ҚОНУНИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ МУҚОВИМАТ БА ҚОНУНИГАРДОНИИ (РАСМИКУНОНИИ) ДАРОМАДҲОИ
БО РОҲИ ҶИНОЯТ БАДАСТОВАРДА, МАБЛАҒГУЗОРИИ ТЕРРОРИЗМ ВА МАБЛАҒГУЗОРИИ ПАҲНКУНИИ СИЛОҲИ ҚАТЛИ ОМ
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2011, №3, мод. 152; с. 2013, №6, мод. 405, мод. 406;
с. 2014, №7, қ. 1, мод. 397; Қонуни ҶТ аз 24.02.2017 с., №1404; аз 17.05.2018 с., № 1521)
Қонуни мазкур муносибатҳои ҷамъиятиро оид ба таъмини ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандон, ҷамъият ва давлат тавассути фароҳам овардани механизми ҳуқуқии муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли омро танзим ва асосҳои ҳуқуқии онҳоро муайян менамояд. (ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1404)
БОБИ 1.
МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
- даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда – маблағҳои пулӣ ё дигар молу мулке, ки дар натиҷаи содир намудани кирдори барои ҷамъият хавфнок қабл аз қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳо ба даст оварда шудаанд.
- қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда – анҷом додани амалиёти молиявӣ ё аҳдҳои дигар бо маблағҳои пулӣ, коғазҳои қиматнок ё молу мулки дигар, ки баръало даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастовардашуда мебошанд, бо мақсади рўйпуш ва пинҳон намудани сарчашмаи ба даст овардани ин молу мулк ва ё мусоидат намудан ба шахсе, ки дар содир намудани ҷинояти асосӣ иштирок намудааст, то ки ў тавонад аз ҷавобгарӣ барои кирдорҳои содирнамудааш саркашӣ намояд, инчунин рўйпуш ё пинҳон кардани хусусияти аслӣ, маҳалли ҷойгиршавӣ, тарзи ихтиёрдорӣ, ҷойивазкунӣ, ҳуқуқ ба молу мулк ё мансубияти он, ҳамчунин ба даст овардан, соҳибӣ кардан, истифода бурдан ё ихтиёрдории чунин молу мулк; (ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1404)
- молу мулк (воситаҳо) - ҳар гуна дороии моддӣ ё ғайримоддӣ, манқул ё ғайриманқул, новобаста аз тарзи ба даст овардани онҳо, инчунин ҳуҷҷатҳои ҳуқуқӣ ё санадҳои гуногуншакл, аз ҷумла дар шакли электронӣ ё ададӣ, ки ҳуқуқ ба чунин дороиҳо ва иштирок дар онҳоро тасдиқ менамоянд, аз ҷумла қарзҳои бонкӣ, чекҳои роҳ, чекҳои бонкӣ, интиқолҳои почтавӣ, саҳмияҳо, коғазҳои қиматнок, вомбаргҳо, векселҳо, аккредитивҳо ва ғайраҳо;
- маблағгузории терроризм – бевосита ё бавосита пешниҳод намудан ё ҷамъ овардани воситаҳо бо мақсади пурра, ё қисман истифода бурдани онҳо ва ё бо дарки он ки ин воситаҳо аз тарафи террористи алоҳида ё гурўҳи (ташкилоти) террористӣ истифода мешаванд, ё бо мақсади таъминоти молиявии террористи алоҳида ё гурўҳи (ташкилоти) террористӣ, ё барои ташкил, тайёр ва содир намудани ҷиноятҳое, ки дар моддаҳои 179, 1791, 1793, 181, 182, 184, 1841, 1842, 1843, 1844, 185, 193, 194, 1941, 1942, 1943, 1944, 1945, 310 ва 402 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд, истифода мегарданд, ҳамчунин агар ин воситаҳо воқеан барои содир намудани ҷиноятҳои зикршуда истифода нашуда бошанд, инчунин маблағгузории террористи алоҳида ё гурўҳи (ташкилоти) террористӣ, ҳатто агар он бо акт (актҳои) мушаххаси террористӣ алоқаманд набошад; (ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1404)
- мақоми ваколатдор - мақоми давлатӣ, ки мақсад, вазифа ва ваколатҳояш дар соҳаи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом мувофиқи Қонуни мазкур, инчунин дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муайян карда мешаванд; (ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1404)
- амалиёт (аҳд) бо маблағҳои пулӣ ё дигар молу мулк – амалҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки барои муқаррар кардан, тағйир додан ё қатъ намудани ҳуқуқу ӯҳдадориҳои гражданӣ нисбат ба маблағҳои пулӣ ё дигар молу мулк равона гардидааст;
- аҳд ва амалиёти шубҳанок – аҳд ва амалиёт (кӯшиши анҷом додани аҳд ва амалиёт) бо маблағҳои пулӣ ё дигар молу мулк, ки мутобиқи Қонуни мазкур ҳамчун аҳд ва амалиёти шубҳанок муайян ва феҳристи аломатҳои онҳо аз тарафи мақоми ваколатдор тасдиқ шудааст;
- мониторинги молиявӣ - маҷмӯи чорабиниҳое, ки аз ҷониби ташкилотҳо (ташкилотҳое, ки бо маблағҳои пулӣ амалиёт мегузаронанд), мақоми ваколатдор ва мақомоти дигари давлатӣ дар соҳаи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом андешида мешаванд; (ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1404)
- назорати ҳатмӣ - маҷмӯи чораҳои андешидаи мақоми ваколатдор барои назорат кардани амалиёт бо маблағҳои пулӣ ё дигар молу мулк дар асоси иттилооти пешниҳодкардаи ташкилотҳое, ки чунин амалиётро анҷом медиҳанд, ҳамчунин санҷиши ин иттилоот мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- назорати дохилӣ – фаъолияти ташкилотҳое, ки бо маблағҳои пулӣ ё дигар молу мулк барои ошкор кардани амалиёти (кӯшиши анҷом додани аҳди шубҳаноки) ҳатман назоратшаванда ва дигар амалиёт бо маблағҳои пулӣ ва дигар молу мулк вобаста ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом амалиёт анҷом медиҳанд; (ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1404)
- шахсони сиёсии бонуфуз – шахсоне, ки ба онҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (шахсони бонуфузи сиёсии миллӣ) ё дар давлати дигар (шахсони бонуфузи сиёсии хориҷӣ – сарони давлатҳо ё ҳукуматҳо, ходимони баландпояи сиёсӣ, шахсони олии мансабдори ҳукумат, судҳо, қувваҳои мусаллаҳ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва фискалӣ, роҳбарони корхонаҳои давлатӣ, инчунин роҳбарон ва ходимони ҳизбҳои сиёсӣ ва иттиҳодияҳои динӣ, шахсоне, ки ба онҳо вазифаҳои муҳими ташкилоти байналмилалӣ бовар карда шудааст) вазифаҳои муҳими давлатӣ пешниҳод шудаанд, аз ҷумла шахсони собиқ дар ин мансабҳо фаъолиятнамуда ва хешовандони наздики онҳо; (ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1404)
- молик-бенефитсиар (манфиатгир) – як ё якчанд шахси воқеӣ, ки бевосита ё бавосита соҳиби моликият (соҳиби зиёда аз 25 фоиз иштироки афзалиятнок дар сармояи муштарӣ ё миқдори умумии саҳмияҳои муштарӣ бо ҳуқуқи овоз) мебошанд ё муштарӣ ва/ё шахсеро, ки ба манфиати онҳо аҳд/амалиёт анҷом дода мешавад, воқеан назорат мекунанд, инчунин шахсоне, ки шахси ҳуқуқиро назорат мекунанд; (ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1404)
- бонки ниҳонӣ – бонке, ки бо тартиби муқаррарнамудаи қонун ба қайд гирифташуда, иҷозатнома гирифтааст, вале воқеан вуҷуд надорад ва бо ягон гурӯҳи молиявии танзимшаванда, ки бояд таҳти назорати муштарак қарор гирад, муттаҳид нашудааст;
- минтақаҳои оффшорӣ - давлат ва ҳудуде, ки ба ғайрирезидентҳо (шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии хориҷӣ) тартиби низоми имтиёзноки андозсупориро пешниҳод менамояд ва (ё) ошкор ва пешниҳоди маълумотро ҳангоми гузаронидани амалиётҳои молиявӣ бо маблағҳои пулӣ ва дигар молу мулк пешбинӣ намекунад;
- траст – интиқоли маблағҳои пулӣ ё дигар молу мулк аз тарафи як шахс (муассиси траст) ба шахси дигар (мудир) дар асоси боварӣ ба шарте, ки мудир дар кори худ нисбат ба ин маблағҳои пулӣ ё дигар молу мулк талаботу дастурҳои муассиси трастро ба роҳбарӣ мегирад;
- муштарӣ – шахси воқеӣ ё ҳуқуқие, ки аз хизматрасонии ташкилоти бо маблағҳои пулӣ ё молу мулки дигар амалиёт анҷомдиҳанда бархурдор аст, инчунин шахси дигаре, ки тибқи ваколатҳо ўҳдадориҳои ба ў боваркардашударо амалӣ менамояд; (ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1404)
- хавф – маҷмўи таҳдидҳо, осебпазирӣ ва фарорасии оқибатҳо барои ташкилотҳои бо маблағҳои пулӣ ё дигар молу мулк амалиёт анҷомдиҳанда бо мақсади истифода дар қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом ҳангоми пешниҳоди хизматрасонӣ ба онҳо мутобиқи хусусияти фаъолияташон; (ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1404)
- ғайрифаъолгардонии маблағҳои пулӣ, коғазҳои қиматнок ё молу мулки дигар – ба ташкилотҳои бо маблағҳои пулӣ ё молу мулки дигар амалиёт анҷомдиҳанда манъ кардани интиқол, мубодила, ихтиёрдорӣ ва амалиёти дигар бо маблағҳои пулӣ, коғазҳои қиматнок ё молу мулки дигари ба муштарӣ тааллуқдошта, ки ба рўйхати ташкилот ва шахсони воқеӣ дохил карда шуда, оид ба даст доштани онҳо ба фаъолияти террористӣ, аз ҷумла маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом маълумоти кофӣ мавҷуд аст; (ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1404)
- идорасозии хавфҳо – тадбирҳои аз ҷониби ташкилотҳое, ки бо маблағҳои пулӣ ё молу мулки дигар амалиёт анҷом медиҳанд, барои ташкил ва таъмини фаъолияти низоми идорасозии хавфҳо, ки аз ҷумла муайян (ошкорсозӣ), баҳодиҳӣ (андоза намудан) мониторинг, назорати хавфҳоро бо мақсади коҳиш додани онҳо пешбинӣ менамоянд; (ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1404)
- таҳримҳои байналмилалӣ– таҳримҳое, ки аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи шартномаҳои байналмилалӣ эътироф карда мешаванд; (ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1404)
- мушаххаскунии муштарӣ – гирифтани маълумоти мушаххаскунанда аз тарафи ташкилоте, ки бо маблағҳои пулӣ ё дигар молу мулк амалиёт анҷом медиҳад, аз муштарӣ (намояндаи муштарӣ); (ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1404)
- маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом – амалҳо оид ба пешниҳод, ҷамъоварӣ ё истифодаи ҳама гуна дороиҳо барои паҳнкунии силоҳи қатли ом, ки барои анҷом додани онҳо таҳримҳои байналмилалӣ пешбинӣ шудаанд. (ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1404)
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи муқовимат ба қонунигардонии
(расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм
ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом
(ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1404)
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад. (ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1404)
Моддаи 3. Доираи амали Қонуни мазкур
БОБИ 2.
ПЕШГИРИИ ҚОНУНИГАРДОНИИ (РАСМИКУНОНИИ) ДАРОМАДҲОИ
БО РОҲИ ҶИНОЯТ БАДАСТОВАРДА, МАБЛАҒГУЗОРИИ ТЕРРОРИЗМ ВА МАБЛАҒГУЗОРИИ ПАҲНКУНИИ СИЛОҲИ ҚАТЛИ ОМ
(ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1404)
Моддаи 4. Ташкилотҳое, ки бо маблағҳои пулӣ ё дигар молу мулк амалиёт анҷом медиҳанд
Ташкилотҳое, ки бо маблағҳои пулӣ ё дигар молу мулк амалиёт мегузаронанд, инҳоянд:
1) ташкилотҳои қарзӣ;
2) иштирокчиёни касбии бозори коғазҳои қиматнок;
3) ташкилотҳои суғурта ва иҷораи молиявӣ (лизинг);
4) ташкилотҳои алоқаи почта;
5) ломбардҳо;
6) ташкилотҳое, ки молу мулки ғайриманқул, фулузоту сангҳои қиматбаҳо ва маснуоти заргарӣ, инчунин шикастапораҳои ин маснуотро харидуфурӯш мекунанд;
7) ташкилотҳое, ки тотализатор ва идораҳои букмекерӣ доранд, инчунин бозиҳои лотерея ва дигар бозиҳои бурднокро барпо мекунанд, ки дар онҳо ташкилкунанда дар байни иштирокчиён фонди ҷоизавӣ, аз ҷумла дар шакли электронӣ мегузорад;
8) ташкилотҳое, ки фондҳои сармоягузорӣ ё фондҳои ғайридавлатии нафақаро идора мекунанд;
9) адвокатҳо, шахсоне, ки фаъолияти нотариалиро анҷом медиҳанд, дигар ҳуқуқшиносон ва муҳосибони мустақил, соҳибкорони инфиродие, ки ҳангоми омода ё анҷом додани аҳдҳои муштариёни худ барои харидуфурӯши молу мулки ғайриманқул, идоракунии маблағҳои пулӣ, коғазҳои қиматнок ё дигар молу мулки муштариён хизмати ҳуқуқӣ мерасонанд, идоракунии суратҳисобҳои бонкӣ, амонатӣ ё суратҳисоби коғазҳои қиматнок, инчунин ҷамъи маблағҳо барои таъсис, таъмини фаъолият ё идора кардани ширкатҳо ва таъсиси онҳо, таъмини фаъолият ё идоракунии шахси ҳуқуқӣ ё ташкили хариду фурӯши корхонаҳоро анҷом медиҳанд;
10) ширкатҳои аудиторӣ, аудиторҳои инфиродӣ;
11) ташкилотҳое, ки барои траст ё ташкили ширкатҳо хизмати худро пешниҳод мекунанд;
12) нуқтаҳои мубодилаи асъори ташкилотҳои қарзӣ; (ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1404)
13) хадамоти гумрук, ки дар сарҳади Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамлу нақли маблағҳои пулии нақд ва ҳуҷҷатҳои муомилоти манзурии резидентҳо ва ғайрирезидентҳоро назорат мекунад.
Моддаи 5. Чораҳои муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи
ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом
(ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1404)
1) назорати дохилӣ;
2) назорати ҳатмӣ;
3) манъи додани иттилоот ба муштариён ва дигар шахсон (ба истиснои кормандони мақомоти назоратӣ) оид ба чораҳое, ки барои муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм андешида мешаванд;
4) чораҳои дигаре, ки мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон андешида мешаванд.
1) шахсияти муштариро муайян ва санҷиш кунанд, яъне баъзе чорабиниҳоро барои муайян кардани шахсияти муштарӣ - шахси воқеӣ (насаб, ном, номи падар (ба шарте, ки аз қонун ё одатҳои маъмул чизи дигар барнаояд), шаҳрвандӣ, мушаххасоти ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият, маълумоти корти муҳоҷират, ҳуҷҷате, ки ҳуқуқи шаҳрванди хориҷӣ ё шахси бешаҳрвандиро ба будубош (истиқомат) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад, нишонии ҷойи истиқомат (ҷойи қайд) ё ҷойи будубош, рақами мушаххаси андозсупоранда, рақами суратҳисоб (агар бошад); шахси ҳуқуқӣ (ном, рақами мушаххаси андозсупоранда ё рамзи ташкилоти хориҷӣ ё рақами давлатии қайд, ҷойи бақайдгирии давлатӣ ва њуќуќ ва моликият, инчунин нишонии маҳалли ҷойгиршавӣ) анҷом диҳанд; (ЌЉТ аз 13.06.13с., №967)
2) шахсияти молик-бенефитсиарро муайян намоянд ва бисанҷанд;
3) дар бораи ҳадафҳо ва хусусияти эҳтимолии муносибатҳои корӣ маълумот гиранд;
4) муносибатҳои кориро мунтазам тафтиш карда, дар рафти амалӣ намудани ин гуна муносибатҳо амалиёти бо маблағҳои пулӣ ва дигар молу мулк иҷрошавандаро амиқ омӯзанд, то амалиёти иҷрошаванда ба маълумоти ташкилот дар бораи муштарӣ, фаъолияти вай ва хусусияти ҳадафҳо мувофиқат кунанд; (ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1404)
5) на камтар аз як маротиба дар се сол маълумотеро, ки дар бораи муштарӣ мутобиқи бандҳои 1-3 қисми 2 моддаи мазкур гирифта шудааст, нав намоянд.
6) талаботи бандҳои 1) ва 2) қисми 2 моддаи мазкурро тибқи дастурамали қабулнамудаи мақоми ваколатдор амалӣ намоянд; (ЌЉТ аз 13.06.13с., №967)
7) Ташкилотҳое, ки бо маблағҳои пулӣ ё дигар молу мулк амалиёт мегузаронанд, ҳуқуқ надоранд дар иҷрои муқаррароти бандҳои 1-3 ва 5 қисми 2 моддаи мазкур дар ҷараёни санҷиши дахлдори муштарӣ ё ҳангоми пешниҳоди ташкилот ба миёнаравон ё тарафи дигари сеюм умед банданд;
8) мушаххаскунии муштарӣ ва омўзиши фаъолияти молиявии ў ҳангоми шубҳа доштан ба алоқамандии амалиёти молиявӣ бо қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ё ба маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом, ҳамчунин ҳангоми гузарондани амалиёти молиявии якдафъаина бо муштариён ба маблағи баробар ба андозаи муайяннамудаи қисми 1 моддаи 6 Қонуни мазкур ё зиёда аз он. (ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1404)
1) ҳангоми ба роҳ мондани муносибатҳои корӣ;
2) ҳангоми анҷом додани ҳар гуна аҳди якдафъаина, ки маблағаш аз ҳадди дар моддаи 6 Қонуни мазкур муқарраршуда зиёд мебошад;
3) ҳангоми ба қонунигардонии (расмкунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва (ё) маблағгузории фаъолияти террористӣ гумонбар шудан;
4) дар ҳолате, ки шахси пешниҳодкунандаи маълумот ба дурустӣ ва мутобиқати маълумоти қаблӣ доир ба шахсияти муштарӣ дастрасшуда шубҳа дошта бошад.
Моддаи 6. Амалиёт бо маблағҳои пулӣ ва бо молу мулки дигар, ки бояд зери назорати ҳатмӣ
қарор дошта бошанд
1) барои амалиёти дар бандҳои 1 ва 2 қисми 2 моддаи мазкур пешбинигардида – ба маблағи баробар ба 350 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё зиёда аз он ё баробар ба маблағи асъори хориҷии ҳамарзиши 350 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё зиёда аз он; (ҚҶТ аз 26.07.14с., №1100)
2) барои амалиёти дар бандҳои 3–17 ва 20 қисми 2 моддаи мазкур пешбинигардида – ба маблағи баробар ба 1 750 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё зиёда аз он ё баробар ба маблағи асъори хориҷии ҳамарзиши 1 750 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё зиёда аз он; (ҚҶТ аз 26.07.14с., №1100; (ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1404)
3) барои амалиёти дар бандҳои 18 ва 19 қисми 2 моддаи мазкур пешбинигардида – ба маблағи баробар ба 12 500 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё зиёда аз он ё баробар ба маблағи асъори хориҷии ҳамарзиши 12 500 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё зиёда аз он; (ҚҶТ аз 26.07.14с., №1100)
4) барои амалиёти дар банди 21) қисми 2 моддаи мазкур пешбинигардида ба маблағи баробар ба 80 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё зиёда аз он ва ё баробар ба маблағи асъори хориҷии ҳамарзиш ба 80 нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё зиёда аз он. (ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1404)
1) гирифтани бурди бозӣ дар натиҷаи иҷрои шарт, қиморбозӣ, инчунин лотерея, аз ҷумла дар шакли электронӣ;
2) харидуфурӯш ва мубодилаи асъори нақди хориҷӣ тавассути нуқтаҳои мубодилаи асъор;
3) гирифтани пул бо чек ё вексел, ҳамчун амалиёти якдафъаина ва ҳам амалиёте, ки дар давоми ҳафт рӯзи пайдарпайи тақвимӣ анҷом дода мешавад;
4) мубодилаи пулҳои коғазии арзишашон якхела ба пулҳои коғазии арзишашон гуногун, ҳамчун амалиёти якдафъаина ва ҳам амалиёте, ки дар давоми ҳафт рӯзи пайдарпайи тақвимӣ анҷом дода мешавад;
5) аз суратҳисоби бонкӣ гирифтан ё ба суратҳисоби муштарӣ гузаронидани пул, ҳамчун амалиёти якдафъаина ва ҳам амалиёте, ки дар давоми ҳафт рӯзи пайдарпаи тақвимӣ анҷом дода мешавад;
6) ба суратҳисоби бонкии муштарӣ ворид кардан ё интиқол додани пул аз тарафи шахсони воқеӣ ё ҳуқуқие, ки дар минтақаи оффшорӣ ба қайд гирифта шуда, дар он ҷо маҳалли зист ё ҷойи будубош доранд ва дар бонке, ки дар минтақаи оффшорӣ ба қайд гирифта шудааст, суратҳисоб доранд ё интиқоли маблағ аз тарафи муштарӣ ба манфиати гурӯҳи шахсони зикршуда, ҳамчун амалиёти якдафъаина ва ҳам амалиёте, ки дар давоми ҳафт рӯзи пайдарпаи тақвимӣ анҷом дода мешавад;
7) интиқоли пул ба хориҷа ба суратҳисобҳои (ба амонатҳои) барои молики номаълум кушодашуда ва ворид шудани пул аз хориҷа аз суратҳисоби (пасандози) ба номи молики номаълум кушодашуда, ки ҳамчун амалиёти якдафъаина ва ҳам амалиёте, ки дар давоми ҳафт рӯзи пайдарпаи тақвимӣ анҷом дода мешавад;
8) кушодани суратҳисоби амонатӣ (пасандоз) ба фоидаи шахси сеюм ва (ё) ворид кардани пул ба ин суратҳисоб, ҳамчун амалиёти якдафъаина ва ҳам амалиёте, ки дар давоми ҳафт рӯзи пайдарпаи тақвимӣ анҷом дода мешавад;
9) пардохтпулӣ ва интиқоли пул, ки муштарӣ ба фоидаи шахси дигар ройгон анҷом медиҳад;
10) хариди (фурӯши) сарватҳои фарҳангӣ, ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид намудан ё аз он берун бурдани онҳо;
11) амалиёти иҷронамудаи шахсони ҳуқуқӣ, ки аз лаҳзаи бақайдгирии давлатии онҳо на камтар аз се моҳ гузаштааст;
12) ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид кардан ё аз Ҷумҳурии Тоҷикистон берун бурдани асъори нақд, ба истиснои ворид ё берун бурдани он аз тарафи Бонки миллии Тоҷикистон, бонкҳои тиҷоратӣ ва корхонаи ба хизматгузории почта алоқаманд;
13) анҷом додани пардохти суғурта ё гирифтани мукофоти суғурта;
14) ба фондҳои андӯхти нафақа ворид намудан, интиқол додани саҳмияи ихтиёрии нафақа, инчунин пардохтпулиҳои нафақа аз фондҳои андӯхти нафақа аз ҳисоби ҳақгузориҳои ихтиёрии нафақа;
15) гирифтани молу мулк ё додани он аз рӯи шартномаи иҷораи молиявӣ (лизинг);
16) аҳдҳо барои хизматрасонӣ, аз ҷумла пудратӣ, ҳамлу нақл, экспедитсияи нақлиётӣ, нигаҳдорӣ, комиссия, дар асоси боварӣ идора кардани молу мулк;
17) хариду фурӯш ва дигар амалиёт бо фулузоту сангҳои қиматбаҳо ва маснуоти онҳо;
18) аҳдҳо бо молу мулки ғайриманқул ва дигар молу мулке, ки аз қайди давлатӣ гузаштанашон ҳатмист;
19) аҳдҳо бо коғазҳои қиматнок;
20) интиқоли маблағ бе кушодани суратҳисоби бонкӣ; (ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1404)
21) интиқоли электронии маблағҳо. (ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1404)
1) анҷом додани аҳдҳое, ки мақсади муайяни иқтисодӣ надоранд;
2) иҷрои амалҳое, ки барои саркашӣ аз расмиёти мониторинги молиявӣ, ки Қонуни мазкур пешбинӣ кардааст, равона шудаанд;
3) мавҷуд будани асосҳои мақбул ё шубҳаноки ташкилоте, ки бо маблағҳои пулӣ ё дигар молу мулк амалиёт мегузаронад, дар бораи он ки аҳдҳо бо мақсади қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом анҷом дода мешаванд. (ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1404)
1) ҳукми эътибори қонунӣ пайдокардаи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба гунаҳгор донистани шахси воқеӣ дар содир намудани ҷинояти дорои хусусияти террористӣ;
2) қарори эътибори қонунӣ пайдокардаи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи барҳамдиҳӣ ё манъи фаъолияти шахси ҳуқуқӣ, бинобар аз тарафи вай анҷом дода шудани фаъолияти экстремистӣ;
3) аризаи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё прокурорҳои тобеи ӯ ба суд оид ба боздоштани фаъолияти шахси ҳуқуқӣ ва ба ҷавобгарӣ кашидани вай барои фаъолияти террористӣ;
4) қарори муфаттиш ё прокурор дар бораи оғози парвандаи ҷиноятӣ нисбат ба шахсе, ки ҷинояти дорои хусусияти террористӣ содир намудааст;
5) дохил кардан ба рӯйхати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии бо ташкилотҳои террористӣ ё террористон алоқаманд, ки аз ҷониби ташкилотҳои байналмилалии бар зидди терроризм муборизабаранда ё аз тарафи мақомоти ваколатдоркардаи онҳо, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, тасдиқ карда мешавад.
6) ҳукмҳои (ҳалномаҳои) судҳо ва қарорҳои дигари мақомоти салоҳиятдори давлатҳои хориҷӣ нисбат ба ташкилотҳо ва шахсони воқеие, ки фаъолияти террористӣ анҷом медиҳанд, мутобиқи санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст.
Моддаи 7. Ҳуқуқу ӯҳдадориҳои ташкилотҳое, ки бо маблағҳои пулӣ ё бо дигар молу мулк
амалиёт анҷом медиҳанд
1) шахси таҳти хизмат дар ташкилоте, ки бо маблағҳои пулӣ ва (ё) бо дигар молу мулк амалиёт анҷом медиҳад, қарордоштаро муайян кунанд;
2) маълумоти зеринро ҳангоми ба роҳ мондани муносибатҳои корӣ ё кушодани суратҳисоб аз рӯи амалиёт бо маблағҳои пулӣ ё дигар молу мулке, ки бояд ҳатман зери назорат бошанд, дар асоси ҳуҷҷат ба қайд гиранд:
а) намуди амалиёт ва асос барои анҷом додани он;
б) таърихи анҷом додани амалиёт бо маблағҳои пулӣ ва (ё) бо дигар молу мулк, ҳамчунин маблағе, ки бо он амалиёт анҷом дода шудааст;
в) маълумоти зарурӣ барои муайян кардани шахси воқеӣ, ки бо маблағҳои пулӣ ва (ё) бо дигар молу мулк амалиёт анҷом медиҳад (маълумоти шиноснома ё дигар ҳуҷҷате, ки шахсиятро тасдиқ мекунад), рақами мушаххаси андозсупоранда (агар бошад), нишонии маҳалли зист;
г) ном, рақами мушаххаси андозсупоранда (агар бошад), рақами бақайдгирӣ, ҷои бақайдгирӣ ва нишонии маҳалли ҷойгиршавии шахси ҳуқуқие, ки бо маблағҳои пулӣ ва (ё) бо дигар молу мулк амалиёт анҷом медиҳад;
д) маълумоти зарурӣ барои муайян кардани шахси воқеӣ ё ҳуқуқӣ, ки бо супориш ё аз номи ӯ бо маблағҳои пулӣ ё бо дигар молу мулк амалиёт сурат мегирад, рақами мушаххаси андозсупоранда (агар бошад), нишонии маҳалли зисти шахси воқеӣ ё маҳалли ҷойгиршавии шахси ҳуқуқӣ;
е) маълумоти зарурӣ барои муайян кардани намояндаи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки бо маблағҳои пулӣ ва (ё) бо дигар молу мулк аз номи шахси дигар дар асоси ваколатҳои бо боваринома додашуда, қонун ё дар асоси санади мақоми ваколатдори давлатӣ ё худидоракунии шаҳрак ва деҳот амалиёт анҷом медиҳад ва маълумот дар бораи нишонии маҳалли зисти намояндаи шахсони воқеӣ ё ҳуқуқӣ;
ё) маълумоти зарурӣ барои муайян кардани гирандаи маблағ аз рӯи амалиёт бо маблағҳои пулӣ ё дигар молу мулк ва намояндаи вай, аз ҷумла рақами мушаххаси андозсупоранда (агар бошад), нишонии маҳалли зист ва (ё) маҳалли воқеъшавии гиранда ва намояндаи вай, агар инро қоидаҳои анҷом додани амалиёти дахлдор пешбинӣ намуда бошанд;
3) иттилооти дар банди 2 қисми 1 моддаи мазкур нишондодашударо нисбат ба амалиёте, ки бояд ҳатман зери назорат бошад, ба мақоми ваколатдор пешниҳод намоянд. Тартиб ва мӯҳлати пешниҳод намудани маълумотро мақоми ваколатдор муайян мекунад; (ЌЉТ аз 13.06.13с., №967)
4) фавран ба мақоми ваколатдор бо тартиби муқаррарнамуда дар бораи анҷомдиҳии ҳар як аҳд ё амалиёти шубҳаноки муштариёни худ (кўшиши анҷом додани аҳд ё амалиёти шубҳанок) хабар диҳанд; (ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1404)
5) оид ба боздошт, ғайрифаъолгардонӣ ва фаъолгардонии маблағҳои пулӣ ё дигар молу мулки ба ташкилот ё шахси воқеӣ тааллуқдошта, ки дар бораи даст доштани онҳо ба фаъолияти террористӣ, аз ҷумла маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом асосҳои кофӣ мавҷуданд, чораҳо андешанд; (ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1404)
6) оид ба ошкор, баҳодиҳӣ, назорат ва коҳиш додани хавфҳои қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом (аз рўи намуди муштарӣ, мавқеи ҷуғрофии кишвари бақайдгирии муштарӣ ё муассиса, ки тавассути он ў интиқоли (гирифтани) дороиҳо, мол ва хизматрасониро анҷом медиҳад, чораҳои зарурӣ андешанд; (ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1404)
7) ҳангоми ошкор кардани хавфҳо оид ба коҳиш додан ва назорат кардани онҳо чораҳои дахлдор андешанд; (ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1404)
8) бо мақсади идорасозии хавфҳо ҳангоми ба роҳ мондани муносибатҳои корӣ бо муштарӣҳамаи воситаҳои иттилоотӣ, инчунин манбаъҳои байналмилалии эътирофшудаи маълумотро истифода баранд, аз ҷумла он воситаҳои иттилоотие, ки гузарондани амалиёти молиявиро бидуни тамоси мустақим бо муштарӣ таъмин мекунанд. (ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1404)
1) низоми дохилӣ оид ба санҷиши дахлдори муштариён ва нигоҳдории маълумоте, ки дар натиҷаи чунин санҷиш ба даст омадааст;
2) низом ва дастур оид ба ошкор кардани амалиёт бо маблағҳои пулӣ ё дигар молу мулке, ки бояд ҳатман назорат шавад;
3) тартиби интихоб ҳангоми киро кардани кормандон;
4) талаботи тахассусӣ барои омодасозӣ ва таълими кормандон, барномаи таълимии кормандон;
5) на кам аз як маротиба дар ду сол омодасозӣ ва бозомўзии кормандон дар самти муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом; (ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1404)
6) тартиби аудити дохилӣ барои санҷиши низоми чораҳо дар ташкилотҳо оид ба муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм. Ташкилотҳое, ки бо маблағҳои пулӣ ва (ё) бо дигар молу мулк амалиёт анҷом медиҳанд, қоидаҳои назорати дохилиро бо назардошти тавсияҳои тасдиқкардаи мақоми ваколатдор дар мувофиқа бо мақомоти назоратӣ мутобиқи салоҳияти худ таҳия ва тасдиқ менамоянд; (ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1404)
7) талабот нисбат ба шахси масъул (корманди бахши комплаенс) ва шахсони ўро ивазкунанда, ки барои риояи қоидаҳои назорати дохилӣ дар самти муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом, оид ба ошкорсозӣ, баҳодиҳии хавфҳо ва механизмҳои коҳиш додани онҳо масъул мебошад. (ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1404)
1) агентҳои амволи ғайриманқул вақте ки онҳо ба амалиёти хариду фурӯши амволи ғайриманқул барои муштарии худ ҷалб шудаанд;
2) дилерҳои фулузоти қиматбаҳо сангҳои қиматбаҳо - вақте ки онҳо ба ҳар гуна амалиёт бо маблағҳои нақд бо муштарӣ баробари ҳадди муқарраршуда ё зиёда аз он ҷалб шудаанд;
3) адвокатҳо, нотариусҳо, дигар ҳуқуқшиносу муҳосибони мустақил - вақте ки онҳо барои муштарии худ нисбат ба намудҳои зерини фаъолият амалиёт омода мекунанд ё анҷом медиҳанд:
а) хариду фурӯши амволи ғайриманқул;
б) идора кардани маблағҳои пулӣ, коғазҳои қиматнок ё дигар амволи муштарӣ;
в) идора кардани суратҳисобҳои бонкӣ, амонатӣ ё суратҳисоби коғазҳои қиматнок;
г) ташкил намудани ҳақгузориҳо барои таъсис, фаъолият ё идора кардани ширкатҳо;
д) таъсис, фаъолият ё идора кардани шахсони ҳуқуқӣ ё ташкилотҳо, инчунин харидуфурӯши корхонаҳо.
4) ташкилотҳое, ки хизмати трастӣ ё барои ташкили ширкат хизмат мерасонанд, - вақте ки онҳо барои муштарӣ нисбат ба фаъолияти зерини номбаршуда амалиёти молиявӣ омода мекунанд ё онро анҷом медиҳанд:
а) ба сифати агент оид ба таъсиси шахси ҳуқуқӣ амал мекунанд;
б) ба сифати директор ё котиби ширкат, шарики рафоқат амал мекунанд (ё барои дигар шахсон ташкил мекунанд, ки онҳо ба ин сифатҳо амал намоянд) ё ҳамин гуна мавқеъро нисбат ба дигар шахсони ҳуқуқӣ ишғол мекунанд;
в) офиси бақайдгирифта; нишонии ҳуқуқӣ ё бино, нишонии муросилотӣ ё маъмурӣ барои ширкат, рафоқат ё ҳар гуна шахси дигари ҳуқуқӣ ё ташкилот пешниҳод мекунанд;
г) ба сифати мудири фонди ба боварӣ асосёфта амал мекунанд (ё имконият муҳайё мекунанд, ки дигар шахсон ба ин сифат амал кунанд);
д) ба сифати саҳмиядори номиналӣ барои шахси дигар амал мекунанд (ё имконият муҳайё мекунанд, ки дигар шахсон ба ин сифат амал намоянд).
Моддаи 8. Мақомоти танзим ва назорати давлатӣ дар соҳаи пешгирӣ ва муқовимат ба
қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда,
маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом
(ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1404)
1) ташкилотҳои қарзӣ ва суғуртавӣ - аз тарафи Бонки миллии Тоҷикистон (ҚҶТ аз 17.05.2018 с., № 1521);
2) иштирокчиёни касбии бозори коғазҳои қиматнок, ташкилотҳое, ки фулузоту сангҳои қиматбаҳо, маснуоти заргарӣ ва шикастапораҳои ин гуна маснуотро хариду фурӯш мекунанд, ширкатҳои аудиторӣ ва аудиторони мустақил, муҳосибони хусусӣ, ломбардҳо, ташкилотҳое, ки биноҳо барои бозиҳо, тотализаторҳо ва муассисаҳои букмекерӣ доранд, инчунин ташкилотҳое, ки бозии лотерея ва дигар бозиҳои бурднок мегузаронанд ва дар онҳо ташкилкунанда ҷоизаро дар байни иштирокчиён, аз ҷумла дар шакли электронӣ ба бозӣ мегузорад – аз тарафи Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҚҶТ аз 17.05.2018 с., № 1521);
3) нотариусҳо, иттиҳодияҳои ҷамъиятие, ки ба онҳо пардохтҳои ихтиёрӣ ва хайрияҳо, грантҳо, молу мулк аз ҷониби давлатҳои хориҷӣ, шахсони ҳуқуқии хориҷӣ, шахсони ҳуқуқӣ, ки бо иштироки субъектҳои хориҷӣ таъсис ёфтаанд, ташкилотҳои байналмилалӣ ва ҳаракатҳои ҷамъиятии байналмилалӣ, инчунин ба воситаи дигар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ворид мешаванд ва бояд дар феҳристи кумаки башардўстона ба иттиҳодияҳои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон сабт карда шаванд – аз тарафи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон; (ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1404)
4) корхонаи бо хизматгузории почта алоқаманд (дар робита ба интиқоли пул) - аз тарафи Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон; (ЌЉТ аз 13.06.13с., №967)
5) биржаи мол ва дигар биржаҳое, ки бо мол амалиёти молиявӣ мегузаронанд – аз тарафи Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон;
6) хадамоти гумрук, ки дар сарҳади Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳамлу нақли маблағҳои пулии нақд ва ҳуҷҷатҳои муомилотӣ назорат мекунанд - аз тарафи Хадамоти гумруки назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
7) назорати иҷрои ӯҳдадориҳои андоз - аз тарафи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон; (ЌЉТ аз 13.06.13с., №967)
8) дигар субъектҳои мониторинги молиявӣ, ки Қонуни мазкур барои онҳо мақомоти ҳокимияти давлатиро, ки фаъолияти онҳоро танзим ва назорат менамояд, муайян накардааст – аз тарафи мақоми ваколатдор.
Моддаи 9. Боздоштани амалиёт
Моддаи 10. Ӯҳдадориҳои ташкилотҳое, ки бо маблағҳои пулӣ ва дигар молу мулк ҳангоми
хизматрасонии шахсони бонуфузи сиёсӣ амалиёт мегузаронанд
(ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1404)
Ташкилотҳое, ки бо маблағҳои пулӣ ва дигар молу мулк илова ба чораҳои пешбиникардаи моддаи 5 Қонуни мазкур оид ба санҷиши зарурии муштариён амалиёт мегузаронанд, ӯҳдадоранд:
1) барои ошкор намудани шахсони бонуфузи сиёсӣ аз байни шахсони воқеие, ки ба онҳо хизмат расонида мешавад ё барои хизматрасонӣ қабул карда мешаванд, дар шароити мавҷуда чораҳои асоснок ва дастрас андешанд; (ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1404)
2) Ба шахсони сиёсии бонуфузи хориҷӣ танҳо дар асоси иҷозати хаттии роҳбари ташкилоте, ки бо маблағҳои пулӣ ва дигар молу мулк амалиёт мегузаронад ё бо иҷозати хаттии муовини ӯ, инчунин роҳбари шӯъбаи алоҳидаи ташкилот, ки бо маблағҳои пулӣ ва дигар молу мулк амалиёт мегузаронад ва ба вай аз тарафи роҳбари ин ташкилот ё муовини вай ваколатҳои дахлдор дода шудааст, хизмат расонанд.
3) дар ҳолати ошкор намудани манбаи пайдоиши маблағҳои пулӣ ва дигар молу мулки шахсони сиёсии бонуфузи хориҷӣ чораҳои асоснок ва дастрас андешанд;
4) маълумоти дар ихтиёрдоштаи ташкилотеро, ки бо маблағҳои пулӣ ва дигар молу мулк амалиёт мегузаронад, оид ба хизматрасонии шахсони сиёсии бонуфузи хориҷӣ мунтазам нав намоянд;
5) ба амалиёт бо маблағҳои пулӣ ё дигар молу мулке, ки дар ташкилоти бо маблағҳои пулӣ ё дигар молу мулк сарукордошта ба шахсони сиёсии бонуфузи хориҷӣ, хешовандони наздики онҳо - зан (шавҳар), фарзандон, падару модар, бародарон, хоҳарон, инчунин падару модар, бародарон, хоҳарон ва фарзандони (зан (шавҳар), қудоҳо, ҳамчунин дигар шахсоне, ки бо шахси ба иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ё шахси ба он баробар кардашуда якҷоя зиндагӣ карда, хоҷагии умумӣ мебаранд, писархондкунанда, фарзандхондагон) ё аз номи ин шахсон анҷом дода мешавад, таваҷҷӯҳи хосса зоҳир намоянд, агар дар ташкилоти қарзӣ ба онҳо хизмат расонида шавад.
Моддаи 11. Чораҳо оид ба муносибатҳои фаромарзии муросилотӣ
Ташкилотҳои қарзӣ барои пешгирӣ намудани истифодаи муносибатҳои фаромарзии муросилотии бонкӣ бо мақсади қонунигардонии (расмикунонии) маблағҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом мутобиқи тартиби муайяннамудаи Бонки миллии Тоҷикистон чораҳо меандешанд. (ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1404)
БОБИ 3.
ТАШКИЛИ ФАЪОЛИЯТ ОИД БА МУҚОВИМАТ БА ҚОНУНИГАРДОНИИ
(РАСМИКУНОНИИ) ДАРОМАДҲОИ БО РОҲИ ҶИНОЯТ БАДАСТОВАРДА, МАБЛАҒГУЗОРИИ ТЕРРОРИЗМ ВА МАБЛАҒГУЗОРИИ ПАҲНКУНИИ СИЛОҲИ ҚАТЛИ ОМ
(ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1404)
Моддаи 12. Мақоми ваколатдор
Моддаи 13. Ҳуқуқу ӯҳдадориҳои мақоми ваколатдор
1) аз ташкилотҳое, ки бо маблағҳои пулӣ ва дигар молу мулк амалиёт анҷом медиҳанд ва инчунин аз мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми маълумот ва ҳуҷҷатҳое, ки бояд мувофиқи муқаррароти Қонуни мазкур ҷамъ карда ва нигоҳ дошта шаванд, дархост намояд;
2) дар бораи боздоштани амалиёт бо пул ва (ё) дигар молу мулк дар ҳолати ошкор гардидани аломатҳои қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом дар мӯҳлати муқарраркардаи моддаи 9 қарор барорад; (ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1404)
3) дар таҳияи лоиҳаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом иштирок намояд; (ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1404)
4) тибқи дархост ё бевосита бо мақомоти давлатҳои хориҷӣ дар соҳаи муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом бевосита ё аз рӯи дархост ҳамкорӣ кунад; (ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1404)
5) ба кор, аз ҷумла дар асоси шартнома ташкилотҳои илмию таҳқиқотӣ ва дигар ташкилотҳо, инчунин мутахассисони алоҳидаро барои гузарондани ташхис, таҳияи барномаҳои таълимӣ, маводи методӣ, таъмини барномавию иттилоотӣ, ташкили низоми иттилоотӣ дар соҳаи мониторинги молиявӣ бо риояи талаботи ҳифзи сирри давлатӣ, хизматӣ, тиҷоратӣ, бонкӣ ва дигар сирри бо қонун ҳифзшаванда ҷалб намояд;
6) ба мақомоти дахлдори давлатӣ дар бораи риоя накардани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом огоҳинома ирсол намояд; (ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1404)
7) бо дархости мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ё ба таври мустақим ҳангоми мавҷуд будани асосҳои кофӣ дар хусуси он, ки амалиёт ё аҳдҳои шубҳанок ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом вобаста мебошанд, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мутобиқи ваколатҳои онҳо иттилоот пешниҳод намояд. (ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1404)
1) доир ба муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом чораҳо андешад; (ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1404)
2) низоми дахлдори нигоҳдорӣ, ҳифзи маълумоти дар рафти фаъолият дастрасшударо, ки сирри хизматӣ, тиҷоратӣ, бонкӣ ё дигар сирри бо қонун ҳифзшаванда мебошад, таъмин намояд;
3) риояи ҳуқуқҳо ва манфиатҳои қонунии инсон ва шаҳрванд, шахсони ҳуқуқӣ ва давлатро дар ҷараёни мониторинги молиявӣ таъмин намояд;
4) пешбурди маълумоти омориро дар асоси иттилооте, ки аз мақомоти дахлдори давлатӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ оид ба масъалаҳои марбут ба самаранокии низоми муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом гирифта шудааст, ба роҳ монад. (ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1404)
Моддаи 14. Ҳамкории мақоми ваколатдор бо мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
1) маълумоти заруриро ба мақоми ваколатдор барои мониторинги молиявӣ ва муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом бо тартиби муайянкардаи мақоми ваколатдор пешниҳод намоянд; (ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1404)
2) низоми дахлдори нигаҳдорӣ ва ҳифзи маълумоти дар рафти ҳамкорӣ бо мақоми ваколатдор дастрасшударо, ки сирри хизматӣ, тиҷоратӣ, бонкӣ ё дигар сирри бо қонун ҳифзшаванда мебошад, таъмин намоянд;
3) риояи ҳуқуқҳо ва манфиатҳои қонунии инсон ва шаҳрванд, шахсони ҳуқуқӣ ва давлатро дар ҷараёни иҷрои вазифаҳои назоратӣ таъмин намоянд;
4) ба мақоми ваколатдор дар бораи натиҷаҳои санҷиш, таҳқиқу тафтише, ки аз рўйи ҷавоби дархостҳои аз мақоми ваколатдор гирифташуда гузаронда шудааст, иттилоот пешниҳод намоянд. (ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1404)
1) мақоми ваколатдорро ҳангоми мустақилона ошкор кардани маълумот оид ба амалиёти шубҳаовари марбут ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом хабардор намоянд; (ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1404)
2) ҳангоми мустақилона ошкор кардан ба мақоми ваколатдор дар бораи вайрон карда шудани меъёрҳои Қонуни мазкур аз тарафи ташкилотҳое, ки бо маблағҳои пулӣ ва дигар молу мулк амалиёт анҷом медиҳанд, хабар диҳанд;
3) истифодаи низоми иттилоотӣ ва махзани маълумоти худро ба мақоми ваколатдор иҷозат диҳанд.
Моддаи 141. Таъсиси комиссияи байниидоравии доимоамалкунанда
Бо мақсади ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти дахлдори давлатӣ дар татбиқи стандартҳои муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом аз ҳисоби намояндагони вазорату идораҳои дахлдор комиссияи байниидоравии доимоамалкунанда таъсис дода мешавад, ки ҳайат ва Низомномаи онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд. (ЌЉТ аз 13.06.13с., № 968; (ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1404)
БОБИ 4.
ҲАМКОРИИ БАЙНАЛМИЛАЛӢ ДАР СОҲАИ МУҚОВИМАТ БА ҚОНУНИГАРДОНИИ (РАСМИКУНОНИИ) ДАРОМАДҲОИ БО РОҲИ ҶИНОЯТ БАДАСТОВАРДА, МАБЛАҒГУЗОРИИ ТЕРРОРИЗМ ВА МАБЛАҒГУЗОРИИ ПАҲНКУНИИ СИЛОҲИ ҚАТЛИ ОМ
(ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1404)
Моддаи 15. Мубодилаи иттилоот ва ёрии ҳуқуқӣ
Мақоми ваколатдор ва дигар мақомоти давлатӣ, ки дар самти муқовимат ба қонунигардонии (расмикунонии) даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда, маблағгузории терроризм ва маблағгузории паҳнкунии силоҳи қатли ом фаъолият мекунанд, ба мақомоти салоҳиятдори давлатҳои хориҷӣ дархостҳо оид ба пешниҳод намудани маълумоти зарурӣ ирсол менамоянд ва ба дархостҳои мақомоти салоҳиятдори мазкур бо тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё дар асоси принсипи мутақобила ҷавоб пешниҳод менамоянд. (ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1404)
Моддаи 16. Ҳамкории байналмилалии мақомоти ваколатдор
БОБИ 5.
МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
Моддаи 17. Баррасии баҳсҳо
Баҳсҳо вобаста ба татбиқи Қонуни мазкур бо тартиби судӣ ҳал карда мешаванд.
Моддаи 18. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани Қонуни мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Моддаи 19. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
25 марти соли 2011,
№ 684