ҚОНУНИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ОБИ НЎШОКӢ ВА ТАЪМИНИ ОН
(ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1483)
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2010, №12, қ. 1, мод. 829; Қонуни ҶТ аз 02.01.2018 с., №1483)
Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии муносибатҳоро оид ба оби нўшокӣ ва таъмини он муайян намуда, кафолати давлатии таъмини аҳолиро бо оби нўшокӣ муқаррар мекунад.
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
- оби нўшокӣ - обе, ки дар ҳолати табиӣ ё баъди коркард (тоза кардан, безарар гардондан, илова намудани моддаҳои зарурӣ) аз рўи сифати худ ба талаботи меъёрии муқарраршуда ҷавобгў буда, барои нўшидан ва қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти маишии инсон, инчунин барои истеҳсоли озуқа ва маводи тиббӣ истифода мешавад;
- меъёрҳои сифати оби нўшокӣ (талаботи меъёрӣ) – маҷмўи нишондиҳандаҳои имконпазири кимиёвӣ, таркиби микробиологӣ ва хусусиятҳои органолептикии оби нўшокӣ (мазза, ранг, бўй, ҳарорат), ки тибқи усулҳои илмию тадқиқотӣ муқаррар ва бо қоидаҳои санитарӣ мураттаб шуда, барои саломатии инсон бехатар ва безарар будани онро кафолат медиҳанд;
- таъмини оби нўшокӣ - фаъолияте, ки бо он талаботи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ба оби нўшокӣ таъмин мегардад;
- манбаи таъмини оби нўшокӣ - обҳои табиӣ (рўизаминӣ ва зеризаминӣ), ки баъди коркарди дахлдор ва ё бе коркард барои таъмини оби нўшокӣ истифода мешаванд;
- шабакаи мутамаркази таъмини оби нўшокӣ (қубурҳои обгузари истифодаи умум) - маҷмўи таҷҳизоту иншоот барои гирифтан, тайёр намудан, нигоҳ доштан ва ба маҳали истеъмол расонидани оби нўшокӣ, ки барои истифодаи оммавии шахсони воқеӣ ва (ё) ҳуқуқӣ дастрас мебошад;
- шабакаи ғайримутамаркази таъмини оби нўшокии истифодаи умум - иншооту таҷҳизот барои гирифтан ва тайёр кардани (ё худ бе тайёр кардани) оби нўшокӣ, бе расонидани он ба маҳали истеъмол, ки барои истифодаи оммавии шахсони воқеӣ ва (ё) ҳуқуқӣ дастрас мебошанд;
- шабакаҳои мухтори таъмини оби нўшокӣ - таҷҳизоту иншоот барои гирифтани оби нўшокӣ ва расонидани (ё нарасонидани) он ба ҷойҳои истеъмолшавӣ, ки дар истифодаи фардӣ қарор доранд (бинои алоҳида, хоҷагии деҳқонӣ (фермерӣ), бўстонсарой ё объекти алоҳидаи дигар); (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1483)
- шабакаи таъмини оби нўшокӣ дар воситаҳои нақлиёт - таҷҳизоту дастгоҳҳое, ки дар воситаҳои нақлиёт барои бо оби нўшокӣ таъмин намудани мусофирон, ҳайати идоракунандаи нақлиёт ва хизматрасон дар самти ҳаракати воситаҳои нақлиёти мусофиркаш ё таъиноти дигар ҷойгир карда шудаанд;
- шабакаи таъмини оби нўшокӣ - ҳама намуди шабакаҳо (мутамарказ, ғайримутамарказ, мухтор ва шабакаҳои таъмини оби нўшокӣ дар воситаҳои нақлиёт) ҳангоми мавҷуд будани меъёрҳои умумӣ;
- эътимоднокии шабакаи таъмини оби нўшокӣ - хусусияти шабакаҳо, ки низоми муайяни (мунтазам, аз рўи нақша, соатбайъи) интиқоли оби нўшокиро ба истеъмолкунандагон мутобиқи меъёрҳои муқарраргардидаи таъмини оби нўшокӣ ва талаботи меъёрӣ нисбат ба сифати оби нўшокӣ таъмин менамояд;
- минтақаҳои ҳифзи санитарии манбаъҳои таъмини оби нўшокӣ ва шабакаҳои он - ҳудудҳо ва акваторияҳое, ки дар онҳо низоми махсуси хоҷагидорӣ ва дигар фаъолият барои пешгирии бад шудани сифати об ва ҳифзи он муқаррар карда мешаванд;
- меъёрҳои истеъмоли оби нўшокӣ - миқдори оби нўшокӣ, ки барои қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти физиологӣ ва маишии як одам дар давоми як шабонарўз дар маҳалли мушаххас, объекти алоҳида ё воситаи нақлиёт ҳангоми мўътадил кор кардани шабакаҳои таъмини оби нўшокӣ, халалдор шудани кори муътадили онҳо ва дар ҳолатҳои фавқулодда зарур мебошад;
- ташкилотҳои таъмини оби нўшокӣ - шахсони ҳуқуқие, ки шабакаи мутамарказ ё ғайримутамаркази таъмини оби нўшокиро идора менамоянд;
- истеъмолкунандагони оби нўшокӣ - шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки оби нўшокиро барои эҳтиёҷоти худ истифода мебаранд.
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи оби нўшокӣ ва таъмини он
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи оби нўшокӣ ва таъмини он ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад. (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1483)
Моддаи 3. Вазифаҳои Қонуни мазкур
Вазифаҳои Қонуни мазкур аз инҳо иборатанд:
- муқаррар намудани кафолатҳои ҳуқуқӣ ва қонеъ гардонидани талаботи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ бо оби нўшокӣ;
- муқаррар намудани асосҳои хоҷагию иқтисодии таъмини оби нўшокӣ;
- муқаррар намудани кафолатҳои давлатии эътимоднокии таъмини оби нўшокӣ, инчунин асосҳои ба ҷавобгарӣ кашидан барои ҳуқуқвайронкунӣ оид ба таъмини оби нўшокӣ.
Моддаи 4. Принсипҳои асосии таъмини оби нўшокӣ
Принсипҳои асосии таъмини оби нўшокӣ аз инҳо иборат мебошанд:
- кафолатҳои давлатӣ дар навбати аввал бо оби нўшокӣ таъмин намудани шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ бо мақсади қонеъ гардонидани талабот ва ҳифзи саломатӣ;
- назорати давлатӣ ва танзими давлатии масъалаҳои таъмини оби нўшокӣ;
- бехатарӣ ва боэътимодии таъмини оби нӯшокӣ; (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1483)
- ҳисоботдиҳии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии масъули таъмини оби нўшокӣ ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ки фаъолияти оид ба истифода ва ҳифзи обро назорат мекунанд, инчунин ба мақомоти ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи гражданӣ дар доираи ваколатҳои онҳо; (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1483)
- таъмини бехатарӣ, боэътимодӣ ва идорашавандагии шабакаҳои таъмини оби нушокӣ бо назардошти хусусиятҳои технологии онҳо ва интихоби манбаи об мутобиқи стандарту меъёрҳои ягонае, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон амал мекунанд; (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1483)
- баҳисобгирӣ дар таъмини оби нўшокӣ;
- музднок будани таъмини оби нўшокӣ;
- дастгирии давлатии рушди шабакаҳои таъмини оби нўшокӣ, истеҳсолу таъмини онҳо бо дастгоҳу маводҳои зарурӣ, аз ҷумла воситаҳои кимиёвӣ барои тоза ва безарар гардонидани оби нўшокӣ.
Моддаи 5. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини оби нўшокӣ
Ба салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини оби нўшокӣ дохил мешавад:
- татбиқи сиёсати давлатӣ оид ба таъмини оби нӯшокӣ; (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1483)
- қабули барномаҳои давлатии рушди шабакаҳои таъмини оби нўшокӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ доир ба масъалаҳои таъмини оби нўшокӣ;
- муайян кардани тартиби баҳисобгирӣ ва ҳисоботдиҳӣ;
- татбиқи сиёсати ягонаи нархгузорӣ оид ба таъмини оби нӯшокӣ; (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1483)
- муайян намудани тартиби назорати давлатӣ;
- ҷудо кардани маблағ аз буҷет ва дигар манбаъҳо барои барқарор намудани шабакаҳои таъмини оби нўшокӣ дар маҳалҳое, ки бар асари ҳолатҳои фавқулодда зарар дидаанд;
- муайян намудани мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба таъмини оби нушокӣ;
- ҳамкории байналмилалӣ оид ба масъалаҳои таъмини оби нўшокӣ.
Моддаи 6. Ваколатҳои мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба таъмини оби нўшокӣ
(ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1483)
Ба ваколатҳои мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба таъмини оби нўшокӣ дохил мешаванд: (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1483)
- таҳияи самтҳои асосии сиёсати давлатӣ оид ба таъмини оби нӯшокӣ ва иштирок дар татбиқи он; (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1483)
- амалигардонии сиёсати ягонаи давлатии илмию техникӣ ҷиҳати таъмин кардани истеъмолкунандагон бо оби нўшокӣ мувофиқи меъёрҳои сифати истеъмоли об;
- ҳамоҳангсозии тадқиқотҳои илмӣ доир ба таъмини оби нўшокӣ, истеҳсоли мавод барои тоза ва безараргардонии оби нўшокӣ ва таъмини маблағгузории онҳо;
- ташкили меъёргузорӣ ва баҳисобгирии истеъмоли об;
- тасдиқ кардани барномаҳои мақсадноки минтақавӣ ва нақшаҳои чорабиниҳо барои ташкил, нигоҳдорӣ ва рушди шабакаҳои обрасонӣ;
- муайян намудани чораҳои ҳифзи манбаъ ва шабакаҳои таъмини оби нўшокӣ;
- ташкили аудити технологию экологии шабакаҳои таъмини оби нўшокӣ; (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1483)
- ташкили таълим, бозомўзии кормандон ва такмили ихтисоси онҳо;
- муайян намудани тартиби сертификатсияи меъёрҳои сифати оби нўшокӣ;
- бо тартиби муқарраршуда ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод кардани лоиҳаҳои санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ;
- таҳия ва тасдиқи тарифҳои хизмати обрасонӣ, меъёр ва қоидаҳои истифодабарии шабакаҳои таъмини оби нўшокӣ дар мувофиқа бо мақомоти дахлдор. (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1483)
Моддаи 7. Ваколатҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оид ба таъмини оби нўшокӣ
(ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1483)
Ба ваколатҳои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ оид ба таъмини оби нўшокӣ дохил мешаванд: (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1483)
- тасдиқи барномаҳои маҳаллии мақсаднок ва нақшаи чорабиниҳо ҷиҳати ташкил, нигоҳдорӣ ва рушди шабакаҳои таъмини оби нўшокӣ;
- андешидани чораҳо оид ба беҳтар намудани сифати оби нўшокӣ ва истифодаи оқилонаи он, ҳифзи захираҳо ва манбаъҳои таъмини оби нўшокӣ аз ифлосшавӣ, олудашавӣ ва камобшавӣ;
- анҷоми корҳои ташкилӣ ҷиҳати таъмини шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ бо оби нўшокӣ мувофиқи меъёрҳои истеъмоли об.
Моддаи 8. Шаклҳои моликият ба шабакаҳои таъмини оби нўшокӣ
Моддаи 9. Шабакаҳои мутамаркази таъмини оби нўшокӣ
Моддаи 10. Шабакаҳои ғайримутамарказ ва мухтори таъмини оби нўшокӣ
Моддаи 11. Шабакаҳои таъмини оби нўшокӣ дар воситаҳои нақлиёт
Шабакаҳои таъмини оби нўшокӣ дар воситаҳои нақлиёт ҷузъи таркибии ин воситаҳо мебошанд. Фаъолияти мўътадили шабакаҳои таъмини оби нўшокӣ дар воситаҳои нақлиёт ва назорати мувофиқати сифати оби нўшокиро ба талаботи меъёрӣ дар ин шабакаҳо моликони воситаҳои нақлиёт таъмин менамоянд.
Моддаи 12. Танзими давлатии таъмини оби нўшокӣ
Моддаи 13. Маблағгузории таъмини оби нўшокӣ
Манбаъҳои маблағгузории таъмини оби нўшокӣ инҳо мебошанд:
- маблағҳои буҷетӣ барои андешидани чораҳои пешбининамудаи барномаҳои давлатии рушд ва беҳтар намудани кори шабакаҳои таъмини оби нўшокӣ;
- маблағҳои истеъмолкунандагон ва истифодабарандагони оби нўшокӣ;
- дигар манбаъҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст.
Моддаи 14. Дастгириии давлатии таъмини оби нўшокӣ
Имтиёзҳои андозбандӣ, қарздиҳӣ ва намудҳои дигари имтиёзҳо барои ташкилотҳои бахши таъмини оби нўшокӣ, новобаста ба шакли моликият, инчунин барои истеҳсолкунандагони таҷҳизот ва маводҳои таъминкунандаи фаъолияти шабакаҳо ва сармоягузорон тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешаванд. (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1483)
БОБИ 2. КАФОЛАТҲОИ ТАЪМИНИ ОБИ НЎШОКӢ
Моддаи 15. Кафолатҳои давлатии таъмин кардани аҳолӣ бо оби нўшокӣ
Моддаи 16. Таъмини сифати оби нўшокӣ
Сифати оби нўшокӣ, ки ба истеъмолкунандагон пешниҳод мешавад, бояд ба талаботи меъёрҳо мутобиқ буда, он бо чораҳои зерин таъмин карда шавад:
- интихоби манбаи таъмини оби нўшокӣ ва технологияи мувофиқи тоза кардани об;
- назорати мунтазами сифати об дар шабакаҳои таъмини оби нўшокӣ;
- дар шабакаҳои таъмини оби нўшокӣ истифода намудани таҷҳизот, мавод, реагентҳое, ки безарар будани онҳоро сертификати дахлдор тасдиқ мекунад;
- муқаррар намудан ва ҳар 5 сол аз нав баррасӣ кардани талаботи меъёрӣ нисбат ба оби нўшокӣ ва манбаъҳои обтаъминкунӣ мутобиқи дастовардҳои илмии муосир;
- ҳифзи манбаъҳо ва шабакаҳои таъмини оби нўшокии мутамарказ ва ғайримутамарказ (муқаррар кардани минтақаҳои ҳифзи санитарӣ ва дигар чораҳои муҳофизати оби нўшокӣ аз ифлосшавӣ бинобар амалҳои тасодуфӣ ё қасдона);
- таҳияи барномаҳои намунавии истифода ва назорати сифати оби нўшокии шабакаҳои обтаъминкунии мутамарказ ва ғайримутамарказ бо назардошти шароити маҳал;
- муқаррар намудани чораҳои қатъии назорати давра ба давраи сифати оби нўшокӣ аз ҷониби мақомоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ ҳангоми таҳдиди хатар ба саломатии одамон бо сабаби бад гаштани сифати оби нўшокӣ.
Моддаи 17. Назорат ва баҳисобгирии давлатӣ дар бахши таъмини оби нўшокӣ
Моддаи 18. Ҳифзи манбаъҳо ва шабакаҳои таъмини оби нўшокӣ
- ташкилотҳои обтаъминкунӣ;
- мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ;
- шахсоне, ки дар ҳудуди ин объектҳо фаъолияти хоҷагидориро анҷом медиҳанд.
Моддаи 19. Сертификатсиякунонӣ дар бахши таъмини оби нўшокӣ
Дар бахши таъмини оби нўшокӣ инҳо сертификатсия мешаванд:
- оби нўшокии шабакаҳои обтаъминкунӣ;
- оби нўшокии ба зарфҳо рехтае, ки барои истеъмолкунандагон фурўхта мешаванд;
- ҷараёнҳои технологӣ, таҷҳизот, воситаҳо, мавод ва моддаҳои кимиёвӣ барои тоза ва безараргардонии об.
Моддаи 20. Кафолати бо оби нўшокӣ таъмин намудан дар ҳолатҳои фавқулодда
Моддаи 21. Ҳуқуқ ва ўҳдадориҳои моликони шабакаҳои таъмини оби нўшокӣ ва ташкилотҳои обтаъминкунӣ
- мутобиқи шартномаи дуҷониба аз истеъмолкунандагони оби нўшокӣ барои оби воқеан додашуда маблағ талаб намоянд;
- оид ба баргардонидани товони зарар аз шахсони воқеӣ, ки дар натиҷаи ифлосшавӣ ва (ё) камобшавии манбаъҳои об, инчунин вайрон намудани шабакаҳои таъмини об расонида шудааст, мутобиқи қонунгузорӣ даъво пешниҳод намоянд.
- шартҳои технологиро, ки ба талаботи меъёрҳои оби нўшокӣ ҷавобгў мебошанд, риоя намоянд;
- меъёри муттасил додани оби нўшокиро дар навбати аввал барои қонеъ гардонидани эҳтиёҷоти шахсони воқеӣ ва корхонаҳои саноати хўрокворӣ ва муассисаҳои тиббӣ таъмин кунанд;
- таҷҳизот, мавод ва моддаҳои кимиёвии барои истифода дар фаъолияти обтаъминкунӣ иҷозат додашуда ва дорои сертификати мутобиқат ба талаботи муқарраргардидаро истифода баранд;
- оби нўшокии истифодашударо ба ҳисоб гиранд;
- ба истифодаи оби нўшокӣ барои эҳтиёҷоти истеҳсолии корхонаҳое, ки ҷараёни технологиашон истифодаи оби нўшокиро талаб намекунанд, роҳ надиҳанд, ба шарте, ки бо оби нўшокӣ таъмин намудани аҳолиро бевосита халалдор намояд;
- назорати сифати оби нўшокиро мутобиқ ва дар асоси усулҳои санҷидашудаи лабораторӣ ё стандартишуда ташкил намоянд ва истеъмолкунандагонро аз паст шудани сифати оби нўшокӣ саривақт огоҳ кунанд;
- мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба ҳифзи муҳити зист ва мақомоти назорати давлатии санитарию эпидемиологиро аз сар задани фалокат ва дигар ҳолатҳои фавқулоддае, ки ба вазъи манбаъҳо ва шабакаҳои обтаъминкунӣ таъсир мерасонанд, инчунин ҳангоми ба талаботи қоидаву меъёрҳои санитарӣ мувофиқат накардани сифати оби нўшокӣ, саривақт огоҳ намоянд;
- намояндагони мақомоти назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ, мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба истифода ва ҳифзи захираҳои об ва ҳифзи муҳити зистро барои санҷиши объектҳо ва иншооти обтаъминкунӣ бемамониат роҳ диҳанд;
- меъёрҳои хоҷагидорӣ ва дигар фаъолияти барои минтақаҳои ҳифзи санитарии манбаъҳои об ва шабакаҳои таъмини оби нўшокӣ муқарраргардидаро риоя намоянд;
- ба вайрон намудани ҳуқуқҳои дигар истифодабарандагони об ва расонидани зиён ба муҳити зист роҳ надиҳанд;
- барои таъмири ҷорӣ ва асосии шабакаҳои таъмини оби нўшокӣ маблағ ҷудо кунанд;
- манбаъҳои таъмини оби нўшокиро аз ифлосшавӣ, хушку камобшавӣ ва шабакаҳои обрасониро аз вайроншавӣ муҳофизат намоянд.
Моддаи 22. Ҳуқуқ ва ўҳдадориҳои истеъмолкунандагони оби нўшокӣ
- мутобиқи меъёрҳои сифат ва истеъмоли оби нўшокӣ аз шабакаҳои мутамарказ ва ғайримутамарказ бо оби нўшокӣ таъмин бошанд;
- назорати сифати оби нўшокиро, ки аз шабакаҳои мутамарказ ва ғайримутамарказ расонида мешавад, талаб намоянд;
- тибқи тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи сифати оби нўшокӣ ва эҳтимолияти таваққуф дар обтаъминкунӣ саривақт ва маълумоти пурра гиранд;
- бо тартиби муқарраргардида барои гузаронидани экспертизаи санитарию эпидемиологӣ ва ҷамъиятии экологӣ ташаббускор бошанд ва натиҷаи онро ба мақомоти дахлдори давлатӣ пешниҳод намоянд;
- подоши зарар, ки дар натиҷаи таъмини оби нўшокии ба талаботи меъёрҳо номувофиқ ба онҳо расидааст, талаб намоянд.
- меъёру қоидаҳои санитарӣ ва дигар қоидаҳоро доир ба таъмини оби нўшокӣ риоя намоянд, инчунин талаботи бо Қонуни мазкур муқарраршударо иҷро кунанд;
- ба ифлосшавӣ ва камобшавии манбаъҳои таъмини оби нўшокӣ, инчунин осеб дидани шабакаҳои он роҳ надиҳанд;
- оби нўшокиро дар рўзгор ва истеҳсолот самаранок ва оқилона истифода баранд;
- ҳаққи хизмати обрасониро тибқи тарифҳои муқарраргардида саривақт пардохт намоянд;
- ба мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ, ҳифзи муҳити зист ва ташкилотҳои обтаъминкунӣ аз нияту амалҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки метавонанд манбаъҳои обтаъминкуниро ифлос намоянд, саривақт хабар диҳанд;
- ба ташкилотҳои обтаъминкунӣ дар бораи ҳолати ғайриқаноатбахши шабакаҳои зикршуда хабар диҳанд.
Моддаи 23. Иттилоот оид ба масъалаҳои таъмини оби нўшокӣ
БОБИ 3. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
Моддаи 24. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Моддаи 25. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе
29 декабри соли 2010
№ 670