ҚОНУНИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ БАҚАЙДГИРИИ ДАВЛАТИИ МОЛУ МУЛКИ
ҒАЙРИМАНҚУЛ ВА ҲУҚУҚҲО БА ОН
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2008, №3, мод. 194; с. 2013, №7, мод. 525;
Қонуни ҶТ аз 02.01.2018 с., №1502; аз 20.06.2019 с., №1629)
Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ ва тартиби бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул, ҳуқуқҳо ва маҳдудиятҳои (гарониҳои) ҳуқуқӣ ба онро дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади эътироф ва ҳимояи давлатии тибқи Қонуни мазкур бақайдгирифтаи ҳуқуқҳо ва маҳдудиятҳои (гарониҳои) ҳуқуқӣ ба молу мулки ғайриманқулро муқаррар менамояд.
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода карда мешаванд:
- молу мулки ғайриманқул – қитъаҳои замин, ҳамчун моликияти давлатӣ, бинои истиқоматӣ ва ғайриистиқоматӣ, иншоот, объектҳои сохтмони нотамом, ниҳолҳои бисёрсола ва дигар молу мулки ғайриманқуле, ки ба замин алоқамандии мустаҳкам дорад, яъне объектҳое, ки интиқолашон бидуни расонидани зиёни воқеии беҳисоб ба таъиноташон имконнопазир аст; (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1502)
- феҳристи ягонаи давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он – маҷмўи маълумот ва ҳуҷҷатҳои мураттабгардида нисбат ба объектҳои бақайдгирифташудаи молу мулки ғайриманқул;
- маълумоти мушаххас – насаб, ном, номи падар, рўз, моҳ, соли таваллуд, шаҳрвандӣ, рақами шиноснома, суроғаи ҷои истиқомати шахси воқеӣ, номи пурра, рақам ва рўзи додани ҳуҷҷат дар бораи бақайдгирии давлатии шахси ҳуқуқӣ, рақами мушаххаси андозсупоранда, суроғаи ҳуқуқии шахси ҳуқуқӣ; (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1502)
- бинои истиқоматӣ ва ғайриистиқоматии ҷудогона – қисми дохилии бинои истиқоматӣ ва ғайриистиқоматӣ, ки аз дигар қисмҳои ҳамҳудуди бино бо деворҳо, тавораҳо ҷудо гардида, даромади алоҳида аз бинои ёрирасон (даромадгоҳ, даҳлез, галерея, қатораи поймонакҳо ва майдонҳо, толори лифт ва ғайраҳо) ё ин ки аз ҳудуди истифодабарии умум (ҳудуди назди хона, кўча ва ғайраҳо) бевосита ва ё бавоситаи бинои, ҳудуди дигар бо роҳи муқаррар намудани сервитут дорад, таъинот, ҷойгиршавӣ дар дохили бино, ки майдони он дар ҳуҷҷатҳои феҳристи ягонаи давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он сабт шудаанд. Бинои истиқоматии ҷудогона метавонад аз бинои ёрирасон, баромадгоҳ (даҳлез, даромадгоҳ ва ғайраҳо) иборат бошад;
- харитаи кадастрӣ – ҳуҷҷати феҳристи ягонаи давлатии бақайдгирии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он мебошад, ки дар он нақшаи графикии ҳудуди дахлдори минтақаи бақайдгирӣ, сарҳади қитъаҳои замин, сервитутҳо, ҳудуди муҳофизатшаванда, ҷойгиршавии бинои истиқоматӣ ва ғайриистоқаматӣ, иншоот ва объектҳои сохтмонии нотамом дар қитъаи замин, инчунин маълумот дар бораи рақамҳои кадастрии қитъаҳои замин, бинои истиқоматӣ ва ғайриистоқаматӣ, иншоот ва объектҳои сохтмонии нотамом, дигар маълумот мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон нигоҳ дошта шудааст;
- рақами кадастрии объекти молу мулки ғайриманқул – рақами ягонаи дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон такрорнашаванда ва ивазнашавандае, ки дар тамоми давраи мавҷудият ва барҳамхўрии мавҷудияти молу мулки ғайриманқул нигоҳ дошта мешавад;
- бинои истиқоматӣ ва ғайриистиқоматӣ – ҳама гуна объекти дар боло ва зери замин сохташудае, ки сохтмони он тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф карда шуда, барои истифодаи дарозмуддат пешбинӣ гардидааст ва бо замин алоқамандӣ дошта, бе расонидани зарар интиқоли он имконнопазир аст, таъинот, ҷойгиршавӣ ва андозаи он дар ҳуҷҷатҳои феҳристи ягонаи давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он сабт шудааст;
- объектҳои сохтмонии нотамом – объекти сохтмонаш мавқуфгузошта, ки барои ба вуҷуд омадани он ҳамчун бинои истиқоматӣ ва ғайриистиқоматӣ мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода шудааст, вале нотамом мебошад, бо замин алоқамандии мустаҳкам дошта, таъинот, ҷойгиршавӣ ва андозаи он дар ҳуҷҷатҳои феҳристи ягонаи давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он сабт шудааст;
- объекти таъиноти махсус – объекти молу мулки ғайриманқуле, ки ҳангоми паҳн гардидани маълумот дар бораи он метавонад ба амнияти миллӣ, иқтидори мудофиавӣ ва манфиатҳои муҳими Ҷумҳурии Тоҷикистон зарар расад;
- маҳдудияти (гаронии) ҳуқуқ – ҳуқуқи шахс нисбати молу мулки мушаххаси ғайриманқул , ки молик ё истифодабарандаи он намебошад, аз ҷумла сервитут, ипотека, иҷора, истифодаи беподош, шарт ва ё манъкуние, ки соҳибҳуқуқро маҳдуд мекунад, аз ҷумла ҳабс, эътирофи молу мулки ғайриманқул ҳамчун объекти меросии таърихию фарҳангӣ, маҳдудият нисбати молу мулки ғайриманқули вобаста ба хизматрасонии хатҳои барқдиҳӣ, қубурхатҳо ва дигар иншоотҳои муҳандисӣ;
- маълумоти асосии объектҳои молу мулки ғайриманқул – рақами кадастрӣ, таъинот, тасвири ҳудудҳо, ҷойгиршавӣ, майдони қитъаи замин, мавҷуд будан ё мавҷуд набудани ҳуқуқи истифодаи қитъаи замин бо ҳуқуқи бегона намудани он, майдон ё дигар андозаҳои бинои истиқоматӣ ва ғайриистоқаматӣ, иншоот ва объектҳои сохтмонии нотамом, бинои истиқоматии ҷудогона, инчунин дигар тавсифи объектҳои молу мулки ғайриманқул дар ҳолатҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон; (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1502)
- варақаи бақайдгирӣ – ҳуҷҷати феҳристи ягонаи давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он буда, навиштаҷот оид ба иҷрои амалиёти бақайдгирӣ ва дигар навиштаҷот нисбати объектҳои молу мулки ғайриманқулро дар ҳудуди дахлдори минтақаи бақайдгирӣ дар бар гирифтааст; (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1502)
- парвандаи бақайдгирӣ – ҳуҷҷати феҳристи ягонаи бақайдгирии давлатӣ ва ҳуқуқ ба он буда, аризаҳои асл, аз ҷумла ариза оид ба бақайдгирии давлатӣ, инчунин нусхаи ҳуҷҷатҳо, ки асос барои бақайдгирии давлатӣ нисбати объекти мушаххаси молу мулки ғайриманқул, инчунин дигар ҳуҷҷатҳои тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраршударо дар бар гирифтааст;
- минтақаи бақайдгирӣ – қисми ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сарҳадҳои як ва зиёда воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ, ки дар он ташкилотҳои минтақавии бақайдгирии дахлдори давлатӣ фаъолияти бақайдгириро анҷом медиҳанд; (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1502)
- маҳалли кадастрӣ – қисми таркибии ноҳияи маъмурӣ, ки коди худро дорад ва дар асоси он рақами кадастрии объекти молу мулки ғайриманқул муайян карда мешавад. Ҳангоми тағйир ёфтани сарҳади маъмурии ноҳия сарҳад ва рақами маҳалли кадастрӣ тағйир дода намешавад; (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1502)
- феҳристи ҳудудии молу мулки ғайриманқул – қисми феҳристи ягонаи давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он буда, дорои маҷмўаи маълумот ва ҳуҷҷатҳои мураттабгардида нисбати объектҳои молу мулки ғайриманқули бақайдгирифта мебошад, ки дар ҳудуди дахлдори бақайдгирӣ ҷойгир аст;
- барўйхатгирии техникии молу мулки ғайриманқул – ҷамъ, барқароркунӣ ва таҳрири маълумот оид ба мавҷудият, ҷойгиршавӣ, таркиб, майдон ва дигар хусусиятҳо, ҳолатҳо, арзишҳои молу мулки ғайриманқул дар асоси таҳқиқи воқеии молу мулки ғайриманқул; (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1502)
- шиносномаи техникӣ – ҳуҷҷати техникие, ки дар натиҷаи барӯйхатгирии техникӣ ва (ё) санҷиши ҳолати воқеии молу мулки ғайриманқул тартиб дода шуда, маълумот дар бораи масоҳат ва дигар тавсифҳои он, рақами кадастрӣ, рақами барӯйхатгирӣ, суроға (ҷойгиршавӣ) ва маълумоти дигарро дар бораи молу мулки ғайриманқул дар бар мегирад; (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1502)
- ҳуҷҷатҳои ҳуқуқмуайянкунанда – ҳуҷҷате, ки пайдоиш, гузаштан, қатъи ҳуқуқ ва маҳдудиятҳои (гарониҳои) ҳуқуқро ба молу мулки ғайриманқул муқаррар менамояд (қонун, қарори мақоми ваколатдори давлатӣ, шартномаҳо, аҳдҳо, қарори суд ва ҳуҷҷатҳои ҳуқуқмуайянкунандаи дигари пешбининамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон); (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1502)
- бозори аввалияи замин – аз давлат ба шахсони воқеию ҳуқуқӣ – заминистифодабарандагон гузаштани ҳуқуқи истифодабарии қитъаи замин бо ҳуқуқи бегона намудани он тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ; (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1502)
- бозори дуюмдараҷаи замин – аз ҷониби заминистифодабарандагон -шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ фурӯхтани ҳуқуқҳои онҳо барои амалӣ гардидани аҳдҳои ҳуқуқию гражданӣ вобаста ба ҳуқуқи истифодабарии қитъаҳои замин бо ҳуқуқи бегона намудани он тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ; (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1502)
- хатои техникӣ – хато дар варақаи бақайдгирӣ ё харитаи кадастрӣ, ки ислоҳи он ба мазмуни ҳуқуқ, соҳибҳуқуқ ё тағйири миқдори саҳм дар ҳуқуқ таъсир намерасонад. Ба хатои техникӣ, аз ҷумла саҳв дар калимаҳо, калимаҳои ихтисоршуда, адад, хатоҳои имлоии ҳисобҳо дохил мешаванд. (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1502)
- хатое, ки хусусияти техникӣ надорад – хатое, ки дар варақаи бақайдгирӣ ҳангоми бақайдгирии давлатии ҳуқуқҳо, маҳдудиятҳои (гарониҳои) ҳуқуқҳо ба молу мулки ғайриманқул роҳ дода шудааст ва дар натиҷаи ислоҳ кардани он мазмуни ҳуқуқ, соҳибҳуқуқ ё тағйирёбии ҳуқуқ ба миқдори саҳм иваз мешаванд. (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1502)
Моддаи 2. Қонунгузорӣ дар бораи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни мазкур, санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад. (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1502)
Моддаи 3. Амали Қонуни мазкур
Қонуни мазкур қоидаҳои бақайдгирии давлатии намудҳои зерини молу мулки ғайриманқулро муқаррар менамояд:
- қитъаҳои замин ҳамчун моликияти давлатӣ;
- бинои истиқоматӣ ва ғайриистиқоматӣ, иншоот ва объектҳои сохтмонии нотамом;
- дигар намудҳои молу мулки ғайриманқул дар ҳолатҳои муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Моддаи 4. Объектҳои бақайдгирии давлатӣ
Объектҳои бақайдгирии давлатӣ инҳо ба ҳисоб мераванд:
- ташкилёбӣ, тағйирёбӣ, қатъи мавҷудияти молу мулки ғайриманқул;
- пайдоиш, гузаштан, қатъи ҳуқуқҳо ва маҳдудиятҳои (гарониҳои) ҳуқуқҳо ба молу мулки ғайриманқул.
Моддаи 5. Субъектҳои бақайдгирии давлатӣ
Субъектҳои бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он ташкилоти ҷумҳуриявии бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он (минбаъд – ташкилоти ҷумҳуриявии бақайдгирии давлатӣ), ташкилотҳои минтақавии бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он (минбаъд – ташкилоти минтақавии бақайдгирии давлатӣ), бақайдгирандагон, инчунин моликони молу мулки ғайриманқул ва соҳибони дигар ҳуқуқ нисбат ба молу мулки ғайриманқул (минбаъд – соҳибҳуқуқон), шахсони талабгори ба даст овардани ҳуқуқ нисбат ба молу мулки ғайриманқул (минбаъд – довталаби соҳибҳуқуқӣ) ба ҳисоб мераванд.
Моддаи 6. Ҳуқуқи намояндагӣ дар муносибатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон
оид ба бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он танзим менамояд
Моддаи 7. Бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул
Бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул новобаста аз шакли моликият анҷом дода мешавад.
Моддаи 8. Бақайдгирии давлатии ҳуқуқ, маҳдудияти (гаронии) ҳуқуқ ба молу мулки ғайриманқул
- истифодабарии якумраи меросии қитъаи замин бо ҳуқуқи бегона намудан ва бе ҳуқуқи бегона намудан; (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1502)
- истифодабарии бемўҳлати қитъаи замин бо ҳуқуқи бегона намудан ва бе ҳуқуқи бегона намудан; (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1502)
- истифодабарии мўҳлатноки қитъаи замин;
- иҷора ва иҷораи фаръии қитъаи замин ба муддати зиёда аз як сол; (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1502)
- пешбурди хоҷагидорӣ;
- идоракунии ваколатӣ;
- идоракунии оперативӣ;
- иҷора ва иҷораи фаръӣ ба муддати зиёда аз як сол, бе подош истифода бурдани бинои истиқоматӣ ва ғайриистиқоматӣ, иншоот, бинои ҷудогона; (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1502)
- сервитут;
- ипотека;
- ҳабс;
- муқаррар шудани маҳдудиятҳо (гарониҳо) нисбати молу мулки ғайриманқул дар натиҷаи эътирофи он ҳамчун объекти мероси таърихию фарҳангӣ;
- муқаррар шудани маҳдудиятҳо (гарониҳо) нисбати молу мулки ғайриманқул дар натиҷаи хизматрасонии хати барқгузар, қубурхатҳо ва дигар иншоотҳои муҳандисӣ;
- дигар ҳуқуқҳо ва маҳдудиятҳои (гарониҳои) ҳуқуқҳо дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Моддаи 9. Пайдарҳамии бақайдгирии давлатӣ
Моддаи 10. Эътирофи ҳуқуқҳои пештар пайдошуда
БОБИ 2. СОХТОРИ МАҚОМОТИ ДАВЛАТӢ ДАР
СОҲАИ БАҚАЙДГИРИИ ДАВЛАТӢ
Моддаи 11. Сохтори мақомоти давлатӣ дар соҳаи бақайдгирии давлатӣ
- мақоми махсуси ваколатдори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи бақайдгирии давлатӣ (минбаъд – мақоми махсуси ваколатдори давлатӣ);
- ташкилоти ҷумҳуриявии бақайдгирии давлатӣ;
- ташкилотҳои минтақавии бақайдгирии давлатӣ.
Моддаи 12. Салоҳияти мақоми махсуси ваколатдори давлатӣ
Мақоми махсуси ваколатдори давлатӣ дорои чунин салоҳият мебошад:
- дар доираи салоҳияти худ санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба онро қабул мекунад;
- сиёсати ягонаи давлатии соҳаи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба онро татбиқ менамояд;
- барномаҳои давлатии соҳаи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба онро таҳия ва татбиқ мекунад;
- қоидаҳо, тартиби бақайдгирӣ, пешбурд ва шаклҳои варақаи бақайдгирӣ, парвандаи бақайдгирӣ, дафтари бақайдгирии аризаҳо ва гузоштани рақамҳои кадастрии молу мулки ғайриманқулро тасдиқ менамояд; (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1502)
- тартиби анҷомдиҳии амалиёти бақайдгирии давлатиро берун аз бинои ташкилоти бақайдгирии давлатӣ муқаррар менамояд; (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1502)
- тартиби экспертизаи ҳуҷҷатҳои заминсозиро муқаррар менамояд; (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1502)
- шакли намунавии шартномаи иҷораи қитъаи заминро тасдиқ менамояд; (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1502)
- минтақаҳои бақайдгириро ташкил медиҳад;
- асосҳои таъин ва тартиби барўйхатгирии техникии молу мулки ғайриманқул, инчунин санҷиши тавсифи молу мулки ғайриманқулро ҳангоми анҷомдиҳии амалиёти бақайдгирӣ муқаррар менамояд;
- асосҳои таъин ва тартиби ташхиси ҳуҷҷатҳои аслии барои анҷом додани бақайдгирии давлатӣ пешниҳодшударо муқаррар менамояд;
- тартиби баргузории аттестатсияи бақайдгирандагонро муқаррар менамояд;
- шаклҳои шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатӣ, иқтибос аз варақаи бақайдгирӣ, иттилоот аз феҳристи ягонаи давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он, тартиби пешниҳод намудан ва баҳисобгирии иттилооти додашударо тасдиқ менамояд; (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1502)
- тартиби додан, иваз намудан ва аз эътибор соқит намудани шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатиро тасдиқ менамояд; (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1502)
- нархномаҳои барои пешниҳод намудани иттилоот аз феҳристи ягонаи давлатии бақайдгирии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он, додани машваратҳои ҳуқуқӣ оид ба анҷомдиҳии амалиёти бақайдгирӣ, нусхабардории ҳуҷҷатҳо, дигар хизматрасонии ҳуқуқӣ ва техникии бо бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳои ба он алоқаманд, тартиби тақсими маблағҳои воридшударо бо тартиби муқарраргардида тасдиқ менамояд;
- якҷоя бо мақомоти давлатии ҷумҳуриявии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷмўи нишондодҳои бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқ ба онро тасдиқ менамояд;
- дигар салоҳиятро тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом медиҳад.
Моддаи 13. Салоҳияти ташкилоти ҷумҳуриявии бақайдгирии давлатӣ
- амалиёти бақайдгириро мутобиқи Қонуни мазкур анҷом медиҳад;
- ташкилотҳои минтақавии бақайдгирии давлатиро мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис медиҳад;
- роҳбарии умумӣ ва методологии фаъолияти ташкилотҳои минтақавии бақайдгирии давлатӣ, назорати фаъолияти онҳоро анҷом медиҳад;
- қоидаҳои коргузориро дар ташкилотҳои минтақавии бақайдгирии давлатӣ тасдиқ мекунад;
- рўйхати ҳуҷҷатҳои барои бақайдгирии давлатӣ пешниҳодгардида, шакл ва қоидаҳои пешбурди ҳуҷҷатҳои феҳристи ягонаи давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он, дигар ҳуҷҷатҳои истифодабарии бақайдгирандагонро тасдиқ мекунад;
- шакли шиносномаи техникиро тасдиқ менамояд; (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1502)
- тартиби рақамгузории сабтҳоро дар варақаи бақайдгирӣ муқаррар менамояд; (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1502)
- номгўи тавсифи молу мулки ғайриманқулеро, ки дар варақаи бақайдгирӣ сабт мешаванд, муқаррар мекунад; (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1502)
- барўйхатгирии техникии молу мулки ғайриманқул ва санҷиши тавсифи молу мулки ғайриманқулро дар ҳолатҳо ва тибқи тартиби муқаррарнамудаи мақоми махсуси ваколатдори давлатӣ анҷом медиҳад;
- тартиби ҳисоботи ташкилотҳои минтақавии бақайдгирии давлатиро дар назди ташкилоти ҷумҳуриявии бақайдгирии давлатӣ муқаррар мекунад;
- реҷаи кории ташкилотҳои минтақавии бақайдгирии давлатиро муқаррар мекунад;
- фаъолияти ташкилотҳои минтақавии бақайдгирии давлатӣ, аз ҷумла вобаста ба таъсис ва пешбурди феҳристи ягонаи давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он ва тартиби ҳамкории онҳоро муайян менамояд, мубодилаи маълумоти байни онҳоро ҳамоҳанг месозад;
- феҳристи ягонаи давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба онро пеш мебарад ва ҳимояи онро аз иҷозати ғайриқонунии истифодабарӣ, тасарруф ва несту нобуд кардан таъмин менамояд;
- рўйхати бақайдгирандагонро пеш мебарад;
- намуна, тартиби додан ва гирифтани мўҳрҳо, штампҳо, варақаҳои бақайдгирандагонро тасдиқ мекунад;
- назорати дурустии анҷомдиҳии амалиёти бақайдгирии бақайдгирандагонро ба амал мебарорад;
- ҷамъкунӣ, таҳлил, хулосабарорӣ ва дар воситаҳои ахбори омма ҳар сол чоп намудани маҷмўаи нишондодҳои бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба онро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом медиҳад;
- дигар салоҳияти соҳаи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқ ба онро мувофиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом медиҳад.
Моддаи 14. Салоҳияти ташкилотҳои минтақавии бақайдгирии давлатӣ
Моддаи 15. Таъмини кафолатҳои давлатии фаъолияти ташкилотҳои ҷумҳуриявӣ ва
минтақавии бақайдгирии давлатӣ
Таъмини фаъолияти ташкилотҳои бақайдгирии давлатиро давлат бо чунин роҳҳо кафолат медиҳад:
- зўран кашида гирифтани варақаи бақайдгирӣ, парвандаи бақайдгирӣ, дафтари бақайдгирии аризаҳо, инчунин молу мулки ташкилотҳои бақайдгирии давлатӣ, ки пешбурд ва нигоҳдории ҳуҷҷатҳои феҳристи ягонаи давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба онро тавассути ҳомилҳои электронӣ таъмин менамояд, манъ мебошад; (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1502)
- бақайдгирандагон наметавонанд нисбати ҳуҷҷатҳои феҳристи ягонаи давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он амалиёте содир намоянд, ки барои онҳо манъ ва ё маҳдуд карда шудааст;
- мақомоти давлатӣ, ташкилотҳо, дигар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ ўҳдадоранд, ки дар мўҳлати даҳ рўз аз вақти ворид шудани дархости хаттии бақайдгирандагон барои анҷом додани амалиёти бақайдгирӣ ҳуҷҷатҳо ва маълумоти мавҷударо пешниҳод намоянд.
Моддаи 16. Бақайдгирандагон. Ба вазифа таъин ва аз вазифа озод намудани онҳо
1) ҳуҷҷатҳоеро, ки тибқи тартиби муқарраргардида барои бақайдгирии давлатӣ пешниҳод карда мешаванд, қабул намоянд;
2) амалиёти зерини бақайдгириро анҷом диҳанд:
а) бақайдгирии давлатии ташкилёбӣ, тағйирёбӣ, қатъи мавҷудияти молу мулки ғайриманқул;
б) бақайдгирии давлатии пайдоиш, гузаштан, қатъи ҳуқуқҳо, маҳдудиятҳои (гарониҳои) ҳуқуқ ба молу мулки ғайриманқул.
3) рақами кадастрии объектҳои молу мулки ғайриманқулро ба варақаи бақайдгирӣ ворид намоянд; (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1502)
4) дар варақаи бақайдгирӣ сабтҳо ворид намоянд; (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1502)
5) ба парвандаи бақайдгирӣ ҳуҷҷатҳоро ворид намоянд;
6) ба дафтари бақайдгирии аризаҳо маълумот ворид намоянд; (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1502)
7) аз феҳристи ягонаи давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он тибқи тартиби муқарраргардида маълумот диҳанд.
Моддаи 17. Маҳдудиятҳо оиди ба амал баровардани фаъолияти бақайдгиранда
- ба фаъолияти соҳибкорӣ шахсан ва ё бо воситаи миёнарав машғул шавад, инчунин шахси бовариноки шахси сеюм оид ба масъалаи бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он бошад;
- барои анҷом додани амалиёти бақайдгирӣ инъом қабул намояд, бо мақсадҳои шахсӣ барои расонидани ёрӣ ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ имтиёзҳо ва хизматрасониҳоро истифода барад ва ё мавқеи хизматии худро барои мусоидат истифода барад;
- баъди қатъи фаъолияти корӣ дар ташкилотҳои бақайдгирии давлатӣ ба манфиати шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ маълумоти дорои сирри давлатӣ ва ё сирри дигари аз тарафи қонун ҳифзшавандаро истифода барад.
Моддаи 18. Реквизитҳои бақайдгиранда
Моддаи 19. Фаъолияти молиявии ташкилотҳои бақайдгирии давлатӣ
БОБИ 3. ФЕҲРИСТИ ЯГОНАИ ДАВЛАТИИ МОЛУ МУЛКИ
ҒАЙРИМАНҚУЛ ВА ҲУҚУҚҲО БА ОН
Моддаи 20. Мақсади таъсис ва пешбурди феҳристи ягонаи давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он
Феҳристи ягонаи давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он бо мақсадҳои зерин таъсис ва пеш бурда мешавад:
- амалӣ намудани сиёсати давлатӣ дар соҳаи идоракунии молу мулки ғайриманқул, андозбандии молу мулки ғайриманқул;
- ҳимояи манфиатҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ ва хусусӣ дар муносибатҳои ҳуқуқии бо молу мулки ғайриманқул алоқаманд;
- назорати давлатии истифода ва ҳифзи молу мулки ғайриманқул;
- таъмин намудани маълумот ба сармоягузорон, дигар иштироккунандагони бозори молу мулки ғайриманқул, мақомоти давлатӣ, аз ҷумла мақомоти андоз ва омор.
Моддаи 21. Принсипҳои пешбурди ҳуҷҷатҳои феҳристи ягонаи давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он
Пешбурди ҳуҷҷатҳои феҳристи ягонаи давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он дар асоси принсипҳои зерин анҷом дода мешавад:
- якшаклӣ – пешбурди ҳуҷҷатҳои феҳристи ягонаи давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он бо қоидаҳои ягона дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон анҷом дода мешавад;
- эътиборнокӣ – маълумоти феҳристи ягонаи давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он, агар суд ҳолати дигарро муқаррар накунад, эътиборнок ба ҳисоб меравад;
- ошкоро – маълумоти феҳристи ягонаи давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он ошкоро мебошад, ба истиснои ҳолатҳои муқаррарнамудаи Қонуни мазкур. Сабт дар варақаи бақайдгирӣ маънои онро дорад, ки ҳамаи шахсон оид ба анҷомдиҳии амалиёти бақайдгирӣ огоҳ мебошанд, ба истиснои ҳолатҳое, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон огоҳии хаттии ҳатмиро муқаррар намудаанд; (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1502)
- муқоисавӣ ва мутобиқатӣ – маълумоти феҳристи ягонаи давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он бояд бо маълумоте, ки дар дигар феҳристҳои давлатӣ, кадастрҳо ва дигар захираҳои маълумот мавҷуданд, муқоисашаванда ва мутобиқ бошанд.
Моддаи 22. Ҳуҷҷатҳои феҳристи ягонаи давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он
Моддаи 23. Таъмини нигоҳдории ҳуҷҷатҳои феҳристи ягонаи давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он
Моддаи 24. Варақаи бақайдгирӣ
(ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1502)
1) сабт оид ба молу мулки ғайриманқули бақайдгирифташуда – ном ва реквизитҳои ҳуҷҷатҳое, ки асос барои бақайдгирии давлатии ташкилёбӣ, тағйирёбӣ, қатъи мавҷудияти молу мулки ғайриманқул мебошанд, тавсифи молу мулки ғайриманқул, аз ҷумла, арзиш ва дигар маълумоти асосӣ. Маълумот оид ба таъиноти молу мулки ғайриманқул тибқи таснифи ягонаи таъиноти объектҳои молу мулки ғайриманқуле, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ кардааст, сабт карда мешавад;
2) сабт оид ба ҳуқуқи моликият ба молу мулки ғайриманқули бақайдгирифташуда – ном ва реквизитҳои ҳуҷҷатҳо, ки асос барои бақайдгирии давлатии пайдоиш, гузаштан, қатъи ҳуқуқи моликият, санаи пайдоиш, гузаштани ҳуқуқи моликият мебошанд, маълумоти мушаххас оид ба молик. Дар мавриди моликияти умумӣ ба молу мулки ғайриманқул маълумоти мушаххас оид ба ҳар як ҳаммолик, намуди моликияти умумӣ сабт карда мешавад. Дар мавриди моликияти умумии саҳомӣ ба молу мулки ғайриманқул андозаи саҳм дар ҳуқуқи моликияти ҳар як ҳаммолик сабт карда мешавад;
3) сабт оид ба дигар ҳуқуқҳо, маҳдудиятҳои (гарониҳои) ҳуқуқҳо ба молу мулки ғайриманқули бақайдгирифташуда – номгўи ҳуқуқҳо, ном ва мазмуни маҳдудиятҳои (гарониҳои) ҳуқуқҳо, ном ва реквизитҳои ҳуҷҷатҳое, ки асос барои бақайдгирии давлатии пайдоиш, гузаштан, қатъи ҳуқуқҳо ва маҳдудиятҳои (гарониҳои) ҳуқуқҳо мебошанд, санаи (лаҳзаи) пайдоиш, гузаштан, қатъи ҳуқуқҳо ва маҳдудиятҳои (гарониҳои) ҳуқуқҳо, маълумоти мушаххас оид ба соҳибони ҳуқуқ ва шахсоне, ки ба фоидаи онҳо маҳдудият (гаронӣ) муқаррар шудааст, мўҳлати амали ҳуқуқҳо ва маҳдудиятҳои (гарониҳои) ҳуқуқҳо, инчунин дигар маълумот тибқи қонуни мазкур;
4) сабт оид ба манъ намудани бегона кардани ҳуқуқҳо ба молу мулки ғайриманқул;
5) сабт оид ба аризаҳо – номи ҳуқуқҳо, маҳдудияти (гаронии) ҳуқуқҳо, ки нисбати онҳо аризаҳои зерин ворид шудаанд:
а) дар бораи бақайдгирии давлатӣ;
б) дар бораи ислоҳи хатоҳо дар варақаи бақайдгирӣ; (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1502)
в) дар бораи муроҷиати шахси манфиатдор ба суд оид ба мавриди баҳс қарор додани ҳуқуқ ё маҳдудияти (гаронии) ҳуқуқе, ки дар бораи бақайдгирии давлатии он дигар шахси манфиатдор хоҳиш мекунад;
г) муроҷиати шахси манфиатдор ба суд оид ба бекор кардани амалиёти бақайдгирии анҷомдодашуда;
д) аризаи шахси манфиатдор оид ба фактҳои ҳуқуқие, ки дар натиҷаи онҳо метавонанд ҳуқуқ, маҳдудиятҳои (гарониҳои) ҳуқуқ ба молу мулки ғайриманқул пайдо шаванд, гузаранд ё қатъ гарданд.
6) қайд дар бораи боздоштани анҷомдиҳии амалиёти бақайдгирӣ, рад кардани анҷомдиҳии амалиёти бақайдгирӣ.
Моддаи 25. Парвандаи бақайдгирӣ
Моддаи 26. Харитаи кадастрӣ
Дар харитаи кадастрӣ ворид намудани маълумот (аз ҷумла тағйирот ва хориҷ намудани маълумот) дар як вақт бо бақайдгирии давлатии ташкилёбӣ, тағйирёбӣ, қатъи мавҷудияти қитъаи замин, бинои истиқоматӣ ва ғайриистиқоматӣ, иншоот ва объектҳои сохтмонии нотамом анҷом дода мешавад. Мазмуни харитаи кадастрӣ бояд ба сабтҳои дар варақаи бақайдгирӣ, ҳуҷҷатҳои дар парвандаи бақайдгирӣ ҷойгирбуда мувофиқат намояд. (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1502)
Моддаи 27. Дафтари бақайдгирии аризаҳо
- сана, рақам ва вақти дохил шудани ариза ба ташкилоти бақайдгирии давлатӣ; (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1502)
- маълумоти мушаххас дар бораи аризадиҳанда;
- рўйхати ҳуҷҷатҳое, ки барои анҷом додани бақайдгирии давлатӣ пешниҳод шудаанд;
- қайд оид ба қабули ариза ё худ рад кардани қабули ариза;
- натиҷаи баррасии аризае, ки ба ташкилоти бақайдгирии давлатӣ дохил гардидаааст;
- рўйхати ҳуҷҷатҳое, ки ба аризадиҳанда дода шудааст;
- дигар иттилоот мувофиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Моддаи 28. Ислоҳи ҳуҷҷати феҳристи ягонаи давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он
- хатоҳои техникӣ – дар асоси аризаи соҳибҳуқуқон, дигар шахсон ва мақомоти манфиатдор, бо ташаббуси бақайдгиранда;
- хатоҳои хусусияти техникӣ надошта – бо қарори суд.
Дар ҳолатҳои асоснок набудани гумон, ки ислоҳи хатоҳои хусусияти техникӣ надошта метавонад ба соҳибҳуқуқ ё шахсони сеюм, ки ба сабтҳои дахлдори бақайдгирӣ умед баста буданд, зарар расонад ё манфиатҳои қонунии онҳоро вайрон кунад, чунин ислоҳ бо аризаи якҷояи ҳамаи шахсони манфиатдор иҷро карда мешавад.
Моддаи 29. Додани маълумот ва ҳуҷҷатҳо аз феҳристи ягонаи давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он
- соҳибҳуқуқ;
- шахсоне, ки ба онҳо ҳуқуқ ба молу мулки ғайриманқул бо тартиби умумии ворисии ҳуқуқӣ ё меросӣ мегузарад;
- ба нотариуси давлатӣ дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон. (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1502)
Моддаи 30. Иқтибос аз варақаи бақайдгирӣ
(ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1502)
- маълумоти асосии объекти молу мулки ғайриманқул;
- маълумоти мушаххас оид ба молик ё истифодабарандаи молу мулки ғайриманқул, ҳангоми моликияти умумии саҳомӣ андозаи саҳм ва маълумоти мушаххас оид ба ҳар як ҳаммолики молу мулки ғайриманқул муқаррар карда мешавад;
- рўйхати ҳуқуқҳо ва маҳдудиятиҳои (гарониҳои) ҳуқуқҳои мавҷуда нисбати молу мулки ғайриманқул, мўҳлати амали ҳуқуқҳо, маҳдудиятҳои (гарониҳои) ҳуқуқҳо, маълумоти мушаххас оид ба соҳибҳуқуқон ва шахсоне, ки ба манфиати онҳо маҳдудият (гаронӣ) муқаррар карда шудааст, арзиши ўҳдадориҳои бо ипотека таъминшуда ё маълумот дар бораи тартиб ва шартҳои муайянкунии он;
- рўйхати қайдҳо оид ба аризаҳои дар варақаи бақайдгирӣ дар лаҳзаи додани иқтибос амалкунанда (минбаъд - қайдҳои мавҷуда); (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1502)
- рўйхати қайдҳои мавҷуда дар варақаи бақайдгирӣ оид ба боздоштани анҷомдиҳии амалиёти бақайдгирӣ; (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1502)
- сана ва вақти додани иқтибос аз варақаи бақайдгирӣ; (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1502)
- дигар маълумот дар бораи объекти молу мулки ғайриманқул, ки рўйхати онҳоро мақоми махсуси ваколатдори давлатӣ муқаррар намудааст.
БОБИ 4. ҚОИДАҲОИ УМУМИИ АНҶОМДИҲИИ АМАЛИЁТИ БАҚАЙДГИРӢ
Моддаи 31. Тартиби анҷомдиҳии амалиёти бақайдгирии давлатӣ
- қабули ҳуҷҷатҳое, ки барои анҷом додани бақайдгирии давлатӣ пешниҳод карда шудаанд;
- баррасии ҳуҷҷатҳо; (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1502)
- анҷомдиҳии амалиёти бақайдгирӣ;
- тасдиқи бақайдгирии давлатии анҷомдодашуда.
- аз ташкилотҳои давлатӣ, дигар шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ маълумот ва ҳуҷҷатҳоеро, ки барои анҷомдиҳии амалиёти бақайдгирии давлатӣ заруранд, талаб намояд;
- нусхаи ҳуҷҷатҳо ва иқтибос аз онҳоро тайёр ва дурустии онҳоро тасдиқ намояд;
- оид ба масъалаҳои анҷомдиҳиии амалиёти бақайдгирӣ шарҳ диҳад ва машварат пешниҳод намояд;
- санҷиши тавсифи молу мулки ғайриманқулро дар ҳолат ва тартиби муқаррарнамудаи мақоми махсуси ваколатдори давлатӣ таъин намояд;
- ташхиси асл будани ҳуҷҷатҳоеро, ки барои анҷом додани бақайдгирии давлатӣ пешниҳод шудаанд, дар ҳолат ва тартиби муқаррарнамудаи мақоми махсуси ваколатдори давлатӣ таъин намояд;
- дар ҳолатҳои пешбининамудаи Қонуни мазкур анҷомдиҳии амалиёти бақайдгириро рад намояд ё боздорад.
Моддаи 32. Талаботи умумӣ ба ҳуҷҷатҳое, ки барои анҷом додани бақайдгирии давлатӣ пешниҳод мегарданд
- ариза дар бораи бақайдгирии давлатӣ (ба ариза пардохтномаи хизматрасонии мақоми бақайдгиранда замима мегардад);
- ҳуҷҷатҳое, ки маълумоти мушаххаси ба варақаи бақайдгирӣ ҳангоми анҷомдиҳии амалиёти бақайдгирӣ воридшавандаро доранд ва ҳуҷҷатҳое, ки ваколати намояндагон ва шахсони мансабдорро тасдиқ мекунанд; (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1502)
- ҳуҷҷатҳое, ки барои бақайдгирии давлатӣ асос мебошанд;
- дигар ҳуҷҷатҳо дар ҳолатҳои пешбининамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Ҳуҷҷатҳои дар бандҳои 3 ва 4 ҳамин қисм нишондодашуда дар ҳолатҳои муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод намегарданд, агар онҳо ба ташкилоти дахлдори бақайдгирии давлатӣ барои анҷом додани дигар қайди давлатӣ қаблан пешниҳод гардида бошанд.
Ҳуҷҷатҳои ба забони хориҷӣ тартибдодашуда бо тарҷума ба забони давлатӣ ва тасдиқи нотариалӣ пешниҳод мегарданд.
Моддаи 33. Талаботи умумӣ ба ариза дар бораи бақайдгирии давлатӣ ва ҳуҷҷатҳое, ки
барои бақайдгирии давлатӣ асос ҳисоб меёбанд
- ҳангоми бақайдгирии давлатии ташкилёбӣ, тағйирёбӣ ва қатъи молу мулки ғайриманқул – соҳибҳуқуқи молу мулки дахлдор, агар Қонуни мазкур ҳолати дигареро пешбинӣ накарда бошад. Ҳангоми бақайдгирии давлатии ташкилёбии бинои истиқоматии бисёрошёна ариза оид ба бақайдгирии давлатӣ метавонад аз ҷониби фармоишгари сохтмон имзо гардад;
- ҳангоми бақайдгирии давлатии ба аҳдҳо асосёфтаи ҳуқуқ, маҳдудияти (гаронии) ҳуқуқ – дар якҷоягӣ бо тарафҳои аҳдҳо, агар тартиби дигареро шартнома муқаррар накарда бошад;
- ҳангоми бақайдгирии давлатии ба аҳдҳо асосёфтаи ҳуқуқ, маҳдудияти (гаронии) ҳуқуқ, агар яке аз тарафҳои аҳд аз бақайдгирии давлатӣ саркашӣ намояд ва агар қарори суд оид ба бақайдгирии давлатии ҳуқуқ, маҳдудияти (гаронии) ҳуқуқ ба қувваи қонунӣ даромада бошад –яке аз тарафҳои аҳд;
- ҳангоми бақайдгирии давлатии ҳуқуқ ё маҳдудияти (гаронии) ҳуқуқе, ки асоси пайдоиш, гузаштан, қатъи он қарори судӣ, санади мақоми давлатӣ, дигар факти ҳуқуқӣ, ба ғайр аз аҳдҳо бошад – довталаби соҳибҳуқуқӣ, шахсе, ки ба фоидаи ў маҳдудият (гаронӣ) муқаррар ё қатъ карда шудааст.
Моддаи 34. Қабули ҳуҷҷатҳое, ки барои анҷом додани бақайдгирии давлатӣ пешниҳод мешаванд
- ин ҳуҷҷатҳо ба талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ набошанд;
- ин ҳуҷҷатҳо аз ҷониби шахси номувофиқ ё ба тарзи номуносиб пешниҳод шуда бошанд;
- ариза дар бораи бақайдгирии давлатӣ аз ҷониби шахси номувофиқ имзо шуда бошад;
- амалиёти бақайдгирӣ дар дигар ташкилоти бақайдгирии давлатӣ ё аз тарафи дигар бақайдгиранда анҷом дода шавад;
- на ҳамаи ҳуҷҷатҳои барои анҷом додани бақайдгирии давлатӣ зарурӣ пешниҳод шуда бошанд;
- ҳуҷҷатҳои дорои маълумоти носаҳеҳ ё маълумоте, ки ба ин ҳуҷҷатҳои бақайдгирандаи феҳристи ягонаи давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он номувофиқанд, ба истиснои ҳолатҳое, ки номувофиқатӣ бо сабаби хатои техникӣ рух додааст;
- мазмуни ҳуҷҷатҳои барои анҷом додани бақайдгирии давлатӣ пешниҳодгардида байни ҳамдигар мувофиқат надошта бошанд;
- молу мулк, ҳуқуқ, маҳдудияти (гаронии) ҳуқуқи дар ариза дар бораи бақайдгирии давлатӣ номбаршуда тибқи Қонуни мазкур ба бақайдгирии давлатӣ мувофиқат надошта бошанд.
Моддаи 35. Баррасии ҳуҷҷатҳо оид ба анҷомдиҳии амалиёти бақайдгирӣ
(ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1502)
Дар ҳолатҳои анҷомдиҳии амалиёти бақайдгирӣ дар асоси амрия оид ба бақайдгирии давлатӣ мўҳлати дар сарсатри якуми ҳамин қисм нишондодашуда аз лаҳзаи ба ташкилоти бақайдгирии давлатӣ ворид гардидани амрия оид ба бақайдгирии давлатӣ оғоз мешавад, агар санади мазкур эътибори қонунӣ пайдо карда бошад ё чунин амрия тамоми маълумоти барои бақайдгирии давлатӣ зарурро доро набошад – аз лаҳзаи ворид гардидани ҳуҷҷати охирине, ки маълумоти нокифояи аз ҷониби бақайдгиранда дархостнамударо дорад. Ин қоида нисбати бекор намудани сабти бақайдгирӣ низ татбиқ мегардад. (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1502)
Моддаи 36. Рад кардани анҷомдиҳии амалиёти бақайдгирӣ аз тарафи бақайдгиранда
- шакл ва мазмуни ҳуҷҷатҳои пешниҳодгардида барои анҷомдиҳии амалиёти бақайдгирӣ ба талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқат накунад;
- номувофиқатии натиҷаҳои санҷиши тавсифи молу мулки ғайриманқул бо маълумоти дар ҳуҷҷатҳои барои анҷомдиҳии бақайдгирии давлатӣ пешниҳодгардида пайдо шуда бошад ё санҷиши таъингардидаи тавсифи молу мулки ғайриманқул бо тартиби муқарраргардида анҷом дода нашуда бошад;
- ҳангоми бақайдгирии давлатӣ ҳуқуқҳои дигар шахсон вайрон шуда бошанд;
- ҳангоми бақайдгирии давлатӣ талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон вайрон шуда бошанд;
- мавҷудияти сабт оид ба ҳабси молу мулки ғайриманқул, ки нисбати ҳуқуқҳо ба он оид ба бақайдгирии давлатӣ арз шуда бошад;
- дар як вақт аз аризадиҳандагони гуногун ду ва ё зиёда аризаҳо оид ба бақайдгирии давлатии ҳамон як молу мулки ғайриманқул, ҳамон як ҳуқуқҳо, маҳдудиятҳои (гарониҳои) ҳуқуқ дохил шуда бошанд, ки бақайдгирии давлатиашон дар як вақт номумкин аст. Ин асоси радкунӣ барои анҷомдиҳии амалиёти бақайдгирӣ метавонад фақат дар ҳолате татбиқ гардад, ки агар нисбати ду ё зиёда аризадиҳанда барои рад намудани анҷомдиҳии амалиёти бақайдгирӣ дигар асосҳо мавҷуд набошанд.
Моддаи 37. Анҷом додани амалиёти бақайдгирӣ
Анҷом додани амалиёти бақайдгирӣ бо роҳи ворид намудани сабти дахлдор ба варақаи бақайдгирӣ амалӣ гардонда мешавад. Ҳамзамон бақайдгиранда ба парвандаи бақайдгирӣ ҳуҷҷатҳо ва ба харитаи кадастрӣ иттилоъ ворид менамояд. (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1502)
Моддаи 38. Тасдиқи бақайдгирии давлатии анҷомдодашуда
Тасдиқи бақайдгирии давлатии ташкилёбӣ, тағйирёбӣ, пайдоиш, гузаштан, қатъи ҳуқуқ ва маҳдудиятҳои (гаронии) ҳуқуқ ба молу мулки ғайриманқул бо роҳи ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ додани шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатӣ анҷом дода мешавад. (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1502)
Моддаи 39. Лаҳзаи бақайдгирии давлатӣ
Дар ҳолати анҷом додани амалиёти бақайдгирӣ лаҳзаи бақайдгирии давлатӣ вақт ва санаи қабули ҳуҷҷатҳои барои анҷомдиҳии бақайдгирии давлатӣ пешниҳодшуда, ки ба дафтари бақайдгирии аризаҳо ворид шудаанд, ҳисоб меёбад.
Моддаи 391. Рақамҳои кадастрӣ
(ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1502)
Моддаи 40. Амалиёти бақайдгирӣ нисбати молу мулки ғайриманқули дар ҳудуди зиёда аз
як минтақаи бақайдгирӣ ё маҳалли кадастрӣ ҷойгиршуда
Моддаи 41. Амалиёти бақайдгирӣ нисбати объекти таъиноти махсус
Моддаи 42. Шикоят аз амалҳои (беамалии) бақайдгиранда
Шахсе, ки бақайдгиранда бо амалҳои (беамалии) худ ҳуқуқҳои шаҳрвандии ўро вайрон кардааст, ҳуқуқ дорад аз рўи амали (беамалии) бақайдгиранда ба суд ё бо ариза ба ташкилоти дахлдори минтақавӣ ё ҷумҳуриявии бақайдгирии давлатӣ муроҷиат намояд.
БОБИ 5. АСОСҲОИ БАҚАЙДГИРИИ ДАВЛАТИИ МОЛУ МУЛКИ ҒАЙРИМАНҚУЛ
Моддаи 43. Асосҳо барои бақайдгирии давлатии ташкилёбии молу мулки ғайриманқул
Асосҳо барои бақайдгирии давлатии ташкилёбии молу мулки ғайриманқул инҳо мебошанд:
- ҷудо намудани қитъаи замин;
- сохтмон ва ба истифода додани бинои истиқоматӣ ва ғайриистиқоматӣ, иншоот;
- объектҳои сохтмонии нотамом;
- тақсими молу мулки ғайриманқул;
- якҷояшавии молу мулки ғайриманқул;
- хориҷ намудани бинои истиқоматӣ ва ғайриистиқоматӣ аз бинои асосӣ;
- дигар асосҳои пешбининамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Моддаи 44. Асосҳо барои бақайдгирии давлатии тағйирёбии молу мулки ғайриманқул
Асосҳо барои бақайдгирии давлатии тағйирёбии молу мулки ғайриманқул инҳо мебошанд:
-тағйир додани сарҳади қитъаи замин;
- сохтмон ва ба истифода додани қисми болоии бино, бинои иловагии бинои истиқоматӣ ва ғайриистиқоматӣ, иншоот;
- аз нав сохтан ва ба истифода додани бинои истиқоматӣ ва ғайриистиқоматӣ;
- вайрон ё нобудсозии қисми бинои истиқоматӣ ва ғайриистиқоматӣ, иншоот;
- тағйири таъиноти молу мулки ғайриманқул;
- дигар асосҳои пешбининамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Моддаи 441. Асосҳо барои бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқули шахси фавтида
(ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1502)
Моддаи 45. Асосҳо барои бақайдгирии давлатии қатъи мавҷудияти молу мулки ғайриманқул
Асос барои бақайдгирии давлатии қатъи мавҷудияти молу мулки ғайриманқул инҳо мебошанд:
- барҳам додани қитъаи замин;
- вайрон ё нобудсозии (кўчонидани) бинои истиқоматӣ ва ғайриистиқоматӣ, иншоот;
- тақсими молу мулки ғайриманқул;
- якҷояшавии молу мулки ғайриманқул;
- дигар асосҳои пешбининамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Моддаи 46. Ҳуҷҷатҳое, ки барои бақайдгирии давлатии молу мулки ғайриманқул асос мебошанд
Ҳуҷҷатҳое, ки барои бақайдгирии давлатии ташкилёбӣ, тағйирёбӣ, қатъи мавҷудияти молу мулки ғайриманқул асос мебошанд, ҳуҷҷатҳое ҳисобида мешаванд, ки мувофиқан ташкилёбӣ, тағйирёбӣ ва қатъи мавҷудияти воқеии молу мулки ғайриманқулро тасдиқ менамоянд. (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1502)
Моддаи 47. Ҳуҷҷатҳое, ки ташкилёбии воқеии қитъаи замини ҷудокардашударо тасдиқ менамоянд
Ҳуҷҷатҳое, ки ташкилёбии воқеии қитъаи замини ҷудокардашударо тасдиқ менамоянд, инҳоянд:
- парвандаи заминсозӣ;
- ҳуҷҷате, ки тибқи Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон масоҳат, навъи замин ва истифодаи мақсадноки қитъаи заминро муайян менамояд.
Моддаи 48. Ҳуҷҷатҳое, ки ташкилёбӣ, тағйирёбии воқеии бинои истиқоматӣ ва
ғайриистиқоматӣ, бинои истиқоматии ҷудогонаро тасдиқ менамоянд
Ҳуҷҷате, ки ташкилёбӣ, тағйирёбии воқеии бинои истиқоматӣ ва ғайриистиқоматӣ, бинои истиқоматии ҷудогонаро тасдиқ менамояд, шиносномаи техникии объекти дахлдори молу мулки ғайриманқули тибқи қонунгузорӣ тартибдодашуда мебошад ва инчунин нисбати бинои истиқоматӣ ва ғайриистиқоматӣ, бинои истиқоматии ҷудогонае, ки дар натиҷаи корҳои сохтмонӣ ба вуҷуд омадааст ё тағйир ёфтааст, ҳуҷҷате ба шумор меравад, ки қабули истифодаи бинои истиқоматӣ ва ғайриистиқоматӣ, бинои истиқоматии ҷудогонаро тасдиқ мекунад.
Моддаи 49. Ҳуҷҷатҳое, ки ташкилёбии воқеии бинои истиқоматӣ ва ғайриистиқоматии
нотамоми мавқуфгузошташударо тасдиқ менамоянд
Ҳуҷҷатҳое, ки ташкилёбии воқеии бинои истиқоматӣ ва ғайриистиқоматии нотамоми мавқуфгузошташударо тасдиқ менамоянд, инҳоянд:
- иҷозат ба сохтмони бинои истиқоматӣ ва ғайриистиқоматии аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатӣ додашуда;
- ҳуҷҷате, ки мавқуф гузоштани бинои истиқоматӣ ва ғайриистиқоматии нотамомро тасдиқ менамояд;
- ҳуҷҷате, ки ба лоиҳа, меъёр ва қоидаҳои сохтмонӣ мувофиқ будани сохтмонро тасдиқ мекунад.
Моддаи 491. Барӯйхатгирии техникии молу мулки ғайриманқул
(ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1502)
Моддаи 50. Тақсими молу мулки ғайриманқул
Моддаи 51. Хориҷ намудани бинои истиқоматӣ ва ғайриистиқоматӣ аз бинои асосӣ, иншоот
Моддаи 52. Якҷояшавии молу мулки ғайриманқул
Моддаи 53. Тағйирёбии сарҳади қитъаи замин
- ҷудо кардани қисми қитъаи замин;
- тақсимоти қитъаи замин;
- ҷудо кардани қитъаи замин;
- якҷоя кардани қитъаи замин;
- ҳамроҳ кардани қитъаи замин;
- азнавмуайянкунии сарҳадҳои қитъаҳои замини ҳамсарҳад;
- дигар ҳолатҳои муайяннамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Моддаи 54. Бақайдгирии давлатии яквақтаи молу мулки ғайриманқул
Бақайдгирии давлатии яквақтаи молу мулки ғайриманқул дар ҳолатҳои зерин анҷом дода мешавад:
- қатъи мавҷудияти объектҳои молу мулки ғайриманқул ва қатъи ҳуқуқ ва маҳдудиятҳои (гарониҳои) ҳуқуқҳо ба он, ташкилёбии объектҳои молу мулки ғайриманқул ва пайдоиши ҳуқуқ ва маҳдудиятҳои (гарониҳои) ҳуқуқҳо ба он дар натиҷаи тақсимшавӣ ё якҷояшавӣ;
- ташкилёбии бинои истиқоматӣ ва ғайриистиқоматии ҷудогона пайдоиши ҳуқуқ ва маҳдудиятҳои (гарониҳои) ҳуқуқҳо ба он ва қатъи маҳдудиятҳои (гарониҳои) ҳуқуқ ба бинои истиқоматӣ ва ғайриистиқоматӣ, иншоот дар натиҷаи хориҷ намудан;
- тағйирёбии молу мулки ғайриманқул дар натиҷаи тағйирёбии ҳудуд;
- ташкилёбӣ ё тағйирёбии бинои истиқоматӣ ва ғайриистиқоматӣ дар натиҷаи сохтмон, ба истифодадиҳӣ, ташкилёбӣ, тағйирёбӣ ё қатъи мавҷудияти биноҳои истиқоматӣ ва ғайриистиқоматии ҷудогонаи дар он ҷойгирбуда, ки дар натиҷаи чунин сохтмон рух додаанд;
- қатъи мавҷудияти объекти молу мулки ғайриманқул ва қатъи ҳуқуқ ва маҳдудиятҳои (гарониҳои) ҳуқуқҳо ба он дар натиҷаи нобуд шудан, кўчонидан ё бекор намудани он;
- қатъи мавҷудияти бинои истиқоматӣ ва ғайриистиқоматӣ, иншоот ва биноҳои истиқоматӣ ва ғайриистиқоматии ҷудогонаи дар он ҷойгирбуда дар натиҷаи нобуд шудан ё вайрон кардани бинои истиқоматӣ ва ғайриистиқоматӣ, иншоот;
- дар дигар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон.
БОБИ 6. АСОСҲОИ БАҚАЙДГИРИИ ДАВЛАТИИ ҲУҚУҚ ВА
МАҲДУДИЯТҲОИ (ГАРОНИҲОИ) ҲУҚУҚ БА МОЛУ МУЛКИ ҒАЙРИМАНҚУЛ
Моддаи 55. Асосҳо барои бақайдгирии давлатии пайдоиш, гузаштан, қатъи ҳуқуқ ва
маҳдудиятҳои (гарониҳои) ҳуқуқ ба молу мулки ғайриманқул
Барои бақайдгирии давлатии пайдоиш, гузаштан ва қатъи ҳуқуқ ва маҳдудиятҳои (гарониҳои) ҳуқуқ ба молу мулки ғайриманқул инҳо асос шуда метавонанд:
- шартномаҳо ва дигар аҳдҳои пешбининамуда тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин шартномаҳо ва дигар аҳдҳо, гарчанде тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ нашудаанд, вале бар хилофи онҳо намебошанд;
- санадҳои мақомоти давлатӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ки тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун асоси пайдоиш, гузаштан ва қатъи ҳуқуқ ва маҳдудиятҳои (гарониҳои) ҳуқуқ ба молу мулки ғайриманқул пешбинӣ шудаанд;
- қарорҳои суд, ки ҳуқуқ ва маҳдудиятҳои (гарониҳои) ҳуқуқро ба молу мулки ғайриманқул муқаррар менамоянд;
- дигар амалҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо онҳо пайдоиш, гузаштани ҳуқуқ ва маҳдудиятҳои (гарониҳои) ҳуқуқро ба молу мулки ғайриманқул вобаста медонад;
- ҳолатҳое, ки санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пайдоиши ҳуқуқ ва маҳдудиятҳои (гарониҳои) ҳуқуқро ба молу мулки ғайриманқул бо онҳо вобаста медонад.
Моддаи 56. Ҳуҷҷате, ки барои бақайдгирии давлатии пайдоиши ҳуқуқ ба молу мулки
ғайриманқул аз рўи давомнокии ба даст овардан асос мебошад
Ҳуҷҷате, ки барои бақайдгирии давлатии пайдоиши ҳуқуқ ба молу мулки ғайриманқул аз рўи давомнокии ба даст овардан асос мебошад, қарори суд дар бораи муайян намудани факти давомнокии ба даст овардан ба ҳисоб меравад.
Моддаи 57. Ҳуҷҷате, ки барои бақайдгирии давлатии пайдоиши сервитут асос мебошад
Моддаи 58. Хусусиятҳои бақайдгирии давлатии ҳуқуқи моликияти умумии муштарак ба молу мулки ғайриманқул
Моддаи 59. Хусусиятҳои бақайдгирии давлатии ҳуқуқҳо, маҳдудиятҳои (гарониҳои) ҳуқуқ ба
молу мулки ғайриманқули бо ҳам вобаста
Агар мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ, маҳдудиятҳои (гарониҳои) ҳуқуқ бо ҳам вобаста бошанд (ҳуқуқ ба манзил дар соҳибии якҷояи хона ва ҳуқуқи ҷудонашавандаи вобаста ба он ба молу мулки умумии соҳибии якҷоя; ҳуқуқи моликият ва ҳуқуқи пешбурди хоҷагидорӣ ё идоракунии оперативӣ; қатъи ҳуқуқи иҷора; гузаштани ҳуқуқи моликият тибқи шартномаи хариди молу мулки ғайриманқул ба мўҳлат ва ипотека, дигар ҳуқуқ, маҳдудиятҳои (гарониҳои) ҳуқуқ), бақайдгирии давлатии онҳо бо тартиби муқаррарнамудаи ташкилоти ҷумҳуриявии бақайдгирии давлатӣ сурат мегирад.
Моддаи 60. Хусусиятҳои бақайдгирии давлатии ипотека
(қисми 4 хориҷ карда шуд ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1502)
Моддаи 601. Хусусиятҳои бақайдгирии пайдоиши ҳуқуқи истифодабарии қитъаи замин бо
ҳуқуқи бегона намудан дар бозори аввалияи замин
(ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1502)
- санади мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ ё мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинигардида, ки бемузд ё музднок гузаштани ҳуқуқи истифодаи қитъаи замин бо ҳуқуқи бегона намудани онро аз ҷониби шахсони вокеӣ ва ҳуқуқӣ муқаррар менамояд; (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1502)
- санади мақомоти иҷроияи марказии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинигардида, ки бемузд ё музднок гузаштани ҳуқуқи истифодаи қитъаи замин бо ҳуқуқи бегона намудани онро аз ҷониби шахсони вокеӣ ва ҳуқуқӣ бо ҳуқуқи истифодабарии якҷоя муқаррар менамояд. (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1502)
Моддаи 602. Хусусиятҳои бақайдгирии пайдоиши ҳуқуқи истифодабарии қитъаи замин бо
ҳуқуқи бегона намудани он дар бозори дуюмдараҷаи замин
(ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1502)
- ҳуҷҷате, ки анҷом додани аҳдҳои ҳуқуқию гражданиро тасдиқ менамояд, аз ҷумла бо тартиби ҳуқуқи ворисии универсалӣ ба қитъаи замини бақайдгирифташуда, ки аз ҷониби давлат бо ҳуқуқи бегона намудани он дода шудааст, маълумоти тарафҳои аҳд, намуди аҳд, тавсифи қитъаи замин; (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1502)
- вобаста ба қитъаи замин бо ҳуқуқи бегона намудани он, ки ба давлат гузаштааст - санади мақомоти марказии иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ё мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ки тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ гардида, бемузд ё музднок гузаштани ҳуқуқи истифодаи қитъаи замин бо ҳуқуқи бегона намудани онро ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ муқаррар менамояд; (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1502)
- қарорҳои суд барои муқарраркунӣ ё қатъи ҳуқуқи истифодабарии қитъаи замин бо ҳуқуқи бегонакунии он ба шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ; (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1502)
- санадҳои мақомоти давлатӣ ва мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии пешбининамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати асос барои қатъ гаштани ҳуқуқи истифодаи қитъаи замин бо ҳуқуқи бегона намудани он ва гирифтани замин барои эҳтиёҷоти давлатӣ; (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1502)
- ҳуҷҷатҳои дигар дар ҳолатҳои пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон. (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1502)
Моддаи 61. Хусусиятҳои бақайдгирии давлатии иҷора
(қисми 5 хориҷ карда шуд бо ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1502)
Моддаи 62. Хусусиятҳои бақайдгирии давлатии идоракунии ваколатӣ
Ҳангоми бақайдгирии давлатии идоракунии ваколатӣ дар варақаи бақайдгирӣ маълумот дар бораи ваколатҳои идоракунандаи ваколатдор оид ба ихтиёрдорӣ ба молу мулки ғайриманқул сабт карда мешавад. (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1502)
Моддаи 63. Хусусиятҳои бақайдгирии давлатии ҳуқуқи истифодабарии қисме аз молу мулки ғайриманқул
Тағйирёбии объекти молу мулки ғайриманқул ё андозаи ҳисса дар ҳуқуқи моликият ба объекти молу мулки ғайриманқул, ки нисбати қисми он тартиби истифодабарӣ муқаррар гардидааст, боиси қатъи ҳуқуқи истифодабарӣ аз он мегардад, агар шарти дигаре тибқи шартнома пешбинӣ нашуда бошад.
Моддаи 64. Хусусиятҳои бақайдгирии давлатии ҳабс ва манъкуниҳо ба ихтиёрдории ба молу
мулки ғайриманқул гузошташаванда
Ҳабс ва манъи ихтиёрдорӣ ба молу мулки ғайриманқули бақайдгирифташуда аз тарафи суд, иҷрочии мақомоти иҷро ва дигар мақомоти ваколатдор ё шахси мансабдор мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон гузошта мешаванд ва қатъ намудани онҳо фавран ҳангоми воридшавии ҳуҷҷатҳои дорои амрия дар хусуси бақайдгирии давлатӣ мавриди бақайдгирии давлатӣ қарор дода мешаванд. (ҚҶТ аз 20.06.19 с., №1629)
Моддаи 65. Хусусиятҳои бақайдгирии системавии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он
Моддаи 66. Масъулият ҳангоми бақайдгирии давлатӣ
- пешниҳоди иттилооти беэътимод аз феҳристи ягонаи давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он;
- ғайриқонунӣ рад кардани анҷомдиҳии амалиёти бақайдгирӣ;
- ғайриқонунӣ анҷом додани амалиёти бақайдгирӣ ва дигар амалиёт;
- гум кардан, вайрон намудани ҳуҷҷатҳо ё иттилооте, ки дар феҳристи ягонаи давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он нигоҳ дошта мешаванд;
- риоя накардани мўҳлатҳои муқарраргардидаи баррасии аризаҳо.
(қисми 5 хориҷ карда шуд бо ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1502)
Моддаи 67. Фонди кафолатнок
БОБИ 7. МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
Моддаи 68. Давраи гузариш
- системаи ташкилотҳои бақайдгирии давлатӣ;
- ҳуҷҷатҳои феҳристи ягонаи давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он.
Моддаи 681. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур
(ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1502)
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд. (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1502)
Моддаи 69. Ташкили сохтори бақайдгирии давлатӣ
Моддаи 70. Ташкили ҳуҷҷатҳои феҳристи ягонаи давлатии молу мулки ғайриманқул ва ҳуқуқҳо ба он
Моддаи 71. Мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш.Душанбе
20 марти соли 2008
№ 375