КОДЕКСИ АНДОЗИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2004, №12, қисми 1, моддаи 688, моддаи 689; соли 2005, №12, моддаи 629; соли 2006, № 7, моддаи 341; №12, моддаи 543; соли 2007, №3, моддаи 172; №7, моддаи 668; соли 2008, № 3, моддаи 195; №6, моддаи 455; соли 2009, №3, моддаи 86; № 5, мод. 332; №12, мод.823; с. 2010, №7, мод. 559; №12, қ.1, мод. 824; мод. 826; Қонуни ҶТ аз 16.04.2012с., №813; аз 03.07.2012с., №852)
ҚИСМИ I. ҚИСМИ УМУМӢ
ФАСЛИ I. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
БОБИ I. СИСТЕМАИ АНДОЗИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Моддаи 1. Муносибатҳое, ки ҳамин Кодекс танзим менамояд
Моддаи 2. Қонунгузории андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ва амали он
Санадҳои қонунгузории андоз, ки дар давоми моҳҳои якум ва (ё) дуюми семоҳа расман нашр мешаванд, аз санаи 1-уми моҳи якуми семоҳае, ки мустақиман баъди семоҳаи расман нашршудаи онҳо фаро мерасад, мавриди амал қарор дода мешаванд.
Агар санадҳои қонунгузории андоз дар ҷараёни моҳи сеюми семоҳа расман нашр шаванд, онҳо аз санаи 1-уми моҳи дуюми семоҳае, ки мустақиман баъди семоҳаи расман нашршудаи онҳо фаро мерасад, мавриди амал қарор дода мешаванд.
Муқаррароти сархатҳои дуюм ва сеюми ҳамин қисм дар ҳолате мавриди амал қарор дода мешаванд, агар бевосита дар худи санади қонунгузории андоз мўҳлати дигар оид ба эътибор пайдо кардани он пешбинӣ нашуда бошад.
Санади меъёрии хуқуқӣ оид ба андоз дар ҳолате ба ҳамин Кодекс номутобиқ шуморида мешавад, агар чунин санад то дараҷае ба принсипҳои (асосҳои) умумӣ ва (ё) маънои аслии муқаррароти мушаххаси ҳамин Кодекс мухолиф бошад.
Санадҳои қонунгузории андоз, ки андозҳои навро муқаррар мекунанд, меъёрҳои андозро зиёд менамоянд, барои ҳуқуқвайронкунии андоз ҷавобгариро муқаррар ё вазнинтар месозанд, ўҳдадории нави андозсупорандагон, инчунин дигар иштирокчиёни муносибатҳоеро, ки қонунгузории андоз танзим менамояд, муайян мекунанд, қувваи бозгашт надоранд.
Санадҳои қонунгузории андоз, ки ҷавобгариро барои вайрон кардани қонунгузории андоз бартараф ё сабуктар мегардонанд ё барои ҳимояи ҳуқуқҳои андозсупорандагон, агентҳои андоз ва намояндагони онҳо кафолати иловагӣ фароҳам меоранд, агар дар худи санади қонунгузории андоз тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, қувваи бозгашт доранд.
Муқаррароти пешбининамудаи ҳамин қисм нисбати санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки тартиби ситонидани андози пардохтшавандаро вобаста ба гузаронидани мол аз сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим менамоянд, низ татбиқ мегарданд.
1) муқаррарот дар бораи ҳуқуқвайронкуниҳои маъмурӣ, ки ба қонунгузории маъмурӣ дохил карда шудаанд;
2) муқаррарот оид ба ҷиноятҳои андоз, ки ба қонунгузории ҷиноятӣ дохил шудаанд;
3) муқаррарот оид ба афзалияти ўҳдадориҳои андоз, ки ба қонунгузорӣ оид ба муфлисшавӣ дохил шудаанд;
4) муқаррароте, ки ба қонунгузории гумрук дохил шудаанд;
5) муқаррароте, ки ба қонунгузорӣ оид ба боҷи давлатӣ дохил шудаанд;
6) муқаррароте, ки ба қонунгузорӣ оид ба суғуртаи давлатии иҷтимоӣ дохил шуда, истифодаи мақсадноки маблағи андози иҷтимоиро аз ҷониби андозсупорандагон танзим менамоянд;
7) муқаррароте, ки ба қонунгузорӣ дар бораи буҷети давлатӣ барои солҳои молиявии дахлдор дохил шудаанд;
8) муқаррароти андоз, ки мутобиқи қонунгузорӣ оид ба таъсиси минтақаҳои озоди иқтисодӣ қабул шудаанд;
9) муқаррароте, ки ба қонунгузорӣ оид ба дигар пардохтҳои ҳатмӣ дохил шуда, Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро муқаррар накардааст;
10) муқаррарот оид ба пардохти фоидаи воқеии Бонки миллии Тоҷикистон ба буҷети давлатӣ, ки бо қонунгузорӣ оид ба Бонки миллии Тоҷикистон дохил карда шудаанд; (Қ ҶТ аз 3.12.09с, №571).
11) муқаррарот оид ба андозҳо, ки ба санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид шудаанд.(ҚҶТ аз 21.07.10. № 627)
1) андози даромад аз шахсони воқеӣ (андоз аз даромади шахсони воқеӣ);
2) андоз аз фоидаи шахсони ҳуқуқӣ;
3) андоз аз арзиши иловашуда;
4) аксизҳо;
5) андози замин;
6) андоз аз истифодабарандагони қаъри замин;
7) андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард;
8) андозе, ки тибқи низоми соддакардашуда пардохта мешавад;
9) андози ягона барои истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ;
10) андоз аз фурўш (нахи пахта ва алюминийи аввалия);
11) андози ҳадди ақал аз даромадҳо;
12) боҷи гумрукӣ ва дигар пардохтҳои гумрукӣ;
13) андози иҷтимоӣ;
14) боҷи давлатӣ;
15) андоз аз маҳсулоти коркарди молҳо;
16) роялти барои об; (ҚҶТ аз 26.03.09с, № 493).
17) дигар пардохтҳои ҳатмӣ.
Ҳеҷ як муқаррароти дастуруламалҳо, ки хилофи ҳамин Кодекс ва шартномаҳои байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, эътибори ҳуқуқӣ надоранд.
Моддаи 3. Системаи андози Ҷумҳурии Тоҷикистон
Системаи андози Ҷумҳурии Тоҷикистон аз маҷмўи дар ҳамин Кодекс пешбинишудаи андозҳо, принсипҳо, шаклу усулҳои муқаррар намудан, тағйир додан ва бекор кардан, пардохтан ва андешидани тадбирҳо ҷиҳати пардохти онҳо, инчунин шаклу усулҳои назорати андоз ва ҷавобгарӣ барои вайрон кардани қонунгузории андоз иборат аст.
Моддаи 4. Асосҳои ҳуқуқии андозбандӣ
Моддаи 5. Андоз
Андоз пардохти муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс ба буҷети давлатӣ (минбаъд –«буҷет») ба ҳисоб рафта, дорои хусусияти ҳатмӣ ва инфиродии ғайриэквивалентӣ мебошад.
Моддаи 6. Андозҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ба андозҳои умумидавлатӣ инҳо дохил мешаванд:
1) андози даромад аз шахсони воқеӣ (андоз аз даромади шахсони воқеӣ);
2) андоз аз фоидаи шахсони ҳуқуқӣ;
3) андоз аз арзиши иловашуда;
4) аксизҳо;
5) андози иҷтимоӣ;
6) андози замин;
7) андозҳо аз истифодабарандагони қаъри замин; .(ҚҶТ аз 21.07.10. № 627)
8) андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард;
9) андозе, ки тибқи низоми соддакардашуда пардохта мешавад;
10) андози ягона барои истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ;
11) боҷи гумрукӣ ва дигар пардохтҳои гумрукӣ;
12) боҷи давлатӣ;
13) андоз аз фурўш (нахи пахта ва алюминийи аввалия);
14) андози ҳадди ақал аз даромадҳо;
15) андоз аз маҳсулоти коркарди молҳо;
16) роялти барои об; (ҚҶТ аз 26.03.09с, № 493).
17) дигар пардохтҳои ҳатмии умумиҷумҳуриявӣ.
2.Ба андозҳои маҳаллӣ инҳо дохил мешаванд:
1) андоз аз молу мулки ғайриманқул;
2) андоз аз соҳибони воситаҳои нақлиёт;
3) андоз аз фурўши чакана;
4) дигар пардохтҳои ҳатмии маҳаллӣ.
Моддаи 7. Тартиби муқаррар намудан, тағйир додан ва бекор кардани андозҳо
Ҳангоми муқаррар намудани андозҳо бояд ҳамаи омилҳои андозбандӣ, аз ҷумла: андозсупорандагон; объекти андозбандӣ; манбаи андоз; меъёри андоз; давраи андоз; тартиби ҳисоб кардани андоз; тартиб ва мўҳлати пардохти андоз; дар ҳолатҳои пешбининамудаи ҳамин Кодекс – имтиёзҳои андоз ва асосҳо барои ба даст овардани (истифодаи) онҳо аз ҷониби андозсупоранда муайян карда шаванд. (ҚҶТ аз 26.03.09с, № 493)
БОБИ 2. МУАЙЯН НАМУДАНИ ИСТИЛОҲОТЕ, КИ ДАР ҲАМИН КОДЕКС ИСТИФОДА ШУДААНД
Моддаи 8. Андозсупорандагон (мафҳуми умумӣ)
Шахсони воқеӣ ва (ё) ҳуқуқӣ, ки ба зиммаашон мутобиқи ҳамин Кодекс ўҳдадории пардохти андоз гузошта шудааст, ҳамчун андозсупоранда эътироф мешаванд.
Мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс воҳидҳои махсуси шахсони ҳуқуқӣ ўҳдадориҳои ин шахсонро оид ба пардохти андозҳо (ҳамчун андозсупоранда эътироф мешаванд) дар маҳали (воқеии, аслии) ҷойгиршавии ин воҳидҳои махсуси шахсони ҳуқуқӣ иҷро менамоянд.
Моддаи 9. Объекти андозбандӣ ва (ё) объекте, ки бо андозбандӣ алоқаманд аст
Объекти андозбандӣ ва (ё) объекте, ки бо андозбандӣ алоқаманд аст, объекте мебошад, ки дорои тавсифи арзишӣ, миқдорӣ ё физикӣ буда, ҳангоми мавҷудияти он (объект) қонунгузории андоз нисбати андозсупоранда (субъект) ўҳдадориҳоро доир ба пардохти андоз муайян менамояд.
Объекти андозбандӣ ва (ё) объекте, ки бо андозбандӣ алоқаманд аст, метавонад аз молу мулк, даромад, фоида, амалиёт доир ба таҳвили мол (кор, хизматрасонӣ), арзиши молҳои таҳвилшуда (иҷрои корҳо, хизматрасониҳо), воридоти (содироти) мол ба (аз) қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё дигар объекте, ки ҳамин Кодекс муқаррар намудааст, иборат бошад.
Ҳар кадом андоз объекти мустақили ба худ хос дорад.
Моддаи 10. Манбаи андоз
Манбаи андоз аз баҳои арзишӣ, физикӣ ё дигар шакли арзёбии объекти андозбандӣ ва (ё) объекти ба андозбандӣ алоқаманд иборат буда, дар асоси он маблағи андозе, ки бояд ба буҷет пардохта шавад, муайян мегардад.
Моддаи 11. Меъёри (ставкаи) андоз
Меъёри андоз ин бузургии ҳисобкардашудаи маблағи андозҳо мебошад, ки нисбати воҳиди ченаки манбаи андозбандӣ истифода бурда мешавад.
Меъёри андоз бо фоиз ё (ва) маблағи мутлақ нисбати воҳиди ченаки манбаи андозбандӣ муқаррар карда мешавад.
Моддаи 12. Давраи андоз
Таҳти мафҳуми давраи андоз муддате дар назар дошта шудааст (соли тақвимӣ, семоҳа, моҳ, даҳрўза ё дигар мўҳлат), ки нисбати андозҳои алоҳида мутобиқи ҳамин Кодекс муқаррар гардидааст ва ҳангоми гузаштани он (ба охир расидани он) манбаи андоз муайян ва маблағи андози ба буҷет супоридашаванда ҳисоб карда мешавад. Давраи андоз метавонад аз як ё якчанд давраҳои ҳисоботӣ (семоҳаҳо, моҳҳо, даҳрўзаҳо ва дигар мўҳлатҳо) иборат бошад, ки бо гузаштани (ҷамъбасти) онҳо пешпардохтҳо (пардохтҳои ҷорӣ) сурат мегиранд.
Моддаи 13. Мўҳлати пардохт
Мўҳлати пардохти андоз санаи тақвимие мебошад, ки мутобиқи ҳамин Кодекс муайян шудааст ва то ё дар лаҳзаи фарорасии он маблағи ҳисобшудаи андоз бояд ба буҷет супорида шавад, яъне ўҳдадории андоз бояд иҷро гардад.
Моддаи 14. Имтиёзҳои андоз
Имтиёзҳои андоз афзалиятҳое, ки мутобиқи ҳамин Кодекс ё шартномаҳои байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дорои муқаррароти вобаста ба андозбандӣ мебошанд, ба гурўҳҳои алоҳидаи андозсупорандагон нисбат ба дигар андозсупорандагон фароҳам оварда шудаанд, аз ҷумла бе ягон таъсири манфӣ ба андозсупорандаи имтиёздор додани имконияти напардохтан, ё дар ҳаҷми камтар, ё дар мўҳлати нисбатан дертар супоридани андоз, эътироф карда мешаванд.
Моддаи 15. Фаъолияти соҳибкорӣ ва ғайрисоҳибкорӣ
1) чунин фаъолият мунтазам сурат гирифта, барои шахсе, ки муомилоти дар боло зикргардидаро иҷро менамояд, фаъолияти муқаррарӣ мебошад;
2) молҳои (корҳои, хизматрасониҳои) истеҳсолнамудаи (иҷрокардаи, расонидаи) фурўшанда пешниҳод карда мешаванд;
3) чунин амалиётҳо дар доираи фаъолияти савдо, савдою миёнаравӣ (аз ҷумла дилерӣ) ё фаъолияти миёнаравӣ анҷом дода мешаванд.
1) дар бонкҳо ё дигар муассисаҳои молиявию кредитӣ ҷойгир намудани маблағҳои пулӣ;
2) ба иҷора додани молу мулк аз ҷониби шахси воқеӣ; (ҚҶТ аз 26.03.09с, № 493).
3) ба идоракунии боэътимод супоридани молу мулк;
4) харидани (фурўш ё супоридани) ҳисса дар сармояи оинномавии корхона ё қоғазҳои қиматноки он; харидани (фурўш ё супоридани) вомбаргҳо ё ҳама гуна дигар векселҳо; харидани (фурўш ё супоридани) ҳисса дар фонди саҳҳомии инвеститсионӣ ё ҳуқуқи муаллифӣ ва ҳама гуна ҳуқуқҳои шабеҳи ба фурўшанда тааллуқдошта, ки эквиваленти фаъолияти ғайрисоҳибкорӣ мебошад, агар дар қисми 2 ҳамин модда тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад;
5) аз ҷониби шахси воқеӣ иҷро кардани кори кироя.
1) фаъолияти мақомоте, ки ба системаи мақомоти ҳокимияти давлатии тамоми соҳаю сатҳҳо ва мақомоти худидоракунӣ дохил шуда, фаъолияташон бевосита ба иҷрои вазифаҳои давлатии ба зиммаашон гузошташуда вобаста мебошад, ба истиснои хизматрасониҳо, ки дар асоси шартномавӣ маблағгузорӣ мешаванд ва дигар фаъолияти соҳибкорӣ;
2) фаъолияти эҳсонкорӣ;
3) фаъолияти динӣ.
Моддаи 16. Кори кироя
1) аз ҷониби шахси воқеӣ иҷро шудани ўҳдадориҳо дар доираи муносибатҳои тибқи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунгузории меҳнат ё хизмати давлатӣ танзимшаванда;
2) аз ҷониби шахси воқеӣ иҷро шудани ўҳдадориҳое, ки бевосита бо хизмат дар сафҳои қувваҳои мусаллаҳ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ё мақомоти (муассисаҳои) ба онҳо монанд алоқаманданд;
3) кор дар мансаби роҳбарикунандаи корхона ва ташкилот.
Моддаи 17. Фаъолияти эҳсонкорӣ
1) шахси қабулкунандаи чунин кўмак (дастгирӣ) дар назди шахси кўмакрасон ўҳдадории дорои хусусияти молу мулкӣ ё ғайримолу мулкиро қабул кунад (ба истиснои ўҳдадориҳои истифодаи мақсадноки маблағ ё молу мулки гирифташуда);
2) шахси кўмакгиранда (дастгириёбанда) ва шахси кўмакрасон (дастгирикунанда) шахсони бо ҳам алоқаманд ҳисобида шаванд (моддаи 29 ҳамин Кодекс);
3) агар чунин кўмак (дастгирӣ) ба ҳама гуна шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ барои иштирок дар маъракаи интихоботии сатҳҳои гуногун расонида шавад.
Моддаи 18. Фаъолияти динӣ
Фаъолияти динӣ аз фаъолияти ташкилоту иттиҳодияҳои динӣ, ки тибқи тартиби муқарраргардида ба қайд гирифта шуда1, аз ҷумла бо усули зайл ба ибодат ва тарғиби дин машғуланд, иборат мебошад:
1) ташкил ва гузаронидани маросиму оинҳои динӣ, ҷамъомадҳои ибодатӣ;
2) ба диндорон фароҳам овардани имконияти доштан ва (ё) истифода бурдани биноҳои намозхонӣ ё иморатҳои маросимӣ барои ба таври якҷоя ё инфиродӣ қонеъгардонии эҳтиёҷоти динӣ;
3) қабул ва фиристодани зиёраткунандагон, ҳайатҳои динӣ, намояндагони мазҳабҳои гуногун, гузаронидани вохўриҳои миллӣ ва байналмилалии динӣ, конгрессҳо, семинарҳо ва таъмин намудани иштирокчиёни чорабиниҳои номбаршуда бо манзил, нақлиёт, маводи ғизоӣ ва хизматрасонии маданӣ;
4) нигоҳдории биною иншооти динӣ, муассисаҳои таълимии динӣ ва гирду атрофи онҳо, таълими хонандагон ё шунавандагони чунин муассисаҳои таълимӣ, инчунин фаъолияти дигари шабеҳи оинномавии динӣ.
Моддаи 19. Корхонаҳо
Барои мақсадҳои ҳамин Кодекс ташкилотҳои зайле, ки фаъолияти соҳибкориро анҷом медиҳанд ё барои чунин фаъолият таъсис шудаанд, корхона (ташкилотҳои тиҷоратӣ) ба ҳисоб мераванд:
1) шахсони ҳуқуқӣ, воҳидҳои махсуси таъсисдодаи онҳо, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил шуда, дорои баланс (тавозун) ё сметаи мустақил мебошанд;
2) корпоратсияҳо, ширкатҳо, фирмаҳо ва дигар сохторҳои шабеҳи онҳо, ки мутобиқи қонунгузории давлатҳои хориҷӣ ташкил шудаанд.
Моддаи 20. Корхонаи резидентӣ ва хориҷӣ
Моддаи 21. Маҳали таъсисёбии корхона
Маҳали таъсисёбии корхона маҳали бақайдгирии давлатии корхона ё ҳангоми набудани он - суроғаи ҳуқуқии корхона ба ҳисоб меравад, ки дар ҳуҷҷатҳои таъсисӣ (оиннома, қарордод, низомнома) сабт шудааст.
Моддаи 22. Маҳали идоракунии корхона
Маҳали идоракунии корхона маҳали дар асл идора намудани он, яъне ҷоест, ки мақоми иҷроияи роҳбарикунандаи он вазифаҳои ҳаррўзаи идоракуниро анҷом медиҳад.
Моддаи 23. Муассисаи доимии ғайрирезидент (корхонаи хориҷӣ ё шахси воқеии ғайрирезидентӣ)
1) ҳама гуна маҳали иҷрои фаъолияти марбут ба истеҳсол, коркард, комплекткунӣ, борҷомакунӣ, басту банд, таҳвили мол, новобаста аз мўҳлати иҷрои чунин фаъолият;
2) ҳама гуна маҳали идоракунии ғайрирезидент (аз ҷумла, филиал, шўъба, намояндагӣ, бюро, идора, офис, ҳуҷраи корӣ, агентӣ, фабрика, устохона, сех, лаборатория, мағоза, анбор), новобаста аз мўҳлати иҷрои чунин фаъолият;
3) ҳама гуна маҳали фаъолият, аз ҷумла дастгоҳ ё майдонча, таҷҳизоти пармакунӣ ё киштиҳо барои ҷустуҷўи боигариҳои табиӣ, кон, чоҳи нафт ва (ё) газ, карер, манораҳои рўизаминӣ ё рўиобӣ ва (ё) чоҳҳо, новобаста аз мўҳлати иҷрои чунин фаъолият;
4) ҳама гуна маҳали фаъолият (аз ҷумла фаъолияти назоратию нозиротӣ ё мушоҳидакунӣ) вобаста ба хати қубурҳои газу нафт, ҷустуҷў ва (ё) коркарди боигариҳои табиӣ, насб, васл, ҷамъкунӣ, танзим, баистифодадиҳӣ ва (ё) хизматрасонии таҷҳизот, новобаста аз мўҳлати иҷрои чунин фаъолият;
5) ҳама гуна маҳали дигари фаъолият вобаста ба истифодаи автоматҳои бозӣ (аз ҷумла воситаҳои иловагии онҳо), шабакаҳои компютерӣ ва алоқа, аттраксионҳо, инфраструктураи нақлиётӣ ва ғайра, новобаста аз давомнокии истифодабарии онҳо;
6) базаи доимие, ки шахси воқеӣ-ғайрирезидент барои иҷрои фаъолияти соҳибкорӣ истифода мебарад.
Ҳамзамон таҳти мафҳуми майдончаи сохтмонӣ (объект), хусусан маҳали фаъолият оид ба сохтмон ва (ё) азнавсозии молу мулки ғайриманқул, аз ҷумла сохтмони бино, иншоот ва (ё) иҷрои корҳои васлкунӣ, сохтмон ва (ё) азнавсозии кўпрукҳо, роҳҳо, каналҳо, ҷойгиронии қубурҳо, васли таҷҳизоти барқӣ, технологӣ ё дигар таҷҳизот ва (ё) иҷрои корҳои дигари шабеҳ дар назар дошта мешаванд.
Майдончаи сохтмонӣ (объект) аз рўзи дуюми баъди рўзи имзо шудани санад оиди ба истифодабарӣ қабул намудани сохтмон (ҳаҷми корҳои иҷрошуда) ва пардохти пурраи арзиши сохтмон мавҷудияташро қатъ менамояд.
1) тавассути агенти ваколатдор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъоварии подоши суғуртавӣ ва (ё) суғуртакунӣ ё аз нав суғуртакунии таваккалро (риск) анҷом диҳад;
2) тавассути хизматчиён ё кормандони барои ин мақсадҳо кирояшуда зиёда аз навад рўзи тақвимӣ дар тамоми муддати муттасили дувоздаҳмоҳае, ки дар ҳамин давраи андоз хотима меёбад, дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста хизмат расонад;
3) иштирокчии ширкати оддӣ (шартнома оид ба фаъолияти якҷоя) бошад, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил ёфта, дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунад;
4) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон намоишгоҳҳои пулакӣ гузаронад ва (ё) дар онҳо таҳвили (фурўши) молро анҷом диҳад;
5) дар асоси муносибатҳои шартномавӣ ба резидент ё ғайрирезидент ҳуқуқи манфиатҳои худро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагӣ кардан, аз номи ў амал намудан ва ё қарордодҳо (шартномаҳо, созишномаҳо) бастанро диҳад.
Таҳти мафҳуми миёнарави мустақил шахсе фаҳмида мешавад, ки дар доираи фаъолияти муқаррарии (асосии) худаш вазифаи миёнаравиро бо мақсади ҳамкории тарафҳо амалӣ намуда, аз нигоҳи ҳам ҳуқуқӣ ва ҳам иқтисодӣ аз ғайрирезидент вобаста намебошад.
1) нигоҳ доштани мол ё маҳсулоти марбути корхонаи хориҷӣ;
2) харидани мол ё маҳсулот, ҷамъоварии маълумот барои корхонаи хориҷӣ;
3) иҷрои ҳама гуна дигар фаъолияте, ки дорои хусусияти омодасозӣ ё ёрирасон ба манфиатҳои корхонаи хориҷӣ мебошад;
4) омодагӣ барои бастан ё ба таври муқаррарӣ имзо намудани шартномаҳо аз номи корхонаи хориҷӣ оид ба масъалаҳои кредитҳо (қарзҳо), таҳвили мол ё маҳсулот, ё иҷрои корҳо (хизматрасониҳо);
5) иҷрои ҳама гуна шаклҳои фаъолияте, ки дар бандҳои 1)-4) ҳамин қисм зикр шудаанд.
Моддаи 24. Ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ
Моддаи 25. Ташкилоти буҷетӣ
Ташкилоти ғайритиҷоратие, ки фаъолияташ на камтар аз 70 фоиз аз ҳисоби буҷет дар асоси сметаи буҷетии даромаду хароҷоти он маблағгузорӣ мешавад, ташкилоти буҷетӣ мебошад.
Моддаи 26. Ташкилоти эҳсонкорӣ
1) бо мақсади фаъолияти эҳсонкорӣ таъсис дода мешавад;
2) чун ташкилоти эҳсонкорӣ мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудааст ва ҷавобгўи талаботи муқаррарнамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи фаъолияти эҳсонкорӣ” мебошад.
1) чунин ташкилоти ғайритиҷоратӣ мустақим ё ғайримустақим дар маъракаи интихоботии ҳама гуна сатҳи ҳама гуна ҳизби сиёсӣ, ташкилоти (ҳаракати) ҷамъиятӣ ё шахси воқеии алоҳида иштирок намояд; ё
2) маблағҳо ё активҳои ташкилоти ғайритиҷоратӣ ба ҳама гуна шахс нафъ оранд ё метавонанд нафъ оваранд, ба истиснои нафъе, ки дар натиҷаи фаъолияти эҳсонкорӣ ё пардохти оқилона барои молу мулк ва хизматрасонӣ ба даст омадааст.
Моддаи 27. Ташкилоти динӣ
Ташкилоти динӣ ташкилоти ғайритиҷоратие мебошад, ки бо мақсади иҷрои фаъолияти динӣ таъсис дода шуда, тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонун чун ташкилоти динӣ ба қайд гирифта шудааст.
Моддаи 28. Агенти андоз
1) андозҳои дахлдорро дуруст ва сари вақт ҳисоб намояд, аз андозсупоранда (ё манбаи пардохт) нигоҳ дорад ва ба буҷети дахлдор гузаронад;
2) даромадҳои ба андозсупорандагон пардохташуда, андозҳои аз андозсупорандагон (ё манбаи пардохт) нигоҳдошташуда ва ба буҷети дахлдор гузаронидашударо ба ҳисоб гирад, аз ҷумла оид ба ҳар як андозсупоранда ҳисоби ҷудогона барад;
3) ба мақомоти андоз барои назорати дурустии ҳисоб кардан, нигоҳ доштан ва пардохтани андозҳо ҳуҷҷатҳои заруриро пешниҳод намояд; ва
4) дигар вазифаҳоеро, ки қонунгузории андоз ба зиммааш гузоштааст, иҷро намояд.
Моддаи 29. Шахсони мутақобилан вобаста
1) шахсон муассисони (иштирокчиёни) ҳамон як корхона мебошанд, агар ҳиссаи ҳар яки онҳо на камтар аз 20 фоизро ташкил намояд;
2) як шахс мустақим ё ғайримустақим дар шахси дигаре, ки корхона мебошад, иштирок намояд ва агар ҳиссаи чунин иштирок на камтар аз 20 фоизро ташкил диҳад;
3) як шахс ба шахси дигар мувофиқи вазъи вазифавӣ тобеъ мебошад ё як шахс таҳти назорати (мустақим ё ғайримустақими) дигар шахс қарор гирифтааст;
4) шахсон корхонаҳои фаръии ҳамон як шахси ҳуқуқӣ мебошанд ё таҳти назорати мустақим ё ғайримустақими шахси сеюм қарор доранд;
5) шахсон мустақим ё ғайримустақим шахси сеюмро назорат мекунанд, агар ҳуқуқи овози ҳар кадом дар он на камтар аз 20 фоизро ташкил намояд;
6) шахсон дар қайди никоҳ мебошанд ё муносибатҳои хешу таборӣ доранд (қисми 48 моддаи 34 ҳамин Кодекс).
Моддаи 30. Шахсони воқеӣ-резидентҳо
1) аз ҷониби мақомоти ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хориҷа ба сафари хизматӣ фиристода шудаанд, аз ҷумла кормандони муассисаҳои дипломатию консулӣ ва намояндагиҳои ба онҳо баробаркардашуда, намояндагиҳои тиҷоратии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкилотҳои байналмилалӣ ё байниҳукуматӣ, инчунин аъзои оилаи чунин шахсони воқеӣ;
2) аъзои экипажҳои воситаҳои нақлиётии ба шахсони ҳуқуқӣ ё шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон тааллуқдошта, ки боркашонии байналмилалиро анҷом медиҳанд;
3) хизматчиёни ҳарбӣ ва кормандони ғайринизомии дар пойгоҳҳои ҳарбӣ, қисмҳои ҳарбӣ, гурўҳҳо, қисмҳо ва ҷузъу томҳои ҳарбии берун аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир шудаанд;
4) дар объектҳои воқеъ берун аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки моликияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ё резидентҳо, ё субъектҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд (аз ҷумла, дар асоси шартномаҳои консессионӣ), кор мекунанд;
5) хонандагон, донишҷўён, касбгирандагон ва таҷрибаомўзон, ки бо мақсади таҳсил ва гузаштани таҷриба дар давоми тамоми мўҳлати таълим ва таҷрибаомўзӣ берун аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд;
6) муаллимон ва кормандони илмӣ дар давоми тамоми мўҳлати таълим ё иҷрои корҳои номбаршуда, ки бо мақсади таълимдиҳӣ, машварат ё иҷрои корҳои илмӣ берун аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд.
1) ба сифати шахси дорои мақоми дипломатӣ ё консулгарӣ (ё аъзои оилаи чунин шахс) омада бошад;
2) ба сифати корманди ташкилоти байналмилалӣ ё ба сифати шахсе, ки дар хизмати давлатии кишвари хориҷӣ кор мекунад (ё аъзои оилаи чунин шахс), омада бошад;
3) танҳо барои гузаштан аз як давлати хориҷӣ ба давлати хориҷии дигар тавассути қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон омада бошад.
Моддаи 31. Соҳибкори инфиродӣ
Моддаи 32. Нархҳои бозорӣ
1) байни шахсони мутақобилан вобаста;
2) мубодилаи молҳо, кор ё хизматрасонӣ (амалиёти бартерӣ);
3) ҳангоми иҷрои амалиётҳои тиҷоратии хориҷӣ (иқтисодии хориҷӣ);
4) ҳангоме, ки тамоюли баланд ё пастшавии нархи истифодабурдаи андозсупоранда дар давоми мўҳлати начандон зиёд (на зиёда аз 30 рўзи тақвимӣ то лаҳзаи таҳвили молҳо, корҳо, хизматрасониҳо ё баъди он) аз нархи бозории молҳои (корҳои, хизматрасониҳои) шабеҳ (якхела) зиёда аз 30 фоизро ташкил намояд.
Дар ҳолатҳои дар бандҳои 3) ва 4) ҳамин қисм зикргардида чунин ҳисобида мешавад, ки аҳд воқеан тибқи нархҳои бозорӣ сурат гирифтааст, агар андозсупоранда собит насозад, ки аҳд воқеан тибқи нархҳои дар ҳуҷҷатҳои аслӣ зикршуда анҷом дода шудааст.
Нархи бозорӣ бо назардошти муқаррароти пешбининамудаи қисмҳои 5-11 ва 14 ҳамин мода муайян карда мешавад. Ҳамзамон иловаҳо ё тахфифҳои муқаррарӣ ба нарх ҳангоми бастани аҳдҳо байни шахсони мутақобилан вобаста набуда низ ба назар гирифта мешаванд. Аз ҷумла, тахфифҳое, ки дар натиҷаи омилҳои зерин ба миён омадаанд, ба назар гирифта мешаванд:
1) тағйирёбии мавсимӣ ва дигар тағйирёбии талабот нисбат ба молҳо (корҳо, хизматрасониҳо);
2) гумм шудани сифат ё дигар хусусиятҳои истеъмолии молҳо;
3) гузаштани (наздик шудани санаи гузаштани) мўҳлати коршоямӣ ё фурўши (таҳвили, рўхсат додани) молҳо;
4) сиёсати маркетинги тарафҳои аҳд, аз ҷумла ҳангоми баровардани молҳои (корҳои, хизматрасониҳои) нав ба бозор, ки монанди худро надоранд, инчунин ҳангоми баровардани молҳо (корҳо, хизматрасониҳо) ба бозорҳои нав;
5) фурўши (таҳвили) навъҳо ва намунаҳои таҷрибавии молҳо бо мақсади шиносоии истеъмолкунандагон бо онҳо.
5. Нархи бозории мол (кор, хизматрасонӣ) дар асоси маълумот оид ба амалиёти анҷомдодашуда нисбати моли (кори, хизматрасонии) шабеҳ (якхела) дар лаҳзаи таҳвили мол (кор, хизматрасонӣ), аз ҷумла дар асоси нархҳои биржаҳои байналмилалӣ ва дигар биржаҳо, муайян карда мешавад.
Ҳангоми муайянсозии шабеҳии молҳо, аз ҷумла аломатҳои физикӣ, сифат ва моҳияти он дар бозор, мамлакати пайдоиши мол ва истеҳсолкунандаи он ба инобат гирифта мешаванд. Ҳангоми муайянсозии шабеҳии молҳо фарқи начандон назарраси шакли берунаашон метавонад ба эътибор гирифта нашавад.
Ҳангоми муайянсозии шабеҳияти молҳо, аз ҷумла сифат, мавҷудияти нишонаи мол, моҳияти он дар бозор, мамлакати пайдоиши мол ба эътибор гирифта мешаванд.
Дар баробари ин шартҳои муомилот дар бозори моли (кор ё хизматрасонии) шабеҳ (дар сурати набудани онҳо – якхела) ҳангоме муқоисашаванда эътироф мегарданд, ки агар фарқи байни ин шартҳо моҳиятан ба нархи чунин мол (кор ё хизмат) таъсир нарасонад ё бо назардошти тасҳеҳ ба инобат гирифта шавад.
Нархи бозории мол (кор, хизматрасонӣ) метавонад бо истифодаи усули баинобатгирии нархи таҳвили минбаъда ё усули ҳисоби хароҷот муайян карда шавад.
Дар мавриди истифодаи усули баинобатгирии нархи таҳвилиминбаъда нархи бозории молҳое (корҳое, хизматрасониҳое), ки фурўшанда таҳвил менамояд, ҳамчун нархе, ки аз рўи он харидорони ин молҳо (корҳо, хизматрасониҳо) онҳоро ба харидорони минбаъдаи худ таҳвил кардаанд ва хароҷоти муқаррарии дар чунин ҳолатҳо масрафнамудаи ин харидор, ки барои ба муомилот баровардан ва таҳвили минбаъдаи ин молҳо (корҳо, хизматрасониҳо) ба харидори минбаъда (бе назардошти нархе, ки аз рўи он аз ҷониби харидори зикршуда аз фурўшанда ин молҳо (корҳо, хизматрасониҳо) дастрасшуда буданд) сарф шудаанд, бо назардошти меъёри фоидаи дар ҳамин соҳа муқарраргардидаи ин харидор муайян карда мешавад.
Дар мавриди ғайри имкон будани истифодаи усули баинобатгирии нархи таҳвили минбаъда (аз ҷумла, ҳангоми мавҷуд набудани маълумот оид ба нархи молҳои (корҳои, хизматрасониҳои) минбаъд аз ҷониби харидор таҳвил дода шуда, усули ҳисоби хароҷот истифода бурда мешавад, ки мутобиқи он нархи бозории молҳои (корҳои, хизматрасониҳои) аз ҷониби фурўшанда таҳвилдода ҳамчун ҷамъи хароҷоти амалишуда ва фоидаи муқаррарӣ дар ин соҳаи фаъолият муайян карда мешавад. Ҳамзамон хараҷоти мустақим ва ғайримустақими муқаррарии дар чунин ҳолатҳо барои истеҳсол (дастрас намудан) ва (ё) таҳвили молҳо (корҳо, хизматрасониҳо), ҳамлу нақл, нигоҳдорӣ, суғурта кардан ва дигар хараҷоти ба ин монанд, ба назар гирифта мешаванд.
Моддаи 33. Иҷораи молиявӣ (лизинг)
1) иҷора интиқоли моликиятро баъди гузаштани мўҳлати иҷора пешбинӣ менамояд ё иҷорагир ҳуқуқ дорад молу мулкро баъди ба охир расидани мўҳлати иҷора бо нархи муқарраргардида ё нархе, ки мутобиқи шартномаи иҷора муайян шудааст, ба даст орад; ё
2) мўҳлати иҷора аз мўҳлати хизмати молу мулки иҷорагирифташуда 75 фоиз бештар аст; ё
3) арзиши боқимондаи баҳододашудаи молу мулк баъди ба охир расидани мўҳлати иҷора камтар аз 20 фоизи нархи бозории онро то оғози иҷора ташкил медиҳад; ё
4) арзиши ҷории дисконтишудаи пардохти ҳадди ақал дар тамоми давраи мўҳлати иҷора ба 90 фоизи арзиши бозории молу мулк то оғози иҷора баробар аст ё аз он баландтар мебошад; ё
5) молу мулки иҷорашаванда тибқи фармоиш барои иҷорагир таҳия шудааст ва баъди ба охир расидани мўҳлати иҷора наметавонад ба ҷуз иҷорагиранда аз тарафи шахси дигар истифода шавад.
Моддаи 331. Муайян намудани истилоҳоте, ки бо мақсадҳои Боби 52 ҳамин Кодекс истифода шудаанд
Маҳсулоти ҷубронӣ бо назардошти арзиши иқтисодии кони коркардшаванда аз рўи ҳар як созишнома оид ба тақсими маҳсулот ба таври инфиродӣ муқаррар карда мешавад. Маҳсулоти ҷуброние, ки созишнома муқаррар кардааст, наметавонад аз 70 фоизи ҳаҷми (миқдори) умумии маҳсулоти истеҳсолшуда зиёд бошад.
Моддаи 34. Муайян намудани истилоҳоти дигаре, ки барои мақсадҳои ҳамин Кодекс истифода шудаанд
1) мўҳлати хизматашон зиёда аз як сол;
2) онҳо ҳангоми истеҳсоли молҳо (иҷрои корҳо, хизматрасониҳо) ё барои эҳтиёҷоти идоравӣ ба сифати воситаҳои меҳнат истифода мешаванд;
3) ҳамчун қоида, арзиши ҳар як воҳиди чунин активҳои моддӣ аз ҳадҳои муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои баҳисобгирии муҳосибӣ барои ба воситаҳои дар гардишбуда ҳамроҳ намудани активҳои моддӣ зиёд бошад;
4) онҳо бояд мутобиқи моддаи 153 ҳамин Кодекс истеҳлоқ шаванд.
1) даромад аз кори кироя дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
2) даромад аз таҳвили мол аз ҷониби истеҳсолкунанда, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсол шудааст, инчунин даромад аз иҷрои кор ва хизматрасониҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
3) даромад аз фаъолияти соҳибкорие, ки мумкин аст онро ба муассисаи доимии дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъбудаи ғайрирезидент мансуб донист, аз ҷумла:
- даромаде, ки ба фурўши молҳои ҳамон намуд ё шабеҳ ба молҳое, ки тавассути чунин муассисаи доимӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фурўхта мешаванд, мансуббуда ҳисобида шуда метавонанд;
- даромад аз фаъолияти соҳибкории дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифташуда, ки бо фаъолияти иҷрошавандаи чунин муассисаи доимӣ якхела ё ба он монанд аст.
4) даромади марбут ба иҷрои фаъолияти соҳибкорӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути муассисаи доимӣ: ҳангоми аз ҳисоб баровардани қарзҳои беэътимоди андозсупоранда аз ҷониби кредиторони он; аз фурўши воситаҳои асосӣ, ки мутобиқи банди 7 моддаи 153 ҳамин Кодекс ба даромад илова карда шудааст; ҷуброни хароҷот мутобиқи моддаи 193 ҳамин Кодекс;
5) даромади дар шакли дивидендҳо аз шахси ҳуқуқии резидентӣ гирифташуда, инчунин даромаде, ки аз фурўш ё додани ҳиссаи иштирок дар чунин шахси ҳуқуқӣ ба даст омадааст;
6) даромади дар шакли фоизҳо аз резидентҳо гирифташуда;
7) даромади дар шакли фоизҳо гирифташуда аз шахси ғайрирезиденте, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муассисаи доимӣ ё молу мулк дорад, агар қарзи чунин шахс бо ҳамин муассисаи доимӣ ё молу мулк алоқаманд бошад;
8) нафақа, агар онро резидент диҳад;
9) даромад дар шакли роялти, ки барои молу мулки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавҷудбуда ё истифодашаванда гирифта мешавад ё даромад аз фурўш ё додани молу мулки дар қисми 38 ҳамин модда зикргардида, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавҷуд аст ё истифода мешавад;
10) даромаде, ки аз ҳисоби ба иҷора додани молу мулки манқули дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истифодашаванда ба даст меояд;
11) даромаде, ки аз ҳисоби молу мулки ғайриманқули дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавҷудбуда ба даст меояд, аз ҷумла даромад аз фурўш ё додани ҳиссаи иштирок дар чунин молу мулк;
12) даромад аз фурўш ё додани саҳмияҳо ё ҳиссаи иштирок дар корхонае, ки арзиши қисми бештари активҳои он мустақиман ё ғайримустақим аз ҳисоби арзиши молу мулки ғайриманқули дар Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъгардида ташаккул меёбад;
13) дигар даромадҳо аз фурўш ё додани молу мулк аз ҷониби резиденте, ки ба иҷрои фаъолияти соҳибкорӣ вобаста намебошад;
14) даромади аз хизматрасонии идоракунӣ, молиявӣ ё суғуртавӣ, аз ҷумла хизматрасонии азнавсуғуртакунӣ гирифташуда, агар онро корхонаи резидент ё муассисаи доимии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъгардидаи ғайрирезидент пардозад ё агар он дар асоси шартнома бо чунин корхона ё муассисаи доимӣ гирифта шуда бошад;
15) даромаде, ки дар шакли подоши суғуртавӣ дар асоси шартномаи суғурта ва аз нав суғуртакунии таваккал дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохта шудааст;
16) даромад аз хизматрасонии телекоммуникатсионӣ ё нақлиётӣ ҳангоми иҷрои алоқаҳои байналмилалӣ ё нақлиётии байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар давлатҳо;
17) даромад аз фаъолияте, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи шартномаҳои (қарордодҳои) инфиродии меҳнатӣ ё дигар намуди шартномаҳои хусусияти гражданию ҳуқуқидошта гирифта шудааст;
18) ҳаққи (гонорарҳои) роҳбарон ва (ё) дигар пардохтҳое, ки ба аъзои мақоми олии роҳбарикунандаи (шўрои директорон, раёсат ё мақоми дигари шабеҳ) шахси ҳуқуқӣ – резидент, сарфи назар аз маҳали воқеии иҷрои ўҳдадориҳои идоракунии ба зиммаи чунин шахсон гузошташуда гирифтаанд;
19) изофапулиҳое, ки вобаста ба истиқомат намудан дар Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохта мешаванд;
20) даромади шахсони воқеӣ-ғайрирезидентҳои дар Ҷумҳурии Тоҷикистон коркунанда дар шакли ҷубронпулӣ ба онҳо (ба ҳамин шахсон), ки барои пўшонидани хароҷоти чунин шахсони воқеӣ–ғайрирезидентҳо ба неъматҳои моддӣ, маишӣ ё дигар манфиатҳои моддӣ, аз ҷумла хароҷот барои хўрокворӣ, истиқомат, таҳсили кўдакон дар муассисаҳои таълимӣ, хароҷоти вобаста ба истироҳат, аз ҷумла роҳкирои сафари аъзои оилаи онҳо ба рухсатӣ, аз тарафи (аз ҳисоби) корфармоён ё кироякунандагон дода шудааст;
21) пардохти нафақапулиҳое, ки фондҳои резидентии замшавандаи нафақавӣ анҷом медиҳанд;
22) даромадҳои вобаста ба фаъолият дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳунармандони театру кино, кормандони радио ва телевизион, навозандагон, рассомон ва варзишгарон пардохтшаванда, сарфи назар аз он, ки чунин даромадҳоро ба кӣ мепардозанд;
23) бурдҳое, ки резидентҳо мепардозанд;
24) даромаде, ки тавассути хизматрасонии мустақили шахсӣ (касбӣ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифта шудааст;
25) даромаде, ки дар шакли ройгон гирифтани молу мулки воқеъ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин даромаде, ки аз чунин молу мулк гирифта шудааст;;
26) дигар даромадҳое, ки дар бандҳои болоии ҳамин модда зикр нашудаанд ва дар асоси фаъолият дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд.
Ҳангоми муайян намудани манбаи даромад мутобиқи ҳамин қисм маҳали пардохтани даромад ба инобат гирифта намешавад.
1) шахсоне, ки ба ҳамин сифат мутобиқи қонунгузории оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф гаштаанд;
2) шахсоне, ки дар натиҷаи васоят ё парастории дарозмуддат муносибатҳое барқарор намудаанд, ки шабеҳи муносибатҳои хешовандӣ мебошанд.
Муносибатҳои васигӣ ё парасторӣ байни шахсоне, ки якҷоя зиндагӣ доранд, ба муносибатҳои хешовандӣ баробар дониста мешаванд. Қатъи зиндагии якҷоя байни шахсони мазкур ҳангоми нигоҳ доштани муносибатҳои шабеҳи хешовандӣ ба ҳисоб гирифта намешавад.
1) хизматрасонии нақлиётӣ ё экспедиторӣ, аз ҷумла интиқоли газ, нафт ва маҳсулоти нафт, қувваи барқ ё қувваи гармӣ;
2) ба иҷора додани молу мулки манқул ва ғайриманқул;
3) хизматрасонии савдо алоқа, маишӣ, манзилию коммуналӣ; (ҚҶТ аз 29.12.10с №665)
4) хизматрасонӣ дар соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш, хизматрасонии таълимӣ ва тиббӣ;
5) хизматрасонии рекламавӣ;
6) хизматрасонӣ оид ба навсозии технология, хизматрасонӣ оид ба таҳлилу коркарди нишондиҳандаҳо ва пешбурди махзани маълумот;
7) хизматрасонӣ оид ба тайёрии пеш аз фурўши молҳо;
8) хизматрасонӣ оид ба нигаҳдории молҳо ё дигар молу мулк, ё таъмини муҳофизат;
9) дигар хизматрасониҳо, вале барои мақсадҳои андоз аз арзиши иловашуда додани ҳуқуқи моликият ба воситаҳои пулӣ ва муносибатҳои иҷоравӣ ба замин, инчунин хизматрасониҳо ба корфармо ба ҳайси коргари кироя истисно карда мешавад.
1) пешниҳод, фурўш ё додани кредитҳо, кафолатҳои кредитӣ ва ҳама гуна дигар таъминоти кафолатии амалиёти пулӣ-кредитӣ, аз ҷумла идоракунии кредитҳо ва кафолатҳои кредитӣ аз ҷониби шахсе, ки кредит ё кафолат медиҳад;
2) пешниҳод, фурўш ё додани қарзҳо (аз ҷумла қарзҳои хурд), кафолати қарзҳо (қарзҳои хурд) ё ҳама гуна дигар таъминоти кафолатии чунин амалиёти пулӣ-кредитӣ, аз ҷумла идоракунии қарзҳо (қарзҳои хурд) ва кафолатҳои қарзҳо (қарзҳои хурд) аз ҷониби шахсе, ки қарзҳо (қарзҳои хурд) ё кафолат медиҳад;
3) амалиёте, ки ба идоракунии депозитҳо ва суратҳисобҳо, пардохтҳо, пулгузарониҳо, ўҳдадориҳои қарзӣ, воситаҳои маблағсупорӣ ва дигар воситаи мизоҷон вобаста аст;
4) амалиёти вобаста ба муомилоти арз, воситаҳои пулӣ ва банкнотҳое, ки воситаи қонунии пардохт мебошанд (ба истиснои предметҳои нумизматӣ);
5) амалиёти вобаста ба муомилоти саҳмияҳо, вомбаргҳо, сертификатҳо, векселҳо, чекҳо ва дигар қоғазҳои қиматнок (ба истиснои хизматрасонии нигоҳдории онҳо);
6) амалиётҳои вобаста ба аҳдҳое, ки ба воситаҳои молиявии ҳосилшуда, шартномаҳои форвардӣ, опсион ва созишномаҳои шабеҳ алоқаманд мебошанд;
7) хизматрасонии вобаста ба идоракунии фондҳои инвеститсионӣ;
8) амалиёти суғуртакунӣ ва аз нав суғуртакунӣ;
9) иҷораи молиявӣ (лизинг). Барои мақсадҳои ҳамин Кодекс иҷораи молиявӣ (лизинг) ҳамчун як амалиёти том дониста мешавад, ки харидани (таҳвил ва (ё) воридоти) молу мулки моддии истеҳлокшаванда (воситаҳои асосии истеҳлокшаванда) ва (ё) ба иҷора додани онро (онҳоро) мутобиқи моддаҳои 33 ва 192 ҳамин Кодекс, инчунин гирифтани пардохтҳои лизингие, ки ба таркиби онҳо маблағи қарзи асосӣ (пўшонидани қарзи иҷорагиранда аз рўи иҷораи молиявӣ (лизинг)) ва даромади иҷорадиҳанда, ки дар шакли фоизҳо гирифта мешавад, дар бар мегирад. (ҚҶТ аз 26.03.09с, № 493).
Номгўи мушаххаси амалиётро, ки мутобиқи ҳамин қисм таҳти истилоҳи “хизматрасониҳои молиявӣ” муайян мегардад, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мувофиқаи Бонки миллии Тоҷикистон ва мақоми ваколатдори давлатӣ муқаррар менамояд.
54.Ширкати иҷораи молиявӣ (лизинг) - шахси ҳуқуқӣ, ки зиёда аз 50 фоизи даромади он даромад аз амалиёти иҷораи молиявӣ (лизинг) мебошад.
1) андозсупоранда дар ҳисоботи андозии худ нишон додааст;
2) пардохти он тибқи муқаррароти Кодекси мазкур ба таъхир гузошта шуда, баъди ба охир расидани мўҳлати батаъхиргузорӣ бояд пурра ва якбора пардохт мешуд;
3) тибқи санади санҷиши ҳисоб карда шудаи мақомоти андоз, ки он ба андозсупоранда дастрас шудааст ва мавриди баҳс қарор нагирифтааст;
4) бо ҳалномаи суд, ки ба қувваи қонунӣ даромадааст, муайян карда шудааст. (Қ ҶТ аз 3.12.09с, №571).
– дар мўҳлати зиёда аз 3 моҳи пай дар пай баҳисобгирии даромаду хароҷот ва амалиёти хоҷагидории худро тибқи тартиби муқарраргардида набурдааст ё ба гум шудани ҳуҷҷатҳои муҳосибавӣ ва (ё) ҳуҷҷатҳои вобаста ба андозбандӣ роҳ додааст;
– дар мӯҳлати зиёда аз 3 моҳи пай дар пай маълумотро оид ба объектҳои андозбандӣ ва (ё) объектҳои ба андозбандӣ алоқаманди худ барои баҳисобгирии андоз пешниҳод накардааст ё дар ҳолатҳои муқаррарнамудаи Кодекси мазкур тағйир додани маълумоти қаблан барои баҳисобгирии андоз пешниҳодшударо таъмин накардааст;
– дар мӯҳлати зиёда аз 6 моҳи пай дар пай аз лаҳзаи пайдо шудани ӯхдадорӣ пешниҳоди ҳисоботи андоз ва (ё) пардохти маблағи андоз (андозҳо) ва (ё) пардохти маблағи қарзи андози эътирофшударо сари вақт ва (ӯ) пурра таъмин накардааст;
– ҳиссаи маблағи андозҳои ҳисобшудаи ӯ дар даромади умумиаш дар соли сипаригаштаи тақвимӣ нисбат ба ҳиссаи миёнаи андозҳои ҳисобшуда дар даромади умумии дар ин соҳа муайяншуда ба андозаи зиёда аз 25 фоиз паст шуда бошад;
– ҳисобнома-фактураи андоз аз арзиши иловашударо бе амалан анҷом додани амалиёти андозбандишаванда ё ҳисобнома-фактураи қалбакиро пешниҳод намуда бошад;
– ҳангоми иҷрои қарор оид ба боз доштани амалиётҳои хароҷотӣ бо суратҳисобҳои вуҷуддоштаи бонкиаш, суратҳисобҳои иловагии бонкӣ кушода бошад;
– дигар амалҳоро (беамалиеро) анҷом дода бошад, ки номгӯи онҳо аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ муқаррар карда мешавад.
Мақомоти андоз ҳуқуқ доранд нисбат ба андозсупорандаи бемасъулият маълумоти иловагӣ ҷамъоварӣ кунанд, манбаи андозбандии онро дар асоси муоинаи хронометражӣ ё санҷишҳои иловагӣ аниқ намоянд, инчунин дигар чораҳои назорати андозро анҷом диҳанд.
Рӯйхати андозсупорандагони бемасъулият аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ тартиб дода шуда, дар сомонаи электронии он ҷойгир карда мешавад ва номи андозсупорандаи бемасъулият аз рӯйхати мазкур баъди бартараф шудани камбудихои ҷойдошта ва (ё) пешниҳоди маълумоти асоснок бароварда мешавад. Ҳама гуна амалиёти анҷомдодашудаи андозсупорандагон бо шахсе, ки андозсупорандаи бемасъулият эълон шудааст, барои мақсадҳои андозбандӣ ҳангоми баҳисобгирии андоз аз арзиши иловашудаи аз рўи хариди мол (иҷрои кор ва хизматрасонӣ) пардохтшуда ба инобат шрифта намешаванд.
Шахсоне, ки ба рӯйхати андозсупорандагони бемасъулият дохил карда нашудаанд, андозсупорандаго–ни бомасъулият ҳисобида мешаванд. (ҚҶТ аз 29.12.10с №665)
ФАСЛИ II. МУҚАРРАРОТИ УМУМИИ МАЪМУРӢ
БОБИ 3. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 35. Тартиби татбиқи муқаррароти маъмурӣ
Агар дар ҳамин Кодекс тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад, муқаррароти маъмурии дар ҳамин фасл ва фасли III муқарраршуда нисбати ҳамаи намудҳои андоз татбиқ мегарданд.
Қоидаҳои пешбининамудаи ҳамин боб нисбати агентҳои андоз татбиқ мегарданд.
Моддаи 36. Назорати андоз оид ба воридоти пурра ва саривақтии пардохтҳо ба буҷет
1) баҳисобгирии бақайдгирии андозсупорандагон ва бо рақами мушаххаси андозсупоранда таъмин намудани онҳо;
2) баҳисобгирии объектҳои андозбандӣ ва объектҳои бо андозбандӣ алоқаманд;
3) баҳисобгирии пардохт ба буҷет;
4) баҳисобгирии супорандагони андоз аз арзиши иловашуда;
5) санҷишҳои андоз;
6) назорати камералӣ;
7) назорати қоидаҳои истифодаи мошинаҳои назоратию хазинавии дорои хотираи фискалӣ;
8) назорати дурустии тамғагузории намудҳои алоҳидаи молҳои зераксизӣ ва ташкили дидбонгоҳҳои аксизӣ;
9) назорат аз болои мақомоти ваколатдоршуда оид ба ситонидани андозҳо, боҷҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет.
10) муоинаи хронометражӣ. (ҚҶТ аз 29.12.10с №665)
Моддаи 37. Ҳуқуқҳои андозсупорандагон, таъмин ва ҳимоя намудани онҳо
1) аз мақомоти андоз доир ба ҳамаи масъалаҳои оид ба андозбандӣ ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет вобастабуда, аз ҷумла оид ба санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки масъалаҳои андозбандиро танзим менамоянд, оид ба санҷиши дарпешистодаи фаъолияти худ (ба истиснои санҷишҳои амалиётӣ) маълумот талаб намояд ва вобаста ба масъалаҳои татбиқи қонунгузориҳои андоз шарҳи хаттӣ гирад.
2) манфиатҳои худро оид ба масъалаҳои муносибатҳои андоз шахсан ё тавассути намояндаи худ муҳофизат намояд;
3) ҳангоми гузаронидани назорати андоз иштирок намуда, нусхаи ҳуҷҷатҳоро оид ба натиҷаҳои назорати андоз талаб намояд ва гирад;
4) ба мақомоти андоз, дар рафти гузаронидани назорати андоз ва аз рўи натиҷаҳои он, оид ба ҳисобкунӣ ва пардохти андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет тавзеҳот пешниҳод намояд;
5) доир ба ҳолати ҳисоббаробаркунӣ бо буҷет оид ба иҷрои ўҳдадориҳои андозӣ аз варақаҳои ҳисобномаҳои шахсиаш нусха гирад;
6) мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати санадҳои санҷиши андоз ва огоҳномаҳо оид ба санадҳои санҷиши андоз ва амали (беамалии) шахсони мансабдори мақомоти андоз шикоят намояд;
7) пинҳон доштани сирри андозро талаб кунад;
8) маълумотнома ва ҳуҷҷатҳои ба андозбандӣ вобаста набударо надиҳад;
9) имтиёзҳои андозро тибқи тартиб ва асосҳои мавҷуда мутобиқи қонунгузории андоз истифода барад;
10) мўҳлати тамдиди (ба таъхир гузоштани) пардохти андозҳоро тибқи тартиб ва шартҳои муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс дастрас намояд;
11) баҳисобгирӣ ё баргардонидани саривақтии маблағҳои андозҳои барзиёд супорида ё ситонидашударо (андозҳои ба буҷет барзиёд дохилшударо) талаб намояд;
12) аз шахсони мансабдори мақомоти андоз риояи қонунгузории андозро ҳангоми иҷрои амал нисбати андозсупорандагон талаб намояд;
13) санадҳо (қарорҳо) ва талаботи мақомоти андоз ва шахсони мансабдори онро, ки ба қонунгузории андоз, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ доир ба андозбандӣ ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ нестанд, иҷро накунад.
14) аз шахсони мансабдори санҷишкунандаи мақоми андоз барои гузаронидани санҷиши андоз асос талаб намояд, бо шаҳодатномаи хизматии онҳо шинос шавад;
15) бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ аз мақоми андоз товони зарари дар натиҷаи қабули қарор ва амалҳои (беамалии) ғайриқонунии шахсони мансабдори он расонидашударо талаб кунад;
16) дар ҷараёни гузаронидани санҷишҳои андоз мутахассисон, намояндагони ассотсиатсияҳо ва дигар ташкилотҳои ҷамъиятиро ҷалб кунад, инчунин салоҳияти шахсони ҷалбкарда бояд мутобиқи қисми 3 моддаи 39 ҳамин Кодекс тасдиқ карда шавад.
Тартиби ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии андозсупорандагонро ҳамин Кодекс ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамоянд.
Иҷро накардан ё иҷрои номатлуби ўҳдадориҳо оид ба таъмини ҳуқуқҳои андозсупорандагон боиси кашидан ба ҷавобгарии муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мегардад.
Моддаи 38. Ўҳдадориҳои андозсупоранда
1) сари вақт дар баҳисобгирии бақайдгирӣ ба сифати андозсупоранда ва қайди супорандаи андоз аз арзиши иловашуда истад;
2) ҳамаи ўҳдадориҳои андозро мутобиқи ҳамин Кодекс дар ҳаҷми пурра иҷро намояд;
3) талаботи қонунии мақомоти андозро дар хусуси бартараф намудани вайронкуниҳои ошкоршудаи қонунгузории андоз иҷро намуда, инчунин ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ ба фаъолияти қонунии онҳо монеъ нашавад;
4) дар асоси амрнома шахсони мансабдори мақомоти андозро барои азназаргузаронии молу мулке, ки объекти андозбандӣ ва (ё) объекти бо андозбандӣ алоқаманд мебошанд, иҷозат диҳад;
5) ба мақомоти дахлдори андоз эъломияҳои андоз, дигар ҳисоботи андоз ва ҳуҷҷатҳоро тибқи тартиби муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс пешниҳод намояд;
6) ҳисоббаробаркунии пулиро мутобиқи ҳамин Кодекс бо истеъмолкунандагон, ки ҳангоми иҷрои амалиёти тиҷоратӣ ё хизматрасонӣ тавассути пули нақд, кортҳои пардохтии бонкӣ, чекҳо бо татбиқи ҳатмии мошинаҳои назоратию хазинавии дорои хотираи фискалӣ ва додани чеки назоратӣ ба дасти истеъмолкунанда сурат мегирад, амалӣ намояд;
7) бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории андоз баҳисобгирии даромадҳои (хароҷотҳои) худ, объекти андозбандӣ ва (ё) объектҳои бо андозбандӣ алоқамандро пеш барад;
8) дар муддати на камтар аз 3 соли баъди ба охир расидани соли тақвимӣ маълумоти баҳисобгирии муҳосиботӣ, дигар баҳисобгириро ва ҳуҷҷатҳои барои ҳисоб ва пардохти андозҳои барои ҳамин соли тақвимӣ зарурӣ, инчунин ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи даромадҳои гирифташуда, хароҷот ва андозҳои пардохтшударо (нигоҳдошташударо) нигоҳ дорад;
9) ҳар сол барўйхатгирии молу мулк ва ўҳдадориҳоро мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баҳисобгирии муҳосибӣ гузаронад;
10) мақоми андози маҳалли бақайдгириро оид ба ҳамаи суратҳисобҳои кушодааш дар бонкҳо ва дигар муассисаҳои молиявию – кредитӣ (ба истиснои суратҳисобҳои пасандозии (депозитии) шахсони воқеӣ) дар мўҳлати на дертар аз 5 рўзи корӣ аз рўзи кушодани суратҳисобҳо хабардор намояд;
11) то санаи 15-уми июли соли ҷорӣ барои нимсолаи якуми соли ҷорӣ ва то санаи 15-уми январи соли минбаъда барои нимсолаи дуюми соли ҷорӣ ба мақоми андози маҳалли баҳисобгирии бақайдгирӣ дар ҳолатҳо, шаклҳо ва бо тартибе, ки мақоми ваколатдори давлатӣ дар мувофиқа бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ намудааст, ҳисобот оид ба маблағҳои имтиёзҳои андоз доир ба андозҳои умумидавлатӣ ва маҳаллӣ ҳангоми муайян намудани ўҳдадориҳои андозии худ мутобиқи қонунгузории андози Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифта оид ба имтиёзҳои андозии ба дигар шахсон додашуда, ҳангоми аз ҷониби ин андозсупоранда иҷро намудани амалҳои агенти андоз пешниҳод намояд.
1) оид ба ҳамаи воҳидҳои махсусашон, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон мавҷуданд– дар мўҳлати на дертар аз 30 рўзи тақвимӣ аз рўзи таъсис, азнавташкилшавӣ ё барҳамхўрӣ;
2) оид ба эълон намудани муфлисшавӣ, барҳамхўрӣ ё азнавташкилшавӣ – дар мўҳлати на дертар аз 10 рўзи тақвимӣ аз рўзи қабули чунин қарор;
3) оид ба тағйир ёфтани маҳали ҷойгиршавӣ ё зист – дар мўҳлати на дертар аз 10 рўзи тақвимӣ аз лаҳзаи чунин тағйирот.
Моддаи 39. Ҳуқуқ ба намояндагӣ дар муносибатҳое, ки қонунгузории андоз танзим менамояд
Моддаи 40. Намояндаи қонунии андозсупоранда
Моддаи 41. Амали (беамалии) намояндагони қонунии шахси ҳуқуқӣ
Амали (беамалии) намояндагони қонунии шахси ҳуқуқӣ вобаста ба иштироки ин шахс дар муносибатҳои тибқи қонунгузории андоз танзимшаванда амали (беамалии) ҳамин шахси ҳуқуқӣ эътироф мегардад.
Моддаи 42. Намояндаи ваколатдори андозсупоранда
Намояндаи ваколатдори андозсупоранда-шахси воқеӣ ваколатҳои худро дар асоси ваколатномаи ба тарзи нотариалӣ тасдиқшуда ё ваколатномаи мутобиқи қонунгузории граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ваколатномаи ба тарзи нотариалӣ тасдиқшуда баробаркардашуда иҷро менамояд.
Моддаи 43. Асъори бо мақсадҳои андозбандӣ истифодашаванда
Ҳама гуна амалиёт бо асъори хориҷӣ барои мақсади андозбандӣ ба асъори миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рўи қурби ҳисобкунии расмии Бонки миллии Тоҷикистон дар рўзи анҷом додани амалиёт аз нав ҳисоб карда мешавад.
Асъори хориҷие, ки нисбати он қурби ҳисобкунии расмии Бонки миллии Тоҷикистон мавҷуд нест, аз рўи қурби ҳисобкунии асъори дигар, дар асоси қурби асъорҳои марбута нисбати доллари ИМА муайян ва аз нав ҳисоб карда мешавад.
Моддаи 44. Чораҳои мубориза зидди саркашӣ аз андозсупорӣ ва усулҳои алтернативии андозбандӣ
Даромади (фоидаи) гирифташуда, новобаста аз асосҳои ба даст омадани он, бояд мутобиқи ҳамин Кодекс андозбандӣ гардад.
Агар мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонун муайян гардад, ки ягон даромад ё қисми он ғайриқонунӣ гирифта шудааст ва бояд ба моликияти давлат баргардонида шавад, дар чунин ҳолат ба буҷети давлат бояд маблағе гузаронида шавад, ки ба фарқи байни бузургии маблағи даромади ғайриқонунӣ ё қисми он ва бузургии андозҳои қаблан ба фоидаи давлат аз ин даромади ғайриқонунӣ ё қисми он пардохтшуда (нигоҳдошташуда) баробар бошад.
1) амалиётеро, ки дорои моҳияти назарраси иқтисодӣ намебошанд (ба истиснои моҳият барои ўҳдадориҳои андоз), ба эътибор нагиранд; ё
2) агар шакли амалиёт ба мазмунаш мутобиқат накунад, мувофиқи вазъи воқеӣ онро тағйир диҳанд (аз нав дараҷабандӣ намоянд).
1) андозсупоранда амалиёти худро дар ҳисобу китоб нодуруст ё тибқи шакл ва тартиби муқарраршуда зикр накардааст;
2) ҳуҷҷатҳои ҳисоб, ки барои муайян намудани ўҳдадориҳои андоз заруранд, гум ё нобуд шуда бошанд;
3) ҳисоботи андоз пешниҳод нашуда бошад;
4) андозсупоранда иҷозат додани шахсони мансабдори мақоми андозро барои азназаргузаронии (тафтиши) бино ва ҳудуди истеҳсолӣ, анборҳо, биноҳои тиҷоратӣ, ки андозсупоранда барои ба даст овардани даромад ё вобаста ба нигоҳдории объекти андозбандӣ истифода мебарад, рад намояд;
5) дар ҷараёни 30 рўзи тақвимии баъди мўҳлати муқарраргардида ҳуҷҷатҳои заруриро ҷиҳати ҳисоби андоз ба мақоми андоз пешниҳод накунад.
Моддаи 45. Баҳисобгирии бақайдгирии андозсупорандагон. Тартиби гузоштан ба баҳисобгирии бақайдгирӣ, аз нав баҳисобгирӣ ва баровардан аз баҳисобгирии бақайдгирӣ. Рақами мушаххаси андозсупоранда
Шахси ҳуқуқие, ки ба ҳайаташ воҳидҳои махсуси воқеъ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон дохиланд, инчунин соҳиби молу мулки ғайриманқул ва воситаҳои нақлиёти андозбандишаванда мебошад, ўҳдадор аст дар мақомоти андози ҳам маҳали ҷойгиршавии худ, ҳам маҳали ҷойгиршавии ҳар як воҳиди махсус ва ҳам маҳали ҷойгиршавии молу мулки ғайриманқул ва воситаҳои нақлиёти андозбандишавандааш ба сифати андозсупоранда ба қайд истад.
Мақоми ваколатдори давлатӣ, бо назардошти муқаррароти ҳамин модда, ҳуқуқ дорад хусусияти ба ҳисоб гирифтани андозсупорандагони калонро муайян намояд.
Ба ҳисоб гирифтани шахси воқеӣ дар мақомоти андоз дар маҳали ҷойгиршавии молу мулки ғайриманқули он, ки объекти андозбандӣ мебошад, дар асоси маълумоти пешниҳоднамудаи мақомоти дар моддаи 47 ҳамин Кодекс зикргардида анҷом дода мешавад.
Маҳали ҷойгиршавии молу мулк барои мақсадҳои ҳамин модда инҳо эътироф мегарданд:
1) барои воситаҳои нақлиёти баҳрӣ, дарёӣ ва ҳавоӣ – маҳали ҷойгиршавии (зисти) соҳиби молу мулк;
2) барои воситаҳои нақлиёти дар банди 1) ҳамин қисм зикрнашуда - маҳали (бандари) бақайдгирӣ ё маҳали бақайдгирии давлатӣ, ҳангоми мавҷуд набудани онҳо - маҳали ҷойгиршавии (зисти) соҳиби молу мулк;
3) барои молу мулки ғайриманқул – маҳали аслии мавҷудияти молу мулк.
Ҳангоми пешниҳоди ариза шахси воқеӣ ҳамзамон бо ариза барои гузоштан дар баҳисобгирии бақайдгирӣ шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистонро (минбаъд – «шиноснома»), ки шахсияти андозсупорандаро тасдиқ мекунад, пешниҳод менамояд. Талаби дигар ҳуҷҷатҳое, ки ҳамин модда пешбинӣ накардааст, манъ аст.
Ҳангоми гузоштан ба баҳисобгирии бақайдгирӣ ба маҷмўи маълумот оид ба андозсупорандагон-шахсони воқеӣ инчунин номгўи зерини шахсии онҳо дохил карда мешаванд:
1) насаб, ном, номи падар;
2) санаи таваллуд;
3) ҷинс;
4) суроғаи маҳали зист;
5) маълумоти шиноснома (рақам, серия, рўзи супоридан, кӣ супоридааст);
6) шаҳрвандӣ.
Рақами мушаххаси ба андозсупоранда додашуда дар ҳеҷ ҳолат (ба истиснои ҳолатҳои дар ҳамин модда зикргардида) тағйир дода намешавад ва ҳатто ҳангоми барҳамхўрии андозсупоранда - шахси ҳуқуқӣ (воҳидҳои махсуси он) ё вафоти андозсупоранда – шахси воқеӣ ба андозсупорандаи дигар (ҳама гуна шахси дигари воқеӣ ё ҳуқуқӣ) дода намешавад.
Рақами мушаххаси андозсупоранда, ки ба андозсупорандаи мушаххас дода шудааст, танҳо ҳангоми қабули қарори махсуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси аз нав баҳисобгирии тамоми андозсупорандагон ё яке аз ду гурўҳи онҳо (шахсони воқеӣ ё ҳуқуқӣ), инчунин дар сурати иштибоҳи мақомоти андоз ҳангоми додани РМА (нодуруст додани РМА, додани ҳамон як РМА ба андозсупорандагони гуногун ё додани зиёда аз як РМА ба ҳамон як андозсупоранда) метавонад тағйир дода шавад.
Ба шахсони воқеӣ, шахсони ҳуқуқӣ ва воҳидҳои махсуси онҳо мақоми дахлдори андоз дар шакли тасдиқнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи додани РМА шаҳодатнома медиҳад.
Оиди ба шахси воқеӣ - шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон додани рақами мушаххаси андозсупоранда дар шиноснома дар фасли “Сабти махсус” мўҳр зада ва навиштаҷоти инъикоси РМА сабт карда мешавад. Қоидаҳои тайёр намудани штампҳо, гузоштани штампҳо ва бо расмият даровардани сабти РМА дар шиноснома бо пешниҳоди мақоми ваколатдори давлатӣ, ки бо Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа шудааст, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд.
Тартиб ва шарти додан, истифода бурдан, инчунин тағйир додан ва ислоҳ намудани рақами мушаххаси андозсупорандаро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи ҳамин Кодекс муайян менамояд.
Мақомоти давлатӣ ва дигар шахсоне, ки барои бо шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ (ба фоидаи чунин шахсон) анҷом додани амалҳои (амалиётҳои, аҳдҳои) дар поён зикргардида ваколатдор мебошанд, ўҳдадоранд аз ин шахсон тасдиқи додани рақами мушаххаси андозсупорандаро бо роҳи пешниҳоди шаҳодатнома дар бораи додани рақами мушаххаси андозсупоранда ё шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сабти дахлдор оид ба додани рақами мушаххаси андозсупоранда талаб намоянд:
1) амалҳои нотариалӣ, ки барои онҳо рўёндани боҷи давлатӣ пешбинӣ шудааст, аз ҷумла бо молу мулки ғайриманқул ва воситаҳои нақлиёт, амалҳое, ки қонун барои онҳо рўёндани дигар пардохтҳои ҳатмиро муқаррар намудааст, амалҳое, ки пешниҳоди ҳатмии шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистонро пешбинӣ мекунанд;
2) додани иҷозатнома, шаҳодатнома ва дигар ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳие, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудаанд, аз ҷумла сертификатҳо барои ҳуқуқи истифодаи қитъаи замин ва қаъри замин;
3) ба мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идоракунӣ, корхонаҳо, ташкилотҳо ва муассисаҳо ба кор қабул намудан;
4) барасмиятдарории амалиётҳои иқтисодии хориҷӣ, интиқоли маблағҳои пулӣ берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон, додани кредит ва дигар маблағҳои пулӣ аз бонкҳо ва дигар муассисаҳои молиявию кредитӣ, ба истиснои амалиётҳои воридотӣ ва хароҷотӣ аз рўи суратҳисобҳои пасандозии (депозитии) шахсони воқеӣ мутобиқи моддаи 76 ҳамин Кодекс, додани молҳо ба кредит (бо тамдиди пардохт).
Мақомоти давлатӣ ва дигар шахсоне, ки барои бо шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ (ба фоидаи чунин шахсон) анҷом додани амалҳои (амалиёти, аҳдҳои) дар сархати ҳафтуми ҳамин қисм пешниҳодшуда ваколатдор мебошанд, ўҳдадоранд рақами мушаххаси андозсупорандаро дар нусхаҳои аслӣ ва нусхаҳои ҳуҷҷатҳое, ки содир шудани амалҳои (амалиёти, аҳдҳои) дар боло зикргардидаро тасдиқ менамоянд, нишон диҳанд. (ҚҶТ аз 20.03.08с, №376).
Моддаи 46. Хусусиятҳои ба баҳисобгирии бақайдгирӣ гузоштани шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки ғайрирезидент мебошанд
1) шахсони воқеӣ - ғайрирезидент, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти инфиродии соҳибкориро тавассути муассисаи доимӣ анҷом медиҳанд, - дар мақоми андози маҳалли омадан (истиқомат);
2) шахсони ҳуқуқӣ - ғайрирезидент, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо таъсис додани муассисаи доимӣ фаъолият менамоянд, - дар мақоми андози маҳали ҷойгиршавии муассисаи доимӣ.
1) рўзи бастани қарордод (шартнома, созишнома):
- барои иҷрои кор (хизматрасонӣ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- барои додани ваколат ҷиҳати аз номи он (ғайрирезидент) амал намудан дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- барои харидани молҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таҳвили минбаъда;
- барои фаъолияти якҷоя (иштирок дар ширкати оддӣ) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- барои дарёфти кор (хизматрасонӣ) бо мақсади фаъолият дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
2) санаи бастани шартномаи меҳнатии инфиродӣ ё дигар шартномаи дорои хусусияти шаҳрвандию ҳуқуқӣ бо шахси воқеӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
3) санаи бастани шартнома (шартномаи хариду фурўш ё иҷораи молу мулк), ки кушодашавии идораро (офисро) баён месозад.
Ҳангоми мавҷудияти якчанд шарти ҳамин қисм рўзи оғози фаъолият дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рўзи бастани якумин (пештарин) аз қарордодҳои (шартномаҳои, созишномаҳои) зикршуда ба ҳисоб меравад.
Моддаи 47. Ўҳдадориҳои мақомоте, ки бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ, маҳалли зисти шахсони воқеӣ, санадҳои ҳолати шаҳрвандӣ, додани шиносномаҳо ба шаҳрвандон, баҳисобгирии бақайдгирии молу мулк ва аҳдҳои марбут ба онҳоро амалӣ менамоянд
БОБИ 4. САНҶИШҲОИ АНДОЗ ВА ДИГАР ШАКЛҲОИ НАЗОРАТ
Моддаи 48. Мафҳум ва намудҳои санҷиши андоз
Дар ҳолати мавҷуд будани асосҳои кофӣ ва тибқи дархости хатии мақомоти назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия мақоми ваколатдори давлатӣ ўҳдадор аст санҷишҳои андозро, ки ҳамин Кодекс пешбинӣ намудааст, якҷоя бо ин мақомот гузаронад.»
1) санҷиши ҳуҷҷатӣ;
2) санҷиши амалиётӣ;
1) санҷиши маҷмўӣ (комплексӣ) – санҷиши иҷрои ўҳдадориҳои андоз оид ба ҳамаи намудҳои андоз;
2) санҷиши мавзўӣ инҳоро дар бар мегирад:
- иҷрои ўҳдадориҳои андоз оид ба намуди алоҳидаи андоз ва пардохтҳои ҳатмӣ, инчунин андозҳои ба онҳо мутақобилан вобаста. Андоз ба андози дигар мутақобилан вобаста ба ҳисоб меравад, агар ҳангоми тағйир ёфтани маблағи андози дигари ҳисобшуда маблағи ҳисобшудаи ин андоз ҳам мутақобилан тағйир ёбад; (Қ ҶТ аз 3.12.09с, №571).
- аз ҷониби мақомоти ваколатдор иҷро намудани ўҳдадориҳои ба зиммаи онҳо гузошташуда доир ба ҳисоб ва ё ҷамъоварӣ кардани андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет;
- аз ҷониби мақомоте, ки дар моддаи 47 ҳамин Кодекс муайян гардидаанд, иҷро намудани ўҳдадориҳои ба зиммаи онҳо гузошташуда;
- аз ҷониби бонкҳо ва дигар муассисаҳои молиявию кредитие, ки амалиёти алоҳидаи бонкиро анҷом медиҳанд, иҷро намудани ўҳдадориҳои муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс;
- масъалаҳои гардиши намудҳои алоҳидаи молҳои зераксизӣ ва амалӣ шудани намудҳои алоҳидаи фаъолияти зераксизӣ.
3) санҷиши мутақобила - санҷише, ки нисбати шахси сеюм гузаронида мешавад, агар ҳангоми гузаронидани санҷишҳои андоз ба мақомоти андоз зарурият пайдо шавад, ки оид ба дурустии дар баҳисобгирии андоз зикр намудани амалиёти гузаронидаи андозсупоранда маълумоти иловагӣ ба даст оранд. Ҳамзамон шахси мансабдори санҷишкунанда ҳуқуқ дорад аз тарафи шахсони сеюм дуруст инъикос кардани амалиёти мушаххаси баҳисобгирии андозро, ки дар амрномаи гузаронидани санҷиши мутақобила зикр гардидааст, бисанҷад.
1) дар мақомоти андоз дар баҳисобгирии бақайдгирӣ гузоштани андозсупорандагон;
2) дуруст истифода намудани мошинаҳои назоратию хазинавии дорои хотираи фискалӣ;
3) риоя намудани қоидаҳои рехтан (печондан), гузоштани тамғаҳои аксизӣ, нигаҳдорӣ, фурўши молҳои зераксизӣ ва амалӣ намудани намудҳои алоҳидаи фаъолияти зераксизӣ;
4) шахси мансабдори мақоми андозе, ки санҷиши амалиётӣ мегузаронад, ҳуқуқ надорад аз андозсупоранда маълумоти ба мавзўи санҷиш алоқаманд набударо, ки дар амрнома оид ба гузаронидани санҷиши амалиётӣ пешбинӣ шудааст, талаб намояд.
Моддаи 49. Даврияти гузаронидани санҷишҳои андоз
Санҷишҳои маҷмўӣ ва мавзўии андозсупорандагоне, ки арзиши таҳвили молҳо, иҷрои корҳо ва хизматрасонии онҳо (ба истиснои андоз аз арзиши иловашуда ва андоз аз фурўши чакана) дар соли гузаштаи андоз зиёда аз 15 миллион сомониро ташкил медиҳад, на зиёда аз як маротиба дар як сол гузаронида мешаванд.
Ҳамзамон санҷиши мавзўии андози як андозсупорандаи мушаххас метавонад танҳо нисбати намудҳои алоҳидаи андозҳо ва пардохтҳои ҳатмӣ, инчунин андозҳои ба онҳо мутақобилан вобастае, ки мутобиқи ҳамин Кодекс бояд ин андозсупоранда пардохт намояд ё нисбати як мавзўи дар моддаи 48 ҳамин Кодекс муайяншуда, гузаронида шавад. (Қ ҶТ аз 3.12.09с, №571).
Агар нисбати давраи барои гузаронидани санҷиши ба нақша гирифташудаи андоз санҷиши маҷмўии андозсупоранда гузаронида шуда бошад, дар он ҳолат нисбат ба ин давра санҷиши мавзўӣ гузаронида намешавад.
Санҷиши маҷмўӣ ба таври ҳатмӣ ҳангоми қатъ гардидани фаъолияти соҳибкори инфиродӣ – супорандаи андоз аз арзиши иловашуда, ё ҳангоми азнавташкилёбӣ, ё барҳам додани шахси ҳуқуқӣ гузаронида мешавад. Санҷиши маҷмўӣ, инчунин, ҳангоми қатъ шудани амали имтиёзҳо барои шахсони ҳуқуқӣ, ки тибқи бобҳои 49, 50 ва 52 Кодекси мазкур пешбинӣ шудаанд, ба таври ҳатмӣ гузаронида мешавад.Чунин санҷиш танҳо нисбати даврае гузаронида мешавад, ки қаблан мутобиқи ҳамин Кодекс мавриди санҷиши маҷмўӣ қарор наёфта бошад. (Қ ҶТ аз 3.12.09с, №571).
Агар субъекти хоҷагидор (андозсупоранда) то гузаштани мўҳлати зикргардида аз нав ташкил ёбад ё барҳам дода шавад, фаъолияти он дар асосҳои зерин мавриди санҷиши маҷмўӣ қарор мегирад:
1) аризаи андозсупоранда;
2) хабар ё қарори қабулнамудаи мақоми дахлдор дар бораи аз нав ташкилёбӣ ва ё барҳам додани субъекти хоҷагидор (андозсупоранда);
3) ахбори мақоме, ки бақайдгирӣ, азнавташкилёбӣ ё барҳам додани шахси ҳуқуқиро амалӣ менамояд.
Дар давраи озод будан аз санҷиши андоз субъекти хоҷагидори (андозсупорандаи) навтаъсис аз иҷрои ўҳдадориҳои андози муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс озод карда намешавад.
1) тибқи қарори роҳбари аввали мақоми ҳудудии андоз ё шахси ваколатдори ўро ивазкунанда – на зиёда аз як маротиба дар як сол;
2) тибқи қарори роҳбари аввали мақоми ваколатдори давлатӣ ё шахси ваколатдори ўро ивазкунанда – ҳангоми пайдо шудани зарурати гузаронидани санҷишҳои амалиётӣ зиёда аз як маротиба дар як сол.
1) ҳангоми гузаронидани санҷишҳои ҳуҷҷатии андоз тибқи аризаи андозсупоранда дар мавриди баромадан аз қайди андоз аз арзиши иловашуда. Дар баробари ин бояд санҷиш дар мўҳлати на дертар аз 30 рўзи тақвимии баъди гирифтани аризаи андозсупоранда оғоз карда шавад;
2) ҳангоми гузаронидани санҷишҳои ҳуҷҷатии андоз вобаста ба охир расидани мўҳлати амали қарордод оид ба истифодаи қаъри замин;
3) ҳангоми гузаронидани санҷишҳои мутақобила;
4) ҳангоми гузаронидани санҷишҳои мавзўӣ дар асоси аризаи андозсупоранда барои аниқ намудани маблағи андоз аз арзиши иловашуда, ки барои баргардонидан пешниҳод шудааст;
5) ҳангоми гузаронидани санҷишҳои иловагӣ дар асоси қарори мақоме, ки шикояти андозсупорандаро вобаста ба огоҳнома тибқи санади санҷиши андоз баррасӣ менамояд. Мақоме, ки шикояти андозсупорандаро ба огоҳнома дар бораи натиҷаҳои санҷиши андоз баррасӣ мекунад, ба андозсупорандаи шикоятнамуда дар хусуси зарурати гузаронидани санҷиши иловагии андоз асоснома равон менамояд. Агар дар давоми 10 рўзи корӣ аз рўзи ба андозсупоранда равон кардани асосномаи дар боло зикршуда розигии хаттии ў барои гузаронидани санҷиши иловагии андоз, ки ба шикояти андозсупоранда алоқаманд мебошад, гирифта нашавад, чунин санҷиш аз ҷониби мақоме, ки ба суроғаи ў шикоят равон карда шуда буд, сурат намегирад ва огоҳнома дар бораи натиҷаҳои санҷиши андоз бе тағйир мемонад. Ҳамзамон андозсупоранда метавонад бо чунин шикоят ба огоҳномаи дар боло зикргардида дар бораи натиҷаҳои санҷиши андоз ба мақоми андози болоӣ, ба мақоми ваколатдори давлатӣ ё ба суд муроҷиат кунад.
Санҷиши иловагии андоз бо баррасии шикояти андозсупоранда алоқаманд аз ҷониби мақоми андози болоӣ ё мақоми ваколатдори давлатӣ бо риояи тартиби равон кардани асоснома дар бораи зарурати гузаронидани санҷиши иловагии андоз ва амалҳои минбаъда вобаста ба розӣ ё норозӣ будани андозсупоранда барои гузаронидани чунин санҷиши андоз гузаронида мешавад.;
6) ҳангоми санҷишҳои ғайринавбатии ҳуҷҷатӣ, ки дар асоси фармони роҳбари аввали (муовини ваколатдори он) мақоми ваколатдори давлатӣ нисбати андозсупорандаи мушаххас, инчунин тибқи асосҳои пешбининамудаи қисми 6 моддаи 48 ҳамин Кодекс гузаронида мешавад.
Санҷишҳои мутақобиларо мақомоти андоз танҳо дар асоси амрномаи алоҳидаи роҳбари якуми мақомоти андоз (ё иҷрокунандаи вазифаи он), ки гузаронидани санҷиши асосиро иҷозат додааст, гузаронида метавонад.
7.Аз ҷониби мақомоти андоз гузаронидани санҷишҳои такрории ҳуҷҷатии андоз барои давраи андози санҷидашуда манъ аст, ба истиснои ҳолатҳое, ки чунин санҷишҳои андоз дар ҳудуди мўҳлати мурури даъвое, ки моддаи 86 ҳамин Кодекс муқаррар намудааст, гузаронида мешаванд:
1) дар асоси аризаи хаттии худи андозсупоранда;
2) тибқи асосҳои пешбининамудаи қисми 6 моддаи 48;
3) тибқи қарори роҳбари аввали мақоми ваколатдори давлатӣ ё шахси ваколатдори ўро ивазкунанда, ки дар асоси асосномаи роҳбари мақоми андози ҳудудӣ қабул шудааст;
4) тибқи қарори роҳбари аввали мақоми ваколатдори давлатӣ ё шахси ваколатдори ўро ивазкунанда, бо тартиби назорат аз болои фаъолияти мақоми андози ҳудудие, ки санҷиши ҳуҷҷатии андозро гузаронидааст. Чунин санҷиш танҳо нисбати даврае, ки охирин санҷиши ҳуҷҷатии андози гузаронидашуда дар бар мегирад;
5) дар асоси банди 5 қисми 6 ҳамин модда.
Моддаи 50. Давомнокӣ вавақти гузаронидани санҷишҳои андоз
Мўҳлати гузаронидани санҷиши андози андозсупорандае, ки мутобиқи ҳамин Кодекс супорандаи андоз ба ҳисоб рафта, аз рўи низоми соддакардашуда андоз месупорад, инчунин соҳибкори инфиродие, ки даромади умумиаш ба талаботи моддаҳои 302 ва 303 ҳамин Кодекс мутобиқат менамояд, набояд аз 10 рўзи корӣ аз оғози санҷиши андоз зиёд бошад.
Санҷиши андози фаъолияти соҳибкории инфиродие, ки мутобиқи ҳамин Кодекс супорандаи андоз аз арзиши иловашуда ба ҳисоб намеравад, набояд аз 5 рўзи корӣ аз оғози санҷиши андоз зиёд бошад.
1) дар хоҷагиҳои истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ дар мавсими киштукор аз 20 март то 20 майи соли тақвимӣ;
2) дар хоҷагиҳои истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ дар мавсими ғунучини ҳосил аз 20 июл то 20 ноябри соли тақвимӣ;
3) дар корхонаҳои коркарди маҳсулоти кишоварзӣ (маҳсулоти тезвайроншавандаи мевагӣ ва полезӣ) аз 20 июн то 20 октябри соли тақвимӣ.
Моддаи 501. Огоҳнома дар бораи санҷиши дарпешистодаи андоз
1) сана ва рақами бақайдгирии огоҳнома;
2) насаб, ном, номи падар ё номи пурраи андозсупоранда;
3) рақами мушаххаси андозсупоранда;
4) асос барои гузаронидани санҷиши андоз;
5) намуди санҷиши андоз;
6) сана, вақти оғоз ва мўҳлате, ки дар давоми он гузаронидани санҷиши андоз пешбинӣ мешавад.
Дар огоҳнома дар хусуси гузаронидани санҷиши мутақобилаи андоз бояд маълумоти пешбининамудаи қисми 1 ҳамин модда, инчунин амалиёти мушаххас, ки мўътамадии инъикоси онҳо дар баҳисобгирии андоз бояд муқаррар карда шаванд, зикр карда шавад.
Сабабҳои узрнок, ки вобаста ба онҳо андозсупоранда наметавонад оғози санҷишро дар рўз ва вақти дар огоҳнома пешбининамуда таъмин намояд, метавонанд беморӣ ва дар сафари хизматӣ будани шахси мансабдори масъул, ки ўҳдадор аст оғози санҷишро таъмин намояд, бошанд.
Дар ҳар ҳолат мақомоти андоз метавонад санҷиши андозро, ки дар огоҳнома пешбинӣ шудааст, пас аз гузаштани 10 рўзи корӣ аз мўҳлати дар огоҳнома зикршуда оғоз кунад, андозсупоранда бошад, ўҳдадор аст барои гузаронидани санҷиши андоз шароит ва ҳуҷҷатҳои заруриро муҳайё намояд. (ҚҶТ аз 26.03.09с, № 493).
Моддаи 502. Танзими сатҳи санҷиши андоз
Агар санҷиши андоз бо тартиби муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ ё яке аз мақомоти ҳудудии андоз гузаронида шуда бошад, гузаронидани санҷиши андози ҳамон андозсупоранда аз рўи ҳамон масъала ва ҳамон намудҳои санҷиши андоз, ки аз рўи онҳо дар давоми мўҳлати муқаррарнамудаи моддаи 49 ҳамин Кодекс санҷиши андоз гузаронида шудааст, аз ҷониби мақомоти дигари ҳудудии андоз манъ мебошад.
Моддаи 51. Асоси гузаронидани санҷиши андоз
1) сана ва рақами қайди амрнома дар мақоми андоз;
2) номи мақоми андозе, ки амрномаро додааст;
3) номи пурраи андозсупоранда;
4) рақами мушаххаси андозсупоранда;
5) намуди санҷиш;
6) мансаб, насаб, ном, номи падари шахсони санҷишгар;
7) мўҳлати гузаронидани санҷиш;
8) давраи андози санҷидашаванда ҳангоми санҷишҳои ҳуҷҷатӣ.
1) номи пурра ва рақами мушаххаси андозсупоранда – шахси ҳуқуқӣ ё насаб, ном, номи падар ва рақами мушаххаси андозсупоранда – шахси воқеӣ, ки нисбати он санҷиши асосии ҳуҷҷатии андоз гузаронида мешавад;
2) амалиёти мушаххаси ба санҷиши асосии ҳуҷҷатии андоз алоқаманд, ки мўътамадии инъикоси онҳо дар баҳисобгирии андоз бояд муқаррар карда шаванд.
Амрномаро дар хусуси гузаронидани санҷиши амалиётӣ дар ҳудуди муайяншуда як маротиба дар як сол роҳбари аввали мақоми ҳудудии андоз ё шахси ваколатдори ўро ивазкунанда имзо мекунад. Ҳангоми пайдо шудани зарурати гузаронидани санҷишҳои амалиётӣ дар ҳудуди муайяншуда зиёда аз як маротиба дар як сол дар ин хусус аз ҷониби роҳбари аввали мақоми ваколатдори давлатӣ ё шахси ваколатдори ўро ивазкунанда мустақилона ё дар асоси дархости хаттии роҳбари аввали мақоми ҳудудии андоз ё шахси ваколатдори ўро ивазкунанда қарор қабул карда мешавад.
Бо мақсади иҷрои чунин қарори роҳбари аввали мақоми ваколатдори давлатӣ ё шахси ваколатдори ўро ивазкунанда амрномаҳо дар хусуси гузаронидани санҷишҳои амалиётӣ аз ҷониби роҳбари аввали мақоми ҳудудии андоз ё шахси ваколатдори ўро ивазкунанда имзо карда мешаванд.
Ҳар қарори роҳбари аввали мақоми ваколатдори давлатӣ ё шахси ваколатдори ўро ивазкунанда барои ба имзо расонидани амрномаҳо дар хусуси гузаронидани санҷишҳои амалиётӣ дар ҳудуди муайяншуда дар давоми на зиёда аз 15 рўзи муттасили (пай дар пайи)корӣ ҳамчун асос шуда метавонад.
Ҳангоми пайдо шудани зарурати гузаронидани санҷишҳои амалиётӣ берун аз ҳудуди ҳар як 15 рўзи муттасили (пай дар пайи) кории минбаъда роҳбари аввали мақоми ваколатдори давлатӣ ё шахси ваколатдори ўро ивазкунанда мустақилона ё дар асоси асоснома роҳбари аввали мақоми ҳудудии андоз ё шахси ваколатдори ўро ивазкунанда дар бораи гузаронидани (давом додани) санҷишҳои амалиётӣ дар ҳудуди муайяншуда қарори нав қабул мекунад. (ҚҶТ аз 26.03.09с, № 493).
Дар амрнома дар хусуси гузаронидани санҷиши андоз, ки аз ҷониби роҳбари аввали мақоми ҳудудии андоз ё шахси ваколатдори ўро ивазкунанда бо мақсади иҷрои қарори мақоми ваколатдори давлатӣ ба имзо расидааст, ғайр аз маълумоти пешбининамудаи ҳамин модда, инчунин бояд сана ва рақами қарори мақоми ваколатдори давлатӣ, ки бо мақсади иҷрои он амрнома ба имзо расидааст, зикр карда шавад.
Амрнома бояд бо мўҳри нишондор тасдиқ карда, бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар мақоми андоз ба қайд гирифта шавад.
Моддаи 52. Оғози санҷиши андоз
Моддаи 53. Ба шахсони мансабдори мақоми андоз дастрас будани ҳудуд ё бино барои гузаронидани санҷиши андоз
1) амрнома мавҷуд набошад ё он супорида нашуда бошад, ё мувофиқи тартиби муқарраршуда ба расмият дароварда нашуда бошад;
2) мўҳлати санҷиши дар амрнома нишондодашуда фаро нарасида бошад ё гузашта бошад;
3) ҳамин шахсон дар амрнома зикр нашуда бошанд;
4) ҳуҷҷатҳои талабшаванда ба давраи андози мавриди санҷиш қарорёфта тааллуқ надошта бошанд;
5) шахсони мансабдори мақоми андоз дар дафтари бақайдгирии санҷиши субъектҳои хоҷагидорӣ гузоштани сабти дахлдорро оид ба санҷиши андоз рад намоянд;
6) иҷозатномаи махсусеро, ки қисми 4 ҳамин модда муқаррар намудааст, надошта бошанд.
7) аз ҷониби онҳо талаботи моддаи 501 ё моддаи 502 ҳамин Кодекс риоя нагардад;
8) ҳар кадоме аз онҳо ба андозсупоранда (агенти андоз) шаҳодатномаи хизматиро пешниҳод накарда бошад. Дар ин ҳолат андозсупоранда ҳуқуқ дорад барои гузаронидани санҷиши андоз ба ҳудуд ё бино ба ҳамон шахси мансабдори мақоми андоз, ки шаҳодатномаи хизматии худро пешниҳод накардааст, роҳ надиҳад;
9) аз ҷониби онҳо даврияти ё давомнокии санҷишҳои андозе, ки ҳамин Кодекс муқаррар намудааст, риоя нашуда бошад.
Моддаи 54. Гирифтани ҳуҷҷатҳо
1.Гирифтани ҳуҷҷатҳо мутобиқи ҳамин Кодекс ва санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.
Бо риояи талаботи қисми 1 ҳамин модда ва моддаи 123 ҳамин Кодекс ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар мақомоти давлатӣ аз рўи дархости хаттии онҳо дар сурати мавҷуд будани парвандаи ҷиноии бақайдгирифташуда, ки нисбати андозсупорандаи мазкур оғоз гардидааст, метавонанд нусхаи аслии ҳуҷҷатҳои дар сархати аввали ҳамин қисм зикргардида дода шаванд. Ҳамзамон дар нозироти андоз ҳатман нусхаи ҳуҷҷатҳои мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартибдодашудаи дар ҳамин қисм зикргардида, ки ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар мақомоти давлатӣ дода шудааст, нигоҳ дошта мешаванд. Дар ҳолати қатъ намудани парвандаҳои ҷиноии оғозгардида бо сабабҳои мавҷуд набудани таркиби ҷиноят ё аз рўи дигар асосҳои қонунӣ ё эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукми суд нусхаи аслии ҳуҷҷатҳои дар боло зикргардида дар давоми 30 рўзи тақвимӣ аз рўзи қатъ гардидани парванда ё эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукми суд бояд ба мақомоти андози дахлдор баргардонида шаванд.
Моддаи 55. Ба охир расидани санҷиши андоз
1) ҷои гузаронидани санҷиши андоз, санаи тартиб додани санад;
2) намуди санҷиш;
3) мансаб, насаб, ном, номи падари шахсони мансабдори мақоми андоз, ки санҷиши андозро гузаронидаанд;
4) насаб, ном, номи падар ё номи пурраи андозсупоранда (агенти андоз);
5) маҳалли ҷойгиршавӣ, маълумотҳои бонкии андозсупоранда (агенти андоз), инчунин рақами мушаххаси он;
6) насаб, ном, номи падари роҳбар ва шахсони мансабдори андозсупоранда (агенти андоз), ки барои пешбурди ҳисоботи андоз ва муҳосиботӣ, пардохти андозҳо ба буҷет масъуланд;
7) маълумот оид ба санҷиши пешина ва чораҳои андешидашуда ҷиҳати рафъи вайронкуниҳои қонунгузории андози Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки қаблан муайян шуда буданд;
8) давраи андози мавриди санҷиш қароргирифта ва маълумоти умумӣ оид ба ҳуҷҷатҳои пешниҳоднамудаи андозсупоранда (агенти андоз) барои гузаронидани санҷиш;
9) шарҳи мукаммали ҳуқуқвайронкунии ошкоргардидаи андоз бо далел овардан ба меъёрҳои дахлдори қонунгузории андози Ҷумҳурии Тоҷикистон;
10) натиҷаи санҷиши андоз.
Як нусхаи санади санҷиши андоз ба андозсупоранда (агенти андоз) супорида мешавад. Ҳангоми қабули санади санҷиши андоз андозсупоранда (агенти андоз) ўҳдадор аст оид ба қабул намудани он дар нусхаи дигари санад сабт ва имзо гузорад.
Агар андозсупоранда (агенти андоз) аз қабули санади санҷиши андоз даст кашад, дар ин маврид дар нусхаи санади санҷиши андоз, ки дар мақоми андоз мебошад, қайди дахлдор гузошта, он бо имзои шахсони мансабдори мақоми андоз, ки санҷиши андозро гузаронидаанд, тасдиқ карда мешавад. Дар ин ҳолат санади санҷиши андоз ба андозсупоранда (агенти андоз) тавассути мактуби фармоишии дорои огоҳнома фиристода мешавад.
Моддаи 56. Қарор оид ба натиҷаи санҷиши андоз
1) сана ва рақами қайди огоҳнома ва санади санҷиши андоз;
2) насаб, ном, номи падар ё номи пурраи андозсупоранда;
3) рақами мушаххаси андозсупоранда;
4) шарҳи муфассали вайронкунии андоз ва чораи татбиқшудаи ҷавобгарӣ, аз ҷумла маблағи андозҳои ҳисобшуда, инчунин фоизҳо ва ҷаримаҳо, бо иқтибос ба меъёрҳои дахлдори қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
5) талабот оид ба иҷрои ўҳдадориҳои андоз ва мўҳлатҳои иҷрои онҳо, аз ҷумла оид ба ислоҳ намудани вайронкуниҳои ошкоргардида;
6) маълумоти андозҳои дахлдор (рақами суратҳисобҳое, ки маблағи андози ҳисобшуда бояд гузаронида шавад);
7) мўҳлат ва маҳалли шикоят намудан.
Ҳамзамон мўҳлати иҷрои огоҳнома бояд на дертар аз 30 рўзи корӣ пас аз супоридани огоҳнома муқаррар карда шавад. (ҚҶТ аз 26.03.09с, № 493).
Моддаи 57. Мафҳуми назорати камералӣ
Назорати камералӣ – назоратест, ки аз ҷониби мақоми андоз бевосита дар асоси омўзиш ва таҳлили ҳисоботи андоз ва дигар ҳуҷҷатҳои пешниҳоднамудаи андозсупоранда анҷом дода мешавад. Назорати камералӣ мустақиман дар маҳали ҷойгиршавии мақоми андоз иҷро карда мешавад.
Моддаи 58. Натиҷаи назорати камералӣ
- дар эъломияи (ҳисоби) андоз хато ва (ё) мухолифати маълумоти ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда ошкор карда шаванд,
- ё худ номутобиқатии маълумоти пешниҳодкардаи андозсупоранда ба маълумоти ҳуҷҷатҳои мақомоти андоз ва аз ҷониби онҳо дар рафти фаъолияти назоратӣ ба даст овардашуда ошкор карда шавад,
- инчунин барзиёдии нишондиҳандаҳое, ки барои супорандагони андозе, ки тибқи низоми соддакардашуда пардохта мешавад ва (ё) дигар андозҳо ошкор карда шаванд, -
дар ин бора ба андозсупоранда огоҳнома бо талаби дар муддати панҷ рўзи корӣ пешниҳод кардани тавзеҳоти зарурӣ ва ҳуҷҷатҳо ва (ё) иҷрои дигар ўҳдадориҳое, ки ҳамин Кодекс муқаррар кардааст, фиристода мешавад.
Агар пас аз баррасии тавзеҳот ва ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда ё худ дар сурати набудани тавзеҳоти (ҳуҷҷатҳои) андозсупоранда мақоми андоз далели ба вуқўъ омадани ҳуқуқвайронкунии андоз ё дигар хел вайрон намудани қонунгузории андозро муқаррар намояд, мақоми андоз ўҳдадор аст тибқи тартиби барои санҷишҳои андоз муқарраршуда санад тартиб диҳад ва аз рўи он қарор қабул намояд. (ҚҶТ аз 26.03.09с, № 493).
Моддаи 59. Истифодаи мошинҳои назоратию хазинавии дорои хотираи фискалӣ
Муқаррароти ҳамин қисм ба ҳисоббаробаркуниҳои пулии инҳо татбиқ намегардад:
1) соҳибкорони инфиродӣ (ба истиснои фурўшандагони молҳои зераксизӣ), ки:
- дар асоси патент фаъолият мекунанд;
- агар аз лаҳзаи бақайдгирии давлатии андозсупоранда ба сифати соҳибкори инфиродӣ (ба истиснои онҳое, ки дар асоси патент фаъолият мекунанд) шаш моҳ нагузашта бошад;
2) андозсупорандагон дар қисми хизматрасониҳо ба аҳолӣ бо додани квитансияҳо, чиптаҳо, талонҳо, тамғаҳои маблағсупории почта ё дигар ҳуҷҷатҳои ба чекҳо баробаркардашудаи ҳисоботдиҳии қатъӣ дар шаклҳои тасдиқнамудаи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
3) адвокатҳо, духтурон ва дигар шахсони дорои касбҳои озод, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кардааст;
4) шахсони воқеии мутобиқи бандҳои 12) ва 13) моддаи 141 ҳамин Кодекс аз андози даромад озодгардида, ки маҳсулоти кишоварзии истеҳсоли худиро дар бозор ва дигар ҷойҳои махсус ҷудошуда, берун аз биноҳои статсионарӣ мефурўшанд.
Моддаи 60. Талабот оид ба истифодаи мошинҳои назоратию хазинавии дорои хотираи фискалӣ
Ҳангоми истифодаи мошинҳои назоратию хазинавии дорои хотираи фискалӣ риояи талаботи зерин ҳатмӣ мебошад:
1) то оғози фаъолият мошинҳои назоратию хазинавии дорои хотираи фискалӣ дар мақомоти андози ҷои фаъолият ба қайд гирифта шаванд;
2) додани чеки мошинҳои назоратию хазинавии дорои хотираи фискалӣ амалӣ шавад;
3) ба мақомоти андоз дастрас будани мошинҳои назоратию хазинавии дорои хотираи фискалӣ таъмин карда шавад.
Моддаи 61. Назорати андоз оид ба риояи тартиби татбиқ ва истифодаи мошинҳои назоратию хазинавии дорои хотираи фискалӣ
Мақомоти андоз:
1) назорати риояи тартиби истифодаи мошинҳои назоратию хазинавии дорои хотираи фискалиро амалӣ менамоянд;
2) ҳангоми гузаронидани санҷишҳои андоз аз нишондиҳандаҳои дар блоки хотираи мошинҳои назоратию хазинавии дорои хотираи фискалӣ мавҷудбуда истифода мебаранд.
Моддаи 62. Назорати молҳои зераксизӣ
Моддаи 63. Назорат аз болои мақомоти ваколатдор
Мақомоти андоз мақомоти ваколатдорро доир ба масъалаҳои ҳисоби дуруст, пурра ситонидан ва саривақт гузаронидани андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет назорат менамоянд.
БОБИ 5. РОБИТА БО АНДОЗСУПОРАНДАгон
Моддаи 64. Мукотиба бо андозсупорандагон
Ҳама гуна огоҳнома ё ҳама гуна дигар ҳуҷҷате, ки мақоми андоз ба андозсупоранда мефиристад, бояд ба таври хаттӣ таҳия гардида, онро роҳбар ё шахси мансабдори ваколатдори мақоми андоз бо зикри насаб ва ном имзо гузорад, мўҳр монда ба андозсупоранда фиристад ё супорад. Ҳуҷҷатҳо ҳангоме ба таври зарурӣ супоридашуда ба ҳисоб мераванд, агар онҳо ба суроғаи андозсупоранда тавассути мактуби фармоишӣ бо огоҳномаи супоридан ирсол ё шахсан ба андозсупоранда ё ба шахси бовариноки он супорида шуда бошанд.
Моддаи 65. Эътиборнокии огоҳнома ва дигар ҳуҷҷатҳо
Ҳеҷ гуна огоҳнома оид ба ҳисоби андозҳо ё дигар ҳуҷҷати мувофиқи қонунгузории андоз таҳиягардида беэътибор дониста намешавад, агар:
1) он аз нигоҳи мазмун ва моҳият ба ҳамин Кодекс мувофиқат кунад; ва
2) шахсе, ки андози он ҳисоб карда мешавад, ё ин ҳуҷҷатҳо ба он дахл доранд, ба таври оммафаҳм зикр шавад.
Моддаи 66. Расмиёти муқаррар намудани ўҳдадориҳо
Бо назардошти моддаҳои 64 ва 65 ҳамин Кодекс ҳеҷ гуна огоҳномаи мақомоти андоз, ки андозсупоранда гирифтааст, барои андозсупоранда ё мақомоти андоз қувваи ҳатмии ҳуқуқӣ надорад, агар он дар шакли хаттӣ таҳия нагардида ва ба андозсупоранда ба таври лозимӣ супорида нашуда бошад.
Моддаи 67. Шарҳи хаттӣ оид ба татбиқи қонунгузории андоз
БОБИ 6. ПЕШНИҲОД ВА ҶАМЪОВАРИИ МАЪЛУМОТ
Моддаи 68. Таҳия ва нигоҳдории ҳуҷҷатҳои баҳисобгирӣ
1) боиси пайдошавии ўҳдадориҳои андозии ин шахс;
2) боиси пайдошавии ўҳдадориҳои ин шахс оид ба нигоҳ доштани андозҳо; ё
3) боиси пайдошавии ўҳдадориҳои ин шахс оид ба пешниҳоди маълумоти вобаста ба андозбандӣ гарданд.
Ҳама гуна ҳуҷҷатҳои ибтидоии баҳисобгирӣ ҳадди ақал бояд чунин маълумотҳоро дошта бошанд:
1) номи ҳуҷҷат;
2) санаи тартибдиҳии ҳуҷҷат;
3) номи шахсе (номи расмии шахси ҳуқуқӣ ё ному насаби шахси воқеӣ), ки аз ҷониби он (аз номи кӣ) ҳуҷҷат таҳия ва дода шудааст;
4) номи шахсе (номи расмии шахси ҳуқуқӣ ё ному насаби шахси воқеӣ), ки барои он (ба кӣ) ҳуҷҷат таҳия ва дода шудааст;
5) рақами мушаххаси андозсупорандаи шахсе, ки ҳуҷҷатро таҳия ва додааст ва рақами мушаххаси андозсупорандаи шахсе, ки барои он ҳуҷҷат таҳия ва дода шудааст;
6) мазмуну мундариҷаи амалиёти иқтисодӣ;
7) ченакҳои амалиёти иқтисодӣ дар шакли натуралӣ ва пулӣ;
8) номи шахсони мансабдор, ки барои иҷрои амалиёти иқтисодӣ ва дурустии барасмиятдарории он ҷавобгаранд, имзои шахсии онҳо ва мўҳр (ҳангоми мавҷудияти он).
Ҳама гуна ҳуҷҷатҳои ибтидоии баҳисобгирӣ бояд дар на камтар аз ду нусхаи якхела таҳия гардида, яке дар назди шахси таҳия ва пешниҳоднамудаи он мононда шавад, дигараш ба шахсе супорида шавад, ки ин ҳуҷҷат барояш таъин шудааст ва аз ҷониби вай нигоҳдорӣ шавад.
Моддаи 69. Баҳисобгирии ҷудогона ва қоидаҳои пешбурди он
Моддаи 70. Ҳисоботи андоз
1) эъломияҳои андоз, ҳисобкуниҳое, ки бояд андозсупоранда доир ба ҳар намуди андоз тартиб диҳад;
2) ариза барои гирифтани патент ё барои истифодаи дигар низомҳои андоз;
3) ариза барои гирифтани шаҳодатномаи соҳибкори инфиродӣ;
4) ариза барои гузоштан дар баҳисобгирӣ ба сифати супорандаи андоз аз арзиши иловашуда;
5) ариза барои баргардонидани андоз аз арзиши иловашуда;
6) ариза барои татбиқи меъёрҳои созишномаҳо оид ба пешгирии андозбандии дукарата ва дигар шартномаҳои байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки масъалаҳои андозбандиро дар бар мегиранд;
7) ҳисоботи муҳосибии солона, маводи санҷишҳои аудитории пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки барои назорати андоз истифода бурда мешаванд (ҚҶТ аз 26.03.09с, № 493).
8) ариза оид ба гузариш ба низоми дигари андоз;
– маълумот оид ба воҳидҳои махсус;
– нусхаи қарор оид ба барҳамдиҳӣ ё муфлисшавӣ;
– маълумот оид ба кушодани суратҳисобҳо дар ташкилоти бонкӣ;
– маълумот оид ба амалиёти иқтисодии хориҷӣ (содиротию воридотӣ);
– маълумот оид ба тағйир додани маҳалли ҷойгиршави ё зист дар мўҳлатҳои дар моддаи 38 Кодекси мазкур мукарраршуда:
– маълумот оид ба гирифтани иҷозатнома барои анҷом додани баъзе намудҳои фаъолият;
– маълумот оид ба гирифтани сертификат барои ҳуқуқи истифодабарии замин ва (ё) дигар ҳуҷҷате, ки барои истифодабарии замин хуқуқ медиҳад. (ҚҶТ аз 29.12.10с №665)
9) дигар ҳуҷҷатҳое, ки бояд мувофиқи муқаррароти ҳамин Кодекс таҳия ва ба мақомоти андоз пешниҳод шаванд.
Моддаи 71. Тартиби таҳия ва пешниҳоди ҳисоботи андоз
1) дар шакли ҳозир шудан;
2) тавассути почта, бо мактуби фармоишӣ бо огоҳнома супоридан;
3) дар ҳолатҳои муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар шакли электронӣ, ки коркарди компютерии маълумотро имконият медиҳад.
Ҳисоботи андоз, ки ба ташкилоти почта ё дигар ташкилоти алоқавӣ то соати 24 рўзи охирини муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс супурда шудааст ва дар он вақт ва санаи қабули ташкилоти почта ё дигар ташкилоти алоқа сабт шудааст, сари вақт супоридашуда ба ҳисоб меравад.
Моддаи 72. Мўҳлати нигоҳдории ҳисоботи андоз
Моддаи 73. Пешниҳоди эъломияҳои андоз
Моддаи 74. Пешниҳоди иттилоот оид ба пардохтҳо ё дигар амалиётҳо
Дар ҳолатҳо ва бо тартиби муқаррарнамудаи дастуруламал дар бораи пешниҳоди иттилоот ба мақомоти андоз дар бораи пардохтҳо ва дигар амалиётҳо, ки аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ бо мувофиқаи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки миллии Тоҷикистон қабул карда мешавад, шахсе, ки пардохт ё дигар амалиётро анҷом медиҳад, вазифадор аст ба мақомоти андоз иттилоот пешниҳод намояд.
Моддаи 75. Дароз кардани мўҳлати пешниҳоди эъломияҳои андоз
Агар андозсупоранда то ба охир расидани мўҳлати пешниҳоди эъломия оид ба дароз кардани мўҳлати эъломия барои андоз аз даромад ё андоз аз фоида муроҷиат намуда, ҳамзамон маблағи арзёбишудаи дахлдори андозро супорад, мўҳлати пешниҳоди эъломия худ аз худ ду моҳ дароз карда мешавад. Тамдиди мўҳлат мувофиқи ҳамин модда мўҳлати пардохти андозро тағйир намедиҳад ва боиси боз доштани ҳисоби фоизҳо мутобиқи моддаи 93 ҳамин Кодекс намегардад.
Моддаи 76. Суратҳисобҳои бонкӣ
Бонкҳо ва дигар муассисаҳои молиявию кредитие, ки амалиёти алоҳидаи бонкиро иҷро мекунанд, вазифадоранд:
1) суратҳисобҳои ҳисоббаробаркунӣ ё дигар суратҳисобҳои (ба истиснои суратҳисобҳои пасандозии (депозитии) шахсони воқеӣ) шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро танҳо бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳое, ки бо рақами мушаххаси андозсупоранда аз ҷониби мақомоти андоз рақамгузорӣ намудани онҳоро тасдиқ менамояд, кушода, мақомоти андозро дар мўҳлати панҷрўза дар хусуси аз ҷониби андозсупоранда кушодани суратҳисобҳои номбурда огоҳ намоянд ва бе зикри рақами мушаххаси андозсупоранда дар ҳуҷҷатҳои бонкӣ амалиётро бо суратҳисобҳо анҷом надиҳанд;
2) тибқи навбати муқаррарнамудаи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағҳои пулиро барои пардохти андозҳо аз суратҳисобҳои ҳисоббаробаркунӣ ва дигар суратҳисобҳо, аз ҷумла аз суратҳисобҳои асъории андозсупорандагон аз ҳисоб бароранд;
3) бо супориши андозсупоранда ба суратҳисоби Хазинадории Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бонк ё дигар муассисаҳои молиявию кредитӣ, ки хизматрасонии хазинавии буҷетро иҷро мекунанд, маблағи андозҳоро дар мўҳлати на дертар аз рўзи дигари баъди гузаронидани амалиёт ҷиҳати аз ҳисоб баровардани маблағҳо аз суратҳисоби ҳисоббаробаркунӣ ё дигар суратҳисоби андозсупоранда ба манфиати буҷети дахлдор дохил намоянд (гузаронанд);
4) ба мақомоти андоз мутобиқи моддаи 48 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти бонкӣ» маълумот пешниҳод намоянд ва ҳангоми мавҷудияти амрнома барои гузаронидани санҷиши андоз кормандони мақомоти андозро ба санҷиши амалиёти анҷомдодашуда бо суратҳисобҳои бонкии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии санҷишшаванда ва ба санҷиши мавҷудияти маблағҳо дар ин суратҳисобҳо иҷозат диҳанд. (Қ ҶТ аз 3.12.09с, №571).
5) ҳангоми қабули ҳуҷҷатҳои пардохтӣ барои супоридани андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ зикр намудани рақами мушаххаси андозсупоранда, рақами инфиродии суғуртавӣ, намудҳои андозҳои пардохтшаванда (рамзҳои андозҳо)-ро талаб намоянд, инчунин дурустии нишододани маълумотҳои (реквизитҳои) бонкии гирандаи пардохтро назорат кунанд. (Қ ҶТ аз 3.12.09с, №571).
Моддаи 77. Пешниҳоди иттилоот ба мақомоти андоз
1) иттилооти дар огоҳнома зикршуда, аз ҷумла иттилоот доир ба даромадҳо ва хароҷоти худ дар давраи муайян (дар доираи мўҳлати мурури даъво, ки моддаи 86 ҳамин Кодекс муқаррар намудааст), аз ҷумла иттилоот дар бораи даромадҳои худ, ки аз шахси дар огоҳнома мушаххас зикргардида гирифтааст ва дар бораи хароҷоти вобаста ба муносибатҳои мутақобила бо шахси дар огоҳнома мушаххас зикрёфта масраф гардидааст пешниҳод намояд, ё
2) тибқи мўҳлат ва маҳалли дар огоҳнома зикршуда барои гузаронидани пурсиш ё пешниҳоди ҳуҷҷатҳо ё дигар нишондодҳои дар ихтиёри ин шахс мавҷудбуда ва дар огоҳнома зикрёфта ҳозир шавад.
1) аз ҳама гуна ҳуҷҷатҳои баҳисобгирӣ ё дигар ҳуҷҷатҳои вобаста ба андозбандӣ нусхабардорӣ намояд;
2) дар асоси тасдиқи хаттӣ оид ба гирифтан ҳуҷҷатҳои баҳисобгирӣ ё дигар ҳуҷҷатҳоеро, ки аз нигоҳи он барои ноил шудан ба ҳадафи қонунӣ алоқаманданд, гирад, ки нусхаҳои онҳо аз ҷониби шахси ваколатдори мақоми андозе, ки санҷиши андозро мегузаронад ва аз ҷониби андозсупоранда имзо карда мешаванд ва дар дасти андозсупоранда мемонанд;
3) ҳисобкунакҳо гузорад ё нишондиҳандаҳои онҳоро гирад; ва
4) ҳуҷҷатҳои баҳисобгирӣ ё дигар ҳуҷҷатҳоро мўҳр гузорад.
Агар шахси мансабдори ваколатдори мақоми андоз мутобиқи ҳамин банд таҷҳизот ва маводи дигар шахсро барои мақсадҳои гирифтани навиштаҷот аз ҳуҷҷатҳои баҳисобгирӣ ё дигар ҳуҷҷатҳо ё нусха аз онҳо истифода барад, мақоми андоз бояд хароҷоти истифодаи таҷҳизот ва маводро ҷуброн намояд, ҳамзамон ҳаҷми чуброн бояд ба нархи бозории истифодаи таҷҳизот ва мавод асос ёбад. Агар шахси мансабдори ваколатдори мақоми андоз ҳуҷҷатҳои баҳисобгирӣ ё дигар ҳуҷҷатҳоро дар асоси ваколатҳои пешбининамудаи ҳамин қисм гирад, мақоми андоз метавонад ҳуҷҷатҳои баҳисобгирӣ ё дигар ҳуҷҷатҳоро нусхабардорӣ намояд ва нусхаҳои аслиро дар мўҳлатҳои имконпазири кўтоҳтарин, вале на дертар аз мўҳлати 10 рўз аз санаи гирифтан баргардонад.
Дар мавриди гирифтани ҳуҷҷатҳои баҳисобгирӣ ё дигар ҳуҷҷатҳо шахси ваколатдор бояд дар ин бора санад тартиб дода, нусхаи онро ба андозсупоранда диҳад.
БОБИ 7. ЎҲДАДОРИИ АНДОЗ
Моддаи 78. Ўҳдадории андоз
Моддаи 79. Иҷрои ўҳдадориҳои андоз
Моддаи 80. Иҷрои ўҳдадориҳои андоз ҳангоми барҳамдиҳии корхона (ташкилот)
Моддаи 81. Иҷрои ўҳдадориҳои андоз ҳангоми азнавташкилкунии шахси ҳуқуқӣ
Моддаи 82. Иҷрои ўҳдадориҳои андози шахсони воқеии фавтида, ғайри қобили амал, бедарак ғоибшуда ё шахсоне, ки суд фавтида эълон кардааст
Моддаи 83. Тартиби иҷрои ўҳдадориҳои андоз
БОБИ 8. ҲИСОБКУНИИ МАБЛАҒИ АНДОЗҲО
Моддаи 84. Ҳисобкунии маблағи андозҳо
1) иттилооте, ки дар эъломияҳои андоз ва дигар ҳисоботи андози андозсупоранда мавҷуд аст;
2) иттилоот оид ба пардохтҳо мувофиқи моддаи 74 ҳамин Кодекс;
3) иттилоот оид ба пардохтҳои ҷории андоз мутобиқи моддаи 198 ва дигар муқаррароти ҳамин Кодекс; ва
4) маводи санҷиши андоз ва ҳама гуна дигар иттилооте, ки ба мақомоти андоз маълум шудааст.
Агар андозсупоранда иттилооти заруриро барои ҳисобкунии андоз пешниҳод накунад, мақомоти андоз ҳуқуқ доранд андозро дар асоси ҳама гуна дигар маълумоти дастрас ҳисоб кунанд.
1) ҳисобкунии чунин андоз; ва
2) огоҳнома ва талабнома оид ба супоридани чунин андоз дар мўҳлати муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс.
Андозсупоранда метавонад ҳисобкунии андози мутобиқи ҳамин қисм суратгирифта, ҳамчунин ҳама гуна ҳисобкунии андозро, ки мақомоти андоз мувофиқи ҳуқуқҳои ба онҳо додашуда анҷом додаанд, ҳангоми нокифоя ё шубҳанок будани маълумоти дар даст доштаи онҳо (ба онҳо пешниҳодшуда), ки ҳангоми ҳисобкунии маблағи андоз истифода бурдаанд, таҳти баҳс қарор диҳад, аз ҷумла ба суд муроҷиат кунад.
Моддаи 85. Огоҳнома оид ба ҳисобкунии андоз ва талаби пардохти он
Андозсупоранда оид ба ҳисобкунии ўҳдадории андоз огоҳ карда мешавад. Дар огоҳнома оид ба ҳисобкунии андоз инҳо зикр мешаванд:
1) насаб, ном, номи падари (ё номи) андозсупоранда;
2) рақами мушаххаси андозсупоранда;
3) санаи огоҳнома;
4) объекте, ки ба он огоҳнома тааллуқ дорад ва соли андоз (давраи андоз) ё солҳои андоз (давраҳои андоз), ки огоҳнома фаро мегирад;
5) маблағи андози ҳисобкардашуда, аз ҷумла фоизҳо ва ҷаримаҳо;
6) талаби пардохти андоз ва мўҳлатҳои пардохт;
7) маҳал ва тарзи пардохти андоз (маълумотҳо мутобиқи қисми 3 моддаи 88 ҳамин Кодекс);
8) зикри асосҳо, ки тибқи он ҳисобкунии андоз сурат гирифтааст, ва
9) тартиби шикоят намудан.
Моддаи 86. Мўҳлати даъво
БОБИ 9. пардохт, ҶАМЪОВАРӢ ВА БАРГАРДОНИДАНИ АНДОЗҲО
Моддаи 87. Шаклҳо ва мўҳлатҳои пардохти андозҳо, ҷаримаҳо ва фоизҳо
Моддаи 88. Ҷои пардохти андозҳо ва буҷетҳое, ки ба онҳо андозҳо гузаронида мешаванд
1) дар маҳале, ки дар огоҳнома оид ба ҳисобкунии андоз ва талабот оид ба пардохти андоз зикр шудааст; ё
2) агар огоҳнома оид ба ҳисобкунии андоз зарур набошад, дар маҳале, ки дар санади дахлдори қонунгузории андоз зикр шудааст; ё
3) агар маҳал дар санади дахлдори қонунгузории андоз зикр нашуда бошад, дар маҳали зисти андозсупоранда – шахси воқеӣ ё ҷои идоракунии андозсупоранда – шахси ҳуқуқӣ.
Новобаста аз муқаррароти сархати аввали ҳамин қисм, андози даромад ва андози иҷтимоӣ нисбати шахсони воқеие, ки дар воҳидҳои махсуси шахсони ҳуқуқӣ кор мекунанд ва нисбати шахсони воқеие, ки ба таври кироя дар ҷойҳои кории доимии (статсионарии) таъсисдодаи соҳибкорони инфиродӣ, ки фаъолияти соҳибкориро дар асоси шаҳодатнома дар бораи бақайдгирӣ ба сифати соҳибкори инфиродӣ амалӣ менамоянд, кор мекунанд, бояд ба буҷети маҳали ҷойгиршавии воҳидҳои махсус (ҷойҳои кори доимӣ) бо назардошти тақсими маблағҳои ин андозҳо байни буҷетҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ мутобиқи қонунгузории буҷетии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорида шаванд.
Моддаи 89. Ба ҳисоб гирифтан ё баргардонидани маблағҳои барзиёд пардохтшудаи андоз
1) бе розигии андозсупоранда маблағи барзиёдро ҳамчун иҷрои ўҳдадориҳои андози андозсупоранда оид ба дигар намуди андозҳо, ҷарима ва фоизҳое, ки ба ҳамин буҷет ворид мешаванд, ба ҳисоб мегиранд;
2) бо розигии хаттии андозсупоранда, ки ҷавобан ба муроҷиати дахлдори хаттии мақомоти андоз гирифта шудааст, бақияи баъди иҷрои амали дар банди 1) ҳамин қисм номбаршуда бавуҷудомадаро ба ҳисоби ўҳдадориҳо оид ба пардохтҳои минбаъдаи ҳамон андозҳо ба буҷете, ки бояд ин бақия низ ворид шавад, мегузаронанд;
3) баъди иҷрои амалҳои пешбининамудаи бандҳои 1) ва 2) ҳамин қисм, агар ҳамин Кодекс тартиби дигареро муқаррар накарда бошад, якҷоя бо мақомоти дахлдори молия маблағи зиёдатиро (бақияро) ба андозсупоранда дар мўҳлати 30 рўзи тақвимӣ аз лаҳзаи пешниҳоди аризаи хаттии андозсупоранда ба мақомоти андози баҳисобгирии бақайдгириаш бармегардонанд.
Моддаи 90. Тағйир додани мўҳлати пардохти андоз
1) дар натиҷаи офати табиӣ, садамаи технологӣ ва дигар ҳолатҳои таъсири қувваҳои рафънопазир ба ин шахс зарар расидааст;
2) сари вақт аз буҷет маблағгузорӣ нашудани ин шахс ё сари вақт напардохтани маблағи фармоиши давлатӣ, ки аз ҷониби ин шахс иҷро шудааст;
3) аз ҷониби ин шахс гузаронидани корҳои илмию тадқиқотӣ ё таҷрибавию конструкторӣ;
4) аз ҷониби ин шахс анҷом додани фаъолияти ҷоринамоӣ ё инноватсионӣ, аз ҷумла офаридани технологияҳои нав ё такмили технологияҳои истифодашаванда, кор карда баромадани ашё ё маводи нав.
Моддаи 91. Тартиби пўшонидани ўҳдадориҳои андоз
Пўшонидани ўҳдадориҳои андоз мувофиқи тартиби зайл анҷом дода мешавад:
1) маблағи андозҳои ҳисобкардашуда;
2) ҷаримаҳои ҳисобкардашуда;
3) фоизҳои ҳисобкардашуда.
Ҳамзамон аз рўи маблағи андозҳо, ҷаримаҳо ва фоизҳои ҳисобкардашуда пардохтани ўҳдадориҳои андоз ба тарзи пайдарҳамии зерин амалӣ карда мешавад:
а) дар навбати аввал ўҳдадориҳои андози соли ҷорӣ пардохта мешаванд (агар онҳо мавҷуд бошанд);
б) маблағи боқиманда барои пардохт кардани ўҳдадориҳои андози солҳои гузашта, аз қарзҳои андози нисбатан дертар (қарзҳои андози ба соли ҷорӣ хеле наздик) сар карда, то қарзҳои андози барвақттар (қарзҳои андози аз соли ҷорӣ хеле дур) гузаронда мешавад.
БОБИ 10. МАҶБУРАН СИТОНИДАНИ АНДОЗҲО
Моддаи 92. Тадбирҳои таъмини иҷрои ўҳдадориҳои андози дар мўҳлаташ иҷронашуда
1) ҳисобкунии фоизҳо ба маблағҳои тибқи мўҳлат насупоридаи андозҳо;
2) боз доштани амалиётҳои хароҷотӣ аз рўи суратҳисобҳо дар бонкҳо ва дигар муассисаҳои молиявию кредитӣ;
3) ситонидани қарзи андоз аз ҳисоби маблағи суратҳисобҳои бонкии андозсупоранда ва дебиторони ў, инчунин аз ҳисоби пули нақди андозсупоранда;
4) ҳабси молу мулки андозсупоранда.
1) бевосита аз ҷониби мақомоти андоз тибқи тартиби ғайрисудӣ нисбат ба қарзи андози аз ҷониби андозсупоранда эътирофшуда;
2) нисбат ба қарзи андози дар банди 1) ҳамин қисм зикрнашуда тибқи тартиби судӣ, ки дар моддаҳои 94-97 Кодекси мазкур ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ карда шудааст.
Ҳангоми иҷрои талаботи банди 2) қисми 1 моддаи 94 Кодекси мазкур нисбат ба андозсупорандае, ки қарзи андоз дорад, мақомоти андоз метавонад дар як вақт ҳамаи тадбирҳои пешбининамудаи қисми 1 ҳамин моддаро татбиқ намояд.
1) нисбат ба боз доштани амалиёти хароҷотӣ аз рўи суратҳисобҳо дар ташкилотҳои қарзӣ (кредитӣ), ба истиснои суратҳисобҳои пасандозии (депозитии) шахсони воқеӣ, ки бо фаъолияти соҳибкорӣ машғул намебошанд, суратҳисобҳои кредитӣ ва суратҳисобҳои махсуси аз ҳисоби маблағҳои ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ кушодашуда:
а) қарори дахлдори роҳбари аввали (ё муовини ваколатдори роҳбари аввали) мақомоти андоз барои иҷро ба ташкилотҳои қарзӣ (кредитӣ), ки дар он суратҳисобҳои андозсупоранда кушода шудаанд ва хизмат расонида мешаванд, ирсол мегардад;
б) ташкилотҳои қарзӣ (кредитӣ) бо назардошти маҳдудияте, ки дар қисми 3 моддаи 94 Кодекси мазкур нисбат ба пардохти музди меҳнат ва дигар пардохтҳои ба он баробаркардашуда, инчунин пардохти ӯхдадориҳои андози соли ҷорӣ ва пардохти қарзҳои андоз пешбинӣ шудааст, ўҳдадор аст қарори дахлдори мақомоти андозро оид ба боздоштани амалиёти хароҷотӣ аз рўи суратҳисобҳои андозсупоранда иҷро намояд, инчунин ҳуқуқ надорад ба ӯ суратҳисобҳои нав кушояд, аз суратҳисобаш пули нақд ва ё ба ў қарз диҳад;
в) то гирифтани огоҳиномаи хаттӣ аз мақомоти андоз оид ба иҷрои пурраи қарорҳои қаблан қабулнамудаи он дар бораи боздошти амалиёти хароҷотии андозсупоранда аз рӯи суратҳисобҳо, ташкилотҳои қарзӣ (кредитӣ) ӯҳдадоранд, ки тибқи дархости ин мақомоти андоз оид ба амалиёти даромадию хароҷоти ва маблағҳои пулии воридшуда (харҷшуда) аз руи суратҳисобҳои амалиёташон боздошташудаи андозсупоранда ҳар моҳ маълумот пешниҳод намоянд. Дурустии маълумоти мазкур метавонад аз тарафи мақомоти андоз таҳти санҷиш қарор дода шавад; (ҚҶТ аз 29.12.10с №665)
2) нисбат ба ситонидани қарзи андоз аз ҳисоби маблағи дар суратҳисобҳои бонкии андозсупоранда ва/ё дебиторони ў мавҷудбуда, инчунин аз ҳисоби пули нақди андозсупоранда, ба истиснои суратҳисобҳои пасандозии (депозитии) шахсони воқеӣ, ки бо фаъолияти соҳибкорӣ машғул намебошанд, суратҳисобҳои кредитӣ ва суратҳисобҳои махсуси аз ҳисоби маблағҳои ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ кушодашуда:
а) фармоишҳои инкассавии дахлдори роҳбари аввали (ё муовини ваколатдори роҳбари аввали) мақомоти андоз, инчунин санадҳои муқоисавии қарзи дебиторӣ (танҳо ҳангоми ситонидани қарз аз ҳисоби дебиторҳои андозсупорандаи қарздор) барои иҷро ба ташкилотҳои қарзӣ (кредитӣ), ки дар онҳо суратҳисобҳои андозсупоранда ва/ё дебиторони он кушода шудаанд ва хизмат расонида мешаванд, ирсол мегарданд. Ҳангоми ситонидани маблағҳои дар суратҳисобҳои асъорӣ ҷойгиршуда роҳбари аввали ( ё муовини ваколатдори роҳбари аввали) мақомоти андоз дар як вақт бо фармоиши инкассавии мақомоти андоз барои ситонидани маблағҳои пулӣ ба ташкилотҳои қарзӣ (кредитӣ) супориш оид ба фурўши маблағҳои асъории андозсупоранда дар мўҳлати ду рўзи амалиётӣ мефиристад. Хароҷоти марбут ба фурўши асъори хориҷӣ аз ҳисоби андозсупоранда анҷом дода мешаванд; (ҚҶТ аз 29.12.10с №665)
б) ташкилотҳои қарзӣ (кредитӣ) бо назардошти маҳдудияти пешбининамудаи қисми 3 моддаи 94 Кодекси мазкур нисбат ба пардохти музди меҳнат ва дигар пардохтҳои ба он баробаркардашуда, инчунин ӯхдадориҳои андозии соли ҷорӣ ва пардохти қарзҳои андоз ӯҳдадоранд бидуни аз мақомоти андоз талаб намудани ҳуҷҷатҳои иловагӣ, тибқи тартиби муқаррарнамудаи моддаи 91 Кодекси мазкур фармоишҳои дахлдори инкассавии мақомоти андозро дар бораи ситонидани маблағҳои пулӣ аз суратҳисобҳои андозсупоранда ва (ё) дебиторони он барои пӯшонидани қарзи андоз иҷро намоянд; (ҚҶТ аз 29.12.10с №665)
в) барои ситонидани қарзи андоз бо пули нақдии андозсупоранда қарори дахлдори роҳбари аввали ( ё муовини ваколатдори роҳбари аввали) мақомоти андоз барои иҷро ба андозсупоранда ирсол карда мешавад;
3) барои таъмини иҷрои қарзи андози андозсупоранда ба воситаи ҳабси молу мулки он қарори дахлдори мақомоти андоз оид ба ҳабси молу мулки андозсупоранда ва ба фурўш баровардани он барои пўшонидани қарзи андоз қабул гардида, мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи истеҳсолоти иҷро» ба иҷро расонида мешавад;
4) баъди бартараф намудани асосҳое, ки боиси татбиқи тадбирҳои маҷбуран ситонидани андозҳо шуда буданд, мақомоти андоз дар асоси маълумоти хаттии ташкилоти қарзӣ (кредитӣ) оид ба маблағҳои пулии аз суратҳисобҳои андозсупоранда ва (ё) дебиторони он ситонидашуда ва (ё) маълумоти хаттии иҷрочии суд оид ба маблағҳои ситонидашуда дар мӯҳлати на дертар аз як рӯзи корӣ карорҳои қаблан қабулшударо иҷрошуда хисобида, ҳамзамон ба шахсони дахлдор огоҳинома мефиристад. Қарорҳои қаблан қабулнамудаи мақомоти андоз барои ташкилотҳои қарзии (кредитии) дахлдор ва (ё) иҷрочии суд ва (ё) андозсупоранда аз рӯзи фиристода шудани огоҳиномаи хаттии мақомоти андоз иҷрошуда ҳисобида мешаванд. (ҚҶТ аз 29.12.10с №665)
Моддаи 93. Фоизҳо вобаста ба пардохти кам ё барзиёди андозҳо
Барои мақсадҳои сархати боло ҳангоми ҳисобӣ кардани маблағи барзиёд санаи баргардонидан санаи анҷом додани баҳисобгирӣ ва ё агар пардохти изофапулӣ ва бақияпулӣ ба буҷетҳои мухталиф тааллуқ дошта бошад, санаи гирифтани иҷозат барои баҳисобгирӣ ба ҳисоб меравад.
Фоизҳо ба андозсупоранда пардохта намешаванд, агар баргардонидани маблағи изофагӣ дар мўҳлати на бештар аз 30 рўз аз лаҳзаи аз ҷониби андозсупоранда додани ариза дар мавриди баргардонидани маблағҳои зиёдатии пардохтшуда анҷом дода шавад.
Моддаи 94. Боз доштани амалиётҳои хароҷотӣ бо суратҳисобҳои андозсупоранда дар бонкҳо ва дигар муассисаҳои молиявию кредитӣ
1) агар андозсупоранда дар мўҳлати муқарраргардида эъломияи андозро пешниҳод накунад ва мақоми андоз ўро дар мавриди зарурати пешниҳоди он огоҳ карда бошад ва агар баъди гузаштани 30 рўзи тақвимӣ аз санаи чунин огоҳонӣ эъломияи андоз пешниҳод нашуда бошад;
2) ҳангоми напардохтани андоз, ҷарима ва фоизҳо дар мўҳлати муқаррарнамудаи қисми 4 моддаи 92 ҳамин Кодекс мақоми андоз такроран дар бораи зарурати пардохти андоз, ҷарима ва фоизҳо огоҳ менамояд ва агар дар ҷараёни 30 рўзи тақвимии баъди гирифтани огоҳномаи такрорӣ аз ҷониби андозсупоранда қарзи андоз (бақияпулӣ) пардохта нашавад; (Қ ҶТ аз 3.12.09с, №571).
3) иҷозат надодан ба шахсони мансабдори мақомоти андоз барои санҷиши андоз ва азназаргузаронии объектҳои андозбандӣ ва объектҳои бо андозбандӣ алоқаманд, ба истиснои ҳолатҳое, ки онҳо тартиби муқаррарнамудаи ҳамин Кодексро оид ба гузаронидани санҷиши андоз вайрон кардаанд, агар аз санаи аз ҷониби андозсупоранда гирифтани огоҳномаи мақоми андоз дар бораи зарурати иҷозат додан ба шахсони мансабдори мақоми андоз барои санҷиши андоз ва имконпазирии татбиқи тадбирҳои пешбининамудаи ҳамин модда 10 рўзи тақвимӣ гузашта бошад.
Суди иқтисодӣ муроҷиати мақоми андозро дар бораи боздоштани амалиёти хароҷотии шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродӣ аз рўи суратҳисобҳои бонкиашон бо тартиби истеҳсолоти соддакардашуда мувофиқи Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мурофиаи судии иқтисодӣ баррасӣ менамояд.
Суди юрисдиксияи умумӣ муроҷиати мақоми андозро дар бораи боздоштани амалиёти хароҷотии шахси воқеие, ки соҳибкори инфиродӣ ба ҳисоб намеравад, аз рўи суратҳисобҳои бонкиаш дар рафти мурофиаи фармонӣ тибқи Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ менамояд.
Моддаи 95. Ҳабси молу мулк
Суди иқтисодӣ муроҷиати мақоми андозро дар бораи ҳабси молу мулки шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродӣ тибқи тартиби истеҳсолоти соддакардашуда мувофиқи Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мурофиаи судии иқтисодӣ баррасӣ менамояд.
Суди юрисдиксияи умумӣ муроҷиати мақоми андозро дар бораи ҳабси молу мулки шахси воқеие, ки соҳибкори инфиродӣ ба ҳисоб намеравад, дар рафти мурофиаи фармонӣ тибқи Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ менамояд.
Моддаи 96. Фурўши молу мулки ҳабсшуда
Моддаи 97. Ситонидани маблағҳое, ки ба андозсупоранда тааллуқ доранд
Суди иқтисодӣ муроҷиати мақоми андозро дар бораи ситонидани маблағ аз суратҳисобҳои бонкии шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродӣ ва дебиторҳои он тибқи тартиби истеҳсолоти соддакардашуда мувофиқи Кодекси Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мурофиаи судии иқтисодӣ баррасӣ менамояд.
Суди юрисдиксияи умумӣ муроҷиати мақоми андозро дар бораи ситонидани маблағ аз суратҳисобҳои бонкии шахси воқеие, ки соҳибкори инфиродӣ ба ҳисоб намеравад ва дебиторҳои он дар рафти мурофиаи фармонӣ тибқи Кодекси мурофиавии граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ менамояд. (ҚҶТ аз 26.03.09с, № 493).
Мақоми андоз ҳуқуқ дорад ба бонк ва дигар муассисаи молиявию кредитӣ, ки дар онҳо суратҳисобҳои андозсупоранда ва (ё) дебиторонаш кушода шудаанд ва хизмат расонида мешаванд, қарори судро дар бораи ситонидани маблағҳои пулии суратҳисоби андозсупоранда ва (ё) дебиторонаш фиристад, ки он бонк ва дигар муассисаҳои молиявию кредитиро ўҳдадор менамояд пардохти мустақими (бе дахолати андозсупоранда ва суратҳисобҳои он) ҳама гуна маблағро, ки дар суратҳисобҳои андозсупоранда ва (ё) дебиторонаш мавҷуд аст, ба буҷети дахлдор дар асоси фармоиши инкассавии мақоми андоз тибқи қисми 2 ҳамин модда иҷро кунанд. (ҚҶТ аз 26.03.09с, № 493).
1) ба бонк ва дигар муассисаи молиявию кредитӣ, ки дар онҳо суратҳисобҳои андозсупоранда кушода шудаанд ва хизмат расонида мешаванд, мақоми андоз қарори дахлдори судро мефиристад;
2) ситонидани маблағи қарзи андоз аз маблағҳои дар суратҳисобҳои андозсупоранда дар бонк ва дигар муассисаи молиявию кредитӣ мавҷудбуда дар асоси фармоиши инкассавии мақоми дахлдори андоз анҷом дода мешавад;
3) фармоиши инкассавӣ оид ба ситонидани маблағи қарзи андоз ба бонк ва дигар муассисаи молиявию кредитӣ, ки дар онҳо суратҳисобҳои андозсупоранда кушода ва хизмат расонида мешаванд, равона мегардад ва мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи банди 2) моддаи 76 ҳамин Кодекс иҷро карда мешавад;
4) фармоиши инкассавӣ дар шакле, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудаанд, пешниҳод карда мешавад ва бояд дар он зикр гардад, ки аз кадом суратҳисоби (суратҳисобҳои) андозсупоранда маблағҳои қарзи андоз ситонида мешаванд;
5) ҳангоми дар суратҳисобҳои андозсупоранда набудани маблағ бо арзи миллӣ ситонидани қарзи андоз аз суратҳисобҳои андозсупоранда бо арзи хориҷӣ, бо истифодаи қурби арзи миллӣ нисбати арзҳои хориҷӣ, ки дар рўзи ситонидани қарзи мазкур Бонки миллии Тоҷикистон муқаррар кардааст, анҷом дода мешавад.
6) ҳангоми кифоя будани пул дар суратҳисоби (суратҳисобҳои) андозсупоранда фармоиши инкассавӣ оид ба ситонидани қарзи андоз аз ҷониби бонк ва дигар муассисаи молиявию кредитӣ дар мўҳлати на дертар аз як рўзи амалиётии баъди рўзи қабули чунин фармоиш иҷро карда мешавад;
7) ҳангоми нокифоя будани пул ё мавҷуд набудани он дар суратҳисоби (суратҳисобҳои) андозсупоранда фармоиши инкассавӣ (фармоишҳои инкассавӣ) вобаста ба дохилшавии маблағҳо ба ин суратҳисоб (суратҳисобҳо) иҷро карда мешавад.
1) ҳангоми мавҷуд набудани пул дар суратҳисобҳои андозсупоранда мақоми андоз, ки дар он андозсупоранда ба қайд гирифта шудааст, ҳуқуқ дорад дар доираи қарзи андози ташаккулёфта пулҳои ба андозсупоранда тааллуқдоштаро аз суратҳисобҳои дебиторонаш ситонад. Ҳамзамон ба дебитор ва бонк ё дигар муассисаи молиявию кредитии дебитор аз ҷониби ҳамин мақоми андоз қарори дахлдори суд ва огоҳнома оид ба ситонидани пулҳо аз суратҳисобҳои ў (дебитор) барои пардохти қарзи андози андозсупоранда фиристода мешавад. Чунин огоҳнома дорои маънои манъ намудани иҷрои пардохтҳо аз ҷониби дебитор ба ҳисоби пўшонидани қарзи худ дар назди андозсупоранда мебошад.
Дар мўҳлати на дертар аз 30 рўзи тақвимии баъди қабули огоҳнома дебитор ўҳдадор аст ба мақоми андозе, ки огоҳнома фиристодааст, санади муқоисавии ҳисоббаробаркуниҳои якҷоя бо андозсупоранда дар рўзи қабули огоҳнома таҳиянамударо пешниҳод намояд;
2) санади муқоисавии ҳисоббаробаркунии байни андозсупоранда ва дебитори он бояд маълумоти зеринро дар бар гирад:
- номи андозсупоранда ва дебитори он, рақамҳои мушаххаси андозсупорандаи онҳо;
- номи мақоми андозе, ки андозсупоранда ва дебитори он дар қайд аст;
- маълумотҳои суратҳисобҳои андозсупоранда ва дебитори он;
- маблағи қарзи дебитор дар назди андозсупоранда;
- маълумотҳои ҳуқуқӣ, мўҳр ва имзои андозсупоранда ва дебитори он;
- санаи тартиб додани санади муқоисавӣ;
3) дар асоси санади муқоисавии ҳисоббаробаркунӣ мақоми андозе, ки андозсупоранда дар баҳисобгирии бақайдгирии он мебошад, ба суратҳисоби (суратҳисобҳои) дебитор оид ба ситонидани қарзи андози андозсупоранда фармоиши инкассавӣ мегузорад;
4) бонк ё дигар муассисаи молиявию кредитии дебитор ўҳдадор аст фармоиши инкассавӣ оид ба ситонидани қарзи андози андозсупорандаро мувофиқи талаботи пешбининамудаи қисми 2 ҳамин модда иҷро намояд.
Моддаи 971. Муроҷиат ба суд дар бораи муфлис эътироф кардани андозсупоранда
Дар сурати аз ҷониби шахси ҳуқуқӣ, соҳибкори инфиродӣ напардохтани қарзи андоз пас аз татбиқ кардани ҳамаи чораҳои пешбининамудаи моддаи 92 ҳамин Кодекс мақоми андоз ҳуқуқ дорад тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи муфлис эътироф кардани андозсупоранда ба суд муроҷиат намояд. (ҚҶТ аз 26.03.09с, № 493).
Моддаи 98. Масъулияти шахсоне, ки активҳои андозсупорандаро бо нархҳои ғайрибозорӣ дастрас намудаанд
Ҳангоме, ки ўҳдадории андози андозсупоранда баъди фурўши молу мулки ҳабсшуда иҷро намегардад, шахсе, ки активҳои андозсупорандаро дар рафти амалиёти бо шартҳои ғайрибозорӣ амалишуда гирифтааст ва ин амалиёт дар ҷараёни се сол то санаи татбиқи расмиёти ҳабс ҷой дошта бошад, оид ба иҷрои ўҳдадориҳои андози андозсупоранда дар ҳаҷми арзиши активҳои гирифта, бо тарҳи ҳама гуна маблағи барои гирифтани чунин активҳо масрафнамудааш масъул мебошад.
Моддаи 99. Аз ҳисоб баровардани қарзҳои беэътимод оид ба андоз
Қарзҳои беэътимод доир ба андоз, ҷарима ва фоизҳо мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоб бароварда мешаванд.
БОБИ 11. ҲАЛЛИ БАҲСҲО
Моддаи 100. Ҳуқуқ барои шикоят намудан
Пешниҳоди ариза (шикоят) ба ҳама гуна мақомоти андози дар боло зикргардида ҳуқуқи андозсупорандаро барои ҳамзамон ё минбаъд пешниҳод намудани чунин аризаи шабеҳ ба мақоми андози сатҳи нисбатан баланд (мақоми болоии андоз) ё суд истисно наменамояд.
Моддаи 101. Тартиб ва мўҳлати пешниҳод ва баррасии шикоят дар мақомоти андоз
Дар сурати гузаронидани мўҳлати пешниҳоди шикоят бо сабабҳои узрнок дар доираи мўҳлати даъво, ки ҳамин Кодекс муқаррар намудааст, тибқи аризаи шахси шикоятнамуда ин мўҳлат метавонад аз ҷониби мақоми болоии андоз, мақоми ваколатдори давлатӣ ё суд барқарор карда шавад.
Моддаи 102. Оқибати пешниҳоди ариза (шикоят) нисбати ҳисобкунии маблағи андоз, ҷарима ва фоизҳо
То ба охир расидани баррасии ариза (шикоят) нисбати ҳисобкунии маблағи андоз, ҷарима ва фоизҳо, инчунин дигар қарорҳо, ки ба мақомоти андоз ё суд мутобиқи моддаҳои 100 ва 101 ҳамин Кодекс пешниҳод шудааст, тибқи расмиёти муқаррарнамудаи боби 10 ҳамин Кодекс танҳо он қисми ўҳдадориҳои андоз бояд пардохта ва ситонида шавад, ки аз ҷониби андозсупоранда таҳти баҳс қарор нагирифтааст. Боз доштани пардохти маблағи ҳамаи ўҳдадориҳои андоз ё як қисми он вобаста ба баррасии шикоят андозсупорандаро аз пардохти фоизҳо барои сари вақт нагузаронидани маблағ ба буҷет, аз ҷумла фоизҳое, ки дар давраи аз санаи пешниҳоди шикоят то қабули қарор вобаста ба он ҳисоб шудааст, озод намекунад.
Ҳамзамон фоизҳо танҳо ба маблағи андозе, ки дар натиҷаи баррасии шикоят бояд ба буҷет пардохт шавад, ҳисоб карда мешаванд.
БОБИ 12. ҶАВОБГАРӣ
Моддаи 103. Мафҳуми ҳуқуқвайронкунии андоз
Ҳуқуқвайронкунии андоз – ин амали ё беамалии зиддиқонунии (хилофи қонунгузории андоз) шахси воқеӣ ё ҳуқуқие мебошад, ки содир намудани он боиси ҷавобгарии муқаррарнамудаи қонун мегардад.
Моддаи 104. Ҳолатҳои истиснокунандаи ҷавобгарии шахс барои содир намудани ҳуқуқвайронкунии андоз
Ба ғайр аз ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузорӣ шахсро барои содир намудани ҳуқуқвайронкунии андоз дар ҳолатҳои зайл ба ҷавобгарӣ кашидан мумкин нест:
1) аз ҷониби андозсупоранда ё агенти андоз иҷро намудани дастурҳо ва тавзеҳоти хаттии мақоми андоз ё дигар мақоми давлатӣ, ё шахсони мансабдори онҳо, ки дар доираи салоҳияташон додаанд;
2) аз ҳисоб баровардани бақияпулӣ аз дигар андозҳо аз ҳисоби маблағҳои барои ҳама гуна дигар андозҳо барзиёд пардохтшуда, аз ҷумла андозҳои пардохтаи агенти андоз;
3) бартараф намудани ҳуқуқвайронкунии андоз бо роҳи пешниҳоди эъломияи иловагии андоз мутобиқи қисми 5 моддаи 73 ҳамин Кодекс.
Моддаи 105. Мўҳлати даъвои ба ҷавобгарӣ кашидан барои содир намудани ҳуқуқвайронкунии андоз
Моддаи 106. Ҷавобгарӣ барои вайрон кардани қонунгузории андоз
1) сари вақт пешниҳод накардани эъломияи андоз ва дигар ҳисоботи андоз;
2) кам нишон додани маблағи андозҳо;
3) вайрон кардани қоидаҳои пардохти андоз аз арзиши иловашуда;
4) монеъ шудан ба гузаронидани санҷиши андоз;
5) вайрон кардани мўҳлати ба баҳисобгирии бақайдгирӣ гузоштан дар мақомоти андоз;
6) зикр накардан ё нодуруст зикр кардани рақами мушаххаси андозсупоранда дар эъломияҳои андоз ва гумрук, ҳисобнома-фактураҳо;
7) вайрон кардани тартиби нигоҳ доштани андоз дар манбаи пардохт ё нигоҳ надоштани он;
8) кушодани суратҳисобҳои ҳисоббаробаркунӣ ва дигар суратҳисобҳо (ба истиснои суратҳисобҳои амонатии (депозитии) шахсони воқеӣ мутобиқи моддаи 76 ҳамин Кодекс) ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ бе пешниҳоди ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи рақами мушаххаси андозсупоранда;
9) вайрон кардани мўҳлати огоҳ намудани мақомоти андози маҳали баҳисобгирии бақайдгирии худ дар бораи аз ҷониби шахси воқеӣ ва ҳуқуқӣ кушодани суратҳисобҳои ҳисоббаробаркунӣ ва дигар суратҳисобҳо (ба истиснои суратҳисобҳои амонатии (депозитии) шахсони воқеӣ мутобиқи моддаи 76 ҳамин Кодекс);
10) пешниҳод накардан ё сари вақт пешниҳод накардани санади муқоисавии ҳисоббаробаркуниҳои мутақобила ба мақоми андоз;
11) иҷро накардан ё сари вақт иҷро накардани фармоишҳои инкассавии мақомоти андоз мутобиқи моддаи 97 ҳамин Кодекс, ки барои гузаронидан мутобиқи навбати муқаррарнамудаи Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон аз суратҳисобҳои шахсони сеюм – дебиторҳои андозсупоранда (аз ҷумла аз суратҳисобҳои худи андозсупоранда дар бонк ё дигар муассисаи молиявию кредитӣ, ки дар он ба ҳамин андозсупоранда хизматрасонӣ сурат мегирад) маблағҳои пулӣ ба ҳисоби пўшонидани қарзи андози андозсупоранда;
12) ғайриқонунӣ монеъ шудан ба даромадани шахси мансабдори мақоми андоз ба ҳудуди корхона ё бино;
13) риоя накардани тартиби соҳибӣ, истифода ва (ё) ихтиёрдории молу мулке, ки мақоми андоз ба ҳабс гирифтааст;
14) вайрон кардани тартиби истифодаи мошинаҳои назоратию хазинавии дорои хотираи фискалӣ;
15) ба мақоми андоз пешниҳод накардани маълумоти зарурӣ;
16) аз тарафи бонкҳо ва дигар муассисаҳои молиявию кредитӣ саривақт гузаронида нашудани маблағи андозҳо аз рўи супоришномаҳои пардохтии андозсупорандагоне, ки дар ин ташкилотҳо суратҳисоб доранд.
17) аз ҷониби шахси ваколатдор бо вайрон кардани талаботи моддаи 45 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба тасдиқи додани рақами мушаххаси андозсупоранда бо роҳи пешниҳоди шаҳодатнома дар бораи додани рақами мушаххаси андозсупоранда ё шиносномаи шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сабти дахлдор оид ба додани рақами мушаххаси андозсупоранда содир кардани амалҳо (амалиёте, аҳдҳое), инчунин аз ҷониби шахси ваколатдор зикр накардани рақами мушаххаси андозсупоранда дар нусхаҳои аслӣ ва нусхаҳои ҳуҷҷатҳое, ки содир шудани амалҳои (амалиёти, аҳдҳои) дар боло қайдшударо нисбати (ба фоидаи) андозсупоранда тасдиқ мекунанд;
18) вайрон кардани тартиби навиштани ҳисобномаҳо-фактураҳои андоз аз арзиши иловашуда ва аксизҳо.
ФАСЛИ III. ВАЗЪ ВА СОХТОРИ МАҚОМОТИ АНДОЗИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
БОБИ 13. МАҚОМОТИ АНДОЗ
Моддаи 107. Вазифаҳои асосии мақомоти андоз
Вазифаҳои асосии мақомоти андоз аз инҳо иборатанд:
1) таъмини иҷро ва риоя намудани қонунгузории андоз, таҳияи механизмҳои маъмурияти андоз бо мақсади таъмини воридоти саривақтӣ ва пурраи андозҳо ба буҷетҳои тамоми сатҳҳо;
2) иштирок дар таҳияи лоиҳаҳои қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ доир ба масъалаҳои андозбандӣ, аз ҷумла шартномаҳо бо дигар давлатҳо;
3) ба андозсупорандагон тавзеҳ додани ҳуқуқ ва ўҳдадориҳояшон;
4) сари вақт огоҳ намудани андозсупорандагон оид ба тағйирот дар қонунгузории андоз.
Моддаи 108. Асосҳои ҳуқуқии фаъолияти мақомоти андоз
Асосҳои ҳуқуқии фаъолияти мақомоти андозро Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои конститутсионӣ, ҳамин Кодекс ва дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси миллӣ, қарорҳои Маҷлиси намояндагон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил медиҳанд.
Моддаи 109. Принсипҳои фаъолияти мақомоти андоз
1) қонуният;
2) риояи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд;
3) таҳти назорат ва ҳисоботдиҳанда будан ба мақомоти болоӣ.
Моддаи 110. Вазъ ва сохтори мақомоти андози Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мақомоти андози ҳудудҳо воҳидҳои сохтории мақоми ваколатдори давлатӣ дар маҳалҳо мебошанд ва мустақиман ба таври амудӣ (вертикалӣ) ба мақомоти дахлдори болоии андоз итоат менамоянд.
Моддаи 111. Ваколатҳои роҳбари якуми мақоми ваколатдори давлатӣ
Роҳбари якуми мақоми ваколатдори давлатӣ:
1) фаъолияти мақоми ваколатдори давлатӣ ва мақомоти андози ҳудудҳо, дигар воҳидҳоеро, ки ба системаи мақоми ваколатдори давлатӣ дохиланд, оид ба иҷрои вазифаҳо ва ўҳдадориҳои ба зиммаи ин мақомот ва сохторҳо гузошташуда таъмин менамояд ва барои натиҷаи ин фаъолият ҷавобгар мебошад;
2) ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси ба вазифа таъин ва аз вазифа озод намудани муовинони худ, оид ба тасдиқи ҳайати шахсии аъзои коллегияи мақоми ваколатдори давлатӣ таклифҳо пешниҳод менамояд;
3) мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон амалкунанда оид ба музди меҳнат ҷадвали штатӣ ва сметаи хароҷотро барои нигоҳдории мақомоти андоз, дигар корхона, ташкилот ва воҳидҳои тобеи мақоми ваколатдори давлатӣ, тасдиқ менамояд, ки онҳо дар мақомоти молия ба қайд гирифта мешаванд;
4) вазифаҳои функсионалии муовинони худро муайян мекунад, низомномаҳои идораҳо, шўъбаҳои мустақил ва дигар воҳидҳои мақоми ваколатдори давлатиро, тасдиқ менамояд ва тибқи тартиби муқарраргардида фармонҳо, нишондодҳо, дастуруламалҳо ва тавсияҳои методӣ мебарорад;
5) роҳбарони якуми мақомоти андози ҳудудҳоро ба вазифа таъин ва аз вазифа озод менамояд;
6) номгўи мансабҳои кормандони мақомоти андоз, дигар корхона ва ташкилотҳои тобеи мақоми ваколатдори давлатиро, ки аз ҷониби роҳбари якуми мақоми ваколатдори давлатӣ ва роҳбарони мақомоти андози ҳудудҳо таъин ва озод карда мешаванд, муайян мекунад;
7) тибқи тартиби муқарраргардида ба кормандони мақомоти андоз рутбаҳои тахассусӣ ва нишони сарисинагӣ медиҳад; (ҚҶТ аз 29.12.10с №665)
8) бо тартиби муқарраршуда ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси ба кормандони мақомоти андоз додани рутбаҳои олии тахассусӣ тавсиянома пешниҳод мекунад;
9) фармонҳо, дастуруламалҳо ва нишондодҳои роҳбарони мақомоти андози поёниро, ки хилофи ҳамин Кодекс ва дигар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, бекор менамояд;
10) мутобиқи қонунгузории амалкунанда ба мақомоти давлатӣ, шахсони мансабдори корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо, сарфи назар аз шакли моликият ва ба иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ҷиҳати бартараф намудани ҳолатҳое, ки ба содиршавии ҳуқуқвайронкуниҳои андоз мусоидат мекунанд, пешниҳодот ирсол медорад, ки баррасиашон ҳатмӣ мебошад;
11) дигар вазифаҳои муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии амалкунандаро иҷро менамояд.
Моддаи 112. Маблағгузорӣ ва таъминоти моддию техникии мақомоти андоз
Моддаи 113. Корманди мақоми андоз
Моддаи 114. Хизмат дар мақомоти андоз
1) дар баробари вазифаи асосӣ ҳамзамон иҷрои дигар кори музднок (ба истиснои фаъолияти илмӣ, эҷодӣ ва омўзгорӣ) ва машғул шудан ба фаъолияти соҳибкорӣ;
2) дахолат намудан ба фаъолияти андозсупоранда доир ба масъалаҳое, ки ба мавзўи санҷиш ё назорат алоқаманд нест;
3) аз андозсупоранда ба пули нақд рўёнидани андозҳо, ҷаримаҳо, фоизҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ, ба истиснои ҳолатҳои муқаррарнамудаи моддаи 87 ҳамин Кодекс;
4) истифода бурдани далели мавҷудияти вайронкунии андоз ба сифати асос барои дахолат кардан ё маҳдуд намудани дигар фаъолияти қонунии андозсупоранда;
5) талаб намудани пешниҳоди ҳуҷҷатҳо, баёнот ва маводе, ки ба мавзўи санҷиши андоз дахл надорад;
6) истифода бурдан ва паҳн намудани иттилооти дар ҷараёни санҷиши андоз дар бораи андозсупоранда бадастоварда ба мақсадҳои дар ҳамин Кодекс пешбининагардида ва дигар амалҳои хилофи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Моддаи 115. Муносибати байниҳамдигарии мақомоти андоз бо мақомоти ҳокимияти давлатӣ
Моддаи 116. Ба дигар шахс додани ваколатҳо аз ҷониби роҳбар
Роҳбари мақоми андоз метавонад ба шахси мансабдори мақомоти андоз ваколатҳо ё ўҳдадориҳои ба ў боваршуда ё тибқи қонунгузорӣ ба зиммааш гузошташударо интиқол диҳад, ба истиснои ваколатҳое, ки дар қисми 2 моддаи 120 ҳамин Кодекс пешбинӣ шудаанд.
Моддаи 117. Ҳисоботи солона
1) маблағи андозҳои ҷамъовардаи мақомоти андоз, бо нишон додани намуди андозҳое, ки мувофиқи онҳо ҷамъоварӣ шудаанд ва нозироти андози ноҳияҳо (шаҳрҳо), ки андозҳо ба онҳо пардохта шудаанд (аз ҷониби онҳо ҷамъоварӣ шудаанд);
2) маблағи қарзи андозҳо (бақияпулиҳо), бо назардошти тақсимот мутобиқи банди 1 ҳамин қисм;
3) хароҷотҳои мақомоти андоз дар рафти ҷамъоварии андозҳо;
4) маълумоти оморӣ оид ба фароҳам овардани имтиёзҳои андоз ва батаъхиргузории бақияпулиҳо, аз ҷумла дар давоми соли ҳисоботии молиявӣ;
5) инъикоси комёбиҳо ва норасоиҳо дар фаъолияти системаи мақомоти андоз;
6) рўйхати насаб ва номи шахсони воқеӣ, номи шахсони ҳуқуқӣ, ки андозҳои ҳисобшуда, вале насупоридаи онҳо аз 5000 нишондиҳанда барои ҳисобҳо, ки қонунгузорӣ дар санаи 31 декабри соли молиявии ҳисоботӣ муқаррар кардааст,аст, инчунин бо зикри ҳаҷми бақияпулӣ. (ҚҶТ аз 26.03.09с, № 493).
БОБИ 14. ҲУҚУҚ ВА ВАЗИФАҲОИ МАҚОМОТИ АНДОЗ
Моддаи 118. Ҳуқуқҳои мақомоти андоз
1) мутобиқи ҳамин Кодекс санҷишҳои андоз гузаронанд;
2) ҳангоми гузаронидани санҷишҳои андози андозсупоранда ё агенти андоз ҳуҷҷатҳоро, ки ба содир намудани ҳуқуқвайронкуниҳои андоз вобастаанд, гиранд ва доир ба ин амалҳо мувофиқи тартиби муқарраршуда ҳуҷҷат тартиб диҳанд. Ҳамзамон ҳуҷҷат оид ба гирифтани ҳуҷҷатҳо тартиб дода мешавад ва аз ҷониби шахси мансабдори санҷишкунандаи мақоми андоз ва андозсупоранда (агенти андоз) имзо карда мешавад ва як нусхаи он дар дасти андозсупоранда (агенти андоз) мемонад.;
3) дар асоси огоҳномаи хаттӣ андозсупоранда ё агенти андозро ба мақомоти андоз барои додани маълумот вобаста ба пардохти андозҳо (нигоҳ доштан, гузаронидан) аз ҷониби онҳо ё вобаста ба санҷиши андоз, инчунин дигар мақсадҳои марбут ба иҷрои қонунгузории андоз даъват намоянд. Ҳамзамон андозсупоранда ё агенти андоз бояд на дертар аз 5 рўзи корӣ аз рўзи бо тартиби муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс додани огоҳнома ба мақоми андоз ҳозир шавад;
4) маблағи андозҳоеро, ки андозсупоранда бояд ба буҷет пардозад, тибқи ҳолат ва тартиби муқаррарнамудаи қисми 3 моддаи 44 ҳамин Кодекс бо роҳи ҳисоб кардан (бо истифодаи тарзҳои баҳодиҳии мустақим ва ғайримустақим) муайян намоянд;
5) дар рафти гузаронидани санҷиши андози шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ тамоми ҳуҷҷатҳои молиявӣ, китобҳои муҳосибӣ, ҳисобот, сметаҳо, маблағҳои нақд, қоғазҳои қиматнок ва дигар арзишҳои дар даст буда, ҳисобномаҳо, эъломияҳо ва дигар ҳуҷҷатҳои вобаста ба ҳисобкунӣ ва пардохти андозҳоро санҷанд, аз шахсони мансабдор ва дигар кормандони корхона (ташкилот) ва шахсони воқеӣ оид ба масъалаҳои дар рафти гузаронидани чунин санҷишҳо пайдошуда маълумот ва тавзеҳоти шифоҳӣ ва хаттӣ гиранд;
6) мутобиқи қисми 2 моддаи 77 ҳамин Кодекс тамоми биноҳои истеҳсолӣ, анборҳо, биноҳои савдо ва дигар бинои корхонаҳо ва шахсони воқеиро, новобаста аз маҳали ҷойгиршавӣ, ки барои гирифтани даромад ё барои нигоҳдории объектҳои андозбандӣ истифода мешаванд, аз назар гузаронанд ва бо усули хронометраж ва дигар усулҳо ташхис намоянд;
7) ба роҳбарон ва дигар кормандони мансабдори корхона, инчунин шахсони воқеӣ ҷиҳати бартараф намудани вайронкуниҳои ошкоршудаи қонунгузории андоз супоришҳо диҳанд, ки барои иҷро ҳатмӣ мебошанд ва иҷрои онҳоро назорат намоянд;
8) барои вайрон кардани қонунгузории андоз нисбати корхонаҳо, кормандони мансабдор ва шахсони воқеӣ муҷозоти андозӣ ва ҷаримаҳои пешбининамудаи ҳамин Кодекс ва дигар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро истифода баранд;
9) мутобиқи ҳамин Кодекс аз корхонаҳо, шахсони мансабдори онҳо ва шахсони воқеӣ андозҳо, ҷаримаҳо ва фоизҳо ситонанд, аз ҷумла тавассути даъво ба суд;
10) оид ба далелҳои ҳуқуқвайронкунии андоз аз ҷониби шахсони мансабдори корхонаҳо ё шахсони воқеӣ протоколҳо тартиб диҳанд;
11) дар рафти гузаронидани санҷиши андоз мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ, ки бо Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа карда шудааст, инвентаризатсияи молу мулки андозсупорандаро (ба истиснои молу мулки биноҳои истиқоматӣ) гузаронанд;
12) аз шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ оид ба фаъолияти соҳибкорӣ ва амалиёти корхонаҳо ва шахсони воқеии санҷишшаванда танҳо барои мақсадҳои хизматӣ ва барои муайян кардани ўҳдадориҳои андоз маълумот, маълумотнома ва ҳуҷҷатҳоро гиранд;
13) тибқи тартиби муқарраргардида ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба мақомоти намояндагӣ ва иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар хусуси бекор намудани қарорҳояшон ва қарорҳои мақомоти поёнии онҳо, ки хилофи қонунгузории амалкунандаи андоз мебошанд, таклифҳо пешниҳод намоянд;
14) дар бораи баҳабсгирии молу мулк ва ситонидани маблағҳо аз суратҳисобҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ тибқи тартиби муқарраргардидаи Кодекси мазкур ва қонунгузорӣ дар соҳаи истеҳсолоти иҷро амал; (ҚҶТ аз 29.12.10с №665)
141) мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси муфлис эътироф намудани андозсупоранда ба суд муроҷиат менамояд;
15) ҳангоми мавҷудияти ҳолатҳои пешбининамудаи моддаҳои 92 ва 94 ҳамин Кодекс амалиёти хароҷотии шахсони ҳуқуқӣ ва воқеиро бо суратҳисобҳои ҷорӣ ва дигар суратҳисобҳо, аз ҷумла бо арзи хориҷӣ, ба истиснои амалиёти хароҷотӣ бо мақсади иҷрои ўҳдадориҳои андозӣ, дар муассисаҳои бонкии Ҷумҳурии Тоҷикистон боз доранд; (ҚҶТ аз 29.12.10с №665)
151) тибқи тартиби муқарраргардида қарзи андозро аз ҳисоби маблағи дар суратҳисобҳои бонкӣ будаи андозсупоранда ва дебиторҳои он, инчунин пули нақде, ки аз ҷумла дар натиҷаи мўҳр мондан ва инвентаризатсияи хазинаи андозсупоранда ошкор шудааст, ситонанд; (ҚҶТ аз 26.03.09с, № 493).
16) дар рафти гузаронидани санҷиши андозӣ худи бонкҳо санҷиши ҳаракати воситаҳои пулӣ дар суратҳисобҳои мизоҷони бонкҳоро танҳо дар асоси қарори суд, бо тартиби муқаррарнамудаи қонун анҷом диҳанд;
17) аз бонкҳо ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи иҷрои супоришҳои пардохтии тибқи тартиби муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ гузошташудаи андозсупорандагон ва агентҳои андоз ва супоришҳои инкассавии (амрномаҳои) мақомоти андозро оид ба гузаронидани маблағи андозҳо аз суратҳисобҳои андозсупорандагон ва агентҳои андоз, инчунин ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи тибқи тартиби муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс боздоштани амалиёти хароҷотӣ бо суратҳисобҳои андозсупорандагон ва агентҳои андоз мутобиқи банди 4 моддаи 76 ҳамин Кодекс талаб намоянд;
18) оид ба масъалаҳои марбут ба андозбандии андозсупорандаи санҷишшаванда аз бонкҳо ё дигар муассисаҳои молиявию кредитӣ дар бораи мавҷудият ва рақамҳои суратҳисобҳои бонкӣ, дар бораи бақия ва ҳаракати пулҳо дар ин суратҳисобҳо, бо риояи талаботи санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба фош накардани маълумоти дорои сирри тиҷоратӣ, бонкӣ, андоз ва дигар сирри қонунан ҳифзшаванда мутобиқи банди 4 моддаи 76 ҳамин Кодекс маълумот гиранд;
19) барои гузаронидани назорати андоз мутахассисон, коршиносон ва тарҷумонҳоро ҷалб (даъват) намоянд;
20) ба сифати шоҳид шахсонеро, ки барояшон ҳолатҳои барои гузаронидани назорати андоз аҳамиятдошта маълуманд, даъват намоянд;
21) дар асоси протоколҳо аз рўи ҳодисаҳои вайронкунии қонунгузории андоз аз ҷониби шахсони мансабдори корхонаҳо ё шахсони воқеӣ қарори дахлдор қабул намоянд;
22) мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс анборҳои андоз ва дидбонгоҳҳои аксизӣ таъсис диҳанд;
23) ба судҳо вобаста ба масъалаҳои иҷро кардани (накардани) қонунгузории андоз аз ҷониби андозсупорандагон ва (ё) агентҳои андоз даъво пешниҳод намоянд;
24) мутобиқи ҳамин Кодекс санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таҳия намоянд, ки аз ҷониби роҳбари аввали мақоми ваколатдори давлатӣ ё шахси ваколатдори ўро ивазкунанда тасдиқ карда мешаванд ва бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон нашр мегарданд;
241) бо максади ҷорӣ намудани меъёрҳои пасттари андоз ва (ё) шаклҳои соддакардашудаи андозбандӣ бе кам намудани хаҷми воридоти андозҳо тибқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шахру ноҳияҳои алоҳида бо истифода аз омилҳои тағйирёбандаи андозбандӣ (меъёри андоз, манбаи андоз ва ғайра) дар мӯҳлати на кам аз як соли тақвимӣ якҷоя бо мақомоти молия корҳои таҷрибавӣ ва тадқиқотӣ гузаронанд; (ҚҶТ аз 29.12.10с №665)
25) оид ба пайдоиш, иҷро ва қатъи ўҳдадориҳои андоз дар доираи салоҳияташон тавзеҳот диҳанд;
26) дурустии истифодаи мошинҳои назоратию хазинавии дорои хотираи фискалиро назорат кунанд;
27) мақомоти андоз инчунин дорои дигар ҳуқуқҳое мебошанд, ки ҳамин Кодекс ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудаанд, ки амалӣ гардидани онҳо наметавонад барои шахсони сеюм хусусияти ҳатмӣ дошта бошад;
Моддаи 119. Ўҳдадориҳои мақомоти андоз
1) Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамин Кодекс, қонунҳои конститутсионӣ ва дигар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои Маҷлиси миллӣ, қарорҳои Маҷлиси намояндагон, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунан ҳифзшавандаи корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳо, инчунин шаҳрвандонро риоя намоянд;
2) татбиқи сиёсати давлатии андозро таъмин намоянд;
3) бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродиро тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бақайдгирии давлатии шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ» анҷом диҳанд; (Қ ҶТ аз 3.12.09с, №571).
4) баҳисобгирии пурра ва саривақтии андозсупорандагон, аз ҷумла супорандагони андоз аз арзиши иловашуда ва объектҳои андозбандӣ, баҳисобгирии андозҳои ҳисобшуда, пардохтшуда ва бақияпулиҳо, назорати ҳисобкунии дуруст, пурра ва саривақтии пардохти андозҳоро ба буҷет таъмин намоянд;
5) оид ба воридоти андозҳо ба буҷет ҳисобот тартиб диҳанд, баҳисобгирӣ ва ҳисоботро оид ба маблағҳои имтиёзҳои додашудаи андоз аз рўи гурўҳҳои андозсупорандагон, намудҳои андозҳо ва имтиёзҳо, инчунин минтақаҳо таъмин намоянд;
6) муҷозоти молиявӣ ва дигар муҷозот, ҷаримаҳо ва фоизҳои пешбининамудаи ҳамин Кодекс ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро татбиқ намоянд ва сари вақт ситонанд;
7) мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ санҷиши андозсупорандагонро гузаронанд;
8) нишондодҳои дастурӣ ва методӣ доир ба масъалаҳои таҳти салоҳияташон қарордошта, инчунин мавод, китобча ва овезаҳо таҳия кунанд, дар васоити ахбори умум оид ба ин масъалаҳо ахбори машваратӣ ва тавзеҳотӣ нашр намоянд;
9) ба андозсупорандагон оид ба иҷрои ўҳдадориҳои андоз тибқи мўҳлат ва ҳолатҳои пешбининамудаи ҳамин Кодекс огоҳнома супоранд;
10) тибқи аризаи андозсупоранда дар мўҳлати на дертар аз даҳ рўз аз ҳисобномаи шахсии ў оид ба вазъи ҳисоббаробаркунӣ бо буҷет дар бораи иҷрои ўҳдадориҳои андозӣ нусха пешниҳод намоянд;
11) чораҳои таъмини иҷрои ўҳдадориҳои андозро татбиқ намоянд ва қарзи андози андозсупорандаро мутобиқи ҳамин Кодекс ситонанд;
12) ба андозсупорандагон нусхаи санади санҷиши андоз ва қарори дахлдори мақоми андозро оид ба натиҷаи санҷиши андоз пешниҳод намоянд;
13) феҳристи давлатӣ ва баҳисобгирии мошинҳои назоратию хазинавии дорои хотираи фискалиро пеш баранд;
14) бо тартиби муқарраршуда мактубҳо, шикояту аризаҳоро оид ба масъалаҳои таҳти салоҳияти мақомоти андоз қарордошта баррасӣ намоянд;
15) ҳар моҳ ба мақомоти молия оид ба маблағҳои андози воқеан ба буҷет дохилшуда маълумот пешниҳод намоянд;
16) якҷоя бо мақомоти молия иҷрои қисми даромади буҷетро назорат намоянд;
17) оид ба иҷро ва ҳуқуқвайронкунии андоз маълумотро ҷамъоварӣ ва таҳлил кунанд, зуҳуроти манфии вобаста ба андозбандии шахсони ҳуқуқӣ ва воқеиро пешбинӣ намоянд ва дар ин бора ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ диҳанд;
18) якҷоя бо дигар мақомоте, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ваколатдор намудааст, назорати асъориро анҷом диҳанд;
19) мувофиқи муқаррароти моддаи 89 ҳамин Кодекс маблағҳои аз андозҳои ҳисобшуда барзиёд супоридаи андозсупорандагонро ба ҳисоб гиранд ва (ё) ба андозсупорандагон баргардонанд;
20) сирри маълумоти оид ба андозсупорандагонро мувофиқи муқаррароти моддаи 123 ҳамин Кодекс нигоҳ доранд;
21) оид ба татбиқи қонунгузории андоз корҳои тавзеҳотиро анҷом диҳанд, ба андозсупорандагон шаклҳои ҳисоботи андозро пешниҳод кунанд ва тарзи тартибдиҳии онҳоро фаҳмонанд, аз ҷумла дар шакли хаттӣ тартиби ҳисобкунӣ ва пардохти андозҳоро шарҳ диҳанд;
22) дар давоми 6 соли баъди ба охир расидани соли андоз нигоҳдории ҳуҷҷатҳо, аз ҷумла нусхаи ҳуҷҷатҳоеро, ки ба андозсупоранда дода шудаанд (квитансия ва ғайра) ва далели иҷрои ўҳдадориҳои андози андозсупорандаро оид ба пардохти андозҳо ба буҷети давлатӣ тасдиқ мекунанд, инчунин санадҳои санҷиши андоз ва дигар ҳуҷҷатҳое, ки ба ин андозсупорандаи мушаххас муносибат доранд, таъмин намоянд. Ҳамаи ҳуҷҷатҳои дар боло зикргардида дар парвандаи шахсии андозсупоранда ҷамъ оварда мешаванд (парвандаи шахсии андозсупорандаро ташкил медиҳанд). Мақомоти андоз парвандаҳои шахсии андозсупорандагонро нисбати андозсупорандагон - шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ, инчунин шахсони воқеие, ки ўҳдадоранд мутобиқи ҳамин Кодекс эъломияи андоз пешниҳод кунанд, ташкил менамоянд.
23) ҳангоми дар рафти санҷиши андоз муайян намудани далелҳое, ки дорои аломатҳои ҷиноятҳои вобаста ба саркашӣ аз пардохти андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет мебошанд, ба мақомоти дахлдори ҳифзи ҳуқуқ маводҳоро дар давоми 10 рўзи кории баъди қабули қарор тибқи санади санҷиши андоз барои чораҷўӣ, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристанд.
Барои мақсадҳои ҳамин банд далелҳои зерин, ки дорои аломатҳои ҷиноятҳои вобаста ба саркашӣ аз пардохти андозҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ ба буҷет мебошанд, ҳисобида мешаванд:
а) барои шахсони ҳуқуқӣ – дар ҳолати дидаву дониста (қасдан) аз ҳисоби андоз дохил кардани нишондиҳандаҳои таҳрифшуда ё истифода кардани дигар усулҳои пинҳонкунии (кам нишон додани) даромадҳо ё зиёд кардани тарҳҳо (хароҷот), ки ба барилова ҳисоб гардидан ва (ё) напардохтани андозҳо дар ҳаҷми калон ё махсусан калон оварда расонидааст;
б) барои шахсони воқеӣ – дар ҳолати пешниҳод накардани эъломия дар бораи даромад ва дигар ҳисоботи андоз, вақте ки пешниҳоди чунин эъломия ва дигар ҳисоботи андоз ҳатмист ё дидаву дониста ба эъломия ё дигар ҳисоботи андоз дохил кардани нишондиҳандаҳои таҳрифшуда, ки ба барилова ҳисоб гардидан ва (ё) напардохтани андозҳо дар ҳаҷми калон ё махсусан калон оварда расонидааст. (ҚҶТ аз 26.03.09с, № 493).
24) фаъолияти мақомоти поёнии андоз ва корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳои тобеъро назорат намоянд;
25) то оғози санҷиши андоз ҳуқуқ ва вазифаҳои андозсупоранда, инчунин ҳуқуқу ўҳдадориҳои худро, ки ба гузарондан ва натиҷаҳои санҷиши андоз алоқаманданд, фаҳмонанд;
26) таъмин намудани дастрасии андозсупорандагон бо иттилооти ба масъалаҳои андозбандии онҳо алоқамандбуда, аз ҷумла бо тартиби пешбининамудаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттилоот» бо роҳи дар ҷойҳои кушодаю намудори мақомоти андоз (дар лавҳаи эълонҳо) ҷойгир кардани санадҳои меъёрии ҳуқуқии масъалаҳои андозбандиро танзимкунандаю.
Моддаи 120. Тартиби татбиқи ҳуқуқҳои ба мақомоти андоз додашуда
Моддаи 121. Ҷавобгарии шахсони мансабдори мақомоти андоз
Моддаи 122. Ихтилофи манфиатҳо
Ба корманди мақоми андоз анҷом додани вазифаҳои хизматӣ дар ҳолатҳои зайл манъ аст, агар:
1) корманди мақоми андоз бо андозсупоранда алоқаи хешу таборӣ дошта бошад; ё
2) нисбати корманди мақоми андоз андозсупоранда ё хеши вай манфиати мустақим ё ғайримустақими молиявӣ дошта бошад.
Моддаи 123. Сирри маълумот (сирри андоз)
1) ба дигар кормандони мақомоти андоз ҳангоми иҷрои вазифаҳои хизматӣ ва бо мақсадҳои иҷрои ин вазифаҳо;
2) ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ бо мақсади тибқи қонун тафтиш намудани шахсе, ки қонунгузории андозро вайрон намудааст ё ҷиноят содир кардааст;
3) ба судҳо ҳангоми баррасии парванда оид ба муайян намудани ўҳдадориҳои андози андозсупоранда ё ҷавобгарӣ барои вайрон кардани қонунгузории андоз ё содир намудани ҷинояти вобаста ба андоз ё дигар ҷавобгарии ҷиноятӣ;
4) ба мақомоти андози дигар давлатҳо мутобиқи шартномаҳои байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
5) ба мақомоти молия дар ҳамон ҳаҷме, ки барои таъмини иҷрои қонунгузорӣ оид ба буҷет зарур аст;
6) ба мақомоти гумрук барои татбиқи қонунгузории гумрук, инчунин ба мақомоте, ки мутобиқи ҳамин Кодекс барои мақсадҳои амалӣ намудани андозбандӣ дорои ҳуқуқи ситонидани андозҳо мебошанд.
(Боби 15 хориҷ карда шуд тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30.07.07сол №306).
БОБИ 15.
Воҳидҳои ПОЛИСИ АНДОЗ
Моддаи 124. Воҳидҳои полиси андоз
Моддаи 125. Сохтори воҳидҳои полиси андоз
Моддаи 126. Ваколатҳои сардори Саридораи полиси андоз
Моддаи 127. Вазифаҳои асосии воҳидҳои полиси андоз
Моддаи 128. Ҳуқуқҳои воҳидҳои полиси андоз
Моддаи 129. Ўҳдадориҳои воҳидҳои полиси андоз
Моддаи 130. Хизмат дар воҳидҳои полиси андоз
БОБИ 16. ҲИФЗИ ҲУҚУҚӢ ВА ИҶТИМОИИ КОРМАНДОНИ МАҚОМОТИ АНДОЗ
Моддаи 131. Ҳифзи ҳуқуқии кормандони мақомоти андоз
Моддаи 132. Таъминоти моддӣ ва иҷтимоию маишии кормандони мақомоти андоз ва аъзои оилаи онҳо
ҚИСМИ II. ҚИСМИ МАХСУС
ФАСЛИ IV. АНДОЗИ ДАРОМАД АЗ ШАХСОНИ ВОҚЕӢ (АНДОЗ АЗ ДАРОМАДИ ШАХСОНИ ВОҚЕӢ)
БОБИ 17. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 133. Андозсупорандагон
Шахсони воқеии резидент ва ғайрирезидент, ки мутобиқи моддаи 134 ҳамин Кодекс объекти андозбандишаванда доранд, супорандагони андоз аз даромад мебошанд.
Моддаи 134. Объекти андозбандӣ
Моддаи 135. Даромади умумӣ
1) даромадҳое, ки ҳамчун музди меҳнат гирифта шудаанд;
2) даромадҳо аз фаъолияте, ки кори кироя ҳисоб намешаванд;
3) ҳама гуна даромадҳои дигар.
Моддаи 136. Даромадҳое, ки дар шакли музди меҳнат гирифта мешаванд
1) ҳангоми гирифтани қарз тибқи меъёри фоизи пасттар аз меъёри бозорӣ барои чунин намуди қарзҳо — маблағи баробар ба фоизҳое, ки бояд тибқи меъёри бозорӣ пардохта шаванд;
2) ҳангоми аз ҷониби корфармо ба корманди худ фурўхтан ё ройгон додани молҳо, корҳо ё хизматрасониҳо — арзиши бозории чунин молҳо, корҳо ё хизматрасониҳо;
3) ҳангоми гирифтани кўмак барои таҳсили корманд ё шахсони дар таъминоти он қарордошта (ба ғайр аз барномаҳои тайёрӣ, ки бевосита ба иҷрои ўҳдадориҳои корманд алоқаманданд) — арзиши кўмак барои корфармо дар гирифтани маълумот;
4) дар ҳолати ба корманд ҷуброн кардани хароҷоте, ки бевосита ба кори кирояи ў алоқаманд нест - маблағи ҷуброн;
5) ҳангоми бахшидани қарз ё ўҳдадории корманд дар назди корфармо — маблағи қарз ё ўҳдадории бахшидашуда;
6) ҳангоми пардохти подоши суғуртавӣ тибқи шартномаҳои суғуртаи ҳаёт ва саломатӣ ва дигар маблағҳои шабеҳ аз ҷониби корфармо — арзиши чунин подоши суғуртавӣ ё маблағҳо барои корфармо;
7) дар дигар ҳолатҳо — арзиши бозории манфиат мутобиқи моддаи 32 ҳамин Кодекс.
Моддаи 137. Даромадҳо аз фаъолияте, ки ба меҳнати кироя мансуб намебошад
1) даромад аз фаъолияти соҳибкорӣ, аз ҷумла:
- фоида аз фурўш ё додани активҳое, ки мутобиқи моддаи 194 ҳамин Кодекс барои мақсадҳои фаъолияти соҳибкорӣ истифода мешаванд;
- даромаде, ки барои розигӣ додан ҷиҳати маҳдуд намудани фаъолияти соҳибкорӣ ё бастани корхона гирифта мешавад;
- маблағҳое, ки аз фурўши воситаҳои асосӣ гирифта шуда, мутобиқи қисми 7 моддаи 153 ҳамин Кодекс ба даромад дохил карда шудаанд;
- хароҷоти ҷуброншаванда мутобиқи моддаи 193 ҳамин Кодекс;
2) даромад аз фаъолияти ғайрисоҳибкорӣ, аз ҷумла:
- даромади фоизҳо;
- суди саҳмияҳо (дивидендҳо);
- даромад аз иҷора ё кирояи молу мулк;
- роялти;
- маблағи қарзи ба андозсупоранда бахшидаи қарздиҳанда;
- фоида аз фурўш ё додани активҳое, ки барои фаъолияти соҳибкорӣ истифода бурда намешавад;
3) ҳама гуна дигар даромад, ки дорои маънои афзоиши арзиши софи активҳои андозсупоранда мебошад, ба истиснои музди меҳнат ва ҳаҷми арзиши азнавбаҳодиҳии (азнавнархгузории) воситаҳои асосӣ.
Моддаи 138. Тасҳеҳи даромади умумӣ
Суди саҳмияҳо ва фоизҳое, ки шахсони воқеӣ гирифтаанд ва қаблан дар манбаи пардохт дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи моддаҳои 162 ё 163 ҳамин Кодекс андозбандӣ шудаанд, бояд аз даромади умумӣ хориҷ карда шаванд.
Моддаи 139. Ҳуқуқ ба тарҳкуниҳои шахсӣ
Даромади шахси воқеӣ, ки дар як сол аз 12 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё ба ҳисоби миёна як нишондиҳанда барои ҳисобҳо барои як моҳи тақвимӣ зиёд набошад, бо андоз аз даромад андозбандӣ намегардад. (ҚҶТ аз 26.03.09с, № 493).
1) шахсони ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ баробаркардашуда, иштирокчиёни дигар амалиёти ҳарбӣ барои муҳофизати ИҶШС аз ҷумлаи хизматчиёни ҳарбие, ки дар қисмҳои ҳарбӣ, ситодҳо ва муассисаҳои ба ҳайати артиши амалкунанда шомилбуда хизмат кардаанд, собиқ партизанҳо, ҷанговарони интернатсионалист, инчунин маъюбон аз давраи кўдакӣ ва маъюбони гурўҳҳои 1 ва 2;
2) шаҳрвандони беморшуда ва мубталои бемории шуоъ, ки дар натиҷаи оқибатҳои садамаҳо дар объектҳои атомӣ рух додааст; шахсони дар рафъи оқибатҳои чунин садамаҳо дар доираи минтақаи ҷудокунӣ иштирокдошта; шахсоне, ки дар давраи бартараф намудани оқибатҳои садамаҳо дар корҳои баистифодабарӣ ё дигар корҳо дар объектҳои атомӣ иштирок намудаанд.
Моддаи 140. Меъёрҳои андоз аз даромад
№№ |
Миқдори даромади андозбандишаванда (ба ҳисоби миёна дар як моҳ) |
Меъёр ва маблағи андоз |
1. |
На зиёда аз нишондиҳанда барои ҳисобҳо |
Аз даромад андозбандӣ намешавад (меъёри сифрӣ) |
2. |
Зиёда аз нишондиҳанда барои ҳисобҳо то 100 сомонӣ |
8 фоиз аз маблағи даромади андозбандишавандаи зиёда аз нишондиҳанда барои ҳисобҳо |
3. |
Зиёда аз 100 сомонӣ |
Маблағи андози сатри 2 ҷамъ 13 фоиз аз маблағи даромади андозбандишавандаи зиёда аз 100 сомонӣ |
Моддаи 141. Озодкунӣ
Аз намудҳои зерини даромади шахсони воқеӣ андоз аз даромад гирифта намешавад:
1) даромад аз фаъолияти расмии дипломатӣ ё консулии шахсе, ки шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон намебошад;
2) даромад аз меҳнати кирояи шахсе, ки резидент ё шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон намебошад ва дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли андозӣ камтар аз 90 рўз истиқомат дошт, агар чунин даромадро корфармо - ғайрирезидент диҳад ё аз номи ё аз ҳисоби корфармое диҳад, ки резиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон намебошад ва онро муассисаи доимии ғайрирезидент дар Ҷумҳурии Тоҷикистон намепардозад;
3) арзиши молу мулки аз дигар шахси воқеӣ дар шакли тўҳфа ё мерос гирифташуда, агар дар ҳолатҳои муқаррарнамудаи қонунгузорӣ барои гирифтани он боҷи давлатӣ пардохта шуда бошад, ба истиснои даромад аз чунин молу мулк ва молу мулке, ки дар шакли музди меҳнат гирифта шудааст; (ҚҶТ аз 26.03.09с, № 493).
4) арзиши тўҳфаҳои аз шахсони ҳуқуқӣ гирифта, инчунин ҷоизаҳои (бурдҳои) дар намоиш ва мусобиқаҳо гирифташуда, аз ҷумла дар шакли пулӣ, ки агар:
-тўҳфаҳои аз шахсони ҳуқуқӣ гирифташуда дар ҳаҷми аз 100 нишондиҳанда барои ҳисобҳо дар як сол зиёд нест;
-ҷоизаҳои (бурдҳои) дар намоишҳо ва мусобиқаҳои байналмилалӣ гирифташуда дар ҳаҷми аз 500 нишондиҳанда барои ҳисобҳо дар як сол зиёд нест;
-ҷоизаҳои (бурдҳои) дар намоишҳо ва мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ гирифташуда дар ҳаҷми аз 100 нишондиҳанда барои ҳисобҳо дар як сол зиёд нест;
5) нафақаҳои давлатӣ, стипендияҳои давлатӣ ва ҷубронпулиҳои давлатӣ, аз ҷумла пардохт ва ҷубронпулиҳо барои дафн, ҳомиладорӣ ва таваллуд, вобаста бо гум кардани қобилияти меҳнатӣ (аз ҷумла муваққатан) ва аз даст додани саробон;
6) алиментҳо аз ашхосе, ки онро мегиранд;
7) пардохтҳои якдафъаина, кўмаки моддӣ аз ҳисоби буҷет, ки мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дода мешаванд, инчунин кўмаки башардўстона (гуманитарӣ), кўмаки эҳсонкорӣ, аз ҷумла ҳангоми офатҳои табиӣ;
8) даромади шахси воқеӣ дар давоми як соли тақвимӣ аз фурўш ё шакли дигари бегона кардани як манзили зист (хонаҳо, квартираҳо (ҳуҷраҳо), бўстонсаройҳо ва амсоли он) ба пуррагӣ ё қисми он, ки моликияти шахси воқеии мазкур ба ҳисоб меравад; (ҚҶТ аз 26.03.09с, № 493).
9) даромади шахси воқеӣ аз фурўш ё шакли дигари бегона кардани молу мулки манқули моддӣ, ба истиснои молу мулке, ки андозсупоранда дар фаъолияти соҳибкорӣ истифода мебарад (бурдааст); (Қ ҶТ аз 3.12.09с, №571).
10) маблағи мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
11) пардохтҳои суғуртавие, ки тибқи шартномаҳои дорои хусусиятҳои ҷамъшаванда ва баргардонидашаванда дар доираи маблағҳои ба ҳисоби чунин шартномаҳо пардохтшуда гирифта шудаанд, дар ҳолате ки подошҳои суғуртавӣ аз рўи чунин шартномаҳо аз ҳисоби ин шахси воқеӣ пардохта шудаанд ва пардохтҳои суғуртавие, ки дар натиҷаи фавти шахси суғурташуда гирифта шудаанд;
12) даромадҳои замбўрпарварон аз фурўши асали оилаи замбўри шахсиашон;
13) даромадҳо аз фурўши маҳсулоти кишоварзӣ, ки дар қитъаи замини наздиҳавлигӣ парвариш (истеҳсол) карда шудааст, бе коркарди саноатии он;
14) маблағи маош, подошпулиҳо ва дигар маблағҳои пардохташуда вобаста ба адои хизмат (иҷрои ўхдадориҳои хизматӣ) ба хизматчиёни ҳарбӣ, шахсони ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи системаи вазоратҳои мудофиа, корҳои дохилӣ, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, воҳидҳои ҳифзи ҳуқуқи Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Гвардияи миллӣ, инчунин дар системаи раёсати корҳои ислоҳии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
15) маблағҳое, ки барои супоридани хун гирифта мешаванд;
16) бурдҳо аз вомбаргҳои давлатӣ ва лотереяҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баровардааст. Бурдҳо аз вомбаргҳо ва лотереяҳо дар мавриди ифодаи арзиши ҳаҷми бурд на зиёда аз 50 сомонӣ ба як вомбарг ё лотерея;
17) кўмаки иҷтимоии суроғавӣ, ёрдампулӣ ва ҷубронпулиҳо, ба истиснои музди меҳнат, ки аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ тибқи ҳаҷм ва тартиби муайяннамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдор дода мешаванд;
18) ҷуброни зарари ҷисмонӣ ё дигар намуди зарари ба саломатии корманд вобаста ба иҷрои ўҳдадориҳои меҳнатӣ ва хизматияш расонидашуда, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
19) арзиши либоси махсус ва (ё) либоси расмӣ ва пойафзол, воситаҳои ҳифзии инфиродӣ ва кўмаки аввалияи тиббӣ, собун, воситаҳои безараркунӣ, шир ё дигар маҳсулоти истеъмолии ба он баробар барои истеъмоли табобатию профилактикӣ додашуда тибқи меъёрҳо ва вобаста ба соҳаи фаъолият, ки мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шудааст;
20) пардохтҳои суғуртавӣ тибқи шартномаҳои суғуртаи ҳатмии масъулияти корфармо (аз ҳисоби маблағҳои корфармо) барои расонидани (ҳангоми расонидани) зарар ба ҳаёт ва саломатии корманд ҳангоми иҷрои ўҳдадориҳои меҳнатӣ (хизматӣ);
21) маблағи ҷуброни зарари моддӣ, ки бо қарори суд муқаррар шудааст;
22) даромадҳои шахсони воқеие, ки мутобиқи дигар муқаррароти ҳамин Кодекс озод карда мешаванд.
23) даромадҳои дар моддаи 136 ҳамин Кодекс нишондодашудаи Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон, шахсоне, ки бо ҳамаи се дараҷаи ордени Шараф мукофотонида шудаанд ва иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, иштирокчиёни фалокати нерӯгоҳи барқи атомии Чернобил.
ФАСЛИ V. АНДОЗ АЗ ФОИДАИ ШАХСОНИ ҲУҚУҚӢ
БОБИ 18. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 142. Андозсупорандагон
Моддаи 143. Объекти андозбандӣ
Моддаи 144. Меъёрҳои андоз
Моддаи 145. Имтиёзҳо
1) ташкилотҳои динӣ, эҳсонкорӣ, буҷетӣ, созмонҳои байниҳукуматӣ ва байнидавлатии (байналмилалии) ғайритиҷоратӣ, ба истиснои фоидае, ки онҳо аз фаъолияти соҳибкорӣ мегиранд. Ҳамзамон чунин ташкилотҳо бояд баҳисобгирии ҷудогонаи фаъолияти асосӣ (фаъолияте, ки аз андоз аз фоида озод аст) ва фаъолияти соҳибкориро пеш баранд;
2) маблағгузарониҳои ройгон ва молу мулки ройгон, аъзоҳаққиҳо, хайрия ва грантҳое, ки ташкилотҳои ғайритиҷоратӣ мегиранд ва барои фаъолияти ғайритиҷоратӣ истифода мебаранд; (ҚҶТ аз 29.12.10с №665)
3) корхонаҳое, ки дар онҳо дар як вақт дар соли ҳисоботии андоз:
а) на камтар аз 50% шумораи кормандонро маъюбон ташкил медиҳанд, ва
б) на камтар аз 50% маблағҳои музди меҳнат ва дигар таъминоти моддӣ, аз ҷумла натуралӣ, барои эҳтиёҷоти маъюбон сарф карда шудааст;
4) корхонаҳои наве, ки дар соҳаи истеҳсоли молҳо таъсис меёбанд, дар соли бақайдгирии давлатӣ ва аз соле, ки баъди соли бақайдгирии ибтидоии давлатӣ фаро мерасад, ҳангоми аз ҷониби муассиси онҳо бо назардошти ҳаҷмҳои ҳадди ақали инвеститсияҳои муқаррарнамудаи қонунгузорӣ ба фонди оинномавии чунин корхонаҳо ворид намудани ҳаҷмҳои дар поён зикргардидаи инвеститсияҳо ба мўҳлати:
- 2 сол, агар ҳаҷми инвеститсияҳо баробари аз 200 ҳазор доллари ИМА то 500 ҳазор доллари ИМА бошад; (ҚҶТ аз 29.12.10с №665)
- 3 сол, агар ҳаҷми инвеститсияҳо баробари бештар аз 500 ҳазор доллари ИМА то 2 миллион доллари ИМА бошад;
- 4 сол, агар ҳаҷми инвеститсияҳо баробари бештар аз 2 миллион то 5 миллион доллари ИМА бошад;
- 5 сол, агар ҳаҷми инвеститсияҳо баробари бештар аз 5 миллион доллари ИМА бошад.
ФАСЛИ VI. МУҚАРРАРОТИ УМУМИИ марбут БА АНДОЗ АЗ ФОИДА ВА АНДОЗИ ДАРОМАД
БОБИ 19. ТарҳҲО АЗ ДАРОМАДИ УМУМӢ
Моддаи 146. Тарҳи хароҷот вобаста ба гирифтани даромад
Моддаи 147. Хароҷоте, ки тарҳ карда намешавад
Моддаи 148. Тарҳ барои пардохтҳои эҳсонкорӣ
Сарфи назар аз муқаррароти моддаи 147 ҳамин Кодекс, тарҳи пардохтҳо барои ташкилоти эҳсонкорӣ ва иҷрои фаъолияти эҳсонкорӣ мутобиқи қисмҳои 2 ва 3 моддаи 17 ҳамин Кодекс дар ҳаҷми воқеии маблағҳои пардохтшуда, аммо на бештар аз 10 фоизи фоидаи (даромади) андозбандишавандае, ки бе назардошти маблағҳои мутобиқи ин модда тарҳшуда муайяншаванда (муайяншуда) иҷозат дода мешавад. Ҳангоми пардохтҳои эҳсонкорӣ дар шакли молу мулк маблағи воқеии пардохтҳои эҳсонкорӣ хурдтарини яке аз ин ду бузургиҳо - арзиши бозории молу мулк ё арзиши аслии он ба ҳисоб меравад.
Моддаи 149. Маҳдудияти тарҳи маблағҳо нисбати фоизҳо
1) ҳама гуна даромади фоизии чунин корхона, ҷамъи
2) 50 фоизи бузургие, ки дар натиҷаи кам кардани даромади умумии (ғайр аз даромади фоизии) ин корхона ба тарҳҳои мутобиқи боби мазкур иҷозатшуда, ба истиснои тарҳ нисбати фоизҳо, ҳосил шудааст.
Моддаи 150. Тарҳ нисбати қарзҳои беэътимод (шубҳанок)
Моддаи 151. Тарҳи ҳиссаҷудокуниҳо ба фондҳои захиравии суғурта
Шахси ҳуқуқие, ки ба фаъолияти суғуртавӣ машғул аст, ҳуқуқ дорад тарҳи ҳиссаҷудокуниҳоро ба фондҳои захиравии суғуртавӣ мувофиқи тартиб ва меъёрҳое, ки бо пешниҳоди Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақоми ваколатдори давлатӣ Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, анҷом диҳад.
Моддаи 152. Тарҳ нисбати хароҷот барои тадқиқоти илмӣ, корҳои лоиҳакашӣ ва таҷрибавию конструкторӣ
Тарҳ нисбати хароҷот барои тадқиқоти илмӣ, корҳои лоиҳакашӣ ва таҷрибавию конструктории вобаста ба гирифтани даромади умумӣ, ба истиснои хароҷот барои харидани воситаҳои асосӣ, васли онҳо ва дигар хароҷоти дорои хусусияти асосӣ анҷом дода мешавад. Асос барои тарҳи ин хароҷот ҳуҷҷатҳои лоиҳавию сметавӣ, санади корҳои иҷрошуда ва дигар ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда оид ба анҷом додани корҳои дахлдори тадқиқоти илмӣ, лоиҳакашӣ ва таҷрибавию конструкторӣ ба ҳисоб мераванд.
Моддаи 153. Тарҳи маблағҳои ҳиссаҷудокуниҳои истеҳлокӣ ва дигар тарҳҳо аз рўи воситаҳои асосии истеҳлокшаванда
Барои мақсадҳои ҳамин Кодекс ҳиссаҷудокунии истеҳлокӣ доир ба воситаҳои асосӣ ва активҳои ғайримоддӣ, ки дар фаъолияти соҳибкорӣ истифода намешаванд (дар фаъолияти ғайрисоҳибкорӣ истифода мешаванд) ҳисоб ва тарҳ карда намешаванд.
Ҳиссаҷудокунии истеҳлокӣ доир ба воситаҳои асосӣ ва активҳои ғайримоддии дар давоми соли тақвими ба тавозун (баланс) дохилшудае, ки дар фаъолияти соҳибкорӣ истифода мешаванд, аз моҳи минбаъдаи тақвимии дар амал истифода шудани ин воситаҳо ва активҳо иҷозат дода мешавад. (ҚҶТ аз 29.12.10с №665)
Гурўҳ |
Намуди молу мулк |
Меъёри истеҳлокӣ (бо фоиз) |
1. |
Техникаи автотрактории роҳсозӣ; асбобу анҷом ва лавозимоти махсус; мошинаҳои электронии ҳисоббарор, дастгоҳу воситаҳои маҳалии коркарди маълумот, таҷҳизоти электронӣ ва воситаҳои алоқа |
20 |
2. |
Автомобилҳои боркаш, автобусҳо, автомобилҳои махсус ва автопритсепҳо, нақлиёти ҳавоӣ. Мошинаҳо ва таҷҳизот барои тамоми соҳаҳои саноат, истеҳсолоти рехтагарӣ; таҷҳизоти оҳангарию прессҳо; таҷҳизоти сохтмон; мошинаҳо ва таҷҳизоти кишоварзӣ; автомобилҳои сабукрав; мебели идора |
15 |
3. |
Воситаҳои нақлиёти роҳи оҳан, баҳрӣ ва дарёӣ; мошинаҳо ва таҷҳизоти қуввадиҳанда; таҷҳизоти гармидиҳандаи техникӣ, таҷҳизоти турбинӣ, муҳаррикҳои электрикӣ ва генераторҳои дизелӣ. Воситаҳои интиқоли барқ; хатҳои қубур |
8 |
4. |
Бино, иншоот ва иморатҳо |
7 |
5. |
Активҳои истеҳлокшавандае, ки ба дигар гурўҳ шомил нашудаанд. |
10
|
1) баланси арзиши гурўҳ дар охири соли гузашта, бо назардошти тарҳи маблағҳои истеҳлокӣ барои соли гузашта, инчунин маблағе, ки дар қисмҳои 8 ва 9 ҳамин модда пешбинӣ шудааст; ҷамъи
2) арзиши воситаҳои асосӣ мутобиқи қисми 1 моддаи 153 ва моддаи 195 Кодекси мазкур (бе дарназардошти зиёдшавии арзиши активҳо дар натиҷаи азнавбаҳодиҳӣ (азнавнархгузорӣ) тибқи Кодекси мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон), ки дар давоми сол ба гурўҳ ҷамъ мешавад; тарҳи(ҚҶТ аз 29.12.10с №665)
3) маблағи ҳангоми фурўши воситаҳои асосӣ дар давоми соли андозӣ гирифташуда, ки дар асоси нархи фурўш муқаррар мешавад.
Бузургии манфии баланси арзиши гурўҳи муайяни воситаҳои асосӣ маънои онро дорад, ки дар давоми соли андозбандӣ маблағи аз фурўши воситаҳои асосии ин гурўҳ бадастомада аз маблағи (бузургии) баланси арзиши ин гурўҳи воситаҳои асосӣ дар охири соли гузашта бо тарҳи истеҳлок барои соли гузашта бо назардошти (зам кардани) арзиши воситаҳои асосие, ки ба гурўҳ дар давоми соли андоз илова карда шудаанд, зиёд мебошад.
Моддаи 154. Тарҳҳо нисбати хароҷоти таъмири воситаҳои асосии истеҳлокшаванда
Моддаи 155. Тарҳи хароҷот нисбати саҳмҳои суғуртавӣ
Саҳмҳои суғуртавӣ, ки суғуртакунандагон дар асоси шартномаҳои суғурта месупоранд, ба истиснои саҳмҳои суғуртавӣ тибқи шартномаҳои дорои хусусияти ҷамъшаванда ва баргардонидашаванда, бояд тарҳ карда шаванд.
Моддаи 156. Хароҷот барои корҳои ҷустуҷўию геологӣ ва омодагӣ ба истихроҷи захираҳои табиӣ
Моддаи 157. Хароҷот барои активҳои ғайримоддӣ
Моддаи 158. Маҳдудияти тарҳ нисбати андозҳо ва ҷаримаҳо
Тарҳ оид ба андозҳо ва ҷаримаҳо танҳо нисбати инҳо иҷозат дода намешавад:
1) андоз аз даромад ё андоз аз фоидае, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ё дар дигар давлатҳо супорида шудаанд;
2) ҷаримаҳо ва фоизҳое, ки ба буҷети Ҷумҳурии Тоҷикистон ё буҷети дигар давлат пардохта шудаанд (бояд пардохта шаванд);
3) андози ҳадди ақал аз даромадҳо.
Моддаи 159. Зарар ҳангоми фурўш ё супоридани молу мулке, ки дар фаъолияти соҳибкорӣ истифода намешавад
Зараре, ки аз фурўш ё супоридани молу мулк (ба истиснои молу мулке, ки барои фаъолияти соҳибкорӣ истифода мешавад ё молу мулке, ки фоидаи фурўш ё супоридани онҳо аз андоз озод аст) расонида мешавад, аз ҳисоби фоидаи фурўш ё супоридани чунин молу мулки дигар ҷуброн мегардад. Агар ҷуброни зарар дар ҳамон сол имконнопазир бошад, он ба давраи минбаъдаи то 3 солро дарбаргиранда гузаронида мешавад ва аз ҳисоби фоидаи аз фурўш ё супоридани дигар чунин молу мулк гирифташуда ҷуброн мегардад. Зарари дар ҳамин модда пешбинишуда набояд аз даромади умумӣ барои мақсадҳои андоз аз фоида ё андоз аз даромад тарҳ карда шавад.
Моддаи 160. Ба давраи дигар гузаронидани зарар
БОБИ 20. СИТОНИДАНИ АНДОЗ ДАР МАНБАИ Пардохт
Моддаи 161. Тартиби ситонидани андоз дар манбаи пардохт
1) шахсони ҳуқуқӣ, инчунин дар ҳолатҳои муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс, воҳидҳои махсуси онҳо, ки ба шахсони воқеии кироякор маблағ медиҳанд;
2) шахсони воқеӣ – соҳибкорони инфиродӣ, ки ба шахсони воқеии кироякори худ ҳақ пардохт менамоянд;
3) шахсони воқеӣ– соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони ҳуқуқие, ки ба дигар шахсон нафақа, стипендия ва кўмакпулӣ медиҳанд, ба истиснои нафақа, стипендия ва кўмакпулиҳои давлатӣ; (Қ ҶТ аз 3.12.09с, №571).
4) шахсони ҳуқуқӣ - резидентҳо, ки ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ суди саҳмия мепардозанд;
5) шахсони воқеӣ– соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони ҳуқуқие, ки ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ фоизҳо мепардозанд; (Қ ҶТ аз 3.12.09с, №571).
6) шахсони воқеӣ – соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони ҳуқуқие, ки маблағҳои дар моддаи 164 ҳамин Кодекс пешбинишударо мепардозанд; (Қ ҶТ аз 3.12.09с, №571).
7) шахсони воқеӣ – соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони ҳуқуқие, ки бурдҳоро оид ба вомбаргҳо, лотереяҳо, оид ба натиҷаҳои озмунҳо ва мусобиқаҳо мукофот (бурдҳо, тўҳфаҳо) медиҳанд. (Қ ҶТ аз 3.12.09с, №571).
Ба мақсади ҳисоб кардани андози даромад ва андози иҷтимоӣ музди меҳнати ҳар коргари кироя (новобаста аз он, ки кироякорӣ ба таври ҳуҷҷатӣ ба расмнят дароварда шудааст ё не) дар давраи аз 1 июли соли ҷорӣ то 30 июни соли оянда наметавонад аз музди меҳнати миёнаи моҳонаи номиналии кироякорон дар шаҳру ноҳияи дахлдор, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли андози гузашта қарор дошт, камтар бошад (ба истиснои муассисаҳои буҷетӣ ва корхонаҳое, ки дар онҳо на камтар аз 50 фоизи кормандонашонро маъюбон ташкил медиҳанд). (ҚҶТ аз 29.12.10с №665)
1) андозҳои ситонидашуда (ҳисобшуда), аз ҷумла андози иҷтимоиро мутобиқи боби 35 ҳамин Кодекс ба буҷет ҳамзамон бо гирифтани маблағҳо барои музди меҳнат ва дар дигар ҳолатҳо – дар давоми 5 рўзи бонкии баъди ба охир расидани моҳе, ки дар он пардохтҳо (маблағҳо) супорида шуда буданд, гузаронанд;
2) ҳангоми пардохти музди меҳнат ба шахсони воқеие, ки даромад мегиранд, бо дархости онҳо, бо зикри насабу ном, маблағ ва намуди даромад ва андозҳои ситонидашуда (агар андоз нигоҳ дошта шавад), маълумотнома диҳанд;
3) дар давоми 30 рўзи баъди ба охир расидани соли андоз ҳатман ба мақомоти андози ҷои баҳисобгирии бақайдгириашон, инчунин ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки мутобиқи қисми 1 ҳамин модда даромад мегиранд (гирифтаанд), бо дархости онҳо дар давоми 10 рўз, бо зикри рақами мушаххаси андозсупоранда, номгўи (насаб, ном ва номи падарӣ) шахс, маблағи умумии даромад ва маблағи умумии андози ситонидашуда дар соли ҳисоботӣ маълумотнома пешниҳод кунанд.
Ба бонкҳо ва дигар муассисаҳои молиявию кредитӣ додани маблағҳои пули нақд барои пардохти музди меҳнат бе пешакӣ ба буҷет аз ҷониби андозсупорандагон ё агентҳои андоз гузарондани маблағи андози даромад ва андози иҷтимоие, ки ба маблағи воситаҳои пули нақди дар боло зикргардида алоқаманд аст, манъ аст. (Қ ҶТ аз 3.12.09с, №571).
Моддаи 162. Ситонидани андоз аз суди саҳмияҳо дар манбаи пардохт
Моддаи 163. Ситонидани андоз аз фоизҳо дар манбаи пардохт
Моддаи 164. Ситонидани андоз аз даромади ғайрирезидентҳо дар манбаи пардохт
1) суди саҳмияҳо — мутобиқи моддаи 162 ҳамин Кодекс;
2) фоизҳо — мутобиқи моддаи 163 ҳамин Кодекс;
3) саҳмҳои суғуртавие, ки корхонаи резидентӣ ё соҳибкори инфиродӣ - резидент мутобиқи шартномаҳои суғурта ва азнавсуғуртакунии таваккалҳо мепардозанд — тибқи меъёри 4 фоиз;
4) маблағҳое, ки корхонаи резидентӣ ё соҳибкори инфиродӣ – резидент барои хизматрасонии телекоммуникатсионӣ ё нақлиёт ҳангоми алоқа ё боркашонии байналмилалӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар давлатҳо мепардозанд, ба истиснои маблағҳо оид ба фрахти баҳрӣ - тибқи меъёри 4 фоиз, маблағҳо оид ба фрахти баҳрӣ - тибқи меъёри 6 фоиз;
5) даромадҳо дар шакли музди меҳнат, инчунин даромадҳои пешбининамудаи бандҳои 8), 17), 18), 19), 20), 21), 22), 24) қисми 8 моддаи 34 ҳамин Кодекс, ки корхонаи резидентӣ ё соҳибкори инфиродӣ – резидент мепардозад, — тибқи меъёри дар қисми 3 моддаи 140 ҳамин Кодекс зикргардида; (Қ ҶТ аз 3.12.09с, №571).
6) даромадҳои дигар, ки дар бандҳои 1) – 5) ҳамин қисм пешбинӣ нашудаанд, - тибқи меъёри 15 фоиз. (Қ ҶТ аз 3.12.09с, №571).
Моддаи 165. Пешниҳоди ҳисоботи андози оид ба ситонидани андоз дар манбаи пардохт
Агентҳои андоз, ки дар моддаи 161 ҳамин Кодекс зикр гардидаанд, вазифадоранд як маротиба дар нимсола, на дертар аз санаи 15 –уми моҳе, ки баъди нимсолаи ҳисоботӣ фаро мерасад ва дар он ўҳдадории ситонидани андоз дар манбаи пардохт ба вуҷуд омадааст, ба мақомоти андози маҳалли баҳисобгирии бақайдгириашон ҳисоботи андози дар манбаи пардохт ситонидашударо, ба истиснои андози даромад аз ҷониби корфармоён тибқи шакл ва тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ пешниҳод намоянд. (Қ ҶТ аз 3.12.09с, №571).
Корфармоён ўҳдадоранд, ки ҳар моҳ на дертар аз санаи 15 моҳе, ки баъди моҳи ҳисоботӣ фаро мерасад, ба мақомоти андози маҳалли баҳисобгирии бақайдгириашон ҳисоботи андози даромад аз коргарони кирояашонро, ки дар манбаи пардохт ситонида шудааст, тибқи шакл ва тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ пешниҳод намоянд. (Қ ҶТ аз 3.12.09с, №571).
БОБИ 21. АНДОЗБАНДИИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
Моддаи 166. Андозбандии фоидаи софи муассисаи доимии шахси ҳуқуқии хориҷӣ
Илова ба андоз аз фоидаи муассисаи доимии шахси ҳуқуқии хориҷӣ аз фоидаи софи ин муассисаи доимӣ тибқи меъёри 8 фоиз андоз гирифта мешавад.
Моддаи 167. Баҳисобгирии андози хориҷӣ
Моддаи 168. Даромаде, ки дар мамлакатҳои дорои андозбандии имтиёзнок гирифта шудааст
БОБИ 22. МУҚАРРАРОТИ МАХСУС ДОИР БА ШАРТНОМАҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
Моддаи 169. Шартҳои татбиқи шартномаи байналмилалӣ
Моддаи 170. Тартиби татбиқи шартномаҳои байналмилалӣ
Татбиқи шартномаҳои байналмилалӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мувофиқаи мақоми ваколатдори давлатӣ мутобиқи муқаррароти моддаҳои 169-180 ҳамин Кодекс амалӣ карда мешавад.
Моддаи 171. Усулҳои тарҳи хароҷоти идоракунӣ ва умумимаъмурии шахси ҳуқуқӣ-ғайрирезидент бо мақсади андозбандии даромадҳо аз манбаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
1) усули тақсимоти мутаносиби хароҷот;
2) усули бевоситаи (мустақими) тарҳи хароҷот.
3.Усули интихобшудаи намудаи тарҳи хароҷоти идоракунӣ ва умумимаъмурӣ (аз ҷумла тартиби муайянкунии нишондиҳандаи ҳисобӣ, ки ҳангоми усули тақсимоти мутаносиби хароҷот истифода бурда мешавад) нисбати муассисаи доимӣ ҳар сол татбиқ мегардад ва тағйир додани он танҳо бо мувофиқаи мақоми андози дахлдор имконпазир мебошад.
Моддаи 172. Усули тақсимоти мутаносиби хароҷот
1) таносуби маблағи солонаи даромади умумии аз тарафи шахси ҳуқуқӣ-ғайрирезидент аз фаъолият дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути муассисаи доимӣ дар соли андоз гирифташуда нисбати даромади солонаи умумии шахси ҳуқуқӣ-ғайрирезидент аз фаъолият ҳам дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳам берун аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи зикргардидаи андоз;
2) муайянкунии андозаи миёна аз рўи се нишондиҳанда:
- таносуби маблағи солонаи даромади умумии аз тарафи шахси ҳуқуқӣ-ғайрирезидент аз фаъолият дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути муассисаи доимӣ дар соли андоз гирифташуда нисбати даромади солонаи умумии шахси ҳуқуқӣ-ғайрирезидент аз фаъолият ҳам дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳам берун аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи номбаршудаи андоз;
- таносуби арзиши воситаҳои асосии муассисаи доимӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар охири давраи андоз дар ҳисоботи молиявиаш ҳисобшуда ба арзиши умумии воситаҳои асосии шахси ҳуқуқӣ-ғайрирезидент дар маҷмўъ ҳам дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳам берун аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чунин давраи андоз;
- таносуби ҳаҷми фонди музди меҳнати ҳайати кормандоне, ки дар муассисаи доимӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунанд, дар охири давраи андоз ба ҳаҷми умумии фонди музди меҳнати ҳайати кормандони шахси ҳуқуқӣ-ғайрирезидент дар маҷмўъ ҳам дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳам берун аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар чунин давраи андоз.
Шахси ҳуқуқӣ-ғайрирезидент яке аз усулҳои зикршудаи ҳисоб намудани нишондиҳандаи ҳисобиро мустақилона интихоб менамояд.
1) нусхаи ҳисоботи молиявии шахси ҳуқуқӣ-ғайрирезидент, ки дар он вобаста ба нишондиҳандаи ҳисобии муайянкардаи шахси ҳуқуқӣ-ғайрирезидент инҳо шарҳ дода мешаванд:
- маблағи умумии даромади умумии солона дар маҷмўъ;
- маблағи умумии фонди музди меҳнат дар маҷмўъ;
- арзиши аввалия ва интиҳоии воситаҳои асосӣ дар маҷмўъ;
- маблағи умумии хароҷот бо тақсимоти модда ба моддаи он, аз ҷумла маблағи умумии хароҷоти идоракунӣ ва умумимаъмурӣ бо тақсимоти модда ба моддаи онҳо;
2) нусхаи хулосаи аудиторӣ оид ба аудити ҳисоботи молиявии шахси ҳуқуқӣ-ғайрирезидент (ҳангоми гузаронидани аудити ҳисоботи молиявии чунин шахс).
Моддаи 173. Усули бевоситаи (мустақими) ҳисоббарии хароҷот
Хароҷоти мазкур танҳо дар асоси ҳуҷҷатҳои мавҷудбудаи тасдиқкунанда аз маблағи муассисаи доимӣ тарҳ карда мешавад.
1) ҳуҷҷатҳои муҳосибавие, ки хароҷоти шахси ҳуқуқӣ-ғайрирезидентро дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон барои мақсади гирифтани даромад аз фаъолият тавассути муассисаи доимӣ тасдиқ менамоянд;
2) нусхаи ҳуҷҷатҳои муҳосибавие, ки хароҷоти шахси ҳуқуқӣ-ғайрирезидентро берун аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади гирифтани даромад аз фаъолият дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути муассисаи доимӣ тасдиқ менамоянд.
Моддаи 174. Тартиби пардохтани андоз аз даромади ғайрирезидентҳо аз фаъолият дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки боиси таъсиси муассисаи доимӣ намегардад
Чунин маблағи андози ситонидашуда ба ҳисоби пардохти ўҳдадориҳои ғайрирезидент дар назди буҷет бояд ба ҳисоб гирифта шавад.
1) дар пасандозҳои шартии бонкӣ ҷойгиршуда;
2) маблағҳои пардохтшуда ба ғайрирезидентҳое, ки ҳуқуқи татбиқи муқаррароти шартномаҳои байналмилалиро доранд;
3) ба буҷет гузаронидашуда.
Моддаи 175. Тартиби татбиқи шартномаҳои байналмилалӣ нисбати андозбандии даромадҳо аз расонидани хизматҳои нақлиётӣ дар боркашонии байналмилалӣ
Ҳамзамон шахси ҳуқуқӣ-ғайрирезидент ўҳдадор аст баҳисобгирии алоҳидаи маблағи даромадҳоро аз хизматрасонии нақлиётӣ дар боркашонии байналмилалӣ (ки бояд мутобиқи шартномаи байналмилалӣ андозбандӣ нашаванд) ва аз хизматрасонии нақлиётӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон (андозбандишаванда) таъмин намуда, инчунин ин даромадҳоро дар эъломияи андоз аз фоида бояд дарҷ намояд.
Маблағи умумии фоидаи андозбандишаванда (даромади андозбандишаванда) дар эъломияи дар боло зикршуда ба маблағи фоидаи андозбандишавандае (даромади андозбандишавандае), ки мутобиқи шартномаи байналмилалӣ аз андозбандӣ бояд озод карда шавад, дар асоси баҳисобгирии алоҳида кам карда мешавад.
Ҳангоми ғайриҳуқуқӣ татбиқ намудани муқаррароти шартномаи байналмилалӣ, ки боиси насупоридан ё нопурра пардохтани андоз ба буҷет гардидааст, андозсупоранда мутобиқи санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгар мебошад.
Моддаи 176. Тартиби татбиқи шартномаи байналмилалӣ нисбати андозбандии суди саҳмияҳо, фоизҳо, роялтӣ
Моддаи 177. Тартиби татбиқи шартномаи байналмилалӣ нисбати андозбандии фоидаи соф (даромади соф) ҳангоми фаъолият тавассути муассисаи доимӣ
Моддаи 178. Тартиби татбиқи шартномаи байналмилалӣ нисбати андозбандии дигар даромадҳо аз манбаъҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
Моддаи 179. Талаботи умумӣ ҳангоми пешниҳоди ариза барои татбиқи муқаррароти шартномаи байналмилалӣ
Аризаро барои татбиқи муқаррароти шартномаи байналмилалӣ мақоми андоз тибқи шакли муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ дар мавриди иҷрои талаботи зерин қабул менамояд:
1) бо ариза пешниҳод намудани:
- нусхаи қарордодҳо (шартномаҳо, созишномаҳо) барои иҷрои корҳо (хизматрасониҳо) ё барои дигар мақсадҳо;
- нусхаҳои ҳуҷҷатҳои таъсисӣ;
- шарҳи маблағи даромадҳо аз хизматрасонии нақлиётӣ дар боркашонии байналмилалӣ ва дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- санади корҳои иҷрошуда – ҳангоми аз ҷониби ғайрирезидент ба иҷро расидани намудҳои гуногуни корҳо, санади қабули истифодабарии объект – ҳангоми иҷрои корҳои сохтмон, ҳисобнома ё дигар ҳуҷҷати пардохт, ки гирифтани даромадро аз хизматрасонӣ тасдиқ менамоянд;
2) аз ҷониби агенти андоз пешниҳоди ҳуҷҷатҳои баҳисобгирӣ, ки маблағи ҳисобшуда ва (ё) пардохтшудаи даромадҳо ва андозҳои ситонидашударо тасдиқ менамояд;
3) тасдиқи резидент будани аризадиҳанда аз ҷониби мақоми салоҳиятдор ё ваколатдори давлати аризадиҳандае, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо он шартномаи байналмилалӣ бастааст (дар варақаи расмии аризаи мазкур ё бо замимаи ҳуҷҷати тасдиқкунандаи резидентӣ). Ҳамзамон барои мақсадҳои ҳамин модда ва моддаҳои 174-178 ҳамин Кодекс ғайрирезиденте, ки дорои ҳуқуқи татбиқи муқаррароти шартномаи байналмилалии дахлдор мебошад, ҳангоми тағйир ёфтани нишондиҳандаҳои бақайдгирӣ дар мамлакати резидентӣ ўҳдадор аст тибқи тартиби муқаррарнамудаи ҳамин моддаҳо ҳуҷҷати тасдиқкунандаи резидентиро бо назардошти маълумоти тағйирёфта пешниҳод намояд;
4) тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ё шартномаи байналмилалӣ, ки яке аз тарафҳои он Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ба расмиятдарории дипломатӣ ё консулии имзо ва мўҳри мақомеро, ки резидентии ғайрирезидентро (ҳуҷҷатеро, ки резидентиро шаҳодат медиҳад) тасдиқ намудааст, амалӣ гардонад.
Моддаи 180. Маълумотнома оид ба маблағҳои андозҳои ситонидашуда ва пардохтшуда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Бо талаби ғайрирезидент мақоми андоз, тибқи шакл ва тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ, оид ба маблағҳои даромади аз манбаъҳои воқеъ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифташуда ва андозҳои ситонидашуда маълумотнома пешниҳод менамояд.
БОБИ 23. ҚОИДАҲОИ БАҲИСОБГИРИИ АНДОЗ
Моддаи 181. Давраи (соли) андоз
Давраи (соли) андоз соли тақвимӣ ба ҳисоб меравад.
Моддаи 182. Тартиби баҳисобгирии даромадҳо ва хароҷотҳо
1) амалиёти вай дар соли гузашта назар ба ҳаҷми амалиёти андозбандишаванда, ки барои бақайдгирӣ бо мақсади андоз аз арзиши иловашуда муқаррар гардидааст, 5 маротиба зиёд шуда бошад; ё
2) вай мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ барои баҳисобгирии муҳосибавӣ тибқи усули қайди дубора вазифадор бошад.
Андозсупорандае, ки барои баҳисобгирӣ аз рўи усули ҳисобу замкунӣ тибқи муқаррароти ҳамин қисм бори аввал вазифадор шудааст, баҳисобгириро тибқи усули ҳисобу замкунӣ бояд барои ҳамаи солҳои минбаъда низ пеш барад.
Ташкилотҳои қарзи хурд ва фондҳои қарзи хурд барои мақсадҳои андозбандӣ ҳисобро аз оғози фаъолияти худ, сарфи назар аз муқаррароти ҳамин модда, тибқи усули кассавӣ пеш мебаранд.
Моддаи 183. Принсипҳои баҳисобгирии даромадҳо ва хароҷотҳо тибқи усули кассавӣ
Андозсупорандае, ки тибқи усули кассавӣ баҳисобгириро пеш мебарад, бояд мутобиқи моддаҳои 184 ва 185 ҳамин Кодекс даромадро дар санаи гирифтани он ҳисоб карда, тарҳи хароҷотҳоро дар санаи амалӣ намудани он анҷом диҳад.
Моддаи 184. Лаҳзаи гирифтани даромад дар ҳолатҳои ҷудогона бо истифодаи усули кассавӣ
Моддаи 185. Лаҳзаи хароҷот намудан дар ҳолатҳои ҷудогона бо истифодаи усули кассавӣ
Моддаи 186. Принсипҳои баҳисобгирии даромадҳо ва хароҷотҳо ҳангоми истифодаи усули ҳисобу замкунӣ
Андозсупорандае, ки тибқи усули ҳисобу замкунӣ баҳисобгириро пеш мебарад, бояд даромаду хароҷотро мутобиқи моддаҳои 187 ва 188 ҳамин Кодекс мутаносибан аз лаҳзаи гирифтани ҳуқуқ ба даромад ё пайдо шудани ўҳдадории пардохт, сарфи назар аз вақти воқеии гирифтани даромад ё иҷрои пардохт, ба ҳисоб гирад.
Моддаи 187. Лаҳзаи гирифтани даромад ҳангоми истифодаи усули ҳисобу замкунӣ
Агар аҳд ё шартнома иҷрои кор ё хизматрасониро марҳала ба марҳала пешбинӣ намояд, ҳуқуқи гирифтани даромад дар ҳар марҳала дар лаҳзаи ниҳоии иҷрои кор ё хизматрасонии ин марҳала пайдо мешавад, агар моддаи 190 ҳамин Кодекс тартиби дигаре пешбинӣ накарда бошад.
Моддаи 188. Лаҳзаи хароҷот намудан ҳангоми истифодаи усули ҳисобу замкунӣ
1) ҳангоми аз тарафи андозсупоранда бечунучаро эътироф шудани ўҳдадории молиявӣ;
2) ҳангоми ба қадри кифоя дақиқ баҳо додан ба ҳаҷми ўҳдадории молиявӣ;
3) агар ҳамаи тарафҳои дар аҳд ё шартнома иштирокдошта воқеан тибқи аҳд ё шартнома ўҳдадориҳояшонро иҷро кунанд ва маблағҳои дахлдор бечунучаро пардохта шаванд.
Моддаи 189. Соҳибии муштарак
Ҳангоми аҳду паймон (ҳам хаттӣ ва ҳам шифоҳӣ) барои соҳибии муштараки молу мулк ё якҷоя анҷом додани фаъолияти соҳибкорӣ ё дигар аҳду паймон, ки на камтар аз ду соҳибро бидуни таъсиси шахси ҳуқуқӣ пешбинӣ мекунанд, даромад ва тарҳҳо тибқи аҳду паймон нисбати ҳар як соҳиб сурат гирифта, онҳо мувофиқи ҳиссаи иштирокашон андозбандӣ карда мешаванд.
Моддаи 190. Даромадҳо ва тарҳҳо аз рўи қарордодҳои дарозмуддат
Моддаи 191. Тартиби баҳисобгирии захираҳои молию моддӣ
1) усули ФИФО, ки мутобиқи он дар давраи ҳисоботӣ дар аввал молҳои дар аввали давраи ҳисоботӣ ба захираҳои молию моддӣ дохилгардида, фурўхташуда (истифодашуда) ҳисоб карда шуда, баъд молҳое, ки дар давоми давраи ҳисоботӣ истеҳсол (харида) шудаанд, мувофиқи навбати истеҳсол (харид) ҳисоб карда мешаванд;
2) усули ЛИФО, ки мутобиқи он дар давраи ҳисоботӣ дар аввал молҳое, ки охирин истеҳсол (харид) шудаанд, фурўхташуда (истифодашуда) ҳисоб карда мешаванд;
3) усули баҳо додан тибқи арзиши аслии миёна.
Моддаи 192. Баҳисобгирӣ ҳангоми иҷораи молиявӣ (лизинг)
Моддаи 193. Тарҳҳои ҷуброншаванда ва ихтисори захираҳо
Моддаи 194. Фоида ва зарар ҳангоми фурўш ё супоридани активҳо
Моддаи 195. Арзиши активҳо
Моддаи 196. Эътироф накардани фоида ё зарар
1) додани активҳо байни зану шавҳар;
2) додани активҳо байни собиқ ҳамсарон ҳангоми бекор кардани ақди никоҳ; ё
3) беғаразона нобуд кардани актив ё бегона кардани он бо реинвеститсияи маблағҳо (масалан, ҷубронпулии суғуртавии гирифташуда ҳангоми беғаразона нобуд сохтани актив) дар активҳои шабеҳи онҳо ё дар активҳои дорои ҳамон хусусият то ба охир расидани соли дуюми баъди соле, ки актив нобуд ё бегона карда шудааст.
БОБИ 24. МУҚАРРАРОТИ МАЪМУРӢ
Моддаи 197. Пешниҳоди эъломия
1) шахсони ҳуқуқӣ - резидентҳо;
2) шахсони воқеӣ – резидентҳое, ки дар манбаи пардохти воқеъ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон даромади андозбандинашаванда доранд, ба истиснои даромадҳое, ки аз фаъолияти соҳибкории инфиродӣ дар асоси патенти харидашуда тибқи моддаи 137 ҳамин Кодекс ба даст меоранд;
3) шахсони воқеӣ - резидентҳое, ки дар суратҳисобҳояшон дар бонкҳои хориҷии воқеъ берун аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон маблағҳои пулӣ доранд, инчунин онҳое, ки берун аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон даромад мегиранд;
4) шахсоне, ки мутобиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба зиммаашон вазифаи пешниҳоди эъломия оид ба андоз аз даромад ва эъломия оид ба вазъи молу мулкӣ гузошта шудааст. Тартиб, мўҳлати пешниҳод ва шакли эъломияро, ки ин шахсон пешниҳод мекунанд, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд;
5) шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ - ғайрирезидентҳое, ки аз манбаъҳои воқеъ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон даромаде, ки бояд андозбандӣ карда шавад мегиранд, аммо дар манбаи пардохт андоз намесупоранд;
6) шахсони воқеӣ - шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар муассисаҳои дипломатӣ, консулгарии давлатҳои хориҷӣ, ки мутобиқи қонунгузорӣ ё шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз иҷрои ўҳдадориҳои агенти андоз нисбати шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон озод мебошанд, кор мекунанд. Ҳамзамон чунин шахсони воқеӣ, агар дигар муқаррарот дар санадҳои байналмилалии аз ҷониби Тоҷикистон эътирофшуда пешбинӣ нашуда бошад, дар давоми соли андоз ҳангоми ба даст овардани даромад аз кор дар ташкилотҳои дар боло зикргардида ўҳдадоранд, ки дар давоми 15 рўз аз рўзи гирифтани ҳар пардохт ба таври мустақилона маблағи андози даромад ва андози иҷтимоиро ҳисоб кунанд ва ба буҷет дар маҳали ҷойгиршавии ташкилоти дар боло зикргардида супоранд. Маълумот дар бораи шахсони воқеии дар боло зикргардида ба мақоми ваколатдори давлатӣ дар ҳар семоҳа то санаи 15 моҳи минбаъдаи семоҳаи сипаригардида аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешавад.
4.Шахси воқеие, ки аз вай пешниҳод кардани эъломияи андоз талаб карда намешавад, метавонад дар бораи аз нав ҳисоб кардани андоз ва баргардонидани маблағ эъломияи андоз пешниҳод кунад.
Моддаи 198. Пардохтҳои ҷории (пешпардохти) андоз
Моддаи 1981. Хусусияти ҳисоб кардан ва пардохтани андоз (андоз аз фоида ва андози ҳадди ақал аз даромадҳо) аз ҷониби корхонаҳое, ки воҳидҳои махсус доранд (воҳидҳое, ки қисми вазифаҳои шахси ҳуқуқиро иҷро менамоянд ва шахсони ҳуқуқии мустақил ба ҳисоб намераванд)
Ҳиссаҳои хароҷоти барои пардохти музди меҳнат дар ҳамин қисм зикргардида бо назардошти нишондиҳандаҳои воқеии хароҷот барои музди меҳнати воҳиди асосии корхона ва воҳидҳои махсуси он мутобиқи маълумоти баҳисобгирии муҳосибии корхона дар охири моҳи (соли) ҳисоботӣ муайян карда мешавад.
Маълумотро дар бораи маблағҳои пешпардохт аз рўи андоз, инчунин дар бораи маблағҳои аз рўи ҷамъбасти соли андоз ҳисоб кардашударо корхона ба воҳидҳои махсуси худ, инчунин ба мақомоти андози маҳали ҷойгиршавии худ ва маҳали ҷойгиршавии воҳидҳои махсус на дертар аз мўҳлати пешниҳодгардида барои амалӣ намудани пардохтҳои ҷорӣ (пешпардохтҳо) мутобиқи моддаи 198 ҳамин Кодекс ва барои пешниҳод кардани эъломия аз рўи андоз аз фоида мутобиқи моддаи 197 ҳамин Кодекс хабар медиҳад.
Моддаи 199. Пардохти андоз аз рўи ҷамъбасти сол
ФАСЛИ VII. АНДОЗ АЗ АРЗИШИ ИЛОВАШУДА
БОБИ 25. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 200. Мафҳуми андоз аз арзиши иловашуда
Андоз аз арзиши иловашуда, минбаъд - АНДОЗ АЗ АРЗИШИ ИЛОВАШУДА, шакли ба буҷет гирифтани қисми арзиши дар ҷараёни истеҳсол ва муомилоти мол, иҷрои кор ва хизматрасонӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон иловашуда, инчунин қисми арзиши тамоми молҳои андозбандишавандаи ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшаванда мебошад. Андоз аз арзиши иловашуда ҳамчун андози ғайримустақим бояд дар тамоми марҳилаҳои истеҳсолот, муомилоти молҳо, иҷрои корҳо ва хизматрасонӣ пардохта шавад.
Маблағи андоз аз арзиши иловашуда, ки бояд аз амалиёти андозбандишаванда пардохта шавад, ҳамчун фарқи байни маблағи андоз, ки аз чунин муомилот ҳисобу зам карда шудааст ва маблағи андозе, ки мутобиқи муқаррароти ҳамин фасл бояд тибқи ҳисобнома - фактураҳои андоз оид ба андоз аз арзиши иловашуда ҳисоб карда шавад, муайян мегардад. Маблағи андоз аз арзиши иловашуда, ки бояд аз воридоти андозбандишаванда пардохта шавад, бо роҳи зарби воридоти андозбандишаванда ба меъёри андоз аз арзиши иловашуда муайян карда мешавад.
БОБИ 26. АНДОЗСУПОРАНДАГОН
Моддаи 201. Андозсупорандагон
(Аз моддаи 201 қисмҳои 5 ва 6 хориҷ карда шу. ҚҶТ аз 29.12.10с №665)
Моддаи 202. Талабот оид ба додани ариза барои бақайдгирӣ
1.Шахсе, ки машғули фаъолияти соҳибкорӣ буда, ҳаҷми амалиёти андозбандишавандааш дар давраи пешинаи давомнокиаш на зиёда аз 12 моҳи пурраи муттасили (паи дар пайи) тақвимӣ аз 200 ҳазор сомонӣ бештар мебошад, ўҳдадор аст ба мақоми андози маҳалли баҳисобгирии бақайдгирии худ мувофиқи моддаҳои 45 ва 46 ҳамин Кодекс, агар ҳамин Кодекс ё дигар санадҳои қонунгузории андоз тартиби дигаре муқаррар накарда бошанд, ҷиҳати бақайдгирӣ барои андоз аз арзиши иловашуда на дертар аз 30 рўзи баъди ба охир расидани ин давра ариза диҳад.
Қисми 8 моддаи 1 ҳамин Қонун нисбати шахсоне, ки ба ҳадди барои мақсадҳои бақайдгирӣ аз рўи андоз аз арзиши иловашуда муқарраргардида ба 1 январи соли 2006 ва пас аз ин сана расидаанд, татбиқ карда мешавад.
Нисбати шахсони ба сифати супорандаи андоз аз арзиши иловашуда то 1 январи соли 2006 ба қайд гирифташуда, вале дар лаҳзаи мавриди амал қарор додани ҳамин Қонун ба ҳадди дар қисми 8 моддаи 1 ҳамин Қонун муқарраргардида нарасидаанд, бақайдгирӣ барои мақсадҳои андоз аз арзиши иловашуда дар давоми соли 2006 бекор карда намешавад. Ҳамзамон бояд ба ҳисоб гирифт, ки бақайдгирии охирин барои мақсадҳои андоз аз арзиши иловашуда барои чунин шахсон аз 1 декабри соли 2004 эътибор пайдо кардааст.
Моддаи 203. Бақайдгирии ихтиёрӣ (хориҷ карда шуд бо ҚҶТ аз 20.03.08с, №376).
Моддаи 204. Бақайдгирӣ
1.Шахсе, ки ҷиҳати бақайдгирӣ барои мақсадҳои андоз аз арзиши иловашуда ариза медиҳад, ўҳдадор аст ин амалро мувофиқи тартиб ва шакли муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ анҷом диҳад.
2.Ҳангоми аз тарафи шахси машғули амалиёти андозбандишаванда додани ариза ҷиҳати бақайдгирӣ барои мақсадҳои андоз аз арзиши иловашуда, мақоми андоз вазифадор аст чунин шахсро дар феҳристи супорандагони андоз аз арзиши иловашуда ба қайд гирифта, дар давоми 10 рўзи баъди супоридани ариза дар мавриди оид ба андоз аз арзиши иловашуда ба қайд гирифта шуданаш шаҳодатнома диҳад ва дар он номи пурра (ному насаб) ва дигар маълумоти дахлдорро дар бораи андозсупоранда, санаи додани шаҳодатнома, санае, ки аз он бақайдгирӣ эътибор пайдо мекунад ва рақами мушаххаси андозсупорандаро зикр намояд.
Варақаи шаҳодатномаи байқайдгирӣ доир ба андоз аз арзиши иловашуда варақаи ҳисоботии қатъӣ мебошад ва ба андозсупоранда ройгон дода мешавад.
Шаҳодатномаи бақайдгирӣ оид ба андоз аз арзиши иловашударо андозсупоранда бо худ нигоҳ медорад ва ҳангоми бекор шудани бақайдгирӣ барои мақсадҳои андоз аз арзиши иловашуда дар давоми 10 рўзи баъди бекор шудани бақайдгирӣ барои мақсадҳои андоз аз арзиши иловашуда ба мақоми андози дахлдор бояд баргардонад.
Шакли варақа, тартиби супоридан ва гирифтани шаҳодатномаи бақайдгирӣ оид ба андоз аз арзиши иловашударо мақоми ваколатдори давлатӣ муқаррар менамояд.
3.Бақайдгирӣ дар яке аз санаҳои зерин, вобаста аз он, ки кадоме аз ин сана пештар фаро мерасад, эътибор пайдо мекунад:
1) ҳангоми бақайдгирии ҳатмӣ - дар рўзи якуми давраи ҳисоботии баъди моҳе, ки дар он барои додани ариза барои бақайдгирӣ ўҳдадорӣ пайдо шудааст;
2) нисбати вориси ҳуқуқӣ - дар лаҳзаи ба даст овардани ҳуқуқ.
Мақоми ваколатдори давлатӣ барои мақсадҳои бақайдгирӣ ва назорат феҳристи умумидавлатии супорандагони андоз аз арзиши иловашударо пеш мебарад.
Моддаи 205. Бекор кардани бақайдгирӣ
Нисбати шахсони ба сифати супорандаи андоз аз арзиши иловашуда то 1 январи соли 2006 ба қайд гирифташуда, вале дар лаҳзаи мавриди амал қарор додани ҳамин Қонун ба ҳадди дар қисми 8 моддаи 1 ҳамин Қонун муқарраргардида нарасидаанд, бақайдгирӣ барои мақсадҳои андоз аз арзиши иловашуда дар давоми соли 2006 бекор карда намешавад. Ҳамзамон бояд ба ҳисоб гирифт, ки бақайдгирии охирин барои мақсадҳои андоз аз арзиши иловашуда барои чунин шахсон аз 1 декабри соли 2004 эътибор пайдо кардааст.
Дар ҳолати вафот кардани шахси воқеӣ бекоршавии бақайдгирӣ барои мақсадҳои андоз аз арзиши иловашуда нисбати чунин шахс аз рўзи вафот кардани ин шахс, ки мақоми дахлдори давлатӣ расман тасдиқ менамояд, эътибор пайдо мекунад.
БОБИ 27. ОБЪЕКТҲОИ АНДОЗБАНДӢ
Моддаи 206. Объектҳои андозбандӣ
Моддаи 207. Фурўш ё супоридани корхона
БОБИ 28. МУАЙЯН КАРДАНИ МУОМИЛОТИ АНДОЗБАНДИШАВАНДА ВА ВОРИДОТИ АНДОЗБАНДИШАВАНДА
Моддаи 208. Арзиши амалиёти андозбандишаванда
Ҳангоми фарқияти манфӣ арзиши амалиёти андозбандишаванда барои ҳисобкунии андоз аз арзиши иловашуда баробари сифр қабул карда мешавад.
Арзиши амалиёти андозбандишаванда ҳангоми таҳвили молҳо бевосита аз ҷониби воридкунанда, инчунин аз ҷониби агент (шахси боваринок) бо истифодаи механизми моддаи 223 ҳамин Кодекс таҳвил кардани молҳое, ки аз рўи воридот мутобиқи бандҳои 5) ва 9) қисми 4 моддаи 211 ҳамин Кодекс ба Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил шудаанд, инчунин гази табиӣ, ки мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» барои соли дахлдор ҳангоми воридот аз андоз аз арзиши иловашуда озод карда мешавад, ба фарқияти мусбии байни арзиши таҳвили чунин молҳо бе назардошти андоз аз арзиши иловашуда ва андоз аз фурўши чакана ва арзиши гумрукии чунин молҳо бе назардошти андоз аз арзиши иловашуда баробар ҳисобида мешавад. Ҳангоми фарқияти манфӣ арзиши амалиёти андозбандишаванда барои ҳисоб кардани андоз аз арзиши иловашуда ба сифр баробар қабул карда мешавад.
Моддаи 209. Тасҳеҳи муомилоти андозбандишаванда
1) бекор кардани амалиёт;
2) тағйир ёфтани хусусияти амалиёт;
3) тағйир ёфтани ҷуброни мувофиқашуда барои амалиёт ҳам аз сабаби пастшавии нарх ва ҳам ҳама гуна сабабҳои дигар; ё
4) пурра ё қисман баргардонидани молҳо ба андозсупоранда (қабул накардани корҳо ё хизматрасониҳои анҷомдодаи андозсупоранда).
5) тарҳи қарзҳои беэътимод (шубҳанок) мувофиқи қисми 20 моддаи 34 ва қисмҳои 1 ва 2 моддаи 150 ҳамин Кодекс.
1) оид ба андоз аз арзиши иловашуда ҳисобнома - фактура пешниҳод кунад, ки дар он маблағи андоз аз арзиши иловашуда нодуруст нишон дода шудааст; ё
2) дар эъломияи андоз аз арзиши иловашуда маблағи андоз аз арзиши иловашударо нодуруст зикр карда бошад,
пас мувофиқи қисми 2 моддаи 225 ё қисми 8 моддаи 226 ҳамин Кодекс ба он ислоҳ дароварда мешавад.
Моддаи 210. Арзиши воридоти андозбандишаванда
БОБИ 29. ИМТИЁЗҲОИ АНДОЗ
Моддаи 211. Озод кардан аз андоз
1) фурўш, супоридан ё иҷораи молу мулки ғайриманқул, ба ғайр аз:
- фурўш ё супоридани бинои меҳмонхонаҳо ё манзилгоҳ барои истироҳаткунандагон;
- фурўш ё супоридани биноҳои истиқоматии аз нав сохташуда, ба ғайр аз ҳолатҳое, ки бино чун манзили истиқоматӣ камаш дар давоми 2 сол истифода шудааст;
- супоридан ё иҷораи молу мулки ғайриманқул, ки барои мақсадҳои соҳибкорӣ истифода бурда мешавад; (Қ ҶТ аз 3.12.09с, №571).
2) хизматрасонии молиявӣ, аз ҷумла таҳвили молу мулки моддии истеҳлокшаванда, ки тибқи амалиёти иҷораи молиявӣ (лизинг) мутобиқи моддаи 33 Кодекси мазкур амалӣ мешавад, ба истиснои молу мулки ғайриманқул, автомобилҳои сабукрав ва мебел; (ҚЧТ аз 16.04.2012с.,№813)
3) таҳвили асъори миллӣ ва (ё) хориҷӣ (ба ғайр аз мақсадҳои нумизматӣ), инчунин коғазҳои қиматнок;
4) хизматрасонии динӣ ва маросимӣ аз ҷониби ташкилоти динӣ;
5) хизматрасонии тиббии муассисаҳои давлатӣ, ба истиснои хизмати косметологӣ; (ҚҶТ аз 29.12.10с №665)
6) хизматрасонӣ дар соҳаи:
- таълиму тарбияи томактабӣ;
-таҳсилоти умумии асосӣ, миёнаи умумӣ;
-таҳсилоти ибтидоӣ, миёна ва олии касбӣ, таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ;
-таҳсилоти иловагӣ ва махсус.
Намудҳои фаъолияти пешбининамудаи бандҳои 5) ва 6) ҳамин қисм аз андоз аз арзиши иловашуда озод карда мешаванд танҳо агар онҳоро шахсони дорои иҷозатномаҳои (литсензияҳои) дахлдори давлатӣ барои иҷрои намудҳои мазкури фаъолият, ки тибқи тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шудаанд, анҷом диҳанд;
7) таҳвили молҳо, иҷрои корҳо ва хизматрасониҳо ба сифати кўмаки башардўстона;
8) таҳвили молҳо, иҷрои корҳо, хизматрасонӣ, ки мустақиман муассисаҳои пенитенсиарии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё корхонаҳои давлатие, ки ба системаи пенитенсиарии Ҷумҳурии Тоҷикистон шомиланд, истеҳсол намудаанд (иҷро кардаанд, хизмат расонидаанд);
9) таҳвили рўзномаю маҷаллаҳо, адабиёти бадеӣ, адабиёти бачагона, асарҳои илмию техникӣ, адабиёти таълимӣ, инчунин иҷрои корҳо оид ба нашри онҳо.
Имтиёзҳои пешбининамудаи ҳамин банд нисбати навъҳои эротикӣ ва дорои хусусияти рекламавии махсусгардонидашудаи маҳсулоти дар боло зикргардида татбиқ намегарданд;
10) таҳвили молҳои (либос ва пойафзол, кўлоҳ, маҳсулоти ҷўроб) навъҳои кўдакона тибқи номгўи муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
11) таҳвили маҳсулоти махсуси истифодаи фардӣ барои маъюбон мувофиқи номгўе, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад;
Таҳвили пахтаи коркарднашуда, ба истиснои содирот, аз андоз аз арзиши иловашуда озод карда мешавад. Содироти пахтаи коркарднашуда бо андоз аз арзиши иловашуда андозбандӣ карда мешавад.
Таҳвили тилло, нуқра, платина, палладий (родий, иридий, рутений, осмий) ба Бонки миллии Тоҷикистон, инчунин таҳвили тилло, нуқра, платина, палладий (родий, иридий, рутений, осмий), алмосҳои табиӣ (коркардшуда ва коркарднашуда), сапфир, зумуррад, рубин, александрит, гавҳар, шпинел ба Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои Хазинаи давлатии сарватҳо ва ба дигар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, таҳвили маснуоти заргарӣ аз металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо аз андоз аз арзиши иловашуда озод карда мешавад.
1) воридоти асъори миллӣ ва (ё) хориҷӣ (ба ғайр аз мақсадҳои нумизматӣ), инчунин коғазҳои қиматнок;
2) воридоти тилло, нуқра, платина, палладий (родий, иридий, рутений, осмий) аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон,инчунин воридоти тилло, нуқра, платина, палладий (родий, иридий, рутений, осмий), алмосҳои табиӣ (коркардшуда ва коркарднашуда), сапфир, зумуррад, рубин, александрит, гавҳар, шпинел аз ҷониби Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои Хазинаи давлатии сарватҳо;
3) воридоти молҳо ба сифати кўмаки башардўстона, инчунин воридоти молҳое, ки ба ташкилотҳои эҳсонкорӣ ба мақсади бартараф кардани оқибатҳои офатҳои табиӣ, садама ва фалокатҳо ройгон дода мешаванд ва воридоти молҳое, ки ба мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ройгон дода мешаванд;
4) воридоти таҷҳизоти истеҳсолию технологӣ ва маҳсулоти такмили (комплектии) онҳо (ки маҷмўи ягонаро ташкил медиҳанд, яъне бе онҳо кори таҷҳизоти истеҳсолию технологӣ имконнопазир аст), аз ҷумла дар асоси шартҳои иҷораи молиявӣ (лизинг) барои ташаккул ё пурра кардани фонди оинномавии корхонаҳо ё азнавтаҷҳизонии техникии истеҳсолоти амалкунанда ба шарте, ки ин молу мулк мустақиман дар истеҳсоли молҳо, иҷрои корҳо ва хизматрасонӣ мутобиқи ҳуҷатҳои таъсисии корхона истифода гардад ва ба категорияи молҳои зераксизи дохил нагардад, инчунин молу мулки шахсие, ки кормандони хориҷии корхонаҳои дорои инвеститсияҳои хориҷӣ мустақиман барои эҳтиёҷоти худ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид менамоянд. Дар сурати барҳам дода шудани чунин корхона ё аз ҷониби ин корхона дар давоми ду сол аз лаҳзаи воридот ба ҷумҳурӣ истифода нашудан ё ба шахси дигар таҳвил намудани таҷҳизоти истеҳсолии технологӣ ва маҳсулоти такмилие, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шудаанд, андоз аз арзиши иловашуда, ки мутобиқи ҳамин банд пардохта нашудааст, бояд ба буҷет бе амалисозии баҳисобгирӣ мутобиқи моддаи 226 Кодекси мазкур ситонида шавад, ба истиснои воридоти чунин таҷҳизот дар асоси шартҳои иҷораи молиявӣ (лизинг). Номгўи таҷҳизоти истеҳсолию технологӣ ва маҳсулоти такмили онҳо мутобиқи Номгўи молҳои фаъолияти иқтисодии хориҷӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад.
Дар ҳама ҳолат озодкунии пешбининамудаи ҳамин банд нисбати корхонаҳои навтаъсисёфта (нав) аз рўзи бақайдгирии ибтидоии давлатӣ ва нисбати корхонаҳои дар лаҳзаи мавриди амал карор додани ҳамин банд мавҷудбуда, аз лаҳзаи мавриди амал карор додани ҳамин имтиёз ба мўҳлати на зиёда аз чор сол пешниҳод карда мешавад, ба истиснои воридоти чунин таҷҳизот дар асоси шартҳои иҷораи молиявӣ (лизинг); (ҚҶТ аз 16.04.2012с.,№813)
5) воридоти техникаи кишоварзӣ, дорувории тиббӣ, таҷҳизоти тиббӣ, фармасевтӣ ва асбобҳои тиббӣ мувофиқи номгўи муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
6) воридоти молҳое, ки барои татбиқи лоиҳаҳои мақсадноки маъқулдонистаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби (дар доираи) маблағи грантҳо ва (ё) кредитҳо (қарзҳо), ки шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ, давлатҳои хориҷӣ, ҳукуматҳои давлатҳои хориҷӣ ё ташкилотҳои байналмилалӣ додаанд, амалӣ мешавад;
7) воридоти молҳо барои сохтмони объектҳои махсусан муҳим тибқи ҳуҷҷатгузории лоиҳавию сметавии бо мақоми ваколатдори давлатии дар соҳаи сохтмон мувофиқашуда. Номгўи чунин молҳо ва объектҳои махсусан муҳимро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд. Агар молҳои воридотии мазкур дар давоми ду сол аз рўзи воридот истифода нашаванд ё ба дигар шахс таҳвил карда шаванд, маблағи тибқи ҳамин банд напардохтаи андоз аз арзиши иловашуда бе татбиқи баҳисобгирӣ тибқи моддаи 226 ҳамин Кодекс бояд ба буҷет ситонида шавад; (ҚҶТ аз 26.03.09с, № 493) ва (Қ ҶТ аз 3.12.09с, №571).
8) воридоти намудҳои асосии ашёи хом (ба истиснои молҳои зераксизӣ), масолеҳ, захираҳои энергетикӣ ва таҷҳизот тибқи номгўй ва ҳаҷми муайянкардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бевосита заводи алюминийи Тоҷикистон барои истеҳсоли алюминийи аввалия анҷом медиҳад;
9) воридоти маҳсулоти махсуси истифодаи фардӣ барои маъюбон мувофиқи номгўе, ки аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.
10) воридоти нахи пахта ва алюминийи аввалия, ки тибқи тартиби муқарраршуда бо андоз аз фурӯш андозбандӣ мешавад. (ҚҶТ аз 29.12.10с №665)
Моддаи 212. Андозбандии боркашонии байналмилалӣ ва транзитӣ
1) корҳо, хизматрасониҳои нақлиётӣ (боркашонӣ, ҳамлу нақл), борбардорӣ, борфарорӣ, боргирии барзиёд, ирсоли молҳое, ки аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон содир мешаванд, инчунин молҳое, ки тавассути қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тарзи транзит интиқол дода мешаванд;
2) корҳо, хизматрасониҳои нақлиётӣ вобаста ба интиқоли почта, мусофирон, бағоҷ берун аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба истиснои хизматрасониҳо оид ба фурўши чиптаҳои ҳавопаймоӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сайрхатҳои ҳавоии байналмилалӣ мутобиқи шартномаҳои комиссия, супориш ё дигар шартномаҳои ба ин шабеҳ новобаста аз шакли бастани онҳо;
3) хизматрасонии техникӣ, тиҷоратӣ, аэронавигатсионӣ фурудгоҳии рейсҳои байналмилалии ҳавоӣ, ба истиснои хизматрасониҳо оид ба фурўши чиптаҳои ҳавопаймоӣ дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сайрхатҳои ҳавоии байналмилалӣ мутобиқи шартномаҳои комиссия, супориш ё дигар шартномаҳои ба ин шабеҳ новобаста аз шакли бастани онҳо. (ҚҶТ аз 03.07.2012с., №852
1) мавҷудияти шартнома (қарордод) оид ба иҷрои корҳо, хизматрасониҳо, ки бевосита бо таҳвилкунандаи молҳои содиротӣ (содиркунандаи молҳо) баста шудааст;
2) ба расмият даровардани боркашонӣ бо ҳуҷҷатҳои ягонаи байналмилалии боркашонӣ;
3) нисбати борҳои транзитӣ – мавҷудияти эъломияи гумрукии молҳое, ки ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид гардида, таҳти низоми транзит ба расмият дароварда шудаанд.
1) мавҷуд будани шартнома (қарордод) оид ба иҷрои корҳо, хизматрасониҳо, ки бевосита бо қабулкунандаи (фармоишгари) корҳо, хизматрасониҳои номбаршуда баста шудааст;
2) барасмиятдарории боркашонӣ бо ҳуҷҷатҳои ягонаи байналмилалӣ.
Моддаи 213. Хусусиятҳои андозбандӣ ҳангоми гузарондани молҳо тавассути сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон
1) ҳангоми таҳти низоми гумрукии барориш барои амалиёти озод қарор додани молҳо андоз дар ҳаҷми пурра пардохта мешавад;
2) ҳангоми таҳти низоми гумрукии реимпорт қарор додани молҳо андозсупоранда маблағҳои андозҳоеро, ки аз пардохти онҳо озод шуда буд ё вобаста ба содироти молҳо мутобиқи ҳамин Кодекс онҳо ба вай баргардонда шудаанд, тибқи тартиби муқарраркардаи қонунгузории гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мепардозад;
3) ҳангоми таҳти низоми гумрукии транзити гумрукии байналмилалӣ, анбори гумрукӣ, реэкспорт, мағозаи савдои бебоҷ, коркард таҳти назорати гумрукӣ, минтақаи озоди гумрукӣ, анбори озод, нобуд сохтан ва даст кашидан ба фоидаи давлат,интиқоли захираҳо ва низомҳои гумрукии махсус, қарор додани молҳо андоз супорида намешавад;
4) ҳангоми дар қаламрави гумрукӣ таҳти низоми гумрукии коркард қарор додани моли воридшуда он мутобиқи қонунгузории гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз пардохти андозҳо шартан пурра озод карда мешавад; (ҚҶТ аз 26.03.09с, № 493).
5) ҳангоми таҳти низоми гумрукии воридоти муваққатӣ қарор додани молҳо тибқи тартиби пешбининамудаи қонунгузории гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон озодкунӣ аз пардохти андоз пурра ё қисман анҷом дода мешавад;
6) ҳангоми ворид намудани маҳсулоти коркарди молҳое, ки таҳти низоми гумрукии коркард берун аз қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд, тибқи тартиби пешбининамудаи қонунгузории гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон озодкунӣ аз пардохти андоз пурра ё қисман анҷом дода мешавад;
7) ҳангоми таҳти низоми гумрукии коркард барои муомилоти озод қарор додани молҳо андоз аз арзиши гумрукии маҳсулоти коркард пардохта мешавад.
1) дар сурати таҳти низоми гумрукии баровардан берун аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор додани молҳо андоз пардохта намешавад ё маблағҳои пардохтшудаи андоз мувофиқи тартиби пешбининамудаи қонунгузории гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳамин Кодекс аз ҷониби мақомоти андози Ҷумҳурии Тоҷикистон баргардонида (ба ҳисоб гирифта) мешавад.
Тартиби дар ҳамин банд нишондодашуда инчунин нисбати баровардани молҳо берун аз қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи низоми гумрукии содирот нисбати он молҳое, ки дар лаҳзаи содирот таҳти низоми гумрукии анбори гумрукӣ, анбори озод ё минтақаи озоди гумрукӣ қарор доранд, истифода бурда мешавад;
2) ҳангоми баровардани молҳои хориҷии таҳти низоми гумрукии реэкспорт қарордошта маблағи андозҳои ҳангоми воридот ба Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохтшуда (бо сабаби гузаштани мўҳлати ҳатмии мувофиқи қонунгузории гумрукӣ муайянкардашудаи баровардани молҳои хориҷии таҳти низоми реэкспорт қарордошта), тибқи тартиб ва шартҳои муқаррарнамудаи қонунгузории гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба андозсупоранда баргардонида мешавад;
3) ҳангоми аз қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи низоми дигари гумрукӣ нисбат ба тартиби дар бандҳои 1) ва 2) ҳамин қисм нишондодашуда баровардани молҳо озод кардан аз пардохти андоз ва ё баргардонидани маблағҳои пардохтшудаи андоз ба амал бароварда намешавад, агар дар қонунгузории гумрук тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад.
БОБИ 30. АМАЛИЁТҲОЕ, КИ ТИБҚИ МЕЪЁРИ СИФР АНДОЗБАНДӢ МЕШАВАНД
Моддаи 214. Андозбандии содироти молҳо
Моддаи 215. Тасдиқи содироти молҳо
1) шартномаи (қарордоди) таҳвили молҳои содиршаванда;
2) эъломияи гумрукии бор бо қайди мақоми гумрукӣ, ки молҳоро бо низоми содирот баровардааст ва ҳангоми баровардани молҳо тибқи низоми содирот бо хатҳои интиқоли қувваи барқ ё бо истифодаи расмиёти эъломияи нопурраи давравӣ эъломияи пурраи гумрукии бор бо сабти мақоми гумрукие, ки барасмиятдарории гумрукро анҷом додааст;
3) нусхаи ҳуҷҷатҳои ҳамроҳикунандаи молфиристонӣ бо сабти мақоми гумрук, ки дар нуқтаи гузаргоҳ дар сарҳади гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ гардидааст.
Дар ҳолати баровардани молҳо таҳти низоми содирот тавассути хатҳои интиқоли қувваи барқ санади қабулу супоридани молҳо низ пешниҳод карда мешавад.
4) ҳуҷҷатҳои маблағсупорӣ ва навиштаҷоти бонк (нусхаи навиштаҷот), ки воридоти воқеии даромади арзиро аз таҳвили молҳо ба содирот ба суратҳисобҳои андозсупоранда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва (ё) ба суратҳисобҳои ў дар бонкҳои дар хориҷа, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон кушода шудаанд, тасдиқ менамоянд.
Дар ҳолате, ки агар шартнома (қарордод) ҳисобу китобро бо маблағҳои нақдии пулӣ пешбинӣ карда бошад, андозсупоранда навиштаҷоти бонкро (нусхаи навиштаҷотро), ки ба суратҳисоби дар бонки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва (ё) ба суратҳисобҳои дар бонкҳои дар хориҷа мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон кушодашудаи ў гузаронидани маблағҳои ба дастовардаашро тасдиқ мекунад, инчунин нусхаҳои ордери хазинавии даромадро, ки воридоти воқеии даромадро (маблағро) аз шахси хориҷӣ - харидори молҳои содиршуда тасдиқ мекунад, пешниҳод менамояд.
Дар ҳолати анҷом додани амалиёти иқтисодии хориҷӣ доир ба мубодилаи молҳо (корҳо, хизматрасониҳо) (амалиёти бартерӣ) андозсупоранда ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи воридоти молҳоро (иҷрои корҳо, хизматрасониҳоро) ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз рўи амалиётҳои зикргардида гирифта шудаанд ва ба ҳисоб гирифтани онҳоро пешниҳод мекунад.
Мутобиқи шартномаи байналмилалӣ мақоми ваколатдори давлатӣ метавонад тартиби дигари тасдиқкунандаи содироти молҳо ба давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақилро муқаррар намояд.
1) эъломияи гумрукии бор, ки мутобиқи он низоми коркард ба низоми содирот тағйир дода мешавад;
2) эъломияи гумрукии бор, ки таҳти низоми коркарди молҳо берун аз қаламрави гумрукӣ ба расмият дароварда шудааст;
3) нусхаи эъломияи гумрукии бор, ки ҳангоми воридоти бор ба қаламрави давлати хориҷӣ таҳти низоми коркарди молҳо дар қаламрави гумрукӣ (коркарди молҳо таҳти назорати гумрукӣ) ба расмият дароварда шуда, мақоми гумрукии ин барасмиятдарориро анҷомдода тасдиқ кардааст;
4) нусхаи эъломияи гумрукии бор, ки таҳти низоми содирот ҳангоми баровардани молҳо ё маҳсулоти коркарди онҳо аз қаламрави давлати коркарди мол ба расмият дароварда шудааст ва онро мақоми ба расмият дароварда тасдиқ кардааст.
Моддаи 216. Хориҷ карда шуд
БОБИ 31. ВАҚТ ВА МАҲАЛИ АНҶОМ ДОДАНИ АМАЛИЁТИ АНДОЗБАНДИШАВАНДА
ВА ҚОИДАҲОИ МАХСУС
Моддаи 217. Вақти анҷом додани амалиёти андозбандишаванда
1) дар лаҳзаи қабул, фурўхтан ё супоридани молҳо, иҷрои корҳо ва хизматрасониҳо; ё
2) дар ҳолати таҳвили молҳое, ки ҳамлу нақли молҳоро дар назар дорад, дар лаҳзаи боркунӣ.
Дар ҳар ҳолат новобаста аз дигар муқаррароти ҳамин модда барои мақсадҳои ҳамин қисм ҳисобнома-фактура оид ба андоз аз арзиши иловашуда (ҳисобнома барои пардохт) барои ҳар моҳ на дертар аз рўзи 10 моҳе, ки бевосита баъди моҳи ҳисоботӣ фаро мерасад, бояд пешниҳод карда шавад. Агар ҳисобнома-фактура (ҳисобнома барои пардохт) дар мўҳлати зикршуда пешниҳод нагардад, чунин шуморида мешавад, ки хизматрасонӣ дар рўзи охирини моҳи ҳисоботӣ сурат гирифтааст.
Моддаи 218. Маҳали таҳвили мол
Моддаи 219. Маҳали иҷрои корҳо ё хизматрасониҳо
1) маҳали ҷойгиршавии молу мулки ғайриманқул, агар корҳо (хизматрасониҳо) бевосита бо ин молу мулк алоқаманд бошанд. Барои мақсадҳои боби мазкур хизматрасониҳои алоқаи байналмилалӣ (аз ҷумла, пайвастшавии шабакавӣ, иҷораи шоҳроҳ (канал), интиқол ва қабули трафик ва (ё) интернет, пахши байналмилалии барномаҳои телевизион ва радио), ки анҷом додани онҳо бо молу мулки ғайриманқул алоқаманд мебошад, дар маҳали ҷойгиршавии молу мулки ғайриманқули зикргардида амалигардида ҳисобида мешаванд; (ҚҶТ аз 29.12.10с №665)
2) маҳали иҷрои амалии корҳо (хизматрасониҳо), агар онҳо бо молу мулки манқул алоқаманд бошанд;
3) маҳали хизматрасониҳои амалӣ, агар онҳо дар соҳаҳои фарҳанг, санъат, маориф, тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш ё дигар соҳаи фаъолияти шабеҳи ин расонида шаванд;
4) маҳали воқеии анҷом додани ҳамлу нақл, агар корҳо (хизматрасониҳо) бо ин ҳамлу нақл алоқаманд бошанд. Барои мақсадҳои моддаи 212 ҳамин Кодекс чунин амалиёти вобаста ба иҷрои корҳо ё хизматрасониҳои андозсупоранда берун аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷомдодашуда ба ҳисоб меравад;
5) маҳали ҷойгиршавии харидори хизматрасониҳо, ки ин хизматрасониҳо бештар бо он алоқаманд мебошанд.
Муқаррароти ҳамин банд нисбат ба хизматрасониҳои зерин татбиқ карда мешаванд:
- ба моликият додан ё гузашт кардани патентҳо, иҷозатномаҳо, тамғаҳои савдо, ҳуқуқҳои муаллифӣ ва дигар ҳуқуқҳои шабеҳи он;
- гузаронидани машваратҳо, расонидани хизматрасониҳои ҳуқуқӣ, муҳосибавӣ, муҳандисӣ ё рекламавӣ, инчунин хизматрасониҳои коркарди маълумот ва хизматрасониҳои шабеҳи он;
- хизматрасонӣ оид ба пешниҳоди кормандон;
- ба иҷора додани молу мулки манқул (ба истиснои воситаҳои нақлиёти корхонаҳои нақлиётӣ);
- хизматрасонии агенте, ки шахсро (корхона ё шахси воқеиро) аз номи иштирокчии асосии қарордод барои иҷрои хизматрасониҳои пешбининамудаи ҳамин банд киро мекунад;
6) маҳали анҷом додани фаъолияти соҳибкории шахси иҷрокунандаи корҳо ё хизматрасонӣ.
Моддаи 220. Андозбандии бо бозгашт
Моддаи 221. Вақти воридот
Воридоти мол дар вақти аз молҳо мувофиқи қонунгузории гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифтани боҷи гумрукӣ ҷойдошта ба ҳисоб меравад. Агар молҳо аз супоридани боҷи гумрукӣ озод карда шуда бошанд, воридоти молҳо дар вақте ҷойдошта ба ҳисоб меравад, ки боҷи гумрукӣ бояд пардохта шуда бошад, агар молҳо аз супоридани боҷ озод карда нашуда бошанд.
Моддаи 222. Амалиётҳои омехта
2.Иҷрои корҳо ё хизматрасониҳо, ки нисбати воридоти молҳо дорои хусусияти ёридиҳанда ҳастанд, қисми воридоти молҳо мебошанд.
Моддаи 223. Амалиётҳое, ки агент анҷом медиҳад
БОБИ 32. ТАРТИБИ ҲИСОБКУНӢ ВА ПАРДОХТИ АНДОЗ
Моддаи 224. Меъёрҳои андоз аз арзиши иловашуда ва тартиби ҳисоби он
Бо меъёри сифр амалиётҳои андозбандишавандаи дар боби 30 ҳамин Кодекс зикршуда андозбандӣ карда мешаванд.
Моддаи 225. Андоз аз арзиши иловашуда, ки бояд аз муомилоти андозбандишаванда ба буҷет пардохта шавад
Моддаи 226. Андоз аз арзиши иловашуда, ки ҳангоми муайян намудани пардохтҳо ба буҷет ба ҳисоб гирифта мешавад
1) воридоти молҳо дар давоми давраи ҳисоботӣ тибқи моддаи 221 ҳамин Кодекс; ва
2) амалиётҳои андозбандишаванда, ки таҳвили молҳо, иҷрои корҳо ё хизматрасониҳоро пешбинӣ намуда, тибқи моддаи 217 ҳамин Кодекс дар давраи ҳисоботӣ иҷрошуда ҳисобида мешаванд.
Ҳамзамон баҳисобгирии андоз аз арзиши иловашуда танҳо дар ҳолате иҷозат дода мешавад, ки агар молҳо, корҳо ва ё хизматрасониҳои дар бандҳои 1) ва 2) ҳамин қисм зикршуда барои мақсадҳои фаъолияти соҳибкории андозсупоранда истифода шаванд ё бояд истифода гарданд, ҳатто агар ин молҳо, корҳо ё хизматрасониҳо ба хароҷоти истеҳсолӣ дохил карда нашаванд. Барои ба ҳисоб гирифтани андоз аз арзиши иловашуда оид ба воридоти молҳо чунин андоз аз арзиши иловашуда бояд воқеан ба буҷет пардохта шавад.
1) маблағи андозе, ки бояд ба таҳвилкунандагон тибқи ҳисобнома-фактураҳо, бо ҷудо кардани андоз аз арзиши иловашуда, пардохта шавад;
2) маблағи андозе, ки дар эъломияи гумрукии бор мутобиқи қонунгузории гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба расмият дароварда шуда, нишон дода шудааст ва тибқи тартиби муқарраршуда ба буҷети Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохта шудааст ва мутобиқи шартҳои низоми гумрукӣ бояд баргардонида нашавад;
3) маблағи андози дар чиптаи сафар зикршуда, ки дар нақлиёти роҳи оҳан ё ҳавоӣ дода мешавад;
4) маблағи андозе, ки дар ҳуҷҷатҳои аз ҷониби таҳвилкунандагони хизматҳои коммуналӣ истифодашаванда зикр шудааст ва ҳисобу китоби онҳо тавассути бонкҳо анҷом дода мешавад.
1) автомобилҳои сабукрав, ба истиснои фурўш ва ба прокат додани он аз ҷониби шахсе, ки фурўш ва ба прокат додани автомобилҳо барои вай намуди асосии фаъолияти соҳибкорӣ ба ҳисоб меравад;
2) хароҷоти фароғат ё намояндагӣ, хароҷот барои мақсадҳои эҳсонкорӣ ва ё иҷтимоӣ;
3) ҳисобнома-фактураҳо оид ба андоз аз арзиши иловашуда, ки дар онҳо маблағи андоз аз арзиши иловашудаи аз амалиётҳои андозбандишавандаи мазкур ситонидашаванда дар ин ҳисобнома-фактураҳо мутобиқи моддаи 231 ҳамин Кодекс ба маблағи алоҳида ҷудо карда (нишон дода) нашудааст;
4) хароҷот барои корҳои геологӣ-ҷустуҷўӣ ва омодагӣ ба истихроҷи захираҳои табиӣ;
5) хароҷот барои дастрас намудан, истеҳсол, сохтмон, васлкунӣ ва барқарор намудани воситаҳои асосии истеҳлокшаванда ва активҳои ғайримоддии истеҳлокшаванда.
Моддаи 227. Тасҳеҳи маблағҳои андоз аз арзиши иловашуда, ки ба ҳисоб гирифта мешаванд
1) доир ба молҳое (корҳо, хизматрасониҳое), ки на ба мақсадҳои муомилоти андозбандишаванда истифода шудаанд;
2) доир ба молҳо, аз ҷумла воситаҳои асосӣ, ҳангоми вайрон ва гум шудани онҳо (ба истиснои ҳолатҳое, ки дар натиҷаи ҳодисаҳои фавқулодда рух додаанд). Вайрон, гум шудани молҳо дар натиҷаи ҳолатҳои фавқулодда бо хулосаи мақоми дахлдори давлатӣ оид ба ҳолатҳои фавқулодда, ки бояд дар мўҳлати на дертар аз 30 рўзи тақвимии баъди санаи рух додани ҳолатҳои фавқулодда таҳия ва ба мақоми дахлдори андоз на дертар аз мўҳлати зикргардида пешниҳод гардад, тасдиқ карда шавад;
3) ҳангоми риоя накардани муқаррароти пешбининамудаи моддаи 231 ҳамин Кодекс.
Таҳти мафҳуми гум шудани мол (молу мулк) ҳолате фаҳмида мешавад, ки дар натиҷаи содир шудани он нобудшавӣ ва (ё) гумшавии мол (молу мулк) рух додааст. Дар ҳудуди меъёрҳои камшавии табиӣ, ки асноди меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, нест шудани моли (молу мулки) андозсупоранда маънои гум шуданро надорад.
Моддаи 228. Тартиби ба ҳисоб гирифтани андоз аз арзиши иловашуда ҳангоми мавҷудияти муомилоти аз андози арзиши иловашуда озодшуда ва (ё) муомилоти андозбандинашаванда (муомилоти озодкардашуда ва (ё) андозбандинашаванда)
Моддаи 229. Усули мутаносибӣ
Бо усули мутаносибӣ маблағи андоз аз арзиши иловашудае, ки бояд ба ҳисоб гирифта шавад, дар асоси вазни қиёсии муомилоти андозбандишаванда дар маблағи умумии муомилот муайян карда мешавад.
(Моддаи 230 хориҷ карда шуд. ҚҶТ аз 29.12.10с №665)
Моддаи 231. Ҳисобнома-фактураҳо оид ба андоз аз арзиши иловашуда
1) ном (ному насаб) ва суроғаи андозсупоранда ва харидор (фармоишгар), инчунин номи тиҷоратии андозсупоранда, агар он аз номи ҳуқуқӣ фарқ кунад;
2) рақами мушаххаси андозсупоранда ва харидор (фармоишгар);
3) рақам ва санаи додани шаҳодатнома дар хусуси бақайдгирӣ барои андоз аз арзиши иловашудаи андозсупоранда (таҳвилкунанда);
4) номи молҳои интиқолшуда, корҳои иҷрошуда ё хизматрасониҳо;
5) маблағи амалиёти андозбандишаванда;
6) маблағи андози аксиз аз молҳои зераксизӣ;
7) маблағи андоз аз арзиши иловашуда, ки аз ин амалиёти андозбандишаванда гирифта мешавад;
8) санаи додани ҳисобнома-фактураи андоз аз арзиши иловашуда;
9) рақами тартибии ҳисобнома-фактураи андоз аз арзиши иловашуда.
Ҳисобнома-фактура дар чор нусха тартиб дода (навишта) мешавад. Нусхаҳои аввал ва дуюми ҳисобнома-фактураҳои таҳиягардида оид ба андоз аз арзиши иловашуда ба гирандаи (харидори, фармоишгари) молҳо (корҳо, хизматрасониҳо) дода мешавад, нусхаҳои сеюм ва чорум дар ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии андозсупоранда (шахси ҳисобнома-фактураи андоз аз арзиши иловашуда навишта) мемонад. Ҳангоми аз ҷониби андозсупоранда ба мақоми андози дахлдор пешниҳод намудани эъломия аз рўи андоз аз арзиши иловашуда дар як вақт дар воситаи паҳнкунандаи коғазӣ ва электронӣ дар шакли тасдиқнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ феҳрист ва нусхаҳои сеюми ҳисобнома-фактураҳои андоз аз арзиши иловашуда, ки андозсупорандаи мазкур тартиб додаст, инчунин нусхаҳои дуюми ҳисобнома-фактураҳои андоз аз арзиши иловашуда, ки ҳамин андозсупоранда ҳангоми хариди (дастрас намудани) молҳо (корҳо, хизматрасониҳо) гирифтааст, пешниҳод карда мешавад. Тартиб додани (навиштани) ҳисобнома-фактураи андоз аз арзиши иловашуда дар китоби бақайдгирии ҳисобнома-фактураҳои аз рўи андоз аз арзиши иловашуда навишташудаи андозсупоранда ба қайд гирифта мешавад. Ҳисобнома-фактураҳои аз рўи андоз аз арзиши иловашуда гирифташуда дар китоби бақайдгирии ҳисобнома-фактураҳои аз рўи андоз аз арзиши иловашуда гирифтаи андозсупоранда ба қайд гирифта мешавад.
Шакли ин китобҳо ва тартиби пешбурди онҳо аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ муайян карда мешавад. Китобҳои дар боло зикргардида ва феҳристи ҳисобнома-фактураҳои навишташуда аз рўи андоз аз арзиши иловашуда метавонанд дар ҳомилҳои қоғазӣ ва электронии маълумот пеш бурда шаванд.
Ҳисобнома – фактураҳои андоз аз арзиши иловашуда ва аксизҳо ҳуҷҷатҳои ҳисоботӣ қатъӣ шуморида шуда, силсила ва рақами дахлдор дошта, дар матбааҳои махсус тибқи фармоиши Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон интишор карда мешаванд ва бо нархе, ки хароҷоти интишор кардан, нигоҳдорӣ ва тақсимоти онҳоро мепўшонад, аз рўи дархости супорандагони андоз аз арзиши иловашуда ва аксизҳо ба онҳо аз ҷониби мақомоти андози дахлдор фурўхта мешаванд.
Супорандагони андоз аз арзиши иловашуда ва аксизҳо арзиши ҳисобнома-фактураҳои андоз аз арзиши иловашуда ва аксизҳои харидаашонро ҳамчун маблағи андоз аз арзиши иловашуда тибқи муқаррароти моддаи 226 ҳамин Кодекс ба ҳисоб мегиранд.
Ҳисобнома-фактураи андоз аз арзиши иловашуда бо имзои роҳбар ва сармуҳосиби таҳвилгар ё дигар шахсони мансабдори барои ин кор ваколатдори таҳвилдиҳанда тасдиқ карда мешавад.
Дар мавриди пешниҳод намудани ҳисобнома-фактураҳои андоз аз арзиши иловашуда аз ҷониби соҳибкори инфиродӣ ҳисобнома-фактура аз ҷониби ҳамин соҳибкори инфиродӣ бо зикр намудани мушахассоти шаҳодатномаи ў дар бораи бақайдгирӣ ба сифати соҳибкори инфиродӣ имзо карда мешавад.
Андозсупорандагоне, ки таҳвили қувваи барқ, об, газ, хизматрасонии алоқа, хизматрасонии коммуналӣ, ҳамлу нақл тавассути роҳи оҳан, хизматрасонии нақлиётӣ-экспедиторӣ, амалиёти бонкии бо андоз аз арзиши иловашуда андозбандишавандаро амалӣ менамоянд, ҳуқуқ доранд аз рўи ҷамъбасти давраи андоз дар мўҳлати муқаррарнамудаи қисми 5 моддаи 217 ҳамин Кодекс аз рўи андоз аз арзиши иловашуда ҳисобнома-фактураҳо тартиб диҳанд.
Агар ба чунин ҳисобнома-фактура номгўи молҳои (корҳо, хизматрасониҳои) таҳвилшаванда замима шавад, ҳаҷми умумии амалиёти андозбандишаванда дар он зикр мегардад. Ҳамзамон дар ҳисобнома-фактура бояд рақам ва санаи ҳуҷҷати замимашаванда, инчунин номи он нишон дода шавад.
1) сабт дар бораи он, ки ҳисобнома-фактура ба амалиёти содиротӣ тааллуқ дорад;
2) мамлакат ва нуқтаи таъиноти содирот;
3) меъёри татбиқшудаи андоз аз арзиши иловашуда ба амалиёти содиротӣ.
1) ҳисоббаробаркунӣ барои хизматрасониҳои коммуналӣ, хизматрасониҳои алоқа ба аҳолӣ тавассути бонкҳо, бо истифодаи ҳуҷҷатҳои ибтидоӣ, ки барои муҳосиботи бухгалтерӣ асос мебошанд;
2) бо чиптаи роҳкиро ба расмият даровардани ҳамлу нақли мусофирон;
3) ҳангоми пешниҳоди молҳое (корҳо, хизматрасониҳое), ки аз андоз аз арзиши иловашуда озод мебошанд.
Моддаи 232. Тартиб додани ҳисобнома-фактураҳои иловагӣ ҳангоми тасҳеҳи муомилоти андозбандишаванда
1) рақами тартибӣ ва санаи таҳияи ҳисобнома-фактураи иловагӣ;
2) рақами тартибӣ ва санаи таҳияи ҳисобнома-фактурае, ки нисбати он ҳисобнома-фактураи иловагӣ тартиб дода мешавад (тааллуқ дорад);
3) ном, суроға ва рақами мушаххаси андозсупоранда - таҳвилкунанда ва қабулкунандаи молҳо (корҳо, хизматрасониҳо);
4) тасҳеҳи ҳаҷми муомилоти андозбандишаванда бе назардошти андоз аз арзиши иловашуда;
5) маблағи андоз аз арзиши иловашуда.
Моддаи 233. Қоидаҳои махсус
Муайян кардани маблағи андоз аз арзиши иловашуда, ки бояд ҳангоми гузаронидани бозиҳои шавқовар, лотереяҳо, хизматрасонии агентҳои сайёҳӣ, фурўши комиссионӣ, фурўши молҳои нигоҳдошташуда (қисман истифодашуда) ва дигар намудҳои фаъолият сурат гирад ва вобаста ба иҷрои онҳо мустақиман (бевосита) муайян кардани манбаи андоз ва дигар омилҳои андозбандӣ дар асоси қоидаҳои умумӣ душвор аст, тибқи тартиби муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.
БОБИ 33. МУҚАРРАРОТИ МАЪМУРӢ ВА ХОТИМАВӢ
Моддаи 234. Пешниҳоди эъломияҳо ва пардохти андоз аз арзиши иловашуда
1) ба мақоми дахлдори андоз дар бораи андоз аз арзиши иловашуда барои ҳар як давраи ҳисоботӣ эъломия пешниҳод намояд;
2) барои ҳар як давраи ҳисоботӣ дар мўҳлати на дертар аз мўҳлати барои пешниҳод намудани эъломияи андоз аз арзиши иловашуда муқарраргардида ба буҷет андозро пардохт намояд.
Ҳамзамон бо эъломия дар ҳомилҳои қоғазӣ ва электронии маълумот тибқи шакли муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ феҳрист ва нусхаҳои сеюми ҳисобнома-фактураҳои андоз аз арзиши иловашуда барои давраи ҳисоботӣ навиштаи андозсупорандаи мазкур, инчунин нусхаҳои дуюми ҳисобнома-фактураҳо аз рўи андоз аз арзиши иловашуда гирифтаи ин андозсупоранда аз рўи молҳои (корҳои, хизматрасониҳои) дар давоми ин давраи ҳисоботӣ дастраснамуда пешниҳод карда мешаванд.
Моддаи 235. Давраи ҳисоботӣ (андоз) оид ба андоз аз арзиши иловашуда
Давраи ҳисоботӣ (андоз) оид ба андоз аз арзиши иловашуда моҳи тақвимӣ мебошад.
Моддаи 236. Амалиётҳо бо буҷет дар ҳолати зиёд будани маблағи андози ба ҳисоб гирифташаванда нисбати маблағи андозе, ки барои давраи ҳисоботӣ ҳисоб карда шудааст
Маблағи зиёдатии андози ба ҳисоб гирифташуда нисбати маблағи ҳисобкардашудаи андоз дар давраи ҳисоботӣ дар асоси ҳуҷҷатҳои зерин баргардонида мешавад:
1) эъломияи андоз аз арзиши иловашуда барои давраи андоз, ки тибқи тартиби муқарраршуда пешниҳод шудааст;
2) ҳуҷҷатҳое, ки мувофиқи моддаи 215 ҳамин Кодекс барои тасдиқ намудани содироти молҳо лозиманд;
3) хулосаи мақоми андозд, ки аз рўи санади санҷиши андози мавзўии мутобиқи банди 4) қисми 6 моддаи 49 ҳамин Кодекс гузаронидашуда тартиб дода шудааст, дар хусуси тасдиқи ҳаққонӣ будани маблағи андоз аз арзиши иловашуда, ки барои баргардонидан пешниҳод шудааст.
1) ба ҳисоб гирифтани андоз аз арзиши иловашуда ба ҳисоби пардохти андози мавҷудбудаи ин супорандаи андоз аз арзиши иловашуда доир ба қарзи дигар андозҳо, аз ҷумла қарзи андоз аз арзиши иловашуда барои давраҳои пешинаи андоз;
2) ҳисобкунӣ ба андоз аз арзиши иловашуда, ки ҳангоми воридоти молҳо бояд супорида шавад;
3) ба суратҳисоби бонкии супорандаи андоз аз арзиши иловашуда гузарондани пулҳое, ки баъди иҷрои амалҳои пешбиникардаи бандҳои 1) ва 2) ҳамин қисм боқӣ мондаанд.
Моддаи 237. Аз андоз аз арзиши иловашуда озод кардани таҳвили молҳо (иҷрои корҳо, хизматрасониҳо), ки барои татбиқи лоиҳаҳои мақсаднок аз ҳисоби маблағҳои созишномаҳои (шартномаҳои) грантӣ кредитӣ (қарзӣ) маблағгузорӣ шудаанд (ҚҶТ аз 26.03.09с, № 493)
1) грант, кредит (қарз), ки аз ҳисоби маблағи он молҳои (иҷрои корҳои, хизматрасониҳои) расонидашуда пардохта мешаванд, ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ё Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби давлатҳои хориҷӣ, ҳукуматҳои давлатҳои хориҷӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ дода шуда бошад;
2) молҳо (корҳо, хизматрасониҳо) танҳо бо мақсадҳое, ки барои татбиқи онҳо грант, кредит (қарз) дода шудааст, харида мешаванд;
3) таҳвили молҳо, иҷрои корҳо, хизматрасониҳо мутобиқи шартнома (қарордод), ки бевосита бо грантгиранда, кредитгиранда ё бевосита бо иҷрокунандаи (шахси) барои иҷро намудани мақсадҳои грант, кредит (қарз) таъиннамудаи грантгиранда, кредитгиранда баста шудаанд, амалӣ мегардад.
Моддаи 238. Баргардонидани андоз аз арзиши иловашуда ба намояндагиҳои дипломатӣ, консулгарӣ, намояндагиҳои ба онҳо баробаркардашуда, инчунин ҳайати кормандони онҳо, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аккредитатсия шудаанд
Андоз аз арзиши иловашуда, ки намояндагиҳои дипломатӣ, консулгарӣ, намояндагиҳои ба онҳо баробаркардашуда ба таҳвилкунандагони молҳо (корҳо, хизматрасониҳо) пардохтаанд ва онҳо барои истифодаи расмии намояндагиҳои дипломатӣ, консулгарӣ, намояндагиҳои ба онҳо баробаркардашуда, инчунин истифодаи шахсии ҳайати кормандони дипломатӣ, маъмурию техникӣ ва хизматрасонии ин намояндагиҳо, аз ҷумла аъзои оилаи бо онҳо истиқоматдошта пешбинӣ шудааст, баргардонида мешавад.
Ведомостҳои ҷамъбастӣ (рўйхатҳо) дар шакли муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ тайёр карда шуда, намояндагиҳои дипломатӣ, консулгарӣ ва намояндагиҳои ба онҳо баробаркардашуда ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқи мубодилаи нотаҳо оид ба риоя намудани принсипи тарафайн ҳангоми пешниҳоди имтиёзҳо оид ба андозҳои ғайримустақим (андоз аз арзиши иловашуда ва аксиз) мувофиқи муқаррароти шартномаи байналмилалӣ, пешниҳод мекунанд. Баъди тасдиқ шудан ведомостҳои (рўихатҳои) ҷамъбастӣ ба мақоми андозе, ки мақоми ваколатдори давлатӣ барои баргардонидани маблағҳо муайян менамояд, пешниҳод карда мешаванд.
Агар дар ҳуҷҷатҳои ба ведомостҳои ҷамъбастӣ (рўйхатҳо) замимашаванда маблағи андоз аз арзиши иловашуда дар сатри алоҳида ҷудо нашуда бошад, ҳуқуқ барои гирифтани маблағи баргардонидаи андоз танҳо ҳангоми аз ҷониби таҳвилгари молҳо (корҳо, хизматрасониҳо) тасдиқ намудани дохилшавии андоз аз арзиши иловашуда дар ҳисобнома- фактура имконпазир аст.
Маблағи андоз аз арзиши иловашуда, ки бояд аз буҷет баргардонида шавад, ба суратҳисобҳои дахлдори намояндагиҳои дипломатӣ, консулгарӣ ва намояндагиҳои ба онҳо баробаркардашуда гузаронида мешавад.
ФАСЛИ VIII. АКСИЗҲО
БОБИ 34. АКСИЗҲО
Моддаи 239. Мафҳуми аксизҳо (андози аксиз)
Моддаи 240. Андозсупорандагон
1) онҳое, ки молҳои зераксизии мусодирашуда, бесоҳиб, инчунин молҳои зераксизии тибқи ҳуқуқи меросгузорӣ гузашта ва ройгон дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба моликияти давлат дода шударо таҳвил медиҳанд;
2) онҳое, ки ба вайроншавӣ, нестшавии молҳои зераксизӣ роҳ додаанд.
3) онҳое, ки намудҳои фаъолияти зерини зериаксизиро дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамоянд:
а) тиҷорати бозӣ;
б) ташкил ва гузаронидани лотереяҳо, ба истиснои лотереяҳое, ки Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон баровардааст.
4) онҳое, ки хизматрасонии алоқаи мобилиро амалӣ менамоянд. (ҚҶТ аз 29.12.10с №667)
Моддаи 241. Объекти андозбандӣ
1) нисбати молҳои зераксизие, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсол мешаванд, амалиёти андозбандишаванда баровардани молҳои зераксизӣ берун аз ҳудуди бинои истеҳсолӣ (сехҳо) мебошад, аз ҷумла:
а) таҳвили молҳои зераксизӣ, ба истиснои таҳвил барои содирот;
б) супоридани молҳои зераксизӣ барои коркард дар асоси ашёи фармоишгар ба дигар шахс;
в) таҳвили (супоридани) молҳои зераксизие, ки маҳсулоти коркард аз ашёи хом ва маводи фармоишгар мебошанд, аз ҷумла ашёи хом ва маводи зераксизии додашуда;
г) саҳми молҳои зераксизӣ ба фонди (сармояи) оинномавӣ;
д) истифодаи молҳои зераксизӣ ҳангоми пардохти натуралӣ;
е) фиристодани молҳои зераксизӣ аз ҷониби истеҳсолкунанда ба воҳидҳои махсуси худ;
ж) молҳои зераксизии истеҳсолкардаашро барои эҳтиёҷоти истеҳсолии худ истифода бурдани истеҳсолкунанда.
2) ҳангоми воридот амалиёти андозбандишаванда воридоти молҳои зераксизӣ ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи қонунгузории гумрукӣ мебошад;
3) таҳвили (супоридани) молҳои зераксизии мусодирашуда ва (ё) бесоҳиб, тибқи ҳуқуқи мерос ба давлат гузашташуда ва ройгон ба моликияти давлат супоридашуда;
4) вайроншавӣ, нобудшавии молҳои зераксизӣ.
а) мизи бозӣ;
б) автомати бозӣ бо бурди пулӣ;
в) кассаи тотализатор;
г) кассаи идораи букмекерӣ;
д) автомати бозӣ бе бурди пулӣ;
е) роҳрави бозӣ (ҳангоми бозии боулинг (кегелбан)
ж) мизи билярд (ҳангоми бозии билярд)
з) ташкилкунандаи лото (ҳангоми бозии лото).
Барои мақсадҳои ҳамин боб мафҳумҳое, ки бо тиҷорати бозӣ алоқаманд мебошанд, чунин маъно доранд:
1) тиҷорати бозӣ - фаъолияти соҳибкорие, ки бо ташкил ва гузаронидани бозиҳои шавқангези бурднок бо мақсади ба даст овардани даромад (фоида) алоқаманд мебошад,
2) муассисаи бозӣ – ҷое, ки дар он бозиҳои шавқангези бурднок гузаронида мешаванд: казино, тотализатор, идораи букмекерӣ, толори автоматҳои бозӣ бо бурд ва дигар хонаҳои (ҷойҳои) бозӣ;
3) мизи бозӣ – таҷҳизоти махсус дар муассисаи бозӣ барои гузаронидани бозиҳои шавқангези бурднок бо ҳама гуна намудҳои бурд, ки дар онҳо (бозиҳои шавқовар) муассисаи бозӣ тавассути намояндаҳои худ ҳамчун тараф ё ҳамчун ташкилкунанда ва (ё) назоратчӣ иштирок менамояд;
4) автомати бозӣ – таҷҳизоти махсус (механикӣ, барқӣ, электронӣ (компютерӣ) ва дигар таҷҳизоти техникӣ) барои гузаронидани бозиҳо, аз ҷумла бозиҳои шавқангези бурднок истифодашаванда;
5) касса – ҷои дар муассисаи бозӣ (тотализатор ё идораи букмекерӣ) махсус таҷҳизонидашуда, ки дар он маблағи бурди пардохтшаванда ба ҳисоб гирифта мешавад;
6) роҳрави бозӣ – роҳрави махсусе, ки барои бозии боулинг (кегелбан) пешбинӣ шудааст;
7) мизи билярд – мизи махсус, ки барои бозии билярд пешбинӣ шудааст;
8) лото – бозӣ дар қартаҳои махсуси рақамдор (суратдор ё дигар аломатдор), ки бо мўҳрачаҳо пўшонда мешаванд;
9) варақаи бақайдгирии баҳисобгирии объектҳои андозбандӣ – ҳуҷҷати тасдиқкунандаи бақайдгирии объекти андозбандии бо тиҷорати бозӣ алоқаманд дар мақомоти андоз, ки шакли он аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ тасдиқ карда мешавад;
10) нуқтаи доимӣ - ҷои амалӣ намудани фаъолияти соҳибкорӣ, ки ба тиҷорати бозӣ алоқаманд мебошад, аз ҷумла бо истифодаи мизҳои бозӣ, автоматҳои бозӣ, боулинг (кегелбан), билярд ва ташкили лото.
Барои мақсадҳои ҳамин боб зери мафҳуми ба фурўш баровардан миқдори чиптаҳои лотереяи барои фурўш омоданамудаи ташкилкунандаи лотерея фаҳмида мешавад.
Ҳар як барориши чиптаҳои лоторея ба фуруш ва ҳаҷми он бо ифодаи пулӣ бояд дар мақомоти андози дахлдор на дертар аз даҳ рўзи тақвимӣ то оғози фурўши чиптаҳои лотерея ба таври ҳатмӣ ба қайд гирифта шавад.
Моддаи 242. Ҳисоб кардани андози аксиз ва маблағи амалиёти андозбандишаванда
Барои мақсадҳои рўёндани андози аксизӣ мумкин аст комбинатсияи меъёрҳои адвалорӣ ва махсус, ки вобастагии маблағи андози аксизиро аз арзиши мол (кор, хизматрасонӣ) ва аз миқдори воҳиди ченаки мол (кор, хизматрасонӣ) бо ифодаи аслӣ (натуралӣ) пешбинӣ мекунад, муқаррар карда шавад.
Ҳангоми дар давраи андоз тағйир ёфтани миқдори объектҳои андозбандӣ маблағи аксиз барои дар ин давраи андоз ба кор даровардани (аз кор баромадани) объект дар ҳаҷми пурра супорида мешавад.
Ҳангоми дар ихтиёри андозсупоранда мавҷуд будани якчанд муассисаи бозӣ (нуқтаҳои доимӣ) дар вилоят (шаҳр) аксиз ба таври алоҳида аз рўи объекти андозбандӣ, ки дар ҳудуди як ноҳия, шаҳр, ноҳияи шаҳрӣ қарор доранд, ҳисоб карда мешавад.
Бақайдгирии (аз нав бақайдгирии) объекти андозбандӣ дар асоси аризаи хаттии ба мақоми андози маҳали ҷойгиршавии объекти андозбандӣ пешниҳоднамудаи андозсупоранда сурат мегирад.
Мақоми андоз дар асоси маълумоти дар ариза зикргардида варақаи бақайдгирии баҳисобгирии объектҳоро дар ду нусха пур карда, ҳар ду нусхаро бо мўҳр ва имзои роҳбар (ё шахси ўро ивазкунандаи) мақоми андоз тасдиқ мекунад.
Як нусхаи варақаи бақайдгирии баҳисобгирии объектҳо дар мақоми андоз мемонад, нусхаи дуюм ба андозсупоранда дода мешавад.
Варақаи бақайдгирии баҳисобгирии объектҳо барои ҳар муассисаи бозӣ (нуқтаи доимӣ) алоҳида бо назардошти объектҳои андозбандии истифодашаванда дода мешавад.
Муассисаи бозӣ (нуқтаи доимӣ) бояд дар маҳалли ҷойгиршавии ҳар муассисаи бозӣ ё ҳар нуқтаи доимӣ нусхаи аслии варақаи бақайдгирии баҳисобгирии объектҳоро дошта бошанд.
Ҳангоми тағйир ёфтани шумораи умумии ҳар намуди объекти андозбандӣ андозсупоранда ўҳдадор аст ба мақоми андоз дар хусуси аз нав бақайдгирии объекти андозбандӣ дар давоми се рўзи тақвимӣ аз лаҳзаи ба миён омадани ин тағйирот ариза пешниҳод кунад.
Азнавбақайдгирии объекти андозбандӣ бо роҳи ворид намудани тағйироти дахлдор ба варақаи баҳисобгирии бақайдгирии объектҳо сурат мегирад.
Ҳангоми қатъи амалисозии фаъолият дар соҳаи тиҷорати бозӣ, инчунин ҳангоми аз кор мондани шумораи умумии объектҳои андозбандӣ (нуқтаҳои доимӣ) варақаи бақайдгирии баҳисобгирии объектҳо бояд дар давоми даҳ рўзи тақвимӣ аз лаҳзаи қатъ гардидани фаъолият, аз кор мондани объекти андозбандӣ (нуқтаи доимӣ) ба мақоми андоз супорида шавад.
Бақайдгирии (аз нав бақайдгирии) объектҳои андозбандӣ аз ҷониби мақоми андоз дар давоми ду рўзи корӣ аз рўзи додани ариза сурат мегирад ва дар китоби бақайдгирии (аз нав бақайдгирии) объектҳои андозбандӣ, ки шакл ва тартиби пешбурди он аз ҷониби мақоми вақолатдори давлатӣ муқаррар мегардад, қайд карда мешавад.
Дар ҳудуди муассисаи бозӣ (нуқтаи доимӣ) мавҷуд будани объектҳои андозбандии дар мақомоти андоз ба қайд гирифтанашуда манъ аст. Дар давраҳои андозе, ки дар онҳо мақомоти андоз чунин объектҳои андозбандиро ошкор намудаанд, аксиз барои ҳар объекти ба қайд гирифтанашуда дар ҳаҷми даҳкаратаи меъёри ба ин намуди объекти андозбандӣ муқарраргардида бо бақайдгирии минбаъдаи объекти андозбандӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи ҳамин қисм, пардохта мешавад.
Амалӣ намудани фаъолияти соҳибкорӣ дар соҳаи тиҷорати бозӣ бе бақайдгирии муассисаи бозӣ (нуқтаи доимӣ) тибқи тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин бе бақайдгирии (аз нав бақайдгирии) объектҳои андозбандӣ барои напардохтани (ба пардохт ҷалб накардани) андози аксизӣ аз рўи чунин фаъолият ва аз рўи чунин объектҳои андозбандӣ асос шуда наметавонад.
Ҳисоб кардани маблағи аксиз бо роҳи зарби манбаи андоз ба меъёри аксиз, ки бо фоиз ифода ёфтааст, сурат мегирад.
Моддаи 243. Вақти анҷом додани амалиёти андозбандишаванда
Ҳангоми тайёр кардани молҳои зераксизӣ аз молҳои фармоишгар, санаи содир гаштани амалиёт рўзи супоридани молҳои зераксизии истеҳсолшуда ба фармоишгар ё шахси пешниҳоднамудаи фармоишгар ба ҳисоб меравад.
Ҳангоми гумшавии маҳсулоти зераксизӣ санаи содир шудани амалиёт рўзе ба ҳисоб меравад, ки молҳои зераксизӣ гум шудаанд.
Моддаи 244. Озодкунӣ
1) нўшокиҳои спиртдор, ки шахсони воқеӣ дар доираи номгўй ва меъёри муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои истеъмоли худӣ истеҳсол мекунанд;
2) ворид намудани ду литр нўшокии спиртӣ, ду баста (400 дона) сигор,маҳсулоти ҷавоҳирот ба миқдори 4 адад (аммо бо арзиши на зиёда аз 150 нишондиҳанда барои ҳисобҳо) аз тарафи шахси воқеӣ барои истеъмоли худӣ, инчунин сўзишвории автомобил мувофиқи ғунҷоиши зарфи сўзишвории автомобил барои шахсоне, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути автомобил ворид мешаванд; (ҚҶТ аз 26.03.09, № 493)
3) молҳое, ки ба таври транзит тавассути қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон кашонида мешаванд;
4) воридоти муваққатии молҳо ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба истиснои молҳое, ки барои реэкспорт таъин шудаанд;
5) воридоти молҳои барои реэкспорт пешбинишуда, дар ҳолати таъминоти кафолати гарав тибқи тартиби пешбиникардаи қонунгузории гумрукӣ;
6) молҳои зераксизӣ, ба ғайр аз маснуоти спиртдор ва тамоку, ки дар доираи кўмаки башардўстона ворид мешаванд, инчунин молҳои воридшаванда барои беподош додан ба ташкилотҳои эҳсонкорӣ ба мақсади бартараф намудани оқибатҳои офатҳои табиӣ, садамаҳо, фалокатҳо ва барои беподош додан ба мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
7) содироти молҳои зераксизӣ, агар чунин содирот ҷавобгўи талаботи муқаррарнамудаи моддаи 245 ҳамин Кодекс бошад.
Моддаи 245. Тасдиқи содироти молҳои зераксизӣ
1) шартнома (қарордод) ба таҳвили молҳои зераксизии содиршаванда;
2) эъломияи гумрукии бор ё нусхаи он, ки мақоми гумрук тасдиқ кардааст бо қайди мақоми гумруке, ки молҳои зераксизиро ба низоми содирот баровардааст, дар мавриди баровардани молҳои зераксизӣ таҳти низоми содирот бо шабакаи қубурҳои магистралӣ ё ин ки бо истифодаи қоидаҳои ба расмиятдарории нопурраи эъломияи даврагӣ, эъломияи гумрукии пурраи бор бо қайди мақоми гумруке, ки ба расмиятдарории гумрукиро анҷом додааст, асос мебошад;
3) нусхаи ҳучҷатҳои бо мол фиристодашаванда бо қайди мақоми гумруке, ки дар нуқтаи даромадан ба қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ аст, дар мавриди баровардани молҳои зераксизӣ таҳти низоми содирот бо шабакаи қубурҳои магистралӣ санади қабулу супоридани молҳо пешниҳод карда мешавад;
4) ҳуҷҷатҳои маблағсупорӣ ва навиштаҷоти бонк (нусхаи навиштаҷот), ки воридоти воқеии даромади арзиро аз таҳвили молҳои зераксизӣ ба содирот ба суратҳисобҳои андозсупоранда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва (ё) ба суратҳисобҳои ў дар бонкҳои хориҷа, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон кушода шудаанд, тасдиқ менамояд.
Агар шартнома (қарордод) ҳисоббаробаркуниро бо пули нақд пешбинӣ карда бошад, андозсупоранда навиштаҷоти бонкро (нусхаи навиштаҷотро), ки ба суратҳисоби дар бонки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва (ё) ба суратҳисобҳои дар бонкҳои дар хориҷа мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон кушодашудаи ў гузаронидани маблағҳои бадастовардаашро тасдиқ мекунад, инчунин нусхаҳои ордери хазинавии даромадро, ки воридоти воқеии даромадро (маблағро) аз шахси хориҷӣ – харидори молҳои содиршуда тасдиқ мекунад, пешниҳод менамояд.
Дар ҳолати анҷом додани амалиёти иқтисодии хориҷӣ доир ба мубодилаи молҳо (корҳо, хизматрасониҳо), (амалиёти бартерӣ) андозсупоранда ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи воридоти молҳоро (иҷрои корҳоро, хизматрасониҳоро) ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз рўи амалиётҳои зикргардида гирифта шудаанд ва ба ҳисоб гирифтани онҳоро пешниҳод мекунад4) ҳуҷҷатҳои маблағсупорӣ ва навиштаҷоти бонк (нусхаи навиштаҷот), ки воридоти воқеии даромади арзиро аз таҳвили молҳои зераксизӣ ба содирот ба суратҳисобҳои андозсупоранда дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва (ё) ба суратҳисобҳои ў дар бонкҳои хориҷа, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон кушода шудаанд, тасдиқ менамояд.
Агар шартнома (қарордод) ҳисоббаробаркуниро бо пули нақд пешбинӣ карда бошад, андозсупоранда навиштаҷоти бонкро (нусхаи навиштаҷотро), ки ба суратҳисоби дар бонки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва (ё) ба суратҳисобҳои дар бонкҳои дар хориҷа мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон кушодашудаи ў гузаронидани маблағҳои бадастовардаашро тасдиқ мекунад, инчунин нусхаҳои ордери хазинавии даромадро, ки воридоти воқеии даромадро (маблағро) аз шахси хориҷӣ – харидори молҳои содиршуда тасдиқ мекунад, пешниҳод менамояд.
Дар ҳолати анҷом додани амалиёти иқтисодии хориҷӣ доир ба мубодилаи молҳо (корҳо, хизматрасониҳо), (амалиёти бартерӣ) андозсупоранда ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи воридоти молҳоро (иҷрои корҳоро, хизматрасониҳоро) ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз рўи амалиётҳои зикргардида гирифта шудаанд ва ба ҳисоб гирифтани онҳоро пешниҳод мекунад.
Моддаи 246. Ба ҳисоб гирифтани аксиз барои захираҳои истеҳсолӣ
Муқаррароти ҳамин қисм ҳамчунин ҳангоми супоридани молҳои зераксизии аз молҳои (маводи ашёӣ) зераксизии додашуда тайёршуда татбиқ мегардад, ба шарте, ки супоридани аксиз аз ҷониби соҳиби молҳои (маводи ашёии) зераксизии додашуда тасдиқ гардад.
Моддаи 247. Меъёрҳои андоз ба молҳои зераксизӣ ва намудҳои фаъолияти зераксизӣ
1) спирт, нўшокиҳои беспирт ва спиртдор;
2) тамокуи коркардшуда ва маҳсулоти саноатии ивазкунандаи тамоку;
3) сўзишвории минералӣ, нафт ва маҳсулоти коркарди онҳо; моддаҳои битуминозӣ; шамъҳои минералӣ;
4) шина ва покришкаҳои пневматикии резинии нав,
шина ва покришкаҳои пневматикии резинии барқароршуда ё пештар истифодашуда; шина ва покришкаҳои яклухт ё нимпневматикӣ, протекторҳои шинагӣ ва лентаҳои ҳошиядори резинӣ;
5) автомобилҳои сабукрав ва ҳама гуна васоити нақлиёти мотордоре, ки барои кашонидани одамон таъин шудаанд;
6) маҳсулоти ҷавоҳирот аз тилло, платина ё нуқра.
Моддаи 248. Пардохти аксизҳо
- аз рўзи 13 моҳ – барои даҳрўзаи аввали моҳ;
- аз рўзи 23 моҳ – барои даҳрўзаи дуюми моҳ;
- аз рўзи 3 моҳи минбаъда – барои қисми боқимондаи моҳи ҳисоботӣ бояд супорида шаванд.
Давраи андоз барои ҳисоб кардан ва пардохтани аксиз аз рўи тиҷорати бозӣ моҳи тақвимӣ мебошад.
Бақайдгирии ба фурўш баровардани чиптаҳои лотерея бе супоридани аксиз амалӣ намегардад.
Моддаи 249. Низоми андозбандии маҳсулоти зераксизии спиртдор, бе спирт ва тамоку
Моддаи 250. Низоми анбори андоз
Ҳамзамон тамғагузории маҳсулоти зераксизии спиртдор ва (ё) тамоку бо тамғаҳои аксизӣ метавонад танҳо дар ҳудуде сурат гирад, ки дар он ҷо (ки онро) биноҳои истеҳсолии барои истеҳсоли маҳсулоти зераксизии спиртдор ва (ё) тамоку истифодашаванда ҷойгир шудаанд (бевосита банд кардаанд). Содир намудани маҳсулоти зераксизии спиртдор ва (ё) тамокуи бо тамғаҳои аксизӣ тамғагузорӣ нашуда ба беруни ҳудуде, ки дар он ҷо (ки онро) биноҳои истеҳсолии барои истеҳсоли маҳсулоти зераксизии спиртдор ва (ё) тамоку истифодашаванда ҷойгир шудаанд (бевосита банд кардаанд), аз ҷумла ҷойгиркунонии чунин маҳсулот ба анбори берун аз ҳудуди истеҳсолии дар боло зикршуда манъ аст.
Ҳангоми вайрон кардани манъкунии дар боло зикршуда мақомоти андоз ҳуқуқ доранд чунин молҳои зераксизиро мутобиқи қисми 1 моддаи 256 ҳамин Кодекс мусодира намоянд.
Моддаи 251. Вайрон ва гум шудани молҳои зераксизӣ
Ҳамзамон нисбати молҳои зераксизии ба Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшуда сархати мазкур дар он ҳолат истифода бурда мешавад, ки андозсупоранда имконияти супоридани аксизро барои молҳои зераксизии амалан воридшуда бевосита дар лаҳзаи воридшавии онҳо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти талаботи моддаи 363 Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон надошта, нисбати молҳои зераксизии воридшуда расмиёт ва (ё) низомҳои насупоридани андозҳо пешбинишавандаро истифода бурдаст ва молҳои зераксизии воридшуда дар давраи таҳти расмиёт ва низомҳои фавқуззикр қарор доштанашон вайрон ва нобуд шуда бошанд.
Моддаи 252. Маҳали супоридани аксиз
Моддаи 253. Тартиби ҳисоб ва пардохти аксиз аз ҷониби андозсупорандагон барои воҳидҳои махсус
Моддаи 254. Пешниҳоди эъломия
Шакл ва тартиби навиштан ва пешниҳод намудани аризаро барои ба ҳисоб гирифтан ва аризаи махсусро барои баргардонидани маблағҳо мақоми ваколатдори давлатӣ муқаррар менамояд.
Моддаи 255. Баргардонидани аксиз ҳангоми реэкспорт
Моддаи 256. Тамғаҳои аксиз
Тартиби гузоштани тамғаҳои аксизӣ ба маҳсулоти зераксизӣ аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ муайян карда мешавад.
Ҳисоби аксиз вобаста ба тамғаҳои аксизии вайронгардида ё гумшуда (аз ҷумла дуздидашуда), ки барои тамғагузории маҳсулоти спиртдор ё тамоку мутобиқи муқаррароти ҳамин Кодекс пешбинӣ шудааст, бо назардошти меъёрҳои муқарраргардида, ки нисбати воҳиди ҳаҷми зарф (зарф, баста), ки дар тамға зикр шудааст, анҷом дода мешавад.
Ҳангоми дар тамға мавҷуд набудани зикри ҳаҷми воҳиди зарф (зарф, баста) ҳисоби аксиз вобаста ба тамғаҳои аксизии гум ё вайроншуда бо назардошти ҳаҷми нисбатан калони воҳиди зарф (зарф, баста), ки ба он андохтани (печонидани, бастубанди) маҳсулот дар ҷараёни давраи андозе, ки пеш аз давраи вайрон шудан ё гум кардани тамғаҳои аксиз сурат гирифтааст, муайян карда мешавад.
Ҳангоми вайрон шудан, гум кардани тамғаҳои аксизӣ дар ҳолатҳои зайл аксиз пардохта намешавад:
1) вайрон шудан ё гум кардани тамғаҳои аксизӣ дар натиҷаи рух додани ҳолатҳои фавқулодда, ки тибқи тартиби муқаррарнамудаи банди 2) қисми 1 моддаи 227 ҳамин Кодекс тасдиқ гардидаанд;
2) тамғаҳои аксизии вайроншуда аз ҷониби мақомоти андоз дар асоси санади аз ҳисоб баровардан ҷиҳати нобудсозӣ қабул гардидаанд.
Моддаи 257. Ҳисобнома-фактураҳои аксиз
ФАСЛИ IҶ. АНДОЗИ ИҶТИМОӢ
БОБИ 35. АНДОЗИ ИҶТИМОӢ
Моддаи 258. Мафҳум ва нақши андози иҷтимоӣ
Андози иҷтимоӣ маблағсупории ҳатмӣ мебошад, ки барои мақсадҳои суғуртаи иҷтимоӣ аз ҷониби супорандагони андози иҷтимоӣ мувофиқи меъёрҳои муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс нисбати маблағи музди меҳнат ё дигар манбаи андоз мутобиқи ҳамин боб пардохта мешавад.
Моддаи 259. Андозсупорандагон
1) соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони ҳуқуқӣ - корфармоён, аз ҷумла муассисаҳои доимии ғайрирезидентҳое, ки ба шахсони воқеӣ-резидентҳо, ки ҳамчун коргарони кироя дар Ҷумҳурии Тоҷикистон кор мекунанд, музди меҳнат медиҳанд;
2) соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони ҳуқуқӣ, аз ҷумла муассисаҳои доимии ғайрирезидентҳое, ки рафти фаъолияти худ ба шахсони воқеӣ-резидентҳо дар асоси шартномаҳои дорои хусусияти гражданию ҳуқуқидошта ё бе шартнома барои дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хизматҳои расонидашуда (корҳои иҷрошуда), музди меҳнат пардохт менамояд;
3) шахсони воқеии дар бандҳои 1) ва 2) ҳамин қисм номбаршуда, ки пардохт мегиранд;
4) шахсони воқеӣ-резидентҳое, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолияти инфиродии соҳибкорӣ машғуланд, аз ҷумла онҳое, ки дар қисмҳои 2, 3 ва 4 моддаи 137 ҳамин Кодекс номбар шудаанд.
5) агар дигар муқаррарот бо санадҳои байналмилалии аз ҷониби Тоҷикистон эътирофшуда пешбинӣ нашуда бошад, шахсони воқеӣ - резидентҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар муассисаҳои дипломатӣ, консулгарии давлатҳои хориҷӣ, ки мутобиқи қонунгузорӣ ё шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз пардохти андози иҷтимоӣ ва иҷрои ўҳдадориҳои агентҳои андоз нисбати шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон озод мебошанд, кор мекунанд. Маълумот дар бораи шахсони воқеии дар боло зикргардида ба мақоми ваколатдори давлатӣ ҳар семоҳа то санаи 15 моҳи минбаъдаи семоҳаи сипаришуда аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешавад; (ҚҶТ аз 26.03.09с, № 493)
6) аъзои хоҷагиҳои деҳқонии бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ.
Моддаи 260. Объекти андозбандӣ
Моддаи 261. Озодкунӣ
Аз супоридани андоз озод карда мешаванд (ба объекти андозбандӣ дохил карда намешаванд):
1) даромади шахсоне, ки дар муассисаҳои дипломатӣ ва (ё) консулгарии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа кор мекунанд ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон намебошанд;
2) маблағҳое, ки ҳангоми корношоямии муваққатӣ аз маблағҳои буҷетии барои суғуртаи иҷтимоӣ ҷудошуда дода мешаванд.
3) даромади шахсоне, ки дар банди 14) моддаи 141 ҳамин Кодекс пешбинӣ шудаанд;
4) даромади шаҳрвандони давлатҳои хориҷӣ аз кироякорӣ дар чаҳорчўбаи татбиқи лоиҳаҳои мақсадноки маъқулдонистаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби (дар ҳудуди) маблағҳои грантҳо ва (ё) кредитҳои (қарзҳои) пешниҳоднамудаи давлатҳои хориҷӣ, ҳукуматҳои давлатҳои хориҷӣ ё ташкилотҳои байналмилалӣ.
Моддаи 262. Меъёрҳои андоз
Барои шахсони воқеии дар қисмҳои 3 ва 4 моддаи 260 ҳамин Кодекс зикргардида меъёри андози иҷтимоӣ барои мақсадҳои суғуртаи иҷтимоии худи ин шахсон ба сифати суғуртакардашуда ба 0,2 фоизи объекти андозбандӣ баробар мебошад, аммо на камтар аз ҳадди калонтарини андози иҷтимоӣ, ки бо сархати аввали ҳамин қисм муқаррар карда шудааст.
Моддаи 263. Тартиби муайян кардан ва пардохтани андоз
ФАСЛИ Х. АНДОЗИ ЗАМИН
БОБИ 36. АНДОЗИ ЗАМИН
Моддаи 264. Андозсупорандагон
Андози заминро заминистифодабарандагоне месупоранд, ки ба онҳо қитъаҳои замин барои истифодаи бемўҳлат, мўҳлатнок ва меросии якумра дода шудааст.
Моддаи 265. Объекти андозбандӣ
Агар масоҳати замини амалан истифодашаванда назар ба масоҳати замини мутобиқи ҳуҷҷатҳои замину кадастрии андозсупоранда зиёд бошад, барои мақсадҳои андозбандӣ масоҳати замини амалан истифодашаванда қабул карда мешавад.
Моддаи 266. Меъёрҳои андози замин барои заминҳои шаҳрҳо ва шаҳракҳо
1) дар шаҳри Душанбе - 500 сомонӣ аз ҳар гектар;
2) дар шаҳрҳои Хуҷанд, Қўрғонтеппа ва Кўлоб – 375 сомонӣ аз ҳар гектар;
3) дар шаҳрҳои тобеи ҷумҳурӣ, вилоятӣ ва шаҳри Хоруғ — 250 сомонӣ аз ҳар гектар;
4) дар дигар шаҳр ва шаҳракҳо — 180 сомонӣ аз ҳар гектар.
Заминҳои истифодаи кишоварзӣ ва зери ҷангалу буттазорҳои шаҳрҳо ва шаҳракҳо тибқи минтақаҳои кадастрии моддаҳои 267 ё 308 ҳамин Кодекс андозбандӣ карда мешаванд.
Ба истиснои заминҳои аз андоз озод, ба масоҳати андозбандишавандаи замин ҳамаи заминҳои вобасташуда, аз ҷумла заминҳои зери сохтмон, иншоотҳо, қитъаҳое, ки барои нигоҳубини онҳо заруранд, минтақаҳои санитарию муҳофизатии объектҳо, минтақаҳои техникӣ ва дигар минтақаҳо дохил мешаванд.
1) майдони ҳар як қитъаи замине, ки ба истифодабарандаи замин тибқи ҳуҷҷати алоҳидаи (мустақили) муқарраркунандаи ҳуқуқ вобаста карда шудааст, бо мақсади андозбандӣ алоҳида баррасӣ мегардад, ба истиснои ҳолатҳое, ки ин қитъаҳои замин ҳамҳудуд мебошанд. Ҳангоми андозбандӣ майдони қитъаҳои замини ҳамҳудуд, ки ба як андозсупоранда дар асоси ҳуҷҷатҳои мухталифи (якчанд) муайянкунандаи ҳуқуқ вобаста карда шудаанд, ҷамъ карда шуда ва ин қитъаҳои ҳамҳудуди замин чун як қитъаи замин баррасӣ мегарданд;
2) ҳисоби маблағи андози замин тибқи тартиби зайл вобаста ба ҳаҷми қитъаи замин, ки ба истифодабарандаи замин вобаста карда шудааст, анҷом дода мешавад:
а) то 800 метри мураббаъ – тибқи меъёри муқаррарнамудаи қисми 1 ҳамин модда;
б) бештар аз 800 метри мураббаъ то 2000 метри мураббаъ – маблағи андоз, ки тибқи зербанди а) ҳамин банд ҳисоб шудааст, ҷамъи маблағи бо назардошти меъёри 2-каратаи андози муқаррарнамудаи қисми 1 ҳамин модда ҳисобшуда, барои майдоне, ки аз 800 метри мураббаъ зиёд аст;
в) беш аз 2000 метри мураббаъ – маблағи андозе, ки тибқи зербанди б) ҳамин банд ҳисоб карда шудааст, ҷамъи маблағи бо назардошти меъёри 5-каратаи андози муқаррарнамудаи қисми 1 ҳамин модда ҳисобшуда барои майдоне, ки аз 2000 метри мураббаъ зиёд аст.
Моддаи 267. Меъёрҳои андози замин барои заминҳои берун аз шаҳрҳо ва шаҳракҳо
Намудҳои замин (қитъаҳо) Номиминтақаи кадастрӣ |
Заминҳои кишт ва дарахтзорҳои бисёрсола: обӣ/ лалмӣ |
Чарогоҳҳо |
Алафзорҳо |
Роҳ, кўчаҳо, иморати ҷамъиятӣ, бешаҳо, майдонҳо, каналҳо, ҷўйҳо ва заҳбурҳо |
Дигар заминҳое, ки дар соҳаи истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ истифода намешаванд |
Суғд, аз ҷумла минтақаҳои кўҳӣ |
60,0/11,0 |
2 4 |
4 6 |
7 6 |
1 0,8 |
Ҳисор, аз ҷумла минтақаҳои кўҳӣ |
64,0/26,0 |
4 4 |
5 5 |
6 5 |
1 0,8 |
Рашт |
52,0/38,0 |
4 |
6 |
6 |
0,8 |
Кўлоб, аз ҷумла минтақаҳои кўҳӣ |
66,0/31,0 |
3 4 |
5 6 |
6 5 |
1 0,8 |
Вахш, аз ҷумла минтақаҳои кўҳӣ |
93,0/23,0 |
2 4 |
4 4 |
7 5 |
1 0,8 |
Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон (бе минтақаи Мурғоб) |
18,0/8,0 |
2 |
3 |
3 |
0,8 |
1) майдони ҳар як қитъаи замини наздиҳавлигӣ, ки ба истифодабарандаи замин тибқи ҳуҷҷати алоҳидаи (мустақили) муқарраркунандаи ҳуқуқ вобаста карда шудааст, бо мақсади андозбандӣ алоҳида баррасӣ мегардад, ба истиснои ҳолате, ки ин қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ ҳамҳудуд бошанд. Ҳангоми андозбандӣ майдони қитъаҳои замини наздиҳавлигии ҳамҳудуд, ки ба як истифодабарандаи замин дар асоси ҳуҷҷатҳои мухталифи (якчанд) муқарраркунандаи ҳуқуқ вобаста карда шудаанд, ҷамъ карда шуда, ин қитъаҳои замини наздиҳавлигии ҳамҳудуд ҳамчун як қитъаи замини наздиҳавлигӣ баррасӣ мегарданд;
2) ҳисоби маблағи андози замин тибқи тартиби зайл, вобаста ба андозаи қитъаи замини наздиҳавлигӣ, ки ба истифодабарандаи замин вобаста карда шудааст, анҷом дода мешавад:
а) агар андозаи қитъаи замини наздиҳавлигӣ дар доираи меъёри муқаррарнамудаи Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад – тибқи меъёрҳои муқаррарнамудаи қисми 1 ҳамин модда;
б) агар андозаи қитъаи замини наздиҳавлигӣ аз доираи меъёри муқаррарнамудаи Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёд бошад – маблағи андози тибқи зербанди а) ҳамин банд ҳисобшуда, ҷамъи маблағи бо назардошти меъёри 2-каратаи андози муқаррарнамудаи қисми 1 ҳамин модда ҳисобшуда барои майдоне, ки аз меъёри муқаррарнамудаи Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон зиёд аст.
Дар бораи майдони воқеии боғҳо ва токзорҳое, ки дар мавсими шинондани ниҳолҳои бисёрсола дар замини чарогоҳҳо, алафзорҳо ва бешазорҳо, дигар заминҳое, ки дар соҳаи истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ истифода намешаванд, бунёд карда шудаанд, андозсупоранда ба таври хаттӣ ба мақоми андози ҳудудӣ дар давоми 30 рўзи тақвимӣ аз рўзи анҷом ёфтани ин кор ахборот медиҳад. Дар акси ҳол боғҳо ва токзорҳое, ки дар замини чарогоҳҳо, алафзорҳо ва бешазорҳо, дигар заминҳое, ки дар соҳаи истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ истифода намешаванд, бунёд карда шудаанд, бояд ҳамчун заминҳои бо дарахтҳои бисёрсола бандбуда, бе пешниҳоди давраи 5- солаи имтиёзноки дар боло зикргардида андозбандӣ карда шаванд.
Моддаи 268. Тартиби умумии ҳисоб кардан ва пардохтани андози замин
Меъёрҳои андози замин, инчунин андози ягона барои истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ барои соли ояндаи буҷетӣ нисбат ба меъёрҳои амалкунандаи соли ҷории буҷетӣ аз ҳисоби 0,7 пункти фоизӣ ба ҳар пункти фоизии таваррум, ки барои соли гузаштаи андоз аз ҷониби мақоми давлатӣ оид ба омор муайян карда шудааст, индексатсия карда мешаванд. (ҚҶТ аз 26.03.09с, № 493)
Моддаи 269. Тартиби пешниҳоди ҳисобу китоби андоз
Шахси воқеӣ оид ба ўҳдадориҳои андозиаш доир ба андози замин дар мўҳлати на дертар аз 1 июни соли ҷорӣ аз ҷониби мақомоти андози дахлдор бояд огоҳонида шавад. Шакли огоҳнома оид ба ўҳдадориҳои андози заминро мақоми ваколатдори андоз муқаррар менамояд.
Моддаи 270. Мўҳлати пардохти андози замин
1) доир ба заминҳои дар моддаи 266 ҳамин Кодекс зикршуда на дертар аз 15 феврал, 15 май, 15 август ва 15 ноябри соли ҷорӣ бо ҷамъбасти афзоянда аз оғози сол дар ҳаҷми мутаносибан на камтар аз 25 фоиз, 50 фоиз, 75 фоиз ва 100 фоизи маблағи солона;
2) доир ба заминҳои дар моддаи 267 ҳамин Кодекс зикршуда на дертар аз 15 феврал, 15 май, 15 август ва 15 ноябри соли ҷорӣ бо ҷамъбасти афзоянда аз оғози сол дар ҳаҷми мутаносибан на камтар аз 15 фоиз, 35 фоиз, 60 фоиз ва 100 фоизи маблағи солона.
Агар бо ягон сабаб огоҳномаи мақомоти андоз оид ба ўҳдадориҳои андози замин ба шахси воқеӣ то 1 июни соли ҷорӣ нарасида бошад, чунин шахси воқеӣ ўҳдадор аст дар ин маврид мустақилона ба мақоми андози маҳали ҷойгиршавии қитъаи замин хабар диҳад ва ҳамаи маблағи андози заминро барои соли ҷории андоз дар мўҳлати на дертар аз 15 декабри соли ҷорӣ супорад (бо назардошти маблағсупориҳои афзояндаи мўҳлати супориданашон расида).
Моддаи 271. Имтиёзҳо барои андози замин
Аз андози замин инҳо озод мебошанд:
1) ҳудуди мамнўъгоҳҳо, боғҳои миллӣ ва дендрологӣ, ботаникӣ мутобиқи номгўи чунин ташкилотҳо ва ҳаҷми ҳудудҳои онҳо, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардидааст;
2) заминҳое, ки ташкилотҳои буҷетӣ барои татбиқи мақсад, вазифа ва амалҳое, ки дар ҳуҷҷатҳои таъсисии чунин ташкилотҳо дарҷ шудаанд, истифода мебаранд;
3) замини ташкилотҳое, ки дар онҳо биноҳои истифодабарандаи онҳо воқеъ гардида, аз ҷониби давлат ҳамчун ёдгориҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва меъморӣ ҳифз карда мешавад, тибқи номгўи ташкилотҳо ва ҳаҷми қитъаҳои замине, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст;
4) заминҳои барои истифода гирифташуда, ки мутобиқи хулосаи Кумитаи давлатии заминсозии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мувофиқаи мақоми ваколатдори давлатӣ вайроншуда (рекултиватсия талабкунанда) эътироф шудаанд ва заминҳое, ки дар зинаи азхудкунии кишоварзӣ мебошанд, дар соли барои истифода (азхудкунӣ) гирифташуда ва дар давоми 5 соли минбаъда аз соли қабул намудани (оғози азхудкунии) чунин заминҳо;
5) заминҳое, ки таҳти хати мушоҳида дар тўли сарҳади давлатӣ қарор доранд;
6) заминҳои истифодаи умумии нуқтаҳои аҳолинишин ва хоҷагиҳои коммуналӣ, аз ҷумла қабристонҳо, ба истиснои чунин заминҳо, ки дар онҳо фаъолияти соҳибкорӣ анҷом дода мешавад;
7) заминҳое, ки дар зери пиряхҳо, ярч, дарёҳо ва кўлҳо воқеъ мебошанд;
8) заминҳои захираи озоди давлатӣ;
9) заминҳои таҳти роҳҳои автомобилии истифодаи умум ва роҳи оҳан, инчунин таҳти объектҳои давлатии обтаъминкунӣ ва таҷҳизоти обӣ қарордошта;
10) заминҳое, ки барои таъмини фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идоракунӣ, инчунин барои таъмини мудофиа ва бехатарии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи ҷойгиркунӣ ва масоҳати муқаррарнамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шудаанд;
11) қитъаҳои заминҳои наздиҳавлигӣ ва заминҳое, ки барои сохтмони манзил ба иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда ҷудо гардидаанд;
12) қитъаҳои заминҳои наздиҳавлигие, ки ба шаҳрвандони аз дигар ноҳияҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои зисти муқимӣ ба ноҳияҳои муайянкардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон омадаанд (муҳоҷир), ҷудо карда мешаванд, дар соли ҷудо намудан ва ба мўҳлати 3 соли тақвимие, ки баъди аз соли ҷудо намудани чунин заминҳо фаро мерасад;
13) қитъаҳои заминҳои наздиҳавлигӣ ва заминҳои барои сохтмони манзил ба муаллимони дар муассисаҳои таҳсилоти ҳамагонии деҳот коркунанда ҷудо кардашуда, дар давраи кори онҳо дар чунин муассисаҳо;
14) заминҳое, ки мустақиман барои мақсадҳои илмӣ ва таълимӣ, инчунин озмоиши навъҳои зироатҳои кишоварзӣ, дарахтҳои ороишӣ ва мевадиҳанда аз ҷониби ташкилотҳои илмӣ, хоҷагиҳои эксперименталӣ ва илмию озмоишӣ, муассисаҳои илмию тадқиқотӣ ва муассисаҳои таълимии самтҳои кишоварзӣ ва хоҷагии ҷангал тибқи ҳаҷми замин ва мутобиқи номгўи истифодабарандагони замин, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд, истифода мегарданд;
15) қитъаҳои заминҳои наздиҳавлигӣ ва заминҳое, ки барои сохтмони манзил ба маъюбони ҳамаи гурўҳҳо ҷудо карда шудаанд, дар ҳолати мавҷуд набудани аъзои оилаи қобили меҳнат;
17) заминҳое, ки барои корхонаю ташкилот ҷудо карда шудаанд, агар на камтар аз 50 фоизи кормандони онҳоро маъюбон ташкил диҳанд.
ФАСЛИ ХI. АНДОЗҲО АЗ ИСТИФОДАБАРАНДАГОНИ ҚАЪРИ ЗАМИН
БОБИ 37. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 272. Муносибатҳое, ки ҳамин фасл танзим менамояд
Моддаи 273. Супорандагон
Супорандагони пардохтҳои махсуси истифодабарандагони қаъри замин (минбаъд – «пардохтҳои махсус») шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие мебошанд, ки амалиётро оид ба истифодаи қаъри замин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – «истифодабарандагони қаъри замин») содир менамоянд, аз ҷумла истихроҷи канданиҳои фоиданок аз ташкилаҳои техногении минералӣ.
Моддаи 274. Муқаррар намудани низоми андоз дар қарордодҳои оид ба истифодаи қаъри замин
Ҳангоми анҷом додани истифодабарии қаъри замин тибқи ҳамин Фасл роялтии истифодаи қаъри замин барои ҳамаи давраи фаъолият бе бастани қарордод бояд бо меъёрҳои, ки ҳамин Кодекс муқаррар кардааст, пардохт карда, минбаъд истифодабарандаи қаъри замин бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ ба ҷавобгарӣ кашида шавад. (ҚҶТ аз 21.07.10.№ 627)
Дар баробари ин фаъолияти якчанд андозсупорандае, ки дар доираи чунин қарордод иҷро мешавад, барои мақсади андозбандӣ ҳамчун андозсупорандаи ягона ҳисоб ёфта, онҳо ўҳдадор мебошанд баҳисобгирии ягонаи муштаракро пеш баранд, ҳамаи андозҳо ва маблағҳои махсуси дар қарордод мутобиқи қонунгузории андози Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраршударо супоранд.
Моддаи 275. Низоми андоз оид ба амалиёте, ки ба истифодаи қаъри замин мансуб нест
Иҷрои ўҳдадориҳои андоз доир ба фаъолият, ки дар доираи қарордод сурат мегирад, истифодабарандаи қаъри заминро аз иҷрои ўҳдадориҳои андози пешбининамудаи ҳамин Кодекс барои фаъолияти берун аз қарордод (ки ба истифодаи қаъри замин мансуб намебошад) мутобиқи қонунгузории андоз, ки дар санаи пайдо шудани чунин ўҳдадориҳо (ки ба истифодаи қаъри замин марбут намебошад) амал мекунад, озод наменамояд.
Моддаи 276. Устувории низоми андоз
Моддаи 277. Анбозбандии гузашт намудани ҳуқуқҳо
Даромадҳое, ки ҳангоми гузашт намудан аз ҳуқуқҳои фароҳамовардаи қарордод ба даст меоянд, бояд тибқи тартиби муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс андозбандӣ шаванд.
Моддаи 278. Экспертизаи андоз
боби 371. Бонусҳо
Моддаи 2791. Муқаррароти умумӣ оид ба бонусҳо
1) бонуси обунавӣ;
2) бонуси кашфи тиҷоратӣ.
Моддаи 2792. Бонуси обунавӣ
Моддаи 2793. Мўҳлати пардохти бонуси, обунавӣ ва пешниҳод кардани эъломияи андоз
Моддаи 2794. Бонуси кашфи тиҷоратӣ
Моддаи 2795. Мўҳлати пешниҳод кардани эъломияи андоз ва пардохти бонуси кашфи тиҷоратӣ
Эъломия оид ба бонуси кашфи тиҷоратӣ аз ҷониби истифодабарандаи қаъри замин ба мақоми
андози маҳалли баҳисобгирии худ дар мўҳлати на дертар аз 30 рўзи тақвимӣ аз санаи тасдиқ шудани кашфи тиҷоратӣ мувофиқи тартиби муқарраргардида пешниҳод гардида, бонуси кашфи тиҷоратӣ на
дертар аз ҳамин мўҳлат пардохта мешавад
БОБИ 38. БОНУСҲО -Хориҷ карда шуд, (ҚҶТ аз 26.03.09с, № 493).
Моддаи 279. Муқаррароти умумӣ оид ба бонусҳо
Моддаи 280. Бонуси обунавӣ
Моддаи 281. Тартиби муқаррар намудан, ҳаҷм ва мўҳлати пардохти бонуси обунавӣ
Моддаи 282. Эъломияи андоз
Моддаи 283. Бонуси кашфи тиҷоратӣ
Моддаи 284. Тартиби ҳисоб кардан ва ҳаҷми бонуси кашфи тиҷоратӣ
Моддаи 285. Эъломияи андоз ва мўҳлати пардохт
Моддаи 286. Бонуси истихроҷ
Моддаи 287. Тартиби ҳисобкунӣ, ҳаҷм ва мўҳлати пардохти бонуси истихроҷ
Моддаи 288. Эъломияи андоз
БОБИ 39. РОЯЛТИ
Моддаи 289. Муқаррароти умумӣ оид ба роялти
Моддаи 290. Супорандагон
Супорандагони роялти истифодабарандагони қаъри замине мебошанд, ки канданиҳои фоиданок, аз ҷумла канданиҳои фоиданокро аз ташкилаҳои минералии техногенӣ истихроҷ менамоянд, сарфи назар аз он, ки таҳвили (бор карда фиристодани) онҳо дар давраи ҳисоботӣ сурат гирифтааст ё на.
Моддаи 291. Тартиби муқаррар намудани роялти
1) объекти андозбандӣ доир ба ҳамаи намудҳои канданиҳои фоиданок аз ҳаҷми истихроҷи канданиҳои фоиданок ё ҳаҷми маҳсулоти молии якуми аз истихроҷи аслии канданиҳои фоиданок гирифташуда, ки дар асоси воҳидҳои дахлдори натуралии ченак муайян шудааст, иборат мебошад.
Ҳамзамон маҳсулоти молии якум метавонанд инҳо бошанд:
а) худи канданиҳои фоиданок:
- нафт, гази табиӣ ва конденсати газ;
- ангишт ва слансҳои сўзишворӣ;
- маъданҳои молӣ;
- обҳои зеризаминӣ, аз ҷумла аз коркарди аввалин гузашта;
- слюда, асбест, ашё барои истеҳсоли маводи сохтмон;
- ашёи хоми ғайримаъданӣ барои металлургия;
б) металлҳои қиматбаҳо ва (ё) металлҳои софи химиявӣ дар қум, маъданҳо, консентратҳо;
в) консентрати металлҳои сиёҳ, ранга, нодир ва радиоактивӣ, ашёи кимиёвии кўҳӣ;
г) сангҳои қиматбаҳо, ашёи сангҳои ороишӣ ва пьезооптикии аз коркарди якум гузашта;
д) оид ба дигар канданиҳои фоиданок – ашёи минералии аз коркарди якум гузашта;
2) заминаи ҳисоби роялти арзиши канданиҳои фоиданок мебошад, ки тибқи моддаи 292 ҳамин Кодекс муайян карда мешавад;
3) хориҷ карда шуд (ҚҶТ аз 21.07.10 № 627)
№ |
Номгўи канданиҳои фоиданоки маъмулӣ ва обҳои зеризаминӣ |
Меъёрҳои роялтии истифодаи қаъри замин бо фоиз нисбат ба манбаи ҳисоб кардани роялти |
1. |
Рег (ба ғайр аз қолибрезӣ, шишасозӣ барои саноати чиниворию фаянсӣ ва сементбарорӣ) |
10 |
2. |
Реги қолибрезӣ, шишасозӣ ва барои саноати чиниворию фаянсӣ ва сементбарорӣ |
7 |
3. |
Омехтаи регу шағал |
10 |
4. |
Гил (ба ғайр аз гили оташбардор, мушкилгудоз, қолибрезӣ барои саноати чинисозию фаянсӣ ва сементбарорӣ, флоридонӣ, рангрезӣ, бентонитӣ, кислотабардор ва каолин) |
6 |
5. |
Гили оташбардор, мушкилгудоз, қолибрезӣ барои саноати чинисозию фаянсӣ ва сементбарорӣ, флоридонӣ, рангрезӣ, бентонитӣ, кислотабардор ва каолин |
5 |
6. |
Гилхок (ба ғайр аз гилхоки саноати сементбарорӣ) |
6 |
7. |
Гилхок барои саноати семент |
5 |
8. |
Санги бинокорӣ |
5 |
9. |
Регсанг (ба ғайр аз битуминоз, барои рўйкашкунӣ, динас ва барои саноати шишабарорӣ) |
7 |
10. |
Регсанги битуминоз, барои рўйкашкунӣ, динас ва барои саноати шишабарорӣ |
4 |
11. |
Бўр (ба ғайр аз бўр барои саноати семент, кимиёвӣ, шишасозӣ, резинбарорӣ ва барои ҳосил кардани гилхок ва нефелин) |
5 |
12. |
Бўр барои саноати семент, кимиёвӣ, шишасозӣ, резинбарорӣ ва барои ҳосил кардани гилхок аз нефелин |
5 |
13. |
Квартсит (ба ғайр аз динас, флюсӣ, рўйкашкунӣ, оҳандор барои истеҳсоли карбиди кременӣ, кремении булўрини хўлан оҳан) |
6 |
14. |
Квартсити буттахишт, флюсӣ, рўйкашкунӣ, оҳангдор барои истеҳсоли карбиди кремний, кремнийи булўрини хўлаи оҳанг |
5 |
15. |
Доломит (ба ғайр аз битуминоз ва барои саноати семент) |
6 |
16. |
Доломити битуминоз ва барои саноати семент |
5 |
17. |
Мергел (ба ғайр аз битуминоз ва барои саноати семент) |
7 |
18. |
Мергели битуминоз ва барои саноати семент |
5 |
19. |
Оҳаксанг (ба ғайр аз битуминоз, рўйкашкунӣ, хока барои саноати семент, металлургия, кимиёвӣ, шишабарорӣ, селлюлозаю коғазбарорӣ ва қандистеҳсолкунӣ, инчунин барои истеҳсоли гилхок) |
6 |
20. |
Оҳансанги битуминоз, рўйкашкунӣ, хока барои саноати семент, металлургия, кимиёвӣ, шишабарорӣ, селлюлозаю коғазбарорӣ ва қандистеҳсолкунӣ, инчунин барои истеҳсоли гилхок |
5 |
21. |
Оҳаксанги ковок (ба ғайр аз оҳаксанги рўйкашкунӣ ва ороишӣ) |
6 |
22. |
Оҳаксанги ковоки рўйкашкунӣ ва ороишӣ |
5 |
23. |
Варақсанг (ба ғайр аз варақсанги сўзанда ва бомпўшӣ) |
6 |
24. |
Варақсанги сўзанда ва бомпўшӣ |
5 |
25. |
Аргиллитҳо ва алевролитҳо (ба ғайр аз онҳое, ки дар саноати семент истифода мешаванд) |
5 |
26. |
Аргиллитҳо ва алевролитҳое, ки дар саноати сементбарорӣ истифода мешаванд |
5 |
27. |
Ҷинсҳои магмативӣ, вулканӣ ва ҷинсҳои метаморфозӣ (ба ғайр аз ҷинсҳои рўйкашкунӣ, ороишӣ, барои истеҳсоли маводи оташбор ва кислотабардор, гудозиши сангин ва пахтаи маъданӣ, ба ғайр аз маводе, ки дар саноати семент истифода бурда мешаванд) |
6 |
28. |
Ҷинсҳои магмативӣ, вулканӣ ва ҷинсҳои метаморфозӣ рўйкашкунӣ, ороишӣ, барои истеҳсоли маводи оташбор ва кислотабардор, гудозиши сангин ва пахтаи маъданӣ, инчунин дар саноати семент истифода бурда шаванда |
5 |
29. |
Обҳои зеризаминӣ, ба истиснои обҳои зеризаминие, ки аз ҷониби истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ барои эҳтиёҷоти истеҳсолии онҳо ва аз ҷониби корхонаҳои давлатии соҳаи коммуналӣ барои таъмини эҳтиёҷоти аҳолӣ истихроҷ карда мешаванд |
10 |
30. |
Обҳои зеризаминӣ, ки аз ҷониби корхонаҳои давлатии соҳаи коммуналӣ барои таъмини эҳтиёҷоти аҳолӣ истихроҷ карда мешаванд |
2 |
31. |
Гаҷ |
5 |
№ |
Номгўи канданиҳои фоиданок |
Меъёрҳои роялтии бо фоиз нисбат ба манбаи ҳисобикардани роялтии |
1. |
Нафт, конденсати газ ва гази табиӣ |
6 |
2. |
Ангишт, варақсанги сўзанда, торф |
4 |
3. |
Металлҳои сиёҳ (оҳан, маргенец, хром, ванадий) |
4 |
4. |
Металлҳои ранга ва нодир (мис, сурб, рух, қалъагӣ, никел, кобалт, молибден, симоб, сурма, висмут, кадмий, алюминий, стронсий, титан, сирконий, литий, волфрам, тантал, ниобий ва ғайра) |
6 |
5. |
Канданиҳои фоиданоки пошхўрда |
9 |
6. |
Металлҳои асил (тилло, нуқра, платиноидҳо) |
6 |
7. |
Сангҳои қиматбаҳо |
8 |
8. |
Сангҳои ранга (ҷилонок) ва ашёи хоми пезооптикӣ |
8 |
9. |
Ашёи хоми радиоактивӣ |
5 |
10. |
Ашйи хоми кўҳии кимиёвӣ ва обҳои гарм |
5 |
11. |
Ашйи хоми маъдани кўҳӣ ва хоми ғайримаъданӣ барои металлургия |
10 |
12. |
Дигар канданиҳои фоиданокие, ки дар ҳамин ҷадвал, инчунин тибқи қисми 3 ҳамин мода дар ҷадвали меъёрҳо барои канданиҳои фоиданоки маъмулӣ ва обҳои зеризаминӣ нишон дода нашудаанд |
3 |
13. |
Металҳои ранга ва нодир (мисс, сурб, руҳ, қалъагӣ, никел, кобалт, молибден, симоб, сурма, висмут, кадмий, алюминий, стронсий, титан, сирконий, литий, вольфрам, тантал, ниобий ва ғайра), металҳои асил (тилло, нуқра, платиноидҳо), ки аз партовҳои корхонаҳои саноати кўҳӣ истихроҷ мегарданд |
0,5 |
Роялти аз ҷониби инҳо пардохта намешавад:
1) аз ҷониби шахсони воқеӣ доир ба обҳои зеризаминие, ки дар қитъаҳои замини ба онҳо барои истифода вобасташуда ё истифодаи умрбоди меросӣ додашуда истихроҷ карда мешаванд, ба шарте агар чунин обҳо ба дигар шахс таҳвил дода ё барои истеҳсолот ва эҳтиёҷоти технологӣ ҳангоми фаъолияти соҳибкорӣ истифода бурда нашаванд;
2) аз ҷониби истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ ва ташкилотҳои давлатие, ки обҳои зеризаминиро барои эҳтиёҷоти хоҷагидории худ истихроҷ менамоянд; (Қ ҶТ аз 3.12.09с, №571).
3) аз ҷониби истифодабарандагони қаъри замин ҳангоми баргашта бо обҳои зеризаминии ҳамроҳ истихроҷшуда пур кардани ҷои онҳо барои нигоҳдории фишори қишри замин.
Моддаи 292. Тартиби муайян намудани арзиши канданиҳои фоиданоки истихроҷшуда
Моддаи 293. Тартиби пардохти роялти
Моддаи 294. Муайян намудани арзиши канданиҳои фоиданоки истихроҷшуда ҳангоми анҷом надодани таҳвил
(бидуни андозҳои ғайримустақим), ба истиснои тилло, нуқра, платина, барои ҳисоби арзиши канданиҳои фоиданоки истихроҷшуда нархи миёнаи таҳвили (бидуни андозҳои ғайримустақим) маҳсулоти молии давраи охирин, ки дар он таҳвил анҷом дода шуда буд, ба ҳисоб гирифта мешавад. (ҚҶТ аз 26.03.09с, № 493).
Дар ин ҳолат истифодабарандаи қаъри замин ўҳдадор аст тасҳеҳи минбаъдаи маблағҳои ҳисобшудаи роялтиро тибқи ҳамон давраи андозе, ки фурўши якум сурат гирифтааст, бо дарназардошти нархи воқеии таҳвили(бидуни андозҳои ғайримустақим) маҳсулоти якуми молӣ анҷом диҳад.
Моддаи 295. Тартиби муқаррар намудан ва пардохтани роялти дар шакли натуралӣ
1) қабулкунандае, ки аз номи давлат қисми маҳсулоти ба роялти мувофиқро (минбаъд – «қабулкунанда») қабул мекунад;
2) нуқтаи қабул ва шартҳои таҳвил.
Дар ин ҳолат истифодабарандаи қаъри замин маҳсулотро ба қабулкунанда дар мўҳлати на дертар аз мўҳлати пардохти роялти, ки дар қарордоди истифодаи қаъри замин муқаррар шудааст, месупорад.
ФАСЛИ ҶII. АНДОЗ АЗ ИСТИФОДАБАРАНДАГОНИ РОҲҲОИ АВТОМОБИЛГАРД
БОБИ 40. АНДОЗ АЗ ИСТИФОДАБАРАНДАГОНИ РОҲҲОИ АВТОМОБИЛГАРД
Моддаи 296. Андозсупорандагон
Супорандагони андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард шахсони зерин ба ҳисоб мераванд:
1) корхонаҳои резидентӣ;
2) корхонаҳои хориҷие, ки тавассути муассисаҳои доимиашон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолияти соҳибкорӣ машғуланд;
3) соҳибкорони инфиродӣ, ба истиснои соҳибкорони инфиродӣ, ки мутобиқи қисми 2 моддаи 137 ҳамин Кодекс бо андози даромад, андози иҷтимоӣ ва андоз аз фурўши чакана андозбандӣ карда мешаванд.
Моддаи 297. Объекти андозбандӣ
Объекти андозбандӣ маблағи тарҳҳои (хароҷоти) дар давраи ҳисоботии андоз кардашуда дар ҳаҷми пурра, бе назардошти маҳдудиятҳо ба тарҳҳо, (хароҷот), ки боби 19 ҳамин Кодекс муқаррар намудааст, ба ҳисоб меравад, ба истиснои хароҷот барои сохтмон, хариди воситаҳои асосӣ ва насб кардани онҳо, дигар хароҷоте, ки мутобиқи моддаи 195 ҳамин Кодекс хусусияти капиталӣ доранд ва бояд минбаъд дар шакли ҳиссаҷудокуниҳои истеҳлокӣ аз рўи воситаҳои асосӣ тибқи моддаи 153 ҳамин Кодекс тарҳ карда шаванд, инчунин андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгарди ҳисоб кардашуда (ҳисоб кардашаванда).
Ҳамзамон барои ҳисоби андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард тамоми тарҳҳои (хароҷоти) воқеӣ ба назар гирифта мешаванд, аммо агар тарҳҳои (хароҷоти) воқеӣ аз 70 фоизи даромади умумӣ тибқи моддаи 319 ҳамин Кодекс бештар набошанд, пас манбаи андоз баробар ба 70 фоизи даромади умумии дар боло нишондодашуда қабул карда мешавад.
Барои фаъолияти савдо, маҳсулоттайёркунӣ, таъминотию фурўш арзиши (нархи) пардохташуда (пардохташаванда) барои молҳое, ки минбаъд бояд таҳвил (аз нав фурўхта) шаванд, ҳамчун тарҳ (хароҷот) ба назар гирифта мешавад ва бояд ба манбаи андозбандӣ дохил карда шавад. (ҚҶТ аз 26.03.09с, № 493).
Моддаи 298. Имтиёзҳои андоз
Бо ин андоз инҳо андозбандӣ карда намешаванд:
1) ташкилотҳои буҷетӣ, мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, аз ҷумла Бонки миллии Тоҷикистон ва муассисаҳои он;
2) иттиҳодияҳо ва ташкилотҳои динӣ, ҷамъиятҳои миллию фарҳангӣ, ба истиснои фаъолияти соҳибкории онҳо.
Моддаи 299. Меъёри андоз
Меъёри андоз дар ҳаҷми 2 фоизи манбаи андоз муқаррар карда мешавад.
Меъёри андоз барои фаъолияти савдо, маҳсулоттайёркунӣ, таъминотию фурўш дар ҳаҷми 0,5 фоизи манбаи андоз муқаррар карда мешавад.
Моддаи 300. Манбаи андоз
Манбаи андоз бо роҳи ҷамъ намудани ҳамаи тарҳҳои (хароҷоти) дар давраи ҳисоботии андоз кардашуда дар ҳаҷми пурра, бе назардошти маҳдудиятҳо ба тарҳҳо (хароҷот), ки боби 19 ҳамин Кодекс муқаррар намудааст, ҳисоб карда мешавад, ба истиснои хароҷоти сохтмон, хариди воситаҳои асосӣ ва насб кардани онҳо, дигар хароҷоте, ки мутобиқи моддаи 195 ҳамин Кодекс хусусияти капиталӣ доранд ва бояд минбаъд дар шакли ҳиссаҷудокуниҳои истеҳлокӣ аз рўи воситаҳои асосӣ тибқи моддаи 153 ҳамин Кодекс тарҳ карда шаванд, инчунин андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгарди ҳисоб кардашуда (ҳисоб кардашаванда).
Ҳамзамон барои ҳисоби андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард ҳамаи тарҳҳои (хароҷоти) воқеӣ ба ҳисоб гирифта мешаванд, аммо агар тарҳҳои (хароҷоти) воқеӣ аз 70 фоизи даромади умумӣ тибқи моддаи 319 ҳамин Кодекс зиёд набошанд, пас манбаи андоз баробар ба 70 фоизи даромади умумии дар боло нишондодашуда қабул карда мешавад.
Барои фаъолияти савдо, маҳсулоттайёркунӣ, таъминотию фурўш арзиши (нархи) пардохташудаи (пардохташавандаи) молҳое, ки минбаъд бояд таҳвил (аз нав фурўхта) шаванд, ҳамчун тарҳ (хароҷот) ба назар гирифта мешавад ва бояд ба манбаи андозбандӣ дохил карда шавад. , ба истиснои хароҷоти сохтмон, хариди воситаҳои асосӣ ва насб кардани онҳо, дигар хароҷоте, ки мутобиқи моддаи 195 ҳамин Кодекс хусусияти капиталӣ доранд ва бояд минбаъд дар шакли ҳиссаҷудокуниҳои истеҳлокӣ аз рўи воситаҳои асосӣ тибқи моддаи 153 ҳамин Кодекс тарҳ карда шаванд, инчунин андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгарди ҳисоб кардашуда (ҳисоб кардашаванда). (ҚҶТ аз 26.03.09с, № 493).
Моддаи 301. Тартиб ва мўҳлати пардохти андоз
Давраи андоз, мўҳлати пардохт ва тартиби пешниҳоди эъломия ба монанди онест, ки барои андоз аз арзиши иловашуда муқаррар гардидааст.
ФАСЛИ ҶIII. АНДОЗЕ, КИ ТИБҚИ НИЗОМИ СОДДАКАРДАШУДА пардохта мешавад
БОБИ 41. АНДОЗЕ, КИ ТИБҚИ НИЗОМИ СОДДАКАРДАШУДА ПАРДОХТА МЕШАВАД
Моддаи 302. Супорандагон
Супорандагони андозе, ки тибқи низоми соддакардашуда пардохта мешавад, корхонаҳо, филиал ва намояндагиҳои шахсони ҳуқуқии хориҷӣ инчунин мутобиқи қисми 3 моддаи 137 ҳамин Кодекс соҳибкорони инфиродӣ мебошанд, ки даромади умумии онҳо барои давраи пешинаи давомнокиаш на зиёда аз як соли тақвимӣ бе назардошти андоз аз арзиши иловашуда ва андоз аз фурўши чакана аз ҳадди чоркаратаи муқаррарнамудаи ҳамин Кодекс барои мақсадҳои бақайдгирӣ ба сифати супорандаи андоз аз арзиши иловашуда зиёд намебошад. (ҚҶТ аз 29.12.10с №665)
Агар дар ягон моҳи соли ҷорӣ андозсупоранда аз ҳадди даромади умумии дар сархати аввали ҳамин модда муқарраршуда гузашта бошад, ин андозсупоранда то охири соли ҷорӣ супорандаи андози аз рўи системаи соддакардашуда пардохтшаванда буданро идома медиҳад ва ўҳдадор аст аз 1 январи соли оянда ба системаи умумии андозбандӣ гузарад (яъне супорандаи андози аз рўи системаи соддакардашуда пардохтшаванда буданро қатъ намояд).
Андозсупоранда дар хусуси зиёд шудани ҳадди даромади умумии дар сархати аввали ҳамин модда муқарраршуда ба таври хаттӣ мақоми андози маҳали баҳисобгирии бақайдгириро то санаи 15 моҳи минбаъдаи моҳи зиёдшавии ҳадди дар боло зикргардидаи даромади умумӣ хабардор мекунад.
Моддаи 303. Объекти андозбандӣ
Ҳамзамон ҳар коргари кироя (новобаста аз он ки кироякорӣ ба таври ҳуҷҷатӣ ба расмият дароварда шудааст ё не) бояд мутобиқи музди меҳнати воқеии гирифтаи ҳамин коргар бо андози даромад ва андози иҷтимоӣ андозбандӣ карда шавад, аммо барои мақсадҳои ҳисоб кардани андози даромад ва андози иҷтимоӣ музди меҳнати чунин коргари кироя дар давраи аз 1 июли соли ҷорӣ то 30 июни соли оянда наметавонад аз музди меҳнати миёнаи моҳонаи номиналии кироякорон дар шаҳру ноҳияҳои дахлдор, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли андози гузашта қарор дошт, кам қабул карда шавад«(ба истиснои корхонаҳое, ки дар онҳо на камтар аз 50 фоизи кормандонашонро маъюбон ташкил медиҳанд. (ҚҶТ аз 29.12.10с №665)
Моддаи 304. Меъёри андоз
Меъёри андоз дар ҳаҷми 4 фоизи объекти андозбандӣ муқаррар карда мешавад.
Моддаи 305. Тартиби истифодаи низоми соддакардашудаи андозбандӣ
Супорандаи андози тибқи низоми соддакардашуда пардохтшавандае, ки даромади умумиаш дар соли тақвимӣ бе назардошти андоз аз арзиши иловашуда ва андоз аз фурӯши чакана аз ҳадди чоркаратаи мукаррарнамудаи ҳамин Кодекс барои мақсадҳои бақайдгирӣ ба сифати супорандаи андоз аз арзиши иловашуда зиёд шудааст, ӯхдадор аст, ки аризаи хаттӣ пешниҳод намуда, аз 1 январи соли оянда ба низоми умумии андоз гузарад.
Дар ҳолати иҷро нагардидани талаботи дар банди якўм ё дуюми ҳамин кисм муқарраршуда ва пешниҳод карда нашуданн аризаи хаттии андозсупоранда мақомоти андоз мустақилона бо риояи тартиби муқарраргардида чунин андозсупорандаро ба рӯйхати супорандагони андози тибқи низоми соддакардашуда пардохтшаванда ё ба низомп умумии андоз аз 1 январи соли баъди соли хисоботй гузаронида, андозсупорандаро дар ин хусус ба таври хаттӣ огоҳ менамояд. (ҚҶТ аз 29.12.10с №665)
ФАСЛИ ҶIV. АНДОЗИ ЯГОНА БАРОИ ИСТЕҲСОЛКУНАНДАГОНИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ
БОБИ 42. АНДОЗИ ЯГОНА БАРОИ ИСТЕҲСОЛКУНАНДАГОНИ МАҲСУЛОТИ КИШОВАРЗӢ
Моддаи 306. Андозсупорандагон
Бо хоҳиши андозсупоранда андози ягона барои истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳолати парвариш, таҳвили чорво ва маҳсулоти он метавонад татбиқ карда нашавад.
Дар айни замон барои мақсадҳои муайян намудани фоидаи андозбандишаванда аз фаъолияти ғайрикишоварзӣ (аз фаъолият оид ба коркарди минбаъдаи маҳсулоти кишоварзии худӣ) арзиши маҳсулоти кишоварзии рўёндаи истеҳсолкунандаи маҳсулоти кишоварзӣ, ки худаш ба сифати ашёи хом барои коркарди минбаъда истифода мебарад, дар асоси нархи бозории чунин маҳсулоти кишоварзӣ муайян карда мешавад.
Дар бораи мақсади гузаштан ба системаи андозбандии умумӣ андозсупоранда ба таври хаттӣ ба мақоми андози ҳудудӣ то 1 октябри соли ҷорӣ муроҷиат мекунад.
Ҳамзамон барои соли андозе, ки пеш аз соли гузариш ба системаи андозбандии умумӣ (яъне барои соли андозе, ки дар он ба мақоми андози ҳудудӣ дар хусуси гузариши дар боло зикршуда муроҷиати хаттӣ пешниҳод шуда буд) мебошад, андозсупоранда (истеҳсолкунандаи маҳсулоти кишоварзӣ) ўҳдадор аст ба мақоми андози ҳудудӣ мутобиқи моддаи 197 ҳамин Кодекс барои мақсадҳои амалӣ намудани пардохтҳои ҷории (пешпардохти) андоз мутобиқи моддаи 198 ҳамин Кодекс ва иҷрои дигар муқаррароти Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон эъломия пешниҳод намояд. Дар мавриди гузариш ба системаи андозбандии умумӣ андозсупоранда (истеҳсолкунандаи маҳсулоти кишоварзӣ) ҳуқуқи озодкунӣ аз андозҳо ва дигар имтиёзҳои боби 42 ҳамин Кодекс пешбининамударо аз даст медиҳад.
Бозгашт аз системаи андозбандии умумӣ ба низоми андози ягона барои истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ ба ҳамин тартиб сурат мегирад.
Моддаи 307. Объекти андозбандӣ
- андоз аз арзиши иловашуда оид ба таҳвили маҳсулоти кишоварзӣ, ки дар заминҳои бо андози ягона андозбандишаванда рўёнда шудааст;
- андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард оид ба таҳвили маҳсулоти кишоварзӣ, ки дар заминҳои бо андози ягона андозбандишаванда рўёнда шудааст;
- андоз аз фоидаи шахсони ҳуқуқӣ;
- андози ҳадди ақал аз даромадҳо; (ҚҶТ аз 3. 12. 09с, №571).
- андози замин;
- андозе, ки тибқи низоми соддакардашуда супорида мешавад.
Моддаи 308. Меъёрҳои андози ягона
1.Меъёрҳои андози ягона барои истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ аз ҳар гектар замин барои соли тақвимӣ ба андозаи зерин муқаррар карда мешаванд (бо сомонӣ):
Намудҳои заминҳо (қитъаҳо)
Номи минтақаҳои кадастрӣ |
Заминҳои кишт |
Дарахтҳои бисёрсола |
||||
обӣ |
лалмӣ |
обӣ |
лалмӣ |
|||
Обёрии табиӣ |
Обёрии мошинӣ |
Обёрии табиӣ |
Обёрии мошинӣ |
|||
Суғд, аз ҷумла минтақаҳои кўҳӣ |
120 104 |
88 80 |
7 10 |
140 112 |
100 88 |
8 10 |
Ҳисор, аз ҷумла минтақаҳои кўҳӣ |
128 100 |
88 72 |
8 9 |
140 108 |
100 84 |
10 13 |
Рашт |
104 |
80 |
10 |
112 |
88 |
15 |
Кўлоб, аз ҷумла минтақаҳои кўҳӣ |
132 100 |
88 80 |
9 10 |
140 108 |
100 84 |
7 10 |
Вахш, аз ҷумла минтақаҳои кўҳӣ |
140 120 |
104 88 |
6 9 |
164 140 |
112 92 |
6 8 |
Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон (бе минтақаи Мурғоб) |
36 |
24 |
4 |
40 |
27 |
3 |
Истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ барои заминҳои мутобиқи ҳуҷҷатҳои заминию кадастрӣ ҳамчун чарогоҳҳо, алафзорҳо, роҳҳо, кўчаҳо, иморатҳои ҷамъиятӣ, майдонҳо, бешаҳо, каналҳо, ҷўйҳо, заҳбурҳо ва дигар заминҳои дар истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ истифоданашавандаи ба онҳо вобастакардашуда андози ягонаро барои истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ мутобиқи меъёрҳои моддаи 267 ҳамин Кодекс месупоранд.
2.Доир ба заминҳои кишти обӣ, ки амалан барои парвариши пахта истифода мешаванд, меъёри андози ягона барои истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ дар ҳаҷми нисфи меъёри дар қисми 1 ҳамин модда зикргардида муқаррар карда мешавад. Маълумот дар бораи масоҳати заминҳое, ки амалан барои парвариши пахта истифода мешаванд, аз ҷониби андозсупоранда ба мақоми андози маҳали қайд то 1 июни соли ҳисоботӣ (андоз) пешниҳод карда мешавад.
3.Ҳайати минтақаҳои кадастрӣ, минтақаҳои кўҳӣ дар ҳудуди минтақаҳои кадастрӣ, инчунин меъёрҳои андози ягона барои истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ доир ба ноҳияҳои ҷумҳурӣ бо пешниҳоди мақоми ваколатдор доир ба масъалаҳои заминсозӣ, геодезӣ ва харитасозӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд. (ҚҶТ аз 26.03.09с, № 493).
Моддаи 309. Тартиби пешниҳод кардани ҳисоби андоз
Истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ, ки фаъолияташон танҳо бо андози ягона барои истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ андозбандӣ мешавад, ҳисоботи андози дар боло зикршударо пешниҳод намекунанд.
Моддаи 310. Мўҳлати пардохти андози ягона
ФАСЛИ ҶV. АНДОЗ АЗ ФУРЎШ (НАХИ ПАХТА ВА АЛЮМИНИЙИ АВВАЛИЯ)
БОБИ 43. АНДОЗ АЗ ФУРЎШ (НАХИ ПАХТА ВА АЛЮМИНИЙИ АВВАЛИЯ)
Моддаи 311. Супорандагони андоз
Моддаи 312. Объекти андозбандӣ
Моддаи 313. Манбаи андоз
Моддаи 314. Меъёрҳои андоз
Меъёрҳои андоз аз фурўш барои ҳисобкунии маблағи андоз бо фоиз нисбати нархҳои биржавии молҳои андозбандишаванда дар ҳаҷми зерин муайян карда мешавад:
1) барои нахи пахта – 10 фоиз;
2) барои алюминийи аввалия – 3 фоиз.
Моддаи 315. Тартиби ҳисобкунӣ ва мўҳлати пардохти андоз
Шахсоне, ки дар натиҷаи амалиёти андозбандишаванда молҳои андозбандишавандаро аз худ кардаанд, ӯҳдадоранд, ки нусхаи ҳуҷчатҳои тасдиқкунандаи пардохти андозро ба Нозироти андози андозсупорандагони калон пешниҳод кунанд. Дар ҳолати надоштани ҳуҷҷатҳои мазкур чунин шахсон ӯҳдадоранд маблағи пурраи андозро аз ҳисоби худ пардохт намоянд. (ҚҶТ аз 29.12.10с №665)
Моддаи 316. Ба ҳисоб гирифтани маблағи андоз аз фурўши нахи пахта ва алюминийи аввалия ба ҳисоби андоз аз арзиши иловашуда ҳангоми таҳвили маҳсули коркарди онҳо ба бозори дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар айни замон тибқи тарзи мутаносибӣ маблағи андоз аз фурўш, ки ба ҳисоб гирифта мешавад, бо назардошти вазни қиёсии таҳвили маҳсули коркард ба бозори дохилӣ дар маблағи умумии таҳвили маҳсули коркард (ба бозори дохилӣ ва барои содирот) муайян карда мешавад.
Фарқи мусбии байни маблағҳои дар боло зикргардида бояд ба буҷет пардохта шавад.
Моддаи 317. Назорати пардохти андоз
Назорати пардохти саривақтӣ ва пурраи андоз аз фурўш ба буҷет аз ҷониби мақомоти андоз анҷом дода мешавад.
ФАСЛИ ҶVI. АНДОЗИ Ҳадди ақал аз даромадҳо
БОБИ 44. АНДОЗИ Ҳадди ақал аз даромадҳо
Моддаи 318. Андозсупорандагон
1) корхонаҳои резидентӣ;
2) корхонаҳои хориҷӣ, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти соҳибкориро тавассути муассисаҳои доимии худ анҷом медиҳанд;
3) соҳибкорони инфиродӣ мутобиқи қисми 4 моддаи 137 ҳамин Кодекс.
Моддаи 319. Объекти андозбандӣ
Объекти андозбандӣ ин даромади умумӣ (ба истиснои АНДОЗ АЗ АРЗИШИ ИЛОВАШУДА, андоз аз фурўши чакана ва дар мавриди таҳвили нахи пахта ва алюминийи аввалия ба истиснои маблағи ҳисобкардашудаи андоз аз фурўш) мебошад, ки барои давраи ҳисоботӣ гирифта шудааст (бояд гирифта шавад).
Моддаи 320. Имтиёзҳои андоз
Бо ҳамин андоз андозсупорандагоне, ки аз андоз аз фоида мутобиқи моддаи 145 ва дигар муқаррароти ҳамин Кодекс озод карда шудаанд, андозбандӣ намегарданд.
Моддаи 321. Меъёри андоз ва тартиби гузаронидани он ба буҷет
Моддаи 322. Эъломия дар бораи андози ҳадди ақал аз даромадҳо
Моддаи 323. Баҳисобгирии маблағи андоз аз фоидаи шахсони ҳуқуқӣ ё андоз аз даромади шахсони воқеӣ-соҳибкорони инфиродӣ ба ҳисоби пардохти андози ҳадди ақал аз даромадҳо
Баҳисобгирии маблағи ҳисобшудаи андоз аз фоидаи шахсони ҳуқуқӣ ё андоз аз даромади шахсони воқеӣ-соҳибкорони инфиродӣ барои давраи ҳисоботии андоз ба ҳисоби маблағи ҳисобшудаи андози ҳадди ақал аз даромадҳо барои ҳамон давраи андоз анҷом дода мешавад. Агар маблағи андоз аз фоида ё андоз аз даромад камтар аз маблағи андози ҳадди ақал аз даромадхо бошад, андоз аз фоида ё андоз аз даромад пардохта намешавад. Агар маблағи андоз аз фоида ё андоз аз даромад аз маблағи андози ҳадди ақал аз даромадҳо зиёд бошад, андоз аз фоида ё андоз аз даромад бояд ба буҷет дар ҳаҷме, ки маблағи андоз аз фоида ё андоз аз даромад аз маблағи андози ҳадди ақал аз даромадҳо зиёд аст, пардохта мешавад. Дар ҳама ҳолат маблағи андози ҳадди ақал аз даромадҳо бояд ба буҷет дар ҳаҷми пурра пардохта шавад.
ФАСЛИ ҶVII. АНДОЗҲОИ МАҲАЛЛӢ
БОБИ 45. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 324. Муқаррароти умумӣ
БОБИ 46. АНДОЗ АЗ МОЛУ МУЛКИ ҒАЙРИМАНҚУЛ
Моддаи 325. Андозсупорандагон
Супорандагони андоз аз молу мулки ғайриманқул шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ – моликони молу мулки ғайриманқул ё шахсоне эътироф карда мешаванд, ки ин молу мулкро истифода мебаранд ва он мутобиқи моддаи 326 ҳамин Кодекс объекти андозбандӣ мебошад.
Моддаи 326. Объекти андозбандӣ
Объектҳои андозбандӣ намудҳои зерини молу мулк эътироф карда мешаванд: хонаҳои истиқоматӣ, квартираҳо (ҳуҷраҳо), бўстонсаройҳо, гаражҳо ва дигар биною иморату иншоотҳо (минбаъд – «молу мулки ғайриманқул»).
Моддаи 327. Манбаи андоз
Моддаи 328. Имтиёзҳо
1.Бо андози мазкур молу мулки ғайриманқуле, ки моликияти (дар баланси) ташкилоти буҷетӣ ё корхонахои на камтар аз 50 фоизи кормандонашонро маъюбон ташкилдиҳанда буда, ин ташкилоти буҷетӣ (ин корхонаҳо) мустақиман барои иҷрои вазифаҳои оинномавиаш истифода мебарад ва ба иҷора ё истифодаи шахси дигар дода нашудааст (ба истиснои иҷора ё ба истифода додан ба ташкилоти буҷетӣ) андозбандӣ намегардад. (ҚҶТ аз 29.12.10с №665)
Моддаи 329. Меъёри андоз
1.Меъёрҳои андоз аз молу мулки ғайриманқул дар ҳаҷми карат аз меъёри андози замин мутобиқи моддаҳои 266 ва 267 ҳамин Кодекс дар ҳудудҳои зерин муқаррар карда мешаванд:
-молу мулки ғайриманқуле, ки ба сифати биноҳои истиқоматӣ истифода мешаванд- ба андозаи 15-карата; (ҚҶТ аз 29.12.10с №665)
-молу мулки ғайриманқуле, ки барои амалӣ намудани фаъолияти тиҷоратӣ, ташкили нуқтаҳои хўроки умумӣ ва хизматрасонии маишии аҳолӣ истифода мешаванд- ба андозаи 60-карата; (ҚҶТ аз 29.12.10с №665)
-молу мулки ғайриманқул, ки барои дигар мақсадҳои дар ҳамин қисм зикрнаёфта истифода мешаванд- ба андозаи 40 карата. (ҚҶТ аз 29.12.10с №665)
Аз рӯи молу мулки ғайриманқуле, ки дар минтақаҳои рушди сайёҳӣ ва истироҳатӣ ҷойгир мебошад, меъёри андоз аз молу мулки ғайриманқул аз рӯи биноҳои истиқоматӣ ба андозаи 20-карата, аз рӯи молу мулки ғайриманқул барои ташкили фаъолияти тиҷоратӣ, хӯроки умумӣ ва хизматрасонии маишӣ ба андозаи 250-карата, аз рӯи молу мулки ғайриманқули барои дигар мақсадҳо истифодашаванда ба андозаи 100-карата муқаррар карда мешавад. (ҚҶТ аз 29.12.10с №665)
Моддаи 330. Тартиби ҳисобкунӣ ва пардохтани андоз
Шахсони ҳуқуқӣ дар асоси маълумот оид ба молу мулки ғайриманқул ба санаи 1 январи соли ҷорӣ мустақилона маблағи андоз аз молу мулки ғайриманқулро барои соли ҷории тақвимӣ тибқи тартиб ва шакли муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ ҳисоб карда, ба мақоми андози маҳали ҷойгиршавии молу мулки ғайриманқул ҳисоби дар боло зикршударо то 1 феврали соли ҷорӣ пешниҳод менамоянд ва маблағи ҳисобшудаи андоз аз молу мулки ғайриманқулро барои соли ҷории тақвимӣ на дертар аз 15 феврал, 15 май, 15 август ва 15 ноябри соли ҷорӣ бо ҷамъбасти афзоянда аз оғози сол дар ҳаҷми мутаносибан на камтар аз 25 фоиз, 50 фоиз, 75 фоиз ва 100 фоизи маблағи солона мепардозанд.
Маблағи андоз аз молу мулки ғайриманқул чун ҳосили зарби манбаи андози мутобиқи моддаи 327 ҳамин Кодекс муайянгардида ба меъёри андоз мутобиқи моддаи 329 ҳамин Кодекс ҳисоб карда мешавад.
БОБИ 47. АНДОЗ АЗ СОҲИБОНИ ВОСИТАҲОИ НАҚЛИЁТ
Моддаи 331. Андозсупорандагон
Ҳама гуна шахси соҳиби воситаи нақлиёт, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар воҳидҳои Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд ба қайд гирифта шавад, андозсупоранда мебошад.
Моддаи 332. Объекти андозбандӣ
Моддаи 333. Озодкунӣ аз пардохти андоз
Аз андозбандӣ инҳо озод мебошанд:
1) мошинҳо ва механизмҳои тасмачарх;
2) комбайнҳои муҳаррикдори ғаллағундорӣ ва махсус, аз ҷумла комбайнҳои пахтачинӣ;
3) автобусҳо ва тролейбусҳое, ки корхонаҳои нақлиёти автомобилии истифодаи омма барои мусофиркашонӣ дар шаҳрҳо истифода мебаранд;
4) мотоколяска ва автомобилҳои бо даст идорашавандаи ба маъюбон тааллуқдошта.
5) як автомобил новобаста аз иқтидори муҳаррик, ки моликияти Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ, Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон, шахсоне, ки бо ҳамаи се дараҷаи ордени Шараф мукофотонида шудаанд, иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945, шахсони ба онҳо баробаркардашуда, иштирокчиёни дигар амалиётҳои ҳарбӣ доир ба муҳофизати ИҶШС аз ҷумлаи хизматчиёни ҳарбие, ки дар қисмҳои ҳарбӣ, ситодҳо ва муассисаҳои ба ҳайати артиши амалкунанда шомилбуда хизмат кардаанд, собиқ партизанҳо ва ҷанговарони интернатсионалист, иштирокчиёни фалокати неругоҳи барқи атомии Чернобил мебошад.
Моддаи 334. Манбаи андоз
Манбаи андоз иқтидори муҳаррики воситаи нақлиёт мебошад, ки бо воҳидҳои қувваи асп ифода ёфтааст.
Моддаи 335. Меъёрҳои андоз
Меъёрҳои андоз вобаста ба намуди воситаҳои нақлиёт тафриқа шудаанд ва дар як сол ҳаҷмҳои зеринро ташкил медиҳанд (ба ҳисоби 1 қувваи аспи иқтидори муҳаррик):
Номи объектҳои андозбандӣ |
Андоз бо фоиз нисбати нишондиҳанда барои ҳисобҳо, ки дар рўзи супоридани андоз амал мекунад |
Мотосикл ва мотороллерҳо Автомобилҳои сабукрав Автобусҳо (то 12 ҷой) Автобусҳо ( барои 13-30 ҷой) Автобусҳо (зиёда аз 30 ҷой) Автомобилҳои боркаш ва дигар воситаҳои нақлиёти иқтидори борбардориашон то 10 тонна Автомобилҳои боркаш (иқтидори борбардориашон аз 10 то 20 тонна) Автомобилҳои боркаш (иқтидори борбардориашон аз 20 то 40 тонна) Автомобилҳои боркаш (иқтидори борбардориашон зиёда аз 40 тонна) |
2, 5 фоиз 5 фоиз 6, 25 фоиз 7, 5 фоиз 8, 75 фоиз
10,0 фоиз
11, 25 фоиз
12, 5 фоиз
13, 75 фоиз
(ҚҶТ аз 3.12.09с, № 571). |
Моддаи 336. Тартиби супоридани андоз
Андозсупоранда ҳуқуқ надорад бе пардохти андоз аз соҳибони воситаҳои нақлиёт барои соли ҷорӣ воситаи нақлиётро истифода барад.
БОБИ 48. АНДОЗ АЗ ФУРЎши ЧАКАНА
Моддаи 337. Андозсупорандагон
Супорандагони андоз аз фурўши чакана (минбаъд дар боби мазкур – «андоз») соҳибкорони инфиродӣ ва шахсони ҳуқуқие мебошанд, ки фурўши чаканаи молҳоро анҷом медиҳанд. (ҚҶТ аз 26.03.09с, № 493).
Моддаи 338. Объекти андозбандӣ
Объекти андозбандӣ фурўши чаканаи молҳо, аз ҷумла фурўши маҳсулоти хўроки умумӣ дар ҳудуди шаҳр (ноҳия) мебошад.
Моддаи 339. Манбаи андоз
Агар қонунгузории андоз тартиби дигар муқаррар накарда бошад, манбаи андоз арзиши фурўши чаканаи молҳо мебошад. Дар айни замон арзиши фурўши чаканаи молҳо дар асоси усули кассавӣ вобаста ба нархи озод (бозорӣ), ки ҳамаи андозҳо, аз ҷумла андоз аз арзиши иловашуда ва аксизҳо оид ба молҳои зераксизиро дар бар мегирад, вале бе назардошти андоз аз фурўши чакана муайян карда мешавад.
Моддаи 340. Меъёри андоз
Меъёри андоз дар ҳаҷми 3 фоизи нархҳои озод (бозорӣ) муқаррар карда мешавад ва нархи чаканаи мол нархи озод (бозорӣ) мебошад, ки ба маблағи андоз зиёд карда шудааст. (ҚҶТ аз 3.12.09с, № 571).
Моддаи 341. Давраи андоз
Давраи андоз моҳи тақвимӣ мебошад.
Моддаи 342. Тартиби муайян намудани манбаи андоз, ҳисобкунии андоз, пешниҳоди эъломия ва пардохти андоз
Ҳангоми истифодаи мошинаҳои назоратию хазинавии дорои хотираи назоратӣ (фискалӣ) маблағи андози фурўши чакана дар чеки назоратии моли фурўхташуда инъикос карда мешавад, дар дигар ҳолатҳо маблағи андози фурўши чакана дар квитансияҳо, чиптаҳо, талонҳо, нишонаҳои пардохти почта ё дигар ҳуҷҷатҳои ҳисоботашон қатъии ба чекҳо баробар кардашуда инъикос карда мешавад. (ҚҶТ аз 26.03.09, № 493).
ФАСЛИ ҶVIII. Низомҳои махсуси андоз
БОБИ 49. Андозбандии сохтмони нерўгоҳҳои барқи обӣ
- андоз аз арзиши иловашуда;
- андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард;
- андоз аз фоидаи андоз, ки тибқи низоми соддакардашуда пардохта мешавад); (ҚҶТ аз 29.12.10с №665)
- андози ҳадди ақал аз даромадҳо;
- андози замин;
- андоз аз соҳибони воситаҳои нақлиёт;
- андоз аз молу мулки ғайриманқул;
- андози иҷтимоӣ нисбати шахсоне, ки бевосита дар сохтмони нерўгоҳи барқи обӣ банд ҳастанд ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон намебошанд;
- боҷи давлатӣ барои ба қайдгирии лоиҳаҳои эмиссияҳои коғазҳои қиматноки ғайридавлатӣ, ки бинобар сохтмони нерўгоҳи барқи обӣ амалӣ шудаанд.
-Фармоишгари сохтмони нерўгоҳи барқи обӣ ва Пудратчии генералии сохтмони нерўгоҳи барқи обӣ бо пешниҳоди Вазорати энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, мутобиқи дастури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқашуда, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд;
-давраи сохтмони нерўгоҳи барқи обӣ бо дархости Вазорати энергетикаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар якҷоягӣ бо Фармоишгари сохтмони нерўгоҳи барқи обӣ ва Пудратчии генералии сохтмони нерўгоҳи барқи обӣ таҳия шудааст ва мутобиқи дастури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқа шудааст, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад;
-муомилоти (амалиёти, қарордоди, шартномаи, созишномаи) ба сохтмони нерўгоҳи барқи обӣ алоқаманд муомилоте (амалиёте, қарордоде, шартномае, созишномае) эътироф карда мешавад, ки аз ҷониби Фармоишгари сохтмони нерўгоҳи барқи обӣ тасдиқ шудааст;
-озодкунӣ аз пардохти андозҳо аз рўи муомилотҳои (амалиётҳои, қарордодҳои, шартномаҳои, созишномаҳои) ба сохтмони нерўгоҳи барқи обӣ алоқаманд, ки дар давраи сохтмони нерўгоҳи барқи обӣ баста шуда ва бояд то анҷоми давраи сохтмони нерўгоҳи барқи обӣ анҷом ёбанд, пешниҳод карда мешавад.
БОБИ 50. Хусусияти андозбандии корхонаҳои азнавтаъсисёфта, ки ба силсилаи пурраи коркарди нахи пахта ба маҳсулоти ниҳоӣ (аз калобаи пахта то маҳсулоти пахтагии дузандагӣ) банд мебошанд
Моддаи 344. Хусусияти андозбандии корхонаҳои азнавтаъсисёфта, ки ба силсилаи пурраи коркарди нахи пахта ба маҳсулоти ниҳоӣ (аз калобаи пахта то маҳсулоти пахтагини дузандагӣ) банд мебошанд
Дар ҳолати аз ҷониби корхонаҳои азнавтаъсисёфта таҳвил додани молҳои воридшуда ба бозори дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, чунин амалиётҳо бо боҷи гумрукӣ, андоз аз арзиши иловашуда ва дигар андозҳо бо тартиби умумии муқаррарнамудаи Кодекси гумруки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон андозбандӣ карда мешаванд.
БОБИ 51. Андоз аз маҳсулоти коркарди молҳо, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми интихоб кардани низоми гумрукии коркард дар қаламрави гумрукӣ ворид карда мешаванд (андоз аз маҳсулоти коркарди молҳо)
Моддаи 345. Андозсупорандагон
Супорандагони андоз аз маҳсулоти коркарди молҳо, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми интихоб кардани низоми гумрукии коркард дар қаламрави гумрукӣ ворид карда мешаванд, шахсоне мебошанд, ки аз Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсулоти коркардро мебароранд.
Моддаи 346. Объекти андозбандӣ
Объекти андозбандӣ арзиши маҳсулоти коркард мебошад.
Моддаи 347. Манбаи андоз
Моддаи 348. Меъёрҳои андоз
Меъёрҳои андоз аз маҳсулоти коркард аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фоиз аз арзиши маҳсулоти коркард ё бо маблағи устувор барои воҳид (бо ифодаи аслӣ) муайян карда мешавад.
Моддаи 349. Тартиби ҳисобкунӣ ва мўҳлати пардохти андоз
Моддаи 350. Назорати пардохти андоз
Назорати сари вақт ва пурра ба буҷет воридшавии маблағи андоз аз маҳсулоти коркардро мақомоти андоз анҷом медиҳад.
БОБИ 52. Андозбандӣ аз рўи созишномаҳо (қарордодҳо) оид ба тақсими маҳсулот
Моддаи 351. Муқаррароти умумӣ
1.Ҳамин боб низоми махсуси андозро, ки ҳангоми иҷрои созишномаҳо оид ба тақсими маҳсулот истифода мегардад, муқаррар менамояд.
Иттилооти шабеҳ ба мақоми андоз аз ҷониби мақоми ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки созишнома оид ба тақсими маҳсулотро аз ҷониби давлат имзо намудааст, пешниҳод карда мешавад.
- муайян намудани ҳаҷми (миқдори) маҳсулоти ҷуброние, ки ба сармоягузор дода мешавад;
- муайян намудани арзиши маҳсулоти фоида ва тақсими он бо ифодаи арзишӣ;
- муайян намудани арзиши ҳаҷми (миқдори) умумии маҳсулоти истеҳсолшуда.
– андозҳо аз истифодабарандагони қаъри замин; (ҚҶТ аз 29.12.10с №665)
- андози иҷтимоӣ;
- андози замин;
- андоз аз истфодабарандагони роҳҳои автомобилгард;
- боҷи давлатӣ;
- хироҷҳои гумрукӣ;
- андозҳои маҳаллӣ андоз аз молу мулки ғайриманқул, андоз аз соҳибони воситаҳои нақлиёт);
- дигар пардохтҳои ҳатмие, ки бо иҷрои созишнома оид ба тақсими маҳсулот вобастаанд.
- андози иҷтимоӣ;
- андози замин;
- боҷи давлатӣ;
- хироҷҳои гумрукӣ;
- андозҳои маҳаллӣ (андоз аз молу мулки ғайриманқул, андоз аз соҳибони воситаҳои нақлиёт);
- дигар пардохтҳои ҳатмие, ки бо иҷрои созишнома оид ба тақсими маҳсулот вобастаанд.
– сармоягузоре, ки ба коргарони кироя музди меҳнат ва дигар даромадҳои ба он баробаркардашуда медиҳад, тибқи тартиби муқарраргардида пардохти андози даромад ва андози иҷтимоиро таъмин менамояд; (ҚҶТ аз 29.12.10с №665)
- аз ҷониби сармоягузор таҳвил намудани маҳсулоти истеҳсолшуда аз андоз аз арзиши иловашуда ва аксиз озод карда мешавад;
- сармоягузор аз пардохти андоз аз фоида озод карда мешавад;
- аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда молҳои ба қаламрави гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон воридшаванда барои иҷрои корҳо тибқи созишнома оид ба тақсими маҳсулот, ки дар барномаҳои корҳо ва сметаҳои хароҷоти тибқи тартиби муқаррарнамудаи созишнома оид ба тақсими маҳсулот мутобиқи қисми 1 моддаи 9 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи созишномаҳо оид ба тақсими маҳсулот» тасдиқ шудаанд, озод карда мешаванд. Дар сурати дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳвил шудани (ба истиснои содироти) ин молҳо андозҳои дар боло зикргардида ва дигар андозҳо мутобиқи ҳамин Кодекс ва дигар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохта мешаванд. Номгўи ҳуҷҷатҳое, ки дар сурати ба мақомоти гумрук пешниҳод намудани онҳо озод кардан аз пардохти андозҳои дар ин қисм зикргардида анҷом дода мешавад, аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мегардад;
Моддаи 352. Андозсупорандагон ҳангоми иҷрои созишномаҳо
Нисбати андозҳое, ки ҳангоми истифодаи низоми махсуси муқаррарнамудаи ҳамин боб пардохта мешаванд, шахсоне андозсупорандагон ё агентҳои андоз эътироф карда мешаванд, ки мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи созишномаҳо оид ба тақсими маҳсулот» ва ҳамин Кодекс сармоягузорон (ширкатҳои амалиётӣ (операторон) мебошанд.
Моддаи 353. Ҷузъҳои (параметрҳои) асосии созишнома
а) дар сурати бастани он тибқи шартҳои қисми 1 моддаи 10 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи созишномаҳо оид ба тақсими маҳсулот» тартиб ва шартҳои:
- муайян намудани ҳаҷми (миқдори) умумии маҳсулоти истеҳсолшудае, ки нуқтаи тақсимкуниро гузаштааст ва арзиши он;
- муайян намудани қисми маҳсулоти истеҳсолшудае, ки маҳсулоти ҷуброниро ташкил медиҳад;
- тақсими (муайян намудани таносубҳои тақсими) маҳсулоти фоида байни давлат ва сармоягузор;
б) дар сурати бастани он мутобиқи шартҳои қисми 2 моддаи 10 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи созишномаҳо оид ба тақсими маҳсулот» тартиб ва шартҳои:
- муайян намудани ҳаҷми (миқдори) умумии маҳсулоти истеҳсолшудае, ки нуқтаи тақсимкуниро гузаштааст ва арзиши он;
- тақсими (муайян намудани таносубҳои тақсими) маҳсулоти истеҳсолшуда байни давлат ва сармоягузор ё эквиваленти арзишии ҳаҷми (миқдори) умумии маҳсулоти истеҳсолшуда. Таносубҳои чунин тақсимкунӣ дар созишнома вобаста ба баҳодиҳии геологӣ-иқтисодӣ ва арзишии конҳои маъданҳои фоиданок, лоиҳаи техникӣ, нишондиҳандаҳои асосноксозии техникӣ-иқтисодӣ муайян карда мешаванд;
в) дар ҳамаи ҳолатҳои бастани он мутобиқи моддаи 10 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи созишномаҳо оид ба тақсими маҳсулот» тартиб ва шартҳои:
- аз ҷониби сармоягузор (ширкати амалиётӣ (оператор) ба давлат додани қисми маҳсулоти истеҳсолшудаи мутобиқи шартҳои созишнома оид ба тақсими маҳсулот ба давлат тааллуқдошта ё эквиваленти арзишии он;
- қисми маҳсулоти мутобиқи шартҳои созишнома оид ба тақсими маҳсулот ба сармоягузор тааллуқдоштаро гирифтани сармоягузор.
Моддаи 354. Муайян намудани ҳаҷми (миқдори) умумии маҳсулоти истеҳсолшуда ва арзиши он
Нуқтаи тақсимкунии маҳсулотро созишнома оид ба тақсими маҳсулот муайян менамояд.
Моддаи 355. Хароҷоти ҷуброншаванда
Хароҷоти ҷуброншаванда хароҷоти асоснок ва бо ҳуҷҷатҳо тасдиқгардидаи сармоягузор (ширкати амалиётӣ (оператор) мебошад, ки онро воқеан ҳангоми иҷрои корҳо дар доираи созишномаи оид ба тақсими маҳсулот басташуда мутобиқи барномаҳои корҳо ва сметаҳои хароҷоти тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи созишномаҳо оид ба тақсими маҳсулот» тасдиқгардида анҷом додаст, ба истиснои хароҷоти дар моддаи 356 ҳамин Кодекс зикргардида.
Моддаи 356. Таркиби хароҷоти ҷуброннашаванда
Ба хароҷоти аз ҳисоби ҳиссаи маҳсулоти фоида анҷомдодашаванда (пўшонидашаванда), ки ба сармоягузор тааллуқ дорад ва аз ҳисоби маҳсулоти ҷубронӣ ҷуброн намешавад, намудҳои зерини хароҷот (масрафҳо) дохил мешаванд:
1) пардохти саҳм барои иштирок дар озмуни барномаҳои сармоягузорӣ барои гирифтани ҳуқуқи истифодаи қаъри замин аз рўи шартҳои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи созишномаҳо оид ба тақсими маҳсулот»;
2) барои гирифтани иттилооти геологӣ;
3) аз рўи моддаҳои хароҷоте, ки барои онҳо созишнома оид ба тақсими маҳсулот маҳдудиятҳо муқаррар намудааст, дар қисмати зиёдтар аз ин маҳдудиятҳо;
4) аз рӯи пардохти пардохтҳои ҳатмӣ барои аз лимитҳои муқарраршуда зиёдтар ифлос кардани муҳити зист.
Хароҷоте, ки дар бандҳои 3) ва 4) ҳамин модда пешбинӣ шудаанд, дар доираи маҳдудиятҳо ва лимитҳои муқарраршуда ба таркиби хароҷоти ҷуброншаванда дохил карда мешаванд;
5) барои пардохти таҳвил ё содироти маҳсулоти ҷубронӣ ва ҳиссаи маҳсулоти фоидаи ба сармоягузор тааллуқдошта бо назардошти хароҷот барои аз нуқтаи тақсимот то нуқтаи таҳвил ё содирот бурдани ин маҳсулот, талафҳо ҳангоми боркашонӣ, хароҷот барои суғурта ҳангоми боркашонии маҳсулот то нуқтаи таъинот, хароҷоти комиссионӣ ва дигар хароҷот;
6) барои маблағгузории тафтиши (аудити) фаъолияти молиявию хоҷагӣ, ки бо талаби саҳомони (муассисони) сармоягузор (ширкати амалиётӣ (оператор) анҷом дода шудааст;
7) бинобар аз ҷониби сармоягузор (ширкати амалиётӣ (оператор) иҷро накардан ё дар сатҳи дахлдор иҷро накардани ўҳдадориҳо, ки созишнома оид ба тақсими маҳсулот муқаррар кардааст, бо назардошти ўҳдадориҳои мутобиқи қисми 2 моддаи 9 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи созишномаҳо оид ба тақсими маҳсулот» пешбинӣ карда шуда, инчунин хароҷот барои вайрон кардани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
8) барои пардохти арзиши экскурсияҳо ва саёҳатҳо, аз ҷумла бо роҳхатҳо;
9) додани мукофотпулӣ (фоизҳо) барои қарз (заём) ва истифодаи маблағҳои заём, инчунин пардохтҳои комиссионӣ ва дигар хароҷоте, ки бо ҷалб ва истифода намудани маблағҳои заём алоқаманд мебошанд, зиёда аз меъёри ЛИБОР бо ҷамъ намудани маржа, ки бо созишнома оид ба тақсими маҳсулот муқаррар карда мешавад. Ҳамзамон маржа наметавонад аз меъёри ЛИБОР зиёд бошад;
10) зарари (хароҷоти) расонидашуда (анҷомдодашуда) дар натиҷаи садамаҳое, ки бо айби сармоягузор (ширкати амалиётӣ (оператор) бинобар риоя накардани технология ва (ё) техникаи бехатарӣ рўй додаанд;
11) хароҷот барои суғуртаи ихтиёрии кормандон;
12) хароҷот вобаста ба тафтишоти судӣ;
13) ҷарима ва пинаҳое (фоизҳое), ки аз тарафи мақомоти давлатӣ аз сармоягузор (ширкати амалиётӣ (оператор) гирифта мешаванд;
14) хароҷоти пардохти масрафҳо барои истифодаи шахсии кормандон, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ накардааст;
15) андозҳо, хироҷҳо ва дигар пардохтҳои ҳатмии мутобиқи ҳамин боб пардохташуда;
16) тамоми хароҷоте, ки бевосита ба фаъолият аз рўи созишнома оид ба тақсими маҳсулот тааллуқ надорад, бо назардошти арзиши молу мулки додашуда, корҳои иҷрошуда, хизматҳои аз ҷониби сармоягузор (ширкати амалиётӣ (оператор) (аз ҳисоби сармоягузор) ройгон (хайрия) расонидашуда.
Моддаи 357. Тартиби пўшонидани хароҷоти ҷуброншаванда
Тақсими маҳсулоти фоида ё ҳаҷми (миқдори) умумии маҳсулоти истеҳсолшуда байни давлат ва сармоягузор мутобиқи шартҳои созишномаи оид ба тақсими маҳсулот басташуда низ аз моҳи гирифтани маҳсулот оғоз мегардад.
Ба мақсадҳои ҳамин боб хароҷоти ҷуброншаванда бояд аз ҳисоби ба сармоягузор додани маҳсулоти истеҳсолшуда ба миқдори на бештар аз маҳсулоти ҷубронӣ тибқи созишнома оид ба тақсими маҳсулот пўшонида шавад.
- хароҷоти ҷуброншавандае, ки дар аввали давраи андозӣ ба сармоягузор ҷуброн карда нашудаанд;
- ҷамъи хароҷоти ҷуброншавандае, ки сармоягузор дар давоми давраи андозӣ анҷом додааст;
- тарҳи хароҷоти ҷуброншавандае, ки дар давраи андозӣ (барои давраи андозӣ) ба сармоягузор ҷуброн карда шудаанд.
Моддаи 358. Баҳисобгирии маҳсулоти ҷубронӣ, фоида ва хароҷоти ҷуброншаванда
Моддаи 359. Муайянкунии таносубҳои тақсими маҳсулоти фоида
Таносубҳои тақсими маҳсулоти фоида байни сармоягузор ва давлат дар созишнома оид ба тақсими маҳсулот муқаррар карда мешаванд.
Моддаи 360. Давраи андозӣ (ҳисоботӣ)
Давраи андозӣ (ҳисоботӣ) барои пардохтҳо ба фоидаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи созишнома оид ба тақсими маҳсулот, аз ҷумла андозҳо мутобиқи ҳамин боб моҳи тақвимӣ ба ҳисоб меравад.
Моддаи 361. Мўҳлати пардохт
Пардохтҳо ба фоидаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи ҳамин боб на дертар аз рўзи 15-уми моҳи баъди давраи ҳисоботӣ (андозӣ) интиқол дода мешаванд.
Моддаи 362. Эъломияи андоз
Эъломия аз рўи пардохтҳо ба фоидаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи созишнома оид ба тақсими маҳсулот аз ҷониби сармоягузор (ширкати амалиётӣ (оператор) ба мақоми андози маҳалли баҳисобгирии бақайдгирӣ на дертар аз рўзи 10-уми моҳи баъди давраи ҳисоботӣ (андозӣ) пешниҳод карда мешавад.
Боби 53. Роялти барои об
(ҚҶТ аз 26.03.09с, № 493)
Моддаи 363. Андозсупорандагон
Андозсупорандагони роялти барои об (минбаъд дар ҳамин Боб - андозсупорандагон) шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродие эътироф мешаванд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон обро барои истеҳсоли нерўи барқ истифода мебаранд.
Моддаи 364. Объектҳои андозбандӣ
Объекти андозбандии роялти барои об истифодаи объектҳои обӣ бо мақсадҳои истеҳсоли нерўи барқ дар нерўгоҳҳои барқии обӣ эътироф мешавад.
Моддаи 365. Манбаи андоз
Моддаи 366. Озодкунӣ
Истифодаи объектҳои обӣ барои мақсадҳои истеҳсоли нерўи барқ ҳангоми аз 1000 киловатт бештар набудани иқтидори объектҳои нерўистеҳсолкунанда аз андозбандӣ бо роялти барои об озод карда мешавад.
Моддаи 367. Давраи андоз
Нисбат ба истифодаи объектҳои обӣ бо мақсадҳои истеҳсоли нерўи барқ давраи андоз моҳи тақвимӣ эътироф мешавад.
Моддаи 368. Меъёри андоз
Меъёри роялти барои об ҳангоми истифодаи объектҳои обӣ бо мақсадҳои истеҳсоли нерўи барқ ба андозаи 0,06 нишондиҳанда барои ҳисобҳо барои ҳар 1000 киловатт/соат нерўи барқи истеҳсолшуда ба ҳолати охири давраи андоз муқаррар карда мешавад.
Моддаи 369. Тартиби ҳисоб кардани роялти барои об
Моддаи 370. Мўҳлати пардохти роялти барои об
Маблағи умумии роялти барои об, ки тибқи моддаҳои 365 ва 368 ҳамин Кодекс ҳисоб карда шудааст, бояд ба буҷет на дертар аз 15-уми моҳи пас аз давраи гузаштаи андоз пардохта шавад.
Моддаи 371. Эъломияи андоз
Эъломияи андоз аз рўи шакле, ки мақоми ваколатдори давлатӣ муайян менамояд, аз ҷониби андозсупоранда ба мақоми андози маҳалли баҳисобгирии бақайдгирии он дар мўҳлате, ки барои пардохти андоз муқаррар шудааст, пешниҳод карда мешавад.
Дар бораи қабул намудани Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон
ва мавриди амал қарор додани он
Маҷлиси намояндагон 3-юми ноябри соли 2004 қабул кардааст
Маҷлиси миллӣ 25-уми ноябри соли 2004 ҷонибдорӣ намудааст
(Ахбори Маҷлиси Оли Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2004, №12, қисми 1, моддаи 688, моддаи 689; соли 2005, №12, моддаи 629; соли 2006, № 7, моддаи 341; №12, моддаи 543; соли 2007, №3, моддаи 172; №7, моддаи 668; соли 2008, № 3, моддаи 195; №6, моддаи 455; соли 2009, №3, моддаи 86; № 5, мод.332; №12, мод.823; с. 2010, №7, мод. 559; №12, қ.1, мод. 824; мод. 826; Қонуни ҶТ аз 16.04.2012с., №813; аз 03.07.2012с., №852 )
Моддаи 1
1.Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул карда шавад.
2.Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 январи соли 2005 мавриди амал қарор дода шавад.
3.Муқаррароти сархати панҷуми қисми 16 моддаи 45 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 январи соли 2006 мавриди амал қарор дода шавад.
Моддаи 2
Аз 1 январи соли 2005 санадҳои меъёрии ҳуқуқии зерин беэътибор дониста шаванд:
1)Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 ноябри соли 1998 (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1998, №21, моддаи 284; соли 1999, №6, моддаи 162; №12, моддаи 345; соли 2001, №7, моддаи 478; соли 2002, №4, қисми 1, моддаи 164; моддаи 173; моддаи 209; моддаи 236; моддаи 239; моддаи 290; №11, моддаи 747; соли 2003, №4, моддаи 133; моддаи 137; №8, моддаи 454; №12, моддаи 693; соли 2004, №5, моддаи 344; №7, моддаи 456);
2)Қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 12 ноябри соли 1998 «Дар бораи тартиби мавриди амал қарор додани Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1998, №21, моддаи 285; соли 1999, №6, моддаи 164; №11, моддаи 277; соли 2001, №5, моддаи 342);
3)Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 11 декабри соли 1999 «Дар бораи муқаррар намудани коэффисиентҳои индексатсияи меъёри андози замин» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1999, №12, моддаи 342).
Моддаи 3
Минбаъд, то ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ намудани қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба андозбандӣ дар қисмате, ки ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолиф намебошанд, татбиқ карда мешаванд.
Моддаи 4
Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муносибатҳои ҳуқуқии андозӣ, ки пас аз мавриди амал қарор додани он ба миён меоянд, татбиқ карда мешавад.
Дар муносибатҳои ҳуқуқии андозие, ки то мавриди амал қарор додани он ба миён омадаанд, Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ба он ҳуқуқ ва ўҳдадориҳое татбиқ карда мешавад, ки онҳо пас аз мавриди амал қарор додани он ба миён меоянд, агар мўҳлатҳои муқарраршудаи мурури даъво нагузашта бошанд.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Раҳмонов
ш.Душанбе,
3 декабри соли 2004,
№ 61
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ
МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои баррасии такрорӣ баргардонида шудааст, дида баромада, қарор мекунад:
- фарқи (дифференсиатсияи) меъёри андозҳои иҷтимоӣ, савдои чакана, истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард ва андоз аз арзиши иловашударо вобаста ба соҳаҳои фаъолияти иқтисодӣ муайян намояд;
- номгўи ҳама гуна молҳои таҳвилшаванда, иҷрои корҳо ва хизматрасониҳои аз андоз аз арзиши иловашуда озодкардашударо тасдиқ намояд;
- дар баробари пешниҳод намудани лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2009», дар ҳолатҳои зарурӣ лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистонро пешниҳод намояд.
Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон С.Хайруллоев
ш.Душанбе, 16 январи соли 2008,
№ 837