ҚОНУНИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ОСОРХОНАҲО ВА ФОНДИ ОСОРХОНАҲО
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2012, №7, мод. 688; ҚҶТ аз 19.03.2013 с., №957)
Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқии фаъолияти осорхонаҳо ва фонди осорхонаҳоро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намуда, муносибатҳои ҷамъиятиро дар ин соҳа танзим карда, ҳуқуқи конститутсионии шаҳрвандонро ҷиҳати баҳрабардорӣ аз ашёи осорхонавӣ ва коллексияи осорхонавии Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин ва ҳифз менамояд.
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода шудаанд:
- осорхона – муассисаи ғайритиҷоратии фарҳангӣ, ки бо мақсади дарёфт, бақайдгирӣ, гурўҳбандӣ, барқароркунӣ, нигоҳдорӣ, таҳқиқ ва намоиши оммавии ашё ва коллексияҳои таърихию фарҳангӣ таъсис дода мешвад;
- сарвати таърихию фарҳангӣ –ашёи осорхонавие, ки дорои аҳамияти умумибашарӣ, таърихӣ, илмию бадеӣ ва фарҳангӣ буда, дар осорхонаҳои давлатӣ, ғайридавлатӣ ва коллексияҳои шахсӣ ҷамъоварӣ ва нигоҳдорӣ карда мешавад;
- ашёи осорхонавӣ- ашёи арзишманди қадими ё муосир, ки таърих, сифат ё нишонаҳои махсусаш барои ҷомеа ҳифз, омўзиш ва намоиши оммавии онро зарур месозад;
- коллексияи осорхонавӣ- маҷмўи ашёҳои осорхонавӣ, ки аз рўи хусусиятҳои умумии пайдоиш, намуд ва дигар нишонаҳо дар фонди осорхона гурўҳбандӣ шудаанд;
- фонди осорхона- маҷмўи ашёи осорхонавӣ, ва коллексияи осорхонавӣ, ки ба таври доимӣ дар осорхона қарор доранд ва тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди истифода истифода қарор мегиранд;
- Феҳристи давлатии Фонди осорҳонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон – ҳуҷҷати баҳисобгирие, ки маълумоти заруриро дар бораи ҳар як ашёи осорхонавӣ ва коллексияи осорхонавии Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бар мегирад;
- комиссияи харидорӣ – мақоми машваратӣ экспертии осорхона, ки масъалаи интихоб ё харидории ашёи осорхонавӣ ва коллексияи осорхонавии дорои аҳамияти таърихию фарҳангиро баррасӣ менамояд;
- харидории ашёи осорхонавӣ ва коллексияи осорхонивӣ – яке аз воситаҳои асосии ҷамъоварӣ, нигоҳдорӣ ва ҳифзи ашёи осорхонавӣ ва коллексияи осорхонавӣ;
- экспертизаи илмии ашёи осорхонавӣ – намуд фаъолияти илмӣ – таҳқиқотӣ оид ба мавриди таҳқиқот, таҳлил ва арзёбии илм қорор додани ашёи осорхонавӣ ва коллексияи осорхонавӣ, ки арзиши таърихию фарҳангӣ ва зарурати харидории онҳоро бо хулоса тасдиқ менамояд;
- нигоҳдорӣ – яке аз намудҳои асосии фаъолияти осорхона, ки шароити моддӣ ва ҳуқуқии ҳифзи ашёи осорхонавӣ ва коллексияи осорхонавиро таъмин мекунад;
- табъу нашри ашёи осорхонавӣ ва коллексияи осорхонавӣ – яке аз шаклҳо асосии фаъолияти осорҳона, ки ҳадафашон бо роҳи таҳия кардан ва ба табъ расонидани маҳсулоти чопӣ, ташкили намоишҳои оммавӣ, интишор дар нашрияҳо ва дигар воситаҳо ба аҳли ҷомеа дастрас намудани ашёи осорхонавӣ ва коллексияи осорхонавӣ мебошад.
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи осорхонаҳо ва Фонди осорхонаҳо
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи осорхонаҳо ва Фонди осорхонаҳо ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикстон онҳоро эътироф кардааст иборат мебошад.
Моддаи 3. Назорати давлатии осорхонаҳо ва Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
БОБИ 2. ОСОРХОНАҲО ДАР ҶУМУРИИ ТОҶИКИСТОН
Моддаи 4. Таъсис ва фаъолияти осорхонаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
- ашёи осорхонавӣ ва коллексияи осорхонавие, ки шумора ва арзиши таърихию фарҳангиашон бо хулосаи экспертизаи илмӣ тасдиқ карда шудааст;
- бинои ҳифзшаванда ва таҷҳизоти барои нигоҳдорӣ ва намоишии ашёи осорхонавӣ ва коллексияи осорхонавӣ мувофиқ;
- сарчашмаҳои маблағгузорӣ.
Моддаи 41. Осорхона-мамнӯъгоҳ
Моддаи 5. Мақсади таъсиси осорхонаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Осорхонаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади зерин таъсис дода мешаванд:
- нигоҳдории ашёи осорхонавӣ ва коллексияи осорхонавӣ;
- пуррагардонии фонди осорхонаҳо бо роҳи харид ва ташкили экспедитсияҳо ва ҳафриёт;
- омўзиш ва таҳқиқи ашёи осорхонавӣ ва коллексияи осорхонавӣ;
- нашри маълумот дар бораи ашёи осорхонавӣ ва коллексияи осорхонавӣ;
- омўзиш ва таҳқиқи мероси таърихию фарҳангӣ берун аз осорхона;
- мунтазам ташкил кардани намоишҳои оммавии ашёи осорхонавӣ ва коллексияи осорхонавӣ;
- тарғиби ашёи осорхонавӣ ва коллексияи осорхонавии Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа ва ташкили намоиши ашёи осорхонавӣ ва коллексияи осорхонавии хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- ташкили мунтазами намоиши ашёи касбу ҳунарҳои қадима, малака ва таҷрибаи истеҳсоли ашёи арзиши таърихию фарҳангидоштаи муосир.
Моддаи 6. Барҳамдиҳии осорхонаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
БОБИ 3. ФОНДИ ОСОРХОНАҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Моддаи 7. Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
Моддаи 8. Шаклҳои моликият ба ашёи осорхонавии Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
Моддаи 9. Тартиби харидории ашёи осорхонавӣ ва коллексияи осорхонавӣ
Моддаи 10. Дохил кардани ашёи осорхонавӣ ва коллексияи осорхонавӣ ба Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
Моддаи 11. Ҳориҷ кардани ашёи осорхонавӣ ва коллексияи осорхонавӣ аз Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
Моддаи 12. Феҳристи давлатии Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
Моддаи 13. Воридот ва содироти ашёи осорхонавӣ ва коллексияи осорхонавӣ
БОБИ 4. ҚИСМИ ДАВЛАТИИ ФОНДИ ОСОРХОНАҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Моддаи 14. Қисми давлатии Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикисион
Моддаи 15. Дасигирии давлатии қисми давлатии Фонди осорхонаҳои Ҷумҳури Тоҷикистон
Моддаи 16. Бегона кардани ашёи осорхонавӣ ва коллексияи осорхонавии қисми давлатии
Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
Моддаи 17. Идоракунии оперативии ашёи осорхонавӣ ва коллексияи осорхонавии қисми
давлатии Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
- ҳифз ва таъмини бехатарии ашёи осорхонавӣ ва коллексияи осорхонавӣ;
- таҳия ва нигоҳдории ҳуҷҷатҳои баҳисобгирии ашёи осорхонавӣ ва коллексияи осорхонавӣ;
- истифодаи ашёи осорхонавӣ ва коллексияи осорхонавӣ бо мақсадҳои илмӣ, маърифатӣ, фарҳангӣ ва эҷодию истеҳсолӣ.
Моддаи 18. Назорати давлатии қисми давлатии Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
Назорати давлатии қисми давлатии Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатии соҳаи фарҳанг дар шаклҳои зерин амалӣ мегардад:
- санҷиши ҳолати ҳифз ва шароити нигоҳдории ашёи осорхонавӣ ва коллексияи осорхонавӣ;
- ирсоли дархост ва дарёфти маълумот оид ба ашёи осорхонавӣ ва коллексияи осорхонавӣ, ки барои амалӣ намудани баҳисобгирии давлатии Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон зарур аст.
БОБИ 5. ҚИСМИ ҒАЙРИДАВЛАТИИ ФОНДИ ОСОРХОНАҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Моддаи 19. Қисми ғайридавлатии Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ашёи осорхонавӣ ва коллексияи осорхонавии Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба қисми давлатии он мансуб нестанд, қисми ғайридавлатии Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил медиҳанд.
Моддаи 20. Дохил кардани ашёи осорхонавӣ ва коллексияи осорхонавӣ ба қисми
ғайридавлатии Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ашёи осорхонавӣ ва коллексияи осорхонавӣ ба қисми ғайридавлатии Фонди осорхонҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси аризаи молики онҳо ба тартиби муқарарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил карда мешавад.
Моддаи 21. Ҳориҷ кардани ашёи осорхонавӣ ва коллексияи осорхонавӣ аз қисми
ғайридавлатии Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дар ҳолатҳои нобуд ё гум шудани ашёи осорхонавӣ ва коллексияҳои осорхонавии осорхонаи ғайридавлатӣ мақоми ваколатдори давлатии соҳаи фарҳанг тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон онҳоро аз қисми ғайридавлатии Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон хориҷ мекунад.
Моддаи 22. Нигоҳдорӣ ва бақайдгирии ашёи осорхонавӣ ва коллексияи осорхонавии қисми
ғайридавлатии Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ашёи осорхонавӣ ва коллексияи осорхонавии қисми ғайридавлатии Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд тибқи Низомномаи Фонди осорхонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба қайд гирифта, нигоҳдорӣ карда шаванд.
Моддаи 23. Назорати давлатии ҳолати нигоҳдории қисми ғайридавлатии Фонди осорхонаҳои
Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фаъолияти осорхонаҳои ғайридавлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Назорати давлатии ҳолатҳои нигоҳдории қисми ғайридавлатии Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва фаъолияти осорхонаҳои ғайридавлатиро мақоми ваколатдори давлатии соҳаи фарҳанг дар шаклҳои зерин амалӣ менамояд:
- санҷиши ҳолати ҳифз ва шароити нигоҳдории ашёи осорхонавӣ ва коллексияи осорхонавӣ;
- аз молики ашёи осорхонавӣ ва коллексияи осорхонавӣ талаб намудани тағйири макон ё беҳбуди шароити ҳифзу нигоҳдории ашёи осорхонавӣ ва коллексияи осорхонавӣ;
- ирсоли дархостҳо ва дарёфти маълумот оид ба ашёи осорхонавӣ ва коллексияи осорхонавии осорхонаҳои ғайридавлатӣ, ки барои амалӣ намудани баҳисобгирии давлатии Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон зарур аст.
Моддаи 24. Дастгирии давлатии осорхонаҳои ғайридавлатӣ ва қисми ғайридавлатии Фонди
осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мақоми давлатӣ дар доираи ваколатҳои худ метавонад дастгирии давлатии осорхонаҳои ғайридавлатӣ ва қисми ғайридавлатии Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаклҳои зерин амалӣ намояд;
- ҷалб намудани муассисаҳои давлатӣ ба барқарорсозии ашёи осорхонавӣ ва коллексияи осорхонавӣ;
- дар ҳолаиҳо зарурӣ дар хазинаҳои давлатӣ нигоҳдорӣ намудани ашёи осорхонавӣ ва коллексияи осорхонавӣ;
- қисман ҷуброн намудани хароҷоти таъмини бехатарии ашёи осорхонавӣ ва коллексияи осорхонавӣ.
Моддаи 25. Аҳдҳо оид ба ашёи осорхонавӣ ва коллексияи осорхонавии қисми ғайридавлатии
Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
БОБИ 6. ТАЪМИНИ ДАСТРАСИИ ФОНДИ ОСОРХОНАҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Моддаи 26. Дастрасӣ ба ашёи осорхонавӣ ва коллексияи осорхонавии Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
Моддаи 27. Нашри маълумот дар бораи ашёи осорхонавӣ ва коллексияҳои осорхонавӣ
Моддаи 28. Истифодаи тасвири бино ва иншоот, рамзҳои осорхона, ашёи осорхонавӣ ва
коллексияи осорхонавии Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар истеҳсолот
Истеҳсоли расмҳо, суратҳо, китобҳо, тўҳфаҳо ва дигар молҳои ниёзи мардум бо истифодаи тасвири бино ва иншоот, рамзҳои осорхона, ашёи осорхонавӣ ва коллексияи осорхонавии Фонди осорхонаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо розигии осорхонаи дахлдор ва иҷозати мақоми ваколатдори давлатии соҳаи фарҳанг амалӣ мегардад.
БОБИ 7. ҲАМКОРИҲОИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ
Моддаи 29. Ҳамкориҳои байналмилалӣ
БОБИ 8. МУҚАРРОРОТИ ХОТИМАВӢ
Моддаи 30. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Моддаи 31. Дар бораи аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар
бораи осорхонаҳо ва фонди осорхонаҳо»
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 феврали соли 2004 «Дар боари осорхонаҳо ва фонди осорхонаҳо» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с 2004, №2, мод. 47; с. 2007, №5, мод. 373) аз эътибор соқит дониста шавад.
Моддаи 32. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор додо шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
3 июли соли 2012
№838