ҚОНУНИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

ДАР БОРАИ ИҶОРА ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

(Ведомостьҳои СО РССТ, соли 1990, №24, мод. 415; соли 1991, №18, мод. 226; Ахбори МО ҶТ, с. 1995, №22, мод. 268;

с. 2004, қ. 1, №12, мод. 692)

 

ФАСЛИ 1. ИҶОРА. ҚОИДАҲОИ УМУМӢ ДАР БОРАИ ИҶОРА

 

Моддаи 1. Иҷора

Иҷора ба мақсади зиёд намудани истеҳсоли маҳсулот, баланд бардоштани ҳосилнокии меҳнат ва дар ин асос беҳтар намудани зиндагии мардум ташкил меёбад.

Иҷора дар асоси шартнома ба мўҳлати муайян бо подош ихтиёрдорӣ ва истифода кардани замин, дигар захираҳои табиӣ, корхонахо (иттиҳодияҳо) ва комплексҳои дигари молу мулк, инчунин дигар хел амволе мебошад, ки ба иҷоракор барои мустақилона пеш бурдани фаъолияти хоҷагӣ ва ё дигар фаъолияташ зарур аст.

 

Моддаи 2. Қонунҳои оиди иҷора

Муносибатҳои иҷоравиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни мазкур ва дигар актҳои қонунии Ҷумҳурии   Тоҷикистон танзим менамоянд.

 

Моддаи 3. Соҳа ва объектҳои иҷора

Иҷора дар ҳамаи соҳаҳои халқ иҷозат дода мешавад ва нисбати молу мулки тамоми шаклу намудҳои моликият истифода шуда метавонад.

Ба иҷора инҳоро додан мумкин аст:

а) замин ва дигар захирахои табиӣ;

б) корхонахо (иттиҳодияҳо), ташкилотхо, воҳидҳои таркиби иттиҳодияхо, истеҳсолот, цехҳо ва дигар coҳaҳoи корхонаю ташкилотҳо, хамчунин комплексҳои, ягонаи  молу мулки фондҳои истеҳсолӣ ва дигар сарватҳо;

в) биноҳои алоҳида, иншоот, таҷҳизот, воситаҳои нақлиёт, асбобу анҷом, дигар сарватҳои моддӣ.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон намудҳои (гypўҳҳои) корхонаҳо (иттиҳодияҳо), ташкилотхо ва намудхои амволсро, ки ба иҷора дода намешаванд, муқаррар мскунад.

 

Моддаи 4. Иҷорадеҳон

Молу мулкро мулкдор, аз ҷумла шахсон ва гражданинҳои юридикии хориҷӣ ба иҷора дода метавонанд. Органу ташкилотҳое низ иҷорадеҳ шуда мставонанд, ки мулкдор онҳоро барои ба иҷора додани амвол ваколатдор кардааст. Корхонаҳои давлатӣ, ташкилотҳои кооперативӣ, ҷамъиятӣ ва дигар ташкилотҳо ҳукуқ доранд, ки комплексҳои молу мулк, биноҳои алоҳида, иншоот, таҷҳизот ва дигар сарватҳои моддиро, ки дар ихтиёрдории пурраи хоҷагӣ ё идораи таъҷилии онхо мебошанд, ба иҷора диханд.

Замин ва дигар захирахои табииро Маҷлиси вакилони халқ дахлдор ба  иҷора медиҳанд, аз ҷумла дар асоси озмун.

Колхозу совхозҳо ва корхонаҳои дигари хоҷагии қишлоқ заминҳои ба ихтиёри худ гирифтаро метавонанд мустақилона ба иҷора диҳанд.

 

Моддаи 5. Иҷорагирон

Шахсони юридикӣ ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, корхонаҳои муштарак, иттиҳодияю ташкилотҳои байналхалқӣ бо иштироки шахсони ҳуқуқии ватанӣ ва хориҷӣ, ҳамчунин давлатҳои хориҷӣ, ташкилотҳои байналхалқӣ, шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ  иҷорагир буда мставонанд.

 

Модда 6. Иттиҳодияҳои иҷорагирон

Иҷорагирон ҳукуқ доранд, ки ихтиёрӣ  ассоциация, иттифоқҳо, консорциумҳо, консернҳо ва дигар иттиҳодияҳо барпо карда, фаъолияти онҳоро бо пул таъмин намоянд, аз онҳо мувофиқи оиннома озодона бароянд, ба ин иттиҳодияҳо, қатъи назар аз шакли моликияти истеҳсолоташон, ҳар як коллектив ва гражданин дохил шуда метавонад. Иҷорагирон дар навбати худ хуқуқ доранд бо ризоияти иттиҳодияҳо ба ҳар яки онҳо дохил шаванд.

 

Моддаи 7. Шартномаи иҷора

Шартномаи байни иҷорагиру иҷорадеҳ ҳуҷҷати асосис мебошад, ки муносибати байни онҳоро танзим мскунад. Он дар асоси ихтиёрӣ ва баробарҳукуҳии пурраи тарафҳо имзо карда мешавад.

 Шартномаи иҷора инҳоро псшбинӣ мекунад: таркибу арзиши молу мулки ба иҷора додашаванда, андозаи иҷорапулӣ, мўҳлати иҷора, тақсими вазифаҳои тарафхо дар бобати пурра барқарор ва таъмир кардани молу мулки иҷоравӣ, вазифаи иҷорадеҳ дар xycycи ба иҷорагир додани амвол дар ҳолатс, ки ба шартҳои шартнома мувофиқ бошанд. Вазифаи иҷорагир дар бобати мувофиқи талаботи шapтнома истифода бурдани молу мулк, масьулияти иҷорагиp дар бахши сари вақт додани иҷорапулӣ ва баьди ба oхир pacидани муҳлати шаpтнома ба иҷорадеҳ баргардонидани молу мулк даp ҳолати псшбиникардаи шартнома, шартҳои харида гирифтаии амволи иҷора ва дигар шартҳои моҳиятнок.

Ба шартномаи иҷора назифаи иҷорадеҳ дар бобати таъминоти моддию техникӣ, расонидани ёри барон тараққиёти истеҳсолот, татбиқи комьёбиҳои илму техника ва технологияи пешқадам, нав кардани техникаи истеҳсолот, тараққиёти иҷтимоӣ, расонидани кўмаки ахбоpотию машваратӣ ва дигар хел ёриву мадад, мададгорӣ дар боби тайёр  кардани кадрҳо, муҳайё намудани шароити зарурии истифодаи самарбахши молу мулки ба иҷора гирифташуда ва дар ҳолати хуб нигоҳ доштани он дохил шуда мставонанд.

Арзиши молу мулки ба иҷора гирифташуда дар шартнома бо назардошти баҳои амвол дар лаҳзаи ба иҷора супоридани вай бо қимати аслӣ, боқимонда ё барқароршуда муайян карда мешавад.

Давоми мўҳлати хизмати амволи ба иҷора додашуда бо созиши тарафайн на зиёда аз мўҳлати нави хурдашавии пурраи он, ки ба нормаи амортизация мутобиқат мскунад, муқаррар карда мешавад.

Тарафҳо дар сурати иҷpo накардан ва ё пурра иҷро накардани ўҳдадориҳои шартномаи иҷора, аз ҷумла барон яктарафа тагйир додан ва вайроикунии шартнома дар асоси қонун ва шартнома ҷавобгаранд.

Дар мавриди кифоя набудани васоити иҷорадеҳе, ки амволи корхонаи давлатиро (воҳиди структурии иттиҳодияро) ба иҷора супурдааст, аз рўи ўҳдадориҳо дар назди иҷорагир соҳиби молу мулки дахлдор ҷавобгар мебошад.

 

Моддаи 8. Иҷорапулӣ

Иҷорапулӣ аз ҳиссаҷудокунии амортизационии арзиши молу мулки ба иҷора гирифташуда ташкил меёбад. Ҳангоми ба иҷора додани замин ва дигар сарватҳои табиӣ ҳаққи амортизация гирифта намешавад. Андозаи ҳиссаҷудокунии амортизацияро, ки ба иҷорапулӣ дохил мешавад, шартномаи иҷора дар асоси тақсими вазифаҳои дар он пешбинигардидаи тарафҳо дар бобати таҷдиди молу мулки иҷоравӣ муайян мекунад. Иҷорапулӣ ҳамчунин маблағҳоеро дар бар гирифта метавонад, ки  иҷорагир ба иҷорадеҳ барои таъмири объектҳо баъди анҷоми мўҳлати иҷораи онҳо медиҳад. Иҷорапулӣ як қисми фоидаро (даромадро) дарбар мегирад, ки он аз истифодаи барои ҷамъият зарури молу мулки иҷоравӣ (фоизи иҷора), ки шартнома маъмулан ба дараҷаи на камтар аз фоизи банк муайяи мекунад, ҳосил шуда метавонад.

Иҷорапулӣ метавонад барои тамоми молу мулки иҷорвӣ яклухт ва ё алоҳида аз рўи ҳар объект дар шаклхои аслӣ, пулӣ ва ё омехта муқаррар шавад. Шарту мўҳлати супоридан ва ҳисоби гузаронидани иҷорапулиро шартнома муайян мекунад.

Андозаи  иҷорапулӣ бо ризоияти тарафайн дар мўхлати пешбиникардаи шартнома тағйир ёфта метавонад, вале на зиёдтар аз як маротиба дар давоми панҷ сол. Маблағӣ иҷорапулӣ бо талаби яке аз тарафҳо дар сурати ба таври мутамарказ тағйир ёфтани нарху тарифҳо ва дигар мавридҳои , ки актҳои қонуниии ҶШС Тоҷикистон пешбинӣ кардаанд, пеш аз мўҳлат тағйир ёфта метавонад.

 

Моддаи 9. Моликият ҳангоми иҷора

Ба иҷора додани молу мулк боиси додани ҳуқуқт моликият ба ин амвол намегардад.

Маҳсулот ва даромаде, ки иҷорагир аз истифодаи молу мулки иҷоравӣ ба даст овардааст моликияти ў мебошад. Сарваҳои моддӣ ва дигар сарватҳои ба таркиби молу мулки иҷора дохинашаванда, ки иҷорагир дар асосҳои пешбиникардаи қонун ба даст овардааст, ё харидааст, низ моликияти ҷорагир мебошанд.

Агар дар шартномаи иҷора дигар шарт пешбинӣ нашуда бошад, ҳар чизи барои беҳбудии молу мулки иҷора харида ва ё сохта шуда моликияти иҷорагир мебошад. Дар мавриде, ки иҷорагир беҳбудиро аз ҳисоби маблағи худ бо иҷозати иҷорадеҳ анҷом дода бошад ва ин барои молу мулки иҷора (тармиму аз навсозии бино ё иншоот ва ғайра) зарар нарасонда бошад, вай ҳуқуқ дорад, ки баъди ба охир расидани мўҳлати шартономаи иҷора арзиши ин беҳбудикориро гирад, агар дар шартнома дигар хел шарт пешбини нашуда бошад.

Ҳангоми ба ичора гирифтани корхона ва дигар комплексҳои ягонаи молу мулк иҷораги ва гирифтани арзиши беҳбудикории ҷудонопазири молу мулки иҷора , ки аз ҳисоби маблағи худаш, сарфи назар аз он, ки иҷорадеҳ ба иҷрои чунин корҳо иҷозат додааст ё не ҳуқуқ дорад, агар дар шартнома шарту шароити дигар пешбини нашуда бошад.

Беҳбудикориҳое, ки (ҳам қобили ҷудошави ва ҳам ҷудонопазир) аз ҳисоби ҳиссаҷудокунии амартизатсионӣ аз молу мулки иҷора анҷом дода шудаанд, моликияти иҷорадеҳ буда ва арзиши молу мулки иҷора зам мешаванд.

Агар ҳолати молу мулке, ки баъди анҷоми амали шартонома баргардонда мешавд, аз вазъи пешбини шуда баъдтар бошад, иҷорагир ба иҷорадеҳ товонӣ зиёнро дар асоси қонунҳои ҷорӣ медиҳад.

Агар молу мулки иҷора бо гуноҳи иҷорагир пеш аз мўҳлати амартизатсионӣ аз кор барояд, иҷорагир ба иҷрадеҳ иҷорапулии пурраи он, инчунин товонӣ зарарро мувофиқи қонунгузории ҷорӣ медиҳад. Агар иҷорагир молу мулки ба иҷора гирифташударо баъди анҷоми мўҳлати истифода, ки он дар шартнома пешбини шудааст, истифода барад, иҷорадеҳ ба иҷоракор поддоши дахлдорро, медиҳад агар дар шартнома дигар хел талабот пешбинӣ нашуда бошад.

  

Моддаи 10. Харидани молу мулки иҷора       

Иҷоракор бо розигии ичрадеҳ метавонад молу мулки иҷораро пурра ва қисман харида гиранд. Шарт, тартиб ва мўҳлати хариданро шартномаҳои иҷора ва харид муайян мекунанд. Баҳсҳои оиди ин масъалаҳоро суди иқтисодӣ  ё суд ҳал менамоянд

Дар қонунгузории Ҷумҳурии  Тоҷикистон мавридҳои маҳдуд ё манъ кардани харидани молу мулки иҷора пешбини шуда метавонанд.

Иҷорадеҳ ҳақ дорад дар шартномаи харид ба муддати муайян шартҳо пешниҳод намуда, ин ё он ҳуқуқу ўҳдадориҳои хариддоррро (иҷорагирро) муайян намояд. Ба ҷумлаи чунин шартҳо аз ҷониби хариддор қабул шудани ўҳдадориҳои зайл дохил шуда метавонанд:

Бо маҳсулот ҳисобу китоб кардани арзиши молу мулки харида- маҳсулоте, ки бо амволи харидашуда истеҳсол мешавад;

Ба истеъмолкунандагон дастрас кардани як қисми маҳсулоти амволи харида шуда истеҳсол гардида, ки фурўшандаи молу мулк муайян мекунанд;

Дар мўҳлати муайян тағйир надодани навъи маҳсулоте, ки ба амволи харидашуда истеҳсол мегардад;

Нафурўхтани молу мулки харида шуда;

Риояи дигар ўхдадориҳои харидори молу мулк, ки шартномаи харид пешбинӣ кардааст.

Шартномаи харид инчунин шартҳои харидори молу мулкро низ дар назар дошта метавонад, ки он фурўшандаи молу мулкро вазифадор менамояд дар давра муайян таъминоти моддиву техникӣ ва бозорӣ фурўши маҳсулоти дар мулки  харида шуда истеҳсол карда шавандаро таъмин намояд, ба инкишофи фаъолияти истеҳсолӣ, илмию техникӣ ва иҷтимоии харидори молу мулк ва фаъолияти иқтисодии берунӣ мусоидат намояд.

Харидани молу мулк бо роҳи ба иҷорадеҳ супурдани бақияи арзиши молу мулк, ки иҷораи он то анҷоми мўҳлати амартизатсия қаъ гардидааст, ба амл бароварда мешавад.

Барои харидани молу мулк ҳамагуна васоте, ки корхонаи иҷоравӣ мувофиқи қонун дар ихтиёри худ дорад, манбаъ шуда метавонад.

Ҳуқуқи моликияти корхонаи иҷоравие, ки молу мулкро харидааст аз лаҳзаи дар шўрои депутатҳои халқи дахлдор ба қайд гирифтани ҳуҷҷати давлатии хариду фурўш оғоз меёбад. Акти хариду фурўш баъди ба буҷети дахлдор супурдани маблағи хариди молу мулк дода мешавад.

Баъди харидани молу мулки ба иҷора гирифта шуда корхонаи иҷора бо қарори коллективӣмеҳнатӣ кооператив, ҷамъияти аксионерӣ ва ё дигар корхонае табдил ёфта метавонад, ки дар асоси моликияти коллективи амал мекунад.

 

Моддаи 11. Муайян кардани самти фаъолияти хоҷагии иҷорагир

Мувофиқи шартномаи иҷора самтҳои фаъолияти хоҷагиашро мустақилона муайян мекунад ва маҳсулоту даромадашро бо салоҳдиди худ ихтиёрдори менамояд.

Иҷорагир берун аз доираи ўҳдадориҳои шартномавиаш дар фаъолияти хоҷаги дорӣ пурра озод мебошад

 

Моддаи 12. Мўҳлати иҷора

Мўҳлати иҷораро шартонома муайян мекунад. Дар айни замон иҷораи захираҳои табиӣ, корхонаҳо, биноҳо, иншоот дарозмуддат аз панҷ сол ва аз ин ҳам зиёд мебошад.

Ҳангоми бастани шартномаи иҷораи замин шартҳои аз тарафи иҷорагир гузаронидани киштгардони илман асоснок бояд ҳатман пешбинӣ карда шавад. Ба ин муносибат мўҳлати минималии иҷораи замин набояд аз ротатсияи киштгардони майдонҳо кам бошад.

Қитъаи заминро барои корҳои кишоварзӣ ва  истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ  ба мўҳлати муайянкардаи Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иҷора додан  мумкин аст.

Бо назардошти хусусияти молу мулк ва мақсадҳои иҷора шартнома кўтоҳмуддат – то панҷ сол  шуда метавонад.

Баъди анҷоми мўҳлати амали шартнома иҷорагир ҳуқуқ дорад шартномаро барқарор кунад.

Агар бар бораи катъ намудан ва ё тағйир додани шартнома баъди анҷоми мўҳлати он аризаи яке аз тарафҳо набошад, шартнома дар ҳамон мўхлат ва аз рўи ҳамон шартҳо дароз карда мешавад, ки дар он пешбини шуда буданд. Ҳангоми ба мўҳлати нав дароз кардани шартнома шартҳои он бо созиши тарафҳо тағйир ёфта метавонанд.

 

Моддаи 13. Тағйир додан бекор кардан, қатъ намудан ва давом додани шартнома

Тағйир додани шартҳои шартнома бекор кардан ва қатъи он бо ризоияти тарафайн роҳ дода мешавад. Бо талаби яке аз тарафҳо бо роҳи ду моҳ пеш огоҳонидани тарафи дигар дар мавридҳои шартҳои шартномаро вайрон кардани тарафи дигар шартномаи иҷора бо қарори ҳаками давлати ё суд қатъ шуда метавонад.

Аз нав созмон додани ташкилотҳои иҷорадеҳ, инчунин иваз кардани соҳиби моликияти иҷора гирифта шуда сабаби тағйир ёфтан ва ё бекор шудани шартнома намегардад.

Дар мавриди фавти иҷорагир ва ё дигар ҳолатҳое, ки у минбаъд ўҳдадориҳояшро иҷро карда наметавонад, ҳуқуқҳои вай мувофиқи шартномаи иҷора ба яке аз аъзоёни оила ё аъзои ҳамроҳаш коркунандаи хоҷагии меҳнатӣ (коллективи иҷора) мегузарад, агар онҳо иҷоракор шудан хоҳанд.

Иҷорадеҳ ҳақ надорад, ки ба чунин шахсон барои ҳамроҳ шудан ба шартнома ба мўхлати боқимонади шартномаи ҷорӣ роҳ надиҳад, ба истиснои мавридҳое, ки бастани шартонома ба сифатҳои касбӣ ва шахсии иҷоракор вобаста бошад.

 

Моддаи 14 Баррасии баҳсу мунозира дар аснои бастани шартномаи иҷора ва иҷрои он

Баҳсҳои ҳангоми бастани шартномаи иҷора ва иҷрои он ба миён омадаро суди иқтисодӣ ё суд мувофиқи ваколаташон баррасӣ мекунанд.

 

Моддаи 15. Муҳофизати ҳуқуқи иҷорагир ба молу мулк

Ҳуқуқи иҷорагир ба молу мулке, ки вай мувофиқи шартномаи иҷора гирифтааст, баробарии ҳуқуқи нисбати моликият муқаррар кардаи қонунгузории гражданӣ ҳимоя карда мешавад. Вай метавонад баргардонидани молу мулки иҷораро аз истифода ғайри қонунӣ, бартараф кардани монеъаҳои истифодаи амвол, додани товонӣ зарареро, ки ҳар шахс, аз ҷумла иҷорадеҳ, ба молу мулк расондааст, талаб кунад.

Аз ҳисоби молу мулки иҷора додани қарзи иҷорадеҳ роҳ дода намешавад.

Молу мулки иҷорагир танҳо бо қарори  суди иқтисодӣ  ё суд мусодира карда мешавад.

Шартҳои шартномаи иҷора дар тамоми мўҳлати эътибори шартнома ва дар он мавридҳое эътибори худро гум намекунад, ки қонунгузорӣ баъди имзои шартнома қоидаҳоеро, уки муқаррар кардааст, ки аҳволи иҷорагирро бад мекунад.

Иҷораи корхонаҳо (иттиҳодияҳо).

 

Моддаи 16 Ташкили корхонаи иҷора

Коллективӣ меҳнатии корхонаи давлатӣ (иттиҳодия) ё воҳиди структурии иттиҳодия (минбаъд корхонаи давлатӣ) ҳуқуқ дорад, ки бо мақсади дар асоси корхона ташкил намудани корхонаи коллективӣ ташкилоти иҷоракоронро ҳамчун шахси юридикии мустақил созмон диҳанд.

Қарори созмон додани ташкилоти иҷорагирон ва органҳои идораи он дар Маҷлиси умумии (конференсияи) коллективӣ меҳнати ба овози аз се ду қисми аъзоёни он қабул карда мешавад.

Ташкилоти иҷорагирон лоиҳаи шартномаи иҷораро якҷоя бо комитети иттифоқи касаба тартиб дода, онро ба органи давлатие, ки соҳиби моликият вайро барои ба иҷора додани корхонаи давлатӣ ва колатдор намудааст, мефиристонад. Ин орган бояд лоиҳаи шартномаро дар муддати сӣ рўзи баъди гирифтани он баррасӣ кунад. Ихтилофотеро, ки ҳангоми бастани шартномаи иҷора ба миён меоянд, аз ҷумла ихтилофҳои вобаста ба беассос ба иҷора надодани корхона ва кашол додани мўҳлати муҳокимаи таклифҳоро суди иқтисодӣ баррасӣ мекунад.

Баъди имзои шартнома ташкилоти иҷоракорон мувофиқи тартиби муқарраргардида молу мулки корхонаро қабул мекунад ва мақоми корхонаи иҷоравиро мегирад.

Корхонаҳои давлатӣ, воҳидҳои структурие, ки дар асоси онҳо корхонаи иҷоравӣ ташкил шудааст, мувофиқи тартиби муқарраркардаи қонун барҳам дода мешаванд.

Корхонаи иҷора дар асоси  оинномае, ки дар маҷлиси умумии (конференсияи) коллективи меҳнат тасдиқ мешавад, амал мекунад. Корхонаи иҷора аз рўзи дар комиҷроияҳои  мақоми бақайдгирӣ маҳалли ҷойгиршавии  корхонаи иҷора қайд шуданаш ҳуқуқи шахси юридикиро мегирад.

Корхонаи иҷора мувофиқи дархосташ номгўй ва мукофотҳои ҳукуматии корхонаи давлатиро, ки вай ба иҷора гирифтааст, дар худ нигоҳ дошта метавонад.

Корхонаи иҷора вориси ҳуқуқи молу мулк ва вазифаҳои корхонаи давлатии ба иҷора гирифтааш, аз ҷумла вориси ҳуқуқи истифодаи замин ва дигар захираҳои табиӣ мегардад. Иҷорадеҳ пардохти қарзи корхонаро пурра ё қисман ба ўҳдаи худ гирифта метавонад.

Ўҳдадории корхонаи давлатиро дар бобати фурўши маҳсулот (кор, хизмат) иҷорагир дар ҳаҷму мўҳлати пешбиникардаи шартномаи ин корхона иҷро мекунад. Иҷорадеҳ ба иҷорагир захираҳои моддӣ ва лимитҳои (фондҳои) онҳоро медиҳад, инчунин дигар тадбирҳои заруриро меандешад, ки иҷрои ин ўҳдадорӣ таъмин гардад.

Корхонаи иҷоравӣ ҳуқуқашро барои маблағгузории мутамарказ ва дотатсия дар ҳаҷме, ки барои корхонаи давлатии ба иҷора гирифта муқаррар гардида буд, нигоҳ медорад.

Ба корхонаи иҷора ҳуқуқу вазифаҳои корхонаи давлати ба иҷора гирифта шуда дар бобати иштирок кардан дар тараққиёти иҷтимоию иқтисодии ҳудуде, ки вай он ҷо ҷой гирифтааст, мегузаранд.

Шартномаи иҷора муносибатҳои байни иҷорагир ва иҷорадеҳро доир ба шартҳои истифодаи захираҳои сўзишворӣ, ашёи хом, масолеҳ, истеҳсолоти нотамом, маснуоти тайёр, тақсими бақияи фондҳои ҳавасмандгардонии иқтисодӣ, истифодаи фонди манзили идоравӣ, бо маблағ таъмин кардани он, харҷи маблағеро, ки барои пардохти қарзи дебиторӣ гирифта шудааст, муайян мекунад.

Маҷбуран ба иҷора додани объектҳое, ки барои корхонаҳои иҷора зиёдатианд, роҳ дода намешавад.

 

Моддаи 17. Идораи корхонаи иҷора

Корхонаи иҷора мувофиқи оинномаи он идора карда мешавад.

 

Моддаи 18. Фаъолияти хоҷагии корхонаи иҷора

Корхонаи иҷора ҳуқуқ дорад сарватҳои моддиеро, ки ба таркиби молу мулки иҷора дохил мешаванд, ба иҷораи фаръӣ диҳад, барои истифодаи муваққатӣ бепул ва ё пулакӣ диҳад, ба шарте ки чунин тариқи додани молу мулк боиси кам шудани нерўи (арзиши) истеҳсолию иқтисодии корхона нагардад ва дигар шартҳои шартномаи иҷораро халалдор накунад. Тартиби мазкури ихтиёрдории молу мулки иҷора нисбати замин ва дигар объектҳои табиӣ ва дар мавридҳои дигаре, ки актҳои пешбинӣ кардаанд, татбиқ намегардад.

Корхонаи иҷора барои арзиши амволро зиёд намудан ҳуқуқ дорад ба таркиби молу мулки иҷора мустақилона тағйирот дарорад, онро аз нав созад, техникаи нав шинонад, васеъ кунад, ба шарте ки дар шартнома тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад.

Корхонаи иҷора истифодаи самарабахш ва такрористеҳсолкунии захираҳои табииро таъмин карда, онҳоро мувофиқи мақсадҳое ба кор мебарад, ки ба ин мақсадҳо дода шудаанд. Вай вазифадор аст, ки муҳити атрофро аз олудагӣ ва дигар таъсирҳои зиёновар ҳифз кунад.

Фаъолияти иқтисодии берунии корхонаи иҷора мувофиқи тартибе сурат мегирад, ки барои корхонаҳои давлатӣ муқаррар гардидааст.

Корхонаи иҷора вазифадор аст, ки аз рўи шартномаи иҷора иҷрои супориши давлатӣ ва супоришҳоро барои фурўши маҳсулот (кор, хизмат) мувофиқи алоқаҳои мавҷудаи хоҷагӣ дар ҳаҷме, ки аз супоришҳои дахлдори сол ба иҷора додани корхона зиёд набошад, ба ўҳда гирад.

Вай ихтиёран заказҳои давлатӣ ва дигар хелўҳдадории истеҳсол ва фурўши маҳсулотро дар ҳаҷме мегирад, ки корхонаи молу мулки ба моликияти коллективӣ тааллуқдоштаашро ба ҳамон андоза истифода мебарад.

Иҷорадеҳ ўҳдадории аз иҷорагир харидани маҳсулотро ба зимма гирифта метавонад.

Корхонаи иҷора маҳсулоташ (кор, хизматаш)-ро аз рўи нархҳои яклухт, харид, чакана ва шартномаие мефурўшад, ки барои корхонаи давлатӣ пешбинӣ гардидаанд. Ашё, масолеҳ ва дигар захираҳои моддию техникиро корхонаи иҷора аз рўи нархҳои мавҷудаи яклухт, харид, чакана ва шартномавӣ мувофиқи тартиб ва шартҳои барои корхонаҳои давлатӣ муқарраршуда мехарад.

Ба корхонаи иҷора барои васеъ кардани истеҳсолот ва иҷрои  вазифаҳои иҷтимоӣ аз ҳисоби маблағи давлатии муттамарказ ва маблағи иҷорадеҳ дотатсия, инчунин дар асоси ўҳдадории афзун гардондани истехсолоти маҳсулот ва беҳтар намудани сифати он (кор, хизмат) қарз ва бунак (аванс) дода шуданаш мумкин аст.

Иҷорадеҳ ба иҷорагирони корхонаҳои давлатии зараровар ва камфоида оиди иҷорапулӣ имтиёзҳо дода метавонад.

Корхонаи иҷора натиҷаи фаъолияташро ба ҳисоб мегирад, ҳисобу китоби бухгалтерӣ ва омориро мувофиқи тартиби умумие, ки барои корхонаҳо муайян шудааст, пеш мебарад. Ба фаъолияти корхонаи иҷора аз рўи тартибе, ки қонунгузории ҷорӣ  барои корхонаҳо муқаррар карда аст, бо назардошти хусусияти муносибатҳои  иҷоравӣ  назорат  карда мешавад.

 

Моддаи 19. Маблағҳои молиявии корхонаи иҷора

Заҳираҳои молиявии корхонаи иҷора аз ҳисоби фурўши маҳсулот (кор, хизмат), кредитҳо, маблағи аз фурўши коғазҳои қиматнок ба даст омада, хайрия ва дигар воситаҳои молиявӣ ташкил меёбанд.

Аз ҳисоби маблағи ҷамъшудаи корхонаи иҷора хароҷоти модда ва хароҷоти мушобеҳи он, маблағи музди меҳнат бароварда мешавад, андозҳо, пули иҷора, пардохти суғурта, пули захираҳои табиӣ ва қувваи корӣ, фоизи қарзҳо дода мешавад. Фоидаи боқимонда пурра дар ихтиёри корхонаи иҷора мемонад. Корхонаи иҷора мақсадҳои истифодаи ин фоидаро мустақилона муайян мекунад.

Корхонаи иҷора метавонад барои ҷалб намудани захираҳои иловагӣ қоғазҳои қиматнок барорад, дар асоси қонунҳои дар амал буда заёмҳои мақсаднок барорад, дар бозори қоғазҳои қиматнок иштирок намояд.

Барои харидани қоғазҳои қиматнок аъзоёни коллективи меҳнатии корхонаи иҷора афзалият доранд.

Корхонаи иҷора метавонад дар асоси шартҳои муайянкардаи созишномаи тарафҳо, аз ҷумла мувофиқи аҳду паймони тарафайн роҷеъ ба ҳаҷми фоизи истифодаи онҳо аз маблағҳои худ ба корхонаю ташкилотҳои дигар пул қарз диҳад.

Маблағҳо аз ҳисоби корхонаи иҷора фақат бо иҷозати корхонаи иҷора ва ё бо қарори суди иқтисодӣ ё суд бароварда мешавад. Пул аз ҳисоби корхонаи иҷора фақат дар мавридҳои пешбиникардаи актҳои қонунӣ соқит карда мешавад. Агар корхонаи иҷора дар бобати аз ҳисоб соқит кардани пул розӣ набошад, вай ҳақ дорад дар бораи ситонидани пул беасос аз ҳисоби соқитшуда ба ҳаками давлатӣ шикоят кунад.

 

Моддаи 20. Меҳнат ва музди он

Муносибатҳои меҳнатии аъзоёни коллективи корхонаи иҷораро  қонуни оид ба меҳнат бо назардошти хусусиятҳои муқарраркардаи ҳамин Қонун танзим мекунад.

Корхонаи иҷора тартиби киро кардан ва аз кор озод намудани коркунон, шаклу системаи додани музди меҳнат, тартиби рўзи кор, усули сменагии корро мустақилона муайян намуда, дар бораи баҳисобгирии умумии вақти корӣ қарор қабул мекунад, тартиби рўҳои истироҳат ва рухсатиро муқаррар менамояд.

Корхонаи иҷора муддати рухсатии ҳарсолаи пулакиро мустақилона муайян менамояд. Дар айни замон давомоти он аз вақти барои категорияҳои дахлдори коргарону хизматчиёни корхонаҳои давлатӣ муайянгардида кам шуда наметавонад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси қонунҳои ҷорӣ манфиати иҷтимоии меҳнаткашони корхонаҳои иҷораро ҳамаҷониба ҳифз мекунад.

Барои коркуноне, ки аз сабаби ба иҷора додани корхонаи давлатӣ кор озод мешаванд, иҷорадеҳ ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ дахлдор ҳуқуқҳоеро кафолат медиҳанд, ки қонун барои коркуноне пешбинӣ кардааст, ки дар сурати тағйир ёфтан ва ё барҳам хўрдани корхонаи давлатӣ аз кор ҷавоб шудаанд.   

Корхонаи иҷора мувофиқи тартиб ба андозаи муқарраршудаи санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии  Тоҷикистон пардохтҳои дахлдор мугузаронанд ва андоз меспорад.

 

Моддаи 21. Моликияти корхонаи иҷора

Маҳсулоти иҷрошуда, даромад ва амволи дигаре, ки бо пули корхона харида шудаанд, моликияти корхонаи иҷора мебошад.

Дар амволе, ки мувофиқи шарту тартиби муқарраркардаи оинномаи корхонаи иҷора моликияти он мебошад, андозаи саҳми аъзоёни коллективи меҳнатӣ дар бунёди ин амвол аз ҳисоби иштироки шахсиашон, инчунин маблағгузорӣ ва амволи дигари ҳиссагуоштаашон муайян карда мешавад.

Ба узви коллективи меҳнатӣ ба арзиши ҳиссааш дар моликияти корхонаи иҷора дар асоси оинномаи он қоғазҳои қиматнок дода шуданаш мумкин. Ба қоғазҳои қиматноки аъзоёни коллективи меҳнатӣ бо назардошти натиҷаҳои ниҳоии  истеҳсолот ва вазифаҳои  тараққии корхона мувофиқи ҳаҷми муайянкардаи коллективи меҳнатӣ ҳақиқии саҳм (дивидент) дода мешавад.

Арзиши ҳақиқии қоғазҳои қиматнок дар мавридҳои пешбиникардаи оинномаи корхона ба соҳибонашон баргардонда мешавад.

Дар оинномаи корхонаи иҷора тартиб ва шартҳои додани ҳаққи саҳми аъзоёни коллективи меҳнатие, ки муносибатҳои меҳнатиро қатъ кардаанд муайян карда мешаванд.     

    

Моддаи 22. Ташкили корхонаи иҷора дар заминаи мликияти соҳаи корхонаи (иттиҳодияи) давлатӣ

Корхонаи иҷораро дар заминаи иҷораи моликияти истеҳсолот, цехҳо, шўъбаҳо, фирмаҳо ва ё соҳаҳои дигари корхонаи (иттиҳодияи) давлатӣ ташкил кардан мумкин аст. Чунин корхонаи иҷора бо ризоияти шартномаи иҷора бо мақоми дахлдори давлатии идораи амволи давлатӣ созмон меёбад. Дар айни ҳол шартномаи иҷора бо корхонаи (иттиҳодияи) давлатие баста мешавад, ки қисме аз амволи вай ба иҷора мегузарад.  

 

Моддаи 23 Озмун барои иҷраи корхонаҳо (иттиҳодияҳо) ва амволи онҳо

Корхонаи (иттиҳодияи) давлатӣ ва ё соҳаи он ба тариқи озмун ба иҷора дода шуданаш мумкин аст. 

Озмунро органи давлатие эълонмекунад, ки барои ба иҷора додани амволи дахлдор ҳуқуқ дорад.

Дар озмун коллективҳои меҳнатии корхонаҳои (иттиҳодияҳои) давлатӣ ва соҳаҳои онҳо, коллективҳои муштараки дарбаргирандаи коркуноне, ки дар ҳамаи корхона иттиҳодияи (соҳа) кор мекунанд, гурўҳи гражданинҳое, ки бо мақсади ба иҷора гирифтани корхона, иттиҳодияи   (соҳааи) дахлдор дар коллектив муттаҳид шудаанд, иштирок карда метавонанд. Коллективҳои мазкур барои иштирок дар озмун мувофиқи тартиби пешбиникардаи  банди 1-и моддаи 16 ҳамин Қонун   ташкилоти иҷоракоронро ташкил медиҳанд. Дар озмун корхонаҳои (иттиҳодияҳои) дигари давлатӣ, инчунин кооперативҳо ва ташкилотҳои ҷамъиятӣ иштирок карда метавонанд.

Коллективҳои меҳнатии корхонаҳои давлати ва соҳаҳое, ки ба иҷора дода мешаванд, дар баробари шартҳои якхела барои иҷора гирифтани корхонаи давлатӣ бештар ҳақ доранд. Иҷорадеҳ ва инчунин органҳои он ҳангоми баррасии пешниҳодоти ба озмун расидаи иҷоракорон ба онҳое, ки самарабахшии бештари истеҳсолотро таъмин намуда, қисми зиёди амволи ба иҷора пешниҳодкардаро қабул карда, ўҳдадор мешаванд, ки бештар иҷорапули медиҳанд, бартари хоҳанд дод.

Ташкилоти аз озмун гузаштаи иҷоракорон бо иҷорадеҳ шартномаи иҷора мебандад. Ва мувофиқи тартибу шартномаҳои пешбиникардаи моддаҳои 16-21 ҳамин Қонун ҳамчун корхонаи иҷора амал мекунад.

 

Моддаи 24. Дар заминаи амволи ташкилотҳои ҷамъиятӣ ташкил кардани корхонаҳои иҷора

Ташкилотҳои ҷамъиятӣ ҳуқуқ доранд, ки корхонаҳо ва соҳаҳои онҳоро мувофиқи шартҳои муайянкардаи ин ташкилотҳо ба иҷора диҳанд. Дар баробари ин ташкилотҳои ҷамъиятӣ метавонанд ҳангоми муайян кардани тартиби ташкил ва шартҳои фаъолияти корхонаҳои иҷора принсипҳои дар ҳамин фасл зикрёфтаро истифода баранд.

 

Моддаи 25. Корхонаи (иттиҳодияи) давлатӣ ва ё соҳаи онро иҷора гирифтани кооператив 

Ҳангоми ба кооператив иҷора додани корхонаи давлатӣ ва ё соҳаи он муносибатҳои иҷоравӣ бо органи давлатие, ки барои ба иҷора додани корхона ваколатдор мебошад ва ё бо корхонаи дахлдори давлатӣ муқаррар мегарданд. Шартҳои шартномаи ба кооператив ба иҷора додан дар асоси банди 3 моддаи 16-ум ва моддаи 18-и ҳамин Қонун муайян мегарданд.

 

ИҶОРАГИРИИ ГРАЖДАНИНҲО

 

Моддаи 26. Иҷораи фардӣ ва гурўҳӣ

Граждани ва ё гурўҳи гражданинҳо метавонад воситаҳои истеҳсолот ва моликияти дигареро, ки барои фаъолияти хоҷагиашон зарур аст, иҷора гиранд.

Шахсоне, ки ба фаъолияти меҳнатӣ дар асоси шартҳои иҷораи фардӣ ё гурўҳи машғуланд баробари коргарону хизматчиён ҳаққи суғуртаи иҷтимоӣ ва таъминоти иҷтимоиро доранд. Иҷоракорон мувофиқи тартибу ҳаҷми муайянкардаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз даромадашон ба фонди давлатии суғуртаи иҷтимоӣ ҳисса мегузоранд. Давраи кори иҷоракорон, ки дар давоми он суғўўӣ дода шудааст, ба стажи кор дохил мешавад.

Органҳо ва ташкилотҳо, аз ҷумла шахсони юридикии хориҷӣ, ташкилотҳои давлатӣ, кооперативӣ, ҷамъиятӣ ва дигар ташкилотҳо, ки барои ба иҷора додан, вазифадоранд дар муддати як моҳ аризаи гражданинҳоро дар бораи ба онҳо ба иҷора додани амвол, замин ва дигар захираҳои табии дида бароянд.

Ихтилофотеро , ки ҳангоми бастани шартномаи иҷора, аз ҷумла беасос рад кардан ё аз мўҳлат дер дида баромадани аризаи ба иҷора додани амвол, замин ва захираҳои табиӣ ба миён меоянд, бевомита суд баррасӣ мекунад.

 

Моддаи 27. Фаъолияти хоҷагӣ ҳангоми иҷораи фарди ва гурўҳӣ

Иҷорагирони фардӣ ва ё гурўҳӣ мувофиқи шартнома ба маҳсулоти баровардаи худ мустақилона ихтиёрдорӣ мекунанд, онро дар ҳар минтақаи мамлакат мефурўшанд, мувофиқи нарху навои бо ризояти истеъмолкунанда ва ё мустақилони муқарраркарда корҳоро ба ҷо меоранд ва хизмат мерасонанд. Онҳо метавонанд иҷрои супориши давлатиро ихтиёран ба ўҳда гирифта, маҳсулоти аз ҳисоби ин супориш истеҳсошударо бо нархҳои яклухт, харид ва ё шартномавӣ фурўшанд.

Дар участкаҳои замини иҷора сохтани бино, бағайр аз бошишгоҳи саҳрои, ки ба он бояд розигии иҷорадеҳ бошад, роҳ дода намешавад.

Иҷоракор бо пули фурўши маҳсулот (корҳо, расонидани хизмат) баъди додани пули иҷора, андозҳо ва пардохти  қарзи банк мустақилона ихтиёрдорӣ мекунанд.

Таъмионоти моддию техникӣ, нақлиёт, таъмиру тармим ва дигвар намудҳои хизмарасонии иҷоракор дар хоҷагии қишлоқ дар асоси шартномае,ки мувофиқи тартиб ва шартҳои барои колхозу совхозҳо муқараршуда баста шудааст, сурат мегирад.

Хоҷагиҳои меҳнатии иҷоракорон ҳангоми ба амал баровардани фаъолияти истеҳлсолиашон метавонанд бо колхозҳо совхозҳо ва дигар ташкилоҳои давлатӣ, кооперативӣ ва ҷамъиятӣ алоқоҳои кооператсимонӣ барқарор карда, кооперативҳои таъминоту фурўш, азнавкоркунӣ таъмиру сохтмон ва дираг кооператиҳо, аз ҷумла хоҷагиҳои рафоқат ташкил кунанд.

 

Моддаи 28. Счет дар банк, қарз

Иҷоракор ҳуқуқ дорад, ки дар муассисаҳои банк счет кушояд. Ў ҳақ дорад, ки барои гузаронидани муомилоти қарз ва ҳисобу китоб мустақилона банк интихоб намояд.

Иҷоракорон метавонанд бо ризоияти муассисаҳои банк ва ё иҷорадеҳон барои тараққии истеҳсолот қарзи кўтоҳмуддат ва ё дарозмуддат гиранд.

Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ метавонанд ба иҷоракорон барои ташкили хоҷагӣ, тараққии истеҳсолот, обёрии замин, сохтмони роҳ ва манзил қарз ё бо поддош пул ҷудо кунанд.

 

ФАСЛИ 2. ПУДРАТИ ИҶОРАВИИ ДОХИЛИХОҶАГӢ

 

Моддаи 29. Истифодаи пудрати иҷоравии дохилихоҷагӣ

Пудрати иҷоравии дохилихоҷагӣ ҳамчун шакли ташкил ва додани музди меҳнати баъзе корхонаҳо, коллективҳои соҳаҳо, гурўҳҳои коркунон (минбаъд-коллективҳои иҷоравӣ) метавонанд дар корхонаҳои давлатӣ, коллективи ва ҷамъиятӣ истифода шавад.

Корхона бо ризоияти комитети иттифоқи касаба низомномаи пудрати иҷоравии дохилихоҷагӣ, нархҳои ҳисобии маҳсулот ва тарифҳои дохилихоҷагиро барои кор ва хизматрасонӣ, шаклҳои баҳисобгирифтани хароҷоти моддӣ ва хароҷоти дигари коллективҳои иҷораро тасдиқ мекунад.

Коллективҳои иҷораи корхонаи давлатӣ шаклу системаи додани музд, тартиби рўзи кор, сменаи корро мустақилона муайян карда, дар бораи ҷорӣ намудани усули ба ҳисоб гирифтани вақти кори умумӣ қарор қабул менамоянд, тартиби муайян кардани рўзҳои истироҳатро бидуни вайрон намудани мутобиқати зарурии фаъолияти соҳаҳои гуногуни корхона муқаррар мекунанд.

Коргарони нав бо ризоияти коллективии иҷора ба кор қабул карда мешаванд. Дар шартномаи пудрати иҷоравӣ дар хоҷагии қишлоқ ҳуқуқи коллективи иҷора дар боби аз номи корхона бастани шартномаи меҳнатӣ барои иҷрои корҳои муайян бо гражданинҳои аъзои коллективи иҷора набуда пешбинӣ шуданаш мумкин аст. Музди меҳнати чунин гражданинҳо аз ҳисоби пуле дода мешавад, ки барои музди меҳнати аъзоёни коллективи иҷора пешбинӣ шудааст.

 

Моддаи 30. Ташкили фаъолияти хоҷагии коллективи иҷора

Коллективи иҷора мувофиқи шартномаи пудрати иҷоравӣ вазифадор мешавад, ки маҳсулотро истеҳсол карда, кор, хизматрасониро ба корхона супорад ва ё бо супориши иҷорадеҳ маҳсулоти дар шартнома пешбинишударо ба корхонаҳои дигар ва ё гражданинҳо фурўшад.

Коолективи иҷора метавонад ба маҳсулоти (кор, хизматрасонии) илова бар ҳаҷми шартномаи истеҳсолкардааш, агар қонун ва ё шартнома шартҳои дигарро муқаррар када набошад, бо салоҳдиди худихтиёрдорӣ кунад.

Дар шароити пудрати иҷоравӣ корхона бо буҷет, банк ва дигар органҳо аз рўи натиҷаи тамоми фаъолияташ мувофиқи тартиби муайяншуда ҳисобу китоб мекунад. Вай вазифаи ба нақшагирифтани номгўй ва ҳаҷми асосии истеҳсоли маҳсулот (корҳо, хизмат) –ро ба зиммаи худ гирифта, инчунин сиёсати ягонаи техникиро мегузаронад, мувофиқи плани барои корхона умумӣ оно аз нав сохта, бо техникаи нав муҷаҳҳаз мекунад, соҳаи иҷтимоиро тараққӣ мекунад.

Коолективи корхонаи иҷора программаи истеҳсолиашро бо назардошти шартномаи пудрати ичоравӣ мустақилона тартиб медиҳад. Шартномаи пудрати иҷоравӣ ҳаҷму тартиби иштироки коллективи иҷораро дар хароҷоту пардохти корхона, аз ҷумла хароҷот барои тараққиёти истеҳсолт, илму техника ва эҳтиёҷоти иҷтимоӣ муайян мекунад. Дар шартномаи пудрати иҷоравӣ масъулияти тарафҳо барои иҷро накардан ва ё ба қадри кофи иҷро накардани ўҳдадориҳои пешбиникардаи шартнома муайян карда мешавад.

Корхона ба коллективи иҷораи соҳа ҳуқуқи аз номи вай бастани шартномаи хоҷагиро дода метавонад. Чунин коллективи иҷора ҳақ дорад дар муассисаи банк счёт кушояд. Коллективи иҷора аз рўи шартнома ба амволе, ки ба ихтиёраш гузошта шудааст, ҷавобгар аст. Дар сурати нарасидани амвол мувофиқи ўҳдадориҳои коллективи иҷора корхона ҷавобгар мешавад.

Совхозҳо, колхозҳо ва корхонаҳои дигари хоҷагии қишлоқ дар асоси шартнома ва коолективҳои иҷоракори соҳаҳо барои мустақилона фурўхтани маҳсулоташон (корҳо, хизматрасонӣ), истифодаи даромад барои додани музд, андозу пардохт ба буҷет, ҳаққи суғуртаи иҷтимоӣ ҳуқуқ дода метавонанд. Чунин коллективҳои иҷора метавонанд дар муассисаҳои банк ё марказҳои молиявию ҳисобӣ счёт кушоянд.

Иҷорадеҳ дар шароити иҷораи дохили хоҷагӣ метавонад ба иҷоракор ҳар гуна имтиёзҳо диҳад.

 

Моддаи 31. Иҷорапули дар шароити пудрати иҷоравӣ

Иҷорапули барои замин ва чорвои маҳсулдеҳ ба андозаи фоидаи банақшагирифта (нормативӣ), ки ҳангоми истифодаи замин ва чорво ба даст омаданаш мумкин аст, бо назардошти сифати онҳо ва хароҷоти ҷамъиятии зарурӣ барои истеҳсоли маҳсулот муқаррар карда мешавад.

Подош барои амволи ба ихтиёри коллективи иҷора додашуда (иҷорапули) дар шартномаи пудрати иҷоравӣ муайян крда мешавад. Дар сурати тағйир ёфтани нарх ва шартҳои дигари иқтисодӣ ҳаҷми иҷорапулӣ метавонад бо ризоияти тарафҳо таҷдиди назар шавад.

Агар сугуртаи киштзор, чорво ва амволи дигари иҷоравӣ аз тарафи корхона сурат гирифта бошаду коллективи иҷора бинобар офати табии ва ё ҳодисаҳои дигар ҳаҷми дар шартнома зикрёфтаи маҳсулотро гирифта натавонад, иҷорапулӣ дар ҳаҷми маблағи аз суғурта гирифтаи корхона таносубан кам карда мешавад.

Коолективи иҷора ҳақ дорад, ки бо ризоияти корхона аз номи вай барои суғуртаи киштзор, чорво ва амволи дигар шартнома бандад. Дар ин маврид ҳангоми офати табиӣ ва ҳодисаҳои дигари сугуртавӣ тағйири иҷорапулӣ пешбинӣ намешавад.

 

Моддаи 32. даромади коллективи иҷора

Даромади коллективҳои иҷора аз пули фурўше, ки баъди додани иҷорапули, баровардани қусури хароҷоти моддӣ, ҳиссаҷудокуниҳои дигаре, ки дар шартнома пешбинӣ шудаанд, боқи мемонад, ташкил меёбад. Даромади дар ихтиёри коллективи иҷора монда мустақилона ихтиёрдорӣ карда, гирифта намешавад.

Тартиби танзими ҳаҷи пулеро, ки барои додани музди меҳнат сарф мешавад, шартномаи пудратӣ муайн мекунад.

 

Моддаи 33. Кафолати ҳуқуқҳои коллективи иҷора

Амволеро, ки мувофиқи шартномаи пудрати иҷоравӣ ба коллективи иҷора дода шудааст, корхона баргардонида гирифта наметавонад.

Пеш аз мўҳлат тагйир додани шартнома ё қат намудани шартномаи пудрати иҷоравӣ танҳо бо ризояити коллективи иҷора ва ичорадеҳ роҳ дода мешавад.

Дар истеҳсолоти хоҷагии қишлоқ амали шартнома баъди анҷоми соли хоҷагӣ, камаш ду моҳ пеш бо огоҳ кардани тарафи дигар тағйир дода, ё қатъ карда мешавад.

Баҳсҳои байни коллективи иҷора ва корхонаҳоро, ки ҳангоми иҷро намудан қатъ кардан ва тағйир додани шартномаи пудрати иҷоравӣ сар мезананд, суди иқтисодӣ ё суд дида мебарояд.

  

     

        Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон                                                                                                    Қ. МАҲКАМОВ

 

ш. Душанбе

06.12. 1990 сол №184