ҚОНУНИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ЗОТПАРВАРӢ
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2013, №8-9, мод. 653; Қонуни ҶТ аз 21.02.2018 с., №1513)
Қонуни мазкур муносибатҳои ҷамъиятиро вобаста ба масъалаҳои ташкили зотпарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим намуда, ба таҳкими хазинаи миллии генетикии чорводорӣ ва таъмини амнияти озуқавории мамлакат равона карда шудааст.
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
(ҚҶТ аз 21.02.18 с., №1513)
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд: (ҚҶТ аз 21.02.18 с., №1513)
- ҳайвоноти кишоварзӣ – ҳама намуди чорво, парранда, моҳӣ, кирми пилла, занбӯри асал, ки онҳоро инсон парвариш менамояд ва ба истеҳсолоти кишоварзӣ муносибати бевосита доранд; (ҚҶТ аз 21.02.18 с., №1513)
- зотпарварӣ – маҷмӯи чорабиниҳои зоотехникӣ, биологию генетикӣ, ташкилию хоҷагидорӣ, ки барои офаридани зот ва гурӯҳҳои нави селексионии ҳайвоноти кишоварзӣ, нигоҳубин ва беҳтар намудани сифати зотҳои мавҷуда равона шудаанд; (ҚҶТ аз 21.02.18 с., №1513)
- маводи (маҳсулоти) зотӣ – ҷинсҳои нарина ва модинаи ҳайвоноти зотии кишоварзӣ, инчунин нутфа ва ҷанинҳои аз онҳо гирифташуда; (ҚҶТ аз 21.02.18 с., №1513)
- ҳайвоноти зотии кишоварзӣ– ҳайвоноти кишоварзии дорои ҳуҷҷати тасдиқкунандаи мансубияти авлодӣ, ки ба қайди давлатӣ гирифта шудаанд ва барои офаридани зот истифода бурда мешаванд; (ҚҶТ аз 21.02.18 с., №1513)
- арзиши зотӣ – сатҳи иқтидори генетикии ҳайвоноти зотии кишоварзӣ ва таъсири он ба аломатҳои фоиданоки насл; (ҚҶТ аз 21.02.18 с., №1513)
- арзёбии сифати ҳайвонотизотии кишоварзӣ – муайян намудани сифати хушзотӣ, маҳсулнокӣ ва инкишофи ҳайвоноти зотии кишоварзӣ бо додани дараҷаи дахлдор, инчунин маводи (маҳсулоти) дигари зотӣ, ки бо мақсади истифодаи минбаъда муайян карда мешавад; (ҚҶТ аз 21.02.18 с., №1513)
- нишонагузорӣ – нишона кардани ҳайвоноти зотии кишоварзӣ бо роҳи гузоштани рақам, холкӯбӣ, ки барои муайян кардани ҳаммонандии зот имкон медиҳад; (ҚҶТ аз 21.02.18 с., №1513)
- зоти ҳайвоноти кишоварзӣ – гурӯҳи сершумори як намуди ҳайвоноти кишоварзӣ, ки саршумори муайяни синну сол ва ҷинсҳои гуногуни дорои арзиши зотии ба наслҳои оянда гузарандаро дар бар гирифта, сифати муайяни муфид ва аз дигар зот фарқкунанда дорад ва таркиби он аз шумораи зарурии авлод (кросс) иборат мебошад; (ҚҶТ аз 21.02.18 с., №1513)
- авлод – гурӯҳи муайяни ҳайвоноти кишоварзии як насли таркиби зот, ки аз як ё якчанд ҷинси барҷастаи нарина пайдо мешаванд; (ҚҶТ аз 21.02.18 с., №1513)
- кросс – маҷмӯи авлод ва дурагаҳои ҳайвоноти зотии кишоварзӣ, ки дар доираи тартиби муайянгардида бо роҳи ҷуфткунонӣ ба вуҷуд омада, маҳсулнокии баланд ва қобилиятнокии ҳаётан устувор доранд; (ҚҶТ аз 21.02.18 с., №1513)
- генофонди зоти камшумор – гурӯҳи кам дучоршавандаи зоти ҳайвоноти кишоварзӣ, ки бо хусусиятҳои ирсӣ ва селексионии худ фарқ мекунад ва зери хатари нобудшавӣ қарор дорад; (ҚҶТ аз 21.02.18 с., №1513)
- феҳристи давлатии ҳайвоноти зотии кишоварзӣ – маҷмӯи маълумот оид ба мансубият, маҳсулнокӣ, сифатҳои дигари ҳайвоноти зотии кишоварзӣ ва арзиши зотии насли онҳо; (ҚҶТ аз 21.02.18 с., №1513)
- гурӯҳҳои дохилизотӣ – гурӯҳҳои ҳайвоноти кишоварзӣ, ки бо усулҳои дурагакунии зотҳои гуногун барои тез тағйир додани аломатҳои авлодии ду ва зиёда зотҳо ба мақсади офаридани зоти маҳсулнокиаш баланд ташаккул дода мешаванд; (ҚҶТ аз 21.02.18 с., №1513)
- корхонаи (хоҷагии) зотпарварӣ – субъекти хоҷагидор, ки ба парвариши саршумори ҳайвоноти зотиикишоварзӣ, офаридани зотҳои нав, такмили сифатҳои фоиданоки зотҳои мавҷуда, инчунин гирифтани нутфаи ҳайвоноти зотии кишоварзӣ, нигоҳдорӣ ва фурӯши он машғул мебошад; (ҚҶТ аз 21.02.18 с., №1513)
- заводи зотпарварӣ – корхонае, ки ба парвариши ҳайвоноти кишоварзии хушзоти маҳсулнокиаш баланд машғул аст; (ҚҶТ аз 21.02.18 с., №1513)
- маркази зотпарварӣ – шахси ҳуқуқӣ, ки ба парвариши зотҳои сермаҳсули ватанию хориҷӣ ва зиёд кардани иқтидорҳои генетикии намудҳои гуногуни ҳайвоноти кишоварзӣ машғул мебошад; (ҚҶТ аз 21.02.18 с., №1513)
- фермаи ҳайвоноти зотии кишоварзӣ – ҷузъи таркибии хоҷагии кишоварзӣ, ки ба парвариши ҳайвоноти зотии кишоварзӣ машғул мебошад; (ҚҶТ аз 21.02.18 с., №1513)
- аттестатсия – арзёбии фаъолияти субъектҳои соҳаи зотпарварӣ, ки аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи зотпарварӣ давра ба давра гузаронда мешавад; (ҚҶТ аз 21.02.18 с., №1513)
- шаҳодатнома дар бораи ҳайвонотизотии кишоварзӣ – ҳуҷҷате, ки мансубияти авлодӣ, маҳсулнокӣ ва сифатҳои дигари ҳайвоноти зотии кишоварзӣ, инчунин мансубияти нутфа ва (ё) ҷанинро тасдиқ менамояд; (ҚҶТ аз 21.02.18 с., №1513)
- сертификат – ҳуҷҷате, ки тибқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои тасдиқи маълумот оид ба мансубият, маҳсулнокӣ ва сифатҳои дигари маводи (маҳсулоти) зотӣ барои офаридан ё озмоиши сифатҳои зотии ҳайвоноти кишоварзӣ дода мешавад; (ҚҶТ аз 21.02.18 с., №1513)
- шиносномаи генетикӣ (генеалогӣ) – ҳуҷҷати намунааш муқарраргардида, ки аз тарафи озмоишгоҳи ташхиси генетикӣ дар хусуси пайдоиши ҳайвоноти зотии кишоварзӣ дода мешавад; (ҚҶТ аз 21.02.18 с., №1513)
- мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи зотпарварӣ – мақоми иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, ки дар доираи ваколатҳои худ сиёсати давлатиро дар соҳаи зотпарварӣ амалӣ менамояд. (ҚҶТ аз 21.02.18 с., №1513)
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи зотпарварӣ
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи зотпарварӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад. (ҚҶТ аз 21.02.18 с., №1513)
Моддаи 3. Истифодаи қитъаҳои замин ва объектҳои обӣ барои эҳтиёҷоти зотпарварӣ
Ҳуқуқи истифодаи қитъаҳои замин ва объектҳои обӣ, барои эҳтиёҷоти зотпарварӣ тартиби додан ва реҷаи истифодаи онҳо тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд.
Моддаи 4. Сертификатсияи маводи (маҳсулоти) зотӣ
Сертификатсияи маводи (маҳсулоти) зотӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
Моддаи 5. Фаъолияти соҳибкорӣ ва селексионӣ дар соҳаи зотпарварӣ
Фаъолияти соҳибкорӣ ва селексионӣ дар соҳаи зотпарварӣ баъд аз гирифтани сертификат, ки он аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи зотпарварӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шудааст, амалӣ карда мешавад.
БОБИ 2. САЛОҲИЯТ, ВАКОЛАТ ВА ВАЗИФАҲОИ МАҚОМОТИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТӢ ДАР
ТАНЗИМИ МУНОСИБАТҲО ДАР СОҲАИ ЗОТПАРВАРӢ
Моддаи 6. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи зотпарварӣ
Ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи зотпарварӣ мансубанд:
- амалӣ намудани сиёсати давлатӣ дар соҳаи зотпарварӣ;
- муайян намудани мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи зотпарварӣ;
- тасдиқи барномаҳои давлатии соҳаи зотпарварӣ оид ба офаридани зотҳои нави ҳайвоноти кишоварзӣ ва беҳтар намудани сифатҳои фоиданоки зотҳои мавҷуда, нигоҳдорӣ ва истифодаи генофонди ҳайвоноти зотии кишоварзӣ; (ҚҶТ аз 21.02.18 с., №1513)
- тасдиқи Низомнома дар бораи тартиби гузаронидани аттестатсия ва тартиби ба субъектони хоҷагидорӣ додани мақоми корхонаи (хоҷагии) зотпарварӣ;
- тасдиқи шабакаи заводҳо, хоҷагӣ, ассотсиатсия, кооператив ва хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) дар соҳаи зотпарварӣ;
- амалӣ намудани салоҳиятҳои дигар оид ба масъалаҳои зотпарварӣ тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Моддаи 7. Ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи зотпарварӣ
Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи зотпарварӣ (минбаъд -мақоми ваколатдори давлатӣ) дорои ваколатҳои зеринро мебошад:
- назорати давлатиро дар соҳаи зотпарварӣ амалӣ менамояд;
- барномаҳои рушди соҳаи зотпарвариро таҳия намуда, барои тасдиқ ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд; (ҚҶТ аз 21.02.18 с., №1513)
- дастур, меъёр ва қоидаҳои фаъолият дар соҳаи зотпарвариро таҳия ва тасдиқ менамояд; (ҚҶТ аз 21.02.18 с., №1513)
- қоида ва шаклҳои баҳисобгирии ҳайвоноти зотии кишоварзиро таҳия намуда, баҳисобгирии маълумотро дар соҳаи зотпарварӣ анҷом медиҳад; (ҚҶТ аз 21.02.18 с., №1513)
- гузаронидани озмоиш ва тасвиби расмии дастовардҳои нави селексиониро дар соҳаи зотпарварӣ таъмин менамояд; (ҚҶТ аз 21.02.18 с., №1513)
(сархати 6 хориҷ карда шуд бо ҚҶТ аз 21.02.18 с., №1513)
- ба субъектҳои соҳаи зотпарварӣ шаҳодатнома дар бораи ҳайвоноти зотии кишоварзӣ медиҳад ва амали шаҳодатнома ё ҳуҷҷати ба он ҳамарзиши маводи (маҳсулоти) зотии воридшавандаро, ки мақоми дахлдори давлати содиркунанда додааст, эътироф менамояд; (ҚҶТ аз 21.02.18 с., №1513)
- номгӯи намудҳои ҳайвоноти зотии кишоварзиро дар корхонаҳо (хоҷагиҳо)-и зотпарварӣ ва муассисаҳои илмӣ, ки ҷинсҳои наринаи он барои офаридани зотҳои нав ё беҳтар намудани сифати зотҳои мавҷуда истифода мегарданд, муайян мекунад; (ҚҶТ аз 21.02.18 с., №1513)
- шаклҳои ҳисоботи оморӣ, варақаҳои санҷишӣ, нақшаҳои ҳарсолаи санҷишро мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва тасдиқ менамояд;
- содирот ва воридоти зотҳои нави ҳайвоноти кишоварзиро танзим менамояд; (ҚҶТ аз 21.02.18 с., №1513)
- ҳамкории байналмилалиро дар соҳаи зотпарпарӣ амалӣ менамояд; (ҚҶТ аз 21.02.18 с., №1513)
- назорати сифати маводи (маҳсулоти) зотиро таъмин мекунад; (ҚҶТ аз 21.02.18 с., №1513)
- барои дастгирии давлатии соҳаи зотпарварӣ, аз ҷумла нигоҳдории генофонди камшумор ва зери хатари нобудшавӣ қарордоштаи зотҳои барои гузарондани корҳои селексионӣ фоиданок, чораандешӣ менамояд. (ҚҶТ аз 21.02.18 с., №1513)
Моддаи 8. Вазифаҳо оид ба ташкили фаъолият дар соҳаи зотпарварӣ
(ҚҶТ аз 21.02.18 с., №1513)
Вазифаҳо оид ба ташкили фаъолият дар соҳаи зотпарварӣ аз инҳо иборат мебошанд: (ҚҶТ аз 21.02.18 с., №1513)
- пешбурди корҳои селексионию зотпарварӣ барои беҳсозии мақсадноки маҳсулнокӣ ва сифатҳои дигари фоиданоки ҳайвоноти зотии кишоварзӣ; (ҚҶТ аз 21.02.18 с., №1513)
- офаридани зотҳои нав, авлод ва кросс, нигоҳдории генофонди зотҳои мавҷудаи ҳайвоноти кишоварзӣ; (ҚҶТ аз 21.02.18 с., №1513)
- бақайдгирӣ ва муайян намудани ҳаммонандии ҳайвоноти зотии кишоварзӣ ва гузарондани санҷиши маводи (маҳсулоти) зотӣ; (ҚҶТ аз 21.02.18 с., №1513)
- такмили восита ва усулҳои зотпарварӣ; (ҚҶТ аз 21.02.18 с., №1513)
- нигоҳдории генофонди камшумор ва зери хатари нобудшавӣ қарордоштаи зотҳои барои гузаронидани корҳои селексионӣ фоиданок; (ҚҶТ аз 21.02.18 с., №1513)
- ҷорӣ намудани технологияи муосири селексияи ҳайвоноти кишоварзӣ ва дастовардҳои илмӣ; (ҚҶТ аз 21.02.18 с., №1513)
- истифодаи оқилона ва ҳифзи ҳайвоноти зотии кишоварзӣ, солимӣ ва наслдиҳии онҳо; (ҚҶТ аз 21.02.18 с., №1513)
- ба вуҷуд овардани таркиби генетикӣ ва генеалогии зот ва намудҳои ҳайвоноти зотии кишоварзӣ; (ҚҶТ аз 21.02.18 с., №1513)
- гузарондани аттестатсияи фаъолияти субъектҳои соҳаи зотпарварӣ. (ҚҶТ аз 21.02.18 с., №1513)
Моддаи 9. Нозирони давлатӣ оид ба зотпарварӣ
- иҷрои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи зотпарварӣ аз тарафи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки ба зотпарварӣ машғуланд, назорат намоянд;
- бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти шахсони воқеӣ ва ҳуқуқиро, ки ба зотпарварӣ машғуланд, санҷида, аз онҳо иттилооти зарурӣ гиранд; (ҚҶТ аз 21.02.18 с., №1513)
- ба субъектони соҳаи зотпарварӣ доир ба бартараф намудани камбудиҳои ошкоргардидаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи зотпарварӣ амрнома диҳанд ва иҷрои онҳоро назорат намоянд;
- бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон фурӯши ҳайвоноти зотии кишоварзӣ ва маводи (маҳсулоти) зотиро ҳангоми риоя накардани тартиби баҳисобгирии зот ва технологияи истеҳсолот аз ҷониби субъектони соҳаи зотпарварӣ боздоранд; (ҚҶТ аз 21.02.18 с., №1513)
- истифодаи технология, олот, таҷҳизот ва маводро дар офаридани зотҳои нав, гурӯҳҳои селексионии ҳайвоноти кишоварзӣ ва беҳтар намудани сифати зотҳои мавҷуда назорат намоянд; (ҚҶТ аз 21.02.18 с., №1513)
- ба сифати ҳайвоноти зотии кишоварзӣ истифода бурдани ҳайвоноти кишоварзӣ ва маҳсулоти онҳоро, агар онҳо ба талаботи муқарраргардида мутобиқ набошанд, манъ намоянд; (ҚҶТ аз 21.02.18 с., №1513)
- дар сурати ошкор намудани камбудиҳо оид ба пешбурди нақшаҳои таҳқиқоти селексионӣ дар назди Хадамоти назорати давлатии зотпарварӣ дар бораи маҳрум намудани хоҷагиҳо аз мақоми хоҷагии зотпарварӣ масъалагузорӣ намоянд; (ҚҶТ аз 21.02.18 с., №1513)
- ба суд даъвоҳо пешниҳод карда, дар мурофиаи судӣ аз номи Хадамоти назорати давлатии зотпарварӣ иштирок намоянд;
- дигар ваколатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро амалӣ намоянд.
Моддаи 10. Феҳристи давлатии ҳайвоноти зотии кишоварзӣ
(ҚҶТ аз 21.02.18 с., №1513)
Моддаи 11. Дастгирии давлатии зотпарварӣ
- кумаки молиявии чорабиниҳо оид ба такмил ва офаридани зотҳои нав, нигоҳдорӣ ва барқарорсозии генофонди ҳайвоноти зотии кишоварзӣ, аз ҷумла зотҳои генофондашон маҳдуд; (ҚҶТ аз 21.02.18 с., №1513)
- кумаки молиявии чорабиниҳо оид ба таъмини дастрасии маводи (маҳсулоти) зотӣ барои молистеҳсолкунандагони кишоварзии ватанӣ.
Моддаи 12. Таъминоти илмии соҳаи зотпарварӣ
- таҳияи барномаҳои илмӣ - техникӣ дар соҳаи зотпарварӣ;
- коркарди усул, восита ва услубҳои баланд бардоштани самаранокии офаридани зотҳои нав ва гурӯҳҳои селексионии ҳайвоноти кишоварзӣ, бозтавлид, нигоҳубин ва беҳтар намудани сифати зотҳои мавҷуда; (ҚҶТ аз 21.02.18 с., №1513)
- ворид намудани усул ва технологияи нав доир ба баҳодиҳӣ ва назорати генетикии маводи (маҳсулоти) зотӣ;
- муайян кардани низоми таъминоти иттилооти зотпарварӣ.
БОБИ 3. ТАШКИЛИ ФАЪОЛИЯТИ СУБЪЕКТОНИ СОҲАИ ЗОТПАРВАРӢ
Моддаи 13. Ҳуқуқ ба амалӣ намудани фаъолият дар соҳаи зотпарварӣ
- шаклҳои фаъолиятро дар соҳаи зотпарварӣ мустақилона интихоб намоянд;
- ҳайвоноти зотии кишоварзӣ ва маводи (маҳсулоти) зотиро дар сурати доштани шаҳодатнома дар бораи ҳайвоноти зотии кишоварзӣ фурӯшанд ва ба даст оранд; (ҚҶТ аз 21.02.18 с., №1513)
- ба ассотсиатсияҳо, ҷамъиятҳо ва дигар иттиҳодияҳо оид ба парвариши ҳайвоноти кишоварзӣ, амалисозии тадбирҳои зотпарварӣ, хариду фурӯши ҳайвоноти зотии кишоварзӣ ва маҳсулоти онҳо дохил шаванд; (ҚҶТ аз 21.02.18 с., №1513)
- дар намоишҳо, музоядаҳои ҳайвоноти зотии кишоварзӣ ва маҳсулоти зотӣ иштирок намоянд; (ҚҶТ аз 21.02.18 с., №1513)
- дигар ҳуқуқҳоро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст, амалӣ намоянд.
Моддаи 14. Намудҳои субъектони соҳаи зотпарварӣ
- корхонаҳои (хоҷагиҳои) зотпарварӣ (заводҳои зотпарварӣ, марказҳои селексионию дурагакунӣ, парваришгоҳҳои давлатии зотпарварӣ, репродукторҳои зотии парранда фермаҳои чорводории хоҷагиҳои кишоварзӣ, хоҷагиҳои санҷишии зотпарварӣ, стансия ва марказҳои зотпарварӣ); (ҚҶТ аз 21.02.18 с., №1513)
- ассотсиатсияҳо, ҷамъиятҳо ва дигар иттиҳодияҳо;
- муассисаҳои таҳқиқоти илмие, ки бо масъалаҳои зотпарварӣ машғул мебошанд;
- шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки хизматрасониро оид ба муайян кардани арзиши зотии ҳайвоноти кишоварзӣ амалӣ менамоянд. (ҚҶТ аз 21.02.18 с., №1513)
Моддаи 15. Корхонаҳои (хоҷагиҳои) зотпарварӣ
Моддаи 16. Самтҳои асосии фаъолияти корхонаҳои (хоҷагиҳои) зотпарварӣ
- муайян кардани арзиши зотии ҷинсҳои наринаи зотӣ аз рӯи сифати насл;
- гирифтан, ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ ва фурӯши нутфаи ҷинсҳои наринаи зотӣ;
- дастрас намудан, нигоҳдорӣ ва фурӯши ҷанинҳо;
- бақайдгирии натиҷаҳои истифодаи нутфа ва ҷанинҳо, пешбурди бонки маълумотҳо дар бораи онҳо;
- амалӣ намудани мубодилаи генофонд;
- афзоиш, такмил ва бозтавлиди зоти муайяни ҳайвоноти зотии кишоварзӣ, аз ҷумла зоти генофондаш маҳдуд, инчунин фурӯши маводи (маҳсулоти) зотии истеҳсолшуда; (ҚҶТ аз 21.02.18 с., №1513)
- беҳтар намудани иқтидори генетикии ҳайвоноти зотии кишоварзӣ, аз ҷумла нигоҳдории генофонди зоти камшумор дар доираи барномаҳои соҳавӣ ва дастовардҳои илмӣ. (ҚҶТ аз 21.02.18 с., №1513)
Моддаи 17. Кафолатҳо ба корхонаҳои (хоҷагиҳои) зотпарварӣ
(ҚҶТ аз 21.02.18 с., №1513)
Моддаи 18. Самтҳои асосии фаъолияти шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ оид ба муайян кардани
арзиши зотии ҳайвоноти кишоварзӣ
(ҚҶТ аз 21.02.18 с., №1513)
Самтҳои асосии фаъолияти шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ оид ба муайян кардани арзиши зотии ҳайвоноти кишоварзӣ, муайян кардани арзиши зотии ҳайвоноти зотии кишоварзӣ ва сифати маводи (маҳсулоти) зотӣ, ҳаммонандкунии онҳо бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ мебошад. (ҚҶТ аз 21.02.18 с., №1513)
Моддаи 19. Аттестатсияи фаъолияти субъектони соҳаи зотпарварӣ
Аттестатсияи субъектони соҳаи зотпарварӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон гузаронида мешавад.
Моддаи 20. Бақайдгирии давлатии маводи зотӣ
БОБИ 4. ЭЪТИРОФ НАМУДАНИ МАВОДИ (МАҲСУЛОТИ) ЗОТӢ ВА БАҲОДИҲИИ ОН
Моддаи 21. Эътироф намудани маводи (маҳсулоти) зотӣ ва додани шаҳодатнома дар бораи ҳайвоноти зотии кишоварзӣ
(ҚҶТ аз 21.02.18 с., №1513)
- шаҳодатнома дар бораи ҳайвоноти зотии кишоварзӣ дошта бошад; (ҚҶТ аз 21.02.18 с., №1513)
- нутфа ва ҷанинҳо дар корхонаҳои (хоҷагиҳои) зотпарварӣ аз ҳайвоноти зотии кишоварзӣ гирифта ва коркард шуда, дорои шаҳодатнома дар бораи ҳайвоноти зотии кишоварзӣ бошанд; (ҚҶТ аз 21.02.18 с., №1513)
- шаҳодатномаи байторӣ дар бораи офият аз бемориҳо ва олудагиҳои бактериявӣ дошта бошад.
Моддаи 22. Баҳодиҳии маводи (маҳсулоти) зотӣ ва ҳайвоноти зотии кишоварзӣ
(ҚҶТ аз 21.02.18 с., №1513)
Моддаи 23. Истифода ва фурӯши маводи (маҳсулоти) зотӣ
Моддаи 24. Офаридани зотҳои нав, бозтавлид ва беҳтар намудани сифати зотҳои ҳайвоноти кишоварзӣ
(ҚҶТ аз 21.02.18 с., №1513)
Моддаи 25. Бордоркунии сунъӣ ва пайвандсозии ҷанинҳои ҳайвоноти зотии кишоварзӣ
(ҚҶТ аз 21.02.18 с., №1513)
Моддаи 26. Шартҳои истифодаи нутфа ва ҷанинҳои ҳайвоноти зотии кишоварзӣ бо мақсади
парвариши ҳайвоноти кишоварзӣ
(ҚҶТ аз 21.02.18 с., №1513)
Нутфа ва ҷанинҳои ҳайвоноти зотии кишоварзӣ дар ҳолатҳои зерин истифода мешаванд, агар: (ҚҶТ аз 21.02.18 с., №1513)
- мувофиқан аз тарафи субъектони соҳаи зотпарварӣ гирифта шуда бошанд;
- аз ҳайвоноти зотии кишоварзии бо тартиби муқарраршуда қайдгардида гирифта шуда бошанд; (ҚҶТ аз 21.02.18 с., №1513)
- бо мақсади ҳаммонандкунӣ аниқ ишора шуда бошанд (дар сурати ҷойгир будани ҷанин дар ҳайвон он бояд тамғагузорӣ карда шавад);
- шаҳодатнома дар бораи ҳайвоноти зотии кишоварзӣ дошта бошанд. (ҚҶТ аз 21.02.18 с., №1513)
Моддаи 27. Такмили зотҳои мавҷуда ва офаридани зотҳои нав
Такмили зотҳои мавҷуда ва офаридани зотҳои нав (кроссҳо, авлодҳо) мувофиқи барномаи давлатие, ки онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд, пеш бурда мешавад.
БОБИ 5. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
Моддаи 28. Ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи зотпарварӣ
Моддаи 29. Ҳалли баҳсҳо ҳангоми амалӣ намудани фаъолият дар соҳаи зотпарварӣ
Баҳсҳое, ки ҳангоми амалӣ намудани фаъолият дар соҳаи зотпарварӣ ба миён меоянд, бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳал карда мешаванд.
Моддаи 30. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Моддаи 31. Дар бораи аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи зотпарварӣ"
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 20 июли соли 1994 "Дар бораи зотпарварӣ" (Ахбори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1994, № № 15 - 16, мод. 237; Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 1996, №3, мод. 48; соли 2004, №2, мод. 52) аз эътибор соқит дониста шавад.
Моддаи 32. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе,
19 сентябри соли 2013,
№ 1020