(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 2015, №7-9, мод. 696)
Қонуни конститутсионии мазкур муносибатҳо оид ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба танзим дароварда, асосҳо, принсипҳо, шартҳо ва тартиби соҳиб шудан ва қатъ намудани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян менамояд.
БОБИ 1.
МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Мафҳумҳои асосие, ки дар Қонуни конститутсионии мазкур истифода мешаванд:
–шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон –шахсе, ки дар рӯзи қабули Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон буд ё мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шартномаҳои байналмилалии Тоҷикистон шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро соҳиб шуда бошад;
–шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон –робитаи устувори сиёсию ҳуқуқии шахс бо Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, маҷмӯи ҳуқуқ ва уҳдадориҳои мутақобилаи тарафҳоро дар бар мегирад;
–шаҳрванди хориҷӣ –шахсе, ки шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро надошта, шаҳрванди давлати хориҷӣ мебошад;
– шахси бешаҳрванд – шахсе, ки тибқи қонунгузории ягон давлат шаҳрванди он ҳисобида намешавад;
–душаҳрвандӣ – дорои шаҳрвандии давлати хориҷӣ будани шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дорои шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон будани шаҳрванди хориҷӣ мутобиқи шартномаҳои байналмилалии Тоҷикистон;
–кӯдак –шахсе, ки ба синни ҳаждаҳ нарасидааст;
–истиқомат кардан– сукунати шахс бо асосҳои қонунӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ё берун аз он;
–истиқомати доимӣ– истиқомати бефосилаи шаҳрванди хориҷӣ ё шaҷcи бешаҳрванд аз рӯи гувоҳномаи иқомат дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон;
–гувоҳномаи иқомат–ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрванд дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва собиткунандаи гирифтани иҷозат барои истиқомати доимӣ дар Тоҷикистон.
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни конститутсионии мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин, санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад.
Моддаи 3. Татбиқи шартномаҳои байналмилалӣ оид ба шаҳрвандӣ
Ҳангоми ҳалли масъалаҳои шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни конститутсионии мазкур ва шартномаҳои байналмилалии Тоҷикистон татбиқ мегарданд.
Моддаи 4. Принсипҳои шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба принсипҳои зерин асос меёбад:
- ҳуқуқи ҳар шахс ба шаҳрвандӣ;
- баробарҳуқуқии шаҳрвандон новобаста ба асосҳои соҳиб шудан ба шаҳрвандӣ;
- мусоидат ба пешгирии бешаҳрвандӣ;
- нигоҳ доштани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон, новобаста аз ҷои истиқомат, бастан ва бекор кардани ақди никоҳ.
Моддаи 5. Манъи ба давлати хориҷӣ супоридани шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон
Моддаи 6. Мусоидат ба пешгирии бешаҳрвандӣ
Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳиб шудани шахси бешаҳрвандро дастгирӣ намуда, барои ба шаҳрвандии давлати дигар соҳиб шудани ӯ монеъ намешавад.
Моддаи 7. Нигоҳ доштани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми бастан ва (ё) бекор кардани ақди никоҳ
Моддаи 8. Соҳиб шудан ба душаҳрвандӣ
Моддаи 9. Шаҳрванди фахрии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Моддаи 10. Ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Моддаи 11. Ҳимоя ва пуштибонии шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад
БОБИ 2.
СОҲИБ ШУДАН БА ШАҲРВАНДИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Моддаи 12. Асосҳои соҳиб шудан ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо асосҳои зерин ба даст оварда мешавад:
- аз рӯи таваллуд;
- дар натиҷаи қабул намудан ба шаҳрвандӣ;
- дар натиҷаи барқарор намудан ба шаҳрвандӣ;
- бо роҳи интихоби шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сурати тағйир ёфтани Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Моддаи 13. Соҳиб шудан ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯи таваллуд
- дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шуда бошад;
- берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шуда, падару модари ӯ ё яке аз онҳо дар ин вақт дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомати доимӣ дошта бошанд.
Моддаи 14. Қабул намудан ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Моддаи 15. Шартҳои умумии қабул намудан ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шартҳои умумии қабул намудан ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз инҳо иборатанд:
- истиқомати доимии бефосилаи шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрванд дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муҳлати панҷ сол аз рӯзи гирифтани гувоҳномаи иқомат то муроҷиат намудан бо дархост оид ба қабул намудан ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон, агар берун баромадани якдафъаинаи ӯ аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давоми сол на зиёда аз се моҳро ташкил намояд, ба истиснои таҳсил, муолиҷа ва сафари хизматӣ;
- донистани забони давлатӣ дар сатҳи муошират;
- таҳти таъқиби ҷиноятӣ қарор надоштан.
Моддаи 16. Қабул намудан ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо тартиби содакардашуда
- шахсе, ки дастовардҳои олӣ дар соҳаи илму техника, тандурустӣ ва варзиш, хизмати шоиста дар рушди иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва амалигардонии арзишҳои умумибашарӣ дошта бошад;
- ветеранҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ки шаҳрвандии собиқ Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистиро доштанд ва дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомат доранд;
- кӯдак ё шахси ғайри қобили амал, ки таҳти васоят ё парастории шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад;
- кӯдак ё шахси ғайри қобили амал, ки таҳти парастории пурраи давлат дар муассисаи тарбиявӣ ё табобатӣ, муассисаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ё муассисаи дигари ба ин монанди Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад;
- шахсе, ки дар Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон таваллуд шуда, шаҳрвандии собиқ Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистиро дошта, дар давлатҳое, ки ба ҳайати Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ шомил буданд, истиқомат мекард ё мекунад, вале шаҳрвандии ин давлатҳоро нагирифта, дар натиҷа, шахси бешаҳрванд гаштааст.
- шахси бешаҳрванд, ба истиснои шахсони дар сархати панҷуми қисми 1 моддаи мазкур зикршуда;
- шаҳрванди хориҷие, ки ҳангоми таваллуд падар ё модари ӯ шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, шаҳрвандии давлати хориҷиро аз рӯи таваллуд соҳиб шуда бошад, дар давоми панҷ соли баъди расидан ба синни ҳаждаҳ;
- шаҳрванди хориҷие, ки падар ё модари ӯ шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад;
- шахсе, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон таваллуд шуда, шаҳрвандии собиқ Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистиро дошт.
Моддаи 17. Барқарор намудан ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Моддаи 18. Асосҳои рад кардани қабул намудан ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барқарор намудан ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Дархости қабул намудан ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва барқарор намудан ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон рад карда мешавад, агар дархостдиҳанда:
- маълумоти бардурӯғ ва ҳуҷҷатҳои қалбакӣ пешниҳод карда бошад;
- бо кирдори худ ба амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳдид намояд;
- узви ҳизб ва ташкилотҳои дигаре бошад, ки фаъолияти онҳо расман дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ карда шудааст;
- барои содир кардани ҷиноятҳои вазнин ва махсусан вазнин маҳкум шуда бошад;
- таҳти таъқиби ҷиноятӣ қарор дошта бошад;
- ҷазоро дар шакли маҳрум сохтан аз озодӣ адо карда истода бошад;
- шаҳрванди давлати хориҷие бошад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо он шартномаи байнидавлатӣ дар бораи душаҳрвандӣ надошта бошад.
Моддаи 19. Интихоби шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сурати тағйир ёфтани Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳангоми тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйир ёфтани Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсоне, ки дар ҳудуди мансубияти давлатиаш тағйирёфта зиндагӣ мекунанд, ҳуқуқ доранд тибқи тартиб ва муҳлати пешбининамудаи шартномаи байналмилалии Тоҷикистон шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро интихоб намоянд.
БОБИ 3.
ҚАТЪ НАМУДАНИ ШАҲРВАНДИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Моддаи 20. Асосҳои қатъ намудани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳолатҳои зерин қатъ мегардад:
- баромадан аз шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- аз даст додани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- бекор кардани қарор оид ба қабул намудан ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- бо роҳи интихоб намудани шаҳрвандии давлати дигар дар сурати тағйир ёфтани Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Моддаи 21. Баромадан аз шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Моддаи 22. Асосҳои рад намудан барои аз шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон баромадан
Асосҳои рад намудан барои аз шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон баромадан инҳоянд:
- гирифтани даъватнома ба хизмати ҳарбии ҳатмӣ (то ба анҷом расидани он);
- таҳти таъқиби ҷиноятӣ қарор доштан;
- дар назди давлат уҳдадории тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муайянгардидаи иҷронашуда доштан;
- мавҷуд будани ҳукми айбдоркунандаи эътибори қонунӣ пайдокардаи суд, ки бояд иҷро гардад;
- шаҳрвандии давлати хориҷӣ ва ё кафолати ба даст овардани онро надоштан;
- мавҷуд будани хатар барои амнияти давлатӣ ҳангоми баромадан аз шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Моддаи 23. Аз даст додани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Моддаи 24. Бекор кардани қарор оид ба қабул намудан ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Моддаи 25. Интихоби шаҳрвандии давлати дигар (оптатсия) дар сурати тағйир ёфтани Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳангоми тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйир ёфтани Сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсоне, ки дар ҳудуди воҳиди марзиву маъмурии мансубияти давлатиаш тағйирёфта зиндагӣ мекунанд, ҳуқуқ доранд тибқи тартиби пешбининамудаи шартномаи байналмилалии Тоҷикистон шаҳрвандии давлати дигарро интихоб намоянд.
БОБИ 4.
ШАҲРВАНДИИ КӮДАК ҲАНГОМИ ТАҒЙИР ЁФТАНИ ШАҲРВАНДИИ ПАДАРУ МОДАР,
ВАСИЮ ПАРАСТОРОН. ШАҲРВАНДИИ ШАХСОНИ ҒАЙРИ ҚОБИЛИ АМАЛ
Моддаи 26. Тағйирёбии шаҳрвандии кӯдак ҳангоми тағйир ёфтани шаҳрвандии падару модар
Моддаи 27. Шаҳрвандии кӯдак ҳангоми соҳиб шудан ё қатъ намудани шаҳрвандии падар ё модар
Моддаи 28. Шаҳрвандии кӯдак ҳангоми фарзандхондӣ
Моддаи 29. Шаҳрвандии кӯдак ва шахси ғайри қобили амал, ки таҳти васоят ва парасторӣ қарор доранд
БОБИ 5.
МАҚОМОТИ ВАКОЛАТДОР ОИД БА МАСЪАЛАҲОИ ШАҲРВАНДӢ
ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Моддаи 30. Мақомоти ваколатдор оид ба масъалаҳои шаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ба мақомоти ваколатдор, ки масъалаҳои шаҳрвандиро баррасӣ менамоянд, дохил мешаванд:
- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- комиссия оид ба масъалаҳои шаҳрвандии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- мақомоти корҳои дохилӣ;
- мақомоти корҳои хориҷӣ.
Моддаи 31. Салоҳияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон
- масъалаҳои соҳиб шудан ва қатъ намудани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ менамояд;
- қарор оид ба қабул намудан ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро бекор мекунад;
- низомнома дар бораи тартиби баррасии масъалаҳои шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро тасдиқ менамояд;
- низомнома дар бораи шаҳрванди фахрии Ҷумҳурии Тоҷикистонро тасдиқ менамояд;
- барои баррасии пешакии масъалаҳои шаҳрвандӣ комиссия оид ба масъалаҳои шаҳрвандиро таъсис медиҳад ва низомномаи онро тасдиқ менамояд;
- тартиби фаъолият ва ҳамкориҳои мақомоти ваколатдорро, ки масъалаҳо оид ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ мекунанд, муайян менамояд;
- масъалаҳои қабул намудани шаҳрванди хориҷӣ ва шахси бешаҳрвандро ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон бе риоя намудани шартҳои дар моддаи 15 Қонуни конститутсионии мазкур пешбинигардида баррасӣ менамояд;
- тартиби баррасии масъалаҳо оид ба соҳиб шудан ва қатъ намудани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро муайян мекунад;
- тибқи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон дигар салоҳиятро оид ба масъалаҳои шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ менамояд.
Моддаи 32. Ваколатҳои комиссия оид ба масъалаҳои шаҳрвандии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ваколатҳои комиссия оид ба масъалаҳои шаҳрвандии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи низомномаи комиссияи мазкур, ки аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шудааст, муайян карда мешаванд.
Моддаи 33. Ваколатҳои мақомоти корҳои дохилӣ оид ба масъалаҳои шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мақомоти корҳои дохилӣ ваколатҳои зеринро оид ба масъалаҳои шаҳрвандӣ амалӣ мегардонанд:
- мансубияти шахсони дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқоматкунандаро ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунанд;
- дархостҳои шахсони дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқоматкунандаро оид ба масъалаҳои шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул мекунанд;
- далел ва ҳуҷҷатҳои асосноккунии дархостҳои пешниҳодшударо месанҷанд ва дар ҳолатҳои зарурӣ аз мақомоти дахлдри давлатӣ маълумоти иловагӣ талаб мекунанд;
- ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дархостҳо оид ба масъалаҳои шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешниҳод дар хусуси аз даст додани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон, хулоса ва ҳуҷҷатҳои вобаста ба асосҳои мушаххаси соҳиб шудан ва қатъ намудани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодшуда, инчунин маводи дигарро ирсол менамоянд;
- қарорҳои қабулнамудаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба масъалаҳои шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба шахсоне, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомат менамоянд, иҷро мекунанд;
- дар доираи ваколатҳои худ ҳуҷҷатҳои дахлдорро оид ба масъалаҳои шаҳрвандӣ ба расмият медароранд.
Моддаи 34. Ваколатҳои мақомоти корҳои хориҷӣ оид ба масъалаҳои шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Мақомоти корҳои хориҷӣ ваколатҳои зеринро оид ба масъалаҳои шаҳрвандӣ амалӣ мегардонанд:
- мансубияти шахсони берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқоматкунандаро ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунанд;
- дархостҳои шахсони берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқоматкунандаро оид ба масъалаҳои шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул мекунанд;
- далел ва ҳуҷҷатҳои асосноккунии дархостҳои пешниҳодшударо месанҷанд ва дар ҳолатҳои зарурӣ аз мақомоти дахлдори давлатӣ маълумоти иловагӣ талаб мекунанд;
- ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дархостҳо оид ба масъалаҳои шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон, пешниҳод дар хусуси аз даст додани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон, хулоса ва ҳуҷҷатҳои вобаста ба асосҳои мушаххаси соҳиб шудан ва қатъ намудани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳодшуда, инчунин маводи дигарро ирсол менамоянд;
- қарорҳои қабулнамудаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба масъалаҳои шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба шахсоне, ки берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомат менамоянд, иҷро мекунанд;
- дар доираи ваколатҳои худ ҳуҷҷатҳои дахлдорро оид ба масъалаҳои шаҳрвандӣ ба расмият медароранд;
- баҳисобгирии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистонро, ки берун аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомат мекунанд ва бақайдгирии аз даст додани шаҳрвандии онҳоро амалӣ менамоянд.
БОБИ 6.
ТАРТИБИ БАРРАСИИ ДАРХОСТҲО ВА ҲАЛЛИ МАСЪАЛАҲОИ ШАҲРВАНДИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Моддаи 35. Тартиби пешниҳод кардани дархостҳо оид ба масъалаҳои шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Моддаи 36. Ситонидани боҷи давлатӣ ва хироҷи консулӣ
Барои баррасӣ ва додани ҳуҷҷатҳои соҳиб шудан ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қатъ намудани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо андоза ва тибқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон боҷи давлатӣ ва хироҷи консулӣ ситонида мешаванд.
Моддаи 37. Муҳлати баррасии дархостҳо оид ба масъалаҳои шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Муҳлати баррасии дархостҳо ва пешниҳодҳо оид ба масъалаҳои шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қабули қарор дар бораи соҳиб шудан ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қатъ гардидани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон наметавонад аз як сол аз рӯзи пешниҳоди дархост, манзур намудани пешниҳод ва тамоми ҳуҷҷатҳои зарурии ба таври дахлдор барасмиятдаровардашуда зиёд бошад.
Моддаи 38. Қабул намудани дархостҳои такрорӣ оид ба масъалаҳои шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Моддаи 39. Санаи соҳиб шудан ё қатъ намудани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон
- аз рӯзи таваллуди кӯдак – мутобиқи моддаи 13 Қонуни конститутсионии мазкур;
- аз рӯзи фарзандхондии кӯдак – мутобиқи қисмҳои 1 ва 2 моддаи 28 Қонуни конститутсионии мазкур;
- дар ҳолатҳои дигар – аз рӯзи баровардани фармони дахлдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Моддаи 40. Ҳуҷҷатҳое, ки дар робита ба шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистонро соҳиб шудан ё қатъ намудан дода мешаванд
БОБИ 7.
МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
Моддаи 41. Шикоят нисбат ба қарори мақомот ва амалҳои шахсони мансабдор оид ба масъалаҳои шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон
Нисбат ба қарори мақомот ва амалҳои шахсони мансабдор оид ба масъалаҳои аз ҷониби онҳо беасос рад кардани қабули дархостҳо оид ба масъалаҳои шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон, риоя накардани муҳлат ва тартиби баррасии дархостҳо, тартиби соҳиб шудан ва қатъ намудани шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷрои қарорҳо оид ба масъалаҳои шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мақомоти болоӣ ё ба суд шикоят кардан мумкин аст.
Моддаи 42. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни конститутсионии мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни конститутсионии мазкур тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Моддаи 43. Дар бораи аз эътибор соқит донистани Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон»
Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 ноябри соли 1995 «Дар бораи шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон» (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с.1995, №21, мод. 243; с.2008, №10, мод.793) аз эътибор соқит дониста шавад.
Моддаи 44. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни конститутсионии мазкур
Қонуни конститутсионии мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 8 августи соли 2015,
№ 1208