ҚОНУНИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи муқовимат ба савдои одамон ва
расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон
(ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1563)
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2014, №7, қ. 1, мод. 393
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 02.01.2019 с., № 1563)
Қонуни мазкур асосҳои ташкилӣ ва ҳуқуқии муқовимат ба савдои одамон, системаи чораҳо оид ба ҳифз, расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон ва тавонбахшии онҳоро муқаррар карда, муносибатҳои ҷамъиятиро дар самти муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон танзим менамояд (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1563).
БОБИ 1.
МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
– айнияткунонии қурбониёни савдои одамон – муқаррар кардан ва санҷиши шахсияти қурбониёни эҳтимолии савдои одамон;
– асорати қарзӣ – ҳолат ё вазъияте, ки дар натиҷаи он қарздор барои кафолати қарз меҳнати шахсии худ ё меҳнати шахси ба вай вобастабударо ба гарав мегузорад, агар арзиши кори иҷрошаванда барои пардохти қарз ҳисоб карда нашавад ва ё агар давомнокии ин кор бо ягон мӯҳлат маҳдуд нагашта бошад ва ё агар хусусияти кор ва андозаи музди меҳнат муайян карда нашуда бошад;
– вазъияти ноилоҷӣ – вазъияти вобастагӣ, тобеият, ки бо маҷбуркунии мунтазами ғайриқонунии инсон ба содир намудани ягон ҳаракат ё беҳаракатӣ ба манфиати шахсони дигар, ба зисту зиндагонӣ дар ҷои муайян ё бо шахсони муайян, ба иҷрои корҳои муайян ё расонидани хизматрасонии муайян барои шахси дигар бо подош ё ройгон алоқаманд буда, дар натиҷаи асорати қарзӣ ё урфу одатҳо ба вуҷуд омадааст, ки тибқи онҳо занро ба шахси дигар ҳамчун мерос, бо подош ё бо дигар тарз бе ҳуқуқи инкор кардан аз ҷониби ӯ медиҳанд ва ё кӯдак аз тарафи падару модар, дигар намояндаи қонунии ӯ ё шахси онҳоро ивазкунанда ба шахси дигар бо подош ё бидуни он бо мақсади истисмори кӯдак дода мешавад;
– виктимизатсия – зиёд гардидани хатари ҷалби қурбонии имконпазир ба самти савдои одамон ва истифодаи қурбонӣ ба сифати объекти истисмор дар натиҷаи ба вуҷуд омадан ё қасдан ба вуҷуд овардани ҳолатҳои объективӣ ва субъективие, ки ба ин мусоидат мекунанд;
– ревиктимизатсия – зиёд гардидани хатари ҷалби такрории қурбонӣ ба самти савдои одамон ҳамчун объекти истисмор;
– ғуломӣ – ҳолат ё вазъияти шахсе, ки нисбат ба вай новобаста аз розигии ӯ баъзе ё тамоми салоҳияти ба ҳуқуқи моликият хосбуда татбиқ карда мешавад, аз ҷумла соҳибӣ, истифода ва ихтиёрдорӣ намудани инсон;
– дигар аҳдҳои ғайриқонунӣ нисбат ба қурбонии савдои одамон – супоридани инсон ба сифати предмети аҳди музднок ё бемузд ба шахси (шахсони) дигар, аз ҷумла ба сифати тӯҳфа, ба ивази ягон сарватҳои моддӣ ва ё ба ихтиёрдорӣ ё истифодаи муваққатии музднок (кироя) ва ё ба сифати таъмини иҷрои уҳдадориҳо аз рӯи аҳд (гарав) ё эквиваленти пардохти сарватҳои моддии додашуда, корҳои иҷрошуда (хизматрасониҳо) ва ё бо тартиби ҷуброни зарари ба дигар тараф расонидашуда (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1563);
– истисмор – истифодаи инсон ё меҳнати вай барои гирифтани фоидаи моддӣ ё дигар фоида аз ҷониби дигар шахсон ба воситаи қасдан ба вуҷуд овардан ва (ё) истифода бурдани ҳолати оҷизии инсон ва ё маҷбур кардани инсон барои ба манфиати шахси истисморкунанда ё дигар шахсон иҷро кардани корҳо, хизматрасониҳо ё содир намудани дигар амалҳо, новобаста ба хусусияти музднокӣ ё ройгон будани онҳо, аз ҷумла машғул шудан бо фоҳишагӣ, хизматрасонии дигари дорои хусусияти шаҳвонӣ, машғул шудан ба гадоӣ, меҳнат ё хизматрасонии маҷбурӣ, ғуломӣ ё урфу одатҳои ба ғуломӣ монанд, вазъияти ноилоҷӣ, ғайриқонунӣ гирифтани узв ва (ё) бофтаҳои инсон, писархондии (духтархондии) ғайриқонунӣ бо мақсади тиҷорат, ҳамчунин ғайриқонунӣ истифода бурдани инсони дигар бо мақсадҳои репродуктивӣ ё дар таҳқиқоти биотиббӣ ва ё дар воҳидҳои мусаллаҳи ғайриқонунӣ ва (ё) низоъҳои мусаллаҳона ва ё дар дигар фаъолияти ҷиноятӣ ё зиддиҳуқуқӣ;
– истисмори иқтисодӣ – истисмори инсон ё меҳнати вай бо мақсади гирифтани фоидаи моддӣ ё дигар фоида аз ҷониби дигар шахсон ба воситаи гузоштани ӯ дар асорати қарзӣ, ҳолати ғуломӣ ё истифода бурдан барои меҳнати ғуломона, меҳнати маҷбурӣ ё ҳатмӣ ва ё дар ҳолати ба ғуломӣ монанд;
– истисмори шаҳвонӣ – гирифтани фоидаи моддӣ ё дигар фоида ба воситаи маҷбур кардани шахси дигар, аз ҷумла бо роҳи сӯиистифода аз ҳолати оҷизии ӯ ба расонидани хизмати дорои хусусияти шаҳвонӣ ё ба содир намудани дигар ҳаракатҳои дорои хусусияти шаҳвонӣ, аз ҷумла истифодаи ӯ барои машғул шудан ба фоҳишагӣ, иштирок дар чорабиниҳои намоишии дорои хусусияти шаҳвонӣ, тайёр кардани мавод ё предметҳои порнографӣ ва ё нигоҳ доштан дар ғуломии шаҳвонӣ;
– иръоб (шантаж) – маҷбуркунии қурбонии савдои одамон ба содир намудани ягон хел ҳаракатҳо ё рад кардани содир намудани онҳо зери таҳдиди паҳн кардани маълумоти бадномкунандаи қурбонӣ ё наздикони ӯ, ҳамчунин маълумоте, ки метавонанд ба ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии қурбонӣ ва ё ба манфиатҳои қонунии наздикони ӯ зарари ҷиддӣ расонанд;
– кӯдак- қурбонии савдои одамон – шахсе, ки то расидан ба синни ҳаждаҳ аз ҷиноятҳо дар самти савдои одамон зарар дидааст;
– қурбонии савдои одамон – шахси воқеии аз савдои одамон зарардида, аз ҷумла ба савдои одамон ҷалбшуда ё дар вазъияти ноилоҷӣ нигоҳдошташаванда, новобаста аз вазъи мурофиавии ӯ, инчунин мавҷуд будан ё набудани розигии ӯ ба пешниҳод намудан, ҷалб кардан, интиқол, пинҳон кардан, супоридан, фурӯш, истисмор ва дигар ҳаракатҳое, ки ба савдои одамон вобастаанд;
– қурбониёни имконпазири савдои одамон – шахсони ба оворагардӣ, гадоӣ машғулбуда, кӯдакони ятим ва кӯдаконе, ки бе парастории падару модар мондаанд, кӯдакони беназорат, шахсони мубталои машруботи алкоголӣ, воситаҳои нашъаовар ва моддаҳои психотропӣ, инчунин дигар шахсоне, ки дар ҳолати аз ҷиҳати иҷтимоӣ хатарнок ё осебпазири барои нисбати онҳо содир гардидани ҷиноят ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳо дар самти савдои одамон мусоидаткунанда қарор доранд;
– маҷбуркунии инсон – таъсиррасонии ҷисмонӣ ё рӯҳӣ ба дигар инсон бо мақсади водор намудани ӯ бар хилофи ё қатъи назар аз ирода ва розигиаш ба содир намудани ягон ҳаракатҳо ё рад кардани содир намудани онҳо ба фоидаи шахси маҷбуркунанда ё дигар шахсон бо роҳи одамрабоӣ ё бо роҳи зӯрӣ маҳдудкунии озодии шахси маҷбуршаванда, нисбат ба вай истифода бурдани зӯроварии ҷисмонӣ, шаҳвонӣ ё рӯҳӣ ва ё дигар таҳдидҳо, иръоб (шантаж) ва ё бо мақсадҳои зикргардида истифода бурдани моддаҳои заҳролуд, сахттаъсир ё дигар моддаҳои мадҳушкунанда, ҳамчунин ба воситаи қасдан фароҳам овардан ва (ё) истифода бурдани вазъияти ноилоҷӣ ё ҳолати оҷизии шахси маҷбуршаванда;
– меҳнати маҷбурӣ – ҳама гуна кор ё хизматрасонӣ, ки аз ҷониби шахс, қатъи назар аз хоҳиш ва иродаи ӯ зери таъсиррасонии маҷбурӣ ва (ё) бо истифода аз ҳолати оҷизии ӯ иҷро мешавад, аз он ҷумла бо вайронкунии қоидаҳои ҳифзи меҳнат ва меъёрҳои пардохти музди меҳнат, ҳифзи саломатӣ ва таъмини бехатарӣ, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст, амалӣ мешаванд;
– муассисаи (маркази, паноҳгоҳи) махсус оид ба расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон – шахси ҳуқуқие, ки бо мақсади расонидани кумаки равонӣ, ҳуқуқӣ, тиббӣ ва (ё) дигар намуди кумак ба қурбониёни савдои одамон, аз ҷумла ҷиҳати муваққатан таъмин ва ҷойгиркунӣ бо мақсади ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии онҳо, инчунин мутобиқгардонӣ ва тавонбахшии иҷтимоии онҳо мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил карда шудааст (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1563);
– муқовимат ба савдои одамон – фаъолият оид ба огоҳонидан, ошкор намудан, пешгирӣ кардан, ба ҳадди ақал расонидани оқибатҳои савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни он (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1563);
– мутобиқгардонии иҷтимоии қурбонии савдои одамон – мувофиқгардонии фаъоли шахси аз савдои одамон зарардида ба қоидаҳо ва меъёрҳои рафтори дар ҷамъият қабулгардида, барқарор намудани раванди иҷтимоишавии аз таҷовуз вайроншуда, бартараф намудани оқибатҳои зарари равонӣ ё маънавӣ, ки ба ӯ дар рафт ё дар натиҷаи истисмори ӯ ва ё нисбат ба ӯ содир шудани дигар ҷиноятҳо дар самти савдои одамон расонида шудааст;
– расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон – маҷмӯи чораҳои аз ҷониби давлат кафолатдодашудаи ҳифзи қурбониёни савдои одамон, мутобиқгардонӣ ва тавонбахшии иҷтимоии онҳо, аз ҷумла ба онҳо расонидани кумаки равонӣ, ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ, тиббӣ ва дигар намудҳои кумак (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1563);
– савдои кӯдакон – ҳама гуна амал ё аҳде, ки ба воситаи онҳо кӯдак ғайриқонунӣ аз тарафи падару модар, дигар намояндаи қонунӣ ё дигар шахсе (гурӯҳи шахсоне), ки кӯдак доимӣ ё муваққатӣ дар парастории вай (онҳо) мебошад, ба дигар шахс (гурӯҳи шахсон) бар ивази подоши моддӣ ё дигар ҷуброн, бо мақсади истисмори ӯ ва ё ба даст овардани фоидаи моддӣ ё дигар фоида, инчунин бо мақсади фарзандхондии ғайриқонунии кӯдак, новобаста аз тарзҳои ҳангоми он истифодашаванда супорида мешавад;
– савдои одамон – хариду фурӯши одам ва ё нисбат ба ӯ анҷом додани дигар аҳдҳои ғайриқонунӣ, ҳамчунин новобаста аз розигии қурбонӣ бо мақсади истисмори ӯ ё бо дигар тарз гирифтани фоидаи ғайриқонунӣ пешниҳод намудан, ҷалб кардан, интиқол, пинҳон кардан, супоридан ё гирифтани одам бо истифодаи маҷбуркунӣ, рабудан, фиреб, сӯиистифода намудани гунаҳгор аз вазъи хизматии худ, сӯиистифода аз боварӣ ё ҳолати оҷизии қурбонии савдои одамон ва ё ришвадиҳӣ ба шахсе, ки қурбонӣ таҳти вобастагии ӯ қарор дорад (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1563);
– савдогари одамон – шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ, ки мустақилона ё бо гурӯҳи шахсон савдои одамонро амалӣ менамояд, инчунин фаъолияти мазкурро маблағгузорӣ менамояд ва ё аз ҳисоби он фоидаи моддӣ ё дигар фоида ба даст меорад, ҳамчунин шахси мансабдоре, ки бо амалҳои худ ба савдои одамон мусоидат менамояд ё ба он монеъ намешавад ё муқовимат намекунад, гарчанде вазифадор аст, ин корро мувофиқи ваколатҳои хизматии худ иҷро намояд;
– содир намудани ҷиноят бо истифода аз вазъи хизматии худ – содир кардани ҷиноятҳо дар самти савдои одамон ва ҷиноятҳои бо он алоқаманд аз ҷониби шахси мансабдор ё шахсе, ки ба зиммаи ӯ функсияҳои идоракунӣ, ваколатҳои ташкилию амрдиҳӣ ё маъмурию хоҷагидорӣ дар ташкилотҳои давлатӣ, тиҷоратӣ ва дигар ташкилотҳо вогузошта шудаанд, инчунин дигар корманди мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ташкилотҳо, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқии онҳо, ки бо мақсадҳои зикргардида вазъи хизматии худ ва ё ваколатҳои хизматии ба онҳо додашударо истифода мебаранд;
– тавонбахшии иҷтимоии қурбонии савдои одамон – чорабиниҳое, ки барои барқарор намудани робита ва функсияҳои иҷтимоии аздастдодаи шахси аз савдои одамон зарардида, инчунин дигар чорабиниҳое, ки барои ба ҷамъият ва оила баргардонидани (реинтегратсияи) қурбониёни савдои одамон равона шудаанд;
– туризми шаҳвонии кӯдакон – сафарҳои туристӣ, аз ҷумла ба хориҷи кишвар аз ҷониби шахсони ба балоғатрасида бо мақсади алоқаи ҷинсӣ кардан бо кӯдакон ё нисбат ба онҳо содир кардани дигар ҳаракатҳои дорои хусусияти шаҳвонӣ, инчунин бо мақсади истифодаи онҳо ба сифати нақшофарандагон барои истеҳсол намудани мавод ё предметҳои порнографӣ ё ба сифати иштирокчиёни чорабиниҳои намоишии дорои хусусияти порнографӣ;
– хариду фурӯши одам – анҷом додани аҳди дутарафаи музднок, ки ба супоридани одам аз ҷониби шахси ӯро дар асоси қонунӣ ё ғайриқонунӣ таҳти вобастагиаш қарордода ба шахси (шахсони) дигар бар ивази подош равона шудааст;
– ҳимояи давлатии ҷабрдидагон ва шоҳидон оид ба парвандаҳои марбут ба ҷиноятҳо дар самти савдои одамон (минбаъд - ҳимояи давлатӣ) – аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ амалӣ намудани чораҳои амниятии пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ҳифзи ҳаёт, саломатӣ ва (ё) молу мулки қурбониёни савдои одамон равона гардидаанд, инчунин чораҳои дастгирии иҷтимоии шахсони номбурда бо сабаби иштироки онҳо дар мурофиаи судии ҷиноятӣ;
– ҳифзи қурбонии савдои одамон – системаи чораҳои аз ҷониби давлат кафолатдодашуда, ки барои таъмини бехатарӣ, ҳифзи ҳаёт, саломатӣ ва озодӣ, риояи дигар ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шахси аз ҷиноятҳо дар самти савдои одамон зарардида равона шудаанд;
– ҳолати (вазъияти) ба ғуломӣ монанд – вазъ ё ҳолати шахси дар вазъияти ноилоҷӣ, аз ҷумла дар асорати қарзӣ қарордошта;
– ҳолати оҷизии қурбонии савдои одамон – вазъияти аз ҷиҳати ҷисмонӣ, равонӣ, иҷтимоӣ ё иқтисодӣ ҳифзнашуда будани инсон, ки бинобар ба вуҷуд омадан ё қасдан аз ҷониби шахси гунаҳгор ба вуҷуд овардани шароити вазнини зиндагӣ ба миён омадааст ва ё вазъияти вобастагии моддӣ ва дигар вобастагии инсон, аз ҷумла вобаста ба синни кӯдакӣ ё пиронсолӣ, ҳомиладорӣ, бемории рӯҳӣ ё ҷисмонӣ ва ё норасогии ҷисмонии инсон, ки ӯро барои додани розигӣ ба маҷбуркунӣ ва (ё) истисмори ӯ водор кардаанд;
– ҷалб кардан – ҷустуҷӯй, интихоб ва киро кардани шахсон бо роҳи ҳавасмандкунии моддӣ барои ба манфиати кирокунанда ё дигар шахсон иҷро намудани ягон кор, хизматрасонӣ ва ё анҷом додани дигар фаъолият, ҳамчунин фаъолияти зиддиҳуқуқӣ, аз ҷумла дар ҳудуди давлати хориҷӣ.
Моддаи 2. Мақсад ва вазифаҳои Қонуни мазкур
- фароҳам овардани маҷмӯи кафолатҳои ташкилию ҳуқуқӣ ва мурофиавии самараноки ҳифзи шахсият, ҷамъият ва давлат аз ҳама шаклҳои савдои одамон ва ҷиноятҳои бо он алоқаманд;
- танзими ҳуқуқии асосҳои системаи умумидавлатии маҷмӯии муқовимат ба савдои одамон, ки чораҳои ба огоҳонидан, ошкор намудан ва пешгирӣ кардани ҷиноятҳо дар самти савдои одамон, бартарафсозии оқибатҳои ногувори онҳо, ошкор намудан ва ба ҷавобгарии ҳуқуқӣ кашидани шахсоне, ки дар савдои одамон гунаҳгоранд, инчунин ошкор намудан ва айнияткунонии қурбониёни савдои одамон, расонидани кумак ба онҳо ва таъмини амнияти қурбониёни савдои одамон равонгардидаро дар бар мегирад (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1563);
- фароҳам овардани асосҳои ташкилию ҳуқуқии таъмини фаъолияти самараноки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар самти муқовимат ба савдои одамон ва дигар субъектҳои системаи муқовимат ба савдои одамон;
- ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ташкилотҳои давлатӣ, инчунин ташкилотҳои ғайридавлатӣ, байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, дигар ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, воситаҳои ахбори омма ва шаҳрвандон дар самти муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1563);
- ташаккули асосҳои ташкилию ҳуқуқии ҳамкории байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба савдои одамон, расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон ва иҷро намудани уҳдадориҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1563);
- таъмини қурбониёни савдои одамон бо маҷмӯи маъмулии ҳадди ақали хизматрасонии иҷтимоӣ, аз ҷумла чораҳои вобаста ба расонидани кумаки равонӣ, ҳуқуқӣ, иҷтимоӣ, тиббӣ ва дигар намудҳои кумак (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1563);
- барқарор намудан ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии қурбониёни савдои одамон бо ҷудо кардани гурӯҳҳои нисбатан осебпазири онҳо;
- мутобиқгардонӣ ва тавонбахшии пурраи иҷтимоии қурбониёни савдои одамон, ворид намудани онҳо ба муҳити мӯътадили иҷтимоӣ;
- ба қурбониёни савдои одамон пурра ҷуброн намудани зарари маънавӣ ва моддии ба онҳо расонидашуда;
- аз ҷониби давлат андешидани маҷмӯи чораҳои дорои хусусияти иҷтимоию иқтисодӣ, ҳуқуқӣ, таълимию маърифатӣ, иттилоотӣ ва чораҳои дигар ҷиҳати расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон, аз ҷумла чораҳое, ки барои бартараф намудани сабабу шароитҳои ба виктимизатсия ва ревиктимизатсияи онҳо мусоидаткунанда равона шудаанд (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1563).
Моддаи 3. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи муқовимат ба савдои одамон ва
расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон
(ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1563)
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1563).
Моддаи 4. Сиёсати давлатӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба
қурбониёни савдои одамон
(ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1563)
- таъмини аввалиндараҷаи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии қурбониёни савдои одамон, кафолати давлатии амнияти онҳо, ҳифзи ҳаёт, саломатӣ ва шаъну шарафи онҳо, ҳуқуқ ба махфиёна нигоҳ доштани маълумот дар бораи шахсияти онҳо;
- муносибати системавӣ ба ташкили муқовимат ба савдои одамон, аз ҷумла огоҳонидан, ошкор намудан ва пешгирӣ кардани ҷиноятҳо дар самти савдои одамон, бартарафкунии оқибатҳои онҳо, ҳифзу дастгирии қурбониёни савдои одамон, инчунин ба ҷавобгарӣ кашидани шахсоне, ки дар савдои одамон гунаҳгоранд ва пешгирии ретсидиви чунин ҷиноятҳо;
- афзалияти пешгирии савдои одамон ва ҷиноятҳои бо он алоқаманд, аз ҷумла тадбирҳое, ки барои паст намудани талабот ба истисмори шаҳвонӣ, иқтисодӣ ва дигар намудҳои истисмори инсон, пешгирии виктимизатсияи қурбониёни савдои одамон ва ҷиноятҳои ба он алоқаманд равона карда шудаанд;
- татбиқи маҷмӯии чораҳои дорои хусусияти сиёсӣ, иҷтимоию иқтисодӣ, иттилоотӣ, таълимӣ, ҳуқуқӣ, мурофиавӣ, оперативӣ - ҷустуҷӯӣ ва дигар хусусият ҳангоми ташкили муқовимат ба савдои одамон;
- ногузирии ҷавобгарии шахсоне, ки дар савдои одамон гунаҳгоранд;
- ба ҳадди ақал расонидани даромадҳо аз фаъолияти ҷиноятӣ дар самти савдои одамон, тавассути татбиқ намудани ҷазоҳои ҷиноятӣ, пеш аз ҳама мусодираи молу мулк;
- шарикии иҷтимоӣ ва ҳамкории давлат бо ташкилотҳои байналмилалӣ, ғайридавлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, воситаҳои ахбори омма ва шаҳрвандон ҳангоми ташкили муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1563);
- ҳимояи давлатии кафолатдодашуда, барқарор кардани ҳуқуқҳои қурбониёни савдои одамон, ҷуброни зарари ба онҳо расонидашуда, таъмини амнияти онҳо, новобаста аз рафтори онҳо то содир гардидани ҷиноят, ҳамчунин омодагии онҳо барои ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳангоми тафтишот ва баррасии судии ҷиноятҳои нисбати онҳо содиршуда;
- афзалияти ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии кӯдакон-қурбониёни савдои одамон, аз ҷониби давлат таъмин намудани ҳифзи махсуси онҳо ва аз тарафи тамоми субъектҳои системаи муқовимат ба савдои одамон ба онҳо расонидани кумаки ҳамаҷониба (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1563);
- муносибати фардӣ дар муайян кардани ҳаҷми хизматрасонӣ оид ба мутобиқгардонӣ ва тавонбахшии иҷтимоии қурбониёни савдои одамон вобаста ба розигии онҳо барои ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ;
- ба ҷавобгарӣ накашидани шахсони аз савдои одамон зарардида барои кирдори зиддиҳуқуқие, ки ба ҷалби онҳо ба савдои одамон ба сифати қурбонӣ алоқаманд мебошад;
- роҳ надодан ба табъизи қурбониёни савдои одамон, муносибати одилона ва инсондӯстона нисбат ба онҳо;
- таъмини дастрасии озод ва ройгони қурбониёни савдои одамон ба адолати судӣ;
- махфиёна будани иттилоот дар бораи қурбониёни савдои одамон ва наздикони онҳо.
- мутобиқати қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба меъёрҳои санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст;
- дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон инъикос намудани хусусият ва дараҷаи барои ҷамъият хавфнокӣ, ҳолати воқеӣ, тамоюл ва пешгӯии афзоиши ҷинояткорӣ дар самти савдои одамон, шакл ва намудҳои он;
- ҳамоҳангсозии фаъолият дар самти муқовимат ба савдои одамон бо самтҳои омехтаи фаъолияти давлат дар соҳаи сиёсати иҷтимоӣ, иқтисодӣ, муҳоҷират, иттилоотӣ, таълимӣ ва иҷозатномадиҳӣ;
- таҳия ва татбиқи барномаҳои миллӣ оид ба огоҳонидан ва пешгирӣ намудани савдои одамон, оид ба тавонбахшии иҷтимоии қурбониёни он, расонидани кумак ва дастгирии ҳамаҷонибаи давлатӣ ба онҳо (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1563);
- амалӣ намудани назорати давлатӣ ба риояи қонунгузории Ҷумҳуриии Тоҷикистон ва аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро намудани уҳдадориҳои байналмилалӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1563);
- такмили механизмҳои ҳамкории мутақобилаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мақомоти ваколатдори давлатӣ дар соҳаи сарҳад, муҳоҷират, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, маориф ва илм, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва дигар ташкилотҳо барои қабул намудани тадбирҳои мувофиқашудаи муқовимат ба савдои одамон, хусусан занон ва кӯдакон;
- ҳамоҳангсозии амалҳои мақомоти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ташкилотҳои давлатӣ, ташкилотҳои ғайридавлатӣ, байналмилалӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, дигар ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, табақаҳои васеи аҳолӣ оид ба огоҳонидан ва пешгирии савдои одамон.
БОБИ 2.
АСОСҲОИ ТАШКИЛИИ МУҚОВИМАТ БА САВДОИ ОДАМОН ВА
РАСОНИДАНИ КӮМАК БА ҚУРБОНИЁНИ САВДОИ ОДАМОН
Моддаи 5. Системаи муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни
савдои одамон
(ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1563)
Моддаи 6. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба савдои
одамон
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- сиёсати давлатиро дар самти муқовимат бо савдои одамон амалӣ менамояд;
- таҳия, банақшагирӣ, маблағгузорӣ ва амалӣ намудани чораҳои маҷмӯиро оид ба татбиқи сиёсати давлатӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон таъмин мекунад;
- санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки ташкил ва тартиби амалӣ намудани фаъолият оид ба муқовимат ба савдои одамонро танзим менамоянд, қабул мекунад;
- иҷрои санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Тоҷикистонро дар самти муқовимат ба савдои одамон таъмин мекунад;
- Низомномаи Комиссияи байниидоравии муқовимат ба савдои одамонро тасдиқ менамояд;
- нақшаи миллии муқовимат ба савдои одамонро тасдиқ менамояд ва татбиқи онро таъмин мекунад;
- барномаҳои мақсадноки давлатиро, ки барои муқовимат ба савдои одамон равона шудаанд, тасдиқ мекунад;
- оид ба таъмини фаъолияти субъектҳои системаи муқовимат ба савдои одамон тадбирҳо меандешад;
- барои таъмини фаъолияти ташкилию ҳуқуқӣ, молиявӣ ва моддию техникии субъектҳои системаи давлатии муқовимат ба савдои одамон дар самти расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон чораҳо меандешад (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1563);
- фонди расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамонро таъсис дода, тартиби ташкил ва фаъолияти онро муайян мекунад (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1563);
- номгӯйи ҷиноятҳои бо савдои одамон алоқамандро муайян мекунад (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1563);
- номгӯи мансабҳоро, ки бо фаъолияти омӯзгорӣ, пешбурди вазифаҳои тарбиявӣ нисбати кӯдакон алоқаманд мебошанд, инчунин касбҳои бо кори доимӣ бо кӯдакон вобастабударо, ки ишғоли онҳо аз ҷониби шахсони қаблан ҷиноятҳои ба муқобили озодии ҷинсӣ ва дахлнопазирии ҷинсиро содирнамуда манъ аст, тасдиқ менамояд;
- дигар ваколатҳоро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ кардааст, амалӣ менамояд.
Моддаи 7. Субъектҳои давлатие, ки бевосита муқовимат ба савдои одамонро амалӣ
менамоянд
- Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва прокурорҳои тобеи он;
- Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи муқовимат ба савдои одамон амалӣ намуда, дар доираи ваколатҳои худ оид ба пешгирии савдои одамон тадбирҳо меандешанд;
- фаъолияти мақомоти давлатии амаликунандаи муқовимат ба савдои одамонро ҳамоҳанг месозанд;
- ҳангоми ошкор намудани ҳолатҳои вайронкунии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба савдои одамон ҷиҳати бартарафсозии чунин ҳолатҳо тадбирҳо меандешанд;
- ҳангоми аз мақомоти давлатии амаликунандаи муқовимат ба савдои одамон, ташкилотҳо ва шаҳрвандон гирифтани маълумот дар бораи мавҷудияти ҳолатҳои ба савдои одамон вобаста, оид ба бартараф намудани чунин ҳуқуқвайронкуниҳо амр мебароранд, ки иҷрои он аз ҷониби мақомоти дахлдори давлатӣ, ташкилотҳо, шахсони мансабдор ва шаҳрвандон ҳатмӣ мебошад ё бо тартиби муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба суд аризаро дар бораи дахл доштани ташкилотҳо ба савдои одамон, манъ кардани фаъолияти онҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барҳам додани чунин ташкилотҳо, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта шудаанд ё дар бораи қатъи фаъолияти намояндагии чунин ташкилотҳои хориҷӣ ё байналмилалие, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон воқеъ гардидаанд, пешниҳод менамоянд. Аз лаҳзаи пешниҳоди ариза ба суд фаъолияти ташкилоти ба савдои одамон дахлдор боздошташуда ҳисобида мешавад;
- таъқиби ҷиноятии шахсонеро, ки савдои одамон ё ҷиноятҳои ба он алоқамандро содир намудаанд, амалӣ мекунанд;
- дигар ваколатҳоро мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамоянд.
- дар асоси иттилооти аз субъектҳои давлатии амаликунандаи муқовимат ба савдои одамон пешниҳодгардида, махзани ягонаи маълумот дар бораи савдои одамонро таъсис медиҳад;
- воҳидҳои махсусгардонидашуда оид ба муқовимат ба савдои одамон (минбаъд- воҳидҳои махсусгардонидашуда)-ро таъсис медиҳад;
- огоҳонидан, ошкор кардан ва пешгирӣ намудани савдои одамон ва ҷиноятҳои ба он алоқамандро амалӣ менамояд;
- бо мақсади ошкор кардан ва бартарафсозии сабаб ва шароитҳои ба савдои одамон мусоидаткунанда чораҳои пешгирикунанда меандешад;
- дар асоси ариза ҳимояи қурбониёни савдои одамонро дар давраи мурофиаи ҷиноятӣ таъмин менамояд ва ба онҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дигар кумакро мерасонад (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1563);
- барои ҳифзи ҳаёт, саломатӣ ва молу мулки шаҳрвандоне, ки ба онҳо вобаста ба расонидани ёрӣ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар пешгирӣ ва ошкор намудани ҷиноятҳо дар самти савдои одамон хатар таҳдид мекунад, тадбирҳо меандешад;
- фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ, фаъолият оид ба таъқиби ҷиноятӣ, ҳамкории байналмилалӣ, айнияткунонии қурбониёни савдои одамон, таҳлили иттилоот, инчунин таъсиси марказҳо оид ба огоҳонидан ва пешгирӣ намудани савдои одамонро амалӣ менамояд;
- дигар ваколатҳоро тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд.
- огоҳонидан, ошкор кардан ва пешгирӣ намудани савдои одамон ва ҷиноятҳои ба он алоқамандро амалӣ менамояд, чораҳои пешгирикунандаро оид ба ошкор ва бартарафсозии сабаб ва шароитҳои ба савдои одамон ва содир намудани ҷиноятҳои ба он алоқаманд мусоидаткунанда меандешад;
- муқовимат ба савдои одамонро ба воситаи ошкор намудани алоқаҳои ташкилотҳои байналмилалии террористӣ ва гурӯҳҳои муташаккили ҷиноятӣ бо савдогарони одамон, огоҳонидан, ошкор кардан ва пешгирӣ намудани кӯшишҳои савдогарони одамон ҷиҳати гузаштан аз Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин ҷойивазкунии ғайриқонунии курбониёни савдои одамонро тавассути Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд;
- таъқиби ҷиноятии шахсонеро, ки савдои одамон ва дигар ҷиноятҳои ба он алоқамандро содир намудаанд, амалӣ менамояд;
- дигар ваколатҳоро тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд.
- пешгирии виктимизатсияи қурбониёни савдои одамон;
- амалӣ намудани чорабиниҳое, ки барои ошкор намудан ва айнияткунонии қурбониёни савдои одамон равона шудаанд;
- амалӣ гардонидани ҳамкорӣ бо дигар субъектҳои системаи давлатӣ ва ғайридавлатии муқовимат ба савдои одамон оид ба масъалаҳои расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1563).
Моддаи 8. Субъектҳои дигари давлатии амаликунандаи муқовимат ба савдои одамон
- Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1563);
- Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросими назди Ҳукумати Ҷумхурии Тоҷикистон (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1563);
- Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1563);
- мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот;
- ташкилотҳои давлатӣ.
- кори мақомоти давлатиро оид ба ташвиқу тарғиб ҷиҳати баланд бардоштани фарҳанги ҳуқуқӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон ташкил ва ҳамоҳанг месозад, ҳолати ташвиқу тарғиби ҳуқуқӣ ва донишҳои ҳуқуқии аҳолиро дар ин самт таҳлил менамояд;
- риояи қонуниятро ҳангоми бақайдгирии иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ки фаъолияташон ба муқовимат ба савдои одамон ва ҷиноятҳои ба он алоқаманд равона шудааст, таъмин менамояд ва фаъолияти чунин иттиҳодияҳои ҷамъиятиро месанҷад;
-барномаҳои давлатиро оид ба расонидани кумаки махсусгардонидашуда ба шахсоне, ки аз иллати шаҳвонӣ азият мекашанд, аз ҷумла барои содир намудани ҷиноятҳо дар самти савдои одамон маҳкум шудаанд, таҳия карда, татбиқи онро ташкил менамояд (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1563).
- барномаҳои таълимиро оид ба масъалаҳои ошкор кардани савдои одамон ва тарзҳои муқовимат ба он, ки барои табақаҳои гуногуни аҳолӣ ва омӯзиш дар муассисаҳои таълимӣ таъин гардидаанд, таҳия ва тасдиқ менамояд;
-воситаҳои барномавӣ ва техникии маҳдудияти дастрасии кӯдаконро ба маълумоти паҳнгардидаи Интернет, ки ба саломатӣ, инкишофи маънавӣ ва рӯҳии онҳо метавонанд зарар расонанд, таҳия менамояд;
- барномаҳои таълимии ба гурӯҳҳои гуногуни иҷтимоӣ нигаронидашуда, барои пешгирии виктимизатсияи аҳолӣ ва қурбониёни имконпазири савдои одамон равонагардида, аз ҷумла барои таълим дар муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, таҳсилоти ибтидоӣ, миёна, олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ таъингардидаро таҳия, тасдиқ ва татбиқи онҳоро таъмин мекунад.
- барномаҳои ба қурбониёни савдои одамон расонидани кумаки тиббӣ ва равонӣ, инчунин бо доруворӣ таъмин кардани муассисаҳои махсусро таҳия карда, иҷрои онҳоро таъмин менамояд (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1563);
- тавассути шӯъбаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба қурбониёни савдои одамон додани иттилоот ва машваратро таъмин менамояд, ба онҳо имкониятҳоеро, ки дар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шахсони аз ҷиҳати иҷтимоӣ ҳифзшаванда пешбинӣ шудааст, пешниҳод мекунад;
- барномаҳои давлатиро оид ба расонидани кумаки махсусгардонидашуда ба шахсоне, ки аз иллати шаҳвонӣ азият мекашанд, аз ҷумла ба шахсоне, ки барои содир намудани ҷиноятҳо дар самти савдои одамон маҳкум шудаанд, таҳия карда, татбиқи онҳоро ташкил менамояд (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1563).
- маълумотро дар бораи кӯдакон – шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз ҷониби шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба таври доимӣ берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомат мекунанд, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд ба фарзандхондӣ қабул шудаанд, ҷамъ оварда, шароитҳои зисти онҳоро меомӯзад ва ҳар нимсола дар ин бора ба Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад;
- дар ҳамкорӣ бо ташкилотҳои ба тавонбахшии қурбониёни савдои одамон кумакрасон фаъолиятро оид ба ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки қурбонии савдои одамон гаштаанд ва берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд, амалӣ менамояд ва барои ба Тоҷикистон баргардонидани онҳо мусоидат мекунад (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1563);
- ба мақомоти давлатии кишварҳои истиқомати шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи муқовимат ба савдои одамон маълумот пешниҳод менамояд, доир ба чораҳои муқовимат ба савдои одамон, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешаванд, аз ҷумла дар бораи ҳуқуқҳои қурбониёни савдои одамон иттилоот паҳн менамояд;
- барасмиятдарорӣ ва додани ҳуҷҷатҳои бозгаштро ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қурбониёни савдои одамон - шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, шахсони бешаҳрванди ба таври доимӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқоматдошта, шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд, ки ба онҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми гуреза ё паноҳгоҳи сиёсӣ дода шудааст, фавран таъмин менамояд.
- фаъолиятро оид ба иттилоотонии аҳолӣ дар бораи вазъи бозори меҳнат, тайёрии касбӣ, ҳавасмандгардонӣ оид ба бокортаъминкунӣ ба воситаи хизматрасонии иттилоотию машваратӣ дар бораи касб, хизматрасонӣ оид ба интихоби касб ва таълим, инчунин машварат ва кумак оид ба оғози фаъолияти соҳибкориро амалӣ менамояд (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1563);
- тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон назорат ва санҷиши фаъолияти шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ, ташкил ва ба роҳ мондани чунин фаъолиятро бо мақсади пешгирии муҳоҷирати ғайриқонунии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба давлатҳои хориҷӣ дар якҷоягӣ бо мақомоти дахлдори давлатӣ ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, инчунин ташкил ва гузаронидани чораҳои иттилоотию пешгирикунандаро, ки ба муқовимат ба савдои одамон мусоидат мекунанд, амалӣ менамояд;
- дар доираи ваколатҳои худ ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии қурбониёни савдои одамон, аз ҷумла шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки қурбонии савдои одамон гаштаанд ва берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд, таъмин менамояд.
- дар якҷоягӣ бо дигар субъектҳои дахлдори амаликунандаи муқовимат ба савдои одамон иҷрои барномаҳои давлатиро вобаста ба муқовимат ба савдои одамон ва ҷалб нагаштани занон ба сифати қурбонии имконпазири савдои одамон амалӣ менамояд;
- чораҳои вобаста ба огоҳонидан, маълумотдиҳӣ, маърифатнокӣ, машваратдиҳӣ, бозравонӣ ва дастгирии иҷтимоии қурбониёнро дар самти савдои одамон дар байни занон амалӣ мегардонад.
- дар мувофиқа бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаҳои таълимии диниро дар самти муқовимат ба савдои одамон таҳия менамояд;
- чораҳои вобаста ба огоҳонидан, маълумотдиҳӣ, маърифатнокӣ ва машваратдиҳиро дар самти савдои одамон дар байни аҳолӣ амалӣ мегардонад.
Моддаи 9. Фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон
- бо мақомот ва ташкилотҳои давлатии амаликунандаи муқовимат ба савдои одамон, ки дар моддаҳои 7 ва 8 Қонуни мазкур пешбинӣ шудаанд ва ҳамчунин бо ташкилотҳои байналмилалӣ ва хориҷӣ ҳамкорӣ кунанд;
- маъракаҳои иттилоотиро оид ба масъалаҳои муқовимат ба савдои одамон, аз ҷумла оид ба масъалаҳои хатарҳое, ки қурбониёни савдои одамон гирифтор шуда метавонанд, ташкил намоянд;
- муассисаҳои (марказҳои, паноҳгоҳҳои) махсусро оид ба расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон (минбаъд-муассисаҳои махсуси ғайридавлатӣ) ташкил кунанд (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1563);
- дигар фаъолиятро, ки бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст, амалӣ намоянд.
Моддаи 10. Фаъолияти ташкилотҳои байналмилалӣ ва хориҷӣ дар самти муқовимат ба
савдои одамон
Бо мақсади пешгирӣ кардани савдои одамон ва ҷиноятҳои ба он алоқаманд, ошкор кардани қурбониёни савдои одамон, ҳимоя ва кумак кардан ба онҳо ташкилотҳои байналмилалӣ ва хориҷие, ки фаъолиятро дар самти муқовимат ба савдои одамон амалӣ мегардонанд, ҳуқуқ доранд бо мақомоти давлатӣ ва дигар ташкилотҳои дар моддаҳои 7 - 9 Қонуни мазкур пешбинишуда ҳамкорӣ кунанд, лоиҳаҳои ёрии техникии байналмилалиро, ки ба муқовимати савдои одамон равона карда шудаанд, аз ҷумла ба воситаи ташкили муассисаҳои махсуси ғайридавлатӣ амалӣ намоянд (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1563).
Моддаи 11. Ҳамкории мақомоти давлатӣ бо иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, ташкилотҳои
байналмилалӣ ва ғайридавлатӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон
- ташкили мониторинги иттилооте, ки бо иштироки онҳо пахш мешавад, ташкили «хатҳои оҷилӣ»;
- ҷорӣ намудани системаи таснифи мазмуни маҳсулоти иттилоотии аз ҷониби онҳо паҳншаванда;
- насби филтрҳои мазмунӣ ва мониторинги захираҳои иттилоотии аз ҷониби онҳо дастгиришаванда;
- истифодаи воситаҳои техникӣ ва барномавии муҳосира кардани иттилооте, ки паҳн намудани он дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шудааст.
- назоратбарии дастрасии кӯдакон ба алоқаҳои мобилӣ ва электронӣ дар реҷаи «танҳо барои калонсолон»;
- гузаронидани маъракаҳои маърифатӣ барои омӯзгорон, падару модарон ва кӯдакон дар бораи тадбирҳои бехатарӣ ҳангоми истифодабарии алоқаи мобилӣ ва дигар намудҳои алоқаи электронӣ;
- ихтиёран гузаронидани таснифи синнусолии мазмуни маҳсулоти иттилоотӣ мутобиқи стандартҳои миллии бехатарии иттилоотии кӯдакон;
- тавассути шабакаҳои алоқаҳои мобилӣ ва интернетӣ иштирок дар огоҳонидан ва пешгирии паҳн кардани хабарҳое, ки мазмуни ғайриқонунӣ доранд;
- ба истифодабарандагони алоқаҳои мобилӣ ва алоқаи электронӣ пешниҳод кардани хизматрасонии таъминоти барномавии назоратбарии падару модар ва омӯзгорон, муҳосира ва ҷудо (селексия) намудани дастрасии кӯдакон ба захираҳои иттилоотие, ки барои саломатӣ ва инкишофи ахлоқию рӯҳии кӯдакон хатар доранд.
Моддаи 12. Механизми бозравонии қурбониёни савдои одамон
Моддаи 13. Мониторинги вазъият дар самти савдои одамон ва муқовимат ба он
- таҳлили омории ҳолат ва ҷараёни ҷиноятҳо дар самти савдои одамон;
- ташкили мониторинги интернет ва шабакаи алоқаи мобилӣ;
- ташкили шабакаи «хати оҷилӣ» ва телефонҳои боварӣ, аз ҷумла бо истифодаи шабакаҳои телекоммуникатсионӣ ва воситаҳои электронии алоқа;
- ҷамъ овардан, мураттабсозӣ ва таҳлили иттилооте, ки дар натиҷаи фаъолияти оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ворид мешаванд;
- ҷамъ овардан, мураттабсозӣ ва таҳлили иттилооте, ки аз мақомоту муассисаҳои маориф ва илм, хизматрасонии тиббии кӯдакон, ҳифзи иҷтимоӣ ва хизматрасонии иҷтимоии аҳолӣ, дигар мақомоту муассисаҳои ба кор бо кӯдакон машғулбуда воридшудае, ки мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон уҳдадоранд, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар бораи ҳолатҳои савдои кӯдакон ва ҷиноятҳои ба он алоқаманд, ки ба кормандони онҳо вобаста ба амалӣ намудани фаъолияти касбӣ ё хизматӣ маълум шудаанд, иттилоот диҳанд (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1563);
- ҷамъ овардан, мураттабсозӣ ва таҳлили иттилооте, ки дар ариза ва муроҷиатҳои иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва дигар ташкилотҳо, инчунин шаҳрвандон мавҷуданд;
- мониторинги воситаҳои ахбори омма.
Моддаи 14. Банақшагирии фаъолият оид ба муқовимат ба савдои одамон ва расонидани
кумак ба қурбониёни савдои одамон
(ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1563)
Моддаи 15. Ҳамоҳангсозии фаъолият оид ба муқовимат ба савдои одамон
Моддаи 16. Комиссияи байниидоравӣ ва комиссияҳои ҳудудии муқовимат ба савдои одамон
- ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба асосҳои сиёсати давлатӣ дар самти огоҳонидан ва пешгирӣ намудани савдои одамон таклифҳо, инчунин ҷиҳати такмили фаъолият оид ба ошкор кардан ва бартарафсозии сабаб ва шароитҳои ба ҷиноятҳои зикргардида мусоидаткунанда ва амалӣ намудани фаъолияти пешгирикунанда дар ин самт тавсияҳо пешниҳод менамояд;
- иҷрои нақшаи миллии муқовимат ба савдои одамонро назорат мекунад, мониторинги татбиқи чораҳои дар он пешбинишударо ташкил менамояд, бо тартиби муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи рафти иҷрои нақшаи миллӣ ва иҷрои қонунгузорӣ дар ин самт аз ҷониби субъектҳои системаи муқовимат ба савдои одамон мунтазам иттилоот пешниҳод менамояд;
- ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба такмили қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон таклифҳо пешниҳод менамояд (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1563);
- ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол дар бораи натиҷаҳо ва масъалаҳои ҳалталаби муқовимат ба савдои одамон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлатҳои ҳамсарҳад ҳисобот пешниҳод менамояд (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1563);
- дар омода намудани шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба савдои одамон иштирок менамояд;
- бо мақсади таҳкими ҳамкорӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташкилотҳои байналмилалӣ ва ғайридавлатӣ санадҳо оид ба ҳамкориро ба тасвиб мерасонад.
- фаъолияти иттилоотию маърифатиро дар байни гурӯҳҳои гуногуни аҳолӣ оид ба хатари савдои одамон ҳамчун зуҳуроти иҷтимоӣ, дар бораи чораҳои пешгирикунанда ва ҳифзи ҳуқуқии дар самти мазкур мавҷудбуда ва имкониятҳои муроҷиат намудан барои кумак ба субъектҳои дахлдори системаи муқовимат ба савдои одамон ташкил менамоянд (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1563);
- омӯзиш ва такмили дараҷаи ихтисоси кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқро оид ба масъалаҳои муқовимат ба савдои одамон ташкил менамоянд;
- қабул, мураттабсозӣ, таҳлили ариза ва муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро вобаста ба масъалаҳои савдои одамон ташкил менамоянд;
- ҷорӣ намудан ва амалисозии системаи «хатҳои оҷилӣ» ва телефонҳои бовариро барои гирифтани иттилооти бештару пурра дар бораи ҳолатҳои савдои одамон ва ҳуқуқвайронкуниҳои ба он алоқаманд ташкил менамоянд;
- вобаста ба фаъолият оид ба муқовимат ба савдои одамон қарор қабул менамоянд;
- фаъолият оид ба пешгирии савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамонро ҳамоҳанг месозанд (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1563);
- ба муассисаҳои (марказҳои, паноҳгоҳҳои) махсуси давлатӣ оид ба расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон (минбаъд - муассисаҳои махсуси давлатӣ) ва муассисаҳои махсуси ғайридавлатии дар ҳудуди дахлдори онҳо воқеъгардида, дастгирии ташкилӣ ва методиро оид ба расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон таъмин менамоянд (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1563);
- дастгирии иттилоотӣ, ташкилӣ, методӣ ва дастгирии дигари фаъолияти иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва ташкилотҳои ғайридавлатиро, ки ба муқовимат ба савдои одамон ва расонидани кумак ба қурбониёни он равона шудааст, анҷом медиҳанд (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1563).
- мунтазам дар ҷаласаҳои худ бо риояи системаи муқар-раргардидаи махфият иттилоот дар бораи ҳолати муқовимат ба савдои одамонро, ки бо риояи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби субъектҳои системаи муқовимат ба савдои одамон пешниҳод гардидааст, баррасӣ менамоянд;
- иттилоот оид ба ҳолат, ҷараён ва тамоюли савдои одамонро дар сатҳи миллӣ (минтақавӣ) ҷамъ меоваранд, ҷамъбасту таҳлил мекунанд ва пешгӯиҳои кӯтоҳмуддату дарозмуддати рушди онро таҳия менамоянд;
- ариза ва муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро вобаста ба масъалаҳои савдои одамон қабул, мураттаб ва таҳлил менамоянд;
- мунтазам ҷаласаҳои ҳамоҳангсозиро бо иштироки субъектҳои системаи муқовимат ба савдои одамон баргузор менамоянд;
- барнома ва нақшаҳои фаъолияти субъектҳои системаи муқовимат ба савдои одамонро таҳия менамоянд ва иҷрои онҳоро назоратбарӣ мекунанд.
- гузаронидани таҳқиқот, экспертиза ва баҳодиҳии зарурӣ, аз ҷумла таҳқиқоти илмиро оид ба масъалаҳои амалӣ гардонидани ҳамоҳангсозӣ дар самти муқарраргардидаи фаъолият ташкил намоянд;
- ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ оид ба масъалаҳое, ки ба салоҳияти комиссия мансубанд, тавзеҳот диҳанд;
- маълумотеро, ки оид ба масъалаҳои ба салоҳияти комиссия мансуббуда заруранд, дархост ва дастрас намоянд;
- бо тартиби муқарраргардида барои коркарди масъалаҳои самти фаъолияти худ ташкилотҳои илмӣ ва дигар ташкилотҳо, олимон ва мутахассисонро ҷалб намоянд;
- мақомоти машваратӣ ва ташхисиро (шӯроҳо, гурӯҳҳо, комиссияҳоро) дар самти муқарраргардидаи фаъолият таъсис диҳанд.
Моддаи 17. Воҳидҳои махсусгардонидашуда оид ба муқовимат ба савдои одамон
- ошкор намудан, огоҳонидан, пешгирӣ кардан ва кушодани ҷиноятҳо дар самти савдои одамон;
- ошкор ва муайян намудани шахсони ҷиноятҳои ба савдои одамон алоқамандро тайёркунанда, содиркунанда ё содиркарда;
- амалӣ намудани ҷустуҷӯи савдогарони одамон, ки аз мақомоти таҳқиқ, тафтишот ва суд пинҳон шудаанд, аз адои ҷазои ҷиноятӣ саркашӣ менамоянд (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1563);
- амалӣ намудани ҷустуҷӯи шахсони бедарак гумшуда, ки нисбат ба онҳо асосҳои эҳтимолияти қурбонии савдои одамон гаштани онҳо ҷой доранд (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1563);
- таъмини бехатарии қурбониёни савдои одамон, ташкили расонидани кумаки таъҷилӣ ба онҳо (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1563);
- ташкили ҷамъ овардан, захира намудан ва нигоҳдории маълумот оид ба шахсон, воқеият ва ҳолатҳое, ки ба савдои одамон алоқаманд мебошанд, дар маркази ягонаи иттилоотию ҳисоббарорӣ бо ҷалби мутахассисоне, ки аз тайёрии махсуси касбӣ гузаштаанд ва бо воситаҳои техникии муосир таҷҳизонида шудаанд;
- бақайдгирӣ ва санҷиши хабарҳо, аз ҷумла беном оид ба ҳолатҳои савдои одамон, аз он ҷумла савдои кӯдакон, истисмори шаҳвонӣ ва дигар истисмори онҳо бо истифода аз технологияҳои навтарин.
Моддаи 18. Махзани ягонаи маълумот дар бораи ҷиноятҳо дар самти савдои одамон
- оид ба ҳолатҳои ҷойивазкунии ғайриқонунӣ, одамрабоӣ, истисмори иқтисодӣ, шаҳвонӣ ва дигар истисмори курбониёни савдои одамон;
- дар бораи савдогарони одамон ва шарикони онҳо;
- дар бораи қурбониёни савдои одамон;
- дар бораи туризми шаҳвонии кӯдакон;
- дар бораи шахсони бедарак гумшуда, эҳтимолан истисморшаванда ва ба истисмор гирифторшуда, аз ҷумла дар ҳудуди давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва дигар давлатҳо.
- иттилооти аз тарафи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар натиҷаи аз ҷониби онҳо амалӣ намудани мониторинги вазъият дар самти савдои одамон, аз ҷумла ба воситаи шабакаи «хатҳои оҷилӣ» ва телефонҳои боварӣ ҷамъкардашуда;
- иттилооти аз мақомот ва муассисаҳои маориф, хизматрасонии тиббии кӯдакон, ҳифзи иҷтимоӣ ва хизматрасонии иҷтимоии аҳолӣ, дигар мақомот ва муассисаҳои кор бо кӯдакон воридшуда, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон уҳдадоранд мақомоти ҳифзи ҳуқуқро дар бораи ҳолатҳои савдои кӯдакон ва ҷиноятҳои вобаста ба он, ки ба кормандони онҳо вобаста ба иҷрои фаъолияти касбӣ ё хизматӣ маълум гаштаанд, хабардор намоянд (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1563);
- иттилооте, ки дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ва дигар чорабиниҳои вобаста ба ошкор намудан, пешгирӣ кардан, тафтиш ва кушодани ҷиноятҳо дар самти савдои одамон, аз ҷумла маълумот дар бораи онҳо, ки аз махзанҳои иттилоотии маълумоти дахлдори ҳудудӣ, аз Ташкилоти байналмилалии политсияи криминалӣ (Интерпол) ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ гирифта шудаанд.
БОБИ 3.
АСОСҲОИ ҲУҚУҚИИ ЭЪТИРОФ НАМУДАН ВА
ДОДАНИ МАҚОМИ ҲУҚУҚИИ ҚУРБОНИИ САВДОИ ОДАМОН
Моддаи 19 Ҳуқуқҳои шахси аз савдои одамон зарардида то лаҳзаи қурбонии савдои одамон
эътироф гардидани ӯ
Моддаи 20. Мақоми ҳуқуқии қурбонии савдои одамон
- шахсоне, ки аз тарафи савдогарони одамон ё шарикони онҳо бо мақсади содир намудани савдои одамон ё ҷиноятҳои ба он алоқаманд ё дар ҷараёни содиркунии ин ҷиноятҳо мавриди маҷбуркунӣ, сӯиистифодаи боварии онҳо ва ё сӯиистифодаи гунаҳгор аз вазъи хизматиаш қарор гирифтаанд;
- шахсоне, ки бо мақсади истифодаи минбаъдаи онҳо дар самти савдои одамон оид ба ниятҳои ҳақиқии савдогарони одамон мавриди фиреб қарор гирифтаанд, аз ҷумла шахсоне, ки аз ҷониби савдогарони одамон ҷиҳати бастани шартномаи (қарордоди) қалбакии меҳнатӣ ё дигар шартномаҳо (қарордодҳо), ки ба истисмори одам, истифодаи меҳнати ғуломона ё маҷбурӣ вобаста намебошад, моил карда шудаанд;
- шахсоне, ки бо сабаби дар вазъяти ноилоҷӣ ё ҳолати оҷизӣ қарор доштанашон, новобаста ба дарки ниятҳои ҳақиқии савдогарони одамон, пешакӣ барои истисмор розигии худро додаанд.
- мавҷуд будан ё набудани шаҳрвандӣ;
- рафтори ба ҷабрдидагӣ моил (виктимӣ) ё зиддиҷамъиятии ин шахс дар давраи то ҷалб гардидани ӯ ба савдои одамон, инчунин нияти дар оянда тағйир додани рафторашро доштан ё надоштани ӯ;
- мавҷуд будани розигии шахси мазкур ба ҷалбкунӣ, интиқол, супоридан, фурӯш, истисмори ӯ ё дигар ҳаракатҳое, ки ба савдои одамон алоқаманданд, ки аз ҷониби савдогарони одамон бо истифодаи маҷбуркунӣ, рабудан, фиреб, сӯиистифодаи боварии ӯ ё сӯиистифодаи гунаҳгор аз вазъи хизматиаш нисбат ба қурбонии имконпазир, ҳамчунин бо истифодаи вазъияти ноилоҷӣ ё ҳолати оҷизии ӯ ба даст оварда шудааст;
- мавҷуд будани мақоми мурофиавии ҷабрдида оид ба парвандаи ҷиноятӣ, ки марбут ба ҳолати содир шудани ҷиноят (ҷиноятҳо) дар самти савдои одамон оғоз карда шудааст;
- омода будани шахс барои ҳамкорӣ кардан бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, ҳангоми тафтиш ва муҳокимаи судии парвандаи ҷиноятӣ вобаста ба ҷинояте, ки нисбат ба ӯ содир шудааст.
Моддаи 21. Тартиби додани мақоми ҳуқуқии қурбонии савдои одамон
(ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1563)
Моддаи 22. Махфиёна будани маълумот дар бораи қурбониёни савдои одамон
Моддаи 23. Ҳуқуқҳои қурбонии савдои одамон, ки аз рӯи парвандаи ҷиноятии марбут ба
ҷиноят дар самти савдои одамон ҷабрдида ё шоҳид эътироф шудааст
- истифодаи ройгон аз кумаки тарҷумон бо мақсади таъмини иштирок дар мурофиаи судии ҷиноятӣ, инчунин барои мутобиқгардонӣ ва тавонбахшии иҷтимоии самараноки онҳо (барои шахсоне, ки забони давлатиро намедонанд ё ба таври кофӣ намедонанд) (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1563);
- дар ҳолатҳои зарурӣ таъмин намудани шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ё шахси доимо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқоматкунанда, ки қурбонии савдои одамон мебошанд, бо ҷойи зист дар хобгоҳ мутобиқи меъёрҳо ва тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- расонидани кумаки афзалиятнок барои таъмин кардан бо ҷои кор, идома додани таҳсил, интихоби касб ва тайёрии касбӣ (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1563).
Моддаи 24. Кафолатҳои махсуси мурофиавии ҳифзи ҳуқуқҳои ҷабрдидагони ҷиноятҳо ва
дигар ҳуқуқвайронкуниҳо дар самти савдои одамон
- хусусиятҳои пурсиши онҳо бо назардошти ҳолати равонии онҳо, хусусият ва вазнинии ҳуқуқвайронкуниҳои нисбат ба онҳо содиршуда, инчунин дараҷаи вазнинии зарари ба онҳо расонидашуда;
- озод кардан аз ҷавобгарии маъмурӣ ва ҷиноятӣ барои аз ҷониби онҳо чун қурбонии савдои одамон содир намудани кирдорҳои зиддиҳуқуқӣ;
- таъмини махфиёна будани иттилооте, ки аз ҷабрдидагони ҷиноятҳо ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳо дар самти савдои одамон ба даст оварда шудаанд;
- таъмини баррасии пӯшидаи парвандаҳои ҷабрдидагони ҷиноятҳо (ҳуқуқвайронкуниҳо) дар самти савдои одамон;
- татбиқи қоидаҳои махсус, ки амнияти шахсони зикршударо ба сифати ҷабрдидагон, аз ҷумла ҳимояи ҷисмонии онҳо, инчунин баррасӣ ва ҳалли ҳатмии даъвоҳои граждании ҷабрдидагони савдои одамонро дар доираи қонунгузории мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин менамоянд.
Моддаи 25. Чораҳои амниятӣ нисбати ҷабрдидагон ва шоҳидон аз рӯи парвандаҳои ҷиноятӣ
оид ба ҷиноятҳо дар самти савдои одамон
БОБИ 4.
РАСОНИДАНИ КӮМАК БА ҚУРБОНИЁНИ САВДОИ ОДАМОН
Моддаи 26. Фонди давлатии расонидани кумак ба қурбониёни савдои одамон
(ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1563)
- маблағҳои буҷети давлатӣ;
- воситаҳое, ки аз ташкилотҳои байналмилалӣ ворид шудаанд;
- хайрияҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ;
- дигар манбаъҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст.
Моддаи 27. Ҷуброн намудани зарар ба қурбониёни савдои одамон
Моддаи 28. Мутобиқгардонӣ ва тавонбахшии иҷтимоии шахсони аз савдои одамон
зарардида
- кумаки ҳуқуқӣ ва кумак дар барқарор намудан ва барасмиятдарории ҳуҷҷатҳо, аз ҷумла аризаҳо ва иттилоот вобаста ба ҷинояти дар самти савдои одамон содиршуда (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1563);
- иттилоот дар бораи мавҷуд будани расмиёти судӣ ва маъмурӣ, ки барои ҳимоя ва расонидани кумак ба шахсони аз савдои одамон зарардида равона шудаанд (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1563);
- кумаки иҷтимоӣ ва моддӣ, дар давраи ҷобаҷокунӣ, таъмин намудан бо хӯрока, маҷмӯи рахти хоб ва воситаҳои санитарию беҳдоштӣ, дар ҳолатҳои зарурӣ бошад, бо либос, пойафзол ва дигар ашёи таъминоти молӣ аз рӯи меъёрҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1563);
- кумаки тиббӣ дар шакли муоинаи тиббӣ, табобат (аз рӯи нишондодҳо) ва расонидани кумаки махсуси тиббӣ вобаста ба ҷароҳат ва бемориҳое, ки дар натиҷаи содир намудани ҷиноят дар самти савдои одамон гирифтаанд (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1563);
- кумаки зарурии равонӣ, аз ҷумла дар самти интихоби касб (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1563);
- кумак дар таъмини кор, гирифтани таҳсилот ва тайёрии касбӣ (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1563);
- кумак дар баргардонидан ба оила ва ҷамъият, аз ҷумла кумак дар ташкили ҷустуҷӯи хешовандон, нисбат ба кӯдакони қурбониёни савдои одамон бошад, ҷустуҷӯи дигар намояндагони қонунии онҳо (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1563).
Моддаи 29. Тартиби тавонбахшии иҷтимоии қурбониёни савдои одамон ва ба онҳо
расонидани кумак
(ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1563)
Моддаи 30. Муассисаҳои махсуси давлатӣ ва ғайридавлатӣ оид ба расонидани кумак ба
қурбониёни савдои одамон
(ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1563)
- муносибати инсондӯстона, ки шаъну шарафи инсониро паст намезанад;
- пешниҳоди паноҳгоҳи ройгон барои истиқомати муваққатӣ;
- таъмин намудан бо хӯрока, рахти хоб ва воситаҳои санитарию беҳдоштии ройгон ва дар ҳолатҳои зарурӣ, бо либос;
- бо тарҷумон ройгон таъмин намудани қурбониёни савдои одамон бо мақсади мутобиқгардонӣ ва тавонбахшии иҷтимоии онҳо (барои шахсоне, ки забони давлатиро намедонанд ё ба таври кофӣ намедонанд);
- ба қурбонии савдои одамон дар шакли соддаю фаҳмо расонидани иттилоот оид ба мақсадҳои будубоши ӯ дар муассисаи махсус, ҳуқуқ ва уҳдадориҳои ӯ, қоидаҳои асосӣ, ки тартиботи дохилӣ дар муассисаи мазкур ба танзим медароранд (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1563);
- дар шакли соддаю фаҳмо пешниҳод намудани иттилоот оид ба тарзҳои ҳифзи ҳуқуқҳо ва манфиатҳои қонунии шахсони аз савдои одамон зарардида, ки бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд;
- пешниҳод намудани кумаки ройгони тахассусии равонӣ (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1563);
- гузаронидани муоинаи аввалияи тиббӣ, ташкили расонидани кумаки таъҷилии тиббӣ ва кумаки аввалияи тиббию санитарӣ дар марказҳои саломатӣ, дармонгоҳҳо ва беморхонаҳо, аз ҷумла ба занҳо дар давраи ҳомиладорӣ, дар давраи таваллуд ва пас аз таваллуд (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1563);
- расонидани кумаки ройгони ҳуқуқӣ дар ҳаҷме, ки барои таъмини ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии қурбониёни савдои одамон заруранд (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1563);
- мусоидат намудан барои ба оила ва ҷамъият баргардонидан, аз ҷумла расонидани кумак дар ташкил намудани ҷустуҷӯи хешовандонашон (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1563);
- пешгирӣ намудани ревиктимизатсияи қурбониёни савдои одамон.
Моддаи 31. Баргардонидани (репатриатсияи) шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд,
ки қурбонии савдои одамон гардидаанд
БОБИ 5.
ХУСУСИЯТҲОИ РАСОНИДАНИ КӮМАК БА КӮДАКОН - ҚУРБОНИЁНИ САВДОИ ОДАМОН
Моддаи 32. Хусусиятҳои мақоми ҳуқуқии кӯдакон - қурбониёни савдои одамон
- хабардор намудани падару модар (дигар намояндагони қонунӣ) дар хусуси ҷойгир намудани онҳо дар муассисаҳои махсуси дахлдор;
- нигоҳ доштани робита бо оила тавассути мукотибот, сӯҳбатҳои телефонӣ ва мулоқотҳо, ки агар ин ба амнияти онҳо зарар нарасонад;
- гирифтани кумак дар ташкили ҷустуҷӯи падару модар ё дигар намояндагони қонунӣ (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1563);
- гирифтани хӯрока, либос, пойафзол ва дигар ашёе, ки аз рӯи меъёрҳои муқарраргардида барои нигоҳдошти саломатӣ ва таъмини фаъолияти ҳаётии кӯдакон зарур мебошанд;
- гирифтани таҳсилоти умумӣ ва ибтидоии касбӣ;
- гирифтани маҷмӯи хизматрасонии иловагӣ, ки инкишофи ҷисмонӣ ва рӯҳии кӯдакро бо назардошти хусусиятҳои физиологӣ ва рӯҳию синнусолӣ таъмин менамоянд.
Моддаи 33. Тартиби хабар додан дар бораи кӯдакон - қурбониёни савдои одамон
- ба мақомоти прокуратура-дар хусуси вайрон намудани ҳуқуқу озодиҳои кӯдакон-қурбониёни савдои одамон;
- ба Комиссия оид ба ҳуқуқи кӯдак – дар хусуси ҳолатҳои ошкоршудаи вайронкунии ҳуқуқҳои кӯдакон-қурбониёни савдои одамон ба таҳсил, меҳнат, истироҳат, манзил ва дигар ҳуқуқҳо;
- ба мақомоти васоят ва парасторӣ – дар хусуси ошкор намудани кӯдакон-қурбониёни имконпазири савдои одамон, аз ҷумла кӯдакони бе парастории падару модар ё намояндагони қонунӣ монда ва ё кӯдакони дар вазъияти барои ба самти савдои одамон ҷалб намудани онҳо мусоидаткунанда қарордошта;
- ба мақомоти корҳои дохилӣ – дар хусуси муайян намудани падару модар ё намояндагони қонунии кӯдакон, ки нисбат ба кӯдакон кирдорҳои зиддиҳуқуқиро дар самти савдои одамон содир менамоянд;
- ба мақомоти тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ - дар бораи ошкор намудани кӯдакон - қурбониёни имконпазири савдои одамон, ки бо сабаби нисбат ба онҳо содир гардидани ҷиноятҳо ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳо дар самти савдои одамон ба муоина, назорати табиб ё табобат эҳтиёҷ доранд, инчунин бинобар бепарасторӣ ва бесаробонӣ ба кумаки давлат эҳтиёҷ доранд, ҳамчунин дар бораи ошкор кардани оилаҳое, ки дар вазъияти хатарноки иҷтимоӣ қарор доранд (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1563);
- ба мақомоти маориф ва илм - оид ба ошкор намудани кӯдакон - қурбониёни имконпазири савдои одамон, ки бинобар худсарона тарк намудани хонаҳои кӯдакон, мактаб - интернатҳо ва дигар муассисаҳои кӯдакона ё бинобар бе сабабҳои узрнок қатъ намудани таҳсил дар муассисаҳои таълимӣ ба кумаки давлат эҳтиёҷ доранд (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1563);
- ба мақомот оид ба корҳои ҷавонон ва варзиш – дар хусуси ошкор намудани кӯдакон-қурбониёни имконпазири савдои одамон, ки дар вазъи хатарноки иҷтимоӣ қарор дошта, вобаста ба ин ба ташкили истироҳат, фароғат ва таъмин бо шуғл мӯҳтоҷ мебошанд (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1563);
- ба мақомоти рушди сайёҳӣ дар бораи ошкор намудани кӯдакон - қурбониёни имконпазири савдои одамон, ки бинобар ба амал баровардани фаъолияти танзимгарони сайёҳӣ ва агентиҳои сайёхӣ, инчунин фаъолияти моделӣ, шуғл ва намудҳои дигари фаъолият дар вазъи хатарноки иҷтимоӣ қарор доранд (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1563).
БОБИ 6.
ПЕШГИРИИ САВДОИ ОДАМОН
Моддаи 34. Ташкили пешгирии савдои одамон
- ба санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки баҳисобгирӣ ва бақайдгирии ҷиноятҳои дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон содиршавандаро танзим менамоянд, ворид намудани тартиби ҳатмии бақайдгирӣ ва санҷиши ҳамаи хабарҳо, инчунин дар шакли беном дар бораи ҳолатҳои савдои одамон, аз ҷумла савдои кӯдакон, истисмори шаҳвонии онҳо бо истифодаи технологияҳои навтарин;
- ташкили шабакаи «хатҳои оҷилӣ» ва телефонҳои боварӣ барои хабардиҳии фаврӣ аз ҷониби шаҳрвандон ва иттиҳодияҳои ташкилотҳои ҷамъиятӣ ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла дар шакли беном, дар бораи аз ҷониби онҳо ошкор намудани ҳолатҳои савдои одамон, аз ҷумла дар шабакаҳои алоқаи мобилӣ ва интернетӣ;
- таҳия ва амалигардонии барномаҳои иҷтимоие, ки ба бартарафсозии сабаб ва шароитҳои ба савдои одамон мусоидаткунанда равона шудаанд;
- аз ҷониби давлат кафолат додани татбиқи маҷмӯи чораҳои ҳифзи ҳуқуқӣ ва иҷтимоии қурбониёни имконпазири савдои одамон, махсусан занон ва кӯдакон;
- амалӣ намудани мониторинг, таҳлили амиқ ва баҳодиҳии маҷмӯии зуҳурот ва равандҳое, ки ба савдои одамон сабаб шудаанд, бо мақсадҳои такмил додани таҷрибаи пешгирии савдои одамон;
- дар байни қурбониёни имконпазири савдои одамон гузаронидани кори иттилоотию маърифатӣ, аз ҷумла маълумотдиҳӣ дар бораи хатарҳои эҳтимолӣ дар самти савдои одамон, чораҳои ҳимояи аз ҷониби давлат таъминшаванда, инчунин чораҳои маъмурӣ, ҳуқуқии ҷиноятӣ ва дигар чораҳои муқовимат ба савдои одамон, ки аз ҷониби давлат амалӣ мешаванд;
- гузаронидани таҳқиқоти илмии маҷмӯӣ, байнисоҳавӣ оид ба проблемаҳои муқовимат ба савдои одамон, аз ҷумла ҷанбаҳои гендерии он;
- аз рӯи тахассус ҷудо намудани кормандони мақомоти амаликунандаи муқовимат ба савдои одамон, ташкили тайёрии таълимӣ ва касбии онҳо.
- ташкили системаи давлатии ошкор намудани оилаҳое, ки аз ҷиҳати иҷтимоӣ дар вазъияти хатарнок қарор доранд ва кӯдаконе, ки ба ҳифзи давлат мӯҳтоҷанд ва ба онҳо расонидани кумаки ҳаматарафа (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1563);
- ташкили системаи давлатии ошкор намудани падару модароне (шахсони онҳоро ивазкунандае), ки аз иҷрои уҳдадориҳои ба зиммаи онҳо гузошташуда оид ба тарбияи кӯдакон ва назорати онҳо саркашӣ менамоянд ва нисбат ба чунин шахсон андешидани чораҳои ислоҳи иҷтимоӣ, тавонбахшии иҷтимоӣ ва равонӣ, назорати иҷтимоӣ ва дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, чораҳои ҷавобгарии ҳуқуқӣ (ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1563);
- тавассути қонунгузорӣ манъ кардани дастрасии кӯдакон ба ҷойҳои ҷамъиятие, ки барои фурӯши маҳсулот ва хизматрасониҳое таъин шудаанд, ки ҳавасмандиро ба шаҳват ба вуҷуд меоранд, дигар чорабиниҳои намоишии дорои хусусияти беҳаёӣ ва порнографӣ;
- тавассути қонунгузорӣ маҳдуд кардани ҳузури кӯдакон бе ҳамроҳии падару модарон ё дигар намояндагони қонунӣ дар вақти шабона дар дигар ҷойҳои ҷамъиятие, ки барои истифодаи вақтхушӣ ва (ё) фароғатӣ ва ё дастрасӣ ба Интернет пешбинӣ шудаанд.
Моддаи 35. Механизми татбиқи чораҳои профилактикӣ оид ба пешгирии савдои одамон
- иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият (корҳо, хизматрасониҳо), ки ҳангоми амалигардонии онҳо имкониятҳои мусоид барои савдои одамон ва истисмори онҳо ҷой доранд;
- таъмини возеҳӣ, шаффофият ва пешгӯии бастани шартномаҳои (қарордодҳои) меҳнатӣ, сайёҳӣ, таълимӣ, ақди никоҳ ва дигар шартномаҳо бо шахсоне, ки аз маҳалли истиқомати доимии худ берун мебароянд;
- таъмини назоратбарии давлатӣ ва ҷамъиятии соҳаҳое, ки дар онҳо эҳтимолияти хатари объекти савдои одамон, истисмори иқтисодӣ ё шаҳвонии тиҷоратӣ гаштани аҳолӣ хеле калон аст;
- сари вақт муайян ва бартарафсозии сабабҳо ва шароитҳои ба савдои одамон мусоидаткунанда;
- таъминоти ташкилӣ, молиявӣ ва захиравии иҷрои барномаҳои давлатӣ ва маҳаллии муқовимат ба савдои одамон.
Моддаи 36. Сиёсати иттилоотӣ дар самти пешгирии савдои одамон
Моддаи 37. Сиёсати таълимии давлат дар самти пешгирии савдои одамон
- бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъи додани иҷозат ба фаъолияти омӯзгорӣ дар муассисаҳои таълимӣ ба шахсоне, ки чунин фаъолият ба онҳо бо ҳукми суд ё хулосаи тиббӣ манъ шудааст, инчунин шахсоне, ки барои ҷиноятҳо дар самти савдои одамон доғи судӣ доранд;
- бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷорӣ намудани экспертизаи ҳатмии барномаҳои таълимӣ, китобҳои дарсӣ, дастурҳои таълимӣ ва таълимию методӣ, ки барои истифодабарӣ дар раванди таълим дар муассисаҳои таълимӣ таъин шудаанд, аз ҷумла дар онҳо мавҷуд будани ташвиқи ошкоро ё пинҳонии кирдорҳои ба савдои одамон алоқаманд ва ё рекламаи хизматрасониҳо дар самти мазкур;
- таҳия ва ҷорӣ намудани барномаҳои таълимие, ки проблемаҳои савдои одамон ва тарзҳои муқовимат ба онро ошкор намуда, ба гурӯҳҳои гуногуни аҳолӣ (аз ҷумла қурбониёни имконпазири савдои кӯдакон, падару модари кӯдакон, мураббиён ва омӯзгорони онҳо, ҷавонон, кормандони воситаҳои ахбори омма, кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ) нигаронида шудаанд, инчунин барномаҳое, ки барои таълим дар муассисаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ, таҳсилоти ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ, олии касбӣ пешбинӣ шудаанд;
- ба барномаҳои таълимии таҳсилоти умумӣ, ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ, олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаи олии таълимӣ дохил кардани курсҳои махсус оид ба пешгирии савдои одамон;
- таҳия ва ҷорӣ намудани барномаҳои махсус оид ба пешгирии савдои одамон дар муассисаҳои тарбиявии махсусгардонидашуда барои кӯдакон, дигар мақомот ва муассисаҳо, ки пешгирии оворагардӣ ва ҳуқуқвайронкунии кӯдаконро амалӣ менамоянд;
- ташкили тайёркунӣ ва такмили ихтисоси кормандони мақомоти давлатӣ, аз ҷумла мақомоти ҳифзи ҳуқуқ оид ба пешгирӣ ва мубориза бо савдои одамон;
- амалӣ намудани назоратбарӣ аз рӯи фаъолияти муассисаҳои таълимӣ оид ба ташкил кардани коромӯзӣ, таълим, азнавтайёркунӣ, таҷрибаомӯзӣ, гузаронидани озмунҳо, олимпиадаҳои хонандагон, донишҷӯён ва аспирантҳо дар хориҷа.
Моддаи 38. Пешниҳоди ҳатмии иттилоот
Моддаи 39. Манъи истифодабарии шабакаҳои алоқаи истифодаи умум барои содир
намудани ҷиноятҳо дар самти савдои одамон
БОБИ 7.
ҲАМКОРИИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР САМТИ МУҚОВИМАТ БА САВДОИ ОДАМОН
Моддаи 40. Асосҳои ҳамкориҳои байналмилалӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон
Моддаи 41. Ҳамкорӣ бо мақомоти ваколатдори давлатҳои хориҷӣ, ташкилотҳои
байналмилалии давлатӣ ва ғайридавлатӣ дар самти муқовимат ба савдои одамон
-таҳия ва бастани шартномаҳои дутарафа ва бисёртарафаи байни давлатҳо оид ба масъалаҳои муқовимат ба савдои одамон;
-мӯътадилгардонии ҳамкориҳои мақомоти дахлдори махсусгардонидашудаи наздисарҳадии давлатҳои ҳамсоя оид ба мубориза бар зидди савдои одамон;
-ҳамоҳангсозии амалиёти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла чораҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ бо мақсади саривақт ва пурра ошкор кардан, пешгирӣ намудан ва кушодани ҷиноятҳои ба савдои одамон алоқаманд;
- таъсис ва рушди якҷояи системаи иттилоотӣ, воситаҳои хабаррасонии фаврӣ, вокуниш ва назоратбарӣ, ки барои баланд бардоштани самаранокии муқовимат ба савдои одамон нигаронида шудаанд.
БОБИ 8.
ҶАВОБГАРӢ БАРОИ ҲУҚУҚВАЙРОНКУНИҲО ДАР САМТИ САВДОИ ОДАМОН
Моддаи 42. Намуд ва принсипҳои ҷавобгарӣ барои ҳуқуқвайронкуниҳо дар самти савдои
одамон
Моддаи 43. Ҷавобгарии шахсони ҳуқуқӣ барои дахл доштан ба савдои одамон
Моддаи 44. Ҷавобгарии воситаҳои ахбори омма барои паҳн намудани маводи тарғиботии
ҷиноят ва дигар ҳуқуқвайронкуниҳо дар самти савдои одамон
Моддаи 45. Хусусиятҳои ҷавобгарии ҷиноятӣ барои содир намудани ҷиноятҳо дар самти
савдои одамон
Мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон розигии қурбонии савдои одамон барои истисмори ӯ асоси истиснокунанда ё сабуккунандаи ҷавобгарии ҷиноятии савдогари одамон шуда наметавонад (қисми 2 хориҷ карда шуд бо ҚҶТ аз 02.01.2019 с., № 1563).
БОБИ 9.
МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
Моддаи 46. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Моддаи 47. Дар бораи аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Дар бораи мубориза ба муқобили хариду фурӯши одамон»
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 июли соли 2004 «Дар бораи мубориза ба муқобили хариду фурӯши одамон» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2004, №7, мод. 454; с.2007, №7, мод. 658; с. 2008, №1, қ. 1, мод. 2) аз эътибор соқит дониста шавад.
Моддаи 48. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 26 июли соли 2014,
№1096