҶТ аз 3.03.06с, №158)
БОБИ 18. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
Моддаи 225. Мақомоти назорати риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба меҳнат
Назорати давлатии риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба меҳнат ва қоидаҳои ҳифзи меҳнат аз тарафи мақоми давлатии махсус ваколатдоршуда ва нозироти дар фаъолияти худ ба корфармо тобеънабуда ба амал бароварда мешавад.
Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба меҳнатро бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон назорат менамоянд.
Вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва дигар мақомоти давлатӣ назорати дохилиидоравии риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба меҳнатро аз ҷониби сохторҳо ва ташкилотҳои тобеашон амалӣ менамоянд.
Назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба меҳнатро дар қаламрави Тоҷикистон Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва прокурорҳои тобеи он дар доираи ваколати худ татбиқ менамоянд. (ҚҶТ аз 26.12.11с.,№778)
Моддаи 226. Назорати давлатии пешбурди бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ
Назорати давлатии риояи қоидаҳои пешбурди бехатарии корҳоро дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ дар баробари бозрасии техникии иттифоқи касаба мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи назорати бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ ва мақомоти маҳаллии он амалӣ менамоянд. (ҚҶТ аз 26.12.11с.,№778)
Моддаи 227. Назорати ҷамъиятии риоя шудани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба меҳнат
Назорати ҷамъиятии риоя шудани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба меҳнат ва қоидаҳои ҳифзи меҳнат бар зиммаи иттифоқҳои касаба ва ҳамчунин бар души нозирон ва комиссияҳои мақоми дахлдори интихобии иттифоқи касабаи ташкилот ё мақоми дигари намояндагии кормандон аст.
Назорати ҷамъиятии санитарӣ ба зиммаи нозирони ҷамъятии санитарии ташкилот мебошад. (ҚҶТ аз 26.12.11с.,№778)
Моддаи 228. Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани Кодекси мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои вайрон кардани Кодекси мазкур мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. (ҚҶТ аз 26.12.11с.,№778)
ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи қабули Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 16 июни соли 1972 «Дар бораи тсдиқ кардани Кодекси Қоунҳои оид ба меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон» (Ведомостҳои Совети Олии РСС Тоҷикистон, соли 1972, № 12, моддаи 90);
Моддаи 3 Фасли ӯӯ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 24 апрели соли 1990 «Дар бораи ҷавогарӣ барои ноустувор гардонидани вазъи ҷамъиятию сиёсии республика» (Ведомостҳои Совети Олии РСС Тоҷикистон, соли 1990, № 9, моддаи 150);
Фасли ӯV Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 июни соли 1991 «Дар хусуси даровардани тағйироту иловаҳо ба баъзе санадҳои қонунии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (Ведомостҳои Совети Олии РСС Тоҷикистон, соли 1991, № 14, моддаи 237);
Моддаи 4 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 сентябри соли 1991 «Дар бораи даровардани тағйироту иловаҳо ба баъзе санадҳои қонунии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ( Ахбори Шўрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1991, № 18, моддаи 244);
Фасли ӯӯ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 январи соли 1992 «Дар бораи тадбирҳои мустаҳкам намудани интизоми меҳнат» ( Ахбори Шўрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1992, № 2, моддаи 12);
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 марти соли 1992 «Дар бораи даровардани тағйироту иловаҳо ба Кодекси Қонунҳои оид ба меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон» ( Ахбори Шўрои олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1992, № 10, моддаи 141);
Фасли ӯ Фармони Раёсати Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 июни соли 1993 «Дар бораи дохил намудани тағйироту иловаҳо ба баъзе санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»;
Моддаи 1 Фармони Раёсати Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 декабри соли 1993 «Дар бораи дохил намудани тағйироту иловаҳо ба баъзе санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»; ( Ахбори Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1993, № 23-24, моддаи 536);
Моддаи 1 Фармони Раёсати Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 январи соли 1994 «Дар бораи даровардани тағйирот ба баъзе санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон»; ( Ахбори Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1994, № 2, моддаи 50);
Фармони Раёсати Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 июни соли 1994 «Дар бораи дохил кардани тағйироту иловаҳо ба Кодекси қонунҳо оид ба меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон» ( Ахбори Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1994, № 9-12, моддаи 184);
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21 июли соли 1994 «Оид ба тасдиқ намудани Фармонҳои Раёсати Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи дохил намудани тағйирот ва иловаҳо ба баъзе санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар қисмати тасдиқи Фармони Раёсати Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 18 июни соли 1994 «Дар бораи дохил кардани тағйирот ва иловаҳо ба Кодекси қонунҳо оид ба меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон» ( Ахбори Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1994, № 15-16, моддаи 270);
Фармони Раёсати Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 октиябри соли 1994 «Дар бораи дохил намудани тағйирот ва иловаҳо ба Кодекси қонунҳо оид ба меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон» ( Ахбори Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1944, № 19 - 20, моддаи 415);
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 декабри соли 1994 «Оиди тасдиқи фармонҳои Раёсати Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дохил кардани тағйироту иловаҳо ба баъзе санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар қисмати тасдиқи Фармони Раёсати Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 октябри соли 1994 «Дар бораи дохил кардани тағйироту иловаҳо ба Кодекси қонунҳои оид ба меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон» ( Ахбори Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1994, № 23-24, моддаи 466).
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
ш. Душанбе, 15 маи соли 1997,
№417