ҚОНУНИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Дар бораи созишномаҳо оид ба тақсими маҳсулот
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2007, №3, мод.171, соли 2008, №6, мод.458; Қонуни ҶТ аз 01.08.2012с., №887)
Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқии муносибатҳои байни давлат ва сармоягузорро, ки зимни сармоягузории дохилӣ ва хориҷӣ ба мақсади ҷустуҷӯй, тадқиқ ва истихроҷи канданиҳои фоиданок дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи шартҳои созишномаҳо оид ба тақсими маҳсулоти истеҳсолшуда ба миён меоянд, муқаррар менамояд.
4. Муносибатҳое, ки дар раванди истифодабарии сарватҳои зеризаминӣ берун аз доираи амали Қонуни мазкур қарор мегиранд, тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сарватҳои зеризаминӣ» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба танзим дароварда мешаванд.
Қонунгузорӣ дар бораи созишномаҳо оид ба тақсими маҳсулот ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, иборат мебошад.
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
- созишнома оид ба тақсими маҳсулот (минбаъд - созишнома) –шартномае, ки тибқи он Ҷумҳурии Тоҷикистон ба субъекти фаъолияти соҳибкорӣ (минбаъд - сармоягузор) ба музд ва ба мӯҳлати муайян барои ҷустуҷӯ, иктишоф, тадқиқ, истихроҷ ва коркарди канданиҳои фоиданоки кони маъдани дар созишнома нишон додашударо ва барои иҷрои корҳои вобаста ба ин намудҳои фаъолият ҳуқуқҳои истисноӣ медиҳад ва сармоягузор ӯҳдадор мешавад, ки фаъолияти дар созишнома нишондодашударо аз ҳисоби худ ва бо ҷуброни зиёни таваккали эҳтимолӣ аз ҳисоби худ амалӣ гардонад;
-маҳсулоти истеҳсолшуда – миқдори маҳсулоти саноати истихроҷи маъдан ва маҳсулоти коркарди конҳои кушода, ки дар таркиби маъданҳои аз қаъри замин (партовҳо, талафҳо), ашёи хоми минералӣ (ҷинс, моеъ ва омехтаи дигар) воқеан истихроҷшуда (гирифташуда) мавҷуд аст ва аз ҷиҳати сифат ба стандарти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё стандарти байналмилалӣ мутобиқ буда, аз ҷониби сармоягузор дар ҷараёни иҷрои корҳо тибқи созишнома оид ба тақсими маҳсулот истихроҷ шудааст ва дар доираи меъёрҳои муқарраргардида ба миқдори талафоти технологии ин маҳсулот кам карда шудааст;
-маҳсулоти фоида – маҳсулоте, ки ҳангоми иҷрои созишнома оид ба тақсими маҳсулот дар давраи ҳисоботӣ (андозӣ) истеҳсол гардидааст, бе назардошти маҳсулоти ҷубронӣ;
-маҳсулоти ҷубронӣ – қисми маҳсулоти ҳангоми иҷрои созишнома оид ба тақсими маҳсулот истеҳсолшудае, ки ба моликияти сармоягузор барои пӯшонидани хароҷоти бо мақсади иҷрои созишнома оид ба тақсими маҳсулот анҷомдодаи он дода мешавад (хароҷоти ҷуброншаванда), ки таркиби онҳо мутобиқи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон бо созишнома оид ба тақсими маҳсулот муқаррар мегардад;
- истифодаи сарватҳои зеризаминӣ – истифодаи қитъаи замини маъдандор бо мақсади ҷустуҷӯ, иктишоф, тадқиқ, истихроҷ, коркард ва истифодаи канданиҳои фоиданоки кони маъдани қитъаи замини мазкур.
Асоси ба номгӯй дохил кардани конҳои маъданҳои фоиданок, ки ҳуқуқи истифодаи онҳо бо шарти тақсими маҳсулот дода мешавад, номатлубии шартҳои маблағгузорӣ кардани корҳои барои қитъаи мазкур мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сарватҳои зеризаминӣ», набудани имконияти маблағгузории буҷавӣ барои истифодаи самараноки конҳои мазкур, аз ҷумла ҳолатҳои зерин буда метавонанд:
- кони маъданҳои фоиданок дар маҳалҳои баландкӯҳ ва ё дур аз маҳалҳои аҳолинишин ҷойгир шудааст ва барои истифодаи он шароит ва инфрасохторҳои лозимӣ вуҷуд надоранд;
- ҷустуҷӯ, иктишоф, тадқиқ ва коркарди кони маъданҳои фоиданок технологияи серхарҷ ва маблағи калонро талаб менамоянд.
4. Шартномаҳои байни давлат ва сармоягузорон, ки то мавриди амал қарор гирифтани Қонуни мазкур баста шудаанд, мутобиқи шартҳои дар онҳо муайяншуда иҷро карда мешаванд. Дар ин маврид Қонуни мазкур нисбати шартномаҳои зикрёфта ба ҳамон андозае татбиқ карда мешавад, ки ҳуқуқ ва манфиатҳои дар шартномаҳо ифодаёфтаи сармоягузорро маҳдуд намесозад.
1. Тарафҳои созишнома (минбаъд-«тарафҳо») Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз номи он Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ё мақомоти ваколатдори давлатии муайяннамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки созишномаро имзо мекунад ва сармоягузорон мебошанд.
2. Сармоягузорон шахсони ҳуқуқӣ, инчунин иттиҳодияҳои шахсони ҳуқуқии дар асоси шартномаи фаъолияти якҷоя ва дигар шаклҳои фаъолият таъсисёфтае мебошанд, ки барои ҷустуҷӯ, иктишоф, тадқиқ ва истихроҷи маъданҳои фоиданок аз ҳисоби маблағҳои худӣ ва ё ҷалбшуда сармоягузорӣ мекунанд ва истифодабарандагони сарватҳои зеризаминии кони маъданҳои фоиданок тибқи созишнома ба ҳисоб мераванд.
2. Мӯҳлати амали созишнома ва тартиби дароз кардани он дар созишнома нишон дода мешавад. Дар мавриди дароз кардани мӯҳлати амали созишнома, мӯҳлати амали иҷозатномаи фаъолият оид ба истифодаи сарватҳои зеризаминӣ бояд аз ҷониби мақоме, ки ин иҷозатномаро додааст, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дароз карда шавад.
Шартҳои истифодаи сарватҳои зеризаминии ин ё он кони маъданҳои фоиданокро мақомоти ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян намуда, лоиҳаи созишномаро тартиб медиҳад ва бо сармоягузор гуфтушунид мекунад.
2. Дар сурати гузаронидани озмун созишнома бо ғолиби он, ки барои бастани созишнома шартҳои беҳтарин пешниҳод намудааст, баста мешавад. Дар шартҳои озмун бояд иштироки шахсони ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи иҷрои корҳои тибқи созишнома бо ҳиссае, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян кардааст, пешбинӣ шуда бошад.
Созишномаро аз тарафи давлат мақоми ваколатдори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имзо мекунад.
Дар созишнома бояд ӯҳдадориҳои сармоягузор оид ба масъалаҳои зерин пешбинӣ шуда бошанд:
-ба шахсони ҳуқуқии муқими Ҷумҳурии Тоҷикистон додани ҳуқуқи иштирок дар иҷрои корҳои тибқи созишнома ба сифати пудратчиён, молфиристонандагон, боркашонҳо ё намудҳои дигари фаъолият дар асоси шартномаҳои байни онҳо ва сармоягузор;
- ҷалб кардани кормандон-шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳрвандони хориҷӣ барои иҷрои корҳо тибқи cозишнома. (ҚҶТ аз 01.08.2012с., №887)
Тартиби таъин кардани намояндагони тарафи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шӯрои директорон ва ваколати онҳоро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд.
-муайян кардани ҳаҷми умумии маҳсулоти истеҳсолшуда ва арзиши он, ки баандозаи талафи меъёрии технологӣ кам карда шудааст:
-муайян кардани қисми маҳсулоти истеҳсолшуда, ки ба моликияти сармоягузор барои ҷуброни хароҷоти ба иҷрои корҳои тибқи созишнома (минбаъд - «маҳсулоти ҷуброн») сарфшуда дода мешавад. Дараҷаи ниҳоии маҳсулоти ҷуброн набояд аз 70 фоиз зиёд бошад. Таркиби хароҷоти сармоягузор, ки барои ҳисоби миқдори маҳсулоти ҷуброн ба инобат гирифта мешавад, дар созишнома мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад;
-тартиби тақсими маҳсулоти фоида байни давлат ва сармоягузор;
-тартибиба давлат супориданиқисми маҳсулоти истеҳсолшуда ё эквиваленти арзиши он аз тарафи сармоягузор;
-тартиби гирифтани қисми ба сармоягузор мансуби маҳсулоти истеҳсолшуда.
2. Дар ҳолатҳои алоҳидадар созишноматартиби дигари тақсими маҳсулоти истеҳсолшуда ё эквиваленти арзиши ин маҳсулот байни давлат ва сармоягузор ва тартиби муайян кардани ҳиссаи маҳсулоти истеҳсолшуда, ки ба давлат ва сармоягузор мансуб аст,пешбинӣ шуда метавонад. Тартиб ва таносуби тақсими маҳсулотиистеҳсолшуда байни иштирокчиёни созишнома вобаста аз арзёбии кони маъданҳои фоиданок, нишондиҳандаҳои иқтисодии лоиҳаи техникӣ ва дигар омилҳои техникӣ - иқтисодӣ дар созишнома муайян карда мешаванд.
Шартҳои дар қисми мазкур нишон додашудаи созишнома бояд дар шартҳои озмун пешбинӣ карда шаванд.
Сармоягузор маҳсулоти истеҳсолкардаи худро, ки ба он ҳуқуқи моликият дорад, аз ҳудуди гумрукии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси шартҳои муайянкардаи созишномаи тарафҳо бидуни маҳдудияти миқдори содиротбориоя кардани муқаррароти қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон бароварда метавонад. Бо ҳамин мақсад Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар созишнома барои аз ҳудуди Тоҷикистон баровардани маҳсулоти ба сармоягузор таалуқдошта ба сармоягузор барои содироти маҳсулот ҳиссаи (квотаи) дарозмуддат пешбинӣ менамояд.
Ҳуқуқи моликият ба ин амвол метавонад аз рӯзе, ки арзиши амволи мазкур аз тарафи давлат пурра пардохта шудааст ва рӯзе, ки созишнома қатъ гардидааст, аз сармоягузор ба давлат гузарад. Дар давоми мӯҳлати эътибори созишнома ба сармоягузор пурра ҳуқуқ дода мешавад, ки ин амволро аз рӯи созишномаи иҷрои кор истифода намояд. Дар ин сурат, масъулияти нигоҳдории амволи номбурда ва хатари осеби тасодуфии он ба зиммаи сармоягузор гузошта мешавад.
Дар ҷараёни иҷрои созишнома оиди тақсими маҳсулот ҳисоб ва пардохти андозҳо мутобиқи тартиби муқаррарнамудаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ гардонида мешаванд.
Сармоягузор барои иҷрои корҳо аз рӯи созишнома бояд дар бонкҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва (ё) давлатҳои хориҷӣ суратҳисобҳои махсуси бонкии дорои асъори миллӣ ва (ё) асъори хориҷӣ дошта бошад, ки танҳо барои иҷрои корҳои дар созишнома зикршуда истифода бурда мешаванд.
Тағйиротҳо ба шартҳои созишнома бо розигии тарафҳо аз рӯи тартиби барои қабули созишнома пешбинӣгардида ворид карда мешавад.
Муқаррароти мазкур дар бораи тағйир додани шартҳои созишнома дар сурати ба меъёрҳои (қоидаҳои) бехатарии иҷрои кор, ҳифзи сарвати замин, муҳити табиии зист ва сиҳатии аҳолӣ ворид намудани тағйирот ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз ҷумла бо мақсади мутобиқ гардидани онҳо бо чунин меъёрҳо (қоидаҳо), ки дар амалияи байналмилалӣ маъмулу эътироф гардидаанд, татбиқ карда намешавад.
Амали созишнома баъди гузаштани мӯҳлати эътибори он ё худ бо мувофиқаи тарафҳо пеш аз мӯҳлат ва ҳамчунин бо дигар асосҳо ва бо тартиби пешбининамудаи созишнома мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки то рӯзи имзо шудани созишнома амал мекунад, қатъ мегардад. Қатъи амали созишнома ба истиснои расмиёти озмун бо мувофиқаи тарафҳо аз рӯи тартибе, ки барои мавриди амал қарор гирифтани созишнома пешбинӣ шудааст, амалӣ гардонида мешавад.
Баҳсҳо байни давлату сармоягузор доир ба иҷро, қатъ кардан ва беэътибор донистани созишнома аз рӯи шартҳои созишнома ба тариқи судӣ ҳал карда мешаванд.
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои вайрон кардани Қонуни мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Конуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Раҳмонов
ш.Душанбе, 5 марти соли 2007
№ 238