ҚОНУНИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ҲИМОЯИ РАҚОБАТ
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2017, № 5, қ. 1, мод. 274)
Қонуни мазкур асосҳои ташкилӣ ва ҳуқуқии ҳимояи рақобатро муайян намуда, муносибатҳоро оид ба ташкил ва фароҳам овардани шароитҳои мусоид барои рушди рақобат, фаъолияти самарабахши бозорҳои мол, таъмини фазои ягонаи иқтисодӣ ва фаъолияти озоди иқтисодӣ танзим менамояд.
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Доираи амали Қонуни мазкур
Моддаи 2. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода бурда мешаванд:
- бозори мол – соҳаи муомилоти мол ё молҳои боҳамивазшаванда, ки вобаста ба имконияти иқтисодӣ, ҳудудӣ ва технологии харидор барои ба даст даровардани мол муайян карда мешавад;
- бозорҳои танзимшаванда – бозорҳои моле, ки дар онҳо танзими давлатии нархҳо мутобиқи қонунгузории зиддиинҳисории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷорӣ карда мешаванд;
- гурӯҳи шахсон – маҷмӯи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки ба як ё якчанд аломат ва шартҳои дахлдори пешбининамудаи Қонуни мазкур мувофиқат мекунад;
- ёрии давлатӣ ва маҳаллӣ – аз ҷониби мақомоти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, инчунин ташкилотҳои ваколатдоре, ки вазифаҳои мақомоти зикргардидаро амалӣ месозанд, додани имтиёзҳои инфиродӣ ва (ё) бартарият ба як ё якчанд субъектҳои хоҷагидор, ки ба онҳо шароити муфиди фаъолиятро дар бозорҳои мол ва молиявӣ (кор, хизматрасонӣ) таъмин менамоянд;
- истеъмолкунанда – шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ, ки мол (кор, хизматрасонӣ)-ро ба даст меорад;
- мутамарказияти (консентратсияи) иқтисодӣ – аҳдҳо ва дигар амалҳо, аз ҷумла таъсис ва азнавташкилдиҳии (якҷояшавӣ, муттаҳидшавӣ, ҳамроҳшавии) субъектҳои хоҷагидор, аҳдҳо вобаста ба саҳмияҳо, ҳиссаҳо ва моликияти субъектҳои хоҷагидор, ки ҳуқуқи амали онҳо ба вазъи рақобат таъсир мерасонад;
- мол – объекти ҳуқуқҳои гражданӣ (кор, хизматрасонӣ, аз ҷумла хизматрасонии молиявӣ), ки барои фурӯш, мубодила ё навъи дигари ба муомилоти гражданӣ баровардани он пешбинӣ шудааст;
- молҳои боҳамивазшаванда – гурӯҳи молҳое, ки аз рӯи таъйинот, тарзи истифодабарӣ, тавсифоти сифатӣ ва техникӣ, нарх ва дигар хусусиятҳояшон тавре қиёспазиранд, ки харидор воқеан метавонад як молро дар ҷараёни истеъмол (аз ҷумла ҳангоми истеҳсол) ба моли дигар иваз кунад;
- мавқеи ҳукмфармоӣ – мавқеи махсуси як ё якчанд субъектҳои хоҷагидор (гурӯҳи шахсон) дар бозори моле, ки ивазкунанда ва ё молҳои боҳамивазшаванда (минбаъд - моли муайян) надоранд, ҳамчунин ба вай (онҳо) имконият медиҳанд ба шарту шароити умумии муомилот дар бозори моли дахлдор таъсири ҳалкунанда расонанд ё ворид шудани дигар субъектҳои хоҷагидорро ба бозор мушкил гардонанд;
- муқоисаи номуносиб – муқоиса ё мулоҳизае, ки рақиби алоҳида ё рақибонро дар маҷмӯъ, инчунин молҳои истеҳсолшаванда ё фурӯхташавандаро нисбати моли субъектҳои хоҷагидори дигар бадном мекунад;
- мониторинги бозорҳои мол ва молиявӣ – гузаронидани таҳлили иқтисодӣ дар бозори моли муайян (кор, хизматрасонӣ), ошкор кардан ва пешгирӣ намудани зуҳуроти ҳуқуқвайронкуниҳое, ки дар натиҷаи суиистифода намудани мавқеи ҳукмфармоӣ ё инҳисорӣ ба амал меоянд, ба истиснои ҳуқуқвайронкуниҳои дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинишудаи соҳаи инҳисории табиӣ;
- нархи баланди инҳисории мол – нархи моли муқарраркардаи субъекти хоҷагидори дорои мавқеи ҳукмфармо дар бозори мол, агар ин нарх аз маблағи хароҷоти истеҳсол ва фурӯши аз ҷиҳати иқтисодӣ асоснокгардидаи мол ва даромад, инчунин аз нархи дар шароити рақобат дар бозори моли муқоисашаванда муқаррарнамудаи субъектҳои хоҷагидоре, ки бо харидорони (фурӯшандаҳои) мол ба як гурӯҳи шахсон шомил нестанд ва дар бозори моли муқоисашаванда мавқеи ҳукмфармо надоранд, хеле баланд бошад.
- нархи пасти инҳисории мол – нархи моли муқарраркардаи субъекти хоҷагидори дорои мавқеи ҳукмфармо дар бозори мол, ки агар аз маблағи хароҷоти аз нигоҳи иқтисодӣ асоснокгардида ва даромади он ҳангоми истеҳсол ва фурӯши чунин мол камтар аст ё нархи моли дар бозори мол муқаррарнамудаи субъекти хоҷагидори мавқеи ҳукмфармоидошта, ки аз нархи дар шароити рақобат дар чунин бозори моли муқоисашаванда муайяннамудаи субъектҳои хоҷагидоре, ки бо харидорони (фурӯшандаҳои) мол ба як гурӯҳи шахсон шомил намебошанд ва дар чунин бозори моли муқоисашаванда мавқеи ҳукмфармо надоранд, пасттар мебошад;
- нархи баланди беасоси хизматрасонии молиявӣ ва нархи пасти беасоси хизматрасонии молиявӣ – нархи хизматрасонии молиявии муқарраркардаи субъекти хоҷагидори дорои мавқеи ҳукмфармо, ки аз нархи дар шароити рақобат амалкунанда дар бозори хизматрасонии молиявӣ фарқият дошта, барои ба бозор ворид гардидани дигар ташкилотҳои молиявӣ маҳдудият эҷод менамояд ва (ё) ба ҳолати рақобат дар бозори мол таъсири манфӣ мерасонад;
- нархи рақобатноки хизматрасонии молиявӣ – нархе, ки тибқи он дар шароити рақобат мумкин аст хизматрасонии молиявӣ расонида шавад;
- нишонаҳои рақобати бевиҷдонона – кам гардидани шумораи субъектҳои хоҷагидоре, ки дар бозори мол ба як гурӯҳи шахсон шомил нестанд, баланд ва (ё) паст гардидани нархи моле, ки бо тағйироти дахлдори дигар шароити умумии муомилоти мол дар бозори мол алоқаманд нест, даст кашидани субъектҳои хоҷагидори ба як гурӯҳи шахсон шомил набуда аз фаъолияти мустақилона дар бозори мол, муайян намудани шартҳои умумии муомилоти мол дар бозорҳои мол бо роҳи ноилшавӣ ба созиши байни субъектҳои хоҷагидор ё тибқи дастури барои иҷро ҳатмии дигар шахсон ва ё дар натиҷаи мувофиқаи (аҳди) амалҳои худ дар бозори мол аз ҷониби субъектҳои хоҷагидори ба як гурӯҳи шахсон шомилнабуда, дигар ҳолатҳое, ки ба субъекти хоҷагидор ва ё якчанд субъекти хоҷагидор имконияти таъсиррасонии яктарафаро ба шароитҳои умумии муомилоти мол дар бозори мол муҳайё месозанд;
- рақобат – мусобиқаи озоди субъектҳои хоҷагидор, ки дар он амали мустақилонаи ҳар яки онҳо, имконияти таъсиррасонии яктарафаи ҳар кадоми онҳоро ба шароитҳои умумии муомилоти мол дар бозори мол (кор, хизматрасонӣ)-и дахлдор самаранок маҳдуд менамояд;
- рақобати бевиҷдонона – ҳама гуна амали субъектҳои хоҷагидор, ки барои ба даст овардани афзалият дар фаъолияти соҳибкорӣ равона шудааст ва хилофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ба дигар субъектҳои хоҷагидор – рақибон зарар расонидааст ё метавонад расонад ва ё ба обрӯи кории онҳо зиён расонидааст ё метавонад расонад;
- субъектҳои хоҷагидор – шахсони ҳуқуқӣ, аз ҷумла шахсони хориҷӣ, иттиҳодияҳои онҳо, ташкилотҳои тиҷоратӣ ва ғайритиҷоратие, ки фаъолияти онҳо барои ба даст овардани фоида равона шудааст, инчунин шаҳрвандоне, ки бе таъсиси шахси ҳуқуқӣ фаъолияти соҳибкориро амалӣ менамоянд;
- созишнома – созиши миёни субъектҳои хоҷагидор, ки дар шакли хаттӣ дар як ё якчанд ҳуҷҷатҳо инъикос ёфтааст, инчунин созише, ки дар шакли шифоҳӣ ба маҳдудкунии рақобат равона гардидаанд;
- созишномаи (амали мувофиқашудаи) субъектҳои хоҷагидор, ки рақобатро маҳдуд менамояд – амали субъектҳои хоҷагидор дар бозори мол, ки натиҷаи иқтисодии онҳо танҳо дар он сурат барои ҳар яке аз чунин субъектҳои хоҷагидор фоидаовар мегардад, агар дигар субъектҳои хоҷагидор ба таври мушобеҳ ё бо усули барои ҳар яке аз чунин субъектҳои хоҷагидор пешакӣ маълум амал кунанд ва агар чунин амал боиси иҷозат надодан, маҳдуд сохтан ё барҳам додани рақобат дар бозори мол гардидааст ё метавонад гардад;
- созишномаҳои уфуқӣ (картел) – амалҳои мувофиқашудаи субъектҳои ҳоҷагидори бо ҳам рақобаткунанда (рақобаткунандагони эҳтимолӣ) ва дигар субъектҳои хоҷагидоре, ки ба фаъолияти мунтазами бозор таъсири манфӣ расонида ва ба маҳдудияти бозори мол равона карда шудаанд;
- созишномаҳои амудӣ – созиши байни субъектҳои хоҷагидоре, ки яке аз онҳо харидори мол ё харидори эҳтимолии мол ва дигаре таҳвилгар ё фурӯшандаи эҳтимолии мол мебошанд;
- таҳлили иқтисодӣ – муайян намудани ҳолати рақобат, ошкор кардани субъектҳои хоҷагидори дар бозори мол мавқеи ҳукмфармоиро соҳиббуда бо мақсади таҳияи чораҳое, ки ба ҳимоя ва рушди рақобат, пешгирӣ, маҳдудкунӣ ва қатъ намудани фаъолияти инҳисорӣ равона карда мешаванд;
- фаъолияти инҳисорӣ – суиистифода кардани субъекти хоҷагидор (субъекти бозор), гурӯҳи шахсон аз мавқеи ҳукмфармоӣ, созиш ё иҷрои амалҳои мувофиқашудаи худ, ки бо қонунгузории зиддиинҳисории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шудаанд;
- хизматрасонии молиявӣ – хизматрасонии бонкӣ, суғуртавӣ, дар бозори коғазҳои қиматнок, иштирокчиёни касбии бозори коғазҳои қиматнок, лизингӣ, клирингӣ, ломбард, инчунин хизматрасониҳое, ки бо ҷалб намудан ва (ё) ҷойгиркунии маблағҳои пулии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ алоқаманд мебошанд;
- ташкилотҳои молиявӣ – шахсони ҳуқуқие, ки хизматрасонии бонкӣ, суғуртавӣ, лизингӣ, клирингӣ, ломбард, хизматрасонӣ дар бозори коғазҳои қиматнок, инчунин хизматрасониҳои вобаста бо ҷалб намудан ва (ё) ҷойгиркунии маблағҳои пулии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, амалӣ менамоянд;
- ба даст овардани саҳмия ва ҳиссаи сармояи оинномавии (шариконаи) субъектҳои хоҷагидор – харид ё ба даст овардани имкониятҳои амалисозии ҳуқуқи овоз ба воситаи саҳмияҳо ва ҳиссаҳои субъектҳои хоҷагидор дар асоси шартномаҳои ба боварӣ асосёфтаи идоракунии молик, шартномаҳои фаъолияти якҷоя ва дигар аҳдҳо;
- шартҳои табъизӣ (дискриминатсионӣ) – шартҳои ворид шудан ба бозори мол, иваз кардан, истеъмол намудан, ба даст овардан, истеҳсол, фурӯш ва интиқоли моле, ки як ё якчанд субъектҳои хоҷагидорро дар муқоиса бо як ё якчанд субъектҳои хоҷагидори дигар дар мавқеи нобаробар мегузоранд;
- шахсони бонуфуз – шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки ба фаъолияти соҳибкорӣ машғул буда, қобилияти ба субъектҳои хоҷагидор, инчунин ба бозори мол таъсир расониданро доранд;
- ҳамоҳангсозии фаъолияти иқтисодӣ – мувофиқаи амалҳои субъектҳои хоҷагидор аз тарафи шахси сеюм, ки ба ягон гурӯҳи шахсони ҳамин гуна субъектҳои хоҷагидор дохил намебошад.
Моддаи 3. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳимояи рақобат
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳимояи рақобат ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.
БОБИ 2. ФАЪОЛИЯТИ ИНҲИСОРӢ ВА РАҚОБАТИ БЕВИҶДОНОНА
Моддаи 4. Мавқеи ҳукмфармоӣ
- маҷмӯи ҳиссаи на бештар аз се субъектҳои хоҷагидор, ки ҳиссаи онҳо аз ҳиссаи дигар субъектҳои хоҷагидор дар бозори мазкур аз панҷоҳ фоиз зиёдтар аст. Агар ҳиссаи ҳатто яке аз субъектҳои хоҷагидори зикршуда аз панҷ фоиз камтар бошад, меъёри мазкур татбиқ намегардад;
- маҷмӯи ҳиссаи на бештар аз панҷ субъектҳои хоҷагидор, ки ҳиссаи онҳо аз ҳиссаи дигар субъектҳои хоҷагидор дар бозори мазкур аз ҳафтод фоиз зиёдтар аст. Агар ҳиссаи ҳатто яке аз субъектҳои хоҷагидори зикршуда аз панҷ фоиз камтар бошад, меъёри мазкур татбиқ намегардад;
- андозаи нисбии ҳиссаи чунин субъектҳои хоҷагидор устувор аст, ё ба ҳамин бозори мол дастрасии рақибони нав маҳдуд мебошад;
- моли аз ҷониби чунин субъектҳои хоҷагидор фурӯхташаванда (харидашаванда) наметавонад дар раванди истеъмол (аз ҷумла истеҳсолот) ба моли дигар иваз карда шавад, болоравии нархи мол боиси чунин тағйироти дахлдор дар пастравии талаботи хоси мол шуда наметавонад.
- маҷмӯи ҳиссаи на бештар аз ду ташкилоти молиявӣ, ки ба онҳо ҳиссаи бештар дар бозори дахлдори хизматрасонии молиявӣ тааллуқ дорад, аз панҷоҳ фоиз ва аз он зиёдро ташкил диҳад;
- маҷмӯи ҳиссаи на бештар аз се ташкилоти молиявӣ, ки ба онҳо ҳиссаи бештар дар бозори дахлдори хизматрасонии молиявӣ тааллуқ дорад, ҳафтод фоиз ва аз он зиёдро ташкил диҳад.
Моддаи 5. Намудҳои фаъолияти инҳисории маҳдудкардашуда
Ба намудҳои фаъолияти инҳисории маҳдудкардашуда дохил мешаванд:
- созишномаҳои зиддирақобатии субъектҳои хоҷагидор дар бозори мол;
- амалҳои мувофиқашудаи зиддирақобатии субъектҳои хоҷагидор дар бозори мол;
- суиистифодаи субъектҳои хоҷагидор аз мавқеи ҳукмфармоӣ дар бозори мол.
Моддаи 6. Намудҳои созишномаҳои зиддирақобатӣ ва амалҳои мувофиқашудаи субъектҳои хоҷагидор
Ба созишномаҳои зиддирақобатӣ ва амалҳои мувофиқашудаи субъектҳои хоҷагидор дохил мешаванд:
- созишномаҳои зиддирақобатӣ ва амалҳои мувофиқашудаи субъектҳои хоҷагидори бо ҳам рақобаткунанда ва ё рақобаткунандагони эҳтимолӣ дар як бозори мол (созишномаҳои уфуқӣ – картел);
- созишномаҳои зиддирақобатӣ ва амалҳои мувофиқашудаи субъектҳои хоҷагидори бо ҳам рақобат надоштае, ки яке аз онҳо харидори мол ё харидори эҳтимолии мол ва дигар бошад, молро пешниҳод мекунад ё таҳвилгари эҳтимолӣ ва ё фурӯшандаи эҳтимолии мол маҳсуб меёбад (созишномаҳои амудӣ).
Моддаи 7. Созишномаҳои (амалҳои мувофиқашудаи) субъектҳои хоҷагидоре, ки рақобатро маҳдуд мекунанд
- муқаррар намудани (дастгирии) нархҳо (тарифҳо), тахфиф, изофапулӣ (иловапулӣ), нархҳои иловашуда, хароҷот, фоида ё амалҳои дигар;
- баланд бардоштан, паст кардан ё дастгирии нарх дар музоядаҳо ва савдо;
- муштаракона ворид гардидан ба бозор, баромадан аз бозор, тақсими бозор тибқи аломатҳои ҳудудӣ, аз рӯи ҳаҷми фурӯш ё харид, аз рӯи навъҳои молҳои фурӯхташаванда ё вобаста ба доираи фурӯшандаҳо ё харидорон (фармоишгарон);
- маҳдуд сохтани ҳуқуқи ворид шудан ба бозор ё аз он бартараф намудани дигар субъектҳои хоҷагидор ба сифати фурӯшандагони моли муайян ё харидорони (фармоишгарони) он;
- маҳдуд сохтани истифодаи иттилоот ё аз иттилоот дар бораи вазъи бозор маҳрум намудани субъектҳои хоҷагидор;
- рад намудани бастани шартнома бо фурӯшандагон ё харидорони (фармоишгарони) муайян;
- ба зиммаи тарафҳои шартнома вогузоштани шарте, ки барояшон судманд нест ва ба мавзӯи шартнома алоқаманд намебошад (талаби беасос супурдани воситаҳои молиявӣ, молу мулки дигар, ҳуқуқҳои молу мулкӣ, ризоияти бастани шартнома танҳо бо шарти ба он ворид кардани муқаррарот оид ба молҳое, ки тарафҳои шартнома ба онҳо ҳавасманд нестанд ва амалҳои дигар);
- барои харидорони ҳамон як мол муқаррар намудани нархҳои (тарифҳои) гуногуне, ки аз нигоҳи иқтисодӣ, техникӣ ва тарзи дигар беасос мебошанд;
- коҳиш ё қатъ кардани истеҳсоли молҳое, ки ба онҳо эҳтиёҷот ё фармоишот, ҳангоми мавҷудияти имконияти истеҳсоли безарари онҳо вуҷуд дорад;
- муҳайё сохтани шароит барои узвият (иштирок) дар иттиҳодияҳои касбӣ ва дигар иттиҳодияҳо, ки ба роҳ надодан, маҳдуд сохтан ё бартараф намудани рақобат оварда мерасонад ё метавонад оварда расонад.
- чунин созишномаҳо ё амалҳои мувофиқашуда ба роҳ надодан, маҳдуд сохтан ё бартараф намудани рақобат оварда расонанд;
- чунин созишномаҳо ба муқаррар кардани нархи фурӯши такрории мол таъсир расонанд, ба истиснои ҳолатҳое, ки фурӯшанда ба харидор нархи ниҳоии фурӯши такрории молро муайян мекунад;
- созишномаҳое, ки харидорро барои нафурӯхтани моли субъекти хоҷагидоре, ки рақиби фурӯшанда мебошад, уҳдадор менамоянд.
Моддаи 8. Имконпазирии созишномаҳои амудӣ
- созишномаҳои амудӣ дар шакли хаттӣ (ба истиснои шартномаҳои амудии байни ташкилотҳои молиявӣ), ҳамчун шартномаҳои консессияи тиҷоратӣ баста шуда бошанд;
- созишномаҳои амудии байни субъектҳои хоҷагидор (ба истиснои шартномаҳои амудии байни ташкилотҳои молиявӣ), ки ҳиссаи ҳар яке аз онҳо дар дилхоҳ бозори мол, нисбати онҳое, ки шартнома баста мешавад, на зиёда аз панҷ фоиз бошад.
Моддаи 9. Суиистифодаи субъекти хоҷагидор
Амали (беамалии) субъекти хоҷагидор (гурӯҳи шахсон), ки натиҷаи он боиси роҳ надодан, маҳдуд сохтан, барҳам додани рақобат ва (ё) халалдор намудани манфиати дигар субъекти хоҷагидор (гурӯҳи шахсон) гардидаанд ё мегарданд, манъ аст, аз ҷумла:
- аз муомилот гирифтани молҳо, ки мақсад ва натиҷааш ташкил ё дастгирӣ намудани камчинӣ дар бозор ё баланд бардоштани нарх мебошад;
- ба зиммаи тарафҳои шартнома вогузоштани талаботи барояшон муфиднабуда ё ба мавзӯи шартнома дахл надошта (талаби беасоси додани воситаҳои молиявӣ, молу мулки дигар, ҳуқуқи молумулкӣ, қувваи корӣ, ризоияти бастани шартнома танҳо бо шарти ба он ворид кардани муқаррарот оид ба молҳое, ки тарафҳои шартнома, аз ҷумла истеъмолкунанда, ба онҳо ҳавасманд нест ва талаботи дигар);
- ба шартнома ворид намудани шартҳои табъизӣ (дискриминатсионӣ), ки тарафҳои шартномаро нисбат ба дигар субъектҳои хоҷагидор дар вазъияти нобаробар мегузорад;
- мамониат кардан ба субъектҳои хоҷагидори дигар ҳангоми ворид шудан ба бозор (баромадан аз бозор);
- вайрон кардани тартиби нархгузорӣ, ки бо санади меъёрии ҳуқуқӣ муқаррар шудааст;
- муқаррар ва дастгирӣ кардани нархҳои баланди (пасти) инҳисорӣ;
- ба харидорони ҳамон як мол муқаррар намудани нархҳои (тарифҳои) гуногуне, ки аз нигоҳи иқтисодӣ, техникӣ ва тарзи дигар беасос мебошанд;
- фароҳам овардани шароити табъизӣ (дискриминатсионӣ);
- беасос кам ё қатъ кардани истеҳсоли молҳое, ки ба онҳо истеъмолкунандагон талабот доранд ва ё онҳоро фармудаанд, агар имконияти безарар истеҳсол кардани онҳо мавҷуд бошад;
- беасос даст кашидан аз бастани шартнома бо харидорони (фармоишдиҳандагони) алоҳида, агар имконияти истеҳсол ва таҳвили моли дахлдор мавҷуд бошад;
- бе огоҳкунии пешакии (пешниҳоди иттилооти) мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ ҷорӣ намудани нархҳо (тарифҳо) ва даровардани тағйироти дахлдор ба онҳо.
Моддаи 10. Нархи баланди инҳисории мол
1) баланд бардоштани нархи қаблан муқарраргардидаи мол (кор, хизматрасонӣ);
2) хароҷоти зарурӣ барои истеҳсол ва фурӯши мол бетағйир мондааст ва ё тағйироти онҳо ба тағйирёбии нархи мол мутобиқат намекунад;
3) шартҳои муомилоти мол дар бозори мол, аз ҷумла вобаста ба чораҳои танзими давлатӣ, бо назардошти андозбандӣ, танзими тарифӣ (нарх) бетағйир мондаанд ва ё тағйирёбии онҳо ба тағйирёбии нархи мол номутаносиб мебошанд;
4) нигоҳ доштан ва ё паст накардани нархҳои қаблан муқаррарнамудаи мол, агар дар баробари ин, дар маҷмӯъ шартҳои зерин татбиқ карда шаванд:
- хароҷоти зарурӣ барои истеҳсол ва фурӯши мол (кор, хизматрасонӣ) ба таври назаррас кам шуда бошад;
- шартҳои муомилоти мол дар бозори мол, аз ҷумла вобаста ба чораҳои танзими давлатӣ, бо назардошти андозбандӣ, танзими тарифӣ (нарх) имконияти тағйирёбии нархи молро бо тамоюли коҳишёбии он таъмин намоянд.
Моддаи 11. Нархи пасти инҳисории мол
- муқаррар намудани нархи паст аз нархи қаблан муқарраргардидаи мол (кор, хизматрасонӣ);
- агар хароҷоти зарурӣ барои истеҳсол ва фурӯши мол зиёд гардида бошад;
- шартҳои муомилоти мол дар бозори мол, аз ҷумла чораҳои танзими давлатӣ, бо назардошти андозбандӣ, танзими тарифӣ (нарх) боиси тағйирёбии номутаносиби нарх гардида бошанд.
- он аз ҷониби субъекти монополияи табиӣ дар доираи тарифи ба чунин мол муайяннамуда тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шуда бошад;
- он аз нархе, ки дар шароити рақобат дар бозори муқоисашавандаи мол ташаккул ёфтааст, паст набошад;
- нархе, ки муқаррар намудани он боиси маҳдудкунии рақобат ва кам гардидани шумораи фурӯшандаҳо ва ё харидорони моли ба як гурӯҳи шахсони субъектҳои хоҷагидор дар бозори моли муайян дохил набуда, гардидааст ва ё гардида метавонад.
Моддаи 12. Гурӯҳи шахсон
- шахс ё якчанд шахс якҷоя дар натиҷаи созиш (амали мувофиқашуда) ҳуқуқ доранд, мустақим ва ғайримустақим (аз ҷумла дар асоси шартномаҳои хариду фурӯш, идоракунии ба боварӣ асосёфта, фаъолияти якҷоя, супориш ё бастани дигар аҳдҳо) зиёда аз панҷоҳ фоизи шумораи умумии овозҳоро, ки ба саҳмияҳо ва ҳиссаҳои овозҳо мувофиқ меоянд ва сармояи оинномавии (шариконаи) шахсони ҳуқуқиро ташкил медиҳанд, ихтиёрдорӣ намоянд. Ҳамзамон, овозҳои шахси ҳуқуқӣ, имконияти ихтиёрдории воқеии ӯ ба воситаи шахсони сеюм, ки нисбати онҳо шахси якум ҳамаи он ҳуқуқу салоҳияти дар боло номбаршударо дорад, ихтиёрдории ғайримустақим ҳисобида мешавад;
- шахс ё якчанд шахс дар асоси шартнома ё бо роҳи дигар имконият пайдо мекунанд, ки қарори қабулшавандаи шахси дигар ё шахсонро, аз ҷумла шартҳои аз тарафи дигар шахс ё шахсон амалӣ гардидани фаъолияти соҳибкориро муайян намоянд, ё ин ки салоҳияти дигари мақомоти иҷроияи дигар шахс ё шахсонро ба ҷо оваранд;
- шахси ҳуқуқӣ ҳуқуқ дорад мақомоти иҷроияи ягона ё зиёда аз панҷоҳ фоизи ҳайати мақомоти иҷроияи дастаҷамъӣ, ё бо пешниҳоди ӯ зиёда аз панҷоҳ фоизи ҳайати шӯрои директорон (шӯрои сарпарастон), ё дигар мақомоти идоракунии дастаҷамъии шахси ҳуқуқиро таъйин намояд;
- шахси воқеӣ метавонад салоҳияти мақомоти ягонаи иҷроияи шахси ҳуқуқиро иҷро намояд;
- худи ҳамон шахсони воқеӣ, ҳамсарони онҳо, падарону модарон, фарзандон, бародарону хоҳарони онҳо ё шахсонеро, ки ҳамон шахси ҳуқуқӣ пешниҳод кардааст, зиёда аз панҷоҳ фоизи ҳайати мақомоти иҷроияи дастаҷамъӣ ё шӯрои директорон (шӯрои сарпарастон) ё дигар мақомоти идоракунии дастаҷамъии ду ва зиёда шахсони ҳуқуқиро ташкил диҳанд. Мақомоти идоракунии дастаҷамъии ду ва зиёда шахсони ҳуқуқӣ, инчунин мақомоте мебошад, ки бо пешниҳоди ҳамон шахсони ҳуқуқӣ зиёда аз панҷоҳ фоизи ҳайати шӯрои директорон (шӯрои сарпарастон) ё дигар мақомоти идоракунии дастаҷамъӣ интихоб мешавад;
- худи ҳамон шахсони воқеӣ, ҳамсарони онҳо, падарону модарон, фарзандон, бародарону хоҳарони онҳо ё шахсони ҳуқуқӣ метавонанд мустақилона ё ба воситаи намояндаҳо (вакилон) дар маҷмӯъ зиёда аз панҷоҳ фоизи овозҳоеро, ки ба саҳмияҳо ва ҳиссаҳо мувофиқанд сармояи оинномавии (шариконаи) ҳар кадом аз ду ва зиёда шахсони ҳуқуқиро ташкил медиҳанд, ихтиёрдорӣ намоянд;
- шахсони воқеӣ ё ҳуқуқӣ мустақилона ё ба воситаи намояндаҳо (вакилон) дар маҷмӯъ зиёда аз панҷоҳ фоизи овозҳоеро, ки ба саҳмияҳо ва ҳиссаҳо мувофиқанд ва сармояи оинномавии (шариконаи) шахси ҳуқуқиро ташкил медиҳанд, ҳуқуқи ихтиёрдорӣ доранд ва худи ҳамон шахсони воқеӣ, ҳамсарони онҳо, падарону модарон, фарзандон, бародарону хоҳарони онҳоро ҳамон як шахси ҳуқуқӣ пешниҳод кардааст, зиёда аз панҷоҳ фоизи ҳайати мақомоти иҷроияи дастаҷамъӣ ё шӯрои директорон (шӯрои сарпарастон) ё дигар мақомоти идоракунии дастаҷамъии дигар шахси ҳуқуқиро ташкил диҳанд.
Моддаи 13. Шахсони бонуфуз
- шахсоне, ки ба гурӯҳи ба шахси воқеӣ тааллуқдошта дохил мешаванд;
- шахси ҳуқуқӣ, ки дар ҳайати он шахси воқеии мазкур ҳуқуқ дорад ба зиёда аз бист фоизи маҷмӯи умумии овозҳо, ки ба саҳмияҳо ва ҳиссаҳо мувофиқанд ва сармояи оинномавии (шариконаи) ҳамин шахси ҳуқуқиро ташкил медиҳанд, ихтиёрдорӣ намояд.
- узви шӯрои директорон (шӯрои нозирон) ё дигар мақомоти идоракунии дастаҷамъӣ, узви мақомоти иҷроияи дастаҷамъии он, инчунин шахсе, ки салоҳияти мақомоти ягонаи иҷроияи онро амалӣ мегардонад;
- шахсоне, ки ба гурӯҳи ба шахси ҳуқуқӣ тааллуқдошта дохил мешаванд;
- шахсоне, ки ҳуқуқи дар маҷмӯъ зиёда аз бист фоизи овозҳоеро, ки ба саҳмияҳо ва ҳиссаҳо мувофиқанд ва сармояи оинномавии (шариконаи) ҳамин шахси ҳуқуқиро ташкил медиҳанд, ихтиёрдорӣ кунанд. Агар шахси ҳуқуқӣ иштирокчии иттиҳодияҳои шахсони ҳуқуқӣ бошад, ба қатори шахсони бонуфузи вай, аъзои шӯрои директорон (шӯрои нозирон) ё дигар мақомоти идоракунии дастаҷамъӣ, инчунин шахсоне, ки салоҳияти мақомоти ягонаи иҷроияи иштирокчиёни гурӯҳи саноатию молиявиро амалӣ мегардонанд, дохил мешаванд.
Моддаи 14. Санад ва амалҳои мақомоти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ки ба маҳдудкунии рақобат равона гардидаанд
- беасос ҷорӣ намудани маҳдудкунӣ ба таъсиси субъектҳои хоҷагидори нав дар ягон соҳаи фаъолият, инчунин манъ кардан ё маҳдудкунӣ ба иҷро гардидани намудҳои алоҳидаи фаъолият ё истеҳсоли намудҳои муайяни молҳо, ба истиснои ҳолатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст;
- манъ ё маҳдудкунии интиқоли озоди мол аз як минтақа ба минтақаи дигар ё маҳдуд намудани ҳуқуқи субъектҳои хоҷагидор барои хариду фурӯши молҳо;
- ба субъектҳои хоҷагидор додани дастур дар бораи дар навбати аввал ба доираи муайяни харидорон (фармоишдиҳандагон) таҳвил намудани молҳо (кор, хизматрасонӣ) ё бастани шартномаҳо бе назардошти афзалиятҳое, ки бо қонунгузорӣ ё дигар санади меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардидааст;
- беасос ба як ё якчанд субъектҳои хоҷагидор додани имтиёзҳое, ки онҳоро дар бозори мол нисбат ба дигар субъектҳои хоҷагидор дар ҳолати афзалиятнок мегузорад;
- муқаррар кардани маҳдудият барои харидорони молҳо (кор, хизматрасонӣ) вобаста ба интихоби субъектҳои хоҷагидоре, ки молро истеҳсол (иҷро, пешниҳод) мекунанд, ба истиснои ҳолатҳои ҷойгиркунии молҳо, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кардааст.
- баланд бардоштан, паст кардан ё тағйир надодани нархҳо (тарифҳо);
- беасос муайян намудани сатҳи тағйирёбандаи гуногуни нархҳо барои харидорони мухталифе, ки ҳамон як молро ба даст меоранд;
- тақсим кардани бозор аз рӯи принсипи ҳудудӣ, ҳаҷми фурӯш ё харид, номгӯи молҳои фурӯш ва ё аз рӯи доираи фурӯшандагон ё харидорон (фармоишгарон);
- маҳдуд сохтани дастрасӣ ба бозор ё аз он дур сохтани субъектҳои хоҷагидор.
Моддаи 15. Бозорҳои танзимшаванда
Моддаи 16. Намудҳои рақобати бевиҷдонона
- паҳн намудани маълумоти бардурӯғ, носаҳеҳ ё таҳрифшуда, ки боиси расонидани зарар ба дигар субъектҳои хоҷагидор мегардад ё обрӯи кориашонро паст мегардонад;
- ба иштибоҳ гузоштани истеъмолкунандагон оид ба хусусият, тарз, ҷои истеҳсол ва хосиятҳои истеъмолӣ, сифатӣ ва миқдори мол ё истеҳсолкунандагони он, аз ҷумла рекламаи мол (кор, хизматрасонӣ), ки ба талаботи сифат ҷавобгӯ намебошад:
- муқоисаи номуносиби молҳои истеҳсолшаванда ва фурӯхташавандаи субъекти хоҷагидор аз ҷониби худи ӯ бо молҳои субъектҳои дигари хоҷагидор (аз ҷумла дар ҷараёни фаъолияти рекламавӣ);
- гирифтан, истифода бурдан, ошкор сохтани иттилооти дорои сирри тиҷоратӣ ё хизматӣ, ё дигар сирри бо қонун ҳифзшаванда;
- истифодаи худсаронаи тамғаҳои мол, тамғаи хизматрасонӣ, тамғаҳои моли маъруфшуда, ном ё нишонгузории фирмавӣ, инчунин нусхабардории борҷома ва намуди зоҳирии моли дигар субъекти хоҷагидор, ки метавонанд рақибонро аз фаъолияти соҳибкориашон маҳрум созанд ва ё манфиати онҳоро халалдор созанд;
- реклама, фурӯш, мубодила ва дигар намуди гардиши мол бо роҳи истифодаи тамғаҳои мол, тамғаи кор, хизматрасонӣ, ном ё нишонгузории фирмавӣ, инчунин нусхабардории борҷома ва намудҳои моли субъектҳои хоҷагидор амалӣ гарданд;
- дахолат кардан ба фаъолияти соҳибкорӣ, додани имтиёзҳои гуногуни моддӣ ба кормандони субъектҳои хоҷагидори рақобаткунанда бо мақсади ба тарафи худ ҷалб намудани онҳо барои иҷро накардани уҳдадориҳои меҳнатӣ;
- амале, ки воқеан метавонад дастрас будани бозорро хеле маҳдуд созад.
Моддаи 17. Талаботи зиддиинҳисорӣ оид ба гузаронидани озмун барои ҷойгиркунии фармоишҳо ҷиҳати таҳвили мол, иҷрои кор ва хизматрасонӣ барои эҳтиёҷоти давлатӣ
- фароҳам овардани шароити афзалиятноки иштирок дар озмун, аз ҷумла дастрас намудани иттилооти махфӣ, кам кардани маблағи пардохт барои иштирокчиёни алоҳидаи озмун;
- дар озмун иштироки созмондиҳандагон (фармоишгарон) ва кормандони созмондиҳандагони озмунҳо ё шахсоне, ки бо корманди созмондиҳандаи озмун шомили як гурӯҳи шахсон мебошанд, инчунин шахсони ҳуқуқие, ки дар онҳо корманд - созмондиҳандаи озмун ҳуқуқ дорад беш аз бист фоизи шумораи умумии овозҳои дар саҳмияҳои овоздиҳӣ ба даст овардаро, ё ин ки сармояи оинномавии (шариконаи) шахси ҳуқуқиро ихтиёрдорӣ намояд;
- аз ҷониби созмондиҳандаи озмун амалӣ кардани ҳамоҳангсозии фаъолияти иштирокдорони он, ки дар натиҷа маҳдудияти рақобат байни иштироккунандагони озмун ё маҳдуд сохтани манфиати иштироккунандагони он ҷой доранд, ё ҷой дошта метавонанд;
- баланд бардоштан, паст кардан ё тағйир надодани нарх дар музоядаҳо ва савдо;
- вайрон намудани тартиби муайян кардани ғолиб (ғолибон);
- беасос маҳдуд сохтани дастрасии имконияти иштирок дар озмун.
Моддаи 18. Расонидани ёрии давлатӣ ва маҳаллӣ
- бо мақсади гузаронидани тадқиқоти бунёдии илмӣ, ки мустақиман ба истеҳсоли маҳсулоти нав ё беҳтар намудани сифати он ё равандҳои мавҷудаи технологӣ нигаронида нашуда бошад;
- бо мақсади ҳифзи муҳити зист;
- барои рушди фарҳанг ва ҳифзи мероси фарҳангӣ;
- барои истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ;
- барои таъмини ҳифзи иҷтимоӣ ва тандурустии аҳолӣ;
- барои ҳифзи меҳнат;
- ба субъектҳои хурду миёнаи соҳибкорӣ.
Моддаи 19. Назорати давлатии расонидани ёрии давлатӣ ва маҳаллӣ ва истифодаи он
- қарор оид ба қонеъгардонии дархости расонидани ёрии давлатӣ ва маҳаллӣ ба иттилооти нодурусте асос ёбад, ки барои қабули қарор аҳамият дошта бошад;
- аз ҷониби дархосткунанда вайрон кардани талаботи расонидани ёрии давлатӣ ва маҳаллие, ки бо моддаи мазкур пешбинӣ шудааст;
- ёрии давлатӣ ва маҳаллӣ ба мақсад ва шартҳои пешбинишудаи дархост оид ба иҷозати расонидани ёрӣ номутобиқатӣ дошта бошад;
- ҳангоми расонидани ёрии давлатӣ ва маҳаллӣ тартиби муқаррарнамудаи моддаи 18 Қонуни мазкур вайрон шуда бошад.
Моддаи 20. Ваколатҳои мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ ҳангоми вайрон кардани талаботи расонидани ёрии давлатӣ ва маҳаллӣ ва истифодаи он
Санадҳои (қарор, амрнома, фармоиш, дастури хаттӣ) мақомоти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва дигар ташкилотҳои давлатие, ки ваколатҳои онҳоро амалӣ менамоянд, инчунин ташкилотҳои давлатии ғайрибуҷетӣ, Бонки миллии Тоҷикистон, ки ба субъектҳои алоҳидаи хоҷагидор афзалият ва (ё) имтиёз медиҳанд, бо тартиби судӣ аз рӯи даъвои мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ беэътибор дониста мешаванд.
БОБИ 3. МАҚОМОТИ ДАВЛАТИИ ЗИДДИИНҲИСОРӢ
Моддаи 21. Вазифаҳои мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ
- мусоидат ба рақобати солим;
- огоҳкунӣ, пешгирӣ, маҳдудкунӣ ва қатъ намудани фаъолияти инҳисорӣ ва рақобати бевиҷдонона;
- мусоидат ба ташаккули муносибатҳои бозорӣ дар асоси рушди рақобат ва соҳибкорӣ;
- назорати давлатӣ оид ба риояи қонунгузории зиддиинҳисории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- андешидани чораҳо оид ба ғайриинҳисорӣ кардани истеҳсол ва муомилоти мол;
- назорати риояи талаботи қонунгузории зиддиинҳисории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми таъсис, азнавташкилдиҳӣ ва барҳамдиҳии субъектҳои хоҷагидор ва иттиҳодияҳои онҳо;
- назорати хариди саҳмияҳо ва ҳиссаҳои дорои ҳуқуқи овозҳо дар сармояи оинномавии (шариконаи) субъектҳои хоҷагидор ва иттиҳодияҳои онҳо, ки метавонад ба мавқеи ҳукмфармоии субъектҳои хоҷагидор дар бозорҳои мол гарданд ё ба маҳдудияти рақобат оварда расонанд;
- ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба масъалаҳои такмили қонунгузории зиддиинҳисории Ҷумҳурии Тоҷикистон таклифҳо пешниҳод менамояд, оид ба лоиҳаи санадҳои қонунгузорӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба фаъолияти бозор ва рушди рақобат хулоса медиҳад;
- додани тавсияҳо ба мақомоти давлатӣ оид ба гузаронидани тадбирҳо барои рушди бозорҳои мол ва рақобат мусоидаткунанда;
- бо тартиби муқарраргардида амалӣ намудани ҳамкорӣ бо мақомоти давлатии давлатҳои хориҷӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ, иштирок дар таҳия ва татбиқи шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар кори комиссияҳои байниидоравӣ дар самти татбиқи барномаҳо, лоиҳаҳои байналмилалӣ оид ба масъалаҳои сиёсати зиддиинҳисорӣ.
Моддаи 22. Ваколатҳои мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ
- назорати давлатии риояи қонунгузории зиддиинҳисории Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шахсони хориҷӣ, соҳибкорони инфиродӣ, мақомоти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва дигар ташкилотҳои давлатие, ки ваколатҳои онҳоро амалӣ менамоянд, инчунин ташкилотҳои давлатии ғайрибуҷетӣ, ташкилотҳои молиявӣ амалӣ намояд;
- қарор (фармоиш) дар бораи эътироф намудани мавқеи ҳукмфармоии субъектҳои хоҷагидорро қабул намуда, тартиби ташаккул ва пешбурди Феҳристи субъектҳои хоҷагидоре, ки дар бозорҳои мол ва молиявӣ мавқеи ҳукмфармоиро доро мебошанд, муайян ва назорат намояд;
- дар баррасии парвандаҳои марбут ба истифода ва (ё) вайрон кардани қонунгузории зиддиинҳисории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар суд иштирок намояд;
- ба суд бо аризаи даъвогӣ дар бораи вайрон кардани қонунгузории зиддиинҳисории Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат намояд;
- дар воситаҳои ахбори омма қарор ва амрномаи мақомоти давлатии зиддиинҳисориро нашр намояд;
- ба мақомоти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот оид ба гузаронидани чорабиниҳое, ки ба рушди рақобат дар бозорҳои мол равона гардидаанд, тавсияҳо диҳад;
- бо мақомоти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва тибқи тартиби муқарраргардида бо ташкилотҳои байналмилалӣ, мақомоти давлатии давлатҳои хориҷӣ дар доираи ваколати худ мубодилаи иттилоотӣ анҷом диҳад;
- мониторинги бозори молро гузаронида, вазъи рақобатро дар бозорҳои мол таҳлил ва арзёбӣ намояд;
- назорати давлатиро аз рӯи тартиби дурустии ташаккул ва татбиқи нарху тарифҳои озод ба маҳсулоти таъйиноти истеҳсолию техникӣ, молҳои истеъмолии халқ ва хизматрасониҳо дар бозори танзимшаванда амалӣ намояд;
- санҷиши риояи қонунгузории зиддиинҳисории Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз ҷониби субъектҳои хоҷагидор, мақомоти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, инчунин шахсони воқеӣ гузаронида, аз онҳо бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуҷҷати зарурӣ, иттилоот ва тавзеҳотро дар шакли хаттӣ ва шифоҳӣ гирад;
- бо мақсади иҷрои вазифаҳои ба зиммааш гузошташуда Тавсияҳои методӣ оид ба муайян кардани навъи шартномаҳо, Тартиби муайянсозии нархҳои (тарифҳои) субъектҳои хоҷагидор ё сатҳи ниҳоиашонро, ки дар бозори молии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи ҳукмфармо доранд, Низомнома дар бораи тартиби танзими нарх ба маҳсулот ва молҳои тайёркарда, хизматрасонии анҷомдодаи субъектҳои хоҷагидор – доминантҳо ва инҳисорон, Қоидаҳои тартиби гузаронидани санҷиши риояи қонунгузории зиддиинҳисории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби мақомоти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва ташкилотҳои ваколатдори мақомоти зикршуда анҷом дода мешавад, Низомномаи тартиби ба мақомоти зиддиинҳисорӣ пешниҳод намудани дархосту огоҳинома тибқи талаботи моддаҳои 25 ва 26 Қонуни мазкур, Қоидаҳои муайян намудани мавқеи ҳукмфармоии субъекти хоҷагидор, Тартиби муайян намудани нархҳои баланди инҳисорӣ ва пасти инҳисорӣ дар бозорҳои хизматрасонии молиявии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳия ва тасдиқ намояд;
- Низомномаи тартиби ташаккул ва татбиқи нарху тарифҳои озод ба маҳсулоти таъйиноти истеҳсолию техникӣ, молҳои истеъмоли халқ ва хизматрасониҳоро ҷиҳати тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намояд;
- назорати давлатии зиддиинҳисориро аз рӯи муносибатҳои вобаста ба фаъолияти инҳисорӣ ва рақобати бевиҷдонона дар бозори мол, кор ва хизматрасонӣ амалӣ намояд;
- нархҳои (тарифҳои) хизматрасонии пулакии мақомоти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва субъектҳои хоҷагидори ба доираи идоракунии онҳо дохилбударо мувофиқа намояд;
- бо мақсади огоҳкунӣ, пешгирӣ ва қатъ намудани инҳисорикунонӣ, маҳдудсозӣ ва ҷорӣ намудани рақобат ҳангоми хусусигардонии корхонаҳо ва ташкилотҳои давлатӣ иштирок намояд;
- нархҳои (тарифҳои) хизматрасонии субъектҳои хоҷагидорро, ки дар бозорҳои моли муайяни Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи ҳукмфармо ва инҳисориро ишғол мекунанд, танзим ва мувофиқа намояд;
- бо тартиби муқарраргардида дар хусуси вуҷуд доштан ё надоштани маҳдудияти рақобат дар бозори мол ҳангоми татбиқ, тағйир додан ва қатъ гардидани амали тарифи гумрукӣ ва дар бораи ҷорӣ кардани чораҳои ғайритарифӣ хулоса диҳад;
- оид ба ҷарима намудани субъектҳои хоҷагидор, таъйин намудани ҷазои маъмурӣ ба роҳбарони онҳо, шахсони воқеӣ, аз ҷумла соҳибкорони инфиродӣ, шахсони мансабдори мақомоти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот барои вайрон кардани қонунгузории зиддиинҳисории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба истиснои ҳолатҳои вайрон кардани тартиботи муқарраргардидаи нархгузорӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи монополияҳои табиӣ қарор қабул кунад;
- ба мақомоти дахлдори давлатӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оид ба муқаррар ё бекор намудани иҷозатномаҳо, квотаҳо, тағйир додани тарифҳои гумрукӣ ва дигар намуди ёрии давлатӣ таклифҳо пешниҳод намояд;
- масъалаҳои татбиқи қонунгузории зиддиинҳисории Ҷумҳурии Тоҷикистонро шарҳ диҳад;
- дар ҳолате, ки мақомоти давлатӣ вазифаҳои назоратӣ ва санҷиширо дар бозорҳои мол амалӣ кунанд, мақомоти зиддиинҳисорӣ дар хусуси ба қонунгузории зиддиинҳисории Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ гардонидани санадҳо ва амали чунин мақомот пешниҳод ирсол намояд;
- бо мақсади огоҳкунӣ, пешгирии рақобати бевиҷдонона ва таъмини рақобат ҳангоми хусусигардонии корхона ва ташкилотҳои давлатӣ иштирок намояд;
- амалӣ намудани дигар ваколатҳое, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудаанд.
- дар бораи қатъ намудани амали мувофиқашуда ва (ё) қатъ намудани иштирок дар созишномаи маҳдудкунандаи рақобат ва қатъ кардани суиистифодабарии субъекти хоҷагидори дорои мавқеи ҳукмфармоӣ дар бозор, инчунин иҷрои амале, ки ба таъмин намудани рақобат нигаронида шудааст;
- дар бораи қатъ намудани вайрон кардани қоидаҳои ғайритабъизии дастрасӣ ба молҳо (кор, хизматрасонӣ);
- дар бораи анҷом додани амал оид ба таъмини рақобат ҳангоми назорати давлатӣ, ки дар Қонуни мазкур пешбинӣ шудааст;
- дар бораи қатъ кардани рақобати бевиҷдонона;
- дар бораи роҳ надодан ба амале, ки ба вайрон кардани рақобат ва қонунгузории зиддиинҳисории Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳдид менамояд;
- дар бораи барқарор кардани вазъе, ки то вайрон кардани қонунгузории зиддиинҳисории Ҷумҳурии Тоҷикистон мавҷуд буд;
- дар бораи иҷрои амале, ки ба таъмини рақобат ҳангоми анҷом додани назорате, ки ба расонидани ёрии давлатӣ ва маҳаллӣ нигаронида шудааст;
- дар бораи бастани шартномаҳо;
- дар хусуси тағйир додани шартҳои шартномаҳо ё бекор кардани онҳо;
- дар бораи дигар кардан ё маҳдуд намудани истифодаи номи фирмавӣ;
- дар бораи иҷрои талаботи иқтисодӣ, техникӣ, иттилоотӣ ва дигар талаботе, ки ба рафъ ва огоҳонии минбаъд ба миён наомадани шароитҳои табъизӣ нигаронида шудааст;
- дар бораи иҷрои амале, ки ба таъмин намудани рақобат нигаронида шудааст;
- дар бораи қатъ намудани вайрон кардани қонунгузории зиддиинҳисории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва рафъи оқибатҳои он.
- дар бораи бекор кардан ё тағйир додани санадҳои қабулнамудаашон, ки ба қонунгузории зиддиинҳисории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат менамоянд;
- дар бораи бекор кардан ё тағйир додани шартномаҳое, ки ба қонунгузории зиддиинҳисории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат мекунанд;
- дар бораи беэътибор донистани санадҳои меъёрии ҳуқуқии мақомоти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ки пурра ё қисман ба қонунгузории зиддиинҳисории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат менамоянд;
- дар бораи беэътибор донистани шартномаҳо, ки пурра ё қисман ба қонунгузории зиддиинҳисории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат менамоянд;
- дар бораи ҳатман бастани шартнома;
- дар бораи барҳамдиҳӣ ё азнавташкилдиҳии шахсони ҳуқуқӣ дар ҳолатҳои муайяннамудаи қонунгузории зиддиинҳисории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- дар бораи андешидани чораҳои зарурӣ нисбати шахсоне, ки ба вайрон кардани қонунгузории зиддиинҳисорӣ роҳ додаанд;
- дар бораи беэътибор донистани савдоҳо (озмунҳо);
- дар бораи азнавташкилдиҳии маҷбурии шахсони ҳуқуқӣ (дар шакли тақсимкунӣ, ҷудокунӣ), ки қонунгузории зиддиинҳисории Ҷумҳурии Тоҷикистонро вайрон мекунанд;
- дар бораи қатъ намудани дигар вайронкуниҳои қонунгузории зиддиинҳисории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- додани қарзи имтиёзнок ба субъектҳои хоҷагидоре, ки маротибаи аввал ба бозори моли муайян дохил мешаванд;
- ташкил ва инкишофи сохторҳои ба ҳам монанд дар соҳаҳои истеҳсолот ва муомилот, аз ҷумла аз ҳисоби маблағҳои қарзӣ;
- маблағгузории чорабиниҳо оид ба зиёд кардани истеҳсоли мол бо мақсади бартараф намудани мавқеи ҳукмфармоии субъектҳои хоҷагидори алоҳида;
- ҷалби сармояи хориҷӣ ба иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкили корхонаҳо бо сармоягузории хориҷӣ.
Моддаи 23. Ҳуқуқи дастрас намудани иттилоот
- ҳисоботи молиявӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявӣ аз рӯи натиҷаҳои солона то 1 майи соли оянда;
- ҳар семоҳа маълумот аз рӯи шакли муқаррарнамудаи мақомоти зиддиинҳисорӣ оид ба навъи маҳсулоти инҳисорӣ аз рӯи ҳаҷми истеҳсол, фурӯш, нарх ва дараҷаи даромаднокии молҳои инҳисорӣ баъд аз семоҳаи ҳисоботӣ дар муҳлати то санаи 15 моҳи оянда.
БОБИ 4. НАЗОРАТИ ДАВЛАТӢ АЗ РӮИ
МУТАМАРКАЗИЯТИ (КОНСЕНТРАТСИЯИ) ИҚТИСОДӢ
Моддаи 24. Намудҳои назорати давлатӣ аз рӯи мутамарказияти (консентратсияи) иқтисодӣ
- таъсис, азнавташкилдиҳии (муттаҳидшавӣ, ҳамроҳшавии) шахсони ҳуқуқӣ, субъектҳои хоҷагидор ва иттиҳодияҳои онҳо;
- ба даст овардани саҳмияҳо ва ҳиссаҳои дорои ҳуқуқи овози субъекти хоҷагидор;
- ба даст овардани саҳмияҳо ва ҳиссаҳои субъекти хоҷагидор;
- аз тарафи як субъекти хоҷагидор (гурӯҳи шахсон) ба соҳибмулкӣ гирифтан, истифода намудан ва ё ихтиёрдорӣ намудани воситаҳои асосии истеҳсолот ва ё дороиҳои ғайримоддии дигар субъекти хоҷагидор;
- аз ҷониби шахс (гурӯҳи шахсон) ба даст овардани ҳуқуқе, ки ба субъекти хоҷагидор имконият медиҳад шароити амалӣ гардонидани фаъолияти соҳибкории ҳамин шахсро (гурӯҳи шахсонро) муайян намояд ё вазифаи мақомоти идоракунии онро дар ҳудуди давлат ва берун аз он иҷро кунад.
Моддаи 25. Назорати давлатии таъсисдиҳӣ, азнавташкилдиҳӣ, барҳамдиҳии субъектҳои хоҷагидор ва иттиҳодияҳои онҳо
- таъсис ва азнавташкилдиҳии иттиҳодияҳои субъектҳои хоҷагидор;
- таъсис ва азнавташкилдиҳии субъектҳои хоҷагидор, агар андозаи арзиши сармояи оинномавии онҳо аз панҷоҳ ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо бештар бошад;
- муттаҳидшавии шахси ҳуқуқӣ ё ҳамроҳ шудани шахси ҳуқуқӣ ба дигар шахси ҳуқуқӣ, агар арзиши умумии тавозунии дороиҳои онҳо (дороиҳои гурӯҳи шахсони онҳо) мувофиқи тавозуни охирин аз сад ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо бештар бошад;
- таъсиси шахси ҳуқуқӣ ҳангоми пардохти сармояи оинномавии (шариконаи) он бо саҳмияҳо ва ҳиссаҳо ё молумулки дигар шахси ҳуқуқӣ;
- ба даст овардани саҳмияҳо ва ҳиссаҳои дорои ҳуқуқи овоз дар сармояи оинномавии (шариконаи) субъектҳои хоҷагидор;
- барҳамдиҳӣ ва тақсимкунии (ҷудокунии) шахси ҳуқуқӣ, ки арзиши дороиҳояш аз бисту панҷ ҳазор нишондиҳанда барои ҳисобҳо зиёд аст, агар ин боиси ташкил шудани шахси ҳуқуқие гардад, ки дар бозори мол мавқеи ҳукмфармоиро дорад.
Моддаи 26. Назорати давлатии риояи қонунгузории зиддиинҳисории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми хариди саҳмияҳо ва ҳиссаҳо дар сармояи оинномавии (шариконаи) субъектҳои хоҷагидор ва дигар мавридҳо
- аз тарафи шахс (гурӯҳи шахсон) харид кардани саҳмияҳо ва ҳиссаҳои дорои ҳуқуқи овоз дар сармояи оинномавии (шариконаи) субъекти хоҷагидор, ки дар натиҷа чунин шахс (гурӯҳи шахсон) ҳуқуқи ихтиёрдории бештар аз бист фоизи саҳмияҳо ва ҳиссаҳои харидоришударо пайдо мекунад. Талаботи мазкур ба муассисони субъекти хоҷагидор ҳангоми таъсиси он татбиқ намегардад;
- аз тарафи як субъекти хоҷагидор (гурӯҳи шахсон) соҳиб шудан ба воситаҳои асосии истеҳсолот ё дороиҳои ғайримоддии субъекти хоҷагидори дигар ё мавриди истифода қарор гирифтани онҳо, агар арзиши тавозунии молу мулки ташкилдиҳандаи мавзӯи аҳд аз даҳ фоизи арзиши тавозуни воситаҳои асосии истеҳсолот ва дороиҳои ғайримоддии субъекти хоҷагидори ҷудокунандаи молу мулк зиёд бошад;
- аз тарафи шахс (гурӯҳи шахсон) ба даст овардани ҳуқуқе, ки ба субъекти хоҷагидор имконият медиҳад, шароити амалӣ гардонидани фаъолияти соҳибкории ҳамин шахсро (гурӯҳи шахсонро) муайян намояд ё вазифаи мақомоти идоракунии онро иҷро кунад.
Моддаи 27. Азнавташкилдиҳии (тақсимкунӣ ё ҷудокунии) субъектҳои хоҷагидор, ки фаъолияти соҳибкориро амалӣ мегардонанд
- имконияти мустақилии ташкилӣ ва ҳудудии воҳидҳои сохтории он;
- байни воҳидҳои сохтории он мавҷуд набудани робитаи мутақобилии технологӣ, аз ҷумла, агар ҳаҷми маҳсулоти (кор, хизматрасонии) воҳиди сохторӣ, ки ҳамин шахси ҳуқуқӣ истеъмол мекунад, аз сӣ фоизи ҳаҷми умумии маҳсулоти истеҳсолкардаи (кор, хизматрасонии) воҳиди сохтории мазкур зиёд набошад;
- дар натиҷаи азнавташкилдиҳӣ имконияти мустақилона фаъолият доштани шахси ҳуқуқӣ дар бозори моли муайян.
БОБИ 5. ИҶРОИ ФАРМОИШИ (ҚАРОР ВА АМРНОМАИ) МАҚОМОТИ ДАВЛАТИИ ЗИДДИИНҲИСОРӢ
ВА ТАРТИБИ ШИКОЯТ НИСБАТИ ОН
Моддаи 28. Иҷрои ҳатмии фармоиши (қарор ва амрномаи) мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ
Дар ҳолати вайрон кардани қонунгузории зиддиинҳисории Ҷумҳурии Тоҷикистон субъектҳои хоҷагидор (роҳбарони онҳо), мақомоти давлатӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот (шахсони мансабдори онҳо), шахсони воқеӣ, аз ҷумла соҳибкорони инфиродӣ уҳдадоранд, мувофиқи фармоиши (қарор ва амрномаи) мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ ба амали ғайриқонунӣ хотима диҳанд, мавқеи аввалро барқарор намоянд, шартномаро бекор намоянд ё ба он тағйирот ворид намоянд, бо дигар субъектҳои хоҷагидор шартнома банданд, санади ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон номувофиқро бекор кунанд, фоидаи дар натиҷаи ҳуқуқвайронкуниҳо ба даст омадаро ба буҷет ворид кунанд ва дигар амалҳоеро, ки дар фармоиши (қарор ва амрнома) зикр ёфтаанд, иҷро намоянд.
Моддаи 29. Тартиби шикоят кардан нисбати фармоиши (қарор ва амрномаи) мақомоти давлатии зиддиинҳисорӣ
БОБИ 6. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
Моддаи 30. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Моддаи 31. Дар бораи аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рақобат ва маҳдудкунии фаъолияти инҳисорӣ дар бозорҳои мол»
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 июли соли 2006 «Дар бораи рақобат ва маҳдудкунии фаъолияти инҳисорӣ дар бозорҳои мол» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2006, №7, мод. 346; с. 2008, №10, мод. 811; с. 2012, №12, қ. 1, мод. 1007; с. 2015, №3, мод. 217) аз эътибор соқит дониста шавад.
Моддаи 32. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе
30 майи соли 2017
№ 1417
ҚАРОРИ
Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи рақобат»
Мутобиқи моддаи 60 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Раиси Маҷлиси намояндагони
Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе, 1 феврали соли 2017, № 686
ҚАРОРИ
Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Оид ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Дар бораи ҳимояи рақобат»
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи рақобат»-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи рақобат» ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси Маҷлиси миллии
Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон М. УБАЙДУЛЛОЕВ
ш. Душанбе, 18 майи соли 2017, № 383