ҚОНУНИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ФАЪОЛИЯТИ АУДИТОРӢ
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2013, №7, мод. 521; с. 2014, №7, қ. 2, мод. 411;
Қонуни ҶТ аз 02.01.2018 с., №1503)
Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқии фаъолияти аудиториро муайян намуда, муносибатҳои ҷамъиятиеро, ки дар ҷараёни амалӣ намудани он ба миён меоянд, танзим менамояд.
БОБИ 1.
МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
- аудит - санҷише, ки дар асоси шартнома бо дархости фармоишгар аз тарафи аудитори инфиродӣ ё ташкилоти аудиторӣ мутобиқи стандартҳои аудит, бо мақсади изҳор намудани ақидаи мустақил оид ба саҳеҳӣ ва мутобиқати ҳисоботи молиявӣ ва дигар иттилооти марбут ба ҳисоботи молиявӣ ба талаботи стандартҳои байналмилалӣ ё стандартҳои миллии ҳисобдорӣ гузаронида мешавад;
- фаъолияти аудиторӣ - фаъолияти соҳибкорӣ оид ба гузаронидани аудит ва дигар хизматрасонии марбут ба он, ки аудитори инфиродӣ ё ташкилоти аудиторӣ амалӣ менамояд;
- аудити беруна - санҷише, ки нисбат ба субъекти санҷидашаванда аз ҷониби аудитори инфиродӣ ё ташкилоти аудитории мустақили ба роҳбарияти он ҳисоботдиҳанда набуда гузаронида мешавад;
- аудити дохилӣ - фаъолияти мустақил ва беғаразонаи сохтори таъсисдодашуда ё басти алоҳидаи аудитори дохилии субъекти хоҷагидорӣ оид ба гузаронидани санҷиш, арзёбӣ ва машваратдиҳии низоми идоракунӣ ва дигар низомҳо, ки бо мақсади мусоидат ба риояи қонунгузорӣ, фаъолияти самаранок ва натиҷабахши субъекти хоҷагидорӣ амалӣ мегардад;
- аудити ҳатмӣ - санҷиши ҳарсолаи баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявии шахсони ҳуқуқӣ;
- аудити ташаббусӣ - аудите, ки бо ташаббуси субъекти санҷидашаванда ё дигар фармоишгари аудит бо назардошти ӯҳдадориҳои мушаххас, мӯҳлат ва ҳаҷми аудит гузаронида мешавад;
- мақоми ваколатдори давлатии танзими фаъолияти аудиторӣ (минбаъд - мақоми ваколатдори давлатӣ) - мақоми иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ, ки фаъолияти аудиториро танзим менамояд;
- аудитор - шахси воқеие, ки ба талаботи тахассусии муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ ҷавобгӯ буда, дорои Шаҳодатномаи тахассусии аудиторӣ мебошад;
- аудитори инфиродӣ - шахси воқеие, ки фаъолияти аудиториро мустақилона амалӣ намуда, дорои иҷозатномаи мақоми ваколатдори давлатӣ мебошад;
- ташкилоти аудиторӣ - шахси ҳуқуқие, ки мутобиқи талаботи Қонуни мазкур барои амалӣ намудани фаъолияти аудиторӣ таъсис дода шуда, дорои иҷозатномаи мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба амалӣ намудани фаъолияти аудиторӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад;
- ташкилоти касбии аудиторон - ташкилоти ғайритиҷоратии аз аккредитатсия гузаштае, ки аудиторон ва ё муҳосибони касбиро муттаҳид менамояд;
- стандартҳои аудит - талаботи ягона оид ба тартиби амалӣ намудани фаъолияти аудиторӣ, барасмиятдарории натиҷаҳо ва назорати сифати он;
- стандартҳои миллии аудит - стандартҳое, ки барои истифода аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ тасдиқ гардидаанд;
- стандартҳои байналмилалии аудит - стандартҳое, ки Федератсияи байналмилалии муҳосибон ба нашр расонида, мақоми ваколатдори давлатӣ барои истифода тасдиқ кардааст;
- Шаҳодатномаи тахассусии аудиторӣ - ҳуҷҷате, ки аз тарафи Комиссияи тахассусии аттестатсиякунонӣ ва иҷозатномадиҳӣ дода шуда, тахассуси касбии аудиторро тасдиқ менамояд;
- аккредитатсия - ваколатҳои эътирофшудаи ташкилоти касбии аудиторон, ки бо шаҳодатнома дар шакли муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ тасдиқ гардидаанд;
- Кодекси одоби касбии аудиторон - маҷмӯи қоидаҳои одоби фаъолияти касбии аудиторон, ки аз тарафи мақоми ваколатдори давлатӣ тасдиқ гардида, риояи онҳо барои аудиторон, аудиторони инфиродӣ, ташкилотҳои аудиторӣ ва ташкилотҳои касбии аудиторон ҳатмӣ мебошад;
- сирри аудиторӣ - маълумот ва ҳуҷҷатҳое, ки аз ҷониби аудитори инфиродӣ ва ташкилоти аудиторӣ зимни фаъолияти аудиторӣ ба даст омадаанд ва онҳо ҳуқуқ надоранд онро ба шахси сеюм диҳанд ё бе розигии хаттии субъекти санҷидашаванда фош кунанд, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- субъектҳои дорои манфиати умум - ташкилотҳои дорои аҳамияти ҷамъиятӣ, ки меъёрҳои муайянкунандаи аҳамияти онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд;
- субъекти санҷидашаванда - шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, филиал ва намояндагии шахсони ҳуқуқӣ, ки мавриди аудит қарор мегиранд;
- фармоишгари аудит - шахси воқеӣ ё ҳуқуқие, ки ташкилоти аудиторӣ ё аудитори инфиродиро барои гузаронидани аудит тибқи шартнома ҷалб менамояд;
- ҳисоботи молиявӣ - маҷмӯи маълумоте, ки ҳолат ва натиҷаи фаъолияти молиявии ташкилотҳоро дар асоси нишондодҳои баҳисобгирии муҳосибӣ тибқи стандартҳои байналмилалӣ ё миллӣ дар бар мегирад;
- хулосаи аудиторӣ - ҳуҷҷати хаттии расмие, ки мутобиқи стандартҳои аудит тартиб дода ва пешниҳод шуда, ақидаи мустақили аудитори инфиродӣ ё ин ки ташкилоти аудиториро оид ба натиҷаҳои аудити гузаронидашуда дар бар мегирад;
- хулосаи носаҳеҳи аудиторӣ - хулосаи аудиторие, ки дорои маълумоти носаҳеҳ ва ё нопурра оид ба ҳисоботи молиявӣ ва иттилооти пешбининамудаи стандартҳои аудит буда, истифодабарандагонро ба иштибоҳ меандозад;
- бархӯрди манфиатҳо - ҳолате, ки аудиторон, аудиторони инфиродӣ ва ташкилотҳои аудиторӣ зимни фаъолияти аудиторӣ зери таъсири манфиатҳои шахсӣ қарор гирифта, хулосаҳои носаҳеҳи аудитории молиявӣ медиҳанд.
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи фаъолияти аудиторӣ
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи фаъолияти аудиторӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад. (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1503)
Моддаи 3. Доираи амали Қонуни мазкур
Моддаи 4. Принсипҳои асосии фаъолияти аудиторӣ
Фаъолияти аудиторӣ ба принсипҳои асосии зерин асос меёбад:
- қонуният;
- мустақилият;
- беғаразӣ;
- салоҳияти касбӣ;
- махфият;
- поквиҷдонӣ;
- воқеият;
- риояи стандартҳои аудит.
БОБИ 2.
ТАНЗИМИ ФАЪОЛИЯТИ АУДИТОРӢ
Моддаи 5. Мақоми ваколатдори давлатӣ
Мақоми ваколатдори давлатӣ аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гардида, ваколатҳои зеринро амалӣ менамояд:
- дар доираи ваколатҳои худ санадҳои меъёрии ҳуқуқие қабул мекунад, ки фаъолияти аудиториро танзим менамоянд;
- стандартҳои аудитро таҳия ва тасдиқ менамояд;
- аз тарафи ташкилотҳои аудиторӣ ва аудиторони инфиродӣ риоя шудани шарту талаботи иҷозатномаро назорат менамояд;
- риоя шудани стандартҳои аудитро аз тарафи ташкилотҳои аудиторӣ ва аудиторони инфиродӣ назорат мекунад;
- шакл, ҳаҷм ва тартиби ба мақоми ваколатдори давлатӣ пешниҳод кардани ҳисоботҳоро барои аудиторони инфиродӣ ва ташкилотҳои аудиторӣ муайян мекунад;
- қоидаҳои аккредитатсияи ташкилотҳои касбии аудиторонро таҳия ва тасдиқ менамояд;
- аккредитатсияи ташкилотҳои касбии аудиторонро мегузаронад;
- пешбурди Феҳристи давлатии бақайдгирии аудиторонеро, ки соҳиби Шаҳодатномаи тахассусии аудиторӣ ва иҷозатнома мебошанд, анҷом медиҳад;
- Феҳристи аккредитатсияи ташкилотҳои касбии аудиторонро пеш мебарад;
- нашри феҳристҳоро дар сомонаи расмии худ таъмин менамояд;
- тартиби пешбурди Феҳристи бақайдгирии давлатии аудиторон ва аккредитатсияи ташкилотҳои касбии аудиторонро тасдиқ менамояд;
- қоидаҳои санҷиши ташкилотҳои касбии аудиторонро муайян менамояд;
- оид ба масъалаҳои фаъолияти аудиторӣ бо дигар мақомоти давлатӣ, ташкилоти аудиторӣ, ташкилотҳои касбии аудиторон ва дигар ташкилотҳои дахлдор ҳамкорӣ менамояд;
- Кодекси одоби касбии аудиторонро тасдиқ менамояд;
- дигар ваколатҳоро мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд.
БОБИ 3.
ФАЪОЛИЯТИ АУДИТОРӢ
Моддаи 6. Фаъолияти аудиторӣ
- таҳлил кардани ҳисоботи молиявӣ;
- иҷрои расмиёти мувофиқашуда;
- ҷамъоварӣ ва таҳлили маълумоти молиявӣ;
- ташкил, барқарор ва пешбурди баҳисобгирии муҳосибӣ, тартиб додани ҳисоботи молиявӣ, маслиҳати муҳосибӣ;
- пешниҳоди хизматрасонии аудити дохилӣ;
- маслиҳатҳо марбут ба андоз, ташкил, барқарор ва пешбурди баҳисобгирии андозӣ, тартиб додани ҳисоббаробаркуниҳои андозӣ ва эъломияҳо;
- тартиб додани ҳисоботи омории ташкилотҳо;
- таҳлили фаъолияти молиявию хоҷагидорӣ, банақшагирии сармоягузорӣ ва молиявӣ;
- таълими пешбурди баҳисобгирии муҳосибӣ ва тартиб додани ҳисоботи молиявӣ, андозбандӣ, аудит ва таҳлили фаъолияти молиявию хоҷагидорӣ ва банақшагирии молиявӣ;
- автоматикунонии баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҷорӣ намудани технологияҳои иттилоотӣ, тавсияҳо оид ба автоматикунонии пешбурди баҳисобгирии муҳосибӣ ва тартиб додани ҳисоботи молиявӣ, таълими пешбурди автоматикунонидашудаи баҳисобгирии муҳосибӣ ва тартиб додани ҳисоботи молиявӣ;
- таҳия ва интишори тавсия ва маводи методӣ оид ба пешбурди баҳисобгирии муҳосибӣ, тартиб додани ҳисоботи молиявӣ ва гузаронидани аудит фаъолияти молиявию хоҷагидорӣ ва банақшагирии молиявӣ, инчунин оид ба хизматрасонии вобаста ба соҳаи фаъолияти худ мутобиқи стандартҳои аудит;
- хизматрасонии ҳуқуқие, ки бо фаъолияти аудиторӣ алоқаманд аст.
Моддаи 7. Стандартҳои аудит
Моддаи 8. Намудҳои аудит
- субъектҳои дорои манфиати умум;
- дигар субъектҳо дар ҳолатҳои пешбининамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Моддаи 9. Ташкилоти аудиторӣ
Моддаи 10. Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои ташкилоти аудиторӣ ва аудитори инфиродӣ
- ҷиҳати баровардани қарор оид ба гузаронидани аудит бо ҳуҷҷатҳои таъсисӣ, ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии муҳосибӣ ва ҳисоботи молиявии субъекти санҷидашаванда пешакӣ шинос шаванд;
- шакл ва усулҳои гузаронидани аудитро дар асоси стандартҳои аудит, инчунин шумора ва ҳайати шахсии гурӯҳи аудиторонеро, ки санҷиш мегузаронанд, мустақилона муайян намоянд;
- ҳуҷҷатҳои молиявию хоҷагидории зарурӣ ва дигар иттилоот оид ба фаъолияти субъекти санҷидашаванда, аз ҷумла ҳисоботҳо ва ҳуҷҷатҳои аудиторони дохилӣ, мақоми ваколатдори давлатӣ ва назоратиро дар ҳаҷми пурра талаб карда, санҷида бароянд, инчунин мавҷудияти воқеии молу мулк ва ӯҳдадориҳои субъекти санҷидашавандаро нишон диҳанд;
- ҳангоми барӯйхатгирии дороию ӯҳдадориҳои фармоишгари аудит иштирок намоянд; (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1503)
- аз шахсони масъули субъекти санҷидашаванда аз рӯи масъалаҳои дар рафти санҷиши аудиторӣ бамиёномада тавзеҳот ва маълумоти иловагии барои гузаронидани аудит заруриро дар шакли хаттӣ ва шифоҳӣ талаб намоянд;
- дар мувофиқа бо субъекти санҷидашаванда тасдиқи маълумоти дахлдорро оид ба фаъолияти молиявӣ ва хоҷагидории субъекти санҷидашаванда, ки барои гузаронидани аудит зарур мебошанд, аз шахсони сеюм гиранд;
- дар мувофиқа бо субъекти санҷидашаванда мутахассисони гуногунсоҳаро, ки бо муассисони (иштирокчиён, соҳибмулкон) субъекти санҷидашаванда, роҳбарон, шахсони мансабдор, муҳосибон ва дигар шахсони барои ташкил ва пешбурди баҳисобгирии муҳосибӣ ва тартиб додани ҳисоботи молиявӣ масъул робитаи хешовандӣ ё манфиати молиявӣ надоранд, дар асоси шартнома барои иштирок дар гузаронидани аудит ҷалб намоянд;
- дар ҳолати аз тарафи субъекти санҷидашаванда риоя накардани талаботи шартномаи гузаронидани аудит, инчунин дар сурати аз тарафи субъекти санҷидашаванда пешниҳод накардани ҳуҷҷатҳо ва иттилооте, ки барои гузаронидани аудит заруранд ва (ё) ошкор гардидани ҳолатҳое, ки ба ақида оид ба саҳеҳияти ҳисоботи молиявии субъекти санҷидашаванда таъсири калон мерасонанд ё метавонанд таъсири калонтар расонанд, аз гузаронидани аудит ё изҳори ақида ва додани хулосаи аудиторӣ даст кашанд;
- дигар ҳуқуқҳоро, ки дар шартномаи хизматрасонии аудиторӣ муайян карда шудаанд ва ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолиф намебошанд, амалӣ намоянд.
- қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи фаъолияти аудиторӣ, Кодекси одоби касбии аудиторон ва стандартҳои аудитро риоя намоянд;
- ба назорати берунаи сифати аудит ва санҷишҳои аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатӣ гузарондашаванда монеъ нашаванд;
- баҳисобгирии шартномаҳои басташуда оид ба хизматрасонии аудитиро амалӣ намоянд; (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1503)
- хизматрасонии босифати аудиторӣ ва касбиро иҷро намоянд; (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1503)
- ба субъекти санҷидашаванда иттилоот оид ба камбудиҳои баҳисобгирии муҳосибӣ, тартиб додани ҳисоботи молиявӣ ва дигар иттилооти бо ҳисоботи молиявӣ алоқамандро пешниҳод намоянд;
- мутобиқи қоидаҳои муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба фаъолияти аудиторӣ ҳисобот пешниҳод намоянд;
– талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм»-ро риоя намуда, оид ба аҳдҳо ва амалиёти шубҳанок ба мақоми ваколатдори муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм маълумот пешниҳод намоянд; (ЌЉТ аз 26.07.14 с., № 1114)
- як нусхаи хулосаҳои аудитро оид ба натиҷаи аудити гузаронидашуда дар худ нигоҳ дошта, маҳфузияти онҳоро бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ таъмин намоянд.
Моддаи 11. Аудитор
Моддаи 12. Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои аудитор
- ҳуҷҷатҳои муҳосибии зарурӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои молиявию хоҷагидории субъекти санҷидашавандаро дастрас намуда, тафтиш намояд;
- аз шахсони мансабдори субъекти санҷидашаванда оид ба масъалаҳои дар рафти аудит пайдогардида дар шакли хаттӣ ва шифоҳӣ тавзеҳот гирад;
- нисбат ба қарори ғайриқонунии ташкилотҳои касбии аудиторон бо тартиби муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон шикоят намояд.
- қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи фаъолияти аудиторӣ, Кодекси одоби касбии аудиторон ва стандартҳои аудитро риоя намояд;
- узви ташкилоти касбии аудиторон бошад;
- курсҳои таълимиро аз рӯи барномаи такмили ихтисос бо тартиби муқаррагардида хатм намояд;
– оид ба аҳдҳо ва амалиёти шубҳанок мақоми ваколатдори муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризмро мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм хабардор намояд; (ҚҶТ аз 26.07.14 с., № 1114)
- сирри аудиториро ошкор насозад.
Моддаи 13. Ташкили аудити дохилӣ
- хадамоти аудити дохилиро ҳамчун сохтори таркибӣ таъсис диҳанд;
- ба басти корӣ вазифаи аудитори дохилиро ворид намоянд ё дар асоси шартнома вазифаҳои аудити дохилиро ба аудитори инфиродӣ ва ё ташкилоти аудиторӣ вогузор намоянд.
- Шаҳодатномаи тахассусии аудиторӣ дошта бошанд;
- доғи судӣ надошта бошанд.
- дорои таҳсилоти олӣ буда, собиқаи кории на кам аз 3 сол дар соҳаи иқтисодӣ, молиявӣ, назоратию тафтишотӣ ва ё соҳаи ҳуқуқӣ ё фаъолияти илмӣ ва омӯзгорӣ дар соҳаи баҳисобгирии муҳосибӣ ва аудит дошта бошанд;
- дорои таҳсилоти ибтидоии касбӣ ва миёнаи касбӣ буда, собиқаи кории на кам аз 5 сол дар соҳаи иқтисодӣ, молиявӣ, назоратию тафтишотӣ ва соҳаи ҳуқуқӣ, инчунин фаъолияти илмӣ ва омӯзгорӣ дар соҳаи баҳисобгирии муҳосибӣ ва аудит дошта бошанд;
- надоштани доғи судӣ.
Моддаи 14. Вазифаҳои аудити дохилӣ
- назорати ҳолати дороӣ ва пешгирии зарар;
- тасдиқи иҷрои маҷмӯи расмиёти назорати дохилисоҳавӣ;
- таҳлили фаъолияти самарабахши низоми назорати дохилӣ ва таҳрири иттилоот.
- санҷиши низоми баҳисобгирии муҳосибӣ ва назорати дохилӣ, мониторинги онҳо ва таҳия намудани тавсияҳо оид ба беҳдошти кори ин низом;
- санҷиши иттилооти муҳосибӣ, фаврӣ ва дар ҳамин асос таҳия кардани ҳисобот, инчунин омӯзиши махсуси моддаҳои алоҳидаи ҳисоботдиҳӣ, аз он ҷумла амиқ санҷидани амалиёти муҳосибӣ ва бақияҳои ҳисоби муҳосибӣ;
- санҷиши татбиқу риояи қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, инчунин талаботи сиёсати баҳисобгирӣ, низомномаҳо, қарорҳо ва дастурҳои роҳбарият ва соҳибмулкон;
- тафтишоти махсуси ҳолатҳои алоҳида;
- таҳия ва пешниҳоди таклифҳо оид ба бартараф сохтани камбудиҳои ошкоршуда ва додани тавсияҳо ҷиҳати баланд бардоштани самаранокии идоракунӣ.
Моддаи 15. Ташкилоти касбии аудиторон
Моддаи 16. Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои ташкилоти касбии аудиторон
- аз рӯи созишнома бо ташкилотҳои аудиторӣ ва аудиторони инфиродӣ назорати берунаи сифати хизматрасонии ташкилотҳои аудиторӣ ва аудиторони инфиродиро амалӣ намояд;
- таҷрибаи амалии аудиторон ва ташкилотҳои аудиториро таҳлил, ҷамъбаст ва интишор намояд;
- манфиати аудиторон ва ташкилотҳои аудиториро дар ташкилотҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ, хориҷӣ ва байналмилалӣ ҳимоя намояд;
- вобаста ба фаъолияти аудиторӣ баҳсҳои ташкилотҳои аудиторӣ ва аудиторонеро, ки аъзои онҳо мебошанд, баррасӣ намояд;
- таҳқиқи дараҷаи эътимоднокӣ ва бартарияти (рейтинги) ташкилотҳои аудиториро гузаронад ва дар нашрияҳои даврӣ натиҷаҳои онро интишор намояд;
- дар фаъолияти ташкилотҳои байналмилалии баҳисобгирии муҳосибӣ ва аудит иштирок намояд;
- аз рӯи стандартҳои аудит ва дигар масъалаҳои фаъолияти аудиторӣ тавсияҳо пешниҳод намояд;
- дигар ҳуқуқҳоеро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ кардааст, ба ҷо оварад.
- қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи фаъолияти аудиторӣ риоя намояд;
- аъзои худро бо санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи фаъолияти аудиторӣ таъмин намояд;
- ба рушди аудит, зиёд кардани самараи он, ташкил ва ҳамоҳангсозии фаъолияти аудиторон ва ташкилотҳои аудиторӣ мусоидат намояд;
- оид ба такмили ихтисоси аудиторон бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ курсҳо ташкил намуда, дар бораи хатми онҳо сертификат диҳад;
- ба риоя кардани талаботи Кодекси одоби касбии аудиторон ва стандартҳои аудит аз ҷониби аудиторон ва ташкилотҳои аудиторӣ ёрӣ расонад;
- ба мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба фаъолияти худ бо тартиби муқаррарнамудаи мақоми ваколатдори давлатӣ маълумот пешниҳод намояд.
Моддаи 17. Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои фармоишгари аудит
- ташкилоти аудиторӣ ё аудитори инфиродиро, бо назардошти талаботи Қонуни мазкур мустақилона интихоб намояд;
- тамоюл ва ҳаҷми санҷиши аудиториро ҳангоми санҷиши аудити ташаббусӣ муайян намояд;
- аз ташкилотҳои аудиторӣ ва аудиторони инфиродӣ маълумоти заруриро оид ба санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, ки эродҳои аудитор ба онҳо асос ёфтаанд, талаб намояд;
- хулосаи аудиториро дастрас намояд;
- аз хизматрасонии ташкилоти аудиторӣ ё аудитори инфиродӣ дар ҳолати аз тарафи онҳо иҷро накардан ё ба таври номатлуб иҷро кардани ӯҳдадориҳои худ аз рӯи шартнома даст кашанд;
- дигар ҳуқуқҳоро, ки дар шартномаҳои хизматрасонии аудиторӣ муайян карда шудаанд ва ба қонунгузорӣ мухолиф намебошанд, амалӣ намояд.
- барои гузаронидани аудити ҳатмӣ мутобиқи Қонуни мазкур чораҳои зарурӣ андешида, онро сари вақт гузаронад;
- ба ташкилотҳои аудиторӣ ва аудиторони инфиродӣ барои гузаронидани аудити саривақтӣ ва босифат дар мӯҳлати муайяннамудаи шартнома оид ба гузаронидани санҷиши аудиторӣ шароит фароҳам оварад;
- подоши хизматрасонии аудитори инфиродӣ ва ташкилоти аудиториро мутобиқи шартномаи хизматрасонии аудиторӣ, аз ҷумла дар ҳолати мувофиқ набудани натиҷаи хулосаи аудиторӣ аз нуқтаи назари субъекти санҷидашаванда ва инчунин дар ҳолати бо сабабҳои ба онҳо новобаста нопурра иҷро намудани хизматрасонии аудиторӣ аз тарафи ташкилоти аудиторӣ ё ин ки аудитори инфиродӣ сари вақт пардохт намояд.
Моддаи 18. Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои субъекти санҷидашаванда
- аз ташкилоти аудиторӣ ё аудитори инфиродӣ маълумоти заруриро оид ба талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба гузаронидани аудит дахл доранд, дастрас намояд;
- бо санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки хулоса ва эродҳои ташкилоти аудиторӣ ё аудитори инфиродӣ ба онҳо асос ёфтааст, шинос шавад;
- аз ташкилоти аудиторӣ ё аудитори инфиродӣ маълумотро оид ба камбудиҳои пешбурди баҳисобгирии муҳосибӣ, ҳисоботи молиявӣ ва дигар иттилооти бо ҳисоботи молиявӣ алоқаманд дастрас намояд;
- дигар ҳуқуқҳоро, ки аз шартномаи хизматрасонии аудиторӣ бармеоянд, амалӣ намояд.
- ба ташкилоти аудиторӣ ё аудитори инфиродӣ барои сари вақт ва пурра гузаронидани аудит ёрӣ расонида, маълумот ва ҳуҷҷатҳои заруриро барои гузаронидани аудит пешниҳод намояд, инчунин аз шахсони сеюм маълумоти заруриро барои гузаронидани санҷиши аудиторӣ талаб карда гирад;
- бо мақсади маҳдуд накардани доираи масъалаҳое, ки ба гузаронидани аудит вобастаанд, ба фаъолияти ташкилоти аудиторӣ ё аудитори инфиродӣ дахолат нанамояд, ба шарте ки дар шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нагардида бошад;
- бо мақсади саркашӣ ё мамониат кардан барои гузаронидани аудит ба ягон амал (беамалӣ) роҳ надиҳад;
- дигар ӯҳдадориҳоро, ки аз шартномаи хизматрасонии аудиторӣ бармеоянд, иҷро намояд.
Моддаи 19. Иҷозатномадиҳӣ барои фаъолияти аудиторӣ
Иҷозатнома барои фаъолияти аудиторӣ тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият" дода мешавад.
Моддаи 20. Аттестатсияи фаъолияти аудиторӣ
Тартиби гузаронидани аттестатсияи фаъолияти аудиториро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
Моддаи 21. Асос ва тартиби бекор намудани Шаҳодатномаи тахассусии аудиторӣ
- аудитор Шаҳодатномаи тахассусиро бо ҳуҷҷатҳои қалбакӣ гирифта бошад;
- ҳукми суд оид ба пешбинӣ намудани ҷазо дар шакли маҳрум намудан аз ҳуқуқи машғул шудан бо фаъолияти аудиторӣ дар мӯҳлати муайян эътибори қонунӣ пайдо карда бошад;
- талаботи моддаҳои 25 ва 27 Қонуни мазкур риоя нашуда бошанд;
- талаботи муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ё стандартҳои фаъолияти аудиторӣ ҳангоми гузаронидани аудит аз тарафи аудитор мунтазам риоя нашуда бошанд;
- муқаррар шуда бошад, ки хулосаи аудиторӣ бе гузаронидани санҷиши аудиторӣ аз тарафи аудитор имзо шудааст;
- дар мӯҳлати ду соли тақвимӣ паи ҳам аудитор бо фаъолияти аудиторӣ машғул нашуда бошад.
Моддаи 22. Шартнома дар бораи гузаронидани аудит
Моддаи 23. Хусусиятҳои гузаронидани аудити субъектҳои манфиати умум
Моддаи 24. Хулосаи аудиторӣ
Моддаи 25. Сирри аудиторӣ
- маълумоти ифшонамудаи худи субъекти санҷидашаванда ё фармоишгари аудит, ки ба ӯ дар Қонуни мазкур пешбинигардида ё бо розигии худи ӯ расонида шудааст;
- маълумоти субъекти санҷидашаванда оид ба имзо расонидани шартнома дар бораи гузаронидани аудити ҳатмӣ;
- маълумот оид ба андозаи пардохти хизматрасонии аудиторӣ.
Моддаи 26. Назорати сифати аудит ва намудҳои он
Моддаи 27. Маҳдудияти ҳуқуқи гузаронидани аудит
- аз тарафи аудиторони инфиродӣ ва кормандони ташкилоти аудиторие, ки муассисони (иштирокчиёни, соҳибмулкони) субъекти санҷидашаванда, роҳбарон, шахсони мансабдор, муҳосибон ва дигар шахсон, ки барои ташкил ва пешбурди баҳисобгирии муҳосибӣ ва тартиб додани ҳисоботи молиявӣ масъул мебошанд;
- аз тарафи аудиторони инфиродӣ ва кормандони ташкилоти аудиторие, ки бо муассисони (иштирокчиёни, соҳибмулкони) субъекти санҷидашаванда, роҳбарон, шахсони мансабдор, муҳосибон ва дигар шахсон, ки барои ташкил ва пешбурди баҳисобгирии муҳосибӣ ва тартиб додани ҳисоботи молиявӣ масъул мебошанд, робитаи хешовандӣ доранд;
- аз тарафи ташкилотҳои аудиторие, ки роҳбарони онҳо муассисони (иштирокчиёни, соҳибмулкони) субъекти санҷидашаванда, роҳбарон, шахсони мансабдор, муҳосибон ва дигар шахсоне, ки барои ташкил ва пешбурди баҳисобгирии муҳосибӣ ва тартиб додани ҳисоботи молиявӣ масъул мебошанд;
- аз тарафи ташкилотҳои аудиторӣ, ки роҳбарони онҳо бо муассисони (иштирокчиёни, соҳибмулкони) субъекти санҷидашаванда, шахсони мансабдор, муҳосибон ва дигар шахсон, ки барои ташкил ва пешбурди баҳисобгирии муҳосибӣ ва тартиб додани ҳисоботи молиявӣ масъул мебошанд, робитаи хешовандӣ доранд;
- агар аз ҷониби ташкилоти аудиторӣ ё аудитори инфиродӣ дар назди субъекти санҷидашаванда ё ин ки аз ҷониби субъекти санҷидашаванда дар назди онҳо, ба истиснои ӯҳдадориҳо оид ба гузаронидани аудит, ӯҳдадориҳои молиявӣ мавҷуд бошад;
- аз тарафи ташкилотҳои аудиторӣ ва аудиторони инфиродӣ нисбати субектҳои санҷидашавандае, ки дар давоми ду соли охир бевосита пеш аз давраи гузаронидани аудитро дар бар мегиранд, хизматрасонии вобаста ба соҳаи фаъолияти худ, ки дар сархатҳои сеюм, чорум, панҷум, ҳаштум, нуҳум, даҳум ва дувоздаҳуми қисми 3 моддаи 6 Қонуни мазкур зикр шудааст, пешниҳод карда шудааст;
- ҳолатҳои дигаре, ки бо стандартҳои аудит муайян гардидаанд.
Моддаи 28. Суғуртаи фаъолияти аудиторӣ
БОБИ 4.
МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
Моддаи 29. Муқаррароти хотимавӣ
Моддаи 30. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Моддаи 31. Дар бораи аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи фаъолияти аудиторӣ"
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 марти соли 2006 "Дар бораи фаъолияти аудиторӣ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2006, №3, мод. 160) аз эътибор соқит дониста шавад.
Моддаи 32. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе,
22 июли соли 2013,
№ 993