ҚОНУНИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ЗАБОНИ ДАВЛАТИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2009, №9-10, мод.546)
Қонуни мазкур вазъи ҳуқуқии забони давлатиро муайян ва истифодаи онро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон танзим менамояд.
1. Қонуни мазкур истифодаи забони давлатӣ ва забонҳои дигарро дар фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, инчунин шахсони ҳуқуқӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ, хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва соҳибкорони инфиродӣ танзим менамояд.
2. Қонуни мазкур истифодаи забонҳоро дар муносибатҳои шахсӣ танзим намекунад.
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат аст.
1. Забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон забони тоҷикӣ аст.
2. Ҳар якшаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадор аст забони давлатиро донад.
3. Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода, ҳимоя ва рушди забони давлатиро таъмин менамояд.
4.Мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, инчунин шахсони ҳуқуқӣ, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ, вазифадоранд барои омӯхтани забони давлатӣ ва такмили забондонии кормандон шароит фароҳам оранд.
5. Забони давлатӣ дар ҳама соҳаҳои ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, илмӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода мешавад.
6. Ҳангоми истифодаи забони давлатӣ риояи муқаррароти қоидаҳои имлои забони адабӣ ҳатмӣ мебошад.
1. Ҳамаимиллатҳо ва халқиятҳое, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд,ба истиснои ҳолатҳое, ки Қонуни мазкур пешбинӣ намудааст, ба истифодаи озоди забони модариашон ҳуқуқ доранд.
2. Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳимоя ва инкишофи забонҳои бадахшонӣ (помирӣ) ва забони яғнобӣ шароит фароҳам меорад.
Коргузории мақомоти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба забони давлатӣ сурат мегирад.
Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба забони давлатӣ таҳия ва қабул карда мешаванд. Дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузорӣ санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба забонҳои дигар тарҷума карда мешаванд.
1. Забони кории Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қисмҳои ҳарбӣ ва ҷузъу томҳои он забони давлатӣ аст.
2. Дар машқҳои якҷоя бо кишварҳои хориҷӣ забони дигаре, ки муқаррар шудааст, истифода мешавад.
АХБОРИ ОММА
1. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳсил ба забони давлатӣ сурат мегирад.
2. Муассисаҳои томактабӣ, таҳсилоти умумӣ, ибтидоии касбӣ, миёнаи касбӣ, олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаҳои олии таълимӣ метавонанд ба забонҳои дигар низ фаъолият намоянд.
3. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳамаимиллатҳо ва халқиятҳо дар интихоби озоди забони таҳсил тибқи қонунгузорӣ шароит фароҳам оварда мешавад.
1. Дар муассисаҳои томактабӣ, таҳсилоти умумӣ, ибтидои касбӣ, миёнаи касбӣ, олии касбӣ ва таҳсилоти касбии баъд аз муассисаҳои олии таълимӣ омӯзиши ҳатмии забони давлатӣ таъмин карда мешавад.
2. Дар муассисаҳои таҳсилотимиёна ва олии касбии хориҷӣ, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунанд, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ, омӯзиши забони давлатӣ ҳатмӣ мебошад.
3. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои омӯзиши хати арабиасос ва табъу нашри адабиёт ба ин хат шароит фароҳам оварда мешавад.
1. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон забони илм забони давлатӣ аст.
2. Дар таҳқиқоти илмӣ забонҳои дигар низ метавонанд истифода шаванд.
1. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабиниҳои фарҳангӣ ба забони давлатӣ баргузор мегарданд.
2. Чорабиниҳои фарҳангии байналмилалӣ ва байнидавлатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба забони давлатӣ ва ба забонҳои дигар сурат мегиранд.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон воситаҳои ахбори омма тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба забони давлатӣ ва ба забонҳои дигар фаъолият менамоянд.
1. Эълону реклама дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба забони давлатӣ интишор мешавад.
2. Эълону реклама тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба забонҳои дигар низ интишор карда мешавад.
1. Забони иттилоот ва коммуникатсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон забони давлатӣ аст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳифз ва рушди забони тоҷикӣ берун аз ҳудуди ҷумҳурӣ дар асоси санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, мусоидат мекунад.
1. Ташкилотҳое, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунанд, дар мукотиба бо мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, инчунин бо шаҳрвандон забони давлатиро истифода менамоянд.
2. Мукотиба бо ташкилотҳои хориҷӣ ба забони давлатӣ ва забоне, ки муқаррар шудааст, сурат мегирад.
1. Номгузории мақомоти ҳокимияти давлатӣ, вазорату идораҳо, инчунин дигар ташкилотҳо, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ, ба забони давлатӣ сурат мегирад.
2. Ҳамаи лавҳаю овезаҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба забони давлатӣ навишта мешаванд.
1. Номгузорӣ, иваз намудани номи вилоятҳо, шаҳрҳо, ноҳияҳо, шаҳракҳо,деҳаҳо, инчунин кӯчаҳо, хиёбонҳо, майдонҳо, боғҳои фарҳангӣ ва дигар маҳалҳои аҳолинишин тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба забони давлатӣ сурат мегирад.
2. Ҷумҳурии Тоҷикистон барқарорсозӣ ва ҳифзи номҳои таърихиро дар ҳудуди ҷумҳурӣ таъмин менамояд.
1. Матни мӯҳру тамғаҳои мақомоти ҳокимияти давлатӣ ба забони давлатӣ навишта мешавад.
2. Матни мӯҳру тамғаҳои ташкилотҳо, новобаста аз шакли ташкилию ҳуқуқӣ, хоҷагиҳои деҳқонӣ (фермерӣ) ва соҳибкорони инфиродӣ ба забони давлатӣ навишта мешавад.
3. Бланкҳо, нархномаҳо ва дигар маводи иттилоотӣ ба забони давлатӣ навишта мешаванд ва дар муносибат бо ташкилотҳои хориҷӣ мумкин аст ба дигар забонҳо низ баргардонида шаванд.
Чопикоғазҳои қиматнок дарҶумҳурии Тоҷикистон ба забони давлатӣ сурат мегирад.
Гуфтушунидҳо ва мукотибот бо намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулӣ, созмонҳои байналмилалӣ, минтақавӣ ва байнидавлатие, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият мекунанд, ба забони давлатӣ ва забонҳои расмии онҳо сурат мегиранд. Ҳангоми зарурат, дар гуфтушунидҳо вамукотибот истифодаи забонҳои дигар маҳдуд карда намешавад.
Фаъолияти намояндагиҳои дипломатӣ, муассисаҳои консулӣва намояндагиҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистондар созмонҳои байналмилалӣ, минтақавӣ ва байнидавлатӣба забони давлатӣ, забонҳои расмии кишварҳои қарордошта ва созмонҳои байналмилалӣ, минтақавӣ ва байнидавлатӣ сурат мегирад.
Шартномаҳои байналмилалии дуҷониба ба забонҳои давлатии тарафҳои аҳдкунанда ва шартномаҳои байналмилалии бисёрҷониба ба забонҳое, ки тарафҳо муайян кардаанд, ба имзо мерасанд.
намояндагони хориҷӣ
Пазироӣ, гуфтушунид ва нишастҳои матбуотӣ бо иштироки намояндагони давлатҳои хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба забони давлатӣ ва забони пазируфтаи тарафҳосурат мегирад.
Шахсони мансабдор, инчунин шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки талаботи Қонуни мазкурро вайрон мекунанд, тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Қонуни забони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 июли соли 1989 (Ведомостҳои Совети Олии РСС Тоҷикистон, соли 1989, №15, моддаи 102) аз эътибор соқит карда шавад.
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш.Душанбе, 5 октябри соли 2009,
№553
1