ҚОНУНИ КОНСТИТУТСИОНИИ
ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
ДАР БОРАИ ТАРТИБИ ҲАЛЛИ МАСЪАЛАҲОИ СОХТИ
МАЪМУРИЮ ҲУДУДИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
(ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1492)
(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, соли 2013, №3, мод. 177; Қонуни ҶТ аз 02.01.2018 с., №1492)
Қонуни конститутсионии мазкур асосҳои ҳуқуқӣ ва принсипҳои тартиби ҳалли масъалаҳои сохти маъмурию ҳудудӣ, салоҳият ва ваколати мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунии шаҳрак ва деҳотро дар ҳалли масъалаҳои таъсису барҳам додани воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ, маҳалҳои аҳолинишин, муқаррар намудану тағйир додани сарҳади онҳо, номгузорию номивазкунии воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ ва маҳалҳои аҳолинишин, баҳисобгирию бақайдгирии онҳо, ҳамчунин масъалаҳои дигари вобаста ба сохти маъмурию ҳудудиро муайян менамояд. (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1492)
БОБИ 1.
МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ
Моддаи 1. Мафҳумҳои асосӣ
Дар Қонуни конститутсионии мазкур мафҳумҳои асосии зерин истифода мешаванд: (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1492)
- сохти маъмурию ҳудудӣ - тақсим кардани ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ба воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ бо мақсади самаранок ташкил намудани идоракунии давлатӣ, худидоракунии шаҳрак ва деҳот, таъмини қонуният ва тартиботи ҳуқуқӣ; (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1492)
- воҳиди маъмурию ҳудудӣ - ҳудуди тибқи тартиби муқаррарнамудаи Қонуни конститутсионии мазкур муайяншудае, ки ҳудуди як ё якчанд маҳалҳои аҳолинишин ва ҳудудҳои дигари беаҳолиро муттаҳид намуда, дар он мақомоти ҳокимияти давлатӣ, худидоракунии шаҳрак ва деҳот мутаносибан идоракунии давлатӣ ё фаъолияти худидоракуниро амалӣ менамоянд; (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1492)
- маҳалли аҳолинишин - ҳудуди муайяни ҷои зисти аҳолӣ, ки дар он равандҳои иҷтимоию иқтисодӣ, сохтори демографии аҳолӣ, шуғли онҳо ташаккул ёфта, сохтмон ва навсозии манзилҳои истиқоматӣ, дигар биною иншоот ҷиҳати пешбурди ҳаёту фаъолияти аҳолӣ амалӣ гашта, номи худ ва мувофиқи тартиби муқарраршуда марзи муайян дорад;
- вилоят - воҳиди маъмурию ҳудудӣ, ки ҳудуди шаҳрҳо ва ноҳияҳои дар ҳудуди муқарраргардидаи вилояти мазкур ҷойгирифтаро муттаҳид намуда, дар он идоракунии давлатӣ бо назардошти манфиатҳои ҷомеа дар маҳалҳо ва ваколатҳои мақомоти ҳокимияти давлатию худидоракунии шаҳрак ва деҳот амалӣ карда мешавад; (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1492)
- шаҳр - маҳалли аҳолинишин, ки ҳамчун воҳиди маъмурию ҳудудӣ ба қайд гирифта шуда, дар он идоракунии давлатӣ бо назардошти манфиатҳои ҷомеа дар маҳалҳо амалӣ карда мешавад. Шаҳр ҳамчун воҳиди маъмурию ҳудудӣ метавонад ҳудуди ноҳия, шаҳрак ва деҳотро муттаҳид намояд; (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1492)
- ноҳия - воҳиди маъмурию ҳудудӣ, ки шаҳракҳо ва деҳоти дар ҳудуди муқарраргардидаи ноҳияи мазкур ҷойгирифтаро муттаҳид намуда, дар он идоракунии давлатӣ бо назардошти манфиатҳои ҷомеа дар маҳалҳо ва ваколатҳои мақомоти ҳокимияти давлатию худидоракунии шаҳрак ва деҳот амалӣ карда мешавад; (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1492)
- шаҳрак - маҳалли аҳолинишин, ки ҳамчун воҳиди маъмурию ҳудудӣ ба қайд гирифта шуда, дар он худидоракунии маҳаллӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад. Дар ҳудуди шаҳрак мумкин аст маҳалҳои аҳолинишини дигар, ки маъмурию ҳудудӣ маъмурии алоҳида нестанд, ташкил карда шаванд; (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1492)
- деҳот - воҳиди маъмурию ҳудудӣ, ки аз як ё якчанд деҳаҳо иборат буда, дар он худидоракунии маҳаллӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад; (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1492)
- деҳа - ҳудуди муайяни ҷои зисте, ки бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун маҳалли аҳолинишин ба қайд гирифта шуда, дар он дараҷаи муайяни ободонӣ таъмин карда шудааст;
- маркази маъмурӣ - маҳалли аҳолинишин, ки дар он мақомоти идоракунандаи ҳокимияти давлатӣ ё худидоракунии шаҳрак ва деҳот ҷойгир шудаанд;
- бақайдгирии воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ ва маҳалҳои аҳолинишин - амали мақоми ваколатдори давлатии бақайдгирии воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ ва маҳалҳои аҳолинишин (минбаъд - мақоми ваколатдори давлатӣ) дар бораи ба расмият даровардан ва ба Феҳристи ягонаи бақайдгирии воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ ва маҳалҳои аҳолинишин (минбаъд - Феҳристи бақайдгирӣ) дохил намудани воқеияти таъсис ва барҳам додани воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ, тағйир додани сарҳади онҳо, ба категорияи шаҳр, шаҳрак ва деҳа мансуб донистани маҳалли аҳолинишин, муқаррар кардан ва ба ҷои дигар кӯчонидани маркази маъмурии воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ, номгузорӣ ва номивазкунии онҳо; (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1492)
- баҳисобгирии воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ ва маҳалҳои аҳолинишин - амали баъди бақайдгирӣ аз тарафи мақомоти дахлдори маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба Феҳристи баҳисобгирии воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ ва маҳалҳои аҳолинишин (минбаъд - Феҳристи баҳисобгирӣ) дохил кардан ва аз он хориҷ намудани маълумот дар бораи воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ ва маҳалҳои аҳолинишин. (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1492)
Моддаи 2. Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти
маъмурию ҳудудӣ
(ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1492)
Қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти маъмурию ҳудудӣ ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Қонуни конститутсионии мазкур, дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, иборат мебошад. (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1492)
Моддаи 3. Принсипҳои асосии ҳалли масъалаҳои сохти маъмурию ҳудудӣ
(ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1492)
Ҳалли масъалаҳои сохти маъмурию ҳудудӣ ба принсипҳои зерин асос меёбад: (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1492)
- тақсимнашаванда ва дахлнопазир будани ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- мувофиқати манфиатҳои умумидавлатӣ ва манфиатҳои аҳолие, ки дар ҳудуди дахлдор зиндагӣ мекунад;
- ваколатҳои худро амалӣ намудани мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва худидоракунии шаҳрак ва деҳот дар ҳудуди воҳиди маъмурию ҳудудии дахлдор; (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1492)
- гуногуншаклии вазъи ҳуқуқии воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ мутобиқи таъиноти онҳо, хусусиятҳои маҳал, сатҳи рушди иқтисодию иҷтимоӣ ва дигар омилҳо; (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1492)
- ошкорбаёнӣ ва ба ҳисоб гирифтани афкори умум ҳангоми ҳалли масъалаҳои сохти маъмурию ҳудудӣ. (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1492)
Моддаи 4. Воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ ва ҳудуди онҳо
(ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1492)
Моддаи 5. Маҳалҳои аҳолинишин
- шаҳри Душанбе - пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- шаҳрҳои тобеи ҷумҳурӣ;
- шаҳрҳои тобеи вилоят.
Моддаи 6. Категорияҳои маҳалҳои аҳолинишин
- шумораи аҳолии дар онҳо истиқоматкунанда;
- сатҳи рушд ва махсусгардонии инфрасохтори истеҳсолӣ ва иҷтимоию фарҳангӣ;
- амалӣ намудани вазифаҳои давлатӣ дар ҳудуди дахлдор.
- шаҳри Душанбе - пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки мақоми он бо қонун муайян карда мешавад; (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1492)
- шаҳрҳое, ки ҳамчун маҳалҳои аҳолинишин марказҳои нисбатан калони иқтисодӣ ва фарҳангӣ ба ҳисоб рафта, ҳамзамон воҳиди маъмурию ҳудудии алоҳида мебошанд; (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1492)
- шаҳрҳое, ки ҳамчун маҳалҳои аҳолинишин марказҳои иқтисодӣ, фарҳангӣ ва маъмурӣ ба ҳисоб рафта, ба сифати воҳиди маъмурию ҳудудӣ ҳудуди шаҳрак ва деҳотро низ муттаҳид гардонидаанд. (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1492)
Моддаи 7. Воҳидҳои ҳудудӣ
Моддаи 8. Банақшагирии рушди ҳудудӣ дар воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ
(ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1492)
Банақшагирии рушди минбаъдаи маҳалҳои аҳолинишин ва воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ дар асоси баҳисобгирии маҷмӯии вазъияти мавҷудаи иҷтимоӣ, иқтисодӣ, экологӣ, шаҳрсозӣ ва шароити дигар дар ҳудуди воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад. (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1492)
БОБИ 2.
САЛОҲИЯТУ ВАКОЛАТҲОИ МАҚОМОТИ ҲОКИМИЯТИ ДАВЛАТӢ ВА ХУДИДОРАКУНИИ
ШАҲРАК ВА ДЕҲОТ ОИД БА ҲАЛЛИ МАСЪАЛАҲОИ СОХТИ МАЪМУРИЮ ҲУДУДӢ
(ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1492)
Моддаи 9. Салоҳияти Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳалли
масъалаҳои сохти маъмурию ҳудудӣ
(ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1492)
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо назардошти қарорҳои мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, худидоракунии шаҳрак ва деҳот ва маҷлисҳои аҳолии ҳудудҳои дахлдор:
- таъсис, тағйир, барҳам додани воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ, муқаррар намудани маркази маъмурӣ ва ба ҷои дигар кӯчонидани онҳоро муайян менамояд; (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1492)
- сарҳади воҳидҳои маъмурию ҳудудиро муқаррар мекунад ва тағйир медиҳад; (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1492)
- мансубияти маҳалҳои аҳолинишинро ба категорияҳои шаҳрҳои тобеи ҷумҳурӣ ва вилоят, шаҳрак ва деҳа муайян мекунад ва тағйир медиҳад;
- масъалаҳои номгузорӣ ва номивазкунии воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ ва маҳалҳои аҳолинишинро ҳал менамояд. (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1492)
Моддаи 10. Салоҳияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳалли масъалаҳои сохти
маъмурию ҳудудӣ
(ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1492)
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи таъсис ва барҳамдиҳии воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ, маҳалҳои аҳолинишин, муқаррар намудану тағйир додани марказҳои маъмурӣ ва сарҳади онҳо, номгузориву номивазкунии воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ ва маҳалҳои аҳолинишин пешниҳод ирсол менамояд; (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1492)
- ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мансуб донистани маҳалҳои аҳолинишин ба категорияҳои шаҳрҳои тобеи ҷумҳурӣ ва вилоят, шаҳрак ва деҳа, тағйир додани тобеияти онҳо пешниҳод ирсол мекунад;
- оид ба баррасии масъалаҳои сохти маъмурию ҳудудӣ комиссия таъсис медиҳад. (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1492)
Моддаи 11. Ваколати мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони
Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳрҳо ва ноҳияҳо оид ба ҳалли масъалаҳои
сохти маъмурию ҳудудӣ
(ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1492)
- ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарори Маҷлиси вакилони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят дар бораи тағйири сарҳади Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, таъсис ва барҳам додани ноҳияҳо, шаҳрак ва деҳот дар ҳудуди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, муқаррар кардану ба ҷои дигар кӯчонидани марказҳои маъмурии онҳо, мансуб донистани маҳалҳои аҳолинишин ба категорияи шаҳрҳои тобеи ҷумҳурӣ ва вилоят, шаҳрак ва деҳа ва маводеро, ки қарори мазкур дар асоси онҳо қабул гардидааст, ирсол менамоянд;
- ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарори Маҷлиси вакилони халқи вилоят оид ба муқаррар намудану тағйир додани сарҳади шаҳру ноҳияҳои тобеи вилоят, шаҳрак ва деҳот ва маводеро, ки қарори мазкур дар асоси онҳо қабул гардидааст, ирсол менамоянд;
- бо назардошти афкори аҳолии ҳудудҳои дахлдор ва қарори мақомоти дахлдори маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр ва ноҳия оид ба номгузорӣ ва номивазкунии маҳалҳои аҳолинишин ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарори Маҷлиси вакилони халқи вилоят ва маводеро, ки қарори мазкур дар асоси онҳо қабул гардидааст, ирсол менамоянд;
- оид ба баррасии пешакии масъалаҳои сохти маъмурию ҳудудии ҳудуди дахлдор комиссия таъсис медиҳанд; (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1492)
- Феҳристи баҳисобгириро дар ҳудуди дахлдор пеш мебаранд.
- ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанберо дар бораи тағйири сарҳади шаҳр, таъсис ва барҳам додани ноҳияҳои шаҳр ва маводеро, ки қарори мазкур дар асоси онҳо қабул гардидааст, ирсол менамоянд;
- ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе оид ба муқаррар намудану тағйир додани сарҳади ноҳияҳои шаҳр ва маводеро, ки қарори мазкур дар асоси онҳо қабул гардидааст, ирсол менамоянд;
- бо назардошти афкори аҳолии ноҳияҳои шаҳр ва қарори мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи дахлдор оид ба номгузорӣ ва номивазкунии ноҳияҳои шаҳр ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе, ноҳияҳои шаҳр ва маводеро, ки қарори мазкур дар асоси онҳо қабул гардидааст, ирсол менамоянд;
- оид ба баррасии пешакии масъалаҳои сохти маъмурию ҳудудии шаҳри Душанбе комиссия таъсис медиҳанд; (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1492)
- Феҳристи баҳисобгириро дар ҳудуди шаҳр пеш мебаранд.
- ба мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо дар бораи тағйир додани сарҳади шаҳрҳо, аз ҷумла дар бораи ба ҳайати онҳо дохил намудани маҳалҳои аҳолинишини алоҳида, ба категорияи шаҳрак ва деҳа мансуб донистани маҳалҳои аҳолинишин, дар бораи таъсис ва барҳам додани шаҳрак ва деҳот, тағйирёбии тобеияти онҳо қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳр ва маводеро, ки қарори мазкур дар асоси онҳо қабул гардидааст, ирсол менамоянд;
- бо назардошти қарори маҷлисҳои аҳолии ҳудудҳои дахлдор барои номгузорию номивазкунии шаҳр, шаҳрак, деҳот ва маҳалҳои аҳолинишин ба мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳр ва маводеро, ки қарори мазкур дар асоси онҳо қабул гардидааст, ирсол менамоянд;
- оид ба баррасии пешакии масъалаҳои сохти маъмурию ҳудудии ҳудуди дахлдор комиссия таъсис медиҳанд; (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1492)
- Феҳристи баҳисобгириро дар ҳудуди дахлдор пеш мебаранд.
- ба мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо дар бораи ба категорияи шаҳрак ва деҳа мансуб донистани маҳалҳои аҳолинишин, дар бораи таъсис ва барҳам додани шаҳрак ва деҳот, тағйирёбии тобеияти онҳо, тағйир додани сарҳади ноҳия, шаҳрак ва деҳот қарори Маҷлиси вакилони халқи ноҳия ва маводеро, ки қарори мазкур дар асоси онҳо қабул гардидааст, ирсол менамоянд;
- бо назардошти қарори маҷлисҳои аҳолии ҳудуди дахлдор барои номгузорӣ ва номивазкунии ноҳия, шаҳрак, деҳот ва маҳалҳои аҳолинишин ба мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии вилоятҳо қарори Маҷлиси вакилони халқи ноҳия ва маводеро, ки қарори мазкур дар асоси онҳо қабул гардидааст, ирсол менамоянд;
- оид ба баррасии пешакии масъалаҳои сохти маъмурию ҳудудии ҳудуди дахлдор комиссия таъсис медиҳанд; (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1492)
- Феҳристи баҳисобгириро дар ҳудуди дахлдор пеш мебаранд.
Моддаи 12. Ваколатҳои мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот оид ба ҳалли масъалаҳои
сохти маъмурию ҳудудӣ
(ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1492)
Мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот ба мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳру ноҳияҳо дар бораи ба категорияи шаҳрак ва деҳа мансуб донистани маҳалҳои аҳолинишин, номгузорӣ ва номивазкунии шаҳрак ва деҳот, маҳалҳои аҳолинишин, муқаррар намудани сарҳад ва марказҳои маъмурии онҳо қарори Ҷамоат ва маводеро, ки қарори мазкур дар асоси онҳо қабул гардидааст, ирсол менамоянд. (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1492)
БОБИ 3.
ТАРТИБИ ТАЪСИС ВА БАРҲАМ ДОДАНИ ВОҲИДҲОИ МАЪМУРИЮ ҲУДУДӢ,
МАҲАЛҲОИ АҲОЛИНИШИН ВА ТАҒЙИР ДОДАНИ САРҲАДИ ОНҲО
(ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1492)
Моддаи 13. Таъсис ва барҳам додани вилоятҳо ва тағйири сарҳади онҳо
Моддаи 14. Таъсис ва барҳам додани шаҳр, шаҳрак ва тағйири сарҳади онҳо
Моддаи 15. Таъсис ва барҳам додани ноҳияҳо ва тағйири сарҳади онҳо
Моддаи 16. Таъсис ва барҳам додани деҳот ва тағйири сарҳади онҳо
Таъсис ва барҳам додани деҳот, тағйири сарҳади онҳо ва ба ҷои дигар кӯчонидани марказҳои маъмурии онҳо аз тарафи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарори Маҷлиси вакилони халқи дахлдори ноҳия, шаҳр, вилоят сурат мегирад. Ҳангоми таъсис додани деҳот сарҳад ва маркази маъмурии он муқаррар карда мешаванд.
Моддаи 17. Ба категорияи шаҳр, шаҳрак ва деҳа мансуб донистани маҳалли аҳолинишин
Ба категорияи шаҳр, шаҳрак ва деҳа мансуб донистани маҳалли аҳолинишин аз тарафи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарори Маҷлиси вакилони халқи дахлдори ноҳия, шаҳр, вилоят сурат мегирад.
БОБИ 4.
НОМГУЗОРИВУ НОМИВАЗКУНИИ ВОҲИДҲОИ МАЪМУРИЮ ҲУДУДӢ,
МАҲАЛҲОИ АҲОЛИНИШИН ВА ҚИСМҲОИ ТАРКИБИИ ОНҲО
(ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1492)
Моддаи 18. Талабот ба номгузориву номивазкунии воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ ва маҳалҳои
аҳолинишин
(ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1492)
Моддаи 19. Номгузорӣ ва номивазкунии воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ ва маҳалҳои
аҳолинишин
(ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1492)
Моддаи 20. Номгузорӣ ва номивазкунии қисмҳои таркибии маҳалҳои аҳолинишин
Моддаи 21. Номгузорӣ ва номивазкунии объектҳои дигар
Номгузорӣ ва номивазкунии объектҳои дигар бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ карда мешавад.
БОБИ 5.
БАҚАЙДГИРӢ ВА БАҲИСОБГИРИИ
ВОҲИДҲОИ МАЪМУРИЮ ҲУДУДӢ ВА МАҲАЛҲОИ АҲОЛИНИШИН
(ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1492)
Моддаи 22. Бақайдгирӣ ва баҳисобгирии воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ ва маҳалҳои
аҳолинишин
(ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1492)
Моддаи 23. Тартиби бақайдгирӣ ва баҳисобгирии воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ ва маҳалҳои
аҳолинишин
(ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1492)
- рақами тартибӣ;
- санаи таъсис дода шудан ё асос ёфтани воҳиди маъмурию ҳудудӣ ва ба категорияи шаҳр, шаҳрак, деҳа мансуб дониста шудани маҳалли аҳолинишин; (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1492)
- масоҳати воҳиди маъмурию ҳудудӣ ва маҳалли аҳолинишин; (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1492)
- теъдоди аҳолии воҳиди маъмурию ҳудудӣ ва маҳалли аҳолинишин; (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1492)
- масофа то пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон, маркази маъмурии вилоят, шаҳр, ноҳия, шаҳрак, деҳот бо андозаи километр;
- шумораи воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ ва маҳалли аҳолинишин дар воҳиди марзиву маъмурии ба қайд гирифташаванда. (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1492)
- рақами тартибӣ;
- номи воҳиди маъмурию ҳудудӣ, маҳалли аҳолинишин; (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1492)
- санаи таъсис додан ё асос ёфтани воҳиди маъмурию ҳудудӣ, ба категорияи шаҳр, шаҳрак ва деҳа мансуб дониста шудани маҳалли аҳолинишин; (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1492)
- масоҳати воҳиди маъмурию ҳудудӣ ва маҳалли аҳолинишин; (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1492)
- теъдоди аҳолии воҳиди маъмурию ҳудудӣ, маҳалли аҳолинишин; (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1492)
- номгӯи қисмҳои таркибии воҳиди маъмурию ҳудудӣ, маҳалли аҳолинишин; (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1492)
- воҳиди марзиву маъмурӣ, ки ба ҳайати он воҳиди маъмурию ҳудудӣ, маҳалли аҳолинишини ба ҳисоб гирифташаванда дохил мешаванд; (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1492)
- номи истгоҳи наздиктарини роҳи оҳан ва масофа то ба он бо андозаи километр;
- масофа то маркази маъмурии вилоят, шаҳр, ноҳия, шаҳрак, деҳот бо андозаи километр.
Моддаи 24. Хориҷ намудани маҳалҳои аҳолинишин аз Феҳристи бақайдгирӣ ва Феҳристи
баҳисобгирӣ
Моддаи 25. Ҳуҷҷатҳо ва маводе, ки барои ҳалли масъалаҳои сохти маъмурию ҳудудӣ заруранд
(ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1492)
Ҳуҷҷатҳо ва маводи зарурӣ барои таъсис ва барҳам додани воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ, тағйир додани сарҳади онҳо, ба категорияи шаҳр, шаҳрак ва деҳа мансуб донистани маҳалҳои аҳолинишин, тағйир додани сарҳади онҳо, муқаррар кардан ва ба ҷои дигар кӯчонидани маркази маъмурии воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ, номивазкунии воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ ва маҳалҳои аҳолинишин мутобиқи Номгӯи ҳуҷҷатҳо ва мавод оид ба ҳалли масъалаҳои сохти маъмурию ҳудудие, ки ба Қонуни конститусионии мазкур замима гардидааст, ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешниҳод карда мешаванд. (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1492)
Моддаи 26. Баҳисобгирии омории воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ ва маҳалҳои аҳолинишин
(ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1492)
Баҳисобгирии омории воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ ва маҳалҳои аҳолинишин аз ҷониби мақомоти омори давлатӣ пеш бурда мешавад. (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1492)
БОБИ 6.
МУҚАРРАРОТИ ХОТИМАВӢ
Моддаи 27. Ҷавобгарӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни конститутсионии мазкур
Шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ барои риоя накардани талаботи Қонуни конститутсионии мазкур бо тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавобгарӣ кашида мешаванд.
Моддаи 28. Дар бораи аз эътибор соқит донистани Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии
Тоҷикистон "Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти маъмурию ҳудудии
Ҷумҳурии Тоҷикистон"
(ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1492)
Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 4 ноябри соли 1995 "Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти марзиву маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон" (Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, с. 1995, №21, мод. 239; с. 2000, №11, мод. 513; с. 2003, №4, мод. 153; с. 2008, №3, мод. 182; с. 2009, №7-8, мод. 489; №12, мод.812) аз эътибор соқит дониста шавад.
Моддаи 29. Тартиби мавриди амал қарор додани Қонуни конститутсионии мазкур
Қонуни конститутсионии мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти
Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ РАҲМОН
ш. Душанбе, 19 марти соли 2013,
№ 958
Замима
ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон
"Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти маъмурию ҳудудии
Ҷумҳурии Тоҷикистон"
(ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1492)
НОМГӮИ
ҲУҶҶАТҲО ВА МАВОДЕ, КИ ОИД БА ҲАЛЛИ МАСЪАЛАҲОИ
СОХТИ МАЪМУРИЮ ҲУДУДӢ ПЕШНИҲОД КАРДА МЕШАВАНД
(ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1492)
- пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- мактуби тавзеҳии дорои маълумоти асосноккунандаи масоҳати иҷтимоию иқтисодии зарурати таъсиси вилояти нав, сарҳадҳои пешбинишуда, тақсимоти шаҳрӣ ва ноҳиявӣ, маркази маъмурӣ ва номи он, ҳудуд, теъдоди аҳолӣ, аз ҷумла теъдоди аҳолии шаҳрҳо ва деҳаҳо;
- қарори Маҷлиси вакилони халқи вилояте, ки ҳудуди он тақсим карда мешавад.
- пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- қарори Маҷлисҳои вакилони халқи вилояте, ки як қисми ҳудуди он гирифта ва вилояте, ки ин ҳудуд ба он дохил карда мешавад дар бораи ризоият ба ин тағйирот;
- қарори Маҷлисҳои вакилони халқи ноҳияе, ки ҳудуди он гирифта мешавад ва ноҳияе, ки ин ҳудуд ба ҳайати он дохил карда мешавад;
- қарори маҷлисҳои маҳалҳои аҳолинишини дахлдор ва ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот дар бораи ризоият барои аз як вилоят ба вилояти дигар додани ҳудуд, агар дар ҳудуди додашаванда маҳалҳои аҳолинишин мавҷуд бошанд;
- мактуби тавзеҳии дорои маълумот дар бораи масоҳати ҳудуди додашаванда, номгӯи воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ ё маҳалҳои аҳолинишин, теъдоди аҳолӣ ва тавсифномаи иҷтимоию иқтисодии ҳудуди додашаванда; (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1492)
- тасвири сарҳад, харитаи топографӣ бо нақшаи хати гузариши сарҳади маъмурию ҳудудӣ; (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1492)
- тарҳи нақша бо нишон додани ҳудуди додашаванда ва маҳалҳои аҳолинишин, шабакаи роҳҳо, сарҳадҳои мавҷуда ва нави вилоят дар ин маҳал;
- қарори Маҷлиси вакилони халқи вилоят ва мактуби тавзеҳие, ки дар он далелҳои зарурати ба ҷои дигар кӯчонидани маркази маъмурӣ, тавсифномаи иҷтимоию иқтисодии маркази нави маъмурӣ, масофаи он то марказҳои маъмурии ноҳияву шаҳрҳои вилоят ва пойтахти мамлакат нишон дода шудаанд.
- пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- қарори Маҷлиси вакилони халқи вилояте, ки дар ҳудуди он ноҳияи нав таъсис дода мешавад;
- қарори Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи тақсимшаванда дар бораи ризоияти ба ҳайати ноҳияи нави таъсисёбанда додани як қисми ҳудуди он;
- мактуби тавзеҳие, ки дар он маълумот оид ба зарурати таъсис додани ноҳияи нав, тавсифномаи иҷтимоию иқтисодии ноҳияе, ки ҳудуди он тақсим карда мешавад ва ноҳияи навтаъсисёбанда, масоҳати ҳудуд, теъдоди аҳолии воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ ва маҳалҳои аҳолинишини ноҳияе, ки ҳудуди маъмурии он тақсим карда мешавад ва ноҳияи навтаъсисёбанда, тавсифномаи иҷтимоию иқтисодии маркази маъмурии пешбинишудаи ноҳияи нав, масофаи байни он то марказҳои маъмурии шаҳракҳо, деҳот, вилоят, пойтахти мамлакат, истгоҳи наздиктарини роҳи оҳан, мавҷудияти биноҳо барои ҷойгир намудани муассисаҳои ноҳия, буҷети тахминии ноҳияи нав, номе, ки барои номгузорӣ ба ноҳияи навтаъсисёбанда пешниҳод мешавад ва шарҳи ин ном дарҷ гардида бошанд; (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1492)
- тасвири сарҳад, харитаи топографӣ бо нақшаи хати гузариши сарҳади маъмурию ҳудудӣ; (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1492)
- тарҳи нақшаи ноҳияе, ки ҳудуди он тақсим карда мешавад ва ноҳияи нав ташкилшаванда, ки дар он сарҳади ин ноҳияҳо, шаҳракҳо ва деҳот нишон дода мешавад.
- пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳре, ки дар ҳайати он ноҳия таъсис дода мешавад;
- қарори Маҷлиси вакилони халқи вилоят дар мавриди дар ҳудуди вилоят таъсис додани ноҳияи шаҳр;
- қарори Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи шаҳре, ки ҳудуди маъмурии он тақсим карда мешавад;
- мактуби тавзеҳие, ки дар он маълумот оид ба зарурати таъсис додани ноҳияи шаҳр, масоҳати ҳудуд ва теъдоди аҳолии ноҳияи таъсисёбанда, номгӯи корхонаҳо, муассисаҳо, ташкилотҳои дигар, тавсифномаи мухтасари фонди манзил ва хоҷагии коммуналӣ, маълумот дар бораи муассисаҳои иҷтимоию фарҳангӣ, буҷети тахминии ноҳияи шаҳрии таъсисёбанда, мавҷудияти биноҳо барои ҷойгир намудани мақомоти маъмурии ноҳия, номе, ки барои номгузории ноҳия пешниҳод мегардад ва шарҳи он дарҷ гардида бошанд;
- тасвири сарҳад, харитаи топографӣ бо нақшаи хати гузариши сарҳади маъмурию ҳудудӣ; (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1492)
- нақшаи шаҳр бо тарҳи сарҳади ноҳияи навтаъсисёбанда.
- пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- қарори Маҷлиси вакилони халқи вилоят;
- қарорҳои Маҷлисҳои вакилони халқи ноҳияе, ки як қисми ҳудуд аз таркиби он гирифта ва ноҳияе, ки ҳамон ҳудуд ба таркиби он дохил карда мешавад;
- қарорҳои ҷамоатҳои шаҳрак ва деҳот, маҷлисҳои аҳолии маҳалҳои аҳолинишини дахлдор дар хусуси ризоият барои ба ноҳияи дигар додани ин ҳудуд;
- мактуби тавзеҳии дорои маълумот дар бораи масоҳати ҳудуди додашаванда, номгӯи воҳидҳои маъмурию ҳудудӣ ё маҳалҳои аҳолинишин ва теъдоди аҳолии онҳо, тавсифномаи иҷтимоию иқтисодии ҳудуди додашаванда; (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1492)
- тасвири сарҳад, харитаи топографӣ бо нақшаи хати гузариши сарҳади маъмурию ҳудудӣ; (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1492)
- тарҳи нақша бо нишон додани ҳудуди додашаванда ва маҳалҳои аҳолинишин, шабакаи роҳҳо, сарҳадҳои мавҷуда ва нав дар ин маҳал;
- қарори Маҷлиси вакилони халқи ноҳия бо мактуби тавзеҳии дорои далелҳои зарурати кӯчонидани маркази маъмурӣ ва тавсифномаи иҷтимоию иқтисодии маркази нави маъмурӣ бо нишон додани масофаи байни маркази нави маъмурӣ ва марказҳои маъмурии деҳот, шаҳракҳо, вилоят ва пойтахти мамлакат:
- қарори Маҷлисҳои вакилони халқи ноҳияе, ки як қисми ҳудуди он гирифта мешавад ва ноҳияи шаҳрие, ки ҳамин ҳудуд ба таркиби он дохил карда мешавад, бо мактуби тавзеҳии дорои тавсифи тағйироти пешбинишуда, тарҳи нақшаи ҳудуди додашаванда бо нишон додани сарҳади мавҷуда ва сарҳади нави ноҳияҳо.
- пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- қарори Маҷлиси дахлдори вакилони халқи вилоят, шаҳр ва Ҷамоати шаҳрак бо пешниҳод дар бораи ба ин ё он категорияи шаҳрҳо мансуб донистани маҳалли аҳолинишин; (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1492)
- мактуби тавзеҳие, ки дар он маълумот оид ба асосноккунии зарурати ба категорияи шаҳрҳои тобеи ҷумҳурӣ ва вилоят мансуб донистани маҳалли аҳолинишин, тавсифномаи иҷтимоию иқтисодии маҳалли аҳолинишине, ки тағйир меёбад, теъдоди аҳолӣ, маълумот дар бораи фонди манзил, масоҳати ҳудуд, масофа то маркази маъмурии вилоят, пойтахти мамлакат ва истгоҳи наздиктарини роҳи оҳан, буҷети тахминии шаҳр, мавҷудияти биноҳо барои ҷойгир намудани мақомоти маъмурии шаҳр, пешниҳод дар бораи номи шаҳр ва шарҳи он дарҷ гардида бошанд;
- тасвири сарҳад, харитаи топографӣ бо нақшаи хати гузариши сарҳади маъмурию ҳудудӣ; (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1492)
- тарҳи нақшаи маҳалли аҳолинишин, ки ба шаҳр мансуб дониста мешавад, бо нишон додани сарҳади он.
- пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- қарори Маҷлиси вакилони халқи вилоят;
- қарори Маҷлиси вакилони халқи дахлдори шаҳр, ноҳия, Ҷамоати деҳот бо пешниҳод дар хусуси ба категорияи шаҳрак мансуб донистани маҳалли аҳолинишин; (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1492)
- мактуби тавзеҳие, ки дар он маълумот оид ба асосноккунии зарурати ба категорияи шаҳрак мансуб донистани маҳалли аҳолинишин, тавсифномаи иҷтимоию иқтисодии он, теъдоди аҳолӣ, маълумот дар бораи фонди манзил, масоҳати ҳудуд, масофа то марказҳои маъмурии ноҳия ва вилоят, пойтахти мамлакат ва истгоҳи наздиктарини роҳи оҳан, буҷети тахминии шаҳрак, мавҷудияти биноҳо барои ҷойгир намудани Ҷамоати шаҳрак, пешниҳод дар бораи номи шаҳрак ва шарҳи он дарҷ гардида бошанд; (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1492)
- тасвири сарҳад, харитаи топографӣ бо нақшаи хати гузариши сарҳади маъмурию ҳудудӣ; (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1492)
- тарҳи нақшаи маҳалли аҳолинишине, ки ба шаҳрак табдил дода мешавад, бо нишон додани сарҳади он.
- пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- қарори Маҷлиси вакилони халқи вилоят (оид ба шаҳрҳои тобеи вилоят);
- қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳр, Ҷамоати шаҳрак, инчунин қарори Маҷлиси вакилони халқи ноҳияе, ки дар тобеияти худ шаҳрак дорад, бо пешниҳод дар хусуси тағйир додани сарҳади шаҳр, шаҳрак; (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1492)
- қарори Маҷлиси вакилони халқи воҳиди маъмурию ҳудудие, ки як қисми ҳудуди он ба шаҳр, шаҳрак дохил карда мешавад; (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1492)
- мактуби тавзеҳие, ки дар он маълумот оид ба асосноккунии зарурати тағйир додани сарҳади шаҳр, шаҳрак, масоҳати ҳудуде, ки ба сарҳади шаҳр, шаҳрак дохил карда мешавад, номгӯи маҳалҳои аҳолинишин, теъдоди аҳолии ба ҳудуди шаҳр, шаҳрак дохилшаванда, маълумот дар бораи муассисаҳо, корхонаҳо, ташкилотҳои дигари дар ҳудуди додашаванда воқеъбуда дарҷ гардиданд; (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1492)
- тасвири сарҳад, харитаи топографӣ бо нақшаи хати гузариши сарҳади маъмурию ҳудудӣ; (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1492)
- тарҳи нақшаи шаҳр, шаҳрак бо нишон додани сарҳади мавҷуда ва сарҳади нави пешбинишуда.
- пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- қарори Маҷлиси вакилони халқи вилоят;
- қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳр, ноҳия, ки дар тобеияти худ шаҳрак ва деҳот доранд, бо дархост дар хусуси ташкил намудани деҳоти нав;
- қарори ҷамоатҳои деҳоте, ки аз ҳисоби хурд намудани онҳо деҳоти нав ташкил меёбад дар хусуси ризоият доир ба тағйир додани ҳудудҳояшон;
- қарори маҷлисҳои аҳолии деҳаҳои ба ҳайати деҳоти нав дохилшаванда дар хусуси ризоияти онҳо барои ба деҳоти нав додани ин маҳалҳои аҳолинишин;
- мактуби тавзеҳие, ки дар он маълумот оид ба асосноккунии зарурати тавсиф намудани деҳоти нав, масоҳати ҳудуд, теъдоди аҳолӣ ва номгӯи маҳалҳои аҳолинишини деҳоте, ки ҳудуди онҳо тақсим мешавад ва деҳоте, ки нав ташкил карда мешаванд, масофа аз маҳалҳои аҳолинишин то марказҳои маъмурии деҳоте, ки ҳудуди онҳо хурд карда мешавад ва масофа аз маҳалҳои аҳолинишине, ки ба ҳайати деҳоти нав дохил мегарданд, то маркази маъмурии пешбинигардидаи он, тавсифномаи иҷтимоию иқтисодии деҳоте, ки ҳудуди онҳо тақсим карда мешавад ва деҳоте, ки нав таъсис дода мешаванд, буҷети тахминии деҳоти нав, мавҷудияти биноҳо барои ҷойгир намудани Ҷамоати он, пешниҳоди номи деҳоти нав ва шарҳи он, инчунин маълумот дар бораи маркази маъмурии он дарҷ гардидаанд; (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1492)
- тасвири сарҳад, харитаи топографӣ бо нақшаи хати гузариши сарҳади маъмурию ҳудудӣ; (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1492)
- тарҳи харитаи деҳоте, ки ҳудуди онҳо тақсим мешаванд ва деҳоти нав таъсисёбанда бо нишон додани маркази маъмуриву маҳалҳои аҳолинишин, сарҳадҳои онҳо ва шабакаи роҳҳо. (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1492)
- пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- қарори Маҷлиси вакилони халқи вилоят;
- қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳр, ноҳияе, ки дар ҳудуди худ деҳот доранд, бо пешниҳод дар хусуси тағйир додани сарҳади деҳот ва ба ҷои дигар кӯчонидани маркази маъмурии он;
- қарорҳои Ҷамоати деҳоте, ки як қисми ҳудуди он гирифта мешавад ва деҳоте, ки ҳамон қисми ҳудуд ба таркиби он дохил карда мешавад. Агар дар ҳудуди додашаванда маҳалҳои аҳолинишин мавҷуд бошанд, қарорҳои маҷлисҳои аҳолии онҳо дар хусуси ризоият барои додани ҳудуди маҳалли истиқомати онҳо ба деҳоти дигар пешниҳод карда мешавад; (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1492)
- мактуби тавзеҳии дорои маълумот дар бораи масоҳати ҳудуди додашаванда, номгӯи маҳалҳои аҳолинишин ва теъдоди аҳолии ҳар яки онҳо, тавсифномаи иҷтимоию иқтисодии ҳудуди додашаванда;
- тасвири сарҳад, харитаи топографӣ бо нақшаи хати гузариши сарҳади маъмурию ҳудудӣ; (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1492)
- нақшаи ҳудуди додашаванда бо нишон додани маҳалҳои аҳолинишин, шабакаи роҳҳо, сарҳади мавҷуда ва нав дар маҳалли мазкур;
- қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳр, ноҳия, ки дар ҳудуди худ деҳот доранд, инчунин қарори Ҷамоати деҳот бо мактуби тавзеҳии дорои асосноккунии зарурати ба ҷои дигар кӯчонидани маркази маъмурӣ ва тавсифномаи иҷтимоию иқтисодии маркази нави маъмурӣ, бо нишон додани масофа аз маркази маъмурии нав то маҳалҳои аҳолинишин ва маркази маъмурии ноҳия. (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1492)
(ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1492)
Ҳангоми иваз намудани номи вилоят:
- пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- қарори Маҷлиси вакилони халқи вилоят;
- мактуби тавзеҳие, ки дар он асосноккунии зарурати иваз намудани номи вилоят ва шарҳи номи нави он зикр карда мешаванд.
Ҳангоми иваз намудани номи шаҳр, ноҳия:
- пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- қарори Маҷлиси вакилони халқи вилоят (ҳангоми дигар кардани номи шаҳр, ноҳияи тобеи вилоят);
- қарори Маҷлиси вакилони халқи шаҳр, ноҳияи дахлдор;
- мактуби тавзеҳие, ки дар он зарурати иваз намудани номи шаҳр, ноҳия ва шарҳи номи нави онҳо зикр карда мешаванд.
Ҳангоми иваз намудани номи шаҳрак:
- пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- қарори Маҷлиси вакилони халқи вилоят, шаҳр, ноҳияе, ки дар ҳудуди худ шаҳрак доранд;
- қарори Ҷамоати шаҳрак; (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1492)
- қарорҳои маҷлисҳои аҳолии маҳалҳои аҳолинишини дахлдор;
- мактуби тавзеҳие, ки дар он зарурати иваз намудани номи шаҳрак ва шарҳи номи нави он зикр карда мешаванд.
Ҳангоми иваз намудани номи деҳот:
- пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- қарори Маҷлиси вакилони халқи вилоят, шаҳр, ноҳияе, ки дар ҳудуди худ деҳот доранд;
- қарори Ҷамоати деҳот; (ҚҶТ аз 02.01.18 с., №1492)
- қарорҳои маҷлисҳои аҳолии маҳалҳои аҳолинишини дахлдор;
- мактуби тавзеҳие, ки дар он зарурати иваз намудани номи деҳот ва шарҳи номи нави он зикр карда мешаванд.
Ҳангоми иваз намудани номи деҳа:
- пешниҳоди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон;
- қарори Маҷлиси вакилони халқи вилоят, шаҳр, ноҳия;
- қарорҳои ҷамоатҳои шаҳрак, деҳоте, ки дар ҳудуди худ деҳа доранд;
- қарори маҷлиси аҳолии ҳудуди дахлдор;
- мактуби тавзеҳие, ки дар он зарурати иваз намудани номи деҳа ва шарҳи номи нави он зикр карда мешаванд.
Оид ба қабул намудани Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти марзиву маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон"
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Раиси
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. ЗУҲУРОВ
ш. Душанбе,
12 декабри соли 2012, № 1001
Оид ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти марзиву маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон"
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти марзиву маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон"-ро баррасӣ намуда, қарор мекунад:
Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи тартиби ҳалли масъалаҳои сохти марзиву маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон" ҷонибдорӣ карда шавад.
Раиси
Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии
Ҷумҳурии Тоҷикистон М.Убайдуллоев
ш. Душанбе,
28 феврали соли 2013, №482