ҚОНУНИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2011, № 7-8, мод. 606; с. 2012, № 4, мод. 252, № 7, мод. 686, № 12, қ. 1, мод. 1024; с. 2014, № 7, қ. 2, мод. 400, № 12, мод. 824; с. 2015, №11, мод. 957, №12, қ. 1, мод. 1113;
Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14.05.2016 с., № 1313; аз 23.07.2016 с., №1340; аз 04.04.2019 с., № 1588)
Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ ва иқтисодии низоми иҷозатдиҳӣ, номгӯи истисноии фаъолиятҳои дар асоси иҷозати мақоми ваколатдори давлатӣ амалишаванда, тартиби додани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳиро ба субъектҳои фаъолияти соҳибкорӣ муайян намуда, шаклҳои ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳиро муқаррар карда, ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон, муҳити зист ва амнияти давлатро таъмин менамояд.
БОБИ 1.
МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
– ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ – ҳуҷҷати маъмурии дорои хусусияти иҷозатдиҳиест, ки аз ҷониби мақомоти иҷозатдиҳанда ба шахси ҳуқуқӣ ва соҳибкори инфиродӣ барои пешбурди фаъолият ё амали муайян, бо нишон додани мӯҳлати он, бо риояи ҳатмии шартҳои иҷозатдиҳӣ дар намуди иҷозат, сертификат, хулоса, тасдиқи санад, мувофиқакунӣ, шаҳодатнома, аттестат, рухсатнома, бақайдгирӣ, супориш ва қарор, ба истиснои иҷозатнома (литсензия), дода мешавад; (ҚҶТ аз 23.11.15 с., №1236);
- низоми иҷозатдиҳӣ - маҷмӯи расмиёти танзимкунандаи фаъолияти соҳибкорӣ аз ҷониби мақомоти иҷозатдиҳанда, ки ба додан, азнавбарасмиятдарорӣ, боздоштан, барқарор намудани амал ва бекор кардани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ, додани нусхаи дуюми (дубликати) ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ, пешбурди Феҳристи ягонаи давлатии электронии ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ ва феҳристи ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ, назорати риояи шартҳои иҷозатдиҳӣ аз ҷониби шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ, додани амрномаҳо оид ба бартараф намудани вайронкунии ин шартҳо алоқаманд мебошанд; (ҚҶТ аз 23.11.15 с., №1236)
– шартҳои иҷозатдиҳӣ - маҷмӯи талабот ва шартҳои муқаррарнамудаи Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷро намудани онҳо аз ҷониби аризадиҳанда зимни гирифтани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ва (ё) дорандаи ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ҳангоми амалӣ кардани намуди дахлдори фаъолияти соҳибкорӣ ҳатмӣ мебошад; (ҚҶТ аз 23.11.15 с., №1236)
- мақоми иҷозатдиҳанда - мақоми ваколатдори давлатие, ки тибқи Қонуни мазкур ҳуқуқи додани ҳуҷҷати иҷозатдиҳиро дорад;
- аризадиҳанда - шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродие, ки ба мақоми иҷозатдиҳанда ариза ва ҳуҷҷатҳои заруриро барои гирифтани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ пешниҳод намудааст;
- дорандаи ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ - шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродие, ки барои амалӣ кардани намуди муайяни фаъолият ё амал ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ дорад;
- масъулияти изҳоршуда - аз ҷониби аризадиҳанда изҳор кардани масъулияти худ оид ба риоя намудани шартҳои иҷозатдиҳӣ ҳангоми амалӣ намудани фаъолияти соҳибкорӣ (ҚҶТ аз 23.07.16 с., №1340);
- маъқулдонии худ аз худ - расмиёте, ки дар натиҷаи он ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ дода шуда, азнавбарасмиятдаровардашуда ва барқароршуда ҳисобида мешавад, агар мақоми иҷозатдиҳанда вобаста ба ариза дар мӯҳлат ва бо шартҳое, ки Қонуни мазкур пешбинӣ кардааст, бо огоҳонидани аризадиҳанда қарор қабул накарда бошад (ҚҶТ аз 23.07.16 с., №1340);
- равзанаи ягона - расмиёти соддакардашудаи баррасии ариза барои додани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ва санҷиши иттилооти пешниҳодгардида ва (ё) барои тасдиқ ба мақомоти ваколатдори давлатӣ супурдани он, агар бо дигар қонун тасдиқ намудани он бе ҷалби аризадиҳанда ба ин раванд пешбинӣ гардида бошад (ҚҶТ аз 23.07.16 с., №1340);
- феҳристи ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ - маҷмӯи маълумот оид ба ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳии додашуда, азнавбарасмиятдаровардашуда, боздошташуда, барқароркардашуда ва бекоркардашуда, ки аз ҷониби ҳар як мақоми иҷозатдиҳанда пеш бурда мешавад;
- Феҳристи ягонаи давлатии электронии ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ - манбаи ҷамъбастии маълумот ва иттилоот оид ба ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳие, ки дар низоми мустақим (он-лайн) дастрас мебошад.
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.
Моддаи 3. Меъёрҳои муайянкунии намудҳои фаъолияте, ки бо додани ҳуҷҷатҳои
иҷозатдиҳӣ танзим карда мешаванд
Ба намудҳои фаъолияти бо роҳи додани иҷозат танзимшаванда чунин намудҳои фаъолияте мансубанд, ки ба яке аз меъёрҳои дар сархатҳои якум ва дуюм, инчунин ҳатман ба меъёри дар сархати сеюми ҳамин модда пешбинигардида ҷавобгӯй бошанд:
- зарурати истифодабарии захираҳои маҳдуди давлатӣ;
- зарурати муқаррар намудани шартҳо ва талаботи махсус нисбат ба фаъолият ва санҷиши риояи онҳо дар ҷараёни амалӣ намудани фаъолият бо мақсади роҳ надодан ба расонидани зиён ба ҳуқуқ, манфиатҳои қонунии шаҳрвандон, муҳити зист ва амнияти давлат;
- додани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ дигар расмиёти танзимкунандаи фаъолияти субъектҳои соҳибкориро, ки қонунгузорӣ барои ҷудо намудани захираҳои маҳдуди давлатӣ ва (ё) барои таъмин намудани риояи шартҳо ва талаботи махсус бо мақсади роҳ надодан ба расонидани зиён ба ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон, муҳити зист ва амнияти давлат муқаррар намудааст, такрор намекунад.
Моддаи 31. Тартиби ворид намудан, тағйир додан ва хориҷ кардани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ аз
номгӯи ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ
(ҚҶТ аз 23.11.15 с., №1236)
Моддаи 4. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи низоми иҷозатдиҳӣ
Ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи низоми иҷозатдиҳӣ инҳо дохил мешаванд:
- муайян намудани мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи танзими низоми иҷозатдиҳӣ (ҚҶТ аз 23.07.16 с., №1340);
- тасдиқи қоидаҳои гузаронидани санҷиши фаъолияти мақомоти давлатӣ оид ба риояи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи танзими низоми иҷозатдиҳӣ; (ҚҶТ аз 23.11.15 с., №1236)
- тасдиқи қоидаҳои пешбурди Феҳристи ягонаи давлатии электронии ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ;
- тасдиқи қоидаҳои пешбурди феҳристи ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ.
Моддаи 5. Ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи танзими низоми иҷозатдиҳӣ
Ба ваколатҳои мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи танзими низоми иҷозатдиҳӣ дохил мешаванд:
- санҷиши фаъолияти мақомоти давлатӣ оид ба риояи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи танзими низоми иҷозатдиҳӣ, инчунин ирсоли пешниҳод дар бораи бекор кардани қарорҳои ғайриқонунии мақомоти зикргардида; (ҚҶТ аз 23.11.15 с., №1236)
- гузаронидани мониторинг вобаста ба татбиқи Қонуни мазкур;
- ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намудани иттилооти ҳарсола аз рӯи натиҷаҳои мониторинги гузаронидашуда;
- натиҷагирӣ аз таҷриба дар танзими фаъолияти соҳибкорӣ бо роҳи додани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ, таҳия ва пешниҳоди таклифҳо оид ба такмили қонунгузорӣ дар соҳаи танзими низоми иҷозатдиҳӣ;
- санҷиши санадҳои баҳодиҳии таъсири танзимноки лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқии танзимкунандаи низоми иҷозатдиҳӣ ва пешниҳоди хулоса бо муҳокимаи ҳатмӣ бо субъектҳои фаъолияти соҳибкорӣ ва иттиҳодияҳои онҳо;
- пешбурди Феҳристи ягонаи давлатии электронии ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ.
Моддаи 6. Ваколатҳои мақомоти иҷозатдиҳанда
(ҚҶТ аз 23.07.16 с., №1340)
Ба ваколатҳои мақомоти иҷозатдиҳанда дохил мешаванд (ҚҶТ аз 23.07.16 с., №1340) :
- додани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ;
- азнавбарасмиятдарории ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ;
- боздоштани амали ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ;
- додани нусхаи дуюми (дубликати) ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ;
- дароз кардани мӯҳлати амали ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ;
- рад кардан аз додани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ;
- қатъ кардани мӯҳлати амали ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ;
- бекор кардани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ дар ҳолатҳои муқаррарнамудаи моддаи 28 Қонуни мазкур;
- пешбурди феҳристи ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ;
- тасдиқи намунаи ариза, санади надоштани иҷозат ва огоҳинома барои гирифтани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ; (ҚҶТ аз 23.11.15 с., №1236)
- муайян намудани намунаи ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ; (ҚҶТ аз 23.11.15 с., №1236)
- назорати риояи талабот ва шартҳои ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ аз ҷониби дорандагони ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ.
Моддаи 7. Амали ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ
Моддаи 8. Мӯҳлати амали ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ
Ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ба мӯҳлати номаҳдуди амал ва барои намудҳои фаъолияте, ки бояд иҷозатнома (литсензия) гирифта шавад, ба мӯҳлати амали иҷозатнома дода мешавад.
Моддаи 9. Маблағгузорӣ ва пардохтҳо барои додани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ
Моддаи 10. Коргузорӣ дар соҳаи додани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ
- маълумот оид ба аризадиҳанда (номи шахси ҳуқуқӣ, барои соҳибкори инфиродӣ - насаб, ном ва номи падар);
- намуди ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ;
- сана ва рақами қарор (амр, фармон, фармоиш) дар бораи додани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ;
- силсила, рақам ва санаи додани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ;
- маълумот дар бораи азнавбарасмиятдарории ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ва дар сурати аз нав ба расмият даровардани он, додани нусха ва нусхаи дуюми (дубликати) ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ;
- асос, сана ва рақами қарор (амр, фармон, фармоиш) дар бораи бартараф кардани вайронкунии шартҳои ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ;
- асос, сана ва рақами қарор (амр, фармон, фармоиш) дар бораи боздоштан ва барқарор кардани амали ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ;
- асос, сана ва рақами қарор (амр, фармон, фармоиш) дар бораи бекор кардани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ;
- асос, сана ва рақами қарор (амр, фармон, фармоиш) дар бораи беэътибор донистани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ. (ҚҶТ аз 26.07.14с., №1103);
– асос, сана, ва рақами қарор (амр, фармон, фармоиш) дар бораи қатъ намудани амали ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ (ҚҶТ аз 23.07.16 с., №1340).
БОБИ 2.
ПРИНСИПҲОИ ТАНЗИМИ НИЗОМИ ИҶОЗАТДИҲӢ
Моддаи 11. Принсипҳои асосии низоми иҷозатдиҳӣ
- шаффофияти қабули қарорҳо, танзимкунӣ ва пешбинишаванда будани ҷараёни додани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ;
- муқаррар намудани тартиби ягонаи додани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ;
- масъулияти изҳоршуда;
- равзанаи ягона;
- маъқулдонии худ аз худ;
- мутаносибии манфиатҳои ҷомеа ва ҳуқуқҳои субъектҳои фаъолияти соҳибкорӣ ҳангоми муқаррар намудани зарурати пешбурди ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ;
- арзёбии таъсири танзимкунанда дар ҳолати ҷорӣ кардани намудҳои нави ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ.
Моддаи 12. Шаффофияти қабули қарорҳо, танзимкунӣ ва пешбинишаванда будани ҷараёни
додани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ
Моддаи 13. Тартиби ягонаи додани ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ
- пардохти маблағи баррасии ариза барои гирифтани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ;
- муайян будани мақсади гирифтани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ;
- риояи тартиби пешниҳоди ариза ва баррасии он;
- пурра будани номгӯи ҳуҷҷатҳое, ки барои гирифтани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ зарур мебошанд;
- асосноккунии сабаби рад намудан аз додани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ;
- дар ҳолатҳои зарурӣ додани нусхаи дуюми (дубликати) ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ;
- сари вақт азнавбарасмиятдарории ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ;
- асосноккунии боздоштан, барқарор намудан, бекор кардан ва қатъ намудани амали ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ;
Моддаи 14. Масъулияти изҳоршуда
Моддаи 15. Равзанаи ягона
Моддаи 16. Маъқулдонии худ аз худ
Моддаи 17. Мутаносибии манфиатҳои ҷомеа ва субъектҳои фаъолияти соҳибкорӣ
Моддаи 18. Арзёбии таъсири танзимкунӣ
БОБИ 3.
РАСМИЁТИ АРЗЁБИИ ТАЪСИРИ ТАНЗИМКУНИИ САНАДҲОИ МЕЪЁРИИ ҲУҚУҚИИ МУҚАРРАРКУНАНДА Ё ТАҒЙИРДИҲАНДАИ ҲУҶҶАТҲОИ ИҶОЗАТДИҲӢ
Моддаи 19. Стандартҳои сифат барои арзёбии таъсири танзимкунии санадҳои меъёрии
ҳуқуқие, ки ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳиро муқаррар менамоянд ё тағйир медиҳанд
Санадҳои меъёрии ҳуқуқие, ки ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳиро муқаррар менамоянд ё тағйир медиҳанд, бояд ба стандартҳои зерини сифат мутобиқат кунанд:
1) Устуворӣ: ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ бояд ба принсипҳои бозорӣ асос ёбанд ва ба талаботи пешгӯишавандагӣ, шаффофияти қабули қарорҳо ва танзимкунӣ ҷавобгӯй бошанд. Ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳие, ки нисбати бақайдгирӣ, амалӣ намудан ва барҳамдиҳии фаъолияти соҳибкорӣ, рақобати озод, савдо ва сармоягузорӣ маҳдудиятҳо муқаррар менамоянд, бояд аз нуқтаи назари ҳифзи манфиатҳои ҷомеа асоснок карда шуда бошанд;
2) Самаранокии хароҷот: ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ бояд ҳалли камхарҷтари вазифаи дақиқ муайяншударо пешниҳод намоянд;
3) Фасеҳӣ ва самаранокӣ: ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ нишондиҳандаҳоеро муқаррар менамоянд, ки онҳо бояд аз ҷониби шахсоне ба даст оварда шаванд, ки ба онҳо дахл мекунанд ва наметавонанд тавассути ҷорӣ намудани технология ва усулҳое, ки барои ба муваффақият ноил гардидан зарур мебошанд, далелнок шарҳ дода шаванд;
4) Мутаносибӣ: санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бояд ба таври баробар ба таъмини манфиатҳои ҷомеа ва ҳифзи ҳуқуқҳои соҳибкорон мусоидат намоянд.
Моддаи 20. Арзёбии таъсири танзимкунии ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ
1) Муайян намудани масъала (проблема). Арзёбии таъсири танзимкунӣ масъалаеро муайян мекунад, ки онро ҳал кардан зарур аст, инчунин натиҷаҳои имконпазири танзим аз ҷониби давлатро муқаррар менамояд. Муайянкунии масъала бояд унсурҳои зеринро дар бар гирад:
- ҷузъиёти ҳуқуқӣ, ки тартиби ба ваколати мақоми идоракунӣ мансуб донистани масъаларо барои танзимкунии давлатӣ нишон медиҳад;
- ҷузъиёти таҳлилӣ, ки сабаби ба вуҷуд омадани масъаларо шарҳ медиҳад ва аҳамиятнокии онро муайян менамояд;
- арзёбии оқибатҳои эҳтимолӣ дар сурате, ки амалҳои дигар анҷом дода нашаванд;
- муайян намудани ҳадафҳои амалҳои давлат.
2) Арзёбии хароҷот ва фоидаи асоси дахолати давлатӣ. Арзёбии таъсири танзимкунӣ нишондиҳандаҳои сифатӣ ва миқдории оқибатҳои асосии имконпазири дахолати давлатиро муқаррар менамояд (ҚҶТ аз 23.07.16 с., №1340) :
- оқибатҳои манфӣ ё хароҷот дар натиҷаи дахолати давлатӣ;
- оқибатҳои мусбат ё фоида дар натиҷаи дахолати давлатӣ;
- камбудиҳои асосии таъсири имконпазири дахолати давлатӣ.
3) Арзёбии роҳҳои алтернативӣ. Арзёбии таъсири танзимкунӣ на камтар аз ду роҳи алтернативиро, ки барои ҳалли масъала ба инобат гирифта мешаванд, пешниҳод менамояд. Яке аз роҳҳои ҳатмии алтернативӣ ягон чора наандешидан мебошад. Алтернативаҳои дигар бояд аз инҳо бар оянд:
- мутобиқ гардонидани ҳуҷҷати иҷозатдиҳии амалкунанда;
- иваз намудани механизми ҷории ҳуҷҷати иҷозатдиҳии амалкунанда;
- тадбирҳои иттилоотӣ ва маърифатӣ;
- танзими инфиродӣ;
- танзими инфиродӣ ё танзим аз ҷониби тарафи сеюм;
- фишангҳои бозорӣ, аз ҷумла боҷҳо.
4) Баргузор намудани муҳокима. Арзёбии таъсири танзимкунӣ тарафҳои манфиатдори асосиеро, ки танзим метавонад ба онҳо дахл кунад, муайян менамояд ва тартиби анҷомдиҳии раванди муҳокима ва мувофиқасозӣ бо ин тарафҳоро тавзеҳ медиҳад. Ин намуди таҳлил эҳтиёҷоти асосиро ба маълумот ва чӣ тавр ба қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти дахлдор мусоидат намудани муҳокимаҳоро муқаррар менамояд.
5) Тавсияҳо. Таҳиягари арзёбии таъсири танзимкунӣ андешидани тадбирҳои муайянеро, ки дар заминаи меъёрҳои дар моддаи 21 Қонуни мазкур пешбинигардида асоснок карда шудаанд, тавсия медиҳад.
6) Ҳисобот оид ба арзёбии анҷомдодашудаи таъсири танзимкунӣ. Ҳисоботи таъсири танзимкунӣ аз ҷониби таҳиякунандаи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ пешниҳод карда мешавад ва инҳоро дар бар мегирад: (ҚҶТ аз 26.07.14с., №1103)
- тавсифи раванди муҳокимаи тарафҳои манфиатдор;
- ҷамъбасткунии роҳҳои алтернативӣ;
- ҷадвали таҳлилии мулоҳизаҳо, шарҳу эзоҳот ва пешниҳодҳое, ки дар марҳилаи таҳияи арзёбии таъсири танзимкунӣ ворид карда шудаанд;
- қарор оид ба баррасии лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ бе таҳлили иловагӣ, қабул бе таҳлили пешакии таҳияи лоиҳаи санади меъёрии ҳуқуқӣ;
- гузаронидани таҳлили муфассали зарурати лоиҳа дар асоси таҳлили ниҳоии оқибатҳои танзимкунӣ.
БОБИ 4.
РАСМИЁТИ ДОДАНИ ҲУҶҶАТИ ИҶОЗАТДИҲӢ
Моддаи 21. Пешниҳоди ариза барои гирифтани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ
- ном, шакли ташкилию ҳуқуқӣ, суроғаи ҷойгиршавӣ ва рақами ягонаи мушаххаси шахси ҳуқуқӣ ё ному насаб, суроға ва рақами ягонаи мушаххаси соҳибкори инфиродӣ; гирад;
- аз ҷониби аризадиҳанда ба зиммаи худ гирифтани масъулият барои риоя намудани шартҳои иҷозатдиҳии ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ҳангоми амалӣ намудани фаъолият ва барои эътимоднокии ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда.
- шаҳодатномаи бақайдгирии давлатии шахси ҳуқуқӣ ва соҳибкори инфиродӣ;
- расиди пардохт барои баррасии ариза.
(ҚҶТ аз 23.11.15 с., №1236)
- имзо шудан аз ҷониби шахсе, ки барои ин ваколат надорад;
- агар ҳуҷҷатҳо бе риояи талаботи моддаи мазкур ба расмият дароварда шуда бошанд.
Моддаи 22. Қарор дар бораи додани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ё дар бораи рад кардани ариза
барои гирифтани он
Моддаи 23. Рад кардан аз додани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ
- аз ҷониби аризадиҳанда дар ҳаҷми пурра пешниҳод нагардидани ҳуҷҷатҳо;
- ошкор гардидани маълумоти носаҳеҳ дар ҳуҷҷатҳое, ки аризадиҳанда пешниҳод намудааст;
- хулосаи манфии асоснокшуда оид ба натиҷаҳои тадқиқот, муоинаҳо ё дигар арзёбиҳои илмӣ ва техникӣ дар сурате, ки гузаронидани онҳо ҳатмӣ бошанд.
Моддаи 24. Азнавбарасмиятдарории ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ
Моддаи 25. Додани нусхаи дуюми (дубликати) ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ
Моддаи 26. Боздоштани амали ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ
- ошкор гардидани вайронкунии талаботи Қонуни мазкур аз ҷониби шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродӣ;
- аз ҷониби шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродӣ иҷро нашудани қарорҳое, ки тибқи тартиби муқарраргардида қабул шудаанд ва онҳоро барои бартараф намудани вайронкуниҳои ошкоргардида ӯҳдадор мекунанд.
Моддаи 27. Қатъ гардидани амали ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ
- муроҷиат намудани шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродӣ бо ариза дар бораи қатъи амали ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ;
- барҳамдиҳии шахси ҳуқуқӣ - аз лаҳзаи барҳамдиҳӣ ё қатъ гардидани фаъолияти он дар натиҷаи азнавташкилдиҳӣ, ба истиснои табдилдиҳии он;
- қатъ гардидани амали шаҳодатнома ё патент дар бораи бақайдгирии давлатии соҳибкори инфиродӣ;
- вафот кардан, аз тарафи суд тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳдуд кардани қобилияти амал, ғайри қобили амал эътироф кардан ё бедарак ғоибшуда эътироф карда шудани субъекти фаъолияти соҳибкорӣ - шахси воқеӣ;
- мунтазам (ду маротиба ё зиёда аз он) аз ҷониби шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродӣ вайрон кардани талаботи Қонуни мазкур дар давоми як сол, ки боиси вайрон гаштани ҳуқуқ, расонидани зиён, манфиатҳои қонунии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ҳаёт ва саломатии шаҳрвандон, амнияти ҷамъиятӣ ва зарар ба муҳити зист шуда бошанд;
- аз ҷониби шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродӣ дар мӯҳлати муқаррарнамудаи мақоми иҷозатдиҳанда ё суд бартараф нагардидани ҳолатҳое, ки боиси боздоштани амали ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ шудаанд;
- қатъ гардидани фаъолият ё амале, ки барои анҷом додани он ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ дода шудааст.
Моддаи 28. Бекор кардани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ
- дар асоси аризаи шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродӣ - аз ҷониби мақоми иҷозатдиҳӣ;
- дар ҳолати муқаррар намудани ғайриқонунӣ будани қарори мақоми иҷозатдиҳанда оид ба додани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ ва муқаррар гардидани ҳолати гирифтани ҳуҷҷати иҷозатдиҳӣ бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳои қалбакӣ - аз ҷониби мақомоти судӣ.
БОБИ 5.
МАҚОМОТИ ИҶОЗАТ ДИҲАНДА ВА НОМГӮИ ҲУҶҶАТҲОИ ИҶОЗАТДИҲӢ
(ҚҶТ аз 23.07.16 с., №1340)
Моддаи 29. Мақомоти иҷозатдиҳанда ва номгӯи ҳуҷҷатҳои иҷозатдиҳӣ
(ҚҶТ аз 23.07.16 с., №1340)
1) Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи таъмини назорати фитосанитарӣ ва карантини растанӣ:
- иҷозати воридоти карантинӣ. (ҚҶТ аз 14.05.2016 с., № 1313).
2) Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи байторӣ:
- аттестати байторию санитарии шароити истеҳсолот (ҚҶТ аз 14.05.2016 с., № 1313).
3) Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи назорати санитарию эпидемиологӣ:
- хулосаи санитарию эпидемиологӣ;
- мувофиқакунонии усулҳои нобудсозии пеститсидҳо ва химикатҳои мӯҳлати истифодабариашон гузашта ва иҷозати истифодабарӣ надошта;
- мувофиқакунонии тағйирдиҳии соҳаи фаъолияти объектҳои аз ҷиҳати экологӣ зарарнок;
- мувофиқакунонии лоиҳаҳои биноҳои қабул ва нигоҳдории пораву партовҳои металлҳои сиёҳ ва ранга (нуқтаҳои қабул) ва таҷҳизоти он.
4) Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи фармасевтӣ:
- шаҳодатномаи аккредитатсияи субъектҳои соҳибкории фармасевтӣ, аз ҷумла намояндагиҳои тиббии ташкилотҳои фармасевтии хориҷии ба фаъолияти фармасевтӣ машғулбуда;
- рухсатнома барои гузаронидани озмоишҳои воситаҳои клиникӣ;
- рухсатнома барои воридот ва содирот маводи доруворӣ ва молҳои тиббӣ; (ҚҶТ аз 16.04.12с., №802)
- шаҳодатномаи бақайдгирии маводи доруворӣ;
- шаҳодатномаи воридот ва содироти маводи нашъадор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳои дар соҳаи тиббӣ истифодашаванда.
5) Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи ҳифзи муҳити зист:
- иҷозат барои партофтани моддаҳои зараровар ба атмосфера;
- иҷозати истифодабарии махсуси об;
- иҷозат барои истифодабарии объекти олами ҳайвонот ва наботот;
- иҷозат барои истифодабарии ҷангал;
- хулосаи экспертизаи давлатии экологӣ;
(ҚҶТ аз 25.12.15с., №1267)
- иҷозат барои воридот ва содироти партовҳо барои истифодабарии такрорӣ;
- иҷозат барои бамеъёрдарории истеҳсол, истифодабарӣ, нобудсозӣ ва ҷойгир кардани партовҳо.
6) Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи заминсозӣ:
- сертификати ҳуқуқи истифодабарии замин барои хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ);
- иҷозат барои истифодабарии системаҳои моҳворавии мавқеъмуайянкунӣ (GPS);
- иҷозат барои вайрон кардан ва барқароркунии нуқтаҳои нобудшудаи пойгоҳҳои шабакаи марзкашӣ ва аломатҳои марзӣ;
- иҷозат барои кӯчонидани аломатҳои беруна ё аз нав поягузорӣ кардани марказҳои нуқтаҳои геодезӣ.
7) Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи молия:
- шаҳодатнома барои гузаронидани бозиҳои лоторея;
- иҷозат барои истихроҷи канданиҳои фоиданоки пошхӯрда бо усули худфаъолӣ ва худбиёрӣ (дар мувофиқа бо Комиссияи ҳукуматӣ оид ба гузаронидани озмунҳо барои истифодаи қаъри замин); (ҚҶТ аз 23.11.15 с., №1236)
- шаҳодатнома барои сохтани маснуоти заргарӣ, дандонҳо аз металлҳои қиматбаҳо (ҚҶТ аз 23.07.16 с., №1340).
8) Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи алоқа:
- иҷозат барои истифодабарии захираҳои рақамгузорӣ дар соҳаи алоқаи барқӣ;
- иҷозат барои истифодабарии радиобасомадҳо;
- иҷозат барои насб ва истифодабарии воситаҳои радиоэлектронӣ ва дастгоҳҳои дорои баландбасомаде, ки афканишоти радиозудӣ доранд ё манбаи мавҷҳои электромагнитӣ мебошанд;
- сертификати мутобиқати ҳатмии таҷҳизот дар соҳаи алоқаи барқӣ;
- бақайдгирии шартномаҳои пайвастшавии байнишабакавӣ.
9) Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи назорати давлатии кӯҳкорӣ:
- шаҳодатномаи бақайдгирии иншооти истеҳсолии хатарнок дар феҳристи давлатӣ;
- иҷозат барои иҷрои корҳои таркишӣ;
- иҷозат барои пайваст намудани таҷҳизоти газӣ дар нақлиёти автомобилӣ;
- шаҳодатнома барои истифодабарии анборҳои маводи тарканда;
- шаҳодатнома барои харидани маводи тарканда;
- супориши лоиҳасозӣ оид ба иншооти кӯҳии истеҳсолӣ;
- мувофиқакунии лоиҳаи коркарди конҳои канданиҳои фоиданок.
10) Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи энергетика:
- иҷозат барои пайвастшавии истифодабарандагон ба хатҳои барқӣ;
- хулосаи техникӣ барои гирифтани сертификати маҳсулоти энергетикӣ;
- хулосаи техникӣ барои гирифтани иҷозат ва шартҳои техникӣ барои амалӣ намудани фаъолият дар соҳаи энергетика.
11) Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи нақлиёт:
- мувофиқакунии таъмири фарши роҳ ва дигар иншооти мелиоративию гидротехникӣ якҷоя бо роҳҳои истифодаи умум;
(ҚҶТ аз 25.12.15с., №1267)
- хулоса барои иҷро намудани корҳо тибқи лоиҳаҳои вобаста ба сохтмон ё таҷдиди роҳҳои автомобилгард;
- мувофиқакунии иҷроиши корҳо оид ба амалӣ намудани азнавсозии хатҳои истифодашавандаи алоқа ва интиқоли барқи истифодашавандаи канори роҳ ва нишебии пуштаҳо ё чуқурии роҳҳо;
- мувофиқакунии убури роҳҳои автомобилгард бо каналҳо, хатҳои алоқа, интиқоли барқ, лӯлаҳои нафт, газ, об ва роҳҳои оҳан, таҷҳизоти пайвастшавӣ ва воридшавӣ;
- мувофиқакунии чуқуртар кардани маҷрои дарёҳо ва обанборҳо дар зери пулҳо ва қубурҳо бо мақсадҳои мелиоративӣ ва ғайра;
- мувофиқакунии иҷроиши корҳои коркарди қум ва шағал дар маҷрои дарёҳо болотар ё поёнтар аз пулҳо ба масофаи на камтар аз 2 км;
- иҷозат барои сохтмон ва азнавсозии иншооти коммуникатсионӣ, ки аз ҳудуди роҳҳои автомобилгарди мавҷуда гузаронда мешаванд;
(хориҷ карда шуд бо ҚҶТ аз 25.12.15с., №1267)
(хориҷ карда шуд бо ҚҶТ аз 25.12.15с., №1267)
- мувофиқакунии сохтмон, таҷдид ва таъмири нуқтаҳои васлшавӣ ва буриши роҳҳои автомобилгард;
- мувофиқакунии шартҳои техникии сохтани иншооти коммуникатсионӣ дар қитъаи ҳамшафати роҳҳои автомобилгарди истифодабарии умумӣ.
12) Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи авиатсия:
- иҷозат барои дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳавопаймоҳо қабул кардани мусофирон, бағоҷ, борҳо ва муросилот барои интиқоли ҳавоӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ;
- иҷозат барои дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳавопаймоҳо қабул кардани мусофирон, бағоҷ, борҳо ва муросилот барои интиқоли ҳавоӣ ба қаламрави давлати хориҷӣ ва ё кашондани онҳо аз қаламрави давлати хориҷӣ ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- иҷозат барои истифодабарии фазои ҳавоӣ;
- иҷозат барои парвози байналмилалии ҳавопаймоҳо;
- сертификати шахси ҳуқуқӣ, ки хизматрасонии техникӣ ва таъмири техникаҳои авиатсиониро анҷом медиҳад;
- шаҳодатномаи (сертификати) фурудгоҳ;
- иҷозат барои интиқоли ҳавоии борҳои хатарнок;
- шаҳодатномаи (сертификати) хадамоти таҷҳизоти аэронавигатсионӣ;
- шаҳодатномаи (сертификати) муассисаи авиатсионӣ;
- сертификати баркашидани воситаҳои нақлиётӣ.
13) Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меҳнат:
- хулоса оид ба риоя намудани талаботи ҳифзи меҳнат ҳангоми сохтмон, таҷдиди иншооти истеҳсолӣ, мошинҳо ва механизмҳо.
(ҚҶТ аз 23.11.15 с., №1236)
14) Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ:
- супориши меъморию банақшагирии объектҳои дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва стратегӣ, ки номгӯи онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ намудааст;
- иҷозат барои оғоз намудани корҳои сохтмонӣ дар объектҳои дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва стратегӣ, ки номгӯи онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ намудааст.
(ҚҶТ аз 26.07.14с., №1103)
15) Мақоми ваколатдори давлатии маҳаллӣ дар соҳаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ:
- супориши меъморию банақшагирӣ;
- иҷозат барои оғоз намудани корҳои сохтмонӣ. (ҚҶТ аз 26.07.14с., №1103)
16) Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи корҳои дохилӣ:
- иҷозат барои кашонидани маводи таркандаи таъиноти саноатӣ ва сахттаъсири заҳролуд; (ҚҶТ аз 23.11.15 с., №1236)
- иҷозат барои нигоҳдории маводи таркандаи таъиноти саноатӣ ва сахттаъсири заҳролуд. (ҚҶТ аз 23.11.15 с., №1236)
17) Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи танзими муомилоти қонунии прекурсорҳо:
- шаҳодатномаи воридот ва содироти прекурсорҳо.
18) Мақоми ваколатдори давлатӣ дар соҳаи геология:
- мувофиқакунии лоиҳаҳои корҳои омӯзиши геологӣ, геофизикӣ ва омӯзишҳои дигари қаъри замин (корҳои аксбардории геологӣ ва геофизикии минтақавӣ, ҷустуҷӯ ва иктишофи конҳои канданиҳои фоиданок, аз ҷумла обҳои зеризаминӣ).
- шаҳодатномаи фонди қарзии хурд.
19) Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ:
- иҷозат барои обтаъминкунии ғайримутамаркази корхонаҳои алоҳидаи кишоварзӣ, обёрӣ намудани чарогоҳҳо;
- иҷозат барои ҷойгир кардани рекламаи берунӣ;
- қарор дар бораи ҷудо намудани қитъаи замин;
- иҷозати сохтмони бино ва иншоот дар шаҳри Душанбе (ҚҶТ аз 04.04.2019 с., № 1590);
- тасдиқи санад оид ба қабули иншоот барои истифодабарӣ;
- мувофиқакунии корҳо оид ба кабудизоркунии роҳҳо;
- иҷозат барои таъсиси шабакаҳои кабелии пахши барномаҳо.
(ҚҶТ аз 23.11.15 с., №1236)
БОБИ 6.
МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
Моддаи 30. Ҳалли баҳсҳо
Баҳсҳо дар соҳаи низоми иҷозатдиҳӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳал карда мешаванд.
Моддаи 31. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Моддаи 32. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе,
2 августи соли 2011,
№751