ҚОНУНИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ САНҶИШИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ ХОҶАГИДОР
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2015, №12, қ. 1, мод. 1115; Қонуни ҶТ аз 18.07.2017 с., №1459; аз 20.06.2019 с., №1624)
Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқии гузаронидани санҷиш, тартиб ва расмиёти ягонаи гузаронидани он, ҳуқуқу уҳдадориҳои субъектҳои хоҷагидор, шахсони мансабдори мақомоти санҷиширо муқаррар намуда, ба ҳифзи саломатӣ ва ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон, муҳити зист, амнияти миллӣ ва ҳимояи фаъолияти субъектҳои хоҷагидори санҷидашаванда, новобаста ба шакли моликияташон, равона карда шудааст.
БОБИ 1.
МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода бурда мешаванд:
- дафтари бақайдгирии санҷишҳо – дафтари бақайдгирии санҷишҳои фаъолияти субъектҳои хоҷагидор, ки дар он тибқи тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур маълумот оид ба ҳар як санҷиши гузаронидашуда сабт карда мешавад;
- мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор – мақоми иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ, ки барои татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи дастгирии соҳибкорӣ ваколатдор мебошад;
- мақомоти санҷишӣ – мақомоти давлатие, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои гузаронидани санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор, ки тибқи Қонуни мазкур пешбинӣ шудаанд, ваколатдор мебошад;
- меъёрҳои арзёбии дараҷаи таваккал – маҷмӯи нишондиҳандаҳои миқдорӣ ва (ё) сифатӣ вобаста ба фаъолияти субъектҳои хоҷагидор, ки мансуб донистани онҳоро ба дараҷаҳои гуногуни таваккал имконият медиҳад;
- объекти санҷиш – фаъолияти субъекти хоҷагидор, ки дорои дараҷаи муайяни таваккал мебошад;
- санҷиш - намуди фаъолияти мақомоти санҷишӣ оид ба омӯзиш, таҳлил, назорат ва муқоисаи фаъолияти субъекти хоҷагидор ба талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- субъектҳои хоҷагидор – шахсони ҳуқуқӣ (новобаста ба шакли моликият), аз ҷумла филиал ва намояндагиҳои шахсони ҳуқуқии хориҷӣ ва соҳибкорони инфиродие, ки фаъолияти соҳибкориро амалӣ менамоянд;
- таваккал – эҳтимолияти ба миён омадани оқибатҳои манфӣ ва андозаи тахминии зарар дар натиҷаи фаъолияти субъектҳои хоҷагидор;
- Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ – мақоми машваратии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишро таъмин менамояд.
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад. (ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1459)
Моддаи 3. Мақсади санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор
Моддаи 4. Доираи амали Қонуни мазкур
Моддаи 5. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор
Ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор мансубанд:
- иштирок дар таҳияи сиёсати давлатӣ дар соҳаи гузаронидани санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор;
- муайян намудани мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор;
- таъсиси Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ ва тасдиқи низомномаи он;
- тасдиқи қоидаҳои намунавии гузаронидани санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор;
- тасдиқи шакл ва тартиби истифодаи дафтари бақайдгирии санҷишҳо;
- тасдиқи қоидаҳои муайян намудани меъёрҳои арзёбии дараҷаи таваккали фаъолияти субъекти хоҷагидор;
- тасдиқи Кодекси одоби шахсони мансабдори мақомоти санҷишӣ;
- тасдиқи расмиёти ташкил, пур кардан ва пешбурди махзани ягона оид ба санҷишҳои гузаронидашуда ва низоми иттилоотии идоракунӣ;
- амалӣ намудани салоҳияти дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Моддаи 6. Ваколатҳои Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ
- роҳбарӣ ва ҳамоҳангсозии ислоҳоти низоми санҷиш барои афзун намудани самараи ҳифзи саломатии шаҳрвандон, молу мулк, муҳити зист, амнияти ҷомеа ва кам кардани сарборӣ барои субъектҳои хоҷагидор;
- мусоидат ба таъсис ва таҳкими инфрасохтори маъмурӣ, ки ба таъмини иҷрои мақсад ва вазифаҳои санҷиш зарур аст;
- ҳамоҳангсозии кор оид ба ташкили махзани ягонаи маълумот дар бораи санҷишҳо;
- таъмини риояи қоидаҳои гузаронидани санҷиш аз ҷониби мақомоти санҷишӣ;
- ҳамоҳангсозии нақшаҳои санҷиши мақомоти санҷишӣ бо мақсади роҳ надодан ба такроршавии санҷишҳо;
- тасдиқи меъёрҳои умумии арзёбии самара ва натиҷабахшии фаъолияти марбут ба санҷишҳои мақомоти санҷишӣ;
- баррасӣ ва тасдиқ намудани қоидаҳои умумии ҷамъ овардани маълумот ва таҳияи методологияи ягонаи арзёбии санҷишҳо;
- баррасии ҳисоботи солонаи мақомоти санҷишӣ бо арзёбии ҳарсолаи самара ва натиҷабахшии санҷишҳо ва муайян намудани тартиби интишори он дар воситаҳои ахбори омма;
- пешниҳоди таклифҳо ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи такмили мақомоти санҷишӣ ва муайян намудани мавзӯи санҷишҳо;
- амалӣ намудани ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва низомномаи Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ.
- аз мақомоти давлатӣ, ташкилотҳо ва дигар субъектҳои хоҷагидор оид ба санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор маълумоти заруриро талаб карда гирад;
- бо тартиби муқарраргардида дар бораи такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи санҷиш ва фаъолияти мақомоти санҷишӣ таклиф пешниҳод намояд;
- ҳисоботи шашмоҳа ва солонаро шунида, нақшаҳои солона ва тағйирот ба онҳоро маъқул шуморад;
- дигар ваколатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба санҷиш ва низомномаи Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷиширо иҷро намояд.
Моддаи 7. Ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор
Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор чунин ваколатҳоро амалӣ мегардонад:
- татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор;
- мониторинги санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор ва ба Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ пешниҳод намудани иттилооти ҳарсола аз рӯи натиҷаҳои он;
- натиҷагирӣ аз таҷрибаи гузаронидани санҷишҳои фаъолияти субъектҳои хоҷагидор, таҳия ва пешниҳоди таклифҳо оид ба такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор;
- пешбурди фаъолияти котиботи Шӯрои ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ;
- мусоидат ҷиҳати ҷорӣ намудани хатти алоқаи телефонии фаврӣ ва сомонаи дахлдор барои воридшавии шикоят нисбат ба мақомоти санҷишӣ;
- амалӣ намудани ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Моддаи 8. Қоидаҳои намунавии гузаронидани санҷишҳои фаъолияти субъектҳои хоҷагидор
- мавзӯи танзим, шумора ва доираи гузаронидани санҷишҳо;
- асосҳои ҳуқуқии гузаронидани санҷишҳо аз тарафи мақомоти санҷишӣ;
- ваколатҳои шахсони мансабдори мақомоти санҷишӣ;
- тартиби банақшагирӣ ва гузаронидани санҷишҳо;
- услуби тартибдиҳии санади санҷишӣ;
- расмиёт оид ба баррасии дохилиидоравии муроҷиати субъекти хоҷагидор;
- расмиёт ҷиҳати банақшагирӣ, пешниҳоди иттилоот ва машварат ба субъектҳои хоҷагидор;
- расмиёт оид ба арзёбии таваккали фаъолияти субъектҳои хоҷагидор ва тақсимоти онҳо аз рӯи дараҷаи таваккал;
- қоидаҳои рафтори кормандони мақомоти санҷишӣ;
- расмиёт оид ба баррасии муроҷиатҳо ва пешниҳоди иттилооти дигар аз ҷониби субъектҳои хоҷагидор;
- расмиёти интихоби намунаҳои маҳсулот, нигоҳдорӣ ва ҳамлу нақли он барои гузаронидани ташхис;
- ҷалби эксперт, ташкилоти экспертӣ барои гузаронидани санҷиши фаъолияти субъекти хоҷагидор.
Моддаи 9. Принсипҳои асосии гузаронидани санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор
Гузаронидани санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор ба принсипҳои зерин асос меёбад:
- қонуният, беғаразӣ ва ошкорбаёнӣ;
- пешгирӣ ва бартараф намудани ҳуқуқвайронкуниҳо;
- поквиҷдонии шахсони мансабдори мақомоти санҷишӣ ва субъекти хоҷагидор;
- ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии субъектҳои хоҷагидор;
- роҳ надодани дахолат ба фаъолияти субъектҳои хоҷагидор, ки ба мавзӯи санҷиш вобастагӣ надорад;
- даврияти гузаронидани санҷиш;
- нораво будани такроркунии санҷишу назорати идоравӣ ва байниидоравӣ ҳангоми гузаронидани санҷиш;
- ҳатмӣ будани маълумотдиҳӣ ба субъектҳои хоҷагидор аз ҷониби мақомоти санҷиш оид ба санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки шарту талаботи ҳатмиро пешбинӣ менамоянд ва риояи онҳо мавриди санҷиш қарор дода мешавад;
- ошкоро ва дастрас будани иттилоот оид ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои хоҷагидор;
- гузаронидани санҷиш бо риояи талаботи Қонуни мазкур танҳо дар минтақаи фаъолияти субъекти хоҷагидор;
- кам кардани сарборӣ нисбати субъекти хоҷагидор, ки бо санҷиши фаъолияти он алоқаманд аст ва таъмин намудани камкунии самараи таваккалҳо;
- пайвастагӣ ва фаврӣ будани гузаронидани санҷиш дар муҳлати муқарраргардида;
- уҳдадории мақомоти санҷишӣ оид ба асосноккунии амалҳои худ дар асоси дараҷаи таваккал.
Моддаи 10. Мақомоти санҷишӣ ва мавзӯи санҷишҳо
1) Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист:
- ҳифзи муҳити зист, назорати истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ.
2) Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи хоҷагии ҷангал, шикор ва ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда:
- назорати хоҷагии ҷангал, шикор, олами набототу ҳайвонот ва ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда.
3) Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меъморӣ ва сохтмон:
- меъморӣ ва сохтмон.
4) Мақоми ваколатдори давлатии назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кӯҳкорӣ:
- риояи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи истифодаи оқилона ва ҳифзи қаъри замин, геологияи кӯҳии техникӣ, муомилоти маводи таркандаи таъиноти гражданӣ, пешбурди бехатарии корҳо дар саноати кимиё ва металлургӣ, бехатарии иншооти борбардор, зарфҳои зери фишор коркунанда ва техникаи аттраксионӣ, иншооти истеҳсоли хатарнок, истифодаи бехатари иншооти газ.
5) Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи телевизион ва радио:
- пахши барномаҳои телевизионӣ ва радио;
- истеҳсол ва/ё интишори маводи овозӣ, визуалӣ, аудиовизуалӣ, инчунин интишори ахбори иловагӣ, дуюмбора ва намудҳои дигари ахбори омма.
6) Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи фаъолияти зиддиинҳисорӣ:
- ҳимоя ва рушди рақобат, пешгирӣ, маҳдудкунӣ, қатъи фаъолияти инҳисорӣ ва рақобати бевиҷдонона;
- танзими фаъолияти субъектҳои монополияҳои табиӣ;
- ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон;
- танзими фаъолияти рекламавӣ.
7) Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи оташнишонӣ:
- риояи қоидаҳои бехатарӣ аз сӯхтор.
8) Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи назорати иёргирӣ:
- истеҳсол, истихроҷ, коркард, истифода, нигоҳдорӣ ва баҳисобгирии металлҳои қиматбаҳо ва сангҳои қиматбаҳо.
(Банди 9 хориҷ карда шуд бо ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1459)
9) Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи назорати энергетикӣ: (ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1459)
- истифодаи оқилона ва босамари захираҳои гармию энергетикӣ;
- таъминоти реҷавӣ ва босифати истеъмолкунандагон бо захираҳои гармию энергетикӣ;
- ҳолати баҳисобгирии истеҳсол ва истифодаи қувваи барқу гармӣ;
- ҳолати техникии неругоҳҳои барқӣ, шабакаҳои барқӣ ва дастгоҳҳои барқию гармӣ, низоми истифодаи қувваи (неруи) барқу гармӣ;
- гузаронидани чорабиниҳои таъминкунандаи хизматрасонии бехатари дастгоҳҳои барқӣ ва истифодабарандаи гармӣ.
10) Мақоми ваколатдори давлатии назорат дар соҳаи бехатарии иншооти гидротехникӣ: (ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1459)
- риояи меъёр ва қоидаҳои бехатарии иншооти гидротехникӣ;
- риояи чораҳо ҷиҳати пешгирии садама ва осебёбии иншооти гидротехникӣ;
- ҳолати техникии иншооти гидротехникӣ;
- санҷиши иншооти гидротехникӣ бо мақсади мутобиқати онҳо ба эъломияҳои бехатарӣ.
11) Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи назорати давлатии тандурустй ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ:
– фаъолияти фармасевтй ва молҳои тиббӣ;
– ғизои кӯдакон ва маводи ороишӣ (косметикй);
– муомилоти қонунии маводи нашъадор, моддаҳои психотропй ва прекурсорҳои дар тиб истифодашаванда;
– фаъолияти тиббӣ;
– ҳифзи иҷтимоии аҳолй;
– риояи меъёрҳо ва қоидаҳои санитарию эпидемиологй. (ҚҶТ аз 20.06.19 с., №1624)
12) Мақоми ваколатдори давлатй дар соҳаи бехатарии озуқаворӣ:
– риояи қоидаҳои фитосанитарй ва карантини растаниҳо;
– фаъолияти байторӣ;
– пешбурди корҳои зотпарварӣ дар чорводорй, парандапарварй, моҳипарварӣ ва занбӯриасалпарварй;
– сифати тухмӣ ва парвариши ниҳолҳо. (ҚҶТ аз 20.06.19 с., №1624)
13) Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи авиатсияи гражданй:
– риояи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи авиатсияи гражданӣ. (ҚҶТ аз 20.06.19 с., №1624)
14) Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи стандартонӣ, метрология, сертификатсия ва нозироти савдо: (ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1459)
- стандартонӣ, метрология ва сертификатсия;
- риояи қоидаҳои савдо ва хӯроки умумӣ;
- бамеъёрдарории техникӣ;
- аккредитатсия.
15) Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи назорати техникаи кишоварзӣ: (ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1459)
- техникаи кишоварзӣ.
(Банди 16 хориҷ карда шуд бо ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1459)
16) Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ: (ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1459; аз 20.06.19 с., №1624)
- ҳифзи меҳнат;
- муҳоҷират;
- шуғли аҳолӣ.
(Банди 15 хориҷ карда шуд бо ҚҶТ аз 20.06.19 с., №1624)
17) Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи нақлиёт: (ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1459; аз 20.06.19 с., №1624)
- риояи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ, обӣ, роҳи оҳан, барқӣ, саноатӣ ва хоҷагии роҳ. (ҚҶТ аз 20.06.19 г., №1624)
(Банди 16 хориҷ карда шуд бо ҚҶТ аз 20.06.19 с., №1624)
18) Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи алоқа: (ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1459; аз 20.06.19 с., №1624)
- алоқаи барқӣ, алоқаи почта ва иттилоотонӣ.
(Банди 24 хориҷ карда шуд бо ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1459)
19) Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ: (ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1459; аз 20.06.19 с., №1624)
- назорати истифодаи амволи давлатӣ;
- риояи қоидаҳои пешбурди дафтари бақайдгирии санҷишҳо.
20) Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи маориф ва илм: (ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1459; аз 20.06.19 с., №1624)
- риояи раванди таълим ва тарбия дар асоси стандартҳои давлатии таҳсилот дар муассисаҳои таълимӣ;
- маблағгузории фаъолияти муассисаҳои таълиму тарбияи соҳаи маориф аз ҳисоби маблағи дар ихтиёрашон буда бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
21) Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи забон ва истилоҳот: (ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1459; аз 20.06.19 с., №1624)
- риояи қонунгузории забони давлатӣ.
22) Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи назорати маводи нашъаовар: (ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1459; аз 20.06.19 с., №1624)
- фаъолият вобаста ба парвариши растаниҳои нашъаовар бо мақсадҳои илмӣ, ҳамчунин тайёр кардани воситаҳои нашъадор ва моддаҳои психотропии нав;
- фаъолияти вобаста ба муомилоти қонунии воситаҳои нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо (таҳия, истеҳсол, тайёр кардан, коркард, нигоҳ доштан, интиқол, муросилот, додан, фурӯхтан, тақсим кардан, соҳиб шудан, истифода, воридот ва содирот).
23) Мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба танзими муносибатҳо вобаста ба замин, геодезия, бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он: (ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1459; аз 20.06.19 с., №1624))
- назорати давлатии истифода ва ҳифзи замин;
- назорати давлатии геодезӣ;
- бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он.
24) Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи омор: (ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1459; аз 20.06.19 с., №1624)
- дурустӣ ва эътимоднокии маълумоти оморӣ.
25) Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа: (ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1459; аз 20.06.19 с., №1624)
- истифодаи мақсадноки маблағи андози иҷтимоӣ;
- бақайдгирии давлатӣ дар мақомоти суғуртаи давлатии иҷтимоӣ;
- амалигардонии суғуртаи ҳатмии нафақавии касбӣ.
Моддаи 11. Меъёрҳои арзёбии дараҷаи таваккали фаъолияти субъектҳои хоҷагидор
БОБИ 2.
РАСМИЁТИ ГУЗАРОНИДАНИ САНҶИШИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТҲОИ ХОҶАГИДОР
Моддаи 12. Асос барои гузаронидани санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор
- сана ва рақами бақайдгирии қарор дар мақоми санҷишӣ;
- номи мақоми санҷише, ки дар бораи гузаронидани санҷиш қарор қабул намудааст;
- номи пурраи субъекти хоҷагидори санҷидашаванда ё насаб, ном, номи падари соҳибкори инфиродӣ;
- мавзӯъ, мақсад ва объекти мушаххаси санҷиш дар субъекти хоҷагидори мазкур;
- мансаб, насаб, ном, номи падари шахсони санҷишгузаронанда;
- сана ва давомнокии гузаронидани санҷиш;
- давраи санҷиш;
- имзои роҳбари мақоми санҷишӣ;
- муҳри мақоми санҷишӣ.
Моддаи 13. Дафтари бақайдгирии санҷишҳо
- асос барои санҷиши фаъолияти субъекти хоҷагидор, сана ва вақти оғоз ва анҷоми он;
- мавзӯъ ва мақсади санҷиш;
- намуди санҷиш;
- насаб, ном, номи падар, рақами шаҳодатномаи хизматӣ, номи мақоме, ки шаҳодатномаро додааст (муҳлати эътибори шаҳодатнома);
- ҳангоми иштироки мутахассиси даъватшуда дар гузаронидани санҷиш насаб, ном, номи падар, инчунин рақами шаҳодатномаи хизматӣ, номи ташкилоте, ки намояндаи он мебошад ва дар сурати мутахассиси мустақил будани ӯ, рақами шаҳодатномаи хизматӣ ва агар фаъолияти мутахассиси даъватшуда бо тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳури Тоҷикистон тибқи иҷозатнома ба роҳ монда шавад, рақами иҷозатнома, номи мақоме, ки иҷозатномаро додааст ва мӯҳлати эътибори иҷозатнома.
- сана ва вақти анҷоми санҷиш;
- чораҳои андешидаи шахси мансабдори мақоми санҷишӣ аз рӯи натиҷаҳои санҷиш;
- кумаки расонидашудаи машваратӣ;
- санади тартибдодашудаи санҷиш;
- мулоҳизаҳои худ аз рӯи натиҷаҳои санҷиши гузаронидашуда дар шаклҳои: «Розиям», «Розӣ нестам», «Бо эродҳо розиям».
Моддаи 14. Санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор
- машваратдиҳӣ ба субъектҳои хоҷагидор оид ба масъалаҳои коҳиш додани таваккал ва амалигардонии фаъолияти онҳо мутобиқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иҷрои чорабиниҳои дигаре, ки ба пешниҳоди иттилоот дар хусуси пешгирии риоя накардани санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон равона шудаанд;
- санҷиши мутобиқати фаъолияти субъектҳои хоҷагидор ба талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- гузаронидани арзёбии иттилоот оид ба фаъолияти субъекти хоҷагидор, ки тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дастрас гардидааст;
- мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон андешидани чораҳои таъсиррасонӣ нисбати субъектҳои хоҷагидор.
Моддаи 15. Пешниҳоди иттилоот ва машварат
- пешниҳоди иттилооти умумӣ ба аҳли ҷомеа;
- посухҳо ба саволҳои хаттӣ ва шифоҳии субъектҳои хоҷагидор, тавассути телефон, дар шакли электронӣ ё дар ҳомили коғазӣ дар раванди гузаронидани машғулиятҳои омӯзишӣ ё баъди гузаронидани онҳо;
- пешниҳод кардани машварату тавсияҳо ва ёрии методӣ ба субъектҳои хоҷагидор оид ба паст кардани меъёрҳои арзёбии дараҷаи таваккал, пешгирӣ ва бартараф намудани ҳуқуқвайронкуниҳо дар раванди санҷиш.
- санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи масъалаҳои санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор;
- нақшаи ҳарсолаи гузаронидани санҷишҳо;
- маълумот оид ба мансубияти субъекти хоҷагидор ба дараҷаи муайяни таваккалӣ ва инчунин асоснокии гузаронидани онҳо ба ин намуди таваккалҳо.
Моддаи 16. Беэътибории гузаронидани санҷишҳо
Санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор дар ҳолатҳои зерин беэътибор дониста мешавад:
- аз ҷониби мақоми санҷишӣ ба субъекти хоҷагидор фиристода нашудани огоҳиномаи хаттӣ дар бораи санҷиши гузаронидашаванда ва номгӯи масъалаҳои санҷишӣ;
- ҳангоми гузаронидани санҷиши фаъолияти субъекти хоҷагидор аз ҷониби шахси мансабдори мақоми санҷишӣ ба субъекти хоҷагидор пешниҳод накардани шаҳодатномаи хизматӣ;
- дар сурати набудани сабти шахси мансабдори мақоми санҷишӣ дар дафтари бақайдгирии субъекти хоҷагидор;
- гузаронидани санҷиши аввалини фаъолияти субъекти хоҷагидори навтаъсис, ба истиснои субъектҳои хоҷагидори дараҷаи таваккалнокиашон баланд, дар давоми ду соли аввали фаъолияти он.
Моддаи 17. Намудҳои санҷиш
Санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор аз намудҳои зерин иборат аст:
- нақшавӣ;
- ғайринақшавӣ;
- иловагӣ;
- такрорӣ.
Моддаи 18. Санҷиши нақшавӣ
- номгӯи мақоми санҷишӣ;
- номгӯи шахсони ҳуқуқӣ, насаб, ном ва номи падари соҳибкорони инфиродӣ, ки фаъолияташон мавриди санҷиши нақшавӣ қарор дода мешавад;
- маълумот дар бораи санҷиши қаблии фаъолияти субъекти хоҷагидор;
- асосноккунии ҳуқуқӣ, мавзӯъ ва объектҳои санҷиш;
- суроғаи воқеии объекти гузаронидани санҷиш;
- давраи санҷиш (бо нишон додани санаи оғоз ва анҷоми давра);
- давомнокии санҷиш (бо нишон додани санаи оғоз ва анҷоми санҷиш).
Моддаи 19. Санҷиши ғайринақшавӣ
- бо ташаббуси субъекти хоҷагидор дар асоси аризаи хаттии он;
- ба мақомоти санҷишӣ ворид шудани муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, маълумот аз мақомоти ҳокимияти давлатӣ оид ба далелҳои расонидан ё эҳтимолияти баланди расонидани зарари ҷиддӣ ба ҳаёт ва саломатии аҳолӣ, муҳити зист, амнияти миллӣ, инчунин ба миён омадани ҳолатҳои фавқулоддаи дорои хусусияти табиӣ ва техногенӣ;
- бо супориши Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла бо мақсади пешгирии ба вуҷуд омадани ҳолатҳои фавқулодда;
- дар ҳолати мавҷуд будани парвандаи ҷиноятӣ.
Моддаи 20. Санҷиши иловагӣ
Моддаи 21. Санҷиши такрорӣ
Моддаи 22. Даврияти санҷишҳои фаъолияти субъектҳои хоҷагидор
- на зиёда аз ду маротиба дар як сол барои субъектҳои хоҷагидори дараҷаи таваккалнокиашон баланд;
- на зиёда аз як маротиба дар се сол барои субъектҳои хоҷагидори дараҷаи таваккалнокиашон миёна;
- на зиёда аз як маротиба дар панҷ сол барои субъектҳои хоҷагидори дараҷаи таваккалнокиашон паст.
- аризаи худи субъекти хоҷагидор;
- хабари мақоме, ки оид ба азнавташкилдиҳӣ ё барҳамдиҳии субъекти хоҷагидор қарор қабул кардааст;
иттилооти мақоме, ки азнавташкилдиҳӣ ё барҳамдиҳии шахси ҳуқуқиро амалӣ намудааст.
Моддаи 23. Машваратдиҳӣ ва расонидани кумаки методӣ ба субъекти хоҷагидори навтаъсис
Моддаи 24. Огоҳинома дар бораи санҷиш
- номи мақоми санҷишӣ, насаб, ном, номи падари шахси мансабдори мақоми санҷишӣ ва суроғаи маҳалли зисти он, рақами шаҳодатномаи хизматӣ;
- асос барои гузаронидани санҷиш;
- мавзӯъ, мақсад ва объектҳои санҷиш;
- санаи оғоз ва анҷоми гузаронидани санҷиш;
- номи субъекти хоҷагидоре, ки фаъолияти он мавриди санҷиш қарор дода мешавад.
Моддаи 25. Номгӯи масъалаҳои назоратие, ки аз рӯи онҳо санҷиш гузаронида мешавад
Моддаи 26. Давомнокӣ ва муҳлати гузаронидани санҷиш
Моддаи 27. Манъи такроран гузаронидани санҷиш аз тарафи мақомоти санҷиши сатҳи гуногун ё мақомоти дигари санҷиш
Моддаи 28. Анҷоми санҷиш
- маҳалли гузаронидани санҷиш, санаи таҳияи санад;
- мавзӯи санҷиш;
- вазифа, насаб, ном, номи падари шахсони мансабдори мақоми санҷишӣ, ки санҷиш гузаронидаанд;
- насаб, ном, номи падари соҳибкори инфиродии санҷидашуда ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ;
- маълумот оид ба санҷиши қаблӣ;
- давраи санҷидашаванда ва маълумоти умумӣ оид ба ҳуҷҷатҳое (объектҳое), ки субъекти хоҷагидор барои гузаронидани санҷиш пешниҳод намудааст;
- натиҷаҳои санҷиш;
- дар ҳолати ошкор гардидани камбудиҳо - шарҳи муфассали онҳо бо истинод ба меъёри дахлдори санади меъёрии ҳуқуқӣ.
Моддаи 29. Қарор аз рӯи натиҷаҳои санҷиш
- сана ва рақами бақайдгирии қарор ва санади санҷиш;
- насаб, ном, номи падари соҳибкори инфиродӣ ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ;
- мавзӯи санҷиши гузаронидашуда;
- чораи андешидашаванда, агар камбудиҳо ошкор гардида бошанд;
- талабот оид ба рафъи камбудиҳои ошкоргардида дар сурати ошкор гардидани онҳо;
- муҳлат, маҳал ва тартиби шикоят овардан нисбат ба қарор.
Моддаи 30. Муваққатан боздоштани фаъолияти субъекти хоҷагидор
- ошкор гардидани анҷоми фаъолияти субъекти хоҷагидор, ки ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ набуда, бевосита боиси хатари ҷиддӣ гардида, метавонад ба ҳаёт ва саломатии аҳолӣ ва муҳити зист зарар расонад;
- таҳдиди дар натиҷаи амалӣ намудани фаъолият ба миён омада, ки бо назардошти ногузирии хатар ва бузургии эҳтимолияти он дар сурати имкон надоштани субъекти хоҷагидор барои тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ намудани фаъолияти худ онро бояд фавран боздорад.
- сана ва рақами қарор;
- номи мақоми санҷишӣ ва номи субъекти хоҷагидор;
- асос барои муваққатан боздоштани фаъолияти субъекти хоҷагидор;
- номгӯи фаъолияти боздошташуда;
- номгӯй ва миқдори молу мулк, таҷҳизот барои истеҳсолот;
- чораҳое, ки бояд барои бартараф кардани ҳуқуқвайронкунӣ андешида шаванд;
- муҳлат барои бартараф намудани ҳуқуқвайронкунӣ ва муҳлате, ки фаъолияти субъекти хоҷагидор муваққатан боздошта мешавад.
Моддаи 31. Гирифтани намунаҳо барои гузаронидани ташхис
- маҳал ва санаи тартиб додани он;
- номгӯй ва маҳалли ҷойгиршавии субъекти санҷидашаванда, ки намунаи маҳсулоти он гирифта мешавад;
- мансаб, насаб, ном ва номи падари шахси ваколатдори субъекти хоҷагидори санҷидашаванда;
- мансаб, насаб, ном ва номи падари шахси мансабдоре, ки намунаи маҳсулотро мегирад;
- асос ва талабот барои гирифтани намунаи маҳсулот;
- номгӯй ва миқдори намунаи маҳсулоти гирифташуда бо зикр кардани истеҳсолкунанда, санаи истеҳсол, силсилаи (рақами) дастаи мол, арзиши умумии намунаҳо;
- сана ва вақти гирифтани намунаи маҳсулот.
БОБИ 3.
ҲУҚУҚ ВА УҲДАДОРИҲОИ СУБЪЕКТҲОИ ХОҶАГИДОР ВА ШАХСОНИ МАНСАБДОРИ МАҚОМОТИ САНҶИШӢ
Моддаи 32. Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои субъектҳои хоҷагидор
- дар бораи санҷиши гузаронидашаванда маълумот гиранд;
- аз шахсони мансабдори мақомоти санҷишӣ асосҳои гузаронидани санҷишро талаб намоянд, бо ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шахсияти узви гурӯҳи санҷишӣ шинос шаванд;
- шахсонеро, ки дар бораи гузаронидани санҷиш қарори дахлдор надоранд ва ё онҳо дар дафтари бақайдгирии санҷишҳо маълумоти дахлдор ворид накардаанд ва ё муҳлати дар қарор зикргардидаи онҳо фаро нарасида ва ё гузаштааст, ба санҷиш роҳ надиҳанд;
- талаботи шахсони мансабдори мақомоти санҷишро оид ба масъалаҳое, ки ба салоҳияти онҳо мансуб нестанд, иҷро накунанд ва онҳоро бо маводе, ки ба мавзӯи санҷиш дахл надоранд, шинос накунанд;
- аз мақомоти санҷишӣ нусхаи санади санҷишро дар давоми панҷ рӯзи корӣ баъди анҷоми санҷиш талаб намоянд ва гиранд;
- бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз мақоми санҷишӣ ҷуброни зиёни дар натиҷаи амалҳои ғайриқонунии шахсони мансабдори он ҳангоми гузаронидани санҷиш расонидашударо талаб намоянд;
- ба шахси мансабдори мақоми санҷишӣ шарҳу эзоҳро оид ба масъалаҳои вобаста ба санҷиш ва натиҷаҳои он пешниҳод кунанд;
- бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати натиҷаҳои санҷиш шикоят намоянд;
- бо мақсади ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии худ дар раванди гузаронидани санҷиш ва аз рӯи натиҷаҳои он мутахассисон ва намояндагони ассотсиатсияҳоеро, ки аъзои онҳо мебошанд, инчунин дигар ташкилоти ҷамъиятиро ҷалб намоянд.
- шахсони мансабдори мақомоти санҷишро дар сурати доштани қарор дар бораи гузаронидани санҷиш ва аз ҷониби онҳо пешниҳод гардидани шаҳодатномаи хизматӣ ва ворид намудани сабтҳои дахлдор ба дафтари бақайдгирии санҷишҳо ба объектҳои дахлдори санҷиш роҳ диҳанд;
- дар асоси талаботи асосноки шахсони мансабдори мақомоти санҷишӣ мавод ва ҳуҷҷатҳоеро, ки барои гузаронидани санҷиш зарур мебошанд, пешниҳод намоянд;
- қарорҳои мақомоти санҷишро дар бораи дар муҳлатҳои муқарраршуда бартараф намудани ҳуқуқвайронкуниҳо, ба истиснои ҳолатҳои пешниҳод намудани шикоят аз рӯи қарори мақоми санҷишӣ, иҷро намоянд;
- ба шахсони мансабдори мақомоти санҷишӣ дар иҷрои уҳдадориҳои хизматии онҳо мусоидат намоянд;
- ба оғози санҷиш дар сана ва дар вақти муқарраргардида монеъ нашаванд;
- бо тартиби муқарраргардида ба дафтари бақайдгирии санҷишҳо маълумоти дахлдор ворид намоянд.
Моддаи 33. Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои шахсони мансабдори мақомоти санҷишӣ
- ба ҳудуди объектҳои субъекти хоҷагидор бо ҳамроҳии намояндаи субъекти хоҷагидор ворид шаванд;
- аз субъекти хоҷагидори санҷидашаванда ҳуҷҷатҳои заруриеро, ки бевосита бо гузаронидани санҷиш алоқаманданд, талаб намуда, аз онҳо иқтибос ва нусха гиранд;
- аз роҳбари субъекти хоҷагидор оид ба масъалаҳои вобаста ба мавзӯи санҷиши фаъолияти он баёноти хаттӣ талаб намоянд;
- намунаҳоро дар асоси санади хаттии тартибдодаи тарафҳо ба миқдоре, ки барои гузаронидани санҷиш зарур аст, гиранд ва новобаста ба намуди намуна, онҳоро баъди анҷоми санҷиш дар асоси уҳдадории хаттӣ баргардонанд;
- ба ҷараёни санҷиши субъекти хоҷагидорӣ коршиносону (мутахассисону) машваратчиёнро ҷалб намоянд.
- қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳуқуқҳои субъекти хоҷагидорро риоя намоянд;
- санҷишҳоро бо тартиби пешбининамудаи Қонуни мазкур гузаронанд;
- ба субъектҳои хоҷагидори санҷидашаванда қарор дар бораи гузаронидани санҷиш, шаҳодатномаи хизматӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои заруриро пешниҳод намоянд;
- бо тартиби муқарраргардида ба дафтари бақайдгирии санҷишҳо маълумот ворид намоянд;
- то оғози санҷиш ҳуқуқ ва уҳдадориҳои субъектҳои хоҷагидори санҷидашаванда, инчунин ҳуқуқ ва уҳдадориҳои худро вобаста ба гузаронидани санҷиш фаҳмонида диҳанд;
- ба иштирок намудани намояндагони субъекти хоҷагидор ҳангоми гузаронидани санҷиш монеъ нашаванд ва оид ба масъалаҳои вобаста ба мавзӯи санҷиш ба онҳо шарҳ диҳанд;
- нигоҳдории миқдор ва сифати ҳуҷҷатҳо, намунаҳои таҷрибавӣ ва маводи дигари муваққатан гирифташуда, инчунин сари вақт баргардонидани онҳоро таъмин намоянд;
- мавзӯъ ва моҳияти камбудиҳои ошкоргардида ва чораҳои бартараф намудани онҳоро ба субъектҳои хоҷагидор шарҳ дода, ба пинҳон кардани онҳо роҳ надиҳанд;
- барои фаъолияти субъектҳои хоҷагидор монеъ нашаванд;
- аз ҳудуди субъекти хоҷагидори санҷидашаванда ҳуҷҷатҳои санҷидашавандаро берун набароранд;
- ба субъектҳои хоҷагидори санҷидашуда доир ба бартараф намудани камбудиҳои ошкоргардида дастурҳои асосноки иҷрояшон ҳатмиро диҳанд;
- риояи сирри давлатӣ, тиҷоратӣ ва сирри дигари бо қонун ҳифзшавандаро таъмин намоянд.
Моддаи 34. Маҳдудиятҳо ҳангоми гузаронидани санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор
Ба мақомоти санҷишӣ ва шахсони мансабдори онҳо манъ мебошад:
- дахолат намудан ба фаъолияти субъектҳои хоҷагидор оид ба масъалаҳои ба мавзӯи санҷиш вобастанабуда;
- аз субъектҳои хоҷагидор дар шакли нақдӣ ситонидани пардохтҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла ҷаримаҳо, фоизҳо;
- истифода бурдани далелҳои вуҷуд доштани камбудиҳо ҳамчун асос барои дахолат ё маҳдуд намудани фаъолияти субъектҳои хоҷагидор;
- анҷом додани амалҳое, ки ба фаъолияти истеҳсолию тиҷоратии субъектҳои хоҷагидор монеъ мешаванд;
- гузаронидани санҷиш тибқи асосҳое, ки дар Қонуни мазкур пешбинӣ нашудаанд ва бе қарор оид ба гузаронидани санҷиш;
- гузаронидани санҷиш нисбати субъектҳои хоҷагидор, ки ба шахси мансабдори мақоми санҷишӣ муносибатҳои хешутаборӣ доранд;
- гузаронидани санҷиш ҳангоми набудани роҳбар ё намояндаи ваколатдори субъекти хоҷагидор;
- талаб намудани ҳуҷҷатҳо, иттилоот, маълумот, намунаи маҳсулот, иёргирии озмоиши объектҳои муҳити атроф ва объектҳои муҳити истеҳсолот, агар онҳо объекти санҷиш ё ба мавзӯи санҷиш алоқаманд набошанд, инчунин мусодира намудани нусхаи аслии чунин ҳуҷҷатҳо;
- гирифтани намунаҳои маҳсулот, иёргирии озмоиши объектҳои муҳити атроф ва объектҳои муҳити истеҳсолот барои гузаронидани таҳқиқот, озмоиш, ченкунии онҳо бе тартиб додани протоколҳо оид ба гирифтани намунаҳои зикргардида, иёргирӣ аз рӯи намунаи муқарраргардида ва зиёда аз миқдори муқаррарнамудаи стандартҳои миллӣ, қоидаҳои гирифтани намуна, иёргирӣ ва усулҳои таҳқиқ, озмоиш, ченкунии онҳо ва регламентҳои техникӣ;
- паҳн намудани маълумоте, ки дар натиҷаи гузаронидани санҷиш дастрас шудааст ва он дорои сирри давлатӣ, тиҷоратӣ, хизматӣ ва дигар сирри бо қонун ҳифзшаванда мебошад, ба истиснои ҳолатҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- аз муҳлати муқарраргардида зиёд гузаронидани санҷиш;
- ба субъектҳои хоҷагидор додани дастур ё пешниҳод дар бораи аз ҳисоби онҳо гузаронидани чорабиниҳои марбут ба санҷиш.
БОБИ 4.
НАҚШАИ СОЛОНА, ҲИСОБОТДИҲӢ, ОМӮЗИШ ВА АРЗЁБИИ ФАЪОЛИЯТИ ШАХСОНИ МАНСАБДОРИ МАҚОМОТИ САНҶИШӢ
Моддаи 35. Нақшаи солонаи гузаронидани санҷишҳои нақшавӣ
- арзёбии таваккалҳои асосӣ дар ҳар як соҳаи санҷиш;
- арзёбии миқдори санҷишҳои нақшавие, ки аз ҷониби мақомоти санҷишӣ гузаронида мешаванд;
- арзёбии миқдор ва намудҳои тадбирҳои машваратӣ ва иттилоотии аз тарафи мақомоти санҷишӣ андешидашаванда.
Моддаи 36. Ҳисоботдиҳии мақоми санҷишӣ
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ё дигар мақоми иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ, ки мақоми санҷишӣ дар нақшаи идоракунии он қарор дорад, ҳар сол мақсадҳои стратегӣ ва вазифаҳои солонаи мақомоти санҷишро муайян намуда, арзёбии фаъолиятро дар асоси нишондиҳандаҳои зерин мегузаронад:
- дараҷаи хатарнокӣ ё рӯйдодҳо (нишондиҳандаҳои фавт, харобшавӣ, партовҳо, ифлосшавӣ ва дигар нишондиҳандаҳо) дар соҳаи санҷидашаванда ва динамикаи нишондиҳандаҳои мазкур;
- нишондиҳандаҳои фаъолият, ки шумораи санҷишҳо, машваратҳо, тренингҳои гузаронидашуда ва натиҷаҳои онҳоро нишон медиҳанд;
- нишондиҳандаҳои афкори умум;
- натиҷаҳои пурсиши ҷомеа, ки дарккунӣ ва арзёбии иттиҳодҳои соҳибкорон, ташкилотҳои ҷамъиятиро оид ба арзёбии фаъолияти мақомоти санҷишӣ нишон медиҳанд.
Моддаи 37. Арзёбии фаъолияти шахсони мансабдори мақомоти санҷишӣ
- натиҷаҳои арзёбии шахси мансабдори мақомоти санҷишӣ, ки аз ҷониби субъекти хоҷагидор гирифта шудааст;
- миқдори машварат ва тавсияҳои додашуда ба субъекти хоҷагидор оиди риояи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- арзёбии фаъолияти шахси мансабдори мақомоти санҷишӣ оиди кам кардани сатҳи таваккалнокӣ.
- арзёбии сатҳи таваккалнокӣ дар соҳаи санҷидашаванда;
- вазифаҳои соли ҷорӣ, иҷрои онҳо ва натиҷаҳои арзёбӣ;
- фаъолияти машваратдиҳӣ бо ишораи масъалаҳои барои субъектҳои хоҷагидор муҳими давраи ҳисоботӣ, меъёрҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бояд муфассал фаҳмонида шаванд;
- шумора, хусусият ва давомнокии санҷишҳои гузаронидашуда;
- маълумоти мухтасар оид ба маблағгузории фаъолияти мақоми санҷишӣ ҳангоми гузаронидани санҷиш.
Моддаи 38. Такмили ихтисоси шахсони мансабдори мақомоти санҷишӣ
БОБИ 5.
ҲАМКОРИИ МАҚОМОТИ САНҶИШӢ
Моддаи 39. Таъмини ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти санҷишӣ
Моддаи 40. Махзани маълумот ва низоми идоракунӣ дар мақоми санҷишӣ
- номгӯи ҳама шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродие, ки фаъолияти онҳо мавриди санҷиш қарор мегирад;
- маълумот оид ба натиҷаи санҷишҳои гузаронидашуда;
- маълумот оид ба истифодаи захираҳои мақомоти санҷишӣ.
Моддаи 41. Махзани ягона оид ба санҷишҳои гузаронидашуда ва низоми иттилоотии
идоракунӣ
БОБИ 6.
МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
Моддаи 42. Ҷуброни зарари ба субъектҳои хоҷагидор расонидашуда
Зараре, ки ба субъектҳои хоҷагидор дар натиҷаи қарорҳои ғайриқонунӣ ё дигар амалҳои ғайриқонунии шахсони мансабдори мақомоти санҷишӣ расонида шудааст, аз ҷумла фоидаи аздастрафта, тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷуброн карда мешавад.
Моддаи 43. Ҳалли баҳсҳо ва ҳуқуқи шикоят
Моддаи 44. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Моддаи 45. Дар бораи аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 июли соли 2006 «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои хоҷагидор дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2006, № 7, мод. 342; с. 2008, № 3, мод. 196; с. 2013, № 7, мод. 528) аз эътибор соқит дониста шавад.
Моддаи 46. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур аз 1 июли соли 2016 мавриди амал қарор дода шавад, ба истиснои муқаррароти пешбининамудаи қисми 6 моддаи 19, ки аз 1 июли соли 2018 эътибор пайдо мекунад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 25 декабри соли 2015,
№ 1269