ҚОНУНИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН 

ДАР БОРАИ КУМАКҲОИ УНВОНИИ ИҶТИМОӢ

 

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2017, № 1-2, мод. 19)

 

Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ, молиявӣ ва ташкилии расонидани кумакҳои унвонии иҷтимоиро ба шаҳрвандон (оилаҳо)-и камбизоати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намуда, барои беҳтар намудани вазъи иҷтимоии онҳо равона шудааст.

 

БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

 

Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ

Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:

- кумакҳои унвонии иҷтимоӣ - ба шаҳрвандон (оилаҳо)-и камбизоат расонидани кумакҳои пулӣ ё моддӣ;

- меъёри эҳтиёҷот - аз ҳадди ниҳоии муқарраршуда паст будани индекси сатҳи некуаҳволии шаҳрванд (оила);

- шаҳрвандон (оилаҳо) -и камбизоат - шаҳрвандон (оилаҳо) - е, ки бо тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон камбизоат эътироф шудаанд;

- вазъияти душвори зиндагӣ - ҳолате, ки вазъи зиндагии муқаррарии шаҳрванд (оила)-ро  халалдор намуда, ҳалли мушкилоти онро душвор гардонидааст;

- феҳристи кумакҳои унвонии иҷтимоӣ - махзани маълумоти автоматонидашуда дар бораи шаҳрвандон (оилаҳо)-и камбизоат дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷониби воҳиди сохтории мақомоти ваколатдори давлатӣ ташкил карда мешавад, дорои иттилоот дар бораи аризаҳо, таъйини кумакҳои унвонии иҷтимоӣ ва маълумоти дигар дар бораи кумакҳои иҷтимоӣ мебошад.

 

Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи кумакҳои унвонии иҷтимоӣ

Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи кумакҳои унвонии иҷтимоӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад.

 

Моддаи 3. Мақсади расонидани кумакҳои унвонии иҷтимоӣ

Мақсади расонидани кумакҳои унвонии иҷтимоӣ иборат аст аз:

- мусоидат намудан ба коҳиш додани вазъияти душвори зиндагӣ ва дастгирии шаҳрвандон (оилаҳо)-и камбизоат, ки даромади ҳадди ақаллашон аз меъёри эҳтиёҷот пасттар мебошад;

- муҳайё намудани шароите, ки ба шаҳрвандон (оилаҳо)-и камбизоат имконияти баланд бардоштани сатҳи зиндагиашонро фароҳам меорад;

- таҳкими дастгирии иҷтимоии шаҳрвандон (оилаҳо)-и камбизоат;

- коҳиш додани сатҳи камбизоатии аҳолӣ;

- истифодаи самараноки маблағҳои буҷетӣ ва ғайрибуҷетӣ.

 

Моддаи 4. Принсипҳои асосии кумакҳои унвонии иҷтимоӣ

Принсипҳои асосии кумакҳои унвонии иҷтимоӣ инҳоянд:

- дастрасии кумакҳои унвонии иҷтимоӣ ба шаҳрвандон (оилаҳо)-и камбизоат;

- ба эътибор гирифтани муроҷиати шаҳрвандон (оилаҳо)-и камбизоат ва муайян намудани эҳтиёҷоти онҳо барои гирифтани кумакҳои унвонии иҷтимоӣ;

- давра ба давра баровардани шаҳрвандон (оилаҳо)-и камбизоат аз сатҳи камбизоатӣ;   

- истифодаи мақсадноки маблағҳои пешбинигардида бо роҳи тақсимоти онҳо ба манфиати шаҳрвандон (оилаҳо)-и камбизоат.

 

Моддаи 5. Маблағгузории кумакҳои унвонии иҷтимоӣ

Маблағгузории хароҷот оид ба расонидани кумакҳои унвонии иҷтимоӣ аз ҳисоби маблағҳои пешбининамудаи буҷети давлатӣ ва сарчашмаҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, амалӣ карда мешавад.

 

Моддаи 6. Ҳуқуқ ба гирифтани кумакҳои унвонии иҷтимоӣ

  1. Шаҳрвандон (оилаҳо)-и камбизоат, ки даромади ҳадди ақаллашон аз меъёри эҳтиёҷот пасттар мебошад, ба гирифтани кумакҳои унвонии иҷтимоӣ ҳуқуқ доранд.
  2. Ҳангоми муайян кардани ҳуқуқ ба расонидани кумакҳои унвонии иҷтимоӣ шахсони зерин аз ҳайати оила ба назар гирифта намешаванд:

- шахсоне, ки дар таъминоти пурраи давлат мебошанд;

- шахсоне, ки хизмати ҳарбиро адо мекунанд;

- шахсоне, ки ҷазоро дар муассисаҳои ислоҳӣ адо менамоянд.

 

БОБИ 2. ВАКОЛАТҲОИ МАҚОМОТИ ҲОКИМИЯТИ

ДАВЛАТӢ ДАР САМТИ  РАСОНИДАНИ КУМАКҲОИ

УНВОНИИ ИҶТИМОӢ

 

Моддаи 7. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти расонидани кумакҳои

                      унвонии иҷтимоӣ

Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти расонидани кумакҳои унвонии иҷтимоӣ:

- сиёсати давлатиро дар самти расонидани кумакҳои унвонии иҷтимоӣ амалӣ менамояд;

- мақоми ваколатдори давлатиро дар самти расонидани кумакҳои унвонии иҷтимоӣ муайян менамояд;

- тартиби баррасии муроҷиатҳо, андоза, таъйин ва расонидани кумакҳои унвонии иҷтимоиро муайян менамояд;

- меъёри эҳтиёҷот ва тартиби муайян намудани шаҳрвандон (оилаҳо)-и камбизоат, инчунин рӯйхати шахсонеро, ки барои гирифтани кумакҳои унвонии иҷтимоӣ ҳуқуқ доранд, муқаррар мекунад;

- санадҳои меъёрии ҳуқуқиро дар самти расонидани кумакҳои унвонии иҷтимоӣ қабул ва тасдиқ менамояд;

- дигар салоҳиятҳоеро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, амалӣ менамояд.

 

Моддаи 8. Ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар самти расонидани кумакҳои

                     унвонии иҷтимоӣ

   Мақоми ваколатдори давлатӣ дар самти расонидани кумакҳои унвонии иҷтимоӣ ваколатҳои зеринро дорад:

- сиёсати давлатиро дар самти расонидани кумакҳои унвонии иҷтимоӣ татбиқ менамояд;

- шакл ва намудҳои ҳуҷҷатҳои заруриро оид ба расонидани кумакҳои унвонии иҷтимоӣ муқаррар мекунад;

- қарорҳои дахлдорро оид ба расонидани кумакҳои унвонии иҷтимоӣ қабул мекунад;

- феҳристи кумакҳои унвонии иҷтимоиро пеш мебарад;

- дигар ваколатҳои муайяннамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро амалӣ менамояд.

 

Моддаи 9. Ваколатҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти

                    худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар самти расонидани кумакҳои

                    унвонии иҷтимоӣ

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ваколатҳои худ тадбирҳоро оид ба расонидани кумакҳои унвонии иҷтимоӣ амалӣ менамоянд.

 

БОБИ 3. ТАРТИБИ МУРОҶИАТ ВА ШАКЛҲОИ

КУМАКҲОИ УНВОНИИ ИҶТИМОӢ

 

Моддаи 10. Муроҷиат барои гирифтани кумакҳои унвонии иҷтимоӣ

  1. Муроҷиат барои гирифтани кумакҳои унвонии иҷтимоӣ дар шакли хаттӣ аз тарафи шаҳрванд ва ё аз номи оилаи ӯ, мақомоти васояту парасторӣ, дигар намояндаи қонунии шаҳрванд ба шуъбаю бахшҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ барои расонидани кумакҳои унвонии иҷтимоӣ дар ҷойи истиқомат пешниҳод карда мешавад.
  2. Шакли ариза ва ҳуҷҷатҳои дигари зарурӣ барои гирифтани кумакҳои унвонии иҷтимоӣ аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ муқаррар карда мешавад.

 

Моддаи 11. Шаклҳои кумакҳои унвонии иҷтимоӣ

  1. Кумакҳои унвонии иҷтимоӣ дар шаклҳои зерин расонида мешаванд:

- кумаки пулӣ;

- кумаки моддӣ.

  1. Кумаки пулӣ ба андозаи умумӣ бо назардошти аъзои оилаҳои камбизоат, ки ба гирифтани кумаки пулӣ ҳуқуқ доранд, бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ таъйин карда мешавад.
  2. Дар ҳолати зиндагии якҷояи якчанд оила, ки даромади оилавии алоҳида доранд, кумаки пулӣ ба ҳар оила дар алоҳидагӣ таъйин карда мешавад.
  3. Кумаки моддӣ ба шаҳрвандон (оилаҳо)-и камбизоат бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ расонида мешавад.
  4. Кумаки моддӣ ба шаҳрвандон (оилаҳо)-и камбизоат бо назардошти эҳтиёҷоти онҳо дар намуди сӯзишворӣ, маҳсулоти хӯрокворӣ, доруворӣ, либос, пойафзол, маводи санитарию гигиенӣ, дигар ашёи зарурии аввалиндараҷа, ки аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ харидорӣ мешаванд, пурра ё қисман пардохт намудани ҳаққи хизматрасониҳои манзилию коммуналӣ ва дигар намуди хизматрасониҳо пешниҳод карда мешавад.
  5. Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ метавонанд кумакҳои моддии дар қисми 5 моддаи мазкур пешбинигардидаро ба шаҳрвандон (оилаҳо)-и камбизоат расонанд.

 

БОБИ 4. ТАРТИБИ ТАЪЙИН ВА ҚАТЪ НАМУДАНИ

КУМАКҲОИ УНВОНИИ ИҶТИМОӢ

 

Моддаи 12. Таъйин кардани кумакҳои унвонии иҷтимоӣ

 Кумакҳои унвонии иҷтимоӣ ба шаҳрвандон (оилаҳо)-и камбизоат бо қарори мақоми ваколатдори давлатӣ таъйин карда мешаванд.

 

Моддаи 13. Индикаторҳое, ки ҳангоми муайян намудани сатҳи некуаҳволии шаҳрвандон

                       (оилаҳо)-и камбизоат ба ҳисоб гирифта мешаванд

  1. Барои муайян намудани сатҳи некуаҳволии шаҳрвандон (оилаҳо)-и камбизоат индикаторҳои асосии зерин ба ҳисоб гирифта мешаванд:

- ҳайати оила, вазъи иҷтимоӣ ва сатҳи маълумотнокии сардори оила, теъдоди маъюбон,  ноболиғон ва дигар аъзои ғайриқобили меҳнат дар оила;

- даромади пулию молии шаҳрвандон (оилаҳо)-и камбизоат;

- моликияти шаҳрвандон (оилаҳо)-и камбизоат;

- ҳолати манзили истиқоматӣ;

- қитъаи замини наздиҳавлигӣ ва заминҳои дигари дар ихтиёри оила қарордошта;

- шумора ва намудҳои чорвои шаҳрвандон (оилаҳо)-и камбизоат;

- дигар индикаторҳое, ки бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ барои муайян намудани сатҳи некуаҳволии шаҳрвандон (оилаҳо)-и камбизоат заруранд.

  1. Индикаторҳои муайян намудани сатҳи некуаҳволии шаҳрвандон (оилаҳо)-и камбизоат вобаста ба хусусиятҳои ҷуғрофӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии минтақаҳои ҷумҳурӣ тағйир ёфта метавонанд.

 

Моддаи 14. Давраҳои таъйин намудани кумакҳои унвонии иҷтимоӣ

  1. Кумаки пулӣ аз рӯзи муроҷиат барои гирифтани кумаки мазкур таъйин карда мешавад, агар дар муддати як моҳ ҳуҷҷатҳои зарурӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардида бошанд.
  2. Кумакҳои унвонии иҷтимоӣ метавонанд дар тамоми давраи ҷорӣ гардидани низоми кумакҳои унвонии иҷтимоӣ таъйин карда шаванд.

 

Моддаи 15. Азнавҳисобкунии андозаи кумаки пулӣ

Азнавҳисобкунии андозаи кумаки пулӣ дар ҳолатҳои зерин гузаронда мешавад:

- тағйир ёфтани даромади оила;

- тағйир ёфтани ҳайати оила;

- зиёдшавии меъёри эҳтиёҷот;

- дигар ҳолатҳое, ки барои азнавҳисобкунии андозаи кумак асос шуда метавонанд.

 

Моддаи 16. Асосҳои қатъ намудани кумакҳои унвонии иҷтимоӣ

 Кумакҳои унвонии иҷтимоӣ бо асосҳои зерин қатъ карда мешаванд:

- аз ҷониби шаҳрванд (оила)-и камбизоат рад кардани кумакҳои унвонии иҷтимоӣ;

- аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ ошкор гардидани далели нодурустии маълумоти пешниҳодшуда дар бораи даромадҳо, молу мулк, ҳайати оила ва маълумотҳои дигаре, ки барои пешниҳод намудани кумакҳои унвонии иҷтимоӣ зарур мебошанд;

- вафоти шахси танҳои гирандаи кумакҳои унвонии иҷтимоӣ;

- дигар ҳолатҳои пешбининамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

 

Моддаи 17. Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои кормандони мақомоти ваколатдори давлатӣ ҷиҳати

                       қабули қарор дар бораи расонидани  кумакҳои унвонии иҷтимоӣ

  1. Кормандони мақомоти ваколатдори давлатӣ ҳангоми баррасии ҳуҷҷатҳо ҷиҳати қабули қарор дар бораи расонидани кумакҳои унвонии иҷтимоӣ ҳуқуқ доранд:

- ҳуҷҷатҳои заруриро барои пешниҳоди кумакҳои унвонии иҷтимоӣ талаб намоянд;

- бо аризадиҳанда суҳбату вохӯриҳо гузаронанд;

- барои муайян кардани ҳайат ва дараҷаи эҳтиёҷоти оилавӣ бо роҳи пурсиши аризадиҳанда, хешовандон,  дигар аъзои оила, ки якҷоя зиндагонӣ мекунанд ва ҳамсояҳо таҳқиқот гузаронанд;

- иттилоот ва маълумотномаҳои заруриро аз  мақомоти дахлдор талаб намоянд;

- дурустӣ ва асоснокии маълумотнома ва дигар ҳуҷҷатҳоро барои таъйин намудани кумакҳои унвонии иҷтимоӣ дар ташкилотҳо, новобаста ба шакли ташкилию ҳуқуқиашон, санҷанд.

  1. Кормандони мақомоти ваколатдори давлатӣ ҳангоми қабули ҳуҷҷатҳо уҳдадоранд:

- дурустии ба расмият даровардани ариза, мутобиқати мундариҷаи маълумоти он бо ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда ва мавҷудияти ҳуҷҷатҳои заруриро барои пешниҳоди кумакҳои унвонии иҷтимоӣ санҷанд;

- аризадиҳандаро дар бораи оқибатҳои пинҳонкунии пешниҳоди маълумоти носаҳеҳ, ки ҳуқуқ ба пешниҳоди кумакҳои унвонии иҷтимоӣ ва (ё) андозаи он аз онҳо вобаста аст, инчунин мақоми таъйинкунандаи кумакҳои унвонии иҷтимоиро дар бораи тағйироти ҳайати оила ва маҳалли бақайдгирӣ огоҳ намоянд.

  1. Мақоми ваколатдори давлатӣ уҳдадор аст, ки аз натиҷаи баррасии муроҷиатҳои шаҳрвандон (оилаҳо) барои гирифтани кумакҳои унвонии иҷтимоӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қарори қабулшуда ба таври хаттӣ ҷавоб ирсол намояд.

 

Моддаи 18. Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои шаҳрвандон (оилаҳо)-е, ки барои гирифтани кумакҳои

                       унвонии иҷтимоӣ муроҷиат намудаанд

  1. Шаҳрвандон (оилаҳо)-е, ки барои гирифтани кумакҳои унвонии иҷтимоӣ муроҷиат намудаанд, ҳуқуқ доранд дар бораи кумакҳои унвонии иҷтимоӣ маслиҳати ройгон гиранд.
  2. Гирандагони кумакҳои унвонии иҷтимоӣ уҳдадоранд:

- мақоми ваколатдори давлатиро дар бораи тағйироте, ки барои тағйирёбӣ, идомадиҳӣ ва қатъи пешниҳоди кумакҳои унвонии иҷтимоӣ ба онҳо (оилаи онҳо) асос шуда метавонанд (маълумот дар бораи ҳайати оила, бекор кардани маъюбӣ, даромадҳо, дигар маълумоте, ки ба андозаи кумакҳои унвонии иҷтимоӣ таъсир мерасонанд), дар муддати ду ҳафта пас аз санаи тағйироти мазкур хабардор намоянд;

- ҷиҳати мустақилона бартараф намудани вазъи душвори зиндагӣ имкониятҳоро истифода баранд.

 

БОБИ 5. ФЕҲРИСТИ КУМАКҲОИ УНВОНИИ ИҶТИМОӢ

 

Моддаи 19. Феҳристи кумакҳои унвонии иҷтимоӣ

  1. Бо мақсади баҳисобгирӣ, назорат оид ба дуруст ва сари вақт ба шаҳрвандон (оилаҳо) пешниҳод кардани кумаки унвонии иҷтимоӣ дар мақоми ваколатдори давлатӣ феҳристи кумакҳои унвонии иҷтимоӣ таъсис дода мешавад.
  2. Феҳристи кумакҳои унвонии иҷтимоӣ мувофиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттилоот» ташаккул ва истифода бурда мешавад.
  3. Феҳристи кумакҳои унвонии иҷтимоӣ аз иттилооти инфиродии аз аризадиҳандагон ва гирандагони кумакҳои унвонии иҷтимоӣ, инчунин аз маълумот ва махзани маълумоти дигар мақомоти ҳокимияти давлатӣ гирифташуда ташаккул дода мешавад.
  4. Таркиби иттилооти инфиродӣ дар бораи шаҳрвандон (оилаҳо) дар феҳристи кумакҳои унвонии иҷтимоӣ, тартиби пешбурди феҳристи кумакҳои унвонии иҷтимоӣ, муҳлат ва шакли ба он пешниҳод намудани маълумот ва истифода бурдани иттилоот дар феҳристи кумакҳои унвонии иҷтимоӣ нигоҳдошташуда аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ муқаррар карда мешавад.

 

БОБИ 6. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ

 

Моддаи 20. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур

Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.

 

Моддаи 21. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур

Қонуни мазкур аз 1 январи соли 2018 мавриди амал қарор дода шавад.

 

 

         Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                              Эмомалӣ Раҳмон

 

        ш. Душанбе

24 феврали соли 2017

              №1396