ҚОНУНИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ҲИФЗИ МУҲИТИ ЗИСТ
(ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1449)
(Ахбори маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2011, № 7-8, мод. 614; с. 2014, №11, мод. 669; Қонуни ҶТ аз 18.07.2017 с., №1449)
Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқии сиёсати давлатиро дар соҳаи ҳифзи муҳити зист муайян намуда, ба таъмини рушди устувори иҷтимоию иқтисодӣ, кафолатҳои ҳуқуқи инсон ба муҳити зисти солим ва мусоид, таҳкими тартиботи ҳуқуқӣ, пешгирии таъсири номатлуби фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар фаъолият ба муҳити зист, ташкили истифодаи оқилонаи захираҳои табиат ва таъмини амнияти экологӣ равона шудааст.
БОБИ 1.
МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода шудаанд:
- муҳити зист - муҳити зисти инсон, маҷмӯи ҷузъиёти муҳити табиӣ, объектҳои табиӣ ва табиии антропогенӣ, инчунин объектҳои антропогенӣ;
- объекти антропогенӣ - объекте, ки инсон барои таъмини эҳтиёҷоти иҷтимоии худ сохтааст ва он дорои хусусиятҳои объектҳои табиӣ намебошад;
- гуногунии биологӣ - шаклҳои гуногуни организмҳои зиндаи мансуб ба ҳама манбаъҳо, аз ҷумла, экосистемаҳои заминӣ ва обӣ ва комплексҳои экологӣ, ки организмҳои зинда ҷузъи онҳо мебошанд; мафҳуми мазкур гуногуниро дар доираи намуд, байни намудҳо ва гуногунии экосистемаҳо дар бар мегирад;
- муҳити зисти мусоид - муҳити зисте, ки сифати он фаъолияти устувори системаҳои экологии табиӣ, объектҳои табиӣ ва табиии антропогениро таъмин менамояд;
- зарар ба муҳити зист – тағйирёбии номатлуби ҳолати муҳити зист дар натиҷаи ифлосшавии он, ки ба таназзули системаҳои экологӣ ва коҳишёбии захираҳои табиӣ сабаб мегардад; (ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1449)
- парки дендрологии давлатӣ - гурӯҳи растаниҳое, ки арзиши илмӣ, фарҳангӣ ва таърихӣ доранд, намудҳои табиии набототи боғу гулгаштҳо (паркҳо);
- моддаи ифлоскунанда - модда ё омехтаи моддаҳое, ки миқдор ва (ё) таркиби онҳо аз меъёри барои моддаҳои кимиёвӣ, аз ҷумла радиоактивӣ, дигар моддаҳо ва микроорганизмҳо муқарраргардида зиёд мебошад ва ба муҳити зист таъсири манфӣ мерасонанд;
- ифлосшавии муҳити зист - воридшавии моддаҳои эҳтимолан хатарноки кимиёвӣ ва биологӣ, моддаҳои радиоактивӣ, партовҳои истеҳсолӣ ва истеъмолӣ ба муҳити зист, инчунин таъсири садо, ларзиш, майдонҳои магнитӣ ва дигар таъсири манфии физикӣ ба муҳити зист;
- минтақаи муҳофизатӣ (буферӣ) - ҳудуди замин ва қисми фазо, ки бо мақсади кам кардани таъсири номатлуби беруна дар атрофи ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда ташкил карда мешавад;
- минтақаҳои санитарии муҳофизатӣ - ҳудудҳои табиие, ки барои таъмини меъёрҳои гигиении зарурии ғилзати моддаҳои ифлоскунанда дар қабати рӯизаминии атмосфера, ҳифзи манбаъҳои об, кам кардани таъсири манфии хатҳои интиқоли барқ ба аҳолии маҳал таъин гардидаанд;
- сифати муҳити зист - ҳолати муҳити зист, ки бо нишондиҳандаҳои физикӣ, кимиёвӣ, биологӣ, нишондиҳандаҳои дигар ва (ё) маҷмӯи онҳо ифода мегардад;
- ҷузъҳои муҳити табиӣ - замин, қаъри он, хок, обҳои рӯизаминӣ ва зеризаминӣ, ҳавои атмосфера, олами набототу ҳайвонот ва дигар организмҳо, инчунин қабати озони атмосфера ва фазои кайҳонии атрофи Замин, ки дар маҷмӯъ шароити мусоидро барои мавҷудияти ҳаёт дар рӯи Замин таъмин мекунанд;
- назорат дар соҳаи ҳифзи муҳити зист (назорати экологӣ) - маҷмӯи чорабиниҳое, ки ба пешгирӣ, ошкор ва рафъ кардани ҳолатҳои вайронкунии қонунгузорӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, таъмини риояи талабот, аз ҷумла меъёрҳо ва ҳуҷҷатҳои меъёрии соҳаи ҳифзи муҳити зист аз ҷониби субъектҳои фаъолияти хоҷагидорӣ ва ғайра равона шудаанд;
- Китоби Сурх - маҷмӯи маълумотҳо оид ба намудҳои нодир, нобудшаванда ё таҳти таҳдиди нобудшавӣ қарордоштаи растаниҳо ва ҳайвонот, ки бо мақсади ҷорӣ намудани низоми ҳифозати махсус ва азнавбарқароркунии минбаъдаи онҳо бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешавад;
- лимити истифодаи захираҳои табиӣ - миқдори ниҳоии гирифтан ва истеъмол кардани захираҳои табиӣ, ихроҷи моддаҳои зараровар ифлоскунанда ба муҳити зист, ки бо мақсади ҳифзи захираҳои табиӣ, истифодаи оқилонаи онҳо, пешгирӣ ва рафъи таъсири номатлуби онҳо муқаррар карда мешавад; (ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1449)
- меъёрҳои ихроҷи партови моддаҳо ва микроорганизмҳои ифлоскунанда (минбаъд - меъёрҳои ихроҷ ва партов) - маҳдудияти ихроҷ ва партови моддаҳо ва микроорганизмҳои ифлоскунанда ба муҳити зист, ки барои давраи гузаронидани чорабиниҳои ҳифзи муҳити зист, аз ҷумла ҷорӣ намудани технологияҳои беҳтарини мавҷуда, бо мақсади ноил гардидан ба меъёрҳои ҳифзи муҳити зист муқаррар карда мешаванд;
- мониторинги муҳити зист (мониторинги экологӣ) - системаи комплексии мушоҳида, арзёбӣ ва ешгӯии тағйироти ҳолати муҳити зист таҳти таъсири омилҳои табиӣ ва антропогенӣ;
- меъёрҳои соҳаи ҳифзи муҳити зист (минбаъд - меъёрҳои ҳифзи табиат) - меъёрҳои муқарраргардидаи сифати муҳити зист ва меъёрҳои таъсири имконпазир ба он ки дар сурати риояи онҳо муҳити мусоиди зист барои ҳаёти инсон, фаъолияти устувори системаҳои табиии экологӣ таъмин гардида, гуногунии биологӣ ҳифз карда мешавад;
- меъёрҳои имконпазири фишори антропогенӣ ба муҳити зист - меъёрҳое, ки мутобиқи андозаи таъсири маҷмӯии имконпазири ҳама манбаъҳо ба муҳити зист ва (ё) ҷузъиёти алоҳидаи муҳити табиат дар доираи минтақаҳои мушаххас муқаррар карда шудаанд ва дар сурати риояи онҳо фаъолияти устувори системаҳои экологии табиӣ таъмин ва гуногунии биологӣ ҳифз карда мешавад;
- ҳудудҳои табиии махсус муҳофизатшаванда - қитъаҳои замин, об ва фазои он ки дар онҳо комплексҳо ва объектҳои табиии дорои аҳамияти махсуси ҳифзи олами набототу ҳайвонот ва муҳити зист, илмӣ, фарҳангӣ, маърифатӣ, истироҳатӣ ва солимгардонӣ ҷойгиранд ва бо тартиби муқаррарнамудаи қонун пурра ва ё қисман аз истифодаи ҳоҷагидорӣ гирифта шудаанд ва барои онҳо низоми ҳифозати махсус муайян гардидааст;
- ҳифзи муҳити зист - системаи чорабиниҳои давлатӣ ва ҷамъиятии дорои хусусияти ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, технологӣ, маърифатӣ ва байналмилалӣ, ки ба таъмини ҳамоҳангии муносибати мутақобилаи ҷамъият ва табиат дар асоси ҳифз ва барқарорсозии муҳити табиӣ, истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ, беҳтар намудани сифати муҳити зисти инсон, пешгирӣ ва рафъи таъсири манфии фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар фаъолият ба муҳити зист ва бартараф намудани оқибатҳои он равона гардидаанд;
- арзёбии таъсир ба муҳити зист - намуди фаъолият оид ба ошкор намудан, таҳлил кардан ва ба ҳисоб гирифтани оқибатҳои таъсири мустақим ва ғайримустақими фаъолияти ба нақша гирифташудаи хоҷагидорӣ ва фаъолияти дигар ба муҳити зист бо мақсади қабули қарорҳо оид ба имконпазир ё имконнопазир будани анҷомдиҳии он;
- объекти табиии антропогенӣ - объекти табиӣ, ки дар натиҷаи фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар фаъолият тағйир ёфтааст ва (ё) объекте, ки аз тарафи инсон сохта шуда, дорои хусусияти объекти табиӣ мебошад ва аҳамияти рекреатсионӣ ва муҳофизатӣ дорад;
- объекти табиӣ - системаи экологии табиӣ, ландшафти табиӣ ва ҷузъҳои таркибии онҳо, ки хусусиятҳои табиии худро нигоҳ доштаанд;
- комплекси табиӣ - маҷмӯи объектҳои табиии аз ҷиҳати функсионалӣ ва табиӣ ба ҳам алоқаманде, ки бо нишонаҳои географӣ ва нишонаҳои дигари марбута муттаҳид мебошанд;
- ландшафти табиӣ - мавзее, ки дар натиҷаи фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар фаъолият тағйир наёфтааст ва ба навъҳои муайяни релефи маҳал, хок, растании дар шароити ягонаи иқлимӣ ташаккулёфта мувофиқ мебошад;
- захираҳои табиӣ - ҷузъиёти табиии муҳити зист, объектҳои табиӣ ва табиии антропогение, ки инсон истифода мебарад (энергияи офтоб, гармии дохилизаминӣ, ҳавои атмосфера, захираҳои замин, об, ҷангал ва маъдан, маводи радиоактивӣ, олами набототу ҳайвонот ва маҳсули онҳо, дигар неъматҳои табиӣ);
- истифодаи захираҳои табиат - фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар фаъолият (аз ҷумла низомӣ) бо истифодаи намудҳои алоҳидаи захираҳои табиӣ, инчунин таъсири ин фаъолият ба муҳити зист;
- истифодабарандаи табиат - шахси воқеӣ ё ҳуқуқие, ки ҳамчун ташаббускор ё фармоишгари фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар фаъолият амал намуда, бо муҳити зист ва захираҳои табиӣ созгор аст;
- системаи ҳифзи муҳити зист - маҷмӯи барнома ва чорабиниҳои давлатӣ, регламентҳои техникӣ, мақоми ваколатдори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, воҳидҳои зерсохтори он, шабакаҳои дар соҳаи муҳити зист, сарфи назар аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ ва моликият, амалкунандаи муассисаю ташкилотҳо, ки ба татбиқи сиёсати давлатӣ дар соҳаи муҳити зист нигаронида шуда, барои иҷрои мақсаду вазифаҳои ягона, афзун гардонидани саҳми ин соҳа дар рушди иҷтимоию иқтисодии кишвар, таъмини амнияти экологӣ ва муҳити зисти барои инсон мусоид муттаҳид карда шудаанд; (ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1449)
- меъёри технологӣ - меъёри имконпазири ихроҷ ва партови модда ва микроорганизмҳо, ки барои манбаъҳои статсионарӣ (доимӣ), сайёр ва дигар манбаъҳо, равандҳои технологӣ ва таҷҳизот муқаррар карда мешаванд ва андозаи имконпазири ҳаҷми ихроҷ ва партови моддаҳо ва микроорганизмҳоро ба муҳити зист ба ҳисоби воҳиди маҳсулоти истеҳсолшаванда инъикос менамояд;
- қабати озон - қабати атмосферӣ дар сатҳи сайёра дар баландии 7-8 км дар қутбҳо ва 17-18 км дар Экватор бо тамаркузи зиёди молекулаҳои озон, ки нурҳои ултрабунафши барои организмҳои зинда ҳалокатоварро аз кайҳон намегузаронад;
- системаи экологӣ - маҷмӯи ягона, устувор, мустақилона инкишофёбанда ва танзимшавандаи ҷузъиёти зинда ва ғайризиндаи муҳити зист дар ҳудуди қитъаи муайяни биосферӣ, ки тавассути мубодилаи моддаҳо, энергия ва иттилоот байни ҳам алоқаманд мебошанд;
- иттилооти экологӣ - ҳама гуна иттилоот дар шакли хаттӣ, визуалӣ, акустикӣ, электронӣ ё ҳама гуна шакли дигари моддӣ дар бораи ҳолати муҳити зист ва ҷузъиёти он, инчунин робитаи мутақобилаи байни ин ҷузъиёт, омилҳо, ба монанди моддаҳо, энергия, садо, радиатсия, амалҳо, аз ҷумла чорабиниҳои маъмурӣ, созишномаҳои экологӣ, қонунгузорӣ, нақшаҳо ва барномаҳои марбут ба муҳити зист, хароҷоту даромадҳо ва дигар тадқиқоти иқтисодӣ ва дурнамоҳое, ки дар қабули қарорҳо оид ба муҳити зист истифода мегарданд;
- амнияти экологӣ - ҳолати муҳофизавии манфиатҳои муҳими ҳаётии шахс, ҷомеа, муҳити зист аз таҳдидҳое, ки дар натиҷаи таъсиррасонии антропогенӣ ва табиӣ ба муҳити зист, аз ҷумла ба офату фалокатҳои табиӣ алоқаманданд; (ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1449)
- хатари экологӣ - эҳтимолияти фарорасии ҳолате, ки барои муҳити зист оқибати номусоид дошта, дар натиҷаи таъсири манфии фаъолияти хоҷагидорӣ ва фаъолияти дигари манфӣ, ҳолатҳои табиӣ ва техногенӣ ба вуҷуд меояд;
- экспертизаи экологӣ - муқаррар намудани мутобиқатӣ ё номутобиқатии ҳуҷҷати лоиҳавӣ ва дигар ҳуҷҷатҳо фавқулоддаи дорои хусусияти ба талаботи қонунгузорӣ оид ба ҳифзи муҳити зист ва истифодабарии оқилонаи захираҳои табиӣ, аз он ҷумла санадҳои меъёрии техникӣ; (ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1449)
- аудити экологӣ - таҳлили мутобиқати фаъолият ва ҳисоботи субъекти ҳоҷагидорӣ ба қонунгузории амалкунанда, ҳуҷҷатҳои меъёрию методӣ, дастурӣ ва танзимкунандаи соҳаи ҳифзи муҳити зист ва истифодаи захираҳои табиӣ.
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳифзи муҳити зист
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ҳифзи муҳити зист ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад. (ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1449)
Моддаи 3. Доираи амали Қонуни мазкур
Моддаи 4. Сиёсати давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист
(ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1449)
Моддаи 5. Принсипҳои асосии ҳифзи муҳити зист
Фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки ба муҳити зист таъсир мерасонанд, дар асоси принсипҳои зерин анҷом дода мешавад: (ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1449)
- таъмини волоияти Конститутсия ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист; (ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1449)
- афзалияти ҳифзи ҳаёт ва саломатии инсон, риояи ҳуқуқи он ба муҳити мусоиди зист;
- барқарор сохтан ва нигоҳ доштан, истифодаи устувор ва оқилонаи муҳити зист бо мақсади баланд бардоштани сатҳи зиндагӣ, таъмини муҳити мусоиди зист барои кору истироҳати аҳолӣ;
- пайвасти илман асосноки манфиатҳои ҳуқуқӣ, экологӣ, иқтисодию иҷтимоии инсон, ҷамъият ва давлат, андешидани чораҳои самаранок бо мақсади ноил шудан ба рушди устувор;
- музднок будани истифодабарии захираҳои табиӣ ва ҷуброни зарари ба муҳити зист расонидашуда;
- мустақилияти назорат дар соҳаи ҳифзи муҳити зист;
- эҳтимолияти хатари экологии фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар фаъолияти ба нақша гирифташаванда;
- арзёбии таъсир ба муҳити зист ҳангоми қабули қарорҳо оид ба фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар фаъолият;
- афзалияти нигоҳдории системаҳои экологӣ, ландшафт ва комплексҳои табиӣ;
- имконпазирии таъсири фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар фаъолият ба муҳити табиӣ, аз ҷумла гуногунии биологӣ, бо назардошти талабот дар соҳаи ҳифзи муҳити зист; (ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1449)
- ҳатмӣ будани иштироки мақомоти ҳокимияти давлатӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва дигар муассисаҳои ғайритиҷоратӣ, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ дар фаъолият оид ба ҳифзи муҳити зист;
- риояи ҳуқуқи ҳар як шахс барои дарёфти маълумоти дақиқ оид ба ҳолати муҳити зист, инчунин иштироки шаҳрвандон дар қабули қарорҳои марбут ба ҳуқуқи онҳо ба муҳити зисти мусоид тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- ҳавасманд ва дастгирӣ кардани ҳамкории ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва шаҳрвандон бо мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар масъалаҳои ҳифзи муҳити зист ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ;
- ногузир будани ҷавобгарӣ барои риоя накардани қонунгузорӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист;
- ташкил ва рушди системаи маърифати экологӣ, тарбия ва ташаккули фарҳанги экологӣ;
- ҳамкории байналмилалӣ.
Моддаи 6. Объектҳои ҳифзи муҳити зист
- замин, қаъри он, хок;
- обҳои рӯизаминӣ ва зеризаминӣ;
- ҳавои атмосфера, қабати озонии Замин;
- олами набототу ҳайвонот, аз ҷумла гуногунии биологӣ, тамоми намудҳои ҷангал, инчунин фонди генетикии онҳо. (ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1449)
Моддаи 7. Барнома, консепсия, стратегия, дурнамо ва нақшаҳои амал дар соҳаи ҳифзи муҳити зист
(ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1449)
Бо мақсади аз байн бурдани такрори айнан як фаъолият ва беҳтар истифода бурдани имкониятҳо нисбати ду ва зиёда конвенсия ва созишномаҳои байналмилалии экологӣ, ки Тоҷикистон эътироф кардааст, барнома, консепсия, стратегия, дурнамо ва нақшаҳои амали ягона таҳия карда мешаванд. (ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1449)
БОБИ 2. ИДОРАКУНИИ ДАВЛАТӢ ДАР СОҲАИ ҲИФЗИ МУҲИТИ ЗИСТ
(ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1449)
Моддаи 8. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист
Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист инҳоянд:
- пешбурди сиёсати давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист; (ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1449)
- муқаррар намудани тартиби таҳия ва тасдиқи ҳуҷҷатҳои меъёрӣ ва талабот дар соҳаи ҳифзи муҳити зист нисбати фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар фаъолият;
- ҳавасмандгардонии кашфиёт ва тадқиқоти илмӣ, илмии техникӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, таъмини бехатарии экологӣ ва идоракунии устувори истифодаи табиат, аз байн бурдан ва пешгирӣ кардани коҳиши муҳити зист;
- муқаррар намудани андоза ва тартиби ситонидани пардохти маблағҳо барои истифодабарии захираҳои табиӣ; (ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1449)
(Сархати 5 хориҷ карда шуд бо ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1449)
- муайян намудани тартиб ва шартҳои суғуртаи ҳатмии экологии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ;
- муайян намудани тартиби ташкил ва гузаронидани экспертизаи давлатии экологӣ ва расмиёти арзёбии таъсири фаъолияти ба нақша гирифташаванда ба муҳити зист;
- қабули қарорҳо дар хусуси истифодаи захираҳои табиӣ, бастани шартномаҳо ва қарордодҳо, аз ҷумла консессияҳо;
- тасдиқи барнома, консепсия, стратегия, дурнамо ва нақшаҳои амал оид ба ҳифзи муҳити зист, ҳисобот ва гузоришҳои миллӣ оид ба ҳолати муҳити зист, инчунин нақшаҳои комплексии истифода, барқарорсозӣ ва ҳифзи захираҳои табиӣ, тартиби пешбурди кадастрҳои давлатии захираҳои табиӣ; (ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1449)
- маблағгузорӣ ва таъминоти моддию техникии чорабиниҳои ҳифзи муҳити зист дар доира ва ҳаҷми муқаррарнамудаи буҷети давлатӣ;
- муқаррар намудани сохтор, мӯҳтаво ва тартиби мониторинги давлатии муҳити зист ва захираҳои табиӣ, ташаккули системаи давлатии мушоҳидаи вазъи муҳити зист ва таъмини фаъолияти ин система;
- тасдиқи номгӯи гурӯҳҳои маҳсулот, иҷрои корҳо ва хизматрасонӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, ки бояд ҳатман стандартизатсия ва сертификатсия шаванд;
- тасдиқи номгӯи объектҳои муҳити зисти дорои аҳамияти махсуси экологӣ, илмӣ, таърихӣ ва фарҳангӣ, ташкили мамнӯъгоҳҳои давлатӣ, паркҳои миллӣ, дендрологӣ ва табиии давлатӣ, инчунин дигар минтақаҳои махсус муҳофизатшавандаи табиӣ; (ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1449)
- муайян намудани тартиб ва шартҳои ҷамъоварӣ, таҳлил, ҷамъбаст, пешниҳоди иттилоот ва пешбурди омори давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист;
- муқаррар намудани тартиби назорати давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист;
- муайян намудани мақоми ваколатдори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва тасдиқи низомномаи он; (ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1449)
- анҷом додани дигар салоҳиятҳо мутобиқи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Моддаи 9. Ваколати мақоми ваколатдори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист
(ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1449)
- татбиқи сиёсати давлатии экологӣ ва идоракунии комплексӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва истифодаи самараноки захираҳои табиӣ, ҳамоҳангсозии фаъолияти вазорату идораҳо, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ; (ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1449)
- амалӣ сохтани назорати давлатии фаъолияти объектҳои хоҷагидорӣ ва дигар фаъолият, новобаста ба шаклҳои моликият ва мансубияти идоравӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва истифодаи оқилонаи ахираҳои табиӣ;
- таҳияи лоиҳаи қонун ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, инчунин назорати иҷрои онҳо;
- таҳия ва тасдиқи меъёрҳо, регламентҳои техникӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои меъёрӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ; (ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1449)
- таҳияи лоиҳаҳои барнома, консепсия, стратегия, дурнамо ва нақшаҳои амал оид ба ҳифзи муҳити зист, ҳисобот ва гузоришҳои миллӣ оид ба ҳолати муҳити зист, инчунин нақшаҳои комплексии истифода, барқарорсозӣ ва ҳифзи захираҳои табиӣ, иштирок дар татбиқи онҳо; (ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1449)
- ширкат дар таҳия ва татбиқи барномаҳои экологии байнидавлатӣ ва минтақавӣ;
- ширкат дар амалисозии чорабиниҳои ҳифзи табиат ва дигар чорабиниҳое, ки барои беҳбуди вазъи муҳити зист андешида мешаванд, аз ҷумла дар минтақаҳои офати экологӣ;
- ташкил ва гузаронидани экспертизаҳои давлатии экологии фаъолияти ба нақша гирифташаванда;
- анҷом додани амалҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавриди ба ҷавобгарии маъмурӣ ва дигар ҷавобгарӣ кашидани шахсони гунаҳкор;
- ба суд пешниҳод намудани даъво дар хусуси ситонидани ҷарима, ҷуброни товони зараре, ки дар натиҷаи риоя накардани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист расонида шудааст, ҳамчунин пардохти ҳатмии маблағҳо барои ифлос кардани муҳити зист ва дигар намудҳои таъсири зарарнок ба он;
- таҳияи пешниҳодҳо оид ба таъсиси мавзеъҳои махсус муҳофизатшавандаи табиӣ, идора кардани чунин мавзеъҳо, назорати ҳифз ва истифодаи онҳо;
- иштирок дар ташкил, татбиқ ва рушди маърифати экологӣ ва ташаккули фарҳанги экологӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- бо тартиби муқаррарнамуда маҳдуд кардан, боздоштан ва қатъ гардонидани фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар фаъолияте, ки бо риоя накардани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи муҳити зист анҷом дода мешавад;
- ташкил ва пешбурди мониторинги давлатии муҳити зист, таъмини фаъолияти хадамоти давлатии азорати муҳити зист;
- бо тартиби муқарраргардида таъмин кардани аҳолӣ бо иттилоот оид ба вазъи муҳити зист дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон; (ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1449)
- ройгон дастрас намудани иттилооти экологӣ аз вазоратҳо, идораҳо, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, корхонаҳо ва муассисаю ташкилотҳо; (ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1449)
- таҳия ва пешбурди Китоби Сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон, тасдиқи Низомнома ва ҳайати Комиссияи доимоамалкунандаи он;
- додани иҷозатномаҳо ба баъзе намудҳои фаъолият ё ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ барои пешбурди фаъолият ё амали муайян дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва истифодаи захираҳои табиӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият» ва «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ; (ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1449)
- барои субъектҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудани лимит ва квотаҳои истифодаи захираҳои табиӣ, аз ҷумла объектҳои олами набототу ҳайвонот, маҳсулоти ҷангал, партовҳо ба ҳавои атмосфера, манбаъҳои об, рӯи замин ва қабати он, ҷойгиронии партовҳо;
- додани иҷозат барои ҳуқуқи ҷамъоварӣ кардан, аз сарҳад гузаронидан ва гӯронидани партови истеҳсолӣ ва истеъмолӣ, ихроҷ ва ҷойгиронии моддаҳои ифлоскунандаи муҳити зист, парма кардани чоҳҳои об ва истифодабарии мақсадноки захираҳои табиӣ;
- ташкил кардан ва гузаронидани сертификатсияи экологии объектҳои муҳити зист, захираҳои табиӣ, маҳсулот, мавод ва ашёи хом, партовҳои истеҳсолӣ ва истеъмолӣ, равандҳои технологӣ ва хизматрасонӣ, ки барои пешгирӣ ва бартараф кардани зарар ба муҳити зист ва таъмини амнияти экологӣ равона карда шудаанд;
- муқаррар ва тасдиқ намудани андозаи пардохти маблағҳо барои истифодаи захираҳои табиӣ, ифлос кардани муҳити зист ва ҷойгиронии партовҳо;
- ҳамоҳангсозии фаъолияти дигар мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба ҳифзи муҳити зист ва истифодаи захираҳои табиӣ;
- таъсис ва пешбурди кадастри давлатии захираҳои табиӣ, баҳисобгирӣ ва арзёбии захираҳои табиӣ;
- анҷом додани ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, бехатарии экологӣ, омӯзиш, ҷамъбаст ва интишори таҷрибаи байналмилалӣ, таъмини иҷрои ӯҳдадориҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки онҳоро Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист эътироф намудааст;
- ҷамъоварӣ ва баррасии иттилооти экологӣ, таҳия ва нашри ҳисоботу гузоришҳои миллӣ оид ба вазъи муҳити зист;
- анҷом додани дигар вазифаҳои таъмини ҳифзи самараноки муҳити зист ва истифодаи захираҳои табиӣ дар доираи салоҳияти худ.
Моддаи 10. Ваколатҳои мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист
- дар минтақаҳои дахлдор самтҳои асосии ҳифзи муҳити зисти табиӣ ва истифодаи захираҳои табииро муайян месозанд ва барномаҳои экологиро тасдиқ менамоянд;
- хароҷоти ҳифз ва солимгардонии муҳити зистро дар буҷети маҳаллӣ тасдиқ мекунанд;
- ҳисоботи роҳбарон ва дигар шахсони мансабдори мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, сохторҳои мақомоти марказии иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, корхона, муассиса ва ташкилотҳоро оид ба вазъи ҳифзи муҳити зист ва истифодаи захираҳои табиат мешунаванд;
- дар доираи ваколати худ доир ба масъалаҳои солимгардонии муҳити зист, ҳифз, барқарорсозӣ ва оқилона истифода бурдани захираҳои табиӣ, ҳифзи объектҳои муҳити зисти дорои арзиши махсуси экологӣ, илмию фарҳангӣ қоидаҳои иҷрояшон ҳатмӣ қабул мекунанд.
- назорати давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва танзими истифодаи захираҳои табиат;
- таҳия ва татбиқи барномаҳо ва нақшаҳои амал оид ба ҳифзи муҳити зист ва истифодаи табиат дар минтақаҳои марбута, сохтмон ва азнавсозии объектҳои ҳифзи муҳити зист;
- пешниҳоди таклиф ба мақоми ваколатдори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳифзи муҳити зист дар хусуси ҳифзи объектҳои муҳити зист, ки дорои арзиши махсуси экологӣ, таърихӣ, илмӣ ва фарҳангӣ мебошанд, инчунин оид ба таъсиси мавзеъҳои махсус муҳофизатшаванда; (ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1449)
- таблиғи ҳифзи муҳити зист, анҷом додани корҳои тарбия ва ташаккули маърифати экологии аҳолӣ;
- амалӣ сохтани дигар ваколатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Моддаи 11. Ваколатҳои мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар соҳаи ҳифзи муҳити зист
Мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар доираи ваколатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷрои қонунҳо ва санадҳои дигари меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои мақоми ваколатдори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, инчунин иштироки аҳолиро дар ҳалли масъалаҳои беҳбуди муҳофизати муҳити зист таъмин менамоянд. (ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1449)
БОБИ 3.
ҲУҚУҚ ВА ӮҲДАДОРИҲОИ ШАҲРВАНДОН, ИТТИҲОДИЯҲОИ ҶАМЪИЯТӢ
ВА ТАШКИЛОТҲОИ ДИГАРИ ҒАЙРИТИҶОРАТӢ ДАР СОҲАИ ҲИФЗИ МУҲИТИ ЗИСТ
Моддаи 12. Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои шаҳрвандон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист
- иттиҳодияҳо ва дигар ташкилотҳои ғайритиҷоратии фаъолияташон вобаста ба ҳифзи муҳити зистро таъсис диҳанд;
- ба мақоми ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот,, дигар ташкилот ва шахсони мансабдор барои гирифтани иттилооти саривақтӣ, пурра ва дақиқи вобаста ба вазъи муҳити зисти маҳалли истиқомати худ, чораҳои вобаста ба ҳифзи он муроҷиат намоянд ва чунин иттилоотро дастрас кунанд. Агар ошкор кардани иттилооти экологӣ ба ҳифзи сирри давлатӣ ё ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзшаванда таъсири манфӣ расонад, дархост метавонад рад карда шавад; (ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1449)
- дар ҷамъомаду гирдиҳамоиҳо, намоишу роҳпаймоиҳо дар масъалаҳои ҳифзи муҳити зист ва дар дигар чорабиниҳо, ки хилофи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон намебошанд, ширкат варзанд; (ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1449)
- дар раванди баррасии лоиҳаҳои нақшаҳо, барномаҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии марбут ба муҳити зист, арзёбии таъсир ба муҳити зист ва дигар масъалаҳои муҳими экологӣ ширкат варзанд, натиҷаҳои таҳқиқот, таклиф ва фикру ақидаҳои худро нисбат ба лоиҳаҳои мазкур пешниҳод намоянд; (ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1449)
- экспертизаи ҷамъиятии экологиро талаб кунанд ва дар гузаронидани он тибқи тартиби муқарраргардида ширкат варзанд;
- оид ба масъалаҳои марбут ба ҳифзи муҳити зист, таъсири манфӣ ба он бо шикоят, ариза ва пешниҳодҳо ба мақоми ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин ба дигар ташкилотҳо муроҷиат кунанд, ҷавобҳои баҳангом ва асоснок гиранд;
- оид ба ҷуброни зараре, ки ба муҳити зист, моликияти шахсӣ ва саломатии онҳо расидааст, ба суд даъво оваранд;
- ҳаёт, саломатӣ ва молу мулки худро аз таъсири манфии муҳити зист, ки дар натиҷаи фаъолияти хоҷагидорӣ ё дигар фаъолият ба вуҷуд меояд, суғурта кунанд;
- шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон инчунин дигар ҳуқуқҳоеро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, амалӣ менамоянд.
- муҳити зист ва захираҳои табииро ҳифз ва эҳтиёт кунанд; (ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1449)
(Сархати 2 хориҷ карда шуд бо ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1449)
- ба мақоми ваколатдори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар ҳалли масъалаҳои ҳифзи муҳити зист мусоидат кунанд; (ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1449)
- дигар талаботро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, риоя кунанд.
Моддаи 13. Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва дигар ташкилотҳои
ғайритиҷоратӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист
- мувофиқи тартиби муқарраргардида дар таҳия, таблиғ ва татбиқи барномаҳои соҳаи ҳифзи муҳити зист иштирок намоянд, ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандонро дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ҳимоя кунанд, дар асоси ихтиёрӣ шаҳрвандонро ба фаъолияти соҳаи ҳифзи муҳити зист ҷалб намоянд;
- аз ҳисоби маблағи худ ва маблағи ҷалбгардида фаъолияти вобаста ба соҳаи ҳифзи муҳити зист, барқарорсозии захираҳои табиӣ, таъмини амнияти экологиро иҷро ва таблиғ кунанд; (ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1449)
- ба мақомоти маҳаллӣ ва марказии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, корхона, муассиса, ташкилотҳо ва шахсони мансабдор барои дастрас кардани иттилооти баҳангом, пурра ва дақиқ оид ба вазъи муҳити зист, чораҳои ҳифзи он, ҳолат ва далелҳои фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар фаъолияте, ки ба муҳити зист, ҳаёт, саломатӣ ва моликияти шаҳрвандон таҳдид мекунанд, муроҷиат намоянд. Дархост оид ба иттилооти экологӣ дар ҳолате, ки ошкор кардани он ба ҳифзи сирри давлатӣ ё ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳифзшаванда таъсири манфӣ расонад, метавонад рад карда шавад;
- мутобиқи тартиби муқарраргардида дар муҳокима ва қабули қарорҳои хоҷагӣ ва дигар қарорҳое, ки татбиқи онҳо метавонад ба муҳити зист, ҳаёт, саломатӣ ва моликияти шаҳрвандон таъсири манфӣ расонад, ширкат варзанд;
- ба мақомоти марказӣ ва маҳаллии ҳоқимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва дигар ташкилоту идораҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо арзу шикоят ва пешниҳодҳо оид ба масъалаҳои беҳтар намудани ҳифзи муҳити зист, таъсири манфӣ ба муҳити зист муроҷиат кунанд, ҷавоби баҳангом ва асоснок гиранд; (ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1449)
- экспертизаи ҷамъиятии экологиро мутобиқи тартиби муқарраргардида ташкил кунанд ва гузаронанд, намояндагони худро барои ширкат дар экспертизаи давлатии экологӣ тавсия намоянд;
- дар хусуси бекор кардани қарор оид ба лоиҳакашӣ, ҷойгиронӣ, сохтмон, навсозӣ, ба истифода додани объектҳо, ҳамчунин оид ба маҳдудсозӣ, боздоштан ва қатъ кардани фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар фаъолият, ки ба муҳити зист таъсири манфӣ мерасонад, ба мақомоти ваколатдори давлатӣ ва суд муроҷиат кунанд;
- бо мақсади ҳифзи манфиатҳои шаҳрвандон оид ба ҷуброни товони зарари ба муҳити зист расонидашуда ба суд даъво пешниҳод кунанд.
- талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар соҳаи ҳифзи муҳити зист риоя кунанд;
- ба мақоми ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар ҳалли масъалаҳои ҳифзи муҳити зист мусоидат намоянд;
Моддаи 14. Кафолатҳои ҳуқуқи шаҳрвандон ва иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ дар соҳаи ҳифзи
муҳити зист
Моддаи 15. Системаи чорабиниҳои давлатӣ оид ба таъмини ҳуқуқ ба муҳити зисти мусоид
(ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1449)
- таъмини амнияти экологӣ ва беҳсозии сифати муҳити зист; (ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1449)
- мӯътадилгардонии ҳолати муҳити зист, ҳифз ва нигоҳдории гуногунии биологӣ, истифодаи оқилона ва барқарорсозии захираҳои табиӣ; (ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1449)
- пешгирӣ ва бартарафкунии зарар ба муҳити зист ва ҳаёти инсон; (ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1449)
- таъмини идоракунии бехатари фаъолият оид ба ҷамъоварӣ, истифода, безараргардонӣ, интиқол ва ҷойгиркунонии партовҳои хатарнок; (ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1449)
- такмили усул ва технологияҳои ҳифзи муҳити зист ва истифодабарии захираҳои табиӣ; (ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1449)
- рушди системаи иттилоотӣ ва усулҳои назорати ҳифзи муҳити зист; (ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1449)
- тарғиби донишҳои экологӣ ва баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ. (ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1449)
БОБИ 4.
ТАНЗИМИ ИҚТИСОДӢ ДАР СОҲАИ ҲИФЗИ МУҲИТИ ЗИСТ
Моддаи 16. Усулҳои танзими иқтисодӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист
- таҳияи дурнамои давлатии рушди иқтисодию иҷтимоӣ дар асоси дурнамои экологӣ;
- таҳияи барнома, консепсия, стратегия, дурнамо ва нақшаҳои амал дар соҳаи ҳифзи муҳити зист; (ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1449)
- таҳия ва гузаронидани чорабиниҳои ҳифзи муҳити зист бо мақсади пешгирӣ ва рафъи зарар ба муҳити зист;
- муқаррар намудани пардохти маблағҳо барои таъсири манфӣ ба муҳити зист;
- муқаррар намудани лимитҳо, квотаҳо ва тартиби ситонидани пардохти маблағҳо барои истифодаи захираҳои табиӣ, аз ҷумла объектҳои олами набототу ҳайвонот, маҳсулоти ҷангал, партовҳо ба ҳавои атмосфера, манбаъҳои обӣ, рӯи замин ва қабати он, ҷойгиронии партовҳо ва дигар намудҳои таъсироти манфӣ ба муҳит зист; (ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1449)
- арзёбии иқтисодии объектҳои табиӣ ва табиии антропогенӣ, ҳамчунин таъсири фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар фаъолият ба муҳити зист;
- дастгирии давлатии фаъолияти соҳибкорӣ, инноватсионӣ ва дигар фаъолият (аз ҷумла суғуртаи экологӣ), ки ба ҷорӣ кардани технология ва истеҳсолоти беҳтарину пешқадам, навъҳои ғайрианъанавии энергия, истифодаи захираҳои мустаъмал ва коркарди партовҳо, инчунин дигар тадбирҳои самараноки ҳифзи муҳити зист нигаронидашуда;
- бо тартиби муқарраргардида ҷуброн намудани зараре, ки ба муҳити зист расонида шудааст; (ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1449)
- усулҳои дигари танзими иқтисодии такмил ва ҳифзи самараноки муҳити зист.
Моддаи 17. Баҳисобгирӣ ва арзёбии иҷтимоию иқтисодии захираҳои табиӣ
Моддаи 18. Маблағгузории чорабиниҳои ҳифзи муҳити зист
Чорабиниҳои ҳифзи муҳити зист аз ҳисоби манбаъҳои зерин маблағгузорӣ карда мешаванд:
- буҷети давлатӣ;
- ҳақгузориҳои ихтиёрии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ;
- дигар манбаъҳои молиявие, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст.
Моддаи 19. Лимиту квотаҳои истифодабарии захираҳои табиӣ
(ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1449)
Моддаи 20. Пардохти маблағҳо барои истифодаи захираҳои табиӣ ва расонидани таъсири
манфӣ ба муҳити зист
- барои ҳуқуқи истифодаи захираҳои табиӣ;
- барои истифодаи захираҳои табиӣ дар доираи лимиту квотаҳои муқарраршуда;
- барои аз лимиту квотаҳои муқарраршуда зиёд истифода бурдани захираҳои табиӣ;
- барои партофтан, ихроҷи моддаҳои ифлоскунанда, ҷойгиркунии партовҳо ва расонидани дигар намудҳои таъсир ба муҳити зист дар доираи лимиту квотаҳои муқарраршуда; (ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1449)
- барои аз лимит ва квотаҳои муқарраршуда зиёд партофтани маводи ифлоскунанда, ҷойгиркунии партовҳо ва расонидани дигар намудҳои таъсир ба муҳити зист.
Моддаи 21. Фондҳои ҳифзи муҳити зист
Моддаи 22. Фондҳои суғуртаи ҳифзи муҳити зист
БОБИ 5.
БАМЕЪЁРДАРОРИИ МУҲИТИ ЗИСТ
Моддаи 23. Бамеъёрдарории сифати муҳити зист
Моддаи 24. Таҳияи меъёрҳои соҳаи ҳифзи муҳити зист
Таҳияи меъёрҳои соҳаи ҳифзи муҳити зист инҳоро дар бар мегирад:
- иҷрои корҳои тадқиқотӣ-илмӣ ҷиҳати асосноккунии меъёрҳои соҳаи ҳифзи муҳити зист;
- бо тартиби муқарраргардида гузаронидани экспертиза, тасдиқ ва нашри меъёрҳои соҳаи ҳифзи муҳити зист;
- муайян кардани асосҳои таҳия ё аз нав дида баромадани меъёрҳои соҳаи ҳифзи муҳити зист;
- ташаккул ва пешбурди махзани ягонаи иттилоотии меъёрҳои соҳаи ҳифзи муҳити зист;
- арзёбӣ ва пешгӯӣ кардани натиҷаҳои экологӣ, иҷтимоию иқтисодии меъёрҳои соҳаи ҳифзи муҳити зист.
Моддаи 25. Меъёрҳои сифати муҳити зист
- меъёрҳое, ки мутобиқи нишондиҳандаҳои кимиёвии вазъи муҳити зист муқаррар карда шудаанд, аз ҷумла меъёрҳои ҳадди имконпазири ғилзати моддаҳои кимиёвӣ, инчунин моддаҳои радиоактивӣ;
- меъёрҳое, ки мутобиқи нишондиҳандаҳои физикии вазъи муҳити зист муқаррар карда шудаанд, аз ҷумла мутобиқи нишондиҳандаҳои дараҷаи радиоактивӣ ва ҳарорат;
- меъёрҳое, ки мутобиқи нишондиҳандаҳои биологии вазъи муҳити зист муқаррар карда шудаанд, аз ҷумла навъ ва гурӯҳҳои растанӣ, ҳайвонот ва дигар организмҳое, ки ҳамчун индикаторҳои сифати муҳити зист истифода бурда мешаванд, инчунин меъёрҳои ҳадди имконпазири ғилзати микроорганизмҳо;
- дигар меъёрҳои сифати муҳити зист.
Моддаи 26. Меъёрҳои ҳадди имконпазири ихроҷ ва партофтани моддаҳои ифлоскунанда
(ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1449)
Моддаи 27. Меъёрҳои ҳадди имконпазири дараҷаи садо, ларзиш, майдонҳои магнитӣ ва
дигар таъсири номатлуби физикӣ
Моддаи 28. Меъёрҳои ҳадди имконпазири дараҷаи таъсири радиатсионӣ
Моддаи 29. Меъёрҳои истифодабарии нурӣ ва заҳрдоруҳои кимиёвӣ ва дигар
моддаҳои кимиёвӣ
(ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1449)
Меъёрҳои истифодаи нуриҳои минералӣ ва органикӣ, дигар моддаҳои кимиёвӣ ва воситаҳои нумӯи растаниҳо дар соҳаҳои кишоварзӣ, ҷангалпарварӣ ва дигар соҳаҳои иқтисодиёт ба андозае муқаррар карда мешаванд, ки талаботи ҳадди имконпазири бақияи моддаҳои кимиёвӣ дар таркиби озуқа ва организми одам, инчунин ҳифзи саломатии инсон, фонди генетикии он ва олами набототу ҳайвонот таъмин карда шаванд.
Моддаи 30. Меъёрҳои ҳадди имконпазири бақияи моддаҳои кимиёвӣ ва микроорганизмҳои
зарарноки биологӣ дар озуқа
Моддаи 31. Стандартҳои экологӣ
Моддаи 32. Меъёрҳои имконпазири шиддати антропогенӣ ба муҳити зист
Моддаи 33. Меъёрҳои минтақаҳои санитарӣ ва муҳофизатӣ
Моддаи 34.Сертификатсияи экологӣ
БОБИ 6.
АРЗЁБИИ ТАЪСИР БА МУҲИТИ ЗИСТ ВА ЭКСПЕРТИЗАИ ЭКОЛОГӢ
Моддаи 35. Арзёбии таъсир ба муҳити зист
Моддаи 36. Экспертизаи экологӣ
(ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1449)
БОБИ 7.
ТАЛАБОТИ ЭКОЛОГӢ ҲАНГОМИ ҶОЙГИРОНӢ, ЛОИҲАКАШӢ, СОХТМОН, АЗНАВСОЗӢ, МАВРИДИ ИСТИФОДА ҚАРОР ДОДАНИ КОРХОНА, ИНШООТ ВА ДИГАР ОБЪЕКТҲО
Моддаи 37. Талаботи умумии экологӣ ҳангоми ҷойгиронӣ, лоиҳакашӣ, сохтмон, азнавсозӣ,
мавриди истифода қарор додани корхона, иншоот ва дигар объектҳо
Моддаи 38. Талабот дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ҳангоми ҷойгиронии корхонаҳо, иншоот
ва дигар объектҳо
Моддаи 39. Талаботи экологӣ нисбати сохтмону азнавсозии корхона, иншоотҳо ва дигар
объектҳо
Моддаи 40. Риоя намудани талаботи экологӣ ҳангоми хусусигардонии молу мулки давлатӣ
- маблағи барои сохтмон, таҷдид ва азнавҷиҳозонии объектҳои ҳифзи муҳити зист бозсармоягузорӣ намудаи молики нави корхона;
- аз ҳисоби маблағе, ки ба корхона ва дигар объекти хусусигардонидашуда дар шакли қарзҳои мақсаднок, қарзҳои бефоиз ва маблағгузории мақсадноки эҳтиёҷоти вобаста ба ҳифзи муҳити зист ворид мешаванд;
- аз ҳисоби маблағе, ки корхона тавассути системаи суғуртаи экологӣ мегирад;
- аз ҳисоби дигар манбаъҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст.
Моддаи 41. Риоя намудани талабот ва ӯҳдадориҳои экологӣ ҳангоми муфлисшавӣ
Моддаи 42. Риоя намудани талабот ва ӯҳдадориҳои экологӣ ҳангоми барҳамдиҳӣ ва
азнавташкилдиҳии шахси ҳуқуқӣ
2 Ҳолати экологии шахси ҳуқуқии барҳамдодашаванда ё аз нав ташкилдодашаванда аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист мавриди санҷиш қарор мегирад.
Моддаи 43.Талаботи экологӣ ҳангоми мавриди истифода қарор додани корхона, иншоот ва
дигар объектҳо
БОБИ 8.
ТАЛАБОТИ ЭКОЛОГӢ ҲАНГОМИ ИСТИФОДАИ КОРХОНАҲО, ИНШООТ,
ОБЪЕКТҲОИ ДИГАР ВА ИҶРОИ ФАЪОЛИЯТИ ДИГАР
Моддаи 44. Талаботи экологӣ ҳангоми истифодаи корхонаҳо, иншоот ва дигар объектҳо
Моддаи 45. Талаботи экологӣ дар соҳаи кишоварзӣ ва ҳоҷагии ҷангал
Моддаи 46. Талаботи экологӣ ҳангоми банақшагирӣ, лоиҳакашӣ ва иҷрои корҳои
мелиоративӣ
Моддаи 47.Талаботи экологӣ нисбати объектҳои энергетикӣ
Моддаи 48. Талаботи экологӣ ҳангоми лоиҳакашӣ, сохтмон, азнавсозии шаҳрҳо ва дигар
маҳалҳои аҳолинишин
моликият ва тобеъият, дар минтақаҳое, ки олудагии муҳити зист аз меъёрҳои муқарраршуда зиёд аст, манъ мебошад.
Моддаи 49. Талаботи экологӣ нисбати истифодаи маводи радиоактивӣ
Моддаи 50. Талаботи экологӣ ҳангоми истифодаи маводи кимиёвӣ ва маводи дигар дар
фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар фаъолият
Моддаи 51. Ҳифзи муҳити зист аз таъсири зарарноки биологӣ
Моддаи 52. Ҳифзи муҳити зист аз таъсири садо, ларзиш, майдонҳои магнитӣ ва дигар таъсироти зарарноки физикӣ
(ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1449)
Моддаи 53. Ҳифзи муҳити зист ҳангоми муоимилот бо партовҳои истеҳсолӣ ва истеъмолӣ
2.Партофтани партовҳои саноатӣ ва обҳои тозанашудаи канализатсия ба обанборҳои истифодаи умум, маҷроҳои селрав ва каналҳои обёрӣ, қабатҳои обрави зеризаминӣ, дар ҳудуди маҳалҳои истиқоматӣ, ҷангалзорҳо ва киштзорҳо манъ аст. Ҷойҳои анборкунӣ ва гӯронидани партовҳо аз тарафи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар мувофиқа бо мақоми ваколатдори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, мақоми назорати давлатии санитарӣ-эпидемиологӣ ва геология муайян карда мешаванд.
Моддаи 54. Ҳифзи қабати озони атмосфера
Ҳифзи қабати озони атмосфера аз тағйироти аз ҷиҳати экологӣ хавфнок тавассути танзими истеҳсол ва истифодабарии маводи вайронкунандаи қабати озони атмосфера тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъмин карда мешавад.
БОБИ 9.
ВАЗЪИЯТИ ФАВҚУЛОДДАИ ЭКОЛОГӢ ВА МИНТАҚАҲОИ ОФАТИ ТАБИӢ
Моддаи 55. Вазъияти фавқулоддаи экологӣ
Моддаи 56. Минтақаҳои офати экологӣ
Моддаи 57. Пешгирии садама ва бартараф кардани оқибати зарарноки экологии он
Моддаи 58. Тартиби эълон намудани вазъияти фавқулоддаи экологӣ ва минтақаҳои офати
экологӣ
Моддаи 59. Ӯҳдадориҳои корхонаҳо оид ба омода будан барои рафъи оқибати экологии
садама
Шахсони ҳуқуқӣ, сарфи назар аз шакли моликият ва тобеият, ки дар ҳолатҳои фавқулоддаи экологӣ ба муҳити зист ва саломатии одамон метавонанд зиён расонанд, ӯҳдадоранд, ки:
- дар вазъияти фавқулоддаи экологӣ нақшаи амал дошта бошанд;
- хадамоти махсуси дорои восита ва захираҳои моддии барҳам додани оқибати ногувори вазъияти фавқулоддаи экологӣ таъсис дода, онҳоро дар ҳолати омодабоши доимӣ нигоҳ доранд.
БОБИ 10.
ИТТИЛООТ ВА ОМОРИ ДАВЛАТӢ ДАР СОҲАИ ҲИФЗИ МУҲИТИ ЗИСТ
Моддаи 60. Иттилоот дар соҳаи ҳифзи муҳити зист
Моддаи 61. Омори давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист
БОБИ 11.
МИНТАҚАҲОИ ТАБИӢ ВА ОБЪЕКТҲОЕ, КИ МАХСУС МУҲОФИЗАТ КАРДА МЕШАВАНД
Моддаи 62. Фонди мамнӯъгоҳҳои табиии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Моддаи 63. Муҳофизати растаниву ҳайвоноти нодире, ки зери хатари нобудшавӣ қарор
доранд
Моддаи 64. Ҳифзи Фонди сабзи мавзеъҳои аҳолинишин
БОБИ 12.
СИСТЕМАИ МУШОҲИДАИ ВАЗЪИ МУҲИТИ ЗИСТ
Моддаи 65. Мониторинги давлатии муҳити зист
Моддаи 66. Бақайдгирии давлатии объектҳое, ки ба муҳити зист таъсири манфӣ мерасонанд
БОБИ 13.
НАЗОРАТ ДАР СОҲАИ ҲИФЗИ МУҲИТИ ЗИСТ
Моддаи 67. Вазифаҳои назорат дар соҳаи ҳифзи муҳити зист
Моддаи 68. Назорати давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист
Назорати давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист аз ҷониби мақоми ваколатдори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.
Моддаи 69. Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои нозирони давлатии ҳифзи муҳити зист
- бо мақсади иҷрои вазифаҳои хизматӣ ба корхона, муассиса ва ташкилотҳо, сарфи назар аз шаклҳои моликият ва тобеият ва объектҳои ба онҳо тааллуқдошта, аз ҷумла объектҳои таҳти муҳофизати давлат қарордошта, объектҳои мудофиа, объектҳои мудофиаи гражданӣ бе монеа ворид шаванд, бо ҳуҷҷатҳо, таҳлилҳои лабораторӣ ва дигар ҳуҷҷатҳое, ки барои иҷрои вазифаҳои бевоситаи онҳо заруранд, шинос шаванд;
- риояи меъёрҳо, регламентҳои техникӣ ва талаботи дигари ҳуҷҷатҳои меъёрии соҳаи ҳифзи муҳити зист, кори иншоотҳои партовтозакунӣ ва дигар дастгоҳу таҷҳизоти безараргардонӣ, воситаҳои азорат, инчунин иҷрои нақшаву чорабиниҳои ҳифзи муҳити зистро мавриди санҷиш қарор диҳанд; (ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1449)
- риояи талабот, меъёр ва қоидаҳои соҳаи ҳифзи муҳити зистро ҳангоми ҷойгиронӣ, сохтан, ба истифода додан, истифода бурдан ва аз истифода баровардани объектҳои истеҳсолӣ ва дигар объектҳо мавриди санҷиш қарор диҳанд;
- иҷрои талаботи дар хулосаҳои экспертизаи давлатии экологӣ нишондодашударо санҷанд;
- ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ нисбати бартараф кардани қонунвайронкуниҳо дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, ки ҳангоми анҷом додани назорати экологӣ муайян карда шудаанд, иддао пешниҳод кунанд ва амрҳои иҷроишашон ҳатмӣ диҳанд;
- шахсони гунаҳкорро ба ҷавобгарии маъмурӣ кашанд, ба мақомоти салоҳиятдор ва шахсони мансабдор барои ба ҷавобгарии интизомӣ, маъмурӣ ё ҷиноятӣ кашидани онҳо мавод фиристанд, оид ба рӯёнидани товони зарари ба муҳити зист ё саломатии инсон бинобар вайрон кардани қонунгузории ҳифзи муҳити зист расонидашуда ба мақомоти судӣ, даъво пешниҳод намоянд;
- ҳангоми аз ҷониби шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ риоя накардани қонунгузории соҳаи ҳифзи муҳити зист, фаъолияти хоҷагидорӣ ва фаъолияти дигари онҳоро муваққатан боздоранд. Дар асоси қарор дар бораи муваққатан боздоштани фаъолият муассисаҳои бонкӣ то аз ҷониби мақоми ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист бекор кардани чунин қарорҳо маблағгузории фаъолияти боздошташударо қатъ менамоянд; (ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1449)
- либосҳои махсуси дорои аломатҳои фарқкунанда пӯшанд;
– тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми адои вазифаи хизматӣ бо худ силоҳи оташфишон ва дигар воситаҳои махсус гиранд, нигоҳ доранд ва истифода намоянд; (ҚҶТ аз 27.11.14 с. №1160)
- ваколатҳои дигари муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро анҷом диҳанд.
- қонуншиканиро дар соҳаи ҳифзи муҳити зист пешгирӣ кунанд, муайян созанд ва барҳам диҳанд;
- ба вайронкунандагони қонунгузории соҳаи ҳифзи муҳити зист ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳояшонро фаҳмонанд;
- талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя кунанд.
Моддаи 70. Назорати идоравӣ ва истеҳсолӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист
Моддаи 71. Назорати экологии ҷамъиятӣ
Моддаи 72. Назорат дар соҳаи ҳифзи муҳити зист аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии
ҳокимияти давлатӣ
Назорат дар соҳаи ҳифзи муҳити зист аз ҷониби мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад.
БОБИ 14.
АУДИТИ ЭКОЛОГӢ ВА ХУСУСИЯТҲОИ ГУЗАРОНИДАНИ ОН
(ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1449)
Моддаи 73. Аудити экологӣ
(ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1449)
Аудити экологӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси шартнома бо фармоишгар аз ҷониби аудиторони мустақил ва ташкилотҳои аудиторӣ метавонад дар намуди аудити экологии ташаббусӣ ё ҳатмӣ гузаронида шавад.
Моддаи 74. Ташкили аудити экологӣ, шартҳо ва тартиби гузаронидани он
(ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1449)
Ташкили аудити экологӣ, шартҳо ва тартиби гузаронидани он, талаботи тахассусӣ нисбат ба аудиторҳо ва тартиби аттестатсияи онҳо, инчунин ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои аудиторони экологӣ ва ташкилотҳои аудиториро Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аудити экологӣ» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамоянд. (ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1449)
БОБИ 15.
ТАЪЛИМУ ТАРБИЯ ВА ТАҲҚИҚОТИ ИЛМИИ ЭКОЛОГӢ
Моддаи 75. Таълиму тарбияи умумӣ, маҷмӯӣ ва мунтазами экологӣ
Моддаи 76. Таҳқиқоти илмӣ дар соҳаи муҳити зист
- таҳияи консепсия, дурнамоҳои илмӣ ва нақшаҳои ҳифз ва барқарорсозии муҳити зист;
- арзёбии натиҷаҳои таъсири манфии фаъолияти хоҷагидорӣ ва дигар фаъолиятҳо ба муҳити зист;
- такмили қонунгузорӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, тартиб додани меъёрҳо, регламентҳои техникӣ ва дигар ҳуҷҷатҳои меъёрии соҳаи ҳифзи муҳити зист; (ҚҶТ аз 18.07.17 с., №1449)
- таҳия ва такмили нишондиҳандаҳои арзёбии маҷмӯии зарар ба муҳити зист, тарз ва усулҳои муайян намудани онҳо;
- ихтироъ ва таҳияи технологияҳои беҳтарин дар соҳаи ҳифзи муҳити зист ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ;
- таҳияи барномаҳои офиятбахшии минтақаҳое, ки ҳамчун минтақаҳои офати табиӣ дониста шудаанд;
- таҳияи чорабиниҳои ҳифз ва рушди иқтидорҳои табиӣ ва рекреатсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- дигар мақсадҳои соҳаи ҳифзи муҳити зист.
БОБИ 16.
ҶУБРОНИ ТОВОНИ ЗАРАРИ БА МУҲИТИ ЗИСТ РАСИДА ВА ҲАЛЛИ БАҲСҲО
ДАР СОҲАИ ҲИФЗИ МУҲИТИ ЗИСТ
Моддаи 77. Ӯҳдадории ҷуброн намудани товони зараре, ки бинобар риоя накардани
қонунгузорӣ оид ба ҳифзи муҳити зист расонида шудааст
Корхонаю муассисаҳо, ташкилотҳо, дигар субъектҳои хоҷагидор ва шаҳрвандоне, ки ба муҳити зист бинобар ифлос кардан, хароб ва нобуд сохтани он, исрофкорона истифода бурдани захираҳои табиӣ, хароб кардани системаҳо, комплексҳо ва ландшафтҳои табиии экологӣ бинобар вайрон кардани қонунгузории соҳаи ҳифзи муҳити зист зарар расонидаанд, ӯҳдадоранд мувофиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон товони зарарро ҷуброн намоянд.
Моддаи 78. Тартиби ҷуброни товони зараре, ки бинобар риоя накардани қонунгузории
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи ҳифзи муҳити зист расонида шудааст
Моддаи 79. Ҷуброни товони зараре, ки ба шаҳрвандон аз таъсири номусоиди муҳити зист
расидааст
Моддаи 80. Даъвоҳо дар бораи қатъ кардани фаъолияти аз ҷиҳати экологӣ зарарнок
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ҳақ доранд ба суд дар бораи қатъ кардани фаъолияти аз ҷиҳати экологӣ зарарнок, ки ба саломатӣ ва молу мулки онҳо, аз он ҷумла ба муҳити зист осеб мерасонанд, даъво пешниҳод намоянд.
Моддаи 81.Тартиби ҳалли баҳсҳо дар соҳаи ҳифзи муҳити зист
Баҳсҳо дар соҳаи ҳифзи муҳити зист бо тартиби судӣ ҳал карда мешаванд.
БОБИ 17.
МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
Моддаи 82. Ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист
Ҳамкории байналмилалӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист дар асоси қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, ба роҳ монда мешавад.
Моддаи 83. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур тибқи қонунгузории умҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Моддаи 84. Дар бораи аз эътибор соқит донистани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон
"Дар бораи ҳифзи табиат"
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 декабри соли 1993 "Дар бораи ҳифзи табиат" (Ахбори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1994, №2, мод 36; Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1996, №3, мод. 48; с. 1997, № 23-24, мод. 333, с. 2002, № 4, қ.1, мод. 245; с. 2002, №11, мод. 708; с. 2004, №7, мод. 465; с. 2007, №6, мод. 440) аз эътибор соқит дониста шавад.
Моддаи 85. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, 2 августи соли 2011
№ 760