ҚОНУНИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ПАЛАТАИ ҲИСОБИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
(Ахбори маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2011, №6, мод. 460; Қонуни ҶТ аз 30.05.2017 с., №1425; аз 30.05.2017 с., №1426)
Қонуни мазкур масъалаҳои вобаста ба вазъи ҳуқуқӣ, ваколат, сохтори ташкилӣ, вазифа, ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба танзим медарорад.
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон
Моддаи 2. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
- аудити беруна - аудите, ки аудиторони нисбат ба ташкилоти санҷидашаванда мустақил ва ба роҳбарияти он ҳисоботдиҳанда набуда мегузаронанд;
- аудити самаранокӣ - омӯзиш ва таҳлили фаъолияти объекти аудит доир ба сарфанокӣ,маҳсулнокӣ ва натиҷанокӣ;
- аудити натиҷанокӣ - омӯзиш ва таҳлили самаранокии барномаҳои давлатӣ, лоиҳаҳо, самтҳои фаъолият ва кори мақомоти давлатӣ ва ташкилотҳои буҷетӣ (минбаъд - ташкилотҳо) барои расидан ба мақсадҳояшон ва иҷрои супоришҳо;
- аудити молиявӣ - омӯзиш ва таҳлили ҳисоботи молиявӣ ва низоми баҳисобгирии объекти аудит, ки ба аудитор имкон медиҳад ақидаи худро оид ба ҳисоботи молиявӣ, ки бо риояи талаботи қонунгузорӣ дар бораи стандартҳои баҳисобгирӣ ва ҳисоботи молиявӣ таҳия карда шудааст, изҳор намояд;
- маблағҳои ғайрибуҷетӣ - маблағҳои пулии давлат, ки ба буҷетҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ дохил карда нашуда, бо таъиноти мақсадноки муайян истифода мешаванд, ҳамчунин маблағҳое, ки дар ихтиёри ташкилотҳо қарор дошта, аз буҷетҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ ҷудо карда нашуда, аз ҳисоби дигар сарчашмаҳо ташаккул ёфтаанд;
- маблағҳои махсус - маблағҳое, ки ташкилотҳо ба ғайр аз маблағи аз буҷетҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ ҷудошаванда мегиранд. Маблағҳои махсус даромади ташкилотҳо мебошанд, ки аз ҳисоби фурӯши маҳсулот, иҷрои кор ва хизматрасонӣ ё амалӣ намудани фаъолияти дигар ба даст меоянд;
- истифодабарии ғайримақсадноки маблағҳо - истифодабарии ғайримақсаднок, бесарфа ва бемаҳсули маблағҳо аз буҷетҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳаллӣ, ҳамчунин маблағҳои ғайрибуҷетӣ ва махсус;
- бархурди манфиатҳо - ҳолате, ки манфиатҳои шахсии корманди Палатаи ҳисоб бо талаботи поквиҷдонона ва беғаразона иҷро намудани ӯҳдадориҳои хизматии ӯ мувофиқ намеоянд.
Моддаи 3. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад. (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1426)
Моддаи 4. Принсипҳои фаъолияти Палатаи ҳисоб
Фаъолияти Палатаи ҳисоб мутобиқи принсипҳои зерин амалӣ мегардад:
- қонуният;
- мустақилият;
- беғаразӣ, саҳеҳӣ, поквиҷдонӣ;
- ошкорбаёнӣ то андозае, ки ба талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолифат надошта бошад;
- риояи стандартҳои касбӣ;
- риояи принсипи коллегиалӣ.
Моддаи 5. Мақсад ва вазифаҳои Палатаи ҳисоб
- тамоми мақомоте, ки аз буҷети далатӣ маблағгузорӣ карда мешаванд, аз ҷумла сохторҳое, ки қисман ё пурра дар ҳисоби хоҷагӣ қарор доранд;
- тамоми ташкилотҳое, ки дар онҳо ҳиссаи сармояи давлат ба таври назоратӣ маҳсуб меёбад;
- Бонки миллии Тоҷикистон ва дигар бонкҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- фондҳои ғайрибуҷетӣ ва барномаҳои мақсадноки умумидавлатӣ;
- Агентии давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа;
- ташкилотҳо бо шаклҳои гуногуни моликият, ки ба онҳо маблағҳои буҷетӣ дар намуди кӯмаки молиявӣ (дар асоси бебозгашт) ҷудо мегарданд;
- амалӣ намудани созишномаҳои байниҳукуматӣ, ки оқибатҳои молиявӣ ва оқибатҳои дигари хоҷагӣ доранд;
- хусусигардонии моликияти давлатӣ, аз ҷумла иҷрои шартномаҳои хусусигардонии бо давлат басташуда аз ҷониби соҳибони нав;
- идоракунӣ ва истифодабарии захираҳои табиии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла татбиқи созишномаҳо оид ба тақсимоти маҳсулот;
- истифодабарии кӯмакҳо ва хизматрасонии маблағҳои қарз ва захираҳои давлатӣ бо асъори хориҷӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- воридоти маблағҳо ба буҷети давлатӣ аз сарчашмаҳои хориҷии сармоягузорӣ ва мувофиқи мақсад сарф кардани онҳо.
- арзёбии эътимоднокии низоми идоракунии молиявӣ, инчунин саҳеҳии ҳисоботи молиявӣ, ки сохтори дахлдор омода намудааст (аудити молиявӣ);
- арзёбии комёбшавӣ ба иҷрои вазифаҳои дар назди ташкилот ё ягон сохтори он гузошташуда (аудити самаранокӣ);
- арзёбии сарфанокӣ ва мақсаднокии истифодабарии маблағҳои буҷетие, ки ба сохтори дахлдор ҷудо карда шудаанд (аудити натиҷанокӣ).
Моддаи 6. Мустақилияти Палатаи ҳисоб
- объектҳоро барои санҷиш интихоб менамояд ва новобаста аз дигар сохторҳои давлатӣ ва шахсони мансабдор, ки ин сохторҳоро роҳбарӣ менамоянд, аудит мегузаронад;
- агар дар Қонуни мазкур тартиби дигар пешбинӣ нагардида бошад, мустақилона мавзӯъ, усул ва мӯҳлати санҷиш, инчунин шакли пешниҳоди хулосаҳои дахлдорро муайян менамояд;
- агар мақомоти иҷроия ё қонунгузори ҳокимияти давлатӣ ба он бо дархост ҷиҳати гузаронидани аудити ғайринақшавӣ муроҷиат намоянд, дар ҳар як ҳолати мушаххас оид ба қонеъ гардонидани дархости мазкур қарор қабул менамояд. Дар сурати рад кардани дархост он ба мақоми дархосткунанда ҷавоби асосноки хаттӣ ирсол менамояд.
БОБИ 2. СОХТОР, ВАЗЪИ ҲУКУҚИИ АЪЗОИ ПАЛАТАИ ҲИСОБ ВА БАРХӮРДИ МАНФИАТҲО
Моддаи 7. Сохтори Палатаи ҳисоб
Моддаи 8. Вазъи ҳуқуқии аъзои Палатаи ҳисоб
Моддаи 9. Бархӯрди манфиатҳо
БОБИ 3. ТАЛАБОТИ ТАХАССУСӢ, ТАРТИБИ ТАЪИН, МӮҲЛАТИ ВАКОЛАТҲО ВА ҚАТЪИ ВАКОЛАТҲО
Моддаи 10. Талаботи тахассусӣ нисбат ба раис ва муовини раиси Палатаи ҳисоб
Ба номзад ба вазифаи раис ё муовини раиси Палатаи ҳисоб талаботи зерин пешниҳод мегарданд:
- доштани танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон; (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1426)
- донистани забони давлатӣ;
- таҳсилоти олӣ дар соҳаи иқтисод ё ҳуқуқ;- таҷрибаи корӣ дар вазифаҳои роҳбарикунандаи соҳаҳои ба вазифаҳои Палатаи ҳисоб алоқаманд дар муддати на камтар аз панҷ сол;
- синни на камтар аз сию панҷсола;
- надоштани доғи судӣ.
Моддаи 11. Тартиби ба вазифа таъин намудани раис ва муовини раиси Палатаи ҳисоб
(ҚҶТ аз 30.05.2017 с., №1425)
Раис ва муовини раиси Палатаи ҳисоб ба вазифа бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мӯҳлати ҳафт сол таъин карда мешаванд. Раис ва муовини раиси Палатаи ҳисоб наметавонанд ба ин вазифа зиёда аз ду маротиба таъйин карда шаванд. (ҚҶТ аз 30.05.2017 с., №1425)
Моддаи 12. Талаботи тахассусӣ ба сараудиторони Палатаи ҳисоб
Ба номзад ба вазифаи сараудитори Палатаи ҳисоб талаботи зерин пешниҳод мегарданд:
- доштани танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон; (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1426)
- донистани забони давлатӣ;
- таҳсилоти олӣ дар соҳаи иқтисод ё ҳуқуқ;
- собиқаи кории на камтар аз панҷсола дар соҳаҳои ба вазифаҳои Палатаи ҳисоб алоқаманд;
- синни на камтар аз сисола;
- надоштани доғи судӣ.
Моддаи 13. Тартиби ба вазифа таъин намудани сараудиторони Палатаи ҳисоб
(ҚҶТ аз 30.05.2017 с., №1425)
Сараудиторони Палатаи ҳисоб бо пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мӯҳлати ҳафт сол ба вазифа таъин карда мешаванд. Сараудиторони Палатаи ҳисоб наметавонанд ба ин вазифа зиёда аз ду маротиба таъйин карда шаванд. (ҚҶТ аз 30.05.2017 с., №1425)
Моддаи 14. Боздоштан ва қатъ гардидани ваколатҳои раис ва муовини раиси Палатаи ҳисоб
- бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бедарак ғоибшуда эътироф шуда бошанд;
- бинобар вазъи саломатӣ муддати тулонӣ ӯҳдадориҳои худро иҷро карда натавонанд;
- ба сифати номзад ба вакили мақомоти намояндагии ҳокимияти давлатӣ ба қайд гирифта шуда бошанд.
- дар асоси ариза бо хоҳиши худ; (ҚҶТ аз 30.05.2017 с., №1425)
- бинобар вазъи саломатӣ ё бо сабабҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро карда натавонистани уҳдадориҳои хизматӣ; (ҚҶТ аз 30.05.2017 с., №1425)
- қатъ гардидани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё соҳиб шудан ба шаҳрвандии давлати дигар; (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1426)
- эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукми айбдоркунандаи суд нисбати ӯ; (ҚҶТ аз 30.05.2017 с., №1425)
- эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳалномаи суд дар бораи маҳдуд намудани қобилияти амал ё ғайри қобили амал эътироф шудани ӯ; (ҚҶТ аз 30.05.2017 с., №1425)
- эътибори қонунӣ пайдо намудани қарори суд дар бораи татбиқ гардидани чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббӣ; (ҚҶТ аз 30.05.2017 с., №1425)
- вафот ё эътибори қонунӣ пайдо намудани қарори суд дар бораи фавтида эътироф гардидани ӯ; (ҚҶТ аз 30.05.2017 с., №1425)
- ба кори дигар гузаштан; (ҚҶТ аз 30.05.2017 с., №1425)
- расидан ба синни нафақа; (ҚҶТ аз 30.05.2017 с., №1425)
- нафақагири Ҷумҳурии Тоҷикистон ё давлати хориҷӣ будан; (ҚҶТ аз 30.05.2017 с., №1425)
- машғул шудан ба фаъолияте, ки ба вазифаи ӯ номувофиқ аст; (ҚҶТ аз 30.05.2017 с., №1425)
- риоя накардани тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо. (ҚҶТ аз 30.05.2017 с., №1425)
Моддаи 15. Боздоштан ва қатъ гардидани ваколатҳои сараудиторони Палатаи ҳисоб
- бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бедарак ғоибшуда эътироф шуда бошанд;
- бинобар вазъи саломатӣ муддати тулонӣ ӯҳдадориҳои худро иҷро карда натавонанд;
- ба сифати номзад ба вакили мақомоти намояндагии ҳокимияти давлатӣ ба қайд гирифта шуда бошанд.
- дар асоси ариза бо хоҳиши худ; (ҚҶТ аз 30.05.2017 с., №1425)
- бинобар вазъи саломатӣ ё бо сабабҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро карда натавонистани уҳдадориҳои хизматӣ; (ҚҶТ аз 30.05.2017 с., №1425)
- қатъ гардидани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё соҳиб шудан ба шаҳрвандии давлати дигар; (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1426)
- эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукми айбдоркунандаи суд нисбати ӯ; (ҚҶТ аз 30.05.2017 с., №1425)
- эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳалномаи суд дар бораи маҳдуд намудани қобилияти амал ё ғайри қобили амал эътироф шудани ӯ; (ҚҶТ аз 30.05.2017 с., №1425)
- эътибори қонунӣ пайдо намудани қарори суд дар бораи татбиқ гардидани чораҳои маҷбурии дорои хусусияти тиббӣ; (ҚҶТ аз 30.05.2017 с., №1425)
- вафот ё эътибори қонунӣ пайдо намудани қарори суд дар бораи фавтида эътироф гардидани ӯ; (ҚҶТ аз 30.05.2017 с., №1425)
- ба кори дигар гузаштан; (ҚҶТ аз 30.05.2017 с., №1425)
- расидан ба синни нафақа; (ҚҶТ аз 30.05.2017 с., №1425)
- нафақагири Ҷумҳурии Тоҷикистон ё давлати хориҷӣ будан; (ҚҶТ аз 30.05.2017 с., №1425)
- машғул шудан ба фаъолияте, ки ба вазифаи ӯ номувофиқ аст; (ҚҶТ аз 30.05.2017 с., №1425)
- риоя накардани тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо. (ҚҶТ аз 30.05.2017 с., №1425)
Моддаи 16. Талаботи тахассусӣ ба роҳбари дастгоҳи Палатаи ҳисоб
Ба номзад ба вазифаи роҳбари дастгоҳи Палатаи ҳисоб талаботи зерин пешниҳод мегарданд:
- доштани танҳо шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон; (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1426)
- донистани забони давлатӣ;
- таҳсилоти олӣ;
- собиқаи кории на камтар аз панҷсола дар вазифаҳои роҳбарикунандаи вобаста ба идоракунии маъмурӣ ё молиявӣ дар мақомоти давлатӣ;
- надоштани доғи судӣ.
Моддаи 17. Тартиби ба вазифа таъин ва аз вазифа озод намудани роҳбари дастгоҳи Палатаи ҳисоб
Роҳбари дастгоҳи Палатаи ҳисоб аз ҷониби Раиси Палатаи ҳисоб бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифа таъин ва аз вазифа озод карда мешавад.
Моддаи 18. Кормандони дастгоҳи Палатаи ҳисоб
Моддаи 19. Кодекси одоби Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон
"Ман, (насаб, ном ва номи падар), ба иҷрои ваколатҳои раиси (муовини раиси, сараудитори) Палатаи ҳисоб шурӯъ намуда, бо арзи садоқат ба Ҷумҳурии Тоҷикистон савганд ёд мекунам. Конститутсия Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя намуда, поквиҷдонона, беғаразона ва ба дараҷаи баланди касбӣ вазифаҳои худро ба манфиати давлат ва мардуми Тоҷикистон иҷро менамоям. Агар ҳамин савганди ёдкардаамро вайрон кунам, дар назди қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷавобгар мебошам". (ҚҶТ аз 30.05.17 с., №1426)
БОБИ 4. МАҚСАДИ САНҶИШҲОИ АУДИТОРӢ ВА ФАЪОЛИЯТИ АУДИТОРИИ ПАЛАТАИ ҲИСОБ
Моддаи 20. Мақсади санҷишҳои аудиторӣ
Мақсади гузаронидани санҷишҳои аудиторӣ аз ҷониби Палатаи ҳисоб инҳоро дар бар мегирад:
- арзёбии мувофиқати истифодабарии захираҳои давлатии буҷетӣ ва захираҳои дигар ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи буҷети давлатӣ ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- арзёбии харидории сарфакорона ва истифодабарии самараноки захираҳои давлатӣ барои комёбшавӣ ба мақсадҳои дар буҷети давлатӣ пешбинишуда ва натиҷанокии хароҷоти маблағҳои буҷетӣ.
Моддаи 21. Методологияи аудит
- дастурамал оид ба гузаронидани санҷишҳои аудиторӣ, ки методикаи Палатаи ҳисоб дар соҳаи аудитро дар бар мегирад;
- стандартҳои аудит бо назардошти таҷрибаи пешрафтаи байналмилалӣ.
Моддаи 22. Мазмуни фаъолияти аудитории Палатаи ҳисоб
- банақшагирии санҷишҳои аудиторӣ;
- иҷрои корҳои аудиторӣ дар маҳалҳо;
- омода намудани хулосаҳои аудиторӣ;
- назорати бартараф намудани камбудиҳои аз тарафи аудиторҳо ошкоршуда.
- аҳамиятнокии мавзӯи санҷиши аудиторӣ;
- дараҷаи таваккал, ки ба амалиёти мазкур хос аст;
- мӯҳлате, ки аз лаҳзаи анҷом ёфтани санҷиши қаблӣ гузаштааст;
- ҳаҷми маблағҳои буҷетӣ, ки ба ташкилот ё барномаи мазкур ҷудо карда мешаванд;
- норасоиҳо дар низоми идоракунии дохилӣ, ки дар ҷараёни санҷиши қаблӣ аз ҷониби Палатаи ҳисоб ё дигар идораҳои санҷишӣ ошкор карда шудаанд.
Моддаи 23. Огоҳкунӣ дар бораи аудити гузаронидашаванда
Моддаи 24. Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои кормандони Палатаи ҳисоб ҳангоми гузаронидани санҷиш, дастрасӣ ба иттилоот, махфият ва санҷиши минбаъдаи бартараф намудани камбудиҳои аз ҷониби кормандон нишондодашуда
Моддаи 25. Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои ташкилоте, ки дар он аудит гузаронида мешавад
- вақт ва мӯҳлати гузаронидани аудити самаранок, натиҷаҳои он, хулоса ва тавсияҳоро (агар онҳо мавҷуд бошанд) донад;
- ба кормандони Палатаи ҳисоб, ки ҳуҷҷати дахлдорро барои гузаронидани аудити самаранок пешниҳод накардаанд, иҷозат надиҳад;
- асоснокии пурраи хаттӣ дар бораи тамдиди мӯҳлати гузаронидани аудитро дастрас намояд ва дар ҳолате ки агар шахси мансабдор ба хулоса ояд, ки тамдид намудани мӯҳлати гузаронидани аудит беасос аст, ба суд муроҷиат намояд;
- ҷуброни зарарро, ки дар натиҷаи ҳаракатҳои ғайриқонунӣ аз ҷониби кормандони Палатаи ҳисоб расонида шудааст, талаб намояд;
- дар мавриди ҳаракатҳои ғайриқонунии кормандони Палатаи ҳисоб, мақомоти ҳифзи ҳуқуқро огоҳ созад.
- ба кормандони Палатаи ҳисоб барои гузаронидани аудит шароити мусоиди корӣ фароҳам оварда, тамоми маълумоти дархостшавандаро пешниҳод кунад, дурустӣ ва пуррагии маълумотҳои мазкурро таъмин намояд;
- ба амалҳои кормандони Палатаи ҳисоб дахолат накунад, онҳоро ба иштибоҳ набарад, барои гузаронидани аудит монеа нашавад ва миқёси гузаронидани онро маҳдуд насозад;
- ба кормандони Палатаи ҳисоб барои гузаронидани аудит ва омӯзиши ҳуҷҷатҳо дар давоми вақти корӣ бе қатъ намудани фаъолияти ташкилоти санҷидашаванда иҷозат диҳад.
Моддаи 26. Ҷалб кардани экспертҳои беруна
БОБИ 5. ВАЗИФАҲО ВА САЛОҲИЯТИ ҲАЙАТИ МУШОВАРАИ ПАЛАТАИ ҲИСОБ
Моддаи 27. Вазифаҳо ва салоҳияти Ҳайати мушовараи Палатаи ҳисоб
- нақшаи кории солона ва тағйиру иловаҳоро ба нақша тасдиқ менамояд;
- лоиҳаи сметаи хароҷоти Палатаи ҳисобро тасдиқ менамояд;
- оид ба қонеъ гардонидани дархост барои гузаронидани аудити ғайринақшавӣ қарор қабул мекунад;
- хулосаҳои аудитории Палатаи ҳисобро тасдиқ менамояд;
- Дастури Палатаи ҳисоб ва дастурамал оид ба тартиби гузаронидани санҷишҳои аудиториро тасдиқ мекунад, инчунин ба ҳуҷҷатҳои мазкур тағйирот ворид менамояд
- Кодекси одоби Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистонро тасдиқ мекунад;
- ҳисоботи роҳбари дастгоҳи Палатаи ҳисобро мешунавад;
- ҳисоботҳои солона ва фосилавии Палатаи ҳисобро мешунавад;
- тартиби интихоби экспертҳои берунаро тасдиқ менамояд;
- оид ба дигар супоришҳое, ки ба аудиторон дода мешаванд, қарор қабул мекунад.
БОБИ 6. ҲИСОБОТДИҲӢ ОИД БА ФАЪОЛИЯТИ АУДИТОРӢ
Моддаи 28. Ҳисоботдиҳии солона оид ба фаъолияти аудиторӣ
- иҷрои буҷети давлатӣ дар асоси қонун, сарфакорӣ ва самаранокӣ;
- ба мақсад мувофиқ будан ва самараи иқтисодии пешбинишудаи тағйирот дар андозаи қарзи давлатии дохилӣ ва хориҷӣ;
- оқибатҳои пешбинишавандаи кафолати қарзҳои аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодшуда;
- саҳеҳии баҳисобгирӣ ва ҳисоботи молиявии ташкилотҳое, ки маблағҳои буҷети давлатиро харҷ менамоянд.
Моддаи 29. Ҳисоботи даврӣ
Палатаи ҳисоб ҳуқуқ дорад ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хулосаҳои аудиториро доир ба масъалаҳои хусусияти фавридошта, ки қабули чораҳои таъхирнопазирро талаб менамоянд, пешниҳод намояд.
Моддаи 30. Ҳисоботи солона доир ба фаъолияти Палатаи ҳисоб
- масъалаҳои кадрӣ;
- такмили ихтисоси кормандон;
- такмили методологӣ;
- технологияҳои иттилоотӣ;
- масъалаҳои маблағгузории Палатаи ҳисоб.
Моддаи 31. Интишори хулосаҳои аудиторӣ
Палатаи ҳисоб ҳисоботҳои худро дар воситаҳои ахбори омма интишор менамояд.
БОБИ 7. ҲАМКОРИИ ПАЛАТАИ ҲИСОБ БО МАҚОМОТИ НАЗОРАТИ ДАВЛАТИИ МОЛИЯВӢВА БАЙНАЛМИЛАЛӢ
Моддаи 32. Ҳамкории Палатаи ҳисоб бо мақомоти назорати давлатии молиявӣ
Моддаи 33. Ҳамкории байналмилалии Палатаи ҳисоб
- ба ҳамкориҳои бевоситаи иттилоотӣ, ташкилӣ, ҳуқуқӣ ва дигар намудҳои ҳамкориҳо, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ё созишномаҳои байналмилалӣ пешбинӣ намудаанд, мусоидат менамояд;
- дар такмили ихтисоси кадрҳо, ки дар мақомоти барои гузаронидани аудит вазифадор фаъолият мекунанд, инчунин дар гузаронидани тадқиқоти илмӣ дар соҳаи аудити беруна кӯмак мерасонад ва кӯмак мегирад;
- оид ба лоиҳаҳои созишномаҳои байналмилалӣ, инчунин доир ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба созишномаҳои байналмилалии амалкунанда пешниҳод таҳия менамояд;
- дигар ӯҳдадориҳоро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, амалӣ менамояд.
БОБИ 8. САНҶИШҲОИ МУСТАҚИЛИ ПАЛАТАИ ҲИСОБ
Моддаи 34. Аудити самаранокӣ
1) масъалаҳои ба фаъолияти маъмурии бахши давлатӣ, ки нисбат ба он Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бартарии аудитӣ муайян намудааст;
2) қайдҳои муҳосибӣ ва дигар қайдҳо, ки аз таҷрибаи умумии қабулшудаи пешбурди баҳисобгирӣ фарқ мекунанд;
3) баҳисобгирии нодурусти воситаҳои давлатӣ, коммуналӣ ё воситаҳои ташкилоти санҷидашаванда;
4) мавҷуд набудани қайдҳои баҳисобгирӣ ва дигар қайдҳо ё амалиёти нокифоя барои:
а) ҳифзи моликияти давлатӣ ё моликияти ташкилоти санҷидашаванда;
б) таъмини аудити самаранокӣ оид ба ҷамъоварӣ ва ҷойгир намудани маблағҳои пулӣ ва пардохтҳо.
- санҷиши назоратии фаъолияти ташкилоти назоратшаванда ва муайян намудани сабабҳои ғайрисамаранок истифода бурдани маблағҳои буҷетӣ аз тарафи гирандагони онҳо;
- ҷустуҷӯи таҳлилӣ ва муайян намудани алоқамандии сабабу натиҷаҳои кори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва хулосаҳои он;
- ташаккули таркибӣ, муайян намудани тавсияҳо барои беҳтар кардани самаранокии фаъолияти ташкилотҳои санҷидашаванда;
- ба мақомоти қонунгузор додани имконияти баҳодиҳӣ ба натиҷанокии қабули қарорҳо оид ба танзими раванди буҷетӣ;
- таъмини мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ бо маълумот ва тавсияҳо оид ба баланд бардоштани самаранокии истифодабарии захираҳо.
Моддаи 35. Аудити молиявии Палатаи ҳисоб
Моддаи 36. Баҳодиҳии мустақил ба сифати аудитҳо, ки аз ҷониби Палатаи ҳисоб гузаронида мешаванд
Ба сифати аудитҳое, ки Палатаи ҳисоб гузаронидааст, дар панҷ сол на камтар аз як маротиба бо тартиби муқаррарнамудаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳо дода мешавад ва хулосаи он ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод мегардад.
БОБИ 9. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
Моддаи 37. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Моддаи 38. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе,
28 июни соли 2011,
№ 749