(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2007, № 3, мод. 166, № 6, мод. 429; с. 2010, № 3, мод. 158; с. 2011, № 6, мод. 452; с. 2012, № 8, мод. 834, № 12, қ. 1, мод. 1008; с. 2013, № 7, мод. 542, № 12, мод. 905; с. 2014, № 7, қ. 2, мод. 425; с. 2015, № 12, қ. 1, мод. 1106; с. 2016, № 3, мод. 156; с. 2017, № 1-2, мод. 28, мод. 29, № 5, қ. 1, мод. 290)
(Қонунҳои ҶТ аз 8.06.2007 № 273; аз 11.03.2010 № 603; аз 28.06.2011 № 741; аз 01.08.2012 № 900; аз 28.12.2012 № 914; аз 22.07.2013 № 1016; аз 28.12.2013 № 1061; аз 26.07.2014 № 1128; аз 25.12.2015 № 1260; аз 15.03.2016 № 1303; аз 24.02.2017 № 1405, № 1406; аз 30.05.2017 № 1433; аз 3.08.2018 № 1543; аз 04.04.2019 с., № 1597)
Қонуни мазкур асосҳои ташкилию ҳуқуқии хизмати давлатӣ, вазъи ҳуқуқӣ ва кафолатҳои иҷтимоии хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян менамояд.
БОБИ 1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Дар Қонуни мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд:
- дастгоҳи давлатӣ - низоми мақомоти давлатӣ, ки фаъолияти он барои амалӣ намудани вазифа, функсия ва сиёсати давлат равона шудааст;
- мақоми давлатӣ - ҷузъи таркибии дастгоҳи давлатӣ, ки тибқи салоҳият ва сохтори муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ваколати давлатию ҳокимиятиро дар шакли ташкилию ҳуқуқии ба худ хос амалӣ менамояд;
- мансаби давлатӣ - воҳиди сохтории мақоми давлатӣ, ки дар доираи салоҳияти муқарраркардаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои амалӣ намудани ҳокимияти давлатӣ, таъмини иҷрои ваколатҳои шахсони мансабдори давлатии ҳокимияти давлатӣ ва салоҳияти мақомоти давлатӣ таъсис дода шудааст (ҚҶТ аз 24.02.2017 № 1405);
- мансабҳои давлатии ҳокимияти давлатӣ - мансабҳое, ки Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон барои амалӣ намудани ҳокимияти давлатӣ муқаррар намудаанд;
- мансабҳои давлатии хизмати давлатӣ (мансабҳои сиёсӣ ва маъмурии хизмати давлатӣ) - мансабҳое, ки бо тартиби қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини иҷрои ваколатҳои шахсони мансабдори давлатии ҳокимияти давлатӣ ва амалӣ намудани салоҳияти мақомоти давлатӣ муқаррар карда шудаанд;
- хизмати давлатӣ - фаъолияти касбии хизматчиёни давлатӣ, ки барои таъмини иҷрои ваколатҳои шахсони мансабдори давлатии ҳокимияти давлатӣ ва амалӣ намудани салоҳияти мақомоти давлатӣ муқаррар карда шудааст (ҚҶТ аз 26.07.2014 № 1128);
- хизматчии давлатӣ - шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мансаби давлатии хизмати давлатии музднокро дар асоси касбӣ бо мақсади таъмини иҷрои ваколатҳои шахсони мансабдори давлатии ҳокимияти давлатӣ ва амалӣ намудани салоҳияти мақомоти давлатӣ ишғол намудааст;
- хизматчии давлатии сиёсӣ - хизматчии давлатӣ, ки фаъолияти ӯ ба сиёсати умумидавлатӣ вобаста аст ва барои дар амал татбиқ намудани сиёсати дохилӣ ва хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон масъул мебошад;
- хизматчии давлатии маъмурӣ - хизматчии давлатӣ, ки ӯҳдадориҳои мансабии ӯ ба таъмини иҷрои ваколатҳои шахсони мансабдори давлатии ҳокимияти давлатӣ, мансабҳои сиёсии хизмати давлатӣ ва амалӣ намудани салоҳияти мақомоти давлатӣ равона карда шудааст;
- шахси мансабдори давлатӣ - шахси таъин ё интихобшуда, ки ба таври доимӣ, муваққатӣ ё бо ваколати махсус вазифаи намояндаи ҳокимияти давлатиро амалӣ менамояд, яъне бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои ваколатҳои амрдиҳӣ нисбати шахсоне мебошад, ки дар тобеияти хизматии ӯ қарор надоранд, инчунин шахсе, ки вазифаҳои ташкилию амрдиҳӣ, маъмурию хоҷагидориро дар мақомоти ҳокимияти давлатӣ, муассисаҳои давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ҳамчунин дар субъектҳои хоҷагидори давлатӣ ва дигар субъектҳои хоҷагидоре, ки дар онҳо ҳиссаи давлат на кам аз нисфро ташкил медиҳад, ба таври музднок ё бемузд иҷро менамояд ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда (ҚҶТ аз 24.02.2017 № 1406);
- феҳристи мансабҳои давлатӣ - номгӯи мансабҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки дар басти кории мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва идоракунӣ барои ба амал баровардани ҳокимияти давлатӣ, таъмини иҷрои ваколатҳои шахсони мансабдори давлатии ҳокимияти давлатӣ ва салоҳияти мақомоти давлатӣ пешбинӣ гардидааст;
- феҳристи хизматчиёни давлатӣ - маҳзани ягонаи маълумот ва иттилоот оид ба теъдоди умумӣ ва ҳайати сифатии хизматчиёни давлатии дастгоҳи давлатӣ, ки дар асоси шарҳи ҳол ва фаъолияти касбии хизматчиёни давлатии алоҳида тартиб дода шуда, тибқи конунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба маълумоти дорои сирри давлатӣ мансубанд (ҚҶТ аз 26.07.2014 № 1128);
- талаботи тахассусӣ - талаботе, ки бо мақсади муайян кардани тайёрии касбӣ ва мувофиқат ба мансаби мушаххаси давлатии хизмати давлатӣ ба шаҳрвандон ҳангоми қабул шудан ба хизмати давлатӣ ва хизматчиёни давлатӣ барои ишғоли мансаби баландтари давлатии хизматӣ пешниҳод карда мешавад;
- категорияи мансабҳои маъмурии хизмати давлатӣ - мансабҳои маъмурии хизмати давлатӣ, ки вобаста ба ҳаҷм, хусусият ва доираи ӯҳдадориҳои мансабии хизматчии давлатии маъмурӣ тасниф мешаванд;
- ӯҳдадориҳои мансабӣ - ӯҳдадориҳои пешбининамудаи мансаби муайяни давлатӣ, ки ҷавобгӯи мақсад ва вазифаҳои мақомоти давлатӣ буда, хизматчии давлатӣ дар доираи меъёрҳои муқарраркардаи қонун ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ иҷро мекунад (ҚҶТ аз 1.03.2010 № 603);
- одоби хизматчии давлатӣ - маҷмӯи меъёрҳо, принсипҳо ва қоидаҳои рафтори хизматӣ ва ғайрихизматии хизматчии давлатӣ, ки хислатҳои ахлоқии фаъолияти касбӣ ва рафтори ӯро дар кор ва ҷомеа таҷассум намуда, арзишҳои эътирофшудаи ахлоқи инсонӣ, талаботи маънавии ҷомеаро нисбат ба хизматчии давлатӣ дар бар мегирад (ҚҶТ аз 26.07.2014 № 1128, аз 3.08.2018 № 1543).
хориҷ карда шуд (ҚҶТ аз 3.08.2018 № 1543);
хориҷ карда шуд (ҚҶТ аз 3.08.2018 № 1543);
хориҷ карда шуд (ҚҶТ аз 3.08.2018 № 1543);
- озмун - тартиби интихоби номзадҳо барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ бо роҳи муайян намудани дараҷаи мутобиқати онҳо ба талаботи тахассусии мансаби ишғолшаванда (ҚҶТ аз 11.03.2010 № 603);
- аттестатсия - тартиби муайян намудани мувофиқати хизматчии давлатии маъмурӣ ба мансаби ишғолнамуда бо роҳи баҳодиҳӣ ба иҷрои ӯҳдадориҳои мансабӣ, сатҳи дониш, малака ва тайёрии касбӣ (ҚҶТ аз 11.03.2010 № 603);
- баҳодиҳии фаъолияти хизматчии давлатӣ - тартиби муайян кардани натиҷаҳои фаъолияти хизматчии давлатӣ бо роҳи гузаронидани сӯҳбат дар бораи нишондиҳандаҳои иҷрои ӯҳдадориҳои мансабӣ дараҷаи комёб шудан ба натиҷаҳои пешбинишудае, ки ба мақсаду вазифаҳои мақоми давлатӣ ва воҳиди сохтории он мувофиқат мекунад (ҚҶТ аз 11.03.2010 № 603);
- дастурамали мансабӣ - санаде, ки номгӯи мансаби давлатӣ, талаботи тахассусии мушаххас нисбат ба ишғолкунандагони мансаби мазкур, ӯҳдадориҳои мансабӣ, ҳуқуқ ва масъулияти хизматчии давлатиро пешбинӣ мекунад (ҚҶТ аз 11.03.2010 № 603).
Шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон, қатъи назар аз миллат, нажод, ҷинс, забон, эътиқоди динӣ, мавқеи сиёсӣ, вазъи иҷтимоӣ ва молумулкӣ ба хизмати давлатӣ ҳуқуқи баробар доранд.
Самтҳои асосии сиёсати давлатиро дар соҳаи хизмати давлатӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи хизмати давлатӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон эътироф намудааст, иборат мебошад (ҚҶТ аз 24.02.2017 № 1405).
- хизмати давлатии шаҳрвандӣ;
- хизмати давлатии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ;
- хизмати давлатии ҳарбӣ.
Намудҳои алоҳидаи хизмати давлатии шаҳрвандӣ мувофиқи қонунгузории дахлдори соҳавӣ, бо назардошти принсипҳои асосӣ ва муқаррароти умумии Қонуни мазкур ба танзим дароварда мешаванд (ҚҶТ аз 11.03.2010 № 603).
- Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои он (ҚҶТ аз 22.07.2013 № 1016);
- дастгоҳҳои судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дастгоҳи он (ҚҶТ аз 28.12.2013 № 1061);
- Ваколатдор оид ба ҳуқуқи кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҚҶТ аз 15.03.2016 № 1303);
- мақомоти назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- вазоратҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои онҳо;
- кумитаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои онҳо;
- мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои ҳарбӣ (барои хизматчиёни давлатии шаҳрвандӣ) (ҚҶТ аз 11.03.2010 № 603);
- дастгоҳи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- идораҳои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои онҳо;
- мақомоти дигари марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сохторҳои онҳо;
- намояндагиҳои доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ташкилотҳои байналмилалӣ, байнидавлатӣ (байниҳукуматӣ);
- мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- узви Маҷлиси миллӣ ва вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- раис, муовинони раис, судяҳои Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ, Суди Олии иқтисодӣ, Суди ҳарбӣ, Суди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия, Суди иқтисодии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, судҳои иқтисодии вилоят ва шаҳри Душанбе;
- кормандони корхонаҳо, муассисаҳо ва дигар ташкилотҳои давлатӣ (ҚҶТ аз 11.03.2010 № 603);
- хизматчиёни граждании (ҳайати техникӣ ва хизматрасони) мақомоти давлатӣ (ҚҶТ аз 3.08.2018 № 1543);
- кормандони дигар сохторҳои давлатие, ки дар қисми якуми ҳамин моддаи Қонуни мазкур номбар нашудаанд.
- волоияти Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- афзалияти ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд;
- ягонагии низоми хизмати давлатӣ, новобаста аз таҷзияи ҳокимияти давлатӣ ба ҳомимияти қонунгузор, иҷроия ва судӣ;
- садоқат ба Ватан ва ба халқи Тоҷикистон;
- инсондӯстӣ ва адолати иҷтимоӣ;
- хусусияти дунявӣ доштани хизмати давлатӣ;
- ғайриҳизбӣ будани хизматчиёни давлатии мақомоти дахлдори давлатӣ, ки тибқи Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян гардидаанд;
- шаффофият дар хизмати давлатӣ, ба ҷуз фаъолияте, ки сирри давлатӣ ва дигар сирри бо қонун ҳифзшазандаро ташкил медиҳад;
- касбият ва салоҳиятнокии хизматчии давлатӣ;
- ихтиёрӣ ва дастрас будани хизмати давлатӣ;
- ҳисоботдиҳанда будани хизматчии давлатӣ;
- устувории ҳайати шахсии мақоми давлатӣ;
- баландравии мансабии хизматчии давлатӣ дар асоси қобилият, истеъдод, тайёрии касбӣ ва талаботи тахассусӣ;
- баҳодиҳӣ ба фаъолияти хизматчии давлатӣ дар асоси дастовардҳои хизматӣ.
(ҚҶТ аз 26.07.2014 № 1128)
- иҷрои Қонуни мазкурро дар доираи салоҳияти худ таъмин менамояд;
- санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи хизмати давлатиро таҳия намуда, бо тартиби муқарраргардида ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд;
- ба фаъолияти мақомоти давлатӣ оид ба риояи қонунгузорӣ дар соҳаи хизмати давлатӣ назорат мекунад ва оид ба бекор кардани қарорҳои мақомоти давлатӣ, ки хилофи қонунгузории ҷумҳурӣ қабул гардидаанд, пешниҳод ирсол менамояд (ҚҶТ аз 11.03.2010 № 603);
- дар доираи салоҳияти худ санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи хизмати давлатиро қабул менамояд (ҚҶТ аз 11.03.2010 № 603);
- дар доираи ваколатҳои худ бо тартиби пешбининамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаҳои ҳуқуқвайронкунии маъмуриро доир ба риоя накардани талаботи санадхои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи хизмати давлатӣ баррасӣ менамояд (ҚҶТ аз 30.05.2017 № 1433);
- роҳбарии методии хадамоти кадрии мақомоти давлатиро амалӣ намуда, Низомномаи намунавии хадамоти кадрии мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳия ва барои тасдиқ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд (ҚҶТ аз 11.03.2010 № 603);
- якҷоя бо мақомоти омори давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шакли ҳисоботи омории соҳаи хизмати давлатиро муқаррар ва дастурамали тартиб додани онҳоро тасдиқ менамояд (ҚҶТ аз 11.03.2010 № 603);
- маълумоти омори давлатиро оид ба соҳаи хизмати давлатӣ ҷамъ, коркард ва нашр менамояд (ҚҶТ аз 11.03.2010 № 603);
- тартиби анҷом додани озмун барои ишғоли мансабҳои холии маъмурии хизмати давлатӣ, баҳодиҳии фаъолият, аттестатсия ва ҷойивазкунии (ротатсияи) хизматчиёни давлатиро назорат ва роҳбарии методии онро амалӣ менамояд (ҚҶТ аз 11.03.2010 № 603);
- фармоиши давлатии тайёркунии касбӣ, азнавтайёркунӣ ва такмили ихтисоси хизматчиёни давлатиро таҳия намуда, фаъолияти мақомоти давлатиро дар ин самт ҳамоҳанг менамояд (ҚҶТ аз 11.03.2010 № 603);
- Феҳристи мансабҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таҳия ва барои тасдиқ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод менамояд;
- Феҳристи хизматчиёни давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро пеш мебарад;
- Хориҷ карда шуд (ҚҶТ аз 11.03.2010 № 603)
- мониторинги ҳолати кадрҳои хизмати давлатӣ ва захираи кадрҳоро мегузаронад ва эҳтиёҷоти мақомоти давлатиро оид ба кадрҳо пешбинӣ менамояд;
- хуқуқу манфиатҳои хизматчиёни давлатиро ҳифз менамояд;
- талаботи тахассусиро нисбат ба категорияҳои хизматчиёни давлатии маъмурӣ таҳия ва тасдиқ мекунад (ҚҶТ аз 11.03.2010 № 603);
- махзани маълумоти захираи кадрҳои хизмати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро тартиб медиҳад (ҚҶТ аз 11.03.2010 № 603);
- дар таҳия ва татбиқи амалии барномаҳои давлатӣ оид ба такмил додан ва баланд бардоштани нақши хизмати давлатӣ иштирок менамояд;
- оид ба такмили низоми пардохти музди меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии хизматчиёни давлатӣ таклифҳо пешниҳод менамояд;
- дар таҳияи лоиҳаҳои шартномаҳои байналмилалӣ оид ба масъалаҳои хизмати давлатӣ иштирок менамояд;
- барои бекор кардани санадҳои мақомоти давлатӣ, ки талаботи санадҳои меъёрии ҳуқуқии соҳаи хизмати давлатиро вайрон мекунанд, ба суд муроҷиат менамояд (ҚҶТ аз 11.03.2010 № 603);
- якҷоя бо мақомоти тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон номгӯи бемориҳоеро, ки барои иҷрои ӯҳдадориҳои мансабии хизматчии давлатӣ монеа мегарданд, таҳия ва тасдиқ менамояд (ҚҶТ аз 11.03.2010 № 603);
- салоҳияти дигареро, ки қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудаанд, амалӣ менамояд.
- категорияи олӣ;
- категорияи якум;
- категорияи дуюм;
- категорияи сеюм;
- категорияи чорум;
- категорияи панҷум;
- категорияи шашум;
- категорияи ҳафтум.
- таҳсилоти олии касбӣ ва миёнаи касбӣ бо назардошти ихтисос ва категорияи мансабҳои давлатии хизмати давлатӣ;
- собиқаи умумӣ ва таҷрибаи кор аз рӯи ихтисос;
- адои хизмати ҳарбӣ барои ишғоли мансабҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудааст (ҚҶТ аз 26.07.2014 № 1128);
- собиқаи хизмати давлатӣ;
- донистани забони давлатӣ (ҚҶТ аз 28.06.2011 № 741);
- донистани Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки иҷрои ӯҳдадориҳои мансабии хизматчии давлатиро ба танзим медароранд (ҚҶТ аз 28.12.2012 № 914, аз 24.02.2017 № 1405).
(ҚҶТ аз 3.08.2018 № 1543)
- аризаи шахсӣ;
- эъломия дар бораи даромадҳо ва вазъи молумулкии худ (ҚҶТ аз 3.08.2018 № 1543);
- маълумоти тиббӣ дар бораи вазъи саломатӣ;
- ҳуҷҷатҳои дигаре, ки қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба хусусияти мансабҳои давлатии хизмати давлатӣ пешбинӣ намудаанд.
(ҚҶТ аз 24.02.2017 № 1405)
"Ман (насаб, ном ва номи падар), шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ба хизмати давлатӣ қабул шуда, ботантана ва бо ҳисси масъулияти баланди ватандӯстӣ савганд ёд мекунам (ҚҶТ аз 24.02.2017 № 1405):
- адои хизмати давлатиро дар мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ифодаи боварии махсус аз тарафи ҷомеа ва давлат дарк намуда,
- Конститутсия, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя намуда,
- дар фаъолияти худ принсипҳои қонуният, адолат, беғаразӣ ва ростқавлиро ба роҳбарӣ гирифта,
- тибқи талаботи Кодекси одоби хизматчии давлатӣ бовиҷдонона ва ба дараҷаи баланди касбӣ хизмат намуда,
- ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрвандро эътироф ва эҳтиром намуда, афзалияти манфиатҳои давлат ва ҷомеаро вазифаи асосии худ ҳисоб мекунам.
Барои вайрон намудани савганди ёдкардаам худро дар назди ҷомеа ва давлат масъул меҳисобам".
Шаҳрванд дар ҳолатҳои зерин наметавонад ба хизмати давлатӣ қабул гардад ва ҳамчун хизматчии давлатӣ дар хизмати давлатӣ бошад:
- саркашӣ кардан аз адои ба расмият даровардани иҷозат ба маълумоте, ки сирри давлатӣ ва дигар сирри бо қонун ҳифзшавандаро дар бар мегирад, агар иҷрои ӯҳдадориҳои мансабӣ ба истифодаи ин маълумот вобастагӣ дошта бошад;
- агар шаҳрвандии давлати дигарро дошта бошад (ҚҶТ аз 24.02.2017 № 1405);
- аз шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон баромада, шаҳрвандии давлати дигарро гирифта бошад (ҚҶТ аз 24.02.2017 № 1405);
- нафақагири Ҷумҳурии Тоҷикистон ё давлати хориҷӣ бошад (ҚҶТ аз 24.02.2017 № 1405);
- мавҷудияти беморӣ, ки барои иҷрои ӯҳдадориҳои мансабии хизмати давлатӣ монеа мегардад (ҚҶТ аз 11.03.2010 № 603);
- саркашӣ кардан аз пешниҳоди маълумоте, ки дар моддаи 31 Қонуни мазкур пешбинӣ шудааст;
- доштани доғи судӣ барои ҷиноятҳои аз беэҳтиётӣ содиркарда (ҚҶТ аз 04.04.2019 с., № 1597);
- агар барои содир кардани ҷиноятҳои қасдона маҳкум шуда бошад ё дар асоси моддаи 32 Кодекси мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои содир намудани ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод шуда бошад (ҚҶТ аз 04.04.2019 с., № 1597);
- ҳолатҳои дигаре, ки Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия" ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудаанд.
(ҚҶТ аз 26.07.2014 № 1128)
Санҷиши махсус дар хизмати давлатӣ дар асоси дархости хаттии роҳбари мақоми давлатӣ аз ҷониби мақоми дахлдори давлатӣ гузаронида мешавад, агар баръало ошкор карда шавад, ки шахси дар мансаби давлатии хизмати давлатӣ буда ё довталаби мансаби давлатии хизмати давлатӣ дар эъломияҳо дар бораи даромад ва вазъи молумулкиаш, ки тибқи талаботи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод гардидаанд, иттилооти бардурӯғ дода бошад (ҚҶТ аз 26.07.2014 № 1128).
(ҚҶТ аз 11.03.2010 № 603)
Тартиби пешбурди Феҳристи хизматчиёни давлатиро, ки маълумотро дар бораи хизматчиёни давлатӣ дар бар мегирад, мақоми ваколатдор дар соҳаи хизмати давлатӣ муайян менамояд (ҚҶТ аз 28.12.2012 № 914).
- истеъфои хизматчии давлатии сиёсӣ;
- расидан ба синни ниҳоии хизмати давлатӣ;
- қатъ намудани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соҳиб шудан ба шаҳрвандии давлати дигар ё тарки доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҚҶТ аз 25.12.2015 № 1260, аз 24.02.2017 № 1405);
- гирифтани нафақаи Ҷумҳурии Тоҷикистои ё давлати хориҷӣ (ҚҶТ аз 24.02.2017 № 1405);
- вайрон намудани тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба танзими анъана ва ҷашну маросимҳо (ҚҶТ аз 08.06.2007 № 273);
- эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳукми айбдоркунии суд (ҚҶТ аз 25.12.2015 № 1260);
- эътибори қонунӣ пайдо кардани ҳалномаи суд дар бораи маҳдуд намудани қобилияти амал ё ғайри қобили амал эътироф шудани хизматчии давлатӣ (ҚҶТ аз 25.12.2015 № 1260);
- риоя накардани маҳдудиятҳое, ки Қонуни мазкур пешбинӣ намудааст;
- ҳолатҳои дигаре, ки Қонуни мазкур ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ намудаанд.
Синни ниҳоии дар хизмати давлатӣ будан барои занон то 58-солагӣ ва барои мардон то 63-солагӣ мебошад. Роҳбари мақоми давлатӣ метавонад баъди мувофиқа бо мақоми ваколатдори соҳаи хизмати давлатӣ бо қарори (амри) худ мӯҳлати дар хизмати давлатӣ будани хизматчии давлатии ба синни ниҳоӣ расидаро то ду сол дароз намояд. Дар ин сурат бо хизматчии давлатӣ шартномаи (қарордоди) мӯҳлатноки меҳнатӣ баста мешавад (ҚҶТ аз 28.12.2012 № 914).
(ҚҶТ аз 11.03.2010 № 603)
(ҚҶТ аз 11.03.2010 № 603)
- дар доираи ваколатҳои худ дар баррасии масъалаҳо ва қабули қарор иштирок намуда, иҷрои онҳоро аз тарафи мақомоти дахлдор ва шахсони мансабдор талаб намояд;
- иттилоот ва маводи барои иҷрои ваколат ва ӯҳдадориҳои мансабиаш заруриро бо тартиби муқарраргардида талаб карда гирад;
- муайян намудани доираи ӯҳдадориҳои мансабиашро аз роҳбари худ талаб намояд;
- ба тайёркунӣ, азнавтайёркунӣ, такмили ихтисос ва таҷрибаомӯзӣ дар муассисаҳои таълимии дахлдор аз ҳисоби маблағҳои буҷети давлатӣ фаро гирифта шавад;
- ба фаъолияти илмиву эҷодӣ ва омӯзгорӣ машғул шавад;
- бо маводе, ки ба адои хизмати давлатии ӯ дахл дорад, аз ҷумла парвандаи шахсӣ бемамоният шинос шавад (ҚҶТ аз 25.12.2015 № 1260, аз 24.02.2017 № 1405);
- дар хизмати давлатӣ, бо назардошти тахассус, қобилияти касбӣ ва сатҳи иҷрои ӯҳдадориҳои мансабии худ, баланд равад;
- дар сурати айбдоркунии беасос гузаронидани санҷиши хизматиро талаб намояд ва бо натиҷааш шинос шавад (ҚҶТ аз 25.12.2015 № 1260);
- бо ташаббуси худ фаъолиятро дар хизмати давлатӣ қатъ намояд;
- тибқи талаботи қонунгузорӣ бо нафақа таъмин гашта, аз ҳифзи иҷтимоӣ ва ҳуқуқӣ бархурдор бошад;
- оид ба такмили хизмати давлатӣ ба мақоми давлатие, ки дар он фаъолият мекунад, инчунин ба мақомоти давлатии болоӣ ва шахсони мансабдори он таклиф пешниҳод намояд.
- Конститутсия, қонунҳо ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистонро риоя намояд;
- ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин ҳуқуқ ва манфиатҳои шахсони ҳуқуқиро риоя, ҳифз ва эҳтиром намояд;
- муроҷиати шаҳрвандонро тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузорӣ баррасӣ намуда, аз рӯи онҳо чораҳои дахлдор андешад;
- интизоми давлатӣ ва хизматиро риоя намояд;
- меъёрҳои муқаррарнамудаи Кодекси одоби хизматчии давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистонро дастури фаъолияти худ қарор дода, ҳолатҳои бархӯрди манфиатҳоро ҳангоми иҷрои ӯҳдадориҳои мансабӣ истисно намояд (ҚҶТ аз 11.03.2010 № 603);
- фармон, фармоиш ва амрҳои роҳбарон, қарор ва дастури мақомоти болоӣ ва шахсони мансабдорро, ки дар доираи ваколати онҳо дода шудаанд, иҷро намояд (ҚҶТ аз 28.12.2012 № 914);
- сирри давлатӣ ва сирри дигари бо қонунҳо ҳифзшавандаро, аз ҷумла баъди қатъи хизмати давлатӣ, дар давоми мӯҳлати муқаррарнамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ нигоҳ дорад;
- ҳангоми иҷрои ӯҳдадориҳои мансаби маълумотро дар бораи ҳаёти шахсӣ, шаъну шарафи шаҳрвандон махфӣ нигоҳ дорад, аз онҳо пешниҳод намудани чунин маълумотро талаб накунад (ба истиснои мавридҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон);
- ҳифзи моликияти давлатиро таъмин намояд;
- агар манфиати шахсии хизматчии давлатӣ барои иҷрои ӯҳдадориҳои мансабӣ монеа гардад, ё ба манфиати давлатӣ мухолифат кунад ва ё боиси дигар ҳолатҳои бархӯрди манфиатҳо гардад, бояд ба роҳбари мақоми давлатӣ, ки барои таъин ва озод намудани ӯ аз мансаб салоҳият дорад, хабар диҳад (ҚҶТ аз 11.03.2010 № 603);
- аз рӯзи гирифтани иттилооти расмӣ дар бораи қатъ намудани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ё соҳиб шудан ба шаҳрвандии давлати дигар ба роҳбари мақоми давлатӣ, ки ҳуқуқи ба мансаб таъин ва аз мансаб озод намуданро дорад, хабар диҳад (ҚҶТ аз 24.02.2017 № 1405);
- сатҳи касбӣ ва тахассусии худро барои иҷрои самараноки ӯҳдадориҳои мансабӣ баланд бардорад;
- мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи Қонуни мазкур савганд ёд кунад.
Хизматчии давлатӣ ҳуқуқ надорад:
- бе иҷозати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мукофот, унвонҳои фахрӣ ва махсуси давлатҳои хориҷӣ ва ташкилотҳои байналмилалиро қабул намояд;
- ҳангоми иҷрои ваколатҳои мансабӣ аз хизматрасониҳои шаҳрвандон ва шахсони ҳуқуқӣ ба манфиати шахсӣ истифода барад;
- дар дигар амалҳо, аз ҷумла корпартоиҳо, ки фаъолияти мақомоти давлатӣ ва иҷрои ӯҳдадориҳои мансабиро халалдор месозанд, иштирок намояд;
- ба ҳайати мақомоти идоракунӣ, шӯроҳои нозирон ё парасторон, мақомоти дигари ташкилотҳои ғайритиҷоратии хориҷӣ ва воҳидҳои сохтории онҳо дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил гардад, агар қонунгузорӣ ё шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигарро пешбинӣ накарда бошанд (ҚҶТ аз 25.12.2015 № 1260);
- дар идораи фаъолияти ҷамъияти хоҷагидор ё дигар ташкилоти тиҷоратӣ иштирок кунад, аз ҷумла ба ҳайати мақомоти идоракуни ташкилоти тиҷоратӣ, ки узвият дар онҳо бе изҳори иродаи махсуси фардӣ ғайриимкон аст, ба истиснои ҳолатҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ кардааст (ҚҶТ аз 25.12.2015 № 1260);
- дар бонкҳои хориҷие, ки берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир шудаанд, суратҳисобҳо кушояд ва пасандозҳо дошта бошад, пули нақд ва ашёи қиматнокро нигоҳ дорад, дигар воситаҳои молиявӣ ва моликият дар хориҷа дошта бошад ва (ё) аз онҳо истифода барад (ҚҶТ аз 25.12.2015 № 1260, аз 24.02.2017 № 1405);
- ба фаъолияти мақомоти дигари давлатӣ, ки ба доираи ваколати мансабиаш дохил нест, дахолат намояд (ҚҶТ аз 25.12.2015 № 1260);
- дигар маҳдудиятҳои пешбининамудаи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро вайрон намояд.
намудани эъломияҳои дар қисми якуми моддаи мазкур пешбинишуда аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд.
(ҚҶТ аз 3.08.2018 № 1543)
Эъломиякунонии даромадҳо ва вазъи молумулкии довталабони мансабҳои давлатии хизмати давлатӣ, хизматчиёни давлатӣ ва мансабҳои ба онҳо баробаркардашуда бо тартиби муқаррарнамудаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия" амалӣ карда мешавад (ҚҶТ аз 3.08.2018 № 1543).
- сарзаниш;
- танбеҳ;
- танбеҳи қатъӣ (ҚҶТ аз 30.05.2017 № 1433);
- то як сол мавқуф гузоштани додани рутбаи тахассусии навбатӣ;
- ба мансаби паст гузаронидан;
- аз мансаб озод кардан.
Масъулият барои оқибатҳои иҷрои фармон ё амр ва дастури ғайриқонунӣ дар ин ҳолат ба зиммаи шахси мансабдоре гузошта мешавад, ки онҳоро тасдиқ кардааст.
- шароити корӣ барои таъмини иҷрои ӯҳдадориҳои мансабӣ;
- музди меҳнат, аз ҷумла мукофотпулӣ, кӯмакпулӣ, иловапулӣ, ҷубронпулӣ ва изофапулӣ (ҚҶТ аз 30.05.2017 № 1433);
- рухсатии ҳарсолаи пардохтшаванда ва дигар рухсатиҳои муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҚҶТ аз 11.03.2010 № 603);
- таҳсил ва баланд бардоштани дараҷаи тахассус бо нигоҳ доштани музди меҳнат, мансаби ишғолнамуда ё мансаби ба он баробар, бо тартиби муайяннамудаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамоми давраи таҳсил (ҚҶТ аз 11.03.2010 № 603);
- суғуртаи ҳатмии давлатӣ барои беморӣ ё гум кардани қобилияти меҳнатӣ, фавт ё расондани зарар ба саломатӣ ва молу мулки ӯ ҳангоми иҷрои ӯҳдадориҳои мансабӣ;
- таъмини нафақа тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон (ҚҶТ аз 11.03.2010 № 603);
- таъмини нафақаи хизматчии давлатӣ дар ҳолати фавти хизматчии давлатӣ ба аъзои оилаи ӯ, ки таҳти саробониаш қарор доранд (ҚҶТ аз 11.03.2010 № 603);
- ҳатман гирифтани розигии хизматчии давлатӣ ҳангоми гузаронидан ба мансаби дигар (ғайр аз ҳолатҳои пешбининамудаи санадҳои меъёрии ҳуқуқки Ҷумҳурии Тоҷикистон);
- ҳимояи хизматчии давлатӣ, аъзои оила ва наздикони ӯ аз зӯроварӣ, таҳдид ва дигар кирдорҳои ғайриқонунии вобаста ба иҷрои ӯҳдадориҳои мансабӣ;
- таъмини имконияти баландравии мансабӣ;
- ҷуброни зарар ҳангоми пурра ё қисман гум кардани қобилияти меҳнатӣ;
(ҚҶТ аз 11.03.2010 № 603)
- аз рӯи мансаби пеш ишғолнамудааш бе ҳисоби кӯмакпулии аз кор рафтан, дар давоми се моҳ музди меҳнат дода мешавад;
- кӯмакпулӣ барои бекорӣ дода мешавад;
- музди меҳнати пештарааш ҳангоми гузаронидан ба мансаби дигари давлатии хизмати давлатӣ дар ҳамон мақом ё мақоми дигари давлатӣ дар давоми се моҳ нигоҳ дошта мешавад (агар музди меҳнати наваш назар ба маоши пештарааш кам бошад);
- хизматрасонии тиббӣ ба ӯ ва аъзои оилааш дар ҳамон муассисаи табобатӣ, ки то ба мансаби нави давлатӣ гузарониданаш расонида мешуд, нигоҳ дошта мешавад;
- дар сурати доштани собиқаи умумии меҳнатӣ (25 сол барои мардҳо, 20 сол барои занҳо) ва на камтар аз 10 сол собиқаи хизмати давлатӣ, ҳуқуқ дода мешавад, ки ду сол пеш аз мӯҳлати муқарраркардаи қонунгузорӣ ба нафақа барояд.
- 35 рӯзи тақвимӣ - ба хизматчиёни давлатии сиёсӣ ва хизматчиёни давлатии маъмурии категорияи олӣ;
- 30 рӯзи тақвимӣ - ба хизматчиёни давлатии маъмурии категорияи якум ва дуюм;
- 28 рӯзи тақвимӣ - ба хизматчиёни давлатии маъмурии категорияи сеюм, чорум, панҷум, шашум ва ҳафтум;
- аз фонди давлатӣ манзили истиқоматӣ дода мешавад;
- барои беҳтар кардани шароити манзил, сохтмони манзили шахсӣ ва ё кооперативӣ қитъаи замин ҷудо карда мешавад, ки тартиби ҷудо карда шудани онро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар менамояд;
- барои харидан ё сохтмони манзил, инчунин беҳтар намудани шароити манзилӣ ба мӯҳлати то 20 сол қарзи бефоиз дода мешавад, ки шартҳо ва тартиби додани чунин қарзро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян менамояд.
Хизматчиёни давлатӣ оид ба ҳалли баҳсҳои меҳнатиашон метавонанд ба мақоми ваколатдори соҳаи хизмати давлатӣ, мақомоти дигари ваколатдори давлатӣ ё суд муроҷиат намоянд (ҚҶТ аз 25.12.2015 № 1260).
Шахсоне, ки муқаррароти Қонуни мазкурро вайрон мекунанд, тибқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 ноябри соли 1998 "Дар бораи хизмати давлатӣ" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1998, № 22, моддаи 297; с. 2002, № 4, қисми 1, моддаи 203; с. 2005, № 7, моддаи 407; соли 2006, № 3, моддаи 154) аз эътибор соқит дониста шавад.
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. Раҳмонов
ш. Душанбе
5 марти соли 2007,
№ 233