ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ СУДҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2014, №7, қ. 1, мод. 380; с. 2015, №7-9, мод. 698;
с. 2016, №7, 603; Қонуни конститутсионии ҶТ аз 21.02.2018 с., № 1509)
Қонуни конститутсионии мазкур асосҳои ҳуқуқии ташкил ва фаъолияти судҳо, тартиби интихоб, таъин, бозхонд ва озод намудани судяҳоро муқаррар намуда, инчунин дигар муносибатҳоро вобаста ба фаъолияти ташкилию ҳуқуқии мақомоти судӣ ва судяҳо ба танзим медарорад.
БОБИ 1.
МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни конститутсионии мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад (Қонуни конст. ҶТ аз 23.07.16 с., № 1328).
Моддаи 2. Ҳокимияти судӣ
Моддаи 3. Низоми ҳокимияти судии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Моддаи 4. Вазифаҳои суд
Моддаи 5. Принсипҳои фаъолияти судӣ
Моддаи 6. Ҷавобгарӣ барои беэҳтиромӣ нисбати суд
Беэҳтиромӣ нисбати суд, ҳамчунин содир намудани кирдоре, ки аз беэътиноии ошкоро нисбат ба суд шаҳодат медиҳад, мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон боиси ҷавобгарӣ мегардад.
Моддаи 7. Манъ будани дахолат ба фаъолияти суд
Моддаи 8. Мустақилияти судяҳо
- тартиби махсуси интихоб, таъин, озод ва бозхонд шудан;
- дахлнопазирии судя;
- амалӣ намудани адолати судӣ тибқи тартиби муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- манъи ҳама гуна дахолат ба фаъолияти судя дар амалӣ намудани адолати судӣ бо таҳдиди ҷавобгарӣ;
- ҷавобгарӣ барои беэҳтиромӣ нисбати суд, судя;
- ҳуқуқи ба истеъфо баромадан, бо хоҳиши худ ба кори дигар гузаштан, аз вазифа озод шудан, ба нафақа баромадан ва бозхонди судя;
- муҳайё намудани шароити ташкилӣ ва моддӣ-техникӣ барои фаъолияти судҳо;
- мувофиқи мақом аз ҳисоби давлат аз ҷиҳати моддӣ ва иҷтимоӣ таъмин намудани судя.
Моддаи 9. Таъмини амнияти судяҳо
Моддаи 10. Дахлнопазирии судя
Моддаи 11. Ҳатмӣ будани иҷрои санадҳои судӣ
БОБИ 2.
ИНТИХОБ, ТАЪИН, БОЗХОНД ВА ОЗОД НАМУДАНИ СУДЯ
Моддаи 12. Талабот нисбати номзадҳо ба вазифаи судя
Моддаи 13. Судяҳо
Моддаи 14. Талаботе, ки нисбати судя пешниҳод мешаванд
- оид ба моҳияти парванда то эътибори қонунӣ пайдо намудани санадҳои судии қабулкардааш ягон гуна изҳороти оммавӣ ва ё тафсир диҳад;
- тӯҳфаҳое, ки ба иҷрои вазифаҳои хизматиаш алоқаманд мебошад, қабул намояд. Тӯҳфаҳое, ки судя дар вақти гузаронидани маъракаҳои протоколӣ, сафари хизматӣ ва дигар маъракаҳои расмӣ гирифтааст, бо тартиб додани санад ба суде, ки дар он фаъолият мекунад, супорида мешавад;
- иттилоотеро, ки вобаста ба иҷрои ӯҳдадориҳои худ ба даст овардааст, ифшо намояд. Иттилооти махфиеро, ки ба судя бинобар адои вазифааш маълум гардидааст, аз ҷониби ӯ ба мақсадҳое, ки ба иҷрои вазифаҳояш алоқаманд нестанд, истифода бурдан ва ё ба каси дигар ошкор кардан мумкин нест.
Моддаи 15. Мӯҳлати ваколати судяҳо
Моддаи 16. Интихоб ва таъини судя
Моддаи 17. Савганди судя
Шахсе, ки бори аввал ба вазифаи судя таъин шудааст, дар вазъияти тантанавӣ дар ҷамъомади судяҳо ва назди Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин савганд ёд мекунад: «Ботантана савганд ёд мекунам, ки вазифаи худро бошарафона, одилона ва аз рӯи виҷдон иҷро менамоям, холисӣ ва беғаразиро риоя карда, танҳо ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонун итоат карда, адолати судиро амалӣ менамоям» (Қонуни конст. ҶТ аз 23.07.16 с., №1328).
Моддаи 18. Бозхонд ва озод намудани судя
- қонеъ намудани аризаи хаттии судя дар бораи истеъфо;
- бо хоҳиши худи судя;
- расидан ба синни ниҳоии дар вазифаи судя будан (Қонуни конст. ҶТ аз 23.07.16 с., №1328);
- бо сабаби ба кори дигар гузаштан;
- бо сабаби тағйир додани ҷои истиқомат;
- бо сабаби аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон баромада рафтан;
- машғул шудан ба фаъолияте, ки ба вазифаи ӯ номувофиқ аст;
- эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукми айбдоркунанда, ки нисбати ӯ бароварда шудааст;
- эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳалномаи суд дар бораи ғайри қобили амал эътироф намудани судя ё маҳдуд сохтани қобилияти амали вай;
- риоя накардани тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- бо сабаби вазъи саломатӣ ва ё бо дигар сабабҳои узрнок дар муддати дароз (на камтар аз чор моҳ пай дар пай) вазифаҳои худро иҷро карда натавонистани судя;
- қатъи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё соҳиб шудан ба шаҳрвандии давлати дигар (Қонуни конст. ҶТ аз 23.07.16 с., №1328);
- таҷдиди сохтори суд (судҳо) ё ихтисори шумораи судяҳо;
- вафоти судя;
- эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳалномаи суд дар бораи бедарак ғоиб эътироф намудан ё фавтида эълон намудани судя;
- риоя накардани қонун ҳангоми баррасии парвандаҳо ё содир намудани кирдоре, ки шаъну эътибори судяро паст мезанад;
- риоя накардани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба меҳнат;
- ба охир расидани мӯҳлати ваколати судя;
- ошкор гардидани номуносибии судя ба вазифаи ишғолкардааш.
Моддаи 19. Истеъфои судя
Моддаи 20. Машваратчиёни халқӣ
3.Тартиби интихоб, музди меҳнат, кафолату имтиёзҳои машваратчиёни халқиро Низомнома дар бораи машваратчиёни халқӣ, ки Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ мекунад, муайян менамояд.
БОБИ 3.
СУДИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Моддаи 21. Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми олии судӣ ба ҳисоб рафта, назорати судиро аз болои фаъолияти Суди Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, судҳои вилоят, шаҳри Душанбе, судҳои ҳарбии гарнизонҳо, шаҳр ва ноҳия оид ба парвандаҳои гражданӣ, оилавӣ, ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва дигар парвандаҳои дар тобеияти ин судҳо буда амалӣ намуда, барои ташкили кори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, судҳои вилоят, шаҳри Душанбе, судҳои ҳарбии гарнизонҳо, шаҳр ва ноҳия, таъминоти моддию техникии онҳо, хоста гирифтан ва тайёр намудани номзадҳо ба вазифаи судя, такмили ихтисоси судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳо, пешниҳод барои ба вазифа интихоб ва таъин намудан, аз вазифа бозхонд ва озод кардани судяҳо, ташкили имтиҳоноти тахассусӣ ва иҷрои ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон масъул мебошад (Қонуни конст. ҶТ аз 23.07.16 с., №1328).
Моддаи 22. Салоҳияти Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- дар доираи салоҳияти худ парвандаҳоро дар марҳилаи якум, ба тариқи кассатсионӣ ва назоратӣ баррасӣ менамояд;
- пешниҳоди Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, хулосаи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовинони ӯро доир ба зарурати аз нав сар кардани пешбурди парвандаҳо бинобар ҳолатҳои нав ошкоршуда баррасӣ менамояд;
- аризаи тарафҳо, прокурор, дигар шахсони иштирокчии парвандаро дар бораи вобаста ба ҳолатҳои нав ошкоргардида аз нав баррасӣ намудани ҳалнома ё таъиноти эътибори қонунӣ пайдонамудаи қабулнамудаи ӯ, инчунин санадҳои судии судҳои марҳилаҳои кассатсионӣ ё назоратӣ, ки дар асоси онҳо ҳалномаи суди марҳилаи якум тағйир дода шудааст ё ҳалномаи нав қабул шудааст, баррасӣ менамояд;
- дар хусуси ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқат доштани қонун ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии татбиқшуда ва ё татбиқшаванда оид ба парвандаи баррасишаванда ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат менамояд (Қонуни конст. ҶТ аз 23.07.16 с., №1328);
- таҷрибаи судиро ҷамъбаст намуда, оид ба татбиқи қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавзеҳоти дастурӣ медиҳад;
- омори судии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, судҳои вилоят, шаҳри Душанбе, судҳои ҳарбии гарнизонҳо, шаҳр ва ноҳияро таҳлил менамояд (Қонуни конст. ҶТ аз 23.07.16 с., №1328);
- дар доираи салоҳияташ масъалаҳоеро, ки аз санадҳои ҳуқуқии байналмилалии эътирофнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, баррасӣ менамояд;
- оид ба такмили қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомоти дахлдор таклифҳо таҳия ва пешниҳод мекунад;
- оид ба такмили низоми судӣ-ҳуқуқӣ ва мусоидат намудан ба таҳкими мустақилияти судҳо таклифҳо пешниҳод менамояд (Қонуни конст. ҶТ аз 23.07.16 с., №1328);
- масъалаҳоро оид ба таъминоти кадрӣ, молиявӣ, ташкилӣ ва моддию техникии судҳои поёнӣ баррасӣ мекунад (Қонуни конст. ҶТ аз 23.07.16 с., №1328);
- ваколатҳои дигареро, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ кардаанд, амалӣ менамояд (Қонуни конст. ҶТ аз 23.07.16 с., №1328).
Моддаи 23. Моддаи 23. Ҳайати Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
(Қонуни конст. ҶТ аз 23.07.16 с., №1328)
- Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Раёсати Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои граждании Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои оилавии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- коллегияи ҳарбии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (Қонуни конст. ҶТ аз 23.07.16 с., №1328).
Моддаи 24. Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Моддаи 25. Салоҳияти Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
- бо пешниҳоди Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон шумора ва ҳайати Раёсати Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раёсатҳои Суди Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, судҳои вилоят ва шаҳри Душанберо тасдиқ менамояд (Қонуни конст. ҶТ аз 23.07.16 с., №1328);
- бо пешниҳоди Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раисон ва ҳайатҳои коллегияҳои судии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро тасдиқ мекунад;
- бо пешниҳоди Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон котиби Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро интихоб менамояд;
- ҳисоботро оид ба кори Раёсат ва коллегияҳои судии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раёсатҳо ва коллегияҳои судии Суди Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, судҳои вилоят ва шаҳри Душанбе, судҳои ҳарбии гарнизонҳо, шаҳр ва ноҳия мешунавад (Қонуни конст. ҶТ аз 23.07.16 с., №1328);
- аз натиҷаи ҷамъбасти амалияи судӣ бо мақсади ҷорӣ намудани таҷрибаи якхела ва татбиқи дурусти қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавзеҳоти дастурӣ медиҳад;
- пешниҳоди Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи ба судҳо додани тавзеҳоти дастурӣ оид ба масъалаҳои амалияи судӣ аз рӯи парвандаҳои гражданӣ, оилавӣ, ҷиноятӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ баррасӣ менамояд
(Қонуни конст. ҶТ аз 23.07.16 с., №1328);
- гузоришҳои раисони Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят ва шаҳри Душанбе, судҳои ҳарбии гарнизонҳо, шаҳр ва ноҳияҳоро дар бораи таҷрибаи татбиқи қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дар бораи иҷрои тавзеҳоти дастурии Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон мешунавад;
- бо пешниҳоди Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шӯрои илмию машваратии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз ҳисоби олимон ва мутахассисони соҳаи ҳуқуқ таъсис дода, Низомнома ва ҳайати онро тасдиқ менамояд;
- бо пешниҳоди Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳайати таҳририяи маҷаллаи «Нашрияи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро тасдиқ мекунад;
- пешниҳоди Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқат накардани тавзеҳоти дастурии Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ менамояд;
- дар хусуси ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқат доштани қонун ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии татбиқшуда ва ё татбиқшаванда оид ба парвандаи баррасишаванда ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат менамояд (Қонуни конст. ҶТ аз 23.07.16 с., №1328);
– ваколатҳои дигареро, ки Қонуни конститутсионии мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудаанд, амалӣ менамояд.
Моддаи 26. Баррасии масъалаҳои фаъолияти судӣ аз тарафи Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии
Тоҷикистон
Моддаи 27. Котиби Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Моддаи 28. Раёсати Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Моддаи 29. Салоҳияти Раёсати Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
- ба тариқи назоратӣ парвандаҳои гражданӣ, оилавӣ, ҷиноятӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмуриро тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории мурофиавии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ менамояд, қонунӣ ва асоснокии санадҳои судиро месанҷад;
- пешниҳоди Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё хулосаи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовинони ӯро доир ба зарурати аз нав сар кардани пешбурд аз рӯйи парвандаҳои ҷиноятӣ бинобар ҳолатҳои нав ошкоршуда баррасӣ менамояд;
- аризаи тарафҳо, прокурор, шахсони дигари иштирокчии парвандаро дар бораи вобаста ба ҳолатҳои нав ошкоргардида аз нав баррасӣ намудани қарори қабулнамудаи Раёсат, ки дар асоси он ҳалномаи суди марҳилаи якум тағйир дода шудааст ё ҳалномаи нав қабул шудааст, баррасӣ менамояд;
- аз рӯйи эътирозҳои Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, муовинони ӯ ва шикоятҳои назоратӣ парвандаҳои ҷиноятиро, ки собиқ Суди Олии Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ ва судҳои ҷумҳуриҳои иттифоқии собиқ Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ нисбати шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ намудаанд, баррасӣ менамояд;
- маводи ҷамъбасти таҷрибаи судӣ ва омори судиро баррасӣ мекунад;
- масъалаҳои ташкили кори Раёсат, коллегияҳои судӣ ва дастгоҳи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ менамояд;
- ҳисоботи раисони коллегияҳои судии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, судҳои вилоят ва шаҳри Душанбе, судҳои ҳарбии гарнизонҳо, шаҳру ноҳия ва судяҳоро оид ба фаъолияташон мешунавад (Қонуни конст. ҶТ аз 23.07.16 с., №1328);
- гузориши раисони Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят, шаҳри Душанбе, судҳои ҳарбии гарнизонҳо, шаҳр ва ноҳияҳоро оид ба таҷрибаи татбиқи қонунҳо, қарорҳои Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мешунавад;
- масъалаҳои расондани ёрии амалӣ ба судҳои ҷумҳуриро оид ба татбиқи дурусти қонунгузорӣ баррасӣ ва ҳал менамояд (Қонуни конст. ҶТ аз 23.07.16 с., №1328);
- ваколатҳои дигареро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, амалӣ менамояд.
Моддаи 30. Баррасии масъалаҳои умумии фаъолияти судӣ аз тарафи Раёсати Суди Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон
Моддаи 31. Тартиби таъсиси коллегияҳои судии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳайати коллегияҳои судии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи судяҳои ҳамин суд тасдиқ мекунад.
Моддаи 32. Салоҳияти коллегияи ҳарбии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
- ба сифати суди марҳилаи якум парвандаҳои ҷиноятӣ, гражданӣ, оилавӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмуриро баррасӣ мекунад ва иҷрои санадҳои судии қабулгардидаро мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон назорат менамояд; (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., № 1509)
- парвандаҳоро ба тариқи кассатсионӣ ва назоратӣ баррасӣ мекунад, қонунӣ ва асоснокии санадҳои судиро тафтиш менамояд;
- пешниҳоди Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё хулосаи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовинони ӯро доир ба зарурати аз нав сар кардани пешбурди парвандаҳои ҷиноятӣ бинобар ҳолатҳои нав ошкоршуда баррасӣ менамояд;
- аризаи тарафҳо, прокурор, шахсони дигари иштирокчии парвандаро дар бораи вобаста ба ҳолатҳои нав ошкоргардида аз нав баррасӣ намудани ҳалнома ё таъиноти эътибори қонунӣ пайдонамуда, инчунин қарори қабулнамудаи ӯ, ки дар асоси он ҳалномаи суди марҳилаи якум тағйир дода шудааст ё ҳалномаи нав қабул шудааст, баррасӣ менамояд;
- таҷрибаи судиро ҷамъбаст, омори судиро таҳлил менамояд ва аз натиҷаи онҳо ба мақомоти дахлдор пешниҳод ирсол менамояд;
- ваколатҳои дигареро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар намудааст, амалӣ менамояд.
Моддаи 33. Салоҳияти коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои граждании Суди Олии Ҷумҳурии
Тоҷикистон
Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои граждании Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- ба сифати суди марҳилаи якум парвандаҳои гражданиро баррасӣ мекунад ва иҷрои санадҳои судии қабулгардидаро мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон назорат менамояд; (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., № 1509)
- ба тариқи кассатсионӣ ва назоратӣ парвандаҳои гражданиро баррасӣ менамояд, қонунӣ ва асоснокии санадҳои судиро тафтиш мекунад;
- аризаи тарафҳо, прокурор, шахсони дигари иштирокчии парвандаро дар бораи вобаста ба ҳолатҳои нав ошкоргардида аз нав баррасӣ намудани ҳалнома ё таъиноти эътибори қонунӣ пайдонамудае, ки коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои гражданӣ дар марҳилаи якум баровардааст, инчунин қарорҳои марҳилаҳои кассатсионӣ ё назоратиро, ки мутобиқи онҳо ҳалномаи суди марҳилаи якум тағйир дода шудааст ё қарори нав қабул гардидааст, баррасӣ мекунад;
- таҷрибаи судиро ҷамъбаст, омори судиро таҳлил мекунад ва аз натиҷаи онҳо ба мақомоти дахлдор пешниҳод ирсол менамояд;
- ваколатҳои дигареро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, амалӣ менамояд.
Моддаи 34. Салоҳияти коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои оилавии Суди Олии Ҷумҳурии
Тоҷикистон
Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои оилавии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- ба сифати суди марҳилаи якум парвандаҳои оилавиро баррасӣ мекунад ва иҷрои санадҳои судии қабулгардидаро мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон назорат менамояд; (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., № 1509)
- ба тариқи кассатсионӣ ва назоратӣ парвандаҳои оилавиро баррасӣ менамояд, қонунӣ ва асоснокии санадҳои судиро тафтиш мекунад;
- аризаи тарафҳо, прокурор, шахсони дигари иштирокчии парвандаро вобаста ба ҳолатҳои нав ошкоргардида аз нав баррасӣ намудани ҳалнома ё таъиноти эътибори қонунӣ пайдонамудае, ки коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои оилавӣ дар марҳилаи якум баровардааст, инчунин қарорҳои марҳилаҳои кассатсионӣ ё назоратиро, ки мутобиқи онҳо ҳалномаи суди марҳилаи якум тағйир дода шудааст ё қарори нав қабул гардидааст, баррасӣ мекунад;
- таҷрибаи судиро ҷамъбаст, омори судиро таҳлил мекунад ва аз натиҷаи онҳо ба мақомоти дахлдор пешниҳод ирсол менамояд;
- ваколатҳои дигареро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, амалӣ менамояд.
Моддаи 35. Салоҳияти коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди Олии Ҷумҳурии
Тоҷикистон
Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- ба сифати суди марҳилаи якум парвандаҳои ҷиноятиро баррасӣ мекунад ва иҷрои санадҳои судии қабулгардидаро мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон назорат менамояд; (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., № 1509)
- ба тариқи кассатсионӣ ва назоратӣ парвандаҳои ҷиноятиро баррасӣ менамояд, қонунӣ ва асоснокии санадҳои судиро тафтиш мекунад;
- пешниҳоди Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё хулосаи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовинони ӯро доир ба зарурати аз нав сар кардани пешбурд аз рӯйи парвандаҳои ҷиноятӣ бинобар ҳолатҳои нав ошкоршуда баррасӣ менамояд;
- таҷрибаи судиро ҷамъбаст, омори судиро таҳлил менамояд ва аз натиҷаи онҳо ба мақомоти дахлдор пешниҳод ирсол менамояд;
- ваколатҳои дигареро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, амалӣ менамояд.
Моддаи 36. Салоҳияти коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҳуқуқвайрон кунии маъмурии
Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- ба сифати суди марҳилаи якум парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмуриро баррасӣ мекунад ва иҷрои санадҳои судии қабулгардидаро мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон назорат менамояд; (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., № 1509)
- ба тариқи кассатсионӣ ва назоратӣ парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмуриро баррасӣ менамояд;
- пешниҳоди Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё хулосаи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовинони ӯро доир ба зарурати аз нав сар кардани пешбурд аз рӯйи парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бинобар ҳолатҳои нав ошкоршуда баррасӣ менамояд;
- таҷрибаи судиро ҷамъбаст, омори судиро таҳлил мекунад ва аз натиҷаи он ба мақомоти дахлдор пешниҳод ирсол менамояд;
- ваколатҳои дигареро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, амалӣ менамояд.
Моддаи 37. Салоҳияти Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
- фаъолияти Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, судҳои вилоят ва шаҳри Душанбе, судҳои ҳарбии гарнизонҳо, шаҳр ва ноҳияро ташкил ва роҳбарӣ менамояд;
- Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар муносибатҳо бо мақомоти давлатӣ ва ҷамъиятӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ, корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳои дигар ва шахсони мансабдор намояндагӣ мекунад;
- вазифаҳоро дар байни муовини якум ва муовинони Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тақсим мекунад;
- тартиби тақсими парвандаҳоро дар байни судяҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, судҳои вилоят ва шаҳри Душанбе, судҳои ҳарбии гарнизонҳо, шаҳр ва ноҳия тасдиқ менамояд ва масъалаи аз як суд ба суди дигар супоридани парвандаҳои судиро ҳал менамояд;
- дар мавридҳои зарурӣ, бо амри худ барои баррасӣ намудани парвандаҳо судяҳоро аз як коллегияи судӣ ба коллегияи дигари судӣ ҷалб менамояд;
- шакл ва тартиби пешниҳоди ахборотро дар бораи фаъолияти солонаи ҳар як судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин судяҳои судҳои поёнӣ, муқаррар мекунад;
- ҷадвали воҳидҳои кории Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастурамал оид ба коргузорӣ, низомномаҳои дастгоҳ, дастурамали мансабии раёсатҳо, шўъбаҳо ва бахшҳои дигари Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро тасдиқ мекунад, вазифаҳоро байни онҳо тақсим мекунад, роҳбарии умумии фаъолияти дастгоҳи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро амалӣ менамояд, кормандони дастгоҳи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, коромўз-судя, приставҳо, мушовирон ва ёрдамчиёни раисони судҳои Суди Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, судҳои вилоят ва шаҳри Душанбе, судҳои шаҳру ноҳия, судҳои ҳарбиро ба кор қабул ва аз кор озод менамояд;
- дар доираи маблағҳои ҷудошуда ва шумораи воҳидҳои кории тасдиқшуда сохтори дастгоҳи Суди Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, судҳои вилоят, шаҳри Душанбе, судҳои ҳарбии гарнизонҳо, шаҳр ва ноҳия сметаи хароҷот ва рўйхати воҳидҳои кории судҳои поёниро тасдиқ менамояд;
- барои тасдиқ намудан ба Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон номзадии котиби Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шумора ва ҳайати Раёсати Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисон ва ҳайати коллегияҳои судӣ, ҳайати Шўрои илмию машваратии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомномаи он, инчунин ҳайати таҳририяи маҷаллаи «Нашрияи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешниҳод ирсол менамояд;
- барои тасдиқи шумора ва ҳайати Раёсати Суди Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, судҳои вилоят ва шаҳри Душанбе ба Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод ирсол менамояд;
- Пленум ва Раёсати Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро даъват менамояд, рўзномаи маҷлисҳои Пленум ва Раёсати Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро тартиб медиҳад ва дар маҷлисҳои онҳо раисӣ мекунад, дар бораи фаъолияти Пленум ва Раёсати Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоот медиҳад, иҷрои тавзеҳоти дастурии Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро назорат мекунад;
- корро оид ба ҷамъбасти таҷрибаи судӣ барои пешниҳод намудани натиҷаи он ба баррасии Пленум ва Раёсати Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил мекунад;
- дар якҷоягӣ бо Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъсиси комиссияи имтиҳонотӣ барои номзадҳо ба вазифаи судя ва коромўз-судя, тасдиқи ҳайат ва Низомномаи он ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод ирсол менамояд;
- ба Коллегияи тахассусии судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи гузаронидани санҷиши тахассусии муовинони раис, судяҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисон, муовинони раисон ва судяҳои Суди Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, судҳои вилоят ва шаҳри Душанбе, судҳои ҳарбии гарнизонҳо, шаҳр ва ноҳия ҷиҳати манзур намудани хулоса оид ба муносиб будан барои ба вазифа интихоб ва таъин, аз вазифа бозхонд ва озод кардан, инчунин додани дараҷаҳои тахассусӣ ба онҳо пешниҳод ирсол менамояд;
- нисбати судяҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисон, муовинони раисон ва судяҳои Суди Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, судҳои вилоят ва шаҳри Душанбе, судҳои ҳарбии гарнизонҳо, шаҳр ва ноҳия бо асосҳои дар Қонуни конститутсионии мазкур пешбинишуда парвандаи интизомӣ оғоз менамояд;
- бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад нисбати ҳамаи санадҳои судии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва судҳои поёнӣ, агар ҳангоми қабули онҳо ба вайронкунии ҷиддии меъёрҳои ҳуқуқҳои моддӣ ва мурофиавӣ роҳ дода шуда бошанд, эътироз орад;
- аз рўйи парвандаҳои ҷиноятие, ки онҳоро собиқ Суди Олии Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шўравии Сотсиалистӣ ва собиқ судҳои ҷумҳуриҳои иттифоқии Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шўравии Сотсиалистӣ нисбати шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ кардаанд, ба тариқи назоратӣ эътироз пешниҳод менамояд;
- дар маҷлисҳои коллегияҳои судии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми баррасии парвандаҳо раисӣ карда метавонад;
- дар хусуси ирсоли парвандаи гражданӣ ё оилавӣ барои моҳиятан баррасӣ намудан дар суди марҳилаи назоратӣ таъинот қабул менамояд;
- қарори судя дар бораи беқаноат монондани эътироз ё шикояти назоратиро аз рўйи парвандаҳои ҷиноятӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бекор намуда, оид ба оғоз намудани пешбурди назоратӣ ва ба баррасии марҳилаи назоратии судӣ додани эътироз ё шикояти назоратӣ қарор қабул менамояд;
- доир ба зарурати аз нав сар кардани пешбурд аз рўйи парвандаҳои ҷиноятӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бинобар ҳолатҳои нав ошкоршуда ба суди марҳилаи назоратӣ пешниҳод ирсол менамояд;
- аз натиҷаи ҷамъбасти таҷрибаи судӣ ба мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва шахсони мансабдор дар бораи бартараф кардани вайронкуниҳои қонун, сабабу шароитҳое, ки боиси ҳуқуқвайронкунӣ гардидаанд, пешниҳод ирсол менамояд;
- ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намудани пешниҳод дар бораи ба вазифа интихоб ва аз вазифа бозхонд намудани муовини якум, муовинони раис ва судяҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таклиф пешниҳод менамояд;
- ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди ба вазифа таъин ва аз вазифа озод намудани раисон, муовинони якум, муовинони раис ва судяҳои Суди Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, судҳои вилоят, шаҳри Душанбе, судҳои ҳарбии гарнизонҳо, шаҳр ва ноҳия пешниҳод ирсол менамояд;
- оид ба таъсиси судҳо, ба истиснои судҳои иқтисодӣ, ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешниҳод намудан ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таклиф ирсол мекунад;
- ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси шумораи судяҳо, машваратчиёни халқии судҳо ва шумораи кормандони дастгоҳҳои судҳо, ба истиснои судҳои иқтисодӣ, пешниҳод ирсол менамояд;
- ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ба судяҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, судҳои вилоят ва шаҳри Душанбе, судҳои ҳарбии гарнизонҳо, судҳои шаҳр ва ноҳия, додани дараҷаҳои тахассусӣ, инчунин дар якҷоягӣ бо вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ба судяҳои коллегияи ҳарбии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон додани рутбаҳои олии ҳарбӣ пешниҳод ирсол мекунад;
- ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи муайян кардани сохтор ва шумораи воҳидҳои кории Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод ирсол менамояд;
- ба вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси додани рутбаҳои ҳарбӣ ба судяҳо ва хизматчиёни ҳарбии коллегияи ҳарбии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, судяҳо ва хизматчиёни ҳарбии судҳои ҳарбии гарнизонҳо пешниҳод ирсол менамояд;
- масъалаҳоро оид ба таъминоти кадрӣ, молиявӣ, ташкилӣ ва моддию техникии судҳои поёнӣ баррасӣ мекунад;
- нисбат ба кормандони дастгоҳҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, судҳои вилоят ва шаҳри Душанбе, судҳои ҳарбии гарнизонҳо, шаҳр ва ноҳия, Маркази таълимии судяҳои назди Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, коромўз-судяҳо ҷазои интизомӣ татбиқ менамояд;
- Низомномаи Маркази таълимии судяҳои назди Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро тасдиқ намуда, кормандони онро, ба истиснои Директори Марказ, ба кор қабул ва аз кор озод менамояд;
- дар хусуси ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқат доштани қонун ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии татбиқшуда ва ё татбиқшаванда оид ба парвандаи баррасишаванда ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат менамояд;
- ҷиҳати тақвияти муқовимат ба коррупсия ва риояи талаботи Кодекси одоби судяи Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳо меандешад;
- корро оид ба баланд бардоштани дараҷаи тахассусии судяҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва гузаштани таҷрибаомўзии судяҳои судҳои поёнӣ дар Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил мекунад, инчунин судяҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва судҳои поёниро ҳавасманд мегардонад ва онҳоро барои сарфароз намудан бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ менамояд;
- оид ба баланд бардоштани дараҷаи тахассусии кормандони дастгоҳи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чораҳо меандешад, дар бораи ҳавасмандгардонӣ ё ба ҷазои интизомӣ кашидани кормандони дастгоҳ фармоиш қабул менамояд, дар доираи салоҳияти худ ба кормандони дастгоҳи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон рутбаҳо ва рутбаҳои тахассусии хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро медиҳад;
- шаҳрвандонро шахсан қабул ва корро оид ба баррасии муроҷиатҳо ташкил менамояд;
- оид ба нигоҳдории молу мулки давлатӣ, ки ба Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои истифодабарӣ дода шудааст, чораҳо меандешад;
- ваколатҳои дигареро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ кардааст, амалӣ менамояд (Қонуни конст. ҶТ аз 23.07.16 с., №1328).
Моддаи 38. Салоҳияти муовини якум ва муовинони Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Муовини якум ва муовинони Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- тибқи тартиби муқарраргардида парвандаҳоеро, ки дар марҳилаи якуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ карда мешаванд, дар байни судяҳо тақсим менамоянд;
- парвандаҳоро дар суди марҳилаи якум баррасӣ мекунанд ва иҷрои санадҳои судии қабулгардидаро мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон назорат менамоянд; (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., № 1509)
- оид ба парванда ҳайати коллегияи кассатсионӣ ва назоратӣ, инчунин судяи маърӯзакунандаро таъин менамоянд;
- дар маҷлисҳои коллегияҳои судии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми баррасии парвандаҳо раисӣ мекунанд;
- шикоят ва эътирозҳои назоратиро баррасӣ менамоянд;
- ҳуқуқ доранд қарори судя дар бораи беқаноат монондани эътироз ё шикояти назоратиро аз рӯйи парвандаҳои ҷиноятӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бекор намуда, оид ба оғоз намудани пешбурди назоратӣ ва ба баррасии марҳилаи назоратии судӣ додани эътироз ё шикояти назоратӣ қарор қабул намоянд;
- мувофиқи тақсимоти вазифаҳо ба кори Раёсат, воҳидҳои сохтории дастгоҳи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарӣ мекунанд;
- кори такмили ихтисоси судяҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҷрибаомӯзии судяҳои судҳои дигарро ташкил менамоянд;
- парвандаҳоро барои омӯзиш талаб менамоянд ва барои гузаронидани ҷамъбасти таҷрибаи судӣ чораҳо меандешанд, аз натиҷаи ҷамъбасти таҷрибаи судӣ ба мақомоти дахлдор пешниҳод ирсол менамоянд;
- шаҳрвандонро шахсан қабул мекунанд;
- ваколатҳои дигареро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ кардааст, амалӣ менамоянд.
Моддаи 39. Салоҳияти раиси коллегияи ҳарбии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
- ба фаъолияти коллегияи ҳарбии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарӣ менамояд, ҳайатҳои судиро дар марҳилаҳои кассатсионӣ, назоратӣ муайян ва судяи маърӯзакунандаро таъин мекунад;
- дар суди марҳилаи якум парвандаҳоро баррасӣ мекунад ва иҷрои санадҳои судии қабулгардидаро мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон назорат менамояд; (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., № 1509)
- дар маҷлисҳои коллегияи ҳарбии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми баррасии парвандаҳо раисӣ мекунад;
- ба Пленум ва Раёсати Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷиикистон дар бораи фаъолияти коллегияи ҳарбии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот пешниҳод менамояд;
- иҷрои қарорҳои Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷи-кистонро назорат мекунад;
- шикоят ва эътирозҳои назоратиро баррасӣ менамояд;
- парвандаҳои судиро барои омӯзиш талаб мекунад ва барои гузаронидани ҷамъбасти таҷрибаи судӣ чораҳо меандешад;
(Сархатњои 8–9 хориљ карда шуд) (Қонуни конст. ҶТ аз 23.07.16 с., №1328);
- оид ба нигоҳдории молу мулки давлатӣ, ки ба коллегияи ҳарбии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои истифодабарӣ дода шудааст, чораҳо меандешад;
- шаҳрвандонро шахсан қабул мекунад;
- ваколатҳои дигареро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, амалӣ менамояд.
Моддаи 40. Салоҳияти муовини раиси коллегияи ҳарбии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Муовини раиси коллегияи ҳарбии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- парвандаҳоро дар суди марҳилаи якум баррасӣ мекунад ва иҷрои санадҳои судии қабулгардидаро мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон назорат менамояд; (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., № 1509)
- метавонад дар марҳилаҳои кассатсионӣ ва назоратӣ раисӣ намояд;
- шикоят ва эътирозҳои назоратиро баррасӣ менамояд;
- оид ба маводи ҷамъбасти таҷрибаи судӣ, ки барои баррасӣ ба Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раёсати Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудаанд, маърӯза менамояд;
- шаҳрвандонро шахсан қабул менамояд;
- ваколатҳои дигареро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, амалӣ менамояд.
Моддаи 41. Салоҳияти раисони коллегияҳои судии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Раисони коллегияҳои судии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- парвандаҳоро дар суди марҳилаи якум баррасӣ мекунанд ва иҷрои санадҳои судии қабулгардидаро мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон назорат менамоянд; (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., № 1509)
- кори коллегияҳои судиро ташкил карда, ҳайати суд, ҷой ва вақти дар маҷлиси суд баррасӣ кардани парвандаро муайян мекунанд;
- дар маҷлисҳои коллегияҳои судӣ ҳангоми баррасии парвандаҳо раисӣ мекунанд;
- ба Пленум ва Раёсати Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи фаъолияти коллегияҳои судӣ ҳисобот медиҳанд;
- иҷрои қарорҳои Пленуми Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷи-кистонро назорат менамоянд;
- парвандаҳои судиро барои омӯзиш талаб мекунанд ва барои гузаронидани ҷамъбасти таҷрибаи судӣ чораҳо меандешанд;
- шаҳрвандонро шахсан қабул менамоянд;
- ваколатҳои дигареро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ кардааст, амалӣ менамоянд.
Моддаи 42. Салоҳияти судяи Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
- парвандаҳоро дар марҳилаи якум баррасӣ мекунад ва иҷрои санадҳои судии қабулгардидаро мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон назорат менамояд; (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., № 1509)
- дар маҷлисҳои коллегияҳои судӣ иштирок мекунад;
- эътироз ва шикоятҳои назоратиро баррасӣ менамояд;
- оид ба маводи ҷамъбасти таҷрибаи судӣ, ки барои баррасӣ ба Пленум ва Раёсати Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод шудаанд, маърӯза менамояд;
- супориши Раис, муовини якум, муовинон ва раисони коллегияҳои судии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазифаҳои дигарро дар доираи салоҳияташ иҷро мекунад;
- ваколатҳои дигареро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, амалӣ менамояд.
Моддаи 43. Шӯрои илмию машваратии Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
БОБИ 4.
СУДИ ОЛИИ ИҚТИСОДИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Моддаи 44. Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми олии судӣ оид ба ҳалли баҳсҳои иқтисодӣ ва парвандаҳои дигаре, ки бо фаъолияти соҳибкорӣ ва дигар фаъолияти иқтисодӣ алоқаманданд, инчунин парвандаҳои дигари аз ҷониби судҳои иқтисодӣ баррасигардида ба ҳисоб рафта, назорати судиро аз болои фаъолияти Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе оид ба парвандаҳои иқтисодии дар тобеияти онҳобуда амалӣ намуда, барои ташкили кори Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе, таъминоти моддию техникии онҳо, хоста гирифтан ва тайёр намудани номзадҳо ба вазифаи судя, такмили ихтисоси судяҳо ва кормандони дастгоҳи судҳо, пешниҳод барои ба вазифа интихоб ва таъин намудан, аз вазифа бозхонд ва озод кардани судяҳо, ташкили имтиҳоноти тахассусӣ ва иҷрои ваколатҳои дигари пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон масъул мебошад (Қонуни конст. ҶТ аз 23.07.16 с., №1328).
Моддаи 45. Салоҳияти Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- дар доираи салоҳияти худ парвандаҳоро дар марҳилаи якум, ба тариқи кассатсионӣ ва назоратӣ баррасӣ менамояд;
- аризаи шахсони иштирокчии парвандаро дар бораи вобаста ба ҳолатҳои нав ошкоргардида аз нав баррасӣ намудани санадҳои судии эътибори қонунӣ пайдокардаи қабулнамудаи ӯ, инчунин санадҳои судҳои марҳилаҳои кассатсионӣ ё назоратӣ, ки дар асоси онҳо санади судии суди марҳилаи якум тағйир дода шудааст ё санади судии нав қабул шудааст, баррасӣ менамояд;
- дар хусуси ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқат доштани қонун ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии татбиқшуда ва ё татбиқшаванда оид ба парвандаи баррасишаванда ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат менамояд (Қонуни конст. ҶТ аз 23.07.16 с., №1328);
- таҷрибаи аз тарафи судҳои иқтисодӣ татбиқ намудани қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки муносибатҳоро дар соҳаи фаъолияти соҳибкорӣ ва дигар фаъолияти иқтисодӣ танзим менамоянд, ҷамъбаст мекунад, оид ба масъалаҳои таҷрибаи судӣ тавзеҳоти дастурӣ медиҳад;
- оид ба такмили қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомоти дахлдор таклифҳо таҳия ва пешниҳод менамояд;
- омори судии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанберо таҳлил менамояд (Қонуни конст. ҶТ аз 23.07.16 с., №1328);
- дар доираи салоҳияти худ масъалаҳоеро, ки аз шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеоянд, ҳал менамояд;
- оид ба такмили низоми судӣ-ҳуқуқӣ ва мусоидат намудан ба таҳкими мустақилияти судҳо таклифҳо пешниҳод менамояд (Қонуни конст. ҶТ аз 23.07.16 с., №1328);
- масъалаҳоро оид ба таъминоти кадрӣ, молиявӣ, ташкилӣ ва моддию техникии судҳои иқтисодӣ баррасӣ мекунад (Қонуни конст. ҶТ аз 23.07.16 с., №1328);
- ваколатҳои дигареро, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ кардаанд, амалӣ менамояд (Қонуни конст. ҶТ аз 23.07.16 с., №1328).
Моддаи 46. Ҳайати Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон
- Пленуми Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Раёсати Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- коллегияи судии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
(Сархати 4 хориљ шуд) (Қонуни конст. ҶТ аз 23.07.16 с., №1328).
Моддаи 47. Пленуми Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Моддаи 48. Салоҳияти Пленуми Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон
- бо пешниҳоди Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон шумора ва ҳайати Раёсати Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистонро тасдиқ мекунад;
- бо пешниҳоди Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон раис ва ҳайати коллегияи судии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистонро тасдиқ мекунад;
- бо пешниҳоди Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон котиби Пленуми Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистонро интихоб менамояд;
- ҳисоботро оид ба кори Раёсат, коллегияи судии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе мешунавад (Қонуни конст. ҶТ аз 23.07.16 с., №1328);
(сархати 5 хориљ карда шуд) (Қонуни конст. ҶТ аз 23.07.16 с., №1328);
- аз натиҷаи ҷамъбасти амалияи судӣ бо мақсади ҷорӣ намудани таҷрибаи якхела ва татбиқи дурусти қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон тавзеҳоти дастурӣ медиҳад ва онҳо барои суд, судяҳо, мақомоту шахсони мансабдоре, ки қонуни тавзеҳшударо татбиқ менамоянд, ҳатмӣ мебошанд;
- пешниҳоди Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи ба судҳо додани тавзеҳоти дастурӣ оид ба масъалаҳои амалияи судӣ аз рӯи парвандаҳои иқтисодӣ баррасӣ менамояд;
- гузоришҳои раисони Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанберо дар бораи таҷрибаи татбиқи қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дар бораи иҷрои тавзеҳоти дастурии Пленуми Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон мешунавад;
- бо пешниҳоди Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шӯрои илмию машваратии Суди Олии иқтисодиро аз ҳисоби олимон ва мутахассисони соҳаи ҳуқуқ таъсис дода, Низомнома ва ҳайати онро тасдиқ мекунад;
- бо пешниҳоди Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳайати таҳририяи маҷаллаи «Ахбори Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро тасдиқ мекунад;
- пешниҳоди Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи ба қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқат накардани тавзеҳоти дастурии Пленуми Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ менамояд;
- дар хусуси ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқат доштани қонун ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии татбиқшуда ва ё татбиқшаванда оид ба парвандаи баррасишаванда ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат менамояд (Қонуни конст. ҶТ аз 23.07.16 с., №1328);
- ваколатҳои дигареро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ кардааст, амалӣ менамояд.
Моддаи 49. Котиби Пленуми Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Моддаи 50. Раёсати Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Моддаи 51. Салоҳияти Раёсати Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон
- ба тариқи назоратӣ парвандаҳои иқтисодиро баррасӣ менамояд, қонунӣ ва асоснокии санадҳои судиро месанҷад;
- аризаи шахсони иштирокчии парвандаро дар бораи вобаста ба ҳолатҳои нав ошкоргардида аз нав баррасӣ намудани санади судии қабулнамудаи ӯ, ки дар асоси он санади суди марҳилаи якум тағйир дода шудааст ё ҳалномаи нав қабул шудааст, баррасӣ менамояд;
- маводи ҷамъбасти таҷрибаи судӣ ва омори судиро баррасӣ мекунад;
- масъалаҳои ташкили фаъолияти Раёсат, коллегияи судӣ ва дастгоҳи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ менамояд;
- ҳисоботи раиси коллегияи судии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанберо оид ба фаъолияташон мешунавад (Қонуни конст. ҶТ аз 23.07.16 с., №1328);
- гузориши раиси Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанберо оид ба таҷрибаи татбиқи қонунҳо, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои Пленуми Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон мешунавад;
- масъалаҳои расондани ёрии амалӣ ба судҳои иқтисодии ҷумҳуриро оид ба татбиқи дурусти қонунгузорӣ, инчунин санҷиши фаъолияти ин судҳоро баррасӣ ва ҳал менамояд (Қонуни конст. ҶТ аз 23.07.16 с., №1328).
Моддаи 52. Коллегияи судии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон
-ба тариқи кассатсионӣ парвандаҳои иқтисодиро баррасӣ менамояд, қонунӣ ва асоснокии санадҳои судиро санҷида мебарояд;
- ба тариқи назоратӣ парвандаҳои иқтисодиро баррасӣ менамояд, агар ин парвандаҳо дар ҳамин коллегияи судӣ ба тариқи кассатсионӣ баррасӣ нагардида бошанд;
- аризаи шахсони иштирокчии парвандаро дар бораи вобаста ба ҳолатҳои нав ошкоргардида аз нав баррасӣ намудани санадҳои судии судҳои марҳилаҳои кассатсионӣ ё назоратӣ, ки дар асоси онҳо санади судии суди марҳилаи якум тағйир дода шудааст ё санади судии нав қабул шудааст, баррасӣ менамояд;
- таҷрибаи судиро ҷамъбаст намуда, аз натиҷаи он ба мақомоти дахлдор пешниҳодҳо ирсол менамояд;
- омори судиро таҳлил мекунад;
- ваколатҳои дигареро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, амалӣ менамояд.
Моддаи 53. Салоҳияти Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон
- фаъолияти Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанберо ташкил ва роҳбарӣ менамояд;
- Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар муносибатҳо бо мақомоти давлатӣ ва ҷамъиятӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ, корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳои дигар ва шахсони мансабдор намояндагӣ мекунад;
- вазифаҳоро дар байни муовини якум ва муовинони Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон тақсим мекунад;
- тартиби тақсими парвандаҳоро дар байни судяҳои Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва судяҳои судҳои иқтисодӣ тасдиқ менамояд ва масъалаи аз як суди иқтисодӣ ба суди иқтисодии дигар супоридани парвандаҳои судиро ҳал менамояд;
- шакл ва тартиби пешниҳоди ахборотро дар бораи фаъолияти солонаи ҳар як судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисон, муовинони раисон ва судяҳои Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанберо муқаррар мекунад;
- ҷадвали воҳиди кории Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе, Низомномаи Дастгоҳи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастурамали мансабии Раёсат, шуъба ва бахшҳои Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастурамали коргузории судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистонро тасдиқ мекунад, кормандони Дастгоҳи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба кор қабул ва аз кор озод менамояд; (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., № 1509)
- дар доираи маблағҳои ҷудошуда сметаи хароҷот ва рўйхати воҳидҳои кории судҳои иқтисодиро тасдиқ менамояд;
- барои тасдиқ намудан ба Пленуми Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон номзадии котиби Пленуми Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шумора ва ҳайати Раёсати Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раис ва ҳайати коллегияи судии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳайати Шўрои илмию машваратии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомномаи он, инчунин ҳайати таҳририяи маҷаллаи «Ахбори Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро пешниҳод менамояд;
- Пленум ва Раёсати Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистонро даъват менамояд, рўзномаи маҷлисҳои Пленум ва Раёсати Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистонро тартиб медиҳад ва дар маҷлисҳои онҳо раисӣ мекунад, дар бораи фаъолияти Пленум ва Раёсати Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоот медиҳад, иҷрои тавзеҳоти дастурии Пленуми Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистонро назорат мекунад;
- корро оид ба ҷамъбасти таҷрибаи судӣ барои пешниҳод намудани натиҷаи он ба баррасии Пленум ва Раёсати Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил мекунад;
- ба Коллегияи тахассусии судяҳои судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи гузаронидани санҷиши тахассусии судяҳои Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисон, муовинони раисон ва судяҳои Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе ҷиҳати додани хулоса оид ба муносиб будан ё набудан барои ба вазифа интихоб ва таъин шудан, аз вазифа бозхонд ва озод намудан, инчунин додани дараҷаи тахассусӣ ба онҳо пешниҳод ирсол менамояд;
- нисбати судяҳои Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисони Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе, муовинони онҳо ва судяҳои Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе бо асосҳои дар Қонуни конститутсионии мазкур пешбинишуда парвандаи интизомӣ оғоз менамояд; (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., № 1509)
- бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати санадҳои судии қабулнамудаи судҳои иқтисодӣ, инчунин коллегияи судии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, агар ҳангоми қабули онҳо ба вайронкунии ҷиддии меъёрҳои ҳуқуқҳои моддӣ ва мурофиавӣ роҳ дода шуда бошанд, ба коллегияи судӣ ва Раёсати Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироз ирсол менамояд;
- дар маҷлисҳои коллегияи судии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми баррасии парвандаҳо раисӣ карда метавонад;
- барои дар марҳилаи якум дар Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба таври дастҷамъӣ баррасӣ намудани парвандаҳо оид ба муфлисшавӣҳайати судӣ ва судяи дар маҷлиси судӣ раисикунандаро муайян мекунад; (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., № 1509)
- аз натиҷаи ҷамъбасти таҷрибаи судӣ ба мақомоти давлатӣ, ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва шахсони мансабдор дар бораи бартараф кардани қонунвайронкуниҳо пешниҳод ирсол менамояд;
- ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол намудани пешниҳод дар бораи ба вазифа интихоб ва аз вазифа бозхонд намудани муовини якум, муовинони раис ва судяҳои Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон таклиф пешниҳод менамояд;
- ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба вазифа таъин ва аз вазифа озод намудани раисон, муовинони раисон ва судяҳои Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе пешниҳод ирсол менамояд;
- оид ба таъсиси судҳои иқтисодӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешниҳод намудан ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таклиф ирсол мекунад;
- ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба шумораи судяҳои судҳои иқтисодӣ ва шумораи кормандони дастгоҳи судҳои иқтисодӣ пешниҳод ирсол менамояд;
- дар якҷоягӣ бо Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъсиси комиссияи имтиҳонотӣ барои номзадҳо ба вазифаи судя ва коромўз-судя, тасдиқи ҳайат ва Низомномаи он ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод ирсол менамоянд;
- ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ба муовини якум, муовинони раис ва судяҳои Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раис, муовин ва судяҳои Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе додани дараҷаҳои тахассусӣ пешниҳод ирсол менамояд;
- масъалаҳоро оид ба таъминоти кадрӣ, молиявӣ, ташкилӣ ва моддию техникии судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ мекунад;
- нисбат ба кормандони дастгоҳи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе ҷазои интизомӣ татбиқ менамояд;
- муовини якум, муовинони раис ва судяҳои Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисон, муовинони раисон ва судяҳои Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанберо ҳавасманд мегардонад ва онҳоро барои сарфароз намудан бо мукофотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ менамояд;
- дар хусуси ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқат доштани қонун ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии татбиқшуда ва ё татбиқшаванда оид ба парвандаи баррасишаванда ба Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон муроҷиат менамояд;
- ҷиҳати тақвияти муқовимат ба коррупсия ва риояи талаботи Кодекси одоби судяи Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳо меандешад;
- корро оид ба баланд бардоштани дараҷаи тахассусии судяҳои Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисон, муовинони раисон ва судяҳои Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе, инчунин гузаштани таҷрибаомўзии судяҳои Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанберо дар Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил мекунад;
- корро оид ба баланд бардоштани дараҷаи тахассусии кормандони дастгоҳи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе ташкил мекунад, дар бораи ҳавасмандкунӣ ё ба ҷазои интизомӣ кашидани кормандони дастгоҳ фармоиш қабул менамояд, дар доираи салоҳияти худ ба кормандони дастгоҳи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе рутбаҳо ва рутбаҳои тахассусии хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро медиҳад;
- пристави судӣ, мушовир ва ёрдамчии раисони судҳои иқтисодиро ба вазифа таъин ва аз вазифа озод мекунад;
- шаҳрвандонро шахсан қабул мекунад ва корро оид ба баррасии муроҷиатҳо ташкил менамояд;
- оид ба нигоҳдории молу мулки давлатӣ, ки барои истифодабарӣ ба Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шудааст, чораҳо меандешад;
- ваколатҳои дигареро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, амалӣ менамояд.
Моддаи 54. Салоҳияти муовини якум ва муовинони Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии
Тоҷикистон
Муовини якум, муовинони Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- парвандаҳои иқтисодиро дар суди марҳилаи якум баррасӣ мекунанд ва иҷрои санадҳои судии қабулгардидаро мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон назорат менамоянд; (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., № 1509)
- дар маҷлисҳои коллегияи судии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми баррасии парвандаҳо метавонанд раисӣ намоянд;
- мувофиқи тақсимоти вазифаҳо ба фаъолияти воҳидҳои сохтории Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарӣ мекунанд;
- кори такмили ихтисоси судяҳои Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҷрибаомӯзии судяҳои дигар судҳои иқтисодиро ташкил менамоянд;
- парвандаҳоро барои омӯзиш талаб менамоянд ва барои гузаронидани ҷамъбасти таҷрибаи судӣ чораҳо меандешанд, аз натиҷаи ҷамъбасти таҷрибаи судӣ ба мақомоти дахлдор пешниҳодҳо ирсол менамоянд;
- шаҳрвандонро шахсан қабул мекунанд;
- ваколатҳои дигареро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, амалӣ менамоянд.
Моддаи 55. Салоҳияти раиси коллегияи судии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Раиси коллегияи судии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- парвандаҳоро дар суди марҳилаи якум баррасӣ мекунад ва иҷрои санадҳои судии қабулгардидаро мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон назорат менамояд; (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., № 1509)
- кори коллегияи судиро ташкил намуда, ҳайати суд, ҷой ва вақти дар маҷлиси суд баррасӣ кардани парвандаро муайян мекунад;
- дар маҷлисҳои коллегияи судӣ ҳангоми баррасии парвандаҳо раисӣ менамояд;
- ба Пленум ва Раёсати Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи фаъолияти коллегияи судӣ ҳисобот медиҳад;
- иҷрои қарорҳои дастурии Пленуми Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистонро назорат менамояд;
- парвандаҳои судиро барои омӯзиш талаб менамояд ва барои гузаронидани ҷамъбасти таҷрибаи судӣ чораҳо меандешад;
- шаҳрвандонро шахсан қабул менамояд;
- ваколатҳои дигареро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, амалӣ менамояд.
Моддаи 56. Салоҳияти судяи Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон
- парвандаҳоро дар суди марҳилаи якум баррасӣ мекунад ва иҷрои санадҳои судии қабулгардидаро мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон назорат менамояд; (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., № 1509)
- дар маҷлиси судии марҳилаҳои кассатсионӣ ва назоратӣ иштирок мекунад;
- эътироз ва шикояти назоратиро баррасӣ менамояд; (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., № 1509)
- оид ба ҷамъбасти таҷрибаи судӣ ба Пленум ва Раёсати Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон маърӯза менамояд;
- бо супориши Раис, муовини якум, муовинон ва раиси коллегияи судии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаҳои дигарро дар доираи салоҳияташ иҷро мекунад;
- ваколатҳои дигареро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, амалӣ менамояд.
Моддаи 57. Шӯрои илмию машваратии Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон
БОБИ 5.
СУДҲОИ ҲАРБИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Моддаи 58. Судҳои ҳарбии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Моддаи 59. Баррасии парвандаҳои гражданӣ, оилавӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ аз
ҷониби судҳои ҳарбӣ
Ба судҳои ҳарбӣ парвандаҳои гражданӣ ва оилавӣ, ки дар онҳо яке аз тарафҳо хизматчиёни ҳарбӣ мебошанд, инчунин парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ нисбати хизматчиёни ҳарбӣ тобеияти судӣ доранд.
Моддаи 60. Баррасии парвандаҳо оид ба шикояти амалу қарорҳои мақомоти идоракунии
ҳарбӣ ва мансабдорони ҳарбӣ
Моддаи 61. Суди ҳарбии гарнизон
Моддаи 62. Салоҳияти суди ҳарбии гарнизон
- парвандаҳои гражданӣ, оилавӣ, ҷиноятӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба истиснои парвандаҳое, ки ба суди болоӣ тобеияти судӣ доранд;
- парвандаҳоро аз рӯйи шикоят ба амалу қарорҳои мақомоти идоракунии ҳарбӣ ва шахсони мансабдори ҳарбӣ;
- дар асоси аризаи тарафҳо, прокурор, дигар шахсони иштирокчии парванда бинобар ҳолатҳои нав ошкоргардида аз нав баррасӣ намудани санадҳои судии эътибори қонунӣ пайдокардаи судҳои ҳарбӣ.
Моддаи 63. Салоҳияти раиси суди ҳарбии гарнизон
- ба кори суди ҳарбии гарнизон роҳбарӣ мекунад ва нақшаи кории судро тасдиқ мекунад;
- тибқи тартиби муқарраргардида парвандаҳоро байни судяҳо тақсим менамояд;
- парвандаҳоро дар суди марҳилаи якум баррасӣ мекунад ва иҷрои санадҳои судии қабулгардидаро мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон назорат менамояд; (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., № 1509)
- ташкили корро бо машваратчиёни халқӣ муайян мекунад;
- кори такмили ихтисоси кормандони дастгоҳи суд ва машваратчиёни халқиро ба роҳ мемонад;
- кори ташвиқи донишҳои ҳуқуқӣ ва қонунро ташкил намуда, ин фаъолиятро бо ҳайати фармондеҳӣ ва прокуратураи ҳарбӣ мутобиқ месозад;
- кормандони техникии дастгоҳи судро ба кор қабул ва аз кор озод менамояд;
- ҷиҳати тақвияти муқовимат ба коррупсия ва риояи меъёрҳои Кодекси одоби судяи Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳо меандешад;
- оид ба нигоҳдории молу мулки давлатӣ, ки ба суд барои истифодабарӣ дода шудааст, чораҳо меандешад;
- корро оид ба баррасии арзу шикоятҳои хизматчиёни ҳарбӣ ва қабули шаҳрвандон ташкил менамояд, шахсан хизматчиёни ҳарбӣ ва дигар шаҳрвандонро қабул мекунад;
- ваколатҳои дигареро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, амалӣ менамояд.
Моддаи 64. Салоҳияти муовини раиси суди ҳарбии гарнизон
Муовини раиси суди ҳарбии гарнизон:
- парвандаҳоро дар суди марҳилаи якум баррасӣ мекунад ва иҷрои санадҳои судии қабулгардидаро мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон назорат менамояд; (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., № 1509)
- мутобиқи тақсими вазифаҳо ба кори воҳидҳои сохтории дастгоҳи суди ҳарбии гарнизон роҳбарӣ менамояд;
- хизматчиёни ҳарбӣ ва шаҳрвандонро шахсан қабул менамояд;
- ваколатҳои дигареро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, амалӣ менамояд.
Моддаи 65. Салоҳияти судяи суди ҳарбии гарнизон
- парвандаҳоро дар марҳилаи якум баррасӣ мекунад ва иҷрои санадҳои судии қабулгардидаро мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон назорат менамояд; (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., № 1509)
- бо супориши раис ва муовини раиси суди ҳарбии гарнизон вазифаҳои дигарро дар доираи салоҳияташ иҷро мекунад;
- ваколатҳои дигареро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, амалӣ менамояд.
Моддаи 66. Пуррасозии судҳои ҳарбӣ
Моддаи 67. Дастгоҳи судҳои ҳарбӣ
Моддаи 68. Тартиби адои хизмати ҳарбӣ дар судҳои ҳарбӣ
Моддаи 69. Посбонӣ, нигоҳдорӣ ва бо посбон бурдани шахсони ба ҳабс гирифташуда
БОБИ 6.
СУДИ ВИЛОЯТИ МУХТОРИ КӮҲИСТОНИ БАДАХШОН,
СУДҲОИ ВИЛОЯТ ВА ШАҲРИ ДУШАНБЕ
Моддаи 70. Ҳайати Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят ва шаҳри
Душанбе
- Раёсати суд;
- коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои гражданӣ;
- коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои оилавӣ;
- коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятӣ;
- коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ.
Моддаи 71. Салоҳияти Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят ва шаҳри
Душанбе
- дар марҳилаи якум парвандаҳои гражданӣ, оилавӣ, ҷиноятӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмуриро баррасӣ мекунанд ва иҷрои санадҳои судии қабулгардидаро мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон назорат менамоянд; (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., № 1509)
- ба тариқи кассатсионӣ ва назоратӣ парвандаҳои гражданӣ, оилавӣ, ҷиноятӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмуриро баррасӣ менамоянд;
- пешниҳоди Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё хулосаи прокурорро доир ба зарурати аз нав сар кардани пешбурд аз рӯйи парвандаҳои ҷиноятӣ ва маъмурӣ бинобар ҳолатҳои нав ошкоршуда баррасӣ менамоянд;
- аризаи тарафҳо, прокурор, дигар шахсони иштирокчии парвандаро дар бораи вобаста ба ҳолатҳои нав ошкоргардида аз нав баррасӣ намудани санади судии қабулнамудаи он, инчунин қарорҳои судҳои марҳилаҳои кассатсионӣ ё назоратӣ, ки дар асоси онҳо санади суди марҳилаи якум тағйир дода шудааст ё санади судии нав қабул шудааст, баррасӣ менамоянд;
- таҷрибаи аз тарафи судҳои шаҳр ва ноҳия татбиқ намудани қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷамъбаст мекунанд, аз натиҷаи он ба мақомоти дахлдор пешниҳод ирсол менамоянд;
- омори судиро таҳлил менамоянд;
- ваколатҳои дигареро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, амалӣ менамоянд.
Моддаи 72. Раёсати Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят ва шаҳри
Душанбе
Моддаи 73. Салоҳияти Раёсати Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят
ва шаҳри Душанбе
Раёсати Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят ва шаҳри Душанбе:
- ба тариқи назоратӣ парвандаҳои гражданӣ, оилавӣ, ҷиноятӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмуриро баррасӣ менамояд;
- пешниҳоди Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё хулосаи прокурорро доир ба зарурати аз нав сар кардани пешбурд аз рӯйи парвандаҳои ҷиноятӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бинобар ҳолатҳои нав ошкоршуда баррасӣ менамояд;
- аризаи тарафҳо, прокурор, шахсони дигари иштирокчии парвандаро дар бораи вобаста ба ҳолатҳои нав ошкоргардида аз нав баррасӣ намудани қарори суди марҳилаи назоратӣ, ки дар асоси он ҳалномаи суди марҳилаи якум тағйир дода шудааст ё ҳалномаи нав қабул шудааст, баррасӣ менамояд;
- бо пешниҳоди раиси суд аз ҷумлаи судяҳо ҳайати коллегияҳои судӣ оид ба парвандаҳои гражданӣ, оилавӣ, ҷиноятӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва аз ҷумлаи муовинони раиси суд ва судяҳо раисони ин коллегияҳои судиро тасдиқ менамояд;
- масъалаҳои ташкили кори коллегияҳои судиро баррасӣ менамояд, дар бораи фаъолияти коллегияҳои судӣ ҳисоботи раисони коллегияҳои судиро мешунавад;
- маводи ҷамъбасти таҷрибаи судӣ ва омори судиро баррасӣ менамояд;
- ҳисоботи раисони коллегияҳои судиро оид ба фаъолияти коллегияҳо, раисони судҳои шаҳр ва ноҳияро дар бораи фаъолияти ин судҳо мешунавад, масъалаҳои кори дастгоҳи судро баррасӣ менамояд;
- ваколатҳои дигареро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, амалӣ менамояд.
Моддаи 74. Тартиби кори Раёсати Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои
вилоят ва шаҳри Душанбе
Моддаи 75. Коллегияҳои судии Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят
ва шаҳри Душанбе
Моддаи 76. Салоҳияти коллегияҳои судии Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон,
судҳои вилоят ва шаҳри Душанбе
Коллегияҳои судӣ оид ба парвандаҳои гражданӣ, оилавӣ, ҷиноятӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурии Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят ва шаҳри Душанбе:
- парвандаҳоро дар суди марҳилаи якум баррасӣ мекунанд ва иҷрои санадҳои судии қабулгардидаро мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон назорат менамоянд; (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., № 1509)
- дар доираи салоҳияти худ парвандаҳоро бо тартиби кассатсионӣ баррасӣ менамоянд;
- аризаи тарафҳо, прокурор, шахсони дигари иштирокчии парвандаро дар бораи вобаста ба ҳолатҳои нав ошкоргардида аз нав баррасӣ намудани қарорҳои судии қабулнамудаи ҳамин коллегия, инчунин қарори суди марҳилаи кассатсионӣ, ки дар асоси он қарорҳои суди марҳилаи якум тағйир дода шудааст ё қарори нави судӣ қабул шудааст, баррасӣ менамоянд;
- таҷрибаи судиро ҷамъбаст, омори судиро таҳлил менамоянд, аз натиҷаи он ба мақомоти дахлдор пешниҳод ирсол менамоянд;
- ваколатҳои дигареро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, амалӣ менамоянд.
Моддаи 77. Салоҳияти раисони Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят
ва шаҳри Душанбе
- ба фаъолияти суди дахлдор роҳбарӣ мекунанд ва нақшаи кории судро тасдиқ мекунанд;
- вазифаҳоро дар байни муовинони раиси суд тақсим мекунанд;
- тибқи тартиби муқарраргардида парвандаҳоро байни судяҳо тақсим менамоянд;
- парвандаҳоро дар суди марҳилаи якум баррасӣ мекунанд ва иҷрои санадҳои судии қабулгардидаро мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон назорат менамоянд; (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., № 1509)
- дар коллегияҳои судӣ ҳангоми ба тариқи кассатсионӣ баррасӣ намудани парвандаҳо раисӣ карда метавонанд;
- дар коллегияҳои судӣ ва Раёсати судҳои мазкур оид ба парвандаҳо маърӯза карда метавонанд;
- Раёсати судро даъват намуда, дар маҷлиси он раисӣ мекунанд;
- ба ташкили кори дастгоҳи суд роҳбарӣ карда, кормандони дастгоҳ ва ҳайати ёрирасони судро, ба истиснои пристави судӣ, мушовир ва ёрдамчии раиси суд ба кор қабул ва аз кор озод менамоянд (Қонуни конст. ҶТ аз 23.07.16 с., №1328);
- кори такмили ихтисоси судяҳо ва кормандони дастгоҳи судро ташкил менамоянд;
- нисбати раисон, муовинон ва судяҳои суди шаҳр ва ноҳия бо асосҳои дар Қонуни конститутсионии мазкур пешбинишуда парвандаи интизомӣ оғоз менамоянд;
- корҳоро оид ба ҷамъбасти таҷрибаи судӣ ва таҳлили омори судӣ ташкил мекунанд;
- шаҳрвандонро шахсан қабул намуда, фаъолияти судиро оид ба қабули шаҳрвандон ва баррасии муроҷиатҳо ташкил менамоянд;
- ҷиҳати тақвияти муқовимат ба коррупсия ва риояи меъёрҳои Кодекси одоби судяи Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳо меандешанд;
- оид ба нигоҳдории молу мулки давлатӣ, ки ба суд барои истифодабарӣ дода шудааст, чораҳо меандешанд;
- ваколатҳои дигареро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, амалӣ менамоянд.
Моддаи 78. Салоҳияти муовини якум ва муовинони раиси Суди Вилояти Мухтори
Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят ва шаҳри Душанбе
Муовини якум ва муовинони раиси Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят ва шаҳри Душанбе:
- парвандаҳоро дар суди марҳилаи якум баррасӣ мекунанд ва иҷрои санадҳои судии қабулгардидаро мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон назорат менамоянд; (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., № 1509)
- кори коллегияҳои судиро дар хусуси ба тариқи кассатсионӣ баррасӣ кардани парвандаҳо ташкил менамоянд;
- дар маҷлисҳои судии коллегияҳо, ки роҳбарии онҳоро ба ӯҳда доранд, раисӣ мекунанд ё барои иҷрои ин вазифа дигар судяҳоро таъин мекунанд;
- дар коллегияи судӣ ва дар маҷлисҳои Раёсат оид ба парвандаҳо маърӯза менамоянд;
- ба Раёсати суд дар бораи фаъолияти коллегияҳо ҳисобот медиҳанд;
- парвандаҳои судиро аз судҳои шаҳр ва ноҳия барои омӯзиш талаб мекунанд ва барои гузаронидани ҷамъбасти таҷрибаи судӣ чораҳо меандешанд, аз натиҷаи ҷамъбасти таҷрибаи судӣ ба мақомоти дахлдор пешниҳод ирсол менамоянд;
- шахсан шаҳрвандонро қабул мекунанд;
- ваколатҳои дигареро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, амалӣ менамоянд.
Моддаи 79. Салоҳияти судяи Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят ва
шаҳри Душанбе
- парвандаҳоро дар марҳилаи якум баррасӣ мекунад ва иҷрои санадҳои судии қабулгардидаро мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон назорат менамояд; (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., № 1509)
- дар баррасии парвандаҳо ба тариқи кассатсионӣ ва назоратӣ иштирок менамояд;
- эътироз ва шикоятҳои назоратиро баррасӣ менамояд;
- оид ба маводи ҷамъбасти таҷрибаи судӣ, ки барои баррасӣ ба Раёсати суд пешниҳод шудаанд, маърӯза менамояд;
- бо супориши раис, муовини якум, муовинон ва раисони коллегияҳои судии Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят ва шаҳри Душанбе вазифаҳои дигарро дар доираи салоҳияташ иҷро мекунад;
- ваколатҳои дигареро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, амалӣ менамояд.
БОБИ 7.
СУДҲОИ ШАҲР ВА НОҲИЯ
Моддаи 80. Таъсиси судҳои шаҳр ва ноҳия
Моддаи 81. Ҳайати судҳои шаҳр ва ноҳия
Моддаи 82. Салоҳияти судҳои шаҳр ва ноҳия
Моддаи 83. Салоҳияти раисони судҳои шаҳр ва ноҳия
- ба фаъолияти судҳои дахлдор роҳбарӣ мекунанд ва нақшаи кории судро тасдиқ менамоянд;
- парвандаҳоро дар суди марҳилаи якум баррасӣ мекунанд ва иҷрои санадҳои судии қабулгардидаро мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон назорат менамоянд; (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., № 1509)
- тибқи тартиби муқарраргардида парвандаҳоро байни судяҳо тақсим менамоянд;
- судяҳоеро, ки парвандаҳои оилавӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, инчунин парвандаҳои ҷиноятиро нисбати ноболиғон баррасӣ менамоянд, муайян мекунанд;
- ташкили корро бо машваратчиёни халқӣ муайян мекунанд;
- шаҳрвандонро шахсан қабул карда, корро оид ба қабули шаҳрвандон ва баррасии муроҷиатҳо ташкил менамоянд;
- ба омӯзишу ҷамъбасти таҷрибаи судӣ ва пешбурди омори судӣ роҳбарӣ мекунанд, ба мақомоти давлатӣ, ташкилотҳо ва шахсони мансабдор дар хусуси бартараф намудани вайронкунии қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод ирсол менамоянд;
- ба дастгоҳи суд роҳбарӣ карда, барои такмил додани ташкили кори дастгоҳи суд тадбирҳо меандешанд;
- кормандони дастгоҳ ва ҳайати ёрирасони судро, ба истиснои пристави судӣ, мушовир ва ёрдамчии раиси суд ба кор қабул ва аз кор озод менамоянд (Қонуни конст. ҶТ аз 23.07.16 с., №1328);
- кори такмили ихтисоси кормандони суд, инчунин баланд бардоштани савияи дониши ҳуқуқии машваратчиёни халқиро ташкил мекунанд;
- ҷиҳати тақвияти муқовимат ба коррупсия ва риояи меъёрҳои Кодекси одоби судяи Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳо меандешанд;
- оид ба нигоҳдории молу мулки давлатӣ, ки ба суд барои истифодабарӣ дода шудааст, чораҳо меандешанд;
- ваколатҳои дигареро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, амалӣ менамоянд.
Моддаи 84. Салоҳияти муовини якум ва муовини раисони судҳои шаҳр ва ноҳия
Муовини якум ва муовини раисони судҳои шаҳр ва ноҳия:
- парвандаҳоро дар суди марҳилаи якум баррасӣ мекунанд ва иҷрои санадҳои судии қабулгардидаро мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон назорат менамоянд; (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., № 1509)
- мутобиқи тақсимоти вазифаҳо ба кори воҳидҳои сохтории дастгоҳи суд роҳбарӣ мекунанд.
- шаҳрвандонро шахсан қабул менамоянд;
- ваколатҳои дигареро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, амалӣ менамоянд.
Моддаи 85. Салоҳияти судяи судҳои шаҳр ва ноҳия
- парвандаҳоро дар суди марҳилаи якум баррасӣ мекунад ва иҷрои санадҳои судии қабулгардидаро мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон назорат менамояд; (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., № 1509)
- бо супориши раис ва муовини раиси судҳои шаҳр ва ноҳия вазифаҳои дигарро дар доираи салоҳияташ иҷро мекунад;
- ваколатҳои дигареро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, амалӣ менамояд.
БОБИ 8.
СУДИ ИҚТИСОДИИ ВИЛОЯТИ МУХТОРИ КӮҲИСТОНИ БАДАХШОН,
СУДҲОИ ИҚТИСОДИИ ВИЛОЯТ ВА ШАҲРИ ДУШАНБЕ
Моддаи 86. Ҳайати Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои
иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе
(қисми 4 хориҷ карда шуд бо Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., № 1509)
Моддаи 87. Салоҳияти Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои
иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе
- дар суди марҳилаи якум парвандаҳоро баррасӣ мекунанд ва иҷрои санадҳои судии қабулгардидаро мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон назорат менамоянд; (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., № 1509)
- аз рӯйи аризаи шахсони иштирокчии парванда санадҳои судии қабулкардаи худро, ки эътибори қонунӣ пайдо кардаанд, бинобар ҳолатҳои нав ошкоршуда аз нав баррасӣ мекунанд;
- таҷрибаи судиро ҷамъбаст, омори судиро таҳлил менамоянд, аз натиҷаи он ба мақомоти дахлдор пешниҳод ирсол менамоянд;
- ваколатҳои дигареро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, амалӣ менамоянд.
Моддаи 88. Салоҳияти раисони Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон,
судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе
- фаъолияти суди иқтисодиро ташкил менамоянд ва нақшаи кории судро тасдиқ мекунанд;
- дар муносибатҳо бо мақомоти давлатӣ, ҷамъиятӣ ва мақомоти дигар суди иқтисодиро намояндагӣ мекунанд;
- парвандаҳоро дар марҳилаи якум баррасӣ мекунанд ва иҷрои санадҳои судии қабулгардидаро мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон назорат мекунанд; (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., № 1509)
- тибқи тартиби муқарраргардида парвандаҳоро байни судяҳо тақсим менамоянд;
- барои дастҷамъона баррасӣ намудани парвандаҳо оид ба муфлисшавӣ ҳайати судӣ ва судяи дар маҷлиси судӣ раисикунандаро муайян мекунад; (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., № 1509)
- кормандони дастгоҳ ва ҳайати ёрирасони судро, ба истиснои пристави судӣ, мушовир ва ёрдамчии раиси суд ба кор қабул ва аз кор озод менамоянд (Қонуни конст. ҶТ аз 23.07.16 с., №1328);
- ҷиҳати тақвияти муқовимат ба коррупсия ва риояи меъёрҳои Кодекси одоби судяи Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳо меандешанд;
- оид ба нигоҳдории молу мулки давлатӣ, ки ба суд барои истифодабарӣ дода шудааст, чораҳо меандешанд;
- ваколатҳои дигареро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, амалӣ менамоянд.
Моддаи 89. Салоҳияти муовини якум ва муовини раисони Суди иқтисодии Вилояти
Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе
Муовини якум ва муовини раисони Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе:
- парвандаҳоро дар суди марҳилаи якум баррасӣ мекунанд ва иҷрои санадҳои судии қабулгардидаро мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон назорат менамоянд; (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., № 1509)
- мутобиқи тақсимоти вазифаҳо ба кори воҳидҳои сохтории дастгоҳи суд роҳбарӣ мекунанд.
- шаҳрвандонро шахсан қабул менамоянд;
- ваколатҳои дигареро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, амалӣ менамоянд.
Моддаи 90. Салоҳияти судяи Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон,
судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе
- парвандаҳоро дар марҳилаи якум баррасӣ мекунад ва иҷрои санадҳои судии қабулгардидаро мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон назорат менамояд; (Қонуни конст. ҶТ аз 21.02.18 с., № 1509)
- бо супориши раис ва муовини раиси Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе вазифаҳои дигарро дар доираи салоҳияташ иҷро мекунад;
- ваколатҳои дигареро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст, амалӣ менамояд.
БОБИ 9.
КОРГУЗОРӢ ДАР СУДҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Моддаи 91. Дастгоҳи суд
Моддаи 92. Пристави судӣ (Хориљ карда шуд бо Қонуни конст. ҶТ аз 23.07.16 с., №1328)
Моддаи 93. Ёрдамчии раиси суд (Хориљ карда шуд бо Қонуни конст. ҶТ аз 23.07.16 с., №1328)
Моддаи 94. Котиби маҷлиси судӣ (Хориљ карда шуд бо Қонуни конст. ҶТ аз 23.07.16 с., №1328)
Моддаи 95. Маълумоти омории судҳо
Моддаи 96. Санҷиши фаъолияти судҳо
Моддаи 97. Бойгонии суд
Дар назди судҳо бойгониҳо амал мекунанд. Тартиби ба бойгонӣ супоридани парванда ва мавод, нигоҳдорӣ ва истифодаи онҳо мувофиқан аз тарафи Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Хазинаи бойгонии миллӣ ва муассисаҳои бойгонӣ» ба роҳ монда мешавад (Қонуни конст. ҶТ аз 23.07.16 с., №1328).
Моддаи 98. Нашрияҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Суди Олии иқтисодии
Ҷумҳурии Тоҷикистон
БОБИ 10. КОМИССИЯИ ИМТИҲОНОТӢ
ВА ТАШКИЛИ РАВАНДИ ТАЪЛИМ
(Қонуни конст. ҶТ аз 23.07.16 с., №1328)
Моддаи 99. Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (Хориљ карда шуд бо Қонуни конст. ҶТ аз 23.07.16 с., №1328)
Моддаи 100. Салоҳияти Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (Хориљ карда шуд бо Қонуни конст. ҶТ аз 23.07.16 с., №1328)
Моддаи 101. Маҷлиси Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (Хориљ карда шуд бо Қонуни конст. ҶТ аз 23.07.16 с., №1328)
Моддаи 102. Раиси Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муовинони ӯ (Хориљ карда шуд бо Қонуни конст. ҶТ аз 23.07.16 с., №1328)
Моддаи 103. Салоҳияти раиси Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (Хориљ карда шуд бо Қонуни конст. ҶТ аз 23.07.16 с., №1328)
Моддаи 104. Салоҳияти муовини якуми раиси Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (Хориљ карда шуд бо Қонуни конст. ҶТ аз 23.07.16 с., №1328)
Моддаи 105. Салоҳияти муовини раис - котиби Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (Хориљ карда шуд бо Қонуни конст. ҶТ аз 23.07.16 с., №1328)
Моддаи 106. Салоҳияти дастгоҳи Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон (Хориљ карда шуд бо Қонуни конст. ҶТ аз 23.07.16 с., №1328)
Моддаи 107. Комиссияи ягонаи имтиҳонотӣ барои номзадҳо ба вазифаи судя ва коромўз-судяҳо
Моддаи 108. Коромӯз-судя
Моддаи 109. Маркази таълимии судяҳои назди Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Моддаи 110. Маблағгузорӣ ва таъминоти моддию техникии Маркази таълимии судяҳо
Маблағгузорӣ ва таъминоти моддию техникии фаъолияти Маркази таълимии судяҳо аз ҳисоби буҷети ҷумҳуриявӣ сурат гирифта, бо сатри алоҳида зикр меёбанд (Қонуни конст. ҶТ аз 23.07.16 с., №1328).
БОБИ 11. БОБИ 11. КОЛЛЕГИЯИ ТАХАССУСИИ
СУДЯҲОИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
(Қонуни конст. ҶТ аз 23.07.16 с., №1328)
Моддаи 111. Таъсиси Коллегияи тахассусии судяҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
Моддаи 112. Ҳайати Коллегияи тахассусии судяҳо
- ду судя аз Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- ду судя аз Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- як судя аз судҳои Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон;
- ду судя аз судҳои вилояти Хатлон (яке аз онҳо судяи суди иқтисодии вилоят);
- ду судя аз судҳои вилояти Суғд (яке аз онҳо судяи суди иқтисодии вилоят);
- ду судя аз судҳои шаҳри Душанбе (яке аз онҳо судяи суди ҳарбии гарнизон);
- ду судя аз судҳои шаҳр ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ.
Моддаи 113. Салоҳияти Коллегияи тахассусии судяҳо
- бо пешниҳодҳои Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо назардошти натиҷаи имтиҳоноти тахассусӣ дар бораи тавсияи номзади бори аввал ба вазифаи судя пешниҳодшаванда ва ё рад кардани номзадии ў хулоса медиҳад;
- дар бораи муносиб будани номзадҳо барои интихоб ё таъин намудан ба вазифаи муовинони Раис ва судяҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисон, муовинони раисон, судяҳои Суди Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, судҳои вилоят, шаҳри Душанбе, судҳои ҳарбии гарнизонҳо, шаҳр ва ноҳия, Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе хулоса медиҳад;
- санҷиши тахассусии судяҳои судҳои ҷумҳуриро мегузаронад;
- бо пешниҳоди Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ба судяҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисон, муовинони раисон, судяҳои Суди Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, судҳои вилоят, шаҳри Душанбе, судҳои ҳарбии гарнизонҳо, шаҳр ва ноҳия додани дараҷаҳои тахассусӣ хулоса медиҳад;
- бо пешниҳоди Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ба судяҳои Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисон, муовинони раисон, судяҳои Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе додани дараҷаҳои тахассусӣ хулоса медиҳад;
- дар бораи бозхонд ва озод кардани судяҳои Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисон, муовинони раисон, судяҳои Суди Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, судҳои вилоят, шаҳри Душанбе, судҳои ҳарбии гарнизонҳо, шаҳр ва ноҳия хулоса пешниҳод менамояд;
- дар бораи бозхонд ва озод кардани судяҳои Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раисон, муовинони раисон, судяҳои Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе хулоса пешниҳод менамояд;
- масъалаҳои ҷавобгарии интизомии судяҳои ҷумҳуриро баррасӣ мекунад.
Моддаи 114. Санҷиши тахассусии судяҳо
- додани дараҷаҳои тахассусӣ;
- интихоб ва таъин намудани судя ба суди болоӣ;
- интихоб ва таъин намудани судя ба мўҳлати навбатии ваколат;
- пайдоиши зарурат оид ба муайян намудани муносиб будани судя ба вазифаи ишғолкардааш (Қонуни конст. ҶТ аз 23.07.16 с., №1328).
Моддаи 115. Дараҷаи тахассусии судяҳо
Моддаи 116. Мӯҳлатҳои гузаронидани санҷиши тахассусии судяҳо
Моддаи 117. Тартиби гузаронидани санҷиши тахассусии судяҳо
Моддаи 118. Тартиби кори коллегияҳои тахассусии судяҳо
Моддаи 119. Ҳуқуқи аъзои Коллегияи тахассусии судяҳо
Аъзои Коллегияи тахассусии судяҳо ҳуқуқ доранд бо маводи пешниҳодшуда шинос шаванд, дар таҳқиқ ва санҷиши онҳо иштирок кунанд, дархост ва ваҷҳҳо пешниҳод карда, андешаҳои худро оид ба масъалаи баррасишаванда баён намоянд, ҳуҷҷатҳо пешниҳод кунанд, дар қабул намудани қарор иштирок карда, ба қарори он имзо гузоранд.
Моддаи 120. Рад намудани аъзои Коллегияи тахассусии судяҳо
Моддаи 121. Хулоса ва қарори Коллегияи тахассусии судяҳо
Моддаи 122. Коргузорӣ ва таъмини моддӣ-техникии фаъолияти Коллегияи тахассусии судяҳо
(Қонуни конст. ҶТ аз 23.07.16 с., №1328)
БОБИ 12.
ҶАВОБГАРИИ ИНТИЗОМИИ СУДЯҲО
Моддаи 123. Асосҳои ба ҷавобгарии интизомӣ кашидани судя
Судя дар ҳолатҳои зерин ба ҷавобгарии интизомӣ кашида мешавад:
- барои дағалона вайрон намудани қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми баррасии парвандаҳои гражданӣ, оилавӣ, иқтисодӣ, ҷиноятӣ, ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва дархосту пешниҳодҳо; (ҚҶТ аз 8.08.15с., №1212)
- барои риоя накардани қоидаҳои тартиботи дохилии меҳнатӣ;
- барои кирдоре, ки обрӯи ҳокимияти судӣ ва шаъну эътибори судяро паст мезанад;
- барои риоя накардани талаботи Кодекси одоби судяи Ҷумҳурии Тоҷикистон. (ҚҶТ аз 8.08.15с., №1212)
Моддаи 124. Марҳилаҳои парвандаи интизомӣ
Парвандаи интизомӣ иборат аст аз:
- санҷиши маълумот оид ба кирдори интизомии судя;
- оғоз намудани парвандаи интизомӣ;
- баррасӣ кардани парвандаи интизомӣ.
Моддаи 125. Санҷиши маълумот оид ба кирдори судя ва оғоз намудани парвандаи интизомӣ
- Раиси Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати ҳамаи судяҳо, ба истиснои судяҳои судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Раиси Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати ҳамаи судяҳои судҳои иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
(Сархати 3 хориљ карда шуд бо Қонуни конст. ҶТ аз 23.07.16 с., №1328);
- раисони Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят ва шаҳри Душанбе нисбати раисон, муовинони онҳо, судяҳои судҳои шаҳр ва ноҳия, ки мувофиқан дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо ва шаҳри Душанбе ҷойгир мебошанд.
Моддаи 126. Баррасии парвандаи интизомӣ
Моддаи 127. Татбиқ ва бардоштани ҷазои интизомӣ
- дар бораи татбиқи ҷазои интизомӣ;
- дар бораи қатъ намудани парвандаи интизомӣ;
- дар бораи фиристодани мавод ба мақомот ё шахсони мансабдор, ки ҳуқуқи овардани пешниҳод дар бораи озод ё бозхонд намудани судяро доранд ё ин ки ба Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳалли масъалаи оғози парвандаи ҷиноятӣ ё ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ. Дар ин маврид баррасии парвандаи интизомӣ боздошта мешавад.
- огоҳӣ;
- сарзаниш.
- бинобар беасос оғоз намудани парвандаи интизомӣ нисбати судя;
- бинобар гузаштани мӯҳлати ба ҷавобгарии интизомӣ кашидани судя, ки бо қисми 3 ҳамин модда пешбинӣ шудааст.
БОБИ 13.
МАБЛАҒГУЗОРИИ СУДҲО. ТАЪМИНИ МОДДӢ-ТЕХНИКӢ ВА ҲИМОЯИ ИҶТИМОИИ СУДЯҲО
Моддаи 128. Маблағгузории судҳо
Моддаи 129. Музди меҳнати судя
Моддаи 130. Рухсатии меҳнатии судя
- баъди 5 соли собиқаи корӣ - 3 рӯзи корӣ;
- баъди 10 соли собиқаи корӣ - 5 рӯзи корӣ;
- баъди 15 соли собиқаи корӣ - 10 рӯзи корӣ;
- баъди 20 соли собиқаи корӣ - 15 рӯзи корӣ.
Моддаи 131. Кафолатҳои дигари моддӣ барои судя
Моддаи 132. Тадбирҳои ҳимояи иҷтимоии судя ва аъзои оилаи ӯ
- дар сурати вафот кардани судя дар давраи кор, агар ин ҳодиса дар натиҷаи расидани зарари ҷисмонӣ ё дигар таъсири ҷисмонӣ ба саломатӣ, ки дар натиҷаи иҷрои вазифа ба амал омада бошад, ба ворисони вай - ба андозаи музди меҳнати ҳаштмоҳаи судя;
- дар сурати ҳангоми иҷрои вазифа маъюб шудани судя ё расидани зарари дигар ба саломатии ӯ, ки имконияти минбаъд ба фаъолияти касбӣ машғул шуданашро ғайриимкон мегардонад - ба андозаи музди меҳнати шашмоҳаи судя.
БОБИ 14.
МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
Моддаи 133. Мӯҳри судҳо
Судҳо дорои мӯҳр мебошанд, ки дар он Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасвир ёфта, номи суд сабт карда мешавад.
Моддаи 134. Рамзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар судҳо
Моддаи 135. Қароргоҳи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон
Моддаи 136. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни конститутсионии мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни конститутсионии мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Моддаи 137. Аз эътибор соқит донистани Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон
«Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 августи соли 2001 «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2001, №7, мод. 490; с. 2003, №12, мод. 685; с. 2004, №5, мод. 347; с. 2006, №3, мод. 143; с. 2007, №7, мод. 651; с. 2008, №3, мод. 181; №6, мод. 443; №12, қ. 1, мод. 982; с. 2010, №1, мод. 1; №12, қ. 1, мод. 799; с. 2011, №7-8, мод. 604; №12, мод. 829; с. 2012, №7, мод. 683; №8, мод. 809; №12, қ. 1, мод. 997; с. 2013, №3, мод. 176; №7, мод. 496; мод. 501) аз эътибор соқит дониста шавад.
Моддаи 138. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни конститутсионии мазкур
Қонуни конститутсионии мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Рањмон
ш. Душанбе, 26 июли соли 2014,
№ 1084