ҚОНУНИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ТАЪРИХИ ҚАРЗ (КРЕДИТ)
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2009, №3, мод. 85; Қонуни ҶТ аз 02.01.2018 с., №1501)
Қонуни мазкур мафҳум, тартиб, асосҳои ҳуқуқии ташкилу нигоҳ доштан ва ошкор кардани таърихи қарзро муайян намуда, хусусиятҳои ташаккул, аз нав ташкил кардан, барҳам додани Бюрои таърихи қарз, принсипҳои ҳамоҳангсозии фаъолияти иштирокчиёни системаи ташаккули таърихи қарзро муқаррар мекунад ва муносибатҳои дар ин соҳа ба миён омадаро ба танзим медарорад.
БОБИ 1.
МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мақсади Қонуни мазкур
Мақсади Қонуни мазкур аз фароҳам овардани шароити мусоиди ҳуқуқӣ барои ташкил, коркард, нигоҳдорӣ ва ошкор намудани таърихи қарз вобаста ба таъмини ҳифз ва самаранокии фаъолияти иштирокчиёни системаи ташаккули таърихи қарз иборат мебошад.
Моддаи 2. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
- таърихи қарз – иттилооти мусбат ё манфии иҷрои ўҳдадориҳои субъекти таърихи қарз аз рўйи шартномае, ки дар Бюрои таърихи қарз нигоҳ дошта мешавад;
- иттилоот - маълумот дар бораи субъекти таърихи қарз, ки дар воситаҳои алоқаи электронӣ ва сабтҳои коғазӣ, ки иштирокчиёни системаи ташаккули таърихи қарз пешниҳод мекунанд ва истифодаи он, ки дар мавриди зарурӣ бо имзои электронии рақамӣ тасдиқ карда мешавад;
- иттилооти мусбат - иттилооте, ки аз ҷониби субъекти таърихи қарз ба таври матлуб иҷро гардидани ўҳдадориҳои шартномавиро доир ба хавфи қарз фаро мегирад;
- иттилооти манфӣ - иттилооте, ки аз ҷониби субъекти таърихи қарз, иҷро нашудани ўҳдадориҳои шартномавиро доир ба хавфи қарз фаро мегирад;
- Бюрои таърихи қарз - шахсони ҳуқуқӣ, ки ҳамчун ташкилоти тиҷоратӣ тибқи тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур барои ташкилу коркард, нигоҳдошти таърихи қарз, пешниҳоди ҳисоботи қарз ва дигар иттилоот хизмат мерасонад;
-шартномаи пешниҳод намудани иттилоот ва ё гирифтани ҳисоботи қарз - шартномае, ки Бюрои таърихи қарз бо таъминкунандаи иттилоот ва истифодабарандаи ҳисоботи қарз аз рўйи шартҳо ва тартиби пешбининамудаи Қонуни мазкур баста шудааст;
- таъминкунандагони иттилоот – шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки дар асоси шартнома ба Бюрои таърихи қарз иттилоот пешниҳод менамоянд;
- фаъолияти таъминкунандаи иттилоот дар ташкил ва ҳифзи манбаи маълумоти таърихи қарз - фаъолияти таъминкунандаи иттилоот барои коркард, нигоҳдошт ва ба Бюрои таърихи қарз додани маълумоте, ки аз субъекти таърихи қарз гирифтааст;
- хавфи қарз - хавфи иҷро накардани ўҳдадориҳои шартномавӣ аз ҷониби яке аз тарафҳо;
- субъекти таърихи қарз - шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки нисбати онҳо таърихи қарз тартиб дода мешавад;
- ташаккули таърихи қарз - амал ё маҷмўи амалҳои Бюрои таърихи қарз нисбати иттилооте, ки оид ба нигаҳдорӣ, мониторинг, дақиқ ва аз нав кардан аз таъминкунандагони иттилоот мерасад;
- иштирокчиёни системаи ташаккули таърихи қарз ва истифодаи он- субъектҳои таърихи қарз, таъминкунандагони иттилоот, Бюрои таърихи қарз ва истфодабарандагони ҳисоботи қарз;
- шартномаи қарз - шартномаи қарз, шартномаи кредит ва дигар шартномаҳое, ки барои қарзи молӣ ва ё тиҷоратӣ баста шудаанд;
- истифодабарандагони таърихи қарз- шахсони воқеӣ ва ҳуқуқие, ки ризоияти субъекти таърихи қарзро барои гирифтани ҳисоботи қарз бо мақсади бастани шартномаи қарз гирифтаанд;
- ризоияти субъекти таърихи қарз – ризоияти хаттии субъекти таърихи қарз дар хусуси ба истифодабарандаи таърихи қарз додани ҳисоботи қарз дар бораи ў; (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1501)
- ҳисоботи қарз – ҳуҷҷати ба таркиби таърихи қарз шомилбуда, ки Бюрои таърихи қарз онро ба истифодабарандагони таърихи қарз пешниҳод менамояд;
- пешниҳоди ҳисоботи қарз - фаъолияти Бюрои таърихи қарз оид ба пешниҳоди иттилооте, ки дар таърихи қарз мавҷуд аст;
- амрнома - супориши мақоми ваколатдор ба Бюрои таърихи қарз дар бобати андешидани чораҳои амалии ҳатмӣ барои дар мўҳлати муқарраргардида бартараф кардани камбудиҳо;
- ўҳдадориҳои шартӣ ва имконпазир - аккредитивҳои ҷуброннашуда, кафолатномаҳои интишорёфта ё тасдиқшуда, векселҳо ва замонатҳо;
- Феҳристи ягонаи давлатии таърихи қарз - қисми таркибии Бонки миллии Тоҷикистон, ки тибқи Қонуни мазкур таъсис ёфта, манбаи маълумоти асосиро барои пешбурди фаъолияти Бюрои таърихи қарз, ки аз таърихи қарзи субъектҳои таърихи қарз иборат аст, ҷамъ меоварад;
- Феҳристи давлатии Бюрои таърихи қарз- захираҳои иттилоотии кушод ва дастраси умум, ки дар бораи Бюрои таърихи қарз маълумотҳоеро дар бар мегирад, ки аз ҷониби мақоми ваколатдор ба он ворид карда шудаанд;
- мақоми ваколатдор –мақоме, ки фаъолияти Бюрои таърихи қарзро танзим ва назорат менамояд;
- амалиёти факторингӣ - соҳиб шудан ба ҳуқуқи аз харидор талаб намудани пардохти арзиши мол (кор, хизматрасонӣ) бо қабули таваккали пардохт накардан;
- амалиёти форфейтингӣ - иҷрои ўҳдадории қарзии харидори мол (кор, хизматрасонӣ) бо роҳи харидани вексел, ғайр аз ўҳдадории фурўшанда.
Моддаи 3. Доираи амали Қонуни мазкур
Қонуни мазкур муносибатҳои байни Бюрои таърихи қарз, дигар иштирокчиёни системаи ташаккули таърихи қарзро, ки дар фаъолияташон дучори хавфи қарз мегарданд ва субъектҳои таърихи қарз, инчунин мақоми ваколатдорро фаро мегирад.
Моддаи 4. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таърихи қарз
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таърихи қарз ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки онҳоро Тоҷикистон эътироф кардааст, иборат мебошад. (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1501)
Моддаи 5. Принсипҳои ташаккули таърихи қарз ва истифодаи иттилоот
Ташаккули таърихи қарз ва истифодаи иттилоот бо назардошти принсипҳои зерин амалӣ карда мешавад:
(сархати як хориҷ карда шуд бо ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1501)
- баробарии ҳамаи субъектҳои таърихи қарз;
- истифодаи мақсадноки иттилоот, манбаи маълумоти таърихи қарз ва низоми иттилоотӣ;
- махфӣ нигоҳ доштани иттилоот;
- таъмини ҳифзи манбаи маълумоти қарз ва низоми дахлдори системаҳои иттилоотӣ;
- дахлнопазирии ҳаёти шахсии шаҳрвандон, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳо ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандон ва ташкилотҳо.
БОБИ 2.
ТАНЗИМ ВА НАЗОРАТИ ФАЪОЛИЯТИ БЮРОИ ТАЪРИХИ ҚАРЗ
Моддаи 6. Мақоме, ки фаъолияти Бюрои таърихи қарзро танзим ва назорат менамояд
Танзим ва назорати фаъолияти Бюрои таърихи қарз ва ташаккули таърихи қарз ба Бонки миллии Тоҷикистон (минбаъд - мақоми ваколатдор) вогузор мегардад.
Моддаи 7. Салоҳияти мақоми ваколатдор
(сархати як хориҷ карда шуд бо ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1501)
- додани иҷозатнома барои фаъолияти Бюрои таърихи қарз мутобиқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият”;
- санҷиши фаъолияти Бюрои таърихи қарз доир ба риояи талаботи иҷозатнома ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- пешниҳоди амрномаҳо ба Бюрои таърихи қарз оиди бартараф кардани камбудиҳои ошкоргардида дар иҷрои санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- муқаррар кардани муҷозот ба Бюрои таърихи қарз ва шахсони мансабдори онҳо;
- таъсис додан ва пешбурди Феҳристи ягонаи давлатии таърихи қарз ва феҳристи давлатии Бюрои таърихи қарз;
- баррасии муроҷиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ доир ба масъалаҳои фаъолияти Бюрои таърихи қарз.
- оид ба талаботи истифодаи технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ ва таъмини амнияти иттилоотӣҳангоми ташкили фаъолияти Бюрои таърихи қарз; (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1501)
- оид ба талаботи тахассусии муассисон ва роҳбарони Бюрои таърихи қарз; (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1501)
- оид ба тартиб, мӯҳлат ва ҳаҷми иттилооту маълумоте, ки аз ҷониби Бюрои таърихи қарз ба мақоми ваколатдор пешниҳод мегардад. (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1501)
Моддаи 8. Амрнома ва муҷозоти мақоми ваколатдор
- ҷавобгарии маъмурӣ;
- боздоштани амали иҷозатнома;
- муроҷиат кардан ба суд барои бекор кардани иҷозатнома.
Моддаи 9. Феҳристи ягонаи давлатии таърихи қарз
- ҷамъ овардан ва нигоҳ доштани иттилооти таърихи қарз;
-ҷамъ овардан, нигоҳ доштан ва пешниҳод намудани иттилоот ба истифодабарандагон оиди Бюрои таърихи қарз, ки дар он таърихи қарзи субъекти мушаххас дарҷ гардидааст;
- ҳамоҳангсозии иттилооти байни Бюрои таърихи қарз ва нигоҳдории муваққатии манбаи маълумоти Бюрои таърихи қарзи аз нав ташкилёфта ва ё барҳамдодашуда.
БОБИ 3.
ТАШКИЛ ВА АМАЛӢ ГАРДОНИДАНИ ФАЪОЛИЯТИ БЮРОИ ТАЪРИХИ ҚАРЗ
Моддаи 10. Ташкили Бюрои таърихи қарз
Моддаи 11. Намудҳои фаъолияти Бюрои таърихи қарз
- ташаккули таърихи қарз;
- пешниҳод намудани ҳисоботи қарз.
- хизматрасонӣ бо тарзи машварат, ки ба ташаккул ва ошкоркунии таърихи қарз алоқаманд мебошад;
- баҳодиҳӣ ба қобилияти қарзпардозии субъектҳои таърихи қарз дар асоси усули таҳиянамудаи онҳо;
- таҳқиқи оморӣ бе муаррифии субъектҳои таърихи қарз.
Моддаи 12. Талабот ба Бюрои таърихи қарз доир ба ҳимоя ва таъмини нигаҳдории
манбаъҳои маълумоти таърихи қарз ва системаҳои иттилоотии истифодашаванда
Бюрои таърихи қарз ўҳдадор аст, ки дар фаъолияти худ иҷрои тадбирҳои зерини ташкилӣ, техникӣ ва талаботи технологиро таъмин намояд:
- барои бехатар ҷойгир кардан ва истифода бурдани системаҳои иттилоотӣ, манбаъҳои маълумоти таърихи қарз ва дигар ҳуҷҷатҳо бино ва техникаи зарурӣ дошта бошад;
-ҳангоми ташкил ва истифодаи системаҳои иттилоотӣ барои ҷойгир кардани манбаъҳои маълумоти таърихи қарз ва воситаҳои ҳифзи системаҳои иттилоотии мазкур бо шарти ҳатмии такроркунии иттилооти системаи манбаи маълумот аз таҷҳизоти сертификатсияшуда ва таъминоти барномавӣ истифода намояд;
- дар шартномаҳое, ки бо таъминкунандагони иттилоот ва истифодабарандагони ҳисоботи қарз имзо гардидаанд, ногузирии татбиқи шартҳои муштараки амалӣ гардонидани тадбирҳои ташкилӣ, техникӣ ва талаботи технологии таъмини ҳифзи барномавиро ҳангоми ташаккул ва истифодаи системаҳои иттилоотӣ барои ташкили манбаъҳои маълумоти таърихи қарз ва воситаҳои ҳифзи системаҳои иттилоотии мазкур истифода мегарданд, таъмин намояд;
- андешидани дигар тадбирҳои махфӣ нигоҳ доштани иттилоот доир ба субъектҳои таърихи қарз.
Моддаи 13. Пешбурди Феҳристи давлатии Бюрои таърихи қарз
Моддаи 14. Нигоҳдории ҳуҷҷатҳо ва иттилооти Бюрои таърихи қарз
1.Тартиби нигоҳдории ҳуҷҷатҳо ва иттилооти таърихи қарзро Бюрои таърихи қарз муайян мекунад.
Моддаи 15. Аз нав ташкил кардан ва барҳам додани Бюрои таърихи қарз
Пас аз анҷоми аз нав ташкил кардан ва барҳам додани Бюрои таърихи қарз манбаи иттилооти таърихи қарз дар сурати набудани асосҳои қонунӣ барои интиқоли он ба шахсони дигари ҳуқуқие, ки ба фаъолияти Бюрои таърихи қарз ваколатдор шудаанд, бояд барои нигаҳдорӣ ба мақоми ваколатдор ба мўҳлати панҷ сол дода шавад ва пас аз он бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон нобуд карда шаванд.
- мақоми идораи Бюрои таърихи қарз, ки мақоми ваколатдор ба он ҳуқуқи қабул намудани қарори аз нав ташкил кардан ва барҳам доданро додааст;
- мудире, ки ба тариқи озмун аз тарафи суд таъин шудааст - дар мавриди барҳам додани Бюрои таърихи қарз, ба шарте ки он муфлис эътироф шуда бошад;
- мақоми ваколатдори давлатӣ - дар мавриди аз Феҳристи давлатии Бюрои таърихи қарз хориҷ намудани Бюрои таърихи қарз.
БОБИ 4.
ҲУҚУҚУ ЎҲДАДОРИҲОИ ИШТИРОКЧИЁНИ СИСТЕМАИ
ТАШАККУЛИ ТАЪРИХИ ҚАРЗ ВА ИСТИФОДАИ ОН
Моддаи 16. Ҳуқуқу ўҳдадориҳои Бюрои таърихи қарз
- дар хусуси пешниҳоди иттилоот ва (ё) гирифтани ҳисоботи қарз бо таъминкунандагон ва ё истифодабарандагони иттилоот шартнома бандад;
- аз таъминкунандагони иттилоот дар бораи субъекти таърихи қарз бе ризоияти субъекти таърихи қарз маълумот гирад; (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1501)
- бо тартиби муайяннамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшҳо (филиалҳо) ва намояндагиҳо кушояд;
- дорои дигар ҳуқуқҳои муайяннамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шартномаҳое бошад, ки мутобиқи Қонуни мазкур баста шудаанд.
- таърихи қарзро ташаккул диҳад;
- ҳангоми мавҷудияти тасдиқи гирифтани ризоияти субъекти таърихи қарз ҳисоботи қарзро пешниҳод кунад;
- маълумоти таърихи қарзро, ба истиснои ҳолатҳои пешбининамудаи Қонуни мазкур, ошкор накунад;
- ба субъекти таърихи қарз бо тартиби пешбининамудаи ҳуҷҷатҳои дохилии Бюрои таърихи қарз ҳисоботи ислоҳшудаи қарзро пешниҳод намояд;
- аз рўйи аризаи субъекти таърихи қарз дар бораи манбаи таъминкунандаи иттилоот, ки иттилооти пешниҳоднамудааш аз ҷониби субъекти таърихи қарз мавриди баҳс қарор гирифтааст, ба вай маълумот пешниҳод кунад;
- аз пешниҳоди ҳисоботи қарз даст кашад, агар дархост бо риоя нагардидани талаботи муқаррарнамудаи Қонуни мазкур таҳия шуда бошад;
- аз таъминкунандаи иттилооти таърихи қарз мукаммал ва илова намудани маълумоти воридшударо талаб намояд;
- аз захираҳо ва системаҳои иттилоотӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода кунад;
- хароҷоти манбаи ташаккулёбии таърихи қарзро барои ирсоли иттилоот, ки шартномаи пешниҳоди иттилоот ва (ё) гирифтани ҳисоботи қарз пешбинӣ кардааст, ҷуброн кунад;
- дигар талаботро, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва (ё) шартномаи пешниҳоди иттилоот ва (ё) гирифтани ҳисоботи қарз муқаррар кардааст, риоя намояд.
Моддаи 17. Таъминкунандагони иттилоот
- бонкҳо, ташкилотҳои маблағгузории хурд, ташкилотҳои молиявии ғайрибонкӣ (ба ғайр аз ломбардҳо), ширкатҳои лизингӣ (иҷоравӣ);
- шахсони воқеӣ ё ҳуқуқие, ки ба қарз мол мефурўшанд ё хизмат мерасонанд ё мўҳлати пардохти мол ё хизматрасониро ба таъхир меандозанд.
Моддаи 18. Ҳуқуқу ўҳдадориҳои таъминкунандагони иттилоот
- аз Бюрои таърихи қарз талаб намоянд, ки маълумоти пешниҳодшударо мутобиқи муқаррароти Қонуни мазкур ва шартҳои шартнома истифода баранд;
- мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва (ё) шартнома дар бораи пешниҳоди иттилоот ва (ё) гирифтани ҳисоботи қарз дигар ҳуқуқҳо дошта бошанд.
- субъекти таърихи қарзро ба таври хаттӣ оид ба пешниҳод кардани маълумот дар бораи ӯ ба Бюрои таърихи қарз огоҳ намоянд; (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1501)
- дар бораи пешниҳоди иттилоот ва (ё) гирифтани ҳисоботи қарз бо Бюрои таърихи қарз шартнома банданд;
- аз рўйи шартҳо, ҳаҷм ва тартиби муайяннамудаи Қонуни мазкур ва шартномаи пешниҳоди иттилоот ва (ё) гирифтани ҳисоботи қарз ба Бюрои таърихи қарз иттилоот пешниҳод намоянд;
- ба иттилооте, ки ба Бюрои таърихи қарз дода шудааст, бо талаби субъекти таърихи қарз тағйирот ворид намоянд;
- маълумоти мавҷударо оид ба субъекти таърихи қарз айнан ба Бюрои таърихи қарз пешниҳод намоянд;
- захира ва системаҳои иттилоотиро мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода баранд.
Моддаи 19. Истифодабарандагони ҳисоботи қарз
- бонкҳо, ташкилотҳои маблағгузории хурд, ташкилотҳои молиявии ғайрибонкӣ, ки барои амалиёти бонкӣ (ба ғайр аз ломбардҳо), ширкатҳои лизингӣ (иҷоравӣ);
- шахсонӣ воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки ба қарз мол мефурўшанд ва хизмат мерасонанд ё мўҳлати пардохти мол ё хизматрасониро ба таъхир меандозанд;
- субъекти таърихи қарз;
- мақоми давлатӣ, ки молу мулки ғайриманқулро ба қайд мегирад. (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1501)
(сархати панҷум хориҷ карда шуд бо ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1501)
Моддаи 20. Ҳуқуқ ва ўҳдадориҳои истифодабарандагони ҳисоботи қарз
1.Истифодабарандагони ҳисоботи қарз ҳуқуқ доранд:
- ҳисоботи қарзро гиранд;
- мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дигар ҳуқуқҳо дошта бошанд.
- ба Бюрои таърихи қарз тасдиқномаро дар бораи гирифтани ризоияти субъекти таърихи қарз пешниҳод намоянд;
- тағйир ёфтани маълумотеро, ки барояшон ҳангоми чун истифодабарандаи ҳисоботи қарз ҷиҳати ба қайд гирифтан пешниҳод гардидааст, хабар диҳанд;
- махфӣ нигоҳ доштани ҳисоботи қарзро риоя намуда, иттилооти онро ба шахсони сеюм ошкор накунанд;
- иттилооти ҳисоботи қарзро танҳо барои мақсадҳои пешбининамудаи Қонуни мазкур истифода баранд;
- бо талаби субъекти таърихи қарз ўро аз мазмуни ҳисоботи қарз огоҳ созанд ё мутобиқи қоидаҳои дохилии истифодабарандаи ҳисоботи қарз нусхаи ҳисоботи қарзро ба ў диҳанд;
- ҳаққи хизмати Бюрои таърихи қарзро барои пешниҳоди ҳисоботи қарз пардохт намоянд, ба истиснои мақоми давлатие, ки ҳуқуқи гирифтани иттилооти қарзро доранд;
- мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дигар ўҳдадориҳоро ба зимма гиранд.
Моддаи 21. Ҳуқуқҳои субъекти таърихи қарз
Субъекти таърихи қарз ҳуқуқ дорад:
(сархати якум хориҷ карда шуд бо ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1501)
- мутобиқи талаботи муқаррарнамудаи Қонуни мазкур дар бораи худ соле як маротиба ройгон ва дигар вақт бо пардохти маблағ ҳисоботи қарзро гирад;
- ба истифодабарандаи ҳисоботи қарз барои гирифтани ҳисоботи қарз дар бораи худ розигӣ диҳад ва ё надиҳад;
- ҳангоми баррасии дархостномааш барои гирифтани қарз аз истифодабарандаи ҳисоботи қарз талаб намояд, ки бо ҳисоботи қарз шинос шавад ё мутобиқи қоидаҳои дохилии истифодабарандаи ҳисоботи қарз нусхаи ҳисоботи қарзро, ки истифодабаранда аз Бюрои таърихи қарз гирифтааст, диҳад;
- маълумоти ҳисоботи қарзро бо имконияти гирифтани иттилоот доир ба манбаи ташаккули таърихи қарз мавриди баҳс қарор диҳад;
- аз Бюрои таърихи қарз ҳисоботи ислоҳшудаи қарзро талаб кунад, ба шарте ки ҳисоботи қарзи ба истифодабарандаи ҳисоботи қарз пешниҳодшуда дар натиҷаи амал ё беамалии кормандони Бюрои таърихи қарз дорои маълумоте бошад, ки ба маълумоти ба Бюрои таърихи қарз пешниҳоднамудаи манбаи иттилоот мувофиқат накунад;
- барои ислоҳи маълумоти нодуруст ба манбаи иттилоот муроҷиат намояд;
- аз қонеъ гардонида нашудани аризаи ба таърихи қарз ворид намудани тағйирот аз ҷониби Бюрои таърихи қарз бо тартиби муқарраршуда шикоят намояд.
БОБИ 5.
ПЕШНИҲОДИ ИТТИЛООТ БА БЮРОИ ТАЪРИХИ ҚАРЗ
Моддаи 22. Шартҳои умумии пешниҳоди иттилоот ба Бюрои таърихи қарз
Дигар таъминкунандагони иттилооти таърихи қарз иттилоотро ба Бюрои таърихи қарз ихтиёран пешниҳод менамоянд. (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1501)
Моддаи 23. Иттилооте, ки ба Бюрои таърихи қарз пешниҳод мегардад
1.Иттилооте, ки таъминкунандагон ба Бюрои таърихи қарз пешниҳод мекунанд, бояд инҳоро дар бар гирад:
- маблағи қарзи гирифтаи шахс;
- таърихи додани қарз ва таърихи пардохти он;
- иттилоот дар бораи таркиб ва тарзҳои иҷрои ўҳдадориҳо (ба истиснои иттилооте, ки барои нигаҳдорӣ дар қуттиҳои сейф, ҷевонҳо ва утоқҳои бонк қарор доранд);
- дигар маълумотҳо тибқи мувофиқаи тарафҳо.
Барои мақсадҳои ин банд зери мафҳуми қарз амалиёти кредитӣ, қарзӣ, лизингӣ, факторингӣ, форфейтингӣ, ҳамчунин баҳисобгирии векселҳо, ўҳдадориҳои шартӣ ва имконпазир ва шартҳое, ки ба худ хавфи қарзро доранд, фаҳмида мешавад.
Моддаи 24. Ба расмият даровардани ризоияти субъекти таърихи қарз барои пешниҳоди
иттилоот ва додани ҳисоботи қарз
Моддаи 25. Асос ва мақсадҳои истифодаи иттилоот ва ҳисоботи қарз
БОБИ 6.
МУНОСИБАТҲОИ ТАШКИЛИ ТАЪРИХИ ҚАРЗ ВА ИСТИФОДАИ ОН
Моддаи 26. Бастани шартнома ва шартҳои он
- маълумот дар бораи шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, соҳибкори инфиродӣ ё номи пурраи тарафҳо, маълумот дар бораи макони зист ё маҳалли ҷойгиршавӣ ва маълумоти бонкҳои онҳо;
- мўҳлати амали шартнома, асос ва тартиби тағйир додан, қатъ ва бекор кардани он бо тартиби яктарафа, ҳамчунин андозаи ҷарима барои риоя накардани ўҳдадориҳои шартнома;
- огоҳиномаи хаттии ҳатмии пешакии субъекти таърихи қарз барои ба Бюрои таърихи қарз пешниҳод намудани иттилоот дар бораи худ ва (ё) гирифтани ризоияти субъекти таърихи қарз барои ба истифодабарандагони ҳисоботи қарз пешниҳод кардани ҳисоботи қарз дар бораи ӯ; (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1501)
- намуд, ҳаҷм, мўҳлат (давра ба давра), тартиби пешниҳоди иттилооте, ки таърихи қарзро дар бар мегирад, шартҳои пардохти пули хизматҳое, ки тарафҳои шартнома ба ҷо меоранд, ҳамчунин шартҳои татбиқи муштараки тадбирҳои ташкилӣ, техникӣ ва талаботи технологӣ барои ҳифзи манбаъҳои ташаккули таърихи қарз ва системаҳои истифодашавандаи иттилоот;
- ўҳдадории Бюрои таърихи қарз дар бобати истифодаи иттилооти пешниҳодшаванда, ки Қонуни мазкур пешбинӣ намудааст;
- ўҳдадории Бюрои таърихи қарз дар хусуси риояи реҷаи махфӣ нигоҳ доштани ҳамаи иттилооти гирифташуда ва ошкор намудани он танҳо аз рўйи асос, шартҳо ва тартиби пешбининамудаи Қонуни мазкур;
- ҳаҷми иттилооте, ки дар ҳисоботи қарз мавҷуд аст ва тартиби гирифтани он;
- ўҳдадории истифодабарандаи ҳисоботи қарз барои паҳн накардани иттилооте, ки дар ҳисоботи қарз мавҷуд аст;
- ҷавобгарии тарафҳо, аз ҷумла ҷавобгарии таъминкунандагони иттилоот дар ҳолати аз ҷониби онҳо ба Бюрои таърихи қарз пешниҳод гардидани иттилооти нодуруст;
- дигар шартҳо бо ризоияти тарафҳо.
Моддаи 27. Бақайдгирӣ дар Бюрои таърихи қарз ба сифати истифодабарандаи ҳисоботи қарз
Барои ба қайд гирифтани истифодабарандагони ҳисоботи қарз дар Бюрои таърихи қарз пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои зерин зарур аст:
- ариза барои бақайдгирӣ дар Бюрои таърихи қарз.
- нусхаҳои тариқи нотариалӣ тасдиқшудаи иҷозатномаҳо ба ташкилотҳо барои машғул шудан ба намудҳои фаъолияти иҷозатдодашуда, ки аз ҷониби мақоми ваколатдор дода шудаанд;
- нусхаи шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатӣ ба сифати шахси ҳуқуқӣ;
- маълумот дар бораи насаб, ном, номи падар ва вазифаҳои шахсоне, ки барои пешниҳоди дархост ба Бюрои таърихи қарз ваколатдоранд. Дар мавриди зарурат маълумоти мазкур бо имзои рақамдори электронии ин шахсон тасдиқ карда мешавад.
Моддаи 28. Пешниҳоди ҳисоботи қарз
- шартномаи пешниҳод намудан ва ё гирифтани ҳисоботи қарз;
- ризоияти субъекти таърихи қарз барои пешниҳод кардани ҳисоботи қарз дар бораи худ;
- мувофиқати истифодабарандагони ҳисоботи қарз ба талаботи пешбининамудаи Қонуни мазкур;
- дархости истифодабарандагони ҳисоботи қарз бо тасдиқи ризоияти субъекти таърихи қарз барои пешниҳоди ҳисоботи қарз.
Моддаи 29. Пардохти ҳаққи хизматрасонӣ барои пешниҳоди иттилоот ва ҳисоботи қарз
Барои хизматрасониҳои Бюрои таърихи қарз ҳаққи хизмат муайян гардида, андозаю тартиби ситонидани он тибқи шартнома муқаррар мегардад.
БОБИ 7.
МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
Моддаи 30. Тартиби ҳаллу фасли баҳсҳо
Агар дар тақсими хароҷот ихтилоф ба миён ояд, баҳсҳо бо тартиби судӣ баррасӣ карда мешаванд.
Моддаи 31. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани Қонуни мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани Қонуни мазкур мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Моддаи 32.Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш.Душанбе
26 марти соли 2009,
№ 492