ҚОНУНИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ХИЗМАТИ ДИПЛОМАТӢ
(ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1574)
Қонуни мазкур асосҳои ташкилию ҳуқуқии фаъолияти дипломатӣ, вазъи ҳуқуқӣ ва кафолатҳои иҷтимоии хизматчиёни давлатии хизмати дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян мекунад.
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Мафҳумҳои асосие, ки дар Қонуни мазкур истифода мешаванд:
– хизмати дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон – фаъолияти касбии хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар низоми ягонаи мақомоти хизмати дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
– кормандони хизмати дипломатӣ – хизматчиёни давлатие, ки дар мақомоти хизмати дипломатӣ мансабҳои дипломатиро ишғол менамоянд;
– кормандони воҳидҳои сохтории дахлдори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки масъалаҳои робитаҳои байналмилалиро пеш мебаранд – кормандони бахши Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои робитаҳои хориҷӣ, Раёсати робитаҳои хориҷии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Хадамоти ташрифоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1574);
– коркунони техникии хизмати дипломатӣ – шахсоне, ки мансабҳои маъмурию техникиро дар мақомоти хизмати дипломатӣ ишғол менамоянд;
– ҳайати хизмати дипломатӣ – кормандон ва коркунони техникии хизмати дипломатӣ;
– аъзои оилаи ҳайати хизмати дипломатӣ – ҳамсар, фарзандони ноболиғ, инчунин фарзандоне, ки то расидан ба синни ҳаждаҳ маъюб шудаанд;
– муассисаҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон – намояндагиҳои дипломатӣ ва консулгариҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа, намояндагиҳои доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди ташкилотҳои байналмилалӣ;
– хизмати консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон – як қисми таркибии хизмати дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи хизмати дипломатӣ
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи хизмати дипломатӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчуниин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1574).
Моддаи 3. Низоми ягонаи мақомоти хизмати дипломатӣ
Моддаи 4. Вазифаҳои мақомоти хизмати дипломатӣ
Вазифаҳои асосии мақомоти хизмати дипломатӣ аз инҳо иборатанд:
- таҳияи таклифҳо дар бораи консепсияи умумӣ, стратегия ва самтҳои асосии сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пешниҳод намудани онҳо ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- татбиқи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мусоидат ба амалӣ кардани сиёсати хориҷии иқтисодӣ;
- бо воситаҳои дипломатӣ таъмин намудани ҳифзи истиқлолият, амният, тамомияти арзӣ ва дахлнопазирии сарҳади Ҷумҳурии Тоҷикистон, манфиатҳои сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ ва манфиатҳои дигари он дар арсаи байналмилалӣ;
- ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои шаҳрвандону шахсони ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар;
- амалӣ намудани муносибатҳои дипломатию консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо давлатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ;
- ҳамоҳанг сохтани фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ бо мақсади таъмини сиёсати ягонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар робита бо давлатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ;
- таҳлил кардани маҷмӯи масъалаҳои байналмилалӣ, сиёсати хориҷию дохилии давлатҳои хориҷӣ, инчунин фаъолияти ташкилотҳои байналмилалӣ;
- таъмин намудани мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иттилооти зарурӣ барои татбиқи сиёсати хориҷӣ;
- иҷро намудани дигар вазифаҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Моддаи 5. Доираи фаъолияти мақомоти хизмати дипломатӣ
Мақомоти хизмати дипломатӣ мутобиқи вазифаҳои ба зиммаи онҳо гузошташуда фаъолияти зеринро анҷом медиҳанд:
- ҳамкории мутақобилаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо давлатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ таъмин менамоянд;
- оид ба масъалаҳои муносибатҳо бо давлатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ бо тартиби муқарраргардида ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таклифҳо пешниҳод мекунанд;
- гузаронидани гуфтушунидҳо ва имзо намудани шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо давлатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ ташкил менамоянд;
- таклифҳоро оид ба имзо, қабул, тасдиқ, иҷро, боздоштан ва бекор кардани амали шартномаҳои байналмилалӣ, инчунин ҳамроҳшавӣ ба онҳо таҳия карда, бо тартиби муқарраргардида барои баррасӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамоянд;
- иҷрои санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъмин намуда, дар таҳияи таклифҳо оид ба мутобиқсозии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба санадҳои мазкур ширкат мекунанд;
- дар муайян намудани сиёсат ва таҳияи чорабиниҳои мушаххас оид ба таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳимоя ва амнияти онҳо, рушди муносибатҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва молиявӣ, табодули илмию техникӣ, фарҳангӣ ва монанди инҳо бо давлатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалӣ ширкат мекунанд;
- дар ҷалби сармоягузории мустақим барои амалигардонии барномаҳои давлатӣ, лоиҳаҳои афзалиятнок, аз ҷумла аз ҳисоби қарзҳо ва грантҳои аз тарафи ташкилотҳои байналмилалии иқтисодӣ ва молиявӣ пешниҳодшаванда иштирок менамоянд;
- иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар фаъолияти ташкилотҳои байналмилалӣ, конференсияҳо, форумҳо таъмин намуда, барои баланд бардоштани нақши Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун узви ҷомеаи байналмилалӣ дар ҳалли масъалаҳои умумиҷаҳонию минтақавӣ мусоидат мекунанд;
- манфиатҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар муносибатҳои байналмилалӣ дар соҳаи истифодаи оқилонаи муҳити зист, азхудкунии захираҳои Уқёнуси ҷаҳонӣ ва омӯзиши фазои кайҳонӣ таъмин менамоянд;
- дар таъмини ташрифотии табодули ҳайатҳои байнидавлатӣ дар сатҳи олӣ иштирок карда, риояи имтиёзҳо ва масуниятҳои дипломатию консулиро назорат менамоянд;
- ба барқарор ва амалӣ намудани робитаҳои байнипарламентии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат мекунанд;
- фаъолияти хизмати консулиро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва хориҷ аз он ба роҳ мемонанд (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1574);
- ба рушди ҳамкорӣ бо ҳамватаноне, ки дар хориҷа зиндагӣ мекунанд, мусоидат мекунанд;
- фаъолияти низоми ягонаи давлатии бақайдгирӣ, баҳисобгирӣ ва нигоҳдории шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъмин менамоянд;
- дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба фаъолияти намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии хориҷӣ мусоидат карда, дар доираи салоҳияти худ фаъолияти муассисаҳои ба онҳо хизматрасонро назорат менамоянд (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1574);
- бо истифодаи воситаҳои дипломатӣ сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷиҳати таъмини сулҳу суботи фарогир, амнияти минтақавию умумиҷаҳонӣ татбиқ мекунанд;
- ба паҳн кардани иттилоот дар бораи сиёсати хориҷию дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳаёти иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангию маънавии кишвар дар хориҷи он мусоидат менамоянд;
- дастгоҳи марказии Вазорати корҳои хориҷӣ, муассисаҳои хориҷӣ, намояндагиҳои вазоратро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва идораҳои тобеи он бо кадр таъмин менамоянд, инчунин тайёрӣ, таҳсил, бозомӯзӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзии кадрҳои хизмати дипломатиро ташкил мекунанд;
- бо мақомоти ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ оид ба масъалаҳои ба салоҳияти онҳо мансуб ҳамкорӣ мекунанд (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1574);
- ба мақомоти ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва воситаҳои ахбори омма оид ба вазъи байналмилалӣ ва сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоот медиҳанд;
- фаъолияти алоқаи мустақили дипломатию хаткашониро таъмин карда, шабакаи махсуси телекоммуникатсионии худро истифода мебаранд, инчунин бо тартиби муқарраргардида маводи чопиро ба табъ мерасонанд;
- ташкили низоми бехатарии мақомот ва муассисаҳои худро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва берун аз он таъмин мекунанд;
- фаъолияти дигареро, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудаанд, иҷро мекунанд.
Моддаи 6. Маблағгузорӣ ва таъминоти моддию техникии мақомоти хизмати дипломатӣ
Моддаи 7. Алоқа, бойгонӣ, бехатарӣ ва маводи чопӣ дар низоми ягонаи мақомоти хизмати
дипломатӣ
БОБИ 2. ҲАЙАТИ КАДРИИ ХИЗМАТИ ДИПЛОМАТӢ ВА МАНСАБҲОИ ДИПЛОМАТӢ
Моддаи 8. Ҳайати кадрии хизмати дипломатӣ
- кормандоне, ки мансабҳои штатии дипломатиро дар мақомоти хизмати дипломатӣ ба таври доимӣ ишғол менамоянд;
- кормандони воҳидҳои сохтории дахлдори Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки масъалаҳои робитаҳои байналмилалиро пеш мебаранд (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1574);
- коркуноне, ки мансабҳои штатии маъмурию техникиро дар мақомоти хизмати дипломатӣ ишғол менамоянд;
- кормандоне, ки барои таҳсил, бозомӯзӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ, инчунин аспирантура ва докторантура аз тарафи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристода мешаванд;
- кормандоне, ки аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ташкилотҳои байналмилалӣ (байнидавлатӣ, байниҳукуматӣ) дар асоси шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои кори муваққатӣ бо тартиб ва шартҳое, ки дар ташкилотҳои байналмилалии мазкур амал мекунанд, фиристода мешаванд. Давраи кори чунин кормандони хизмати дипломатӣ дар ташкилотҳои байналмилалӣ тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб гирифта ба собиқаи хизмати дипломатиашон ворид карда мешавад.
Моддаи 9. Мансабҳои дипломатӣ
- Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон, Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди ташкилоти байналмилалӣ;
- Консули генералӣ;
- Мушовир - фиристода (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1574);
- мушовир;
- консул;
- котиби якум;
- ноиби консул;
- вакили консулӣ;
- котиби дуюм;
- котиби сеюм;
- атташе.
- барои атташе, котиби сеюм, котиби дуюм ва вакили консулӣ – ду сол;
- барои ноиби консул ва котиби якум – се сол.
Моддаи 10. Таъйин намудан ба мансабҳои дипломатӣ
Моддаи 11. Тағйир ва ишғоли мансабҳо дар хизмати дипломатӣ
Моддаи 12. Ҷойивазкунии (ротатсияи) кормандони хизмати дипломатӣ
- берунӣ – ҷойивазкунӣ аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба муассисаҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва аз муассисаҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- дохилӣ – ҷойивазкунии кормандони воҳидҳои сохтории дастгоҳи марказии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагиҳои он дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1574).
Моддаи 13. Маҳдудиятҳои қабул шудан ба хизмати дипломатӣ ва адои хизмати дипломатӣ
- надоштани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- доштани шаҳрвандии давлати дигар.
Моддаи 14. Аттестатсияи ҳайати хизмати дипломатӣ
2.Тартиби гузаштани аттестатсия тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешавад.
Моддаи 15. Бозхонди ҳайати хизмати дипломатӣ
Моддаи 16. Тайёрии касбӣ ва такмили ихтисоси кормандони хизмати дипломатӣ
БОБИ 3. РУТБАҲОИ ДИПЛОМАТӢ
Моддаи 17. Рутбаҳои дипломатӣ
Моддаи 18. Додани рутбаҳои дипломатӣ
Моддаи 19. Муҳлати қарор доштан дар рутбаҳои дипломатӣ
- барои атташе, котиби сеюм, котиби дуюми дараҷаи II ва I, котиби якуми дараҷаи II – ду сол;
- барои котиби якуми дараҷаи I ва мушовири дараҷаҳои II – се сол.
- давраи фаъолияти кормандони воҳидҳои сохтории Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки масъалаҳои робитаҳои байналмилалиро пеш мебаранд;
- давраи хизмати дипломатӣ дар дастгоҳи марказии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- давраи хизмати дипломатӣ дар муассисаҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- давраи фаъолияти хизмати дипломатӣ дар намояндагиҳои Вазорати корҳои хориҷӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1574);
- давраи фаъолият дар ташкилотҳои байналмилалӣ, агар корманд ба ҳайати кадрҳои хизмати дипломатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил бошад;
- фаъолияти илмию таълимӣ дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ ва илмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- давраи гузаштани такмили ихтисос дар муассисаҳои таълимию илмӣ бо роҳхати Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- давраи таҳсили кормандоне, ки ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти олии касбӣ, аспирантура, докторантура ва муассисаҳои илмӣ аз тарафи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон равон карда шудаанд.
БОБИ 4. ҲУҚУҚ, УҲДАДОРӢ, ҲАВАСМАНДГАРДОНӢ
ВА МАСЪУЛИЯТИ ҲАЙАТИ ХИЗМАТИ ДИПЛОМАТӢ
Моддаи 20. Ҳуқуқ ва уҳдадориҳои ҳайати хизмати дипломатӣ
- аз тамоми ҳуқуқ ва озодиҳое, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон кафолат додаанд, истифода барад (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1574);
- дар баррасӣ ва ҳалли масъалаҳое, ки бо иҷрои вазифаҳо ва фаъолияти хизмати дипломатӣ алоқаманданд, иштирок кунад;
- иттилоот, ҳуҷҷатҳо ва маводеро, ки барои иҷрои мансабҳои хизматӣ заруранд, бо тартиби муқарраргардида ба даст орад;
- ба роҳбарияти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба рушди минбаъда ва такмили фаъолияти мақомоти хизмати дипломатӣ таклифҳо пешниҳод намояд;
- ба пешравии мансабӣ дар хизмати дипломатӣ бо назардошти сатҳи таҳсилот, тайёрии касбӣ ва тахассус пешниҳод карда шавад;
- барои тайёрӣ, таҳсил, бозомӯзӣ, такмили ихтисос, таҷрибаомӯзӣ, инчунин фаъолияти илмию тадқиқотӣ, аз ҷумла сафарҳои хизматӣ ба хориҷа пешбарӣ карда шавад;
- ҳангоми будубош дар хориҷа аз имтиёзҳо ва масуниятҳои дар санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ муқарраргардида истифода барад;
- ҳуқуқҳои дигареро, ки дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд, истифода намояд.
- Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя кунад (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1574);
- риоя ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳрвандони он ва шахсони ҳуқуқиро дар соҳаи муносибатҳои байналмилалӣ таъмин намояд;
- ҳифзи моликияти давлатиро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар хориҷи он таъмин намояд (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1574);
- вазифаҳо ва фаъолиятеро, ки ба зиммаи ӯ гузошта шудаанд, софдилона иҷро намуда, ба таври шоиста Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар муносибат бо дигар давлатҳо ва ташкилотҳои байналмилалӣ муаррифӣ намояд;
- фармону супоришҳои роҳбарони мақомоти хизмати дипломатиро, ки дар доираи салоҳияташон содир шудаанд, иҷро намояд;
- интизоми меҳнатӣ, инчунин меъёрҳои одоби дипломатиро риоя кунад;
- сатҳи ихтисоси касбии худро такмил диҳад;
- маълумоти дорои сирри давлатӣ ва сирри дигари бо қонун ҳифзшавандаро ошкор накунад;
- қонунгузорӣ, анъана ва одатҳои давлати будубошро эҳтиром намояд;
- уҳдадориҳои дигареро, ки дар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд, иҷро намояд.
Моддаи 21. Ҳавасмандгардонии ҳайати хизмати дипломатӣ
- баланд бардоштан ба мансаб;
- пеш аз муҳлат додани рутбаи дипломатӣ;
- ғайринавбатӣ додани рутбаи дипломатӣ;
- мукофотҳои идоравӣ, ки аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд;
- мукофотонидан бо туҳфаи арзишнок;
- дигар намуди ҳавасмандгардоние, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст.
Моддаи 22. Ҷавобгарии интизомии ҳайати хизмати дипломатӣ
- сарзаниш;
- танбеҳ;
- огоҳсозӣ дар бораи ба мансаб мувофиқ набудан;
- ба муддати як сол таъхир намудани додани рутбаи навбатии дипломатӣ ва ё таъйин намудан ба мансаби баландтар;
- паст кардани мансаб ва ё рутбаи дипломатӣ;
- аз кор озод кардан.
БОБИ 5. КАФОЛАТ ВА ҶУБРОН, ТАЪМИНИ МОДДИЮ ИҶТИМОИИ
ҲАЙАТИ ХИЗМАТИ ДИПЛОМАТӢ
Моддаи 23. Кафолат ва ҷубронпулиҳо ба ҳайати хизмати дипломатӣ ҳангоми кор дар хориҷа
- кӯмакпулии якдафъаина аз ҳисоби маблағи муассисаҳои хориҷӣ;
- хароҷоти бозгашти аъзои оилаи марҳум ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва интиқоли ҷасади корманди фавтида ба Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Моддаи 24. Кафолатҳои иловагӣ ба кормандони хизмати дипломатӣ, ки дар давлатҳои
хориҷӣ дар шароити ҳолатҳои фавқулодда ё низоъҳои мусаллаҳона кор мекунанд
Моддаи 25. Муносибатҳои меҳнатии ҳайати хизмати дипломатӣ
Муносибатҳои меҳнатии кормандони хизмати дипломатӣ мутобиқи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба танзим дароварда мешавад.
Моддаи 26. Пардохти музди меҳнати ҳайати хизмати дипломатӣ
Моддаи 27. Таъминоти нафақавӣ ва ҳифзи иҷтимоии ҳайати хизмати дипломатӣ
Таъминоти нафақавӣ ва ҳифзи иҷтимоии кормандони хизмати дипломатӣ тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
БОБИ 6. ҚАТЪ ГАРДИДАНИ ХИЗМАТИ ДИПЛОМАТӢ
Моддаи 28. Қатъ гардидани муносибатҳои меҳнатии ҳайати хизмати дипломатӣ
Барои қатъ гардидани хизмати дипломатӣ ҳолатҳои зерин асос шуда метавонанд:
- аризаи хаттӣ дар хусуси бо хоҳиши худ аз кор рафтан;
- ба синни ниҳоии нафақа расидани корманди ҳайати хизмати дипломатӣ, ки дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар гардидааст;
- бе сабаби узрнок саркашӣ намудани корманд аз фиристодан барои кор ба муассисаҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби ҷойивазкунӣ (ротатсия);
- пешниҳод кардани маълумоти бардурӯғ аз ҷониби ҳайати хизмати дипломатӣ оид ба даромад ва вазъи молумулкӣ;
- риоя накардани тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо;
- маҳрум шудан аз шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё гирифтани шаҳрвандии давлати хориҷӣ;
- асосҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст.
БОБИ 7. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
Моддаи 29. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Моддаи 30. Дар бораи аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Дар бораи хизмати дипломатӣ»
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 декабри соли 2002 «Дар бораи хизмати дипломатӣ» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2002, №11, мод. 666; с. 2006, №11, мод.471) аз эътибор соқит дониста шавад.
Моддаи 31. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 31 декабри соли 2014,
№1173